Научная статья на тему 'РОЛЬ ЛИДЕРА НАЦИИ В РАЗВИТИИ СОЦИАЛЬНОГО СЕКТОРА (2013-2020 ГГ.)'

РОЛЬ ЛИДЕРА НАЦИИ В РАЗВИТИИ СОЦИАЛЬНОГО СЕКТОРА (2013-2020 ГГ.) Текст научной статьи по специальности «Социальная и экономическая география»

CC BY
96
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОБРАЗОВАНИЕ / ЗДРАВООХРАНЕНИЕ / КУЛЬТУРА / МОЛОДЕЖЬ / СПОРТ И ТУРИЗМ

Аннотация научной статьи по социальной и экономической географии, автор научной работы — Шарифзода Абдуфаттох Абдуваххоб

В настоящей статье рассматриваются все направления развития социального сектора Таджикистана и вклад Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в этой сфере. Статья также дает глубокий анализ состояния областей образования, здравоохранения, культуры, молодежи, спорта и туризма, в целом социального сектора страны в 2013-2020 годах. Следует отметить, что 2013-2020 годы оценены как период социального развития страны.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ROLE OF THE LEADER OF THE NATION IN THE DEVELOPMENT OF THE SOCIAL SECTOR (2013-2020)

This article examines all areas of development of the social sector in Tajikistan and the contribution of the Founder of Peace and National Unity-Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan His Excellency Emomali Rahmon in this area. The article also presents an in-depth analysis of the state of education, health care, culture, youth, sports and tourism, the country’s social sector in general in 2013-2020. It should be noted that 2013-2020 is assessed as a period of social development of the Tajik state.

Текст научной работы на тему «РОЛЬ ЛИДЕРА НАЦИИ В РАЗВИТИИ СОЦИАЛЬНОГО СЕКТОРА (2013-2020 ГГ.)»

RECOGNIZING THE REAL FACE OF TEMURLANG

This article is dedicated to the real face of one of the most famous medieval personalities of Temur. Temur (1336 - 1405), known in history as Timur the Lame (Temurlang) and Amir Temur, according to sources, is one of the bloodiest historical figures. During 35 years of his reign, this powerful army was able to build a huge empire that included Central Asia, Khorezm, the Caspian Sea, Afghanistan, Iran, parts of India, Iraq, the South Caucasus and Asia Minor. and so on.

It should be noted that this work is based on reliable historical sources, and in order to recognize the true face of this great historical person, Amir Temur or Timur, we refer the matter to the respected reader. We need to examine the reality of history.

Key words: Tamurlan, history, looting, militarism, kallamaran, murder, historical sources, Central Asia, Tajiks.

Сведения об авторе:

Кахор Расулиён - доктор истарических наук, профессор кафедры истории таджикского народа Таджикского национальнного университета Адрес: 734025, Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки 17. Телефон: (+992) 938666463.

About the author:

Kahor Rasuliyon - Doctor of Historical Sciences, Professor of the Department of History of the Tajik People of Tajik National Univesity Address: 734025, Tajikistan, Dushanbe, Rudaki ave. 17. Phone: (+992) 938666463.

НАЦШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ БАХШИ ПЯТИМОЙ

(СОЛ^ОИ 2013-2020)

Шарифзода А. А.

Хадамоти матбуоти Президенты Цум^урии Тоцикистон

Соли 2013 дар хаёти сиёсй ва иктисодиву ичтимоии Точикистон хамчун соли вусъати амалхои созанда, сулху суботи комил ва тахкими дастовардхои даврони сохибистиклолии кишварамон, аз чумла вахдати миллй гардида, дар ин сол барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминахои устувор гузошта шуданд.

Руйдоди мухиму назарраси соли 2013 дар Точикистон баргузории интихоботи Президентй ва аз нав ба макоми Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардидани Сарвари арзандаи давлату миллат Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон мебошад.

6 ноябри соли 2013 ба тарики интихоботи умумихалкй номзад аз Хизби Халкии Демократии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон бо 84,23 фоизи овозхои интихобкунандагон аз нав ба макоми Президенти Чумхурии Точикистон интихоб шуда, 16 ноябр маросими савгандёдкунии Президенти Чумхурии Точикистон баргузор гардид[1, с. 140-142].

Хамаи куллахои баланде, ки мардуми Точикистон минбаъд фатх намуда, ба сатху сифати нави рузгору зиндагии шоиста бояд бароянд, инчунин самтхои асосии сиёсати дохилию хоричй ва хадафхои стратегй дар суханронии Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон рузи савгандёдкунии тантанавй 16 ноябри соли 2013 ба таври возеху равшан баён гардид[2].

Баъди анчоми маросими савгандёдкунй Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон чун Президенти тозаинтихоби Чумхурии Точикистон, ки аз нав барои 7 соли оянда ба ин макоми олй интихоб гардидаанд, расман ба фаъолият шуруъ намуданд.

Расидан ба истиклоли энергетикй, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионй, таъмини амнияти озукаворй ва шуруъ аз соли 2018 (аз Паёми Президенти мамлакат ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 26 декабри соли 2018) саноатикунонии босуръати мамлакат чун хадафхои стратегии Хукумати Чумхурии Точикистон ва рохи асосии баланд бардоштани сатх ва сифати зиндагии мардум барои хафт соли давраи нави рохбарии Президенти тозаинтихоб (20132020) муайян карда шуд.

Чихати расидан ба хадафхои стратегй рушди афзалиятноки сохахои мухталифи саноат, хусусан саноати сабук, хурокворй, коркарди маъдан ва масолехи сохтмон, густариши фаъолияти сармоягузорй ва сохибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати бучету андоз ва пулию карзй, баланд бардоштани самаранокй ва таъмини шаффофияти фаъолияти макомоти давлатии марказй ва махаллй, рушди сохахои маорифу тандурустй хамчун бахши калидии сиёсати ичтимоии давлат, идомаи бобарори сиёсати «дархои боз» дар сиёсати хоричй бахри густариши минбаъдаи робитахои шарикию стратегй ва хамкорй бо кулли кишвархои олам, аз чумлаи вазифахои афзалиятноки мархилаи нави давлатдорй номида шуд.

Рушди бонизоми сохахои иктисоди миллй дар соли 2013 аз комёбихои нав ба нав дар рохи тахкими асосхои истиклолияти Точикистон ва давлатдории миллй гувохй медиханд ва фатхи куллахои зиёди дигар хануз дар пеш аст. Бузургтарин дастовардхое, ки мардуми кишвар солхои наздик бояд ба онхо ноил гардад, татбики амики хадафхои стратегии муайянкардаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалй Рахмон оид ба расидан ба истиклоли комили энергетикй, баромадан аз бунбасти коммуникатсионй, таъмини амнияти озукаворй дар Точикистон ва саноатикунонии босуръати кишвар аст, ки ба хотири бехдошти сатхи зиндагии мардум кабул гардидаанд.

Рушди иктисоди миллй ва идоракунии босуботи низоми молиявй имкон дод, ки хачми воридоти даромади Бучети давлатй аз 12,3 млрд. сомонии соли 2013 ба 23,6 млрд. сомонй дар соли 2020 расонида шавад. Дар киёс ин нишондиханда нисбат ба соли 2013-ум 11,3 млрд. сомонй ё ин ки кариб ду маротиба зиёд аст.

Дар давоми 7 соли охир маблаггузорй ба сармояи асосй аз хисоби хамаи сарчашмахо 83 миллиард сомониро ташкил дод, аз чумла маблагх,ои бучетй 25 миллиард ва хоричй 20 миллард сомонй.

Барои амалисозии лоихахои давлатии сармоягузорй 24 миллиард сомонй, аз чумла дар сохаи наклиёт 7,3 миллиард сомонй, энергетика 11 миллиард сомонй, кишоварзй ва обёрй 1,3 миллиард сомонй, бахши ичтимой ва дигар сохахои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонй сарф карда шуд.

Илова бар ин, холо барои рушди сохахои мазкур 70 лоихаи давлатии сармоягузорй ба маблаги умумии 36 миллиард сомонй амалй шуда истодааст.

Хамзамон, дар хафт соли охир ба сохахои мухталифи иктисодиёти кишвар зиёда аз 30 миллиард сомонй сармояи мустакими хоричй чалб карда шуд.

Дар давоми 7 соли охир дар бучети давлатй сиёсати ичтимоии Бучети давлатй нигох дошта шуда, маблаггузорихо бо максади рушди иктисодиёти кишвар, устувории молияи давлатй, бехтар намудани некуахволии мардум, таъмини сифатнокии таълим, бехтар гардонидани саломатии ахолй, баланд бардоштани хизматрасонихои ичтимой ва мустахкам намудани базаи моддй - техникии муассисахои сохаи ичтимой ва таъмини бехатарии озукаворй пешбинй шудаанд.

Агар дар соли 2013 хачми умумии харочоти бучети давлатй аз руи хамаи манбаъхои маблаггузорй 11,6 млрд. сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиханда дар соли 2016 ба 18,2 млрд. сомонй ва дар соли 2020 ба 23,6 млрд. сомонй баробар шуд, ки ин нисбати соли 2013 ду маротиба зиёд мебошад.

Дар соли 2013 барои сохахои ичтимой 5,5 млрд. сомонй ё ин ки 47,4 фоизи хачми умумии харочоти бучети давлатй равона шуда бошад, ин ракам дар соли 2020-ум 12,8 млрд. сомонй ё 49,0 фоизи харочоти бучети давлатиро ташкил дод, ки такрибан 1,9 маротиба зиёд мебошад. Нисбат ба соли 2013 маблаггузории сохаи маориф 2,1 маротиба, сохаи тандурустй 4,2 маротиба, сохаи хифзи ичтимой 1,9 маротиба, сохаи фарханг 2,2 маротиба зиёд гардид.

Дар давоми солхои 2013-2020 барои сохахои вокеии иктисодиёт маблаги 54,3 млрд. сомонй равона гардидааст, ки он ба 35,0 фоизи хачми умумии харочоти бучети давлатй баробар мебошад.

Музди мехнати кормандони сохахои бучетй, нафака, идрорпулй, кумакпулихои гуногун дар 10 соли охир тадричан зиёд карда шудааст. Аз чумла, дар соли 2013 ба хисоби миёна - 30 фоиз, 2015 - 20 фоиз, 2016 - 20 фоиз, соли 2018 - 15 фоиз ва соли 2020 - 15 фоиз зиёд карда шудааст.

Руйдодхои фарахбахши солхои 2013-2020 кадами устувори Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон ва Хукумати кишвар дар рохи амалй намудани вазифахои давраи нави таърихй буд. Бо хамин рухияи баланд мархилаи нави бунёдкорию созандагй дар таърихи навини Точикистон ба хотири рушди устувор идома ёфт.

Барои сохахои ичтимоии кишвар солхои 2013-2020 давраи рушди босубот ба шумор мераванд.

Сохаи маориф дар рушди чомеа яке аз сохахои асосй хисоб мешавад.

Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ва Хукумати Чумхурии Точикистон ба дастгирии маориф, хамчун сохаи калидии кишвар, таваччухи хос зохир менамоянд ва маблаггузории ин бахши пешбарандаи чомеа сол то сол афзоиш меёбад.

Агар дар соли 2013 ба сохаи маориф 2 млрд. 131 млн сомонй чудо шуда бошад, пас ин нишондиханда дар соли 2020 барои ин соха 5 млрд. 500 млн. сомонй пешбинй шудааст, ки нисбат ба соли 2013 3 млрд. 369 млн ё ин, ки 2,6 маротиба зиёд мебошад. Нишондихандаи маблаггузории сохаи маориф дар соли 2020 5,7 фоизи ММД ва 19 фоизи харочоти бучети давлатиро ташкил медихад.

Дар солхои 2013 - 2020 дар чумхурй аз хисоби хамаи сарчашмахои маблаггузорй 1444 иншооти сохаи маориф барои 279 хазору 622 чойи нишаст ба маблаги умумии 3 млрд. 288 млн. сомонй бунд ва ба истифода супорида шудааст. Аз чумла, аз хисоби бучети чумхуриявй 630 иншоот бо 147 531 чойи нишаст ба маблаги 2 млрд. 258 млн. сомонй, аз хисоби сармояи хоричй 165 иншоот бо 38425 чойи нишаст ба маблаги 412 млн. 593 хазор сомонй, аз хисоби сохибкорон ва бо тарики хашар 648 иншоот бо 93666 чойи нишаст ба маблаги 618 млн. сомонй сохта ва ба истифода супорида шудааст.

Имруз шумораи кудакистонхо дар чумхурй аз 527 адади соли 2013 ба 662 адад расидааст, ки 135 кудакистон зиёд мебошад.

Давоми солхои 2013-2020 дар як катор шахру нохияхои мамлакат муассисахои томактабии хусусй бунёд ва ба фаъолият шуруъ намуданд, аз чумла 5 июли соли 2013 Кудакистони муосири хусусй дар нохияи Кушониён барои 120 кудак, 19 декабри соли 2017 Кудакистони нав бо 160 чой дар нохияи Синои пойтахт, 6 августи соли 2019 Богчаи кудакон дар нохияи Балчувон бо 100 чой, 21 августи соли 2019 Богчаи кудакон дар нохияи Деваштич барои 300 кудак, 22 августи соли 2019 Кудакистони хусусй барои 200 кудак дар нохияи Зафаробод, 23 августи соли 2019 Муассисаи тахсилоти томактабии хусусии «Файзбахш» дар нохияи Ч,аббор Расулов барои 300 кудак, 31 марти соли 2019 Богчаи бачагонаи «Парасту» дар шахри Гулистони вилояти Сугд барои 500 кудак, 30 марти соли 2019 Богчаи бачагонаи «Гули Навруз» дар шахри Бустон барои 240 кудак, 22 ноябри соли 2019 Муассисаи тахсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак» дар нохияи Синои шахри Душанбе барои 300 кудак.

Дар чумхурй 64 мактаб-интернат, аз чумла Мактаб-интернати чумхуриявии кудакони ношунавои нохияи Рудакй, Мактаб интернати раками 1 барои кудакони ятими шахри Душанбе, Мактаб-парваришгохи раками 2-и шахри Душанбе, Мактаб - интернати ёрирасони раками 3-и шахри Душанбе барои кудакони ятим, бепарастор, кудаконе, ки падару модарашон гирифтори беморихои сироятии барои кудакон хавфнок, имконияташон махдуд, барои кудакони аз дехахои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимй надоранд, кудаконе, ки мухити носолими оилавй доранд, фаъолият менамояд, ки дар онхо дар соли тахсили 2019-2020 8275 нафар, аз чумла 2501 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон 25 сентябри соли 2013 дар нохияи Рашт бинои Хобгохи тарбиятгирандагони мактаб - интернати чумхуриявии нохияи Раштро барои 200 нафар ва 29 сентябри соли 2019 дар чамоати Шугноби нохияи Ховалинг Мактаб-интернатро барои 320 нафар бо хобгоху хонаи истикоматии омузгорон ифтитох карданд[3, с.112].

Хамасола Пешвои миллат дар арафаи иду чашнхои миллй ба аёдати ин кудакони ятиму маъюб, ки тахти назорати Сарвари давлат ва гамхории Хукумати мамлакат карор доранд, мераванд ва барои рухбаланд намудани онхо ба ин табакаи ниёзманд кумакхои моддй мерасонанд.

Дар соли 2014 муассисахои таълимй бо 48125 компютер ва 8008 принтер таъмин буданд. Холо дар муассисахои тахсилоти умумии шахру нохияхои чумхурй 66780 адад компютер ва 10778 принтер, инчунин 3046 тахтаи электронй мавчуд аст.

Дар чумхурй 72 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодхо бо 650 махфили фаннй ташкил шудааст ва онхо 9610 нафар хонанда фаро гирифтаанд.

Агар то соли 2012 дар чумхурй хамагй як олимпиадаи фаннй яъне «Олимпиадаи фанни хонандагони муассисахои тахсилоти умумй» бо иштироки 943 нафар хонанда баргузор шуда бошад, пас дар соли 2020 21 озмун ва олимпиада бо иштироки зиёда аз 2500 нафар хонанда ба накша гирифта шудааст.

Дар чумхурй то соли 2009 як муассисаи таълимии Президентй фаъолият менамуд, дар соли 2020 бошад - 9 мактаби Президентй барои хонандагони болаёкат дар чумхурй фаъолият менамояд. Аз чумла бо дастгирии Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон дар нохияи Кушониёни вилояти Хатлон Литсейи Президентии барои хонандагони болаёкат, дар шахри Хоруг Мактаби Пиезидентй барои 640 нафар, дар шахри Душанбе Литсейи муосири Пиезидентй барои на камтар аз 1000 нафар, дар шахри Турсунзода Литсейи Президентии ба номи Абуабдуллохи Рудакй барои 320 нафар хонандаи болаёкат ва дар шахри Бустон Литсейи Президентй барои 1300 нафар хонанда фаъолияти пурсамар доранд.

Фаъолияти мактабхои мазкур натичахои мусбат медихад, хонандагони ин муассисахои таълимй аз хама зиёд чойхои намоёнро ишгол менамоянд. Дар соли 2019 хонандагони ин мактабхо дар олимпиадахои сатхи чумхуриявй - 37,9 фоиз ва байналмилалй - 60,1 фоизи чойхои ифтихориро ба даст овардаанд.

Алхол, дар чумхурй 75 муассисаи тахсилоти миёнаи касбй фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2013 26 адад ё 35 фоиз бештар аст.

Дар муассисахои мазкур аз руи 7 равия (сохаи тиб, омузгорй, аграрй, фарханг, техникй, технологй, иктисодй) ва 166 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд, ки нисбат ба соли 2013 54 ихтисос зиёд мебошад.

Теъдоди умумии донишчуён дар соли тахсили 2019-2020 87736 нафарро ташкил медихад, ки нисбат ба соли 2013 45459 нафар афзудааст.

Айни замон, дар муассисахои тахсилоти миёнаи касбй 6578 нафар омузгорон фаъолият карда истодаанд, ки аз ин теъдод 125 нафарашон номзад ва докторони илм мебошанд.

Гузариш ба низоми кредитии тахсил такозои замон ва талаботи сохаи таълиму тарбияи чахони имруза аст.

Аз огози соли тахсили 2013-2014 муассисахои тахсилоти миёнаи касбй ба таври заминавй (пилотй) гузаштани як ё ду ихтисосро ба низоми кредитии тахсил таъмин намуданд. Алхол, муассисаи тахсилоти миёнаи касбй ба ин низоми тахсил пурра гузаронида шуданд.

Дар давраи сохибистиклолй сохаи тахсилоти олии касбй рушди тоза пайдо кард.

Дар чумхурй 41 муассисаи тахсилоти олии касбй - 17 донишгох, 14 донишкада, 1 Консерваторияи миллй, 4 муассисаи тахсилоти олии касбии макомоти хифзи хукук, 1 филиали муассисахои таълимии дохил ва 3 филиали муассисахои таълимии хоричи кишвар, 1 Донишгохи Осиёи марказй фаъолият менамоянд, ки дар онхо зиёда аз 210 хазор донишчу тахсил менамояд.

Дар соли тахсили 2019-2020 муассисахои тахсилоти олии касбиро бештар аз 34 хазор нафар аз руи ихтисосхои гуногун хатм намуданд.

Бо иштироки бевоситаи Президенти Чумхурии Точикистон бинои нави таълимии Донишгохи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллохи Рудакй (1.09.2015), Донишгохи давлатии тиббии Хатлон (25.02.2016), Донишгохи давлатии Дангара (1.09.2016), Донишгохи Осиёи Марказй дар шахри Хоруг (14.09.2018), Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон (1.092019) ва гайра сохта ва мавриди бахрабардорй карор дода шудаанд, ки аз дастовардхои мухим ба шумор мераванд.

Яке аз дастовардхои дигар ин ташкили Маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон мебошад. Хамасола довталабон дар зинаи тахсилоти миёна ва олии касбй тарики имтихонхои марказонидашудаи Маркази миллии тестй кабул карда мешаванд.

Бо шарофати даврони истиклолият ва бо ташаббус ва гамхорихои Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар чумхурй Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон таъсис ёфтааст. Имруз дар назди комиссияи мазкур 58 Шурои диссертатсионй амал мекунад. Дар ин шурохо аз руйи самти илмхои дакик, табиатшиносй ва техникй, чамъиятиву гуманитарй рисолахои докторию номзадй дифоъ карда мешаванд.

Тахлили сохаи маориф ва илм дар мукоиса нисбат ба солхои пешин нишон медихад, ки Чумхурии Точикистон аз руи бисёр нишондодхо нисбат ба солхои аввали Истиклолияти давлатй аз бисёр чихатхо - сифати таълим, таъминоти муассисахои таълимй бо асбобу анчоми таълимй, тачхизонидани муассисахои таълимй бо техникаи компютерй, сохтмони мактабхои наву замонавй ва синфхонахои иловагии бо асбобу тачхизоти замонавй мучаххаз хеле пеш рафтааст.

Айни замон дар чумхурй 4121 нафар кадрхои илмй фаъолият менамоянд, ки аз онхо 728 нафар доктори илм ва 3393 нафар номзади илм мебошанд.

Аз хисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Чумхурии Точикистон «Дурахшандагон» зиёда аз 233 нафар ва аз хисоби бурсияхои хукуматии кишвархои хоричй зиёда аз 25 хазор шахрванди Чумхурии Точикистон барои тахсил ба хоричи кишвар аз руи ихтисосхои ба иктисодиёти мамлакат зарур фиристода шудаанд.

Олимони кишвар дар тайи солхои 2013-2020 таваччухи асосиро ба тахкику омузиши масъалахои илмию техникй аз руйи самтхои афзалиятноки барои чумхурй мухим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексй ва устувори захирахои об, истифодаи манбаъхои гайрианъанавии аз нигохи экологй тозаи баркароршавандаи энергия, коркарди технологияхои аз нав кор кардани алюминий ва истехсоли маснуъоти тайёр, мониторинги холати сейсмологй дар марзи мамлакат, коркарди усулхои пешгуй кардани заминларзахо, баходихии хатари сейсмикй дар худуди шахрхо ва махалхои ахолинишин, минтакаи сохтмони корхонахои калони саноатй ва иншоотхои гидротехникй, мониторинги радиатсионй ва амнияти радиатсионии ахолй ва мухити зист, тахкикоти комплексии гуногуншаклии биологии наботот ва хайвонот, генофонд ва захирахои биологии Точикистон, тахкики масъалахои рушди иктисодиёти ракамй ва саноатикунонии мамлакат, тахкики таърихи давраи сохибистиклолии Точикистон, таърихи Саразми бостонй, этногенези халки точик, тахкики таърихи фалсафаи точик, тахкики масъалахои мухими забони точикй, адабиёт ва фарханги точик, суннатхои давлатдории халки точик ва монанди инхо равона намуда ба дастовардхои назарраси илмй ноил шуданд.

Дар ин давра, баъди таваккуфи 25-сола Расадхонаи байналмилалии «Санглох», ки дорои имконияти хуби мушохида ва омузиши чирмхои осмонй мебошад, ба кор шуруъ намуд ва бо максади мониторинги заминларза дар каламрави кишвар ва худудхои хаммарзи он пойгохи муосири сейсмикй ва шабакаи ягонаи сейсмикии кишвар таъсис дода шуд. Хамзамон, барои олимони табиатшинос озмоишгохи муосир бо дастгоххо ва тачхизоти озмоишгохии навтарин барои олимони сохахои геология, химия, физика ва биология ташкил шудааст, пойгохи илмии омузиши нурхои кайхонй, вокеъ дар нохияи Мургоб барои омузиши заррахои кайхонии абарсуръат ва энергияхои зиёд фаъол гардид ва пойгоххои хурди хозиразамони метереологй дар каламрави кишвар бо максади ба таври фаврй ва бо сахехии баланд чен намудани харорат, намнокии замин, интенсивияти нури Офтоб, микдори боришот, суръати шамол, дарозии руз ва гайра ташкил шудаанд.

Хамаи ин дастгирии Хукумат имконият дод, ки дар ин давра олимон сохиби садхо патент доир ба ихтироъкорй ва навоварй гардида, натичахои илмии худро дар мачалахои бонуфузи илмии чахон ба нашр расонанд ва неруи зехнии кишвар рушд намояд.

Сихатии омма дар кишвари мо самти афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлат ба хисоб меравад.

Бучети сохаи тандурустй дар соли 2020 1 миллиарду 740 миллион сомониро ташкил медихад, ки ин нисбат ба соли 2008 - 7,2 маротиба зиёд мебошад. Бояд кайд кард, ки дар 30 соли истиклолияти чумхурй музди мехнати кормандони сохаи тандурустй аз 3 сомонй ба 1253 сомонй расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1992 - 418 ва нисбат ба соли 2007 - 14,3 маротиба зиёд мебошад. Харочот аз хисоби бучети давлатй ба сари хар як нафар ахолй дар соли 2020 -199,2 сомониро ташкил медихад, ки ин нисбат ба соли 2001 - 56,9 ва нисбат ба соли 2011 - 2,5 маротиба зиёд мебошад.

Дар давраи аз интихобот то интихобот дар сохтори тандурустии мамлакат хуччатхои мухими стратегй, аз чумла Стратегияи миллии солимии ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2020 тахия ва кабул гардид ва татбики он рушди минбаъдаи сохаи тандурустиро таъмин менамояд.

Дар давоми солхои 2013-2020 бо максади бехтар намудани низом ва таъмини сифати хизматрасонихои тиббй дар сохтори Вазорати тандурустй ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон бахри бехтар намудани сатх, ва сифати хизматрасонихои тиббию бехдоштй макомоти ваколатдори назорати давлатии фаъолияти тиббй, фарматсевтй ва санитарию эпидемиологй таъсис дода шуданд.

Дар даврони сохибистиклолй дар минтакахои гуногуни чумхурй зиёда 1000 муассисаи тиббй аз хисоби маблагхои бучети чумхуриявй ва махаллй, лоихахои сармоягузорй сохта, таъмиру баркарор гардиданд ва бо дастгоххои муосири замонавй чихозонида шуданд.

Бо дарназардошти сохтори беморшавй ва хусусиятхои хоси сохаи тандурустии кишвар зиёда аз 12 барномаи миллй, аз чумла мубориза бар зидди беморихои сил, диабети канд, саратон, дил, вируси норасоии масунияти одам, варача, осеббардорй, нашъамандй оид ба рушди сохахои донории хун ва дигар татбик шуда истодаанд.

Дар натичаи гузоштани кадамхои устувор дар самти ислохоти сохаи хифзи саломатии модарон ва кудакон нишондихандахои фавти кудакон ва модарон ба маротиб паст гардид.

Айни хол дар кишвар шумораи табибон 19 хазор ва кормандони миёнаи тиббй 54 хазор нафарро ташкил медихад, ки ин нисбат ба соли 1991 мутаносибан 28,6 ва 27 фоиз зиёд мебошад.

Тайёр кардани мутахассисони тиббй дар 31 муассисаи таълимии тиббй сурат мегирад. Аз 31 муассисаи таълимии тиббй 20 - то ё 65 фоизи онхо дар даврони сохибистиклолй бунёд шудааст.

Бо максади аз байн бурдани норасоии мутахассисон хар сол аз тарики Стипендияи Президенти Чумхурии Точикистон «Дурахшандагон» мутахассисони тиббй ба муассисахои илмию таълимии хоричи кишвар фиристонида мешаванд. Аз он чумла дар 30 соли охир зиёда аз 500 нафар мутахассисони ихтисосхои пайвандсозии узвхо, чаррохии дили кудакон ва дилу рагхои хунгард, чаррохии кудакона оид ба гузаронидани амалиётхои нейроурологии кудакона ва гайра дар муассисахои илмию таълимии хоричи кишвар тахсил намудаанд.

Агар то соли 1991 дар низоми хифзи ичтимоии ахолй хамагй 54 ташкилоту муассисахои сохавй амал мекарда бошанд, пас тайи 28 соли сипаригардида теъдоди онхо ба 105 адад расонида шудааст.

Давоми солхои 2013 то 2020 бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон дар як катор шахру нохияхои кишвар марказхои калони саломатй бо тачхизоти муосири тиббй мучаххаз ба кор дароварда шудаанд, аз чумла 22 марти соли 2014 дар нохияи Дангара беморхона барои 150 нафар эхтиёчманд ва бо 240 чойи корй, 4 апрели соли 2016 Мачмааи тандурустии Истиклол дар шахри Душанбе дорои 38 бино барои кабул, муоинаю ташхис, табобат ва фарогату тавонбахшй бо 3500 чойи нави корй, 3 марти соли 2016 Беморхонаи

раками 3 ва Maркaзи саломатии дехаи Mехнaтободи чамоати ба номи Aбyaбдyллохи Рyдaкии нохияи Восеъ дорои 50 кат бо сахми сохибкорони ватанй, 15 марти соли 2016 Maркaзи саломатй дар нохияи Рyдaкй барои кабули 31G нафар бемор дар як баст, 1 июли соли 2G2G Беморхонаи нохиявии раками 5 дар дехди Далёни поёни нохияи Деваштич бо 60 чойи корй.

Хукумати Чумхурии Точикистон бахри рушди минбаъдаи сохахои хифзи ичтимоии ахолй, аз чумла сyFyртaи ичтимой ва таъминоти нафака низ тадбирхои зарурй меандешад ва масъалаи таквият бахшидани соха ва бехтар намудани некуахволии табакахои осебпазирй ахолй хамчун яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлат мебошад.

Сохаи фарханг хамчун сохаи мухими маънавй дар низоми сиёсати ичтимой яке аз самтхои мухиму афзалиятнок буда, рохбарияти давлату Хукумати Чумхурии Точикистон бахри таъмини рушди устувори он аз рузхои аввали истиклолияти давлатй пайваста таваччух ва Faмхории хос зохир менамоянд.

Давоми солхои 2013-2019 Дирексияи сохтмони иншооти хукуматии Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон бунёду азнавсозии як катор иншоотро ба анчом расонид, аз чумла азнавсозию сохтмони Кохи фарханг, китобхона ва осорхона дар шахри Хисор (22.09.2015), ^асри фарханг барои 500 чой дар нохияи Myъминобод (3.10.2016), ^асри фарханг дар нохияи Рушон (2G17), ^асри фарханг ва Театри мусикй-мазхакавии ба номи Aто Myхaммaдчонов дар шахри Бохтар (2017) OFOЗи сохтмони ^асри фарханг барои 400 чой дар нохияи Шамсиддин Шохин (2018), ^асри фарханг дар нохияи Балчувон (2018) ва ^асри фарханг барои 700 чой дар нохияи Дакара (12.09.2019).

Aйни замон дар чумхурй 18 театри касбй - 6 театр дар шахри Душанбе, 7 то дар вилояти СyFд, 4 то дар вилояти Хатлон, 1 то дар Вилояти Myхтори Кухистони Бадахшон ва 6 муассисаи консертй ва Сирки давлатии Точикистон бо максади конеъ гардонидани талаботи маънавии чомеа фаъолият мекунанд.

Давоми солхои 2013-2020 бо ибтикори бевоситаи Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар микёси чумхурй театрхои касбй, аз чумла Театри чумхуриявии драмаи мусикии ба номи Maхмyдчон Вохидови нохияи Aшт (25.G3.2G16) ва як муассисаи консертй - Филармонияи давлатии бачагонаи Точикистон (соли 2017) таъсис ёфтанд, ки алхол фаъолияти пурсамар доранд ва дар рушду нумуи санъати касбии точик ва тaрFибy ташвики он дар арсаи чахонй сахми назаррас мегузоранд.

Дар идомаи ин икдомот дар ин давра, ба бунёди бузургтарин театр дар Осиёи Maркaзй -Театри миллии Точикистон (17 марти соли 2015) санги асос гузошта шуд[4, с. 60].

Aз соли 2013 то нимсолаи аввали соли 2020 дар театрхои касбии кишвар зиёда аз 450 намоиши нав аз руи асархои драманависони ватаниву хоричй руи сахна гузошта шуд.

Яке аз руйдодхои мухими сохаи санъати касбй таъсиси Оркестри давлатии симфонии Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар соли 2016 мебошад, ки 15 марти соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Aйнй бо иштироки Пешвои миллат муаррифй карда шуд.

Дар чумхурй 7G75 муассисаи фархангй - фaроFaтии раёсат, шуъба, бахши фарханги вилоят, шахру нохияхои чумхурй, Китобхонаи миллй, Китобхонаи чумхуриявии бачагонаи ба номи Mирсaид Mиршaкaр, Осорхонаи миллй, китобхона ва осорхонаи вазорату кумитахо фаъолият дошта, дар муассисахои мазкур 16767 нафар кор мекунанд.

Соли 2013 бинои нави Осорхонаи миллии Точикистон бо иштироки Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон ифтитох ёфт.

Китоби «Фехристи миллии мероси фарханги Faйримоддй» мувофики меъёрхо ва талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба мероси фарханги Faйримоддй дар соли 2017 такмил ва чоп гардида, шумораи сеюми силсилакитоби «Фарханги Faйримоддии халки точик» интишор гардид.

Aз чониби кормандони сохаи фарханг номинатсияхои «Оши палов» хамчун хуроки анъанавй ва фазои ичтимоию фархангии он дар Точикистон ва «Навруз» тахияву пешниход ва дар Фехристи ЮНЕСКО сабт шудаанд. Номинатсияи «Санъати чакандузй дар Точикистон» тахия гашта, барои сабт ба Фехристи ЮНЕСКО пешниход шудааст.

Соли 2018 ба фехристи арзишхои байналмилалии Созмони ЮНЕСКО ворид гардидани санъати гулдузии «Чакан» ва FOлиби озмуну фестивалхои гуногуни байналмилалй гардидани чехрахои наву чавон ва муаррифии шоистаи фарханги миллй дар арсаи чахонй дастовардхои мухимтарин мебошанд.

Ташаккули инсони хамачониба инкишоф ёфта, тaрFиби тарзи хаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рухияи худшиносиву худогохии миллй, ватандустиву ватанпарастй ва эхтиром ба

арзишхои неку созандаи милливу умумибашарй аз чумлаи хадафхои мухими сиёсати ичтимоии давлат ба шумор меравад.

Дар ин чода боло бурдани макоми зан дар чомеа, тарбияи кадрхо аз хисоби занону духтарони болаёкат, инчунин дастгирии ташаббусхои занону бонувон дар самтхои мухталифи хаёти чомеа ва гамхорй нисбат ба оила хадафи дигари рохбарияти давлату хукумат мебошад.

Дастгирии давлатии оилахои камбизоат бо рохи фарохам овардани замина барои рушди онхо идома пайдо карда, кудакон ва наврасони ятиму бепарастор, маъюбон ва шахсони имконияташон махдуд тахти назорат ва парастории бевоситаи давлат карор мегиранд.

Таваччух ва дастгирихои пайвастаи Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон ба сохаи варзишу тарбияи чисмонй дар соли 2016 самараи дилхох ба бор оварданд.

Дар ин соли таърихй варзишгари шинохтаи точик Дилшод Назаров дар даври нихоии мусобикаи гурзандозии Бозихои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия голиб ва сазовори медали тиллоии ин бозихо гардид.

Соли 2017 бо ташаббуси Президенти мамлакат «Соли чавонон» эълон шуд ва вобаста ба ин тадбир дар саросари кишвар чорабинихои мухими сиёсй, фархангй ва варзишй доир гардиданд.

Дастоварди бузурги «Соли чавонон» сохиби унвони чемпиони чахон шудани варзишгари точик Бехруз Хочазода мебошад, ки 11 ноябр дар мусобикоти самбои чахон дар шахри Сочи дар вазни 74 кило голиб омад. Ин пахлавони точик бо гирифтани чойи якум ва медали тилло дар чемпионати чахон, пас аз 42 сол кахрамонии чахонпахлавон Саидмуъмин Рахимовро такрор кард. _

Ба медали тиллоии мусобикоти чахонй ноил шудани варзишгарони точик дар таърихи сохибистиклолии мамлакат руйдоди фарахбахшу беназир буда, Точикистонро машхури чахон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиклолро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро дар сайёра боз хам ифтихорманду сарбаланд кард.

Точикистони бихиштосои мо сарзамини мардуми сохибмаърифату мехмоннавоз ва кишвари мевахои шахдбор буда, аз нигохи иклим, боду хаво, манзарахои табиат, куххои осмонбус, пиряххои азим, обхои шифобахш, кулхо ва чашмахои оби мусаффо, хайвоноту наботот ва урфу анъанахои мардумй дар олам нотакрор ва макони бехтарини сайру сайёхат мебошад.

Ба рушди сохаи сайёхй Хукумати чумхурй ва Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон таваччухи хос зохир менамоянд. Хамин аст, ки дар кишвари азизамон барои чалб ва дар сатхи баланд кабул намудани сайёхон тамоми шароити зарурй мухайё мешаванд.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Бо максади рушд ва таквияти сохаи сайёхй чандин санад ва барномахои давлатй, аз чумла ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи туризм», ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихй ба баъзе намудхои фаъолият», «Барномаи рушди туризм дар Точикистон дар давраи солхои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёхй дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2020» Г51, «Стратегияи рушди сайёхй дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030» ва «Накшаи чорабинихо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёхй дар Чумхурии Точикистон дар давраи то соли 2030 барои солхои 2019-2021» кабул гардидаанд.

Бо максади боз хам тавсеа бахшидани сохаи сайёхй, истифодаи самараноки имкониятхои мавчуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёхй, бехтар кардани сифати хизматрасонй, густариши раванди танзими давлатй ва дастгирии сайёхии дохиливу хоричй, чалби харчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрхои болаёкат соли 2017 Президенти мамлакат мухтарам Эмомалй Рахмон Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистонро таъсис намуд.

Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон зимни ироаи Паёмхои худ дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилию хоричии Хукумати Чумхурии Точикистон, соли 2018-умро «Соли рушди сайёхй ва хунархои мардумй» ва солхои 2019-2021-ро «Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй» эълон карданд[6, с. 1-2].

Ба хотири таъмини шароити созгор чихати чалби сайёхон ба Точикистон давоми солхои 2013-2020 Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон даххо иншооти таъиноти гуногуни сохаи сайёхиро мавриди истифода карор доданд, аз чумла Мачмааи таърихию фархангии «^алъаи Муг» дар шахри Истаравшан (25.06.2018), Осорхонаи кахрамони халки точик Восеъ дар мавзеъи Дараи Мухтори нохияи Ховалинг (7.08.2019), Мехмонхонаи «Сугдиён» дар шахри Хучанд (24.08.2019), Маркази истирохативу фарогатй ва сайёхии кули «Душанбе» дар нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе (30.08.2019), Маркази истирохативу фарогатй дар шахри Кулоб (11.09.2019), истирохатгохи «Сугдиён» дар шахри Гулистон

(22.03.2020), Мачмааи лижаронию сайёхии «Сафед-Дара» дар нохияи Варзоб (6.08.2016), бинохои иловагй дар Осоишгохи «Бахористон» дар шахри Гулистон (27.03.2016) ва гайра.

Добили зикр аст, ки Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон давоми солхои 2013-2020 аз интихобот то интихобот дар доираи барномаи пешазинтихоботй дар сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаи рушди сохахои ичтимой таваччухи хос зохир кардаанд. Натичаи хамин аст, ки маблаггузорй барои пешрафти сохахои ичтимой дар бучети давлат сол то сол афзун гардид. Ин имкон дод, ки кормандони сохахои маориф, тандурустй, фарханг, чавонон, варзиш ва сайёхй аз имтиёзхо ба хотири бехдошти сатхи зиндагй ва пешрафти кору фаъолият бахравар гарданд.

АДАБИЁТ

1. Шарифзода А., Косимй З. Эмомалй Рахмон: интихоби мардум (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Точикистон дар соли 2013). Душанбе: Бухоро, 2014 - С. 140-142.

2. Суханронй дар чаласаи якчояи Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Чумхурии Точикистон. 16 ноябри соли 2013 // Сайги Президенти Чумхурии Точикистон. URL:// http://www.president.tj/node/5588

3. Шарифзода А., Косимй З. Эмомалй Рахмон: интихоби мардум (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Точикистон дар соли 2013). Душанбе: Бухоро, 2014 - С. 112.

4. Шарифзода А., Косимй З., Айниддин С. Эмомалй Рахмон ва 3000-солагии Х,исор (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Чумхурии Точикистон дар соли 2015). - Душанбе: «Бухоро», 2017. - С. 60.

5. Барномаи рушди сайёхй дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2020 // Сайти Маркази миллии кднунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон. URL: http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=580

6. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилию хоричии Чумхурии Точикистон» ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон // Рузномаи «Садои мардум». №154 - 155 (3948 - 3949). Санаи нашр 27.12.2018. С. 1-2.

РОЛЬ ЛИДЕРА НАЦИИ В РАЗВИТИИ СОЦИАЛЬНОГО -СЕКТОРА (2013-2020 ГГ.)

В настоящей статье рассматриваются все направления развития социального сектора Таджикистана и вклад Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в этой сфере.

Статья также дает глубокий анализ состояния областей образования, здравоохранения, культуры, молодежи, спорта и туризма, в целом социального сектора страны в 2013-2020 годах. Следует отметить, что 2013-2020 годы оценены как период социального развития страны.

Ключевые слова: образование, здравоохранение, культура, молодежь, спорт и туризм

ROLE OF THE LEADER OF THE NATION IN THE DEVELOPMENT OF THE SOCIAL SECTOR (2013-2020)

This article examines all areas of development of the social sector in Tajikistan and the contribution of the Founder of Peace and National Unity-Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan His Excellency Emomali Rahmon in this area.

The article also presents an in-depth analysis of the state of education, health care, culture, youth, sports and tourism, the country's social sector in general in 2013-2020. It should be noted that 20132020 is assessed as a period of social development of the Tajik state.

Key words: education, health care, culture, youth, sports and tourism

Сведения об авторе:

Шарифзода Абдуфаттох Абдуваххоб — пресс-секретарь - руководитель Пресс-службы Президента Республики Таджикистан, доктор исторических наук, профессор, член-корреспондент Национальной Академии наук Таджикистана. Адрес: г. Душанбе, ул. Пушкина 1, кв. 25. Тел.: (+992) 372212520.

About the author:

Sharifzoda Abdufattoh Abduvahhob — Press Secretary - Head of the Press Service of the President of the Republic of Tajikistan, Doctor of Historical Sciences, Professor, Corresponding Member of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: Dushanbe, 1, Pushkin street, apt. 25. Tel.: (+992) 37 2212520.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.