ТКБ 371
DOI:10.51844-2077-4990-2022-4-251-257
ТАЪЛИМИ АСОСХОИ Азизов Шерзод Юсуфович, н.и.п., дотсент; Бобоева ТАРРОХД ЗИМНИ ОМУЗИШИ Шоиста Хакимовна, доктори фалсафа(PhD) аз руи ФАННИ САНЪАТИ ТАСВИРЙ илмуои педагогика, сармуаллими калони кафедраи
нацшакаши, геометрияи тасвири ва методикаи таълими МДТ "ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд) ОБУЧЕНИЕ Азизов Шерзод Юсуфович, к.п.н., дотцент;
ОСНОВАМ ДИЗАЙНА В РАМКАХ Бобоева Шоиста Хакимовна, доктор философии ПРЕДМЕТА ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОГО (PhD),по педагогическим наукам старшая
ИСКУССТВА преподавательница кафедры черчения,
начертательной геометрии и методики преподавания ГОУ «ХГУ имени акад.Б. Гафурова» (Таджикистан, Худжанд) AS PART OF THE FINE ARTS, Azizov Sherzod Yusufovich, candidate of pedagogical TEACHING THE science, Associate Professor; E-mail: BASICS OF DESIGN azizovsher@bk.ru; Boboeva Shoista Hakimovna, Dr. of
Philosophy (PhD), senior lecturer of the department of drawing, descriptive geometry and teaching methods under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand),E-mail: boboevash2017@mail.ru Вожа^ои калиди: таълим, санъати тасвири, асосуои тарроуи, хонандагон, дарс, мауфил, барномаи таълими
Таълими санъати тасвири хонандагонро ба дарки зебоии табиат ва санъат водор намуда, муносибати знбошиноси ощоро нисбат ба ашё, уодисауои воцеии мууит бедор менамояд. Дар мацола масъалауои таълими асосуои тарроуи зимни омузиши фанни санъати тасвири ва ташкили мауфили омузиши асосуои тарроуи барраси шудааст. Муаллифон цайд мекунанд, ки касби тарроуи дар тули даусолауои охир дар бозори меунат ба таври назаррас талабот пайдо кардааст. Хонандагони синфуои болои раванди таълимро аз руи он бауо медиуанд, ки омузиши фаннуои таълими барои ояндаи ощо чи медщад. Дар натица, робитаи мустаукам байни манфиатуои касби ва таълими муцаррар карда мешавад.Дар мацола маълумот оид ба шароити кунунии таълими фанни санъати тасвири дар муассисауои таусилоти миёнаи умуми, талаботи хонандагон нисбат омузиши асосуои тарроуи, таулили барномауои таълимии соуави, афкори олимон дар бораи омузиши тарроуи, ташкили мауфили "Асосуои дизайн" ва гайрауо аз манбаъуои муътамад пешниуод ва хулоса шудаанд.
Ключевые слова: образование, изобразительное искусство, основы дизайна, школьники, урок, кружок, учебная программа
Художественное образование позволяет учащимся понять язык природы и искусства, воспитывает их эстетическое отношение к предметам, реальным событиям окружающей среды. В статье исследована проблема в рамках предмета изобразительного искусства обучение основам дизайна и организации клуба по изучению основ дизайна. Авторы отмечают, что профессия дизайнера значительно выросла, востребована на рынке труда за последние десятилетия. Старшеклассники оценивают образовательный процесс с точки зрения того, что изучение учебных предметов даст им в будущем. В результате устанавливается прочная связь между профессиональными и учебными интересами. В статье представлена информация о современных условиях обучения изобразительному искусству в общеобразовательных учреждениях, требованиях учащихся к обучению основам дизайна, анализ отраслевых образовательных программ, мнение учёных об изучении дизайна, организация кружка «Основы дизайна» и др., представлен и заключён из достоверных источников.
Key words: education, fine arts, basics of design, schoolchildren, lesson, circle, curriculum Art education allows students to understand the language of nature and art, educates their aesthetic attitude to objects, real events in the environment. The article explores the problem of teaching the basics of design and organizing a club to study the basics of design within the framework of the fine arts. The authors note that the profession of a designer has grown significantly and is in demand in the labor market over the past decades. High school students evaluate the educational process in terms of what the study of academic subjects will give them in the future. As a result, a strong connection is established between
professional and academic interests. The article provides information on modern conditions for teaching fine arts in general education institutions, students' requirements for teaching the basics of design, analysis of industry-specific educational programs, the opinion of scientists on the study of design, the organization of the "Fundamentals of Design" circle, etc., presented and concluded from reliable sources.
Дар чахони имруза вобаста ба талаботи бозори мехнат ва инкишофи босуръати муносибатхои ичтимой, и;тисодй ва фарогирии хар чй бештари воситахои ахбор (интернет, телевизион ва гайрахо) танхо бо дониши замонавй таъмин будани шахрвандон кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакахо мухимтарин рохи ичтимоишавй ва ноил гаштан ба натичахои дилхох ба шумор меравад.
Доштани дониш оид ба сохахои гуногуни илм барои маълумотнок гаштан кифоя набуда, татби;и амалии донишхо, истифодаи технологияхои муосир ва эчодкорй мухим аст, ки ба баланд шудани некуахволии мардум ва пешрафти чомеа мусоидат менамояд [1, с. 284].
Пешрафти хаёти имруза, тагйир ёфтани шароити мехнат дар хама сохахои фаъолияти инсон нисбат ба дарачаи таълиму камолоти хонандагоне, ки ;обилияти эчодкорона фикр карда, роххои халли фав;улодаи муаммохои дорои ахамияти чамъиятиро пайдо карда метавонанд, талабхои баланд мегузорад. Вобаста ба ин, низоми тахсилоти самти таълими бадей хатман мавриди бознигарии мундарича, такмил ва навсозй ;арор дорад. Ислохоти маориф зарурати коркарди фанхо ва усулхои нави таълими фанхои силсилаи бадей, дохил намудани иловахо ба барномахои мавчуда, ки ба инкишофи эчодй ва хаматарафаи хонандагон мусоидаткунадаро дар назар дорад.
Хднгоми тахлили барномахои таълими санъати тасвирй тамоюли ташаккули омузишй дар кудакон ва майл ба санъату хунархо мушохида мешавад. Аммо, асосхои таррохй (дизайн) умуман таълим дода намешавад ё ба масъалахои омузиши асосхои таррохй таваччухи хоса зохир намегардад. Омузиши асосхои таррохй як чузъи инкишофи мунтазами шахсияти эчодкор ва хамачониба фаъол мебошад. Аз ин ру, маорифи муосир та;озо мекунад, ки тахкими самти шахсият ва амалии таълим, рушди эчодкорй ва инкишофи хамачонибаи кудакон хангоми тахсил дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй, бидуни тарки таълими классикй сурат гирад.
Таълими санъати тасвирй хонандагонро ба дарк намудани зебоии табиат ва санъат водор намуда, муносибати зебопарастии онхоро нисбат ба ашё, ходисахои во;еии мухит тарбия менамояд. Машгулияти санъати тасвирй дарачаи маълумотнокии хонандагонро баланд бардошта, онхоро ба мехнати муфиди чамъиятй омода менамояд [12, с. 178].
Хдрчанд пайдоши санъати тасвирй пеш аз зухури нут;и инсон дониста мешавад, дар таърихи тулонии хал;и точик чойгохи санъати тасвирй муассир арзёбй мегардад. Ниёгони мо дар гузашта бо хунархои на;;ошй, кандакорй, гачкорй, ;олинбофй, миниатуранигорй ва гайрахо машгул буданд, ки асоси ин хамаро тасвир ташкил медихад.
Рушди санъати тасвирй дар Точикистон бо инкишофи санъати тасвирии Соби; Иттифо;и шуравй вобастагии зиёд дорад. То соли 1991 низоми маорифи 15 давлати иттифо;и мувофи;и му;аррароти умумии мутамарказ идора карда мешуданд [4, с. 40].
Барномаи омузиши санъати тасвирй барои мактаб соли 1931 тахия шуда, дар он камбудихои зиёд мавчуд буд. Соли 1933 маркази ягонаи асосии илмй "Шурои методию бадей" ташкил гардид ва он вазифаи асосиро барои бар;арор намудани усули таълими санъати тасвирй дар мактабхои 15 давлати иттифо;и ичро карда буд.
Аз чумлаи расомон-омузгорони машхур, ки ба инкишофи усули омузиши санъати тасвирй дар мактаб такон додаанд, Дмитрий Николаевич Кардовский (1866-1943) ва К.Ф. Юон (18751958) мебошанд [4, с. 41].
Дар Точикистон аввалхо ба омузиши санъати тасвирй ахамияти чиддй зохир карда намешуд. Омузгорони сохибтахассус низ мавчуд набуданд. Аз ин сабаб, дар Институти давлатии педагогии шахри Ленинобод ба номи С.М. Киров (имруза Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Fафуров) соли 1967 дар назди факултети физика-математика, шуъбаи «На;ша, расм ва мехнат» таъсис дода шуд. Аввалин хатмкунандагони ин боргохи хунар соли 1972 15 - нафарро ташкил медоданд. Дар солхои минбаъда гуруххои точикй, русй ва узбекии тайёр намудани омузгорони соха ба рох монда шуда, сафи хатмкунандагон сол то сол зиёд шуда, мактабхо бо мутахассиони касбй таъмин мешуданд.
Дар соли 1970 барномаи омузиши санъати тасвирй дар мактабхои миёна тачдиди назар шуда, дар он ма;сад ва вазифахои таълими санъати тасвирй мундаричаи онро муайян менамуд.
Чихати рушди соха дар Ч,умхурии Точикистон пас аз сохиб шудан ба исти;лолияти давлатй корхои зиёде ба анчом расонида шуд. Аз ин чост, ки "Барномаи давлатии рушди фарханг барои солхои 2008-2015" (аз 3 -юми марти соли 2007, № 85), Барномаи давлатии рушди хунархои миллй барои солхои 2009 - 2015", "Барномаи давлатии тайёр кардани кадрхои баладихтисоси фарханг, санъат ва нашриёт барои солхои 2007 - 2010", "Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030" ;абул гардида [15], соли 2018 "Соли рушди сайёхй ва хунархои мардумй" ва "Солхои 2019-2021 солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" эълон гардид [16].
Соли 2003 Барномаи таълимии фанни санъати тасвирй мавриди тачдиди назар ;арор гирифта, ба фарханги хал;и точик ва анъанахои миллй мувофи; гардонида шуд. Китобхои дарсии санъат ва механт барои синфхои ибтидоии 1 - 4, китоби санъати тасвирй барои синфхои 5-7, рахнамохои таълим барои омузгорон аз чониби мутахассисони сохибтачриба (М.Иргашева, Б.И. Бойназаров, А.Азизов, Б.Боронов) тахия карда шуданд [3].
Х^оло ва;ти он расидааст, ки барномаи таълимии фанни санъати тасвирй аз чихати мазмун ва мундарича боз хам тачдиди назар карда шавад. Зеро дар барномаи таълимии санъати тасвирй барои хонандагони муассисахои тахсилоти миёнаи умумй таълими мавзуъхои вобаста ба Рузи Вахдат, Иди Сада, Иди Мехргон ва асосхои дизайн мавчуд нест.
Ба андешаи мо, махз таълими асосхои таррохй чанбаи мухимест, ки на;ши тарбияи шахси фаъол, инкишофёфта ва эчодкорро ба ухда мегирад, ки тавони пайрахаи хаёт ва ;абули ;арорхои гайристандартиро дошта бошад. Тафаккури таррохй имкон медихад, ки чахони маънавии хонандагон, инкишофи хиссй, тасвири расм, инчунин хисси зав;и зебошинохтй инкишоф ёбад. Аммо бояд гуфт, ки тафаккури таррохй танхо бо тарбияи зав;и зебошиносии хонандагон махдуд намешавад.
Асоси муваффа;ияти фаъолияти педагогй омузиши тачрибаи пеш;адами педагогй, истифодаи усулхои гайримаъмулй дар дарс, тартиб додани вазифа ва халли масъалаи дарс мебошад. Яке аз вазифахои дарс инкишофи хаматарафаи шахсияти хонандагон, аз худ намудани маводи барномаи кудакон, ба даст овардани натичахои бехтарини онхо мебошад. Муносибати инфиродиро нисбат ба хар як талаба ба кор бурдан, муносибати эхсоси ба фаъолияти муаллимро боди;;ат назорат кардан, амалхоро дар асоси хусусиятхои фардии кудакон тахлил кардан мухим аст. Натичаи бомуваффа;ияти муаллим тавассути дарки фанни у дар робита бо дигар фанхо ва равандхои чорй дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй мусоидат мекунад. Фанхои гуногуни муассисахои тахсилоти миёнаи умумй низ ба ноил шудан ба ин хадафхо сахм мегузоранд, аммо дизайн як пайванди муттахидкунандаест, ки тамоми донишхоро чамъбаст мекунад.
Хатмкардаи муассисахои тахсилоти миёнаи умумй дар арафаи ба хаёти муста;ил ;адам задан аст. Дар назди у худмуайянкунй, интихоби рохи хаёт зарур аст. Муайян кардани касб ба маркази равонии инкишофи хонандагон табдил ёфта, дар онхо як навъ мав;еи дохилиро ба вучуд меорад. Мав;еи нави чамъиятии хонандаи муассисахои тахсилоти миёнаи умумй барои у ахамияти таълим, вазифахо, ма;садхо, мазмуни онро тагйир медихад. Хонандагони синфхои болой раванди таълимро аз руи он бахо медиханд, ки он барои ояндаи онхо чй медихад, робитаи мустахкам байни манфиатхои касбй ва таълимй му;аррар карда мешавад. Касби таррох дар тули дахсолахои охир дар бозори мехнат ба таври назаррас талабот пайдо кардааст. Аз ин ру, хатмкунандагон бо хурсандй дар дарсхои санъати тасвирй, кори махфилхо ва корхои беруназсинфй дарсхои таррохй меомузанд. Онхо ба чунин машгулиятхо шав;у хавас доранд. "Айни замон, мухим аст, ки хонандагон хамеша омузанд ва ба донишандузй ташнагии доимй дошта бошанд» [6, с. 128]. Дар рафти дарсхо оид ба асосхои дизайн хонандагон тасаввурот пайдо мекунанд, ки чй тавр онхо метавонанд дониши худро дар синни балогат, дар ма;оми касбй ва пешрафти тахассусй истифода баранд. Агар шав;у хавас ба дарси санъати тасвирй бо мурури синну сол хеле кам шавад, пас шав;у хавас ба таълими асосхои таррох, баръакс, меафзояд. Машгулиятхо оид ба аз худ намудани асосхои таррох ибтидои худмуайянкунии эчодй ва касбии хонанда буда, дар оянда барои интихоби душвори касб кумак карда метавонанд. Хонандагон дар бораи касби дизайнер, малака ва махорат барои дохил шудан ба донишгоххо тасаввурот пайдо мекунанд. «Бинобар ин, зарур аст, ки хонандагони синфхои болоии имруза фаъол, ташаббускор ва муста;ил бошанд» [8, с. 152].
Низоми мавчудаи дарсхои санъати тасвирй дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй на хама ва;т талаботи хонандаи имрузаро ба тахайюли эчодй ва минбаъд худмуайянкунии бошуурона конеъ мегардонад. Барномахои санъати тасвирй аз чихати ахло;й кухна шудаанд,
бинобар ин, онхо бояд ба талаботи муосири чомеа ва манфиатхои хонандагон мутобик карда шаванд. Хддафи мухими чорй намудани дарсхои санъати тасвирй барои азхудкунии асосхои дизайн ин рушди тафаккури таррохй мебошад, ки раванди эчодй ба тагйир додани мухити зист, хисси услуб, дарки меъёрхои мувофики шакл, ранг, мавод дар хар як объекти мухит, муносибати зебоишиносй ба олами ашё ифода мегардад.
Дар чумхурии мо дар солхои истиклол нисбат ба таълими санъати тасвирй таваччухи хоса зохир мешавад. Барои омода намудани муаллимони фанни санъати тасвирй (бакалавр, магистр - мутахассис) донишгоху донишкадахо амал мекунанд. Санъати тасвирй ба накшаи таълимии синфхои 1-ум то 7-ум ворид карда шудааст, ки дар синфхои 1-ум то 4-ум (ибтидой) хафтае 2 соат ва дар синфхои 5-ум то 7-ум яксоатй таълим дода мешавад [2].
Таълими фанни санъати тасвирй ба хонандагон дар асоси панч намуд дониши графикй ва малака медихад, инхо [4]:
1. Асосхои санъатшиносй;
2. Тасвири расм аз руйи асл;
3. Тасвири расм аз руйи мавзуъ;
4. Ороишй;
5. Гилкорй ва таррохй.
1) Асосхои санъатшиносй. Омухтани тахлили асархои санъат дар таълими санъати тасвирй яке аз вазифахои асосй махсуб меёбад. Фанни санъати тасвирй дидан, дарк ва тахлили осори хунари тасвирро меомузад.
2)Дар машгулиятхои санъати тасвирй аз асл ба хонандагон дуруст интихоб намудани чой, унсурхои зарурй барои дидани шакл, чузъ ва ранги матоъхо ва роххои ифодаи онхоро таълим медиханд. Тасвир аз руйи асл - унсури мухимтарин дар он ифода меёбад, ки хонанда он чизеро, ки дар ха;и;ат мебинад, хамон тавр тасвир мекунад. Дар ин раванд хонанда аслро мебинад, дар майнаи сари худ чой мекунад, сипас, дар асоси тасаввуроти худ онро дар когаз тасвир мекунад. Хонанда, пеш аз хама, хамчоягии шаклхо, баъдан, ранг ва равшанию сояи онро тасвир мекунад. Машгулияти тасвир аз руйи асл барои дигар намудхои дарси санъати тасвирй асосй дониста шуда, ба онхо заминаи илмии амалй мебахшад. Ин намуди машгулиятро «алифбои расмкашй» ва асоси тасвири вокей меноманд [4, с. 80].
3) Дар расмкашй аз руйи мавзуъ хонанда ашё, вокеа ва объектхоро озод, эчодкорона тасвир мекунад. Дар он бисёр вакт умумият ба даст оварда мешавад. Дар асоси дониш, тасаввур ва фахмиши худ ба ашё ва вокеа дигаргунй дохил намуда, расмро тасвир мекунад. Ин машгулиятхо ба хонандагон барои устувор намудан, рушди дониш ва малакахои графикй, асосхои назариявй ва амалии фаъолияти эчодию бадей дар тасвири расмро меомузонад.
4) Дар машгулиятхои ороишй хонандагон, асосан, зебо расм кашидан, оро додани чузъхо бо унсурхои чузъияти миллй, хамчунин бо риояи ритм, мувозинат ва бадеият ба тасвири расм шугл меварзанд.
5) Машгулиятхои гилкорй ва дизайн барои хонандагон бисёр писанд аст. Дар он хонандагон ашё, пайкарахои одам ва хайвонотро ба воситаи гил ва пластилин месозанд. Лекин соатхои дарсии ин намуди дарс кам буда, хонандагон каноатманд намегарданд.
Дар асоси ин хулоса баровардан мумкин аст, ки хонандагон омухтани мушкилоти дар назди онхо мавчуд, малакаи тафаккури эчодй, халли гайримукаррариро пайдо карда, тасаввурот, кобилияти амалй кардани гояхо ва ба накша гирифтани амалхои худро тавассути бахсу мунозира меомузанд. «Ин малакахо хамчун заминае заруранд, ки дар он таълим бо пайдарпайии муайян бунёд карда шавад» [9, с. 4]. Банакшагирии таълим ба рушди бисёрчониба ва густариши иктидори эчодии хонанда мусоидат мекунад. «Ин намуди фаъолият ба хонанда барои тахайюлот ва баёни гояхои худ фазо мекушояд, хаёлотро фаъолона инкишоф медихад. Шахси дорои тахайюлоти мутараккй кодир аст, ки образхои каблан омухташуда ва ё бо тахайюли худ офаридашуда образхои нав созанд ва эчод кунад» [14, с. 284].
Барои халли масъалахои дар ин макола овардашуда, чунин корхоро бояд анчом дода шавад:
- як самти нави умумиро (тархрезй), ки тарзи нави ташаккул ва муттахидсозии дарсхои санъати тасвирй ва санъати ороиши амалиро дар бар мегирад, нишон дихед;
- шинос намудани хонандагон бо таърихи пайдоиш ва рушди тархрезй дар дохил ва хоричи кишвар;
- ташаккул додани малакахои муайян дар тархрезии бадей (тахияи расмхои таррохй, ангорахо ва г.)
- таълими фар;и байни тасвири таррохишуда ва тасвири ороишй-амалй;
- инкишоф додани тафаккури таррохй.
Дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии Точикистон ташкили махфили «Асосхои т архрезй» бар о и хо нандагони синфхои болоии (8 - 11) имкони хубро фарохам меорад. Махфил барои хонандагоне пешбинй мегардад, ки аллакай дар бораи санъати тасвирй маълумот доранд ва воситахои ифодаи бадеиро аз худ кардаанд. Зарурати тахияи ин барномаи махфил аз он иборат аст, ки аз сабаби дар китобхои дарсии санъати тасвирй на хама намудхои тархрезиро дар бар мегирад ва барои 36 соати омузиш пешбинй шудааст. Ин барои маш;хои амалй, усулхо ва мисолхое, ки дар таълими санъати тасвирй истифода мешаванд, кофй нест [5, с. 3].
Мухимияти ташкили махфили пешниходшуда бо афзоиши талабот ба дизайн, хамчун зухури фардият, муносибати эчодй ба халли мушкилот дар хама гуна сохаи хаёти муосир вобаста аст [7, с. 16]:
- истехсолот;
- маданй-маишй;
- ичтимой-психологй;
- экологй ва гайра.
Фаъолият дар махфил имкон медихад, ки донишхои дар сохаи тархрезй, ороиши бадей гирифташуда дар рафти омузиши фанхои тахсилоти умумй муттахид карда, онхо дар шакли эчодй дар натичаи (лоиха) мушаххас амалй карда шаванд. Хусусияти фар;кунандаи он маводи назариявй мебошад, ки ба таври дастрас пешкаш гардида, аксари намудхои таррохиро фаро мегирад, ба сатхи миёнаи хонандагон мувофи;ат мекунад.
Барномаи пешниходшуда мавзуи таррохии табиат ва равиши бисёрсатхиро ба дигар намудхои тархрезй ба таври васеъ ошкор мекунад. Усулхои таълимро хусусиятхои синну соли хонандагон ва самти умумии таълимии ин фан муайян мекунанд, ки дар мактаби муосир на;ши мухими чахонбиниро бозида метавонанд. Афзалияти махфили таррохй омузиши хатмии мафхумхои асосии санъати тасвирй ва ороиши бадей мебошад. Раванди кори амалй лоихахоеро бояд дарбар гирад, ки дар хаёт истифода бурдан ба ма;сад мувофи; бошад. Барномаи махфили мазкур мувофи;и талаботи муосири хонандагон тархрезй шуда, дар он принсипхои стандартхои давлатй, ки ба талаботи Вазорати маориф ва илми Ч,умхурии Точикистон чавобгу мебошанд, дар назар дошта шавад.
Дар раванди омузиш манти;и ташаккул ва инкишофи намудхои таррохй ошкор мегардад. Асосхое, ки тархро ташкилдиханда бояд ба рохат, зебо ва функсионалй бошанд. Омузиши хар як намуди тархрезй бо фаъолиятхои амалй та;вият дода мешавад, ки муносибати эчодкоронаро дар назар дорад. Шиносой бо санъати тархрезй тавассути омузиши хусусиятхо ва хислатхои бадеии навъхои алохидаи он сурат мегирад. Ба намудхои тархрезй графикй, таррохии экологй, фитодизайн, таррохй муд, таррохии саноатй, таррохии мухити зист, АРТ-дизайн ва гайра дохил мешавад. Хдр як намуди тархрезй самтхои гуногун дорад, ки хонандагон имкони шиносой доранд. Масалан, таррохии мухити зист се сохаро дар бар мегирад: таррохии берунй (экстрйер), дохилй (интерйер) ва ландшафт. Пас аз анчоми махфил хонандагон бояд донанд:
- таърихи пайдоиш, имкониятхо ва навъхои муосири тархрезй;
- принсипхои шаклсозй, таркиб, рангшиносй;
- мархилахои асосй, алгоритми тархрезии таррохй.
Дар охири омузиш хонандагон бояд ;одир бошанд:
- корхои лоихакаширо бо назардошти талаботи тархрезй ба чо оваранд;
- тахлил ва му;оисаи намудхои тархрезй;
- моделсозй ва конструксиясозй;
- эскизхо, на;шахо, амсилахо тартиб диханд.
Олими машхури рус Я.А. Пономарев чунин мешуморад: "Тафаккури таррохй тавассути фаъолияти махсуси ма;садноки хонандагон тахти рохбарии муаллим ташаккул меёбад. Муаллим вазифа мегузорад, на;л мекунад, ки чй гуна роху усулхоро барои ичрои вазифахо барои эчоди объектхои тархрезй ва мухити мувофи;, самаранок истифода бурдан мумкин аст" [11, с. 62].
Дар дарси санъати тасвирй дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ба омухтани ;оидахо, усулхо ва воситахои композитсия, асосхои рангшиносй, на;;ошй, расмкашй ди;;ати калон дода мешавад. Аммо, ба омухтани асосхои шаклсозй, услуб ва тафовути объектхои дизайн чандон ахамият дода намешавад. «Махорати касбии таррохй барои конструктор асоси амалишавии
неруи эчодист» [13, с. 363]. Бо рохи тахлили мукоисавии доимй равшан кардани фаркиятхо ва шабохатхои асосии байни объектхои таррохй ва санъати ороиши амалй хеле мухим аст.
Омузиши асосхои тархрезй як чузъи инкишофи мунтазами шахсияти эчодкор, хамачониба ва фаъол мебошад. «Ин чузъхои ташаккули шахсият барои рушди бадей ва эчодии хонандагон хеле мухиманд» [10, с. 215].
Хдмин тарик;, метавон хулоса кард, ки муносибати пешниходшуда ба омузиши тархрезй дар хошияи таълими фанни санъати тасвирй ва ташкили махфили он имкон медихад, ки хонандагон ба талаботи замони муосир мувофи; омода шуда, хисси эчодкорй, кобилияти халли гайримукаррарии масъалахои тархрезй ва баходихй ба хамохангии мухити атроф ба дарачаи баланд ташаккул ёбад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Азизов, Ш. Ю. Компетентностное отношение к обучению предмета "изобразительное искусство" / Ш. Ю. Азизов, А. А. Азизов, Ш. Х. Бобоева // Вестник Таджикского национального университета. - 2019. - № 3. - С. 284-288. - EDN ZATJWK.
2. Барномаи таълимй аз фанни санъати тасвирй. Душанбе: Матбуот, 2002.
3. Бойназаров Б. И. Санъати тасвирй. Китоби дарсй барои синфи 5 - 6. - Душанбе: 2003. - 136 сах.
4. Исломов О.А.Методикаи таълими санъати тасвирй (дар низоми муносибати салохиятнокй). Китоби дарсй. / О.А,Исломов, Ш.Ю. Азизов, ШД.Бобоева. - Хучанд: Нури маърифат, 2018. -400 с.
5. Кузин В.С. Программа "Основы дизайна" - Москва. Дрофа. 2002. - 44 с.
6. Кучеволов А.А., Куцевалова Т.Е. Эффективность урока - стимул к успеху преподавателя и обучающегося / Образовательный потенциал Сборник материалов Международной научно-практической конференции. 2019. - 231 с.
7. Малиновская Л.П. Вопросы формирования дизайнерского мышления на уроках изобразительного искусства в начальных классах. - Москва. 1994. - 24 с.
8. Парунова А.А., Серова А.Д. Роль организации проектной деятельности формировании позитивных представлений школьников о перспективах жизни Амурской области /Педагогика, психология, общество: теория и практика: материалы Всероссийской науч.-практ. конф.) Чебоксары, 3 дек. 2019 г.) - Чебоксары: ИД «Среда», 2019. - 340 с.
9. Полынская И.Н. Методы исправления ошибок в рисунках учеников /Методические рекомендации по дисциплине «Методика обучения и воспитания (изобразительному и декоративно-прикладному искусству)» / Нижневартовск, 2019. - 116 с.
10.Полынская И.Н. Формирование пластических представлений художественного образа на занятиях по прикладной композиции посредством бумагопластики в школе искусств /Современные наукоемкие технологии. 2018. № 5. С. 215-219.
11.Пономарев, Я.А. Психология творчества и педагогика. - Москва. Педагогика,1976. - 80 с.
12. Профориентация учеников на уроках изобразительного исскуства / О. А. Исломов, З. З. Мирзабоев, Ш. Ю. Азизов, Л. Х. Неъматов // Вестник Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава. Серия гуманитарных и экономических наук. - 2018. -№ 1-3(55). - С. 177-181. - EDN YNVFXV.
13.Савинов, А.М., Полынская И.Н. Освоение методических принципов работы над академическим рисунком при обучении студентов-дизайнеров /Перспективы науки и образования. 2019. № 2 (38). С. 361-384.
14.Салихова, В.Ф., Полынская И.Н. Рисование с натуры на уроках изобразительного искусства в школе как один из основных инструментов влияния на общее развитие ребенка / В сборнике: XX Всероссийская студенческая научно-практическая конференция Нижневартовского государственного университета Сборник статей. Ответственный редактор А.В. Коричко. 2018. С. 282-285.
15.Стратегияи миллии рушди маориф ва илми Чумхурии Точикистон то соли 2030. Душанбе, 2020. - 96 с.
16.Фармони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар бораи "Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" эълон намудани солхои 2019-2021. ш. Душанбе 2 январи соли 2019 №1170 [манбаи электронй]. URL: http://www.prezident.tj (санаи истифодабарй: 6.01.2021).
REFERENCES:
1 . Azizov, Sh. Yu. Competence-based attitude to teaching the subject "fine arts" / Sh. Yu. Azizov, A. A. Azizov, Sh. Kh. Boboeva // Bulletin of the Tajik National University. - 2019.-No.3.-284-288 p. -E DN ZATJWK.
2. Educational program in the subject of fine arts. Dushanbe: Press, 2002.
3. Boynazarov B. Ya. Visual arts. Textbook for grades 5-6 - Dushanbe: 2003. - 136 p.
4. Islamov O.A., Azizov Sh.Yu., Babaeva Sh.Kh. Methodology of art education (in the system of competency-based approach). Textbook. / O. A. Islamov, Sh. Yu. Azizov, Sh. Kh. Boboeva. -Khujand: Nuri marifat, 2018. - 400 p.
5. Kuzin V.S. Program "Fundamentals of Design" - Moscow. Bustard. 2002/ - 44 p.
6. Kuchevolov A.A., Kutsevalova T.E. The effectiveness of the lesson is an incentive for the success of the teacher and the student /Educational potentialCollection of materials of the International scientific-practical conference. 2019. - 231 p.
7. Malinovskaya L.P. Issues of the formation of design thinking in the lessons of fine arts in elementary grades. - Moscow. 1994. 24 p.
8. Parunova A.A., Serova A.D. The role of the organization of project activities in the formation of positive ideas of schoolchildren about the prospects for life in the Amur Region / Pedagogy, psychology, society: theory and practice: materials of the All-Russian scientific-practical. conf.) Cheboksary, 3 Dec. 2019) - Cheboksary: Publishing House "Sreda", 2019. - 340 p.
9. Polynskaya I.N. Methods for correcting errors in students' drawings/ Methodological recommendations for the discipline "Methods of education and upbringing (fine and arts and crafts)" / Nizhnevartovsk, 2019. 116 p.
10.Polynskaya I.N. Formation of plastic representations artistic image in the classroom for applied composition through paper plastics at the school of arts/Modern science-intensive technologies.2018.No. 5. 215-219 p.
11.Ponomarev Ya.A. Psychology of creativity and pedagogy. - Moscow. Pedagogy, 1976. - 80 p.
12.Islomov O.A., Mirzaboev Z.Z., Azizov Sh.Yu., Nematov L.Kh. Career Guidance of Students at the
Lessons of Fine Arts // Bulletin of the Bokhtar State University named after Nosir Khusrav. Humanities and Economics Series. - 2018. - No. 1-3 (55). - 177-181 p. - EDN YNVFXV.
13.Savinov A.M., Polynskaya I.N.Mastering methodological principles work on academic drawing while teaching design students/Prospects for science and education.2019.No. 2 (38). 361-384 p.
14.Salikhova V.F., Polynskaya I.N.Drawing from nature in the classroom fine arts at school as one of the main tools impact on the overall development of the child/ In the collection:XX All-Russian student scientific and practical conference of Nizhnevartovsk state universityDigest of articles. Managing editor A.V. Korichko. 2018. 282-285 p.
15.National Strategy for the Development of Education and Science of the Republic of Tajikistan until 2030. Dushanbe, 2020. - 96 p.
16.Decree of the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon on the announcement of the "Years of Rural Development, Tourism and Folk Crafts" for 2019-2021. sh. Monday, January 2, 2019[Electronic resource]. URL: http://www.prezident.tj (date of use: 06/01/2021).