Научная статья на тему 'ИНКИШОФИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (1991-2024)'

ИНКИШОФИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (1991-2024) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
энергетика / нерӯгоҳ / нерӯи барқ / нерӯгоҳи барқии обӣ / истеҳсоли барқ / талабот

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдуҳакимова Мунзифа Соҳибовна, Абдухакимова Мунзифа Сахибовна

Мақола ба масъалаи инкишофи соҳаи энергетика дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки вилояти Хатлон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетакӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол менамояд. Ҳанӯз аз давраи шӯравӣ барои ба минтақаи мазкур аҳамияти хоса дода мешуд. Дар солҳои истиқлолияти давалтӣ Тоҷикистон дар самти истифодаи ин захираҳо корҳои судманд анҷом дода шуд, ки раванди он дар мақола ба таври васеъ нишон дода шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ИНКИШОФИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (1991-2024)»

ИНКИШОФИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (1991-2024)

АБДУХДКИМОВА МУНЗИФА СО^ИБОВНА

ассистенти кафедраи фанхои чамъиятй ва хукукшиносии МД ФДБССТ дар вилояти Сугд

шахри Хучанд

АБДУХАКИМОВА МУНЗИФА САХИБОВНА

ассистент кафедры общественных наук и права ГУ ФМУТПТ в Согдийской области город

Худжанд

Аннотатсия. Мацола ба масъалаи инкишофи соуаи энергетика дар вилояти Хатлони Цумуурии Тоцикистон бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки вилояти Хатлон аз цщати захирауои гидроэнергетаки дар мицёси Цумуурии Тоцикистон цои аввалро ишгол менамояд. Х,ануз аз давраи шурави барои ба минтацаи мазкур ауамияти хоса дода мешуд. Дар солуои истицлолияти давалти Тоцикистон дар самти истифодаи ин захирауо коруои судманд анцом дода шуд, ки раванди он дар мацола ба таври васеъ нишон дода шудааст.

Калидвожахр. энергетика, неругоу, неруи барц, неругоуи барции оби, истеусоли барц, талабот

Дар давоми солхои Истиклоли давлатии Чумхурии Точикистон барои расидан ба истиклолияти энергетикй бо ташаббус ва дастгирихои бевоситаи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар вилояти Хатлон корхои зиёде ба анчом расонида шуд. Пешвои миллат борхо таъкид намуданд, ки рушди мунназзами иктисодиёти мамлакат бе истиклолияти энергетикй ва таъмини пурраи хамаи сохахо бо неруи барк гайриимкон аст.

Бояд кайд кард, ки кариб 65%-и захирахои гидроэнергетикии Чумхурии Точикистон дар каламрави вилояти Хатлон чойгир аст. Бинобар ин дар давоми солхои сохибистиклолй хукумати кишвар дар вилояти Хатлон лоихахои бузургй энергетикиро амалй намуд.

Дар солхои аввали сохибистиклолй мардуми кишвар дар хунуктарин фасли сол хамагй як-ду соат барк мегирифтанд. Х,атто баъзе аз рузхо мардум умуман бебарк мемонданд. Корхонахои барои мардум хаётан мухим - мактабхо, беморхонахо ва корхонахои саноатй бинобар чорй будани лимити барк кисман фаъолият мекарданд. Х,амаи ин, албатта ба шароит ва сифати зиндагии мардум, рушди иктисод таъсири манфй мерасонад. Вобаста ба ин Хукумати Чумхурии Точикистон таъмини истиклолияти энергетикиро яке аз хадафхои стратегии кишвар карор дода, барои расидан ба ин хадафи мухим тамоми захираву имкониятхоро равона намудааст. Коршиносони соха бар он назаранд, ки барои расидан ба ин хадафи стратегй Президенти мамлакат як катор дастурхо чихати сохтани силсила неругоххои баркии обии нав дар дарёи Вахш ва дигар дарёхои кишвар супоришхои мушаххас додаанд, ки дар замони сохибистиклолй якчанд неругох ба фаъолият огоз намуданд.

Дар давраи сохибистиклолии кишвар бо чалби сармояи дохиливу хоричи лоихахои хаётан мухимми энергетикй, ба монанди Неругохи барки обии "Сангтуда-1", Неругохи баркии обии "Сангтуда-2", хатх,ои интиколи барки «Чануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиколи барки байни Точикистону Афгонистон, корхои баркарорсозй ва сохтмони хатти баландшиддати «КАСА-1000» ва тачдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикй амалй гардида истодаанд, ки ин як кадами чиддй ба суи истиклолияти энергетикй мебошад[10].

Бо бунёд ва ба истифода додани ду иншооти бузурги аср дар замони сохибистиклолии кишвар, аз кабили неругоххои барки обии «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2», тавлиди неруи барк зина ба зина зиёд гардида, дар рушду нумуи сохахои ичтимоию иктисодии чумхурй, аз чумла, вилояти Хатлон мусоидат намуда, замина фарохам овард, ки содироти неруи барк ба хоричи кишвар ба рох монда шавад.

Чархаи (агрегат) аввали НБО «Сангтуда-1» мохи январи соли 2008 ба истифода дода шуд. Маросими ба истифода супурдани НБО «Сангтуда-1» соли 2009 ба вукуъ пайваст. Иктидори умумии НБО «Сангтуда-1» 670 МВт-ро ташкил медихад, ки аз чихати иктидор севумин неругохи барки обй дар Точикистон махсуб меёбад.

Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон зимни суханронй дар бораи ба истифода додани НБО-и "Сангтуда-1" иброз доштанд: "Точикистон дорои захирахои бузурги гидроэнергетикй буда, иктидори захирахои он зиёда аз 527 миллиард киловатт-соат мебошад, ки ба 70 фоизи неруи гидроэнергетикии Осиёи Миёна баробар аст"[6].

Неругохи баркии обии «Сангтуда-2» лоихаи шарикии Точикистону Эрон буда, аз ду чарха иборат аст. Иктидори он 220 МВт-ро ташкил медихад. Чархаи аввали неругох 5 сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишвархои Точикистону Эрон мавриди бахрабардорй карор дода шуд. Чархаи дувуми он мохи сентябри соли 2014 ба истифода дода шудааст. Корхои сохтмонии неругох бо маблаги 1 миллиард сомонй ё худ 225 миллион доллари америкой ба анчом расонида шуд. Дар бунёди сохтмони неругох зиёда аз 1200 нафар бинокорону мутахассисони гуногун ширкат варзида, 850 нафар коргарони он шахрвандони Точикистон буданд[10].

Кайд кардан зарур аст, ки барои дар амал тадбик намудани барномаи рушди энергетика дар Точикистон кадрхои баландихтисоси соха зарур буданд. Бинобар ин Донишкадаи энергетикии Точикистон тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон № 211 аз 03 майи соли 2006, хамчун муассисаи давлатии таълимии олии тобеъи Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон, дар шахри Бохтар (Кургонтеппа) таъсис дода шуда буд. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ва дар асоси фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон аз 15 августи соли 2016 тахти раками 61-ф бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии "Коллечи махсусгардонидашудаи нохияи Бохтар"-и Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, вокеъ дар чамоати дехоти Бохтариёни нохияи Кушониён, баъди бозсозиву тачдиду тармим ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи энергетикии Точикистон"-и Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад[2].

Соли 2016 дар рузи дуюми сафари кории худ дар вилояти Хатлон, Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон баъд аз тачдиди комил бинои нави Донишкадаи энергетикии Точикистон дар нохияи Кушониёнро дар вазъияти тантанавй мавриди бахрабардорй карор доданд. Фаъолияти худро Донишкада дар ин бинои наву замонавй тибки Конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон, аз чумла Конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи тахсилоти олии касбй ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимй», дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон, Оинномаи худ, ки бо Фармоиши Вазири энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон № 35 аз 21 июли соли 2014 тасдик шудааст, инчунин Ичозатнома оид ба хукуки пешбурди фаъолияти таълимй силсилаи АУ № 0001402 аз 10 январи соли 2014, раками кайд №1875, ба рох мондааст[2].

Бо гузашти зиёда аз 18 сол, Раёсат ва Шурои олимон, шуъбахои таълим, тарбия, молия ва хочагидорй, деканати факултахо, аъзои кафедрахо ва кулли кормандони Донишкада, дар самтхои боло бардоштани сифати таълим, самаранокии тахкикотхои илмй, ободу зебо гардонидани

бинохои таълимву хобгоххо, инчунин дар таъмини донишчуён бо тачхизоти озмоишии замонавй ва синфхонахои компютерй, ба натичахои назаррас ноил гардиданд.

То 31 декабри соли 2017 дар Донишкада 148 нафар омузгорон, 95 нафар омузгорони штатй, 24 нафар хамкорони дохила ва 29 нафар хамкорони аз он чумла 18 номзадони илм ва 6 нафар докторони илм дар 6 кафедра кор мекунанд. Дар Донишкада донишчуён аз руи 12 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд. Теъдоди донишчуён то 03 ноябри соли 2017 хамагй 2208 нафар, духтарон-79 нафар, квота-123 нафар (духтарон-7 нафар), аз чумла: шуъбаи рузона-1355 нафар, (бучавй-699 нафар, шартномавй-656 нафар), шуъбаи гоибона (шартномавй)-853 нафарро ташкил медихад.

Дар Донишкадаи энергетикии Точикистон дар ду шуъба 2208 нафар донишчуён таълим мегиранд, ки 1355 (61,4%) нафарашон донишчуёни шуъбаи рузона ва 853 (38,6%) донишчуёни шуъбаи гоибона мебошанд. Дар Донишкада 79 нафар духтарон тахсил менамоянд, ки ин хамагй 3,6 фоизро ташкил медихад. Машгулиятхо дар 66-синфхона, 24 озмоишгоххо ва 2 синфхонаи компютерй, ки дар 4 бинои таълимй чойгир гаштаанд, ба рох монда шуда, дар онхо зиёда аз 1987 чои нишаст бо мизу курсихо таъмин гардидааст. Шумораи тахтахои электронй ба 8 адад расида, ки барои баланд бардоштани сифати таълим дар Донишкада таъсири мусбат мерасонад. Яке аз воситахои мухими бехтар намудани раванди таълим, дастрас намудани китобхои дарсй, дастурхои таълимй ва ганй гардонидани китобхонаи Донишкада бо китобхои зарурй мебошад. Айни хол дар фонди китобхонаи Донишкада 17424 адад китоб мавчуд аст. Дар соли 2016 Раёсат мучахазгардонии кироатхонаи хобгохро бо чевонхои китобгузорй, асбобхои нусхабардорй (ксерокс) ва китобхои тахассусй ба накша гирифтааст. Инчунин дар маркази инноватсионй ва парки технологй чопи китобхои дарсии омузгорони Донишкада ба рох монда шудааст. Дар Донишкада алхол микдори кормандони илмии дарача ва унвони илмидошта 16,6%-ро ташкил медихад. Аз тарафи устодони Донишкадаи энергетикии Точикистон дар давоми соли 2017 дар конференсияхои байналхалкй ва чумхуриявй 304 фишурдаву маколахои илмй чоп карда шудааст. Дар давраи хисоботи 18 нафар омузгорони чавони Донишкада барои тахсил ва коромузй ба шуъбаи рузонаи аспирантураи муассисахои тахсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Чумхурии ^иргизистон фиристода шудаанд. Дар соли 2016 пас аз гузаштани коромузй донишчуён ва омузгорони Донишкада сохиби 2 адад сертификати байналмилалй гардидаанд. Умуман дар шуъбахои рузонаи аспирантураи хоричи кишвар тавассути квотаи байналмиллалии Президентии "Дурахшандагон"-3 нафар, квотаи Федератсияи Россия-2 нафар, бучаи Федератсияи Россия-6 нафар, маблагхои махсуси Донишкада-3 нафар ва дигар сарчашмахо-3 нафар тахсил доранд[2].

Калонтарини иншооти гидроэнергетикй ин НБО Рогун ба хисоб меравад. Оид ба сохтани Неругохи баркии обии Рогун гарчанде соли 2005 байни Точикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия хатто шартномае имзо шуд, вале он амалй нагардид. Точикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин неругохро бо маблаги худ месозад. Бо хамин максад Чамъияти саххомии кушодаи «Неругохи баркии обии Рогун» таъсис ва оинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомонй тасдик гардид. Соли 2009 хадди ин сармоя ба 6 млрд сомонй расонида шуд. Аз хисоби бучаи соли 2007 ба ин максад 50 млн. доллари америкой, соли 2008 - 130 млн. сомонй, соли 2009 - 533 млн. сомонй, соли 2010 - 650 млн. сомонй (148 млн. доллари америкой) чудо гардид.

Аввали соли 2008 дар сохтмон 635 нафар коргарон ва 46 адад техника кор мекарданд. Соли 2009 шумораи коргарон ба 6 хазор нафар ва техника ба 553 адад расид. Бо огози сохтмони сарбанди неругох (соли 2011) шумораи коргарон ва мутахассисон бояд ба 13 хазор нафар расад. Обанбори ин неругох имконият медихад, ки 360 хазор га. заминхои нав азхуд карда шавад ва обёрии 4 - 5 млн. га. заминхои минтака бехтар гардад.

Дар Чумхурии Точикистон 6 январи соли 2010 ба фуруши сахмияхои НБО Рогун шуруъ намуданд. Президенти Чумхур Эмомалй Рахмон дар арафаи ин вокеаи мухим, 5 январи соли 2010 ба мардуми Точикистон бо чунин суханон мурочиат намуд: «Х,оло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо такдирсоз ба корзори захмати созанда, майдони химмату чавонмардй, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба гояи миллии мо табдил ёфтааст»[7, с. 14].

Мардуми Точикистон мурочиати Президенти чумхурро хуш пазируфтанд. Аз тарафи ташкилотхо ва шахсони алохида то 1-уми июни соли чорй аз хисоби фуруши сахмияхои НБО Рогун ба маблаги 187 млн. доллари америкой чамъ карда шуд. Боварй хаст, ки он минбаъд боз хам зиёд мегардад[14, с. 352].

20 марти соли 2019 Президенти Чумхурии Точикистон дар шахри Норак ба татбики лоихаи «Баркарорсозии НБО «Норак» огози расмй бахшиданд. Дар натичаи татбики ин лоиха НБО «Норак» тачдид ва эътимодноктар гардида, иктидори лоихавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хохад шуд.

23 августи соли 2019 ба татбики лоихаи «Тачдиди НБО «^айроккум» огози расмй бахшида шуд. Баъди татбики лоиха тавоноии НБО «^айроккум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад[1].

9 сентябри соли 2019 Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругохи барки обии «Рогун» ба шахри Рогун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми неругох неруи барки аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интикол дода шуд[5]. Дар давраи Истиклолият иктидори истехсолии сохаи энергетика, бе назардошти НБО «Рогун», ба микдори 1520 МВт зиёд шуд[1].

20 январи соли 2020 Очонсии иттилоотии Sputnik Бойгонй шудааст 8 Декабри 2019 сол. гузорише овардааст, ки Мачлиси намояндагони Чумхури Точикистон хафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и ^онун "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатй", калимахои Неругохи барки обии "Рогун" ва Корхонаи вохиди давлатии "Ширкати Алюминийи Точик" хорич карда шуданд. Моддаи 9-и конуни мазкур дар бораи объектхоест, ки хусусй гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, "амволи неругохи барки обии "Норак", неругохи барки обии "Рогун" ва корхонаи вохиди давлатии "Ширкати Алюминийи Точик" хусусй гардонида намешаванд" [3].

Дар даврони сохибистиклолй 287 неругохи барки обии хурду бузург ва 1 маркази барку гармидихй, 1,5 хазор километр хатх,ои интиколи барки баландшиддат, 50 зеристгохи баландшиддати баркй бунёду тачдид ва дар мачмуъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозй карда шуда, хамчунин, беш аз 2000 мегаватт иктидорхои энергетикии иловагй бунёд шудааст. Дар ин давра барои рушди сохаи энергетикаи кишвар 34 лоихаи сармоягузории давлатй ба маблаги умумии 57,2 миллиард сомонй татбик карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танхо барои тачдиду рушди инфрасохтори энергетикй равона гардидааст. Президенти мамлакат мухтарам Эмомалй Рахмон бо каноатмандй аз рушди босуботи соха изхор доштанд, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи сохибистиклолии кишвар истехсоли неруи барк ба 20,6 миллиард киловатт - соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соха мебошад. Аснои суханронй Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон таъкид намуданд, ки чанде кабл дар доираи хамсоягии нек ва муносибатхои дустонаи Точикистону Узбекистон дар нохияи Айнй ба татбики муштараки лоихаи сохтмони ду неругохи барки обй бо иктидори умумии 320 мегаватт огоз бахшида шуд. Бахри афзоиши истехсоли неруи «барки тоза» ва рушди сохаи энергетикаи мамлакат дар оянда боз даххо неругохи барки обии бузургу миёна, аз чумла неругохи «Шуроб»-ро бо истифодаи ширкатхо ва тачрибаву малакаи коргарону мутахассисони дар сохтмони неругохи «Рогун» сахмдошта бунёд карда мешавад[8].

Дар давоми солхои 2009-2012 вобаста ба масоили сохтмони НБО "Рогун" миёни Точикистон ва Узбекистон нофахмихо ба вучуд омаданд. Овозаи тахдиди чанг аз чониби Узбекистон пахн шуда бахси Рогун то СММ рафта буд[12].

Аз аввалин рузхои пайдо шудани масъалаи баркарор намудани бунёди НБО Рогун ягона кишвар Узбекистон буд, ки бевосита ба ин масъала зиддият нишон дода ба сохтани он бо харос назар мекард, ки гуё Точикистон силохи хастай сохта ба мукобили хамсояи худ истифода мебурда бошад. Дар холе, ки бунёди неругох бар нафъи кишвархои хамсоя хам хаст, яъне ба давлатхои Афгонистон, Покистон ва ё ба дигар минтакаи Осиёи Марказй содир кардани кувваи барк барои манфиатхои кишвархои минтака хизмат хохад кард. Ин холат боиси рушди иктисодии минтака мегардад.

Дар робита ба масъалаи мазкур, тачрибаи мамлакатхои чахон нишон дода истодааст, ки бо надоштани шароити хуби ичтимоию иктисодии ин ё он давлатхо сабаби пайдо шудани харакатхои экстремиста ва халалдор кардани амнияти онхо мегардад. Имруз бунёди неругох ин танхо масъалаи иктисодию ичтимой набуда масъалахои амниятиро низ дар бар мегирад (пеш аз хама амнияти иктисодй), ки он метавонад вазъияти кунунии минтакаро ру ба бехбудй оварад[11, с. 133].

Бо назардошти чунин манфиатхо дар масъалаи мазкур кишвархои хамсояро мебояд вокеъбинона назар намоянд ва аз яккатозихои танхой бояд баландтар назар намуд, яъне манфиату амнияти минтакаро низ бояд ба инобат гирифт[11, с. 134]. То соли 2019 муносибатхои Узбекистону Точикистон хеле бад буд. Соли 2009 Узбекистон аз фурухтани кувваи барк ба Точикистон даст кашид. Хукумати Чумхурии Точикистон мачбур шуд, ки сохтмони НБО Рогунро тезонида бо чалби сармояи хоричи лоихахои хурду миёна ва бузургро дар сохаи энергетика тахрезй ва амалй намояд. Аз соли 2008 то соли 2014 дар фасли Зимистон ба дехот умуман кувваи барк намерасид.

Хукумати Точикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) карордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати баркии НБО Рогун 3,9 млрд доллари амрикой пешбинй шудааст. Танхо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Рогун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблаг сарф хохад шуд. Дар охири соли 2018 дар назар аст, се агрегати НБО Рогун ба истифода супорида шаванд, менависад Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказй — СА-NEWS[13]. Барои корхои баркарорсозй ва сохтмони неругохи «Рогун» дар давраи истиклол зиёда аз 12,5 миллиард сомонй маблаг азхуд карда шудааст. Дар ин иншооти мухимми аср кариб 15 хазор нафар мутахассисону коргарон машгули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмхо сафарбар гардидааст.

Барои давом додани сохтмони НБО Рогун чумхурихои поёноби Амударё Узбекистон ва Туркманистон зиддият нишон медоданд. Сабаби норозигии рохбарияти ин чумхурихо ва махсусан Узбекистон ин хатари руй додани зилзилахо дар атрофи сарбанди (баланди — 335 метр) НБО Рогун ва кам гардидани резиши миёнаи оби Амударё аст, ки ба обёрй намудани заминхои давлатхои поёноб оварда мерасонад. Барои санчидани зарари экологии НБО Рогун ва обанбори он, хамин давлатхо ба СММ ва дигар созмонхои байналмилалй мурочиат намуданд. Бо маблаггузории Бонки Чахонй сохтмони НБО Рогун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санчиши чиддй гузаронида шуданд ва барои мухити атроф ва экологияи минтака безарар дониста шуданд.

Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субх то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шагал мачрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Неругохи барки обии Рогун хусни огоз бахшид[9].

Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон санаи 16 ноябри соли 2018 дар вазъияти тантанавй агрегати якуми Неругохи барки обии «Рогун»-ро ба кор

дароварданд. Нахуст дар махалли сохтмони Неругохи барки обии Рогун хатти баландшиддати интиколи неруи барки 500 кВ-и "Душанбе-Рогун"-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати точикро чомаи амал пушониданд. Хатти баландшиддати интиколи неруи барки 500 кВ-и "Душанбе- Рогун" дар доираи лоихаи "Баркарорсозй ва сохтмони хати баландшиддати интиколи неруи барки 500 кВ дар нохияхои тобеи чумхурй" амалй шуда, арзиши умумии тарх 650 миллион сомонй мебошад. Лоихаи мазкур мохи сентябри соли 2017 огоз ёфта, анчоми тадбики лоиха тибки накша мохи августи соли 2021 пешбинй шудааст.

Сипас ба фаъолияти Дастгохи таксимкунандаи пушидаи элегазии Неругохи барки обии Рогун огози расмй бахшиданд. Корхои васлгарии тачхизоти Дастгохи мачмуии пушидаи таксимкунии элегазй "КРУЭ" хануз мохи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи махаллй бо сифати баланд ба анчом расонида шуда буд. Дар ин иншооти болопушида 19 адад дастгохи элегазии 500 кВ ва 4 дастгохи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиколи неруи барк аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барки хавоии 500 кВ сурат мегирад. Хамчунин аз тачхизоти мазкур тавассути як хати дузанчираи 220 кВ то Зеристгохи баркии шахри Рогун неруи барк интикол дода хохад шуд. Фаъолияти ин маркази муктадир дар хамкорй бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Махз аз хамин толор тавассути дастгоххои истехсоли ширкати бонуфузи чахонй неруи барки дар НБО Рогун истехсолшаванда ба хатхои баландшиддат интикол дода мешавад. Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакхои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори чараёнй, 30 модули дарозкунанда, 168 адад чудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад махдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулхои мобайнии чараёнгузар насб гардидааст. Хамаи полюсхои 500 кВ бо металлоконструксияхои мухофизатй чихозонида шудаанд[5].

9 сентябри соли 2019 Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругохи барки обии «Рогун» ба шахри Рогун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми неругох неруи барки аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интикол дода шуд [5].

Огози корхои баркарорсозй ва бунёди Неругохи барки обии «Рогун», тачдиду азнавсозии неругоххои барки обии «Норак», «Сарбанд» ва «^айроккум», мавриди истифода карор гирифтани неругоххои барки обии «Сангтуда - 1», «Сангтуда - 2», Помир - 1, неругохи барки обии «Точикистон» дар баландии 3500 метр аз сатхи бахр дар нохияи дурдасти Мургоб, Маркази барку гармидихии Душанбе -2, зеристгоххои баркии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Сугд», хати интиколи барки 500 киловолтаи «Чануб-Шимол», дастгоххои таксимкунандаи пушидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар неругохи барки обии Норак, зеристгоххои баркии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнй», «Шахристон», «Шахринав», «Геран - 2», хатхои интиколи барки 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Точикистон-Афгонистон», «Хучанд-Айнй», «^айроккум-Сугд», «Айнй-Рудакй» ва огози татбики вокеии лоихаи КАСА - 1000 аз чумлаи комёбихои бузурги Точикистон дар рохи расидан ба истиклоли комили энергетикй мебошанд, ки тахти рохнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш мухтарам Эмомалй Рахмон амалй карда шудаанд. Бо татбики лоихахои мазкур дар дах соли охир иктидорхои истехсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатхои интиколи барки баландшиддати 500, 220 ва 110 киловолта мавриди бахрабардорй карор дода шуданд [4].

НБО «Рогун» яке аз иншоотхои азими Чумхурии Точикистон аз чихати таъмини истиклолияти энергетикй ба хисоб меравад. Тавре, ки мо медонем корхои баркароркунии сохтмонй дар НБО «Рогун» аз соли 2009 огоз гардида буд. Чунин як лоихаи бузурги энергетикй дар кишвар хануз охири солхои 70-уми асри гузашта шуруъ шуда буд, вале бо сабабхои гуногун нотамом монд. Аслан Рогун ном гирифтани ин неругох аз номи дехае бо номи Рогун сарчашма мегирад. Рогун нангу номус ва ифтихори миллати точик аст.

Бо бунёди НБО «Рогун» Точикистон истиклоли энергетикиашро ба даст оварда метавонад. Ба кор андохтани НБО «Рогун» ягона рохи бадастдарории истиклолияти энергетикй мебошад. Ин неругох пуриктидортарин неругох дар Осиёи Миёна буда, иктидори тавлидотии неруи барки он 13.5 миллиард киловатро ташкил медихад.

Бо ба даст овардани Истиклолияти давлатй дар кишвар мархилаи нави рушди сохаи энергетика, бахусус гидроэнергетика огоз гардид, ки махз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои Миллат мухтарам Эмомалй Рахмон дар раванди таъмини истиклолияти энергетикй ва пурра аз бумбасти норасоии энергияи электрикй баромадан ва бахри расидан ба хадафи чоруми стратегй - саноаткунонии кишвар заминагузор гардид.

РУЙХАТИ САРЧАШМА ВА АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. Дар давраи Истиклолият иктидори истехсолии соха бе назардошти НБО «Рогун» 1520 МВт зиёд шуд(точ ). www.khovar.tj. Санаи мурочиат 15.08.2024.

2. Донишкадаи энергетикии Точикистон www.det.tj. Санаи мурочиат 14.08.2024.

3. Ичозати хусусй кардани амволи "Рогун" ва "Талко": Хукумату парлумон пазируфтанд(точ). www.sputnik-tj.com. 18.08.2024.

4. Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругохи барки обии "Рогун"(точ). www.president.tj. Санаи мурочиат 24.08.2024.

5. Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругохи барки обии «Рогун»(точ). www.khovar.tj. Санаи мурочиат 16.08.2024.

6. Маросими ба кор даровардани Неругохи барки обии «Сангтуда - 1» (точ.) www.khovar.tj. Санаи мурочиат 13.08.2024.

7. Мурочиатномаи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба мардуми Точикистон, шахри Душанбе, 5 январи соли 2010. - Душанбе, 2010 - С. 14.

8. Мулокот бо сохтмончиёни Неругохи барки обии "Рогун"(точ). www.president.tj. Санаи мурочиат 19.08.2024.

9. Огози бунёди сарбанди Неругохи барки обии Рогун(точ). www.president.tj. Санаи мурочиат 20.08.2024.

10. Рушди энергетика дар даврони истиклолияти Чумхурии Точикистон www.apa.tj Санаи мурочиат 12.08.2024.

11. Саидов Ш.Ш., Чавонон ва далати миллй дар раванди чахонишавй. - Душанбе: "Ирфон", 2015. С.133.

12. Точикистон бо барки худи таъмин мегардад // Вахдат. - 2011. - №6 (158) март.

13. Таджикистан в 2018 году намерен запустить три агрегата Рогунской ГЭС. www.http://ca-news.org/news: Санаи мурочиат 23.08.2024.

14. Хотамов Н.Б. Социально - экономические преобразования Республики Таджикистан в период суверенитета (1991 - 2006 гг.). - Душанбе. 2008. С. 352.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.