Научная статья на тему 'РОБИТАҲОИ ЭҶОДИИ ШОИРОНИ МОВАРОУННАҲР ВА ЭРОН ДАР АСРҲОИ XVI-XVII'

РОБИТАҲОИ ЭҶОДИИ ШОИРОНИ МОВАРОУННАҲР ВА ЭРОН ДАР АСРҲОИ XVI-XVII Текст научной статьи по специальности «Науки о Земле и смежные экологические науки»

198
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
робитаи эҷодӣ / муҳити адабӣ / ҳаѐти фарҳангӣ / адабиѐт / татаббӯот / назира / жанр / creative connection / literary environment / cultural life / literature / application / theory / genre.

Аннотация научной статьи по наукам о Земле и смежным экологическим наукам, автор научной работы — Ҳошимҷон Ҳасанзода Қучқоров

Дар мақолаи мазкур робитаҳои эҷодии шоирони Мовароуннаҳру Эрон дар асрҳои XVI-XVII, ҳаѐти адабию фарҳангии давраи мазкур ва таҳаввули жанрҳои адабӣ мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Инчунин, ба масъалаи аз ҳам канда нашудани робитаҳои адабии Мовароуннаҳру Эрон эътибори алоҳида дода шуда, таъсири байниҳамдигарии шуарои аҳди мазкур дар асоси мисолҳо исбот гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

This article discusses the creative ties between the poets of Mavarounnahr and Iran in the XVI-XVII centuries, the literary and cultural life of this period and the evolution of literary genres. Special attention was paid to the issue of maintaining the literary ties between Mavarounnahr and Iran, and the mutual influence of the Council of the Covenant was proved on the basis of examples.

Текст научной работы на тему «РОБИТАҲОИ ЭҶОДИИ ШОИРОНИ МОВАРОУННАҲР ВА ЭРОН ДАР АСРҲОИ XVI-XVII»

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

РОБИТАХОИ ЭЧОДИИ ШОИРОНИ МОВАРОУННАХР ВА ЭРОН

ДАР АСР^ОИ XVI-XVII

Х,ошимчон Х,асанзода ^учкоров

омузгори кафедраи «Адабиётшиносии узбек»-и Донишкадаи давлатии педагогии Чирчики вилояти Тошканд, quchqorovhoshimjon@gmail.com

АННОТАТСИЯ

Дар маколаи мазкур робитахои эчодии шоирони Мовароуннахру Эрон дар асрхои XVI-XVII, хаёти адабию фархангии давраи мазкур ва тахаввули жанрхои адабй мавриди мухокима карор гирифтааст. Инчунин, ба масъалаи аз хам канда нашудани робитахои адабии Мовароуннахру Эрон эътибори алохида дода шуда, таъсири байнихамдигарии шуарои ахди мазкур дар асоси мисолхо исбот гардидааст.

Калима^ои такяго^й: робитаи эчодй, мухити адабй, хаёти фархангй, адабиёт, татаббуот, назира, жанр.

CREATIVE RELATIONS BETWEEN MAVAROUNNAHR AND IRAN POETS IN THE XVI-XVII CENTURIES

ABSTRACT

This article discusses the creative ties between the poets of Mavarounnahr and Iran in the XVI-XVII centuries, the literary and cultural life of this period and the evolution of literary genres. Special attention was paid to the issue of maintaining the literary ties between Mavarounnahr and Iran, and the mutual influence of the Council of the Covenant was proved on the basis of examples.

Keywords: creative connection, literary environment, cultural life, literature, application, theory, genre.

МУКАДДИМА

Баробари пешрафту дигаргунихо дар хаёти чомеа дар адабиётшиносии имруза низ то рафт бештар макеъ пайдо кардани омузиши робитахои адабии пешинаи мардуми бо халкхои дигар, хусусан бо халкхои хамсоя муайян намудани самтхои ин робита ва рохи шаклхои нави зухуроти он мебошад.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

Умуман омузиши муносибат ва робитахои адабии халкамон бо халкхои дигар дар замони мо низ ахамият ва рузмаррагии худро нигох дошта, яке аз риштахои мухимтарини омузиши таърихи адабиёти мумтоз хисоб мешавад. Хусусан омузиши робитахои наздики адабии байни ду халки хамзабон - точикону эрониён, ки дар даврахои тулонии таърихи худ то асри XVI ба адабиёти муштараки мумтоз сохиб буданд, зарурат дорад.

ТАХЛИЛИ АДАБИЁТ ВА МЕТОДОЛОГИЯ

То ба хол муносибатхои адабии байни Мовароуннахр ва Эрони асрхои мазкур чи дар адабиёишиносии точик ва чи дар адабиётшиносии Эрон тамоман омухта нашудааст.агарчи муносибатхои адабии байни Мовароуннахр ва хиндустони асрхои номбурда як дарача омухта шуда ва доир ба ин масъала маколахои чудогонае низ навишта шудаанд, вале давраи мазкур ба сабабхои маълум сахифахои холии таърихи муносибатхои адабии Мовароуннахр ва Эрон пиндошта мешавад. Дар ин давр ба муносибати таъсиси давлати мазхабии шиа дар Эрон ва ташкил ёфтани ду давлати ба хамдигар душмани Сафавиён дар Эрон ва Шайбониён дар Мовароуннахр робитахои сиёсй ва фархангии байни ду кишвар канда шуд буд. Аз ин ру робитахои адабии байни хар ду кишварро низ ба дарачаи нести гумон мекарданд ва бинобар ин ба омузиши ин масъала икдом намекарданд. С. Саъдиев ягона мухаккикест, ки дар солхои охир ба ин масъала даст зада, сахифахои торик таърихи муносибатхои адабии Мовароуннахру Эронро дар давраи мазкур то дарачае равшан намудааст мухаккик дар китоби «Маркази адабии Самарканд дар шохрохи таърих» дар асоси ахбороти манбаъхои адабии давраи мазкур, бар хилофи катъи робитахои сиёсии байни Эрон ва Мовароуннахр, ходисаи ба ашъори чанде шоирони Эрон чавобу татаббуъхо гуфтани шоирони Мовароуннахр ва дар Самарканд маркази адабии кишвар вокеъ шудани ин ходисаи эчодиро ошкор намудааст. [1.219]

Гайр аз ин, дар омузиши адабиёти асрхои XVI-XVII точик ва форс -тазкирахои «Музокири ахбоб»-и Хдсанхочаи Нисори, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибии Самарканди, «Музокир-ул-асхоб»-и Малехои Самарканди, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мухаммад Тохири Насрободии Исфахони, инчунин осори чавобияи шоирони Мовароуннахри давраи мазкур ба ашъори шоирони Эрон, ки дар тазкирахои номбурда ва манбаъхои дигар оварда шудаанд, манбаъхои асоси ба шумор мераванд.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

НАТИЧДХР

Заминахои ба вучуд омадани муносибат ва равобити адабии Мовароуннахр ва Эрони ин давр бар катъ гардидани муносибатхои сиёсии байни кишвар ривочи ходисаи адабии чавобу татабуоти шоирони точик ба ашъори якдигар будааст.

Махфилу мачлисхои адабие, ки дар доирахои шахр баргузор мегардиданд, тараккиёти адабиётро дар мухити шахр равшан нишон медиханд. Мачлисхои адабй ва мушоираю бадехагуихои шеърй дар хама чогдар даргохи хокиму умаро, мадрасахо, манзилхои ахли адаб ва хаводорони шеър, растаю бозорхои шахр, дукону коргоххои хунармандй, хатто дар масчиду хонакоххо ва гайра ташкил меёфтанд. Дар мачлисхои адабй масъалахои мухталифи шеъру шоирй баррасй мегардиданд.

Мачлисхои мехмондорй ва базму зиёфатхои доирахои шахр низ бе бадехагуию мушоираи шоирон намегузаштанд. Аз мачлису базмхои хукуматдорон то дуконхои шахр шеър садо медод, чунон ки боре тазкиранавис Мутрибй дар яке аз бозорхои Самаркандшохиди дар дукони кафшдузии худ пеши чамъе аз мардум ба кироати шеъраш машгул шудани шоири кафшдуз Хдттотй гардидааст. [1.392] Мутрибй дар тазкираи худ дар чандин мавридхо ба мачлисхои шеър ва бадехаю мушоирахои шоирони доирахои шахр ишорахо намуда дар хусуси онхо наклхо кардааст. Чунончй дар мавриде аз мачлиси адабие накл кардааст, ки дар боги Ч,анубии Самарканд баргузор гардида, дар он чанде шоирони намоён, аз кабили Мулло Сабурй, Мулло Фаршй, Хазонй, Шухратй ва Мутрибии шоир ва тазкиранавис хозир будаанд. [1.423] Дар мавриди зикри шоир Афзалии Самаркандй хам аз як чамъомади фозилону шоирон дар яке аз богхои Самарканд ёдовар шудааст, ки дар он султони Самарканд низ хузур доштааст. Яке аз хозирон ба максади гарм кардани мачлис ва огоз намудани бадехаи шеърй байти зеринро ба миён андохта, шоиронро даъват намудааст, ки ба равияи он бадеха гуянд:

Мау зи цаври фалак дуто шудааст, Ё зимау порае цудо шудааст.

Назмй ном шоири хуштабъе дар чавоби ин байт ба Афзалйталаффуз карда гуфтааст:

То ба он моу ошно шудааст, Афзалй пири худнамо шудааст.

Афзалй фавран чунин чавоб додааст:

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

Булбулонанд дар чаман хомуш, Зогро бин, ки дар наво шудаааст. [1.200] Тавре ки аз ин мисол аён аст, мачлисхои адаби бисёртар ба бадехагуи ва хозирчавобии шеъри доир мегашт. Шоирон дар чавоби фаври ва пухтаи абёти якдигар хунарнамои мекарданд. Онхо бештар дар хамин риштаи фаъолияти эчоди табъи худро сайкал дода, махорату малака хосил мекарданд. Аз ин чост, ки тазкиранависон бисёре аз онхоро дар бадехагуи ва чавоби фаври ба ашъори дигарон чунин мохир нишон додаанд.

Мачлисхои адаби бадехагуиро ривоч дода буд. Бадехагуи дар чамъомадхои шоирон дар бисёр мавридхо ба хачвгуи мекашид, чунон ки инро дар мисоли бадехаи хачвомези Афзали ва Назми дидем, шоирон бештар барои гарм кардани мачлис ва ба шавку шур овардани ахли он, завку сурур бахшидан ба онхо бадехаро ба хачви якдигар мегардонданд.

Бо вучуди ин хачву мутоиба мавзуи асосии чамъомадхои адабии доирахои шахр набудааст. Дар ин чамъомадхо гуфтани чавоб ба ашъори шоирони маълуму машхур дар маркази диккати шоирон карор дошт. Мачлисхои адаби аксаран ба гуфтани шеърхои чавобия вамухокимаю баррасии онхо доир мегардиданд. Одатан касе аз ахли мачлис дар бисёр мавридхо ташаббускори он мачлис матлае ё шеъреро аз ягон шоири шинохта дар миён меандохт ва шоиронро даъват мекард, ки ба он чавоб гуянд. Ин амр хатто дар мачлиси подшох низ вокеъ мешуд. Чунон ки Султон Саидхон, хукмдори Самарканд боре як газали Хоча Осафи, шоири машхури Хуросонро дар миёни шуаро андохта, аз онхо чавоб талаб кардааст. [1.253] Матлаи Хоча Осафи ин будааст:

Нарехт дурди майлу муутасиб зи дайр гузашт, Расида буд балое, вале ба хайр гузашт. Бисёр шоирон ба ин газал чавоб навиштанд, ки дар байни онхо шоирони тавоное чун Мушфикии Бухорои, Фуругии Самарканди, Мулло Бокии Хумдонаки, Мулло Бокии Каффош(кафшдуз) будааанд. Газалхои чавобияро аз назар гузаронда мебинанд, ки чавоби шоири кафшдуз Бокии Каффош аз хама бехтар аст. Хдмин тавр уголиби ин мусобикаи шеъри дониста шудааст. Мутриби дар тазкираи худ аз газали чавобияи Бокии Каффош ин ду байтро дарч кардааст:

Сабо зи куи ту, цонам ба расми сайр гузашт, Зи рашк цон ба лаб омад маро ки гайр гузашт.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

Ба юзу боз гузашту аз он шудам хушдил, Ки шоуи ман чу Сулаймон ба ваушу тайр гузашт.

Бинобар гуфтаи Мутрибй ахли фазлу адаби Самарканд «вахшу тайр»-ро дар газали Бокии Каффош аз «вахшу тайр»-и Хоча Осифй афзалтару бамавридтар хисоб кардаанд:

Зи маргзори цауон Осафи гурезон аст, К-аз ин диёр Сулаймон ба ваушу тайр гузошт.

Ташкили чунин мачлисхои чавоб ба ашъори шоирон аз чониби подшоху умаро ва дигар хомиёни шеър зохиран барои додани мукофот(сила) будааст. Водор намудани шоирон ба гуфтани чавоб ба шеърхои ин ё он шоири маъруф ба хукми як нав конкурс будааст, ки аз руи он барои чавобхои бехтарин мукофотхо дода мешуданд.

Мухимтараш ин аст, ки гуфтани чавобия ба санчиши иктидори хунари суханварии шоирон равон карда шуда, онхоро ба маъракаи талошва мусобика бо шоирони тавоно сафарбар менамуд. Хусусан гуфтани чавоби шеъри шоирони машхури «бурунмарзй»-е чун Хоча Осафй ва чанде дигарон, ки дар поин мебинем, эътибори ин гуна санчишхои адабй ва голибони онхоро меафзуд. Аз ин рухам ташкилотчиёну ташаббускорон ва хам иштирокчиёни санчишхои хунарй саъй менамуданд бо сухансароёни пурзури «бурунмарзй»-и Хуросону Эрон ба кувваозмоии эчодй пардозанд.

Аз чумлаи шоирони забардасти Хуросону Эрони асри XVI, ки дар байни сухансароёни Мовароуннахр низ шухрат ёфта ва ашъорашон дар ин кишвар пахн гардида будаанд, гайр аз Хоча Осафй боз Урфии Шерозй, Мухташами Кошонй, Валии Даштибаёзй, Майли Ирокй, Вахшии Бофикй ва чанде дигарро ном бурдан мумкин аст.

Яке аз шоирони номдор ва тавонои Самарканди ин давр Мир Дустии Бустонхонй аз чумлаи сухансароёни дар боло ном бурдаи Эрон ба Мухташами Кошонй таваччухи махсус дошта, ба газали учавоб гуфтанашро ба Мутрибй изхор карда будааст. Матлаи он газали Мухташам ин аст:

Гар аз цамоли цауонтоби у ницоб кашанд, Цауониён цалами радд бар офтоб кашанд.

Матлаи газали чавобияи Мир Дустй ин аст:

Бутон, ки аз пайи даъво зи руй ницоб кашанд, Яке ницоби туро дида сад уицоб кашанд.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

Мир Дустй ин газали худро ба Мутрибй пурра хонда додааст, вале тазкиранавис факат матлаи онро зикр кардаасту бас.

Боз як шоири намоёни Самарканд Мавлоно Мухаммад Содики Х,алвой, ки аз тоифаи уламо ва арбоби шариат буда, мансаби козии шахри мазкурро дар узда доштааст, газале дар чавоби Урфии Шерозй, суханвари бузурги Эрон ва яке аз бунёдгузорони сабки чадиди ба ном хиндй сурудааст. Ин газали Содик дар тазкираи Мутрибй пурра оварда шудааст, ки дар пайравй аз ин устоди аввали сабки чадиди шеърй аз мазмунхои тоза холй нест.

МУХ,ОКИМА

Аз мисолхои болоии ашъори чавобияи шоирони Мовароуннахр чунин хулоса намебарояд, ки дар ин хавзаи адабй шоирон факат ба гуфтани чавоби ашъори суханварони Хуросону Эрон саргарм буда, аз гуфтани чавоб ба ашъори шоирони устоди кишвари хеш худдорй варзида бошанд. Гуфтани чавоби ашъори дигарон дар байни шоирони Мовароуннахр он кадар ривоч пайдо карда буд, ки онхо гузашта аз ашъорихамдигар ба ашъори сухансароёни Хуросону Эрон ва Х,инд низ пардохта буданд. Ба ин тарика мучоботи шоирони Мовароуннахр аз худуди ин кишвар баромада, саросари каламрави шеъри форсиро фаро гирифта буд. Бо вучуди ин асри XVI давраи огози чавобияи эчодии шоирони Мовароуннахру шоирони кишвархои номбурда буд. Ин равобити эчодии шоирони Мовароуннахр бо суханварони кишвархои дигар дар асри XVII хеле вусъат гирифта, гуфтани чавоби ашъори шоирони Эрон ва Х,инд сармашки эчодиёти онхо карор гирифт. Шоирони Мовароуннахр дар ин давр нисбат ба чавоби ашъори якдигар ба чавоби ашъори шоирони Эрон ва Х,индустон бештар таваччух менамуданд. Х,ол он ки дар асри XVI бештар ба чавоби ашъори хамдиёрони худ ва камтар ба ашъори шоирони Хуросону Эрон ва Х,инд таваччух доштаанд. Аз шоирони хавзаи адабии Х,инд факат ба касидахои «Кашмир»-и Файзии Даканй ва «Корнома»-и Саноии Машхадй чавоб гуфтани шоирони маъруфи Мовароуннахр Муроди Самаркандй ва Мутрибии Самаркандии тазкиранавис маълум аст.

Чи навъе ки аз мисолхои болой маълум мешавад, дар чавобгуй ба ашъори шоирони хамзамони Хуросону Эрон бештар шоирони маркази адабии Самарканд пешдастй доштаанд. Аз руи маълумоти тазкираи Мутрибй хукм кунем, маъракаи мусобикаи чавобгуии шоирони точик ба ашъори сухансароёни ду кишвари номбурда асосан ба намояндагони маркази адабии Самарканд

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

махдуд мешавад. Аз маркази адабии Бухоро дар тазкираи Мутрибй ягон шоире зикр нашудааст, ки ба чавоби шоири Эрон пардохта бошад. Дуруст аст, ки шоири намоёни Мовароуннахри ин давр Аршии Кешй, ки фаъолияти шоириаш дар Самарканд ва Бухоро чараён дошта, намояндаи хар ду маркази адабии кишвар хисоб мешуд, дар мактаи як газали худ аз шоирони Эрон Майлии Ирокй ва Вахшии Бофикй ёдовар шуда, дар кувваозмоии эхтимолии эчодй бо онхо бартарй ёфтанашро даъво кардааст:

Хонд, Аршй, то зи ашъори ту мутриб дар Ироц, Мууташам мадуушу Майлймасту Ваушй шуд хароб.[1.561] Вале ин гуфтаи Аршй ба чавоби се шоири номбурда ё шоирони дигари Эрон пардохтаниуро нишон намедихад.

Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки шоирони Бухоро аз маъракаи чавобгуии эчодй ба шоирони Хуросону Эрон берун монда будаанд.

Инро хам бояд кайд кунем, ки шоирони Хуросону Эрон дар ин давр ва дар даврахои минбаъда низ ба гуфтани чавоби ашъори шоирони Мовароуннахр майл накардаанд. Аз ин ру мусобикаи эчодии байни шоирони Мовароуннахр ва Хуросону Эрон яктарафа буд. Дар он факат шоирони Мовароуннахр иштирок доштанд. Дар хар хол аз шоирони дар тазкираи Мутрибй зикр шудаи Хуросону Эрони нимаи дуюми асри XVI нафареро намебинем, ки ба чавоби шеъри шоири Мовароуннахр саъй карда бошад.

Ин худ аз он гувохй медихад, ки дар тараккиёти таърихии адабиёти форсй-точикии ин асрва даврахои баъдй шоирони Эронпешраву пешкадам буданд. Ин нуктаро аз ходисахои ашъори худро ба Мовароуннахр фиристода, аз шоирони точик чавоб хостани онхо низ, ки дар поин аз назар мегузаронем, пай бурдан мумкин аст. Хрдисаи шеърхои чудогонаи худро ба шоирони Мовароуннахр фиристода, аз онхо чавоб талаб кардани баъзе сухансароёни Эрон дар асри XVI, ки дар тазкираи Мутрибй накл шудааст, агарчи бозхам якчониба буд, яъне шоирони точикро мавриди санчиши эчодйкарор медод, аммо умуман робита ва пайвандхои адабии байни Мовароуннахр ва Эронро ба сатхи болотаре бардошт. Чаро ки ин ходиса ба огохй ва шинохти шоирони точик аз чониби шоирони Эрон рох кушод. Дар шароити гусастагии пайвандхои адабии байни Мовароуннахру Эрон ба иллати низоъхои сиёсию мазхабй ахли фазлу адаби Эрон аз хаёти адабй, фаъолияти эчодй ва хатто мавчудияти ахли шеър дар Мовароуннахр бехабар монда буданд. Аз инхо, ки хабар ёфтанд, донистани дарачаи хунари шеърхояшон ба миён омад. Инхол

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

чанде шоирони Эронро водор сохт, ки намунахои эчодиёти худро ба шоирони Мовароуннахр фиристода, гуфтани чавоби онхоро талаб намоянд. Ба ин восита онхо тавонистанд намунахои ашъори хамкаламони мовароуннахрии худро ба даст оварда, бо он шиносо шаванд.

Дар ин икдоми эчодии ба санчиш кашидани шоирони Мовароуннахр аз тарики барои чавоб ба миён андохтани шеъри худ сухансарои маъруфи Хуросон Валии Даштибаёзй ташаббус нишон додааст. Бинобар маълумоти Мутрибй шоири номбурда боре бо матлаи зайл суруде гуфта, ба Мовароуннахр фиристодааст ва шоирони ин кишварро ба чавоби он даъват намудааст: Шаб ки цуфли дари хурсандиям афгон бишикаст, Нола кардам, ки цафас бар уама мургон бишикаст.

Пеш аз он ки ба баррасии чавобхои шоирони Мовароуннахр ба газали мазкури шоири Хуросон гузарем, аввал ба як нуктаи торики ин ходисаи робитаи эчодии байни сухансароёни Эрону Мовароуннахр равшанй андохтан зарур менамояд.

Аз ахбороти Мутрибй маълум намешавад, ки Валии Даштибаёзйгазали худро барои чавоб ба кадоме аз ду маркази адабии Мовароуннахр, Бухоро ё Самарканд фиристодааст. Тазкиранавис умуман ба Мовароуннахр фиристода шудани газали Даштибаёзиро зикр карда мушаххасан Бухоро ё Самарканд будани чои фиристодаи шеъри уро кайд накардааст. Аммо тадкикоти С. Саъдиев доир ба ахволу ашъори шоирони ин давраи Самарканд дар китоби тазкираи «Маркази адабии Самарканд дар шохрохи таърих» нишон медихад, ки шоироне, ки ба газали Даштибаёзй чавоб гуфтаанд ва чавобияхои онхо дар тазкираи Мутрибй дарч ёфтаанд, хама намояндагони маркази адабии Самарканд буда, дар хамин шахр эчод кардаанд: инхо Нозимй, Фаршй, Ашкй, Шамсй, Завкй, Шахрй, Рашкй ва Сайрафй мебошанд. Аз инхо ахволи ду нафари охирин дар тазкираи Мутрибй зикр наёфта, онхоро устод С. Саъдиев дар асоси шоирони Самарканд будани шаш нафари аввал ба такриб ба хамин маркази адабй мансуб кардааст. Вале тазкираи Мутрибй баробари шоирони Самарканд суханварони Бухороро низ фаро гирад хам, дар байни онхо монанди шоире, ки ба газали мазкури Даштибаёзйчавоб гуфта бошад, ба назар намерасад. Аз ин ру устод С. Саъдиев якин кардааанд, ки Даштибаёзй он газали мавриди чавоби худро ба маркази адабии Самарканд фиристода будааст. [2.219]

Ин чо саволе ба миён меояд, ки чаро бо вучуди он ки маркази дигари адабии Мовароуннахр Бухоро дар шухрату эътибор ва тавоноии эчодии

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

шоирони худ аз маркази адабии Самарканд хеч камй надошт, балки имтиёз дошт,шоири Хуросон газалашро барои чавоб ба Бухоро нею ба Самарканд фиристодааст?

Гап дар сари он аст, ки маркази сиёсии Мовароуннахр аз миёнахои асри XVI амалан аз Самарканд ба Бухоро кучида, дар асари ин дар ин шахр низ баробари Самарканд мухити адабии пуркуввате ташкил ёфта буд, аммо чунин менамояд, ки суханварони Эрон бехабар аз ин тагйирот дар хаёти адабии Мовароуннахр аз руи анъана Самаркандро ягона маркази адабии ин кишвар тасаввур мекарданд. Валии Даштибаёзй аз руи хамин тасаввурот газали худро ба шоирони Самарканд фиристодааст.

Аз руи ахбороти Мутрибй кариб ба 20 нафар шоирони Мовароуннахр ба чавоби газали Даштибаёзй пардохтаанд. Бинобар мулохизахои болоии мо тахмин меравад, ки хамаи ин шоирон намояндагони маркази адабии Самарканд будаанд. Хдмин тавр газали шоири Эрон дар байни шоирони Самарканд чунбиши калони эчодиро ба вучуд оварда, бисёре аз онхоро ба чавобгуй сафарбар кард. Ч,авоби газали Даштибаёзй дурахшонтарин ходиса дар таърихи равобити адабии байни Мовароуннахр ва Эрон гардид.

Афсус, ки Мутрибй танхо матлаи газали Даштибаёзиро овардааст. Бинобар ин газалхои чавобияи шоирони Самаркандро бо газали мавриди чавоб мукоиса карда наметавонем. Факат матлаъхои онхоро киёсан тахлил ва баррасй намудан мумкин аст. Бо вучуди ин дар тазкира пурра оварда шудани матни 8 газали чавобияи шоирони Самарканд барои омухтани равияи эчодии чавобу татаббуъ дар шеъри асри XVI точик ахамияти калон дорад.

Инак он 8 газали чавобияи шоирони Самаркандро, ки Мутрибй намунавор аз кариб 20 газали чавобияи сухансароёни Мовароуннахр дар тазкирааш овардааст, дарч мекунем.

Зохиран газалхои чавобй ба Даштибаёзй рафта расидаанд ва уро рухбаланд намудаанд, ки у боре дигар рубоии зайлро дар мавзуи шамъу парвона гуфта, ба Мовароуннахр ирсол кардааст ва шуарои ин кишварро ба чавоб гуфтани он даъват намудааст.

Парвона, ки шамъаш уавасафзо бошад, Цуз сухтанаш чаро таманно бошад? Гайрат нагузорадаш, ки дар базми касон, У зиндаю ёр мацлисоро бошад.[1.697]

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

Аммо маълум нест, ки ба ин рубой кадом шоирони Мовароуннахр чавоб гуфтаанд. Мутрибй танхо рубоии Мулло Хиргохии Х,исориро дар чавоби он овардааст. Инчунин, ба дурустй маълум намешавад, ки шоири номбурда дар Самарканд зиндагй ва эчод мекард ё дар Бухоро.

Дар тазкираи Мутрибй боз ба як ходисаи ба шеъри ба Мовароуннахр фиристодаи шоири Эрон чавоб гуфтани шоирони точик ру ба ру мешавем. Дуруст аст, ки ин бор шоири эронй Саноии Машхадй аз Х,индустон, ки дар он чо муким шуда буд, ба кишвар фиристода чавоб талаб карда буд. [1.681] Бинобар ин вокеаи мазкур метавонад бархак чун намунаи робитахои адабии байни Мовароуннахр ва Х,инд низ ба шумор оварда ва мавриди гуфтугукарор дода шавад.

Амммо ин бор санчиши кудрати эчодии шоирони точик аз тарафи шоири Эрон хеле мушкил буд. Аввал ин ки Саноии Машхадй на газал, балки шеъри калоне - касидаро бо унвони «Корнома» барои чавоб ба Мовароуннахр фиристода буд. Сониян ин касидаи у шеъри маснуъ буда дар он ададхо аз як то сад ба тартиб вобаста ба маънии байтхои шеър оварда шуда будаанд. Ба чунин шеъри калони маснуъ на хар шоири тавоно чавоб гуфта метавонист. Бо он танхо ду нафар - яке Мутрибй аз шоирони Самарканд ва дигаре Нисорй аз шоирони Бухорочавоб гуфтанашон маълум аст. Ин ду шоири тазкиранавис бинобар дар эчоди шеърхои маснуъ устод буданашон ба гуфтани чавоби касидаи Саноии Машхадй икдом намудаанд.

Чунин ходисахои ба шоирони Мовароуннахр шеърхои худро барои чавоб гуфтани онхо фиристодани суханварони Эрон агар аз як тараф нишонаи пайвандхои адабии байни ду кишвар ва равобити эчодии шоирони хар ду хавзаи адабй бошад, аз тарафи дигар аз эътибори хавзаи адабии Мовароуннахр ва аз чониби сухансароёни Эрон эътироф гардидани иктидору салохияти эчодии шоирони он гувохй медихад. Бо вучуди ин мусаллам аст, ки шоирони Эрон дар суханофаринй пешраву ташаббускор ва барои ахли сухани Мовароуннахр намунаи ибрати эчодй буда, ашъорашон хамеша мавриди назар ва пайравии онхо карор доштааст.

Тазкираи Мутрибй ва Малехо (асри XVII) нишон медиханд, ки шоирони Мовароуннахр нисбат ба чавоби ашъори якдигар ба чавоби шеърхои шоирони Эрон ва Х,инд бештар таваччух намудаанд.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

ХУЛОСА

Ба ду мазхаби ба хам мухолифи ислом - суннй ва шиа чудо шудани мардумони Эрону Хуросон ва Мовароуннахр ва дар асоси хамин ду мазхаб чараён ёфтани муносибатхои душманона байни давлатхои Сафавии Эрон ва Шайбониёни Мовароуннахр дар асри XVI равобити наздики ин ду кишварро ба хамдигар суст накарда намонд. Дар натичаи шиддати муносибатхои сиёсию мазхабии байни ду мамлакат равобити иктисодй ва фархангии онхо, агар тамоман канда нашуда бошад, дар шароити чудоию низоъхои сиёсию мазхабии байни Эрон ва Мовароуннахр алокаи наздики адабие, ки пештар байни Мовароуннахр ва Эрон дар замони Темуриён вучуд дошт суст шуда, дар хар ду мамлакат хаёти адабй бе робита бо якдигар чарайён дошт. Рафту омади ахли адаби ин кишвар бо он кишвар, робитахои эчодии байни онхо такрибан канда шуда буд.

Бо вучуди ин адабиёти форсй ва точикй дар давоми такрибан ду асри тараккиёти мустакили худ аз аввалхои асри XVI то охирхои асри XVII хануз умумият ва муштаракии худро бо хамдигар тамоман аз даст надодаанд, робитахои эчодии байни адибони точик ва адибони Эрон низ тамоман аз миён нарафтааст.

Алокаи ду адабиёти мустакили хамзабон пеш аз хама дар мисоли таълифи тазкирахои умумии шоирони Эрону Мовароуннахр ба назар мерасад. Бо вучуди чудо кардани адабиёти муштараки форсй точикй ба ду адабиёти мустакил аз аввалхои асри XVI таълифи тазкирахои умумфорсй дар хар ду адабиёт ба тарики анъанавй давом кардааст.

Ахли адаби Мовароуннахр садди мазхабию сиёсии байни Эрон ва кишвари худро шикаста, ба наздикй ва вахдат бо хамкаламони хамнажоду хамзабони Эронй ва Хуросонии худ талош кардаанд. Хунари суханвари ахли онро аз мамлакат ва мазхабхои мухолифи якдигар ба хам наздик ва пайваст карда буд. Ба ин маънй адабиёт аз сиёсат ва дину мазхаб болотар карор гирифта буд. Восита ва шакли асосии ба вучуд омадани равобити адабии байни Мовароуннахр ва Эрони ин давр ривочи ходисаи адабии чавобу татаббуоти шоирони точик ба ашъори суханварони Эрони ин давр будааст.

REFERENCES

1. Тазкират-уш-шуаро. Таълифи Султон Мухаммади Мутрибии Самаркандй. -Душанбе-Техрон: Ойинаи мерос, 1377.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

2. Саъдиев С. Маркази адабии Самарканд дар шохрохи таърих. - Тошканд, нашриёти Энсиклопедияи миллии Узбекистон, 2012.

3. Зехни Т. Саъдиев С. Суханварони сайкали руи замин. - Душанбе: Ирфон, 1970.

4. Мирзоев А. Из истории литературних связей Мавераннахра и Индии во второй половине XVI- начале XVII вв. -М.: ИВЛ, 1969.

5. Нисорий Хусанхожа. Музаккири ахбоб. Форс тилидан Исмоил Бекжон таржимаси. - Тошкент: Халк мероси, 1992.

6. Саъдиев С. Адабиёти точик дар асри XVII. - Душанбе: Дониш, 1985.

7. Саъдиев С. Малехои Самарканди ва тазкираи у. - Самарканд: Нашри ДДС, 1999.

8. Саъдиев С. Равияхои асосии мундаричаи гоявии адабиёти точик дар асри XVII. - Самарканд: Нашри ДДС, 2002.

9. ХКучкоров. Мухити адабии Самарканд дар охири асри ХГХ ва ибтидои асри ХХ. "O'ZBEK TILSHUNOSLIGINING DOLZARB MASALALARI". Respublika ilmiy-amaliy konferensiya materiallari. - Buxoro: "Durdona" 2019. 76-79 b.

10. ХКучкоров. Мавкеи Ч,авдат дар хаёти адабии Самарканд. ALMA MATER. Yosh o'qituvchilar va magistrantlarning an'anaviy maqolalar to'plami. - Samarqand: SamDCHTI nashri. 2020. 62-65 b.

11. ХКучкоров. Жавдат уз даври ислохотларининг таргиботчиси. ИНТЕРНАУКА. Научный журнал. № 12(141), Часть 3. - Москва. 2020. стр. 7980.

12. Х Кучкоров. Жавдат ва унинг Самарканд адабий хаётида тутган урни. ИНТЕРНАУКА. Научный журнал. № 13(142), Часть 2. - Москва. 2020. стр. 8990.

13. ХКучкоров. Жавдат ижодида панд-ахлок мавзуси ва унинг ёш авлод тарбиясидаги урни. SCIENCE AND EDUCATION. Scientific journal. Volume 1, Issue 2. - Qo'qon. 2020. page.606-612.

14. ХКучкоров. Таълим-тарбия жараёнида миллий кадриятларнинг урни. SCIENCE AND EDUCATION. Scientific journal. Volume 1, Special issue 3. -Qo'qon. November 2020. page. 158-164.

15. Kh.Kuchkorov. Abdurahmoni Jomi's pedagogical ideas on science, teaching, friendship and people's friendship. ЭКОНОМИКА И СОЦИУМ. Выпуск №4(83) (апрель, 2021) часть1. 174-177 б.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

16. Kh.Kuchkorov. The Position Of The Band In Persian-Tajik Poetry. INTERNATIONAL JOURNAL OF ACADEMIC MULTIDISCIPLINARY RESEARCH (IJAMR) ISSN: 2643-9670 Vol. 5 Issue 4, April - 2021, Pages: 259260.

17. Х,Дучк;оров. Абдулгани Жавдатнинг маърифатпарварлик фаъолияти. SCIENCE AND EDUCATION. Scientific journal. "ИЛМ-ФАН ВА ТАЪЛИМНИНГ РИВОЖЛАНИШ ИСТЩБОЛЛАРИ" биринчи конференцияси туплами. (4-;исм) - Qo'qon. 2020. 603-605 b.

18. ХДучкоров. Абдулгани Жавдат маърифатпарвар шоир. ""O'ZBEKISTONNING UMIDLI YOSHLARI". 1-son Respublika ilmiy talaba va magistrantlar onlayn konferensi-yasining materiallari to'plami. - Toshkent. 2020. 249-250 b.

19. Abdulg'ani Javdatning o'z davri ijtimoiy hayotidagi o'rni. "MAGISTRANTLARNING XX-ILMIY KONFERENSIYASI" materiallari. -Samarqand: SamDU nashri. 2020. 82-85 b.

20. Х,.Куч;оров. Абдулгани Жавдат ижодиётининг гоявий йуналишлари. "ORIENTAL ART AND CULTURE" ilmiy-metodik jurnali. "O'ZBEKISTONDA ILM-FAN VA TA'LIM" 3-сон konferensiyasi to'plami (13-qism). - Qo'qon. 2020. 7-9 b.

21. ХДучкоров. Абдулгани Жавдат ва жадидчилик. SCIENCE AND EDUCATION. Scientific journal. "ИЛМ-ФАН ВА ТАЪЛИМНИНГ РИВОЖЛАНИШ ИСТЩБОЛЛАРИ" иккинчи конференцияси туплами. (2-;исм). - Qo'qon. 2020. 289-291 b.

22. Х,Дучк;оров. Абдулгани Жавдатнинг таргиботчилик фаолиятига бир назар. "БАКАЛАВРИАТ ВА МАГИСТРАТУРА ТАЛАБАЛАРИНИНГ ИЛМИЙ ИШЛАРИ" хал;аро масофавий илмий-амалий конференция якунлари буйича илмий ишлар туплами. - Тошкент: ТДЮУ нашри, 2020. 18-19 б.

23. Х.Кучкаров. Личность в системе человеческих общение и педагогических взаимоотношений. "INNOVATIVE ACHIEVEMENTS IN SCIENCE - 2020" mavzusidagi 1-sonli xalqaro ilmiy-online konferensiyasi materiallari to'plami. -Фаргона, 2020. 439-441 б.

24. Kh.Kuchkorov. A look at the history of the origin of the holy genre. EUROPE, SCIENCE AND WE (ЕВРОПА, НАУКА И МЫ). Хал;аро илмий конференсия материаллари туплами. - Praha, Czech Republic. January-February 2021. Pages: 46-47.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-1248-1261

25. Kh.Kuchkorov. Tajik dialectology in the last 30 years. SCIENTIFIC IDEAS OF YOUNG SCIENTISTS(НАУЧНЫЕ ИДЕИ МОЛОДЫХ УЧЕНЫХ). Халкаро илмий конференсия материаллари туплами. - Warsaw, Poland. January-February 2021. Pages: 41-42.

26. ХКучкоров. Хаёти адаби ва фархангии Самарканд дар асри ХХ. Til ta'limining uzviyligini ta'minlashda innovatsion texnologiyalar: muammo va yechimlar. Respublika ilmiy-amaliy onlayn konferensiya materiallari to'plami. -CHIRCHIQ-2021. 277-280 b.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.