Научная статья на тему 'The President''s message and strategic goal of Tajikistan'

The President''s message and strategic goal of Tajikistan Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
970
68
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПАЁМ / ҳАДАФҳОИ СТРАТЕГӣ / ҲУКУМАТИ ТОҷИКИСТОН / БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӣ / ИСТИқЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӣ / АМНИЯТИ ОЗУқАВОРӣ / ПОСЛАНИЕ / ПРЕЗИДЕНТ / СТРАТЕГИЧЕСКИЕ ЦЕЛИ / ЭНЕРГЕТИЧЕСКАЯ НЕЗАВИСИМОСТЬ / ВЫХОД ИЗ КОММУНИКАЦИОННОЙ ИЗОЛЯЦИИ / ПРОДОВОЛЬСТВЕННАЯ БЕЗОПАСНОСТЬ / ПРАВИТЕЛЬСТВО / MESSAGE / THE PRESIDENT / STRATEGIC GOAL / ENERGETIC INDEPENDENCE / EXIST OUT OF COMMUNICATIVE ISOLATION / FOOD SECURITY / GOVERNMENT

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Набиев Ваҳҳоб Машрафович, Шарифов Шавкат

Мақола ба таҳлили ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои ҳалл ва амалисозии онҳо дар асоси Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар мақола, дар пояи мисолҳои мушаххас ва рақамҳо, ҳалли се ҳадафи стратегӣ таҳлил карда мешавад: таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳалли амнияти озуқаворӣ. Қайд мешавад, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурӣ бори аввал аз ҷониби Президенти мамлакат дар таърихи 18 ноябри соли 2006 дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян карда шуда, сипас дар Паёми ҳарсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ он мушаххас гардидааст.Статья посвящена анализу стратегических целей и задач Правительства Таджикистана и пути их решения, реализации задач, поставленных Президентом страны перед парламентом и народом. В статье на конкретных примерах и цифрах анализируется решение трёх стратегических задач обеспечение энергетической независимости страны, выход из коммуникационного тупика, решение продоволстьвенной безопасности. Стратегические задачи Правительства республики впервые были оглашены Президентом страны 18 ноября 2006 года во время инаугурации Президента Таджикистана Эмомали Рахмона и затем были конкретизированы в ежегодных Посланиях главы государства к парламенту республики.Proceeding from the President's message to the parliament the authors of the article analyze the strategic objective and goal of Tajikistan Government and the ways targeted to their solution and realization as well. Resorting to concrete examples and data the authors managed to analyze the solution of three strategic goals those of provision of energetic independence of the country, existence of communicative isolation, solution of foods security. The strategic goal of the Government of the republic was declared by the President of the country on November 18-th, 2006 during an inauguration of Tajikistan President Emomali Rahmon for the first time and then in annual Messages belonging to the leader of the country to the parliament of the republic were concretized.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «The President''s message and strategic goal of Tajikistan»

УДК9 (069) ББК 63.3(0)

В.М.НАБИЕВ Ш.ШАРИФОВ

ПАЁМ ВА ^АДАФ^ОИ СТРАТЕГИИ ТОЧИКИСТОН

Паёми Президенти мамлакат дар чаласаи якчояи узви Мачлиси миллй ва вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чум^урии Точикистон як падидаи нави замони Истиклолият буда, холо ба хукми анъана даромадааст ва хар сол ба Парлумони кишвар ироа мегардад.

Мутобики моддаи 69-уми Констутутсияи Чумхурии Точикистон, ки аз 29 банд иборат буда, салох,ияти Президентро муайян менамояд, тибки банди аввали моддаи мазкур Сарвари давлат самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии Точикистонро муайян менамояд ва мутобики моддаи 70-уми Конститутсия Президент дар доираи салохияти худ дар бораи вазъи кишвар ба чаласаи якчояи Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон маълумот медихад, масъалахоеро, ки зарур ва мухим мешуморад ба мухокимаи якчояи узви Мачлиси миллй ва вакилони Мачлиси намояндагон пешниход менамояд (1,42-45).

Паёми аввалини Пешвои миллат ба Мачлиси Олй бори нахуст соли 27 апрели 2000-ум ироа гардида, Паёми навбатй, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, Паёми нуздахумин Президенти кишвар махсуб меёбад.

Паём ин хуччати хеле мухиму сарнавиштсоз, рохнамо ва дурнамо буда, дар он самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии Точикистон, накшаи рушди минбаъда дар тамоми самту сохахои хочагии халк тархрезй, вазифа, максаду маром, роху василахои тактикй ва стратегии расидан ба хадафхои асосй ва калидиро муайян ва мушаххас месозад.

Х,ар як Паём вобаста ба максад, вазифа ва хусусиятхои хоси мархилаи инкишофи мамлакат, хадаф ва барномахои мушаххаси рушди ичтимой, иктисодй, фархангй, тархрезии барномаи сиёсати дохилй ва хоричии мамлакатро дар бар мегирад ва ба истилох кутбнамои рушди устувори мамлакат ва пешрафти чомеа ба суи фардои дурахшон мебошад.

Масалан, Паёми нахустини Президенти мамлакат, ки соли 2000-ум ирсол гардида буд, Барномаи миёнамухлати ислохоти иктисодй ва роху василахои тадбики онро дар бар гирифта, вазифахои дар он муайян шуда асосан ичро гардиданд.

Тачрибаи кишвархои пешрафтаи чахон нишон медихад, ки хама гуна болоравй, рушди устувори иктисодй баъди 3-4 соли андешидани тадбирхои максаднок ва пайгирона огоз мегардад.

Тачрибаи Точикистон низ ин конуниятро тасдик намуд ва баъди нобасомонихое, ки бар асари чанги шахрвандй ба амал омада буданд, дар мамлакат ислохоти иктисодй амалан аз соли 1994 огоз гардид ва соли 1997 чомеаи мо ба суботи сиёсй ва иктисодй расид ва минбаъд рохи рушди устувори иктисодй таъмин гардид.

Натичаи асосии огози ислохоти иктисодй ва расидаи ба суботи иктисодй ин гардид, ки афзоиши Мачмуи махсулоти дохилй огоз гардида, сол аз сол меафзуд. Дар огози ислохоти иктисодй Мачмуи махсулоти дохилй нисбат ба сахти миёнаи соли 1997 ба 20 фоиз расид ва мувофики барномаи пешниходшуда афзоиши харсолаи хачми Махсулоти дохилй дар давраи минбаъда накамтар аз 5 фоизро бояд ташкил мекард.

Мархилахои паси саршудаи даврони Истиклолият, бар арсаи сиёсат омадан ва ба макоми сарвари аввали сиёсии Точикистон интихоб гардидани Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат Эмомалй Рахмонро шартан ба даврахои дерии тахсим намудан ва онро ба тайризайл тавсиф намудан мумкин аст: солхои 1992-1997 - мархилаи муковимати шадиди сиёсат, чанги шахрвандй ва дарёфти рох начоти давлат ва миллат аз вартаи халокат; солхои 1998-2000 - давраи тахкими сулху субот ва амнияту оромй чомеа; солхои 2001-2006 - мархилахои огози бунёдкориву созандагй; солхои 2007-2013 - давраи тадбики амалии хадафхои стратегй ва фатхи куллахои орзу ва ормонхои олии миллат(5).

Мархилаи вокеан нави таърихй дар таърихи Точикистони сохибистиклол 6 ноябри соли 2006 огоз гардид, ки дар ин рузи таърихй Эмомалй Рахмон дар фазои озоду шаффофи бо чонибдории аксарияти мутлаки интихобкунандагон ба муддати хафт соли оянда ба макоми Президенти Точикистон интихоб гардид ва дар таърихи кишвар мархилаи сифатан нав огоз гардид, ки онро метавон давраи рахнаву рахои аз садду монеахои бузургу душвор ва огози фатхи куллахои мурод намуд.

Дар лахзаи савгандёдкунии худ - 18 ноябри соли 2006 Президенти кишвар Эмомалй Рахмон чунин суханонро ба таври равшану возех ба забон овард: «Савганд ба номи поки Худо, савганд ба

шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд ба нону намаки дастурхони пиру цавон, савганд ба обу хоки муцаддаси Ватан, ки масъулияти тацдири имрузу фардои давлату миллати тоцикро бар душ мегирам. Савганд ба цони %афт миллион фарзанди Тоцикистони азиз, ки тамоми уастй, неруву гайрат ва тацрибаву иродаамро ба Тоцикистони соуибистицлол мебахшам» (5).

Савганди басо самимй ва муассиру рухбахши Президент, ки он руз аз умки калбу чони Сарвари давлат садо дода буд, ба магзу дили хурду бузурги Точикистон рох ёфт ва умеду эътимоди онхоро ба фардои дурахшони сарзамини файзбори точикон тахким бахшад.

Сарвари давлати точикон дар бораи дастовардхои истиклолият сухан ронда, чунин изхор намуд, ки «дар ин муддат мо на танхо оташи чанги хонумонсузи шахрвандиро хомуш кардем, балки сарчамъии миллатро таъмин намуда, пойдевори давлату давлатдории мустакилро гузоштем ва бо дарки масъулияти таърихй сулху ризоият ва вахдату шикастнопазирии миллиро фарохам оварда, дар чомеаи чахонй макоми шоиста пайдо кардем»(5).

Савганди Президент ва Паёми Сарвари давлат як барнома ва чароги рахнамои чомеа барои муайян намудани максаду маром ва рушду нумуи минбаъдаи кишвар гардид.

Таъмини истиклолияти энергетикии мамлакат, рахой аз бунбасти коммуникатсионй ва таъмини амнияти озукавории кишвар - се хадафи стратегии Хукумати Чумхурии Точикистон барои хафт соли минбаъда (2007-2013). эълон гардид.

Вокеан роху василаи таъмини истиклолияти вокеии иктисодии мамлакат, ки истиклолияти сиёсй бар кохи он устувор хохад буд ва рохи асосии баланд бардоштани сатху зиндагй, дарачаи некуахволии мардум ва фарохам овардани зиндагии шоиста барои тамоми сокинони Точикистон аз тадбики амалии ин накша ва расидан ба хадафхои стратегй вобаста аст.

Ичрои дастуру вазифахое, ки аз чониби Сарвари давлатдар ин мархила муайян гардид, ба зудй ва собиткадамона огоз гардид.

Рузи 15 декабри соли 2006 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон маракаи бастани мачрои дарёи Вахш дар мавзеи сохтмони НОБ-и "Сангтуда-1" ва бунёди сарбанди он огоз гардид. Ин руйдоди мухим нахустин кадами устувори Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон дар рохи татбики амалии вазифахои давраи нав - таъмини истиклолияти энергетикии Точикистон буд.

Чархи (агрегати) НОБ-и "Сангтуда-1" 20 январи соли 2008 пас аз як солу як мохи огози сохтмон ба кор даромад ва 1 июли хамон сол чархи дуюм ва 5 ноябр чархи сеюм ба тавлиди неруи барк шуруъ намуд. 31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон ва Президенти вакти Федератсияи Русия Д.Медведев хамаи чор чархаи НОБ-и "Сангтуда-1" мавриди бахрабардорй карор гирифт.

Ин ходисаи фарахбахш ва аз он чихат хеле нодир буд, зеро Точикистон пас аз пошхурии ИЧ,ШС нахустин ва ягона чумхурии узви собики ин давлати абаркудрат буд, ки чунин неругохи бузургро бо иктидори 670 МВт бунёд намуд.

22 феврали соли 2006 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалй Рахмон, вазири неруи Чумхурии Исломии Эрон Сайид Парвизи Фаттох, вазири неру ва захира^ои оби Чумхурии Исломии Афгонистон Алхоч Мухаммад Исмоилхон ва дигар шахсони расмии олимаком бунёди НОБ-и "Сангтуда-2" огоз ёфт. Барои бунёди он 220 млн. доллари америкой аз чониби Точикистон ва Эрон маблаг чудо гардида буд. 5 сетябри соли 2011 чархаи якуми неругох бо иштироки Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон ва Президенти вакти Эрон Махмуди Ахмадинажод мавриди бахрабардорй карор гирифт. Чархаи дуюуми неругохи мазкур соли 2013 ба кор шуруъ намуд ва тибки созишномаи тарафайн баъди ба кор даромадани неругох даромади пулии он давоми 12,5 соли аввал ба чониби Эрон тааллук дошта, сипас неругох ба манфиати Точикистон кор хохад кард.

5 майи соли 2006 миёни Точикистон ва Чумхурии Чин оид ба кашидани хатти 220 КВт интиколи неруи барки Лолазор-Хатлон шартнома ба имзо расид. Татбики амалии он бо арзиши лоихавии 58,1 млн. доллар 17 сентябри соли 2007 огоз гардида, 17 марти соли 2007 6 мох пеш аз мухлат ба истифода дода шуд.

16 сентябри соли 2006 Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон ва Сарвазири Шурои давлатии Чумхурии Мардумии Чин дар мавзеи Чорбоги нохияи Варзоб ба кашидани хатти 500 КВт интиколи неруи барки Чануб-Шимол расман огоз бахшиданд.

Ин хатти баландшиддат бо харчи 281,3 млн. доллар мохи октябри соли 2009 пурра ба истифода дода шуд. Дар доираи ин лоиха дар Душанбе ва нохияи Деваштич (Гончй). ду зерисгохи 500 КВт тахвил ва таксими барк бо тачхизоти навтарин бунёд ёфт.

Хатти интиколи барки Чануб-Шимол тамоми шабакахои баркии мамлакатро ба хам пайваста, дар таъмини истиклолияти энергетикии мамлакат кадами чиддй гардид(5).

17 июни соли 2010 миёни Точикистон ва Чин карордод оид ба сохтмони хатти 220-киловатаи интиколи барки Хучанд-Айнй ба имзо расид ва 26 сентябри соли 2011 дар масофаи 83 км аз болои каторкухдои душворгузар панч мох пеш аз мухлат ба истифода дода шуда, нохияхои водии Зарафшон - Кухистони Мастчох, Айнй ва Панчакент низ ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст гардиданд.

Соли 2010 таъмиру навсозии аввалин иншооти гидроэнергетикии Точикистон НОБ-и "Варзоб-1" бо арзиши лоихавии 17 млн. доллар огоз гардида, соли 2012 пурра ба анчом расид.

Дар асоси дастури Сарвари давлат барномаи таъмиру навсозии НОБ-и Норак амалй мегардад. Мохи октябри соли 2009 бо корхонаи Турбоатомии Украина оид ба иваз намудани хамаи 9 чархаи кории неругохи Норак карордод ба имзо расид. Тибки ин карордод аллакай се чархаи кории неругох иваз карда шуд. Баъди пурра иваз кардани хамаи чархахои неругох иктидори хар як агрегати барк тавлидкунанда ба 355 ва иктидори умумии он ба 3195 мегаватт мерасад, ки он аз кудрати аввалаи НОБ-и Норак 195 мегават зиёд аст.

Холо НОБ-и Бахри точик (Кдйроккум)., ки аз кухантарин неругоххои баркии чумхурй ба шумор меравад (соли 1957 ба кор огоз намуда буд)., мавриди таъмиру навсозй карор дорад. Барои навсозии он тибки карордоди Хукумати Точикистон ва Иттиходи Аврупо 40 млн. евро маблаги грантй чудо гардидааст.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Мачлиси Олй, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, таъкид шудааст, ки барои тачдиди ин неругох, 600 миллион сомонй чалб гардида, корхо тибки лоиха соли оянда огоз мешаванд.

Дар мачмуъ барои тачдиду азнавсозии НБО-хои амалкунанда беш аз 8 милрд. Сомонй чудо карда шудааст. Барои бунёди НБО-и Рогун соли 2017 аз хамаи сарчашмахо 4 милрд. 700 млн сомонй харч гардид ва соли 2018 ба ин максад кариб 5 млрд. сомонй пешбинй шудааст.

Умуман барои навсозии системаи энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он тадбики 7 лоихди давлатии сармоягузорй ба маблаги 8,1 млрд. сомонй идома дошта, дар мачмуъ, барои рушди сохаи мазкур беш аз 21 милрд. сомонй (2 млрд 400 млн доллари амрикой). равона гардидааст(4).

Дар натичаи чораву тадбирхои Хукумати мамлакат бори нахуст дар замони истиклолият имконият фарохдм омад, ки дар давраи тирамоху зимистон мардуми кишвар ва сохахои ичтимоиву иктисодй бо неруи барк бе махдудият таъмин карда шавад.

Дар Паём таъкид гардид, ки дар сурати тадбики ин накшаву лоихахо ва сарфакорона истифода намудани неруи барк аз чониби истеъмолкунандагон мо метавонем дар се соли оянда истиклолияти энергетикии мамлакатро таъмин намоем (4)..

Чуноне, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президента Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Точикистон 20 январи соли 2016 таъкид гардидааст дастрасй ба энергия дар рохи расидан ба хадафхои рушди устувор накши калидй дорад ва аз ин ру барои таъмини рушди ичтимоиву иктисодй ва баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум ахамияти багоят мухим дорад (5).

Дар Паёми Сарвари давлат ишора шудааст, ки дар солхои истиклолият барои рушди сохаи энергетика дар мамлакат 32 лоихаи давлатии сармоягузорй бо чалби беш аз 12 миллиард сомонй татбик карда шудааст.

То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барку гармидихии Душанбе-2 (300 мегаватт) бо маблаги 2,5 миллиард сомонй ба истифода дода шуда, таъмини ахолй бо барк хеле бехтар мегардад. Сохтмони хатти минтакавии барки КАСА-1000 (252 км) ба маблаги 2,2 миллиард сомонй огоз мегардад, ки он шабакахои баркии Точикистонро бо дигар кишвархои минтака пайваст намуда, ба рушди хамкорихои иктисодй бо давлатхои хамсоя мусоидат менамояд.

Холо аз чониби Хукумати Точикистон корхои лоихакашии НОБ-и "Шуроб", "Нуробод-1", "Нуробод-2", "Айнй", "Фондарё", "Санобод", "Себзор" идома дошта, сохтмони хатхои интиколи барк ва бунёду баркарорсозии зеристгоххои баркии ба накша гирифташуда ба итмом расонида мешаванд.

Пешвои миллат, Президента кишвар Эмомалй Рахмон дар Паёми имсолаи худ ба Мачлиси Олй ёдрас намуд, ки барои расонидан ба истиклолияти энергетикй аз хисоби маблагхои бучавй ва сармояи хоричй 38 миллиард сомонй равон гардида, танхо соли чорй барои пешрафти соха 4 миллиард сомонй чудо карда мешавад.

Тибки Барномаи дарозмуддати бунёди неругоххои хурди барки обй барои солхои 2009-2020, ки мавриди тадбик карор дорад, бояд дар минтакахои гуногуни чумхурй 189 неругохи хурди барки обй бунёд гардад. Аз ин шумора 16 неругохи хурд дар ВМКБ, 46 адад дар вилояти Сугд, 44 адад

дар вилояти Хатлон ва 83 адад дар нохдяхои тобеи чумхурй бояд сохта шаванд. Дар чорчубаи ин барнома аллакай 14 адад НОБ-и хурд бунёд шудаанд (5).

Рахой аз бунбасти коммуникатсионй аз чониби Сарвари давлат Эмомалй Рахмон аз чумлаи хадафхои мухим ва стратегии Хукумати Точикистон эълон гардидааст.

Дар тули дах сол (2004-2014) барои рахой аз бунбасти коммуникатсионй ва баромадан ба бандархои обии чахонй 23 лоихаи сармоягузории давлатй ба маблаги умумии кариб 3,2 миллиард сомонй амалй карда шудааст, ки 17 адади он ба солхои 2006-2015 рост меояд.

Дар натича 1650 километр роххои мошингард бунёд ва ё навсозй гардида, 109 пул ва 32 километр накб сохта, мавриди истифода карор гирифтаанд.

Дар давраи солхои 2006-2013 таъмиру навсозии роххои мошингард, аз чумла, навсозии шоххрохои мошингарди Душанбе-Кургонтеппа, Душанбе-Хучанд-Бустон-Чанак, Душанбе-Рашт-Чиргатол-сархади К^иргизистон, Кургонтеппа-Дустй-Панчи Поён ва Душанбе-Дангара ба поён расид.

Дар ин давра сохтмони накбхои мошингарди "Дустй" ё Шаршар бо дарозии 2 км 223 м., накби Шахристон бо дарозии беш аз 5 км ба поён расид.

Дар ин муддат аз болои руди Панчмиёни Точикистону Афгонистон се пули азим дар мавзеъхои Ишкошим, Панчи Поён ва Ванч ба истифода дода шуд ва пули чахорум дар мавзеи Шуробод дар арафаи анчомёбй карор дорад.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Мачлиси Олй аз 20 январи соли 2016 кайд гардид, ки дар солхои истиклолиятдар сохаи наклиёти кишвар 45 лоихаи давлатии сармоягузорй ба маблаги умумии зиёда аз 12 миллиард сомонй тадбик гардида, беш аз 2000 км роххои мошингард таъмиру навсозй ва ба истифода дода шуд (5).

Холо дар ин соха тадбики 14 лоиха бо маблаги умумии 5,5 миллиард сомонй идома дорад.

Соли 2015 азнавсозии шохрохи мошингарди Душанбе-Турсунзода ба масофаи 57 км бо маблаги беш аз 800 млн. сомонй ва шохрохи Айнй-Панчакент ба масофаи 113 км ба маблаги беш аз 700 млн. сомонй анчом ёфт.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар натичаи саъю кушиши пайгиронаи Президента мамлакат мухтарам Эмомалй Рахмон ва Хукумати чумхурй Точикистон имруз аз бунбасти коммуникатсионй рахо ёфта, дар ин самт корхои зиёд барои ба сатхи байналхалкй расонидани сифати роххо ва хизматрасонии наклиётй ва боз хам ривоч додани равобити минтакахои гуногуни чумхурй ва бо кишвархои хоричй идома доранд.

Дар Паёми Сарвари давлат аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардид, ки Хукумати чумхурй барои ноил шудан ба хадафи то соли 2030 ба кишвари транзитй табдил додани Точикистон дар замони сохибистиклолй лоихахои давлатии сармоягузориро бо чалби беш аз 12 млрд сомонй амалй

гардонидааст(4).

Имрузхо тадбики лоихахои давлатии сармоягузорй доир ба тачдиди рохи Душанбе-Кургонтеппа, Хучанд-Исфара, Кулоб-Шамсиддини Шохин, Шкев-Калъаи Хумб, Темурмалик-Балчувон-Ховалинг ва китъахои дигар ба маблаги 7,7 млрд. сомонй идома дорад.

Таъмини амнияти озукавории мамлакат дар радифи хадафхои дигари стратегии Хукумати чумхурй хеле мухим ва калидй ба хисоб меравад.

Барои татбики амалии ин хадаф, ки бо Хадафхои Рушди Хазорсолаи дар сатхи Созмони Миллали Муттахид эълон гардида хамоханг мебошад, дар Точикистон як зумра санадхо, барномахои мухим такия ва ба тавсиб расида ва холо дар амал тадбик мешаванд. Ин барномахо пеш аз хама Стратегияи миллии рушд барои соли 2015, Консепсияи сиёсати аграрии Чумхурии Точикистон ва гайра мебошанд.

Бо супориши Президента кишвар Эмомалй Рахмон соли 2008 дар 170 хазор гектар заминхои обй кишти тирамохии галладона гузаронида, соли 2009 майдони кишти такрорй ба 160 хазор гектар расонида шуд.

Дар ин давра дар сохаи кишоварзии мамлакат бо чалби 900 млн. сомонй маблагхои созмонхои байналмилалии молиявй татбики 10 лоихаи сармоягузорй барои баркарор намудани инфрасохтори дехот, инкишофи сохаи кишоварзй, идораи хавзаи дарёхо, бакайдгирй ва системаи кадастри замин, рушди устувори сохаи пахтакорй, чорводорй, зироаткорй, богдорй ва гайра огоз ёфт(5).

Дамчунон, ки дар Паёми Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон кайд гардидааст, дар 15 соли охир дар сохаи кишоварзй 42 лоихаи давлатии сармоягузорй ба маблаги зиёда аз 3,7 миллиард сомонй амалй карда шуд. Доло дар сохаи мазкур татбики 9 лоихаи давлатии сармоягузорй дар хачми 1,5 миллиард сомонй идома дорад(5).

Бо максади ичрои Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 27 августи соли 2009 "Дар бораи татбики иловагй доир ба рушди сохаи богу токпарварй дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2014" дар майдони 50 хазор гектар богу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд ичро гардида, бо хамин васила беш аз 100 хазор чойи кории нав мухайё гардид. Солхои охир афзоиши солонаи истехсоли умумии кишоварзй ба хисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015 3,2 фоизро ташкил медихад.

Доло захирахои бозори истеъмолии кишвар аз хисоби истехсоли махсулоти сохаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд барои фаровонии бозори истеъмолй ва паст шудани нархи махсулот таъсири мусбат расонида истодааст.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20 январи соли 2016 таъкид гардид, ки "мо шароити бисёр мусоиди табий ва захираву имкониятхои зарурй дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онхо метавон мардуми кишварро бо махсулоти гизоии истехсоли худй таъмин ва масъалаи амнияти озукаворй - яке аз хадафхои стратегии мамлакатро хал намоем"(5).

Дар Паёми Пешвои миллат ба парлумони кишвар аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардид, ки истифодаи самараноки захирахои обу замин, зиёд кардани хачми истехсоли махсулоти кишоварзй, ворид намудани технологияхои нав, риояи коидаву талаботхои муосири агротехникии парвариши зироат замина ва омили халкунандаи таъмини истиклолият ва амнияти озукавории мамлакат ба хисоб меравад.

Дар панч соли охир дар ин самт корхои зиёде ба анчом расонида шуда, беш аз дах хазор техникаву тачхизоти нави кишоварзй ба маблаги 570 млн сомонй ворид карда шуда ва барои ин максад дар хачми беш аз 200 млн сомонй имтиёзхо татбик гардиданд (4).

Натичахо ва нишондихандахои рушди бонизом ва фатхи куввахои нав ба нав дар рохи тахдими истиклолияти давлатй гувохи он аст, ки Точикистон пайгирона барои пурра расидан ба хадафхои стратегии худ равона аст ва солхои наздик ин пурра амалй хохад гашт.

ПАЙНАВИШТ:

1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон. - Душанбе: Ганч, 2016. -136 с.

2. Паём ва рисолати созандаи он(Мачмуи Паёмхои Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (солхои 2000-2016). / Мураттибон В.Набиев, Х.Сабуров, Ш. Шарифов. - Хучанд: Нури маърифат, 2016. - 516 с.

3. Паёми Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рах,мон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20 январи соли 2016 // Дакикати Сугд. - 2016. - 21 январ.

4. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 22 декабри соли 2017 // http://president.tj/node/16771.

5. Шарифзода, А. Огози фатхи куллахо / А.Шарифзода, З. Крсим // Чумхурият. - 2014. - 14 феврал.

REFERENCES:

1. Constitution of Tajikistan Republic. - Dushanbe: Ganj, 2016. - 136 p.

2. Message and its Creative Mission. (Collection of messages by the Founder of Peace and National Unity, the Leader of Nation, Tajikistan Republic President Distinguished Emomali Rahmon to Majlisi Oli under Tajikistan Republic (for 2000-2016) /Compiled by V.Nabiyev, Kh.Saburov, Sh.Sharifov. - Khujand: Light of Enlightenment, 2016. - 516 p.

3. Message of the Leader of Nation, Tajikistan Republic President Distinguished Emomali Rahmon to Majlisi Oli under Tajikistan Republic from January 20. 2016 // The Truth of Sughd. - 2016. - January 21.

4. Message of Tajikistan Republic President Distinguished Emomali Rahmon to Majlisi Oli under Tajikistan Republic from December 22. 2017 // http://president.tj/node/16771.

5. Sharifzoda, A. The Beginning of Pills Discovery /A.Sharifzoda, Z.Qosim//Juhuriyat. - 2014. - February 14.

Паём ва ^адаф^ои стратегииТоцикистон

Вожахри калиди: Паём, щдафуои стратега, Хукумати Тоцикистон, бунбасти коммуникатсионй, истицлолияти энергетика, амнияти озуцаворй. Мацола ба тщлили щдафцои стратега ва вазифщои Хукумати Цущурии Тоцикистон, рощои цалл ва амалисозии ощо дар асоси Паёми Президенти кишвар ба Мацлиси Олии Цущурии Тоцикистон бахшида шудааст.

Дар мацола, дар пояи мисощои мушаххас ва ращщо, уалли се щдафи стратега тщлил карда мешавад: таъмини истицлолияти энергетикии кишвар, рщоа аз бунбасти коммуникатсиона ва цалли амнияти озуцавора.

Цайд мешавад, ки щдафцои стратегии Хукумати Цущура бори аввал аз цониби Президенти мамлакат дар таърихи 18 ноябри соли 2006 дар маросими савгандёдкунии Президенти Цущурии Тоцикистон Эмомала Рщмон муайян карда шуда, сипас дар Паёми щрсолаи Сарвари давлат ба Мацлиси Ола он мушаххас гардидааст.

Послание президента и стратегические цели Таджикистана

Ключевые слова: Послание, Президент, стратегические цели, энергетическая независимость, выход из коммуникационной изоляции, продовольственная безопасность, Правительство.

Статья посвящена анализу стратегических целей и задач Правительства Таджикистана и пути их решения, реализации задач, поставленных Президентом страны перед парламентом и народом.

В статье на конкретных примерах и цифрах анализируется решение трёх стратегических задач -обеспечение энергетической независимости страны, выход из коммуникационного тупика, решение продоволстьвенной безопасности.

Стратегические задачи Правительсва республики впервые были оглащены Президентом страны 18 ноября 2006 года во время инаугурации Президента Таджикистана Эмомали Рахмона и затем были конкретизированы в ежегодных Посланиях главы государства к парламенту республики.

The presidentas message and strategic goal of Tajikistan

Key words: Message, the President, strategic goal, energetic independence, exist out of communicative

isolation, food security, Government. Proceeding from the President's message to the parliament the authors of the article analyze the strategic objective and goal of Tajikistan Government and the ways targeted to their solution and realization as well.

Resorting to concrete examples and data the authors managed to analyze the solution of three strategic goals those of provision of energetic independence of the country, existence of communicative isolation, solution of foods security.

The strategic goal of the Government of the republic was declared by the President of the country on November 18-th, 2006 during an inauguration of Tajikistan President Emomali Rahmon for the first time and then in annual Messages belonging to the leader of the country to the parliament of the republic were concretized.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Набиев Вах&об Машрафович, доктори илщои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи Ватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Fафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail: [email protected]

Шарифов Шавкат, номзади илмуои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик БТафуров (Чумуурии Тоцикистон, шХуцанд), E-mail: shavkat_5353@mail. ru Сведения об авторах:

Набиев Ваххоб Машрафович, доктор исторических наук, профессор, зоведущий кафедрой отечественнной истории Худжанского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected] Шарифов Шавкат, кандидат исторических наук, доцент кафедры отечественной истории Худжанского государственного университета имени академика Б. Гафурова(Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected] Information about the authors:

Nabiyev Bahhob Mashrafovich, Dr. of History, Professor, chief of the department of Home history under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khudjand), E-mail: v. m. nabiev@mail. ru

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Sharifov Shavkat, candidate of historical sciences, Associate Professor of the department of Home history under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khudjand) ), Email: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.