Научная статья на тему 'МАВқЕИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӯСТИИ ХОНАНДАГОН'

МАВқЕИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӯСТИИ ХОНАНДАГОН Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
119
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САНЪАТИ ТАСВИРӢ / ТАРБИЯИ ВАТАНДӯСТӢ / ХОНАНДАГОН / ВОСИТА

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Ҷабборов Абдураҳим Халилович, Исмоилова Мадина Абдураҳимовна

Дар мақола мавқеи санъати тасвирӣ дар тарбияи ватандӯстии хонандагон баррасӣ шудааст. Муаллифон санъати тасвирӣ ва педагогика чӣ гуна алоқа дорад ва барои инкишофи пайдарпайи онҳо дар тарбияи ватандустии талабагон дар шароити ҳозира чӣ гуна имкониятҳо мавҷуданд, баррасӣ намудаанд. Дар ин ҷода муайян намуданд, ки санъати тасвирӣ аз ҷиҳати гуногунии усулҳои аёнӣ воситаи муҳими педагогии ҳалли масъалаҳои тарбиявӣ буда, санъати тасвирӣ ва педагогика дар раванди мақсадноки педагогӣ чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати усули тарбияи ватандустӣ бо ҳам алоқаи зич доранд ва санъати тасвириро ҳамчун воситаи баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии хонандагон муайян намудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FINE ART IS ONE OF THE MEANS OF STRENGTHENING THE PATRIOTIC EDUCATION OF STUDENTS

The given article dwells on fine arts as a pedagogical teaching tool. The authors discuss the relationship between fine arts and pedagogy and the possibility of their sustainable development in the patriotic education of students in modern conditions. In this regard, it has been determined that the visual arts is an important pedagogical means of solving educational problems due to the variety of visual methods, and the visual arts and pedagogy in the target pedagogical process are closely related, both in content and methods. patriotic education.The article defines the role of fine arts in strengthening the patriotic education of students.

Текст научной работы на тему «МАВқЕИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӯСТИИ ХОНАНДАГОН»

ТКБ 37,0

Цабборов Абдура^им Халилович, дотсенти кафедраи санъати тасвири ва мауорати актёри; Исмоилова Мадина Абдура^имовна, докторанти кафедраи педагогикаи ицтимои ва касбии МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд )

Джабборов Абдурахим Халилович, доцент кафедры изобразительного искусства и актерского мастерства; Исмоилова Мадина Абдурахимовна,

докторант кафедры социальной и профессиональной педагогики ГОУ «ХГУ имени акад.Б.Гафурова» (Таджикистан,Худжанд) Jabborov Abdurahim Khalilovich, Docent of the Department of Fine Arts and Acting, Email: [email protected]; Ismoilova Madina Abdurahimovna, doctoral student of the Department of Social and Professional Pedagogy, State Institution "Khujand State University named after B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand), Email: [email protected]

Вожа^ои калидй: санъати тасвири, педагогика, тарбияи ватандусти, хонандагон, жанр, восита

Дар мацола мавцеи санъати тасвири дар тарбияи ватандустии хонандагон барраси шудааст. Муаллифон санъати тасвири ва педагогика чи гуна алоца дорад ва барои инкишофи пайдарпайи ощо дар тарбияи ватандустии талабагон дар шароити уозира чи гуна имкониятуо мавцуданд, барраси намудаанд. Дар ин цода муайян намуданд, ки санъати тасвири аз цщати гуногунии усулцои аёни воситаи мууими педагогии щлли масъалацои тарбияви буда, санъати тасвири ва педагогика дар раванди мацсадноки педагоги чи аз цщати мазмун ва чи аз цщати усули тарбияи ватандусти бо цам алоцаи зич доранд ва санъати тасвириро щмчун воситаи баланд бардоштани тарбияи ватандустии хонандагон муайян намудаанд.

Ключевые слова: изобразительное искусство, педагогика, патриотическое воспитание, читатели, жанр, инструмент

В данной статье рассматривается изобразительное искусство как педагогический инструмент обучения. Авторы обсуждают взаимосвязь изобразительного искусства и педагогики и возможности их устойчивого развития в патриотическом воспитании учащихся в современных условиях. В связи с этим определено, что изобразительное искусство является важным педагогическим средством решения воспитательных задач в силу многообразия изобразительных методов, а изобразительное искусство и педагогика в целевом педагогическом процессе тесно связаны, как по содержанию, так и по методам патриотического воспитания. В статье определяется роль изобразительного искусства в усилении патриотического воспитания учащихся.

Key words: fine arts, pedagogy, patriotic education, readers, genre, instrument

The given article dwells on fine arts as a pedagogical teaching tool. The authors discuss the relationship between fine arts and pedagogy and the possibility of their sustainable development in the patriotic education of students in modern conditions. In this regard, it has been determined that the visual arts is an important pedagogical means of solving educational problems due to the variety of visual methods, and the visual arts and pedagogy in the target pedagogical process are closely related, both in content and methods. patriotic education.The article defines the role of fine arts in strengthening the patriotic education of students.

Баррасии санъати тасвирй хамчун воситаи педагогии таълим халли як ;атор муаммохоро дар назар дорад: - Воситахои санъати тасвирй дар сифатхои маънавии хонандагон чй гуна зохир мешаванд? Санъати тасвирй ва педагогика чй гуна ало;а дорад ва барои инкишофи пайдарпайи онхо дар тарбияи ватандустии талабагон дар шароити хозира чй гуна имкониятхо мавчуданд? -Баррасии воситахои санъати тасвирй дар таълим аз мав;еъхои педагогика, маданиятшиносй, психологияи санъат ва санъатшиносй барои равшан шудани ин масъалахо хизмат мекунад. Дар

DOI:10.51844-2077-4990-2022-4-198-203

МАВЦЕИ САНЪАТИ ТАСВИРИ ЧУН ВОСИТАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДУСТИИ ХОНАНДАГОН

ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОЕ ИСКУССТВО КАК СРЕДСТВ УСИЛЕНИЯ ПАТРИОТИЧЕСКОГО ВОСПИТАНИЯ УЧАЩИХСЯ

FINE ART IS ONE OF THE MEANS OF STRENGTHENING THE PATRIOTIC EDUCATION OF

STUDENTS

ин холат, ду caMT фар; мекyнaд. Якум, харчониба ошкор нaмyдaни мaзмyн, имкониятхои тaрбиявй, методй, "механизм»-и таъсири санъати тасвирй ба чахони ботинии талабагон, инкишофи маънавии онхоро инъикос мекунад. Аз ин лихоз, зухуроти намоёни таъсирбахшии тарбиявии санъат м ахз дар заминаи санъат хамчун як падидаи арзишманди хаёти маънавй ба мушохида мерасад.

Самти дуюм ба истифодаи намуду жанрхои гуногуни санъати тасвирй дар методикаи тарбияи хонандагон алокаманд аст. Ба раванди ташаккули шахсияти талаба дохил шудани санъати тасвирй ба инкишофи сохтори муайяни педагогй ва татби;и проблемахои муосири тарбияи ватандустй ало;аи мантией дорад. Бо назардошти гуфтахои боло, метавон ;айд кард, ки модели назариявй, ки дар заминаи робитаи санъати тасвирй ва педагогика дар раванди тарбияи ватандустии хонандагон бунёд ёфтааст, Faнй гардонидан ва густариши мазмуни таълиму тарбияи онхоро ба таври во;ей муайян мекунад. Он метавонад истифодаи чунин мафхумхоро, аз ;абили фарханги маънавй, воситахои аёнй ва ифодакунандаи шаклхои санъат; инъикоси чанбаи фархангй дар таълими хонандагон; усулхои эчодй ва бадеии санъат, пайвастани онхо бо усулхои педагогии тарбия ва Faйрaро дар бар гирад. Хдр як самт ба хамдигар узван ало;аманд буда, дар айни замон тафовути ба худ хоси мазмунй-манти;й дорад. Имкониятхои санъати тасвирй дар тарбияи ватандустии хонандагон, пеш аз хама, бо таъсиррасонй ба хисси ватандустии онхо вобаста аст. Ва;те ки имкони эчодкорона бартараф кардани хиссиёти худ пайдо мегардад, танхо дар он сурат самараи санъат пурра инъикос меёбад. Дар баробари ин, санъат ба принсипи сарфаи ;уввахо тобеъ нест, вай аз таснифи ;увваи маънавй иборат аст. Дар баробари ин, он эхсосотро муратта месозад. Санъат, хатто дар он чое, ки як шахс ва тачрибаи шахсии y вучуд дорад, ахамияти ичтимой пайдо мекунад. Х^иссиёти зебоипарастй аз хиссиёти во;ей ба куллй фар; мекунад; тафовут дар он аст, ки хиссиёте, ки асари бадей мебахшад, чун ;оида дар амал бевосита ва фавран ифода карда намешавад. Педагогика хамчун илм дар бораи ;онуниятхои таълиму тарбия ва санъат хамчун фаъолияти ахло;й равандхои инкишофи инсонро ба таври худ инъикос намуда, дар нихояти кор ба фарохам овардани шароити мусоид барои он нигаронида шудааст. Образи зебоие, ки санъат офаридааст, ба ишораи Ф.М.Достоевский,- хамон лахза бе ягон шарт дар дил чой мегирад. Эхтиёчот, зебой бештар дар холе ба вучуд меояд, ки инсон бо во;еият мухолифат кунад, дар номутаносибй, мубориза, яъне мав;еи фаъолро ишFOл мекунад, ва;те ки y чизеро мечуяд ва ба чизе ноил мешавад [1, с.74]. Тавассути тафаккур, эхсос, Faмхоривy мехрубонии одамон, ки дар образхои бадеии нусхахои чопии рассомони точик ифода ёфтаанд, дастраси одамони дигар ва тамоми чомеа мегардад ва аз насл ба насл мегузарад. Воситахои санъати тасвирй на;ши худро дар тарбияи ватандустии талабагон ба андозаи зарурй ба ичро мерасонанд, зеро мактаббачагон ба санъати тасвирй шав;у хаваси зиёд доранд. Дар натичаи мушохидахои шахсй дар давраи фаъолияти педагогй, ;айд кардан мумкин аст, ки аксар ва;т хатто бо вучуди ба миён омадани муаммохо ё хисси хастагии чисмонй хонандагон кушиш мекунанд, ки ало;аро бо асари бадеии дycтдоштaaшон дар дарси санъати тасвирй мустахкам кунанд. Зиёд шудани шав;у хаваси мактаббачагон ба санъат боиси афзудани неруи эчодй мегардад, гарчанде ки бо мурури синну сол дар иртибот бо хусусиятхои равонй майли эчодкориашон камтар мешавад. Санъати тасвирй хамчун воситаи тарбияи ватанпарастии талабагон аз дигар воситахои педагогй бо хусусияти таъсиррасониаш ба куллй фар; мекунад. Дар баробари ин, он Faйритaълимй, Faйридидaктикй бо арзишхои умумибашарй, бо манфиатхои умумй ало;аманд аст; на танхо иттилоъ медихад, балки ба одам илхом, шодй, лаззати эстетикй мебахшад; одамонро муттахид менамояд, онхоро ба эчодкории якчоя даъват менамояд, шуури онхоро фаъол мегардонад, тамоюлхои пурарзиш, афзалиятхои ахло;й, FOяxои ичтимоиро ташаккул медихад.

Санъати тасвирй навъу жанрхои гуногун ва таъсири хосе дорад, ки танхо ба он мансуб аст. Он бо хусусиятхои воситахои ифодакунандаи таъсирбахшй ва бадей муайян карда мешавад. Аз ну;таи назари истифодаи педагогии воситахои санъати тасвирй онро метавон хамчун намуд, жанрхои бадей ва усулхои гуногуни эчодии му;арраршудаи онхо барои эхёи во;еият, аз чумла шаклхои мукаммали бадей, ба мисли хдмсозй, таносуб, равиш, мачоз, композитсия, монтаж ва Faйрa муаррифй кард, ки барои таъмин намудани инкишофи таълимгирандагон ва халли масъалахои тарбиявй пешбинй шудаанд. Хусусиятхои педагогии воситахои санъат бо сабабхои объективй ва субъективй муайян карда мешаванд. Сабабхои объективй воситахои бадей хастанд, ки махсули фарханг ва анъанахои тарбиявии хал;й буда, дар онхо роххои инти;оли арзишхои маънавй тавассути фаъолияти бадеии марбут ба эчоди асархои санъати тасвирй ва

хунармандй муайян карда мешаванд. Сабабхои субъективй ба фаъолнокии омузгор, ки роххои истифодаи воситахои санъати тасвириро мувофики максад ва дарачаи тарбияи хонандагон, бо назардошти талаботи нави чомеа ва шахсият, тавсияхои муосири педагогй ва бехтарин дар таълим амалй менамояд, вобаста аст. «Ягон китоби дарсй аз лихози кувваи таъсир бо адабиёти бадей, мусикй, рассомй, кино баробар шуда наметавонад... — навиштааст Д.Б. Кабалевский,-чунин фан ва чунин китоби дарсие нест, ки он накши махсуси тарбиявиеро, ки санъат амалй мекунад, ичро карда тавонад» [2, с.76]. Таъсири санъат ба ташаккул ва инкишофи ватандустии хонандагон, аз як тараф, ба хусусияти таъсири воситахои бадей ба шахсият, аз чониби дигар, ба муносибати хоси психологию педагогй ба ташаккул ва инкишофи ватандустй вобаста аст. Ин мундаричаи сохторй ва робитаи мантикии хусусият ва асолати таълим, ки мухтавои хамачониба ва пуркувватро дарбар мегирад, ба миён меорад. Мавчудияти муносибатхои дохилй ва берунй, шакли муайяни ташкилй, ки асоси он раванди максадноки педагогй мебошад, ба тарбияи ватандустии хонандагон тавассути санъати тасвирй тамомият мебахшад. Дар раванди максадноки педагогй санъати тасвирй, аз чумла хамчун воситаи алокаи байни муаллим ва талаба, инчунин байни талабагон хизмат карда, алокаро дар чомеа ва муомилоти иттилоотй таъмин менамояд. Вай хамчун воситаи ошкор намудани неруи маънавй ва эчодии субъект ва объект, кобилияти шахс хизмат карда, ба муаллим барои дарки олами маънавии талаба, муайян кардани талабот ва шавку хаваси у ёрй мерасонад. Масъалаи тарбияи ватандустй тавассути санъати тасвириро баррасй намуда, бояд кайд кард, ки вазифаи тарбияи ватандустй ташаккули муносибати арзишманд ба Ватан мебошад. Мо инчунин кайд мекунем, ки санъат на бо арзиш, балки ба маънои арзиш хдмчун муодили психологии он муносибат мекунад. Раванди тарбияи ватандустии хонандагон фаъолияти муштараки омузгор ва хонанда мебошад, ки дар он санъати тасвирй хдмчун воситаи халли масъалахои тарбиявй истифода мешавад. Дар иртибот ба ин нукта ба муаллиме, ки аз санъати тасвирйасархои эчодии рассомон истифода мебарад, донистани хусусиятхои таъсиррасонй ба шахсият аз воситахои истифодашаванда ба максад мувофик аст. Санъати тасвирй механизми хеле мураккаби таъсир ба олами маънавии инсонро дорад. Дар вакти гузарондани машгулиятхо бо хонандагон кайд карда мешавад, ки хангоми мухокимаи асархои санъат бисёр хонандагон ба он аз нуктаи назари арзишхои асоснок муносибат мекунанд.Инро, масалан, дар мубохисахо, сухбат зимни шиносой бо асархои санъати тасвирй ва инкишофи маданияти худ, чустучуи маънои муносибати шахс ба санъати тасвирй ва инкишоф додани тасаввурот дар бораи мухити гирду атроф тасдик мекунад. Яъне, хонандагон кушиш мекунанд, ки усули эчодии рассомро дар сатххои фалсафй, зебоишиносй ва санъатшиносй дарк кунанд.Ин ягонагии таъсири санъати тасвириро хам ба хиссиёт ва хам зехни шахсияти талаба таъкид мекунад. Дар чараёни дарки асархои санъати тасвирй аз чониби хонандагон, дар раванди инъикос тахдяи (дарки) образ ва пайдоиши муносибати субъективй дар як вакт ба ин асархо ва ба худи раванди инъикосёбй ба амал меояд. Ин муносибати субъективй ба тасвир ва мазмуни асар дар шакли хиссиёт ва тачрибаи хонандагон низ ифода меёбад. Баъдан, чустучуи мазмуни нав барои худ, кашфи арзишхои нав ва гайра ба миён меояд. Хдмин тарик, мазмуни асархои санъати тасвирй, ки маъно ва мохияти эстетикии ходисахои вокеиятро инъикос мекунад, ба раванди педагогии тарбия дохил мешавад. Санъати тасвирй инчунин метавонад хамчун арзёбии арзишхои аз чониби чомеа эътирофшуда амал кунад. Яке аз хусусиятхои мухими сифатии таъсири тарбиявии санъати тасвирй хангоми истинод ба табиат хисси ватандустй пайдо мешавад. Конрад Лоренс [3, с.263] зиддияти дохилиро омухта, ба хулосахое меояд, ки хусусияти гайриихтиёрии хисси ватандустиро метавонад нишон дихад. «Илхоми хакикй, менависад К. Лоренс, мумкин аст ва танхо ба хотири чизи киматбахо, душманй нисбат ба душмани хакикй ва хаёлй зарур нест» [3, с. 263]. Вай таъкид мекунад, ки санъат ба илхоме, ки дар одам ба вучуд меояд, таъсир мерасонад, ба тарафдории он чизе, ки ба назари у пурарзиш менамояд, баромад мекунад ва то андозае ба у имкон медихад, ки шавкмандихои аз хад зиёд суст шавад. Барои ичрои ин вазифа санъат бояд гайрисиёсй бокй бимонад, на ба ташаккули кина, нафрат, адоват ва гайра, балки ба ташаккули мутаносиби хиссиёти ватандустй хамчун мухимтарин дастоварди фархангии инсоният мусоидат намояд. Аз ин ру, санъати тасвирй кодир аст, ки хисси ватандустиро афзояд ва ангезахои аз хад зиёд манфиро суст кунад. Чунин таъсир низ имкон медихад, ки санъати тасвирй дар тарбияи ватандустии хонандагон истифода шавад. Таъсири воситахои санъати тасвирй ба тарбияи ватандустии талабагон аз дигар воситахои тарбия ба куллй фарк мекунад ва инро акидахои назариявии Л.Виготский, ки «асрор»-и таъсири санъатро дар хусусиятхои дарки он аз чониби фард мухим мешуморад, таквият мебахшад [4, с. 313].

Тад;и;оти Л.Виготский шаходат медихад, ки махз санъат ва танхо санъат аст, ки чунин тачрибахои махсуси идорашавандаро ба вучуд меоварад. Ин мукаррарот имкони халли масъалахои тарбияи ватандустиро тавассути санъати тасвирй дар сатхи педагогика ва психология тасдик намуда, хусусиятхои дарки онро аз чониби хонандагон нишон медихад. Раванди дарки санъати тасвирй як падидаи мураккаб аст. Х,ангоми дарки асари бадей натичахои муошират бо худ ба чараёни муошират бо кахрамони хаёлй гузошта шуда, онро ганй мегардонанд, аз чумла унсурхои муошират бо худ онро ахамиятнок ва аз чихати эхсосот рангин мегардонанд. Дар раванди дарки асархои санъати тасвирй эхсосот чойи асосиро ишгол мекунад. Хусусияти эмотсионалии арзёбии арзишхои ватанй дар асархои санъати тасвирй бо хусусиятхои маводи санъат муайян карда мешавад. Якум, арзишхои ахло;й ва дигар арзишхо дар асархои бадей дар шакли образхои мушаххас - хиссй, образхои бадей, ки шакли хоси инъикоси хаёт ва ифодаи фикру хиссиёти рассом мебошанд, тачассум меёбанд. Бо ёрии образ дигаргунихо ба дарачаи иваз гаштани ходисахои бадей ба ходисахои гайрибадей ба амал меояд. Образи бадей дар ало;аи санъат бо хаёт мавцеи марказй дорад. Ало;аи байни образ ва эхсосот, масалан, аз он шаходат медихад, ки эхсосот дар шуур, чун ;оида, вобаста ба баъзе образхо ба вучуд меоянд. Тасвирхо, ки гуё аз эхсосот сер шуда бошанд, хамчун инти;олдихандаи онхо амал мекунанд. Муаллифи асар образ, амали мушаххас, тачрибаи хаёлиро тавре инъикос менамояд, ки бинанда муносибати эмоционалии муаллифро нисбат ба онхо комилан равшан фахмад. Ин хам баходихии субъективй, шахсй ва эхсосиро талаб мекунад. Аз чихати тачассуми моддй (хар як намуди санъат системаи ба худ хос дорад) ва сохти ботинй (техникаи инкишоф, композитсия, усул ва гайра) образхои бадей нихоят гуногун буда, бешубха, бинандаи худро пайдо мекунанд. Дар раванди тарбияи ватандустии хонандагон накши омузгор метавонад аз он иборат бошад, ки ба хонанда дар пайдо кардани образхо аз санъат кумак расонад ва дар онхо эхсосоти марбут ба мафхуми Ватан, табиати он, вокеаи таърихй, фарханг ва анъанахои ичтимой, дастовардхои фархангии кишвари худ, манфиатхо ва сарнавишти таърихии Ватан ва гайра пайдо кардани уро ба вучуд меорад. Масалан, тарбияи ифтихори миллй, шаъну шарафи миллй хамчун чузъхои тарбияи ватандустй ташаккули муносибати эхтиромона ба гузаштаи таърихии Ватан, анъана ва фарханги аз он меросмонда, таргиби хислатхои мусбати миллй, тарзи рафтор, тарзи зиндагии мардуми худ, муошират, манфиатхо, арзишхо, одатхо, расму оинхо, ошной бо донистани ами;и забони модарй, таърих, адабиёт ва гайра, мурочиат ба дини як гурухи этникй хамчун асоси таърихии ташаккулёбии хувияти миллй ва гайра. Тасвири ин арзишхо дар ;ахрамонии образхо, дар шакли тачрибаи эмотсионалй интихоби зарурии асархои санъати тасвириро талаб мекунад. Дар ин асархо бояд инхо инъикос карда шаванд: -хисси мехру мухаббат ба табиати зодгох, ба хамдиёрон, хешу пайвандон ва дустони худ, ёдгорихои бошукухи маданияти Ватан; - хисси масъулият нисбат ба хифз ва афзун намудани арзишхои фархангй, анъанахои халкй; — боигарии забони модарй; - тасвири хамватаноне, ки бегаразона ва комилан ба хифзи сарзамини худ фидокорй мекунанд ва гайра. Дар тарбияи ватандустии хонандагон хиссиёти олии ичтимой (адолат, ватандустй, шараф, хамраъй, вазифа, масъулият, шав;у гайрат ва гайра), ки образхои бадеии бисёр асархои санъати тасвириро ифода менамоянд, ахамияти калон доранд. Хисси фар;кунандаи субъективии тачриба хангоми дарки онхо асоси моддию психофизиологии образи конкретии хисси асари бадеиро ташкил медихад. Тасвири аёнй, иттиходй (ассотсиативй), ручуй (ретроспектив)-ии бо тачрибаи дигар асархо, аз чумла намудхои гуногуни санъатро бо он пайваст кардан мумкин аст. Сониян, баходихии эмотсионалй аз мавчудияти шакли зебою дилпазир дар санъати тасвирй ба миён меояд. Доштани шакли зебою шоёни тахсин барои он зарур аст, ки эхсосоти аз дарки ин шакл хосилшуда, эхсосоте, ки хангоми бахо додан ба арзишхои ахло;й, сиёсй ва дигар арзишхои дар мусаввара тасвиршуда ба вучуд меояд, ;увват бахшад.Раванди педагогии тарбияи ватандустии хонандагон на бо як восита, балки бо системаи томи воситахои ифодакунандаи санъати тасвирй бой мегардад, ки дар байни онхо шаклхои умумии бадей: андоза, бузургй, ченак, гармония, таносуб, усул (ритм), композитсия, зебой (грация) ва гайра мавчуд мебошанд.

Дар санъати тасвирй хама чиз ба он нигаронида шудааст, ки дар бинанда таассуроти эмотсионалй ташаккул ёбад. Ба ин образхо ва шаклхои конкретию шахсй хизмат мекунанд. Образхои сюжетии асархои насрй ва драмавии санъати тасвирй барои ба хаячон овардани таассуроти эмотсионалй нигаронида шудаанд. Дар натичаи раванди идрок хангоми тасвири хар як асари санъати тасвирй талабагон арзиши бадеию эстетикии ин асарро муайян намуда, дар айни замон ахамияти онро аз чихати мазмун, боварибахш будани халли расмии асари

санъати тасвирй, дарачаи эстетикй, махорат, сифат ва чабхахои дакикии хатхои кашидашуда, ки бо вазифаи мушаххаси амалй алокаманданд, таъкид мекунанд. Донистани вокеияти атроф дар доираи санъат амалй карда мешавад, ба гуфтаи Л.Виготский [4], хамчун асоси амали беихтиёр ба вучуд омадани худшиносй хизмат мекунад. «Интиколи худ ба санъат» на танхо ба таври худкор ва беихтиёр, балки хамчун рохи хатмй, сирф мачбурй, бо шинохти мазмуни асар сурат мегирад. Ин аст мохияти санъат. Илова бар ин, раванди дарки санъат хатман хамчун шарти ногузирии он амалхои каблии дониши окилона, фахмиш, шинохт, иттиход (ассотсиатсия) ва гайраро дар бар мегирад, он хамчун унсури ба худ интикол додани ин меъёрхо аз чониби хонандагон ва танхо дар он сурат тагирот дар рафтори онхо амал мекунад.Дар зери таъсири тачрибахои бавучудомада, натичахои шинохти арзишхои «ман»-и худ аз чониби мухассилин амали шинохти кахрамони хаёлй, ки дар он арзишхои муаллиф ба таври вокей инъикос ёфтаанд, дохил карда мешаванд. Таъсири бештари чунин хамкорй танхо дар сурате ба даст меояд, ки агар арзишхои муаллиф хамзамон барои худи хонандагон ахамияти шахсй дошта бошанд. Шинохти кахрамони хаёлии асари бадей барои хонанда дар айни замон ба шинохти худ табдил меёбад. Аз ин ру, дарки меъёрхои рафтори ватандустии мактаббачагон дар сурате мукаммал мегардад, ки дар ин раванд асархои санъати тасвирй, ки аз чихати бадей ва эстетикй арзишманданд, истифода шаванд. Кайд кардан мумкин аст, ки раванди дарки санъат, гарчанде одамро бевосита ба амал оварда наметавонад, уро бо имкониятхои нав ганй мегардонад, уро ба вокуниши комил ба ходиса - ба рафтор водор мекунад. Он хусусияти тарбиявй дорад. Санъати тасвирй ба таври махсус, ташаккули тамоюлхои арзишй, хам ба сохахои эхсосй ва хам зехнии шахсияти хонанда таъсир мерасонад. Муносибати педагогика ва санъати тасвирй дар раванди тарбияи ватандустии хонандагон дар мактаби тахсилоти умумии муосир хам аз чихати мазмун ва хам дар сатхи методй амалй мегардад. Усулхои тарбияи ватандустии хонандагон ба воситаи санъати тасвирй рохи бехтарини таъсиррасонй ба шуури ватандустй, хисси ватандустй, рафтори талабагон мебошад, ки муаллим дар фаъолияти якчоя (муошират) бо кудак барои ноил шудан ба вазифахои педагогии тарбияи ватандустй истифода мебарад. Усулхои санъати тасвирй дар тарбияи ватандустии хонандагон намудхои гуногун: графика, санъати ороиши амалй, санъати тасвирй, хайкалтарошй, меъмориро ифода мекунанд. Ба гурухи усулхои тасвирии таъсиррасонй дохил мешаванд: санъати хат (графика), мусаввирй, санъати ороишй-амалй (декоративно-прикладное искусство), санъати хайкалтарошй ва меъморй. Тархи ботинии усулхо дар бедоршавй ва афзудани фаъолнокй, эчодй, аклй, амалй дар раванди педагогй ифода меёбад. Хусусияти мухими мазмуни ботинии усулхо бо мероси маданияти миллй ва чахонй, бо асархои санъати тасвирии рассомони машхури рус ва хоричй шинос кардани мактаббачагон мебошад. Самти бисёрчонибаи усулхо, ки аз муносибати диалектикии куввахои фикрй ва эхсосотй дар ифодаи илмй ва амалии онхо бармеояд, барои ташаккули тафаккуре, ки хусусияти диалектикй, объективй, росткавлй, вокей, инсонпарварй, мантикй, тасвириро фарк мекунад; инчунин дар фаъолияти талабагон чорй намудани эчодкорй, дар рухияи инсони мехнатдуст, хонанда-ватандуст ташкил намудани рафтори онхо хизмат мекунад.

Усулхои дар боло зикршуда танхо як кисми системаи методие мебошанд, ки дар тарбияи ватандустии мактаббачагон ба воситаи санъати тасвирй истифода бурда мешаванд. Гурухи усулхои суггетики (аз лотинии sugestio — таклид, таклиф) як кисми системаи усулхои тарбияи ватандустии хонандагон тавассути санъати тасвирй мебошад. Ин усулхо хам дар рафти муоширати шахсии омузгор ва хонанда ва хам дар рафти викторинахо, озмунхо, намоишгоххо ва гайра фаъолона истифода мешаванд. Онхо маърифатнокии мактаббачагонро оид ба санъати тасвирй баланд мебардоранд, ба ташаккули завки бадеии онхо мусоидат мекунанд, ки ба равандхои дарки хонандагон аз асархои санъати тасвирй ва асархои эчодии онхо, азхудкунии арзишхои ахлокй ва дигар арзишхои инъикосёфта таъсир мерасонанд. Усулхои санъати тасвирй дар тарбияи ватандустии хонандагон бори гарони педагогиро бар душ доранд. Тамоми хусусиятхои шуурро инъикос намуда, барои дигаргун сохтани хар як кисми таркибии он хизмат мекунанд ва дар айни замон одамро аз ботин тагйир медиханд ва инчунин ба зухури куввахои асосии инсон, инкишофи тафаккури образнок, фаъолияти эчодй мусоидат мекунанд. Хдмаи усулхои гуногуни бадей дар тарбияи ватандустии талабагон дар алокаи ягона, вобастагии байнихамдигарй амал мекунанд. Онхо ба шахсияти хонанда дар мачмуъ таъсир мерасонанд. Мазмун, восита ва усулхо системаи раванди тарбияро, ки ба максади тарбияи ватандустй мувофиканд, ташкил медиханд. Мазмуни таълим арзишхои маънавии чахони ботинии шахсияти хонанда мебошад, ки муносибати хонандаро ба Ватан, тарзу усулхои муошират бо хамсинфон,

тарзи фаъолияти уро муайян мекунанд, аз мачмуи воситахо ва усулхои таъсиррасони педагогй истифода мебаранд. Ин система тамоми усулхои ташаккули шуур, тарбияи хиссиёт ва иродаро дарбар мегирад, ки онхоро бо воситахои гуногуни таъсири моддию маънавии муаллим пайв астан мумкин аст. Хусусияти хаматарафаи тарбияи ватандустй ва таъсири хамачонибаи санъат ба шахс имкон медихад, ки таъсири тарбиявии санъат бо ёрии нишондихандахои ичтимоию педагогии чалб намудани санъат мавриди омузиш ;арор дода шавад. Ин шартан аз он иборат аст, ки яке аз вазифахои асосии тарбияи хонандагон шинос намудани онхо бо таърих, анъанахо, арзишхои фархангии Ватан ва ташаккули эхтиёч ба афзун намудани онхо мебошад. Асархои санъати тасвирии точик танхо як ;исми зиёди ин арзишхои фархангиро ташкил медиханд. Дар баробари ин, асархои бадеие, ки гояхои ватандустиро ифода мекунанд, гуё ;имати дучанд пайдо карда, дар "аслихахона" («арсенал»)-и воситахои педагогии муаллим мав;еи мухимро ишгол менамоянд. Заминаи пурсамаре, ки муносибати арзишманди хонандагон ба санъат дар он месабзад, амалия аст. «Некукор, -;айд кардааст муаллими барчаста Я.А.Коменский, - бо гуфтугу не, балки бо рафтор инкишоф меёбад [5, с. 101]. Махз амалия барои ташаккул ва инкишоф додани ;обилияти дарки намудхо ва жанрхои гуногуни санъат ба хонандагон шароити зарурй фарохам меоварад. Ба туфайли дарки асархои сершумори бадей тафаккури бадей инкишоф меёбад, ки хусусиятхои хос дорад. Бо асархои бадей шинос намудани хонандагон ва дар амал татби; кардани ин мавзуъхо, ки мавзуи ватандустй, хизмат ба Ватан, ;ахрамони миллй будан, мухорибахои бузург, саркардагони бузурги точикро инъикос менамояд, ;исми мухими мазмуни асар оид ба ташаккули ватандустй дар байни хонандагон тавассути санъати тасвирй мебошад. Хонандагон хусусиятхои зебопарастии гуногун, ашё ва ходисахои во;еиро ами;тар дарк мекунанд.

Хдмин тавр, мубрамияти асархои эчодии санъати тасвирй хамчун воситаи педагогии чараёни таълим вазифаи мухими инкишофи иштирокчиёни чараёни таълимро (хам объект ва хам субъект) ичро мекунад. Санъати тасвирй воситаи муоширати байни объект ва субъекти тарбия буда, неруи маънавй ва эчодии хар шахс, ;обилияти шахсиятро ошкор менамояд, ба худшиносии миллй ва хуввияти миллй мусоидат мекунад. Вай ба муаллим на танхо барои идроки олами маънавии талаба, балки барои расонидани таъсир ба он ёрй мерасонад.

- Истифодаи осори санъати тасвирй дар тарбияи ватандустии хонандагон, ки мухофизони Ватан, ватандустони кишвари худро инъикос менамоянд, ба ташаккули дарки донишомузон дар бораи робитаи зичи хар як шахрванди Точикистон бо зухуроти ватандустй имкон фарохам меорад. Корбасти ин асархо дар системаи машгулиятхои таълимй ба хонандагон барои дарки мохият ва мухимтарин чанбахои зухуроти ватандустй мусоидат мекунад.

- Санъати тасвирй аз чихати гуногунии усулхои аёнй воситаи мухими педагогии халли масъалахои тарбиявй мебошад.

- Санъати тасвирй ва педагогика дар раванди ма;садноки педагогй чй аз чихати мазмун ва чй аз чихати усули тарбияи ватандустй бо хам ало;аи зич доранд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Достоевский, Ф.М. Об искусстве/Ф.М.Достоевский.-М.:Искусство, 1973. - 74 с.

2. Кабалевский, Д.Б. Прекрасное пробуждает доброе-Педагогические размышления /Д.Б.Кабалевский// Избр. статьи и доклады.- М.: Педагогика, 1986. - С.76.

3. Лоренц, К. Агрессия (так называемое "зло"). Библиотека зарубежной психологии/ К.Лоренц.

- М;Прогресс, Универс, 1994. - С.263.

4. Выготский, Л.С. Искусство и жизнь /Л.С.Выготский// Психология искусства.Изд-е 3-е. -М.: Искусство, 1986. -С.313.

5. Коменский,Я. А. Избранные педагогические сочинения/Я. А.Коменский.-М., 1955.- С.101.

REFERENCES:

1. Dostoevsky, F.M. About art / F.M. Dostoevsky. - M.: Art, 1973. - 74 p.

2. Kabalevsky, D.B. The beautiful awakens the good-Pedagogical reflections / D.B. Kabalevsky // Collection of articles and reports. - M.: Pedagogy, 1986. - P. 76.

3. Lorenz, K. Aggression (the so-called "Evil"). Library of Foreign Psychology / K. Lorenz. - M.: Progress, 1994. - P.263.

4. Vygotsky, L.S. Art and life / L.S. Vygotsky / / Psychology of art. The 3rd edition. -M.: Art, 1986. -P.313.

5. Comenius, Ya. A. Selected pedagogical works / Ya. A.Komensky.-M., 1955.- P.101.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.