ТДУ 6П4
Акмалова Маловат Абдуллоевна, омузгори коллечи тиббии шаури Гулистон, унвонцуи Пажууишгоуи рушди маорифи ба номи А.Цомии Академияи таусилоти Тоцикистон (Тоцикистон, Душанбе)
Акмалова Малохат Абдуллаевна,
преподаватель медицинского колледжа г.Гулистона, соискатель Института развития образования имени А. Джоми Академии образовании Таджикистана
(Таджикистан, Душанбе)
Akmalova Malohat Abdullayevna, lecturer of the medical college of Guliston-City of Sughd region of the Republic of Tajikistan, claimant for candidate degree of the Institute of Education Development named after A. Jomi, Academy of Education of Tajikistan (Tajikistan, Dushanbe), E-mail: prmatt @ mail.ru
Вожа^ои калиди: тамоили кори, педагогони ватани ва хорици, роунамоии касби, меунати фоиданоки цамъияти, хусусияти политехники
Дар мацола тарбияи хонандагони муассисауои таусилоти миёнаи умуми дар самти роунамоии касби тавассути меунати фоиданоки цамъияти мавриди барраси гардидааст. Доир ба масъалаи тарбияи меунатии хонандагон дар уамкори бо оила ва муассисауои таълими олимони зиёди ватанву хорици фикру андешауои гуногун изуор намудаанд, ки дар мацола онуо ба таулилу барраси кашида шудаанд. Дар цараёни коруои тацрибави - санциши барои дар муассисауои таълими амалан татбиц намудани самтуои асосии пайвастани омузиш бо меунати фоиданоки цамъиятии хонандагон тавсияуои илмию методи пешниуод шудаанд, ки ба омузгорон циуати тарбияи роунамоии касбии хонандагон кумак мерасонанд. Тазаккур меравад, ки дар муассисауои деуоти кишвар цалби хонандагон ба коруои судманди ицтимои бештар ба роу монда шудааст, ки ин ба раванди тарбияи меунати ва роунамоии касбии онуо мусоидат менамояд.Муаллиф дар асоси коруои тадцицоти-озмоиши пешниуод менамояд, ки ин равандро дар мактабуои шаур тавассути пурзур намудани фаъолияти кружокуо, стансияуои техникони цавон ва муассисауои таълими иловаги боз уам хубтар ба роу мондан имкон дорад.
Ключевые слова: рабочее направление, отечественные и зарубежные педагоги, профессиональная ориентация, полезный труд, политехнические особенности
В статье рассматривается обучение учащихся общеобразовательных школ с учетом профориентации через общественно полезный труд. Существуют различные взгляды отечественных и зарубежных ученых на проблему трудового воспитания учащихся в сотрудничестве с семьями и образовательными учреждениями, которые анализируются и обсуждаются в статье. В ходе экспериментальной работы даны научно-методические рекомендации по практической реализации основных направлений соединения обучения с общественно-полезным трудом учащихся, которые помогут учителям обучать учащихся методам профориентации. Отмечается, что в сельских образовательных учреждениях страны работа в данном направлении ведется более эффективно, что способствует процессу трудового воспитания и профессиональной ориентации учащихся. На основании научно-исследовательских и экспериментальных работ автор предполагает, что этот процесс можно улучшить в городских школах за счет усиления деятельности кружков, юношеских технических станций и учреждений дополнительного образования.
Key words: labour streamline, home and foreign teachers, vocational guidance, useful work, polytechnic features
In her article the author expresses thoughts on upbringing of students of secondary educational institutions under the angle ofprofessional orientation, which are proceeded from conclusions of home and
КОРИ ФОИДАНОКИ ЧАМЪИЯТИ-АСОСИ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАУОИ ТА^СИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИ ДАР САМТИ РОЩАМОИИ КАСБИ
ОБЩЕСТВЕННО ПОЛЕЗНЫЙ ТРУД КАК ОСНОВА ПРОФОРИЕНТАЦИИ УЧАЩИХСЯ СРЕДНИХ ОБЩЕОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ
УЧРЕЖДЕНИЙ
SOCIALL Y USEFUL WORK AS THE BASIS FOR VOCATIONAL GUIDANCE OF STUDENTS OF SECONDARY EDUCATIONAL INSTITUTIONS
international teachers. It is worth mentioning that according to home and foreign scientists the problem beset with labor education of students must be paid attention both from the family and the educational institution, upon the whole. In the process of experimental work, methodological recommendations were considered for practical implementation of the main directions of teaching with socially useful labor of students and teachers for the development of vocational guidance of students in accordance with recommendations and valuable characteristic properties.
Дар чомеаи муосир одамоне, ки ба кори умумй хисса мегузоранд, муносибати онхо ба мехнат нишондихандаи асосй ва ё ченаки фаъолнокии ичтимой ва балогати шахсияти шахрванд ба хисоб меравад ва ин ма;оми уро дар чомеа муайян месозад. Аз ин ру, насли наврас хам аз нигохи амалй ва хам аз нигохи равонй бояд ба фаъолияти мехнатии умумичамъиятй ва истехсолоти хусусй чалб карда шавад.
Дар пажухишхои илмии хеш олимони сохахои зиёди илм бо зикри на;ши халкунандаи мехнат дар тарбияи шахсият, гояи пайвастани омузиш бо истехсолотро пешниход кардаанд. Дар шароити кунунии ичтимоию и;тисодй, аз чумла дар шароити бозори и;тисодй низ ин гоя мухим арзёбй мешавад. Бояд ин нуктаро зикр намуд, ки мехнати истехсолй, ки хонанда ба он мепайвандад, вазифаи мухими равонию педагогиро ичро мекунад. Он чун яке аз омилхои халкунандаи тарбияи хамачонибаи инкишофи шахс ва чун шароити хатмиву зарурии ташаккули омодагй ба мехнат, омода намудани мутахассисон на танхо барои вохидхои илмй, истехсолоти саноатй ва кишоварзии давлатй, балки муассисахои гайридавлатй низ мебошад.
Волков чунин мехисобад, ки "...информатика ва компютерхо холо ба хам пайвастанд ва якчоямачмуи нави ягонаи ичтимоию техникиро ташкил додаанд. Зухури ин мачмаа боиси тагйироти сифатии шадид дар инкишофи нерухои тавлидии чомеа гардид. Сабаби ин тахаввул ва ин тагйироти куллй на таркиши иттилоотй ва на ин;илоби компютерй ба таври чудогона, балки имтизочи онхо - тавъамшавии ба хам ало;аманд ва хамдигарпуркунанда шуд, ки дар он илм ба унвони як пайванди пешрав амал мекунад" [1,с.14-15].
Дар чомеа на шахс, балки фаъолиятхои вай мав;еи голибро дар зиндагии ичтимой ишгол менамояд. Аз ин чо ин дурнамои табдили истехсоли арзишхои моддиро аз хадафхо дар воситахои фаъолияти хаётй боз мекунад.
Мафхуми "корманд": сарфи назар аз хар гуна сохтор махалли кори худ фаъолият мебаранд бо мухтавои нав пур мешавад. Ин рохест, ки корманд аз худ чун як шахси ташаббускор бо андешаву мафкураи эчодй дарак медихад. Равиши истифода аз донишхои гуногун, тавоноихо, истеъдодхо, василае барои ;онеъ намудани талабот дар муколама, эчодиёт категорияхоеанд, ки метавонанд зохир шаванд. Инсон дар низоми муносибатхои мехнатй на танхо чун коргари касби муайян, балки чун шахсият, яъне дар сармояи ;обилиятхои фардй, тамоилй ва манфиатхо аз худ дарак дихад.
Рохандозии тах;и;оти бунёдй дар ин самт нишон дод, ки ба рушди инсон, ба ташаккули фаъолияти мехнатии инсон навъи нави прогресси илмию техникй таъсири бузург мерасонад. Онро бояд ба хисоб гирифт, ки пешрафтхои илмиву техникй дар шароитхои кунунии бозорй сифатан асосхои техникии фаъолиятхои мехнатй, мухтавои онро дигаргун месозад ва бо ин васила ба тагйири хислату мохияти мехнат таъсири муста;им мерасонад. Ин дар густариши сохаи фаъолиятхои касбии мехнатии одамон, зам шудани имконоти табдили мехнат ва касб, густариши огозхои эчодй, ;обилиятхои шахсият инъикос меёбад. Дар мухтавои мехнат таносуби вазифахо ба чониби афзоиши эчод, чустучу, зехн ва кохиши фаъолиятхои механикй, якрангй иваз мешавад. Аз ин ру, аз захматкашони даврони нави и;тисодй бозоргонй на танхо захмати чисмонй, балки тафаккур, дониш ва малакахои дигарро низ та;озо доранд.
Хдмзамон бояд зикр кард, ки дар чараёни пешрафтхои илмиву техникй на танхо мухтаво, балки хислати фаъолияти инсон низ дигаргун мешавад. Инсон ба як объекти фаъоли нерухои нави истехсолй табдил мегардад. Ин ба он маъно, ки шахс аст ба хамаи талаботе, ки истехсолоти мачмуй-автоматй назди инсон мегузорад, посух дода тавонад. Дар чойе, ки хама шаклхои фаъолиятхои механикй, кухнашуда ба мошинхо дода шудааст, аз субъект чун истехсолоти чамъиятй ва хам хусусй дониши васеъ, малакаву махорат, рушди баланди фикрй, ;обилиятхои эчодй, эхсоси волои масъулият ва иродаи муносибу мувофи; талаб карда мешавад.
Бояд ;айд кард, ки дар Конуни Ч,умхурии Точикистон "Дар бораи маориф" навишта шудааст: "Ба вазифаи таълим ва тарбия чун ;исми таркибии маориф дар шароити давлати демократй, ху;у;й, дунявй омода намудани шахрвандони сохибмаълумот, эчодкор, рушдёфта,
д о р ои д о ниши ам ик , махоратхо, малакахои касбй, сохиби гояхои сулхпарварй, башардустй, ватанпарварй, адолати ичтимой, риояи арзишхои маъмулии башарй, хукукхо ва конунхо дохил мешавад"[2,с.33].
Дар аксар тахкикоти илмй дар ин замина баъзан таъкид мешавад, ки тавлид дар мухити ичтимоию иктисодии феълй ба таври айнй ниёз дорад, то ниходхои омузишии маориф ба масъалахои инсон машгул шаванд ва ин вобаста аз мухити чамъиятй метавонанд ба суръат ба навъи нави фаъолияти мехнатй мутобик гарданд. Ин мутобикшавй ба хар намуди фаъолият шархи фахмишеро чун рушди хамачонибаи кудак ва рушди хаматарафаи шахсиятро талаб дорад, харчанд онхо аз хамдигар вобаста мебошад. Аммо рушди хамачониба кудак кабл аз хама ба сатхи донишхои касбй, малакахо, тавоноихои вай, ки барои ширкат дар мехнати поку табий ва муштарак зарур мебошад, лозим аст. Ин фахмиш он талаботеро инъикос мекунад, ки истехсолоти муосир аз инсон талаб дорад ва ба омодагихои умумй ва хоси вай, тахассус, махорати касбии у ва гайра дохил мешавад. Хдр чомеа ба ин гуна талабот ру ба ру мешавад, новобаста аз низоми ичтимоию иктисодии он, ки сатхи муосири рушди техникиро сохиб шудааст.
Мафхуми "рушди хамачонибаи шахсият" кабл аз хар чизи дигар мохияти вуруди инсон ба низоми муносибатхои чамъиятй, вокеияти табдили он ба субъекти вокеии раванди таърихиро нишон медихад.
Мафхуми муосири "мехнат" чун "...фаъолияти хадафноки инсон, ки ба тагйир ёфтан ва мутобик гаштани ашёи табиат барои каноат бахшидан ба хостахои худ муайян карда мешавад. Раванди мехнат ин унсурхоро дар бар мегирад: мехнати худ ё фаъолияти матлуб, ашёи мехнат, воситаи мехнат, натичаи мехнат" [8, с. 9].
Дар хамин робита бояд кайд кард, ки донистани унсурхои мехнат ва омузиши онхо аз чониби захматкаш дар айни замон маъниву мафхуми бузурги педагогй дорад. Хдмчунин бояд кайд кард, ки донистани ин унсурхо, чуноне тачрибаи хамкории муштараки оила ва муассисаи таълимй нишон медихад, имкон хохад дод кори таълиму тарбия дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй мушаххас ба рох монда шавад, падару модар ё шахсони онхоро ивазкунанда ва омузгорон ба раванди омодагии хонандагон ба мехнат ва тамоили касбй, ба тарбия ва рушди онхо бо усулхои гуногун чалб карда шаванд.
Бояд таъкид кард, ки мехнати барои чомеа фоидаовар ва коромад як абзори таъсирбахш ва одилона барои омузиши фардй ба таври комил тавсеа ёфтааст, ба вижа вакте сухан дар бораи ояндаи тамоилхои мехнативу касбии хонандагон меравад, ин як рохи бебадалу ивазнашавандаест. Омузиш ба кори сермахсулу самарабахш яке аз меъёрхои асосии мактаби касбомузй дар оянда аст.
Мутобик ба "Консепсияи рахнамоии касбии хонандагон дар Ч,умхурии Точикистон" барномахои нави омузиши мехнатй хам барои синфхои У-IX -и муассисахои тахсилоти асосй ва хам барои синфхои X-XI муассисахои тахсилоти миёнаи умумй тартиб дода шудаанд. Бояд таъкид кард, ки дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумй ташкил намудани кори истехсолй ва касбии пайваставу хамешагй дар пеши чашми хонандагон сурат мегирад ва инро натичахои тахкикоти мо тасдик мекунад. Хонандагон паси мизи муассисаи таълимй нишаста, аллакай талошхои ватандустй мекунанд ва мехоханд амалан хиссаи худро барои пешрафти ватани хеш гузоранд. Талабот, кобилият, тафаккуру андеша, хислат ва дигар сифатхои шахсияти наврас танхо дар кор зохир мешавад ва инкишоф меёбад.
Бояд кайд кард, ки дар мафхуми педагогй ва тарбиявии он аз чониби бисёре аз педагогхо ва фаъолони чамъиятй арзёбй шудааст. Л.Н.Толстой ва К.Д.Ушинсикий ба масъалаи тарбияи мехнатй таваччухи хос доштаанд. Масалан Л.Н.Толстой тарбияи мехнатиро басо мухим медонист. Дар асархои худ "Алифбо", "Китоб барои бачахо", ки дастурхои педагогии нависандаи маъруф ба шумор мераванд, барои бачахо арзишхои ахлокии фаъолияти мехнатй, таъсири кор ба инкишофи неруи чисмонии инсон ва аз хама асосй, дар ташакули ахлокиву рушди чисмонии вайро кушод.
Мехнатдустиро педагог К.Д.Ушинский хеле барчаста тавсиф кардааст. "Мехнат, инсонро аз нигохи маънавй ганй месозад, рух, хиссиёти вайро тоза мекунад, барояш дакикахои бешуморй шодкомиву фарах эхдо месозад". Ба акидаи вай конуни равоншиносие амал мекунад, ки мохияташ дар ин аст: халоват бояд баробар ба мехнат бошад. Вазифаи тарбия дар оила аз он иборат аст, ки одамро ба кор омода созанд. Барои ин бояд волидайн ба фарзандонашон хануз аз овони кудакй ба мехнат чалб карданро биёмузанд. Талабот ба
мехнатро K.Д.Ушинский ба мухити ичтимой алокаманд медонист, таъсироте, ки солхо барои ташакyли шахсияти инсон гузошта мешавад [10, с. 34].
Дар хамин иртибот вуруди хонандагон ба анвои мyхталифи фаъолиятхои коргарй уфукхои шахрвандии онхоро густариш медихад, ба онхо кумак мекунад, то эхтиром ва мухаббат ба корро афзоиш диханд ва хамчунин нигариши мусбати волидайн ва омузгорон барои инкишофи сифатхои арзишманде чун муносибати эхтиëткорона ва сарфачyëна на танхо ба сарвату дороии худ, балки моликияти чамъиятро боло мебарад. Хдмзамон бо чунин нигаришхое аз хонавода ва муассисаи таълими хонандагон хамчунин метавонанд унсурхои мухиме монанди фарханги кор, эхсоси вазифа, коромадй, диккат, дакикият, тавоноии кадрдонй аз замон, хар лахза вориди кор шудан ва ичрои сифатноки онро аз худ кунанд.
Натичахои ба дастовардаи мо дар чараëни тахкикот нишон медиханд, ки хангоми кори муштараки хонавода ва муассисаи таълимй махсусиятхои синнусолии хонандагон ба назар гирифта мешавад ва ин ба инкишофи чисмонии онхо, баланд рафтани кобилияти умумии корй ва тобоварии организм мусоидат мекунад. Масалан, кори чисмонии ивазшаванда бо дарсхои таълимй ба рушди фикрии хонандагон низ таъсир мерасонад, то хадде раванди азхудкунии асосхои илмиро чонок мекунад, дониш, малака ва махоратхоро чй дар дарсхои гуманитарй ва чй табиатшиносй мушаххас менамояд. Дар фаъолияти мехнатии хонандагон тафаккури техникй, амалй, эхтимолие, ки ба таъмин ва тарбияи насли наврас ба дидгох ва бовархо, ба даст овардани ягонагии чахонбинй ва амалии рафтор мусоидат мекунанд, инкишоф меëбад ва рушд мекунад. ^р хамчунин барои дар хонандагон тарбия намудани хисси карз, масъулияти ахлокй, мехнатдустй ва ба вучуд овардани одатхо ба меунати дурудароз хиссаи сазовор мегузорад. Педагогони назарияпардози машхур H. K. Kрyпская, А. С. Макаренко, А.В.Луначарский дар осори илмии хеш ба масъалахои меунати насли наврас, омодагихои кории политехникй хам дар оила ва хам дар муассисаи таълимц диккати махсус додаанд.
Бояд кайд кард, ки Н.Крупская дар макола ва суханронихои худ иртиботи дохилии политехниконидани муассисаи таълимц ва ворид кардани бачахо ба кори якчояи фикрй ва чисмониро зикр намудааст. H.K. ^упская ба он тавваччух кард, ки "пайвастани намудхои гуногуни фаъолият ба тарбияи хамачонибаи шахс имкон фарохам меоварад", вазифаи тарбияро бошад дар он медид, ки коромадии инсон ба талаботи гуногуни мехнат ташаккул дода шавад. Зарур аст кобилияти хонандагонро хдм дар оила ва хдм дар муассисаи таълимй ба хисоб гирифт, рушди онхоро дар мадди назар дошт, барои бартараф сохтани якчонибаи манфиатхо чора андешид, хамчунин истеъдод ва завки онхоро ба хисоб гирифт, бо хам мушкилоти садди рохи истеъдодро халлу фасл кард ва ин бояд барномаи асосии муассисахои тахсилоти мданаи умумй дар самти рохнамоии касбии хонандагон бошад.
Бояд таъкид намуд, ки мехнат чун як воситаи умумии педагогй амал мекунад, аммо наметавонад аз имконоти он худдорй кунад, зеро истифода аз ин воситахо танхо дар хадди маълум самаровар аст. Ин воситахо ба вижа аз тарики имкони истифода аз фаъолиятхои коргохй барои халли ин мушкилоти педагогй, хамчунин шароитхои объективии махдуд эчод мешавад.
Педагоги машхур А.С.Макаренко бо ибрози назар дар бораи ин ки чаро ахамияти тарбияи мехнатй дар худхизматрасонй, кор дар устохонахои хунармандй ночиз аст, диккати асосиро ба он чалб намуд, ки худи ахамияти асосии ин гуна корхо паст аст. ^р дар сохаи худхизматарсонй хастакунандаву, якранг аст ва унсурхои он хамеша ба як сурату холат такрор мешаванд ва хавасмандии камтар дорад. Kори хунармандй масъулиятнок аст, вале тибки мушохидахои А.Макаренко ин тамоил ба вазифахои тарбия чавобгу набуд. Вай ба ин назар буд, ки объекти тарбия метавонад танхо кулли коллектив бошад, зеро танхо дар коллектив ангезахои нав ба вучуд меоянд ва месабзанд, танхо дар коллектив омилхои пайравй пайдо мешаванд [4,с.39-8].
Мушохидахои мо нишон медиханд, ки дар мархилаи муосир омиле, ки боиси хидояти касбии навчавонон мешавад, метавонад оила ва муассисаи таълимй бошад, зеро худи раванди тарбияи мехнатй таъсири ташаккулдиханда ба шахсият дорад. Ба акидаи мо, мухтавои мехнат, яъне низоми ба рох мондани вазифахо, ташкил ва шароити кор ин воситаи тарбиякунанда аст.
Мехнат чун восита ва омили тарбия дар раванди фаъолиятхои дарсиву гайридарсй дар ин чанбахо зохир мешавад:
- раванди коркарди вижагихои хоси фард, ки унсурхои хатмии ахлокй ва иртиботи дар амал татбикшавандаи дониш, махорат, тавоной дар раванди мехнат шомили онанд;
- в оситахои хад афноки тарбияи ин ё он сифатхои шахсият, ки бо воситахои гайрипедагогй ироа мешаванд.
Дар мавриди аввал хосияти сифатхои шаклгиранда ба талаботи обективии чомеа вобастагй дорад, чанбаи дуюм бошад нисбатан мафхуми васеъ дорад ва ба унвони як унсур аз низоми таъсири омузиш дониста мешавад.
Бояд ;айд кард, ки ба масъалаи тарбияи мехнатии хонандагон дар иртиботи наздики оила ва муассисаи таълимиро В.А.Сухомлинский тах;и; кардаву ба ин масъала бештар таваччух намудааст. Як сирри тарбияро вай дар он медид, барои илхом бахшидан ва рухбаланд кардан ба мехнат, мохияти шахрвандии онро бояд кушод. Аммо вай исбот мекард, ки на хама намуди кор инсонро тарбия мекунад: "Мехнати гусаста аз тарбияи гоявй, зехнй, моддй, эстетикй... бошад, дур аз эчод, манфиатхо ва талабот, аз муносибатхои серпахлу миёни тарбиягирандагон бошад, сабабгори он мешавад, ки мехоханд харчй зудтар аз он рахой ёбанд"[9,с.525]. Мехнат -фаъолиятест, ки дар зоти худ тагйир мекунад. Ч,алби кудак ба кор ва рушди шахсияти уро В.А.Сухомлинский дар ин амалхо медид: коре, ки худ ба худ хидмат мерасонад, худкифой (барои худ) - мехнат барои наздикон (волидон, дустон), хамчунин кор ба фоидаи коллективи синф, мактаб, оила ва кулли чомеъа.
Дар замони омузишхо хонандагон ба навъи гуногуни фаъолиятхои мехнатй чалб мешаванд. Бахусус, хонандагони синфхои болой намудхои гуногуни корро тачриба мекунанд: кори дарсй (дарс дар муассисаи таълимй, ичрои вазифахои хонагй, худомузихо); фаъолиятхои чамъиятй (ичрои супоришхои чамъиятй дар муассисаи таълимй, корхои сарпарастй дар муассисахои томактабй, кумак ба пиронсолон ва гайра); кор дар дарсхо аз руйи майлу рагбат (кор дар махфилхои пажухишй, техникй, бадей, хунарй, варзишй ва гайра); кори хочагй-маишй (худхизматрасонй, кумак ба хонавода, кор дар махалли исти;омат ва г.); мехнати муфиди чамъиятй (худхизматрасонии хамагонй, корхои таъмир дар муассисаи таълимй, кор барои бехсозии хона ва муассисаи таълимй, хифзи мухити атроф ва гайра).
Зикри ин нукта бомаврид аст, ки то ин замон маълумоти психологй, педагогй ва ичтимоии лугатхои тафсирй ва забонй ба таври ;отеъ исбот мекарданд, ки мафхуми "фаъолият" (мехнат, кор, фаъолиятнокй ва рафтор) хамоно якмаъно нест.
С.Л. Рубинштейн ;айд кардааст, ки мафхуми "фаъолият" истифодаву корбурди густарда ва номуайян дорад ва амалан фаъолият ва фаъолиятнокиро шабехи хам мекунад. Мо ин дуро аз хам фар; мекунем...
Фаъолият ин - фаъолияти чисм, ин тачриба аст" [5,с.226].
Ба акидаи педагоги машхур А. Н. Леонтев, ки дар рузхои мо назарияи фаъолиятро ба номи у ало;аманд медонанд, ;айд мекунад, ки консепсияе, ки мо тахия мекунем, аз хамин фахмиши умумипсихологии инсон сарчашма мегирад ва асоси онро принсипи фаъолият, мурочиат ба фаъолияти модда, ки хамаи падидахо, сифатхо, хусусиятхо, равандхо ва вазъи шахсе, ки дар сатхи ичтимой амал мекунад, ташкил медихад [3,с.136].
Масъалаи боло бурдани сифати фаъолияти касбиву мехнатй дар шароитхои нави ичтимоиву и;тисодй, и;тисоди бозоргонй бояд аз чониби педагогхо, психологхо, чомеашиносон, и;тисодшиносон, физиологхо, мутахассисони сохаи бехдошт ва намояндагони дигар сохахои илм муттасил (бо назардошти чанбахои мухталифи он) такмил дода шавад.
Тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар шароитхои нав бояд барои ба даст овардани чунин донишхо, малакахо, махоратхое таррохй шавад, ки ба онхо имкон бидихад навъхои нави кору касбро азхуд кунанд ва муваффа;она ;обилиятхои фикрй ва чисмонии худро инкишоф диханд. Тачриба нишон медихад, ки бехбудй дар омодагихои омузишй, корй ва политехникй имкон медихад барои ба хар аъзои чомеа интихоби баробар ва озоди дарсхо ва ихтисосхо бо назардошти на танхо манфиатхои шахсй, балки чамъиятй шароити во;еиро фарохам орад. Зеро дар замони мо имрузхо дар дунё беш аз 40 хазор намуди касб мавчуд аст. Баробари тара;;иёти босуръати илму техника, и;тисоди бозоргонй, талаботи бозори - мехнат ва пешравии чомеа 500 намуди касб аз байн рафта, хамзамон зиёда аз он касбхои наву чавобгуи талаботи давру замон ба миён меоянд. Оё чавонони имруза касбро аз руи хохиш ва ;обилияти хеш интихоб мекунанд. Холо на танхо мардон, балки занон низ дар чустучуи кор ва дарёфти риз;у рузй ба кишвархои дуру наздик рафта, ба корхои вазнини каммузд машгул мешаванд ва дар он чо ба шароитхои номусоиди зиндагй дучор мешаванд. Тах;и;от нишон медихад, ки яке аз сабабхои асосии чунин вазъият дар бозори мехнат ва умуман дар сохаи хифзи ичтимой паст будани сатхи дониш, сохиби касбу ихтисос набудани
шахрвандон, хамзамон ба иктидори пурра фаъолият надоштани корхонахои истехсолй ба хусус дар муассисахои таълимй мавчуд набудани омузиши политехникй ва татбики омодагихои касбиву мехнатй мебошад.
Бар пояи омода намудани хамин гуна мутахассис омузиши политехникй ва татбики омодагихои касбиву мехнатй хам дар оила ва хам дар мактаб бояд карор гирад. Зери мафхуми омузиши политехникй ин гуна омузише фахмида мешавад, ки бо принсипхои асосии хама равандхои истехсолот ошно созад ва хамзамон малакаи мурочиат бо тачхизоти одии хама истехсолотро дода тавонад. Пояи омодагихои ояндаи касбиву мехнатии хонандагон хам дар чараёни хониш ва хам берун аз корхои омузишй дар хамин аст.
Тибки "Консепсияи рушди тахсилоти касбй дар Ч,умхурии Точикистон" омузишхои умумй, политехникй, махсуси касбиву мехнатй чун "сохаи дутарафа ё байнисохавй" дида баромада мешавад. Тахсилоти миёнаи умумй омодагй ба дарёфти маълумоти махсусро таъмин менамояд ва инсонро ба ичрои вазифахои умумй тайёр мекунад; маълумоти махсус ба ичрои вазифахои ичтимоии тафрикавй медихад. Бояд кайд кард, ки мафхуми омузишхои махсус ва маориф дар муассисахои таълимоти махсус мувофикат намекунанд, аз он чо, ки охирй дар катори донишхои вижа маълумоти политехникй ва умумиро низ дар бар мегирад. Омузиши махсус ба низоми донишхои умумй ва ба низоми махоратхои умумй хиссаи калон мегузорад.
Дар вокеъ кулли низоми комили донишу махоратхои як фард шомили донишу махоратхое мебошад, ки ба инсон барои анчоми он вазифахое, ки хама одамон ичро мекунанд (дониши умумй ва махоратхо) ва низ як низоми донишу махорати лозим барои фаъолиятхои фардй, бахусус ба волидайн хангоми омода намудани фарзандонашон барои интихоби фаъолияти ояндаи касбиву мехнатй зарур мебошад. Зина ба зина сурат гирифтани тахсил, аз чумла тахсилоти касбй мушкилоти чиддии илмй дорад, зеро он то ба хол аз нигохи илмй пурра омухтаву асоснок карда нашудааст. Вале бо вучуди ин аллакай баъзе талошхо дар халли мушкилот сурат мегиранд.
Чунончи, В.С. Леднев масъалаи чудо намудани чузъхои меъёрхои сатхи омодагихои касбии инсон дар ичрои навъхои мухталифи фаъолиятро тахкик кардааст. Муаллиф басо одилона хулоса мекунад, ки бояд фаъолиятро мачмуъан фахмид; мачмуъи меъёрхои хос дар сифати алгоритми мураккаби кори ичромешуда зохир мешавад. Яке аз омодагихои касбй сатхи рушди эчодии инсон аст. "Ба назар гирифтани он ки фард на танхо ташаккул меёбад, балки дар дарачахо, аз чумла дар сатххои асосии омодагихои касбии он низ зохир мешавад, пас метавон оид ба намудхои хоси фаъолият, ки одам метавонад ичро намояд ва дар ин холат ба сифати махаку меъёр аст, хукм кард» [3,с.170].
Консепсияи дар айни замон амалишавандаи тахсилоти пайваста аз нуктаи назари омода намудани коргари навъи нав бояд хамаи звенохои омузиш ва тарбияи муассисахои тахсилотии томактабй ва муассисаи тахсилоти умумй ва тахсилоти олии касбй ва миёнаи махсус, низоми такмили ихтисос ва бозомузии кадрхоро бояд дар бар гирад. Дар ин низом тахсилоти махсус (касбй) бо назардошти талаботи омода сохтани мутахассис бояд чойи муносибу мувофик дошта бошад.
Чунончи, дар Ч,умхурии Точикистон низоми ягонаи тахсилоти муттасил амал менамояд, ки омодагихои умумитахсилотй, касбии шахрвандон, такмили ихтисос ва бозомузии кадрхоро таъмин месозад.
Ба муассисахои уммитахсилотй инхо дохил мешаванд:
• тахсилоти мумй;
• муассисахои тахсилоти томактабй;
• муассисахои махсуси омузишй - тарбиявй;
• муассисахои тахсилоти (ибтидой, миёна, миёнаи махсус ва оли касбй);
• муассисахои тахсилоти иловагй ва хизматрасонихои омузишй.
Муассисахои омузишй метавонанд давлатй ва гайридавлатй, пулакй ва ройгон,
карзй ва гайрикарзй бошанд.
Сохтори умуми муассисахои тахсилоти ин гуна аст:
S муассисаи омузиши ибтидой (зинаи I) - аз 6 то 11 -сола (синфхои I-IV);
S муассисаи тахсилоти асосй (зинаи II-аз 11 то 15-сола (синфхои V-IX);
S муассисаи омузиши миёнаи умумй (зинаи III-аз 15 то 18-сола) (синфхои X-XI).
Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумй омузиши касбй дар назар аст. Навъхои гуногуни муассисахои таълимй: гимназияхо, литсейхо, коллечхо ва гайраву хоказо дар назар дошта
шуд аанд.
Татби;и фаъолонаи ислохоти низоми маорифи Ч,умхурии Точикистон яке аз вазифахои авволиндарача ба шумор меравад, ки аз халли он рушди босамару муфиди мо муста;иман вобаста мебошад. Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба он чиддй таваччух намуд: «Сохтори кунунии илм ва маориф, ки аз давлати пешин ба мо мерос мондааст, ба талаботи низоми нави и;тисодй чавоб намедихад. Хаёт бо исрор тачдиди низоми маорифро талаб дорад. Ислохоти мактаб, маориф, илм имруз яке аз мухимтарин вазифаи кишвари мост».
Мо бояд таъчилан талаботи и;тисодиёт ба кадрхоро бар асоси низоми нави и;тисоди бозорй мехнат ;онеъ созем ва хамзамон омодасозии мутахассисонро ба он сохахое, ки дигар ба онхо эхтиёче нест, ;атъ кунем. Низоми муассисахои тахсилоти миёна ва олии касбй бояд омодасозии мутахассисонро бо назардошти и;тисоди бозори мехнат таъмин созад.
Хамин тари;, мактабхои серсоха, тамоилхои касбии хонандагон ;исме аз низоми нави хадафхои ичтимой мегардад ва вазифахои омодасозии мутахассисони навъи навро, ки ба бозори мехнат аз замони хатми муассисаи таълимй ра;обатпазир бошанд, дар миён мегузорад. Вазифаи мазкур, чуноне тачриба нишон медихад, дар хонандагон ташаккул додани тамоилхои касбй бозсозии фаъолияти муассисахои тахсилоти миёнаи умумиро яъне гузаштан ба низоми 12 соларо ба ин самтхо талаб мекунад:
- тагйир додани фаъолияти мактабхо, литсейхо, коллечхо ва мактабхои олй боназардошти талабот ба мутахассис дар бозори ра;обатноки кор;
- эхёи низоми шарикии махсус бар пояи усулан нав, ки ба хамкорихо бо корхонахои таълимию истехсолй, мактабхои бисёрсохаи тамоили касбй ва омузишхои касбиву мехнатии омузиш бо субъектхои бозор равона шудааст: хочагихои кишоварзй, ассотсиатсияхои корфармоён, Вазорати мехнат, хадамоти шугли ахолй.
- чалби хамаи уто;хои омузишии мехнат ва тамоилхои касбии муассисахои таълими ба низоми мониторинги бозор, ки ба масъалахои муайян намудани талабот ба касбхо дар нохия, шахр, вилоят машгуланд, дурнамои нави касбхое, ки барои бозори мехнат заруранд ва гайра.
- таъиноти мухими низомхои омузишхои касбй чун яке аз унсурхои химояи ичтимоии хонандагон.
Бояд ;айд кард, ки харчанд мехнати хонандагони синфхои болой дар назари аввал мувофики фаъолияти мехнатии калонсолон ташкил карда мешавад ва дар аксар мавридхо нусхабардории он аст, вале вижагихои худро дорад ва аз мехнати калонсолон ;абл аз хама бо хадафи худ фар; мекунад. Агар мехнати калонсолон хадафи арзишхои истеъмолиро дунбол кунад, мехнати хонандагони синфхои болой бо ма;сади омузишй ва тарбиявй рохандозй мешавад, харчанд дар чараёни он коре низ анчом дода мешавад, ки барои чомеа манфиат дорад. Лахзахои психологй, мачмуи сабабхо, чараёни натичахои кор, усулхои танзими фаъолияти мехнатй ва гайра низ дар бисёр холатхо мувофи; намеояд. Тачрибае, ки мо дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии дехоти кишвар дар ташкили мехнати истехсолии хонандагон ва омодасозии онхо ба фаъолияти муста;или мехнати дар хочагии дехот омухтем, шаходат аз дастовардхои кофй дар ин замина медихад. Махсусан, ин фар;ият дар му;оиса бо гузориши ин кор дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумие, ки дар шахр мавчуданд бармало зохир мешавад.
Аз лихози чалби хонандагони муассисаи таълими ба корхои ичтимоии судманд ва созанда муассисаи тахсилотии дехот аз муассисахои тахсилотии шахр дар сафи пеш карор дошт.
Ин якчанд сабаб дорад. Хонандагоне, ки дар дехот сукунат доранд назар ба хамсолони дар шахр сукунатдошта хеле барва;ттар ба кор чалб карда мешавад ва яке аз сабабхои аслии он шароити мухит ва зисту зиндагии онхост. Пушида нест, ки хаёти дехот аз нигохи кайфияту халоват аз зиндагие, ки шахриён доранд, фар; мекунад. Дар дехот мардум хочагихои дехкони ва ёрирасон доранд ва шароити зиндагии онхо то чойе аз зиндагии шахриён аз нигохи рохату халоват тафовут дорад, дар дехот сатхи хизматрасонихо пастанд ва волидон назар ба волидони хамсолони шахрии ин хонандагон бештар захмат мекашанд, соати кориашон хам тулонитар аст. Гузашта аз ин мухити истехсолии кишоварзй як бахши чудонашавандаи фаъолияти хаётии хонандагони дехот ба шумор меравад. Бояд ;айд кард, ки хамаи раванди истехсолии корхои кишоварзй дар пеши чашми вай мегузаранд, яъне вучуди вай чудо аз он корхое нест, ки волидонаш машгуланд. Ч,алби васеи хонандагони синфхои болой ба мехнат дар истехсолоти кишоварзй як во;еияти басо одист ва он сабабхои дигар хам дорад, ки нарасидани дасти мададгор бинобар камбуди ;увваи корй на танхо дар шахрхо, балки дар дехахо низ мебошад.
Яъне, Точикистон (ва на танхо дар кишвари мо) хамеша дехот аз нокифоя будани захирахои неруи кор ранч мебарад ва як сабаби бармахал ба кори сахро чалб шудани хонандагони синфхои болой ин аст.Аз ин ру, хонандагони дехот назар ба хамсолони шахрии худ басо фаъолтару бармахалтар ба мухити корй ворид мешаванд.
Ба мухтаво ва хислати кори ахолии дехот омилхое бо вижагихои хос (ба мисли иклимй, демографй, миллй, истехсолй) таъсиргузоранд. Масалан, Ч,умхурии Точикистон вижагихои иктисодию чугрофй, ичтимоию ахлокии худро дорад. Дар Точикистон дар киёс ба манотики дигар таъсири нисбатан чашмраси балогати бармахали физиологии насли наврас мушохида мешавад ва ин ба номутаносибй дар рушди фикриву рухй оварда мерасонад, ки мушкилоти муайяне дар тарбия дорад. Аз ин ру, аз нигохи синунсолй чалби хонандагон ба фаъолияти мехнатй назар ба давлатхои дигар бармахалтар шуруъ мешавад. Дар Точикистон касбукори мардумй як шуглест, ки дар зиндагии мардум чойгохи хос дорад. Аз ин ру санаи дар Паёми Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон, КИ 22.12.2018 баргузор гардид, чунин кайд шудааст: «Бо мацсади таращи додани соуаи сайёуй, муаррифии шоистаи имкониятуои сайёуии мамлакат ва фаруанги миллй дар арсаи байналмилалй, инчунин, цалби сармоя ба инфрасохтори сайёуй пешниуод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар "Соли рушди сайёуй ва уунаруои мардумй" эълон карда шавад». Сипас солхои 2019-2021 Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй эълон гардид. Дар бисёре аз муассисахои тахсилоти миёнаи умумии шахри Хучанд хонандагон дар дарсхои таълими мехнат ва рохнамоихои касбй ба касбу корхое аз кабили либосдузй, токидузй, бо истифода аз риштахои зархалй духтани сарулибосхо барои арусон, кулолй, сохтани зарфхои гуногун аз гил ва чуб, кандакорй дар чуб, гачкорй, сикказанй ва хакокй дар устухон, тайёр кардани асбобу олоти мусикй ва гайра машгул мешаванд.
Хдмин тавр, мехнати истехсолй, мухтавои он, объектхо, ташкил дар шароитхои муосири ичтимоию иктисодй бояд хусусияти политехникй дошта бошанд. Хусусияти политехникии мехнати истехсолии хонандагони синфхои болой, кабл аз хама ба мухтавои он ифода меёбад, ки бояд ба хонандагон дар раванди кор дониши муайяне дода тавонад. Ба дарки мафхуми политехникй дар бораи низоми истехсолоти муосири саноатй ва кишоварзии хонандаи синфи болой мусоидат кунад; донишхо ва малакахои мехнатй, умумиистехсолй, технологияи махсусро инкишоф дихад, барои густариши тамоилхои умумй дар вазъи истехсолоти муосир ба хонандагон мусоидат кунад.
Зикр кардан бомаврид аст, ки мехнати истехсолии хонанда бевосита дар корхонаи асосй метавонад муассисаи таълимиро аз ин гушагирй берун кашад, онро бо чомеъа на танхо махсулоти нихой наздик мекунад, балки ин алокаро хамаруза ва муфид мегардонад.
Вактхои охир иртиботи муассисаи таълимй ва оила бо корхонахо наздик шудааст ва корхонахо хатто мактабхоро хам ба шефй гирифтаанд. Тамоилхое чун мехнати истехсолии хонандагон хусусиятхои политехникй касб мекунад; мухтавои он бештар ба омодагихои мехнатй ва касбии хонандагон мусоидат мекунад, ки имкон медихад принсипхои алокаи омузиш ва мехнатро пурратар амалй созад; мехнати истехсолй на танхо дар доираи мактабхо ташкил мешавад, балки беш аз хар вакти дигар ба шароитхои вокеии истехсолоти муосир наздик мегардад. Мехнати истехсолии хонандагон дигар бозй бо мехнат нест, балки барои онхо як кори басо чиддист, ки дониш, шавку завк ва мустакилиятро талаб мекунад.
Масалан, дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 16-и Хучанд хуб медонанд, ки кори фоиданоки чамъиятй ва истехсолй на танхо ба тахкими дониш ва малакаву тавоноихои хонандагон дар самти техника, технология, иктисод ва ташкили истехсолот мусоидат мекунад, балки муносибати шахрвандии хонандагонро ба мехнат ташаккул медихад.
Шакли дигари ташкили мехнати истехсолии хонандагони муассисаи тахсилоти миёнаи умуии № 15-и Хучанд дар корхонае, ки онро ба сарпарастй гирифтааст, тасвиб шудааст. Ин корхона дорои як сехи начандон бузургест, ки бо хама тачхизоти зарурй мучаххаз гардонида шуда аст. Дар он хамаруза устохо хонандагонро ба микдори се соат омузиш медиханд ва ба онхо муносибат бо тачхизот, дастгоххо, механизмхоро ёд медиханд, омузгорон кушиш ба харч мебаранд, то ин ки хонандагон бо чараёни истехсолот ошно гарданд. Дар мархилахои аввал ба хонандагон амалиётхои одиву ибтидоиро бовар мекарданд. Аммо боварихои зина ба зина дурустии чунин муносибатро исбот карданд, чун диданд, ки бачахо тибки вичдону инсоф кор мекунанд.Дар айни замон фаъолияти хонандагон дар хочагихои истехсоливу кишоварзй ба сатхи нави рушд мерасад: онхо ба ин корхо нисбатан бо чиддият рафтор мекунанд,
хyдназоратии хонандагон беш аз хар вакти дигар гyстариш меëбад ва ба онхо дар ин кор мачмyъи малакахои хосилкардаашон дар дарсхо ëрй мерасонад. Хдмин тарик мехостем кайд кунем, ки дар айни замон принсипи пайваст шyдани омузиш бо мехнати пурсуди чамъиятй аз лихози ташаккули тамоилхои касбии хонандагон зарурате ба баррасии нисбатан густардатар дорад, зеро мехнати хонандагон имруз ба сатхи баландтару сифатан навтар мебарояд.
Мавриди зикр аст, ки дар чараëни корхои тачрибавию санчишй тавсияхои илмиву методй барои дар муассисахои таълимй амалан татбик намудани самтхои асосии пайвастани омузиш ба мехнати фоиданоки чамъиятии хонандагон ва омузгорон чихати тарбияи рохнамоихои касбии хонандагон тахия шудаанд, ки ин чанбахоро дар бар мегиранд:
- истифодаи донишхои бадастовардашуда оид ба асосхои илм, омодагихои токасбй, касбии кори фоиданоки чамъиятй дар муассисаи таълимй;
- истифодаи донишхои бадастомада оид ба асосхои илм, омодагихои мехнатй дар кори фоиданоки чамъиятии берун аз муассисаи таълимй;
- истифодаи донишхои ба дастомада оид ба асосхои илм, омодагихои мехнатй дар мехнати истехсолии берун аз муассисаи таълимй, дар истехсолот;
- истифодаи донишхои ба дастомада оид ба асосхои илм, омодагихои мехнатй дар раванди эчоди техникй;
- истифодаи донишхои бадастомада оид ба асосхои илм, омодагихои мехнатй дар кори фоиданоки чамъиятй, ки дар чойи истикомат ташкил карда мешавад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Bопросы профориентации и активизации познавательной деятельности старших школьников: [сборник статей l редколлегия: П. А. Шавир (ответственный редактор), Л. П. Михайлова].-Тюмень: Пединститут, 1970.-157 с.
2. Закон Pеспyблики Таджикистан "Об образовании". - Душанбе 2000. -50 с.
3. Леднев^. С. Содержание образования: сущность, структура, перспективы/B.С.Леднев.-М., 1991. - 270 с.
4. Макаренко, А.С. Bоспитание в труде М-.С.МакаренкоИ Соч.: B 7 т. - М., 1967. - Т.9. - 398 с.
5. Pyбинштейн, С.П. Бытие и сознаниеIС.П.Pyбинштейн. - М.: АПН СССТ, 1957 .-226 с.
6. Паëми Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Pаxмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон аз санаи 22-уми декабри соли 2018.
1. Паëми Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Pаxмон ба Мачлиси Олии Xyмxyрии
Точикистон аз санаи 26-уми декабри соли 2019. S. Современный словарь по педагогике. Современное слово. -Минск, 2001.-927 с.
9. Сухомлинский, BA. Pождение гражданинаШ.А.Сухомлинский. - М., 1979. - Т. I.-525 с.
10.Ушинский, КД. Труд в его психическом и воспитательном значенииЖ.Д.Ушинский ПСобр. соч. - М., 1948. - Т. 2. - 334 с.
REFERENCES:
1. Issues Concerned with Career Guidance and Activation of Cognitive Activity of Senior Schoolchildren: [collection of articles / editorial board: P.A. Shavir (editor-in-charge), L.P. Mikhailova]. - Tyumen: Pedagogical Institute, 1970. - 157 p.
2. Tajikistan Republic Law "On Education". - Dushanbe, 2000. - 50 p.
3. Lednev V.S. The Concept of Education: Essence, Structure, Possibilities. - M., 1991. - 270 p.
4. Makarenko,A.S.Pedagogical Writings//collection of compositionsin9volumes-M.,1967.-V.7.-398 p.
5. Rubenstein S.P. Existence and Consciousness. - M.: APE USSR, 1957. - 226 p.
6. The Message of Tajikistan Republic President Emomali Rahmon to Majlisi Oli of Tajikistan Republic from December 22, 2018.
7. The Message of Tajikistan Republic President Emomali Rahmon to Majlisi Oli of Tajikistan Republic from December 26, 2019.
8. Modern Dictionary on Pedagogy. Modern words. - Minsk, 2001. - 927 p.
9. Sukhomlinskiy V.A. The Birth of Citizen. - M.: 1979. - V.I. - 525 p.
10.Ushinskiy K.D. Work in Psychological and Educational Meaning // collection of compositions. -M., 1948. - V.2. - 34 p.