Научная статья на тему 'ТАВСИФИ КРИМИНАЛИСТИИ ПАЙЊОИ ХОССИ ЉИНОЯТЊО ВОБАСТА БА ГАРДИШИ ЃАЙРИЌОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАОВАР'

ТАВСИФИ КРИМИНАЛИСТИИ ПАЙЊОИ ХОССИ ЉИНОЯТЊО ВОБАСТА БА ГАРДИШИ ЃАЙРИЌОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАОВАР Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
методика / љиноят / пай / маводи нашъаовар / гардиши ѓайриќонунї / тавсифи криминалистї / тафтиш / ошкорнамої / шахсияти љинояткор. / методика / преступление / след / наркотические вещества / незаконный оборот / криминали-стическая характеристика / следствие / раскрытие / личность преступника.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ќодирзода Д. С.

Дар маќола масъалаи тавсифи криминалистии пайњои хосси љиноятњо вобаста ба гардиши ѓайриќонунии маводи нашъаовар мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Инчунин, дар маќола муаллиф кўшиш намудааст, ки наќш ва муњиммияти омўзиши пайњоро дар ошкорнамої ва тафтиши љиноятњо марбут ба гардиши ѓайриќонунии маводи нашъаовар нишон дињад. Муаллиф ќайд менамояд, ки пайњое, ки аз љинояти мазкур боќї мемонанд, хусусияти ноаёнї (диданашаванда) дошта, аз тафтишкунандаи љиноятњо марбут ба гардиши ѓайриќонунии маводи нашъаовар мањорати баланди касбиро талаб менамояд. Њамзамон, муаллиф дар маќола андешањои олимони соњаро тањлил намуда, мавќеи илмии худро вобаста ба мушкилоти мавзуи мазкур пешнињод менамояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по праву , автор научной работы — Ќодирзода Д. С.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FORENSIC CHARACTERISTICS OF TYPICAL TRACES OF CRIMES RELATED TO DRUG TRAFFICKING

В статье рассматривается вопрос криминалистической характеристики следов преступле-ний, связанных с незаконным оборотом наркотических веществ. В статье автор попытал-ся определить роль и значение исследования следов при раскрытии и расследовании пре-ступлений, связанных с незаконным оборотом наркотических веществ. Автор отмечает, что следы, оставшиеся от этого преступления зачастую неочевидны и требуют от следо-вателя по делам о преступлениях, связанных с незаконным оборотом наркотических средств, высокого профессионального мастерства. При этом в статье автор анализирует мнения ученых в данной области и представляет свою научную позицию по обозначен-ной проблематике.

Текст научной работы на тему «ТАВСИФИ КРИМИНАЛИСТИИ ПАЙЊОИ ХОССИ ЉИНОЯТЊО ВОБАСТА БА ГАРДИШИ ЃАЙРИЌОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАОВАР»

ТДУ 343.985.7

ТАВСИФИ КРИМИНАЛИСТИИ ПАЙ^ОИ ХОССИ ЧИНОЯТХО ВОБАСТА БА ГАРДИШИ ГАЙРИКОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАОВАР

КРИМИНАЛИСТИЧЕСКАЯ ХАРАКТЕРИСТИКА ТИПИЧНЫХ СЛЕДОВ ПРЕСТУПЛЕНИЙ, СВЯЗАННЫХ С НЕЗАКОННЫМ ОБОРОТОМ НАРКОТИКОВ

FORENSIC CHARACTERISTICS OF TYPICAL TRACES OF CRIMES RELATED TO

DRUG TRAFFICKING

Крдирзода Д. С.

Qodirzoda D.S.

Декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, номзади илмуои ^уцуцшиносй, дотсент

Декан факультета государственного управления Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент Dean of the Faculty of Public Administration, Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences, Associate Professor

Ихтисоси илми: 12.00.12 - Криминалистика; фаъолияти судй-экспертй; фаъолияти оперативй-чустучуй (5.1.4. Илмхои хукукй-чиноятй).

Научная специальность: 12.00.12 - Криминалистика; судебно-экспертная деятельность; оперативно-розыскная деятельность (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.12 - Criminalistics; forensic activities; operational-search activity (5.1.4. Criminal law sciences).

Такриздщанда: Назаров А.К. - мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети хукукшиносии Донишгохи миллии Точикистон, доктори илмхои хукукшиносй, дотсент.

Рецензент: Назаров А.К. - заведующий кафедрой криминалистики и судебной экспертизы юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук, доцент.

Reviewer: Nazarov A.K. - Head of the Department of Criminalistics and Forensic Science of the Law Faculty of the Tajik National University, Doctor of Law, Associate Professor.

Аннотатсия: Дар макола масъалаи тавсифи криминалистии пайхои хосси чиноятхо вобаста ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар мавриди баррасй карор гирифтааст. Инчунин, дар макола муаллиф кушиш намудааст, ки накш ва мухиммияти омузиши пайхоро дар ошкорнамой ва тафтиши чиноятхо марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар нишон дихад. Муаллиф кайд менамояд, ки пайхое, ки аз чинояти мазкур бокй мемонанд, хусусияти ноаёнй (диданашаванда) дошта, аз тафтишкунандаи чиноятхо марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар махорати баланди касбиро талаб менамояд. Хдмзамон, муаллиф дар макола андешахои олимони сохаро тахлил намуда, мавкеи илмии худро вобаста ба мушкилоти мавзуи мазкур пешниход менамояд.

Вожа^ои калидй: методика, чиноят, пай, маводи нашъаовар, гардиши гайриконунй, тавсифи криминалистй, тафтиш, ошкорнамой, шахсияти чинояткор.

e-mail:

dalerkodirov1990@mail.ru

Аннотация: В статье рассматривается вопрос криминалистической характеристики следов преступлений, связанных с незаконным оборотом наркотических веществ. В статье автор попытался определить роль и значение исследования следов при раскрытии и расследовании преступлений, связанных с незаконным оборотом наркотических веществ. Автор отмечает, что следы, оставшиеся от этого преступления зачастую неочевидны и требуют от следователя по делам о преступлениях, связанных с незаконным оборотом наркотических средств, высокого профессионального мастерства. При этом в статье автор анализирует мнения ученых в данной области и представляет свою научную позицию по обозначенной проблематике.

Ключевые слова: методика, преступление, след, наркотические вещества, незаконный оборот, криминалистическая характеристика, следствие, раскрытие, личность преступника.

Annotation: The article deals with the issue of forensic characteristics of the traces of crimes related to the illegal circulation of prohibited substances. Also in this article, the author tried to show the role and importance of the study of traces in the disclosure and investigation of crimes related to drug trafficking. The author notes that the traces left from this crime are invisible and require high professional skills from the investigator for crimes related to drug trafficking. At the same time, in the article the author analyzes the opinions of scientists in this field and presents his scientific position on the problems of this topic.

Key words: methodology, crime, trace, narcotic substances, illegal circulation, forensic characteristics, investigation, reveal, identity of the offender.

Гардиши гайриконунии маводи нашъаовар яке аз проблемами мухимми чомеаи чахонй ба хисоб меравад. Мушкилоти мазкур хатари чиддиро вобаста ба амнияти давлат, чомеа, бахусус хифзи саломатии ахолй ба вучуд меоварад. Дар баробари ин, гардиши гайриконунии маводи нашъаовар аз чумлаи мушкилотхое мебошад, ки давлатхо дар алохидагй бар зидди он муковимат карда наметавонанд. Чумхурии Точикистон чун узви чудонашавандаи чомеаи чахонй бо дарки масъулият чихдти пешгирй ва муковимат ба тахдиду чолишхои замони муосир, аз чумла муомилоти гайриконунии маводи нашъаовар давра ба давра чорахои заруриро амалй менамояд.

Аз омори расмии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон бармеояд, ки содиршавии чиноятхо вобаста ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар, хушбахтона, сол аз сол кохиш ёфта истодааст. Тибки маълумоти оморй шумораи содиршавии чиноятхои марбут ба маводи нашъаовар ба таври назаррас чунин кохиш ёфта истодааст, аз 936 чинояти соли 2013 ба 700 чиноят дар соли 2020 расид. Мусодираи маводи нашъаовар

бошад, ба таври чиддй кохдш ёфта, аз 6 тоннаю 686 кг. дар соли 2013 ба 2 т. 425 кг. дар соли 2020 расид. Фаъолияти 53 гурухи муташаккили чиноятии фаромиллй ошкор ва катъ карда шуда, 115 нафар аз хисоби саркарда ва аъзоёни фаъоли онхо ба хабс гирифта шуданд [1]. Аз ин бармеояд, ки Чумхурии Точикистон новобаста аз мавкеи чойгиршавй бахри пешгирй, огохсозй, бартарафсозй, ошкорнамой ва тахкику тафтиши чиноятхо вобаста ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар чорахои катъии натичабахш андешида истодааст.

Зимнан, чинояти маводи нашъаовар -ин намуди махсуси фаъолияти гуногуннамуд, аз нигохи иктисодй даромадноктарин, махфикорона, васеъ густурдаи чиноятии ба дарачаи олй ташкилшуда мебошад, ки алокаи байналмилай дошта, ба амалй гайриконунй бо маводи нашъадор машгул мебошад. Дар мафхуми овардашуда якчан хусусияти чинояти мазкур оварда шудааст, аз кабили каблан банакшагирифташуда, махфиёна соодир шудан, хусусияти байналмилалй доштан ва аз нигохи криминалистй мураккаб содир шудан, ки кобили дастгирй мебошад [2, с. 633].

^айд кардан ба маврид аст, ки мушкилоти дигари чинояти гардиши гайриконунии маводи нашъаовар ошкоркунй ва тафтиши он ба шумор меравад. Ошкоркунй ва тафтиши дурусти чиноятхо вобаста ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар яке аз роххои боз хам кохиш додани сатхи содиршавии чиноятхои мазкур ба хисоб меравад. Чунки чараёни содиршавии чиноятхои самти мазкур пурра ба таври гайриошкоро сурат гирифта, хатто метавонад шохиди чиноят мавчуд набошад ва субъектони ошкоркунии чинояти мазкур бошад, танхо ба пайхое, аз чиноят бокй мемонанд такия намоянд. Бинобар ин, чихати ошкоркунй ва тафтиши чинояти мазкур методикаи криминалистии тафтиши чиноят накши мухим дорад. Хднгоми истифода аз методикаи криминалистии хуби санчидашуда, метавон чинояти мазкурро саривакт ва хаматарафа ошкор ва тафтиш намуд. Тарзхои содиркунй, ошкорнамой ва муайян намудани пайхои чиноят бошад ба унсурхои таркиби тавсифи криминалистй дохил мешаванд. Дар чинояти мазкур тавсифи криминалистии чиноят яке аз воситахои ёрирасон чихати тафтиши дуруст баромад менамояд. Махсусан мушохида намудан ба чараёни пайдошавии пайи чиноятхо вобаста ба гардиши гайриконунии воситахои нашъадор ва истифодаи онхо дар фаъолияти минбаъдаи тафтишй метавонад натичаи хуб дихад.

Бинобар ин, дар умум кайд намудан мумкин аст, ки тавсифи криминалистии чиноятхо вобаста ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар асосан ба чунин мархилахои тафтиши парвандахои самти мазкур хизмат мекунад: тахмингузорй вобаста ба содиршавии чинояти мазкур, банакшагии чиноят, дуруст гузаронидани

чорабинихои оперативй-чустучуй,

амалхои тафтишй чихати мукаррар намудани шахси гунахкор, касд, максад ва дигар холатхое, ки барои тафтиши парвандахои самти мазкур ахамияти зарурй дорад.

Таъмини тафтиши хамачониба, пурра, объективона, зуд ва самаранок ба анчом расаонидани парвандахои чиноятй марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар аз мавчудияти методикаи криминалистй бо назардошти шароити муосир тахияшуда, вобастагии зич дорад. Ташаккул ва мавчудияти методикаи криминалистй бо назардошти шароити муосир тахияшуда хангоми тафтиши парвандахои чиноятй марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар аз унсурхое ба монанди тарзхои тайёрй ба чиноят, тарзхои содир намудани чиноят, пинхон намудани чиноятхо марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар, пайхое ки дар натичаи содиршавии чиноят боки мондааст ва вазъияти содиршавии чиноят вобастагй дорад. Бинобар ин, омузиши методикаи чиноят хамчун амали субъекти тачовузи чиноятй яке аз масъалахои мубрами илми хукук, хусусан илмхои криминалистй мебошад.

Дар илми криминалистка тарзи содиршавии чиноят метавонад хамчун манбаи иттилоот хидмат кунад, ки барои коркарди воситахо, тарик ва усулхои тафтиш ва пешгирии чиноят зарур мебошанд.

Фахмиши криминалистикии тарзи содиршавии чиноят аз он иборат аст, ки ба воситаи он метавон пайи мукаррарии онхоро муайян ва ба ин восита барои ошкор кардани чиноят рох кушод. Аз ин ру, маконе, ки пай (осор)-и шайъй дар он чо чустучу мешавад, метавон пешгуй карда, чустучуи чунин чойхоро мулохизакорона ва мувофики максад ба рох монд [3, с. 334]. Мутаассифона, хангоми тафтиши гардиши гайриконунии маводи нашъаовар, дар аксари холатхо, танхо ба пайе ахаммият дода мешавад, ки дар илми криминалистика чун хукми маъмул аст (масалан, пайи ангуштони даст). Хдмзамон, чинояткор метавонад пайи хосси ин навъи чиноятро, ки дар айни замон аломатхои криминалистии роххои содир шудани онхо мебошанд, бокй гузорад. Дар аксари маврид эхтимоли гузоштани пай аз чониби

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

чинояткор дар чунин мавридхо сурат мегирад:

1) пайхое, ки хангоми омода ва коркарди навъи муайяни маводи нашъаовар бокИ мемонад;

2) пайе, ки дар натичаи интикол ва нигахдории маводи нашъаовар гузошта шудааст;

3) пайи харид (ба даст овардан)-и маводи нашъаовар.

Ба пайхои гурухи аввал дохил мешаванд:

- парвариши растанихои

нашъадор дар китъахои муайяни замин (бангдона, кукнор);

- бокимондаи бахше аз хосили рустании нашъадор дар макони парвариш ва чамъоварии он (поя, барг, хуша ва гарду губор);

махсулоти технологи ва пасмондахо (кисме аз рустанИ, ки истифода ва коркард шудааст, хамчунин, махлулхо);

- махсулоти иловагИ барои тоза ва омода кардани воситахои нашъаовар (масалан, бокимондахои кабати сиёху кахваранги модда дар деворахои зарф, ки хангоми омода кардани афюни атсетилидор бокИ мондааст);

- воситахои нашъаовари тайёр (омодашуда), чузъхо (компонентхо)-и раванди тачзияи маводи мухаддир (ангедрид, атсетон, сирко);

- дастуруламал, адабиёти махсус ва навор ё садохои сабтшуда, ки усулхои омода кардани маводи мухаддиро тавсиф мекунанд (блокнот, дафтар, варак);

курпа, рукаш ва рукашхои

полиэтиленИ, ки мумкин аст тавассути онхо гарду чанги бангдона (канаб) бехта шуда бошад;

- пайи ангуштони даст: дар олоти содир кардани чиноят (зарфхо, вазнахо), дар воситахои истеъмоли маводи мухаддир (сузандору), дар воситахои нигахдории онхо (зарфхо, куттихо), дар объектхои хурду гуногуни онхо [4, с. 138].

Ба андешаи мо пайхои гурухи аввал муайяннамоии саривактиро талаб менамоянд, чунки хусусияти вайроншавИ ва зуд азбайнравиро доранд. Дар мавриди саривакт ва дуруст мушохида ва муайян

гаштани пайхои гурухи аввал, ба субъекти тафтишкунандаи парвандаи чиноятии марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар имкон медихад, ки субъект ё субъектони содиркунандаи чиноят, ё ин ки дигар холатхои номаълум ба парвандаи чиноятИ пурра ошкор гарданд.

Ба пайи гурухи дуввум дохил мешаванд: боргунч (контейнер) ва чойхои пинхонии мучаххаз дар воситахои наклиёти боркаш, дар либоси ронандахои боркаш, хамчунин «боргунчхо»-и махсуси бадани (кочокчИ) наклкунанда (ки рохи кушодашавии табиИ доранд (махсусан меъда ва г.); осори воситахои нашъаовар дар дастони шахси гумонбаршуда, дар дарзхо, киссахои либос ва дигар объектхои хурд; осори буйи марбут ба маводи мухаддир; пул ва дигар чизхои кимматнок (дастгоххои сабти садову навор, маснуоти омодашуда аз филиззоти кимматнок, молхои муинагИ), ки аз хисоби омода кардан ва нигохдории воситахои нашъаовар ба даст омадаанд, сурога ва раками телефонхои кочокчИ ва гайра; хуччатхои мукотиба, телеграммхо, китобчахои кайд ва дигар хуччатхо, ки аз иртиботи миёни чинояткорон дарак медихад.

Зикр бояд намуд, ки пайхои гурухи дуюм хусусияти ноаёнИ (диданашаванда) дошта, аз тафтишкунандаи чиноятхо марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар махорати баланди касбиро талаб менамояд. Бинобар ин, тавсия карда мешавад, ки хангоми мавчудияти чунин вазият ё ин ки муайянкунии чунин пайхо аз донишхои мутахассис бояд истифода намуд.

Ба пайхои гурухи севум дохил мешаванд: бастахои когазин ва дигар навъи бастахо (резахои когаз ё когазпорахо, полиэтилен, зархал); осори худи маводи мухаддир дар дастони гумонбаршудагон, дар дарзхо, катхо, киссахои либоси онхо ва дигар объектхои хурд; осори буйи марбут ба маводи мухаддир; сурога ва ракамхои телефони кочокчихо (интиколдихандагон),

фурушандахо ва дигар ашхоси дастдошта дар чиноят; гайр аз осори ба як кисми муайяни гуруххои чиноятхои номбаршуда

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

хос, тавсифи чиноят низ бояд аломатхои пайвасткунандаи хосро дар бар гирад, яъне хамон аломатхое, ки пайванд будани як чиноятро бо дигар чиноятхои навъи зикршуда нишон дихад [5, с. 21]. Хдкикати дигар ин аст, ки осори алохидаи маъмулии барои чинояти гурухи мазкур хос, ки ошкор нашудааст, бояд хамчун холати манфй ба назар гирифта шавад, ки бо нишон додани он арзёбии ибтидоии (дар конуни чиноятй ва чанбахои криминалистй) ходисаи тафтишшаванда аз тавсифи вокеии ходиса фарк мекунад. Х,олатхои манфии баркароршуда дар навбати худ барои пешниход намудани гунахои нави парвандаи чиноятй асос мегарданд.

^айд намудан ба маврид аст, ки максади омузиш ва муайян намудани осори аз чиноятхо вобаста ба гардиши гайриконунии маводи нашъовар , агар аз як тараф муайян намудани вокеияти ходисаи чиноят бошад, аз тарафи дигар ин муайян намудани шахсияти чинояткор мебошад. Шахсони содиркардаи чинояти марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаоварро аз руйи кирдор ва тарзи содир намудани чиноят шартан ба чунин гуруххо таксим намудан мумкин аст:

1. Шахсе, ки ба муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор ё моддахои психотропй ё хаммонанди (аналоги) онхо бо максади ба сохибияти каси дигар додан машгул мебошад (м. 200 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КЧ ЧТ)).

2. Шахсе, ки ба муносибати гайриконунй бо воситахои нашъадор ё моддахои психотропй ё хаммонанди (аналоги) онхо бе максади ба сохибияти каси дигар додан алокамандй дорад (м. 201 КЧ ЧТ).

3. Шахсе, ки ба тасарруфи воситахои нашъадор ё моддахои психотропй ё хаммонанди (аналоги) онхо рабт дорад (м. 202 КЧ ЧТ).

4. Шахсе, ки ба гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо муносибат дорад. (м. 202(1) кч ЧТ).

5. Шахсе, ки ба тасарруфи прекурсорхо иртибот дорад (м. 202(2) КЧ ЧТ).

6. Шахсе, ки ба моил кардан ба истеъмоли воситахои нашъадор ё моддахои психотропй ё хаммонанди (аналоги) онхо машгул мебошад (м. 203 КЧ ЧТ).

7. Шахсе, ки ба парвариши гайриконунии зироатхои дорои моддахои нашъадори кишташон манъшуда машгул аст (м. 204 КЧ ЧТ).

8. Шахсе, ки ба ташкил ё нигахдошти фасодхона барои истеъмоли воситахои нашъадор ё моддахои психотропй ё хаммонанди (аналоги) онхо иртибот дорад (м. 205 КЧ ЧТ).

9. Шахсе, ки ба райрон намудани коидахои муомилоти воситахои нашъадор, моддахои психотропй ё прекурсорхо, моддахои сахттаъсир ё захролуд рох додааст (м. 206(1) КЧ ЧТ).

10. Шахсе, ки ба интиколи воситахои нашъадор, моддахои психотропй, прекурсорхои онхо, хаммонанди (аналоги) нашъаовар машгул мебошад (м. 289 КЧ ЧТ).

Шахсони содиркардаи чинояти марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар вобаста содиркунии кирдор ва тарзи амали намудани харакатхои чиноии худ пайхои хос ва гуногунро бокй мегузоранд. Бинобар ин, махз аз руйи пай муайян намудани мумкин аст, ки чинояткор аз бо кадом тарз чиноятро содир намуда ва ва аз руйи кадом моддаи КЧ ЧТ бандубаст мешавад. Масалан, агар аз хавлй ё майдони зироатпарварй бутта ва ё кисме аз зироатхои дорои моддахои нашъадори кишташон манъшуда дарёфт шавад, пас тахминан маълум мегардад, ки шахс ба парвариши чунин зироатхо машгул машгул мебошад (м. 204-и КЧ ЧТ) [6] .

Маъмулан, шахси содиркунандаи чинояти марбут ба гардиши гайриконунии воситахои нашъаовар, маводи психотропй (равонангез) ва монанди инхо пайе бокй мемонад, ки ба гузаронидани чорабинихои оперативй-чустучуй ва тафтишй оид ба ошкор кардани чиноят мусоидат мекунад.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

Дар адабиётхои назариявй вобаста ба пайхое, ки пас аз соришавии чинояти гардиши гайриконуни маводи нашъаовар бо^и мемонад, андешахо зиёд мебошад. Бештар ба пайхое, ки дар мавриди амалй намудани амалхои тафтишй ва гузаронидани чорабинихои оперативй-чустучуй ошкор мегарданд, мухакикони соха инхоро шомил медонанд:

- пайе, ки дар раванди истехсоли маводи мухаддир пайдо мешаванд;

- пайе, ки хангоми истеъмол ё истифодаи воситахои нашъаовар, маводи психотропй (равонангез) ва монанди инхо шакл мегиранд [7, с. 494].

Дар тамоми навъхои номбаршуда, маъмулан, пайи маводи мухаддир мебошад. Хдмин тавр, осоре, ки дар раванди тайёр кардани воситахои нашъаовар ба вучуд меоянд, маъмулан, дар ашёи рузгордорй (асбобу лавозимоти ошхонай ва рузгордорй) бокй мемонанд. Осоре, ки дар раванди нигохдорй, интикол ва фуруши маводи мухаддир дар боргунчхо, зарфхои шишай, куттихо, чузвдон, чомадон, когазпечхои бастабандишудаи Zip-Lock бокй мемонанд. Осоре, ки хангоми истеъмоли воситахои нашъаовар, маводи психотропй (равонангез) ва монанди инхо пайдо мешаванд, осоре мебошанд, ки дар намуди истифодашуда аз чониби шахси истеъмолкунанда бокй мемонанд. Ба ин гурух метавон асари чарохат, сузандору ва сузанро дохил кард [8, с. 105]. Осори маводи мухаддир хамчунин дар ашёи гуногуне бокй мемонанд, ки аз чумла инхоянд: ашёе, ки хангоми омода кардани нашъа истифода мешавад ва ашёе, ки хангоми истеъмолу истифода ба кор бурда мешаванд [9, с. 147].

Объектхои хамлунаклии почтахо метавонанд намудхои зерини иттилооти тафтиширо дар бар гиранд: - пайи даст, ки дар берун ва сатхи дарунии лифофаи почта, вараки мактуби дарбаргирандаи замимаи почта, бастаи маводи мухаддир, барчасп ва наворчасп (бандерол) бокй мондааст. Яке аз усулхои муфиди ошкор кардани пайи даст дар сатхи бастаи интиколшавандаи почта тамиз кардани он ба воситаи буги йод, коркард бо махлули

ингидрид (барои воситахои когазй), хамчунин, ба воситаи буги сианоакрилиат (барои ашёи полиметрй) мебошад; навиштачоте (дастнависи шахс), ки дар тарафи пеши лифофа, бастабанди дорои мазмуни почта (мактуб, рукъа) мавчуд аст. Дар асоси ташхиси мактубе, ки осори зиёди иттилоотиро дар бар дорад, накшаи тафтишй тартиб дода шуда, монандсозии навиштачот ба дастнависи шахси гумонбаршуда гузаронида мешавад; осори трасологй, объектхое, ки ашёи дорандаи маводи мактубй ба хисоб меравад, бастахои дорандаи воситахои нашъаовар (кисме аз рузнома, мачалла, бастахои полимерй).

Дар раванди кори ояндаи тафштишот, хангоми ошкор шудани кисмхои ашёи номбаршуда аз шахси гумонбар, метавон шакли комили ашёро аз руйи кисмхои алохидаи он муайян сохт; осори биологй, ки ба он оби дахони шахс дар дахонаи мактуб, муй, маводи чарбуй дар сатх ва дохили мактуб ва бастаи маводи мухаддирдошта мансуб аст. Объектхои мазкур метавонанд барои муайян кардани гурухи хуни шахс, чинсияти гумонбаршаванда, аломатхое, ки аз беморихои гуногун ба вучуд омадаанд, хамчунин муайянсозии шахсият (ташхиси ДНК) кумак расонанд; объектхои хурд: микрофибрхои табий ва синтетикй, ки дар мактуби ирсолй чойгиранд. Дар натичаи санчиши объектхои номбаршуда метавон шахсияти гунахкорро муайян кард [10, с. 80].

Хднгоми муайяннамоии пайхои чиноятхо марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар бояд ба холатхои зер ахамият дода аз чунин усулхо истифода намуд: хангоми чамъоварии ашёи хом - ташкили мухофизон, назорат, огох кардан; хангоми нигахдорй ва интикол - истифодабарии бастахои махсус ва чойхои пинхонй; хангоми истехсол -нест кардани пасмондахо, пай дар тачхизот ва олоти истифодашуда; хангоми тасарруф - нест кардан ё калбакй сохтани хуччатхо, хамчунин калбакй сохтани дорухо.

Кдйд намудан зарур аст, содиршавии чиноятхо марбут ба гардиши

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

гайриконунии маводи нашъаовар дар шакли тасарруфи маводи нашъаовар аз чониби ашхоси аз лихози моддй масъул (масъул ба нигахдории ин мавод) дар санадхои марбути бакайдгирй, нигахдорй, асноди кабул ва супоридани доруворй ва ё истифодаи онхо нишона (пай)-хо бокй мегузорад.

Шароитхое, ки барои содир кардани чиноятхои зикршуда мусоидат мекунанд, - коидавайронкунй дар сохаи истехсоли дорухои мухаддир, психотропй (равонангез), саъхттаъсир ва захрнок, дар сохаи нигахдорй, бакайдгирй, ба даст овардани воситахои мазкур, набудани мухофизати кофй хангоми интикол ва нигахдорй ва гайра ба шумор меравад.

Агар мо мушаххасан ба хар як амали ичронамудаи чинояткори чинояти марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар назар афканем, метавонем, пайи ходисаи чинояти мазкурро ба чунин гуруххо чудо намоем:

- Осор (пай)-и истехсол (парвариш)-и ашёи хом ва тайёр кардани маводи мухаддир;

- Осор (пай)-и хамлунакл, нигахдорй ва фуруши маводи мухаддир;

- Осор

(пай)-и

истеъмол

(истифода)-и маводи мухаддир.

Хднгоми истехсоли дастй, омода ва коркарди маводи мухаддир дар ашёе, ки дар раванди истехсол аз онхо истифода шудааст (вазнахо, гушткимакунак, дастгохи кахваомодакунй, исканча, элак, баргакгирак, зарфхо, кордхо ва гайра) заррахои маводии мухаддирдор бокй мемонад.

Хднгоми нигахдорй, хамлунакл, интикол ва фуруши маводи мухаддир ашё ва боргунчхои гуногун истифода мешавад, ки маводи мухаддир ва ё осори мавчудияти он дар онхо метавонад мушохида шавад.

Баъд аз истеъмол (истифода)-и маводи мухаддир бо истифода аз ашё ва маводи махсус дар чои ходиса сузан, сузандору, пахта, дока, куттихои сигор ва бастахои холй метавон ёфт, ки осори маводи мухаддири истифодашуда дар онхо мавчуд аст.

Хднгоми ворид кардани маводи мухаддир ба воситаи сузандору осор ва захми он дар бадан ва шохрагхо бокй мемонад. Еайр аз ин, дар луоби дахон, пешоб ва хуни нашъамандон низ метавон осори маводи мухаддир мушохида кард. Пай (осор)-и маводи мухаддирро хамчунин дар зери пусти гумонбаршудагон, дар руи дастхо, пешонй ва холигихои дахон пайдо кардан мумкин аст. Аз руйи киёфаи зохирй ва рафтор низ метавон шахси дар холати нашъамандй карордоштаро муайян кард.

Хднгоми чустучу бояд ба дарёфти ашёи зерин диккат дода шавад:

- маводи нашъаовар;

- растанихои нашъадор ва партовхои дар вакти омодакунии маводи мухаддир хосилшуда;

- олоту ашё ва асбобхо барои аз растанихо омода кардани маводи нашъаовар дар гушткимакунак, кахвапазак ва гайра бо нишонахои коркарди кукнор, асбобхои майдакунй ва бехтани баргу дигар ксимхои бангдона, инчунин барои фишурдану ба шакли муайян даровардани хашиш - асбоби фишоранда, домкрат ва гайра, ки дар он бокймондани осори коркарди бангдона мумкин аст;

- зарфу маводи гуногун барои бастабандй (полиэтилен, селофан, парчин ва г.), ки монеъи пахншавии буйхои мухталиф мешаванд [11, с. 219-220].

Хулоса, осори чинояти

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

тафтишшавандаро метавон ба якчанд гурух чудо кард, ки асоситаринашон иборатанд аз: - осори тайёр намудан, нигохдорй, интикол, фуруш ва ба даст овардани воситахои нашъаовар ё маводи психотропй; - осори истифодаи онхо; -осори таъсири воситахои нашъаовар ё маводи психотропй дар организми инсон ва гайра. Ба осоре, ки аз омода шудани воситахои мазкур дарак медиханд, шайъхои гуногун тааллук доранд:

гушткимакунак,

дастгохи

омодакунии кофе, исканча, кордхо, панчарахо, элак ва гайра, ки бо чузъхои рустанй олуда шудаанд;

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 2 (58). 2023

- тампонхои гуногун, бандина, дока ва монанди инхо, ки бо маводи тира олуда шудаанд;

- маводи мухаддире, ки дар таркибашон рустанИ доранд: дорухои тиббИ ва ашёи хом (эфедрин, солутан ва монанди инхо);

- моддахои кимиёИ (атсетон, толуол ва гайра). НигахдорИ ва интиколи воситахои нашъаовар ё маводи психотропИ аз як макон ба макони дигар, маъмулан ба воситаи бастахои махсус ё мутобикшуда (когазИ, селофан) ё боргунчхо (филиззИ, шишагИ) амалИ мегардад.

Аз ин ру, дар онхо аксар вакт пайи ангуштони даст, кабатхои мавод, микрообъектхои гуногун, хамчунин худи воситахои нашъаовар бокИ мемонад (дар катхо, дарзхо ва кунчхои баста, дар каф ва

ангуштони даст ва хатто дахони истеъмолкунанда). Дар истифода (истеъмол)-и воситахои нашъаовар метавон пайи тазрик (сузандору)-ро дар намуди раххои нуктахурд ва нуктабузург мушохида кард ва дар 25 холати алохида -раххои бузурги бо хам наздику омехтаанд. Мавчудияти чунин раххо дар шохраг аз истифодаи мунтазами воситахои доруй ё нашъаовар дарак медиханд. Бояд дар назар гирифт, ки чунин пайхо дар дигар узвхои бадани инсон метавонад вучуд дошта бошад. Бо максади пинхон кардани чунин пайхо, шахси нашъаманд аксар вакт дар фосилаи миёни ангуштон, чарохатхои бадан ва чойхои дигари бадан, ки камаён ва ё аён намебошанд, сузандору мегузаронанд. Окибатхои таъсири воситахои нашъаовар дар организми инсон дар тагйироти хаётии бадани инсон зохир мешаванд.

Адабиёти истифодашуда

1. Стратегияи миллй оид ба назорати маводи нашъаовар дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2030 // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: https://akn.tj/2021/04/15/national-drug-control-strategy-of-the-republic-of-tajikistan-for-2021-2030/ (санаи мурочиат: 24.04.2023).

2. Криминалистика: китоби дарсй / Назаров АД., Ямакова З.Д., Крдиров Д.С., Давлатов Д.Д.. - Душанбе, 2019. - 708 с.

3. Криминалистика социалистических стран / Белкин Р.С., Гельбиг В., Говорка Х., Зуйков Г.Г., [и др.] / под ред., Коробейников Б.В., Корухов Ю.Г., Лузгин И.М., Противински М., Самыгин Л.Д., Селиванов Н.А., Цеков Ц., Штельцер Е., Яблоков Н.П. -М.: Юридическая литература, 1986. - 512 c.

4. Анапольская, А.И., Характеристика типичных способов и следов совершения преступлений, связанных с незаконным оборотом наркотиков / А.И. Анапольская // Евразийский Союз учены (ЕСУ): Юридические науки. - 2015, - № 8 (17). - С. 136-138.

5. Железняк, А.С. Материальные следы - важный источник криминалистической информации: понятие, процессуально-правовая природа: лекция / А.С. Железняк. - Омск: Высшая школа милиции. 1975. - 30 с.

6. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз 21-уми майи с. 1998, № 574 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1998, № 9, мод.68, мод.69, № 22, мод.306; КЧТ аз 17.12.2020 № 1730, аз 20.04.2021 № 1776, аз 23.12.2021 № 1809, аз 19.07.2022 № 1895, аз 19.07.2022 № 1896.

7. Криминалистика: учебник / Челышева О.В., Сотников К.И., Лутошкин Г.Ю. [и др.] / под общ. ред. Челышевой О.В. - СПб.: Р-КОПИ, 2017. - 579 с.

8. Ширяев, А.В. Криминалистическая характеристика преступлений в сфере незаконного оборота наркотиков / А.В. Ширяев // Уголовно-процессуальное производство: процессуальная теория и криминалистическая практика: Сборник материалов всероссийской научно-практической конференции, посвященной 10-летию кафедры уголовного процесса и криминалистики Пермского института ФСИН России, Пермь, 28 октября 2020 года / Составитель Л.М. Фетищева. - Пермь: Пермский институт Федеральной службы исполнения наказаний, 2021. - С. 99-105.

9. Кодирзода Д.С. Методикаи тафтиши чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин: китоби дарсй / Д.С. Кодирзода. - Душанбе, 2021. - 492 с.

10. Игнатенко, Е.А. Криминалистическая характеристика преступлений, связанных с незаконным перемещением наркотических средств в почтовых отправлениях (по материалам практики органов наркоконтроля дальневосточного федерального округа) / Е.А. Игнатенко. - Тамбов: Грамота», 2011, - № 6 (12). В 3-х частях. Ч. 3. - С. 79-82.

11. Кодирзода, Д.С. Хусусиятхои тактикаи амалхои ибтидой ва минбаъдаи тафтишй дар мавриди тафтиши парвандахои марбут ба гардиши гайриконунии маводи нашъаовар / Д.С. Кодирзода // Фаъолияти хукукэчодкунй. - 2022. - № 1. - С. 217-225.

References

1. National strategy for drug control in the Republic of Tajikistan for 2021-2030 // [Electronic resource] - Access mode: https://akn.tj'/2021/04/15/national-drug-control-strategy-of -the-republic-of-tajikistan-for-2021 -2030/ (date of application: 24.04.2023).

2. Criminalistics: a textbook / Nazarov A.Q., Yamakova Z.D., Qodirov D.S., Davlatov D.D. - Dushanbe, 2019. - 708 p.

3. Criminalistics of socialist countries / Belkin R.S., Gelbig V., Govorka H., Zuykov G.G., [and others] / ed., Korobeinikov B.V., Korukhov Yu.G., Luzgin I. M., Protivinsky M., Samygin L.D., Selivanov N.A., Tsekov Ts., Stelzer E., Yablokov N.P. - M.: Legal literature, 1986. - 512 p.

4. Anapolskaya, A.I., Characteristics of typical methods and traces of committing crimes related to drug trafficking / A.I. Anapolskaya // Eurasian Union of Scientists (ESU): Legal sciences. - 2015, - No. 8 (17). - Р. 136-138.

5. Zheleznyak, A.S. Material traces are an important source of forensic information: concept, procedural and legal nature: lecture / A.S. Zheleznyak. - Omsk: Higher School of Police. 1975. - 30 p.

6. Criminal Code of the Republic of Tajikistan from May 21, p. 1998, No. 574 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, p. 1998, No. 9, Article 68, Article 69, No. 22, Article 306; State Government No. 1730 dated 17.12.2020, No. 1776 dated 20.04.2021, No. 1809 dated 23.12.2021, No. 1895 dated 19.07.2022, No. 1896 dated 19.07.2022.

7. Criminalistics: textbook / Chelysheva O.V., Sotnikov K.I., Lutoshkin G.Yu. [and others] / ed. ed. Chelysheva O.V. - St. Petersburg: R-KOPI, 2017. - 579 p.

8. Shiryaev, A.V. Forensic characteristics of crimes in the sphere of drug trafficking / A.V. Shiryaev // Criminal procedure: procedural theory and forensic practice: Collection of materials of the All-Russian scientific and practical conference dedicated to the 10th anniversary of the Department of Criminal Procedure and Criminalistics of the Perm Institute of the Federal Penitentiary Service of Russia, Perm, October 28, 2020 / Compiled by L.M. Fetishchev. - Perm: Perm Institute of the Federal Penitentiary Service, 2021. - P. 99-105.

9. Kadirzoda D.S. Methodology of investigation of serious and especially serious crimes: textbook / D.S. Kadirzoda. - Dushanbe, 2021. - 492 p.

10. Ignatenko, E.A. Forensic characteristics of crimes related to the illegal movement of narcotic drugs in the mail (based on the practice of drug control authorities of the Far Eastern Federal District) / E.A. Ignatenko. - Tambov: Diploma, 2011, - No. 6 (12). In 3 parts. Part 3. - Р. 79-82.

11. Kadirzoda, D.S. Features of the tactics of initial and subsequent investigative actions in the investigation of cases related to the illegal circulation of narcotics / D.S. Kadirzoda // Lawmaking activity. - 2022. - No. 1. - Р. 217-225.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.