Научная статья на тему 'НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО И РАЗВИТИЕ ВЫСШЕЙ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ'

НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО И РАЗВИТИЕ ВЫСШЕЙ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
38
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО / НЕЗАВИСИМОСТЬ / ВЫСШАЯ ШКОЛА / ОБРАЗОВАНИЯ / МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ И НАУКИ / ПЕДАГОГИЧЕСКИЙ ИНСТИТУТ / СТУДЕНТЫ / ПРЕЗИДЕНТСКАЯ КВОТА / УНИВЕРСИТЕТЫ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Абдуллоев Махмуд, Холмуродова Мехрафруз

В годы независимости высшая педагогическая школа получила все- стороннее развитие. В частности, филиалы некоторых педагогических ВУЗ-ов были превращены в самостоятельные ВУЗы, из педагогических институтов переобразовались университеты, укрепилась их материально-техническая база. Другое явление, которое появилось в годы независимости, это также президентские квоты для принятия в высшие школы страны. На качество образования повлияло также вхождение высшей школы Республики Таджикистан в единое международное пространство образования, кредитная система и образование Национального Центра тестирования.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

NATIONAL UNITY AND THE DEVELOPMENT OF HIGHER PEDAGOGICAL SCHOOLS OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN IN THE YEARS OF INDEPENDENCE

The author of this article shows the state of the higher pedagogical school of the Republic of Tajikistan in the years of independence on the basis of strategical data and other documents. In the years of independence and National Unity vissa pedagogical school received allparty development. In casest his branches some pedagogical cause was transmute independent universities of teacher training institutes has remaking in universities strengthened their materia- technical base. Another phenomenon that appeared in the years of independence, it is through the presidential quota for girls and boys were adopted by the higher schools of the country. Another phenomenon, which affected the quality of education, is joining the higher school of the Republic of Tajikistan into the international space of education, the credit system and the formation of National Testing Center.

Текст научной работы на тему «НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО И РАЗВИТИЕ ВЫСШЕЙ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ»

ВАВДАТИ МИЛЛИ ВА РУШДИ МАКТАБ^ОИ ОЛИИ ОМУЗГОРИИ ТО^ИКИСТОН ДАР СОЛХОИ СО^ИБИСТИЦЛОЛИ

Махмуд АБДУЛЛОЕВ,

доктори илмхои таърих,профессори кафедраи таърих ва хукуки Донишгохи давлатии

Кулоб ба номи Абуабдуллохи Рудакй

Мехрафруз ХОЛМУРОДОВА,

докторанти кафедраи таърих ва хукуки Донишгохи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллохи Рудакй

Маориф сохае ба хисоб меравад, ки барои ояндаи солим ва дурахшони хар халку миллат заминахои боэътимод мегузорад. Он яке аз сохахои афзалиятнок ва калидй ба шумор рафта, иктисодиёти тараккикарда, ижгимоиёти рушдёфта, маънавиёти баланд ва ояндаи дурахшони Томкистони сохибистиклол ба мактабу маориф вобастагии бевосита дорад.

Нобасомонихои солхои аввали сохибистиклолии Чумхурии Точикистон катори дигар сохахо ба системаи мактабу маорифи кишвар зарари гушношунид расонид, аз чумла вайрону валангор гардидани муассисахои таълимй, аз фаъолият бозмондани аксарияти мактабхои тахсилоти миёнаи умумй, аз кор рафтани омузгорони сохибтачриба, нарасидани муаллимони сохавй дар мактабхо, маоши хеле пасти кормандони соха, аз тахсил дар канор мондани духтарон, нарасидани маводи таълимй-методй ва гайрахо. Мувофики маълумотхои оморй хисороти ба сохаи маориф расонидаи чанги тахмилй зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил медихад. Дар чунин холат дар системаи маорифи кишвар низоми ягонаи коргузорй ва рохбарй мавчуд набуд. Ба таври умумй хулоса намоем, сохаи маорифи кишвар ба пуррагй фалач гардида буд ва ба шароити ба амал омада омода набуд.

Баъди баргузор гардидани Ичлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва ба фаъолият огоз намудани Хукумати нави кишвар бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй- Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон,мухтарам Эмомалй Рахмон раванди пастравии системаи маориф боздошта шуд ва чихати ба эътидол овардани вазъи муътадил корхои зиёде ба сомон расонида шуд. Дар натичаи андешидани тадбирхои зарурй дар нимсолаи аввали соли 1993 дар аксарияти муассисахои таълимй машгулиятхо огоз гардида, хонандагони аз мактаб рафта, боз ба тахсил чалб карда шуданд. Дар соли хониши 1993-1994 иштироки хонандагон ба дарсхо дар минтакахои чангзада 70-85 фисадро ташкил медод. Гарчанде ки солхои 1992-1995 барои Ч,умхурии Точикистон давраи аз хама вазнинтарин ба хисоб меравад, ба хамаи ин нигох накарда муассисахои таълимй фаъолият бурда, мунтазам рушд намуданд.

Хукумати навтаъсиси кишвар дар сиёсати ичтимоии худ муносибатхои сифатан нави идоракунии сохаи илму маорифро ба миён гузошт. Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон аз рузхои аввали ба фаъолият огоз намудан, дар сиёсати маорифпарварона ва ояндасози худ маорифро дар макоми аввал гузошта, онро яке аз сохахои афзалиятнок ва калидй эълон намуд. Муносибати дуруст ва содикона нисбати сохаи маорифи кишвар барои рушду нумуи минбаъдаи он чунбиши чиддие ба миён овард, ки дастовардхои мусбии он солхои минбаъда баръало эхсос гардидаанд.

Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат,Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон зимни суханрони худ дар мулокот бо кормандони сохаи маориф 22-юми декабри соли 2005 таъкид намуда буданд, ки «Точикистон дар миёни чумхурихои собик Иттиходи Шуравй чумхурии аз хама кафомонда буд. Баъди бархам хурдани он дар кишвари мо дар натичаи мунокишахои сиёсй ва муковимати мусаллахона тамоми рукнхои хокимияти давлатй фалач гардиданд ва хамаи сохахо махсусан маориф дучори бухрони шадид шуд, зарари молиявй аз чанги тахмилй ба 7 миллиард доллар баробар шуд. [1]

Тибки маълумоти Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон танхо дар 9 мохи соли 1993 ба муассисахои таълимй ва тобеи он зиёда аз 3 миллиард сум (бо нархи соли 1993) зарар расонда шуда буд. [2]

Х,укумати Ч,умх,урии Точикистон баъди ба имзо расидани Созишномаи истикрори сулх ва ризояти миллй барои рафъи окибатхои чанги тахмилй махсусан ба эътидол овардани вазъи муассисахои таълимии чумхурй тадбирхои зиёд андешид. Вале низоми тайёр намудани мутахассисони варзидаи чавобгуи талаботи замон ва бозори мехнат, таъмини сифати таълим, баланд бардоштани сатхи дониш ва малакаву махорати касбии хатмкунандагон ба ислохоти чиддй ниёзманд буд. Яке аз вазифахои асосии ислохоти сохаи маориф, аз чумла мактаби олй, ворид шудан ба фазои тахсилоти ягонаи чахонй, пайвастани технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосир дар чараёни таълим махсуб меёфт. [3]

Дар ин самт Вазорати маорифи чумхурй ислохотро аз тачдиди назар намудани асноди меъёрию хукукии соха огоз намуд. Якчанд конуну карорхо аз забили Крнуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи маориф» (1993), карорхои Дукумати Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабхои олй дохил намудани мактабхои миёнаи махсус» (№ 480 аз 17.09.1993), «Дар бораи такмили сохтори таълимоти олй» (№ 519 аз 14.08.1995) ва зиёда аз 10 низомномаву Стандарти давлатии тахсилот оид ба кабули фаъолияти мактаби олиро кабул намуд.

Дар солхои аввали сохибистиклолй кисми зиёди донишкадахои омузгорй ба донишгоххои давлатй табдил дода шуданд. Донишкадахои омузгории Кулоб, Кургонтеппа, Хучанд ва Хоруг донишгохи давлатй эълон шуданд.

Падидаи наве, ки дар ибтидои гузариш ба истиклолияти комил ба назар мерасад ташкил шудани мактабхои олии типпи нав дар чумхурй буд. Бояд кайд намуд, ки кисми бештари мактабхои нав асосан тибки шартнома ва ё бо шакли омехта (давлатию тичоратй) ба фаъолият огоз намуданд. Аз чумла, Донишкадаи харбии Точикистон (1992), Мактаби олии Вазорати корхои дохилй (соли1991), (феълан Академияи Вазорати корхои дохилй), Донишгохи технологй (1990 аввал ба сифати донишкада), Донишкадаи сохибкорй ва хизмат (соли1990), Донишгохи иктисодй (соли 1996 аввал бо номи Донишкадаи андоз ва хукук), Донишгохи славянии Русияю Точикистон (1996), Донишкадаи хукук, тичорат ва сиёсат (соли 1993 дар Хучанд) феълан Донишгохи хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон ташкил гардиданд. Яке аз навигарихои раванди тахсил дар мактабхои олии чумхурй, ки солхои 90-ум ба вукуъ пайваст, ин ба рох мондани тахсилоти шартномавй буд. Тибки маълумоти Вазорати маорифи чумхурй аз 1-уми октябри соли 1993 дар тамоми мактабхои олй 2568 нафар донишчуён аз руи шартнома тахсил менамуданд. [4]

Дигаргунсозихо ва тагйиротхои микдорию сифатй на танхо дар теъдоди донишчуёну омузгорон ба амал меомаданд, инчунин раванди таълим, накшахо ва барномахои таълимй низ аз нав тачдиди назар мешуданд. Бо максади ба низом даровардани раванди таълим дар муассисахои тахсилоти миёна ва олии касбие, ки омузгор тайёр менамуданд. Аз соли 1997 сар карда дар дар тамоми мактабхои олии омузгории чумхурй низоми бисёрзинагии таълим чорй шуд.[5] Тибки ин дигаргунй дар мактабхои олй мутахассиси хурд, бакалавр ва магистр тайёр карда мешаванд.

Дар солхои сохибистиклолии чумхурй тахсилоти миёна ва олии касбй инкишоф ёфт. Дар пешравии ин самти тахсилот кабули ^онуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи тахсилоти олй ва баъди хатми мактаби олй» таъсири мусбат расонд.

Дар даврони истиклолият ва баъди ба имзо расидани Созишномаи истикрори сулх ва вахдати миллй шумораи муассисахои тахсилоти олии касбй ба теъдод афзуд. Шумораи онхо аз 13 адади соли 1991 ба 28 адад дар соли 1999 ва шумораи донишчуён аз 63, 9 хазор нафар ба 79,2 хазор нафар расид. Агар дар соли тахсили 1991-1992 13 муассисаи тахсилоти олии касбй фаъолият мекарда бошад, пас имруз дар чумхурй 39 муассисахои тахсилоти олии касбй фаъолият менамоянд, ки аз ин микдор 14 донишгох, 15 донишкада, 3 филиали муассисаи тахсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгохи технологии Точикистон дар шахри Исфара, Консерваторияи миллй ва 4 муассисаи таълимии макомоти кудратй мебошад. Дар ин муассисахои таълимй агар соли 1991 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм фаъолият намуда бошад. Айни замон, яъне дар соли тахсили 2016-2017, зиёда аз 2000 номзади илм ва 500 доктори илм ба донишчуён дарс мегуянд.

Икдоми дигаре, ки бо ибтикори Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон соли 1997 ибтидо гирифт ба муассисахои тахсилоти олии касбии чумхурй кабул намудани духтарони дехоти дурдаст тибки квотаи Президентй буд. Ин намуди тахсили гайриозмунии максаднок имруз низ идома дорад ба гайр аз духтарон писарон низ барои тахсил фиристода мешаванд. Бояд кайд намуд, ки макомоти дахлдори хокимияти махаллй накшаи кабули духтаронро тибки квота на хама вакт пурраю босифат ичро карда метавонист. Баъдан нафароне, ки кобилияти хуби тахсилро надоштанд барои кабул тавсия мегардиданд. Масалан, соли 1998 ба чойи 774 нафар 330 нафар, соли 1999 аз 762 нафари накшавй, 434 нафар кабул карда шуд, соли 2000-ум низ мутаносибан ба 779 чой 517 нафар кабул карда шуданд. [6]

Дар тайёр кардани мутахассисон вобаста ба талаботи нохияхои дурдасти кухистон Фармони Президенти Ч,умхурии Точикистон ва ^арори Дукумати Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи ба низом даровардани кабули духтарон ба мактабхои олии Ч,умхурии Точикистон тибки квотаи Президентй барои солхои 2001-2005» таъсири мусбат расонид.

Агар соли тахсили 1991-1992 кабули донишчуён ба муассисахои тахсилоти олии касбй 20,1 хазор нафар, хатм 12 хазор нафар, шумораи умумии донишчуён 84,3 хазор нафарро ташкил медод, пас соли тахсили 2015-2016 кабули донишчуён ба муассисахои тахсилоти олии касбй 40,7 хазор нафар, хатм 28 4813 нафар , шумораи умумии донишчуён дар мачмуъ 184 401 нафарро ташкил дод.

Тайи солхои 1997-2015 ба 20 муассисаи тахсилоти олии касбии чумхурй 16 030 нафар донишчу, аз ин микдор 9554 духтар ва 6476 писар тибки квотаи Президенти Ч,умхурии Точикистон тарики сухбат (беимтихон) кабул гардиданд.

Дар ин муддат зиёда аз 8349 нафар духтарону писарон (5923 нафар духтар ва 2426 нафар писар) тибки квотаи Президенти Ч,умхурии Точикистон муассисахои тахсилоти олии касбии кишварро хатм намуда, мувофики роххат ба чойи истикомати худ барои кору фаъолият фиристонида шуданд.

Сохибистиклол гардидани чумхурй дар назди муассисахои таълимй вазифаи мухими дигар, тарбияи насли наврасро дар заминаи анъанахои миллй ва арзишхои гуманистию инсондустй, хисси механпарастй ва ифтихори миллиро пеш гузошт. То ба эътидол омадани авзои сиёсии чумхурй, имзо шудани Созишномаи истикрори сулх ва ризоияти миллй, раванди корхои тарбиявй равиши пешинаи худро аз даст дода буд. Вале аз нимаи дуюми солхои 90-ум сар карда, раванди корхои тарбиявй низ тадричан ба низом меомад. Дар гузаронидани корхои тарбиявй ташкилотхои чамъиятии мактабхои олии мамлакат бештар сахмгузор буданд. Бо максади танзими корхои тарбиявй бо карори Вазорати маорифи чумхурй аз сентябри соли 2000-ум дар назди мактабхои олй зерсохтори мустакили шуъбаи тарбия ташкил дода шуд.

Дигаргунихои дар давраи аввали истиклолият ба амал омада, вазъи ичтимоию иктисодии чумхурй ба раванди корхои илмй-тадкикотй низ бетаъсир намонд. Давоми солхои 1990-1999 ягон нафар аз омузгорони макотиби олии чумхурй сохиби унвони профессор ва ё дотсенти кафедра нашуданд. [7]

Давраи ру ба эътидоловарии корхои илмй ва методй солхои 1995-1999 махсуб меёбад. Дар ин солхо Дукумати чумхурй тавонист бо давлатхои хоричй махсусан аъзои ИДМ як зумра шартномаву созишномахоро ба имзо расонанд ва ба хамкорию равобити илмии муассисахои илмй ва таълимии марказхои калони хоричй ибтидо гузорад. Аз чумла, аз соли 1999 сар карда то имруз хуччатхои устодони мактабхои олии чумхурй аз мушовараи Вазорати маориф ва илм гузаронида шуда, барои дарёфти унвонхои илмии профессорй ва дотсентй ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия фиристода мешавад.

Муътадил гардидани вазъи сиёсии чумхурй, ба танзим омадани раванди таълим, рушди корхои илмй-тадкикотй имконият медод, ки донишчуён низ ба корхои илмй ва эчодкорй чалб карда шаванд. Навиштани рисолахои дипломй ва химояи он пеш аз хама ба рох монда шуда, иштироки донишчуёни донишгоххо дар озмоишгоххои байнидонишгохии мактабхои олии чумхурй аз нав огоз ёфт. Солхои 2000-ум идораи илми Вазорати маорифи чумхурй

ба гузаронидани Озмуни чумхуриявии донишчуёни мактабхои олй тахти унвони «Донишчу ва пешрафти илму техника» аз нав ба кор шуруъ намуд. [8]

Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми соли 2015 ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон изхор дошт, ки «Хукумати мамлакат бо максади рушди босуботи сохаи маориф хамчун самти афзалиятнок, дар сиёсати ичтимой тамоми тадбирхои заруриро амалй менамояд. Соли 2014 чихати пешрафти соха беш аз 2,5 млрд. сомонй, соли 2015 ба 3 млрд. сомонй чудо гардида буд [9] ва соли 2016 3 млрд. 150 млн. сомонй пешбинй шуда буд, [10] ки нисбати соли 2015 10 фоиз ва дар мукоиса ба 10 соли пешин 13 баробар зиёд мебошад».

Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олй (22.12.2017) изхор изхор дошт, ки «Танхо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабхо барои солхои 2008-2015» дар сохаи маориф аз хисоби хамаи сарчашмахои маблаггузорй шумораи муассисахои таълимии аз хонахои шахсй ва вагонхо пурра бароварда шуда, азнавсозй ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблаги умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медихад.

Факат соли 2016 аз хисоби хамаи сарчашмахо 201 бинои таълимй ба маблаги 540 миллион сомонй бунёд ва азнавсозй гардида, 39 хазор чойи нишаст мухайё карда шуд.

Ин раванд дар доираи барномахои давлатй солхои минбаъда низ идома ёфта, ба бехбудии инфрасохтор ва тахкими пояхои моддиву техникии сохаи маориф мусоидат намуд.

То замони истиклолият дар Точикистон 13 муассисаи тахсилоти олй бо 70 хазор нафар донишчу фаъолият мекард.

Холо микдори ин муассисахо ба 39 ва шумораи донишчуён ба 170 хазор нафар расидааст.

Илова бар ин, зиёда аз 30 хазор нафар чавонони лаёкатманди мо аз хисоби давлат дар муассисахои тахсилоти олии кишвархои пешрафтаи хоричй тахсил мекунанд.» [11]

Хукумати Ч,умхурии Точикистон сохаи маорифро сохаи афзалиятнок эълон намуда, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба вазъи сохаи маориф ва рушди инкишофи он, сифати тайёр кардани кадрхои баландихтисос, сатху сифати донишандузии донишчуён дар хама намудхои муассисахои таълимй таваччухи хоса зохир менамояд.

Бо назардошти хамкадами чахони мутаммаддин гардонидани раванди таълим дар мактабхои олй шакл ва мазмуни он ба низоми кредитии тахсилот мувофик гардонида шуда, айни замон тамоми мактабхои олии кишвар тибки ин низом кору фаъолият менамоянд. Бо низоми кредитй ба амал баровардани чараёни таълим ба мо имконият пеш меоварад, ки мутахассисони сохавиро мутобик ба стандартхои чахонй омода намуда, сатх ва сифати кори онхоро ба чахониён муаррифй намоем.

Омили дигари болоравии сифати таълим воридшавии мактаби олй ба фазои ягонаи тахсилот, таълими ба ракобат тобоварии он дар бозори чахонии мехнат, инкишофи хамкорихои судманди тарафайн бо мактабхои олии пешкадами мамлакатхои хоричии дуру наздик оид ба табодули донишчуён, устодон, накшаю барномахои таълимй бо максади омузиш ва чорй намудани тачрибаи пешкадами хамдигар буд.

Бо дастгирии Хукумати Ч,умхурии Точикистон Вазорати маориф ва илми Ч,умхурии Точикистон максад ва вазифахои тахсилотро барои солхои минбаъда муайян карда, бахри амалй гаштани онхо чорахои зарурй меандешанд. Махсусан ба масъалахои ворид гардидани ба фазои ягонаи байналмилалии тахсилот дар алокамандй бо фархангу маърифат ва тамаддуни башарй бо роххои пайдо кардани мазмуну мундаричаи нави тахсилот чун Ч,умхурии Точикистон узви чомеаи чахонй аст ва дастовардхои чомеаи башариро, ки ба инкишофи шахс ва чомеа мусоидат менамояд, кабул карда ва дар ин раванд сахм гузошта истодааст.

Ворид шудан ба фазои чахонии тахсилот, имконият медихад, ки хатмкунандагони муассисахои тахсилоти миёнаи умумии Ч,умхурии Точикистон бе мамоният дар муассисахои таълими олии кишвархои пешрафта тахсилоти касбиро идома диханд.

Дар низоми тахсилоти олии касбй Точикистони сохибистиклол тайи дах соли охир натичахои дилхох ба даст овардааст. Дар заминаи кабули Консепсияи рушди муассисахои тахсилоти олии касбии Ч,умхурии Точикистон ва Барномаи рушди муассисахои тахсилоти

олии касбии Ч,умхурии Точикистон, Стратегияи миллии рушди маорифи Точикистон то соли 2020 ва дигар санаду хуччатхои меъёрию хукукии сохаи илм ва маориф, низоми тахсилоти олии касбии кишвар ба як катор дастовардхо ноил гардидааст.

Дар тамоми муассисахои тахсилоти олии касбии кишвар низоми кредитии тахсилот чорй мебошад.

Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми соли 2015 ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон таъкид намуда буданд, ки Точикистони сохибистиклол хамчун давлати мустакили чомеаи чахонй ба чунин раванди навгарой ба фархангу маърифати тамаддуни башарй ворид мегардад.

Ба сатхи маълумоти муосири байналмилалй расидан пеш аз хама бо назардошти раванди чахонии тахсилот аз чихати илмй асоснок намудани стандартхо ва накшаву барномахои таълимй, такмил ва тархрезии асноди хукукию меъёрй, баланд бардоштани савияи дониш ва конеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишоф, таъминоти рушди ичтимой ва мутаносиби сатхи зиндагии чомеа муяссар мегардад.

Боиси каноатмандии хар як шахрванди кишвар аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон муддати се сол мешавад, ки дар кишвар Маркази миллии тестй ба фаъолият огоз намуд. Ба фаъолият огоз намудани ин марказ имконият пеш овард, ки шафофияти кабули довталабон ба мактабхои олй пурра таъмин карда шуда, сафи донишчуёни мактабхои олиро аз хисоби хонандагони босаводу лаёкатманд пурра гардонад.

Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми навбатии худ изхор доштанд, ки «Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омузгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танхо миллати босавод метавонад насли сохибмаърифату донишманд ва кадрхои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар чомеаи мутамаддин макоми арзандаи худро пайдо намояд[12].»

АДАБИЁТ

I. Эмомалй Рахмон. Низоми сохаи маориф асоси рушди чомеа аст. Маорифи Точикистон дар солхои истиклолият. - Душанбе, 2008. - С. 4.

2. Маълумот оид ба чамъбасти фаъолияти хочагию молиявии муассисахои тобеи ВМ Ч,Т дар 9 мохи соли 1993. - С. 8

3. Рахимов Фарход. Мактаби олй: мушкилот ва зарурати ислохот. Маорифи Точикистон дар солхои истиклолият. - С.95.

4. Маълумот оид ба чамъбасти фаъолияти хочагию молиявии муассисахои тобеи Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон дар 9 мохи соли 1993. - С.9.

5. Рахимов Ф. Мактаби олй: Мушкилот ва зарурияти ислохот. // Маорифи Точикистон дар солхои истиклолият. - С.100.

6. Рахимов Ф. Мактаби олй: мушкилот ва зарурати ислохот. // Маорифи Точикистон дар солхои истиклолият. - С. 102.

7. Сафаров И. Дастовардхои илмй ва педагогй дар сохаи маориф. //Маорифи Точикистон дар солхои истиклолият. - С. 136.

8. Сафаров И. Дастовардхои илмй ва педагогй дар сохаи маориф. //Маорифи Точикистон дар солхои истиклолият. - С. 138.

9. Эмомалй Рахмон. Соли фарханги оламгир. - Душанбе,2006. - С. 437-438.

10. Садои мардум. 2015, 23 янв.

II. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон. Душанбе, 20 январи соли 2016. - С. 23.

12. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон. Душанбе, 20 январи соли 2016. - С. 24-25.

ВАВДАТИ МИЛЛИ ВА РУШДИ МАКТАБХОИ ОЛИИ ОМУЗГОРИИ ТО^ИКИСТОН ДАР СОЛХОИ СО^ИБИСТИЦЛОЛИ

Махмуд АБДУЛЛОЕВ, Мехрафруз ХОЛМУРОДОВА

Муаллифон дар маколаи мазкур вазъияти мактабхои олии омузгории Ч,умхурии Точикистонро дар солхои сохибистиклолй дар асоси далелу санадхои оморй ва дигар маълумоти илмй тахлил намудаанд.

Дар солхои сохибистиклолй ва вахдати миллй мактабхои олии мамлакат хаматарафа рушд намуданд. Аз чумла, аз филиал ба мактабхои олии мустакил табдил ёфтани якчанд мактабхои олии омузгорй, аз донишкада ба донишгох табдил ёфтани онхо. Мустахкам шудани базаи моддй- техникии онхо. Падидаи дигаре, ки дар солхои сохибистиклолй ба вукуъ омад, ин тибки квотаи Президентй кабул намудани духтарон ва баъдан писарон ба мактабхои олии мамлакат. Омили дигаре, ки ба болоравии сифати таълим таъсир расонд, воридшавии мактабхои олии Ч,умхурии Точикистон ба фазои ягонаи тахсилот, таълими кредитй ва ташкилшавии Маркази миллии тестй мебошад.

Калидвожах;о: ваудат, истицлолият, мактаби олй, маориф, Вазорати маориф, омузгорй, донишцуён, квотаи Президенты, донишкада, донишгоу.

НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО И РАЗВИТИЕ ВЫСШЕЙ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ

Махмуд АБДУЛЛОЕВ, Мехрафруз ХОЛМУРОДОВА

Авторы в данной статье расматривают состояние высшей педагогической школы Республики Таджикистан в годы независимости на основе статистических данных и других документов.

В годы независимости высшая педагогическая школа получила все- стороннее развитие. В частности, филиалы некоторых педагогических ВУЗ-ов были превращены в самостоятельные ВУЗы, из педагогических институтов переобразовались университеты, укрепилась их материально-техническая база. Другое явление, которое появилось в годы независимости, это также президентские квоты для принятия в высшие школы страны. На качество образования повлияло также вхождение высшей школы Республики Таджикистан в единое международное пространство образования, кредитная система и образование Национального Центра тестирования.

Ключевые слова: Национальное единство, независимость, высшая школа, образования, Министерство образования и науки, педагогический институт, студенты, президентская квота, университеты.

NATIONAL UNITY AND THE DEVELOPMENT OF HIGHER PEDAGOGICAL SCHOOLS OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN IN THE

YEARS OF INDEPENDENCE

Makhmud ABDULLOEV, Mekhrafruz KHOLMURODOVA

The author of this article shows the state of the higher pedagogical school of the Republic of Tajikistan in the years of independence on the basis of strategical data and other documents.

In the years of independence and National Unity vissa pedagogical school received allparty development. In casest his branches some pedagogical cause was transmute independent universities of teacher training institutes has remaking in universities strengthened their materiatechnical base. Another phenomenon that appeared in the years of independence, it is through the presidential quota for girls and boys were adopted by the higher schools of the country. Another phenomenon, which affected the quality of education, is joining the higher school of the Republic of Tajikistan into the international space of education, the credit system and the formation of National Testing Center.

Keywords: National Unity, independence, graduate school of education, Department of home education, teaching, students, prezidenst quotas, pedagogical institutes, universities.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.