Научная статья на тему 'ШАБАКАҳОИ ИҷТИМОӣ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӣ: МАХСУСИЯТИ РАВАНДИ АФЗОИШИ САФИ КОРБАРОНИ ОНҳО'

ШАБАКАҳОИ ИҷТИМОӣ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӣ: МАХСУСИЯТИ РАВАНДИ АФЗОИШИ САФИ КОРБАРОНИ ОНҳО Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
210
33
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОИАЛЬНЫЕ СЕТИ / ИНТЕРНЕТ / ПРИРОСТ ПОЛЬЗОВАТЕЛЕЙ / ЦЕНЫ УСЛУГИ / SOCIAL NETWORKS / INTERNET / GROWTH OF USERS / SERVICE PRICES / ШАБАКАҳОИ ИҷТИМОӣ / ЗИЁДШАВИИ КОРБАРОН / АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНӣ / ФАЗОИ ИТТИЛООТӣ

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Комилов К.И.

Дар мақола оид ба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаи иттилоот сухан меравад. Зикр шудааст, ки бошиддат афзудани шумораи корбарони интернет дар ҷаҳон аз осон будани дастрасӣ ва арзон будани хизматрасонии он аст. Ҳолати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифта, сабабҳо ва омилҳои афзоиш ё коҳиши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баён гардидааст. Муаллиф ба хулоса меояд, ки тасхири фазои иттилоотӣ аз ҷониби шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат давом дорад, ки ин ба фароҳам омадани низоми мубодилотии иттилоотии давраи нав мусоидат менамояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOCIAL NETWORKS IN THE INFORMATION SPACE

This article dwells on the role of social networks in mastering information space. It is noted that an intensive increase in the number of Internet users in the world depends on the degree of access and low prices for a provision of services. The author concludes that intensive conquest of informational space by social networks can contribute to a formation of a new system of informational relations in the world.

Текст научной работы на тему «ШАБАКАҳОИ ИҷТИМОӣ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӣ: МАХСУСИЯТИ РАВАНДИ АФЗОИШИ САФИ КОРБАРОНИ ОНҳО»

10.01.10.РУЗНОМАНИГОРЙ

10.01.10.ЖУРНАЛИСТИКА

IO.OI.IO.JOURNALISM

УДК 002,7 ББК 76,12

Комилов Каримбой Исломович, н.и.ф.,дотсент, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарцумаи МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Гафур о в " ( То цикистон, Хуцанд)

Комилов Каримбой Исломович, к.ф.н.,доцент, заведующий кафедрой журналистики и теории перевода ГОУ "ХГУ имени акад.Б.Гафурова (Та дж ик и стан, Худжанд)

Komilov Karimboy Islomovich,

candidate of philological sciences, head of the department of journalism and translation theory under the SEI "KhSU named after аcad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand), Е-mail: komilov-62@mail.ru

Вожа^ои калиди: шабакацои ицтимои, интернет, зиёдшавии корбарон, арзиши хизматрасони, фазои иттилооти

Дар мацола оид ба нацши шабакацои ицтимои цамчун воситаи иттилоот сухан меравад. Зикр шудааст, ки бошиддат афзудани шумораи корбарони интернет дар цацон аз осон будани дастраси ва арзон будани хизматрасонии он аст. Холати истифодаи шабакацои ицтимои дар кишварцои цацон, аз цумла Тоцикистон мавриди тацлил царор гирифта, сабабцо ва омилцои афзоиш ё коциши корбарони шабакацои ицтимои баён гардидааст. Муаллиф ба хулоса меояд, ки тасхири фазои иттилооти аз цониби шабакацои ицтимои босуръат давом дорад, ки ин ба фароцам омадани низоми мубодилотии иттилоотии давраи нав мусоидат менамояд.

Ключевые слова: соиальные сети, интернет, прирост пользователей, цены услуги В настоящей статье рассматривается роль социальных сетей в овладении информационым прастранством. Отмечается, что интенсивный прирост численности пользователей интернета в мире зависит от степени доступа и низких цен за предоставаление услуг. Автор приходит к выводу, что интенсивное завоевание информационного пространства социальными сетями может способствовать формированию новой системы информационных отношений в мире.

Key words: social networks, Internet, growth of users, service prices

This article dwells on the role of social networks in mastering information space. It is noted that an intensive increase in the number of Internet users in the world depends on the degree of access and low prices for a provision of services. The author concludes that intensive conquest of informational space by social networks can contribute to a formation of a new system of informational relations in the world.

Хдёти инсони муосирро бе интернет тасаввур кардан амри махол аст, зеро интернет чун расонаи мубодилоти афкор, дарёфту дастрасй ба иттилоот, хариду фуруши коло, молу махсулот, сахнаи бозихои мачозй ва мухим аз хама чун майдони муоширати байни одамон на;ши муассир дорад.Бошиддат афзудани шумораи корбарони интернет дар саросари кишвархои олам, аз он шаходат медихад, ки дастрасй ба он талаботи рузмарраи инсони муосир ва зарурати хамешагии корй гашта, тасхири фазои иттилоотй аз чониби хоса шабакацои ичтимой пайваста тамоюли афзоиш дорад.Бино ба маълумоти сомонаи Web-Canape.ru.>business/internet-2020-globalnaya- шумораи корбарони интернет ба январи соли 2020 ба 4,54 млрд нафар расид, ки ин дар ;иёс ба январи соли гузашта 7 дарсад зиёд аст(3,2). Маълум мешавад, ки танхо дар соли гузашта боз 228 млн нафар ба интернет пайваст шудаанд.Оид ба шумораи корбарони интернет дар Точикистон манбаъхои мухталиф маълумоти гуногун медиханд, Масалан, хадамоти давлатии АМИТ "Ховар" бо такя ба маълумоти оморй шумораи корбарони интернетро ба 1 октябри соли 2019-ум 2 млн 984,5 хазор нафар нишон медихдд (2,1).Ин маълумот хамчунин аз чониби очонсихои иттилоотии "Авесто" (28.11.2019) ва REGNUM (20.11.2019) низ мунташир гаштааст. Очонсии asiaplustj.info.ru/news шумораи

ШАБАКАЦОИ ИЦТИМОИ МАХСУСИЯТИ РАВАНДИ АФЗОИШИ САФИ КОРБАРОНИ ОНХО

СОЦИАЛЬНЫЕ СЕТИ: ОСОБЕННОСТИ РОСТА ЧИСЛА ПРОЦЕССА ПОЛЬЗОВАТЕЛЕЙ

SOCIAL NETWORKSLEATURES OF THE PROCESS OF INCRESSING THE NUMBER OF USERS

№3(64) 2020 « НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

корбарони интернетро бо такя ба иттилои директори Ассотсиатсияи интернет-провайдерхои Точикистон П.Ибодов 1.6 млн нафар менависад (1,1).Шумораи "дустон"-и шабакахои ичтимой дар чахон босуръат меафзоянд, ки имруз онхо беш аз 3.80 миллиард нафарро аз шумораи умумии корбарони интернет (аз 4,54 млрд нафар) ташкил медиханд (3,2). Дар як сол дар ;иёс ба соли 2019 шумораи ин "дустон" ба беш аз 220 млн нафар зиёд шудаанд, ки ин дар мачмуъ баробар ба ахолии панч кишвар, мисли Россия (146,7 млн), Украина (42,5 млн), Кдзо;истон (18,6), Белорус (9,4 млн) ва Молдова (2,6 млн) аст.Аз январи соли 2018 хамаруза ба шабакаи чахонй ба хисоби миёна як миллион инсон бори аввал пайваст мешаванд, ки он 11 нафар корбари нав дар як да;и;а аст.

Таърихи пайдоиши шабакахои ичтимой хамагй беш аз ду дахсола нест. Хднуз соли 1995 дар шахри Рэнди Кон-радсом тимсоли шабакаи ичтимоии аввалин - портали амрикоии Classmates. Com чун махзани маълумот пайдо шуда, заминаи шабакахои ичтимоии имрузаро гузошт. Пас аз 8 соли он, соли 2003 дар хавзаи интернет якбора 4 шабакаи ичтимой LinkedIn, MySpace, Hi5, Facebook пайдо шуданд (5,1). Соли 2006 Twitter - барои муоширати иттилоотии кутох бо дустон ва соли 2010 Instagram - барои дустдорони аксу тасвир ба майдони интернет омада, дар як муддати кутох корбарони зиёд пайдо намуданд. Масалан, соли 2019 сарвари Facebook Марк Сукерберг арз намуд, ки маводи Instagram Stories-ро беш аз 500 млн корбарон дар як руз истифода мекунанд. Хдмчунин, Facebook беш аз 2.7 млрд нафар (с. 2019) корбар дорад, ки ба онхо ;ариб 12 хазор корманди шабака хизмат мерасонанд. Имруз 83,75 дарсади корбарони интернет, корбарони шабакахои ичтимой махсуб меёбанд.Ин факту ра;амхо шаходат медиханд, ки шабакахои ичтимой чи гуна аудиторияи бузургро сохиб шудаанд ва ин фарогирии корбарон сол аз сол танхо тамоюли зиёдшавй дорад. Ин чй о;ибат дорад ва он чй гуна ба фаъолияти баъдинаи воситахои ахбори оммаи анъанавй таъсир мерасонад, суолхое хастанд, ки чавоби сахех додан ба онхо кори мушкил астДамзамон, корбарони компютер ва;ти зиёди худро дар шабакахои ичтимой сарф намуда, побанди хаёти мачозй гаштаанд, ки ин муаммои сарфи ва;т ва рухиву равонй гардидааст. Бино ба маълумоти Global Web Index корбарони интернет ба хисоби миёна дар як руз 2 соату 23 да;и;аи ва;ти худро дар шабакахои ичтимой (дар соли 2019) сарф кардаанд.

Сокинони кишвари Филиппин дар шабакахои ичтимой аз хама бештар ва;т сарф мекунанд, онхо ба хисоби миёна дар як руз беш аз чор соат паси компютер менишинанд. Сокинони Нигерия, Мексика ва Туркия беш аз 3 соати ва;ти худро дар шабакахои ичтимой мегузаронанд. Сокинони Россия дар мавриди истифода аз шабакахои ичтимой дар чойи панчум буда, рузе то 2 соату 28 да;и;аи худро ";урбон"-и интернет мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар кишвархои аз чихати технологй пешрафта сокинон ва;ти холии худро зиёд дар шабакахои ичтимой сарф намекунанд. Масалан, дар ИМА ва Британияи Кабир ;ариб 2 соат, дар Фаронса ва Олмон сокинон мутаносибан 1:28 ва 1:15 соат ва;ти худро дар сомонахои ичтимой мегузаронанду халос. Дар кишвари технологии Ч,опон сокинон хамагй 0:45 соати худро ба шабакахои ичтимой мебахшанд (6,1).Дар тад;и;оти мазкур оид ба холати истифодаи шабакахои ичтимой аз чониби сокинони Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон маълумот нест. Аммо, бино ба маълумоти партали www.ng.ru (13.03.2019) дар Точикистон аз руи маълумотхои гуногун аз 3 то 4 млн корбарони фаъоли Интернет мавчуданд, ки аксари онхо бо шабакахои ичтимой кор доранд. Дар бобати чи ;адар ва;ти худро бо шабакахои ичтимой гузаронидани корбарони фаъол маълумоти сахех дарёфт карда натавонистем.Бинобар ин бахри равшанй андохтан ба масъалаи мазкур мо тасмим гирифтем, як кори омузишй анчом дихем. Бо ин ма;сад фаъолияти беш аз 200 нафар корбарони хавзаи точикистонии Facebook омухта шуд. Аз сухбату пурсишхои сарирохии корбарони Facebook маълум гашт, ки ;исми зиёди онхо аз 2 то 5 соат ва;ти холии худро сарфи шабакаи ичтимой мекунанд. Ин дар холате ки арзиши хизматрасонии интернетй дар Точикистон гарон аст.

Во;еан, арзиши истифода аз Интернет дар Точикистон нисбат ба дигар кишвархои Иттиходи давлатхои муста;ил баланд аст.4 -уми марти соли 2019 Хадамоти зиддиинхисории Точикистон фармуд, ки арзиши дастрасй ба Интернети мобилй дар кишвар ба 1,5 маротиба зиёд карда шавад. Агар як гигабайти интернетй барои операторони Точикистон 30-35 сомонй (3,7 доллари ИМА) ;иммат дошт, пас аз амри Хадамоти мазкур арзиши он ба 51 сомонй ва бо назардошти РМА ва аксиз то 63 сомонй (6,7 доллар) меафзуд. Лекин 23 апрели соли гузашта бо амри Президенти Чумхурии Точикистон арзиши хизмати интернети мобилй ба холати аввала баргардонида шуд (7,1).Новобаста ба ин, тиб;и маълумоти Worldwide mobile data pricing, Точикистон дар байни 230 кишвари дунё дар мавриди арзиши истифодаи Интернет дар чойи 103-юм аст. Коршиносони Бонки чахонй сабаби гаронии арзиши истифодаи Интернетро аз назорати давлатй дар ин соха мебинанд, ки ин боиси зуд-зуд баста шудани шабакахои ичтимой

№3(64) 2020 • НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

мегардад.Коршинос мегуяд, ки бо вучуди ин корбарони шабакахои ичтимой ва мобилй аз хизмати Интернет даст кашиданй нестанд, чунки ин шабакахо барои кулли сокинони маноти;и кухистони Точикистон ягона воситаи иртибот бо наздикони дар хоричи кишвар будаи онхо аст (4,1).Корбарон арз доранд,ки бо вучуди гаронй сифати хизматрасонии интернет дар кишвар нихоят паст аст.Инчунин, омузиши беш аз 200 нафар корбари хавзаи tj-и шабакаи Facebook (ононе, ки аз санаи 1-ум то 30-юми марти соли чорй дар сахифаи банда фаъол буданд) нишон дод, ки онхо аз руи баромади ичтимой гуногунанд.153 нафар ё 76,5 дарсади онхо зиёй, 23 нафар коргар, 7 нафар дех;он ва 5 нафар бекор махсуб меёбанд. Хдмзамон, баромади ичтимоии 12 нафар ё 6 дарсад номаълум аст, чунки худи корбарон дар ин бора маълумот дар аккаунти худ чой надодаанд. Аз омузиш маълум гашт, ки аз хама бештар зиёиён: омузгорон,ходимони фарханг ва донишчуён дар хавзаи интернет фаъоланд.Дар як ва;т, агар корбарони шабакахои ичтимоиро мутоби; ба синну сол баррасй намоем, одамони синнашон аз 20 то 35-сола 49 дарсад, 35 то 60-сола 41 дарсад ва синнашон аз 60 боло 5 дарсадро ташкил медиханд. Равшан гашт, ки одамони синни 35-60-сола бештаранд, ин эхтимол аз он аст, ки худи муаллифи ма;ола аз хамин категорияи корбарон аст. Аз тахлилу мулохизоти болой чунин хулоса намудан мумкин аст, ки тасхири фазои иттилоот аз чониби шабакахои ичтимой босуръат идома ёфта, он боиси шакл гирифтани низоми нави мубодилоти иттилоот ва муошират мегардад.Сокинони кишвархои "чахони сеюм"-и аз нигохи технологй суст дар иртиботу муошират дар шабакахои ичтимой ва;ти зиёд сарф мекунанд. Сабаби асосии ин холат хануз рушт наёфтани фарханги истифодаи босамари ва;ти холй, яъне ;адр накардани ва;ти холй ва ба манфиати кор истифода накардани он аст.Аз маълумотхои оморй аён гашт, ки сокинони кишвархои мутара;;й барои сарфи кор дар интернет ва;ти зиёд надоранд ва бинобар ин ва;ти ками чудонамудаи онхо кофист,ки иттилооти заруриро аз шабакахои ичтимой гирифта тавонанд ва ё бо "дустон" муошират дошта бошанд. Аз хулосаи андешахои коршиносон бармеояд, ки назорати ;атъии давлатии кори шабакахои ичтимой дар кишвари мо сабаби гаронии арзиши истифодаи Интернет ва боиси зуд-зуд баста шудани шабакахои ичтимой мегардад. Нихоят, ба иттилооти гуногунмавзуъ таъмин нагаштани аудитория яке аз сабабхои асосии гароиши сокинони кишвар ба шабакахои ичтимой чун ба манбаи иттилоотии алтернативй гаштааст, ки он солхои охир танхо тамоюли афзоиш дорад.

ПАЙНАВИШТ :

1. В Таджикистане интернетом пользуются 1,6 млн. человек.// asiaplustj.info>ru/news.. .20110208/v-tadzhikistane...

2. В Таджикистане назвали число пользователей интернета и мобильной связи// yandex.ru>news/story/V_Tadzhikistane.. .polzovatelej...

3. Глобальная статистика интернета на 2020 год//Электронный ресурс: Web-Canape.ru>business/internet-2020-globalnaya

4. Панфилова,В.Жителям Таджикистана ограничат выход в Интернет// https://www.ng.ru1 3 марта 2019

5. Сколько времени пользователи проводят в соцсетях. Исследование.// https://yandex.ru/turbo

6. Суркова, И. Ю. Потенциал использования интернет-технологий в региональных социальных сервисах для молодежи/И.Ю.Суркова//Информационная безопасность регионов.- 2017.- № 1.- С. 74—79.

7. Цена за интернет в Таджикистане: новые тарифы...// https://tj.sputniknews.ru

REFERENCES:

1.1n Tajikistan,1.6 Million People Use the Internet.//asiaplustj.info >ru/news 20110208/v-tadzhikistane 2.1n Tajikistan,the Number of Internet and Mobile Users Was Named // yandex.ru >news / story / V_Tadzhikistane polzovatelej ...

3.Global Internet Statistics for 2020//Electronic resource: Web-Canape.ru>business/internet-2020-globalnaya

4.Panfilova,V.Residents of Tajikistan Will Be Limited to Access to the Internet // https: //www.ng.ru1 March 3, 2019

5.How Much Time Users Spend on Social Networks. Research. // https://yandex.ru/turbo 6.Surkova,I.Yu.Potential of Using Internet Technologies in Regional Social Services for Young

People/ I. Yu. Surkova // Information Security of Regions. - 2017. - No.1. - P. 74-79. 7. Price for Internet in Tajikistan: new tariffs ... // https://tj.sputniknews.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.