ТКБ 82
DOI:10.51844-2077-4990-2022-1-29-32
Негматуллоева Ма;инахон Хабибовна,
doKmopaHmu(Phd) кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров»(Тоцикистон, Хуцанд) Негматуллоева Махинахон Хабибовна, докторант(Phd) кафедры отечественной истории и археологии ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)
Negmatulloeva Mahinakhon Habibovna, doctoral student(phd) of the department of home history and archeology under the SEI «KhSU named after acad. B.Gafurov»(Tajikistan Khujand), E-mail: [email protected]
Вожа;ои калиди: Ибодат Рахимова, цомеаи сотсиалисти, фаъолияти цизбиву сиёси, КМ Х,К Тоцикистон, ташкилотчи, котиби комсомол
Мацола ба баррасии нацши яке аз чецрацои намоёни цизби ва давлатии садаи ХХ - Ибодат Рахимова дар бунёди цомеаи навин дар Тоцикистон бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси маводи фаровони илми, илми-оммави ва бойгони пацлуцои норавшани цаёт ва фаъолияти ходими сиёси -Ибодат Рацимоваро барраси намуда, ишора менамояд, ки фаъолияти пурсамари Ибодат Рахимова уро то рафт ба зинацои баланди фаъолияти цизби бурдааст. У чун омузгор ба фаъолияти мецнати огоз намуда, то ба мансабцои баланди цизбию давлати расидааст. Дар мацола цамчунин дар бораи фаъолияти цамъиятии у сухан рафта, андешацои муаллиф дар асоси далелцои дациц ва муътамад баён шудаанд.
Ключевые слова: Ибодат Рахимова, социалистическое общество, партийно-политическая деятельность, ЦК КП Таджикистана, организатор, секретарь комсомола
Статья посвящена роли одного из видных партийных и государственных деятелей ХХ века -Ибодат Рахимовой в создании нового общества в Таджикистане. Автор на основании большого объёма научных, научно-популярных и архивных материалов рассматривает неизвестные стороны жизни и деятельности Ибодат Рахимовой и подчеркивает, что ее плодотворная деятельность позволили ей достичь высоких должностей в партийной работе. Она, начиная свою трудовую деятельность в качестве учителя, дошла до высоких партийных и государственных постов. В статье также речь идёт о её общественной деятельности, мысли автора изложены на основании точных и достоверных фактов.
Key words: Ibodat Rahimova, socialist society, party political activity, Central Committee of the PC Tajikistan, organizer, secretary of Komsomol
The article dwells on the role of one ofprominent party and state figures of the XX-th century - Ibodat Rahimova in a new society creation in Tajikistan. Designing on the premise of a large considerable number of scientific, popular and archival materials the author of the article canvasses the unknown strontists of a political figure - Ibodat Rahimova\s life and creation and lays an emphasis upon the ides that her fruitful activity allowed to reach higher positions in party activities. She started her own career as a teacher and rose to high party and government positions. As well as, the article considers her social activities, the authors thoughts are presented based on accurate and reliable facts.
Дар чахони муосир занон дар тамоми чабхахои чомеа фаъоланд. Дар тара;;иёти сохахои, и;тисодиёт, илм, сиёсат, фарханг ва хочагии ;ишло; занон сахми муассир доранд. Аз огози садаи ХХ баробари дигар сохахо дар чодаи сиёсат занон дар ;аламрави Иттиходи Шуравй мав;еи муайянро ишгол намуданд. Ибодат Рахимова дар хаёти сиёсй, хизбй ва бунёди чомеаи навини сотсиалистй бо кору пайкори худ дар таърихи кишвари мо номи худро човидона сабт кардааст.
Ибодат Рахимова дар солхои 50 ва 80-уми асри ХХ мансабхои баландеро дар кори Хизби Коммунистй сохиб буд. Фаъолияти хизбию сиёсии у аз солхои 40-ум огоз ёфта, аз рузхои нахустини узвияташ дар КМ ХК Точикистон дар ма;оми котиби комсомоли шахри Ленинобод(Хучанд) кор карда,дар хаёти хизбй ва давлатии кишвар сахми босазо гузоштааст.
НАЦШИ ИБОДАТ РАХИМОВА ДАР БУНЁДИ ЦОМЕАИ НАВИН ДАР ТОЦИКИСТОН РОЛЬ ИБОДАТ РАХИМОВОЙ В СОЗДАНИИ НОВОГО ОБЩЕСТВА В ТАДЖИКИСТАНЕ
THE ROLE OF IBODAT RAKHIMOVA IN CREATION OF SOCIALISM IN TAJIKISTAN
Ибодат Рахимова 12 ноябри соли 1922 дар шахри Ленинобод (хозира Хучанд) ба дунё омадаст. Ин зани мехнатдусту хоксор аз соли 1944 аъзои ХКИШ, ходими хизбиву давлатй, комсомолй ва чамъиятии ЧШС Точикистон буд. Соли 1941 Донишкадаи давлатии омузгории Ленинободро хатм намуда, фаъолияти мехнатии худро худи хамон сол ба сифати омузгори мактаби №19 колхози "Сотсиализм"-и нохияи Ленинобод (холо Бобочон Fафуров) огоз кардааст. Дере нагузашта, вазифаи сарварии мактабро ба ухда гирифта, хамзамон котиби чамъияти комсомолии колхоз интихоб гардид.Соли 1944-1956 Донишкадаи давлатии омузгории шахри Душанбе ва соли 1959 Мактаби олии хизбии назди Комитети Марказии ХКИШ - ро дар Москва хатм кард.Бояд ;айд намуд, ки тахсил дар ин мактаб дар он давра шараф, ифтихор ва масъулияти бузург махсуб меёфт.
Соли 1943 мудири Шуъбаи чавонони мактаби Комитети комсомоли нохияи Ленинобод интихоб гардид. Декабри соли 1947 мудири бахши кор бо занони дастгохи комитети хизбии шах,ри Ленинобод интихоб шуд.
Фаъолияти мехнатии у аз соли 1948 то соли 1957 ба сифати котиби якуми Кумитаи шахрии комсомоли Ленинобод, дертар котиби дуюми Кумитаи вилоятии комсомол, котиби КМ Иттифо;и Ленинии Коммунистии чавонони Точикистон, котиби якуми КМИЛКЧ Точикистон сурат гирифтааст. Солхои 1950 - 54 у котиби КМИЛКЧ, ва солхои 1954 - 57 котиби якуми Комитети марказии Ленинии Комитети Советии Точикистон буд.
Тавре дар боло таъкид намудем, соли 1957 тахсили худро хамчун шунавандаи Мактаби олии хизбии назди КМ ХКИШ идома дода, соли 1959 онро бо муваффа;ият хатм намудааст [6,с.3].
Фаъолияти пурсамари Ибодат Рахимова уро то рафт ба зинахои болои кори хизбй мебурданд. Соли 1959-1960 ташкилотчии масъули Шуъбаи ташкилии хизбй ва муовини мудири Бахши донишкадахои олй ва мактабхои миёна мегардад. Соли 1960 Ибодат Рахимова ба сифати котиби якуми Кумитаи хизбии нохияи Октябри(холоИсмоили Сомонй)шахри Душанбе ХК Точикистон фаъолияти хизбиву сиёсии худро идома додааст. Аз солхои 1960 то соли 1964 ум муовини мудири Бахши корхои ташкилии хизбии КМ Хизби Коммунистии Точикистон фаъолият намудааст. Аз соли 1966 то соли 1978 Ибодат Рахимова котиби КМ Хизби Коммунистии Точикистон буд.Мохи декабри соли 1978 у котиби Раёсати Шурои Олии ЧШС Точикистон интихоб гардида, то синни нафа;а дар ин вазифаи масъул фаъолияти худро идома медихад.
Ибодат Рахимова бо фаъолияти мехнатии софдилона ва фидокорона байни мардум ва рохбарияти замони худ обруву эътибор ва боварии хосаро ба даст овардааст. Дар анчуманхои XI ва XII ИЛКЧ Точикистон И.Рахимова аъзои Кумитаи Марказй интихоб мегардад. Дар анчуманхои VIII ХК Точикистон, соли 1952 ба номзадии аъзои КМ ХК Точикистон, дар даъватхои 1Х-Х, XIII-XIX Хизби коммунистии Точикистон аъзои КМХК Точикистон интихоб гардид. Аз соли 1964 то соли 1978 ум аъзои Бюрои КМ ХК Точикистон фаъолияти пурсамар бурдаст. Аз соли 1960 то соли 1968 Ибодат Рахимова дар вазифаи муовини Раиси Шурои Олии ЧШС Точикистонро ичро намудааст. У хангоми адои вазифахои пурмасъул на танхо барои халлу фасл ва баррасии ;арорхои мухими давлатй таъсир гузошт, балки бо кору фаъолияти шахсии худ барои чомеаи хамон давр ва наслхои минбаъда намунаи ибрат буд. Ин чихат хам он давра ва хам дар даврони сохибистиклолй, ки миллати мо ба шинохти асолати худ кушидааст, мухим ва арзишманд ба шумор меравад.
Дар баробари фаъолияти хизбию давлатй Ибодат Рахимова корхои чамъиятиро низ фаъолона пеш бурда, дар кори Кумитаи занони шуравй фаъолона иштирок намуд. Дар ин самт барои пурзур кардани сиёсати пешгирифтаи он замон дар самти чалби занон дар корхои хизбиву чамъиятй хамчунин фаъолият дар коллхозу совхозхо сахми муайян гузоштааст. Аз чумла дар ин самт дар анчумани X занони Точикистон, ки санаи 22 июни соли 1973 дар шахри Душанбе баргузор гардида буд, «Дар бораи иштироки занони чумхурй дар ичрои ухдадорихои сотсиалистй дар рохи пеш аз мухлат ичро кардани на;шаи панчсолаи тара;;иёти хал;»[2,с.1-3] маъруза намуд.Анчумани мазкурро чонишини раиси Раёсати Шурои Олии ЧШС Точикистон Н.Зарипова кушода буд. Раёсати анчуман, аъзо ва номзадхо ба аъзои Бюрои КМ ХК Точикистон А. Каххоров Ч. Расулов, И.Рахимова, М.X.Xолов, А.И. Шитов, Г.Б.Бобосоди;ова, рохбарони вазорату идорахо ва шахсиятхои маъруфи чумхурй, пеш;адамони истехсолот, ки хал;и точик аз хизмати онхо ба таври ха;и;й ифтихор дошт, иштирок намуданд. Дар байни онхо Кахрамонони Мехнати Сотисалистй, вакилони Шурои Олии ИЧШС ва Шурои Олии ЧШС Точикистон, намояндагони хал;хои бародарй низ дар Раёсат нишаста буданд. Тиб;и
рузномаи анчуман пас аз суханронии табрикотии котиби якуми КМ КП Точикистон Ч.Р. Расулов суханронии Ибодат Рахимова пешбинй шуда буд. И. Рахимова доир ба иштироки занон дар ичрои ухдадорихои сотсиалистй дар рохи пеш аз мухлат ичро кардани на;шаи панчсолаи тара;;иёти хочагии хал; баромад намуда буд [5,с.2]. Хамон сол ба сифати котиби КМ ХК Точикистон доир ба мавзуи мазкур Ибодат Рахимова дар матбуоти даврй баромад намуда, аз рафти кор ва галабахои мехнатии занони фаъоли кишвар, аз чумла чинакчиёни пеш;адами пахта, кирмакпарварон ва дигар намояндагони хочагии хал; гузориш додааст [1,с.1-3].
Х амчунин у дар кори Кумитаи шуравии мухофизати сулх, Кумитаи якдилии кишвархои Осиё ва Афри;о иштирок намуда, аъзои Чамъияти дустй ва робитхои фархангии Иттиходи Шуравй бо мамлакатхои Fарб буд[1,с.1-2]. И.Рахимова дар кори як зумра хамоиши байналмиллалй иштирок кардаст, у аз чумладар Конгресси умумичахонии чавонон дар Бухарест (соли 1953); соли 1957 дар Фестивали умумичахонии чавонон ва донишчуён дар шахри Москва; соли 1972 дар сессияи 27-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-йорк, солхои 1957, 1981 дар Конгресси умумичахонии занон дар Берлин ва Прага иштирок ва баромад кардаст. Тавре муха;;и; Н.Рофиева дар ма;олаи худ таъкид мекунад: «Ибодат Рахимова шаш сол вазифаи пурмасъули чонишини раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистонро бар ухда дошт. У дар сессияи 37-уми Ассамблеяи генералии СММ аз номи бонувони точик баромад карда, онхоро ба чахониён муаррифй карда буд» [4,с.37].
Дар давраи рохбарй ва аъзои дастгохи марказии хизб ва хукумат буданаш ба бисёр кишвархои чахон сафар намудааст. Аз чумла дар хайати чавонони шуравй ба Чумхурии Xал;ии Демократии Корея (соли 1954), соли 1961 дар хайати Кумитаи занхои шуравй ба Индонезия, соли 1966 дар хайати ХКИШ ба Италия ва Византия сафар намудааст. Дар намоиши байналхал;ии шахри Монреали Канада "Экспо- 67", соли 1973 ба Пловдиви Булгория ва соли 1974 Лейпсиги Олмон хайати Точикистонро рохбарй намудааст. Ибодат Рахимова дар тамоми сафархои корй на танхо бо суханронии худ, балки бо фарханг, махорату кордонй, зиракй симои миллати худро ба ахли чомеаи башар муаррифй намудааст. У хамчун мушовири Кумитаи занони шуравй дар Чумхурии Демократии Афгонистон фаъолият карда, дар ин кишвар барои таъсис додани Созмони демократии занони Афгонистон сахми босазо гузоштааст. Дар солхои зиндагй берун аз Иттиходи шуравй бо шахсият ва рафтори худ тарзи хаёти шуравиро хамачониба таргиб намудаст. Бо ин барои озодии фикрй, тарбияи фаъолнокй, масулиятнокии чамъиятии занони Шар; сахм гузоштааст. У бисёр кушиш мекард, ки занони Шар; дар вазифахои рохбарии давлатй ва корхои чамъиятй бештар иштирок намоянд.
Ибодат Рахимова ба чуз фаъолияти хизбй, давлатй боз дар ташви;и гояхои замони худ машгул гардидааст. У дар назди мардум бо маърузаву лексияхо баромад намудааст. Байни шунавандагони у олимону мехнаткашон, таба;аи гуногуни мардум буданд. Мавзухои суханронихояш сиёсати хамондавраи кишварро дар бар гирифта, бештар гояхои коммунистию интернатсионалистй бахшида шуда буданд. Ибодат Рахимова дар бисёр рузномаву мачаллахои даврй бо ма;олахо ва мулохизахои худ баромад намудааст.
Солхои Чанги Бузурги Ватанй Ибодат Рахимова байни чавонони синни даъватй, тодаъватй ва оилахои чанговарон корхои таргиботй бурдааст.Солхои 1968-1979 Ибодат Рахимова рохбари Шурои занони чумхурй буда, хамзамон дар хайати нашрияи бонувони кишвар «Занони Точикистон» фаъолият намудааст. Зиёда аз 10 сол Ибодат Рахимова раиси Комиссияи доимоамалкунандаи Шурои Олии ИЧШС оид ба маориф, илм, санъат ва фарханг буд. Хангоми аъзои Кумитаи чумхуриявии мухофизати сулх у муборизи фаъоли сулх ва дустии хал;хо ба хисоб мерафт. Захмати зиёд ва мехнати софдилонаи Ибодат Рахимова аз чониби хизб ва хукумат бахои сазовар дода шуда, ;адрдонй гардидааст. У барои хизматхояш бо орденхои Ленин (соли 1957) бо се ордени "Байра;и Сурхи Мехнат," (солхои1954, 1971, 1973), се ордени «Нишони Фахрй», бо се ордени Шараф (1949, 1965, 1977) медалхо ва бо Ифтихорномахои Фахрии Раёсати Шурои Олии ЧШС Точикистон ва дигар нишонахои сарисинагй мукофотонида шудааст. Соли 1982 ба Ибодат Рахимова унвони ифтихории "Корманди шоистаи маданияти Точикистон"супорида шуд. Санаи 24 апрели соли 2009 дар синни 86- солагй дар шахри Душанбе аз олам гузашт. Xодими чамъиятй, давлатй ва сиёсй Ибодат Рахимова тули умри босамари хеш аз сохаи маориф фаъолияти мехнатиро огоз намуда, бо ;адамхои устувор ба сиёсат рох ёфтааст. Самараи фаъолияти пуршарафаш имруз низ барои насли чавони занхо
намунаи ибрат аст. Ибодат Рахимова баъди ба нафа;аи дарачаи иттифо;й соли 1985 баромаданаш аз фаъолияти чамъиятй дур нашуд. Дар очерки "Ду магзи як бодом" муаллиф Шарифов Холмурод такя ба ма;олаи профессор Саъдулло Абдуллоев доир ба Ибодат Рахимова чунин менависад: "Дар вазъияте, ки мо бо рохбарии Президенти худ Эмомалй Рахмон давлати сохибихтиёри демократй ва дунявй барпо мекунем, дониш ва тачрибаи Ибодат Рахимова даркор аст. Бинобар ин у вазифахои сершумори чамъиятиро ба ичро мерасонад. Дар мачлиси Шурохои Президентй, дар чаласахои соби;адорони чангу мехнат, дар кумитахоизаноничумхурйва бисёр ташкилот бо маслихатхои арзишноки худ ширкат меварзад, чун узви фаъоли харакати "Вахдати миллй - эхёи Точикистон" дар рохи сулху амният, якдигарфахмй, оштии миллй ва рушду камоли минбаъдаи Точикистон сахмхои барчастаи чамъиятист, баромадхои вай дар назди мардум ...сомеонро ба вачд оварда, онхоро ба кори созандагй даъват менамояд" [8,с.12]. Хамин тари;, дар замони худ Ибодат Рахимова бо истифода аз имкониятхо ва вазъи мусоид хаёти худро тагйир дода, дар сохти чомеаи навин низ сахмгузор бошад. Новобаста аз он, ки сиёсати даврони шуравй аз чониби олимони фазои илмии пасошуравй ба таври гуногун арзёбй мешавад, он дар бунёди чомеаи нав, ташаккули тафаккури сиёсй, аз чумла занони Точикистон на;ши муассир гузоштааст. Дар ин замина тачассуми симохои намоёни занон дар арсаи сиёсат падидаи нодир дар таърихи инсоният махсуб меёбад. Зеро тавре тачрибаи чахонй собит намудааст иштироки занон дар чодаи сиёсат ва корхои чамъиятйба ташаккули чамъият таъсири мусбат расонидаанд. Занхои баруманд ба мисли Ибодат Рахимова дар замони худ ба ташаккули сохти чамъиятии он даврон сахми босазо гузоштаанд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Рахимова, И. Ба съезди Х занони Точикистон / И. Рахимова // Точикистони советй. - 1973. -№145 (14.410). -23 июн. - С.1-3.
2. Рахимова, И. Занон - муборизони фаъоли хаёти нав / И. Рахимова // Точикистони советй. -1973. - №144 (14.409). - С.1-2.
3. Рахимова, И. Занон ;увваи бузурганд / И. Рахимова // Точикистони советй. - 1969. - № 111 (13.119.). - 15 май. - С.3.
4. Рофиева, H.F. Сахми занон дар пешрафти хаёти и;тисодй, чамъиятй, сиёвй ва мадании Точикистон дар нимаи дуюми асри ХХ ва даврони исти;лолият//НТ.Рофиева/Номади донишгох. Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй. - 2015 .-№4(45). - С.37
5. Съезди Х занони Точикистон. Точикистон. - 1973. - № 145 (14.410). - 23 июн. - С.3.
6. Бойгонии Марказии Давлатии Ч,ШС Точикистон. Фонд № 1864, опис№ 1, солхои 1942-1981.
7. Худжанд. Энциклопедия. - Душанбе, 1999. - С.626.
8. Шарифов, Х. Ду магзиякбодом. / Х. Шарифов: Духтарони диловари Точикистон. - Душанбе.
- 2010. С.160.
9. Энциклопедияи советии точик. Ч,илди VII.- Душанбе, 1986. - С. 233.
10.http://kitobam.com/cr/rahimova-i/
11.https://www.ozodi.org/a/1616517.html
REFERENCES:
1. Rahimova, I. To the X-th congress of women of Tajikistan / I. Rahimova // Soviet Tajikistan. - 1973.
- 45145 (14.410). -June 23. - P. 1-3.
2. Rahimova, I. Women - active fighters for a new life / I. Rahimova // Soviet Tajikistan. - 1973. -№144 (14.409). - P.1-2.
3. Rahimova, I. Women are great force / I. Rahimova // Soviet Tajikistan. - 1969. - № 111 (13.119.). -May 15. - P.3.
4. Rofieva, N.G. Women's contribution into economic, social, political and cultural life of Tajikistan Referring to the second half of the XX-th century and the period of independence // Scientific Notes. Series of humanities and social sciences. - 2015.- №4 (45). - P.37
5. Congress, X women of Tajikistan. - 1973. - № 145 (14.410). - June 23. - P.3.
6. Central state archive of the Tajik SSR. Foundation № 1864, opis № 1, 1942-1981.
7. Khujand. Encyclopedia. - Dushanbe, 1999. - P. 626.
8. Sharifov, Kh. Two brains. / Kh. Sharipov: Brave girls of Tajikistan. - Dushanbe, - 2010. - P. 160.
9. Tajik Soviet encyclopedia. - V.VII. - Dushanbe, 1986. - P. 233.
10. http://kitobam.com/cr/rahimova-i/
11. https://www.ozodi.org/a/1616517.html