Научная статья на тему 'Sattor Tursun 's mastership in the creation of character'

Sattor Tursun 's mastership in the creation of character Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
142
29
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САТТОР ТУРСУН / СОВРЕМЕННАЯ ТАДЖИКСКАЯ ПРОЗА / ХАРАКТЕР / СОЗДАНИЕ ХАРАКТЕРА / МАСТЕРСТВО В СОЗДАНИИ ХАРАКТЕРОВ / SATTOR TURSUN / MODERN TAJIK PROSE / CHARACTER / CHARACTER CREATION / MASTERSHIP IN CHARACTER CREATION / НАСРИ МУОСИРИ ТОҷИК / ХАРАКТЕРОФАРИНӣ / ҳУНАРИ ХИСЛАТНИГОРЙ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Раджабова Сарвара Каххоровна

В статье предпринимается попытка исследовать мастерство современного таджикского писателя Саттора Турсуна в создании характеров. Отмечается, что создание характеров героев и персонажей в литературе связано с вопросами поэтики художественной прозы и обращение исследователей к данному аспекту имеет значение в раскрытии особенностей развития таджикской прозы, а также в выявлении литературного таланта и мастерства писателей. Подчеркивается, что Саттор Турсун в зависимости от идеи и цели произведения в создании характеров акцентирует внимание на наиболее ярких чертах героев и персонажей, и при этом использует различные приемы и способы изображения. Определяется стремление писателя создавать образы, в которых воплощались бы важнейшие человеческие типы и характеры. На основе изучения ряда произведений Саттора Турсуна формулируется вывод о том, что сущность характеров героев и персонажей писателя раскрывают повествование, изображение противоположных друг другу характеров, диалоги, внутренние монологи, лирические отступления, портреты, изображение действий и поступков героев в различных ситуациях, их взаимоотношения с другими персонажами произведения.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Мастерство Саттора Турсуна в создании характеров

In her article the author makes an endeavor to explore the mastership of modern Tajik writer being Sattor Tursun in the creation of characters. It is underscored that the creation of characters of heroes and personages in literature is connected with issues concerned with the poetics of belles-lettres prose and appealing researchers to a single aspect is of significance in disclosure of the peculiarities of Tajik prose development aimed at determination of literary talent and mastership of writers as well. The author lays an emphasis upon the idea that Sattor Tursun, depending on the idea and goal of the literary production in reference to the creation of characters focuses on the most striking peculiarities of the heroes and personages, at the same time, she resorts to various techniques and the ways of depiction. The writer wants the most important human types and characters to be embodied in the images he creates. Proceeding from the study of a number of literary productions belonging to the pen of Sattor Tursun, the author comes to the conclusion that the essence of the characters of heroes and personages of the writer reveal the narration, the image of opposing characters, dialogues, internal monologues, lyrical digressions, portraits, images of the actions and habits of the characters in various situations, their relationship with other personages of the literary production.

Текст научной работы на тему «Sattor Tursun 's mastership in the creation of character»

УДК 8 т1

ББК 80 (075 С.Ц.РАЧАБОВА

МА^ОРАТИ ХАРАКТЕРОФАРИНИИ САТТОР ТУРСУН

Офаридани характер дар асархои адабй аз нависанда завк ва хунари баланди мушохидакорй, тадкики амики сиришти инсонхо ва чамъбасти кулияи хислатхои онхоро дар симои як нафар, дар баробари ин, фардият бахшидан ба кахрамонро такозо мекунад. Комёбии нависанда дар офариниши характерхои чолибу якдаст яке аз омилхоест, ки ба таъмини таъсирбахшии асари бадей мусоидат менамояд. Ин гуна характерхои офаридашуда дар рохи ошкор кардани мохияти замон ва мавкеи инсон дар он накши мухим доранд. Ин характерно омили асосии шинохт ва маърифати хакикии наслхо ва бардошти онхо аз чигунагии замон ва руху равони он ба шумор мераванд. Характери кахрамононро вокеияти замон ва руйдодхои ичтимоиву маишй муайян мекунанд. Дар симои кахрамонхо ва персонажхо сифату хислатхое тачассум меёбанд, ки хоси одамони бисёранд. Характерхо маъмулан ба хонанда таассурот бахшида, эхсосоти уро бармеангезанд, уро ба андешаву мулохиза водор месозанд. Имкон дорад, ки ин гуна характерхо аз чониби хонанда хамчун намунаи ибрат пазируфта шаванд ва барои шинохти худу атрофиён мадад расонанд.

Бино ба бардошти мухаккики маъруфи рус Г. Л. Абрамович зимни тахлили характерхои офаридаи нависандагон ду чанбаи масъаларо дар назар бояд дошт: Аввалан, "дар персонажи муайян махз кадом нуктахо чамъбасту типй гардида, ба туфайли чунин чамъбасту типпикунй ва санчиши амалияи чамъиятй чй нуктахо дар хаёт равшан мешаванд". Сониян, василахои мухиме бояд мукаррар гарданд, ки бо ёрии онхо ин гуна чамъбастхо ба амал омаданд, зеро тафовути характерхои бадей аз якдигар на танхо дар мундаричаи хаётии хар яки онхо, балки дар воситахои тасвире, ки тарики онхо офарида шудаанд, зухур меёбад» (1, 68).

Баррасии масъалаи характер ва равишхои офаридану тасвири он дар доираи тахкики образхои асархои бадей, воситахо ва шароити типй гардидани характерхо, хусусиятхои тасвири характерхои мусбат ва манфй, накши мухити ичтимоию таърихй дар ташаккули характерхо ва гайра хамеша барои дарки комили мохияти кори эчодй муфид ва арзишманданд. Аз ин ру, масъалаи чигунагии офариниши характеру хислату характери кахрамон дар насри муосири точик сазовори бахси чудогона аст, ки дар чанд мархала метавон мавриди баррасй карор дод. Дар даврахои нахустини инкишофи насри муосири шуравии точик офаридани хислату рухияи асар мувофики колаби муайян ва бо назардошти талаботи гоявию эстетикии адабиётшиносии замон сурат мегирифт. Аз чумла, «дар адабиёти муосири точик то нимаи солхои панчох ин кахрамон асосан коммунисти аз худ гузаштаи чонфидо, голиб ва носех, мубаллиги гояхои синфй, шахси ичтимоъгаро ва аз назари мафкуравй ба олами гузашта ва чахони беруна номуросо буду бас... Баъди нимаи солхои 50-ум, дар алока бо он ки дар чомеаи шуравй як муддат «пардаи оханин»-и идеологй бардошта шуд... тасаввур низ дар бораи кахрамони адабиёт низ тагйир хурд. Акнун вай на танхо коммунист, балки аз табакахои гуногуни чомеа интихоб шуда, бештар дар сари масъалахои ахлоки ичтимой андеша меронд, шахсе буд, ки савобу гунохаш баробар ахамият пайдо кард» (3, 248).

Аз диди таърихи адабиёти садаи бист дар солхои 60-70-уми асри ХХ адибон ба чустучухои наву тоза дар офаридани характер муваффак гардиданд ва тамоюлоти мазкур хеле кувват гирифт. Нависандагони ин давра дар тасвири мукаммали хислату характери кахрамонони худ ибтикори чолиби таваччухе карда, дар ин рох ба дастовардхои назаррас ноил гардиданд.

Нависандаи халкии Точикистон Саттор Турсун аз огози рохи эчоди адабиаш кушиши фаровон ба харч додааст, ки ба масъалаи тасвири муаммои характери кахрамону персонажхо бо назардошти вокеияти замонхои пурчушу хуруш, бо фарорафти чанбахои рухиву равонии зиндагии даврони муосир, бо эхсоси мураккаб будани протсесси хаёт ва зиддиятхои пурсадамаи он, дар мачмуъ бо дарки тамоми сифатхои неку бади инсонй ва бо истифода аз усулу воситахои гуногун наздикй чуяд.

Аз сабаби он ки кувват ёфтани махорати характерофарй, диди тоза афкандан ба киёфаи кахрамони чавон, ба тадкик гирифтани хусусиятхои тозаи шакл гирифтани шахсияти ин гуна кахрамон аз вазифахои мухими илми адабиётшиносист (8, 187), офариниши характер дар асархои Саттор Турсун низ хануз дар вакташ таваччухи ахли тахкикро чалб кардааст. Аз чумла, академик Мухаммадчон Шукуров дар маколаи «кахрамони хаёт - кахрамони адабиёт» (1973) зимни тадкику баррасии масоили тахаввули кахрамони асари бадей дар насри муосири точик майли характерофарии С. Турсунро низ мавриди андеша карор дода, дар ин замина мулохизоти судманде баён кардааст. Мунаккид бо зикри комёбии бархе аз адибони номии точик дар

офариниши образи кахрамонони давраи Чднги Бузурги Ватанй хусусиятхои характерофарии Саттор Турсун ва бурду бохти у ба андеша ва мулохизахои чолиби таваччухе расидааст. Масалан, ба фикри мунаккид «дар образи Содик ва Акбар ду принсипи тазоди хаётй -азхуддаргузаштагй ва хизмати чамъият, аз як тараф ва боз хам худбинию худкомй, аз тарафи дигар, ба хам ру ба ру омадааст» (8, 202).

Дар баробари зикри дастоварди образи Содик - кахрамони асосии повести «Сукути куллахо» ба мавчудияти «зиддият дар образи Содик, ки онро эзох додан душвор аст» ишора шуда, ин хулоса ба даст омадааст, ки «тадкики бадеии нависанда хануз мукаммал нест ва симои кахрамони у то андозае номуайян аст» (8, 201).

Ба хам мукобил гузоштани характерхо бо максади падид овардани мавкеи хаётй, дунёи ботинй, сатху савияи чахоншиносии кахрамонону персонажхо яке аз вежагихои умдаи характерофаринии Саттор Турсун ба шумор меравад. Мукобили якдигар ба тасвир овардани образхои Эрач ва Х,омид (аз «Нисфирузй»), Назар ва Турон-тракторчй (аз «Ситораи корвонкуш»), Шахзода ва Ситора (аз «Сарфаи сари оташдон) имкони равшани бозгуи мохияти хислатхо ва дунёи ботинии онхоро фарохам овардааст.

Дар ин хикояхо тадк;ик;и характерх,ои зид бо максади тархрезй ва халли масъалахои ахлокиву маънавй, мавкеи хаётии инсон, ошкор намудани мохияти рафтори одамон дар вазъияту холатхои гуногун чараён гирифтааст. Масалан, сидку садокат ва халолкорй аз сифатхои мухимтарини характери Фируз - кахрамони марказии повести «Камони Рустам» мебошанд, ки дар муносибати у ба Назокат, модар ва падараш, хамчунин пешаи интихобкардааш зохир мегарданд. Ин гуна хислатхои кахрамон бевосита аз забони ровй ё персонажхои асар баён нагардида, дар чараёни вокеахо, амалу рафтори кахрамон дар вазъияти гуногун, тарзи муносибати у ба атроф ошкор мегардад. Нависанда дар тасвири киёфаву андоми ин кахрамон хеле сарфакор аст, яъне танхо бо тасвири ду-се чузъиёти сириштй иктифо менамояд. Пахлухои мухталифи хислату характери Фируз асосан вобаста ба вазъият ва бархурд бо персонажхои дигар зохир гардида, дар муносибат бо падару модар ва Назокат садокату нармдилй, аммо дар муносибат бо Наимов, Носир ва амакаш Аскаров халолкорй ва устувор будани у дар мавкеи хаётй аён мегарданд. Хислатхои сириштии Фирузро нависанда ба воситаи диалогхо, рафтору гуфтори кахрамон дар вазъияти гуногун ва монологи ботинии у нишон додааст.

Адабиётшинос Ч,. Бакозода дар бозгуи иктидори хислату характери кахрамони асари нависанда ба натичаи мухиме расидааст, ки «куввахои маънавию чисмонии Фируз ба мукобили хар гуна зухуроти беадолатй ба муборизаи фаъол бурдан кодир аст". Бо вучуди ин, мунаккид бар ин акида аст, ки дар асар ин чихати характери Фируз инкишоф наёфтааст: "Фируз худхохиву берахмй ва молпарастии амакашро донад хам, муносибати худро руирост баён накардааст" (2, 87).

Ба андешаи мо, сабаби асосии ошкоро мукобилат накардани Фируз ба Аскаров, аз як тараф, хислати мулохизакории Фируз бошад, аз суйи дигар, анъанаи тарбияи хонаводагии точикона аст, яъне ба бачагон аз хурдй эхтироми калонсолон, ба хусус, хешовандон, ба кавле «худдорй аз гап нагардондан ба онхо» талкин мегардад. Бинобар ин, харчанд Фируз ба Аскаров муносибати худро ошкоро нишон надода бошад хам, баъди сухбат бо амакаш Аскаров, ки ба кавли падараш «ба хар касу хар чиз сохибй карданро нагз мебинад», дар чараёни монологи ботинй, ки ба гуфтахои Аскарови худхох гуё як навъ чавобест, андешахояшро чунин чамъбаст мекунад: «Шумо оё дар бораи ман фикр мекунед? Аз гапатон маълум, ки гуё фикр мекунед... Кас ятим бошад, гамхораш бисёр мешудааст. Аммо ачиб аст, ки кариб хамаи он гамхорон факат дар сухан гамхорй мекунанд... Ман ба шумо дигар хеч чиз намегуям, амак. Монед, ки бад ё нагз, хомамро худам пазам» (4, 54-55).

Чунин тарзи фикрронй мустакилияти инсон, химояи хукуки худй дар муайян кардани рохи зиндагй, хисси масъулиятшиносии кахрамон дар рохи муносибат, карордодхои зиндагй ва рафторхои уро ошкор мекунад. Нависанда дар повести мазкур на танхо дар заминаи ба хам зид тасвир кардани характерхои намояндагони як насл - Фирузу Назокат ва Носиру Наимов, балки муносибатхо ва бархурди характеру манфиатхои ду насл - Фируз ва Аскаров низ кушиш ба харч додааст, ки ба ин васила тадкики бадеии характерхо ва дунёи ботинии онхоро анчом бидихад.

Чунин равиши офаридани характерхо дар повести «Пайванд»-и С. Турсун низ хеле равшан ба мушохида мерасад. Инъикоси муносибатхо, таъсири мутакобили ду насл - калонсолон ва чавонон, таъкиди нуктахои пайванду бархурди онхо дар зиндагй ба нависанда имкон додааст, ки пахлухои мухталифи характери Фарход ва падари у, хамзамон раванди бо таъсири мухиту шароит тагйир ёфтани онхоро ба таври муътамад нишон дихад.

Ч. Бакозода дар маколаи «Нависандаи андешапарвар» рочеъ ба тахаввули эчодй ва амикрафти тасвирхои бадеии Саттор Турсун сухан ронда, ба таври равшан таъкид кардааст, ки «дар эчодиёти нависанда кахрамони «мобайнй», кахрамоне, ки мавкеъ ва мароми зиндагиаш номаълум бошад, кариб мушохида намешавад... Нависанда ба воситаи андешахои ботинй, чузъиётбандии психологй, гохо тасвири бевоситаи вокеа (бештар дар повестхо) тахлили амику аники ходисот ва рафтору амалиёти персонажхо типхои мухталифи муйсафедонро меофарад, ки характерхои Падар аз хикояи «Падар», Исмат-пахлавону Х,идоят-амак аз повестхои «Сукути куллахо» ва «Камони Рустам», усто ^амчин аз повести «Обдорй», Муйсафед аз хикояи «Думбура», Карим ва Собир Мухтор («Барф хам мегузарад») ва гайра аз хамин кабиланд. Ин образхои муйсафедон такрори хамдигар набуда, балки яке дигареро такмил медиханд, яке давому инкишофи мантикии дигаре мебошанд» (2, 191).

Дар хикояи «Падар» як навъ бархурду зиддияти пушидае байни характерхои падар ва писари у, ки дар шахр зиндагй мекунад, равшан ба мушохида мерасад. Ба андешаи мо, образи падар чамъбасти характери як зумра падарони замони муосир аст, ки писаронашон дар шахр сохиби маълумот гардида, чойи зисту кор ёфтаанд. Образи писари у Мурод низ хусусияти чамъбастй дорад. Дар хикоя нависанда садокати падар ва бемехриву сангдилии писари уро тасвир мекунад. Падар орзу дорад, ки писараш ба деха кучида омада ба у «саробон шавад», у ба саволи писар: «ин чо омада, чй кор мекунам?», чунин чавоб медихад: « - Дар калхоз кор мул. Дилат калхоза нахохад, дар ягон идораи дигар кор кун. Гайр аз ин. магар кора нагзу бадаш хаст? Гап агар сари манзил бошад, дар ин хавлй ду-се оила бемалол мегунчад. Хонаи бисёр...».

Чавоби писар низ ифодагари характеру психологияи онхоест, ки зиндагии барохатро дар шахр ихтиёр кардаанд: « - Не, додо, ин фикратон хом. Мардум орзу доранд, ки дар шахр чойгир шаванд... Ман хонаву дари тайёрро пушти по зада, чй хел ба сангистон кучида биёям? Дар ин чо чй хушвактй хаст?» (6, 326).

Чунин равшан мешавад, ки ба воситаи диалоги падару писар тафовути дидгоххои онхо оид ба зиндагй ошкор гардида, зимни нишон додани бархурди онхо яке аз масъалахои мухими замони мо - интихоби шахр барои зиндагй аз чониби чавонон ва камтаваччухиву бепарвоии онхо ба волидайн ба миён гузошта шудааст. Ин казия чанбаи ичтимоии осори нависандаро неру мебахшанд.

Дар офаридани характери падар ва писар нависанда на танхо аз диалог, балки аз воситахои дигар низ ба кор бурдааст. Чолиб аст, ки характери онхо аз рафтору кирдорашон низ аён мегардад. Баробари аз раис шунидани хабари он, ки писараш занг зада, «падарам зуд биёянд» гуфтааст, пирамард ба сармо ва хуручи дарди тарбод нигох накарда, харбузаву ангури эхтиёткардаашро дар сабадча чой мекунад ва савори мошини болокушод шитобон ба шахр меравад. Аз рафти вокеахо, ки дар шакли хотирахои падар тархрезй шудаанд, сифахои хуби падар - мехру садокат, бомулохизагй, шукргузорй аз гамхорихои ахёнан руйдихандаи писараш аён мегардад. Дар мукобили ин гуна мехрубонй бепарвоиву сардмехрии писар, ки падар бо умеди зиёд уро «Мурод» ном ниходааст, тасвир шудаанд. Маълум мешавад, ки писар бояд семоха ба хондан равад, бинобар ин хостааст, ки падарашро як маротиба бубинад. Падар андешахоеро, ки хамон замон аз ин рафтори писар дар зехнаш пайдо шудаанд, ба у руйирост баён накард, «базур галаёни дилашро фуру нишонда, ба як хушнудии сохта хандид... ва бо овози ларзон илова намуд: - Хондан меравам гуфтй, а?.. Нагз, бисёр нагз - хондан кори савоб, писарам. То метавонй... хон!» (6, 333-334).

Ба андешаи мо, нависанда хикояро бо ин гуна суханони падар анчом бахшида, таъкид карданист, ки агар дар сиришти инсон хислатхое - аз кабили мехру садокат, одамгарй, тааммул вучуд надошта бошанд, хондан ва сохиби маълумот шудан наметавонанд ин сифатхоро дар характери у ба вучуд оваранд ва ё ташаккул диханд.

Дар хикояи мазкур лахзае тасвир шудааст, ки падар ба хонаи писараш расида меояд ва мебинад, ки дар махкам аст. Аз хонаи хамсояи писараш овози занеро шунида, тугмаи дари уро пахш мекунад. «Дар фавран боз шуда, дар остона як зани логарандоми малламуй, ки ба гирди чашмони хурд-хурди бекарораш ранги кабуд молида, дар бар куртаи сурхи чархи гиребонаш кушода ва доманаш аз зонувон як вачаб боло дошт, густох намоён гардид. Ва сар то пойи пирамардро бо нигохи шубхаомез чен карда, дагалона пурсид:

- Ба шумо кй даркор?

- Духтарам, ман падари Мурод.

- Муродатон кй?

- Х,амсояат...

- Хайр?

- Аз дур омадам. Лекин хонааш махкам. Намедонй...

- Ман аз кучо донам?! Ачаб одами беандеша будаед.

- Духтарам, ман пурсиданй, ки...

- Гуфтам-ку: намедонам! Аз ман дигар хеч чиз напурсед! Дар ин нисфишабй бехуда занг зада, ба асаби кас сузан халондан нагз не!

Зан лабонашро качу абрувонашро чин карда, дарро ба руйи вай сахт пушид» (6, 331-332). Дар ин маврид нависанда барои нишон додани хислатхои зан - бепарвоиву дагалй, беодобй ва бешармии у аз воситахои гуногун - тасвири чехраву андоми зан, таъкиди оханги дагалонаи гуфтори у ба воситаи гузоштани аломатхои хитобу савол истифода бурдааст. Х,арчанд ин персонаж дар хикоя хусусияти лахзавй дорад, муколамаи кутохи байни пирамард ва у, тарзи тасвири киёфаву андоми ин персонаж возех менамояд, ки нависанда реша давондани бепарвоиву худхохиро дар хислати чавонон ба мушохида гирифта, хонандаро низ водор месозад, то дар сари масъалахои марбут ба ахлоки хамзамонон андеша намояд.

Баррасии хикоя ва повестхои Саттор Турсун аз нуктаи назари тахаввулу инкишофи махорати характерофаринии у нишон медихад, ки нависанда агар дар нахустин хикояву повестхояш характерхои кахрамону персонажхоро асосан ба воситаи муколама ва монолог, ручуъ ба гузашта, амалиёту рафтори кахрамону персонажхо нишон дихад, дар хикояву повестхои солхои минбаъда доираи усулу воситахои инъикоси характер дар асархои у густариш ёфта, дар ин замина нависанда ба чехрапардозй ва фардй намудани забони кахрамону персонажхо низ таваччухи махсус зохир кардааст. Масалан, кахрамони асосии хикояи «Пайгамбарзот» Рустами Назар, собик чемпиони панчкаратаи Осиёи Миёна оид ба муштзанй -бокс мебошад. У мехохад, ки норасоихои дар хаёти чомеа мушохидакардаашро ба сарвари мамлакат расонад ва барои ислохи онхо сахм гузорад. Аз гуфтори у хакталошиву ростгуияш аён мегарданд, вале дар холати мастй хавобаландиву арбадачуй мекунад. Гуруру шухратпарастии у аз хамин хам ошкор мегардад, ки худро пайгамбарзот ва сайид меномад.

Нависанда бо максади нишон додани ин гуна характери Рустами Назар забони уро фардй менамояд, яъне ба хамин васила нишон доданй мешавад, ки худписандиву дуруштии Рустами Назар ба гуфтори у низ таъсир расонида, он дагалонаву боитоб гардидааст.

Хислатхои Рустами Назар аз суханони мардуми гирду атроф хам равшан мешавад. Аз чумла, дусташ Хоркаш ба хисси такаббур доштани у ишора менамояд, аз нигохи персонажи дигар - Фаррух чехраи Рустами Назар чунин тасвир шудааст: «Марди сиёхчурда ва аз афташ коматбаланд буд Рустами Назар. Руяш ба мисли рафида пахн; гушхояш сахт варам кардагй барин ду дона корчро монда, дар бари чаккахояш часпида меистоданд; бинии калонаш аз хачак шикаста ва кач; дар гунаи чапаш як хат асари чарохати амик; муйи мошубиринчи холо парешонаш тунук; лабонаш борики ба хам фишурда; чашмонаш калон.Аммо бекарор» (6, 102). Мебинем, ки нависанда характери Рустами Назарро бо тамоми мураккабиву тазодаш инъикос намудааст.

Кдхрамони хикояи «Лаб-лаби чар» чавонест бо номи Диловар, ки аз мулло Нусратулло ва Абдулахад барои даст доштанашон дар куштори пайвандонаш касос мегирад. Аз рафтору амал ва андешаронии Диловар маълум мешавад, ки у шахси часуру зирак буда, ба онхое, ки оташи чанги бародаркуширо афрухта буданд, нафрати беандоза дорад. У аввал мулло Нусратуллоро нобуд мекунад ва сипас ба хавлии Хрчй Абдулахад меояд. Бо бахонаи он, ки Абдулахад бояд хамрохи у ба назди мулло Нусратулло биравад, Диловар уро ба суйи чарй мебарад. Ба воситаи муколамаи Диловар ва Абдулахад хислатхо ва мохияти андешахои онхо ошкор мешаванд. Х,амчунин, аз гуфтору андешахои ин ду нафар галаёни эхсосоти ботиниашон муайян мегардад. Бо тархрезии образи Диловар ва баёни андешахои у нависанда вокеахоеро, ки солхои чанги шахрвандй дар чумхурй рух дода буданд, ба доираи тахлил мегирад. Х,арчанд ки Диловар аввал кй будани худро пинхон медорад, вале торафт шиддат гирифтани оханги гуфтори у Абдулахадро ба изтироб меандозад. Вакте у мефахмад, ки Диловар бародари хамон Бахтоварест, ки Абдулахад сабабгори кушта шуданаш гардидааст, чисму чони уро тарсу харос фаро гирифта, рангаш меканад:

«Абдулахад, ранги руяш якбора парида худро аз лаби чар дуртар гирифт. Ва беихтиёр лаб лесид; чунон ки нохост ба доми хайрат афтида, кару гунг шуда бошад, овозе хам набаровард» (6, 135).

Дар ин хикоя нависанда усули ба хам мукобили тасвир намудани характерхоро ба кор гирифта, дар ин ду образ характери инсонхоеро чамъбаст кардааст, ки солхои чанги шахрвандй гуё дар ду тарафи сангар чойгир буданд: гурухе барои пойдор мондани Точикистон талош дошта, гурухи дигар - барои аз байн бурдани ин давлат оташи чангро афрухтанд.

Дар образи Абдулахад худхохиву бадкирдорй, берахмй ва хиёнаткорй тачассум ёфтаанд. Гуфтори Абдулахад намунаи барчастаи буздиливу риёкорй буда, ин нуктаро ошкор менамояд, ки дар рохи амал у масъулиятро ба гардани шайтон бор мекунад:

« - Рост, рост. Лекин тарсидам, акламро бой додам. Чй мекунам акнун, чй мекунам-э! - ба чаккахои худ мушт куфт Абдулахад. - Аз як чумча хунам гузар, ки бачахоям ятим мемонанд, хору зор мешаванд. Шайтон аз рох зад маро, шайтон ... Акнун чй мекунам-э!» (6, 137).

Чунонки дар повести «Сукути куллахо» ба иллати вокеахои Ч,анги Бузурги Ватанй хислатхои манфии Акбар зохир гардиданд, дар солхои чанги шахрвандй низ хислатхои манфии нафароне аз кабили Нусратулло ва Абдулахад ошкор шудаанд.

Нависанда бо максади нишон додани чехраи манфури Абдулахад киёфаву андоми уро хачвомезу хандаовар тасвир кардааст: «Чавон ба риши мошубиринчи кулута, ба чашмони калон-калони чун чашми бум гирда ва чуссаи низ кариб кулулаи Абдулахад нигариста, - хандалакро мемонад-э ! - нохост хандааш омад» (5, 149).

Х,амин тавр, нависанда вобаста ба хадаф ва гояи асар зимни офаридани характери инсонхо сифатхои барчастаи кахрамон ва ё персонажро бо тарзу воситахои гуногун ба риштаи тасвир кашида, харчи бештар кушиш ба харч додааст, ки дар образи офаридааш сифатхои мухимтарини типу характерхои инсониро тачассум намояд. Мохияти характери кахрамонхову персонажхои асархои нависандаро накли ровй, тасвири характерхои ба хам зид, муколама, монологи ботинй, ручуъхои лирикй, чехранигорй, тасвири амалу рафтори кахрамон дар холатхои мухталиф, муносибатхои мутакобили у бо дигар персонажхои асар ошкор месозанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абрамович, Г. Л. Введение в литературоведение / Г. Л. Абрамович.-Москва: Просвещение, 1970. - 390 с.

2. Бакозода, Ч,. Чустучуйхои эчодй дар насри точик / Ч. Бакозода.-Душанбе: Ирфон, 1982.-144 с.

3. Набавй, А. Чусторхо ва ибтикорот дар наср / А. Набавй.-Душанбе: Адиб, 2009.-324 с.

4. Турсун, С. Камони Рустам / С. Турсун.-Душанбе: Ирфон, 1976.-384 с.

5. Турсун, С. Барф хам мегузарад / С. Турсун.-Душанбе: Ирфон, 1983.-368 с.

6. Турсун, С. Мунтахаби осор / С. Турсун.-Душанбе: Адиб, 2013.-560 с.

7. Шукуров, М. Таърихи адабиёти советии точик: Инкишофи жанрхо. Насри солхои 1945-1974 / М. Шукуров.-Душанбе: Дониш, 1980.-Ч. 4.-370 с.

8. Шукуров, М. Пахлухои тадкики бадей / М. Шукуров.-Душанбе: Ирфон, 1976.-273 с.

REFERENCE:

1. Abramovich, G.L. Introduction into Literary Critics / G.L.Abramovich. - M.: Enlightenment, 1970. - 390 p.

2. Bakozoda, J. Creative Findings in the Tajik Prose / J. Bakozoda. - Dushanbe: Cognition, 1982. - 144 p.

3. Nabavi, A. Findings and Initiatives in Prose / A.Nabavi. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2009. - 324 p.

4. Tursun, S. Rustam's Bow / S.Tursun. - Dushanbe: Cognition, 1976. - 384 p.

5. Tursun, S. Snow also Will Be Over / S. Tursun. - Dushanbe: Cognition, 1983. - 368 p.

6. Tursun, S. Selected Works / S. Tursun. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2013. - 560 p.

7. Shukurov, M. The History of Soviet Tajik Literature: Development of Genres. Prose referring to 1945-1974 / M.

Shukurov. - Dushanbe: Knowledge, 1980. - V.4. - 370 p.

8. Shukurov, M. Sides of Literary Explorations / M. Shukurov. - Dushanbe: Cognition, 1976. - 273 p.

Майораты характерофаринии Саттор Турсун

Вожщои калидй: Саттор Турсун, насри муосири тоцик, характер, характерофаринй, хунари хислатнигорй

Мацола ба хунари характерофариш ва хислатнигории нависандаи муосири тоцик Саттор Турсун ихтисос дорад. Цайд мегардад, ки характерофариш ва хислатнигорй дар адабиёт ба масоили мухими поэтикаи насри бадей робита дошта, ба он таваццух кардани а%ли тщкщ дар таъйини хусусиятхои инкишофи насри тоцик вобаста ба хунару истеъдоди адабии нависандагон хеле муфид аст. Таъкид мешавад, ки Саттор Турсун вобаста ба хадаф ва гояи асар зимни характерофариш хислатхои барцастаи кахрамон ва ё персонажро бо роху воситахои мухталиф ба тасвир гирифта, бар кушидааст, ки дар образи офаридааш сифатхои мухимтарини типу характерхои инсониро тацассум намояд. Нишон дода мешавад, ки аслу цавхари характери кахрамонхову персонажхои С. Турсунро накли ровй, тасвири характерхои зидди якдигар, гуфтугу, монологи ботинй, руцуъхои лирики, чехранигорй, тасвири амалу рафтори кахрамон дар холатхои гуногун, муносибатхои мутацобили у бо дигар персонажхои асар ошкор месозанд.

Мастерство Саттора Турсуна в создании характеров

Ключевые слова: Саттор Турсун, современная таджикская проза, характер, создание характера, мастерство в создании характеров В статье предпринимается попытка исследовать мастерство современного таджикского писателя Саттора Турсуна в создании характеров. Отмечается, что создание характеров героев и персонажей в

литературе связано с вопросами поэтики художественной прозы и обращение исследователей к данному аспекту имеет значение в раскрытии особенностей развития таджикской прозы, а также в выявлении литературного таланта и мастерства писателей. Подчеркивается, что Саттор Турсун в зависимости от идеи и цели произведения в создании характеров акцентирует внимание на наиболее ярких чертах героев и персонажей, и при этом использует различные приемы и способы изображения. Определяется стремление писателя создавать образы, в которых воплощались бы важнейшие человеческие типы и характеры.

На основе изучения ряда произведений Саттора Турсуна формулируется вывод о том, что сущность характеров героев и персонажей писателя раскрывают повествование, изображение противоположных друг другу характеров, диалоги, внутренние монологи, лирические отступления, портреты, изображение действий и поступков героев в различных ситуациях, их взаимоотношения с другими персонажами произведения.

Sattor Tursun's Mastership in the Creation of Character

Key-words: Sattor Tursun, modern Tajik prose, character, character creation, mastership in character creation

In her article the author makes an endeavor to explore the mastership of modern Tajik writer being Sattor Tursun in the creation of characters. It is underscored that the creation of characters of heroes and personages in literature is connected with issues concerned with the poetics of belles-lettres prose and appealing researchers to a single aspect is of significance in disclosure of the peculiarities of Tajik prose development aimed at determination of literary talent and mastership of writers as well. The author lays an emphasis upon the idea that Sattor Tursun, depending on the idea and goal of the literary production in reference to the creation of characters focuses on the most striking peculiarities of the heroes and personages, at the same time, she resorts to various techniques and the ways of depiction. The writer wants the most important human types and characters to be embodied in the images he creates.

Proceeding from the study of a number of literary productions belonging to the pen of Sattor Tursun, the author comes to the conclusion that the essence of the characters of heroes and personages of the writer reveal the narration, the image of opposing characters, dialogues, internal monologues, lyrical digressions, portraits, images of the actions and habits of the characters in various situations, their relationship with other personages of the literary production.

Маълумот дар борам муаллиф:

Рацабова Сарвара Цщх;оровна, муаллимаи кафедраи адабиёти муосири тоники Донишго^и давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш Хуцанд),E-mail:uchzapghu@mail Сведение об авторе:

Раджабова Сарвара Каххоровна, преподаватель кафедры современной таджикской литературы Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail:uchzapghu@mail Information about the author:

Rajabova Sarvara Kahhorovna, lecturer of the department of modern Tajik literature under Khujand State University named after acad. B.Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail:uchzapghu@mail

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.