Научная статья на тему 'ВАЗЪИ ФАРҲАНГИ МУСЩИИ ТОЦИКИСТОНИ ШИМОЛЙ ДАР ШАРОИТИ НАВИ БАРГУЗОРНАМОИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНАЮ КОНСЕРТӢ (СОЛҲОИ 20-30-ЮМИ қАРНИ ХХ)'

ВАЗЪИ ФАРҲАНГИ МУСЩИИ ТОЦИКИСТОНИ ШИМОЛЙ ДАР ШАРОИТИ НАВИ БАРГУЗОРНАМОИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНАЮ КОНСЕРТӢ (СОЛҲОИ 20-30-ЮМИ қАРНИ ХХ) Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
24
3
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТОЦИКИСТОНИ ШИМОЛӢ / ФАРҲАНГИ ҷАШНҲО / ФАРҲАНГИ ОММАВӢ / МУСИқИИ АНЪАНАВӢ / ҲАВАСКОРОНИ БАДЕӢ

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Исомитдинов Жорабек Бобобекович, Рустамов Додо Абдуцабборович

Мақола ба тавсифи умумии вазъи фарҳанги идонаю консертии марҳилаи баъди барпошавии ҳокимияти шӯравӣ ва сохти сотсиализм (солҳои 20-30-юми асри ХХ) дар Тоцикистони шимолӣ бахшида шудааст. Тазаккур меравад ки дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ муҳити нави наво ва мусиқии хос ба вуцуд омад. Суруду мусиқӣ зарбу оҳанги нав гирифта, бештар дар намуди марш ва интонатсияҳои нав эцод мешуд. Қайд мешавад, ки дар ташаккули фарҳанги мусиқии сотсиалистӣ эцодиёти ҳаваскорони бадеии пролетарӣ мақоми хоса дошт. Дар мақола дар шароити нави ицтимоиву фарҳангӣ шаклҳои нав касб кардани мусиқии анъанавии тоцикон мавриди шарҳу тавзеҳ қарор ёфтааст. Инчунин доир ба ташкили кружокҳои ҳаваскорони бадеӣ, иштироки онҳо бо барномаҳои гуногуни мусиқӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ (озмунҳо, нишастҳо, олимпиадаҳо, намоишҳои бошукӯҳи пленэрӣ, мусобицаҳо, консертҳо ва г.) маълумот дода шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PROVISION OF MUSICAL CULTURE OF NORTHERN TAJIKISTAN UNDER NEW CONDITIONS OF ORGANIZING FESTIVE AND CONCERT EVENTS (REFERRING TO 20-30-S OF THE XX-TH CENTURY)

The article is devoted to a general description of the festive and cultural situation in Northern Tajikistan after the establishment of Soviet power and the construction of socialism in the 20-30s of the twentieth century. It is noted that from the first years of the existence of Soviet power, a new era of sound and music has come. New songs and music were created in new rhythms, most often in the form of marches and new intonations. The article explains the acquisition of new forms by traditional Tajik music in new socio-cultural conditions. Special place in the formation of socialist musical culture was occupied by the creativity of proletarian amateur performances. Information was also provided on the organization of amateur art circles, their participation in various musical programs and cultural events (competitions, rallies, olympiads, grand open airs, competitions, concerts, etc.).

Текст научной работы на тему «ВАЗЪИ ФАРҲАНГИ МУСЩИИ ТОЦИКИСТОНИ ШИМОЛЙ ДАР ШАРОИТИ НАВИ БАРГУЗОРНАМОИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНАЮ КОНСЕРТӢ (СОЛҲОИ 20-30-ЮМИ қАРНИ ХХ)»

ТКБ 63.3(5Тоц)64

DOI:10.51844-2077-4990-2022-1-16-21

Исомитдинов Жорабек Бобобекович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи ватан ва археология; Рустамов Додо Абдуцабборович н.и. т., дотсент, мудири кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиции МДТ "ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

Исамитдинов Жорабек Бобобекович, к.и.н., доцент, заведующей кафедры отечества истории и археологии; Рустамов Додо Абдуджабарович,

к.и.н,.доцент, заведующей кафедры истории, теории и методики преподавания музыки ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Isamitdinov Jorabek candidate of historical sciences, Associate Professor, head of the department of home history and archeology, E-mail:

isomatdinov1961@mail.ru; Rustamov Dado Abdujabborovich, candidate of historical sciences, head of the department history, theory and methods of teaching music under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov"(Tajikistan, Khujand), E-mail:dado@mail. tj

Вожа^ои калиди: Тоцикистони шимолй, фаруанги цашнуо, фаруанги оммавй, мусиции анъанавй, уаваскорони бадей

Мацола ба тавсифи умумии вазъи фаруанги идонаю консертии маруилаи баъди барпошавии уокимияти шуравй ва сохти сотсиализм (солуои 20-30-юми асри ХХ) дар Тоцикистони шимолй бахшида шудааст. Тазаккур меравад ки дар солуои аввали уокимияти шуравй мууити нави наво ва мусиции хос ба вуцуд омад. Суруду мусицй зарбу оуанги нав гирифта, бештар дар намуди марш ва интонатсияуои нав эцод мешуд. Цайд мешавад, ки дар ташаккули фаруанги мусиции сотсиалистй эцодиёти уаваскорони бадеии пролетарй мацоми хоса дошт. Дар мацола дар шароити нави ицтимоиву фаруангй шаклуои нав касб кардани мусиции анъанавии тоцикон мавриди шаруу тавзеу царор ёфтааст. Инчунин доир ба ташкили кружокуои уаваскорони бадей, иштироки онуо бо барномауои гуногуни мусицй дар чорабиниуои фаруангй (озмунуо, нишастуо, олимпиадауо, намоишуои бошукууи пленэри, мусобицауо, консертуо ва г.) маълумот дода шудааст.

Ключевые слова: Северный Таджикистан, праздничная культура, массовая культура, традиционная музыка, художественная самодеятельность

Статья посвящена общему описанию празднично-культурной ситуации Северного Таджикистана после установления Советской власти и строительства социализма в 20-30-е гг. ХХ века. Отмечается, что с первых лет существования Советской власти наступила новая эра звука и музыки. Новые песни и музыка создавались в новых ритмах, чаще всего в форме маршей и новых интонаций. В статье объясняется приобретение новых форм традиционной таджикской музыки в новых социокультурных условиях. Особое место в формировании социалистической музыкальной культуры занимало творчество пролетарской самодеятельности. Также была предоставлена информация об организации кружков художественной самодеятельности, их участии в различных музыкальных программах и культурно-массовых мероприятиях (конкурсы, слеты, олимпиады, грандиозные пленэры, соревнования, концерты и др.).

Key words: Northern Tajikistan, festive culture, mass culture, traditional music, amateur performances The article is devoted to a general description of the festive and cultural situation in Northern Tajikistan after the establishment of Soviet power and the construction of socialism in the 20-30s of the twentieth century. It is noted that from the first years of the existence of Soviet power, a new era of sound and music has come. New songs and music were created in new rhythms, most often in the form of marches and new intonations. The article explains the acquisition of new forms by traditional Tajik music in new socio-cultural conditions. Special place in the formation of socialist musical culture was occupied by the

ВАЗЪИ ФАРУАНГИ МУСИЦИИ ТОЦИКИСТОНИ ШИМОЛИ ДАР ШАРОИТИ НАВИБАРГУЗОРНАМОИИ ЧОРАБИНЩОИ ИДОНАЮ КОНСЕРТИ(СОЛХ,ОИ 20-30-ЮМИ

ЦАРНИ ХХ)

СОСТОЯНИЕ МУЗЫКАЛЬНОЙ КУЛЬТУРЫ СЕВЕРНОГО ТАДЖИКИСТАНА В НОВЫХ УСЛОВИЯХ ОРГАНИЗАЦИИ ПРАЗДНИЧНЫХ И КОНЦЕРТНЫХ МЕРОПРИЯТИЙ (20-30-Е ГГ. ХХ ВЕКА)

PROVISION OF MUSICAL CULTURE OF NORTHERN TAJIKISTAN UNDER NEW CONDITIONS OF ORGANIZING FESTIVE AND CONCERT EVENTS (REFERRING TO 20-30S OF THE XX-TH

CENTURY)

creativity of proletarian amateur performances. Information was also provided on the organization of a mateur art circles, their participation in various musical programs and cultural events (competitions, rallies, olympiads, grand open airs, competitions, concerts, etc.).

Б аъд и галабаи Инкилоби Октябри соли 1917, дар солхои аввали Хокимияти Шуравй фарханги халки точик дигаргунихои азимеро аз cap гузаронд. Дар баробари дигар хочагих,ои хал;и точик сиёсй шудани фарханг пешрафти прогрессивии эчоди-хал;и суст карда, ба таври куллй тахриф ва хароб гардонд, ба гуногунии шаклхои он рахна зад. Дар зери парчами инкишоф ва наздикшавии байналмилалй фархангхои миллй охиста-охиста хусну кубхи фарханги анъанавии халкхо коста гардида, дар фарханг мафкурахои муайяне ба вучуд омаданд ва дар хар як фарханги миллй, падидахои ба хамдигар хеле монанд ташаккул ёфтанд [4,с.12].

Рохи стратегии «ба хок яксон кардани» дунёи кухна, ки онро Х,изби Коммунистй ва Хукумати Шуравй пеш гирифтанд, табиатан маънои инкор кардани тамоми комёбихои мусбати чамъияти пешазинкилобй, аз чумла дар сохаи фархангро дошт.

Тамаддуни тоталитаризми шуравй маданиятро аз худ карда, принсипи баробархукукиро муттасил васеъ намуд. Дар солхои аввали Инкилоби Октябр шиори В.И. Ленин «Санъат аз они халк аст» бо бо гояи фарханги сотсиалисти ба миён гузошта шуда буд. Гарчанде ин шиор ба мардум фахмо бошад хам, он принсипи популизмро равшантар ифода мекард. Дар ин давр истилохи «фарханги оммавй» пайдо гардид.

Дар шахрхои Осиёи Миёна, алалхусус, дар Хучанд, Конибодом, Уротеппа дар солхои аввали Х,окимияти Шуравй мухити нави садо ва мусикии хоси шахрй ба вучуд омад. Кори таргиботй звенои асосии кори оммавию сиёсй ва тарбиявй гардида, симои асосии он таргиботчй (агитатор) буд. Баромади таргиботчиён чун коида дар якчоягй бо консерт ва муси;й баргузор мегашт. Дигаргунихои нави ичтимоию фархангй дар суруду мусикии халкй низ дар хама чо инъикос меёфт. Акнун сурудхои маъмул бо матнхои нав ганй гардонида мешуданд. Баъзан дар онхо ритми нав, бештар марш, интонатсияхои нав равшан ворид карда мешуд[15,с.8].

Дар рафти баргузории маршхои идона, митингхо, гусел ва вохурихои аскарони сурх ва гайра бо матни шеърхои С.Айнй, А.Лохутй, М.Рахимй ва дигар шоирон сурудхои инкилобй ичро карда мешуданд. Хдмин тари;, «Марши озодй»-и С.Айнй бо ангезаи «Марселеза»-и машхур, байтх,ои А.Лохутй «Армияи Сурх» бо охднги суруди «Армияи сафед, барони сиёх,», «Мо фарзандони коргаронем» ва ба ангезаи суруди «Рафикон ба по» ва гайра суруда мешуданд [15,с.7].

Аз сабаби он ки нохияхои шимоли Точикистон дар ибтидо ба хайати Ч,умхурии мухтори шуравии сотсиалистии Туркистон (1917—1924) дохил мешуданд, аввалин сурудхои инкилобии бо забони узбекй эчодкардаи Хдмза Х,акимзода Ниёзй (1889—1929), «Яша Шуро» ( Зинда бод Шурохо), «Ишчилар уйгон» (Коргарон бедор шавед), «Х,ой ишчилар» (Х,ой коргарон) ва гайра дар ин чо низ пахн мегаштанд[9,с.57].

Дар баробари ин сурудхои нави миллии точикй — «Пролетархои Бухоро» ва «Миллат озод шуд — дилхо шод мешаванд» эчод мешаванд. Дар митинг консерт ба шарафи сесолагии Инкилоби Октябр дар Самарканд аъзои кружоки мусикию драмавй баромад карданд[8,с.354].

Дар солхои аввали Хркимияти Шуравй эчодиёти хаваскорони бадеии пролетарй дар ташаккули маданияти мусикии сотсиалистй макоми асосй бозид. Дар баробари ин, хусусиятхои вокеии мавчудияти мусикй хамчун далели асосй хизмат мекарданд. Ба акидаи санъатшиноси рус С.Румянтсев азбар намудани мах,орати фархднги муси;й, муошират намудан бо бех,тарин намунах,ои он, на танхо бо рохи хизматрасонии санъати касбй, балки аз руи хизматрасонии эчодиёти бадей - худфаъолияти оммавй хосил мегардад[14,с.106].

Хдмза Хдкимзода Ниёзй соли 1918 дар Фаргона труппаи мусикию драмавии чавонони мусулмонро ташкил кард, ки он ба хайати поезди таблиготии Туркфронт дохил шуд. Коллектив дар хайати агитпоезд ба водии Фаргона, Тошкент ва умуман вилояти Сирдарё сафар мекард, дар он суруду мусикй, хор (унисон) ичро мегардид ва ансамбли асбобхои халкй фаъолият мебурд. Дар хайати ансамбл навозандаи номдори точик аз Конибодом Абдукодир Ной (Исмоилов) низ шомил буд[2,с.346-347].

Аввалин кружоки хаваскорони бадеии точик соли 1918 дар Самарканд таъсис ёфт. Сипас дар Хучанд, Уротеппа, Исфара ва Конибодом чунин дастах,ои хаваскорони бадей ташкил карда шуданд. Ташкилотчиёни онхо зиёиёни махаллй — муаллимон, хизматчиён, донишчуён буданд[9,с.354-355]. Мохи августи соли 1919 дар назди шуъбаи уездии маорифи халк гурухи муаллимони Хучанд тахти сарварии М.Саидчонов кружоки мусикию драмавй ташкил намуданд[12,с.24; 17,с.7].

Дар шароити нави ичтимоиву фархангй, ки баъди барпошавии Х,окимияти Шуравй ба амал омад, мусикии анъанавии точикон шаклхои навро азбар намуд. Васеъ пахн гаштани мусикии халкй ва анъанавии касбй, мавчудияти ичрочиёни мусикй- хофизону навозандагон, намудхои ташаккулёфтаи ансамблхои суннатии мусикй -омили мухим барои ба арсаи васеи хдёти чамъиятй дохил шудани санъати сахнавй ба шумор мерафтанд[7,с.44-45].

Дар ин давра консерт хдмчун шакли мавчудияти (ичрои) мусикй ва хамчун усули композитсиявию драмавии шаклхои мусикй ва махсусан мусикию театрй, манбаи принсипхои нави бадей, пеш аз хама композитсия гардид. Вок;еан, унсурхои мусикй дар доираи нави жанрхои идона ва тамошобоб мустак;илияти бештар пайдо карданд.

Яке аз хусусиятхои асосии санъати мусикии замони нав чамоавй (коллективй) ва оммавй будани он мебошад. Иштирокчиёни кружокхои хаваскорони бадей (сарояндагон, навозандагон, раккосон) бо барномахои гуногуни мусикй: хам суруду раксхои яккахонии халкй ва хам бадехахо (дуэтхо — диалогхо, одатан дар мазмуни ишкй), хори унисонй, ансамблхо ва монтажхои адабии мусикии инструменталй ва вокалию инструменталй баромад мекарданд[15,с.9].

Дар солхои аввали ба вучуд омадани кружокхои хаваскорони бадей дар фаъолияти онхо занон мувофики урфу одатхои кадим ва шариат иштирок намекарданд. Танхо аз соли 1926 дар кори кружоки Хучанд иштироки занон шуруъ шуд: аввал тоторзанхо, баъдан занони точик -донишчуёни техникуми педагогй. Вале занони точик ба машкхо бо чодар (фаранчй) меомаданд[16,с.387].

Аз нимаи дуюми солхои 20-уми асри ХХ кружокхои хаваскорони бадей мухимтарин шакли чалби санъаткорон ба фаъолияти навозандагони халкй ба шумор мерафтанд, ки ин падида дар тамоми Точикистон васеъ пахн гардид.

На танхо дар Хучанд, балки дар дигар шахру нохияхои Точикистони шимолй низ кружокхои хаваскорони мусикй ташкил карда шуданд. Чунончй, соли 1926 дар назди артели "Промсоюз"-и шахри Конибодом бо рохбарии навозандаи халкй ^осимбой Сотиболдиев ансамбли мусикй ташкил карда шуд. Дар хайати ансамбл Болтабой Неъматов, Обидчон Гоибов, Каримчон Иброхимов, Отачон Саримсоков, Орифхоча Тураев ва дигарон фаъолият мебурданд[11,с.49].

Соли 1927 дар Панчакент ва Уротеппа кружокхои мусикию драмавй ташкил карда шуданд[11,с.49]. Соли 1930 дар назди шуъбаи нохиявии маорифи халки шахри Уротеппа кружоки мусикии «Рохи сотсиализм» ташкил карда шуда буд, ки 34 касро дарбар мегирифт[11,с.50]. Соли 1931 дар назди техникуми хочагии кишлоки Хучанд кружоки мусикии точик ва дар нохияи Ашт кружоки хаваскорони бадеии «Колхозчй» ташкил карда шуданд[11,с.54].Минбаъд дар ^истакуз (деха дар нохияи хозира Б. Гафуров, соли 1935), дар комбинати абрешими Ленинобод (соли 1936), дар нохияи Захматобод (холо Айнй, соли 1936) ва г. кружокхои хаваскорони бадей ташкил карда шуданд[11,с.64,69,71].

Ба кавли А.Зубайдов санъати хаваскорони бадей: «тахкурсии он буд, ки дар асоси он намуди нави фаъолияти оммавй ва кори фархангию маърифатй ташаккул ёфт. Вай тавонист ба доираи васеи тамошобинон рох ёбад, барои муайян кардани хофизону навозандагони боистеъдод, ки баъдтар аъзои дастахои эчодии касбии давлатй ва чамъиятй гардиданд, кумак намояд»[5,с.12]. Ба ин муносибат М.Р. Шукуров чунин гуфта буд: «Санъати хаваскорон хамчун асос ва воситаи асосии тарбияи кадрхои санъати миллй хизмат мекард»[18,с.357].

Тавассути низоми кружокхои хаваскорони халкй навозандагону хофизони чавон имкон пайдо карданд, ки дар озмунхои гуногуни нохиявй, вилоятй ва чумхуриявй, олимпиадахо, азназаргузаронихо, инчунин дар чорабинихои гуногуни сиёсй ва фархангии сатхи чумхуриявй ва вилоятй бо барномахои консертй ширкат варзанд.

Вокеаи мухими таърихй дар фарханги мусикии замони нав ин баргузор намудани аввалин намоиши хаваскорони бадей дар давраи ташкил ёфтани Ч,ШС Точикистон (соли 1929) буд, ки дар он наздик 100 нафар хофизу навозандаи халкй, аз чумла аз гурухи шахру нохияхои Точикистони шимолй иштирок намуданд[1,с.6].

Дар сохаи эчодиёти оммавии мусикй ва мусикй-театрй аз охири солхои 20-уми асри ХХ намоишхои бошукухи пленэрй (олимпиадахои мусикй, консертхо ва намоишхои театрй дар богхо) мав^еи мухимро ишгол карданд, ки онро мусщишиноси маъруфи рус Б.Асафйев «тадбирхои махсуси мусщй» номида буд[14,с.111-112].

Аз соли 1927 сар карда, дар Ленинград олимпиадахои харсолаи мусикии иттифокхои касаба гузаронида мешуданд. Ташкилотчй ва рохбари доимии фестивалхои хаваскорони бадей И.Немтсов вазифахои зерини олимпиадахоро махсус кайд намудаст: конкурси азназаргузаронй; консерт; сурудхонии оммавй; мусобикаи инфиродии бехтарин баромадкунандагон, истирохати

фаруангй ва «истирохати одилона»; ба вучуд овардани вазъияти нави муошират (муттахид шудан ба коллективи ягонаи эчодии рохбарон, иштирокчиён, тамошобинон)[14,с.112].

Дар асоси тачрибаи олимпиадаи мусидии Ленинград мохи феврали соли 1931 дар Хонаи дехдонони Сталинобод чорабинии калон — Спартакиада(олимпиада)-и якуми умумии точикии хофизон, навозандагон ва ракдосони халдй ташкил карда шуд. ^арори гузаронидани ин чорабинй аз тарафи КМ Х,К (б) Точикистон 4 январи соли 1931 кабул карда шуда буд.

Ин чорабинии мидёси чумхуриявй хамчун намоиши нави калони оммавии санъати мусидии точик дар ошкор намудани истеъдодхои халдй ахамияти калон дошт. Нишаст (олимпиада) нишон дод, ки дар Ч,ШС Точикистон шумораи зиёди ичрокунандагони суруд ва мусидй мавчуданд, ки санъати чавони мусидии касбии точик дар рушди худ ба онхо такя карда метавонад[18,с.357].

Дар ин нишаст(олимпиада) худуди 150 нафар намояндаи мусиции мардумй, аз манотщи мухталифи Точикистон ва хамчунин аз Узбекистан ширкат доштанд. Нохияхои шимолии Точикистонро шахри Хучанд — 4, Уротеппа — 4; Мастчох - 5; Шахристон - 2; Нов - 3; Исфара — 3; Конибодом — 3 нафар намояндагй карданд, инчунин бо даъвати шахсй 2 нафар навозанда аз омузишгохи мусидии шахри Хучанд иштирок намуданд. Хдмагй - 28 нафар. Дар нишаст (олимпиада) шоир А.Лохутй, хофизону навозандагони машхури халдй Домулло Х,алим Ибодов, Абдудодир Ной, Аминчон Пулотов, Мулло Туйчй, Тохирчон Давлатов, Шохназар Сохибов, Давид рандов, Ахмадчон Махдум ва дигарон низ иштирок доштанд[6,с.473-475; 10,c.7-54; 13,c.257; 15,c.10].

Ба баромади иштирокчиён комиссияи бадей(хакамон), ки ба хайати он адибон А.Лохутй ва Н.Бектош, мудири омузишгохи мусидии шахри Хучанд, раддос Алй Ардобус, санъатшинос, мухаддиди сурудхои халдии точику узбек Н.Н. Миронов, инчунин мехмонон аз Москва — бастакор Л. Клипер, артисти балети Театри Калон И Моисеев ва дигарон шомил буданд, бахо доданд[15,с.10].

Маводи ин нишаст (олимпиада) барои таълиф ва нашри китоби Н.Миронов «Мусидии точикон» ( соли нашр1932) асос гашт[3,с.92].

Ба таври умум, нахустин нишаст-анчумани умумиточикии хофизону навозандагони халдй ахамияти калон дошт. Нишасти мазкур неруи бузурги эчодй, гуногунии мусидии халдии точикро нишон дод.

Минбаъд (солхои 30-юми асри ХХ) амалан хар сол чорабинихои фархангии оммавй, ки аз чихати шакл гуногун, вале аз чихати мазмун ба танзимоти ма^саднок наздиканд, даъват карда мешуданд. Бояд зикр намуд, ки нишастхо, олимпиадахо, конкурсхо, консертхо ва г., ки дар онхо намояндагони эчодиёти мусидии халдии Точикистони шимолй иштироккунандагони фаъол буданд, дорои ахамияти махаллй, чумхуриявй ва умумииттифокД буданд.

Ба ин гуна чорабинихо, аз чумла, конкурсхои рассомон, хофизони халдй, навозандагон ва достонсароёни шахри Хучанд ва вилояти он, ки 23-24 уми декабри соли 1932 барпо гардид; консерти бригадаи хофизон, навозандагон ва раддосони точик дар Ленинград дар чараёни Конференсияи Академияи илмхои ИЧ,ШС оид ба омузиши дуввахои истехсолкунандаи Точикистон(июни 1932); Слет-конкурси оммавии иштирокчиёни кружокхо ва коллективхои хаваскорони бадей дар Хучанд(январи 1933); Олимпиадаи байнинохиявии сарояндагон ва навозандагон дар шахри Хучанд(майи 1934); Азназаргузаронии эчодиёти халд дар шахри Душанбе дар Анчумани гайринавбатии VI Шурохои Точикистон(декабри 1936); Олимпиадаи чумхуриявии истеъдодхои чавон(июли 1937); Озмуни чумхуриявии хофизон ва достонсароён барои бехтарин суруд дар бораи хаёти Шуравй (июни 1938); Олимпиадаи вилоятии хофизон, навозандагон, раддосон ва масхарабозон дар Исфара (апрели 1939); Олимпиадаи шахрии санъат дар Ленинобод(холо Хучанд)(майи 1939); Олимпиадаи чумхуриявии хаваскорони санъат дар Сталинобод(5—12 июни 1939); Аввалин Олимпиадаи чумхуриявии бачагонаи хаваскорони бадей (июни 1940) ва гайра мисол шуда метавонанд[7,с.51-52; 11,с.85,90-92,104].

Дар асоси дарорхои хукумату хизб сатхи зерини азназаргузаронии эчодиёти халд муайян карда шуда буд: 1) азназаргузаронй дар Шурохои дехот ва нохия; 2) олимпиадахои шахрй; 3) олимпиадахои нохиявй ва вилоятй; 4) олимпиадаи чумхуриявй[6,с.528-529].

Сохтори бисёрзинагии баргузор намудани нишастхо, озмунхо, Олимпиадахо ва гайра тавонист то хадди имкон вохидхои гуногуни маъмурию худудии Точикистонро фаро гирад, гуногунрангии услубй ва махаллии навъхо, шаклхо ва жанрхои мусиции мардумии точикро ифода намояд ва во^еан вазъияти хамонвадтаи инкишофи эчодиёти мусидии халдии чумхуриро

инъикос намояд. Х,амаи ин ба инкишофи эчодиёти халк фаъолона мусоидат карда, инкишофи истеъдодхои халкиро таъмин намуд[5,с.14].

Дар инкишофу такмилёбии махорати ичроияи хофизон ва навозандагони халк, ташкил намудани консертхои гуногун барои ахолй, дар корхонахо, колхозхо, барои бинокорони сохтмонхои мухимми хочагии халк накши мухим бозид. Масалан, дар давраи сохтмони Канали калони Фаргона (1940) бригадахои театрии шахри Ленинобод, нохияхои Конибодом, Исфара, Уротеппа, Ашт ва Нов зиёда аз 300 консерт, 250 спектакли мусикй намоиш дода, ба зиёда аз 300 хазор нафар тамошобин хизмат расониданд[6,с.535]. Хдмин тавр, дар ташаккул ва густариши мусикии оммавии даврони шуравй, тасдик намудану инкишоф додани шаклхои нави фаъолияти оммавии идонаю консертй, ба таври оммавй намоиш додани эчодиёти хофизону навозандагони халк, намояндагони мактабхои гуногуни хунарнамой, ки аз тамоми минтакахои Точикистон, аз чумла минтакаи шимоли он иштирок мекарданд, дар таърихи инкишофи анъанахои суруду мусикии халкй ва касбй падидаи хакикии бадей, хамчун шакли нави чамъиятии муоширати ахли санъат ахамияти мухим касб намуданд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдусатторов, А. Инкишофи фаъолияти дастахои хаваскорони санъат дар Точикистон/А.Абдусатторов.- Душанбе, 1981.- 18 с.

2. Абдушукуров, Р.Х. Октябрьская революция, расцвет узбекской социалистической нации и сближение ее с нациями СССР/Р.Х.Абдушукуров.- Ташкент, 1962.- 727 с.

3. Данскер, О.Л. Собирание и изучение таджикской народной песни /О.Л.Данскер //Сборник статей, посвященных искусству таджикского народа. Труды, том ХКИ.- Сталинабад, 1956.-С.87-105.

4. Задерацкий, В. Культура и цивилизация: искусство и тоталитаризм //В.Задерацкий/-Советская музыка.-1990- № 9 - С. 6-14.

5. Зубайдов, А.Д. История профессиональной деятельности народных музыкантов Таджикистана в 30 - 80-е годы ХХ века. Автореф. дисс... канд. исторических наук/ А.Д.Зубайдов.- Душанбе, 2005.- 29 с.

6. Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924-1941гг. Сб. документов, т.1, Душанбе, 1966, Т.1, - 672с.

7. Исомитдинов, Ж.Б., Рустамов Д.А. История традиционной песенно-музыкальной культуры Согдийской области на рубеже XX-XXI вв./ Ж.Б.Исомитдинов,Д.А.Рустамов.-Худжанд: Нури маърифат, 2021. - 260 с.

8. История таджикского народа. Новейшая история (1917-1941 г.).Том V.-Душанбе, 2004.-752 с.

9. История узбекской музыки /Сост. и ред. Т.Е. Соломоновой.- М.: Музыка, 1979.- 200 с.

10.Миронов, Н. Музыка таджиков/Н.Миронов.- Сталинабад, 1932.- С. 7 - 54.

11.Музыкальная жизнь Советского Таджикистана (1919-1945гг.).Сборник статьей,Отв.ред. Н.Х.Нурджанов. Вып.1. -Душанбе: Дониш, 1974.- 174с.

12.Нурджанов,Н.Материалы к истории зарождения таджикского театра и драматургии// Вопросы истории таджикской советской драматургии и театра/Н.Нурджанов.-Сталинабад, 1957

13.Х,акимов, Н^.Шашмаком дар карни ХХ: анъана ва навоварй/Н^Дакимов.-Хучанд,2006.-408 с.

14.Румянцев,С.Важная проблема исторического музыкознания/С.Румянцев//Советская музыка.-1984.- № 4.- С. 105-114.

15.Таджикова,З.М. Музыкальная культура Советского Таджикистана //З.М.Таджикова /Музыкальная жизнь Советского Таджикистана (1919 - 1945 гг.).- Душанбе, 1974 - С. 5-42.

16.Хайдаров, Г.Х. Очерки истории социалистического строительства в Северном Таджикистане (1917 - 1937)/Г.Х.Хайдаров.- Душанбе, 1974.- 460 с.

17.Чернявский, С.Д. К истории Ленинабадского театра им. А.С. Пушкина/С.Д.Чернявский.-Душанбе, 1962.

18.Шукуров, М. История культурной жизни Советского Таджикистана (1917-1941)/М.Шукуров. - Душанбе, 1970.- 494с.

REFERENCES:

1. Abdusattorov,A.Development of the duties of the affecters art in Tajikistan-Dushanbe,1981.-18 р.

2. Abdushukurov, R. Kh. October revolution the flourishing of the Uzbek Socialist Nation and approaching it with nations USSR. - Tashkent, 1962. - 727 p.

3. Dansker, O.L. Meeting and study of the Tajik folk song. Collection of articles dedicated to the tajik folk art. Works V.XXLII.- Stalinabad 1956. - P. 87-105.

4. Zaderatskiy, V. Culture and civilization art and totalitarianism. - Soviet music.- September 1990 year.- № 9. - P. 6-14

5. Zubaidov, A. D. History professional activities of people's musicians Tajikistan in the 30-80 years XX century.Abstract of the dissertation of candidate of historical sciences.

6. From history culture construction in the Tajikistan in 1924-1971 year. - Dushanbe, 1966. - V.1. -672 p.

7. Isomitdinov, Zh.B., Rustamov D.A. History traditional song musical culture Sogdian region at the turn XX-XXl century - Khujand: Light of Enlightenment, 2021. - 260 p.

8. History tajik people's. Innovation history (1917-1941 year.)V.V.- Dushanbe. 2004-752p.

9. History Uzbek music/ T.E. Solomonova - M.: Music, 1979. - 200 p.

10.Mironov, N. Music Tajik. - Stalinabad, 1932. - P.7-54

11.Musical life Soviet Tajikistan (1919-1945year) (collection),-N.Kh. Nurjanov. - Dushanbe: Knowledge, 1974. - 174 p.

12. Nurjanov, N. Materials for the history of origin Tajik's theatre and playwrights. Issues of history Soviet tajik playwrights and theatre. - Stalinabad, 1957.

13.Hakimov,N.G. Shashmakom of the century XX: tradition and innovation. - Khujand, 2006-408 p.

14.Rumyantsev, S. Important problem historical musicology//Soviet music-1984-№4. - P.105-104

15.Tajikova, Z.M. Musical culture Soviet Tajikistan// Musical life Soviet Tajikistan (1919-1945 year)-Dushanbe, 1974. - P.5-42.

16.Haydarov, G.Kh. Essays on the history of socialist construction in the Northern Tajikistan (19191945 year). - Dushanbe, 1974. - P.5-42

17.Chernyabsky, S.D. The history Leninabad's theatre by named A.S. Pushkin. - Dushanbe, 1962.

18.Shukurov, M. history culture life Soviet Tajikistan (1917-1941). - Dushanbe, 1970. - P.494.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.