Научная статья на тему 'The state of woman entrepreneurship in modern Tajikistan'

The state of woman entrepreneurship in modern Tajikistan Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
1096
99
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЖЕНСКИЙ БИЗНЕС / ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПОЛИТИКА В СФЕРЕ ЖЕНСКОГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА / ГЕНДЕРНОЕ НЕРАВЕНСТВО / ПОДДЕРЖКА ЖЕНСКОГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА / WOMAN BUSINESS / STATE POLITICS IN THE SPHERE OF WOMAN ENTREPRENEURSHIP / GENDER INEQUALITY / ENCOURAGEMENT OF WOMAN ENTREPRENEURSHIP / СОҳИБКОРИИ БОНУВОН / СИЁСАТИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҳАИ СОҳИБКОРӣ / НОБАРОБАРИИ ГЕНДЕРӣ / ДАСТГИРИИ СОҳИБКОРИИ БОНУВОН ДАР МАқОЛА ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҳИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА ДАР

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Бобокулова Махлиё Абдусатторовна

В статье анализируется современное состояние малого и среднего предпринимательства в рынке Таджикистана и его гендерные аспекты. Раскрываются проблемы привлечения женщин в сферу предпринимательства, рассматривается государственная политика в этой сфере, выявляются трудности и препятствия в формировании женского бизнеса, раскрыты роль и место государственных органов и неправительственных организаций в развитии женского предпринимательства, в особенности роль Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан, Национальной ассоциации женщин предпринимателей «Кадбону», Национальной ассоциации деловых женщин Таджикистана (НАДЖТ)и других организаций. В статье также освещаются вопросы выделения грантов, предоставления льготных средств, организация конкурсов и обучения женщин предпринимателей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Состояние женского предпринимательства в современном Таджикистане

In her article the author dwells on contemporary provision of small and middle-sized entrepreneurship and its gender aspects in Tajikistan Republic. The author of the article discloses and analyzes the problem beset with alluring women in the sphere of enterprise are analyzed the statal politics in the relevant filed and revealed the difficulties and obstacles in reference to the formation of feminine business and disclosed the role and place of state bodies and non-governmental organizations in the development of woman enterprise, in particular the role of the Committee in regard to the business of women and families in Tajikistan Republic Government, national Association of business ladies entitled “Cadbony”, National Association of women of Tajikistan (NATT)and other organizations. The issues concerned with separation of the grants submitting privileged means organization of competitions and teaching of women employers are canvassed in the article as well.

Текст научной работы на тему «The state of woman entrepreneurship in modern Tajikistan»

УДК 316.31.4

ББК 65.240.592 (2т) М.А.БОБОЦУЛОВА

ВАЗЪИ СО^ИБКОРИИ БОНУВОН ДАР ТОЧИКИСТОНИ МУОСИР

Баъди сохибистиклол гаштани Точикистон дар заминаи гузаштан ба иктисоди бозоргонй ба ташаккул ва рушди сохибкории хурду миёна эътибори хоса дода шуд. Дар сохибкорй бонувон низ фаъолона ширкат меварзанд. Одатан,сохибкории бонувон, аксар вакт хачман хурд буда, бештар дар асоси инфиродй ба рох монда мешавад. Сохибкории бонувон бештар дар он сохахо ба рох монда мешавад,ки барои ташкили он сармояи хурд масраф мегардад, маблаггузории бузург талаб карда намешавад. Аз ин лихоз бонувон бештар дар сохаи гайриистехсолй бо сохибкорй машгул мегарданд.

Хамзамон хаминро бояд таъкид кард,ки сохибкории бонувон бештар дар он сохахо ба рох монда шудаанд, ки дар онхо кувваи зиёди корй талаб карда намешавад, яъне бонувон на дар сохаи истехсолот, балки дар сохаи хизматрасонй ва сохаи тичорат бо сохибкорй машгул мегарданд.

Дар Точикистон ба чалби бонувон ба сохаи сохибкории хурду миёна дар сатхи давлатй тадбирхо андешида мешаванд. Ба ин масъала аз чониби сарвари давлат, Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон пайваста таваччухи хоса зохир мегардад. Чунончй, хангоми вохурй бо сохибкорони мамлакат Президенти кишварамон якчанд масъалахоро рочеъ ба чалби бонувон ба сохибкории хурд мавриди баррасй карор дода буд. Баъди ин вохурй монеъахои бюрократа дар масъалаи бакайдгирии сохибкорзанон аз байн бардошта шуданд, низоми соддаи андозситонй чорй гардид, микдори тафтишхо кам карда шуданд, китоби кайди тафтиши объектхои сохибкории хурд чорй гардид ва г.(1, 47).

Ба хотири дастгирии бонувон аз чониби Хукумати Точикистон як катор барномахо ва стратегияхои давлатй оид ба таъмини хукуку имкониятхои баробар барои занон, аз кабили, Барномаи давлатии «Самтхои асосии сиёсати давлатй оид ба таъмини хукуку имкониятхои баробари мардон ва занон дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2001-2010»,«Стратегияи миллии фаъолгардонии накши занон дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2011-2020»,ба тасвиб расиданд. Масъалахои мазкур инчунин дар хуччатхои стратегии рушди иктисодиву ичтимоии кишвар, аз чумла Стратегияи миллии рушд барои солхои 2015-2030 дарч гардиданд, ки заминахои хукукии дастгирии сохибкории занону духтаронро дар мамлакат ташкил менамояд.

Дар Точикистон низ макомотхо ва ташкилотхои давлатй ва гайридавлатй амал мекунанд, ки онхо сохибкории бонувонро дастгирй мекунанд. Мухимтарин сохтори давлатй Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон махсуб меёбад, ки он ваколатхои зиёдро дар масъалаи тахия ва амалй намудани сиёсати давлатии гендерй, таъмини баробарии гендерй, дастгирии бонувон ва тайёрии касбии онхо, гузаронидани тадкикотхо, баррасии шикоятхо, химояи хукуки бонувон тавассути васоити ахбори омма, назорат аз болои мутобикати конунхо ба стандартхои байналмилалй, хамохангсозии фаъолияти ташкилотхои давлатй ва гайридавлатй ичро мекунад. Дар назди Кумитаи кор бо занон 110 марказхои иттилоотй-машваратй ва бухронии минтакавй дар тамоми мамлакат амал мекунанд,ки онхо аз хисоби бучети махаллй маблаггузорй карда мешаванд (9, с.11). Инчунин, дар асоси банди 30-уми Накшаи чорабинихои мархилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии сохибкорй дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2012-2020 ва боби сеюми стратегияи миллии фаъолгардонии накши занон дар Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2011-2020 мутобики дастури Хукумати Точикистон аз 28 марти соли 2015 № 24219 (22-7) дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорй ва идораи амволи давлатии Ч,умхурии Точикистон гурухи корй оид ба рушди сохибкории занон таъсис ёфта, фаъолият менамояд.

Инчунин дар Чумхурй ташкилотхои гайридавлатй бахри пешбурди масъалахои гендерй, аз чумла дастгирии сохибкории занон амал мекунанд.Яке аз ташкилотхои гайридавлатие, ки бо халли масъалахои гендерй, дастгирии ташаббусхои занони сохибкор, баланд бардоштани маърифати молиявии онхо тавассути барномахои омузишй, химояи хукуки занхо ва та^вияти хамкории минтакавй миёни занони сохибкор Ассотсиатсияи миллии занони сохибкори «Кадбону» ба шумор меравад. Ассотсиатсияи мазкур дар давоми фаъолияти худ беш аз 2300 бонувонро ба сохибкорй чалб намуда, ба 2680 нафар дарси асосхои тичорат ва ба 840 нафар касбу хунар омузонидааст.Чй тавре ки Сабохат Рахимзода кайд мекунад ин ташкилот ба 1400 нафар карзхои хурд дода, ба 2500 нафар хизматрасонии гуногун пешниход намудааст. Дар

мачмуъ, бо назардошти ра;амхои мазкур ва тахияи 20 барномаи гуногуни и;тисодй барои мураббиён ва баргузории 163 чорабинй ассотсиатсия дар пешрафти зиндагии беш аз 36000 занон ва ахли оилаи онхо на;ши назаррас гузоштааст (6).

Дар самти ташкил, дастгирй ва рушди сохибкории бонувон накши Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Точикистон хеле назаррас аст. Ассотсиатсияи мазкур соли 1995 дар шахри Хучанд хамчун ташкилоти гайри тичоратй таъсис ёфтааст. Соли 2000 Ассотсиатсия макоми миллиро сохиб мегардад. Ассосиатсия фаъолияти хешро бахри паст кардани сатхи камбизоатй дар Точикистон равона сохта, ба дастгирй ва рушди сохибкории хурду миёна, ташкили омузиши асосхои сохибкорй, фарохам овардани шароити мусоид барои рушди сохибкории бонувон ахамияти чиддй медихад. Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Точикистон муассиси ташкилоти Карздихии хурди «Имон Интернешнл», ташкилоти гайри давлатии Маркази бонувон «Гулрухсор»,ташкилоти дастовардхои чавонони Точикистон( Намояндагии Junior Achievements International, ИМА), ЧДММ «Озара», Маркази омузишии «Тачрибаи пешкадам дар Бизнес ва Молия» ба шумор меравад.

Ассотсиатсия бо максади баланд бардоштани ма;оми зан дар чомеа, рушд ва дастгирии занони сохибкор, васеъ пахн намудани тачрибаи бехтарини онхо дар сохахои гуногун, дарёфти чехрахои муосири занони сохибкор, омузонидани малакаю махорати нави сохибкорй ва табодули тачриба дар дохили чумхурй ва берун аз он ва муттахид намудани онхо дар Точикистон фаъолият густурдаро ба рох монда, бо ин максад аз соли 2012 инчониб (бо ;арори Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон аз 12 марти соли 2012 тахти № 08 дар ду сол як маротиба) Озмуни Бонуи сохибкорисол-Ч,оизаи «Фарах»-ро дар солхои 2012, 2014 ва 2016 барпо намудааст.

Чунончй, дар Озмуни Ч,оизаи «Фарах -2016» 278 бонувони сохибкор ширкат варзида аз руи 6 номинатсия: сохаи истехсолот, сохаи хизматрасонй, хунармандй, зебогй, муд ва дизайн, хочагии кишлок, сохаи тиб ва маориф, огози сохибкории чадид-старт-ап кувваозмой намуданд. Аз сохахои гуногун 39 нафар занони сохибкор голиби ним финалии озмун гаштанд, ки 6 нафари комёб ва 2 бе нефитсиари лоихаи зикршуда барои омузиш ва мубодилаи тачриба ба Ч,умхурии Гурчистон сафар намуданд. Аз ин шумора 4 зан аз сохаи кишоварзй, 1 нафар мутахассис оид ба коркарди шир, 1 аз сохаи истехсоли махсулотхои ;аннодй, 1 нафар гулпарвар, 1 нафар аз сохаи хизматрасонй ва хуроки умумй шомили хайат буданд. Дар Озмун голибият насиби сохибкорзан Манзура Гафурова- сарвари маркази хизматрасонии тибии шахри Вахдат гардид.

Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Точикистон кабл аз эълон гардидани соли 2018 хамчун Соли рушди сайёхй ва хунархои мардумй дар шахру нохияхои минта;аи Кургонтеппаи вилояти Хатлон танхо соли 2017 41 маротиба омузишхои хунармандй баргузор намуда, малакаю махорати 600 нафар занону духтаронро дар ин соха боло бардошт. Ин омузишхои касбй оид ба адрасбофию дузандагй, попурзанию гулдузй, бофандагию мухра бофй ва лухтаксозй буд.

Ташаббуси мазкур дар доираи Лоихаи «Сохибкории бонувон воситаи васеъ намудани ху;у; ва имкониятхои занон», бо дастгирии молиявии Очонсии ИМА оид ба рушди байналмилалй ва дар хамкорй бо ма;омоти давлатй амалй гардид. Хдмчунин соли 2017 аввалин бор аз тарафи АМЗСТ бо чалби 350 нафар бонувони хунарманд аз хашт шахру нохияи вилояти Хатлон Озмуни «Армугон-2017» гузаронида шуда, голибон барои табодули тачриба ба Ч,умхурии Узбекистон фиристода шуданд.

Соли 2016 бошад дар чахорчубаи лоихаи фав;уд зикр аз тарафи АМЗСТ 32 омузиши касбй ва такмили ихтисос дар сохаи хунармандй гузаронида шуда, беш аз 460 нафар бонувон аз онхо бахравар гардиданд.

Новобаста аз дастгириву гамхорихо бонувони сохибкор ба душворихои зиёд дучор мегарданд. Х,ангоми машгул шудан бо сохибкорй бонувон ба хамон душворихое дучор мегарданд, ки ба он мардхо ру ба ру мегарданд. Монеъахои асосй пеш аз хама хангоми дастрас намудани ашёи хом ва тачхизотхо, инчунин китъахои истехсолй ва бинохо ба вучуд меоянд. Инчунин, мавчуд набудани малакаи сохибкорй ва иттилооти зарурй, эчоди монеъахои сунъй аз чониби маъмурият, норасогии имкониятхои моддиву молиявй барои пешбурди сохибкорй, низоми душвори андозбандй, нокифоя будани донишу малакадар сохаи маркетинг, менечменти молия, идоракунй ва банакшагирй, набудани тачрибаву тайёрии касбй,набудани инфрасохтори зарурии пешбурди сохибкорй, аз кабили марказхои машваратдихй ва хукукии ройгон, курсхои омузишй г. ба рушди сохибкории занон таъсири манфй мерасонанд(1, с.47-48).Муносибатхои ичтимой низ ба чалби бонувон ба сохаи сохибкорй монеъа эчод мекунанд. Аксарият бар он акидаанд, ки «бизнес- ин кори бонувон нест».Аз чониби ахли оила ва хешовандон дастгирй

наёфтани бонувони сохибкор, бештар ба мерос сохиб будани мардон, дарачаи пасти фарханги сохибкорй ва дониши хукукй, имконият намедиханд,ки сохибкории бонувон рушд кунад.Новобаста аз ин монеъахо дар Точикистон наздик 120 хазор бонувон ба хайси сохибкорони инфиродй ба кайд гирифта шудаанд(13). Тибки маълумоти «Равзанаи ягона» оид ба бакайдгирии сохибкорони ин фиродй ва ашхоси хукукй теъдоди занони сохибкор сол то сол афзоиш меёбад. Агар дар соли 2009 теъдоди сохибкорзанон 17863 нафар, 14,7%-ро ташкил дода бошад(3, 44), пас дар соли 2015 бонувони сохибкор 64183 нафар ва ё зиёда аз 21,7%-и субъектхои сохибкории мамлакатро ташкил доданд .Даркор хонахои хурду миёна, ки рохбарашон , 4055 нафар фаъолият бурдаанд, ки онхо кариб 13%-и корхонахои сохибкории кишварро ташкил медоданд (11).Дар баробари ин 60128 нафарва ё 93,7% сохибкорзанон бо фаъолияти сохибкории инфиродй, ки дар омади солонаи он на зиёда аз 100 хазор сомонй тибки патент ва 500 хазор сомонй тибки шаходатномаро ташкил медихад, машгул мебошанд, ки аз дастрасии махдуди сохибкорзанон ба захирахои молиявй ва тачрибаи нокифояи пешбурди фаъолияти сохибкорй шаходат медихад.(11)

Умуман, аз руи маълумоти соли 2009 дар сохахои мухталифи сохибкорй фоизи бонувон ба таври зайл мукаррар шудааст: савдои яклухт - 6%, сохтмон - 9%, истехсоли махсулотхои истеъмолй - 10%, дорусозй (фармасевтика) -10%, хуроки умумй - 14%, наклиёт - 14%, хизматрасонии тиббй - 21 %, хизмати маишй - 25%, туризм ва бизнеси мехмонхонахо - 39%(4, с.300).

Бояд тазаккур дод,ки теъдоди занони сохибкор дар сохаи савдо дар бозорхо хеле зиёданд. Чунончй, тибки маълумотхои оморй, соли 2011 танхо дар вилояти Сугд беш аз 80 бозорхо амал намуда, дар онхо 14975 сохибкор, аз чумла 12475 сохибкор занон бо савдои чакана машгул буданд, ки ин теъдод 83,3%-ро ташкил медод(3, 45).

Дар Ч,умхурии Точикистон ба татбики ислохот дар самти таъмини дастрасии занон ба замина ахамияти чиддй дода шудааст. Дар соли 2015 шумораи хочагихои дехконй рохбарашон занон 34958 адад ва ё 25,2%-и хочагихои дехконии фаъолиро, ташкил намоянд, ин нишондиханда нисбат ба соли 2010 (5450 адад) зиёда аз шаш маротиба афзуда, аз натичаи назарраси ислохот чихати тавсеаи дастрасии занон ба замин шаходат медихад.

Ба кавли сохибкори зани муваффак,раиси Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Точикистон, директории генералии ташкилоти хурди карздихй - депозитии «ИМОН Интернешнл» Гулбахор Махкамова, занхо дар сохахои мухталифии иктисодиёти кишвар бо сохибкорй машгуланд. Чунончй, Сурайё Бокиева аз нохияи Ч,аббор Расулов дар масохати 110 гектар бо кишти зироатхо машгул гашта, дар 35 гектари он богхои интенсивй ва токзори бо оби катрагй обёри шаванда бунёд намудааст. У анбори замонавиро барои нигахдории 500 тонна мевачот бунёд кардаааст. Инчунин фермаи чорвопарварй таъсис дода, 40 адад чорвои калони шохдор ва 110 чорвои майда, 6 аспи хушзотро парвариш мекунад (2). Наргис Шерматова бошад сохибкории серсохаро аз истехсоли дару тиреза то тайёр намудани мебел ба рох мондаааст. Сохибкорзан аз шахри Вахдат Савринисо Зайдуллоева сарварии корхонаи каннодии «Диёр»-ро бар ухда дорад, бо 15 нафар коргар занону духтарони истехсоли 17 намуд махсулоти каннодиро ба рох мондааст.

Аз руи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз соли 2006 инчониб барои рушди сохибкории бонувон грантхои президента чудо карда мешаванд. Грантхои мазкур бахри боло бардоштани ракобатпазирии бонувони сохибкор, баланд бардоштани дарачаи касбй ва тайёрии касбии онхо равона мегарданд. Аз соли 2006 то соли 2009 боувони сохибкор ва ташкилотхои гайридавлатй тавассути грантхо 2082 нафар занону духтаронро бо чои кори доимй ва 540 нафарро бо чои кори муваккатй таъмин намуданд (3, 24).Барои солхои 2011-2015 теъдоди умумии грантхо 80 ададро ташкил дода, 20 грант (хар як грантба маблаги 10 хазор сомонй ), 20 грант (ба маблаги 20 хазор сомонй ), 20 грант (ба маблаги 30 хазор сомонй ), 20 грант (ба маблаги 40 хазор сомонй ) чудо гардиданд(9, 95).

Чй тавре, ки Махфират Хидирзода, собик раиси Комитети кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон кайд мекунад, дар давоми солхои 2006-2013 дар доираи барномаи зикргардида грантхо дар хачми 6 млн 300 хазор сомонй барои 210 нафар бонуи сохибкор, 96 ташкилоти гайридавлатй ва 4 ашхоси хукукй чудо карда шудааст,ки дар натичаи он 23000 бону бо чои кор таъмин гаштанд(7, 79).

Танхо дар давоми солхои 2012- 2015 дар Точикистон 29 лоиха ба маблаги 43 млн. доллари амрикой дар самти дастгирии чанбахои гуногуни сохибкории занон, аз чумла дастгирии рушди малакаву донишхои сохибкорй, ташаккули имкониятхои васеи занон вобаста ба дастрасй ба захирахои иктисодй татбик карда шудаанд(11).

Дар кадом сохахои фаъолияти сохибкорй фаъол будани бонувонро дар асоси тахлили лоихахо бахри дарёфти грантхо тавассути озмунхои миллй муайян намудан мумкин аст. Тибки маълумоти соли 2014 дар доираи Барномахои аз чониби Комитети кор бо занон чудогардида 120 бонуи сохибкор дар сохахои зерин ба лоихахои пешниход намудаашон сохиби грантхо гаштанд: таъсиси коргохи дузандагй ва эхёи хунармандй (30%), хурокпазй (15%), асалпарварй (20%), истехсоли махсулоти кишоварзй (15%), чорводорй (15%), ва хизматрасонй (5%). Дар озмуни хдмасолаи Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Точикистон тахти унвони «Фарах» бошад, 125 нафар бонуи сохибкор сохахои зерин лоихахои хешро пешниход намуданд: хизматрасонй, яъне хизматрасонии маишй, толори хусн (машшота), толори арусй, козургарии кимиёвй хизмати мехмонхонахо (39%), кишоварзй (17%), хунармандй ва ороиши либос (13%), тиббиёт ва маориф (12%), ва истехсолот (10%). (11)

Танхо дар соли 2017 бо максади рушди сохибкории занон 80 гранти президентй ба маблаги 2 млн сомонй чудо гардидааст. Бонувон бо пешниход намудани лоихахо (ба комиссия) сохиби грантхо мегарданд(5).

Дар Чумхуриамон сохибкорон ба муаммои дастрасй ба гирифтани карзхо ва фоизи баланди онхо ру ба ру мегарданд. Бонувон дар ин масъала нисбат ба мардхо ба махдудиятхо дучор мегарданд. Барои бонувони сохибкор душворихо дар самти гирифтани гаравхат, набудани тачрибаи пешбурди сохибкорй, фоизи баланди карзхои бонкхо ва ташкилотхои карздихии хурд пеш меоянд. Инчунин, ночуръатии онходар ташкили сохибкорй мушохида мегарданд. Маълумоти Ассотсиатсияи ташкилотхои карздихии хурди Точикистон дар соли 2015 аз он шаходат медихад,ки танхо 26,7% карзхои ташкилотхои карздихии хурд ба бонувон дода шудааст.

Бо максади рушди сохибкории бонувон дар Точикистон соли 2017 лоиха-барномаи Бонки тачдид ва рушди Аврупо тахти унвони «Бонувон дар сохибкорй» рохандозй гаштааст, ки тибки он ба Бонки «Эсхата» ва ташкилоти хурди карздихй-депозитии «ИМОН Интернешнл» ба микдори 8 млн доллари амрикой маблаг чудо карда шудааст. Маблаги мазкур барои ширкатхое, ки онхоро бонувон сарварй менамоянд пешбинй шудабуд. Маблаги ;арзе, барои хавасманд намудани занон дар огози тичорат ва рушди сохибкорй бо рохи пешниходи ;арзхои имтиёзнок ва хизматрасонихои молиявию гайримолиявй истифода бурда мешаванд. Хамзамон тибки лоиха як мивдор маблагхо барои бизнес-машваратхо низ харч гардида шуданд.

Эмомалй Рахмон 14 октябри соли 2017 дар назди сохибкорон ва инвестерхои хоричй баромад намуда бар он таъкид сохт, ки Хукумат хамаи шароитхоро барои рушди сохибкории бонувон мухайё сохтааст ва бо ин максад дар давом 10 соли охир ба онхо грантхои президентй чудо намудааст. Ба кавли Эмомалй Рахмон бонувон 22% хочагихои сохибкорй, 10% корхонахои хурдумиёна, 35% хочагихои дехкониро сарварй мекунанд,ки ин нишондихандахои нисбат ба соли 2010 дах маротиба зиёд мебошад (8).

Хамин тавр, рушди сохибкории бонувон шароит фарохам меоварад, ки имкониятхои зехниву ;обилияти кориву рохбарии бонувон дуруст истифода гарданд, нобаробарии гендерй то андозае аз байн бардошта шавад, сатхи бекориву камбизоатй кохиш Президенти кишвар ёфта, некуахволии бонувон рафъат бахшида шавад. Ба гайр аз ин ба сохибкорй фаро гирифта шудани бонувон боиси бехтар гаштани сифати хаёти чомеа мегардад, яъне ба сохибкори чалб намудани бонувон ахамияти мухими ичтимой дорад. Ба рушди сохибкории бонувон танхо дар сурати дастгирй ёфтани соха (сохибкории бонувон) аз чониби давлат ва сохторхои махаллй ноил шудан мумкин аст. Барои рушди соха эчоди фазои мусоиди сохибкорй, кохиш додани бори гарони андозхо, максаднок истифода бурдани бучети давлатй ва махаллй хеле мухим мебошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бобокулова, М.А. Развитие женского предпринимательства в Республике Таджикистан/ М.А. Бобокулова // Вестник ТГУПБП.-№1.-2016. -С.45-55.

2. Бокиева, Сурайё // http://nabwt.tj/surayo-boqieva/ Сурайё Бокиева (Санаи мурочиат: 08.03.2018)

3. Второй альтернативный доклад общественных объединений Таджикистана по реализации Конвенции о ликвидации всех форм дискриминации в отношении женщин. -Душанбе, 2012.-С.44. (103 с.)

4. Деловая среда в Таджикистане глазами представителей малого и среднего предпринимательства. Декабрь 2009. -Душанбе, 2009, 335 с.

5. Женщин Таджикистана поддержат в бизнесе// http://cso-central.asia/zhenshhin-tadzhikistana-podderzhat-v-biznese/(Санаи мурочиат: 08.03.2018)

6. Л. Салимова: Дастгирии занони сохибкор яке аз самтхои рушди истехсолоти дохилй // http:// javonon.tj /news/social/ l-salimova-dastgirii-zanoni-so-ibkor-yake-az-samt-oi-rushdi-iste-soloti-dokhil-// (Санаи мурочиат: 08.03.2018)

7. Маърузаи Махфират Хидирзода, Раиси Комитети кор бо занон ва оилаи Ч,умхурии Точикистон//Фарах- 2014 .-С. 79.

8. Президент призвал поддерживать любые инициативы таджикских бизнес-леди// https://news.tj/ ru/news/ tajikistan/power/20171014/svishe-12-millionov-somoni-videleno-na-razvitie-zhenskogo-predprinimatelstva-v-tadzhikistane (Санаи мурочиат: 08.03.2018)

9. Страновая гендерная оценка: Таджикистан.- Мандалуёнг, Филиппины: Азиатский банк развития, 2016. -123 с.

10.Таджикские женщины штурмуют большой бизнес //http: //theopenasia.net /articles/detail/tadzhikskie-zhenshchiny-shturmuyut-bolshoy-biznes/ (Санаи мурочиат: 08.03.2018)

11.Хисобот оид ба фаъолияти Гурухи кории байниидоравй оид ба дастгирии сохибкории занон дар солхои 2015-2016 // http://cc.ehost.tj/woman/sanad/08_report_wgroup.pdf(Санаи мурочиат: 08.03.2018)

REFERENCES:

1. Bobokulova, M. A. Development of Women's Entrepreneurship in the Republic of Tajikistan / M. A. Bobokulova //Bulletin of the TSUEB.-Nel-2016 -2010.-C45-55.

2. Bokieva, Cypaiie / http: //nabwt.tisurayo-boqieva/ (Sanam мурочнат 08.03.2018)

3. The second alternative report of public associations of Tajikistan on the implementation of the Convention on the descent of all forms of niche with respect to women in Dushanbe. 2012 -C.44. (103 p.)

4. Business environment in Hajiqistan through the eyes of small and medium-sized enterprises. December 2009-Dushanbe. 2009. 335

5. Tajik ministries keep in business http: // cso-central asiadzhenshhin-tad Tajikistan a-padderzhat-v-biznese

6. The President called for the underpinning of the initiatives of the Tajik business woman // https: //news.ty ru / news tajikistan power / 2017l014 / svishe-12-millionov-somoni-videlene-na-razvitie-zhenskogo predprinimatelstva-v-tadzhikistane murochate: 08.03.2018)

7. Country Gender Assessment: Tajikistan Mandalueng, Philippines: Asian Development Bank, 2016.-123 p.

8.Tajik women are storming big business //http://theorreasia.net/articles/detaiItadzhikskie-zhenshchiny- shturmuуut-bolshoy-biznes

9. Country gender mark. Tajikistan -Mandaluong Philippin development of Bank Asia Таджикистан.- Мандалуёнг, Филиппины: Азиатский банк развития, 2016. -123 с.

10.Tajik women do a big bissiness. //http://theopenasia.net/articles/detail/tadzhikskie-zhenshchiny-shturmuyut-bolshoy-biznes/ (Санаи мурочиат: 08.03.2018)

11. General report of group betwun a group of women

http://cc.ehost.tj/woman/sanad/08_report_wgroup.pdf(Санаи мурочиат: 08.03.2018)

Вазъи сохибкории бонувон дар Тоцикистони муосир

Вожа^ои калиди: сохибкории бонувон, сиёсати давлатй дар сохаи сохибкорй, нобаробарии гендерй, дастгирии сохибкории бонувон Дар мацола вазъи кунунии сохибкории хурду миёна дар Тоцикистон ва цанбахои гендерии он мавриди омузиш царор гирифтааст. Муаллифи мацола кушиш намудааст,ки дар бораи фаро гирифта шудани бонувон ба сохибкорй, сиёсати давдатй дар ин самт, душворщо ва монеъахо барои ташкили сохибкории бонувон, нацши сохторхои давлатй ва ташкилотхои гайридавлатй дар рушди соха, хосатан фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ^укумати Чумхурии Тоцикистон, Ассотсиатсияи миллии занони сохибкори «Кадбону», Ассотсиатсияи миллии защои сохибкори Тоцикистон (АМЗСТ) ва дигар ниходхо маълумот дихад ва аз цихати илмй тахлил намояд. Масъалахои цудо гардидани маблагхои грантй, додани царзхои имтиёзнок, ташкили озмунхо, омузиши бонувони сохибкор ба таври возех баррасй гаштаанд.

Состояние женского предпринимательства в современном Таджикистане

Ключевые слова: женский бизнес, государственная политика в сфере женского предпринимательства, гендерное неравенство, поддержка женского предпринимательства

В статье анализируется современное состояние малого и среднего предпринимательствав ринке Таджикистана и его гендерные аспекты. Раскрываются проблемы привлечения женщин в сферу предпринимательства, рассматрывается государственная политика в этой сфере, выявляются трудности и препятствия в формировании женского бизнеса, раскрыты роль и место государственных органов и неправительственных организаций в развитии женского предпринимательства, в особенности роль Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан, Национальной ассоциации женщин предпринимателей «Кадбону», Национальной ассоциации деловых женщин Таджикистана (НАДЖТ)и других организаций. В статье также освещаются вопросы выделения грантов, предоставления льготных средств, организация конкурсов и обучения женщин предпринимателей.

The State of Woman Entrepreneurship in Modern Tajikistan

Key-words: woman business, state politics in the sphere of woman entrepreneurship, gender inequality, encouragement of woman entrepreneurship In her article the author dwells on contemporary provision of small and middle-sized entrepreneurship and its gender aspects in Tajikistan Republic. The author of the article discloses and analyzes the problem beset with alluring women in the sphere of enterprise are analyzed the statal politics in the relevant filed and revealed the difficulties and obstacles in reference to the formation of feminine business and disclosed the role and place of state bodies and non-governmental organizations in the development of woman enterprise, in particular the role of the Committee in regard to the business of women and families in Tajikistan Republic Government, national Association of business ladies entitled "Cadbony", National Association of women of Tajikistan (NATT)and other organizations. The issues concerned with separation of the grants submitting privileged means organization of competitions and teaching of women employers are canvassed in the article as well.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Бобокулова Ма^лиё Абдусатторовна, кафедраи таърихи халци тоцики аспиранти Донишгоуи давлатии ^уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон(Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: uchzaphgu@mail.ru Сведения об авторе:

Бобокулова Махлиё Абдусатторовна, кафедры истории таджикского народа аспирант Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г. Худжанд)E-mail: uchzaphgu@mail.ru Information about the author:

Bobokulova Mahliyo Abdusattorovna, post-gradute of the department of the history student of the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan Republic, Khujand) E-mail: uchzaphgu@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.