Научная статья на тему 'СЕЛЕКСИЯИ НАВЪҲОИ G. BARBADEHSE L., БА ВИЛТИ ФУЗАРИОЗӢ ВОБАСТА БА ДАРАҶАИ УСТУВОРИИ ПАДАРИЮ МОДАРӢ'

СЕЛЕКСИЯИ НАВЪҲОИ G. BARBADEHSE L., БА ВИЛТИ ФУЗАРИОЗӢ ВОБАСТА БА ДАРАҶАИ УСТУВОРИИ ПАДАРИЮ МОДАРӢ Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
21
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
колекция / гибриды / сортом / хлопчатника / устойчивость / грибы / балезнь / увядание / фузариоз / оценка.

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Рустамов Шуҳрат Рустамович, Сангинов Абдуҷалил, Султонова Мавҷуда Ҳасановна

В начале опыта сырье начала определенной формы выдерживают в пробирке, приготовленной с картофельным соком. Осебенности фузариозного увядания тонких сортов хлопчатника. Оценка относительной устойчивости хлопчатника мелкозернистого к фузариозу. Изучение особенностей коллекции, первого, второго и третьего годов, уровней первого и второго года коллекции в условиях высокой степени фузариозного увядания хлопчатника

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по философии, этике, религиоведению , автор научной работы — Рустамов Шуҳрат Рустамович, Сангинов Абдуҷалил, Султонова Мавҷуда Ҳасановна

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «СЕЛЕКСИЯИ НАВЪҲОИ G. BARBADEHSE L., БА ВИЛТИ ФУЗАРИОЗӢ ВОБАСТА БА ДАРАҶАИ УСТУВОРИИ ПАДАРИЮ МОДАРӢ»

УДУ: 631.527 (575.34)

СЕЛЕКСИЯИ НАВЪ^ОИ & BARBADEHSE L., БА ВИЛТИ ФУЗАРИОЗЙ ВОБАСТА БА ДАРАЧДИ УСТУВОРИИ ПАДАРИЮ МОДАРЙ

РУСТАМОВ ШУ^РАТ РУСТАМОВИЧ

САНГИНОВ Абдучалил

преподаватли Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава.

СУЛТОНОВА МАВЧ,УДА ^АСАНОВНА

института садоводства и овощеводства Академии сельскохозяйственных наук Таджикистана

Аннотация В начале опыта сырье начала определенной формы выдерживают в пробирке, приготовленной с картофельным соком. Осебенности фузариозного увядания тонких сортов хлопчатника. Оценка относительной устойчивости хлопчатника мелкозернистого к фузариозу.

Изучение особенностей коллекции, первого, второго и третьего годов, уровней первого и второго года коллекции в условиях высокой степени фузариозного увядания хлопчатника.

Ключевые слова: колекция, гибриды, сортом, хлопчатника, устойчивость, грибы, балезнь, увядание, фузариоз, оценка.

Бо назардошти имконияти пайдошавй навъи нисбатан агрессивй доштаи Fuzarium vasinfectum мо сараввал аз хосил намудани маводи ибтидоии софи шакли муайяни устувории навъхои падарию модарй омухта шуд. Дар аввали тачрибагузаронй маводи тозаи ибтидои шакли муайянеро дар дохили пробирка бо моеъи картошка тайёр карда шуда нигох дошта мешавад.

Инфексияро дар чанд зарфхои шишагини як литра, ки ба хар як банка 0,2кг чав дохил карда, дар муддати 90 дакика ба воситаи автоклав дар буг стерилизатсия карда мешавад, ки дар ин холат фишори буг 1 атмосфера мешавад. [Соловьева, А.Н. 1951]. Пас аз гузаронидани стерилизатсия мавод (яъне моеъи дар дохили банка буда) ба зарфхои калони шишагин рехта мешаванд ва ба воситаи инфексияи дар колбахо ё зарфхои шишагин тайёр карда шуда сироят кунонида мешаванд. [Соловьева, А.Н. 1964]. Пас аз он хамаи маводи сироятёфтаро ба болои мизхо (стелляжхо) рехта бо болопуши этиленй маркам мекунанд.

Ин усул имкон медихад, ки пайдошавии инфексияи вилти фузариозй 100% таъмин карда мешавад. Дар ин холат сирояткунанда дар давоми 5 руз нигох, дошта мешавад, то ки дар дохили термостат инкубатсия шавад. [Менликиев, М.Я., А.В. Хотянович 1990]

Бо гузаштани мухлати муайян маводи стерилизатсия шуда дар дохили зарфхо пурра бо кабати замбуруги fuzarium фаро гирифта мешавад. ^абл аз он, ки пумбадонахои пахта кишт карда шаванд онхо дар дохили маводи моеъи замбуруг нигох дошта мешаванд, ин барои он гузаронида мешавад, ки бо дарачаи баланд нихолхои пахта бо касалии вилти фузариози сироят ёфта тавонанд.

Ба хамаи ин муваффакиятхо дар селексияи пахта нигох накарда, масъалаи устувории нихолхо ба касалии вилти фузариози оиди ирси на онкадар пурра омухта шуд. Инчунин давом ёфтани ин аломатхо дар дурагакунонии навъхои пахта, ки ба самаранокии хосили пахта таъсири худро мерасонад, натичахои селексияи пахта назаррасанд.

Барои баходихй ба маводи аввалин нисбати устуворй будан ба касалии вилти фузариози ва омухтани хусусиятхои ин аломатхо дар китъахои коллексионй, дурагахои соли якум (Fi), дуюм (F2), ва сеюм (F3), селексионии соли якум ва соли дуюм бо вилти фузариози кор бурда шуд.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Дар давоми омухтани сабабхо ва хусусиятхои ба касалии вилти фузариози гирифтор шудани навъхо ва дурагахо дар шароити баланд ва муътадил сироятёбии мухит аник карда шуд, ки хусусиятхои устуворй ва тобоварй ба вилти фузариози дар дохили навъи пахта хамчун аломати ирсй мушохида карда мешавад. [Сангинов, А. 2014].

Дар тачрибахои дурагакунии навъхои пахта, ки аз руи хусусиятхои устуворй ба вилти фузариози ба хамдигар хастанд, холати "гетерозис"-ро мушохида кардан мумкин аст, яъне устувории баландтари дурага пайдо мешавад. Агар дар гузаронидани тачрибаи дурагакунй навъхои пахта ки барои тачриба интихоб шудаанд аз хдмдигар фарк дошта бошанд, ё хеле дигаргун бошанд он гох дар ин холатхо (яъне устувор ва ноустувор будани навъхо) дурагахои мавкеи дигар, яъне байни онхоро доштанаш мумкин аст, ки бо яке аз онхо наздиктар аст.

Дар натичахои ба даст овардашуда аник ва муайян гардид, ки хусусиятхои полимерй, ки аз хисоби наслй буданаш дар растанихо вучуд дорад метавонанд акаллан каме бошад таъсир расонанд, ва дар организми растанй бартари дошта бошанд.

Ч,адвали 1.-Устувории дурагахо аз навъхои пахтаи махиннах ба вилти фузариози

вобаста ба дарачаи устувории падарию модари хангоми гузаронидани дурагакунони бо

№ дурагахо модарй х падарй Сироятёбии вилти фузариозй дар дурагаи соли якум Fi Устувори навъхо аз касали вилти фузариозй

модарй падарй

1 6465-В С-2282 х 5536-В 1,0 % 2,0 % 0,0 %

2 5595-В 5776-И х С-2525 0,68% 1,0% 0,0 %

3 7318-В С-6022 х Гиза-45 0,9% 1,0 % 0,0%

4 7072-В 5904-И х 9123-И 1,0% 2,0% 0,0%

5 6249-В 504-В х 8596-И 0,34% 1,0% 0,0 %

6 8408-В 6249-В х 9647-И 1,0% 2,0% 0,0%

Тавсифи морфологии дурагахои навъхои пахтаи махиннах ба вилти фузариози вобаста ба дарачаи устувории падарию модари.

Навъи 5595 - В бо рохи дурагакунии навъхои 5476-И ва С-2525 инчунин интихоби фарди ва санчиши наслхо дар китъаи замбуруги фузариозй дошта руёнида шудааст. Муаллифони навъи мазкур В.П Красичков М. Джумаев Н.С. Паришкура ва Б.С.,Сангинов [1965] мебошанд. Дар мавриди агротехникаи мутоби; баландии буттаи навъ ба 100-130см мерасад.

Баргхои ин навъ панч парраи хачмашон миёна нах ва луч буда, парраи миёнаи барг секунчаи шаклаш байзамонанди нугдор мебошад. Гулаш калон буда, гулбаргхои точгулаш ранги зард доранд ва дар бехи точгул доги антотсианй ба назар мерасад. Сутунчаи гардбарг узви модинаро печонда гирифтааст, гардгираки узви модина аз сутунчаи гардбарг баръало ба тарики барчаста бар омада меистад, баргаки зери гул бузургии миёна дошта, дар он 11-13 дандонача мавчуд аст.

Кураки навъи мазкур барчаста, се - чор кабата мебошад, вазни пахтаи хоми як курак бошад, ба 3.8-4.5г мерасад. Шакли курак махрути байзамонанд буда, нуги начандон калони кунд дорад, сатхи он ранги сабзи тира дорад ва бо гадудхои сиёхи хурд пушонда шудааст. Кураки ин навъ хангоми расидан нагз кушода мешавад, рехтани пахтаи хом кам ба назар мерасад, нахаш типи дуюм мебошад. Тухмихои навъ бузургии миёна дошта, шакли байзамонанди кашидашуда доранд ва бехи онхо бо тибити рангаш

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

сабз пушонида шудааст. Навъи мазкур зудрас буда, куракхои аввалин дар баландии бандхои 3-5-ум ташаккул меёбанд.

Навъи 5595-В ба касалихои замбуруги фузариозй ва вертисиллёз устувор аст, вале ба мисли дигар навъхои пахтаи махиннах метавонад аз касалии пусиши сиёхшавии реша осеб бинад. Х,осилнокии навъи мазкур аз 30.0 то 32.7с\га-ро ташкил медихад. В.П.Красичков М.Джумаев.Н.С.Паришкура ва Б.С.Сангинов [1965].

Навъи 6465-В бо усули дурагакунии байни навъи дар мавриди бо хам дурагакунии навъхои С - 2282, 5536-В дар филиали Вахш руёнида шудааст. Навъи мазкур дар нохияхои вилояти Сугд ва минтакди Кулоб нохиябандй карда мешавад. Ин навъ тезрасу сер хосил буда, нахи сифатан хуб дорад.

Х,осили навъи 6465-В назар ба дигар навъхо ба воситаи мошини хосилгундор бехтар чамъоварй карда мешавад. Муаллиф А.С.Сангинов [1980]. Аломатхои морфологии навъи 6465-В чунинанд: пояи асосй дар шароитхои водии Вахш, дар мавриди агротехникаи мутобик баландиаш ба 100-115см мерасад, буттааш типи навдадавонии сифриро сохиб мебошад. Пояаш устувору хамнашаванда буда, луч, яъне муйина надорад.

Бо рафти пояи асосй аз багалаи хар як барг 3-4 баъзан поёнтар аз он инкишоф меёбад, аз онхо аз 1 то 3 кураки калон ташаккул меёбад. Баъди сарчинаккунй дар як - ду бугуми болои поя бештар навдачахои кутохи симподиалии байни бугумй ташаккул меёбанд, ки дар охири онхо, дар намуди тудабарг 2-3 куракхои калони ташаккулёфта чойгиранд. Баргхояш калон ё миёна панчхиссадор буда, ранги сабзи тира доранд, муйина надоранд, шакли кисми миёнаи он байзамонанди секунчаи нугчадор мебошад.

Гулаш калон буда, гулбарги точгулаш ранги зарди равшан дорад, буни точгулаш доги калони антотсианй ва ранги равшан дошта, яклухт мебошад, баргакхояш бузургии миёна ва 11-15 дандонача доранд, нуги кунд дошта, дар хар як растанй бештар микдори зиёди 4-5 кураки тобхурда ба назар мерасад. Ранги сатхи куракхо сабзи тира мебошад. Х,ангоми расидан табакачахои курак нагз кушода мешаванд, рехтани пахтаи хом аз онхо микдори камро ташкил медихад. Тухмихои навъ хачми миёна дошта, шакли байзамонанди секунчаи сардор бо муйинахои зумурраддор доранд. Х,осилнокии навъи мазкур аз 32.0 то 36.0с\га-ро ташкил медихад.

Навъи 6249-В дар Стансияи тачрибавии кишоварзии минтакаи Вахш ба воситаи дурагакунии навъхои 504-В ва 8596-И бо интихоби минбаъдаи бисёркарата ва санчиши насли онхо руёндаанд. Аз чониби Муаллиф А.С.Сангинов [1973]. Дар мавриди агротехникаи муътадил сохиби буттаи манорамонанди типи навдаронии сифрй мебошад. Баландии пояи асосии он ба 100-130см мерасад.

Пояаш гафс, устувор, хам нашаванда ва луч буда, дар тирамох аз тарафи офтобрас бо сиёхй пушида мешавад. Бугумхои мобайниаш миёна (6-7см) буда, бо равиши пояи асосй аз багалаи баргхо 5-6-тогй бугумхо бо 1-3 курак ташаккул меёбад. Барги калон ё миёна дошта, бо муйина пушида нашудаанд онхо панчхиссадор буда, ранги сабзи тира доранд.

Гули ин навъ калон, гулбаргхояш ранги зарди антотсианй дошта, гарддонаш ранги зард дорад. Баргакхои зери гул хачми миёна ва 11-15 дандона доранд. Куракхояш калон, шакли байзамонанд ё махрутй, нугчахояшон наонкадар кунд, ках,варанг ё сабзи тира мешаванд.

Дарачаи кушодашавии табакчахои куракии навъи мазкур хуб аст ва резиши пахтаи хом аз онхо паст мебошад. Тухмихои ин навъ бузургии миёна, шаклашон секунчаи байзамонанд, нугчадор, тибитхояш кутох ва нахи навъи мазкур каме зардчатоб, дарозиашон 39-41мм, устувориаш ба 4.8-5.0г мерасад. Навъ нисбат ба замбуруги фузариозй, вертиссиллёз, пусиши сиёхшавии реша ва макроспориоз устувор аст. Агротехникаи навъи 6249-В бо агротехникаи парвариши навъи 5595-В аз бисёр чихат шабохат дорад, обёрии давраи нашъунамо дар давраи расиши куракхо хамин гуна аст. Навъи 7318-В. Бо усули дурагакунии байни навъй аз навъхои С - 6022 х Гиза-45 С ва

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

интихоби бисёркарата, санчиши наслхо дар китъаи замбуруги фузариозй руёнда шудааст. Аз чониби Муаллиф Сангинов А.С., [1977] нохиябандй карда шудааст. Навъ имкониятхои иктидорнокиашро дар нохияхои чанубй (дар заминхо бо обхои зери заминии наздик) ва гурухи нохияхои шимоли чумхурй зохир менамояд.

Баландии нихолхои ин навъ ба 90-110см мерасад, навдарониаш типи сифрй мебошад. Навдахои моноподиалй надорад, байни бугумхо баравиши поя кутоханд, яъне ба 6-7см мерасанд. Пояи ин навъ устувор ва кам хамшаванда мебошад. Дар тирамох пояаш бо сиёхии антотсианй пушонда мешавад. ^ади поя аз багалаи баргхо, чун коида,

2-3 курак дар думчахои дарозиашон ба 6-7см баробар инкишоф меёбанд.

Дар мавриди агротехникаи баланд аз багалаи баргхо боз навдачахои кутох рушд намуда, дар онхо иловатан боз хам 2-3 курак ташаккул меёбанд. Гули навъи мазкур калон буда, гулбаргхояш ранги зард доранд, дар буни точгул доги антотсианй ба назар расида, ба тарики равшан рангин шудааст. Гардонхои он зарди равшананд.

Гардгиракхои узви модина аз сутунчаи гардбарг нагз чудо шудаанд. Баргаки зери гули навъи мазкур бузургии миёна ва 11-13 дандонача дорад. Куракхояш калон, шакли курамонанди махрутшакл ва нуги кунд доранд. Сатхи куракхо чукурчадор, сабз буда, дарачаи кушодашавии пахтаи хом аз куракхо микдори камро ташкил медихад. Тухмихои ин навъ бузургии миёна, шакли секунчаи байзамонанд. Навъ аз волидайнаш бо шакли бутта, тезрасии бехтар, хосилнокй ва устуворй нисбат ба замбуруги фузариозй, пусиши сиёхшавии реша, хамчунин мутобик ба чиниши мошинй фарк мекунад. Нахи навъи мазкур зардтоб аст.

Навъи 8408-В. Ин навъ бо усули дурагакуни - пайвандкунии навъхои 6249-В х 9647 - И ва интихоби бисёркарата, инчунин санчиши наслхояш дар китъаи замбуруги фузариозй руёнда шудааст. А.С.Сангинов [1975] нохдябанди карда шуд. Шакли буттааш манорамонанд буда, навдаронии типи сифриро сохиб мебошад ва баландиаш ба 110120см мерасад.

Навдаи моноподиалй надорад. Пояи навъи мазкур ранги сабз дошта, дар сатхи он муйина вучуд нест. Нисбат ба хамшавй устувор буда, куракхои нахустинаш дар бугумхои

3-5-ум ташаккул меёбанд. Баргхояш хдчми миёна, панчхиссадор ва сабз мебошанд.

Гулаш бузургии миёна дошта, ранги гулбаргаш зард ва гарддонхояш зард

мебошанд. Баргаки зери гулаш миёнава 11 -13 дандончадор мебошад. Куракхои ин навъ бузургии миёна дошта, шакли махрутй, нуги кунд доранд. Онхо муйякчадор буда, муйякчахояш ранги сабз доранд. Вазни 1000 дона тухмихои ин навъ ба 110- 115г. мерасад.

Навъи мазкур аз волидайни худ бо хосилбандии бехтар, тезрасй ва кади нисбатан муътадил фарк мекунад. Ба харорати баланд, замбуруги фузариозй ва пусиши сиёхшавии реша устувор мебошад.

Навъи 7073 - В. Ин навъ бо рохи дурагакунии навъхои 5904 ва 9123, бо интихоби фардй ва санчиши наслхо дар китъаи пажмурдашавии ангезанда руёндашудааст. А.С.Сангинов [1971] мебошанд.

Навъ нисбатан тезрас, хосилнокии бештар ва бо сифати хуби нах фарк мекунад. Баландии буттахои навъи мазкур ба 100-115см мерасад. Типи нав навдаронии моноподиалй дорад. Пояаш гафс буда, сатхи он муйна надорад. Дар тирамох бо сиёхи ё худ доги антотсианй пушида мешавад. Байни бугумхои поя 5-6см аст. Бакади поя аз багалаи баргхо дар думчахои дарозиашон ба 6-7 см баробар 2-3 курак ташкил меёбад.

Гули ин навъ хачми миёна дорад, гулбаргхояш ранги зард доранд, дар бехи навдачахо доги антотсианй ба назар мерасад. Ранги равшан дорад. Баргдонаш ранги зарди равшан дорад, гардгиракаш аз гардбарг чудо шуда меистад. Баргаки зери гулхояш хачми миёна ва 11-13 дандонача дорад. Нахи навъи мазкур ранги сафед дошта, аз руйи сифати механикй ба типи дуюм тааллук дорад. Часпиши нах ба тухмихо суст буда, аз пучокашон ба осонй чудо мешаванд.

АДАБИЁТ

1. Красичков В.П., Джумаев М., Паришкура Н.С. Сангинов Б.С. Сорт советского тонковолокнистого хлопчатника 5595-В.- Душанбе: Ирфон, 1965.- 44 с.

2. Соловьева А.Н. Методика создания провокационного фона. В кн. «Сборник научных

работ. Вредители и болезни хлопчатника и других культур и борьба с ними, Союз НИХИ,-1951. -С. 151-158.

3. Соловьева А.Н. Биология и таксономия возбудителя вилта хлопчатника. В сб.«Материалы

Всесоюзного симпозиума по борьбе с вилтом хлопчатника»,Ташкент,-1964.-С.22-24.

4. Менликиев, М.Я., А.В. Хотянович. Искусственное заражение растений хлопчатника

возбудителем черной корневой гнили В кн: Защита растений и с.-х.продуктов от вредителей и болезней. Сб. науч.тр.Тадж.СХИ, - Душанбе,- 1990.- С.89-92.

5. Сангинов, А. Селекция хлопчатника Gossypium barbadense L, на вилтоустойчивость сортов к

фузариозному увяданию. Сборник научных трудов, том 8,-Душанбе.-2014.-С.21-24.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.