acquainted with the personality of the poet, etc. The author comes to the conclusion that in the entry of the reader into the time and space of the poem, the qualitative change of the personality in the example of the image of a woman-mother took place very purposefully, and in the improvement of this image, time and space were established when creating the image of a folk poem.
Keywords: created image, time and space, time and environment, object description, national image, woman-mother
Маълумот дар бораи муаллиф:
Ра^матова Дилрабо А^мадцоновна-номзади имл^ои филологи, дотсенти кафедраи забони тоцикии Донитгоуи давлатии ^уцуц, бизнес ва сиёсати To^[email protected] (+992) 927909553
Сведение об авторе:
Рахматова Дилрабо Ахмаджоновна- кандидат филологических наук, доцент кафедры таджикского языка Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики^Ыг77@таИт (+992) 927909553
About the author:
Rakhmatova Dilrabo Akhmadzhonovna - candidate of philological sciences, associate professor of the Tajik language department of the Tajik State University of Law, Business [email protected] (+992) 927909553
УДК: 784/4 (575.32) НА^ШИ СОЗИ БУНЁДЙ-СИСТЕМАВЙ ДАР ФАЛАКХОНЙ
Каримзода С. С.
Консерваторияи миллии Тоцикистон ба номи Т. Сатторов
Фалак, жанри марказии кухистони точик, як хели макомоти точик мебошад. Он хам мисли Шашмакому макомхои махаллии точик дар системаи маком, мушаххас - чормуком асос меёбад.
Дар макола сухан дар бораи як анъанаи Фалак фалаки кулобй меравад. Сози бунёдй-системавии он думбра мебошад. Истилохи сози «бунёдй-системавй» бештар аз гуфтахои мусикишинос Азизй Ф. А. ба мо маълум гардид. Тибки гуфтахои ин мухаккик зери сози бунёдй-системавй созе фахмида мешавад, ки хусусияти сохторй, садобарорй ва майдони садоии он системаи муайяни лахниро пурра инъикос менамояд [1]. Маълум аст, ки хар як хели макомот дорои сози бунёдй-системавй аст. Барои Шашмаком хамчун системаи макомй (лахнй) ин накшро дар сози танбур ва барои Фалак - сози думбра ичро мекунад. Масалан, метавонем гуем, ки барои системаи мажорй-минорй, яъне мусикии классикй чунин накшро сози фортепиано ичро менамояд.
Дар адабиёти мусикй якчанд талкиноти ин калимаи форсй-точикиро мебинем. Аз чумла, «думбра» (думра) [3, с. 9.], ё «думбура, думбарак ё дуторча» (композитор Хайрулло Абдуллоев) [8, с. 428], «дунбура, думбура, думбурак» [2], [7, с. 499] ва «думбрак», «думбара» (Н. Миронов) [4, с.22]. Вале на хамаи онхо дар мусикии точик вокеан чо доранд. Аз чумла, калимахои «дунбура», «думбурак» ва «думбарак» вожахои галат ва истеъмолнашаванда буда, дар амалияи мусикй маъмул нестанд. Истилохи «думбра» (думра) таърихан маъмултарин истилох махсуб ёфта, фалакхонон онро бо хамин унвон ном мебаранд. Кухистонихо думбраро хеле дуст медоранд ва хамеша онро хифз мекунанд. Дар хар як хонадон хамчун рамзи хушбахтй овехта мемонанд.
Ин сози мусикй дар каламрави Точикистон маъмул бошад хам, дар минтакаи Кулоб бо номи думбра/думра/дутор ва дар минтакахои дигари Точикистон бо унвони дутор/дуторча/дутори майда ном гирифтааст. Дутор калимаи сирф точикй аст, яъне нишондоди он аст, ки асбобест иборат аз ду тор [8, с.428-429]. Думбра/дутор аз чуби тут, зардолу, чормагз, арча (коса ва дастаи он) ва аз чуби ар-ар/сафедор ва бед (тахтак[1] /сарпуш) тарошида мешавад. Дарозиаш 70-80 см. буда, сози бепарда аст. Чунин сохти таркибиро доро аст: коса, даста, тахтак/сарпуш, тор/зех, харак, гушак, тордорак ва хафабандак (шайтонхарак[2, c.11]). Устохои созтарош косаву дастаи онро яклухт, баъзеашон алохида метарошанд. Аз се тарафи болои тахтак бо сурохчахои майда ороиш дода мешавад, ки онхо функсияи бехтар намудани садобарориро мебозанд. Баъзан устохо барои баланд шудани садо пушти косаро низ сурох мекунанд, ки ин холат кам во мехурад. Устохои имруза барои чалби харидорон атрофи коса ва гушакхоро бо мухраву нигина ва кокулча ороиш медиханд.
Тачриба нишон медихад, ки косахои ороишнаёфта бехтару хубтаранд, чунки ороишоти гирди коса садои думбраро коста мегардонад.
Ба гайр аз думбра/дутори бепарда дар мусикии суннатии точик се хели дигари дутор мавчуд аст, ки хамаи онхо пардадоранд: «дутори пардадори анъанавй», «дутори пардадори дарвозй» ва «дутори пардадори кулобй».
Олимону мусик;ишиносон бар он ак;идаанд, ки дутори пардадор дар ибтидо бепарда буд ва дар асоси дутори бепарда (думбра) ба вучуд омадааст. Бо ворид шудани пардахо, сохт, шакл ва хачми он мохиятан ташаккул ёфт.
Дутори анъанавй хачман калон аст, диапазони 1,5 октаваро дар бар мегирад. Он ба жанри Шашмаком ва макомхои махаллй мансуб аст. Дорои панч навъи чур мебошад: «Чури Танавор» (кварта), «Чури Муночот» (квинта), «Чури Баёт» (секста), «Чури Ачам» (октава), «Машшокй» (прима). Дар асри ХХ ин дутор ба оркестри созхои халкй ворид гардид. Дар асоси дутори анъанавй навъхои гуногуни дутор - дутори алт, дутори бас, дутори контрабас, дутори прима, дутори секунда ихтироъ шуданд [2, с.358-359]. Х,амаи навъхои пайдошударо дар мусикии композитории точик истифода мебаранд. Дар мусикии суннатй дутори анъанавй бо созхои танбур ва дойра ансамбли камеравй ва бо созхои дигари Шашмаком ансамбли калони консертиро ташкил медихад.
Дутори дарвозй нисбатан хурд буда, ба минтакаи Дарвозу ^аротегин мансуб аст. Он садои машину форам дорад. Дарозиаш 90 см. аз 15 парда, диапазони як октаваиро дорад ва дар фосилаи кварта чур мешавад. Он дар якканавозй маъмул аст. Зимни ансамбл танхо бо сози панчтор ва дойра хамоханг буда метавонад.
Дутори пардадори кулобй махсули дасти созтарош Абдурахмон Муродов (н. Восеъ) буда, зодаи даврони истиклол мебошад. Баъдан ин суннатро созтарош Сайидислом Гуломов (н. Ховалинг) идома дод. Шаклан ин навъи дутор ба мисли думбра мебошад. Дастаи дароз, косаи каме калонтар дорад. Дарозиаш 1 м. буда, дар фосилаи кварта чур мешавад. Он дорои 18 парда буда, диапазони 1,5 октаваро дар бар мегирад. Садои форами думбрамонанд дошта, дар фалакхои созиву овозй ва яккисмаву силсилавй истифода мешавад. Майли чавонони фалакхон ба ин соз бештар гардида, дар фалакхонии имруза ин асбоб мавкеи хоса пайдо кардааст.
Аспекти интихобкардаи мо ба мусикии суннатй, мушаххас макомоти точик вобастагй дорад. Дар ин аспект дар бораи алокамандии сози мусикй ва системаи лаянии гунаи макомот бештар сухан меравад. Дар ин холат мавкеи асосиро сози бунёдй-системавй ишгол мекунад. Гарчанде дар Шашмаком функсияи сози бунёдй-системавиро танбур ичро кунад хам, фахмост, ки майдони садоии хар як сози марбут ба Шашмаком низ ба дарачоти ин система алокамандй дорад. Маълум аст, ки системаи лаянии Шашмаком дарачотхои бузургхачм (8-10 дарачай)-ро дар бар мегирад. Эхтимол чунин аст, ки дастаи дарози дутори анъанавй таърихан барои навохтани асарх,ои мусикии Шашмаком, ки дорои гаммах,ои бузургхдчм аст, зарур шудааст.
Мувофики максад мешавад агар думбра ва дутори анъанавиро каме бо якдигар мукоиса кунем. Зеро ки харду созхои созй-бунёдианд: яке аз Шашмаком дигаре аз Фалак.
Системаи лахнии Фалак, ки чормуком мебошад, низ ба мисли дарачоти Шашмаком дахдарачай аст. Вале он бештар аз нимпардахо иборат аст. Шакли асосии ин дарачот дарачоти пентахордие мебошад, ки дар диапазони квартаи коста чой мегирад:
Расми 1.
Мукоми 1: gis1 - а1 - в1 - И1
Мукоми 2: gis1 - a1 - в1 - h1 - cis2 / - / - / - 1
1 1 1 2 2 Мукоми 3: gis - a - в - с - cis
/ - / - 1 - /
•1 1 1 о 2 2 Мукоми 4: gis - a - в - cis - d - e
/ - / - 1/ - / - 1
Зери шакли асосии дарачот он дар назар дошта мешавад, ки ин дарачоти чор мукоми асосй аст, яъне колабохангхои мукоми якум, мукоми дуюм, мукоми сеюм ва мукоми чахорум. Маълум аст, ки хусусияти лаянии макомоти точик дар амалияи мусикй (дар шароити маъмулияти шифохй) бо колабохангхои махсус, ки хусусияти ин ё он лахнро дар бар мегирифтанд, ба рох монда шуда аст. Дар баробари ин колабохангхои асосй дар амалияи мусикии Фалак ду авчи зебои машхур бо унвонхои «Авчи якум» ва «Авчи дуюм» маъмул аст. Бо чалби Авчи якуми Фалак он дарачоти асосй ба хафтдарачай дар майдони садоии секста табдил меёбад:
gis1 - a1 - в1 - cis2 - d2 - e2 - f2 / - / - 1/ - / - 1 - /
Авчи дуюми Фалак бошад - дарачоти хаштдарачаии диапазони септимаи калонро ба
вучуд вм еоварад1: 2 f2 2
gis - a - в - cis - d - e - f - (fis ) - g
/ - / - 1/ - / - 1 - / - 1
Хулоса, бо вучуди хамаи ин гуногунрангй дарачоти асосии система нимпардай аст. Новобаста ба ин гуногунрангй, диапазони дарачоти умумии Фалак ба як октава намерасад. Ба андешаи мо хамаи ин омилест, ки дастаи сози бунёдй-системавии Фалак думбра кутох аст. Он барои дарч кардани дарачоти навъи нимпардаии диапазони тооктавай кифоя аст. Чунин диапазони сози думбра хам ба овози мардона ва хам ба овози занона мутобик аст. Аз ин ру, дар фалакхонй хам занхо ва хам мардхо фаъоланд. Эхтимол барои фаъолияти фалакхонии занхо вазъи ичтимоии зани кухистони точик хам мусоидат намудааст. Мусикй дар ин катор истисно набуд. Мисоли равшанро дар деворнигораи ^алъаи Хулбук, ки яке аз ёдгорихои таърихии (а.1Х-Х) дар шахраки ^урбоншахиди имруз1и минтакаи Куло6 чой гирифтааст, овардан мумкин аст. Расми 2.
шшн 1
Т _
Бонувон-навозандагон. Деворнигораи Калъаи Х,улбук (а.1Х-Х) Ин бозёфт аз он шаходат медихад, ки таърихан занхои Хуталон созхои гичаку чангро навохта, рубоихонй мекарданд. Навохтани сози гичак аз тарафи занон тадричан аз байн рафт. Дар амалияи мусикии имруз! занон асбобхои думбра, таблак, лабчанг ва дафро дар баробари мардхо мохирона менавозанд. Зеро, ки мактабхои фалакхонй - устод-шогирд таълимоти мусикиро хам барои занону хам барои мардхо як хел ба рох монда буд.
Хусусан хунармандон Хаким Махмудов, Рустам Абдурахимов, ^урбони ^урбониён ва Бахром ^одиров хамчун думбранавозони касбй шинохта шуда, услубхои хоси навозандагиро пайдо карданд. Асархои зиёдеро низ офарида шуданд.
Имруз мусикй барои думбра дар се равия эчод мешавад: - суннатии якканавозй ва суннатии ансамблй;
2SS
- бо хамрохии оркестри асбобхои халкй;
- бо хамрохии оркестри симфонй.
Мисоли равшани он пйесаи консертии композитор Ф. Одинаев барои думбра ва оркестри симфонй мебошад.
АДАБИЁТ
1. Азизи Ф. Маком и Фалак как явления профессионального традиционного музыкального творчества таджиков. Монография/ Азизи Ф. - Душанбе: «Адиб», 2009. - 398 с.
2. Донишномаи фарханги мардуми точик. Чилди.1. - Душанбе: СИЭМТ. - 2015. - с. 351
3. Курбони Курбониён «Савти фалак» (барои думбра) - Душанбе, 2001. с. 56.
4. Миронов Н. Музыка таджиков. Сталинабад. - 1932. - 96 с.
5. Таваккалов Д. Анъанаи мадхиясарой дар Бадахшон. Монография / Д.
6. Таваккалов Дайдармамад. Рубоби помирй дар оинаи таърих ва ривоёт. Монография/ Таваккалов Д., Мамадшерзодшоев У. -Душанбе: «Паёми ошно». - 2019. - 199 с.
7. Фарханги тафсирии забони точикй, 2008. - 499 с.
8. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик. Чилди 1. - Душанбе: СИЭМТ. - 1988. - 428-429 с.
9. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик. Чилди 1. - Душанбе: СИЭМТ. - 1987. - 543с.
10. Якубов Ю. Дулбук пойтахти кадими Хатлон_/ Ю. Якубов, Э. Fуломова. - Душанбе: «ЭР-граф», 2006-68 с.
НАЦШИ СОЗИ БУНЁДЙ-СИСТЕМАВЙ ДАР ФАЛАКХОНИ
Дар мацола мавцеи сози думбра дар суннати фалакхони муайян карда мешавад. Сохтори таркиби, доираи васеи истифодабарии он ва талциноти истило^и ин соз мушаххас мегардад.
Аспекти интихобкардаи мо ба мусиции суннати, мушаххас мацомоти тоцик вобастаги дорад. Дар ин аспект дар бораи алоцамандии сози мусици ва системаи лаянии гунаи мацомот бештар сухан меравад. Дар ин %олат мавцеи асосиро сози бунёди-системави ишгол мекунад. Гарчанде дар Шашмацом функсияи сози бунёди-системавиро танбур ицро кунад %ам, фахмост, ки майдони садоии %ар як сози марбут ба Шашмацом низ ба дарацоти ин система алоцаманди дорад. Маълум аст, ки системаи лаянии Шашмацом дарацот^ои бузург^ацм (8-10 дарацаи)-ро дар бар мегирад. Эхтимол чунин аст, ки дастаи дарози дутори анъанави таърихан барои навохтани асар^ои мусиции Шашмацом, ки дорои гамма^ои бузург^ацм аст, зарур шудааст.
Мувофици мацсад мешавад агар думбра ва дутори анъанавиро каме бо якдигар муцоиса кунем. Зеро ки %арду созхои сози-бунёдианд: яке аз Шашмацом дигаре аз Фалак.
Калидвожахр: Фалак, Шашмацом, фалакхони, фалакнавози, сози бунёди-системави», думбра/дутор, чуби тут, зардолу, чормагз, арча, ар-ар/сафедор, бед, тахтак/сарпуш, сози бепарда, коса, даста, тор/зехарак, гушак, тордорак, хафабандак, шайтонхарак, мактаб^ои фалакхони, устод-шогирд.
РОЛЬ СТРУКТУРНО-СИСТЕМНОГО ИНСТРУМЕНТА В ИСПОЛНЕНИИ ФАЛАКА
В статье определяется место звучания думбры в традиции исполнения Фалака. Уточняется структура, широкая сфера ее использования и толкование термина этого инструмента.
Выбранный нами аспект связан с традиционной музыкой, в частности с таджикским мотивом. В этом аспекте, в основном, речь идет о связи музыкального инструмента с мелодичной системой различных мотивов. При этом главное положение занимает структурно-системный инструмент. Несмотря на то, что тамбур выполняет функцию структурно-системного инструмента в Шашмакоме, ясно, что звуковое поле каждой структуры, относящейся к Шашмакому, также связано с уровнем этой системы. Известно, что тональная система Шашмакома включает большие ступени (8-10 ступеней). Вполне вероятно, что длинный гриф традиционного дутора исторически был необходим для исполнения музыкальных произведений «Шашмаком», имеющих большие гаммы.
Будет уместно, если мы немного сравним традиционные думбра и дутор, так как они являются структурно-системными инструментами: один относится к Шашмакому, другой к Фалаку.
Ключевые слова: Фалак, Шашмаком, фалакхани, фалакнавази, структурно-системный инструмент, думбра/дутор, тутовое дерево, абрикос, орех, можжевельник, ольха/тополь, ива, крышка, инструмент без ладов на грифе, дека, гриф, струна, кобылка дутора, ручка, тордорак, хафбандак, шайтанхарак, школы исполнения фалака, устод-шогирд.
THE ROLE OF THE STRUCTURE-SYSTEM INSTRUMENT IN THE FALAK PERFORMANCE
In the article is defined the place of dumbra-sounding in the tradition of Falak performance. Also, specified structure, its wide sphere and using as well as the interpretation of the instrument.
The aspect, chosen by us, is connected with a traditional music, particurarly with a Tajik motif. In this aspect, there is the speech about the connection 0f musical instrument with a melodic system of different motives. In this case, structure-system instrument occupies main position. All though tambourine fulfils the function of structure-system instrument in Shashmaqom, it is clear that the soundfield of each structure belonging to Shashmaqom is also connected with the system level. It is known that a tonic system of Shashmaqom includes large (8-10) degrees. Probaberly, a long neck of traditional dutor has historically been necessary to perform musical pieces of Shashmaqom which have large scales.
It would be appropriate, if we compare traditional dumbra and dutor with each other, because they are structure-system instruments: one belongs to Shashmaqom, another - to Falak.
Key words; Falak, Shashmaqom, Falakkhoni, Falaknavozi, structure-system instrument, dumbra/dutor, a tut wood, apricot, nut, juniper, arar/safedor, willow, roof, instrument with naked neck, deka, neck, string, net ear of dutor, handle, tordorak, khafbandak, shaitankharak, schools of falak performance, ustod-shogird.
Сведения об авторе:
Каримзода Саъдулло Салим-доцент Таджикской национальной консерватории имени Т. Сатторова, Адрес: Таджикистан, г. Душанбе, ул. Хусейнзода, 155. Email: [email protected] Тел: 935941227(моб), 2270724
About the author:
Karimzoda Sadullo Salim- Associated proffessor of Tajik National Conservatory named after T. Sattorov. Address: Tajikistan, Dushanbe, Huseinzoda, Str., 155 E-mail: [email protected] Tel.: 935941227(mob); 2270724.
ПЕШИНАИ КОРБУРДИ ИСТИЛОХИ САБК ДАР ШЕЪРИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОЧИК
Цосимзода С. С.
Донишгоуи миллии Тоцикистон
Дар тамоми фунуни хунарй, хам дар наккошиву меъморй ва хам дар мусикиву адабиёт хунармандро мухол аст, ки бе арза доштани сабку услуби хосса ва бикр, ки тавонад дидгохи тозаи уро ба намоиш гузорад, пазируфта гардад. Мусаллам аст, ки дар адабиёт доштани услуби фардй ва истиклол дар сабку шеваи баён кафолати асосии эчодкор эътироф шудани хар нигорандаест. Достонхое, аз кабили «Лайливу Мачнун», «Юсуф ва Зулайхо», «Хусрав ва Ширин» ва амсоли инхо, ки аз тарафи шуарои сохибноми адабиётамон ба такрор ва бо хамон як мазмуну мухтаво, аммо бо тарзу равишхои хоссаву нотакрор ва беназир гуфта шудаанд, бурхони котеъ бар иддаои боло ба шумор мераванд. Пас я;ин аст, ки хеч як фунуни хунарй наметавонад истилохи сабкро сарфи назар карда, бе баррасй ва пажухиши офаридахои хунарй аз дидгохи сабкшиносй ва услуби фардй идома ёбад.
Аммо дар баробари ин, сабкшиноси варзидаи рус В.В. Виноградов хеле бамаврид кайд кардааст, ки «дар хунар, адабиёт ва забоншиносй ёфтани як истилохи духуратар ва муглактар, ки мафхуми зехнитару мубхамтаре аз истилохи сабк дошта бошад, бисёр душвор аст» [3, с.7].
Х,амчунон ки дар каламрави адабиёти чахон хануз хам истилохи сабк ё хамон «style» таърифи ягонаи худро надорад ва ба гунахои мутафовит эзох ёфтаву ба кор бурда мешавад, нокидони адабиёти форсии точикй низ дар ин бахс ичмои назар надоранд. Яке аз роххое, ки метавон ба шарху таърифи дакиктари мафхуми сабк хамчун истилох наздиктар шуд, омухтани пешина ва басомади вожагонест, ки дар шеъри адабиёти классикиамон чун баёнгари махфуми сабк ба кор рафтаанд. Яъне сабк хамчун истилох дар накд ва шеъри адабиёти мо кай ворид шудааст, ин истилох чй мафохимеро дар худ чой додааст, чй таърифхое доштааст ва ба кадом маънй ба кор рафтааст? Шоирони классики адабиёти форсии точикй барои мафхуми истилохи сабк кадом вожахоро ба кор бурдаанд?
Собикаи корбурди истилохи сабк дар адабиёти форсии точикй хатто ба даврони пеш аз Одамушшуаро Абуабдуллохи Рудакй бармегардад. Муаррих ва адиби маъруф Абдуллохи Диноварй, ки бо номи Ибни ^утайба низ машхур аст, дар бахс аз аксоми шеър дар «Мукаддимаи шеър ва шоирон» ном асараш истилохи сабкро ба кор бурдааст.
У менависад: «Навъи дигари шеър он аст, ки маънояш неку ва алфозаш норасост. Монанди сухани Лабин бани Робиа, ки харчанд маъно ва сабки зебое дорад, ботароват ва дар равнак нест» [15, с.14].