Научная статья на тему 'ТАШКИЛИ ТАЊЌИЌ ДАР МАЌОМОТИ ГУМРУК: ТАНЗИМИ ЊУЌУЌЇ ВА ДУРНАМОИ ИНКИШОФ'

ТАШКИЛИ ТАЊЌИЌ ДАР МАЌОМОТИ ГУМРУК: ТАНЗИМИ ЊУЌУЌЇ ВА ДУРНАМОИ ИНКИШОФ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Гумрук / фаъолияти гумрукї / маќомоти гумрук / мурофиаи љиноятї / тањќиќ / тафтиш / тафтишот / тобеияти тафтишї / парвандаи љиноятї / пешбурд. / таможня / таможенная деятельность / таможенные органы / уголовный процесс / дознание / рас-следование / подследственность / уголовное дело / производство.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Искандаров З.Њ.

Дар маќола масоили ташкили фаъолияти тањќиќї дар маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон, аз он љумла, батанзимдарории њуќуќї, вазъи он, муаммову мушкилоти татбиќи њуќуќи мурофиаи љиноятї ва роњњои њал намудани мушкилот, таклифњо бањри мукаммал намудани ќонунгузории кишвар ва амалияи татбиќи он пешнињод карда шуда-аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ORGANIZATION OF INQUIRY IN CUSTOMS AUTHORITIES: LEGAL REGULATION AND DEVELOPMENT PROSPECTS

В статье рассматриваются вопросы организации дознавательной деятельности в таможенных органах Республики Таджикистан, в том числе, ее правовое регулирование, положение, про-блемы и трудности реализации уголовно-процессуального законодательства и пути решения проблем, представлены предложения по совершенствованию и последующей их реализации в законодательстве страны.

Текст научной работы на тему «ТАШКИЛИ ТАЊЌИЌ ДАР МАЌОМОТИ ГУМРУК: ТАНЗИМИ ЊУЌУЌЇ ВА ДУРНАМОИ ИНКИШОФ»

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 1 (53). 2022

ТДУ 343.98

ТАШКИЛИ ТАЗДИЦ ДАР МАЦОМОТИ ГУМРУК: ТАНЗИМИ ^УЦУЦЙ ВА

ДУРНАМОИ ИНКИШОФ

ОРГАНИЗАЦИЯ ДОЗНАНИЯ В ТАМОЖЕННЫХ ОРГАНАХ: ПРАВОВОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ И ПЕРСПЕКТИВЫ РАЗВИТИЯ

ORGANIZATION OF INQUIRY IN CUSTOMS AUTHORITIES: LEGAL REGULATION AND DEVELOPMENT PROSPECTS

ИСКАНДАРОВ З.Х,.

Iskandarov Z.H.

Профессори кафедраи %уцуци суди ва назорати прокурории факултети ^уцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон, доктори илмуои ^уцуцшиносй, профессор Профессор кафедры судебного права и прокурорского надзора юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук, профессор Professor of the Department judicial law and prosecutorial supervision of the faculty of law of the Tajik national University,

doctor of law

Ихтисоси илми: 12.00.09 - мурофиаи чиноятй.

Научная специальность: 12.00.09 - уголовный процесс.

Scientific specialty: 12.00.09 - criminal process.

Такриздщанда: РАХ,МАДЧ,ОЮОДА Р.Р. - сардори факултети № 1-уми Академияи ВКД Ч,умх,урии Точикистон, номзади илмхои хукудшиносй, дотсент, подполковники милитсия.

Рецензент: РАХМАДЖОНЗОДА Р.Р. - начальник факультета № 1 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент, подполковник милиции.

Reviewer: Rakhmadzhonzoda R.R. - Head of Faculty No. 1 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences, Associate Professor, Lieutenant Colonel of Militia.

Аннотатсия: Дар мадола масоили ташкили фаъолияти тахдидй дар мадомоти гумру-ки Ч,умх,урии Точикистон, аз он чумла, батанзимдарории хукудй, вазъи он, муаммову мушкилоти татбиди хукуди мурофиаи чиноятй ва роххои хал намудани мушкилот, таклифхо бахри мукаммал намудани донунгузории кишвар ва амалияи татбиди он пеш-ниход карда шудааст.

Вожа^ои калиди: Гумрук, фаъолияти гумрукй, макомоти гумрук, мурофиаи чиноятй, тахдид, тафтиш, тафтишот, тобеияти тафтишй, парвандаи чиноятй, пешбурд.

Аннотация: В статье рассматриваются вопросы организации дознавательной деятельности в таможенных органах Республики Таджикистан, в том числе, ее правовое регулирование, положение, проблемы и трудности реализации уголовно-процессуального законодательства и пути решения проблем, представлены предложения по совершенствованию и последующей их реализации в законодательстве страны.

Ключевые слова: таможня, таможенная деятельность, таможенные органы, уголовный процесс, дознание, расследование, подследственность, уголовное дело, производство.

e-mail:

ziskan@mail.ru

OcopH aka/rcmhiih IÎK/'I, ^yM^ypHH To^hkhctoh. № 1 (53). 2022

Annotation: The article deals with the organization of inquiring activities in the customs authorities of the Republic of Tajikistan, including its legal regulation, the situation, problems and difficulties in the implementation of criminal procedure legislation and ways to solve problems, proposals are presented for improvement and their subsequent implementation in the country's legislation.

Keywords: customs, customs activities, customs authorities, criminal process, inquiry, investigation, jurisdiction, criminal case, production.

Худи калимаи «гумрук» ё ба исти-лох «таможня»-и русй аслан аз калимаи туркии «тамга» гирифта шуда, макомоти давлатие мебошад, ки ботартиб гузаро-нидани молу воситахои наклиётро аз сархади гумрукй таъмин намуда, пар-дохтхои гумрукиро чамъ, назорати гумрукиву барасмиятдарории онро амалй мегардонад [1].

Гумрукро дарвозаи давлати сохибистиклол хам мегуянд [2]. 9-уми сентябри соли 1991 Точикистон давлати сохибистиклол эълон шуд, ним сол пас 22-юми январи соли 1992 Саридораи назорати гумрукй дар назди Девони вази-рони Ч,Т чун маъмурони дарвозаи давлати сохибистиклоли Ч,Т таъсис дода шуд [3]. Дар хамин асос, гуфтан мумкин аст, ки арзи хастии макомоти гумрук бо мавчудияти давлати сохибистиклол алокаманд буда, чашни 30-солагии ин дару дарвозаи хонадони ободи халки ша-рифи Точикистон барои хар яки мо муборак бошад.

Дар руёб гаштани ин нияти нек накши макомоти гумрук нихоят мухим буда, тибки Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон (мибаъд - КГ Ч,Т) ва Низо-мномаи Хадамоти гумруки назди Хуку-мати Ч,Т таъйиноти конунии вай химояи истиклолияти сиёсиву иктисодй, амнияти иктисодии Ч,Т, таъмини риояи хукук ва ичрои ухдадорихои ашхосси вокей ва хукукй ба хангоми интиколи молу накли-ёт аз сархади гумрукй мебошад. Бахри амалй намудани таъйиноти мазкур мако-моти гумрук дар асоси м. 462 КГ Ч,Т ва-зифахои зиёдеро ичро менамояд, ки дар миёни он накши мубориза ба муцобили цинояткорй ва дигар намуди ууцуцвайрон-кунщо кам нест. Ба хамин хотир, муво-фики м. 467 КГ Ч,Т, конунгузор ба мако-моти гумрук хукук додааст, ки фаъолияти

оперативй-чустучуй ва тахкикро низ ба амал барорад. Сохибваколатии онхо дар самти фаъолияти оперативй-чустучуй ва тахкик мувофикан дар ^онуни Ч,Т «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй» (минбаъд - ФОЧ,) (м. 13) [4] ва Кодекси мурофиавии чиноятии Ч,Т (минбаъд -КМЧ, Ч,Т) (м.40) [5] пешбинй карда шуда-аст.

Хам ФОЧ, ва хам тахкик ду намуди фаъолияти хукукмухофизавй буда, ба хам каробати наздик доранд, бахри огох, ошкор ва пешгириву кушодани чиноят равона карда шудааст. ФОЧ, аслан бо максади чустучуи ходисаи чиноят ва чинояткории вазнин бештар бо усули пинхонй, тахкик бошад - барои дониста-ни ходисаву холатхои содир намудани чиноятхо равона карда шуда, ошкорову бо тарзи мурофиавй ба амал бароварда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки тахкик як шакли оддитари тафтишоти пешакй буда, дар асоси тартиботи мурофиавй бо максади зуд ва дар мухлати кутохтар, осонтару соддатар муайян намудани хо-латхои алокаманд ба чиноят, ба амал ба-роварда мешавад.

Точикистон - хамчун давлати демо-кративу хукукбунёд, пай дар пай, бони-зом корхоеро ба ичро мерасонад, ки ча-рёни баррасии чиноятро демокративу башардустона гардонад* [6]. Ва ин кор, хам дар сатхи конунгузорй дар мисоли коркард ва кабули КМЧ, Ч,Т (2009 с.) ба ичро расонида шуда, мурофиа аз лихози танзими хукукй пешрафтаву вале аз лихози хазми аклонй такозои ташаккули фахму шуури хукукии кормандон ва бо-лобарии маданияти амалияи мурофиави-ро дорад.

* Аз чониби Точикистон эътироф ва тасдики Паймони мазкур аз ин шаходат медихад.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

Бояд таъкид намуд, ки имруз мурофиаи чиноятй аз лихози мазмун ганй гар-дидааст, мафхум, максад, вазифа, шакли мурофиавй, гояхои рохбарикунанда хеле дигар шудааст, ки танхо фахмиши дуру-сти он имконият медихад, ки аз он чумла, тахкик хадафрас, босамар, конунй ва без-арар амалй карда шавад. Мехохем ба чанде аз масъалахои мухимми дар боло ишорашуда, диккати хонандаро чалб ку-нем.

Масалан, на танхо мо дар андешаем, ки фахмиши кухнаи мурофиаи чиноятй ба талаботи имруза чавоб гуфта наметаво-над. Мафхум ва фахмиши «мурофиаи чиноятй» наву замонавй гаштааст, вале на хамаи ширкаткунандагони мурофиа, бахусус тахкиккунандагони макомоти гумрук ба он ахаммият намедиханд. Му-рофиаи чиноятиро дигар чун фаъолияти макомоти давлатй ва шахсони мансабдо-ри он оид ба огоз намудану тахкику тафтиш ва мухокимаи судии парвандаи чиноятй эътироф намекунанд [7, с. 420; 8, с. 184 .]. Дигар не тахкиккунандаву муфаттиш, не прокурору судя ва ё химо-ятгар гуфта наметавонанд, ки гуё махз амали онхо мазмуни мурофиаи чинояти-ро ташкил медода бошад, онхо муайян-кунандаи рафти мурофиа мебошанд, чу-нин нест. Фахмиши нави мурофиаи чино-ятй, дар ин замина тахкику тафтиш ва мухокимаи судии парвандахои чиноятй аз назари хукуки инсон чун масъулияти давлат оид ба химояи хакки чабрдидагон аз аъмоли чинояткорона ва хукук ва ман-фиати таъкибшавандагон аз амалу каро-ри гайриконунии шахсони мансабдори давлатй чун тарзи маъруфи химояи хак матрах карда мешавад. Мурофиаи чино-ятй масъулияти давлат дар назди шахрванд ва инсон аст, ки чун тарзи маъруфи химояи хак риоя ва ичро карда мешавад. Дар холати мухолиф давлат дар назди шахс вазифаашро ичро нокарда махсуб ёфта, бояд дар назди конун ва суд чавоб дихад. Дар сурати аз чониби давлат сарфи назар шудани чунин масъулияти тарафайн одамон низ бемасъулият хоханд гардид.

Дамин тарик, вазифахои мурофиаи чиноятй нав шудааст:

- химояи хукуку озодихои инсон, манфиати чамъият, давлат ва ташки-лотхо, ки аз чиноят зарар дидаанд, аз як чониб;

- аз чониби дигар аз беасос айбдор ва махкум кардан, гайриконунй махдуд кардани хукуку озодихои инсон химоя мекунад, мукаррар кардани тартиби пешбурди парвандахои чиноятй;

- шакли мурофиавй низ нав шудааст: мисол, коидаи нави принципи конуният: хангоми пешбурди парвандахои чиноятй риоя накардани талаботи конун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос рох дода шудааст, ичзат дода намешавад ва боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конун гар-дида, санадхои гайриконунии кабулшуда беэътибор дониста, бекор карда меша-ванд*;

- иштироки химоятгар аз мавриди дастгир намудани шахс;

- принсипхои имурофиаи судии чиноятй низ нав шудаанд: мубохисавият ва баробархукукии тарафхо, эхтимолияти бегунохй, озодии шикоят дар мурофиа ва гайра.

Бинобар ин, хатмкунандагони ихти-соси «Таъминоти хукукии фаъолияти гумрукй», ки минбаъд чун тахкикку-нандагони макомоти гумрук фаъолият мекунанд, бояд фанни мурофиаи чиноя-тиро хамчун фанни касбияшон би-ёмузанд.

Азбаски мурофиа нав шудааст, тахкик низ чун як шакли мурофиа хеле навгонй дорад, аммо аз муаммову муш-килот холй нест. Бинобар хамин, бо максади муайян намудани ин муаммову мушкилот, норасоихои конунгузорй ва ба таври амалй мо тасмим гирифтем, ки ма-соили танзими хукукй ва дурнамои ин-кишофи ташкили фаъолияти тахкикро дар макомоти гумрук мавриди омузиш ва хулосабарориву таклифот карор дихем.

1. Масъалаи аввал - асоси хукукии ба сифати макомоти тахкик хисоб шудани гумрук мебошад. Албатта, ин КМЧ, Ч,Т мебошад. М. 40 Кодекси мазкур мукаррар

* Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон аз 3-юми декабри соли 2009, № 564 (Конуни ^Т аз 2.08.2011 № 755, аз 20.04.2021 № 1777).

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

намудааст, ки ба сифати макомоти тахкик, аз он чумла, вохидхои макомоти гумрук хисоб мешаванд. Савол ба миён меояд, ки оё макомоти гумрук дар умум макомоти тахкиканд ё вохидхои макомоти гумрук? [10, с. 272]. Умуман, макомоти гумрук ё дигар макомоте, ки ба сифати макомоти тахкик баромад мекунанд, дар мачмуъ макомоти хоссаи тахкик нестанд, онхо дорои вазифахои асосиву сохавии худ буда, бинобар ин, ба фаъолияти тахкикии мурофиавй сарукор мегиранд, ки ичрои вазифахои асосиашон чунин муносибатро такозо менамоянд. Аз ин ру, дар Низоми макомоти гумрук вохидхои сохторие ташкил карда шудаанд, ки махз ба фаъолияти тахкик машгул шуда, чунин салохияти онхо дар Низомномаи Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон [9], Раёсату шуъбахои он пешбинй карда шудааст: Раёсати ташкили мубориза бар зидди хукуквайронкунихои гумрукй, Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди хукуквайронкунихои гумрукй, Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди гардиши гайриконунии маводи нашъаовар, Шуъбаи пешбурди тахкики

хукуквайронкунихои гумрукй, нозирони гумрук ва дидбонгоххои гумрукй. Бояд зикр намуд, ки на хама санадхои меъёриву хукукй дар ин чода мукаммал мебошанд.

2. Тахкик чист? Таърифи онро дар асоси м. 40 ва боби 19 КМЧ, ЧТ чунин ифода намудан мумкин аст: Тахкик як шакли тафтишоти пешакии ходисаи чиноят буда, бо максади кайди аризаву хабар дар бораи содир намудани чиноят, хатталимкон чорачуй намудан бахри бо далел мустахкам кардани холатхои содир намудани чиноят, огоз намудани парвандаи чиноятй, гузаронидани амалхои таъхирнопазири тафтишй бо максади зуд донистану (дознать) дар мухлати кутохтар, осонтару соддатар муайян намудани холатхои алокаманд ба чиноят, аз чониби макомоти тахкик ба амал бароварда мешавад.

Боби 19 КМЧ ЧТ ду намуди тахкики парвандахоро пешбинй намудааст:

- тахкик дар мавриди парвандахое, ки доир ба онхо тафтиши пешакх хатмист - тахкики тафтишталаб (м. 153 КМЧ);

- тахкики парвандахои чиноятие, ки пешбурди тафтиши пешакии онхо хатмй нест - тахкики холис (154 КМЧ).

Фаъолияти макомоти тахкик воба-ста ба амалхое, ки бо парвандахое, ки до-ир ба онхо пешбурди тафтиши пешакй хатмист ё ин ки бо парвандахое, ки доир ба онхо пешбурди тафтиши пешакх хатмй нест, ичро менамоянд, фарк мекунад.

3. Тахлили хукукии тахкикро аз тахкики холис, ки нисбати чунин парвандахо тафтиши пешакй хатмй нест, шуруъ менамоем (м.151, 154 КМЧ). Теъдоди парвандахое, ки тафтиши онхо танхо бо тахкик ба анчом мерасанд, парвандахои тахкики холис ном дошта, 26 таркиби чиноятро ташкил намуданд, ки инхоянд: моддахои 119, 120, к. 1 м. 125, 126, к. 1 м. 131, 171, к. 4 м. 195, к. 1 м. 213, 230, 232, 234, 235, к. 1 м. 237, 238, к. 1 м. 242, 243, к. 1 м. 244, к. 1 м. 252, к. 1 м. 254, к. 1 м. 255, 256, к. 1 м. 259, к. 1 м. 286, 294, 341, 342 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КЧ ЧТ) [11]. Агар мо ба санксияи чиноятхои мазкур назар афканем, чазои хадди аксари барои онхо пешбинигардида аз ду соли махрум сохтан аз озодй зиёд набуда, онхо чиноятхои начандон вазнин эътироф мешаванд. Аз ин ру, конунгузор мурофиаро барои чунин чиноятхо дар шакли содаву осонтари тафтишот -тахкик пешбинй намудааст.

Оид ба чунин парвандахои чиноятй макомоти тахкик парвандаро саривакт огоз мекунанд ва барои мукаррар наму-дани холатхое, ки бояд оид ба парвандаи чиноятй исбот карда шаванд, хамаи чо-рахои пешбиникардаи Кодекси мурофиаи чиноятиро меандешанд, то ки маводи кофй чамъоварй намоянд [12, с. 27-31]. Маводи дар ин давра чамъоваришуда ба-рои дар суд баррасй намудани ин парвандахо асос мегардад.

Моддаи 155-и КМЧ ЧТ мухлати пешбурди тахкикро оид ба чунин парвандахо понздах шабонаруз аз рузи огози парвандаи чиноятй то рузи ба прокурор барои ба суд равон кардан ё то

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

рузи катъ кардани пешбурди парванда муайян намудааст. Дар мухлати муайян-шуда тахкик бояд ба анчом расонида ша-вад. Анчоми пешбурди парвандахои тахкики холис бо тартиб додани фикри айбдоркунй ё карори катъ кардани парванда анчом меёбад.

4. Дар амалияи фаъолияти хукукмухофизавй зимни тахкики чиноятхои номбаршуда мушкилоти танзими хукукй ва пайомадхои амалии он эхсос мешавад. Аввал ин ки, мансубияти идоравии 26 моддаи Кодекси чиноятй, ки дар м. 151 КМЧ нишон дода шудааст, муайян карда нашудааст. Моддаи 151 КМЧ ЧТ 26 таркиби чиноятро номбар намуда, таъкид намудааст, ки тахкики онхо аз тарафи макомоти тахкик ба амал бароварда мешавад, вале кадоме аз макомоти тахкик бошад, муайян карда нашудааст. Яъне парвандахои чиноятии мавриди тахкики макомоти гумрук ё дигар макомотхои хифзи хукуки ЧТ дар м. 151-и боби «Тахкик» умуман пешбинй карда нашудааст.

Дамин тарик, дар м. 151 ва м. 161 КМЧ ЧТ парвандахои чиноятие, ки пешбурди тахкикашон ба макомоти гумрук тобеият дошта бошанд, муайян карда нашудааст. Чй гуна, бар кадом асо-си хукукй вохидхои макомоти гумрук нисбати кадом чиноятхо тахкикро ба анчом расонида истодаанд. Чунин асоси хукукй мебоист дар КМЧ ЧТ нишон дода мешуд. Аммо дар КМЧ ЧТ ин масъала на танхо нисбати тахкики парвандахои чиноятии мансуб ба макомоти гумрук халли худро наёфтааст, балки нисбат ба дигар парвандахои чиноятии мансуб ба макомотхои дигари тахкик низ ахвол чу-нин аст.

Тачрибаи фаъолияти конунгузории давлатхои хамчавор, амсоли Россияи фе-деративй нишон медихад, ки коидаи то-беъияти тафтишотй, аз он чумла тобеияти парвандахои мансуб ба тахкикро низ пешбинй намудааст. Мисол, дар м. 151 КМЧ Федератсияи Россия (минбаъд -ФР) коидаи тобеияти тафтишотй мукар-рар карда шудааст. Дамчунин, кисми 3-ми моддаи мазкур тобияти тахкикотиро низ пешбинй намуда, тахкики чиноятхои

алохидаро ба зиммаи тахкиккунандагони якчанд макомоти хифзи хукук вогузор намудааст. Аз он чумла, тахкики ду тар-киби чиноятро, яке к.1 ва 2 м. 194, ки ба саркашй аз пардохтхои гумрукй, дигарй м. 2011, м. 2012, ки ба кочоки маблагхои пулй ва махсулоти спиртй бахшида шуда-аст, ба тобеияти тахкиккунандагони макомоти гумрук додааст.

5. Оид ба муайян намудани мансубияти идоравй ва тобияти тахкикии парвандахои тахкики холис (м. 151 КМЧ) бояд хадди акал нишонахои зерин ба инобат гирифта шуда, тобеияти тахкикии онхо дар моддаи 161 КМЧ муайян карда шавад:

а) алокамандиву иртиботи кавии ходисаи чиноят, аломатхои таркиби чиноят бо вазифахои конунии макомоти хифзи хукук ва худуди фаъолияти онхо;

б) зуд ва хатталимкон чорачуи намудан ба хотири пешгирии чиноят ва ошкор намудани он, фош намудани шах-си гунахгор.

6. Тахкик дар мавриди парвандахое, ки доир ба онхо тафтиши пешакй хатмист - тахкики тафтишталаб хам гуфтан мумкин аст.

Аз руйи ин намуди тахкик, ки тафтиши пешакиро талаб мекунад, тахкик чун шакли пешбурди фаврй, вале муваккатй ба хотири хатталимкон чо-рачуй намудан нисбат ба ходисаи чиноят аз чониби макомоте, ки дар ин ё он сохаи муайян масъулияти фаъолияти хукукмухофизавиро бар душ доранд, ба амал бароварда мешавад. Дар сурати мавчуд будани аломатхои чинояте, ки до-ир ба он пешбурди тафтиши пешакй хатмист, ба макомоти тахкик хукук дода шудааст, ки парвандаи чиноятиро огоз намоянд, тахкикбаранда дар асоси ко-идахои КМЧ, харакатхои таъхирнопази-ри тафтишй ва дигар амалхои мурофиа-виро барои мукаррар ва мустахкам наму-дани изхои чиноят гузаронанд, чунончи: азназаргузаронй, ёфта гирифтан, кофту-ков, хабси муросилоти почта, хабархои телеграфй ва хабархои дигаре, ки тавас-сути шабакахои алокаи баркй ва алокаи почта интикол мешаванд, гуш кардан ва сабти гуфтугу, нишон додан барои ши-

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

нохтан, шаходаткунонй, дастгиркунй ва пурсиши гумонбаршуда, чабрдида ва шохидон.

Тахкикбаранда оид ба чинояти ошкоршуда ва огози парвандаи чиноятй фавран ба прокурор хабар медихад. Пас аз ичро намудани амалхои таъхирнопази-ри тафтишй, вале на дертар аз дах шабо-наруз аз рузи огози парванда макомоти тахкик, тахкикбаранда вазифадор аст парвандаро ба муфаттиш супорад.

7. Оид ба кадом чиноятхои мушаххас макомоти гумрук тахкики парвандахои тафтишоташ хатмиро мегузаронанд, мутаассифона дар м. 161 КМЧ мукаррароти меъёрие пешбинй нашудааст. Вале тибки моддахои 41, 145, 146 КМЧ макомоти гумрук чун макомоти тахкик нисбат ба хамагуна ходисахои чиноят метавонад парвандахои чиноятй огоз намоянд, аммо нихоят дуруст аст, ки тачрибаи онхо ба ин самт нарафтааст.

Макомоти гумрук бо дарназа-рдошти мукаррароти м. 41 КМЧ дар бо-раи он, ки тахкикбаранда вазифадор аст, ки бо супориши сардори макомоти тахкик дар холатхои таъхирнопазир парвандаи чинятиро, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакй хатмист, огоз намуда, амалхои тафтишии таъхирнопа-зир ва чорабинихои оперативй-чустучуй гузаронад ва дар ин бора дар муддати на дертар аз 24 соат ба прокурор ва макомоти пешбурди тафтишоти пешакй хабар дихад. У метавонад нисбати хама гуна парвандаи чиноятие, ки нисбаташон тафтиши пешакй хатмй аст, фаъолияти тахкикиро гузаронад. Ин мукаррарот гох-гох дар холатхои таъхирнопазир аз чони-би рохбарияти вохидхои макомоти гумрук истифода мешаванд. Истифодаи васеъ ва доимии ин коидаи мурофиавй аз чониби хамаи макомоти тахкик боз хам танзими мукаммалтари хукукиро такозо менамояд.

Тачрибаи макомоти гумрук нишон медихад, ки вохидхои тахкикии онхо асо-сан нисбат ба чиноятхое парвандаи чино-ятй огоз менамоянду тахкик мегузаронанд, ки нисбати онхо тафтиши пешакй хатмй аст.

Мисол, соли 2021 макомоти гумруки ЧТ аз руйи моддахои зерини КЧ ЧТ парвандаи чиноятй огоз намуда, тахкики онро ба анчом расонидаанд:

1) кисми 2 моддаи 1991 (маводи тарфгарй - пиротехникй) - 4 холат;

2) моддаи 209 - Истехсол, нигох доштан, интикол ё ба сохибияти каси дигар додани мол ё махсулот, ичрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарй чавоб намедихад - 2 адад;

3) моддаи 210 - Еайриконунй ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан, истехсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, калбакй (сохта) ва ба талаботи стандартхои мукарраршуда чавобгуйнабуда, инчунин дорувории мухлати истифодааш гузашта - 3 адад;

4) банди «б» к. 2 м. 259 КЧ ЧТ (сохибкории гайриконунй) - 1 адад;

5) моддаи 287 - Аз хорича барнагардонидани воситахо бо асъори хоричй;

6) моддаи 289 - Клочок - 25 адад;

7) моддаи 290 - Ба худуди Чумхурии Точикистон барнагардонидани сарватхои бадей, таърихй ё бостоншиносии халкхои Чумхурии Точикистон ва мамлакатхои хоричй;

8) моддаи 291- Саркашй аз пардохтхои гумрукй - 2 адад;

9) моддаи 322 - Хунукназарй - 2

адад;

10) моддаи 323 - Сохтакории хизматй;

11) банди «д» к. 4 м. 200 КЧ -муомилоти гайриконунии воситахои нашаъадор ё маводи психотропй бо максади ба сохибияти каси дигар додан.

Моддахои 287-291 КЧ ЧТ дар асоси к. 2 ва 5 м. 161 КМЧ ЧТ тобеияти алтер-нативй дошта, ё ба муфаттишони прокуратура ва ё амният мутааллик мебошанд.

8. Дар асоси омузишу тахлили конунгузорй ва тачрибаи тахкикии макомти гумрук, дар асоси хулосахои зарурй чунин дархосту таклифот пешниход кардан мумкин аст:

- таквият бахшидани кори тайёр намудани неруи кадрй барои Раёсати ташкили мубориза бар зидди хукуквай-

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

ронкунихои гумрукй, Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди гардиши гайрикону-нии маводи нашъаовар, Шуъбаи пешбур-ди тахкики хукуквайронкунихои гумрукй;

- бо хамин ният дар Накшахои таълимии ихтисоси «Дукукшиносии умумй» чун фанни ихтисосй, дар ихтисоси «Таъминоти хукукии фаъолияти гумрукй» чойгир намудани фанни умумикасбии «Ташкил ва пешбурди тахкик дар мако-моти гумрук»;

- аз руйи мачмуи нишонахои парвандахои чиноятй, вазифахои кону-нии макомоти гумрук муайян намудани номгуй ва теъдоди парвандахои чиноя-тие, ки нисбати онхо тахкики холис аз чониби макомоти гумрук бояд ба амал бароварда шавад;

- тахия ва аз чониби Прокурори ге-нералии ЧТ тасдик намудани «Дастура-мал оид ба фаъолияти мурофиавии вохидхои гумрук чун макомоти тахкик»;

- муайян намудани номгуй ва теъдо-ди парвандахои чиноятие, ки нисбаташон

тафтишоти пешакй хатмй аст, вале тахкик аз чониби гумрук гузаронида мешавад;

- дар моддаи 159 КМЧ ЧТ, ки чунин ифода шудааст: Тафтишоти парвандахои чиноятй мутобики тобеияти тафтишии пешбининамудаи Кодекси мазкур аз чониби муфаттишони макомоти прокуратура, корхои дохилх, амнияти миллй, мубориза бо коррупсия, назорати маводи нашъаовар анчом дода мешавад. Ворид намудани илова бо ибораи «макомоти гумрук»;

- дар м. 161 КМЧ ЧТ ворид намуда-ни илова дар матни зерин: «тафтиш намудани парвандахо оид ба чиноятхое, ки дар моддахои 287, 289 - 291 КЧ ЧТ пешбинй шудааст, аз тарафи муфаттишо-ни макомоти гумрук гузаронида меша-ванд;

- чорй намудани штати муфаттишон дар макомоти гумрук.

Дар сурати амали гаштани чунин таклифот мурофиаи парвандахои чиноя-тии алокаманд бо фаъолияти гумрукй боз хам мукаммалтар ва риояи хукуки инсон фарохтар хохад гардид.

Адабиёти истифодашуда

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

1. Вожаи гумрук / Мавод аз Википедиа - донишномаи озод // [Захираи электронй]. -Манбаи дастрасй: https://tg.wikipedia.org/wiki/ (санаи мурочиат: 27. 01. 2022 с.).

2. Суханхои парафшони Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президента Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: https://gumruk.tj/ (санаи мурочиат: 28. 01 2022 с.).

3. Таърихи макомоти гумруки Чумхурии Точикистон // [Захираи электронй]. - Манбаи дастрасй: https://gumruk.tj/ (санаи мурочиат: 27. 01 2022 с.).

4. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй» аз 25-уми марти соли 2011, № 687 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2011, № 3, мод. 155; Конуни ЧТ аз с. 2017, №7-9, мод.570.

5. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон аз 3-юми декабри соли 2009, № 564 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, № 12, мод. 815-816; с. 2010, №7, мод. 551; Конуни ЧТ аз с. 2021, №1-2, мод.5.

6. Международный пакт о гражданских и политических правах человека // Вестник Маджлиси Оли РТ. - Душанбе, 1998. - №23-24. Ст. 323.

7. Лазарева, В.А. Судебная защита в уголовном процессе РФ: проблемы теории и практики. Дисс. ... док. юрид. наук: [12.00.09] / Валентина Александровна Лазарева. - Самара, 2000. - 420 с.

8. Искандаров, З.Х. Конституционно-правовые основы защиты прав человека и гражданина в уголовном процессе Республики Таджикистан: монография / З.Х. Искандаров. - Душанбе: Эчод, 2008. -184 с.

9. Низомномаи Хадамоти гумруки назди Дукумати Чумхурии Точикистон: карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 2-юми ноябри с. 2007, № 557 (бо тагйиру иловахо аз 3.05.2010, № 246, аз 3.12.2010, № 630) // Махзани мутамаркази иттилоотии хукукии «Adlia»-и Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон. Версия 7.0.

10. Бакаева О.Ю. Таможенное право: Курс лекций / О.Ю. Бакаева, Г.В. Матвиенко. -М.: Эксмо, 2009. - 272 с.

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (53)- 2022 Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

11. Кодекси чиноятии Ч,умх,урии Точикистон аз 21-уми майи соли 1998, № 574 // Ахбори Мачлиси Олии Ч,умх,урии Точикистон, с. 1998, № 9, мод. 68-69; ^онуни Ч,Т аз 20.04.2021 с., № 1776.

12. Макаренко, М.М. Возбуждение уголовного дела: проблемные вопросы. / М.М. Макаренко, С.В. Ермаков // Российский следователь. - 2015. - №6. - С.27-31.

References

1. Customs Dictionary / Materials from Wikipedia - free encyclopedia // "Electronic resources". -Access source: https://tg.wikipedia.org/wiki/ (application date: 27. 01. 2022).

2. Paraphrase of the Founder of Peace and National Unity - Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon // "Electronic resource]. - Access source: https://gumruk.tj/ (application date 28. 01 2022).

3. History of the customs authorities of the Republic of Tajikistan // Electronic Resource]. - Access source: https://gumruk.tj/ (application date: 27. 01 2022).

4. Law of the Republic of Tajikistan "On operational and investigative activities" of March 25, 2011, № 687 // Akhbori Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, p. 2011, № 3, art. 155; Law of the Republic of Tajikistan 2017, № 7-9, art.570.

5. Code of Criminal Procedure of the Republic of Tajikistan of December 3, 2009, № 564 // Akhbori Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, p. 2009, № 12, art. 815-816; s. 2010, №7, art. 551; Law of the Republic of Tajikistan 2021, №1-2, art. 5.

6. International pact on civil and political human rights // Bulletin of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe, 1998. - No. 23-24. Art. 323.

7. Lazareva, V.A. Judicial protection in the criminal process of the Russian Federation: problems of theory and practice. Diss. ... doc. legal Sciences: [12.00.09] / Valentina Aleksandrovna Lazareva. - Samara, 2000. - 420 p.

8. Iskandarov, Z.Kh. Constitutional and legal foundations for the protection of human and civil rights in the criminal process of the Republic of Tajikistan: monograph / Z.Kh. Iskandarov. - Dushanbe: Echod, 2008. - 184 p.

9. Regulations on the Customs Service under the Government of the Republic of Tajikistan: Resolution of the Government of the Republic of Tajikistan of November 2, 2009 2007, № 557 (as amended from 3.05.2010, № 246, from 3.12.2010, № 630) // Central Legal Database "Adlia" of the Ministry of Justice of the Republic of Tajikistan. Version 7.0.

10. Bakaeva O.Yu. Customs Law: A Course of Lectures / O.Yu. Bakaeva, G.V. Matvienko. -M.: Eksmo, 2009. - 272 p.

11. Criminal Code of the Republic of Tajikistan of May 21, 1998, № 574 // Bulletin of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, p. 1998, № 9, art. 68-69; Law of the Republic of Tajikistan from 20.04.2021, № 1776.

12. Makarenko, M.M. Initiation of a criminal case: problematic issues. / MM. Makarenko, S.V. Ermakov // Russian investigator. - 2015. - No. 6. - P.27-31.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.