Научная статья на тему 'САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЌОМОТИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌ ВА СОХТОРЊОИ ЌУДРАТЇ ДАР МУЌОВИМАТ БА МУОМИЛОТИ ЃАЙРИЌОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАДОР'

САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЌОМОТИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌ ВА СОХТОРЊОИ ЌУДРАТЇ ДАР МУЌОВИМАТ БА МУОМИЛОТИ ЃАЙРИЌОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАДОР Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъадор / пешгирии нашъамандї / љиноятњои мухаддиротї / маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои ќудратї / зиддимухаддиротї / назорати маводи нашъадор / нашъаљаллобон / гурўњи муташаккили љиноятпеша / технологияњои муосир. / незаконный оборот наркотиков / профилактика наркомании / наркопреступления / правоохранительные органы и силовые структуры / борьба с незаконным оборотом наркотиков / контроль за наркотиками / наркоторговцы / организованная преступная группа / современные технологии.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Муродзода Ф.Р.

Дар маќола Љумњурии Тољикистон њамчун давлати муќовиматбаранда бар зидди муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъадор муаррифї шуда, самаранокии фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои ќудратии кишвар дар самти маводи нашъадор нишон дода шудааст. Муаллиф ба вазъи Љумњурии Исломии Афѓонистон таваљљуњ карда, ќайд намудааст, ки масъалаи муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъадор дар баробари экстремизму терроризм барои љомеаи љањонї ташвишовар боќї мондааст. Њамзамон, иброз намудааст, ки дар ошкор ва баќайдгирии љиноятњои марбут ба маводи нашъадор, пешгирии нашъамандї ва коњиши талабот ба маводи нашъадор, маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои ќудратї наќши муњим доранд. Муаллиф дар маќола ба амалишавии Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2030 њамчун њуљљати калидї низ такя намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

EFFECTIVENESS OF LAW ENFORCEMENT AGENCIES AND SECURITY STRUCTURES IN COUNTERING ILLEGAL DRUG TRAFFIC

В статье Республика Таджикистан представлена как государство, борющееся с незаконным оборотом наркотиков, показана эффективность работы правоохранительных органов и силовых структур страны в сфере борьбы с наркотиками. Автор обратил внимание на ситуацию в Исламской Республике Афганистан и отметил, что проблема незаконного оборота наркотиков, наряду с экстремизмом и терроризмом, остается проблемой всего мирового сообщества. При этом высказано мнение о том, что правоохранительные органы и силовые структуры играют важную роль в выявлении и регистрации организованной преступности, профилактике наркомании и снижении спроса на наркотические средства. В статье автор в качестве ключевого документа оприеатся на реализацию Национальной стратегии по контролю за наркотиками в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы.

Текст научной работы на тему «САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЌОМОТИ ЊИФЗИ ЊУЌУЌ ВА СОХТОРЊОИ ЌУДРАТЇ ДАР МУЌОВИМАТ БА МУОМИЛОТИ ЃАЙРИЌОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАДОР»

ТДУ 343.57:351.746

САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЦОМОТИ ^ИФЗИ ^УЦУК ВА СОХТОРХОИ КУДРАТИ ДАР МУЦОВИМАТ БА МУОМИЛОТИ ГАЙРИЦОНУНИИ

МАВОДИ НАШЪАДОР

ЭФФЕКТИВНОСТЬ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ПРАВООХРАНИТЕЛЬНЫХ ОРГАНОВ И

СИЛОВЫХ СТРУКТУР ПО ПРОТИВОДЕЙСТВИЮ НЕЗАКОННОМУ ОБОРОТУ

НАРКОТИЧЕСКИХ СРЕДСТВ

EFFECTIVENESS OF LAW ENFORCEMENT AGENCIES AND SECURITY STRUCTURES IN COUNTERING ILLEGAL DRUG TRAFFIC

Муродзода Ф.Р.

Murodzoda F.R.

Муовини сардори Раёсати иттилоотию таулилии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Цумуурии Тоцикистон, номзади илмуои ууцуцшиносй Заместитель начальника Информационно-аналитического управления Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, кандидат юридических наук

Deputy Head of the Information and Analytical Department of the Drug Control Agency under the President of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences

Ихтисоси илми: 12.00.08 - Дукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (5.1.4. Илмхои чиноятй-хукукй).

Научная специальность: 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal law (5.1.4. Criminal law sciences).

Тацриздиуанда: Шарипов С.С. - дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети хукукшиносии Донишгохи миллии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй.

Рецензент: Шарипов С.С. - доцент кафедры криминалистики и судебно-экспертной деятельности юридического факультета Таджикского национального университета, кандидат юридических наук.

Reviewer: Sharipov S.S. - Associate Professor of the Department of Criminalistics and Forensic Expertise, Faculty of Law, Tajik National University, Candidate of Legal Sciences.

Аннотатсия: Дар макола Чумхурии Точикистон хамчун давлати муковиматбаранда бар зидди муомилоти гайриконунии маводи нашъадор муаррифй шуда, самаранокии фаъолияти макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратии кишвар дар самти маводи нашъадор нишон дода шудааст. Муаллиф ба вазъи Чумхурии Исломии Афгонистон таваччух карда, кайд намудааст, ки масъалаи муомилоти гайриконунии маводи нашъадор дар баробари экстремизму терроризм барои чомеаи чахонй ташвишовар бокй мондааст. Дамзамон, иброз намудааст, ки дар ошкор ва бакайдгирии чиноятхои марбут ба маводи нашъадор, пешгирии нашъамандй ва кохиши талабот ба маводи нашъадор, макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй накши мухим доранд. Муаллиф дар макола ба амалишавии Стратегияи миллй оид ба назорати маводи нашъаовар дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2030 хамчун хуччати калидй низ такя намудааст.

E-mail:

murodova.akn@mail.ru

Вожа^ои калиди: муомилоти гайриконунии маводи нашъадор, пешгирии нашъамандй, чиноятхои мухаддиротй, макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй, зиддимухаддиротй, назорати маводи нашъадор, нашъачаллобон, гурухи муташаккили чиноятпеша, технологияхои муосир.

Аннотация: В статье Республика Таджикистан представлена как государство, борющееся с незаконным оборотом наркотиков, показана эффективность работы правоохранительных органов и силовых структур страны в сфере борьбы с наркотиками. Автор обратил внимание на ситуацию в Исламской Республике Афганистан и отметил, что проблема незаконного оборота наркотиков, наряду с экстремизмом и терроризмом, остается проблемой всего мирового сообщества. При этом высказано мнение о том, что правоохранительные органы и силовые структуры играют важную роль в выявлении и регистрации организованной преступности, профилактике наркомании и снижении спроса на наркотические средства. В статье автор в качестве ключевого документа оприеатся на реализацию Национальной стратегии по контролю за наркотиками в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы.

Ключевые слова: незаконный оборот наркотиков, профилактика наркомании, наркопреступления, правоохранительные органы и силовые структуры, борьба с незаконным оборотом наркотиков, контроль за наркотиками, наркоторговцы, организованная преступная группа, современные технологии.

Annotation: The article presents the Republic of Tajikistan as a state fighting drug trafficking and shows the effectiveness of the country's law enforcement agencies and security forces in the fight against drugs. The author drew attention to the situation in the Islamic Republic of Afghanistan and noted that the problem of drug trafficking, along with extremism and terrorism, remains a problem for the entire world community. At the same time, the opinion was expressed that law enforcement agencies and security forces play an important role in identifying and registering organized crime, preventing drug addiction and reducing the demand for narcotic drugs. In the article, the author, as a key document, focuses on the implementation of the National Drug Control Strategy in the Republic of Tajikistan for 2021-2030.

Key words: drug trafficking, drug addiction prevention, drug crimes, law enforcement agencies and security forces, the fight against drug trafficking, drug control, drug dealers, organized crime group, modern technologies

Дар Чумхурии Точикистон ба мисли дигар давлатхои чахон масъалаи муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва чой доштани бемории нашъамандй ба яке аз хатархои вазнини чахони муосир табдил ёфтааст.

Макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратии дахлдори кишвар муковимат ба муомилоти гайриконунии маводи нашъадорро дар баробари муковимат бар зидди терроризми байналмилалй ва чинояткории муташаккили фаромиллй вазифаи аввалиндарача хисобида, бо сари вакт бакайдгирии чиноятхои марбут ба маводи нашъаовар ва мусодира намудани микдори зиёди маводи нашъадор амнияти худ ва кишвархои минтакаро то андозае таъмин менамоянд.

Хукумати Чумхурии Точикистон аз рузхои аввали Истиклолияти давлатй дар баробари пурзур намудани муковимат ба муомилоти гайриконунии маводи нашъадор, инчунин, дар самти пешгирии нашъамандй, табобат ва офиятбахшии нашъамандон низ хамаи тадбирхои заруриро андешида истодааст.

Асосгузори сулху вахдат - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кайднамудаанд, ки «Муомилоти гайриконунии маводи нашъадор яке аз сарчашмахои асосии маблаггузории фаъолияти созмонхои экстремистиву террористй мебошад.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (6о). 2023

Аз ин ру, Прокуратураи генералй, Агентии назорати маводи нашъадор, вазоратхои корхои дохилй, адлия, тандурустй ва хифзи ичтимоии ахолй, Кумитаи давлатии амнияти миллй ва Хадамоти гумрук вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ворид намудани тагйиру иловахо ба конунгузории чиноятй чорачуй намуда, корро чихати пешгирии воридоти маводи нашъадори сунъй боз хам таквият бахшанд» [1]. Кормандони макомоти хифзи хукук; ва сохторхои кудратии чумхурй чихати ичрои дастуру супоришхои Пешвои миллат хушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифодабарии шаклу усулхои муосир бар зидди кочоку муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва дигар конуншиканихо муковиматро пурзур намудаанд.

Чумхурии Точикистон аз замони ба се конвенсияхои дахлдори Созмони Милали Мутаххид хамрох шудан, яке аз фаъолтарин ширкаткунандагони харакати чахонй ба шумор меравад ва мавкеи худро дар ин самт дар сатхи зарурй нигох медорад.

Сол то сол бо пайдо шудани навъхои нави маводи нашъадор, ба хусус моддахои синтетикии психотропй вазъи маводи нашъадор дар чумхурй нигаронкунанда мебошад. Тамоми маводи нашъадори аз муомилоти гайриконунй мусодирашуда, бо рохи кочок ба Чумхурии Точикистон интикол дода мешаванд. Хдмзамон, сархади тулонй (1344 км) доштани Точикистону Афгонистон, аз ин шаходат медихад, ки вазъи муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва пахншавии нашъамандй дар чумхурй аз вазъи маводи нашъадор дар Афгонистон вобастагй дорад. Тибки маълумоти РСММ оид ба маводи нашъадор ва чинояткорй, агар дар соли 2021 масохати кишти кукнор 177000 га бошад, пас, дар соли 2022 масохати он ба 233000 га расида, 32% зиёд шудааст [2], ки чунин вазъ барои макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй, бахусус кормандоне, ки дар нохияхои наздисархадй фаъолият менамоянд, ташвишовар бокй мемонад.

Афгонистон хамчун давлати истехсолкунандаи маводи нашъадор дар минтака ва чахоншинохта шудааст ва имруз маводи нашъадори гурухи афюнии истехсоли Афгонистон тавассути чор масир (Шимол,Чануб, Балкан ва бахри Сиёхи Шимолй) ба Россия ва давлатхои Аврупо интикол дода мешавад [3]. Точикистон бошад, дар масири Шимол карор дошта, нашъачаллобон марзи тулонй доштани Точикистону

Афгонистонро истифода намуда, маводи нашъадори афгониро аз Афгонистон ба кишвархои Осиёи Марказй, Федератсияи Россия ва баъдан ба кишвархои Аврупо тарики кочок интикол медиханд.

Маврид ба зикр аст, ки Точикистон дар арсаи байналмилалй хамчун давлати бар зидди маводи нашъадор муковиматбаранда муаррифй шудааст, бинобар ин, барои таквият бахшидан ба хамкорихои судманд макомоти хифзи хукуки кишвар дар асоси созишномахои хукуматй ва байниидоравй фаъолияти худро дар самти муковимат бар зидди маводи нашъадор ба рох монда, чорабинихои байнидавлатй низ баргузор менамоянд. Макомоти хифзи хукуки Чумхурии Точикистон дар тачрибаи кории худ бисёртар дар муковимат бар зидди гардиши гайриконунии маводи нашъадор чорахои оперативй-чустучуй «Тахвили назоратшавандаи байналхалкй мегузаронад» [4], ки чунин намуди фаъолият самарабахш мебошад.

Макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй бо рохи кочок ба чумхурй ворид шудани маводи нашъадорро бо он асоснок менамоянд, ки аз чониби онхо ягон холати истехсол ва тайёр кардани маводи нашъадор дар чумхурй ба кайд гирифта нашудааст. Яъне дар Точикистон ягон лабораторияи (пойгохи) истехсоли гайриконунии воситахои нашъадор ва моддахои психотропй фаъолият намекунад. Фаъолият накардани лабораторияхои истехсоли маводи нашъадор, ин яке аз дастовардхои макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй мебошад. Ин аз он бармеояд, ки корхои оперативй чихати пешгирии

ташкил надодани лабораториями пинхонй хуб ба рох монда шудаанд.

Бо дарназардошти васеъ шудани имкониятхои технологияи муосир ва дар ин раванд бештар гардидани имкониятхои чинояткорон, хамзамон, тагйир ёфтани тарзу усулхои содиршавии чиноятхои марбут ба маводи нашъадор, ба хусус тавассути интернет, макомоти хифзи хукук дар ин самт муковиматро дастачамъона пурзур намуда, тамоми тадбирхои заруриро бо максади муковимат бо муомилоти гайриконунии маводи нашъадор, назорати муомилоти он ва пешгирии нашъамандй андешида истодааст.

Якбора ва бо як суръати баланд пахн шудани усули нави нашъачаллобй дар байни чомеа тавассути интернет, яъне бо рохи бидуни аз даст ба даст додан, имрузхо ба хатару мушкилоти вокей мубаддал гардидааст. Тагйир ёфтани шаклу усулхои нави содиршавии чиноятхои марбут ба маводи нашъадор ба фаъолияти макомоти хифзи хукук ва дигар сохторхои дахлдор, дар ошкор намудани чунин намуди чиноятхо мушкилот ба миён овардааст. Инчунин, технологияхои иттилоотй ва коммуникатсионй тартиби ташкил ва сохтори гуруххои чиноятии муташаккилро комилан дигаргун сохт. Ин зарурати мулокоти ру ба руйи чинояткоронро аз байн бурд ва ба шахсони каблан бо хам ягон робита надошта имкон медихад, ки ба як гурухи муташаккили чиноятпеша (минбаъд -ГМЧ) сарчамъ шуда, фаъолияташонро аз хар гушаи дунё рохандозй намоянд. Мисол, саркардахои чиноят ва дигар аъзоёни гурух дар хоричи кишвар карордошта, хаммаслакони худро тавассути интернет рохнамой мекунанд ва хариду фуруши маводи нашъадор бо рамзу ишорахо ва номхои шартй ва ё тахаллусхои бофта ба рох монда мешаванд, ки муайян намудан ва дастгир кардани шахсони чиноятсодирнамуда бо чунин тарзу усул хеле мушкил мебошад. Новобаста аз ин, дар масъалаи такмили тарзу усулхои ошкор намудани чиноятхои марбут ба маводи нашъадор, аз чумла дар шабакаи интернет кормандони макомоти

хифзи хукук ва сохторхои кудратй донишу малакахои навро касб намуда, дар ин самт тачрибаи дигар давлатхоро дар кору фаъолияти худ истифода менамоянд. Дар робита ба ин, макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратии Чумхурии Точикистон дар соли 2022 фаъолияти 9 ГМЧ, аз чумла Вазорати корхои дохилй 6 ва Агентии назорати маводи нашъадор 3 ГМЧ ошкор ва катъ намуданд. ГМЧ дар аксар маврид фаъолияти чинояткоронаи худро бо истифода аз имкониятхои технологияи муосир амалй менамоянд [5, с. 41].

Яке аз роххои муковимат бо муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандй, ин сари вакт ошкор кардан ва бакайдгирии чиноятхо ва хукуквайронкунии маъмурй ва дастгир намудани шахсони содиркунандаи он мебошад. Натичаи муковимати катъии макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратии кишвар аз ин шаходат медихад, ки солхои охир дар чиноятхои марбут ба маводи нашъадор тамоюли камшавй дида мешавад. Дар соли 2014 дар чумхурй 993 чинояти марбут ба маводи нашъадор ба кайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар соли 2022 ба 688 чиноят расидааст. Дар ин самт 514 холати хукуквайронкунии маъмурй марбут ба маводи нашъадор ба кайд гирифта шуда, 539 нафар ба чавобгарии маъмурй кашида шудаанд [5, с. 20, 22].

Дамзамон, муковимати

оштинопазири макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратии Чумхурии Точикистон боиси он гардид, ки дар соли 2022 аз муомилоти гайриконунй 4 тоннаву 991 кг 176 гр маводи нашъадор мусодира гардида, дар киёс ба соли 2021 - 22% зиёд шудааст. Намудхои асосии воситахои нашъадори мусодирашуда, героин, афюн, хашиш ва бангдона мебошанд. Тахлил нишон дод, ки маводи нашъадори истехсоли афгонии аз чониби макомоти дахлдори Точикистон мусодирашуда, нисбат ба хачми умумии маводи нашъадори афгонии мусодирашуда аз чониби кишвархои дар масири Шимол карордошта, зиёд мебошад [5, с. 27].

Масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки солхои охир дар баробари маводи нашъадори гуруххои бангдона ва афюн, ки тарики кочок аз Афгонистон ба Точикистон интикол дода мешаванд, аз чониби макомоти хифзи хукук теъдоди зиёди моддахои психотропй ба андозаи назаррас мусодира шудааст. Аз чониби макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй соли 2022 дар мачмуъ 26544 хабхои психотропй мусодира шудаанд, ки дар киёс ба соли 2021 - 23,2% ё 5007 хаб зиёд мебошад. Инчунин, аз муомилоти гайриконунй 44910 капсулаи прегабалин мусодира шудааст, ки маводи доруворй буда, дар доираи конун аз чониби як катор ширкатхо бо номхои гуногун истехсол шудаанд [5, с. 32,49].

Чой доштани чунин тахдидхо макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратии чумхуриро водор месозад, ки садди рохи аз муомилоти конунй ба гайриконунй гузаштани моддахои психотропй ва сахттаъсирро гирифта, назоратро дар ин самт пурзур намоянд. Маврид ба зикр аст, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 26-уми августи соли 2022, тахти № 42 Руйхати моддахои сахттаъсир ва бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 27-уми феврали соли 2020, тахти № 121 Руйхати миллии воситахои нашъадор, моддахои психотропй ва прекурсорхои онхо (тагйиру иловахо аз 25.11.2021 сол, тахти № 507) кабул гардид. Хамин тавр, минбаъд пайваста воситахои нашъадор ва моддахои психотропии дар тиб истифодашаванда, барои зери назорат карор доштанашон ба Руйхати миллии болозикр ворид карда шуда, микдори онхо барои ба чавобгарии чиноятй ва маъмурй кашидан муайян карда мешавад. Мисол, кормандони хифзи хукук моддаи сахттаъсири трамадол, тропикамид (мидакс) ва моддаи психотропии прегабалинро, ки дар тиб истифода мешаванд аз муомилоти гайриконунй мусодира намуда, шахсони

коидавайронкунандаро ба чавобгарй кашидаанд.

Дар муковимат бо муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва

кочоки он, дар баробари Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон, ки макомоти хамохангсоз мебошад, инчунин, сахми Вазорати корхои дохилй, Кумитаи давлатии амнияти миллй, Агентии назорати давлатии молиявй ва муковимат бо коррупсия, инчунин, Хадамоти гумрук назаррасбуда, самти афзалиятноки фаъолияти онхо ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, бо максади назорати муомилоти конунии воситахои нашъадор ва моддавхои психотропй, пешгирии нашъамандй, кохиш додан ва минбаъд аз байн бурдани пахншавии маводи нашъадор ва истеъмоли гайритиббии он, инчунин табобату офиятбахшии беморони нашъаманд, барои бехатарии солимии чомеа ва давлат фаъолияти макомоти давлатй ва ташкилотхои чамъиятй низ назаррас мебошад, ки хамаи инро Стратегияи миллй оид ба назорати маводи нашъаовар дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2030 хамчун хуччати калидй дар самти маводи нашъадор хамоханг месозад.

Пурзур намудани фаъолияти макомоти ваколатдор дар самти пешгирии кочоки маводи нашъовар ба Точикистон ва минбаъд интикол ёфтани он ба давлатхои хорича ва гузаронидани чорабинихои муштараки оперативй-чустучуй, аз чумла дар самти ошкор намудани маблагхои аз муомилоти гайриконунии маводи нашъадор бадастомада, ташкили табодули саривактии маълумоти оперативй байни макомоти дахлдор ва яке аз тадбирхои муковимат ба муомилоти гайриконунии маводи нашъадор мебошад [6, с. 9].

Бо дарназардошти ташвишовар будани вазъи кочоки маводи нашъадор Президенти Чумхурии Точикистон дар яке аз Паёмхои худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кайд намудаанд, ки «Хукумати Точикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтака ба тахкими доимии хифзи сархад, махсусан, сархади Точикистону Афгонистон диккати аввалиндарача дода, барои пешгирй кардани кочоки маводи нашъадор, силох, адабиёти экстремиста ва дигар чиноятхои

фаромиллй дар хатти сархади давлатй тадбирхои зарурй меандешад» [7].

Бинобар ин, бо дарназардошти вазъи кунунй Дукумати Чумхурии Точикистон низоми назорат дар сархади давлатй ва гумрукро такмил дода, онро бо технологияи муосир пайваста таъмин менамояд. Дар мачмуъ тахкими сархад, гирифтани садди рохи кочок, муковимат ба муомилоти гайриконунии маводи нашъадор, назорати катъй чихати рох надодан аз муомилоти конунй ба гайриконунй гузаштани воситахои нашъадор, хамаи ин ба кохиши сатхи нашъамандй мусоидат менамояд.

Кормандони хифзи хукук ва сохторхои кудратии бар зидди маводи нашъадор муковиматбаранда хуб медонанд, ки дар Чумхурии Точикистон нашъаманд чинояткор нест, у бемор аст. Шахс баъд аз ба бемории нашъамандй гирифтор шудан кобилияту истеъдоди корй, фикронй ва мавкеи худро дар чамъият аз даст медихад, окибат зиндагии носолими нашъаманд метавонад ба он оварда мерасонад,ки барои дарёфти маводи нашъадор даст ба чиноят занад. Аз ин лихоз, кормандони макомоти хифзи хукук бо чалби чомеаи шахрвандй кушиш ба харч медиханд, ки дар байни табакахои гуногуни чомеа чорабинихои марбут ба маводи нашъадор ва корхои фахмондадихй гузаронанд. Добили кайд аст, ки солхои охир бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон дар якчоягй бо Вазорати корхои дохилй ва дигар вазорату идорахои дахлдор Корвони марбут ба маводи нашъадор зери шиори «Чавонон бар зидди маводи нашъадор» ташкил ва баргузор шуда истодааст. Чунин чорабинихо ахолии кишвар, бахусус чавононро барои интихоби хаёти солим ва машгул шудан ба варзиш, чалб менамояд. Натичаи фаъолияти макомоти хифзи хукук ва вазорату идорахои дахлдор аз он шаходат медихад, ки дар чумхурй шумораи бемории нашъаманд дар давоми дах соли охир аз 7176 то ба 4381 кохиш ёфтааст [8].

Дуруст аст, ки ягон нафар аз батни модар нашъаманд ба дунё намеояд, шахс

дар натичаи таъсири манфии атрофиён ва гумрох намудани нашъачаллобону нашъамандон ба мушкилоти марговар дучор мешавад. Зеро нашъа ва нашъамандй дар хама давру замон ташвишовар буда, на ба як оила, балки ба атрофиён ва чамъият таъсири манфй мерасонад. Вобаста ба ин, олимони ватанй низ дар мавзуи марбут ба нашъамандй ва маводи нашъадор бисёр асархои илмй навишта, фикру акидахои худро иброз намудаанд. Чи хеле вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон Р.Д. Рахимзода иброз намудааст, имруз мушкилоти пахншавии маводи нашъадор яке аз мушкилоти чиддии ичтимоии тамоми чахон ба хисоб меравад [9]. Аз ин лихоз, макомоти хифзи хукук тамоми чузъу томхои худро бар зидди муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва кохиш додани сатхи нашъамандй равона кардааст.

Корхои фахмондадихй, ки аз чониби макомоти корхои дохилй дар сохаи суйистифодаи маводи нашъадор амалй карда мешаванд, аз ошкор кардани холатхои хоси хавасмандгардонии чалби ахолй ба маводи нашъадор бо минбаъд гузаронидани чорабинихо оид ба катъ ё кам кардани таъсири онхо иборат мебошад [10, с. 116]. Дамзамон, яке аз роххои пешгирии нашъамандй, ин баланд бардоштани сатхи маълумотнокии шахрвандон вобаста ба окибатхои фочиабори истеъмоли гайритиббии маводи нашъадор мебошад. Вазъи кунунй, самтхои фаъолият ва максаду хадафхо чихати муковимат ба муомилоти гайриконунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандй дар Стратегияи миллй оид ба назорати маводи нашъаовар дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2030 гирд оварда шуда, амалишавии он аз чониби хамаи вазорату идорахои дахлдор ба рох монда шудааст, ки он ба кохиш ёфтани сатхи нашъамандй мусоидат менамояд. Дар соли 2022 мувофики омори муассисаи табобативу пешгирй дар Точикистон шумораи умумии гирифторони бемории

нашъамандй, ки ба кайди расмй гирифта шудаанд, 4381 нафарро ташкил медихад,

ки ба хар 100000 ахолй 43,8 нафар рост меояд [11].

Албатта, хамаи макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй бо максади пешгирии чиноят, хукуквайронкунии маъмурй ва нашъамандй тарзу усули корбарии худро доранд, лекин максад ягона - тоза кардани чомеа аз ин омили номатлуб мебошад.

Муссаллам аст, ки дар натичаи муковимати дастачамъонаи макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудратй бо чомеаи шахрвандй, ба муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор ва моддахои психотропй талабот ба маводи нашъадор кохиш ёфта, вазъи нашъамандй ба эътидол омада истодааст.

Дар охир бо назардошти дар сатхи баланд бокй мондани кишти кукнор ва истехсоли маводи синтетикии нашъадор дар Афгонистон ва бо максади тавсия додан ба кормандони макомоти хифзи

хукук ва сохторхои кудратии чумхурй чунин пешгуйихо манзур мегардад:

- зиёд гардидани кочоки воситахои нашъадор ва моддахои психотропй аз Афгонистон ба Чумхурии Точикистон ва мусодираи он дар нохияхои наздисархадй;

- афзоиши мусодираи маводи нашъадори афгонй дар Точикистон ва дигар кишвархои дар масири Шимол карордошта;

- афзоиши талабот ба маводи синтетикии нашъадор дар байни кишрхои мухталиф, инчунин ба моддахои сахттаъсири дар тиб истифодашаванда;

- боло рафтани нархи маводи нашъадор дар бозори сиёх;

- тавассути шабакахои интернетй зиёд содир гардидани чиноятхои марбут ба муомилоти гайриконунии маводи нашъадор, бидуни аз даст ба даст додан.

Адабиёти истифодашуда

1. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 26.12.2019 с. // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: http://www.president.tj/ru/node/21975 (санаи мурочиат: 25.07.2023).

2. Международный доклад УНП ООН по наркотикам и преступности 2022 // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: http://www.unodc/ orpresident.tj/ru/node/21975 (санаи мурочиат: 25.07.2023).

3. Международный комитет по контроля над наркотиками,прекурсоры и химические вещества, часто используемые при незаконном изготовлении наркотических средств и психотропных веществ, 2020 // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: https://minprom.ru/uslugi/razreshenie-mvd-na-vvoz-prekursorov/ (санаи мурочиат: 15.08.2021).

4. Мачидзода, Ч.З. Тафсир ба ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй» / Ч.З. Мачидзода. - Душанбе: «Андалеб-Р», 2015. - 440 с.

5. Шархи вазъи маводи нашъадор дар Чумхурии Точикистон барои соли 2022 // Агентии назорати маводи нашъадор назди Президенти Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2023. - 100 с.

6. Стратегияи миллй оид ба назорати маводи нашъаовар дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2030 / бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 20.03.2021 с., тахти № 145 тасдик шудааст. - Душанбе, 2021. - 28 с.

7. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 26.01.2021 с. // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: http://www.president.tj/ru/node/25005 (санаи мурочиат: 21.07.2023).

8. Маълумотномаи тахлилии Агентии назорати маводи нашъадор назди Президенти Чумхурии Точикистон. - Душанбе, 2022. - 6 с.

9. Рахимов, Р.Х. Противодействие незаконному обороту наркотических средств и психотропных веществ государствах-участниках СНГ: монография / Р.Х. Рахимов. - Душанбе, 2012. - 282 с.

10. Шарифзода, Ф.Р., Нажбудинов, М.А. Основы взаимодействия органов внутренних дел с институтами гражданского общества в Республики Таджикистан в сфере противодействия наркотизации населения: монография / Ф.Р. Шарифзода, М.А. Нажбудинов. - Душанбе: « Эр-граф», 2017. - 247 с.

11. Маълумот оид ба вазъи нашъамандй дар Ч,умх,урии Точикистон барои соли 2022 // Вазорати тандурустй ва х,ифзи ичтимоии Ч,умх,урии Точикистон / Мактуби расмй аз 04.01.2023 с., тах,ти № 1 -4/11.

References

1. Message of the President of the Republic of Tajikistan, Honorable Emomali Rahman, to the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan dated 12.26.2019 p. // [Electronic resource]. - Source of access: http://www.president.tj/ru/node/21975 (date of reference: 25.07.2023).

2. UNODC International Report on Drugs and Crime 2022 // [Electronic resource]. - Source of access: http://www.unodc/ orpresident.tj/ru/node/21975 (date of reference: 25.07.2023).

3. International Narcotics Control Board, precursors and chemicals frequently used in the illicit manufacture of narcotic drugs and psychotropic substances, 2020 // [Electronic resource]. - Source of access: https://minprom.ru/uslugi/razreshenie-mvd-na-vvoz-prekursorov/ (date of reference: 15.08.2021).

4. Majidzoda, J.Z. Commentary on the Law of the Republic of Tajikistan "On operative-search activity" / J.Z. Majidzoda. - Dushanbe: "Andaleb-R", 2015. - 440 p.

5. Overview of the situation of narcotic drugs in the Republic of Tajikistan for 2022 // Agency for the control of narcotic drugs under the President of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe, 2023. - 100 p.

6. The national strategy for the control of narcotic substances in the Republic of Tajikistan for the years 2021-2030 / approved by the Decree of the President of the Republic of Tajikistan dated March 20, 2021, under No. 145. - Dushanbe, 2021. - 28 p.

7. Message of the President of the Republic of Tajikistan, Honorable Emomali Rahman, to the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan dated 26.01.2021 p. // [Electronic resource]. - Access source: http://www.president.tj/ru/node/25005 (access date: 21.07.2023).

8. Analytical report of the Narcotics Control Agency under the President of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe, 2022. - 6 p.

9. Rakhimov, R.Kh. Combating illicit trafficking in narcotic drugs and psychotropic substances in the CIS member states: monograph / R.Kh. Rakhimov. - Dushanbe, 2012. - 282 p.

10. Sharifzoda, F.R., Nazhbudinov, M.A. Fundamentals of interaction between internal affairs bodies and civil society institutions in the Republic of Tajikistan in the field of combating drug addiction of the population: monograph / F.R. Sharifzoda, M.A. Nazhbudinov. - Dushanbe: "Er-Count", 2017. -247 p.

11. Information on the state of drug addiction in the Republic of Tajikistan for 2022 // Ministry of Health and Social Protection of the Republic of Tajikistan / Official letter dated 04.01.2023, under No. 14/11.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.