Научная статья на тему 'САҲМИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛқИИ ИТТИҲОДИ ШӯРАВӢ ҶӯРАБЕК МУРОДОВ ДАР ТАҲКИМИ ДӯСТИИ ХАЛқҲО'

САҲМИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛқИИ ИТТИҲОДИ ШӯРАВӢ ҶӯРАБЕК МУРОДОВ ДАР ТАҲКИМИ ДӯСТИИ ХАЛқҲО Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
117
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ҶӯРАБЕК МУРОДОВ / ҲУНАРПЕШАИ ХАЛқИИ ИТТИҲОДИ ШӯРАВӢ / САФАРҲОИ ЭҷОДӢ / СОҲИБИСТИқЛОЛӢ / СИЁСАТИ ФАРҲАНГӢ / ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ / ТАҲКИМИ ДӯСТӢ ВА РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Набизода Ваҳҳоб Машраф

Дар мақола саҳми Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи маводи мӯътамад фаъолияти Ҷӯрабек Муродовро ҳамчун тараннумгар ва сафири дӯстии халқҳо инъикос намудааст. Қайд карда мешавад, ки сафарҳои чандинкаратаи эҷодии ҳофиз ба хориҷа, аз ҷумла Афгонистон, Эрон Ҳиндустон, Ирок,, Лубнон, Сурия, Канада, Булгория, Исроил, Таиланд, Америка ва дигар кишварҳо таҳкимбахши дӯстии халқҳо мебошад. Таваҷҷӯҳи хоса ба бозтоби фаъолияти эҷодии Ҷӯрабек Муродов дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дода шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTRIBUTION OF PEOPLE'S ARTIST OF SOVIET UNION JURABEK MURODOV INTO STRENGTHENING FRIENDSHIP OF PEOPLES

The article dwells on the issue dealing with the People's Artist of the Soviet Union Jurabek Murodov's contribution into strengthening friendship and cultural ties between Tajikistan and the countries of near and far abroad. Desinging on the premise of reliable materials the author of the article canvasses Jurabek Murodov's activities as a chanter and ambassador of the friendship of peoples.It is underscored that the singer's repeated creative, foreign trips, including to Afghanistan, Iran, India, Iraq, Libya, Suria, Canada, Bulgaria, Israel, Thailand, America and other countries strengthen the friendship of peoples. Particular attention is paid to Jurabek Murodov's activities coverage under the conditions of the sovereignty of Tajikistan.

Текст научной работы на тему «САҲМИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛқИИ ИТТИҲОДИ ШӯРАВӢ ҶӯРАБЕК МУРОДОВ ДАР ТАҲКИМИ ДӯСТИИ ХАЛқҲО»

ТДУ 327. С.

DOI:10.51844-2077-4990-2022-2-39-45

СА^МИ

ХУУНАРПЕША И ХАЛЦИИ ИТТИХ^ОДИ ШУРАВИ чурабекмуродов ДАР ТА^КИМИ ДУСТИИ ХАЛЩО

ВКЛАД НАРОДНОГО АРТИСТА СОВЕТСКОГО СОЮЗА ДЖУРАБЕКА МУРОДОВА В УКРЕПЛЕНИЕ ДРУЖБЫ

НАРОДОВ

CONTRIBUTION OF PEOPLES ARTIST OF SOVIET UNION JURABEK MURODOV INTO STRENGTHENING FRIENDSHIP OF

PEOPLES

Набизода Ва^^об Машраф, д.и.т, профессори кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Набизода Ваххоб Машраф, д.и.н., профессор кафедры отечественной истории и археологии ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

Nabievzoda Vahob Mashrafovich, Dr. of History, Professor of the department of home history and archeology under th SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: v.m.nabiev@mail.ru

Вожа^ои калиди: Чурабек Муродов, Хунарпешаи халции Иттщоди Шурави, сафаруои эцоди, соуибистицлоли, сиёсати фаруанги, уамватанони бурунмарзи, таукими дусти ва робитауои фаруанги

Дар мацола сауми Хунарпешаи халции Иттиуоди Шурави Чурабек Муродов дар таукими дусти ва робитауои фаруангии Тоцикистон бо кишваруои хорицаи дуру наздик мавриди барраси царор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи маводи муътамад фаъолияти Чурабек Муродовро уамчун тараннумгар ва сафири дустии халцуо инъикос намудааст. Кайд карда мешавад, ки сафаруои чандинкаратаи эцодии цофиз ба хорица, аз цумла Афгонистон, Эрон Хиндустон, Ироц, Лубнон, Сурия, Канада, Булгория, Исроил, Таиланд, Америка ва дигар кишваруо таукимбахши дустии халцуо мебошад. Таваццууи хоса ба бозтоби фаъолияти эцодии Чурабек Муродов дар даврони соуибистицлолии Тоцикистон дода шудааст.

Ключевые слова: Джурабек Муродов, Народный артист Советского Союза, творческие поездки, певец мира и единства, государственная независимость, культурная политика, зарубежные соотечественники, укрепление дружбы, культурные связи

В статье рассматривается вклад Народного артиста Советского Союза Джурабека Муродова в укрепление дружбы и культурных связей Таджикистана со странами ближнего и дальнего зарубежья. Автор на основе достоверных материалов освещает деятельность Джурабека Муродова как воспевателя и посла дружбы народов. Отмечается, что неоднократные творческие, зарубежные поездки певца, в том числе в Афганистан, Иран, Индию, Ирак, Ливию, Сирию, Канаду, Болгарию, Израиль, Таиланд, Америку и другие страны, способствуют укреплению дружбы народов. Особое внимание уделяется освещению деятельности Джурабека Муродова в условиях суверенитета Таджикистана.

Key words: Jurabek Murodov, Peopled Artist of the Soviet Union, creative trips, singer of peace and unity, friendly concerts, creative evening, state independence, cultural policy, foreign compatriots, strengthening friendship and cultural ties

The article dwells on the issue dealing with the Peopled Artist of the Soviet Union Jurabek Murodov^s contribution into strengthening friendship and cultural ties between Tajikistan and the countries of near and far abroad. Desinging on the premise of reliable materials the author of the article canvasses Jurabek Murodov^s activities as a chanter and ambassador of the friendship of peoples.It is underscored that the singers repeated creative, foreign trips, including to Afghanistan, Iran, India, Iraq, Libya, Suria, Canada, Bulgaria, Israel, Thailand, America and other countries strengthen the friendship of peoples. Particular attention is paid to Jurabek Murodov^s activities coverage under the conditions of the sovereignty of Tajikistan.

Тамаддуни чахонй собит менамояд, ки номи хар як халку миллат дар сахифахои таърихи башар тавассути илму фарханг ва санъати хунари воломакомаш сабт мешавад.

Бузургии халку миллат, пеш аз хама бо он муайян ва маънидод карда мешавад, ки дар пешрафти илму тамаддуни олам чй сахме гузоштааст ва чй ганче ба хазинаи ин тамаддун ворид кардааст, чй гуна арзиш дорад.

Тачассуми равшани он зиндагиномаи санъаткори барчастаи миллат, Артисти халкии СССР, барандаи Ч,оизаи давлатии Точикистон ба номи Абуабдуллох Рудакй Ч,урабек Муродов мебошад.

Дар паёми табрикии Раиси Шурои Олии Точикистон, сарвари давлати точикон Эмомалй Рахмон бахшида ба 50-солагии Чурабек Муродов (24-уми декабри соли 1992) гуфта шудааст: «Ч,урабеки азиз! Сахми гаронбахои Шуморо дар инкишофи маданиятамон, бунёди маънавии халкамон, чавонон имруз махсус кайд карданием. Бо истеъдоди нотакрори сарояндагй ва махорати охангсозии ба худатон хос Шумо барномахои рухпарвару дилошуб офаридаед. Солхои зиёдест, ки суруду охангхои Шуморо дар водихои Х,исору Вахш, Хатлон, Фаргонаю ^аротегин ва Зарафшону Бадахшон бо шавку хавас месароянд.

Махорати баланди эчодиатон, ки бо сифатхои начиби инсонй- чуяндагй, мехнатдустй, инсонпарастй, дустию рафокат, хулку одоби хамида пайваст гаштаанд, бароятон, беруни чумхурй, хам майдони васеъ кушоданд. Махсусан дар чумхурихои Узбекистон, ^иргизистон, Туркманистон ва ^азокистон санъати Шуморо мухлисона мепарастанд ва баланд кадр менамоянд. Ба камтарин истеъдодхо такдир шудааст, ки хунарашон то ба дарачаи тамошобинони гуногунзабон, гуногунфарханг, гуногунмазхаб ва гуногунанъана писанд оянду тавонанд шурати санъати миллаташонро ба арсаи васеи байналхалкй бардоранд. Хушбахтона, Шумо ба чунин саодат сарбаландона расидед.

Сафархои чандинкаратаи эчодии Шумо ба хорича, аз чумла Афгонистон, Эрон, Х,индустон, Ирок, Лубнон, Сурия, Канада, Булгория, Таиланд, Амрико ва дигар кишвархо тасдики чунин акидахоянд» [8, с.333-334].

Дар таквияти ин гуфтахо Арбоби санъати Ч,умхурии Точикистон, доктори илмхои таърих, профессор Аскаралй Рачабов навиштааст «Устод Чурабек Муродов хунарманди фазояндаю аз чехрахои бисёр ошно дар фазои мусикии Осиёи Марказй, Шарки Миёнаю Наздик ва берун аз он аст, ки точикро точикона, чун мардуми фархангсозу фарханговар муаррифй менамояд. Суруду шеваи махмалиничрои у хамсадои дили шунаванда ва хамрадифи суннатхои дерину асилэчодию асиличроии дирузу имруз аст» [3].

Яке аз омилхои асосии дар вучуди хар фарди точик пайдо гардидану кувват гирифтани хисси ифтихори миллй низ махсули дар олам эътирофгардидаи захмати зехнию аклонии фарзандони болаёкату сохибистеъдоди миллаташ ба шумор меравад.

Устод Ч,урабек Муродов тараннумгар ва сафири дустии халкхост. Агар дар сурудхояш дустии халкхоро васф намояд, сафархои хунарию мулокотхо бо намояндагони халку миллатхои гуногун васлгару тахкимбахшандаи дустию рафокат мебошад.

Мохи майи соли 1967 дар Рузи миллии Точикистон дар намоишгохи «ЭСКПО- 67» (шахри Монреал) хайати вакилони точикистонй бо рохбарии Раиси Шурои Вазирони Ч,ШС Точикистон Абдулахад ^аххоров иштирок доштанд. Ба хайати вакилон хамчунин эчодкорони чавони Точикистон Ахмад Бобокулов, Махмудчод Вохидов, Ч,урабек Муродов, Гавхар Мирчумъаева, Рауф Азаматов шомил буданд.

Боиси зикр аст, ки Раиси Шурои Вазирони Ч,ШС Точикистон Абдулахад ^аххоров нисбат ба чавонони эчодкор падарона гамхорй мекарданд. Дар мехмонхонаи «Торонто»- и Канада низ ба эчодкорони чавон, аз чумла Ч,урабек Муродов ва Махмудчон Вохидов сухбат ороста буданд.

Сухбату лафзи шакарбори пири ботадбир, инсони хирадманд Абдулахад ^аххоров бо чавонони саодатманд, ки онхо дар халкаи заррини панди пири окилу доно буданд, он лахзахо мубодилаи афкори тарафайн мисли шири сафеди чушида дам мезад.

Х,ам Ч,урабек Муродов, хам Махмудчон Вохидов чунон нотакрор хунарнамой мекарданд, ки гуё садои овози онхо аз чашмахои софи кухи сарбаланди точик фаввора мезаданд.

Фархангсолор Абдулахад ^аххоров дилсузона таъкид намуд, ки «Ч,урабек овозашро бояд хатман эхиёт кунад. Ч,урабек, Махмудчон, Малика баринхо ахён- ахён пайдо мешаванд. Бояд донед, ки истеъдоди нотакрори шумо танхо ба худи Шумо мансуб нест, ин сарвати миллй аст. Ин масъулиятро хар лахза шахси сохибистеъдод ухдадор аст, ки хис кунад» [2, с.187].

Дар арафаи сафар ба Монреал вассофи сулху вахдат, Шоири халкии Точикистон Мирзо Турсунзода ба Ч,урабек Муродов шеъри «Ватан»- и худро доданд. Истеъдоди баланди Ч,урабек Муродов боис гардид, ки дар як шаб ба ин шеър оханги чозибе эчод намояд. Суруди «Ватан» дар барномаи консертй ичро карда шуд. «Вакти сурудхонй» - ёдоварй менамояд Ч,урабек Муродов, чашмаи ба як зумра тамошобинон афтод, ки ашк мерехтанд. Хдйрон шудам. Пасон

маълум шуд, онхо точикон будаанд, ки дар шахри дигар (Ню-Йорк-В.Н) зиндагй мекарданду х абари омадани моро шунида ба ин чо омадаанд. Мо онхоро бо нону мавизи Точикистон муроот кардем.

Онхо нонро нахурданд. «Тааччуб накунед. Мо бо худ мебарем, ба хешу таборамон таксим мекунем, чун ёдгории Ватан нигох медорем...» [1].

Хар сафари хунарии Ч,урабек Муродов ин, пеш аз хама сафар ба худ, ба олами худ, сипас ба дилхои дигар ва оламхои дигар буд. Дар урфият мегуянд, ки то худро нашиносй дигаронро намедонй.

Сафархои хунарии Ч,урабек Муродов ба кишвари афсонавии Х,индустон тахкимбахши дустии халкхои точику хинд мебошанд.

Мулокоти Ч,урабек Муродов бо Сарвазири Х,индустон Индира Гандй хеле хотирмон буд. Индира Гандй бо як мехр изхор кард, ки Шумо чй кадар ба писарам Рочив монанд хастед. Гуё як себи ду кафон! Худо дар панохаш нигох дорад.

Ч,урабек Муродов Индира Гандиро модархонди худ мехисобид.

Дигар аз хотирахои ширини устод Ч,урабек аз сафархояш ба Хиндустон ин вохурй бо фарзанди фарзонаву баруманди ин кишвар Рач Капур буд.

- Бисёр мехостам бо ин хунарманди нотакрори Х,инд вохурам, сухбат кунам ва аз руи таомули точикон ба у чомаву токй пушонам. Вале ин хеч ба ман муяссар намешуд. Ё у дар сафар буд, ё дар ягон чаласа уро ба дигар кишвархо даъват доштанд. Насиб будааст дар сафари сеюми худ ба сарзамини Х,инд уро дучор омадам. Аммо, ноомади корро бинед, ки ин сафар чомаю токии ба ният гирифта мондаамро нагирифта будам. Он гох чомаю токии худамро, ки мебоист хангоми сароидани сурудхои миллй мепушидам, ба у такдим кардам. Рач Капур аз ин бисёр шод шуд ва ба ман асбоби мусикии кадимаи хинд сеторро барои хотира аз худ хадя кард. Мо хамрох расм гирондем, ки он дар хазинаи суратхоям нигох дошта мешавад ва бароям хеле азиз аст.

Дар консерти дустй суруде хондам, аз филми машхури «Сангам». Рач Капур дар катори пеш ба пириву бемории худ нигох накарда менишаст. Ба вачд омада аз чо бархост, сахна баромаду даст ба китфам бурд ва бо ман хамовоз шуд:

Точикистон - Хиндустон, Сангам- Сангам,

Душанбе- Дехлй, Сангам - Сангам.

Дар ин консерт 50 хазор тамошобин аз чой хеста, ба эхтироми ин ду хофиз ва нафакат он ду хофиз, балки ду халку ду кишвар ба кавли Хофиз «дастафшону пойкубон» ахсанту офаринхо мехонданд: Сурудхои Ч,урабек миёни халкхои дунё чун рамзи якдиливу мухаббат ва сидку вафодорй хизмат мекунад, дилхоро ба хам мепайвандад, зебоихоро ба хам карин месозанд.

Рач Капур дар он консерт миёни толор гуфта буд: Ман дар вакташ аввалин шуда аз санъатварон пули дустии Иттифоки Шуравию Хиндустонро барпо карда будам, имруз Ч,урабек миёни Хиндустону Точикистон чунин шохпуле сохт [8, с.205-207].

Добили кайд аст, ки хар як сафари эчодй аз камолоти махорати сарояндагии Ч,урабек Муродов шаходат медод. Бино бар ин рохбарияти Ч,ШС Точикистон ба истеъдоди беназири Ч,урабек Муродов таваччухи хоса медоданд.

Гамхории дилсузонаи котиби якуми Хизби коммунистии Точикистон Ч,аббор Расулов хангоми ба унвони Артисти халкии СССР пешниход кардани Ч,урабек Муродов баръало хис карда мешуд. Соли 1978 макомоти Ч,умхурии Точикистон Ч,урабек Муродовро барои дарёфти унвони Хунарпешаи мардумии Иттифоки Шуравй пешниход намуд. Дар Вазорати маданияти ИЧ,ШС хуччатхоро гирифта бошанд хам, таклифи чумхуриро дастгирй накарданд. Бахонаашон он будааст, ки Муродов дар консерватория нахондаасту маълумоти олии касбии мусикй надорад. Чунин беэътиноии мансабдорони Москва ба иззати нафси рохбарони Точикистон расид. Онхо бо исрор талаб карданд, ки дар Москва шаби эчодии Ч,урабек Муродов ташкил карда шавад. Шаби эчодии номбурда бояд дар Театри эстрадии шахри Москва дар нимаи мохи декабри соли 1978-ум баргузор мешуд.

Он лахзахои такдирсозро Ч,урабек Муродов чунин ёдоварй мекунад: «Дар он давра асосан барои хунармандони операву балет, барои накшофаринй яъне актерони театру кино унвони Артисти халкии СССР дода мешуд. Хофизони мардумй, ки сурудхои халкй месароиданд, бо чунин унвон сарфароз намешуданд. Вакте номзадии маро барои дарёфти ин унвони муътабар пешниход карданд, шуруъ карданд ба нависонавис ва номахои баимзову беимзо ба мукобили

ман, ба Вазорати фарханги СССР. Вазорат баъди шаш мох номзадии маро рад кард. Чаббор Расулов, рохбари онвактаи чумхурй сахт ранчид, ки чаро як чумхурй пешниход мекунад, вале марказ нодида мегиранд. Соли 1978 маротибаи дувум номзадии маро пешниход карданд. Аммо шарт гузоштанд, ки имтихон супорам. 12 декабри соли 1978 дар театри эстрадаи Маскав консерти хисоботии ман баргузор шуд. Барои гирифтани ин унвон хеч кас имтихон насупорида буд, танхо мани кухистонй 24 сурудро бо 18 забон барои ин консерт омода кардам. Зеро ин як консерти хисоботй не, балки имтихони махорати ман буд, аммо дар Маскав бояд ин барномаро ичро мекардам. Х,аво сард. Афишаву рекламаи кирой хам накарданд. Хавотирии ман дар он буд, ки оё билети консерт ба фуруш меравад ё на. Ман рафтам ба Маскав, аммо аз дастаи хунарй дарак набуд. Дастаи хунарй баъди мурочиати ман ба Чаббор Расулов як руз пеш аз баргузории консерт омад. Хулоса, барои санчиши махорати банда комиссияро дар хайати 17 нафар аз КМ Х,КИШ, Шурои вазирон, Вазорати маданият ва Назорати халкии СССР ташкил карданд. Бегох вакте ба махалли баргузории консерт омадем, толор пур аз тамошобин, хамаи билетхо фурухта шудааст. Як корманди хамон зол, як нафар зан, ки чил сол ончо кор кардааст, дар хайрат буд, ки толор барои як овозхони чумхурии дигар пур аз тамошобин шудааст. Шодравон Абдусалом Рахимов бо ду забон: русй ва точикй мачлисро мебурданд. Он вакт 36 сола будам. Консерт шуруъ шуд ва маро ба сахна хонданд. Ман бо шеъри «Суруди Рудакй шуд зинда акнун», ба сахна баромадам. Мисраи аввали онро дар паси парда ва бо мисраи дувуми он «Расида авчи Фирдавсй ба гардун» болои сахна омадам. Вакте руи сахна омадам, шояд аз бахту толеъ, лутфи Худои мехрубон буд, ки тамоми тамошобинон аз чо бархоста кафкубй мекарданд. Баъд сардори он комиссия, чонишини вазири маданияти СССР, профессор Кухарский «что еще за пророк?» гуфта, бо хабдах нафар аъзои комиссия хама аз чой бархостанд. Хулоса, консерт бисёр оличаноб баргузор шуд. Сафири Покистон, сафири Х,индустон, сафири Афгонистон руи сахна омада, маро табрик карданд».

Дар таквияти гуфтахои боло иштирокчии консерт, мудири шуъбаи маданияти КМ Х,КТ Холмурод Шарифов нигоштааст: «Коргардон ва барандаи барнома Хунарпешаи мардумии чумхурй Абдусалом Рахимов огози консертро бо «Суруди Рудакй» - и шеъри Мирзо Турсунзода, оханги Чурабек Муродов сар кард. Пас Чурабек сурудхои дилнишину машхури миллатхои гуногунро бо махорати баланду услуби нотакрори ба худаш хос паси хам чур мекард. Мардум дар толор уро бо эхсосоти хушу шавкмандй ва эхтироми том гуш мекарданд. Хдмин, ки суруди навбатй ба охир мерасид, толор аз зарби кафкубихои умум меларзид ва сароянда гулборон мешуд. Чунин истикболи самимонаи тамошобини ноозмуд ба Чурабек кувваю илхоми тоза мебахшид, уро рухбаланд менамуд ва сурудхоро бо дигар забонхо низ бо махорату завки баланд месароид. Аз чумла суруди узбекй «Ишонмайдур», сурудхои халкии русй «Калинка», Корабейники», «Буса» (ё «Сезарби Чурабек»), арманй «Мехак», озарй «^албим сендадур», афгонй «Худат гул», эронй «Ту сафар кардй», арабй «Лайлй», хиндй суруд аз филми «Сангам», туркманй «Угул тагсанчй», киргизй «Туморим», туркй «Фиребгар» (Алдамчй) ва гайра ба муштариён тухфа мегардиданд. Шаби эчодиашро Чурабек бо суруди «Туёна», ки аз ганчинахои санъати халки азизаш интихоб карда буд, анчом дод» [6, с.294-295].

Консерти хисоботии Чурабек Муродов тараннумгари дустии халкхо, ба хам омезиши фархангии байни миллатхо буд. Баъди такрибан ду мох Фармони Президиуми Шурои Олии СССР доир ба додани унвони фахрии Артисти халкии СССР ба Чурабек Муродов ба имзо расид. «Нихоят пас аз муддате чанд, - ёдовар мешавад Чурабек Муродов, пагохй занги телефон баланд шуд. Гушакро гирифтам: «Тебя от души поздравляю сынок» - касе бо забони русй. Хоболуд будам «спасибо» гуён гушакро мондам. Ва нохост як кад парида аз чо хестам. Донистам, ки ин овози Чаббор Расулов ва оби дидаам шашкатор шуд.

Худи хамон руз аз номи вазири маданияти СССР Демичев аз Маскав телеграммаи хукуматй омад [2, с. 210-211].

Устод Чурабек Муродов бар он аст, ки бе мухити рангини фархангй, бе махфилхову вохурию сухбатхое, ки дар пояи баланди кадршиносию эхтироми хамдигарй сурат мегирифтанд, дар гумон буд, ки у ба макоми волои санъати миллию чахонй сохиб ва мукофотхои давлатиашро, ки бозгуи хизматхои бардавомаш дар рушду таомули фарханги миллй мебошанд, мукофоти дустон, мухлисони бешумор ва халки азизи худ мешуморад.

Дар сафархои хунарии мамлакатхои хоричй устод Чурабек хар баромадашро бо суруди «Дустонро гум макун» (шеъри М.Турсунзода) огоз менамуд. Ин анъана хангоми сафар дар Япония низ ба вукуъ омад. Хунарпешагони точик дар 18 шахри Япония, аз чумла Токио, Обихиро, Кусиро, Саппоро, Эсаси, Хакодато, Угума, Факуоко, Тагаева, Ямагучи, Ако, Амазаки, Осака, Канагава ва гайра 23 консерт намоиш доданд.

Хунарнамоии санъаткорони точик дар хакикат гулдастае буд аз боги хамешабахори санъат. Ин гулдастаро тамошобинони чопон бо хушнудй пазируфтанд, аз таровати он бахра бурданд. Гулдастаи точикон рамзи дустии халкхо, рамзи сулхи пойдор дар руи чахон, рамзи рузгори гулобод ва хуррамй буд. Точикон ин гулдастаи ба гулбаргхои раксу таронахои рангини ороёфтаро дар зарфи як мох ба сокинони кишвари офтоббаро пешкаш намуданд.

Эхтироми чопонихо ба махорати воломакоми ситорахои санъати точик, бепоён аст. Далели ин гуфтахо хотираи Чурабек Муродов аз ин сафар. Устод Чурабек Муродов мегуяд: «Дар Токио духтарчаи хурдсоле ба назди мо омад».

- Ин кас нагз хастанд? - сурати Малика Собироваро нишон дода мепурсид у. Чавобдихй душвор буд, вале аз ин савол чои гурез набуд.

- Касе гуфт у дигар нест.

Аз чашмони духтарак чуи ашк равон шуд. Мо бо хохиши духтарак суратро оварда ба модари Малика додем.

Малика дар байни мо буд. Вале бисёрии мо намедонистем, ки Малика маликаи санъати халки мост [1].

Аълочии фарханг ва матбуот Азизмурод Шарифов бархак дар бораи махорати Чурабек мисрахои зерро иншо намудааст: «Истеъдоди Худодод аст, хам услуби хоси овозхонию охангсозй ва хам хислатхои хамидаи инсонии вай. Бешак, сифатхои эчодй бо сифатхои инсонй дар руху равони устод бо хам омезиш ёфтаанд. Чунин хислатхоро аксаран ба одамони чахонгаштаву чахондида мансуб медонанд. Шояд. Зеро ин сарояндаи мумтоз бо боли хунари хеш тавассути иштирок дар дахахои адабиёту санъат, консерту форумхои мухташами байналмилалй саросари чумхурихои собик Иттиходи Шуравй, Арабистон, Исроил, Испания, Фаронсаву Олмон, Япония, Хитой, Амрико, Африко, Мугулистон Афгонистон ва дигар кишвархои чахонро сипарида шухрати Точикистон ва миллати точикро ба пояхои баланд бардоштааст» [5].

Басе рамзист, ки соли 1990 Чурабек Муродов депутати халкии ЧШС Точикистон, раиси Комитети Шурои Олй оид ба фарханг, муносибатхои миллй, дустии халкхо интихоб шуд.

Дар он солхо барои чумхурихои Иттиходи Шуравй, аз чумла Точикистон нихоят солхои душвор буд.

Дар ЧШС Точикистон дар хама чода муносибатхо шиддат меёфтанд. Хусусан, дар байни намояндагони миллатхои гуногун муносибатхо тезу тунд мешуданд, хар гуна гуруххои ичтимой хамдигарро айбдор карда чониби якдигар санг мепартофтанд.

Чурабек Муродов хамчун раиси Комитети муносибатхои байни миллатхо барои бунёди марказхои маданию чамъиятии халкхои немис, тоторхои ^рим, арманхову кореягихо ва узбекони Точикистон сахми бевоситаи худро гузоштааст.

Устод Чурабек ифтихор дорад, ки бо обрумандтарину сарватмандтарин афрод, амсоли Индира Гандиву Рач Капур, Оятулло Хумайнй, Саддом Хусейн, Ахмад Зохирву Шачариён, Мирзо Турсунзодаву Бокй Рахимзода, Лоику Бозору Гулрухсор ва дигарон хамнишину хамсухбат шудааст.

Ахли адабй кишвархои гуногун ба истеъдоди вассофи дустй Чурабек Муродов бахои сазовор додаанд. Чунончй, дорандаи мукофоти ленинй, ^ахрамони Мехнати Сотсиалистй Чингиз Айтматов гуфтааст: «Додарам Чурабек!» Хар рах, ки як рах кадам занй тиллохез гардад!».

Олими точикшинос Манфренд Лоренс эхсосоти худро бо суханони «Мо немисхо хам хофизи машхури точик Чурабекро дуст медорем» баён намудааст. ^айсин Кулиев бошад фармудааст: «Азизи ман, Чурабек! Алхак, Шумо ромишгари барчастаед. Барои хунар ва матонататон ахсан!».

Даврони сохибистиклолии Точикистон ба рушди робитахои дустй ва фархангии чумхурй бо мамлакатхои хоричии наздик ва дур шароити мусоид фарохам овард. Санъаткорони точик бахри дар амал татбик намудани сиёсати фархангии Хукумати Чумхурии Точикистон камари химмат бастанд. Артисти халкии СССР Чурабек Муродов неруи эчодии худро барои боз хам тахким додани робитахои дустй ва фархангй равона кард.

Соли 1993 Чурабек Муродов озими давлати Исроил гардид. Чурабек Муродов дар халкаи дустони деринаи худ яхудиёни бухорй - Барно Исхокова, Михаил Кимёгаров, Рафоэл Толмасов, Борис Наматиев, Софя Бадалбоева, Шоиста Муллочонова, Малика ^аландарова, Илёс Гулкоров ва садхо дигарон сухан мегуфту дар чашми онхо ашк халка мезад.

Дар мехрномаи коркунони Театри мусикавию драмавии яхудиёни бухории ба номи хунарпешагони халкии ЧШС Точикистон Рафоэл Толмасов ва Гавриэл Муллокандови мамлакати Исроил- Арон Шаламаев, Рафоэл Толмасов, Борис Наматиев, Барно Исхокова, Абрам Кайков, Довид Илёбоев, Сулаймон Тахалов, Амнун Довудов, Исхок Ягудаев, Натан Кайков, Мордухай Кимёгаров иброз шудааст: "Фарзанди олимакоми халки точик Чурабек Муродовро яхудиёни бухорй аз сидки дил дуст медоранд ва дусти муътабари худ медонанд. Орзу мекунем, ки бахту икбол ва саодати зиндагй хамеша ёратон бошад. Омадани уро ба сарзамини яхудиён хушу фархунда бод мегуем.

Мусиции зебо, гар шохи цахон аст, Шашмацоми дилрабо тоци он аст. Хофизи хушхони халц- Цурабек, туй-туй! Фарзанди хуби тоцику узбек, туй-туй! Ба кори халц фидой шабуруз,

З-ин сабаб сохиб ба номи нек туй-туй! [8, с.351-352]

Чунин мулокотхои Чурабек Муродов бо хамватанони бурунмарзй ва яхудиёни бухорй борхо дар Иёлоти Муттахидаи Америка баргузор гардиданд.

Устод Чурабек Муродов дар тахкими дустй ва робитахои фархангии Точикистону Узбекистан сахми босазо гузоштааст. Рузномае дар хакки устод Чурабек Муродов навишта буд: "Агар Точикистону Узбекистонро ба ду дарёи азим шабохат дихем, пас метавон устод Чурабекро ба он шохпуле монанд кунем, ки ин ду дарёро пайванд месозад".

Зиёда аз панчох сол аст, ки Чурабек Муродов дар толорхои консертии Чумхурии Узбекистон махорати бузурги сарояндагии хешро зохир намуда, ба мухаббати халк сазовор шудааст. У бо савту сурудхои дилнишинаш риштахои дустии халкхои точику узбекро мустахкам намуда, дар замири дили онхо тухми дустиву рафокат ва мухаббату эхтиром нисбати якдигар мепарварад.

Ба Чурабек Муродов унвони Шахрванди фахрии шахрхои Самарканд, Бухоро, Нуратаоро муносиб донистаанд, ки шаходати мухаббати бепоёни халк нисбати хофизи дустдоштаи худ аст.

Сахифаи нави пургановат ва таърихиро дар тахкими дустию бародарии халкхои точику узбек сафари давлатии Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Чумхурии Точикистон боз намуд.

Рузи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон бо Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фархангу санъати Точикистон ва Узбекистон тахти унвони "Шоми дустй", ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Дар консерт шохсутунхои санъати точику узбек Хунарпешаи халкии Иттиходи Шуравй Чурабек Муродов ва Хунарпешаи халкии Узбекистон Шералй Чураев якчоя сурудхои "Дустонро гум макун" ва "Замон, замон биздиги" - ро тараннум карданд, ки шаходати дустии безаволи точикону узбекон буд.

Чанд лахзахое, ки таълиф карда шуд, катрае аз фаъолияти устод Чурабек Муродов дар васфи дустии халкхо мебошад. Дар хачми як макола тасвир кардани чанбахои гуногуни фаъолияти вассофй ва пайвандгарии дустии халкхои Чурабек Муродов имконнопазир аст. Итминони комил дорем, ки муаррихону санъатшиносон мавзуи мазкурро мавриди тахкики мукаммал карор медиханд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Атовуллоев, А. Марде, ки рох ба водии дилхо гирифтааст... / А.Атовуллоев // Самак. - 2021. -9 июн.

2. Набиев,В.Бузургони миллат дар шохрохи таърих / В.Набиев. - Хучанд: Меъроч, 2014. - 252 с.

3. Рачабов, А. Хунару ичроии асилу бархоста аз дил, худ ин эъчози хунарист / А.Рачабов // Самак.- 2020. - 2 декабр.

4. Чурабек Муродов: Дастбусихоро дида гашам меомад / Мусохибаи Абдукаюми ^аюмзод бо овозхони барчастаи точик, рохбари дастаи хунарии "Нури Хучанд" // Фараж. - 2011. - 28 декабр.

5. Шарифов, А.Аз хама чамъи "гари"-хо бехтар аст одамгарй/А.Шарифов//Фараж. -2011.-1 январ.

6. Шарифов, Х. Ахтарон. / Х.Шарифов. - Душанбе: Шарки озод, 2004. - 337 с.

7. Шарифов, Х. Рози дил / Х.Шарифов. - Душанбе: Адиб, 1991. - 256 с.

8. Шарифова, М. Чурабек Муродов / М.Шарифова. - Хучанд: Нури маърифат, 2002. - 528 с.

REFERENCES:

1 . Atovulloev, A. A man who made his way to the valley of hearts... / A.Atovulloev // Samak. - 2021. -

June 9.

2 . Nabiev ,V . Great men of the nation on the highway of history / V.Nabiev. - Khujand: Meraj, 2014. -

252 p.

3. Rajabov, A. Original art and performance, rising from the heart this is the inspiration of art / A.Rajabov // Samak.- 2020. - December 2.

4. Jurabek, Muradov: I was angry when I saw hand kisses / Abdukayum Qayumzod's interview with the famous Tajik singer, leader of "Nuri Khujand" art group // Faraj. - 2011. - December 28.

5. Sharifov, A. Humanity is better than all the sums of "Gari" / A.Sharifov // Faraj. - 2011. - January 1.

6. Sharifov, Kh. Akhtaron. / H. Sharifov. - Dushanbe: The Free Orient, 2004. - 337 p.

7. Sharifov, Kh. Peace of mind / H. Sharifov. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1991. - 256 p.

8. Sharifova, M. Jurabek Muradov / M.Sharifova. - Khujand: Light of Enlightenment, 2002. - 528 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.