Научная статья на тему 'ОИД БА МУАММОИ ТАРБИЯИ ЗЕБОИШИНОСИ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОИ'

ОИД БА МУАММОИ ТАРБИЯИ ЗЕБОИШИНОСИ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОИ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
210
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКӢ / СИНФҲОИ ИБТИДОӢ / САНЪАТ ВА МЕҲНАТ / ШАХСИЯТ / ПАПЙЕ-МАШЕ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Осимова Парвина Абдулатифовна

Мақола доир ба масъалаи тарбияи зебоишиносии хонандагои синфҳои ибтидоӣ дар дарси меҳнат ва санъати тасвирӣ баҳс менамояд. Қайд мешавад, ки дар барномаи омодагии хатмкунандагон бояд тарбияи зебоишиносӣ дохил карда шавад. Ҳангоми иҷрои ин вазифаи бисёр муҳим зарур аст, сифати таълим ва тарбия баланд бардошта шавад; дараҷаи баланди тадриси ҳар як фанни таълимӣ барои чуқур соҳиб шудани хонандагон ба асосҳои илм, беҳтар гардонидани тарбияи сиёсӣ, меҳнати ва маънавӣ инкишофи зебоишиносӣ ва ҷисмонии онҳо таъмин карда шавад. Дар алоқамандӣ бо ин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши чунин фанҳо: расмкашӣ, суруд, корҳои дастӣ, санъат ва меҳнат, технология (таълими меҳнат) бояд сифатнок гузаронида шаванд. Дар ин шароит доимо дар хотир доштан лозим аст, ки тарбияи эстетикӣ мақсад не, балки вазифаест, ки ҳалли он шарти зарурии ташаккули шахсияти ҳаматарафа ва баркамол инкишофёфта, инкишофи минбаъдаи асосҳои моддию маънавӣ мебошад. Донишҷӯёни таълимгиранда, ки объекти таълиму тарбия буда, он ҳамчун падидаи махсус, хоси сохтори иҷтимоии ҷомеа бо назардошти синну сол, иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои ҳаёти хонандагон муносибат карданро талаб мекунанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ON THE PROBLEM OF AESTHETIC EDUCATION IN THE PRIMARY SCHOOL

The article discusses the issue of aesthetic education of primary school pupils in the lesson of arts and crafts. The training of these pupils must certainly include programs of aesthetic education for the formation of their high aesthetic culture. While performing this very important task, it is necessary to raise the quality of education and training; to ensure a higher scientific level of teaching subject to acquire the fundamentals of science, to improve their political, labor and moral education, aesthetic and physical development.In this regard, the study of the following subjects at school: drawing, singing, needlework, technology, arts and crafts should be carried out at a higher quality level. In these conditions, it is necessary to remember that aesthetic education is not a goal, but a task, the solution of which is a necessary condition for the formation of a comprehensive and mature personality, and the further development of material and spiritual foundations.The schoolchildren, being the object of education, require an approach to it as a special, specific phenomenon in the social structure of society, taking into account their age, social and other characteristics.

Текст научной работы на тему «ОИД БА МУАММОИ ТАРБИЯИ ЗЕБОИШИНОСИ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОИ»

№1(74)-2023 • НОМАИ ДОНИШГОХ, • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES ТДУ 371.012__

ОИД БА МУАММОИ ТАРБИЯИ ЗЕБОИШИНОСИ ДАР СИНФ^ОИ ИБТИДОИ Осимова Парвина Абдулатифовна, унвонцуи кафедраи педагогикаи умумии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

О ПРОБЛЕМЕ ЭСТЕТИЧЕСКОГО ВОСПИТАНИЯ В НА ЧАЛЬНЫХ КЛАССАХ Осимова Парвина Абдулатифовна, соискатель кафедры1 общей педагогики ГОУ "ХГУ имени акад.Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

ON THE PROBLEM OF AESTHETIC EDUCATION IN PRIMAR Y SCHOOL Osimova Parvina Abdulatifovna, Applicant of the Department of General Pedagogics, State Educational Institution KhSU named after Academician B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand)

Вожакомкалиди: тарбияи эстетики, синфцоиибтидои, санъатва мецнат, шахсият, папйе-маше

Мацола доир ба масъалаи тарбияи зебоишиносии хонандагои синф^ои ибтидои дар дарси магнат ва санъати тасвири бщс менамояд. К,айд мешавад, ки дар барномаи омодагии хатмкунандагон бояд тарбияи зебоишиноси дохил карда шавад. Х,ангоми ичрои ин вазифаи бисёр мухим зарур аст, сифати таълим ва тарбия баланд бардошта шавад; дарачаи баланди тадриси хар як фанни таълимй барои чукуур сохиб шудани хонандагон ба асосхои илм, бехтар гардонидани тарбияи сиёсй, мехнати ва маънавй инкишофи зебоишиноси ва чисмонии онхо таъмин карда шавад. Дар алоцамандй бо ин дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумй омузиши чунин фанхо: расмкашй, суруд, корхои дастй, санъат ва мехнат, технология (таълими мехнат) бояд сифатнок гузаронида шаванд. Дар ин шароит доимо дар хотир доштан лозим аст, ки тарбияи эстетики мацсад не, балки вазифаест, ки уалли он шарти зарурии ташаккули шахсияти цаматарафа ва баркамол инкишофёфта, инкишофи минбаъдаи асосхои моддию маънави мебошад. Донишцуёни таълимгиранда, ки объекти таълиму тарбия буда, он уамчун падидаи махсус, хоси сохтори щтимоии цомеа бо назардошти синну сол, щтимой. ва дигар хусусиятцои у;аётихонандагонмуносибаткарданро талабмекунанд.

Ключевые слова: эстетическое воспитание, начальный класс, искусство и труд, личность, папье-маше

В статье рассматриваются вопросы1 подготовки выпускников школ, которая непременно должна включать в себя программы1 по эстетическому воспитанию, формированию их высокой эстетической культурыi. Отмечается что, при выполнении этой крайне важной задачи необходимо повышать качество образования и воспитания; обеспечивать более высокий научный уровень преподавания каждого предмета для глубокого овладения школьниками основами наук, улучшения политического, трудового и нравственного воспитания, их эстетического и физического развития, в связи с чем , изучение в школе следующих предметов: рисование, пение, рукоделие, технология, декоративно-прикладное искусство, должно вестись на более качественном уровне. В этих условиях следует постоянно помнить, что эстетическое воспитание - не самоцель, а задача, решение которой и есть необходимое условие формирования всесторонне и гармонично развитой личности, дальнейшего развития материальных и духовных основ современного образа жизни. Указывается, что учащаяся молодёжь, являясь объектом воспитания, требует подхода к ней как к особому, специфическому феномену в социальной структуре общества, учитывающего возрастные, социальные и иные особенности бытия школьников.

Key words: aesthetic education, elementary school, art and work, personality, papier-mache

The training of school graduates must certainly include programs for aesthetic education, the formation of their high aesthetic culture. In carrying out this extremely important task, it is necessary to improve the quality of education and upbringing; to ensure a higher scientific level of teaching each subject for a deep mastery of the basics of science by schoolchildren, improvement of political, labor and moral education, their aesthetic and physical development. In this regard, the study of the following subjects at school: drawing, singing, needlework, technology, arts and crafts should be carried out at a higher quality level. Under these conditions, one should constantly remember that aesthetic education is not an end in itself, but a task, the solution of which is a necessary condition for the formation of a comprehensively and harmoniously developed personality, the further development of the material and spiritual foundations of the modern way of life. The student youth, being the object

of education, requires an approach to it as a special, specific phenomenon in the social structure of society, taking into account the age, social and other characteristics of the life of schoolchildren.

Тарбияи зебоишиносии хонандагон аз синфи якум бояд ба муаллими фанни санъат ва мехнат супурд . Вазъияти мавчуд, ки дар он дарси санъат ва мехнатро он муаллиме, ки дар риштаи математика, забони давлатй ва дигар фанхоро тахсил гирифтанд, тадрис медиханд, имкони баланд бардоштани тарбияи зебоишиносиро ба дарачаи зарурй намедихад ва дар нитича яке аз даврахои асосй дар ташаккули хонандагон гум мешавад.

Барномаи фанни санъат ва мехнат дар синфхои ибтидой сохиб шудани хонандагон бо як катор амалиёти мехнатй, малакахои муайян дар доираи расмкашй, мустакилият дар офариниши расмхои ашёи гуногун хамчун аз руи хотира ва аз аслро пешбинй мекунад.

Аз ин лихоз, ба дарси санъат ва мехнат диккати махсус додан лозим аст, чунки он дар раванди тарбия накши асосиро мебозад, малакахои мехнатй ва завки зебоишиносиро ташаккул медихад.

Дар маколаи «Санъат чист?» А.Н. Толстой ин мазмунро чунин кушодааст: «Х,иссиёти як маротиба гирифташударо ба худ фаро хонда бо тавассути харакат, хат, ранг, овоз,симо, сухан ин хиссиётро чунон додан лозим , ки дигарон низ онро хис кунанд,- дар ин фаъолияти санъат иборат аст. Санъат хамчун фаъолияти инсон, аз он иборат аст, ки як одам бошуурона, бо аломатхои берунаи маълум ба дигар гирифтори ин хиссиёт хавола мекунад, одамони дигар ба ин хиссиёт мубтало мешаванд ва онро аз сар мегузаронанд» [16, с.65].

Педагоги рус О.Ю.Ефремов тарбияи зебоишиносиро чунин маънидод кардааст: «Инкишофи доираи эмотсионалй-хиссиётии шахсият, олами рухй; тарбияи муносибати одам; ба олам, талаботи гайримустаким ба зебой» [2, с.124].

Оид ба максади тарбияи зебоишиносй олими дигари рус В.И.Петрушин акидаи худро чунин иброз кардааст: «Максади тарбияи зебоишиносй омухтани одам ба дарк кардани олам хамчун табиатан хоси идомаи худ, хамчун ба олами ичтимой хиссиёт пайдо кардан, ки бо табиат ва предметхои моддии олам алокаманд аст» [8, с.99]

«Эстетика- ин илм дар бораи инкишоф ва ташаккули кобилияти эхсоси инсонй, тарбияи хис кардани зебой нисбат ба табиат, санъат, муносибати одамон. Предмети асосии омузиш хама спектри хиссиёт -олй будан, фочианокй,ачоиб будан ва гайра» [3, с.262].

Байни намудхои гуногуни фаъолияти мехнатии хонандагони синфхои ибтидой, ки барномаи муассисахои тахсилоти миёнаи умумй пешбинй мекунад, ба назари мо тавачухи махсусро кор бо когаз ва картон нишон медихад. Маводи нарм, осон бурранда, ки хама шакл ва рангро кабулкунанда дар инкишофи тасаввуроти фазой ва бадеии хонандагон мадад мекунад. «Симои ашё ё равандхои вокеияти хакикй, ки пештар дарк карда будем, аммо баъдтар аз чихати фикрй нав мекунем, тасаввурот меноманд» [11, с.82].

Кор бо онхо асосхои ибтидоии накшакашй ва сохтанхои бадей замина мегузорад, фаъолона ба тарбияи завки зебоишиносй мусоидат мекунад, ба хонандагон барои баланд бардоштани хиссиёти хушохангии муносибати ранг, хачм ва графика кумак мекунад. Кор бо когаз ва картон дакикй ва истодагариро талаб мекунад, ки барои ташаккули шахсият сифатхои зарурй ба хисоб меравад.

«Мухимтарин хусусияти таълими муосир таваччухи он ба омодагии шахс ба рушди фаъоли тагйироти ичтимой мебошад. Дар дахсолахои охир тагйироти асосии таълим нисбат ба рушди неруи эчодии шахс равона шуда истодааст. Омодагии касбии педагогй дар донишгохи омузгорй бо азхудкунии низоми махсуси дониш, малака, махорат, ташаккули сифатхои касбии назарраси шахсияти омузгори оянда, ки амалисозии ма^садноки фаъолияти касбиро таъмин менамояд, муайян карда мешавад» [1, с.131].

Равоншиноси машхури рус В.Н.Мясишев шахсиятро чунин эзох додааст:

«Шахсият-мафхуми олии интегралй мебошад.Шахсият пеш аз хама, хамчун низоми муносибати одам ба вокеияти атроф тавсиф дода мешавад. Дар тахлил ин низомро ба шумораи беохири муносибати шахсият ба ашёи гуногуни вокеият таксим кардан мумкин аст, аммо дар мазмуни додашуда ин муносибатхо чузъй намебошад, хар яке аз он хамеша шахсй бокй мемонад»

Аз руи муайян кардани С.Л.Рубинштейн, шахсият хамчун «мачмуи шароитхои ботинии ба хамдигар алокаманд, ки тавассути он хамаи таъсиррасонии зохирй инъикос мешавад» [9, с.240].

«Барои он ки ба шахсият таъсир расонем, раванди умумии ташаккули шахсият омилхо ва даврахои онро аник тасаввур мекунем. Раванди ташаккули шахсиятро одатан ичтимоикунй меноманд, чунки дар амалигардонии он накши калонро ташкилот ва институтхои гуногун меофаранд.

Ичтимоикунй- раванди бисёрдавраии дигаршавй ва инкишофи сифатхои равонии шахсият зери таъсири мухити ичтимоии атроф шарх дода мешавад» [7, с.166].

Л.Д.Столяренко мазмуни тарбияи эстетикиро чунин баён кардааст: «инкишофи идроки олами атроф ва кобилияти кадр кардан ва офаридани зебой; инкишофи хиссиёти зебоишиносй ва эхсосй, инкишофи тасаввурот; маърифати зебоишиносй хонандагон дар сохаи санъат, маданият, объектхои табиат; тарбияи эстетикии фардй, ки ба инкишофи нишонахои истеъдоди бадей нигаронидашуда, кобилият ва рагбати хонандагон; ташаккули механизми зебоишиносии худмаърифатй; ташаккули муносибати зебоишиносй, идрок, хиссиёт, табъ ва идеал [12, с.599].

Дар дарсхои санъат ва мехнат дар синфхои ибтидой мумкин аст чунин намудхои кор бо картон ва когазро ба хонандагон пешниход кунем:

а) тасвирхои пахлуии мукарнас

б) тасвирхои хачмдор

в) буридан

г) сохтани бозичахо

д) дуруст кардан

е) тикадузй (аппликатсия)

ж) мозаика (кошинкорй)

з) амсиласозй

и) папйе-маше «Хамираи когаз, ки аз омезиши ширеш, гач ва бур тайёр карда шуда, барои сохтани колиби чизхои гуногун истифода мешаванд» [15, с.682].

Чунин намудхои кор бо когаз, хамчун тасвирхои ёнбарории мукарнас ва хачмнок, буридан, аппликатсия, кошинкорй барои ороиши маснуоти гуногун аз картон, когаз ва гайра мавод хизмат мекунад, ки барнома пешбинй кардааст. Аммо сохтани бозичахо, дуруст кардан, амсиласозй ва папйе-маше-намудхои кори мустакилона дар дарсхои санъат ва мехнат мебошад.

Дар поён тавсифи мухтасари хар яке аз намудхои кор бо когаз ва картон пешниход карда мешавад.

Тасвирхои пахлуии мукарнас. Дар асоси тасвири ин намуд- заминаи хамвор, ки тасмачахои борики когаз расмхои каткардашудаи муайян часпонида мешавад. Ин тасмачахои когазй ба замина на руйнокй, балки ба пахлу ва хошия часпонида мешавад.

«Когаз (бумага- итолиёвй, ватваgia-пахта)-мавод дар намуди вараки тунук, ки аз наххои рустанй иборат буда байни худ бо кувваи сатхии пайвасткунй васл карда мешавад. Дар замони хозира 600 намуди когаз коркард карда мешавад, ки ба 11 дарача таксим карда мешавад: 1 -барои чоп (матбаавй, офсетй, рузномавй ва гайра);

2-барои навиштан (навиштачотй, хатнависй); 3-накшакашй, расмкашй, калка (когаз ё коленкори шаффофи махсус барои нусхабардории накшахо); 4- электроизолясионй (конденсаторй, кабелй); 5-папиросй; 6-чаббида шуда (полидашуда (филтр) когази обчинак); 7-барои асбобхо (аппарат) (телетайпй, перфокарта); 8-рушной хискунанда (барои нусхабардорй); 9-барои кучонидан; 10-чизпечонй; 11-саноатй-техникй (сунбода, патронй, найчагй)» [10, с.10-11].

«Картон (франсавй)-маводи варакии сахти гафс ё лентамонанд бо зиччии сатхи зиёда 50кг/м2.Аз маводи нахаш дагал коркард мешавад» [5, с.10-11].

Дар расми мураккаб печутобхурда тасмаи когазй баъдан ба хати борик омехта мешавад, баъзан монанди хамвории пахлу ба назар менамояд. Бозии равшанию тирагй ва мукарнасй тасвири равшани таъсири ороиширо ба вучуд меорад.Бо баробари ин техникаи ичроиш барои хонандагон мураккаб намебошад. Буридани тасмачахои борики когазй, кат кардани он ба намуди чин-чин дар шакли «синннусоидхо», аз руи доира ё шакли дигар, часпонидани он ба хамвориро хатто хонандагони синфхои поёнй аз ухдааш мебарояд. Дар ин вакт истифодаи ширешхои сунъй, ки тез хушк мешавад ва догхои зард намегузорад, тавсия дода намешавад.

Тасвирхои пахлуй (ёнбарории) мукарнасй аз когаз тасвири накшхои геометрй ё рустанй, композитсияи афсонавй ё тасвирхои хайвонотро дар худ ифода мекунад. ^исми махсусро композитсияи хуруфй нишон медихад. Тасвирхо метавонанд хамчун аз когази сафед ва бо истифодаи ранг часпонида шаванд. Когази ранга метавонад замина ё тасмачахои когазй дошта бошанд: дар як холат заминаи сафед, ки ба он тасмачахои рангаи когазй чойгир шаванд, дар дигар-дар заминаи ранга ё сиёх, тасвири мукарнасии сафед.

Тасвири хачмдор аз чисмхои зандасавй. Коре, ки бо ин техника ичро мешавад аз чихати фасехии бозии рушноию тирагй, мукоисаи хамворй ва кирра, куллахои чисмхои гуногуни хандасавй марокангез мебошад. Ин тасвирхо аз шаклхои хандасавии сода ичро карда мешавад. Сараввал секунчахо, чоркунча, панчкунча ва дигар чисмхои хамвор бурида мешавад, баъд онхо аз руи диагнал, баландй ва аз руи хатти маёна ;атъ карда мешаванд ва ба онхо шакли

мукарнасй бо барчастагй ё фурухамидагй дода мешавад. Дар чунин намуд ин чисмхои хачмдор б а якдигар дар такрории мунтазам, ки дар расми тайёршуда пешбинй шудааст часпонида мешавад. Тасвирхои хачмдор аз шаклхои хандасавй ва накшхои хандасавй махдуд карда ме ш а в анд, а мм о б и сёрии композисияхои имконпазир ва чисмхои ибтидой мутаносибии хамдигарии онхо дар тасвир, дар худ сарчашмаи бойи эчодиёти бачагонаро дорад. Ба монанди тасвирхои миёнбарории мукарнас, шаклхои геометрии хачмдор метавонад композисяхои ранга ва якрангро ба вучуд орад.

Буридан. Буридан - яке аз намудхои шавковартарини кор бо когаз мебошад, ки фазои инкишофи хаёлоти хонандаро медихад. Дар дастони мохир варакаи когаз бо ёрии танхо як кайчй ба накшу нигори бой, заррахои барф, гулхои хайратангез, композитсияхои бисёрчуссаи ороишй мубаддал мегардад. Техникаи ичроиши чунин тавсирхо чунон содда, ки танхо бо буридани ингуна тасвир ва композисия имконият медихад.

Дар композисияхои сужетй - мавзуй фарк дар оханг ва ранги замина мебошад, ки хушандомй ва дакикии тарх ва шаклро таъкид мекунад. Кувваи зиддиятхои гуногун фосилаи воситахои муассирро барои васеъ кардан имкон медихад.

Техникаи буридан, чуноне кайд шуд, бисёр одй ва ба хама синусоли хонандагон дастрас мебошад. Пахлухои мусбати он дар он аст, ки бо он на танхо композисияхои сужетй ё накшу нигорй, балки ороишхо барои арчахои солинавй ва идхо сохтан мумкин аст.

Чунин корхои дастиро хонандагон бо хохиши калон ва бо шавк ичро мекунанд.

"Композитсия - кисматбандй;

Композисияи расм - кисматбандии расм (аз лотинй бо маънои "иншо", "тахия") [4, с.102].

Тикадузй ё аппликасия. Дар лугати забони русии С.И.Ожегов аппликасия чунин омадааст:

«1. Тайёр кардани расм аз порчахои когази ранга ё матои часпонида шуда ё духташуда. 2. Бо хамин тарз тайёр кадани лавха, тасвир, ороиш» [6, с.20]. Ин намуди кор бо когаз барои хонандагон чозибанок мебошад. Тозагй ва чилои расм, пуррагй ва равшании ранг хамеша хонандагонро ба худ чалб мекунад .

Тасвир дар техникаи аппликасия бо рохи ба асоси когазй часпонидани шаклхои гуногунрангаи буридашуда ба вучуд оварда мешавад. Хусусиятхои хоси он тасвири хоси суробй, мусаттахй, махдудй, доги калони ранга ба хисоб меравад. Расм дар аппликасия вобаста ба хислати мавзуъ ва максади гузошташуда чамъбаст ва тасдик карда мешавад.

Аппликатсия забони тасвирии худро талаб мекунад, техникаи ичроиш ва хосиятхои маводро талаб мекунад. Тарзхои асосии аппликатсия буридан бо кайчй бокй мемонад. Бо вучуди ин барои тахвил масалан, болу пари паранда, пашми хайвонот бехтар аст, ки тархи чузъ пашмнок ва мулоимкардашуда хосил шавад. Баъд тавсирро ба заминаи ранга мечаспонанд. Диккати асосй ба чамъбаст кардани шакл, чустучуи якчоякунии рангхои муассири муносиб равон карда мешавад. Бо когази ранга кор карда хонандагон бо асосхои конуниятхои рангшиносй мафхумхои асосй ва иловагии рангхо шинос мешаванд. Имкони тасвирии аппликасия бисёр васеъ мебошад. Дар ин техника гиреххо ва портрет, манзаранигорй ва композисияхои сюжетй -мавзуй, натюрморт, тасвири хайвонот ва парранда эчод кардан мумкин аст; аппликасия метавонад дар шакли варакахои алохидаи мустакил баромад кунад, онро дар намуди китобхои бисёрсюжетаи катшаванда ва дар ороиши дохили бино истифода бурдан мумкин аст.

Кошинкорй (мозаика) чуноне, маълум аст, тасвире, ки аз порчахои маводи гуногун сохта шудааст ва ба асоси ягона пайваст шудаанд кошинкорй меноманд. Кошинкории аз когаз бо тарзи чидан, яъне тасвир бо шаклхои когази ба тарафи руйя чида пур карда мешавад.

Дар тафовут аз аппликасия дар кашинкорй тасвирхои хамвор ва хачмдор эчод кардан имкон дорад. Дар вакти тасвири хачмдор зарур аст, ки порчахои когазро бо назардошти конунхои равшанию тирагй, гузориш аз як ранг ба ранги дигар кошинкорй кардан лозим аст.

Дар лугати калимахои хоричй мафхуми кошинкорй (мазаика) (фр.moseigue ит. mosaira)-«1.тасвир ё накш , аз порчахои гуногунранги шиша, сангхои ранга, дарахт, металлхо, эмал ва гайра, ки байни хам бисёр зич мувофик карда шудаанд; инчунин худи ин порчахо; 2) намуди санъат,ки дар тартиб додани чунин лавха, тасвир, накшхо иборат аст; 3) омехтаи рангоранги гуногун чинс» [15, с. 326-327].

Дар расми пешакй барои кошинкорй чойхои аз хама асосии махсус, чамъбаст кардани шаклхо, гирифта партофтани хамаи изофагихо чустучуи хатти харакат, догхои ранги асосиро бокй гузоштан зарур аст. Предмет ё чисмхои алохидаро гирифта монда, дар бораи замина, ки онхоро ихота мекунад, фикр кардан лозим аст. Дар бораи имкониятхои бойи ранги сиёх фаромуш нахохад кард. Тасвири кошинкорй аз когаз бисёр муассир, ба монанди булури рангаи

117

зинат додашуда ба назар менамоянд. Сатхи варак бо тури борики бахияи графикй шадда карда шудаанд, ки тобиши зеборо ба вучуд меоранд. Вобаста аз заминаи умумй ин бахияи турй метавонад сафед, сиёх ё дигар ранг бошад. Якхела будани он барои якчоя кардани хамаи тобишхои тасвир ёрй мерасонад, ки ба манзалати бадеии асар ба таври мусбат гуфта мешавад. Нисбатан осон ва чолиб будани ичроиш, мувофикатии байни рангхо, таъсирнокии ороиш кошинкориро яке аз намудхои дустдоштатарини кори хонандагон бо когаз мекунад.

Боби махсуси кор бо когаз сохтани бозича, шаклхои гуногуни хачмдор, амсиласозй ва папйе-маше мебошад.

Сохтани бозичахо аз когаз. Бозича дар инкишофи эчодй ва маънавии хонандагон ахамияти калон дорад. Бозичахое, ки худи онхо месозанд на танхо натичаи мехнати аввали онхо, балки кобилияти эчодй, ихтирокории техникй, имкониятхои конструктории онхоро ифода мекунад.

Х,ар як бозича хусусиятхои шартии худро дорад, ки аз мавод ва тарзи сохтан вобаста аст. Агар бозичахои тарошидашуда аз шакли нафисии худ фарк кунанд, бозичахои аз когаз сохташуда бо аникии тарх шумораи ками чузъхо фарк мекунанд. Кор аз руи сохтани бозичахои аз когаз сохташуда бо дарси накшакашй зич алокаманд мебошад: аз сифати густараи (андозаи (нусхаи ) либос) бозича, тахвили монандии предмети зинда ё бечон, ки хонанда метавонад ифода намояд. Аз руи сохтор бозичахои аз когаз сохташуда метавонанд хамчун як андозаи бо буриш, ва аз 2-3 кисмхо иборат бошанд.

Лахзаи мухим дар ин кор ороиш додан ба хисоб меравад. Онхоро бо аппликасия, накшу нигор бо гуаш, акварел, туш ороиш медиханд. Вазифаи муаллим аз он иборат аст, ки хонандагонро аз хад шумораи чузъхоро зиёд кардан каблан хабардор кунанд. Кор бо бозичахо шавки хонандагон ба санъат баланд мекунад, рагбатро тарбия мекунад, тачассуми гояхои эчодиро дар маводи гуногун дар онхо меомузонад, ба инкишофи малакахои техникй ва конструкторй мусоидат мекунад.

Папйе - маше. Зери истилохи папйе-маше маснуоти бо тарзи ширешкунй шакл ё колбад, ки бо якчанд кабати когази мулоим сохташударо мефахманд.

Колбад аз гил, пластилин, парафин ва дигар маводи мулоим сохта мешаванд. Колбад-шакл дар як-ду кабати порчахои когазй тар карда шуда, ширеш карда мешавад, баъд кабат ба кабат -порчахои когази таркарда шуда часпонида мешавад. Чи кадаре, ки накши мукарнас мураккаб ва маснуот хурд бошад, хамон кадар порчахои хурди когаз барои часпонидани он лозим аст. Барои он ки кабати папйе-маше баробар, ба як андоза хосил шавад, истифодаи когазхои гуногун-ранг ва хосият тавсия дода мешавад.

Шакли тайёрро ду таксим карда бурида мегиранд ва бодиккат дар чойи гарму хушк мехушкмонанд. ^исмхои ва ба хамдигар мувофикшударо бо ширеши дуредгарй мечаспонанд; баъд маснуот тоза карда мешавад, бо охар (крахмал) руйпуш мекунанд, аз нав хушк мекунанд.

Барои ранг молидан ва накшу нигор ба маснуоти аз папйе-маше сохташуда ду-се кабат ранги равганй, дар холатхои алохида-гуаш (навъи ранги акварел) ё темпера (рангхое, ки аз зардии тухм, равган, ё елим тахия мешавад) тавсия дода мешавад. Аз папйе-маше на танхо бозичахо, балки асбобхои айёнй, зарфи мулух (муляж) -и сабзавот ва мевахо ва гайра сохтан мумкин аст.

^ат кардани когаз. Ин намуди кор шавкро аз хисоби ачоиб будани тарзи зав;и хонандаро бедор мекунад. Он бе иштироки ширеш ва буридани ашёи хачмдор танхо бо воситаи каткунии бомахорат когаз пайдо мешавад. Бо ин тарз гул, киштй, паранда ва гайра сохтан мумкин аст. Бисёрие аз маснуот арзишхои амалй доранд, ки шавки хонандагонро ба сохтан баланд намояд. Масалан, стакан ва сарпуши худсохт, дар саёхат ва якчоя ба тамошо рафтан истифода мешавад.

Ин намуди кор барои инкишофи тасаввуроти фазоии хонандагон имкониятхои васеъро медихад, донишхои шаклхои хандасавиро мустахкам мекунад.

Х,амин тавр, кор бо когаз ва картон ба назари мо яке аз самараноктарини воситаи ташакули завки зебоишиносй ва коркарди малакахои мехнатй дар хонандагони синфхои ибтидой мебошад. Хулоса, дар дарси санъат ва мехнат хангоми ичрои корхои гуногуни муста;илонаи омугор метавонад, зав;и зебоипарастии хонандаро ривоч дода, дар тарбияи зебоишиносии у сахм гузорад.

ЛИТЕРАТУРА:

1.Алиева, М.Н. Инкишофи махорати эчодии омузгорони ояндаи синфхои ибтидой

/М.Н.Алиева, И.С.Бобоева// Паёми Донишгохи давлатии Бохтар -№-1-4 (80) ;исми 2, Бохтар: ЧДММ «Матбаа», 2020.- С. 131-135

2.Ефремов, О.Ю.Педагогика. Учебное пособие.-СПБ.:Питер,2010.-352с.

З.Загвязинский, В.И.Теория обучения и воспитания: Учебник для бикалавров /В.И. Загвязинский, Н.Н.Емельянова//- М.:Издательство Юрайт, 2014-314с.

4.Ишматов, А.Б.Фарханги нимтафсирии русй ба точикии истилохоти нассочй /А.Б.Ишматов, М. Ф. Иброхимо в//- Душанбе: «Э.Р - граф», 2020. - 240с.

5.Мукимов-Р.С.Краткий энциклопедический архитектурно-строительный словарь /Р.С.Мукимов// Методическое пособие-Душанбе: Мерос-ТГУ, 1993.-200с.

б.Ожегов, С.И. Словарь русского языка /С.И.Ожегов// Москва: Советская Экциклопедия - 1973. 846с.

7.Островский, Э.В. Основы психологии: Учеб. Пособие.- М.: Вузовский учебник: Инфра-М, 2014-268с.

8.Петрушин, В.И. Психология и педагогика художественного творчества: учебное пособия для вузов.-2-е изд.-М: Академический Проект;Гаудемус, 2008.-490с.

9.Рубинштейн, С.Л. Проблемы общей психологии.-М.:Педагогика, 1976 С.240

10.Русско-таджикский словарь: Свыше 72000 слов/ С.Д.Аргуманов, Х.А.Ахрорй, М.Бегбуди и др.; под Ред. .М.С.Асимова//-М.: Русский язык, 1985-1280с.

11.Столяренко, Л.Д. Психология: краткий курс лекций /Л.Д.Столяренко, В.Е.Столяренко//-4-е изд., прераб.и доп.-М.:Издательство, 2011.-173с.

12.Столяренко Л.Д. Психология ва педагогика: учебник/Л.Д. Столяренко//-2-е изд. доп. и прераб.-Ростов н/Д: Феникс, 2010,-636с.

13.Словарь-справочник по черчению: кн для учащихся/ В.Н.Виноградов, Е.А.Василенко, А.А.Алхименок и др.-М.: Просвещение, 1993.-159с

15.Словарь иностранных слов. - 16-е изд., испр.-М.: Рус.яз.,1988. - 624с 16.Толстой, А.Н. Собрание сочинений. Тома 1-10. — М.: Книгоиздательство писателей, 1912—1915

REFERENCES:

1. Aliyeva, M.N. Development of creative skills of future primary school teachers /M.N.Alieva, I.S.Boboyeva// Report of Bakhtar State University -№-1-4 (80) part 2.- 2020.- P.131-135

2. Efremov, O.Yu. Pedagogy. Textbook / O.Yu.Efremov.-St. Petersburg.: Peter, 2010.-352p.

3. Zagvyazinsky, V.I. Theory of training and education: A textbook for bikalaurs / V.I. Zagvyazinsky, N.N. Emelyanova//- M.: Yurayt, 2014-314p.

4. Ishmatov, A.B. Semi-explanatory dictionary of Russian to Tajik textile terms / A.B. Ishmatov, M.F. Ibrahimov//- Dushanbe: "ER - Count", 2020. - 240 p.

5. Mukimov, R.S. A short encyclopedic architectural and construction dictionary / R.S. Mukimov / / Methodological guide-Dushanbe: Meros-TSU, 1993.-200 p.

6. Ozhegov, S.I. Dictionary of the Russian language / S.I. Ozhegov / / Moscow: Soviet Encyclopedia -1973. -846 p.

7. Ostrovsky, E.V. Fundamentals of psychology: Proc. Allowance. - M .: Vuzovsky textbook: Infra-M, 2014-268 p.

8. Petrushin, V.I. Psychology and Pedagogy of Artistic Creation: Textbook for High Schools.-2nd ed.-M: Academic Project; Gaudemus, 2008.-490 p.

9. Rubinshtein, S.L. Problems of General Psychology.-M.: Pedagogy, 1976.-- P.240.

10. Russian-Tajik Dictionary: Over 72,000 words / S.D. Arzumanov, H.A. Ahrori, M. Behbudi and others; under Ed. .M.S. Asimova//-M.: Russian language, 1985-1280р.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

11. Stolyarenko, L.D. Psychology: a short course of lectures /L.D. Stolyarenko, V.E. Stolyarenko//-4th edition, revised and supplemented-M.: Publishing House, 2011.-173p.

12. Stolyarenko L.D. Psychology and pedagogy: textbook / L.D. Stolyarenko//-2nd ed. add. and revised. - Rostov n / a: Phoenix, 2010, -636р.

13. Dictionary-reference book on drawing: book for students / V.N. Vinogradov, E.A. Vasilenko, A.A. Alkhimenko and others - M .: Education, 1993.-159р.

14. Dictionary of foreign words. - 16th ed., Rev.-M.: Rus.yaz., 1988. - 624s

15. Tolstoy, A.N. Collected works. Volumes 1-10. - M .: Publishing house of writers, 1912-1915.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.