«СА^МИ ЧУМ^УРИИ ШУРАВИИ ФЕДЕРАТИВИИ РОССИЯ ДАР БУНЁДИ МАКТАБХОИ ОЛЙ ВА РУШДИ ИЛМ ДАР ЧУМХУРИИ ШУРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ
ТОЧИКИСТОН (1930-1959)»
ЗОКИРОВА ГУЗАЛ ЮСУФЧ,ОНОВНА
унвончуи кафедраи таърихи халки точики МДТ «ДДХ ба номи академик Бобочон
Гуфуров», Точикистон Хучанд
Аннотатсия. Дар мацола са^ми Россия дар бунёди мактабхои оли ва рушди илм дар Тоцикистон дар сол^ои 1930 - 1959 аз лщози таърихиву фар^ангй омухта шудааст. Бояд гуфт, ки масъалаи та^лилгардида актуали буда а^амияти калони илми дорад. Аз руи мазмун ва мундарица мацолаи мазкурро ба се цисм тацсим намудан мумкин аст.
Дар цисмати аввали мацола мощяти масъала баён гардида дарацаи омузиши он дар таърихнигории дохиливу хорици муайян гардидааст.
Дар цисмати дуюм муаллиф мазмун ва мундарицаи мавзуро баён намуда оиди рушди илм ва ташкили мактабхои оли дар Тоцикистон дар заминаи ёрии Россия маълумот^ои пуррарзиши илми овардааст.
Дар цисми охирон дар асоси та^лил^о ва далоили овардашуда хулосабарори карда шудааст. Бояд гуфт, ки муаллиф дар атрофи чанд сащфа ба масъалаи мазкур аз дидгоуи таърихи ва фар^анги рушани андохтааст.
Вожахри калиди: Инцилоби буржуази, маорифи халц, мактабхои оли, норасогии кадр^о,
илм.
Масъалаи сахми Россия дар пешрафти маориф ва илми Точикистон яке аз масъалахои мухими таърихи навини Точикистон ба шумор меравад. Кайд кардан бамаврид аст, ки Чумхурии Шуравии Россия ба инкишофи илм ва мактабхои олии Точикистон тайёр намудани кадрхои тамоми сохахои хаётй сахмгузор мебошад. Атрофи масъалаи мазкур кори мукаммали илмй анчом дода нашудааст. Бинобар ин хостем атрофи чанд сахифа ба масъалаи дар боло зикргардида рушанй андозем.
Омузиши таърихи устуворшавй ва тахаввули сахми Чумхурии Шуравии Россия, ки тачрибаи бадастомада дар сохаи илм ва мактабхои олии Точикистон, ки дар халли масъалахои мавчудаи сохаи маориф мусоидат намоянд.
Пеш аз он, ки ба асли матлаб гузарем, мехохем оиди дарачаи омузиши мавзуъ ва таърихнигории он маълумоти мухтасар пешниход намоем.
Аз ин ру зарурат ба миён омодааст, ки тахлили амик ва васеи таърихи Х,амкорихои Точикистон ва Россия дар самти илм ва мактабхои олии Точикистон ба тахкикотхое мурочиат карда шавад, ки сахми Россия дар даврони Шуравй тахлил ва баррасй намудааст. Аз чумла дар асархои С.Умаров, С.А. Абдуллоев, Х.Тоатов каму беш бошад хам маълумотхо оварда шудааст.
Аз чумлаи аввалин корхои илмй тахкикоти "Развитие наука в Таджикистане" [12] аз тарафи С.Умаров мебошад, ки соли 1959 аз чоп баромадааст. Дар китоби мазкур муаллиф дар бораи сарчашмаи тахкикотхои илмй дар сарзамини Точикистон, ташаккули муассисахои тадкикоти илмй дар Республика, филиали Точикистонии Академияии фанхои СССР мавриди тахлил карор гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки доир ба сахми Россия дар даврони Шуравй корхои илмй тадкикоти аз тарафи С.А.Абдуллоев низ гузаронида мешавад, ки сахми у беназир аст. Дар китоби "Создание высшей школы в Таджикистане" , низ маълумотхои пурарзиши илмй оварда шудааст.
3 О
Олимони точику рус хднуз аз асри 19 робитаи илмй доштанд. Аммо мах,з аз солх,ои 30 - юм ва 40 - уми асри ХХ сар карда ин раванд гузтариши тоза пайдо намуда буд. Бояд ёдовар шавем, ки пешрафти илм дар Точикистон ба ташкили мактабх,ои олй ва академияи илмх,ои Точикистон алокамандии зич дорад.
Соли 1932 дар пойтахти Точикистон базаи илмй - тадкикотии Точикистонии академияи илмх,ои ИЩШС ташкил карда шуд. Дар ин база асосан олимони рус фаъолият мебурданд. Ин базаи илмию тахдикотй то соли 1941 мавчуд буд. Бо дар назардошти пешрафти илм ин база соли 1941 ба филиали Точикистонии академияи илмх,ои ИШИС табдил дода шуд [2].
Пешрафти илм ба пешрафти сох,аи маориф вобастагии калон дошт. Донишгохдои олии кишвар барои мактабх,о омузгоронро тайёр мекарданд. Донишкадаи давлатии омузгории Ленинобод ба номи С. М. Киров, мактаби олии таълимие буд, ки мах,з х,амин рисолатро бар душ дошт ва барои мактабх,ои х,аштсола, миёна, миёнаи махсус, техникумх,о, омузишгохдои касбию техникй, муассисах,ои томактабй ва гайра омузгор тайёр мекард. Донишкадаи мазкур мох,и апрели соли 1932 ташкил ёфта буд. Таъсиси донишкада ин вокеаи бузург дар таърихи маорифи вилоят ва чумхурй ба х,исоб меравад. Дар донишкада аввалин машгулиятх,о тирамох,и соли хониши 1932 - 33 огоз ёфта буд [6, 147]. Аз мох,и сентябри соли 1932 донишкада ба кор огоз кард. Дар ин муассисаи олии таълимй 28 нафар донишчуён аз руи ихтисосх,ои математика ва биология тах,сил менамуданд[13]. Дар соли аввали хониш 13 нафар устодон ба донишчуён дарс мегуфтанд. Аввалин омузгорони донишкада Б. М. Комаров, Ф. Абдуллозода, А. Худойбердиев, Р. Шарифов, А. А. Диброва, М. А. Носиров, асистентон М. Б. Морозовская, И. И. Колесникова, А. Бренбаум ва дигарон буданд[6, 5]. Дар соли 1932 дар донишкада факултах,ои биологияю химия ва физикаю риёзиёт ташкил карда шуданд.
Дар донишкадаи олии педагогй дар соли аввали таъсисёбиаш х,амчунин факултаи коргарй ташкил ёфта буд, ки максад аз таъсиси чунин як факултет саводнок кардани синфи коргар ба шумор мерафт. Дар аввал он 50 шунаванда дошт ва дар охир бошад шумораи онх,о ба 200 нафар расид. Ин факултет обру ва нуфузи донишкадаро боло бардошт. Дастпарварони ин факултет метавонистанд дар макотибх,ои дигари олии кишвар тах,сили худро идома дих,анд. Аввалин директори Донишкадаи олии омузгории шах,ри Хучанд Мух,аммадчон Шарифов буд. Вай дар ин маком то соли 1934 ифои вазифа кардааст. Дар ташаккули ДДОЛ ба номи С. М. Киров сах,ми Мух,аммадчон Шарифов хеле бузург буд. Дар ин давра устодон Файзулло Абдуллозода, Мурод Точибоев, Б.М. Комаров, И.И. Биренбаум ва дахдо нафарро метавон ном гирифт, ки дар тах,кими поях,ои донишкадаи навбунёд накши бузург гузоштанд[8, 8].
Чуноне, ки аз гуфтах,ои боло пай бурдед дар катори мутахасисони мах,алй омузгорон аз чумх,урих,ои бародарй аз чумла аз Россия низ дар донишкада дарс мегуфтанд. Ин ба он далолат мекунад, ки олимони рус дар мустах,кам шудани поях,ои илмии донишкада сах,ми калон доранд.
Соли 1937 дар донишкада факултети забон ва адабиёти рус ба фаъолият огоз намуд. Ташкили ин факултет ба он мусоидат намуд, ки х,амкорих,ои олимони русу точик густариши тоза пайдо намояд. Бо омузиши забону адабиёти рус халки точик аз фарх,анги пургановати халки рус ошной пайдо намуд.
Дар солх,ои ЧДВ донишкада давраи мутх,ишро аз сар мегузаронид. Омузгорону донишчуёни донишкада фаъолияти худро ба давраи чанг мутобик гардониданд. Дар ин давра дар донишгох, мутахассисони рус Н.С. Иванов, Л.Е. Месежников, К.В. Чикорин ва дигарон фаъолият мебурданд[1, 281-282].
Соли 1941 дар шах,ри Сталинобод Шуъбаи Точикистонии академияи илмх,ои ИШИС ташкил ёфт, ки аксарияти кормандони онро олимони рус ташкил медоданд. Баъди ба итмом расидани ЩБВ (1941-1945) ёрии РСФСР ба Точикистон боз х,ам зиёд шуд. Дар асоси карори Шурои Вазирони ИЩШС санаи 21 марти соли 1947 ДДТ даъсис дода шуд. Ба донишгох,и чавон дар солх,ои
аввали фаъолият дигар мактабхои олй, марказхои илмй-тадкикотии чумхурихои бародарй ёрии калон расониданд.
Донишгохи давлатии Узбекистан ба номи Алишери Навой ба ДДТ як катор китобхои илмию методиро хамчун тухфа фиристод. Китобхонаи калони корхои илмии Донишгохи давлатии ^азон ба номи В.И.Ленин, дар факултети хукукшиносие, ки худи Ленин тахсил кардааст, ба ДДТ кучонида шуд. Дастхатхои нодири илмиро Донишгохи давлатии ^азокистон тухфа кард[3, 3].
Дар соли аввали хониш (1948 - 1949) дар ин чо факултетхои геология, биология ва таъриху забонишиносй (филология) хамагй се факултет кушода шуда буд. Гуфтан мумкин аст, ки таъсиси факултаи хукукшиносй дар асоси карори шурои Вазирони ИЧШС дар бораи таъсисёбии ДДТ дар Сталинобод дар хайси 4 факултет нишон дода шудааст, ки факултети физика - математика бо (шуъбаи химия), хокшиносй - геологй - географй, биология ва таъриху забоншиносй бо шуъбаи забонхои шарк таъсис ёфт. Накши мухимро дар Сталинобод Д1^^ (ВЮЗИ), дар тайёр кардани мутахасисон мебозид. Хангоми таъсисёбии ДДТ хайати профессорон ва омузгорон 30 нафарро ташкил медод. Дар хисоботи ДДТ дар солхои 1948 - 1949 нишон дода шуда буд: "Дар замони хозира дар донишгох 36 муаллим, аз онхо 17 нафар коргари доимй(штатй), 19 нафар муштараквазифаанд..."[7, 10]. Дар ДДТ 2 профессор, 1 доктори илм, 8 дотсент, 4 номзади илм фаъолият мебурданд.
Соли 1949 аз чониби Шурои Вазирони ИЧШС ва КМ ХК (б) - и ИЧШС барои пешбурди корхои илмию тахкикотй дар ДДТ аз хисоби бучети давлатй 63800 рубл чудо карда шуда буд, ки барои пешбурди донишкадаи навтаъсис заминаи мусоид фарохам оварда шуд. Соли 1949 дар ДДТ 15 лоихаи илмй ба накша гирифта шуда буд[11, 14].
Дар охири панчсолаи баъдичангй дар Точикистон 32 техникуму 5 донишкада фаъолият мебурд, 2760 мактаб амал мекард. Дар сохахои хочагии халк 6,5 хазор мутахассисони маълумоти олидор машгули мехнат буданд. Ходимони илм С. Айнй, М.С. Андреев, Е.Э. Бертелс, Б. Fафуров, А.М. Баховаддинов, А.А. Семёнов, З.Ш. Рачабов, А. Павловский ва дигарон дар Академияи илмхои навбунёд (1951) фаолияти илмй мебурданд. Шоиру нависандагон С. Айнй, А. Лохутй, М. Турсунзода, Р. Чалил, Ч. Икромй, М.Миршакар асархои барчаста офариданд. Соли 1950 дар Точикистон 971 хонаи маданияту клуб, 1337 кироатхона, 4 музей амал мекард. Театру кинои точик дар озмунхои умумииттифокй ва фестивалхои байналхалкй ширкат меварзиданд.
Баробари сохахои дигари хочагии халк охири солхои чилум ва панчохум ба инкишофи хаматарафаи сохахои мухталифи илм ахамияти калон дода мешуд. Дар ин чода филиали Академияи улуми ИЧШС дар Точикистон хизматхои зиёд кардааст. Кормандони ин филиал дар сохаи пажухиши илмй рочеъ ба геология, табиатшиносй, зоология ва паразитология, кимиё ва астрофизика, таъриху филология ва гайра сахми арзанда гузоштанд.
Кормандони илмии филиали Точикистонии АУ ИЧШС масъалахои мухими иктисодй ва фархангии чумхуриро пажухиш карда, ба хаёт татбик мекарданд. Соли 1947 бори аввал Бобочон Fафуров китоби «Таърихи мухтасари халки точик» (аз замонхои кадим то инхилоби октябр) - ро пешкаши хонандагон гардонд. Бо рохбарии бостоншиносони маъруф А.Я.Якубовский, М.М. Дяконов ва А.М. Беленитский дар Панчакенти бостонй хафриётхо гузаронида, дар таърихи кухани халки точик сахифахои тоза боз шуданд. Бозёфтхои нодир собит намуданд, ки Панчакент яке аз шахрхои руштёфтаи кадимаи Осиёи Миёна ба шумор меравад.
Бо ^арори Шурои Вазирони Иттиходди Шуравй аз 9-юми октябри соли 1950 дар асоси ^арори Раёсати Шурои Олии ЧШС Точикистон, Шурои Вазирони ЧШС Точикистон ва Кумитаи Марказии Хизби коммунисти Точикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмхои ЧШС Точикистонтаъсис дода шуд. Ба хайати он муассисахои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносй, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти
зотпарварй, Институти таърих бостоншиносй ва мардумшиносй, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономй, Шуъбаи пахтапарварй, Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи иктисодиёт. Тайи солхои минбаъда вохидхои нави илмии зерин дар АИ ЧШС Точикистон таъсис дода шуданд: Институти масъалахои об, Институти астрофизика, Институти шаркшиносй ва мероси хаттй, Пойгохи дар Помир будаи Академияи илмхои ЧШС Точикистон, Кумитаи истилохоти Академияи илмхои ЧШС Точикистон, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Институти физиология ва биофизикаи растанихо, Институти иктисодиёт, Институти гастроэнтерология, Шуъбаи хифз ва истифодаи окилонаи захирахи табий, Институти шаркшиносй, Институти математика бо Маркази хисоббарорй[10, 41].
Дар асоси Филиали Точикистонии Академияи илмхои ИЧШС соли 1951 хамчунин Академияи илмхои ЧШС Точикистон таъсис дода шудааст.
Аввалин аъзоёни комилхукуки Академияи илмхои ЧШС Точикистон—Садриддин Айнй, Мирзо Турсунзода, Иван Николаевич Антипов-Каратаев, Бобочон Гафуров, Бобочон Ниёзмухаммадов, Плешко Семён Иванович, Александр Александрович Семёнов, Смольский Николай Владиславович, Юсупова Сараджан Михайловна, Х,икмат Абдуллоевич Юлдошев, Александр Юрьевич Якубовский шуданд [10, 42].
Дар кори пешбурди корхои илмй дар академия сахми олимони рус Иван Николаевич Антипов-Каратаев, Плешко Семён Иванович, Александр Александрович Семёнов, Смольский Николай Владиславович, Юсупова Сараджан Михайловна, Александр Юрьевич Якубовский ва дигарон хеле калон аст.
Тахти кумакхои бародаронаи халки бузурги рус Точикистон дар рохи бартарафсозии акибмондагии худ дар сохахои гуногуни хаёти чамъиятй аз чумла дар чодаи илму фарханг кадамхои устувор гузошта буд[5, 216].
Дар шароити сохтмони сотсиалистй ба пешрафти илм ва сахми он дар пешбурди чомеа диккати махсус дода мешуд. Ин раванд пеш аз хама истифодаи мехнати аклии мардумро ба рох монда барои рушди босуръати давлат замина фарохам меовард. Дар мархилаи аввали бунёди давлати Шуравй В.И. Ленин чунин кайд карда буд: "Дар назди Шурохо барои пешбурди илм ягон кувваи бадй истодагарй карда наметавонад."[9, 189]
Дар солхои 30 - юм ва 40 - уми асри ХХ дар Точикистон мактабхои олй ва институтхои илмй таъсис дода шуданд. Баъди ташкил ёфтани шуъбаи Точикистонии Академияи илмхои ИЧШС дар соли 1941, талабот ба мутахассисони баланихтисос дар Точикистон зиёд гардид. Ба гайр аз ин пешрафти сохаи маориф, илм ва техника такозо менамуд, ки раванди тайёр кардани кадрхои сохаи маориф ва хочагии кишлок тезонида шавад.
Барои амалй гардонидани максадхои дар боло зикршуда дар асоси имкониятхои мавчуда дар мактабхои олии кишвар корхои зарурй анчом дода мешуданд. Аз соли 1936 то соли 1945 дар ДДОЛ ба номи С.М. Кировро 299 нафар ба итмом расонида буданд[1, 313]. Аксарияти Хатмкунандагони ин боргох дар мактабхои олии каишвар фаъолият мебурданд. Чунончи аз 43 нафар устодони ДДОЛ ба номи С.М. Киров 20 нафарашон хатмкунандагони донишкада буданд[1, 314].
Хамчунин дар донишкада мутахассисони сохаи омузгорй аз хисоби занон тайёр карда мешуданд. Соли 1947 дар ин боргохи илму маърифат аз нохияхои шимоли Точикистон 31 нафар занону духтарон тахсил менамуданд[4]. Ин раванд дар дигар мактабхои олии кишвар низ идома дошт аммо барои конеъ гардонидани талабот кофй набуд.
Аз рузи аввали чанг ходимони илму фарханги точик фаъолияти эчодии худро ба кори чабха равона карданд. 1-уми сентябри соли 1941 ШКХ ЧШС Точикистон «Дар бораи дигаргунсозии кори филиали Точикистонии АФ ИЧШС» карор кабул намуд. Олимони институтхои илмй -тадкикотй вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти амалии худро барои таракки додани
иктисодиёт ва мустахкам намудани кобилияти мудофиавии Иттиходи Шуравй сафарбар намояд. Геологх,о чустучуи конхои нави ангишт, нафт (^изилтумшук), нимфулузхо, фулузхои ранга, ашёи хоми кимиёй, истехсоли намак ва гайраро васеъ карданд.
Барои парвариши рустанихои шифобахш дар боги бота-никии Душанбе 27 намуди растанихо аз тачриба гузаронида шуданд. Рустанихои шифобахши валериан, наперстиан, белладон ва гайра натичахои хуб доданд. Парвариши арча ва аз он тайёр кардани доруи шифобахш ба рох монда шуд.
Зоологу паразитологхо, селексионерон корхои зиёде карданд. Хусусан, хизматхои пажухишгохи зоологияи АФ ИЧШС (директораш академик Е.Н.Павловский), ки ба Душанбе кучонида шуда буд хеле калон аст. Ходимони он алайхи касалихои варача, сирояткунанда, хашароти зараровари кишоварзй ва гайра корхои зиёди илмй - тадкикотй бурданд. Олимони чомеъашиноси точик дар сохаи омузиши таъриху фарханг корхои зиёди илмй - тадкикотиро анчом дода, мехнаткашонро дар рухияи ватандустй ва садокати бепоён ба халку ватан тарбия менамуданд.
Холати пешомада ба назар гирифта шуда баъди ба итмом расидани ЧрВ тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои ЧШС Точикистон дар чумхурихои бародарй ба рох монда шуд. Макоми махсусро дар амалй гаштани ин раванди барои пешрафти Точикистон зарурй РСФСР ишгол менамуд.
Бо максади пурра таъмин намудани хочагии халк бо кадрхои баландихтисос соли 1959 КМ ХК Точикистон ба КМ УХК ИЧШС мурочиатнома ирсол намуда буд, ки мувофики он барои Точикистон дар як сол аз 120 то 150 чой ба таври гайриозмун дар мактабхои олии ИЧШС чудо карда мешуд. Ин дархости чониби ЧШС Точикистон аз чониб КМ УХК ИЧШС бо хушнудй кабул карда шуда буд. Танхо соли 1963 зиёда аз 350 нафар аз Точикистон ба мактабхои олии Россия ба тарики гайриозмун кабул карда шуда буданд[14].
Хамин тарик дар солхои 30 - юм ва 40 - уми асри ХХ Россия барои ташкили мактабхои олй ва пешрафти илм дар Точикистон макоми хосаро доро мебошад. Бояд ёдовар шавем, ки ин раванд барои ташаккули илм дар Точикистон шароити мусоид фарохам овард.
РУЙХАТИ САРЧАШМА ВА АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1. Абдуллоев С.А., Илм ва фарханги Точикистон дар нимаи аввали карни ХХ (аз руи маводхои таърихии шахру навохихои шимоли чумхурй). Хучанд - 1998. - 344 сах.
2. Академияи миллии илмхои Точикистон//Wikipedia.org (санаи мурочиат 19.03.2022).
3. Вып. 2 (Сборник статей) - Душанбе: Изд-во Таджикского ун-та, 1978, с. 3.
4. ГАСО., Фонд №403. Опись №1. Дело №48., Л. 1-2.
5. Гафуров Б., Прохоров Н. Точикон ва талошхои таърихии онхо барои озодии Ватан. (Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон). - Душанбе, "Адиб", 2012. - 224 сах.
6. ДДХ ба номи академик Б. Гафуров ^омуси мухтасар. - Хучанд: Нури маърифат, 2007. - 546 сах.
7. Джалилов Д. Подготовка юридических кадров и развитие правовой науки в Таджикистане. -В кн.: Актуальные вопросы теорий и истории права и применения советского законодательства. — Душанбе: Изд-во Таджикского ун-та, 1975.
8. Исмоилов У.Ш., Боргохи фарханговар ва илмофар: сахифахои таърихи ДДОЛ ба номи С.М. Киров дар рузномаи "Хакикати Ленинобод". (Дастури таълимй - методй) Хучанд - 2019. - 46 сах.
9. Ленин В.И. Речь на 2 всероссийском съезде работников медикосанитарного труда 1 марта 1920 г.//Полн. Собр. Соч. - Т.40.
10. Первая сессия Академия наук таджикской СССР//Вестник АН СССР, 1951, №6.
11. Раджабов С. А., Клеандров М. И. XXVI съезд КПСС и развитие юридической науки. — В кн.: Повышение эффективности законодатедьства в свете решений XXVI, съезда - КПСС. — Душанбе: Дониш, 1984.
12. Умаров С., «Развитие науки в Таджикистане»., Душанбе 1959. - 246 стр.
13. Хайдаров Г., Марофиев С. ва Исмоилов У., Маскани маърифат //Хакикати Ленинобод. - 1974. - 29 нояб.
14. ЦГА РТ., Фонд №360., Опись №15. Дело №1682. Л. 17-18.