Научная статья на тему 'Some law issues in reference to the activities of dekhan households in Tajikistan Republic'

Some law issues in reference to the activities of dekhan households in Tajikistan Republic Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
169
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЗЕМЕЛЬНАЯ РЕФОРМА / LAND REFORM / ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВО ГОСУДАРСТВО / STATE LEGISLATION / АГРАРНОЕ ПРАВО / AGRARIAN LAW / ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВО / ENTREPRENEURSHIP / ЗЕМЛЕПОЛЬЗОВАТЕЛИ / LAND USERS

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Абдурахманова М.И.

Для Республики Таджикистан вопрос о реформе в сфере землепользования является одной из актуальных и злободневных проблем требующих, как законодательного, так и практического осмысления на государственном уровне. В виду этого, в Республике Таджикистан были приняты ряд нормативно-правовых и государственных программ по улучшению состояния дел в этой сфере. Осуществление реорганизации сельскохозяйственных предприятый привело к тому, что дехкане приобрели земельный пай и самостоятельно стали образовывать дехканские хозяйства, осуществляющие производство сельскохозяйственной продукции исходя из собственных интересов и возможностей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Некоторые правовые вопросы деятельности дехканских хозяйств в Республике Таджикистан

The issue on the reform in the sphere of land utilization is one of the actual and burning problems in Tajikistan requiring both legislative and practical comprehension on a state level. In view of it a number of normative-legal state programmes on improvement of matters were adopted in Tajikistan Republic. Reorganization of agricultural enterprises eventuated in the fact that dekhans acquired land shares and formed independent dekhan households which produce agricultural production proceeding from their own interests and possibilities.

Текст научной работы на тему «Some law issues in reference to the activities of dekhan households in Tajikistan Republic»

хукукщмиосй

ЮРИСПРУДЕНЦИЯ

Абдура^монова Мадина Исмоилцоновна,

ассистенти кафедраи ^уцуци граждаш, соуибкорй

ва байналхалции ДД^БСТ

баъзе масъала^ои ^уцуции фаъолияти

хо^агщои дездони дар чум^урии точикистон

Барои Ч,умхурии Точикистон, ки худ мамлакати кишоварзй аст, исти-фодаи окилонаи замин ва бо хамин васила таъмин намудани бехатарии озука-вории мамлакат, ба ахолй ба таври дуруст чудо намудани китъаи замини назди-хавлигй ва як силсила масъалахои дигар аз муаммохои халталаби давраи муосир арзёбй мешаванд.

Масъалаи хукуки замин аз масоили мехварии ислохоти сохаи кишоварзй мебошад. Хукуки моликият ба воситаи мухим ва асосии сохаи кишоварзй -замин, ки манфиати иктисодии дехконон аз он бармеояд, мухдррики тавонои инкишоф аст. Бинобар он, таъсиси хочагихои дехконй (фермерй) дар кишвар, натанхо хукуки сохибй ва истифодабарии заминро барои дехконон муайян мекунад, балки яке аз заминахои асосии гузариш ба мачрои табиии фаъолияти иктисодии бозорй, яъне муносибатхои бозаргонй мебошад.

Тавре ки Ш.М. Исмоилов кайд намудааст, гузариш ба иктисодиёти бозоргонй ва ислохоти кишоварзй дар Ч,умхурии Точикистон ташаккули шаклхои мухталифи хочагидории кишоварзй, дигаргунсозихои чиддии муносибатхои заминистифодабарй, бунёди иктисодиёти ракобатнок ва дар ин замина бунёди бозори озоди кишоварзй ва хадамоти кишоварзиро дар назар дорад. Раванди гузариш дар шароите пурсамар мегардад, ки агар гуногунрангй ва баробарии тамоми шаклхои моликият ва шаклхои ташкилй-хочагидорй, аз чумла шаклхои барои дехот анъанавии онхо вокеан эътироф ва таъмин гарданд. Пайдоиш ва ташаккули минбаъдаи хочагихои дехконй чун яке аз шаклхои барои мамлакатамон чадиди хочагидорй, зухуроти чунин раванд ва ислохот мебошад (1,94).

Баъд аз огози ислохоти сохаи истифодаи замин дар Точикистон вазъи дехкони сохибмулк, яъне дехконе, ки хукуки сохибию истифодабарии заминро пайдо намудаасту як катор афзалияту хусусиятхои мохиятан мухимро ба даст овардааст, ба таври мусбат тагйир ёфт. Пеш аз хама ба дехконон фаъолияти озоди ба таваккал ба худ асосёфта пешниход шуд. Хочагихои дехконй фаъолияти сохибкорй ва барномаи истехсолии худро мустакилона тархрезй намуда, пайваста самти фаъолияти худ ва навъи зироати киштшавандаро бо диди худ интихоб менамоянд.

Абдураумонова М.И. Баъзе масъала%ои xyxyx^nu фаъолияти хоцагщои dex^onu дар HyMxypuu Тоцикистон

Худшиносиву худогохии онхо чун сохиби моликият имконият медихад, ки хосияти худэътирофкунй ва устувору кавигардии y низ ба вукуъ ояд. Дехкон бекор намемонад, зеро ба ибораи Мавлоно Ч,алолиддини Румй «зихй кор, зихй бор, ки он чост Худоё» пиёда мегардад, ва тамоми мухаббатро y ба Замин-Модар равона менамояд (2).

Бояд кайд кард, ки фаъолияти хочагихои дехконй хамчун ташкилоти фаъолияти сохибкорй дар сохаи кишоварзй ба принсипхои зерин асос меёбад: баробархукукии иштирокчиёни муносибатхои хукуки кишоварзй; ташкили фаъолияти кишоварзй дар пояхои комёбихои илмй-техникй; интихоби озодонаи шакл; самтхои фаъолияти хочагй ва хифз; танзими давлатии фаъолияти кишоварзй ва кафолатнокии хукукхои субъективии иштироккунандагони муносибатхои хукуки кишоварзй (1, 10-11).

Дар хакикат принсипхои номбаркардаи фаъолияти ташкилоти сохибкорй дар сохаи кишоварзй ба принсипхои умумии хукуки сохибкорй асос меёбанд, зеро гарчанде, мо хочагихои дехкониро аз нуктаи назари хукуки кишоварзй арзёбй намоем хам, бинобар алокамандии зич доштани сохахои гунонуни илми хукукшиносй, хочагихои дехконй инчунин ба сифати субъекти хукуки сохибкорй баромад намуда фаъолияти онхо дар доираи хукуки сохибкорй ба принсипхои он бояд мувофикат намояд.

Аз хамин нуктаи назар принсипхои хукуки сохибкорй чунинанд:

1. Озодии фаъолияти сохибкорй.

2. Баробархукукии хамаи шаклхои моликият, ки дар фаъолияти сохибкорй истифода бурда мсшаванд.

3. Озодии ракобат ва махдуд кардани фаъолияти инхисорй.

4. Ба даст овардани фоида хамчун максади фаъолияти сохибкорй.

5. Танзими давлатии фаъолияти сохибкорй.

6. Мувофикати манфиатхои хусусй ва чамъиятй дар фаъолияти сохибкорй.

7. Риояи конун дар фаъолияти сохибкорй (3, 14).

Аз принсипхои номбурдаи фаъолияти хочагихои дехконй ва таносуби он бо принсипхои хукуки сохибкорй маълум мешавад, ки онхо решахои ягона дошта мувофики таъиноти максадноки худ, яъне фарохам овардани шароити мусоид барои инкишофи муносибатхои чамъиятй бо иштироки хочагии дехконй равона гардидааст.

Харчанд имруз хочагихои дехкони аз нигохи конунгузорй дорои хукук ва озодихо бошанд хам, бархе олимон ва мутахассисони соха бар он акидаанд, ки як катор муаммохои чй хусусияти иктисодй дошта ва чй хусусияти хукукй дошта садди рохи чараёни мутавозини субъектхои фаъолияти сохибкорй дар сохаи кишоварзй шудааст (4, 14).

Мувофики гуфтахои боло ва умуман дар асоси акидахои олимон хамаи муаммохои мавчудаи сохаро метавон ба чунин гуруххо чудо намуд:

1. Сифат ва махдуд будани захирауои замин дар Чумуурии Тоцикистон. Аз руи маълумоти Кумитаи давлатии омори назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон шумораи умумии хочагихои дехконй (фермерй)-и таъсисёфта дар соли 2008 беш аз 30000 ададро ташкил намуд. Хамин тавр, мо метавонем гуем, ки ислохоти замин аз солхои 90-уми асри гузашта огоз шуда, то имруз давом

хукукщииосй

ЮРИСПРУДЕНЦИЯ

дорад. Чунонки вакт нишон дод, агар гуем, ки мустакилияти ба хочагихои дехконй (фермерй) дода шуда, бе дастгирии мустахками молиявии онхо барои устувор намудани сохаи кишоварзй ва рушди иктисодиёт мусоидат карда наме-тавонад, хато намешавад.

Оид ба сифати замин бояд таъкид намуд, ки хангоми тачдиди колхозу совхозхо ба аксарияти хочагихои фермерй заминхои лалмй ё камоб дода шуданд. Заминхои кишоварзии обй дар Точикистон ба микдори кофй вучуд надорад. Бо назардошти чарогох хачми умумии онхо танхо 4,57 миллион гектарро ташкил менамояд, аз чумла заминхои киштшаванда хамагй 0,7 миллион га ё 0,11 га ба хар сари ахолй рост меояд. Заминхои хосилдиханда, ки дар онхо кисми асосии махсулоти кишоварзй истехсол мешавад, ба сари ахолй 0,08 га мерасад.

Чй тавре дар боло кайд шуд, пешниходи замин хусусияти гайримукаррарй дорад. То чое ва замоне, ки замин истифода мешавад, пешниходи вай ноустувор аст. Албатта, дар дохили худуди замини мавчудаи кишвар метавон китъахои онро бо рохи тозаву обёрй ва гузаронидани чорабинихои мелиоративй барои истифода омода кард. Ин фаъолиятхо ба бехтаркунии китъахои замин, баланд кардани хосилнокии он равона шуда, аммо микдори умумии заминро зиёд карда наметавонанд. Чунин тагйироту фаъолиятхо оид ба азхудкунии замин хачми заминхои корамро дар хачми умумии он (ки вай бузургии доимй аст) зиёд мекунаду халос. Ин раванд табиист, ки чавхари назарияро, яъне пешниходи замин ва дигар захирахои табий махдудро инкор намекунад. Масалан, мутобики маълумоти Агентии заминсозй, геодезй ва харитасозии назди Хукумати чумхурй аз 1 январи соли 2007 мачмуи замин дар худуди марзиву маъмурии мамлакат 14255397 гектарро ташкил медихад, ки ин бузургиро зиёд кардан гайриимкон аст. Аммо, факат вобаста ба талаботи бозори махсулоти кишоварзй, бозори манзили истикоматй ва дигар эхтиёчоти чомеа тагйирёбии таркиби замини мавчудаи кишвар, истифодаи мухталифи он ба вукуъ меояду халос. Масалан, аз ин замини мавчуда 143051 хазор гектар майдон дар ихтиёри сохаи комплекси агросаноатй карор дорад, ки дар таркиби он 7334,2 хазор гектараш замини киштшаванда буда, аз ин хисоб 693,1 хазор гектар обёрй мегардад. Ба сохаи кишоварзй бошад, 714,2 хазор гектар заминхои корам чудо гардидааст, ки 498,1 гектари он обёришаванда аст. Инчунин майдони дарахтони бисёрсола 103,0 хазор гектар (79,2 гектар обй), алафдарав 21,3 хазор гектар (1,2 хазор гектар обй) ва чарогоххо 3857,8 хазор гектар (3,4 гектараш обй)-ро ташкил додаанд. Дар чумхурй майдони 37,1 хазор гектар хамчун заминхои партов, ки 24,2 хазор гектараш обй аст, ба кайд гирифта шудааст (5).

Барои бартараф намудани муаммохои дар сохаи истифодаи замин ва фаъолияти хочагихои дехконй мавчудбуда, ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи хочагихои дехконй (фермерй)» аз 19 майи соли 2009 № 526 кабул гардида, он шаклхои гуногуни фаъолияти хочагидориро дар замин мукаррар менамояд (6).

^онуни мазкур барои мухайё намудани шароит бахри тараккиёти баробархукуки шаклхои гуногуни хочагидорй дар замин, ташаккули иктисо-

Абдураумонова М.И. Баъзе масъалахри хукуции фаъолияти хочагихои дехконй дар Цумхурии Точикистон

диёти бисёрсоха, истифодаи окилона ва хифзи замин кабул шуда, максади он зиёд намудани махсулоти кишоварзй мебошад (7).

Айни замон, мисли солхои пеш хочагихои дехконй бо мушкилоти гуногун дучор мегарданд, ки ин мушкилихо, масалан, нарасидани нурихои минералй, воситахои кимиёвии мухофизати растанихо, зиёд шудани ухдадорихои карзии фермерхо ва гайра барои рушди хочагихо монеаи бисёре ба вучуд меоранд. Чу-нин холат ба хачм ва сифати махсулоти истехсолшуда ва нархи он бетаъсир на-мемонад. Ба мисоли зерин таваччух зохир мекунем: хачми махсулоти кишовар-зии дар дохили мамлакат истехсолшаванда барои таъмини талаботи ахолии Точикистон кофй намебошад. Аз ин ру, кисми асосии бозорро молхои кишо-варзии хоричй ташкил медиханд.

Сохаи кишоварзй бинобар камдаромад буданаш барои сармоягузорони хоричй сохаи камчалбшавандаи иктисодиёти Точикистон хисоб меёбад. Аммо ба ин нигох накарда, ин соха яке аз шохахои мухими иктисодиёти Точикистон ба шумор меравад, ки инкишоф доданаш ногузир аст. Дар дехот кисми зиёди ахолии мамлакат зиндагй мекунад. Аз руи маълумоти охирини Кумитаи давлатии омори назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар соли 2002 дар дехот аз чор се хиссаи ахолй умр ба сар мебурд.

2. Муаммои таъминоти об. Нохияхои вилояти Сугд ба мисли Конибодом, Исфара, Ашт, Истаравшан дорои заминхои зиёди обёринашаванда ё танкисии обёрй доранд. Дар ин минтакахо то 385 хазор га замини корамро дехконон ис-тифода бурда, аз сабаби норасоии об дар вакти зарурй, аз кишти хеш махсулоти кишоварзй гирифта наметавонанд. Заминхои киштзор дар худуди мамлакат 32,1%-ро ташкил медиханд, кисми бокимондаи заминхо барои истифодаи кишоварзй мутобик нестанд. Доир ба ин масъала ва роххои бартараф кардани он карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон кабул гардидааст.

Барои тачхизонидани дастгоххои обкашй ё таъсиси хатхои обдиханда, хазорхо доллар зарур аст, ки хочагихои фермерй ин маблагро надоранд. Дар натичаи набудани воситахои пулй барои гузоштани тачхизоти зарурй кисми зиёди заминхо аз истифода берун мемонанд. Агар заминхои хосилхез бо об ва нурихои минералй пурра таъмин карда шаванд, масохати заминхои обй зиёд мешавад. Дар навбати худ, ин ба афзудани хосилнокии зироати кишоварзй боис мегардад ва дар мачмуъ ин корхо барои баркарорсозй ва пешрафти сохаи ки-шоварзии Точикистон мусоидат хохад кард.

Хочагихои фермерие, ки ба захирахои обй дастрасй доранд, бо муаммои дигаре ру ба ру мешаванд, ки ин дарачаи баланди пардохти маблаги истифодаи об мебошад. Ба хисоби миёна истифодабарандагон дар як сол аз 300 то 500 сомонй маблаг барои обёрии 1га замин сарф мекунанд, вале заминро хамагй 5-6 мох дар як сол самаранок истифода мебаранд.

3.Мушкилот дар цараёни гирифтани сертификати ^уцуци истифодаи замин. Мавчудияти ин муаммо аз анчом наёфтани ислохоти чорй дар сохаи кишо-варзии мамлакат шаходат медихад.

^арзхои корхонахои кишоварзии тачдидшуда миёни хочагихои дехконй (фермерй) ва дигар шаклхои хочагидории дар асоси онхо таъсисёфта мутаноси-бан бо китъаи замини гирифтаи онхо таксим мешавад. Хамин тавр, хочагихои

ХУКУУКШИНОСЙ

ЮРИСПРУДЕНЦИЯ

фермерй ба фаъолияти сохибкорй огоз накарда ухдадорихои карзй ба зиммаа-шон меафтанд. Масъалаи танзими карзхои хочагихои кишоварзй инчунин дар мадди назари Хукумат ва давлати Чумхурии Точикистон карор дорад. Маса-лан дар Фармони Президенти Чумхурии Точикистон «Дар бораи механизми танзими карзхои корхонаву ташкилотхои кишоварзии азнавсохта ва азнав-таъсисдодашуда» аз 15 апрели 2003 с. № 1054 ин муаммо танзими худро ёфтааст.

Дар тадкикоти мазкур муаммои мухиме, ки бо онхо хочагихои фермерй бармехуранд, нишон дода шудаанд. Мавчудияти муаммохои зикршуда ба фаъолияти муътадили сохаи кишоварзй таъсир мерасонад ва сохаи асосии иктисодиётро камдаромад мегардонад.

Дар чараёни гузаронидани пурсиш миёни воридкунандагони воситахои истехсолоти кишоварзй маълум шуд, ки онхо низ чун фермерхо ба як катор муаммохо ру ба ру хастанд. Муаммои асосй ба фикри онхо пардохти дарачаи баланди ААИ мебошад, ки хдчми умумии он 18% аз арзиши умумии амволро ташкил мекунад. Бар замми ин, пардохти бочи гумрукй, дигар пардохтхои гумрукй ва мушкилот дар чараёни гирифтани хуччатхои ичозатдиханда вучуд доранд.

Дар охир бояд кайд кард, ки дар сохди истифодабарии китъаи замин дар Чумхурии Точикистон муаммохои гуногуни тахлилшаванда вучуд доранд ва барои халли он Хукумати кишвар кушиш намуда истодааст. Ворид намудани тагйироту иловахо ба Кодекси замини Чумхурии Точикистон худ нишонаи чустучуи роххои халли мушкилоти сохаи истифодаи замин дар кишвар мебо-шад.

Калидвожа^о: ислохоти замин, муаммо, конунгузории мамлакат, х;ук)ук)и кишоварзй, сохибкорй, истифодабарандагони замин.

Пайнавишт:

1,Хукуци кишоварзй, Зери та^рири Ш.М. Исмоилов. - Душанбе: Конуният, 2000.

2,Ашуров С.Х., Мирсаидов С, Оид ба муносибат^ои рентавии хоцагщои дехконй, Ниг,: http://tsulbp-journal.narod.ru/jurnal/matn_1/ashurov_s_h.html

3, Рахимов М.З, Хуцуцуи сохибкорй, Кисми 1, -Душанбе: Деваштич, 2002,

4,Правовое регулирование предпринимательской и налоговой деятельности в Республике Таджикистан/Исмоилов Ш.М, -Душанбе: Конуният, 1998,

5,Ашуров С, «Бизнес и политика» от 30 августа 2007 / tsult-journal navod.vv/matn-l/ashurovs. hhtml.

6,Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи хоцаги^ои дещонй (фермерй)» аз 19 майи соли 2009,// Ахбори мацлиси Олии Чумхурии Тоцикистон, 2009, № 5, мод, 333,

7,Моддаи 1 Конуни Чумхурии Тоцикистон «Дар бораи ислохоти замин» аз 5 марти соли 1992,// Ахбори Шурои Олии Чумхурии Тоцикистон,1992, № 5, мод,139,

Абдураумонова М.И. Баъзе масъалахри хукуции фаъолияти хочргихри дехконй дар Нумхурии Точикистон

М.И. Абдурахманова

ассистент кафедры гражданского, предпринимательского и международного

права ТГУПБП

Некоторые правовые вопросы деятельности дехканских хозяйств в Республике Таджикистан Ключевые слова: земельная реформа, законодательство государство, аграрное право, предпринимательство, землепользователи.

Для Республики Таджикистан вопрос о реформе в сфере землепользования является одной из актуальных и злободневных проблем требующих, как законодательного, так и практического осмысления на государственном уровне. В виду этого, в Республике Таджикистан были приняты ряд нормативно-правовых и государственных программ по улучшению состояния дел в этой сфере.

Осуществление реорганизации сельскохозяйственных предприятый привело к тому, что дехкане приобрели земельный пай и самостоятельно стали образовывать дехканские хозяйства, осуществляющие производство сельскохозяйственной продукции исходя из собственных интересов и возможностей.

M.I. Abdurakhmonova Some Law Issues in Reference to the Activities of Dekhan Households in Tajikistan

Republic

Key words: land reform, state legislation, agrarian law, entrepreneurship, land users

The issue on the reform in the sphere of land utilization is one of the actual and burning problems in Tajikistan requiring both legislative and practical comprehension on a state level. In view of it a number of normative-legal state programmes on improvement of matters were adopted in Tajikistan Republic.

Reorganization of agricultural enterprises eventuated in the fact that dekhans acquired land shares and formed independent dekhan households which produce agricultural production proceeding from their own interests and possibilities.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.