Научная статья на тему 'RESEARCH PECULIARUTY PROBLEMS OF LYRIC POETRY'

RESEARCH PECULIARUTY PROBLEMS OF LYRIC POETRY Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
16
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПОЭЗИЯ / ЛИРИЧЕСКАЯ ПОЭЗИЯ / ФОРМА / СОДЕРЖАНИЕ / СЛОВЕСНЫЙ АНАЛИЗ / ЭСТЕТИЧЕСКИЙ АНАЛИЗ / ПОЭТИКА / МЫШЛЕНИЕ / ЧУВСТВО / РЕАЛЬНОСТЬ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Хакимов Аскар

Исследование особенностей формирования лирической поэзии является одной из самых сложных и малоразработанных сторон изучения мировой поэзии вообще, а в современной таджикской науке поэзия до настоящей работы, еще не была предметом глубокого анализа. Однако, без разработки данной проблемы невозможно достичь каких-либо основательных теоретических и практических результатов в выяснении специфических качеств лирической поэзии. В данной статье, носящей постановочный характер, рассматриваются суждения, как древних восточных и западных ученых, так и ее современных исследователей, указываются существенные стороны этой проблемы, как соотношение субъективного и объективного в проявлении разновидности поэзии лирического рода. Определяющим моментом в принадлежности тому или иному роду поэзии является особенность восприятия поэтом внутреннего и внешнего мира если оно выражено с преобладающим оттенком личностного переживания, как собственного опыта его жизни, то такой вид поэзии составляет ее лирический род.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПРОБЛЕМЫ ИССЛЕДОВАНИЯ ОСОБЕННОСТЕЙ ЛИРИЧЕСКОЙ ПОЭЗИИ

Research peculiarity formation of the lyric poetry is one the most complex and little studied sides explore the world of poetry in general, and in the modern Tajik science about poetry until present work has not been yet the subject of in-depth scientific analysis. However, without the research of this problem is impossible to achieve any thorough theoretical and practical results in clarifying the specific qualities lyric poetry. In this article, which bears the character of staging considered judgment as ancient Eastern and Western scholars as well as its modern researchers are indicated on the essential aspects of the problem, as the ratio of the subjective and the objective in the manifestation of varieties of lyric poetry. To point to, the define time in belonging this or that kind of poetry is peculiarity perception of the inside and outside world of the poet, but if it is shown with predominance shade of the personal worry of the poet, as own experience of his life, this kind of poetry is its lyric sort.

Текст научной работы на тему «RESEARCH PECULIARUTY PROBLEMS OF LYRIC POETRY»

общества, они, прежде всего, стремились высказаться о проблемах волновавших той времени. При изучении их творчества возникает ощущение в пользу света и знаний, настолько едины они по своему пафосу, что устремлены к единой цели. Это тесно связано с идеологией и политикой, со злободневными потребностями социальной жизни.

Ключевые слова: реформистские взгляды, просветительство, социальная жизнь, общество, А. Дониш, М. Акмулла.

EDUCATION AND REFORMIST VIEWS OF AHMAD DONISH AND MIFTAKHETDIN AKMULLA

Having analyzed the work of an outstanding thinker of the Tajik people, Ahmad Donish and poet and educator of Bashkir, Kazakh and Tatar peoples Miftakhetdin Akmulla, the author came to a conclusion that being in the middle of ideological struggle of society first of all, they tried to state problems agitated their time. While studying their works appears feeling in favor of light and knowledge and they are the same pathos that are directed toward a common goal. This is closely connected to the ideology and politics with the topical needs of social life.

Keywords: reformist views, enlightenment, social life, society, A. Donish, M. Akmulla.

Сведения об авторе: Муллоев Абдусамад, доктор филологических наук, проректор по научной работе Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: sinojon_2014@mail.ru

About author: Mulloev Abdusamad, doctor of philological sciences, vice-rector on scientific works of the Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

УДК: 891.550.09-1

МАСЪАЛАХ,ОИ ТАДЖИКИ ШЕЪРИ ГИНОИ

%акимов А.

Институти забон, адабиёт, шарцшиносй ва мероси хаттии Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Тадкики ташаккули мухтассоти анвои адабй - эпос, драма, лирика ва махсусан лирика, шеъри тиной, аз мураккабтарин масъалахои адабиётшиносист, ки дар мархилахои охири инкишофи адабиёт бо сабаби ба хам даромехтани навъхову жанрхо боз хам мушкилтар шудааст. Барои ичрои ин кор каблан зарур аст, дасти кам, дар бораи он ки худ шеър чист, пайдоишаш чй гуна аст ва чй тавр ба тиноию хамосй таксимбандй гаштааст, мухтасаран маълумот дода шавад.

^адимтарин назарияи пайдоиши моддию мантикии шеър, ки ба мо маълум аст, ба файласуфи Юнон Арасту тааллук дорад, ки бештар аз 2000 сол мукаддам дар асари у «Фанни шеър» баён шудааст. У асоси пайдоиши хунарро мухокот ба зиндагй маънидод карда, навиштааст: «Шеъри хамосй ва фочиавй, хамчунин мазхака ва мадхия, кисмати бузурги авлетика ва кифаристика - кулли онон, умуман гирем, хунархои мухокотй хастанд» [2, с. 40]. Дар ин таксимбандии аввалини назарй, ки аз чониби донишманди тарбй руи кор омадааст, ба се навъи хунари шеър, яъне адабиёт ишора шудааст, ки аз руи адабиётшиносии муосир онон адабиёти хамосй (фочиавй хам ба он дохил мешавад, зеро асли онхо ягона буда, хар ду хам ба навъи услуби олй тааллук доранд. - А. Д.), мазхакию мадхия, тиной ва ё бо таъбири тарбй - лирикй ном гирифтаанд. Авлетика, ной ва кифара асбоби мусикист, ки бо замзамаи онон ашъори тиной хонда мешуд ва он минбаъд дар замони эллинии инкишофи адабиёти Юнони бостон (дар асрхои III ва нимаи аввали II то солшумории милодй) лирика номида шуд.

Арасту харчанд дар «Фанни шеър» аз чинси лирикии адабиёт махсус бо ин ном сухан намеронад, аммо дар таксимбандие, ки аз руи тарзи мухокот ба зиндагй мекунад, хусусиятхоеро зикр менамояд, ки ба адабиёти лирикй тааллук мегиранд. У менависад: "Мухокот ба як чиз ва махз ба як чиз хангоме имкон дорад, ки дар бораи ходисае, хамчун чизе аз худ чудо, хамчунон ки Думер мекунад, хикоя карда шавад ва ё ба тарзе ки мукаллид хамчунон ки хаст, чехраи худро татйир надода, бо худии худ мемонад ва ё хамаи ашхоси тасвиршавандаро хамчун муфрадони омил ва фаъол мунъакис менамояд» [2, с. 45]. Дар хусусияти дувуме, ки муайян шудааст, яъне таклидгар хамчунон ки хаст,

чеxpаи хyдpо таFЙиp надода бо худии худ мемонад, асосан сифати адабиёти лиpикй баён гаштааст, ки зиндагиpо бо андешаи xиссиётманд ва таассypоти xаячонангез, ки аз он баpмедоpад, ба тасвиp мекашад. Таъpифи Apастy аз шеъpе, ки баъдан номи лиpикиpо гиpифтааст, имpyз ба назаpи мо хеле умумист, вале вокеияти адабии он замонpо ифода каpдааст. Ин маъниpо адабиётшинос Г. Н. Поспелов даp таxкикоти хеш зеpи унвони «Лиpика» даp боби «Гегел даp боpаи фаpкиятxои эпос ва лиpика» [14, с. 2З-З0] баён намудааст.

Hазаpияи аз мyxокоти xастй OFOЗ гиpифтани xyнаp, аз чумла шеъp, ки даp «Фанни шеъp» -и Apастy баён гаштааст, даp илми шеъpи шаpк низ доман гyстypдааст, ки натичаи таpчyма, тафсиp ва таъсиpи асаpи зи^шуда буда, даp pисолаxои оид ба фанни шеъp навиштаи Фоpобй, Ибни Сино, Ибни Рушд, Hасиpаддини Тусй ва дигаpон акси возеxи хyдpо андохтааст. Даp таълифоти ин мyxаккикон, ки бештаp донишмандони мантией буданд, ба моxияти шеъp назаpи мантией чой дошта, даp баpобаpи таъкиди лавозимоти шаклии он - вазну кофия ва саноеъи лафзию маънавй - даp боpаи хусусияти мyxтаво, мавод, мафоxими он низ изxоpи акида каpда шуда бошад xам, бисёp куллй ба назаp меpасад, ки бо мypочиат ба чанде аз ощо ин казия pавшан хоxад шуд.

Aбy Длй ибни Сино даp «Фанни шеъp» чунин менависад: «Шеъp сухане аст хаёлангез, ки аз суханоне мавзуну баpобаp сохта шуда ва назди аpабxо доpои кофия xам бошад... ва мухайялу шypангез сухане аст, ки нафс ба он мутеъ шавад ва бе xеч гуна тааммулу андеша ва rnraëp аз yмypе шоду хypсанд шавад ё аз yмypи дигаp гиpифта ва андyxгин гаpдад. Хулоса, инфиол ва таъсиpи нафсонй ва на аз pyйи фикp даp y xосил шавад, хоx онpо боваp кунад ё накунад» [12, с. 72-7З.]. Ва даp идомаи андешаxояш y «шеъp сухане аст хаёлангез» гуфтани хyдpо чунон шаpx медиxад, ки он хусусияти тасвиpии адабиётpо xам даp баp мегиpад. Ба замми ин y боз даp боpаи меъёpи таносуби xакикати бадей бо xакикати вокей, яъне даp боpаи ду таpзи тасвиp, ки яке «намоиши дypУFи чизе ва xикоят аз он чй хеле ки xаст...бо ин ки ба дypyF вонамуд шудааст» ва дигаpе «тавсифи он даp шакле, ки вокеан xаст» [12, с. 72-7З]. сухан pонда, чанбаи намоишй ва мyxокотии шеъppо, ки бо вучуди аз xодисавy вокеоти олами моддй ибтидо гиpифтан нусхаи холиси он набуда, хаёлоти бадеии мyаллифpо низ бо худ доpад, таъкид менамояд, ки ин нукта xаммаънои андешаxои Apастy даp «Фанни шеъp» аст.

Донишмандони фанни шеъp, ки даp масъалаxои хусусияти он андеша pондаанд, бештаp чиxатxои шаклии онpо мавpиди таxкик каpоp додаанд, вале мантикиён оид ба яке аз сифатxои аслии мавод, мyxтавои он, ки тахайюлист, низ таваччyx зоxиp намудаанд, ки мо тасдики ин фикppо даp «Aсос-ал-иктибос» -и Хоча Hасиpаддини Тусй xам пайдо мекунем: «Моддаи шеъp сухан аст ва сypаташ ба наздики мyтааххиpон вазн ва кофия ва ба наздики мантикиён - тахайюл» [16, с. 259].

Он pавияи тадкики шеъp, ки аз чониби донишмандони улуми адабй ба rap гиpифта шуда буд, асосан ба баppасии саноеъи бадей, анвои шеъpй ва забони он машFyл мешуд. Он низ, бешyбxа аpзиши баланди таxкикотй дошт, зеpо ба махсyстаpин Чиxатxои шеъp xамчyн санъати нафиса дахл каpда, зебоиxои хосаи онpо нишон медод. Баpои даpёфти ин зебой завки салими бадей заpyp буд, ки маxсyли ин ^p даp навбати худ ба таpбияи завки зебошиносй мадад мекаpд.

Даp улуми адабй таълифот ва pисолаxои Мyxаммад ибни Умаp-аp-Родyёнй («Таpчyмон-yл-балоFа»), Рашиди Ватвот («X,адоик-yс-сеxp фй дакоик-yш-шеъp»), Axмад бинни Умаp ибни Длй Низомии Apyзии Самаpкандй («Чаxоp макола»), Шамсиддин Мyxаммад ибни ^айси Розй («Aл-мyъчам фй маъойиpи ашъоp-ил-Aчам»), Aмиp Бypxониддин Aтоyллоx ибни Маxмyди Х,усайнй («Бадоеъ-ус-саноеъ») ва дигаpон, ки даp xамин pавия эчод шудаанд, сифати тадкики сухан ва зебошиносй доpанд. Aксаpи тазкиpаxои замонxои пешин xам ба замми даp боpаи шyаpо маълумоти гуногун доданашон аз xамин гуна сифатxои таxкикоти суханшинсонаи шеъp баpхypдоpанд, ки тазкиpаxои «Лубоб-ул-албоб» -и Мyxаммад Aвфии Бyхоpой, «Тазкиpат-yш-шyаpо» -и Давлатшоxи Самаpкандй аз чумлаи беxтаpини ощоянд. Даp xамин асос Aбдyнабй Саттоpзода, ки даp ин боpа зеpи унвони «Таъpихчаи назаpиёти адабии фоpсии точик» тадкикоти махсус анчом додааст, комилан дypyст кайд мекунад, ки «мавзуи баxси аксаpияти улуми адабй забон ва мyаммоxои гуногуни он буда, ба адабиёт аз назаpи Чиxатxои забонии он муносибат доpанд ва поэтикаи фоpсй - точикй ба мисли поэтикаи аpабй, xиндй ва дигаp халкxои Шаpк даp аввал асли лингвистиpо ба худ асос намуда будааст» [15, с. ЗЗ].

Дар таxкикоти арзишманди Худой Шарифов, ки дар асоси омухтан ва баррасии сарчашма ва таълифоти бисёри илмии кудамо оид ба насри форсй -точикй эчод шудааст, xангоми баxс аз кутуби шеършиносй чунин нукта кайд мешавад, ки «... масоили санъати бадей аз таxкику шинохти конуниятxои шеърй ба махсусияти сабкии шеър, ба васоити мукаррар кардани сохтмони шеър табдил ёфтанд» [1S, с. 225], ки ин xам аз чониби дигар дар асоси лингвистй карор гирифтани фанни шеъри форсй -точикиро таъкид менамояд.

Адабиётшиносони муосир сабаби ин равияро дар таълифоти пешиниён ба таври гуногун шарx додаанд. Аз чумла И. С. Брагинский менависад, ки «анъанаи ин гуна муносибат ба калом ибтидои худро аз замощои хеле кадим, аз эътикоди кадимиён ба кудрати эчодкоронаи калом (дар Авесто: «Мантра апента» каломи таъсирбахш, каломи мукаддас) мегирад» [7, с. S; S, с. 139]. Худой Шарифов xам дар таxкикоти зикршуда ба чунин хулоса мерасад, ки дар гузашта, xатто дар асри Х мелодй «...эчоди китоб на xамчун чараёни кори эчодй, маънавию фикрй ва сирф xунарй, балки чун ваxйи осмонй тасаввур мешавад» [1S, с. 21]. Ин гуна акида дар бораи чанбаи илоxй доштани кудрати эчоди бадей дар асрxои баъдй xам давом дошт. Mуxаккики адабиёти классикй Ш. Дусейнзода дар маколаи хеш «Шеър ва шоирй аз назари Ч,омй» зимни баррасии ин масъала чунин хулоса мегирад, ки: «Аз нуктаи назари y каломи бадей, истеъдод ва кобилияти шоирй аз неъматxои кудрати илоxй мебошанд» [17, с. 296]. Аллома Абдулxусайни Зарринкуб, ки дар бораи таърихи такомули накди адабй тадкикоти арзишманде ба анчом расонидааст, низ дар ин бора акидаи ба xамин монандеро баён ва дар назди баъзе милал амри илxомй ва кудсй доштани шеърро кайд карда, сабаби накди маънию мазмун нашудани онро дар xамин мебинад ва накди ощоро асосан луFавию наxвй xисобида, OFOЗи накди мазмуну маъниро чунин шарx медщад: «Аз вакте ки маънй ва мазмуни шеър чанбаи кудсй ва илxомии худро аз даст дод, накди мазмун ва маънй низ ривоч ёфт ва дар катори накди луFавй карор гирифт» [11, с. 49].

Вале то расидан ба замони ривочи накди мазмун ва маънй илми адабии форсй -точикй, мутаассифона, дар ищисори таxкики асосан шаклй бокй монда, доманаи тадкики масъалаxои аслй ва бунёдии шеърро густариш дода натавонист. Дол он ки решаи асосии ба ин ё он навъ ва жанри адабй тааллук гирифтани асарро хусусияти муxтаво, тарзи тафаккур ва эxсосот, таносуби олами шахсй ва шайъй, тарики тасвир ва баёни таассурот таъин менамояд. Ин камбуд аз чониби муxаккикони имрузини улуми адабии пешин кайд карда шудааст, ки аз чумла, дар асари мазкури Абдунабй Сатторзода мехонем: «Диккати ощоро (донишмандони улуми адабии куруни Х-ХУ -А.Д.) асосан хусусиятxои шаклии асарxои бадей ба худ чалб намудааст... Ин гуна муносибати яктарафа ба асарxои бадей боиси маxдудияти назариёти адабии ощо гардидааст» [15, с. 33]. Худой Шарифов xам баъди таxкики маводи фаровони илмии гузашта ба натичае мерасад, ки «...тасаввури хеле умумии хаёл далолат ба хаёли мучаррад дошта, бо ин сабаб барои y (манзур Амир Хусрави Деxлавй - А.Д.) ва дигар муаллифони замонаш масъалаи мазмун xамчун хосияти адабиёт дар мавкеи сонй чойгир мешавад»[1S, с. 13G].

Ин чо матраx шудани суоле, ки чаро ин xолат бо улуми адабии пешини форсй -точикй рух додаст, комилан табиист ва ба он дар таълифоти мазкур ва сухащои иктибосшудаи Абдулxусайни Зарринкуб, И. Брагинский, Х. Шарифов, Ш. Дусейнзода, А. Сатторзода камобеш чавоб xам чой дорад. Ду муxаккики аввал сабаби онро дар тасаввури пешиниён чанбаи кудсй доштани калом дар шеър ва аз ин ру фаротар аз наккодй будани он дониста, муxаккики охир сабаби бештар ба таxкики шаклй машFул шудани ощоро кушиши бунёд гузоштани «низоми нави афкори адабй ва эстетикии форсии точикй» маънидод мекунад, ки xамаи ин гуфтаxо xакикат доранд ва якин аст, ки таxкикоти оянда дар ин мавзуъ боз чиxатxои дигари онро муайян хоxанд намуд. Вале X0Л0 яке аз сабабxои асосии онро аз кавли Ибни Сино дар «Фанни шеър» мешавад дарёфт, ки дар фаркияти шеъри юнонй бо арабй, яъне ба фаxмиши имрузии мо дар фаркияти шеъри Fарбй аз шаркй мегуяд: «...о^о (яъне юнониён ва арабxо - А.Д.) ба ду манзур шеър месуруданд: Яке он ки нафсро аз чизе мутаассир созанд ва онро барои феъле ва инфиоле омода кунанд. Дувум, барои тааччуб ва шигифтии тащо, ки xар чизеро ташбеx мекарданд, то бар асари xамон ташбеx дар шигифт шаванд. Вале юнониён мехостанд бо гуфтор мардумро ба суйи кирдоре барангезанд ва ё аз он боздоранд» [12, с. S3].

Гумони FOлиб меpавад, ки яке аз хусусияти фаpккyнандаи адабиёти бадеии шаpк, аз чумла, шеъpи фоpсй -точикй ва xамчyнин улуми адабии он аз адабиёти Fаpб ва илми он даp xамин нуктаи боpикбинона кайд каpдаи Ибни Синост, ки аpабxо шеъppо «баpои тааччуб ва шигифтии тащо» месypyданд, юнониён «мехостанд бо гyфтоp маpдyмpо ба суйи киpдоpе баpангезанд ва ё аз он боздоpанд». Решаи масъала ин чост, адабиёти шаpк, яъне аpабй, ки фоpсй -точикй даp pоxи камолот аз он таъсиpи муайяне баpдоштааст, аз аввал pyй ба манзypи «xyнаp баpои xyнаp» ва адабиёти Юнон, ки ба ташаккул ва pивочи аксаpи адабиёти халвдои Fаpб таъсиpи чашмpас гузоштааст, ба манзypи «xyнаp баpои ичтимоъ» pyй оваpда будааст. Даpчанд чунин ба назаp меpасад, ки Aбy Aлй ибни Сино даp ин мавзуъ ба шеваи хоси худ сахт котеъона xy^ мекунад, зеpо мо даp намyнаxои баpчастаи адабиёти шаpк, масалан, даp осоpи Aбyабдyллоxи Рyдакй, Aбyлкосими Фиpдавсй, Hосиpи Хyсpав ва беxтаpини онxое, ки даp кypyни баъдй эчод каpдаанд, майли «xy^p баpои ичтимоъ»-pо низ пайдо мекунем, аммо агаp даp мачмуъ бигиpем, бешyбxа, xак ба чониби Ибни Синост, ки бештаpини онxо «баpои тааччуб ва шигифтии танxо»-ст. Ва адабиёт чй гуна, илми он xам xамон гуна аст ва ин яке аз иллатxои асосист, ки улуми адабии фоpсй - точикй FOлибан ба таxкики шаклй, саноеъи бадей паpдохта, ба тадкики мyxтаво ва маводи он камтаp маpок зоxиp намудааст.

Вале даp назаp бояд дошт, ки даp таълифоти оид ба шеъpy шоиpй ва адабиёти кадим xам баъзе таъкидотpо, ки ба пайванди шеъpy адаб бо чомеа ишоpат мекунанд, пайдо каpдан мумкин аст. Худой Шлифов даp «Hазаpияи насp» -и худ xангоми таxкики «Мукаддима» -и «Ш^нома»^ Aбyмансypй баъд аз таъкиди y, ки дониши кудамо «Ш^нома» ном доpад ва он <^ам ба гушу xам ба кушиш хуш ояд», ба натичае меpасад, ки «... муаллифи «Мукаддима» ба фаxми моxияти даpки адабии вокеият ва маънии ичтимоии он хеле наздик аст» [18, с. 12З].

Aз xамин кабил Aмиp Унсypмаолии Кайковус xам даp «^обуснома»-и худ даp боби «Aндаp pасми шоиpй ва ойини он" менависад, ки «...шеъp аз баxpи маpдyмон гуянд, на аз баxpи хеш» [1, с. 209], вале даp ин нукта xам муаллиф бештаp ч^ати шаклй, саxли мумтанеъй, возеxй ва доpои саноеъи дилчасп будани шеъppо даp назаp доpад, то «маpдyмpо хуш ояд». Ва даp чое ки даp боpаи мадxy мамдyx андеша меpонад, гушзад менамояд, ки ба кадpи xоли мамдyx, яъне наздик ба вокеияти xоли у сухан бояд гуфт. Даpчанд ин pоxнамоист, на андешае, ки даp натичаи таxкикоти маводи бадеъй xосил шудааст, вале бо вучуди ин даp муайян каpдани назаpи донишманди кадим оид ба таносуби хаёлоти бадеъй ва вокеъият даp асаpи бадей, ки яке аз масъалаxои бунёдии адабиёт - чигунагии мyxтавоpо даp назаp доpад, хеле аpзишманд аст.

Таносуби вокеъияти тасвиpшаванда ва хаёлоти бадеъй бо он ки заминаи pеалии шеъppо баpкаpоp каpда, чигунагии мyxтавоpо таъмин менамояд, низ баъзан мавpиди назаpи адибони пешинамон каpоp гиpифтааст. Масалан Ш. Дусейнзода даp маколаи зикpшyда даp боpаи мавкеъи Ч,омй оид ба мазмущои аз фаxмy идpок дyp будаи баъзе шоиpони шаклпаpаст изxоpи акида намуда, ин вокеъаи ибpатбахшpо меоpад: «Боpе Aмиpшайхам Сyxайлй, ки аз yмаpои султон Х,усайн буда, завки шеъp дошт, даp як мачлисе, ки Ч,омй низ xyзyp дошт, байти зеpинpо хонд:

Шаби Fам гиpдбодаш оxам аз чо бypд гаpдyнpо, Фypy хypд аждаxои сели ашкам pyбъи маскyнpо.

Ин байти ваxмангез боиси эътиpози сахти Ч,омй гаpдида ва Ч,омй пypсида будааст, ки «Шумо шеъp мегуед, ё маpдyмpо метаpсонед?!» [17, с. 296]

Вале, мутаассифона, ин гуна pавияи моxиятчyй, ки таxлили мyxтавоpо даp мадди аввал гузошта бошад, даp улуми адабии пешинаамон ба андозаи заpypй доман нагyстypдааст, ки ин ба замми он сабабxое, ки даp боло зикpашон pафт, сабаби айнии дигаpе xам дошт, ки даp он давpон ба кадpи кофй фаpоxам набудани замина баpои pyшди мyносибатxои xамачонибаи фаpд бо чомеъа буд, ки нумувви мачмуи улуми ичтимой, аз чумла улуми адабиpо, ки яке аз шохаxои он аст, таъмин менамуд. Hазаpи фаpох ва вокеъбинона ба адабиёт, ки паxлyxои ичтимой ва xyнаpии онpо баpобаp ба таxлил гиpад, даpачаи муайяни инкишофи мyносибатxои чамъиятй ва илми ЧOмеъашиносиpо талаб доштааст, ки бо сабаби ба андозаи заpypй таpаккй надоштани ин мyносибатxо ва илми он улуми адабии каpнxои миёнаи фоpсй - точикй xам FOлибан хусусияти шаклй rap ифта, баp моxияти мyxтавои адабиёт камтаp аxамият додааст.

Hазаpияи моддию мантикии Apастy даp боpаи пайдоиши адабиёт ва шохаи лиpикии он - шеъp, ки баp мyxокоти инсон ба зиндагй асос ёфта буд, баъдтаp

таълимоти зуxури синкретии адабиётро бунёд гузошт, ки он дар асарxои донишмандони Fарбй ва ба шакли комилтар дар таxкикоти олими рус А. Н. Веселовский "Поэтикаи таърихй", дар боби аввали он "Синкретизми шеъри кадим ва 0F0Зи таксимоти анвои шеър» [9] чамъбаст шуд. Синкретизм - решапайвандии анвои санъатро аз синкретизми даврони ибтидоии зиндагй, ки навъxои гуногуни шуури чамъиятй - асотир, чодуй, тасаввуроти мухталифи таърихиро истифода менамуд, бояд фарк кард, зеро синкретизм xунари тащо шеър, мусикй ва раксро дар бар гирифта, аз он xар се навъи эчоди бадей - асарxои xамосй, Fиной, драмматикй ва суруду раксxои маросимй пайдо шуда, пасон чун навъxои чудогона ташаккул ёфтаанд.

Хуллас, дар эчоди бадеъ се намуди калом - xамосй, Fиной ва драмавй мавчуданд, ки ба таъбири адабиётшиносии имрузаи точикй - се чинси адабй ном дорад, вале мо дар ин макола ощоро се навъи адабй ном хоxем бурд, ки дар адабиётшиносии кишварxои xамзабонамон Эрону АфF0нистон ин истилоx истифода мешавад ва ба назари мо xам муносибтар мерасад.

Cифатxои xамосй, Fиной ва драматикй хусусияти муxтавои ононро ифода мекунанд, зеро ощо аз назари шакл метавонанд насрй ва назмй бошанд. Доло мавриди таxкики мо яке аз ин навъxои адабй лирика мебошад, ки дар чигунагии он щотаи мабдаъи шахсй, андешаву эxсосоти отифй, тасвиру тавсиф ва аносири олами шайъй аxамияти аз xама бештаре дорад. Ин навъи шеър дар адабиётшиносии муосири точик бештар ба номи ашъори лирикй ё Fиной зикр мешавад.

Дамчунон ки маълум аст, решаи калимаи лирика аз номи асбоби тории мизробй -лира мебошад, ки дар зери навои он юнониёни бостон суруд мехонданд. Баъдтар дар замони эллинии инкишофи xунар он дар забони юнониён шакли "люрикэ" гирифта, мазмуни он навъи шеърро, ки Fайриxамосй бошад, ифода мекард. Бо вучуди он ки унвони ин навъи шеър аз номи асбоби мусикист ва пайванди онро бо мусикй таъкид мекунад, аммо ташаккули он асосан ба муxтавою мундаричааш вобаста аст, зеро он яке аз анвои xунарест, ки ашёяш на зарби оxангнок, балки сухан аст, ки расонандаи маъност.

Вале бо вучуди ин, бояд дар назар дошт, аксари муxаккиконе, ки оид ба шеъри Fиной тадкикот анчом додаанд, аз пайванди аслии он бо мусикй сухан гуфтаанд. Ощо ин пайвандро на тащо дар мавзунии дилнишин доштани шеъри Fиной, ки решапайвандии онро бо зарби оxангноки мусикй тасбит менамояд, балки шакли мавзуни онро ифодаи зоxирии махсусияти муxтавои Fиноии он, ба кавли Н. Берковский «асбоби шеъри Fиной» [6, с. 1G] донистаанд. Аз ин бармеояд, ки ифодаи ягонагии мусикй ва шеъри Fиной, ки дувумй xунари каломист, на факат дар шакли зоxирии ощо, яъне оxангнокй, балки дар ботин - дар муxтавои Fиноии ощо нуxуфтааст, ки шеъри Fиной онро тавассути вожагон намоён месозад. Дамин вижагй сабаби нафосат, дилчаспй ва хушоxангии ин навъи эчоди бадеъй дар адабиёти халкxои чаxон шудааст.

Ин казия дар таърихи шеъри беш аз xазорсолаи форсй - точикй низ тасдики комили худро меёбад. Дар ин чо xоло бо як назари ичмолй мебинем, ки кадимтарин ва серистеъмолтарин навъxои шеъри мо чун дубайтй, рубой ва Fазал бо савту оxанг ва мусикй пайванди аз xама бештаре дошта, аз маxбубтарин анвои шеъри форсй -точикианд. Ин анвоъ аз чумла, дубайтй ва рубой дар эчодиёти шифоxии мардум ба макоми аввалдарача доро бошанд, масалан, ба шеваxои гуногун ва хоса «фалак» хонда шаванд, Fазал асоси маводи шеърии силсилаи «Шашмаком» -и оламшумул, мусикии касбиро ташкил додааст. Ощо дар баробари суруд буданашон намунаxои олии эчоди бадей дар ин навъxоянд.

Ин xолат, яъне навъи асоситарин ва зеботарин будани шеъри Fиной кариб дар адабиёти xамаи халкxо ба назар мерасад, ки ба асолати он далолат мекунад. В. Г. Белинский дар ин маврид менависад, ки: «Лирика xаёт ва рyxи xама гуна шеър аст: лирика афзали шеър аст, шеъри шеър аст» [4, с. 14]. Ин навъи шеър маxз барои ифода намудани муxтавои Fиной ба вучуд омада, то имруз барои он муносибтарин бокй мондааст.

Mуxтавою мундарича ва маъное, ки ин навъ шеър, яъне шеъри Fиной (лирикй) мерасонад, чй гуна аст ва тарики ифодаи он аз шеъри xамосй (эпикй) бо чй хусусияте фарк мекунад? Дар ин чо, аввал, махсус ба чигунагии муxтаво, мундаричаю маъно ва, сониян, ба услуби ифода чалби таваччуx карда мешавад, зеро роxи дурусти расидан ба максад -- таxкики махсусияти на тащо навъи Fиноии ашъор, балки тамоми анвои эчоди бадеъист. Mуxтаво муайян мекунад, ки он дар чй навъ - эпос, лирика, драма, дар чй

шакл - xамосй, лиpикй, дpамавй ва даp чй жанp - маснавй, Fазал, касида, шеъpи нав ва Fайpа pехта шавад. Даp ин чо даp байни эпос, лиpика, дpама, ки анвои адабй xастанд, яъне исманд ва xамосй (эпикй), лиpикй ва дpамавй, ки хусусияти анвои адабиянд, яъне сифатанд, махсус фаpк гузошта шудааст, зеpо онон метавонанд яке ба дигаpе нисбат дошта бошанд. Масалан, эпос метавонад ба сифати лиpикй ва лиpика ба сифати эпикй зyxyp кунад, вале асоси мyxтаво баp кадом навъ, ки бошад, мансубияти навъии он низ аз xамон назаp таъин мешавад.

Хусусияте, ки ашъоpи Fиноиpо аз xамосй фаpк мекунонад, кабл аз xама даp мyxтавост. Aммо мазмyнxои гyногyнpо, ки даp як асаp метавонад ба xам даpомехта бошад, чй гуна ташхис бояд дод, ки Fиноист ё xамосй?

Ташхиси чигунагии мyxтаво даp таълимоти Гегел чунин омадааст, ки мyxтавои xамосй олами шайъй, xастй (объективй) ва мyxтавои Fиной олами фаpдй, шахсй (сyбъективй)-pо ифода мекунад. Даp ин боpа у даp китоби «Эстетика» чунин менависад: «Мyxтавои он (лиpика - A. Д.) - тамоми олами шахсй, чаxони ботинй, калби андешаманд ва xассосест, ки ба амал нагузашта, хyдpо даp сифати xаёти ботинй даp худ нигоx медоpад ва аз ин py худифшоии баёнии шахсиpо ба сифати шакли ягона ва максади ниxоии худ мепазиpад» [10, с. 420]. Aз ин баpмеояд, ки мyxтавои ашъоpи Fиной чаxони ботинй ва калби андешаманду xассосе мебошад, ки хyдифшоиpо ба чои амал мепазиpад. Даp чои дигаpи асаpаш Гегел изофа мекунад, ки ба ин калби андешаманди xассос хyдpо даp «xастии вокеии худ» xам намyдоp каpдан мухолиф нест. У менависад: «Умуман бигуем, даp xолате, ки шоиp (шоиpи лиpикй - A. Д.) хyдpо тасвиp мекунад, шаpт нест, ки факат бо чаxони ботинй маxдyд бишавад -- xангоме ки шоиp хyдpо даp xастии шахсй ва вокеии худ нишон медщад, чун томияти зоxиpй ва дакик зyxyp каpда метавонад» [10, с. 501]. Aз ин ва дигаp навиштаxои Гегел баpмеояд, ки у xаpчанд баpои баpчастатаp нишон додани махсусияти шеъpи Fиной ва xамосй чиxатxои мутафовити O^OpO аз xад беш бо xам мукобил мегyзоpад, аммо даp шеъpи Fиной xам тасвиpи олами вокей ва шайъиpо тамоман pад намекунад. Hазаpияи муназзаму фалсафии Гегел, ки баp конуни диалектикии xастй асос ёфтааст, даp таълимоти эстетикии у низ пайдост. У, ки назаpияи хyдpо даp боpаи шеъpи xамосию Fиной даp мyкобилгyзоpии ду мафxyми асосии фалсафй -- объективият ва субъективият месозад, xангоми аз чониби субъект даpёфти чаxони объективй накши чаxони объективиpо даp субъект ба эътибоp мегиpад. Гегел нисбат ба Apастy бисёpтаp маводи бадеъиpо даp даст дошт ва табиист, ки таълимоти у даp боpаи анвои адабй, даp айни xол эпос ва лиpика, хеле мукаммал ва дакик ба назаp меpасад.

Бо вучуди ин, xангоме ки Гегел назаpияи xyнаpи нафисаи хyдpо меофаpид, даp даxсолаxои аввали асpи ХIХ, тачpибаи бадеъй нисбат ба замони Apастy Fанй, фаpкияти анвои адабй низ хеле назаppас гашта, эпос ва лиpика xам махсyсиятxои бештаpе пайдо каpда буданд, ки аз назаpи мyxаккик набояд баpканоp мемонданд. Aммо Гегел ба тачpибаи классикии xyнаpи Юнони кадим бештаp такя каpда, аз тачpибаи асpи миёна, замони эxё, классисизм, pавшангаpoй камтаp истифода каpдааст. Ин ^ppO мyxаккикони баъдина ба чо оваpданд. В. Г. Белинский даp маколаи машxypаш даp боpаи таснифи адабиёт ба анвою шаклxои адабй тачpибаи бештаpи адабиpо ба тааммук гиpифта, назаpияи Гегелpо инкишоф медиxад ва менависад, ки мyxтавои ашъоpи Fиноиpо «худи субъект ва xамаи он чизе, ки аз у мегyзаpад, ташкил медиxад» [5, с. 45]. Даp ин чо, xамчyнон ки мебинем, ба объект — ба xамаи он чизе, ки аз субъект мегyзаpад, низ аxамияти заpypй дода шудааст.

Минбаъд даp таxкики шеъpи Fиной xалли масъалаи субъект заpyp мешуд, зеpо даp адабиёти Fаpбй ва pyсй махсусан аз солxои 20-30-уми асpи Х1Х pавияи pомантикй кавитаp гашта, даp он мавкеи инсони замон аxамияти бyзypг пайдо мекаpд. Fояи шахс ва паxлyxои xаёти шахсият аз табу тоби инкилобй то фypy pафтан ба умки xаёти худ, ки pоxи ягонаи такомули маънавй дониста мешуд, даp таълимоти маънавию ахлокй, илмию фалсафй, ичтимоию фаpxангй доман мегyстypд. Aмик саp фypy бypдан ба таxкики ин масъала даp мачоли ин коp нест, аммо ба тавpи ичмолй кайд бояд каpд, ки xаpчанд pомантизм даp адабиёти халкxои гуногун шаклxои мухталиф ва фаpкиятxои чашмгиpе дошт, даp масъалаи асосй — FOяи шахсият ба xамдигаp монанд буд. Ин шахсият, ки оламpо асосан аз pyи конунияти метафизикй даpк каpда, xодисаxои ичтимой ва ахлокиву маънавиpо новобаста аз pобитаи байниxамдигаpй ва мyбоpизаи доимии баxамзидxо мyлоxиза мекаpд, ба худ аpзишxои фавкушшахсият, аpзишxое, ки аз pyxи мутлак меpасанд, коил буд. Aз ин py, даp ин адабиёт xатто обpази одамони кучак

дар уфувдои бузурги оламгир ба калам меомад, пас чй чои сухан буд аз шахси шоир, ки нигаxдорандаи човидонатарин арзишxои башарй шинохта мешуд. Бинобар, шеъри Fиной xомили муxимтарин F0я, F0яи шахсият мешуд, ки дар сурати шахси шоир ба зуxур меомад ва илми адабй xам ба таxкикаш кушида, онро бо номxое аз кабили "субъекти лирикй", "ман" - и шоир, "персонажи лирикй", "муаллиф" муаррифй мекард. Ин дар адабиёти Fарб буд, аммо дар шарк ва аз чумла, дар адабиёти точик, таxкик асосан аз руи саноеъи лафзию маънавй ва меъёрxои шаклию жанрй ба чо оварда мешуд, ки барои ба даст овардани чамъбасщои фарохи тадкикй камтар имкон медод.

Олами инсон, шахсияти шоир дар адабиёти точик, ки тачрибаи чандинасраи классикии ифодаи онро дошт, вобаста ба рyxияи у гоxе бо рангу равFани романтикй ва гоxе бо xолу xавои реалистй ба тасвир меомад, бо авзои сиёсиву ичтимой ва фарxангии чомеъа вобаста буд. Ин чараён дар адабиёти классикии точик собикаи дуру дарозе дошт. Mасалан, касидаи "Шикоят аз пирй"-и устод Рудакй намунаи беxтарини тасвири ботин ва xолати рyxии инсонро, ки дар айни xол рyxияи шахси шоир аст, ба мо мерасонад. Ин касида достони даврони пирй - рузгори Fамангези шоирест, ки замоне сарбаланду озодбахт буда, акнун аз rnx^ кайвон (таваччуx кунед, на аз бадкирдорщои ракибон, балки аз rnx^ кайвон) менолад, зеро шахсияти у дар дастхуши одамиён нест, балки xисобаш танxо бо кувваxои осмонист. Аммо тасвирxои устод дар нщояти маxсусй ва табиатгароиянд, кисматаш бо осмон ва вучудаш бо замин пайванд гирифтааст. Шахсияти шоир дар байналчонибайни ин ду муxит офарида шудааст.

Аз ин бармеояд, ба навъи шеъри Fиной на факат ифодаи таассуроти фардй, ки тащо дар чаxони ботинии фардй xосил мешавад, балки ифодаи кулли таассуроте, ки аз олами вокеъ ва шайъй дар олами фардй пайдо мешавад, низ тааллук мегирад, ки ин маънй аз чониби В. Г. Белинский низ таъкид шудааст: «Дамаи кулл, xамаи чавxар, xамаи F0я, xамаи тафаккур - муxаррикони асосии олам ва xаёт - метавонанд, ки муxтавои ашъори Fиноиро ташкил бидиxанд, факат ба шарте ки кулл ба дастоварди асили муфрад мубаддал ва ба эxсосоти у дохил гашта, на ба як ё ягон ч^ат, балки ба кулли xастии у тааллук гирифта бошад» [5, с. 45].

Андешаxое, ки то ба ин чо баён шуданд, хусусияти шеъри Fиноиро муайян намуда, таъкид бар он мекунанд, ки асоси онро тарики идроки шоир аз чаxони шахсию вокеъй ва шайъй таъин хоxад кард, агар ин идрок бо накши куллии олам ва шахсияти шоир ба калам омада, xамчун тачрибаи шахсии у ва ё муфраде, ки аз номи у арзи xастй мекунад, шинохта шавад, ин навъ шеър ба чинси Fиной мансубият пайдо менамояд.

Тадкики шеър дар улуми адабии пешинаи форсй - точикй аз ин ч^ат - тарики идроки шоир аз чаxони шахсй, вокей ва шайъй, ки мансубияти навъиишеърро таъин мекунад, анчом дода нашуда, он асосан аз ч^ати саноеъи бадеъй ва хеле ба нудрат анвои шеър, яъне жанр сурат гирифтааст.

Вале баъзан донишмандони куxан xам xангоми муайян кардани моxияти шеър ва шоирй андешаxое баён намудаанд, ки ба чигунагии мундаричаи он дахл карда, хусусияти аслии кори шоирро нишон додаанд, ки то имруз аxамияти худро набохта, пурарзиш бокй мондаанд. Ин акидаи Низомии Арузии Самаркандй аз чумлаи о^ост: «Шоирй санъатест, ки шоир бад-он иттисоки мукаддамоти мавчуда кунад ва илтиъоми киёсот мунтачеx бар он вачx, ки маънии хурдро бузург гардонад ва маънии бузургро хурд ва некуро дар хилъати зишт боз намояд ва зиштро дар сурати неку чилва кунад ва ба щом кувватxои Fазабонй ва шаxвониро барангезад, то бад-он иxом тибоъро инкибозе ва инбисоте бувад ва умури аъзамро дар назми олам сабаб шавад» [13, с. 5G].

Дар ин чо барои мо ду нукта муxим аст. Аввал, он аст, ки муаллиф истиклоли шоирро таъкид мекунад, ки у бо ихтиёри худ метавонад «маънии хурдро бузург гардонад ва маънии бузургро хурд ва некуро дар хилъати зишт боз намояд ва зиштро дар сурати неку чилва кунад», ки ин яке аз сифатxои аслии шеъри Fиноист, зеро дар он муxимтар аз xама максаду мароми шоир, яъне зеxнияти уст дар гуфтани ин ё он шеър, вале дар шеъри xамосй бошад, у ба xар xол, ба айнияти вокеаю xодиса ва шайъе, ки ба тасвир мегирад, муроот бояд бикунад. Дувум, он аст, муxаккик кайд мекунад, ки «шоир. ба щом кувватxои Fазабонй ва шаxвониро барангезад, то бад-он щом тибоъро инкибозе ва инбисоте бувад ва умури аъзамро дар назми олам сабаб шавад», яъне шоир бо таъсири шеъри худ ва барангехтани кувваxои нафсонй ва шаxвонии гурyxе, ки фаро гирифта, онро дар xолати Fамгинй ва ё шодмонй карор медиxад, кори бузургеро дар назми олам - вокеъият ва зиндагй сабаб мешавад. Дар ин суханон xам таъсири шеър ба назми олам - чаxони xастй ва xам асари шахсияти шоир ба олами

ичтимоъ баён карда шудааст, ки хеле мухим мебошад, зеро он таъкид менамояд, ки шеър кудрати ичтимоист, на танхо хунарест барои хунар ва шахсияти шоир хам дар дигаргун сохтани чомеъа тавоноии зарурй дошта, масъул хам хаст.

Ин маънй баъд аз хафт карн дар тадкикоти зикргаштаи В. Г. Белинский оид ба таксимбандии шеър хамчун яке аз сифатхои асосии ашъори тиной таъкид шудааст: «Шайъ дар ин чо ба сари худ арзиш надорад, хама аз он вобаста аст, ки муфрад ба он чй ахамияте медихад, хама аз он холу хавое, он рухе вобастааст, ки шайъ бо он хаёлот ва эхсосот фаро гирифта мешавад» [5, с. 45]. Агар дар таъин кардани шеъри хамосй чигунагии холат ва шахсияти шоир ахамият надошта бошад, дар шинохти шеъри тиной «... шахсияти шоир дар мавкеи аввал аст ва мо махз ба воситаи у, хамаро кабул ва дарк менамоем» [5, с. 7].

Акнун мо пешоруи масъалаи бебахси шеъри тиной карор дорем, ки он «мавкеъи аввал» доштани шахсияти шоир дар ин гуна шеър аст, пас хама гуна тахкикот оид ба шеъри тиной шахси шоирро дар мадди аввал ба эътибор гирифта, бояд ба чо оварда шавад, зеро ин ё он тавр шакл пайдо кардани ин навъи шеър ба чй гуна ифода гаштани хамин мавкеъ вобаста аст. Ин мояи асосист, ки чй тавр сурат гирифтани шеърро муайян менамояд.

Адабиёт:

1. Амир Унсурмаолии Кайковус. Мунтахаби ^обуснома / ба эхтимоми Саид Нафисй. -Техрон, 1320.

2. Аристотель. Поэтика. - М.: Художественная литература, 1967.

3. Бахтин М. М. Эстетика словесного творчества. - М.: Искусство, 1986.

4. Белинский В. Г. Полн. собр. соч. в 13- т. т. У. -М.: АН СССР, 1954.

5. Белинский В. Г. Собр. соч. в 3-х томах, т. 2. -М.: ОГИЗ, 1948.

6. Берковский Н. Я. О романтизме и его первоосновах. В сб.: Проблемы романтизма. 2. -М.: 1971.

7. Брагинский И. С. Изучение вклада народов Востока в мировую эстетическую мысль. В кн.: Проблемы теории литературы и эстетики в странах Востока. - М.: Наука, 1964.

8. Брагинский И. С. Таркиби тарбй-шаркй дар лирикаи Гёте ва Пушкин // Шарки Сурх. -1963. - № 7.

9. Веселовский А. Историческая поэтика. -М.: Высшая школа, 1989.

10. Гегель. Эстетика. В 4-х томах. Т. 3. - М.: Искусство, 1971.

11. Зарринкуб Абдулхусайн. Накди адабй. -Техрон, 1338.

12. Ибни Сино. Фанни шеър. - Душанбе: Ирфон, 1985.

13. Низомии Арузии Самаркандй. Чахор макола. - Душанбе: Ирфон, 1986.

14. Поспелов Г. Н. Лирика. Среди литературных родов. - М.: МГУ, 1976.

15. Сатторзода А. Таърихчаи назариёти адабии форсии точикй. - Душанбе: Адиб, 2001.

16. Хоча Насируддини Тусй . Асос-ул-иктибос / бо тасхехи Мударрис Разавй. - Техрон, 1326.

17. Хусейнзода Ш. Х,абдах макола. - Душанбе: Х,умо, 2007.

18. Шарифов Х. Назарияи наср. - Душанбе: Пайванд, 2004.

ПРОБЛЕМЫ ИССЛЕДОВАНИЯ ОСОБЕННОСТЕЙ ЛИРИЧЕСКОЙ ПОЭЗИИ

Исследование особенностей формирования лирической поэзии является одной из самых сложных и малоразработанных сторон изучения мировой поэзии вообще, а в современной таджикской науке поэзия до настоящей работы, еще не была предметом глубокого анализа. Однако, без разработки данной проблемы невозможно достичь каких-либо основательных теоретических и практических результатов в выяснении специфических качеств лирической поэзии.

В данной статье, носящей постановочный характер, рассматриваются суждения, как древних восточных и западных ученых, так и ее современных исследователей, указываются существенные стороны этой проблемы, как соотношение субъективного и объективного в проявлении разновидности поэзии лирического рода. Определяющим моментом в принадлежности тому или иному роду поэзии является особенность восприятия поэтом внутреннего и внешнего мира если оно выражено с преобладающим оттенком личностного переживания, как собственного опыта его жизни, то такой вид поэзии составляет ее лирический род.

Ключевые слова: поэзия, лирическая поэзия, форма, содержание, словесный анализ, эстетический анализ, поэтика, мышление, чувство, реальность.

RESEARCH PECULIARUTY PROBLEMS OF LYRIC POETRY

Research peculiarity formation of the lyric poetry is one the most complex and little studied sides explore the world of poetry in general, and in the modern Tajik science about poetry until present work has not been yet the subject of in-depth scientific analysis. However, without the research of this problem is impossible to achieve any thorough theoretical and practical results in clarifying the specific qualities lyric poetry.

In this article, which bears the character of staging considered judgment as ancient Eastern and Western scholars as well as its modern researchers are indicated on the essential aspects of the problem, as the ratio of the subjective and the objective in the manifestation of varieties of lyric poetry. To point to, the define time in belonging this or that kind of poetry is peculiarity perception of the inside and outside world of the poet, but if it is shown with predominance shade of the personal worry of the poet, as own experience of his life, this kind of poetry is its lyric sort.

Keywords: poetry, lyric poetry, maintenance, form, verbal analysis, aesthetic analysis, poetics, thinking, feeling, reality.

Сведения об авторе: Хакимов Аскар, кандидат филологических наук, старший научный сотрудник отдела современной литературы Института языка, литературы, востоковедения и письменного наследия имени А. Рудаки Академии наук Республики Таджикистан, e-mail: askar_hakim@mail.ru

About author: Hakimov Askar, PhD in Philology, Senior Researcher of Department of modern literature, Institute of Language, Literature, Oriental studies and Written heritage named after A. Rudaki of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan

СУВАРИ ИДОМ ДАР САХ,НАИ ХАЁЛИ ХОРОНИ

Шарифов Б.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Санъати ихом яке аз мухимтарин масъалахои бахс дар илми бадеъ ва аз чилвахои мухиму пуркорбурди сувари хаёл дар адабиёти асримиёнагии форсу точик мебошад. Дар таърифи санъати ихом сухансанчони гузашта мулохизахои зиёд баён кардаанд, ки зикр кардани хамаи онхо аз имкон берун аст. Дар китоби «Санъати сухан» омадааст, ки «Ихом (йхом) дар лугат ба галат андохтани хонанда, тарки тарсеху тавзех кардан, аз равшанбаёнй худдорй намудан аст. Дар илми бадеъ санъати ихом он аст, ки нависанда калимаеро, ки ду маъно дорад, кор мефармояд ва аз ин ду маъно яке маънои наздик ва дигаре маънои дур аст. Муроди шоир калимаи дур мебошад, вале у калимаро чунон ба бозй меорад, ки хонанда факат маънии наздикро мефахмад» [11, c. 168].

Чдлолиддини Думой бо такя бо асархои илми балогат дар гузашта менависад, ки санъати ихомро тахйил, тавхим ва таврия хам мегуянд. «Се калимаи аввал дар лугат ба маънии ба гумон ва вахм афкандан ва таврия ба маънии суханро пушида доштан ва дар парда сухан гуфтан аст» [13, c. 269].

Дар гузашта адабиётшиносони араб ихомро ба тачниси маънавй, ки ду ва ё зиёда маънои баробархукукро ифода намояд, як донистаанд ва онро хам ихом маънидод мекардаанд. Аз ин ру, Т.Зехнй менависад, ки «Вале мо ин чо хамин асосро ба назар мегирем, ки тачниси лафзй дар як байт ду ва ё якчанд калимаи хамшакли алохидамаъноро мефахмонад, лекин тачниси маънавй дар як байт омадани як калима ва ё як чанд калимаи дорои маънои баробархукук мебошад» [11, c. 171].

Ин масъаларо Сируси Шамисо возехтар шарх додааст: «Агар ду лафзи хамсон ду маънй дошта бошад, ба он чиноси том мегуянд ва агар як лафз ду маънй дошта бошад, ихом. Метавон гуфт, ки муодили чиноси том, ки дар бадеъи лафзй матрах мешавад, ихом дар бадеъи маънавй аст» [10, c. 127].

Ихомро аз нигохи тобишхои маъной ба навъхо чудо кардаанд. З. Саччодй менависад, ки «Таврия ё ихомро дар катаби адаб ва маонй ва баён ба се кисм: мучаррада, мурашшаха, мубайина шумурда ва дар китоби «Анворуррабеъи Мухайё» бар он се кисм афзуда шудааст» [2, c. 96]. У ихом ва таносубро ду санъати алохида шумурдааст ва менависад, ки «Санъати дигаре аз саноеъи бадей таносуб аст, ки онро тавфик...низ мегуянд. Дар ин санъат таносуби лафз ба маънй ва лафз ба лафз ва маънй

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.