Научная статья на тему 'ҶУСТОРҲОЕ БО ДИДИ ДИГАР ДАР АНВАРИШИНОСИ (ТАЦРИЗ БА КИТОБИ АБДУРАШИД САМАДОВ. АНВАРИ: ҶУСТОРҲО ДАР РӯЗГОРУ ОСОР. ДУШАНБЕ, 2021.-432 С.)'

ҶУСТОРҲОЕ БО ДИДИ ДИГАР ДАР АНВАРИШИНОСИ (ТАЦРИЗ БА КИТОБИ АБДУРАШИД САМАДОВ. АНВАРИ: ҶУСТОРҲО ДАР РӯЗГОРУ ОСОР. ДУШАНБЕ, 2021.-432 С.) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
140
22
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АНВАРӢ / ГАЗАЛ / АДАБИЁТИ ТОҷИК / ҲУНАРИ ШОИРӢ / ТАЪСИРГУЗОРӢ / ШАРҲНАВИСӢ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Нуров Нуралй Норович

Тацриз ҷиҳати баррасӣ ва таъйини арзишҳои илмии китоби доктори илмҳои филологӣ, профессор А.Самадов “ Анварӣ: Ҷусторҳо дар рӯзгор ва осор” ба цалам омадааст. Муаллиф нахуст ба масъалаҳои шинохти ҷойгоҳи Анварӣ дар адабиёти форсу тоҷик аз роҳи таъсири шеър ва андешаи ба шоирони пасованди хеш ва эътирофоти аҳли сухан аз ҳунари баланди суханвариаш руҷуъ намуда, зуҳури чандин шарҳҳои цадимро низ ба унвони яке аз омилҳои муҳими нуфузи манзалати адабии вай муаррифӣ намудааст. Ҳамзамон, цисматҳои ҷудогонаи китоби мавриди тацриз баррасӣ гардида, арзиши илмии он дар шинохти зиндагинома, мероси адабӣ, хоса газалиёти шоир муцаррар шудааст. Ба таъкиди муаллифи мацола ҳарчанд Анварӣ дар сурудани цасида ҷойгоҳи хосае дар адабиёти гузаштаи мо пайдо намудааст, вале нависандаи ин китоб муваффац бар он гардида, ки бар пояи таҳциц дар вежагиҳои газалиёти шоир нацш ва мацоми ӯро дар инкишофи жанри мазкур низ муайян созад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

NEW SCIENTIFIC RESEARCH ABOUT ANVARI'S GHAZELS

The review is devoted to consideration and definition of scientific values of the book written by Dr. of Philology, Professor Abdurashid Samadov entitled as “Anvari: Searches on Life and Creativity”. The author first addresses the issue beset with Anvari's place in Persian-Tajik literature through the influence of his poetry and ideas on later poets and his recognition as a master of words for his high poetic creativity, and considers the existence of several ancient commentaries to be one of the important factors of his fame as well. Separate sections of the book are considered, and its scientific significance is established in the study of biography, literary heritage, especially the poet's ghazals. In conformity with the author's opinion, although qasids occupy a special place in Anvari's creation on the basis of a deep study of the poet's ghazals, the author of the book under review was able to determine Anvari's role and place in the development of the relevant genre.

Текст научной работы на тему «ҶУСТОРҲОЕ БО ДИДИ ДИГАР ДАР АНВАРИШИНОСИ (ТАЦРИЗ БА КИТОБИ АБДУРАШИД САМАДОВ. АНВАРИ: ҶУСТОРҲО ДАР РӯЗГОРУ ОСОР. ДУШАНБЕ, 2021.-432 С.)»

ТДУ 82 ТКБ 83,3(03)

ЧУСТОР^ОЕ БО ДИДИ ДИГАР ДАР АНВАРИШИНОСИ

(Тацриз ба китоби Абдурашид Самадов. Анвари: Чусторуо дар рузгору осор. Душанбе, 2021.- 432 с)

Нуров Нурали Норович, доктори илмуои филология, муовини директори институти илми- тадцицоти илмуои цомеашиносй МДТ "ДДХ ба номи акад. Б.Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

НОВОЕ НАУЧНОЕ ИССЛЕДОВАНИЕ О ГАЗЕЛЯХ АНВАРИ

Нуров Нурали Норович, доктор филологических наук, заместитель директора НИИ социальных наук ГОУ «ХГУ имени акад.Б.Гафурова»

NEW SCIENTIFIC RESEARCH ABOUT ANVARIS GhAZELS

Nurov Nurali Norovich, Dr. of Philology, deputy director of the scientifico-research institute of social sciences under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov",E-mail nurali74@mail. ru

Вожщои калиди: Анвари, газал, адабиёти тоцик, уунари шоирй, таъсиргузорй, шарунависи

Тацриз циуати барраси ва таъйини арзишуои илмии китоби доктори илмуои филологи, профессор А.Самадов " Анвари: Чусторуо дар рузгор ва осор" ба цалам омадааст. Муаллиф нахуст ба масъалауои шинохти цойгоуи Анвари дар адабиёти форсу тоцик аз роуи таъсири шеър ва андешаи у ба шоирони пасованди хеш ва эътирофоти аули сухан аз уунари баланди суханвариаш руцуъ намуда, зууури чандин шарууои цадимро низ ба унвони яке аз омилуои мууими нуфузи манзалати адабии вай муаррифи намудааст. %амзамон, цисматуои цудогонаи китоби мавриди тацриз барраси гардида, арзиши илмии он дар шинохти зиндагинома, мероси адаби, хоса газалиёти шоир муцаррар шудааст. Ба таъкиди муаллифи мацола уарчанд Анвари дар сурудани цасида цойгоуи хосае дар адабиёти гузаштаи мо пайдо намудааст, вале нависандаи ин китоб муваффац бар он гардида, ки бар пояи тауциц дар вежагиуои газалиёти шоир нацш ва мацоми уро дар инкишофи жанри мазкур низ муайян созад.

Ключевые слова: Анвари, газель, таджикская литература, поэзия, влияние, комментарий

Рецензия посвящена рассмотрению и определению научных ценностей книги доктора филологических наук, профессора Абдурашида Самадова «Анвари: вопросы жизни и творчества». Автор сначала обращается к вопросу о месте Анвари в персидско-таджикской литературе через влияние его поэзии и идей на более поздних поэтов и признании его мастером слова за его высокое поэтическое творчество, а также считает существование нескольких древних комментариев одним из важных факторов его прославленности. Рассмотрены отдельные разделы книги, и установлена ее научная значимость при изучении биографии, литературного наследия, особенно газелей поэта. По мнению автора статьи, хотя касиды в творчестве Анвари занимают особое место, но на основе глубокого изучения газелей поэта автору рецензируемой книги удалось определить роль и место Анвари в развитии этого жанра.

Key words: Anvari, ghazal, Tajik literature, poetry, influence, commentary

The review is devoted to consideration and definition of scientific values of the book written by Dr. of Philology, Professor Abdurashid Samadov entitled as "Anvari: Searches on Life and Creativity". The author first addresses the issue beset with AnvarVs place in Persian-Tajik literature through the influence of his poetry and ideas on later poets and his recognition as a master of words for his high poetic creativity, and considers the existence of several ancient commentaries to be one of the important factors of his fame as well. Separate sections of the book are considered, and its scientific significance is established in the study of biography, literary heritage, especially the poefs ghazals. In conformity with the authofs opinion, although qasids occupy a special place in AnvarVs creation on the basis of a deep study of the poefs ghazals, the author of the book under review was able to determine AnvarVs role and place in the development of the relevant genre.

Анварии Абевардй дар таърихи адабиёти форсу точик аз чумлаи суханвароне эътироф гардидааст, ки барои ривочи касида накши муассир дорад. Исми ин шоири номвар хднуз аз рузгорони кухдн дар силки Фирдавсиву Саъдй хдмчун се паямбари назм ёд мешавад, яке

афсонавy дигаре касида ва савyми газалро ба авчи хеш расонидаанд, Дар зикри Х,аким Фирдавсй Давлатшохи Самаркандй бо таъкиди он ки "азизе дигар мефармояд ин китъаро, лиллохи даррy коилихи:

Дар шеър се тан паямбаронанд, ^арчанд ки "ло набию баъди", Авсофу цасидаву газалро, Фирдавсиву Анвариву Саъдй [4, с.65]

Ин китъа худ гувох бар он аст, ки аз замони зиндагии хеш Анварй бо он мартабати сyханварй дар касидасарой, ки доштааст, ба таъбири А. Зарринкуб чун паямбари ситоишгарон эътироф шудааст, ки дар "гуё такрибан дар хамаи умр чуз ситоишу накухиш чизи дигаре бар вай илхом нашудааст [1, с.137].

Шояд хамин сабаби эътирофи макоми шомихи Анварй дар касидасарой ва нубуги шоирии y омил омада, ки дар баробари девони Х,офиз, "Гулистон" ва "Бустон"-и Саъдй, "Маснавии маънавй"-и Мавлонои Балхй ба девони ашъори шоир шyрyxе ба калам оянд, ки ин амр ба пешинаи таваччух бар шинохти мероси адабии Анварй аз дергох таъкид меварзад. Дар китобхонахои мухталифи олам ба ду нусхаи шархи ашъори Анварй ишорат мешавад, ки ба калами Абулхасани Фарохонй тааллук мегиранд. Афзалуддини Кошй, ки аз хамзамони шорех асту матни шархи мазкурро дидааст, менависад, ки "вай ( Фарохонй) бар ашъори мушкили Анварй шархе навишта ба назари коил расида" [6,ё]. Мударриси Разавй дар мукаддимаи ин шарх бо такя бар хамин иттилои муаллифи "Арафот ул ошикин" изхор доштааст, ки "Бинобар ин бидуни шакку тардид кисмати аввали ин китоб, яъне шархи касоиди он кабл аз соли 1015 навишта шудааст" [6 с.ё].

^исмати аввали шарх гуфтани Мударриси Разавй ба он хотир аст, ки ин мухаккикон ва донишмандони анварипажyx шархи мазкури касоидро, баробари он ки бо номхои шархи касиод ва шархи мушкилоти девони Анварй ёд кардаанд, онро кисмати аввали шархи Фарохонй мешуморанд. Фарохонй инчунин шархе алохида ба мукаттаоти Анварй навишта, ки он хам ба хукми китоби чудогонае низ шинохта шудааст, ки нусхахое аз он дар китобхонахои олам махфуз мебошад. Аз чумла, як нусхаи дастраси он бо шумораи 9771 дар китобхонаи Мачлиси Шурои миллии Ч,умхурии исломии Эрон махфуз мебошад. Бо он ки хукми китоби алохидаро дорад ва "Шархи катаъоти Анварй" унвон гирифтааст, аммо онро бахши дувуми китоби шархи девони касоиди Анварй унвон кардаад. Худи Фарохонй бошад, ки ишорате бар ин надорад ва дар мукаддимаи аввал китобро "шархи касоиди девони рафеъбаён, хакими нуктатироз ва бадеъ маънипардози вахидухда ва насичвахда ва фармондехи иклими суханварй Хдким Авхадуддини Анварй" унвон додааст. Ба назар мерасад, ки сабаби аслии ин китобро "Шархи мушкилоти девони Анварй" унвон додани пасовандон ин таъкиди худи шорех мебошад: "Ба тамошокунони ин бустон пинхон намонад, ки чун бисёре аз шохидони абёти ин китоб аз никоби хафо халеъ-ул-узор буданд, ба ороиш ва пероиши онхо илтифот накарда, ба шархи ашъори мушкила каноат намуда, баъд аз фарог аз шархи ашъори муъзила тафсири луготи мушкилаи абёти гайримашруха дар хар маком намуд ба тартиби табй он абёт магар чое, ки луготи мушкилаи он сабаки зикр шуда бошад валлохул муваффак[6,с.2].Устод Абдулманнони Насриддин аз аввалин мухаккикони шурухи адабй дар адабиётшиносии точик ба шумор мераванд, ки аз матолиби ин шарх, ки дар тасхехи Мударриси Разавй дар соли 1340 интишор ёфтааст, дар чараёни баррасии маърифати адабиёт ва заминахои шархнависй дар адабиёти форсй истифода карда, мавориде дар тафсири вожагону таъбироти махсус аз маънигузорихои Абулхасани Фарохони истинод кардаанд [2,с.59].

Шархи дигаре, ки ба касоиди Анварй навишта шуда, ба калами Мухаммад ибни Довуд ибни Мухаммад ибни Махмуд Алавии Шодиободй тааллук дорад, ки он асосан шархи мушкилоти девони шоирро фаро мегирад ва бояд афзуд, ки ин шорех хамин гуна як шархе ба девони Хоконй низ навиштааст. Ин шарх хам дар фехристхо ва таркиби осори дигар ба номи "Шархи касоиди Анварй" ёд шудааст. Забехулло Сафо таъкид намудааст, ки "Гунчонидани матолиби дакик аз улум таълифи шурухеро бар девони y эчод кард монанди шархе, ки Мухаммад ибни Довуд Алавии Шодиободй навишт [8, с.574-575]. Муаллифи шархи мазкур аз ахолии Шодиобод аст, ки онро Манду хам гуянд ва ин шахрест, ки онро пойтахти яке аз вилояти Х,инд бо номи Малва меноманд. Ин шарх аз таълифи Фарохонй пештар навишта шудааст ва ишорати Сайид Ч,аъфари Шахидй, шорехи муосири касоиди Анварй ба ин ки Фарохонй аз шархи y бар девони Хоконй истифода кардааст, ин матлабро боз хам таъйид мекунад. Х,арчанд рочеъ ба шархи мазкур накду назархои мухталиф чой дорад ва аксаран ишорат бар он мекунанд, ки Шодиободй бар пояи завки хеш ва бидуни мутолиаи осори пешиниён ин шархро навиштааст,

вале ба кавли Саид Ч,аъфари Шахидй "аммо зикри ин нукта лозим аст, ки кушиши Шодиободиро чй дар шархи байтхои Хоконй ва чй дар шархи мушкилоти Анварй нодида набояд гирифт... Нахустин касест, ки ба шархи байтхои мушкили Анварй пардохтааст... [8 ,с.576] .

Шархи савуми кухан ба касоиди Анварй ба калами Мухаммад ибни Абдураззок ибни Начафалии Дунбулии Табрезй ба шумор меравад. Ин шарх ба соли 1250 навишта шудааст ва он ховии шархи кисмате аз касидаву мукаттаоти Анварй мебошад. Дар сабаби аслии нигориши шархи мазкур муаллиф навиштааст: "... Ва ба назар ба ин ки хама касоиди Девони у машхун ба киссаву махорати нарду шатранч, хикмату риёзиву нучум ва маониву баён аз итнобу эъчоз ва аз тарсеъу истиораву киноя ва хакикату мачоз ва дар Х,азрати борифъат ва-л-мукаррам ва саййидулафчам соналлоху таъоло миналофоти ва хифзатухуллохи таъоло минал балиййоти, ки аз рохи рифъат ва мархамат ва шафкат халли мушкилот ва кашфи гомизоту румузоту таъкидоту муаммиёт мефармуданд, ин зарраи бемикдор бар худ лозим ангошт, ки матлаб ва муроди нозимро дар тахти манзум ба тарики эчоз нигошта.... [8,с.591].

Албатта, бахсу баррасии чойгохи ин шурух бар касоид ва мукаттаоти Анварй мавзуи пажухише чудогона аст, ки санги бунёди онро устоди равоншоди мо Абдулманнони Насриддин гузоштаанд. Аммо хадафи аслии ручуъ ба шарххои мазкур боз хам зикри шухрату махбубияти Анварй дар пахнои адаби форсй ва тамоми каламрави он ба шумор меравад, ки дар сарзамини Х,инд ба калам омадани яке аз шурухи ёдшуда ба ин нукта таъкид меварзад. Фузун бар ин, таваччухи шорехон ба шарху тафсири мушкилоти Девони Анварй, хоса касоид ва мукаттаоти у бори дигар ба пешинаи таърихии таваччух ба шинохт, тахкику баррасии офаридахои хунарии ин паёмбари касида мекунад.

Хдмин тавр, ручуъ ба каламрави адабиёти форсизабони Фароруд бозгуи ин амр аст, ки нуфузи Анварй дар ин пахнои адабиёти гузаштаи мо чашмрас будааст ва бо истикбол аз китъаи фавкуззикр дар бораи макоми маънавии Анварй дар баробари Фирдавсиву Анварй шоири номвар Накибхон Туграли Ахрорй низ фармудааст: Ца^они назмро султон ча^оранд, Ки %ар як боги донишро ба^оранд. Авал - Фирдавси, он к-аз хоки Ту с аст, Аз у руйи сухан руйи ару с аст! Дувум - Саъдй, ки у сар зад зи Шероз, Расад шерозиёнро бар ца^он ноз! Севум - сарви риёзи Цум - Низоми. К-аз у мулки сухан бошад тамоми! Ча^орум - Анвари, к-у сар баровард Чу оби пок аз хоки Абевард! [5, с.702].

Ин суханвари номвари мактаби пайрави Бедил дар касидаи бузургони хеш низ чанд маврид ба макоми Анварии Абевардй дар касидасарой бахои баланд дода, хатто дидгоххои ин шоири сарояндаи мадху саноро рочеъ ба шоирони дигар арч гузоштааст. Аз чумла, вакте Абулфарачи Руниро хамчун шоири маънибаланд эътироф мекунад, ба Анварй инстинод меварзад: Булфарац, он шоири маънибаланд, Анвари дар даъвии назмаш гувост [5,с.580].

Дар баробари ин, чойгохи Анвариро ба хадде боло мешуморад, ки хар ки аз пайи у равад ва даъвии аз вай гузаштанро бо худ дошта бошад, он гох дар рузи равшан пайи пояш яъне рохаш сиях аст, яъне ба чое натавонад бирасад, чун макомаш ба худи вай хос бошад: Му^ташам ар рафт пайи Анвари, Руз сафед аст, пайи у сиёст [5,с.581].

Фузун бар ин, ба ду касидаи Анварй, аз чумла «Фирокнома»-и у чавобия навиштани Накибхон Туграл на танхо ба иродати у ба каломи ин Х,акими суханвар, балки ба нуфузи маънавии ин шоир дар замони зиндагонии у, яъне поёни карни нуздах ва ибтидои бист гувохй медихад.

Вале нуфузи идеологияи сиёсии хос дар замони Шуравй боис омад, шоире, ки то ин замон ба хукми паёмбари касида ва ё мадху ситоиш эътироф гардида, чойгохи махсусе дар каламрави адабиёти беш аз хазорсолаи мо доштааст, то андозае ба иллати чавобгу набудани шеваи суханварии вай, яъне мадху санои ахли дарбор дар макоми шоирони дасти дувум карор гирифта, таваччух ба шинохти шеъру андешааш камтар гардад. Маълум аст, ки мутобики принсипхои хоси адабиётшиносии замони Шуравй адабиёти классикии точик ба ду шоха-адабиёти пешкадам ё прогрессивй ва адабиёти дарборй ё хатто реаксионй кисмат мешуд, ки

Анварй ва дигар сyxанварони хамшеваи вай ба шоxаи дувум шомил бyда, бештар мавриди интикод карор мегирифтанд. Ин равиш то хадде таъсиргyзор бyдааст,ки ба навиштаи анваришиноси точик профессор Абдyрашид Самадов «...дар он давра Анварй чун шоири маддох ва касидасаро мавриди адабиётшиносии советии точик карор гирифта буд. Х,атто устод Айнй номи Уро шомили «Намунаи адабиёти точик» (1926) Уро шомили «Намунаи адабиёти точик накарда ва мураттибони «Намунахои адабиёти точик» (1940) бо такя бар равиши марксиста, ба далели идеологияи комунистй зарур нашумориданд, ки «паёмбари касида» -ро доxили ин китоб кунанд [3, с.14].

Вале новобаста ба нуфузи меёърхои роич мактаби адабиётшиносии миллии мо адабпажухоне ба майдони тахкик кадам гузоштанд, ки ин мукарраротро сарфи назар намуда, ба чавхари шеъру андеша ва сабки сyxани Анварй рох кушоданд. Бегумон яке аз ин мухаккикони анваришинос xyди профессор А.Самадов мебошанд, ки ишорате фавк аз дидгохи xоси y ба шиноxт ва маърифати макоми ин сyxанвар паём мерасонад. Албатта, чунонки xyди y эътироф мекунад, интиxоби ин рох дар навбати аввал махсули рахнамоихои бевоситаи адабпажухони матин ва донишмандони сохибназар замон ба шумор меравад, ки яке аз онхо профессор Расул Х,одизода мебошанд. Ба таъкиди анваришиноси мазкури точик яке аз аввалин мухаккикони зиндагонй ва осори Анварй махз хамин донишманди сохибноми точик шиноxта шудаанд. Ин аст, ки А.Самадов дар мукаддимаи китоби тозанашри xyд «Анварй: Ч,усторхо дар рузгору осор» -и xyд пазируфтани чунин рохи душвор ва мушкилписанди тахкики адабиёти классикро дар мисоли ин сyxанвари сохибназар бад-ин гуна тафсир кардаанд, ки вокеан шоистаи истикбол аст: «... омузиши рузгори Анвариро ба сифати мавзуи тахкики банда пешниход намудани профессор Расул Хрдизода ва розй шудану ба ин кор дасту остин барзадани ман чуръат ба хисоб меёфт [3, с.14].

Хдмин гуна, нашри нави китоби ин донишманди сохибназар ва мухаккики пуркор рочеъ ба Анварй вокеан дар навбати аввал падидаи тозае дар шиноxти зиндагинома ва мероси адабии ин сyxанвар ба шумор меравад. Хдрчанд аз огози корномахои анварипажухишии устод А.Самадов наздики 47 сол мегузарад ва бо таъкиди xyдашон гуё муддате аз ин рох бо сабабхои маълуму номаълум канор рафтаанд, вале эхсос мешавад, ки солхо дар ин рох захматхои тулонй кашида, барои эчоди як равиши xос дар тахкику баррасии рузгор, пайкор ва сабки сyxани як шоири дар асл дар Точикистон ба дурустй ношиноxтавy аммо маъруфи адабиёти гузаштаи мо накш гузоштаанд. Ч,олиб он аст, ки ин мухаккики сохибназар бо он ки дар таъртаи адабиёти гузаштаи мо Анварй паёмбари касида эътироф шудааст, аммо баррасихои илмии xешро гайричашмдошт аз тахкики чойгохи газал дар эчодиёти шоир шуруъ намудаанд. Мусаллам аст, ки шояд то чое таъсири сиёсати замон хам дар шеваи инттаоби мавзуъ хаст, чун солхои шуруъи тахкикоти илмй, яъне агар хамон соли дифои рисолаи номзадй, яъне 1974-ро кабул намоем, касида дар бахсу баррасихои адабиётшиносй чунин навъи шеърии xоси адабиёти дарборй маъруф буд. Имкон дорад, ки хамин омил барои инттаоби ин мавзуъ бетаъсир намонда бошад, аммо дар умум тавре таъкид хам шуд, ручуъ ба маърифати шеъру андешаи Анварй дар он айём ибтикоре вокеан сутуданй ба шумор меравад. Ишороте дар мулохизоти xyди муаллиф чй дар сарсyxан ва чй мусохибаи шомили китоб дида мешавад.

Вале ба назари мо, инттаоби тахкику баррасии вежагихои газал дар эчодиёти Анварй аз чониби А.Самадов аз он чихат хам кобили истикбол ва дорои ахамияти шоистаи илмист, ки аксаран донишварону тазкиранависон, мухаккикони ватаниву xоричй бо назардошти он макоми шоир дар иншои касида дар сатхи xеле олй эътироф шуда, хатто паёмбари ин навъи шеърй шиноxта шудааст, то чое чойгохи дигар навъхои шеърй дар таркиби мероси адабии шоир ба дурустй дакик нагардидааст. Х,арчанд дар каламрави адабиёти классикии точик хунари шоирии Анварй дар эчоди ин навъи шеърй хам аз суи пасовандони вай сутуда шудааст, аммо нубуги шоирии вай дар касидасарой омил ба таваччухи ками пажухишгарон ба ин баxши мухими эчодиёти сyxанвар гардида. Аз ин нигох, чи дар замони таълиф, чй дар нашри тозаи он, ки дар таркиби рисолаи «Анварй: Ч,усторхо дар рузгору осор» чой гирифтааст, рисолаи А.Самадов бо номи «Анварй ва газалиёти у», ки асоси рисолаи номзадии эшонро ба вучуд оварда, бо ишорати xyди эшон соли 1988 тарики нашриёти «Дониш» руи чоп омадаст, аз чанд чихат кобили таваччух ва хоизи ахамияти мухими илмй мебошад. Бегумон, ин мухаккики пуркор бори аввал дар адабиётшиносии точик муваффак бар он гардид, ки макоми барчастаи хунарии Анвариро на танхо дар эчоди навъи касида, балки дар жанри газал мукаррар намояд, ки ин бешак ба нубуги шоир у ва тачрибахои нодираш дар аксари анвои мутадовили шеъри гиной таъкид меварзад. Аз дигар су, дар замоне, ки хануз навъи газал ба таври зарурй аз диди хунариву мавзуи ин марохи ташаккули xyдро тай менамуд, тачрибахои нодири Анварй ва сабку

саликаи вай дар эчоди ин навъи шеъри гиной баробари таъйиди макоми хунарии вай аз сахми назарраси шоир дар ташаккули он низ гувохй медиханд. Андешаву тахлилхои амики А.Самадов хакикати бебахси ин дидгоххоро собит намудаанд. Бар пояи тахкикоти анчомдода ва баррасии муло хиз оти донишм андони анваришинос собит намудааст, ки паёмбари газал Саъдии Шерозй, ки уро Х,офизи Шерозй устоди газал хам номидааст, макоми хунарии Анвариро дар ташаккули газали форсй эътироф намуда, ба бештари газалиёти шоир таттабуъ навиштааст. Аз чумла, муаллифи китоби мавриди назар бо такя бар андешахои Бадеуззамони Фурузонфар менависад, ки «Бадеузамони Фурузонфар низ ба Саъдй писанд омадани газалиёти Анварй ва пайравии у аз онхоро зикр намудааст[16, с.364].

Дар хакикат, дар бисёр газалхои Саъдй, ки аксари онхо мазмунхои реалистй доранд, фасохату латофат, лафзу маънй ва сабку сухани Анварй ба мушохида мерасанд [3,с.81].

Ба чунин натичахои илмй расидани муаллифи асар танхо бар асоси тахлилу мукоисахои дидгоххои олимони ватаниву хоричй, аз чумла Наима ^аххорова, Забехулло Сафо, В. Жуковский ва дигарон сурат нагирифтааст, балки у дар ин рисола ба таври ичмолй сайри таърихии навъи газалро аз замони устод Рудакй то асри Саъдиву Х,офиз низ тахкику баррасй кардааст, ки дар ин миён мулохизахои илмй, тахлилхои анчомдодааш бо такя бар дидгоххои пажухишгарон бевосита маком ва чойгохи Анвариро дар инкишофи газал хам дар асри худ ва хам дар куруни баъдй мукаррар намудааст. Истикболи накду назархои мушикофонаи мухаккик, шорех ва мураттиби девони Анварй Мударриси Разавй, ки дар ин самт хеле амик рафтаву чойгохи шоирро дар рушди маънавии газали классикии точик баён доштааст, ба таваччухи амики А.Самадов дар ковишу чусторхои амики масъалаи мавриди назар ишорат мекунад. Ин донишманди точик бар пояи тахлили газалиёти шоир ва дидгоххои анваришиноси мазкур шеваи хоси газалсароии Анвариро эътироф намуда, ба накду назари у ба шевае ручуъ мекунад, ки мулохизоти хар ду мухаккики ашъори шоир мавкеи уро дар рушди навъи газал дар замони худи вай ва накши муассири шоирро дар идомаи рохи тахаввули ин навъи мустаъмали шеъри суннатй мукаррар месозад.

А.Самадов дар заминаи мутолеаи мабохиси олимони ватаниву хоричй нихоят ба хулосае расидааст, ки хамон назари Бадеуззамони Фурузонфарро, ки зикраш рафт, аксар мухаккикони баъдй , аз чумла Забехулло Сафо, Мударриси Разавй, Ян Рипка ва дигарон такрор кардаанд ва ба кавли ин мухаккики точик хатто «ба он ягон факти тозае илова накардаанд» [3,с.82].

Дар заминаи омузиш, тахкику баррасй ва мукобилаву мукоисахои нусхахои хаттй ва чопии девони Анварй мухаккик дакик намудааст, ки аз ин шоир то кунун 340 газал то мо расидааст. Хдрчанд Сайид Нафисй, Мударриси Разавй ва дигарон дар чараёни тасхехи Девон шумораи газалхои шоирро 332 ва 322 мукаррар кардаанд, аммо самараи чусторхои худи А.Самадов, ки бештар ба нусхахои хаттии махфуз дар китобхонахои Санкт-Петербург, Душанбе ва Балх таваччух кардааст, имкон фарохам оварда, ки 6 газали нави Анвариро бевосита пайдо намуда, теъдоди аз хама дакики газалхоро мукаррар созад. Ч,ой гирифтани чанд маколаи марбут ба ин мавуъ дар ин китоб ва баробари ин иншо ва нашри чанде аз маколахои вобаста ба тахкики нусхашиносй ва кашфу нашри газалхои тозаи шоир дар мачаллахои кишвари Афгонистон низ мачмуи талошхои босамари мухаккикро дар такмили девони шоир бозгуй мекунад ва боварии комил дорем, ки дар нашрхои баъдии девони Анварй ин бозёфтхои А.Самадов дар кишвархои форсизабон истифода хоханд шуд.

Бо такя бар ин шеваи тахкики муаллиф метавон нуктаеро низ афзуд, ки дар китоби мавриди назари у масъалахои нусхашиносии девони Анварй, тавсифи нусхахои хаттй ва чопии он бо шеваи матлуби илмй баррасй ва тахкик шуда, арзиш ва ахамияти китобро боло бурдаанд. Баробари ин, мутолеаи рисола ва маколахои чудогона, хоса мусохибаи муаллиф ба журналист ва мухаррири китоб Одили Нозир сахми бевоситаи мавсуф дар тахия ва нашри девони точиконии шоир низ равшан мешавад, ки ин нукот хам накши мухим ва муассири муаллифи китобро дар шинохти шеър ва андешаи Анварй собит месозанд. Дар бахши савуми китоб зери унвони «Паёмбари назм» манзур гардидани гузидахое аз ашъори шоир, аз чумла матни касидаи «Ашкхои Хуросон», силсилаи рубоиёт низ аз дигар су сахми назарраси муаллифро дар кори тасхех ва дарёфти ашъори тозаи шоир бозгуй мекунанд.

Мутолеаи бахши марбут ба газалиёти Анварй, ки асли баррасихои илмии профессор А.Самадовро ба вучуд овардаанд, нукотеро мусаллам мегардонад, ки вокеан асари мазкур бо шевахои хоси пажухандагй аксари тамоюлхои сабкиву мавзуй, хунариву бадеии газалиёти шоирро фаро мегиранд. Мавзуъ ва мундаричаи газалиёт, ба сурати бахсхо рочеъ ба чойгохи ишк дар ин навъи сурудахои шоир, маю майгусорй, риндиву каландарй, бозтоби мухити ичтимой, макоми кахрамони гиной ё лирикй дар газал ба риштаи тахкик кашида шудаанд. Ин

шеваи хоси тахкики анчомдода низ дар тайъини накш ва макоми Анварй дар бозтоби мавзуоти ирфонй, аз чумла эчоди газали каландарй, ки баъдан дар адабиёти тасаввуфии форсу точик ривочи тамом касб карда, дар эчодиёти Саной нуфузи пайдо намуд, кобили ахамият аст. Дар тахкики ин чанбаи мухими мавзуии газалиёти шоир тачассуми афкори ирфониву фалсафй дар сурудахои суханвар мукаррар гардида, сахми муносиби у дар инкишофи газали ирфонй ва ташаккули адабиёти тасаввуф мукаррар шудааст.

Мабохиси муаллиф дар заминаи сохторшиносии газалиёти Анварй низ чолиби таваччух аст, зеро бо шеваи махсуси ба кор гирифтани равиши тахкикии оморй ва таъйини дакики вазнхои газалиёт микдории умумии онхоро вобаста ба шумораи байт, бахр мукаррар кардааст. Пажухишхои анчомдодаи нависандаи китоб маълум менамояд, ки дар Девони Анварй 23 адад газали чорбайтй, 83 адад панчбайтй, 60 адад шашбайтй, 55 адад хафтбайтй ва монанди ин мавчуданд ва маълум мешавад, ки газалхои панчбайтй нуфузи бештар доранд. Аз назари нуфузи бахрхо бошад, тахкики амики анчомдода муаллифи китоб муайян кардааст, ки дар умум Анварй аз 12 бахрхои асливу фаръй ба кор гирифтааст, ки дар миён авлавияти бахри хачаз бо фарогии 112 газал таъкид шуда.

Дар боби аввали рисола, ки «Ахвол ва осори Анварй» унвон дорад, зимни баррасии таркиби девони шоир хамин шеваи тахкикро дар муносибат ба касоид ба кор гирифта, муайян кардааст,ки дар умум аз ин суханвар то замони мо 60 касида расидааст, ки аз лихози хачм бузургтарини он 105 байт мебошад. ^асоиди бистбайтии у аз хама бештар будаанд, ки 8 ададро ташкил медиханд. Хдрчанд баррасй ва тахкики чанбахои куллии дигар анвои осори Анварй ба мехвархои аслии пажухишоти илмии мухаккик шомил набудаанд, аммо вай бо истифода аз ин равиши матлуби илмй хеле аз нукоти мухими вобаста ба эчодиёти шоирро дакик ва мушаххас кардааст. Х,амин тавр, хатто теъдоди касоиди насибдор, махдуд ё мучаррад, думатлаъдорро низ дакик кардааст, ки дар ин рисола ахбор ва асноди мухими илмии хосили ковишхои муаллиф ба шумор мераванд.

Баррасихои дигари марбут ба пешинаи вучуд ва чойгохи тахаллус ва алкоб дар адабиёти форсу точик, аз чумла ашъори Анварй низ аз ахамияти шоёне бархурдоранд. Маълум аст, ки хар масъала ва ё мавзуе, ки дар рисолаи А.Самадов ба риштаи тахкик кашида мешавад, дар баробари арзиш ва ахамияте махсус доштан, ибтикори шоир ва ё вежагии мухими каломи уро бозгуй мекунад. Аз ин лихоз, ба масъалаи тахаллус ё байти тахаллус ручуъ намудани муаллифи китоб хам бесабаб нест, зеро дар нихояти баррасии ин мавзуъ боз хам як икдом ё корномаи суханвар дар ташаккули сохтории газал баён мегардад. Мухаккик бар пояи пажухишхои амики хеш дар заминаи такя бар сарчашмаву манобеи кухан доштан нахуст дакик намудааст, ки байти тахаллус ё мачмуан лакаби шоир газалиёти у дар мактаъ, кабл аз мактаъ ва байти савуми пеш аз байти нихой чой гирифтаанд ва боз хам истифодаи равиши тахкики оморй мукарррар кардааст, ки дар 105 газали шоир тахаллуси дар чойгохи аслии хеш, яъне байти мактаъ омадааст. Дар умум 122 газали Анварй дорои байти тахаллус мебошанд ва мачмуан ин пажухишхои анчомдодаи у мукаррар сохтааст, ки ба кавли Лутфалибеки Озар ин суханвари мумтози касидасаро дар газал ислохоте карда, аз чумла хурдак-хурдак чун Х,аким Саной дар поёни газалиёт тахаллуси худро биёварда, дар мазомини латифтар сухан соз кардааст[117, с.218].

Хулоса баъд аз Анварй дар газал овардани лакаб хеле расм шуда, ин расм дар назми асри XIII як коидаву конуне гардид, ки мисоли онро дар газалиёти Саъдии Шерозй равшан мебинемю [3, с.134].

Дар боби чоруми рисолаи мазкур, ки «Хусусиятхои бадей ва системаи образхои газалиёти Анварй» унвон гирифтааст, хамчунин ба мушохида мерасад, ки хеле аз масъалахои мухими марбут ба шинохти вежагихои сабкии газалиёти суханвар ба риштаи тахкик кашида шудаанд. Дар навбати аввал, мухаккик бар пояи мутолеаи тазкирахо, газалиёти Анварй ва шоирони хамасри у мушаххас намудааст, ки ин шоири сохибназар харчанд бештар аз Абулфарачи Рунй татаббуъ карда, ба таъбири мухаккик «аз хондани девони шоир илхом гирифта, гохе ба як вазну кофия ва гохе ба мисраву байтхои ин шоир тазмин кардааст, аммо истиклоли назар ва сабки сухани вай дар бештари маврид хувайдост. Х,амзамон, таъсири сабки газалиёти Абдулвосеи Ч,абалй ба ин навъ сурудахои Анварй аз диди корбурди ташбехот ва таркиботи шоиронаро низ мукаррар сохта, вале боз хам истикболи шоирони маъруфи дигари ин даврон, чун Хоконии Шарвонй баёнгари истиклоли сабкиву хунарии у дар газалсароист, ки омил ба ин таассур гардида. Аз ин ру, мухаккик дар заминаи мукоиса ва мукобилаи газалиёти хар ду шоир муайян сохта, ки «Хоконй газалхое дорад, ки дар онхо аз газалхои Анварй мисраъ ва байтхо тазмин шуда, ё аз чихати мазмун ба хам наздиканд [3,с.140]. Бо зикри чандин намуна ин андешаи худро собит намудааст.

Дар чараёни тахкики чойгохи воситахои тасвири бадей як равиши тозаеро мухаккик пеша кардааст, ки омузанда ва нишонаи мутолеаи дакик ва баррасии мушикофонаи масъалаи мазкур ба шумор меравад. Ба таъбири худи муаллиф, у баробари тахкику бозгуии чанбахои хунарии газалиёти Анварй бар асоси шевахои корбурди саноеи бадей каталог ё фехристи ташбеху истиорот ва вожаву таркибхои ифодакунандаи симои зохирй ва ботинии кахрамон, ки дар истилох эпитет мебошад, мураттаб намуда, ба ин васила басомади корбурди онхоро дар таркиби ашъори шоир мукаррар сохтааст, ки вокеан чолиби таваччух мебошад. Хдмин тавр, фехристи вожагони муфассири холат зохириву ботинй, ифодакунандаи ошику маъшук, ташбехоту истиорот, вожагону таркиботи баёнгари мафохими маю риндй, истилохоти ирфонй дар газалиёти шоир бо зикри басомади корбурд ва сахифаи девони мавриди истифодаи муаллифи китоб мураттаб шудааст, ки дар тайъини бисёре аз чанбахои хунарии ин навъи сурудахои шоир ва дар умум бозгуии вежагихои сабкии газалиёти шоир аз ахамияти мухиме бархурдор аст.

Хулосахои илмии муаллиф аз баррасии мавкеи газал дар эчодиёти Анварй хеле дакику мустанад буда, мухимтарин вежагихои хунариву мавзуи ин навъи шеърй дар таркиби девони шоир мушаххасу муайян шудаанд. Мухаккики дакикназар мачмуи баррасихои анчомдодаи хешро натичагирй намуда, хулосахои хешро доир ба сохторшиносии газалиёти шоир, шумораи абёт, теъдоди бахрхои мавриди истифода, таъсирпазириву таъсиргузорй, макоми шоир дар ташаккули ин навъи шеърй, тозакорихои шоир, теъдоди умумии саноеи бадеии мавриди истифода, вежагихои сабкиву забонй изхор доштааст, ки хар яке мустанад ва мудаллал баён гардидаанд. Боиси каноатмандист, ки муаллифро имкон даст додааст, ки солхои фаъолият дар Афгонистон ин рисоларо бо хатти форсй омода намояд, ки бо машварати устоди хамкори муаллиф, адабиётшиноси номвари точик Олимчон Хочамуродов ва кумаки донишмандону мухаккикони сохибназари ин кишвари ба мо дуст ва бародар дар нашриёти «Хуросон» ба чоп расидааст. Нашри форсии китоби мазкур худ ифодаи эътирофи арзишхои мухими илмии он дар доираи хавзахои илмии кишвархои форсизабон ба шумор меравад.

Албатта, дар ин асари арзишманд рочеъ ба зиндагинома, мероси адабии шоир, инчунин вежагихои дигар анвоъи шеърии таркиби эчодиёти у мулохизахои хеле судманд баён шудаанд, вале таваччухи аслии мо дар мавриди тахкики мавкеи газал дар миёни осори Анварй, пеш аз хама, ба он хотир буд, ки вокеан муаллиф дар ин чода ба кавле бо эхсоси зарурати нигохе дигар ба шинохти макоми шоир дар адабиёти классикии точик ручуъ намуда, дар заминаи тахкикоти анчомдода мукаррар кардааст, ки Анварй на танхо дар эчоди касида, балки дар дигар анвоъи шеърй шоири сохибмактаб ва хунарманд аст. Бештари тазкиранависон ва мухаккикон бо таваччух ба макоми Анварй дар касидасарой ба эчодиёти у муносибат намудаанд, вале арзиш ва ахамияти ин рисолаи пурбор хам дар он мучассам аст, ки чойгохи газал дар эчодиёти шоир ва накши муассири у дар ташаккули ин навъи роичи суннатии шеъри форсй бори аввал аз махз аз суи ин донишманди точик аз чанд дидгох ва самту тамоюл ба риштаи тахкик кашида шудааст.

Икдоми фарохам овардани мачмуи тахкикоти дар бораи Анварй анчомдодаи мухаккик сохибназар А.Самадов дар як китоб, ки дар ин амри савоб сахми мухаккик ва журналисти сохибназар Одили Нозир ва мунаккиду адабиётшиноси маъруф Субхони Аъзамзод назаррас аст ва худи нависандаи китоб хам ин хадамоти адабпарваронаи хар дуро арч ниходанд, дар хакикат омил ба ичрои як вазифаи бузурги адабпажухй, рисолати маорифпарварй ва кори неку савоб шудааст. Фузун бар ин баррасихои мухими илмй, ки дар заминаи таълифи тахкикоте рочеъ ба газалиёти Анварй сурат гирифтааст, дар мачаллаву фаслномаву мачмуахои илмй маколахои зиёди муаллиф ба чоп расидаанд, инчунин рисолаи алохидаи эшон хам бо номи «Анварй» дар соли 1987 интишор ёфта, ки хамагй домонаи густардаи анваришиносии ин адабиётшиноси точикро шарху тафсир мекунанд. Новобаста ба он ки давоми рохи пажухишии хешро А.Самадов бо амри ичрои рисолоти илмй майлоне дигар бахшиданд, вале хадамоти пажухишии солиёни зиёд дар мавриди Анварии Абевардй ва мероси адабии у ба сомон расонидаи ин мухаккики пуркор худ хикоят аз он мекунад, ки эшон дар бунёди мактаби илмии анваришиносии точик ба хукм аввал пажухишгари рузгор ва осори шоир асахми арзандае гузоштаанд.

Х,оло, ки бо хавсалаи тамом мачмуи ин тахкикотро дар як мучаллад фарохам оварда, бо тачдиди назар самараи кори беш аз чилсолаи хешро нашр намуданд, худ хамин сарогози як диди нав, эчоди рохи тоза ва шуруи мархилаи дигар дар анваршиносии точик аст. Бо итминон метавон изхор дошт, ки бо ичрои ин рисолати илмй худ аз аввалинхо шуда дар тахаккуки ин ташаббус ва пешниходи шоистаи истикболи хеш икдом намуданд. Албатта, бахшхои дигари

китоб, ки ховии баррасии зиндагинома ва мероси адабй, маколоти чудогонаи муаллиф дар шинохти рузгору осори Анварй, нусхахои хаттии девони шоир дар китобхонахои олам, пажухиши пахлухои дигари таълифоити шоир мебошанд, арзишхои коим бар шевахои хоси матлуби илмиро сохибанд, ки мо танхо дар мавориди зарурй чо-чо бар онхо ишорат кардем.

Таснифи расоил ва маколахо, корхои дигари марбут ба тасхех ва тахияи ашъори шоир дар панч боб худ бори дигар аз он паём мерасонад, ки дар ин чода мухаккики сохибназар А.Самадов талошу корномахои фаровонеро ба сомон расонидаанд ва хатто аз мусохибаи дар ин китоб омада маълум мешавад, ки на хама махсули ковишу чустор ва пайкорхои илмии эшон ба ин китоб ворид шудаанд. Аз чумла, чое таъкид кардаанд, ки мукаддимаи Мударриси Разавиро ба девони Анварй дар огози солхои 90-ум баргардон ва дар мачаллаи «Маърифат» чоп кардаанд, ки ба таъбири худашон «рисолаи мукаммалеро мемонад» [3,с.290]. Ба андешаи мо, агар ин кори мухим ва судмандро, ки дар анваршиносй хеле мухим аст, барои мутолеаи ва бахраварии мардуми точик, хоса мухаккикони чавон ба ин китоб хамчун махсули корхои тахиянамудаи худ дар баробари намунахои ашъор ворид мекарданд, мувофики максад мебуд, чун барои хонандаи точик ин икдоми файзбор хамчун махсули захмати устод муаррифй мегардад.

Хдмин тавр, бо нашри китоби «Анварй: чусторхо дар рузгор ва осор» кадаме дигар бо диде тоза дар анваршиносии точик гузошта шуд. А. Самадов ба унвони нахуст мухаккики рузгор ва осори Анварй боз хам дар мархилаи нави тахаввули адабиётшинсоии точик, дар замоне, ки мачмуи равишхои матлуб, шевахои пешкадами шинохту маърифати адабиёт руи кор омадаанд, ба чунин икдом даст заданд. Чунонки худашон хам эътироф намудаанд, дар баробари ин донишманди точик сахми устодони бузурги адабиётшиносй Расул Х,одизода, Ахмад Абдуллоев, Чумабой Азизкулов хеле бузург аст. Дар идомаи ин рохи анварипажухй баъдан тахкикоте кобили мулохиза ва арзишманд аз суи адабиётшиноси точик Искандар Икромов ба сомон расидааст, ки муаллиф аз арзиш ва ахамияти корхои ин мухаккик низ ёдовар шудааст. Баробари ин, соли 2011 яке аз пажухишгарони точик Ёрмахмадов Шермахмад дар мавзуи "Жанри китъа дар эчодиёти Анварии Абевардй" зери рахнамоии профессор Х. Шарифов рисолаи номзадии хешро ба дифоъ расонидааст, ки асосан баррасии вежагихои жанри мазкурро дар миёни дигар анвои осори шоир фаро мегирад.

Аммо хануз мушкилот ва муаммои зиёде дар тахкики мероси Анварй дар кишвари мо зиёд аст ва чунонки худи А.Самадов хам ишорат карданд, барои рушди анваришиносй аввалин коре, ки бояд анчом дода шавад, тахия, тасхех ва нашри Девони комили шоир ба шумор меравад. Дар анчоми ин кор рахнамоихои ин донишманди сохибноми точик барои шогирдон мухим аст, зеро аз навиштаву тахкикоти анчомдодаашон маълум аст, ки ба нусхахои зиёди хаттии Девони Анварй дастрасй ва хатто дар ихтиёр доранд ва гумон мекунам, ки истифода аз онхо барои анчоми як нашри илмй- интикодии мероси адабии шоир имконият фарохам меоварад. Ба андешаи мо, дар баробари нашри Девони шоир зарурати тахия ва тасхехи шарххои кухани Девони шоир, ки дар ин макола рочеъ ба се нусхаи он сухан рафт, низ пеш омадааст.

Соли 2000 мухаккик ва мунаккиди сохибном, доктори илмхои филологй Точибой Султонзода рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Шархи касоиди Хоконй»-и Алавии Шодиободй ва масъалахои маърифати бадеии ашъори Хоконй» тахти рохбарии профессор Абдуманнони Насриддин ба дифоъ расонидааст. Дар баробари ин, шархи яке аз касоиди Хокониро, ки «Миръоту-с-сафо»- ном дошта, аз чониби хамин шорех ба калам омадааст, бар асоси яке аз нусхахои хаттии шархи мазкур тахия, тасхех ва нашр намуд. Чунонки ишорат шуд, Алавии Шодиободй шархе бар касоиди Анварй низ навиштааст, ки ниёз ба тасхех ва тахкикро дорад ва дар умум икдом барои тахия ва тасхеху нашри ин шархро заминахои мусоидеро нахуст дар маърифати каломи Анварй, хоса касоиди у, ки саршори мафохим ва истилохоти улуми мухталифанд, фарохам меоварад. Аз суи дигар, ин тадбири мухим бахри эчоди шарххои нав бар ашъори Анварй, ки хамакнун дар кишвархои хамзабони мо аллакай шуруъ шудааст, низ омил мешавад, зеро маълум аст, ки хануз мушкилот ва муаммои фаровоне дар маърифати ашъори шоирони ин давра, аз чумла Анварй вучуд дорад, ки чунин шеваи муносибат, ибтикор ва икдомотро дар рохи маърифати шеъри шоирони ин ахд такозо менамоянд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Зарринкуб, Абдулхусайн. Бо корвони хулла/З.Абдулхусайн.- Душанбе: Пайванд, 2004.-306 с.

2. Насриддин, Абдулманнон. Куллиёт.(Дар хафт мучаллад).Ч.2.-Душанбе:Хуросон,2013.- 636 с.

3. Самадов,А.Анварй: Чусторхо дар рузгор ва осор/А.Самадов.- Душанбе: 2021.-432 с.

4. Самаркандй, Давлатшох. Тазкирату-ш-шуаро. Тахияи Мухлиса Нуруллоева. - Хучанд:

Ношир, 2015.- 544 с.

5. Туграл, Накибхон. Девон.Тасхех, тавзех, пешгуфтор ва баргардонй ба хати форсй аз Нуралй Нурзод. - Хучанд: Хуросон-Медиа, 2015.- 792 с.

6. Фарохонй, Абдулхусайн. Шархи мушкилоти девони Анварй. Тасхехи Мударриси Разавй. -Техро н : чопхонаи Д онишгох, 1340.- 354 с.

7.Фарохонй, Абдулхусайн. Шархи китаоти Анварй. Нусхаи хаттии махфуз дар китобхони Мачлиси Шурои миллй бо шумораи 9771.

8. Шахидй, Сайид Ч,аъфар. Шархи лугот ва мушкилоти девони Анварй/С.Ч,.Шах,идй. -Техрон: интишороти илмй- фархангй, 1372- 770 с.

REFERENCES:

1. Zarrinkoub, Abdul Hussein. With a Hulla Caravan. - Dushanbe: Payvand, 2004.-306 р.

2. Nasriddin, Abdulmannon. Collection of Compositions (in seven volumes). - V.2. - Dushanbe: Khuroson, 2013. - 636 p.

3. Samadov A. Anwari: Searches on Life and Creations. - Dushanbe, 2021. - 432 p.

4. Samarkand, Davlatshoh. Tazkiratu-sh-shuaro. Prepared by Mukhlisa Nurulloeva. - Khujand: Publisher, 2015. - 544 p.

5. Tugral, Naqibkhan. Devon. Correction, commentary, foreword and translation into Persian by Nurali Nurzod. - Khujand: Khuroson-Media, 2015. - 792 p.

6. Farahani, Abdul Hussein. Description of the Problems Beset with Anwari's Devon. Under the editorship of Razavi. - Tehran: University Press, 1340. - 354 p.

7. Farahani, Abdul Hussein. Review on Anwari's Devon. Written copy stored in the library of the Majlisi Shuroi Milli under number 9771.

8. Shahidi, Sayyid Jafar. Review on Anwari's Dictionary and Problems. - Tehran: Scientific and Cultural Publications, 1372. - 770 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.