Научная статья на тему 'ДАСТОВАРДҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН'

ДАСТОВАРДҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
244
35
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРЕЗИДЕНТ / ЭНЕРГЕТИКА / НЕРӯГОҲИ БАРқИ ОБӢ / ПАЁМ / ДАРЁҲО / РУШД / БАРқ / НБО РОғУН / НБО НОРАК

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Ҳусайнов Аҳмадҷон Қурбонович

Дар мақола марҳилаҳои асосии рушди энергетика дар Паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф қайд мекунад, ки рушди соҳаи энергетика яке аз масъалаҳои муҳим дар Паёмҳои Президенти кишвар буда, баҳри расидан ба истиқлоли энергетикӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон дар мақолаи мазкур саҳми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба истиқлоли энергетикӣ нишон дода шудааст. Сарфи назар аз мубрам будани масъала ва мавҷудияти теъдоди зиёди маълумоту мавод ва ҳуҷҷатҳо аз нашрияҳои даврӣ, таҳқиқи масъалаи мазкур дар таърихнигории ватанӣ ва шароити имрӯза ҳамоно актуалӣ боқӣ мемонад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ENERGY ACHIEVEMENTS OF TAJIKISTAN AND THEIR REFLECTIONS IN THE MASSAGES OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

The main stages of the development of energy in the massages of the Leader of Nation, The founder of the Peace and National Unity, President of the Republic of Tajikistan is reviewed in the article. The author indicates that the development of the energetic sector is one of the important issues in the massages of the President, and there have been done a lot for achieving energy independence. At the same time, the contribution of the Leader of nation, The founder of the Peace and National Unity, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon for achieving energy independence in Republic of Tajikistan is noted in the given article. Despite the importance of the considering issue and availability of a large amount of information, materials and documents from the periodicals, the study of the question in Tajik historiography remain relevant today.

Текст научной работы на тему «ДАСТОВАРДҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ТДУ 620.9+323(575.3)

ДАСТОВАРД^ОИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОЧИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ПАЁМ^ОИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН

Хусайнов А. Ц.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Дар шароити имруза рушди босyръати иктисодиёти чахонро бе пешбyрди сохаи энергетика тасаввур намудан Fайриимкон аст. Имрузхо ин соха на танхо асоси пешрафти иктисодиёт, балки тамоми пахлухои хаёти инсониятро фаро гирифтааст. Аз ин ру, талабот ба сохаи мазкур дар тамоми давлатхои дунё торафт бештар мегардад. Таърихи ташаккули давлатхои мутараккй нишон медихад, ки бе дастёбй ба иктидори кофии энергетикй давлат наметавонад рушди муътадили иктисодию ичтимоии худро таъмин карда бошад. Дар ин замина, аксари давлатхои дунё бештари талаботи хешро бо роххои сунъй, аз чумла, бунёди неругоххои баркии атомй ва коркарду истифодаи газхои гулхонай конеъ месозанд. Албатта, чунин холат дар раванди ифлосшавии хавои атмосфера таъсири манфй гузошта, вазъи ногувори бухронии экологиро боз хам ривоч медихад.

^айд намудан ба маврид аст, ки сиёсати энергетикй яке аз чузъиётхои мухимми сиёсати давлатиро ташкил менамояд ва чавхари марказии он таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои чомеа мебошад. Сохаи энергетика, ки масъалахои рушди он пайваста дар Паёмхои Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон инъикос меёбад, яке аз сохахои афзалиятноку мухим ва такягохи иктисодии Хукумати Чумхурии Точикистон махсуб ёфта, расидан ба истиклолитяи энергетикй яке аз хадафхои асосии он ба шумор меравад.

Мавриди тазаккур аст, ки Точикистон дар минтака ва чахон яке аз давлатхои пешрафтаи истехсолкунандаи «энергияи сабз» мебошад. Шароити чyFрофию табиии Точикистон имкон додааст, ки 98 фоизи неруи барк аз манбаъхои баркароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истехсол гардида, мамлакат аз руи фоизи истехсоли «энергияи сабз» ба шашумин кишвари пешсафи сайёра табдил ёбад [В]. Чумхурии Точикистон накшаи рушди энергетикаи обиро яке аз максадхои асосии худ дар самти сиёсати давлатй карор дода, манфиати кишвархои хамсояи худро дар асоси созишнома ва ухдадорихои худ ба инобат гирифтааст. Ин нуктаро Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми солонаи худ ба Мачлиси Олй хануз соли 2016 ба тарики зайл иброз дошта буданд: «Хукумати мамлакат захирахои гидроэнергетикиро сарвати миллй мешуморад. Бинобар ин, мо рушди сохаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтхои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар хамкорй бо шарикони байналмилалй таъмиру навсозй ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медихем» [3].

Истифодаи самараноки захирахои бойи гидроэнергетикии Точикистон дар давоми бист соли охир зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ва мехнати софдилонаи халки точик натичахои дилхох ба бор овард. Ба катори шаш кишвари истехсолкунандаи «энергияи сабз» шомил шудани Точикистон гувохи ин гуфтахост. Ба чунин маком дастёб шудани мамлакати мо аз чониби дигар далели он аст, ки Точикистон дар нишондихандахои партовхои газхои гулхонай накши хело ночиз дорад.

Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон хамчун дипломати сатхи олии обу экологияи чахонй ин мавзуъро хело олимона ва одилона мавриди тахлил карор дода, чунин кайд мекунанд, ки: «...кишвари мо аз хисоби нишондихандаи партови газхои гулхонай дар чахон чойи 135-умро ишFOл менамояд, ки ин макоми хеле баланд ва сахми арзишманди Точикистон дар халли мушкилоти глобалй мебошад.

Ин чунин маънй дорад, ки хачми партови газхои гулхонай дар Точикистон ба хар як нафари ахолй дар микёси минтака камтарин буда, сахми муносиби мо дар бехдошти вазъи экологии минтака ва сайёра мебошад» [5].

Тавре ки дар боло ишора намудем, Точикистон бо рушди энергетикаи обй дар хифзи мухити зист накши худро мегузорад. Ба ибораи дигар, дар нигох доштани сатхи пасттарини

партовхои зараровар ба Чумхурии Точикистон истифодаи васеи захирахоихои баркароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика мусоидати чиддй менамояд.

Ноил шудан ба пешрафти «энергияи сабз» метавонад дар рушди «иктисоди сабз» мусоидат намояд. Имруз бо истифода аз манбаъхои тозаи гидроэнергетикии худ Точикистон дар минтака ба яке аз давлатхои тавлид ва содиркунандаи баркй аз чихати экологй тоза табдил ёфтааст. Ин холат «... барои таъмин намудани кишвархои минтака бо неруи барки аз лихози экологй тоза - яке аз асосхои рушди "иктисоди сабз"- метавонад ба кам гардидани партовхои гази карбон ба атмосфера мусоидати чиддй намояд» [4].

Сарвари давлат ба масъалаи мавриди назар хамеша таваччухи махсус зохир намуда, дар самти тараккиёти соха чорачуихои зиёд намудаанд. Ахиран, дар Паёми навбатии хеш ба ин масъала таваччух намуда, чунин иброз доштанд, ки: «... чихати таблигу муаррифй кардани бартарии экологии махсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истехсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонахои ватанй барои гирифтани сертификати «истехсоли сабз» аз макомоти махсусгардонидашудаи байналмилалй чорачуй намоянд» [8].

Дар вокеъ, ин таъкид барои рушди истехсолоти аз чихдти экологй тоза, ки бо кувваи барки тозаи ватанй коркарду истехсол мешаванд, дар оянда мусоидат менамояд.

Дар шароити чахони муосир бо назардошти зиёд шудани ахолй ва руз аз руз бештар гардидани талаботи мардум ба воситахои техникй, махсусан воситахои наклиёт, зарурати бештар намудани истехсолоти ин навъи махсулотро ба миён меорад. Аз руи тахлили коршиносони соха, солхои охир аз тарафи ширкатхои калони истехсолкунандаи воситахои гуногуни наклиётй, истехсоли навъхои гуногуни наклиёт дар киёс ба солхои пешин ба маротиб зиёд гардидааст. Ин нишондихандаи хуб аст, аммо тавре маълум аст, воситахои гуногуни наклиётии мукаррарии дизелй дар ифлосшавии мухити зист таъсири манфй мегузоранд. Бо максади рафъи чунин мушкилот аз тарафи баъзе аз ширкатхо истехсоли наклиёти баркй ба рох монда шудааст [1]. Аз руи хулосаи мутахассисон истифодаи чунин навъи наклиёт аз лихози экологй безарар мебошад.

Бо назардошти ин ва имкониятхои хуби сохаи гидроэнергетикии кишвар Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми соли 2021 доир ба воридоти наклиёти баркй ибрози андеша намуда, аз чумла чунин гуфта буданд: «Инчунин, бо максади ба тагйирёбии иклим мутобик гардонидани иктисоди миллй, хифзи мухити зист ва бехтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти наклиёти баркй ба кишвар, яъне электромобилхо, электробусхо, троллейбусхо ва монанди инхо аз пардохтхои андозй ва гумрукй пурра озод карда шаванд» [7]. Ин икдоми Рохбари давлат дар самти рушди соха, бешак, мусоидат менамояд. Х,амзамон, ин икдом дар хифзи мухити зист, рушди иктисоди миллй, сарфаи бучаи хонаводагй ва гайра, таъсири мусбат мерасонад. Ахаммияти истифодаи наклиёти баркиро дар шароити имруза Рохбари давлат дар Паёми охири хеш чунин баён намуданд: «Дар сурати истифодаи неруи барки «тоза»-и дар кишвар истехсолшаванда дар воситахои наклиёти баркй метавон талаботи мамлакатро аз махсулоти нафтй кохиш дода, ба ин васила ба хифзи мухити зист ва бехтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд» [8].

Бо гузашти як сол аллакай мушохида мешавад, ки корхои ибтидой дар ин соха амалй шуда истодаанд. Инчунин, бо максади оммавй намудани ин намуди наклиёт дар Паёми соли 2022 Сарвари давлат ба вазоратхои саноат ва технологияхои нав ва наклиёт супориш доданд, ки чихати дар дохили мамлакат ба рох мондани истехсоли воситахои наклиёти баркй тадбирхои мушаххас андешанд.

Чй тавре ки маълум аст, яке аз хадафхои асосии мамлакат ин расидан ба истиклоли энергетикй мебошад. Бо максади расидан ба ин хадаф ва таквияти имкониятхо барои рушди «энергияи сабз» давоми солхои сохибистиклолй зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар сохаи мазкур дигаргунихои куллй ба вучуд омаданд. Давоми солхои сохибистиклолии кишвар, аниктараш то соли 2020, чихати халли мушкилоти сохаи энергетика ва рушди он 34 лоихаи давлатии сармоягузорй ба маблаги 57,2 миллиард сомонй амалй карда шудааст [6]. Аз руи нишондодхои Паёми соли 2020 дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иктидорхои нав ба кор андохта шуда, хачми истехсоли неруи барк аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт-соат дар соли 2019 афзоиш дода шудааст [6]. Х,амзамон, Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ кайд намуданд, ки дар солхои сохибистиклолй беш аз 3430 муассисаи нави таълимй, 2827 (дар мачмуъ 5116) муассисаву

иншооти тандурустй, 18 хазор иншооти таъиноти истехсоливу ичтимой, 1382 коргоху корхонаи саноатй (дар панч соли охир), 2800 корхонаи саноатй, ба истифода додани 1,5 млн. метри мураббаъ манзили истикоматй сохта ба истифода дода шуда, инчунин шумораи ахолй сол то сол зиёд гардида истодааст, ки ин хама истехсоли неруи барки иловагиро такозо мекунад.

Президенти кишвар соли 2015 кайд намуда буданд, ки "танхо барои истифодабарии телефонхои мобилй кариб 22 миллион киловатт - соат кувваи барк зарур аст [1, с. 495]. Худ казоват намоед, ки аз соли 2015 то соли 2023 шумораи телефонхои мобилй ба чанд адад расида бошад ва чй кадар кувваи барки зиёдатй дар ин давра харч ва зарур мегардад. Албатта, ин нишонаи он аст, ки тамоми сохахои хаётан мухимми хочагй дар чумхуриамон зина ба зина рушд намуда истода, бахри амалй гардидани стратегияи чоруми давлатй -саноатикунонии кишвар кадамхои нав ба нав гузошта шуда истодааст. Набояд фаромуш кард, ки барои ба истифода додани хар як корхона, коргох, муассисахои таълимй, муассисаву иншоотхои тандурустй, манзили истикоматй ва гайрахо, албатта, кувваи барк лозим ва зарур аст. Ба хамин хотир хукумати чумхурй барои дарёфти иктидорхои нави энергетикй таъмиру азнавсозии неругоххо, ки дар даврони шуравй сохта ба истифода дода шуда буданд, ба рох мондааст. Хотиррасон менамоем, ки аз 527 млр кВт/с захирахои гидроэнергетикй танхо 3-4 фисади он аз худ карда шудааст.

Вокеан, дар давоми дахсолаи аввали сохибистиклолй бо сабабхои гуногун мушкилоти норасоии барк пайваста эхсос мешуд. Махсусан, дар давраи тирамох ва зимистон норасоии шадиди барк ба миён меомад. Баъзан солхо кор то дарачае мерасид, ки дар фасли сармо мардум хамагй ду ё се соат барк мегирифтанду халос. Дар баъзе махалхо, хатто мардум дар давоми руз умуман бе барк мемонданд. Бинобар навиштаи Пешвои миллат муассисахои барои мардум хело зарур, аз чумла мактабу беморхонахо ва корхонахои саноатй аз кор монда буданд. Ин холат хох нохох ба шароити зиндагии мардум, рушди иктисод ва халли казияхои ичтимой таъсири манфй мерасонид [9, с. 32].

Барои рафъи мушкилоти мавчуда ва расидан ба хадафхои созанда, сиёсати энергетикии Хукумати Чумхурии Точикистон зина ба зина амалй гардид. Тайи ин муддат бунёду тачдиди неругоххои баркй, маркази барку гармидихй, хатхои интиколи неруи барк ва зеристгоххои баркй, инчунин, ислохот дар сохаи энергетика имкон дод, ки таъминоти ахолй бо барк, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикй ва содироти барк ба кишвархои хамсоя дар фасли тобистон ба таври назаррас бехтар гардад. Дар баробари сохта ба истифода додани як катор неругоххои хурду бузург, аз чумла Помир-1, Сангтуда-1, Сангтуда-2, Точикистон, Маркази барку гармидихии Душанбе-2, 286 неругоххои хурди баркй, амалишавии лоихаи байнидавлатии хати интиколи барки баландшиддати КАСА-1000, хатхои интиколи баркй 500 кВ «Чануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», 500 кВ "Рогун-Душанбе", 220 кВ "Айнй-Рудакй", ба истифодаи пурра додани кони ангишти Зиддй, Назарайлок, бахри сарфаи кувваи энергия дар шахри Душанбе сохта ба истифода додани корхонаи лампахои каммасраф ва гайрахо буда, яке аз дастовардхои беназири Точикистон дар ин чода ба истифода додани ду агрегати НБО "Рогун" ба хисоб меравад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар чумхурй пешрафт ва рушди сохахои сузишворию энергетикй бахри расидан ба истиклолияти энергетикй бо маром идома дорад. Азхудкунй ва ба истифода додани иктидорхои нави энергетикй буд, ки соли 2018 3 миллиард киловат-соат неруи барк ба давлатхои хамсоя содирот карда шуд [1, с. 596].

Дар рохи расидан ба истиклолияти энергетикии Точикистон НБО "Рогун" накши хело муассир дорад. Аз руи тахлили коршиносон, баъди пурра ба кор даромадани неругохи барки обии "Рогун" Точикистон дар микёси олам ба катори се кишвари аввали тавлидкунандаи "энергияи сабз" шомил мегардад [5]. Чуноне ки Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон сентябри соли 2010 дар хамоиши СММ оид ба 10 - умин солгарди Эъломияи Хазорсола дастовардхои Чумхурии Точикистонро ба чомеаи чахонй муаррифй намуда, таъкид намуд: "Мусаллам аст, ки истиклолияти комили давлатии мо ба истиклолияти энергетикй марбут буда, он дар маркази таваччухи хукумати чумхурй карор гирифтааст ва аз кисматсозтарин масъалаи хаёти миллат ва кишвар мебошад". Хамзамон Президенти кишвар ёдовар шуданд, ки дастёбй ба манбаъхои энергия хакки мусаллами давлат ва миллати мост [9, с. 22]. ^айд намудан ба маврид аст, ки то соли 2016 дар мамлакат 1300 мегаватт иктидорхои нав ба кор андохта шудааст [3]. Пас аз ба истифода додани чархаи якум (16 -уми ноябри соли 2018) ва чархаи дуюми НБО Рогун (9-уми сентябри соли 2019) 240 мегаватт иктидорхои нав тавлид гардида, хачми солонаи он ба беш аз 20 млрд кВт/с расонида шуд (бо пурра ба кор андохтани 6 чархаи НБО Рогун истехсоли соланаи барк дар чумхурй ба 33 - 35 млрд кВт/с хохад расид). Инчунин соли 2018 дар нохияи баландкухи Мургоб НБО "Точикистон" бо иктидори 1500 киловатт ба истифода дода шуд, ки дар натича талабот ба

неруи барк дар ВМКБ пурра таъмин карда шуд. Хамзамон бо пуррагй ба анчом расонидани корхои тачдиду азнавсозй ва муччахазгардонй бо тачхизоту технологияхои муосир ба НБО Норак, ^айрокум ва Сарбанд иктидори неруи барк ба 840 мегаватт афзоиш меёбад [1, с. 595].

Холо дар чумхурй амалишавии 20 лоиха ба маблаги 17 миллиард сомонй идома дорад. Аз руи нишондодхои Паёми имсолаи Рохбари давлат, тачдиди НБО «Сарбанд» бо иктидори 270 мегаватт ба маблаги 1 миллиарду 360 миллион сомонй пурра ба охир расида, тачдиди НБО «Норак» ба маблаги 7 миллиард сомонй ва «^айрокум» ба маблаги умумии 2 миллард сомонй, инчунин, сохтмони НБО «Себзор» ба маблаги 612 миллион сомонй дар нохияи Рошткалъаи ВМКБ ва неругоххои бодиву офтобй дар нохияи Мургоб ба маблаги умумии 170 миллион сомонй бомаром давом дорад [8].

Дар Паём ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 23-юми январи соли 2015 Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалй Рахмон таъкид намуданд, ки "Тавре ки борхо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои хар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро мухайё созем ва хамаи накшаву барномахоямон махз ба хотири амалй гардонидани хамин хадафи олй кабул ва амалй карда мешаванд" [6].

Бо назардошти дастовардхои бузурги соха, имрузхо хар яки моро зарур аст, ки дар самти маданияти истифодаи неруи барк дастурхои мукарраршударо пурра риоя намоем. Ифтихор аст, ки дар як муддати кутох Точикистон дар хама чодахо, аз чумла дар сохаи энергетика макоми намоёнро хам дар минтака ва хам дар чахон ишгол намуд.

Хамин тарик, дар давоми 31 соли сохибистиклолй бо саъю кушиши бевоситаи Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон бахри расидан ба истиклоли энергетикии кишвар як катор корхои бузург ба анчом расонида шудаанд. Аз чумла, ба истифода додани неругоххои барки обии Помир -1, Сангтуда - 1, Сангтуда -2, Точикистон, маркази гармидихи баркии Душанбе - 2, агрегати 1-2-юми Рогун, зиёда аз 286 неругоххои хурд, идомаи амалишавии лоихаи байнидавлатии хати интиколи барки баландшиддати КАСА-1000, хатти интиколи баркй 500 кВ «Чануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Лолазор-Хатлон -Пули Хумрй», 500 кВ "Рогун-Душанбе", 220 кВ "Айнй-Рудакй", пурра аз худ намудани кони ангишти Зиддй, Назарайлок, бахри сарфаи кувваи энергияи барк дар шахри Душанбе ба истифода додани корхонаи лампахои каммасраф ва гайра. Хамзамон идомаи тачдиду азнавсозй ва муччахазгардонй бо тачхизоту технологияхои муосири силсиланеругоххои баркии Варзоб, Норак, ^айрокум, Бойгозй ва хоказо. Гуфтахои боло аз он шаходат медиханд, ки Пешвои миллат Эмомалй Рахмон дар рохи расидан ба истиклоли энергетикй тамоми тадбирхоро андешида, ба он ноил гардида истодаанд.

Адабиёт

1. Аз Паём то Паём. - Душанбе, 2022. - 723 с.

2. Гулинаи Ватаншо. "Як такси" ва нацлиёти барцй//Нацлиёт. - 2022. - 21 июл.

3. Паёми Президенти Цум^урии Тоцикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мацлиси Олии Ч,ум%урии Тоцикистон // Ч,ущурият. - 2016. - 22 декабр.

4. Паёми Президенти Цум^урии Тоцикистон Эмомалй Рахмон ба Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон // Садои мардум. - 2018. - 27 декабр.

5. Паёми Президенти Цум^урии Тоцикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон // Омузгор. - 2019. - 26 декабр.

6. Паёми Президенти Цум^урии Тоцикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хориции цумуурй» (Барои соли 2020) // Ч,ущурият. 2021. - 27январ.

7. Паёми Президенти Цум^урии Тоцикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хориции цумуурй» // Цум^урият. - 2021. 21 декабр.

8. Паёми Президенти Цум^урии Тоцикистон мухтарам Эмомалй Рахмон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хориции цумуурй» // Садои мардум. - 2022. - 23 декабр.

9. Самараи истицлолият. - Душанбе, 2012. - 22 с.

10. Эмомалй Рщмон. Уфущои истицлол. - Душанбе: Ганц-нашриёт, 2018. -436 с.

дастовардхои энергетикии точикистон ва инъикоси

он дар паёмхои президенти чумхурии точикистон

Дар макола мархилахои асосии рушди энергетика дар Паёмхои Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон мавриди тахлил ва баррасй карор дода

шудааст. Муаллиф кайд мекунад, ки рушди сохаи энергетика яке аз масъалахои мухим дар Паёмхои Президенти кишвар буда, бахри расидан ба истиклоли энергетикй корхои назаррас ба анчом расонида шудааст. Дамзамон дар маколаи мазкур сахми Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар расидан ба истиклоли энергетикй нишон дода шудааст. Сарфи назар аз мубрам будани масъала ва мавчудияти теъдоди зиёди маълумоту мавод ва хуччатхо аз нашрияхои даврй, тахкики масъалаи мазкур дар таърихнигории ватанй ва шароити имруза хамоно актуалй бокй мемонад.

Калидвожахо: Президент, энергетика, неругохи барки обй, Паём, дарёхо, рушд, сохаи энергетика, хатхои интиколи барк, барк, НБО Рогун, НБО Норак.

энергетические достижения таджикистана и их отражение в посланиях президента республики таджикистан

В статье анализируются и обсуждаются основные этапы развития энергетики в посланиях Лидера нации, Основателя мира и национального единства, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона. Автор отмечает, что развитие энергетического сектора является одним из важных вопросов в посланиях Президента страны, и для достижения энергонезависимости проделана значительная работа. В то же время в данной статье показан вклад лидера нации, основоположника мира и национального единства, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в достижение энергетической независимости в РТ. Несмотря на актуальность рассматриваемого вопроса и наличие большого количества информации, материалов и документов из периодических изданий, изучение данного вопроса в отечественной историографии на сегодняшних условиях остается актуальным.

Ключевые слова: Президент, энергетика, гидроэлектростанция, Послание, реки, развитие, энергетика, электроэнергия, Рагунская ГЭС, Нурекская ГЭС.

energy achievements of tajikistan and their reflections in the massages of the republic of tajikistan

The main stages of the development of energy in the massages of the Leader of Nation, The founder of the Peace and National Unity, President of the Republic of Tajikistan is reviewed in the article. The author indicates that the development of the energetic sector is one of the important issues in the massages of the President, and there have been done a lot for achieving energy independence. At the same time, the contribution of the Leader of nation, The founder of the Peace and National Unity, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon for achieving energy independence in Republic of Tajikistan is noted in the given article. Despite the importance of the considering issue and availability of a large amount of information, materials and documents from the periodicals, the study of the question in Tajik historiography remain relevant today.

Keywords: President, energy, hydroelectric power station, Message, rivers, development, electricity, Ragun HPS, Nurek HPS.

Об авторе

Хусайнов Ахмаджон Курбонович

Доктор исторических наук, профессор

Таджикский государственный педагогический

университет имени С. Айни

734003, Республика Таджикистан, г. Душанбе,

пр. Рудаки, 121

Тел.: (+992) 918 40 53 00

Дар бораи муаллиф

About the author

Хусайнов Ахмадчон курбонович

Доктори илмхои таърих, профессор Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С.Айнй

734003, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе,

х. Рудакй, 121

Тел.: (+992) 918 40 53 00

Khusainov Ahmadjon Kurbonovich

Doctor of History, Professor Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni

734003, Republic of Tajikistan, Dushanbe,

Rudaki Ave., 121

Ph.: (+992) 918 40 53 00

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.