ТАЪРИХНИГОРЙ ВА МАЪХАЗШИНОСЙ - ИСТОРИОГРАФИЯ И ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ - HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY
4-»
УДК: 94(570)"945"
_ _ — _ _ _ _ •• <
Х^УНАРМАНДИ ВА ТИ^ОРАТ ДАР АХДИ СОМОНИЕН1
Х,айдаршо ПИРУМШО, Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Мафхуми хунармандй нихоят васеъ буда, садхо шугли хунарии мардуми сарзамини зархези Мовароуннахру Хуросонро дар бар мегирад. Вале вобаста ба хадафи тахкикоти мазкур, аз тахлили доманадори самтхои мухталифи хунар-мандй дар ахди Сомониён сарфи назар карда, факат ба муайян кардани дарачаи инъикоси шугли мардуми хунарманд дар осори муаррихони асримиёнагии ба таърихи давлатдории Сомониён иртибот дошта махдуд шудан ба максад муво-фик аст.
Яке аз намудхои нихоят мухимми хунармандй истихрочу коркарди маъдан хисоб меёбад. Аз чихати сарватхои табий нихоят бой будани Осиёи Марказй ба касе пушида нест. Пахнои Мовароуннахру Хуросон аз замонхои кадим, яке аз марказхои коркарди биринчиву нукраву тилло ва ба мамлакатхои дуру наздик интикол додани онхо ва тичорати махсулоти аз ин ва дигар филизоту сангхои арзишнок омода кардаи хунармандони махаллй хисоб меёбад. Хунармандй, ала-лхусус дар замони Сомониён хеле рушд ёфта буд. Инро маълумоти дар осори муаррихон чойдошта, равшан тасдик менамояд.
Дар «Худуду-л-олам», муаллифи номаълум, доираи чугрофии Хуросон ва сарватхои табиии онро муайян намуда, аз чумла, кайд кардааст: «Нохиятест, машрики вай Хиндустон аст ва чануби вай баъзе аз худуди Гургон аст ва баъзе биёбони Каргаскух ва магриби вай навохии Гургон аст ва худуди Гур ва шимоли вай руди Ч,айхун аст. Ва нохиятест бузург бо хостаи бисёр ва неъмате фарох. Ва наздики миёнаи ободонии чахон аст. Ва андар вай маъданхои зар аст ва сим ва гавхархое, ки аз кух хезад» [11, 53]. Аз руйи маълумоти дар асари мазкур омада дар навохии Тус, аз чумлаи Турон, Навкон, Баждегур (Баругун), Ройгон, Банвода, ки дар миёни куххост «Ва андар миёни куххои вай маъдани пируза аст ва маъдани мис аст ва сурб ва сурма ва шаба ва деги сангин ва санги фасон... хезад» [11, 57]. Ба хамин монанд дар куххои Гузгонон «маъдани зар ва сим аст ва охан ва сурб ва мис ва санги сурма ва зогхои гуногун» [11, 57]. Чунин мисолхо доир ба Бадахшон чой дошта, аз чумла, дар он чо мавчуд будани сим, зар, бечода ва лочувард ишора ёфтааст [11, 61].
Ба хамин монанд нишондихандахо нисбат ба Мовароуннахр низ хеле зиёд чой доранд. Аз чумла, бисёр будани симу зар, зок, зарник, гугирд ва дигар намуди
1 Макола дар асоси лощаи «Таърихи халки тоцик (асрхои III - аввали XX)», раками кайди давлатй 012TJ1211 таълиф шудааст.
маъдану сангхои арзишманд кайд шyдааст [ниг.:11, 62-70].
Аз боигарии табиии дар Мовароуннахр чой дошта, Ёкути Х,амавй ёдовар шyда кайд намудааст: «Ва дар кишвари эшон [Мовароуннахр] конвои охан чан-дон асг, ки аз эхтиёчоташон дар аслихаву адавот зиёдат меояд. Ва дар он чо конвои тиллову нукра ва симоб хаст ва дар фаровонии ин мавод кишвари дигар ба Мовароуннахр баробар набошад, ба чуз Банчахир дар нукра, симоб, тилло ва мис, ки аз конхои Мовароуннахр истехсол мешавад, бехтарин навъхои ин мавод махсуб мешаванд» [4, 290].
Чунин маълумот дар чанде аз дигар осори замони Сомониён ва баъди он ба такрор омадаанд, ки то холо чун маъхази боэътимод дар хизмати тахкикотчиёни таърихи минтака ва берун аз он карор доранд. Махз дар такя ба онхо мухаккикони маъруф Б. Fафyров, Н. Неъматов ва дигар мутахассисони соха ху-лосае бардоштаанд, ки асри Сомониён дар ин ё он манотик ба рох мондани исти-хрочу коркарди маъданхои тилло, нукра, мис, охан, навшодир, сурб, симоб ва гайра ба таври васеъ ба рох монда шуда буд [ниг: 10, 467-469; 7, 79-83; 6, 364370; 8, 578-585].
Табиист, ки мавчудияти садхо намуди гуногуни маъдан, канданихои барои рузгори мардум ва тичорат зарурй барои рушди хунармандй мусоидат мекард. Дар осори муаллифони замони Сомониён доир ба хунармандй маълумоти зиёде оварда шудааст. Ба шинохти вазъи хунармандй маводи нихоят зиёди бостонши-носон, ки дар тамоми манотики Осиёи Марказй ба даст омадааст, маълумоти му-аррихони асримиёнагиро таквият мебахшад.
Муаллифи «Таърихи Бухоро» Наршахй, ба рушди хунармандй ва тичо-рати замони Сомониён далелхои мушаххас оварда, аз чумла, яке аз марказхои мухимми савдои дар дехаи Искачкати назди шахри Бухоро аз кадим чой доштаро чунин каламдод намудааст: «дар миёни зимистон хар соле дах руз аз вилоятхои дур омадандй ва бозаргониву савдо кардандй. Ва он чи аз он чо хостй, бештар халвои магзин будй аз душоб карда, кинтор (кинтори хушоб - дору барои бастани хун ва катъи истихол) будй ва чубтор ва мохии шур ва мохии тоза ва пустини гусфандй ва аз барра. Ва бисёр бозаргонй шудй. Ва имруз ба рузгори мо, хар одина бозор бошад, ки аз шахру навохй бозаргонон ба он чо раванд ва он чи аз он дех хезад, имруз бозаргонон ба вилоятхо баранд... Ин дехро амир Исмоили Сомонй, рахимаху-л-Лох, чумлаи зиёъоту акороти (замину об ва гайра) уро би-харид ва он чумларо вакф кард бар работе, ки карда буд ба «Дарвозаи Самарканд» дар даруни шахри Бухоро» [1, 41-42].
Бухоро ва дигар шахрхои бузурги каламрави давлати Сомониён чун марказхои мухимми хунармандию тичорат шухрати чахонй пайдо карда буданд. Дар «Таърихи Бухоро» дехаи бузурги Зандана, ки дар чорфарсахии (тахминан 24 ки-лометрии) шимоли Бухоро чой дошт ва мухимтарин маркази истехсоли матоъ хисоб меёфт, ёдовар шудаанд. Аз чумла, доир ба ин деха дар «Таърихи Бухоро омадааст: «Зандана кандизе бузург дорад ва бозори бисёр ва масчиди чомеъ [ки] хар одина он чо намоз гузоранд ва бозор кунанд. Ва он чи аз вай хезад, онро «занданачй» гуянд, ки карбос бошад, яъне, аз дехаи Зандана, хам неку бошад ва
хам бисёр бyвад. Ва он карбос ба бисёр дехахои Бухоро бофанд ва онро хам «занданачй» гуянд, аз бахри он, ки авал бад-ин деха падид омадааст. Ва аз он карбос ба хамаи вилоятхо баранд, чун Ирок ва Форс ва Кирмон ва Хиндустон ва гайри он. Ва хамаи бузургону подшохон аз он чома созанд ва ба кимати дебо (харири тунук, чомаи абрешимй) бихаранд» [1, 42-43]. Бо хамин маънй аз дехи бузурги Вардона, ки дар сархади Туркистон буда, яке аз марказхои истехсоли зандана хисоб меёфт ва хар хафта як руз бозори калон мегузаштааст, ёд мешавад [1, 43].
Доир ба нихоят баланд будани талабот ба матои занданачй дар «Таърихи Бухоро», ки хатто ба маркази хилофат - Багдод чома ва матоъ барои либоси фохир шахсан ба халифа мефиристоданд, маълумоти чолибе омадааст ва матни онро дар асл овардан ба максад мувофик аст: «Ва аз Багдод хар сол омиле алохида биёмадй ва он чи хирочи Бухоро будй, аз ин чома иваз бурдй. Боз чунон шуд, ки коргох муаттал монд ва он мардумон, ки ин саноат мекарданд, пароканда шу-данд. Ва андар шахри Бухоро устодон будандй, ки муайян буданд марин шуглро. Ва аз вилоятхо бозургонон биёмадандй, чунонки мардум занданачй мебурданд ва аз он чомахо бурдандй то ба Шому Миср ва дар шахрхои Рум ва ба хеч шахри Хуросон наёфтандй. Ва ачаб он буд, ки ахли ин саноат ба Хуросон рафтанд баъзе аз он чи олати ин ки шугл буд, бисохтанд ва аз он чома бофтанд (бар он обу равнак) наёмад.
Ва хеч подшоху амир ва раису сохибмансаб набудй, ки вайро аз ин чома набудй. Ва ранги вай сурх ва сафед ва сабз будй. Ва имруз занданачй аз он чома маъруфтар аст ба хама вилоятхо» [1, 49-50].
Мавриди зикр аст, ки аз бозоргир будани матои зандана дар осори муарри-хону чугрофиёшиносони замон Ибни Хавкал, Мукаддасй, ас - Самъонй, Ёкути Хамавй ва гайрахо маълумот оварда шудааст.
Ибни Хавкал аз молу маводи дар Бухоро истехсолу мавриди савдо карорёфта, ёдовар шуда, чунин маълумот овардааст: «Либоси мардуми Бухоро аглаб кабо ва кулох хамчун малбуси мардуми пушти Ч,айхун аст. Дар андарун ва беруни шахр бозорхо бо хам пайваста аст, ки дар мавокеи муайяне доир мешавад ва дар онхо ба доду ситади чахорпо ва либос ва барда ва колохои дигар аз кабили руй (сурб) ва мис ва зуруфу лавозим захирае мепардозанд. Ч,омахои пунбаи маъруф ба «бу-хорй», ки сангин ва махкам бофта шуда ва мавриди таваччухи араб аст ва низ фарш ва чомаи пашмй барои рахти хоб, ки багоят зебост ва зиллу ва саччодаи мехроб дар Бухоро ва навохи он тахия мешавад ва ба Ирок ва соири чойхо содир мегардад» [5, 145-146].
Аз молу маводи дар шахру музофотхои Хуросону Мовароунахр истехсолша-ванда ва ба дигар чойхо бурдани он дар «Худуду-л-олам» маълумоти зиёде оварда шудааст. Аз чумла, доир ба истехсоли чомахои мухталиф, абрешим ва пахта дар Нишопур [11, 53], карбосу собун ва меваи хушк дар дар Буст [11, 60], «собуни нек, бурёи сабз ва бодбизан, пайтоба, гилемхо ва бисоти пашмин», дар Марсмандаи Дизах, ки хар соле як руз бозор буда дар он ба хадди беш аз сад хазор динор муомилоти тичоратй мегузаштааст, ёдоварй мешавад [11, 64]. Хам-
чунин дар китоби номбурда омадааст: «Чоч чойи бозоргонон аст», дар он чо ка-мон ва тири хаданг омода менамоянд [11, 67], дар Исфичоб неъмати бисёр ва чойи султон аст, хостаи бисёр аст. «Ва маъдани бозаргонони хама чахон аст» [11, 67], Марв яке аз марказхои мухимми савдо хисоб ёфта, «андар хамаи Хуросон шахре нест аз ниходи бозори вай неку» [11, 56], дар Балх «шахристонест бо бораи махкам ва андар рабази у чойи бозоргонон буда, бозорхои бисёр аст [11, 58]» ва гайра кайд шудааст. Махсулоти ин марказхои хунармандиро бозургонон ба дигар чойхо мебурданд [ниг.: 53-70].
Аз маълумоти муаррихони дар боло зикрашон рафта ва боз чанде аз осори муаллифони асримиёнагй бармеояд, ки дар тамоми шахрхои Мовароуннахру Хуросон мисли Самарканд, Бухоро, Хучанд, Сугд, Тирмиз, Фаргона, Чоч, Усру-шана, Марв, Балх, Х,ирот, Нишопур ва гайра, фаъолияти бозорхо аз руйи низоми барои замон мувофик ба рох монда шуда буд. Дар хар яке аз ин шахрхо чанд бозор амал мекард, ки хар кадоме фуруши кадоме аз намуди молро ба рох монда буд. Дар назди бозорхо ё дар работи назди дарвозахо растахои корхонахои ху-нармандй чой дошгганд, ки точирон бевосита махсулоташонро харидорй мекар-данд. Махсулоти хунармандони касбхои мухталиф, ба савдо бароварда шуда, на факат эхтиёчи мардуми махаллиро таъмин мекарданд, хамчунин моли гаронар-зиши аз ин бозору дуконхои хунармандй дастраси точирон гардида, ба мамла-катхои наздику дур расонда шуда, шухрати давлати Сомониёнро меафзуданд. Дар назди бозорхо корвонсаройхои бошукух сохта шуда буд. Ин кисмати шахрхо на танхо макони савдову точирон, инчунин марказхои маъмули фархангй ши-нохта мешуданд [ниг.: 10, 480-484; 7, 91-97; 8, 585-591]. Аз руйи маълумоти мавчуда, дар Мовароуннахр то 10 хазор корвонсаройхо барои кабули точирону мехмонону мухочирон тайёр буданд. Аз руйи анъанаи ба замони Сомониён роич ин корвонсаройхо аз тарафи одамони сарватманд сохта мешуданд [6, 387].
Доир ба мехмоннавозиву саховати мардуми сарватманди Мовароуннахр дар «Сурату-л-арз» - и Ибни Х,авкал аз чумла чунин омадааст: «Дар Мовароуннахр хар молик ва тавонгаре кушиш мекунад, ки касри бузурге бисозад ва мехмонса-рое бузург низ тартиб дихад. Он гох тамоми рузро дар андешаи таъмини ниёзма-ндихои мехмон ба сар мебарад ва бо шавки фаровон аз мехмон пазирой мекунад» [5, 139].
Бояд кайд кард, ки хам мушохидони хол - муаррихону чугрофиёшиносони замони Сомониён ва хам муаллифони осори баъдинаи асримиёнагии ба ин давра иртибот дошта, доир ба намудхои хунармандй, аз кабили охангарй, кулолгарй, бофандагй, заргарй, чармгарй ва гайра маълумоти пурра наоварда, факат бо ишо-рахои хеле чудогонаву сатхй махдуд шудаанд. Вале бо захмати мухаккикон, дар асоси омузиши маълумоти дар осори муаррихони асримиёна чойдоштава маводи ба дастовардаи бостоншиносон, вазъи хунармандии замони Сомониён дар таърихнигории муосир то андозае равшан шудааст. Дар ин чода метавон аз хиз-мати В.В. Бартолд, Б.F. Fафyров, Н. Неъматов, С. Абдуллоев, муаррихони Эрон - М. Ночй, Ч,. ^иравй ва дигарон, хамчунин аз тахлили муфассали масъала, дар тахкикоти бунёдии «Таърихи халки точик» (чилди II) ёдовар шуд.
В.В. Бартолд дар асоси тахлили мукоисавии маълумоти дар осори Байхакй, Наршахй, Мукаддасй, Ибни Х,авкал, Саолибй, Истахрй ва дигарон вазъи хунар-мандй ва савдои замони Сомониёнро вокеъбинона нишон додаасг. Аз чумла, дар Тирмиз истехсол намудану ба дигар мамлакатхо ба савдо баровардани собун, аз Бухоро колинхои махин, намудхои гуногуни матоъ, фонусхои мисин, зину ав-зори асп, аз Карминаву Дабусия матои пуркимате, ки дар БаFдод онро «парчаи Хуросон» ном мебурданд, аз Хоразм - муинахои (пуст) гаронбахои самур, кокум, хаз, саги обй, савсор, рубох, кундуз, харгуш, зину авзори асп, кулоху чавшани чангй, аз Самарканд - коFаз, парча, матои симгун ва сурх, дегхои калони мисин, зину афзори асп ва махсулоти хунармандии дар дигар шахрхо истехсолшуда, ми-солхои зиёд овардааст. Х,амаи ин ба гуфтаи олим, далест, ки давлати Сомониён ба хоричи каламрави худ молу маводи нихоят гуногуну зиёдеро интикол дода, аз берун нисбатан кам ворид мекард [3, 294-295].
Дар холати аз берун ворид гардидани мол, андози гумрукй ситонида мешуд. Чунин нуктахои гумрукй дар хар гузаргохи дарёи Аму чой доштанд. Хизматгу-зорони гумрук аз хар шутурбор ду дирхам, аз хар бори дар асп ё маркаб аз нуктаи гумрукй гузашта, 1 дирхам мегирифтанд. Гузарондани сабикаи (дар колаби муа-йян рехта шуда - слитка) нукра факат ба воситаи тафтишоти гумрукй ба Бухоро ичозат дода мешуд [3, 299].
Дар муносибатхои тичоратии замони Сомониён, мавкеи кучиён хеле мухим ба назар мерасид. Ахолии кучии дар пахнои Осиёи Марказй буда, шахру музо-фотхоро аз чорво ва махсулоти чорводорй, пусту пашму равFан ва Fайрахо таъмин мекарданд. Онхо махсулоти худро ба молу матои ниёздошта иваз мекар-данд. Яке аз нишондихандахои савдоии байни ахолии мукимй ва кучй ин таъмин намудани бозори кувваи корй аз хисоби Fyломони турк буд. Бояд кайд кард, ки Fyломони турк бо ичозатномаи расмй фурухта мешуданд. Дар замони Сомониён (асри IX), арзиши миёнаи Fyломи турк ба 300 дирхам баробар буд [3, 299].
Муомилоти пулй нишондихандаи мухимми вазъи иктисодии хар як давлат хисоб меёфт. Ин барои давлати Сомониён истисно буда наметавонист. Тибки маълумоти муаррихони шохиди замон ва баъди он, дар замони давлатдории Сомониён сиккахои тилло, нукра ва мисин дар муомилоти савдой буда, онхоро ди-нор, дирхам ва фулус ном мебурданд. Динор тангаи тиллоиро мегуфтанд, ки на танхо дар худуди давлати Сомониён, балки берун аз он ба сифати мол харидорй мешуданд ва арзиши хар донаи онро аз руйи вазн (гуногунвазн буданд) муайян мекарданд. Бе сабаб нест, ки динорхои тиллоии Сомониён бештар дар дигар мамлакатхо дарёфт мешаванд.
Бо акидаи Б. Fафyров дар осори муаррихони он замон кариб номбар нашу-дани динорхои тиллой ба он сабаб хаст, ки «факат василаи андухтан буданд, яъне, онхоро чамъ карда, дар хазина нигох медоштанд». Барои таквияти ин ху-лоса олим чунин далел пеш меорад: «Агар дарачаи нарххои он давра ва микдори тичоратро ба назар гирем, хатто калонтарин харидуфурушро бо пули нукра, бо дирамхо анчом додан мумкин буд» [10, 481]. Бо ибораи дигар, кимати баланд доштани динорро ба инобат гирифта, онро танхо дар хазина нигох медоштанд ё
ба сифати моли нихоят арзишманд ба бозаргонони хоричй мефурухтанд. Онхо ин динори тиллоро чун дастоварди гаронбахо ба ватанашон мебурданд. Аз ин чост, ки нисбат ба динор, барориши дирхам ба маротиб зиёдтар буд.
Ба хамин монанд, сиккахои нукрагии расмии давлатй, ки дар асри X муоми-лоти мунтазам доштанд, бо номи тангаи «исмоилй» маъруф буданд, чун воситаи тичорати байнидавлатй, мисли динорхои тилло бештар ба хоричи мамлакат бурда мешуданд. Бесабаб нест, ки дафинахои чунин дирамхо дар худуди Русия ва Аврупои Шаркй хеле зиёд пайдо шудаанд [10, 481-482].
Дар худуди давлати Сомониён чун воситаи муомилоти пулй бештар дирхамхои хоразмй, мусайябй, мухаммадй ё Fитрифй дар гардиш буданд. Мавриди кайд аст, ки заробхонахо дар баъзе вилояту мулкхои тобеи Сомониён низ вучуд доштанд. Аз руйи маълумоти аз сарчашмахои хаттй ва бозёфтхои бо-стоншиносй ба даст омада, дар худуди давлати Сомониён, дар даврахои гуногун аз 30 то кариб 50 нуктахои зарробй муайян шудааст, ки дар шахрхои Мовароун-нахру Хуросон фаъолият мекарданд, аз чумла, дар шахрхои Бухоро, Самарканд, Ахсикат, Узганч, Шош, ФарFOна, СyFд, Усрушана, Тирмиз, Хуттал, Бадахшон, Систон, Марв, Толикон, Fарчистон, Хирот, Ч,ибол ^азвин ва Fайрахо сиккахо-нахо ё нуктахои зарробй амал мекарданд [ниг. 6, 393; 8, 592-600].
Бояд кайд кард, ки аз аз руйи маълумоти дар осори муаррихону чyFрофиёши-носонй асримиёнагй чой дошта, дирхамхо бо номхои мухаммадй, мусаййабй, Fитрифй ва сомонй сикка зада мешуданд. Аз руи ривояте, ки муаллифон Нар-шахй, Ибни Хурдодбех, Ибни Хавкал, Мукаддасй ва Fайрахо ба он такя кардаанд, ин дирхамхо номи аввалин ашхоси сиккаи онхоро ба рох монда - волиёни хали-фаи БаFдод дар Хуросон: Мусайяб ибни Зухайр (солхои 780-783), Fитриф ибни Ато (792- 793) ва Мухаммад Амин ибни Зубайраро гирифтаанд [1, 77-78; 8, 593595].
Дар «Сурату-л-арз»-и Ибни Хавкал рочеъ ба вокеияти дар доираи муноси-батхои савдой чой доштани сиккахои Fитрифй, мухаммадй ва мусайябй чунин омадааст: «Нукудашон [дар Хуросон] дирхам ва динор аст ва бо коло низ доду ситад кунанд ва дирхаме бо номи «гитрифй» доранд, ки аз охану рую сурб ва чуз он аст ва бо чавохири гуногун таркиб шудааст. Ин дирхам чуз дар Бухоро ва чойхои хоси вокеъ дар пуштии руд роич нест ва низ дирхаме хаст ва ба номи «мухаммадия», ки маскук аст ва суратхое мусаввар бо хуруфи нохоно дорад ва нишонахояш маъруф ва аз зарби ислом ва амали умарои гузаштаи Сомониён аст. Ва низ «мусайябия» доранд, ки аз захоири бухориён аст ва хамаи инхоро бо дирхами исмоилия тарчех медиханд. Ва Абуиброхим истеъмоли маскуки нукраро аз хамаи ин дарохим бехтар донисг ва хам y буд, ки дар Мовароуннахр зарби онро OFOЗ кард. Дар доду ситад аз фулус истифода мекунанд» [5, 145]. Аз гуфтахои боло маълум мешавад, ки танхо дар Бухоро гардиш мекард. Сабаб дар он буд, ки сиккахои нукрагй бештар ба тичорати хорич сарф мешуданд. Ин кимати нукраро афзуда, муомилоти дохилии онро кохиш дод. Лозим омад, ки барои савдои дохилии худи Бухоро сиккахоеро бароранд, ки гаронии арзиши нукраи софро надошта бошанд. Аз ин ру, тангаи Fитрифии нав аз омехтаи шаш
филиз: зар, нукра, мушк, арзиз, охан, мис, зарб мешуд [3, 262].
Дар давлати Сомониён расмияте кабул шуда буд, ки хар вилоят бояд хирочи худро бо хамон сиккаи муайянкардаи хокимияти марказй мепардохт. Масалан, вилоятхои Шош ва Хучанд хирочи худро бо дирхами мусаябй, Сугду Фаргона -бо дирхами мухаммадй. Бухоро - бо гитрифй, Уструшана - бо дирхамхои мухам-мадию мусаябй ва гайра пардохт мекарданд. Масалан, Ч,айхонй ба муомилоти савдоии Бухоро, ки бо гитрифй сурат мегирифт ишора карда, кайд намудааст: «Накди он дирхам аст ва ба зар хариду фурухт камтар кунанд ва дирхамро эшон гитрифй хонанд ва он симе аст аз охан ва рух ва мис ва сурб. Ва ин сим чузъ дар амали Бухоро равон набошад» [2, 60].
Дар ин чода хамчунин бояд аз маълумоти Самъонй доир ба макоми гитрифй дар мумилоти савдоии Бухоро бояд ёдовар шуд. У аз чумла, кайд кардааст: «Муомилоти ахли Бухоро дар рузгори Сомониён бо дирхамхо будааст ва байни худ эшон бо динорхо муомала накунанд. Тилло дар миёнаи эшон монанди молу арз аст. Ва эшонро дирхамхо аст, ки онро «гитрифй» мехонанд ва он аз охану рух ва сурб ва чавохире дигар мураккаб аст. Ва он ба чуз аз Бухоро ва навохии он чойи дигар мустаъмал нест» [4, 285].
Аз маълумоти дар боло ишораёфта, хулосае бармеояд, ки хунармандй ва савдо дар замон хокимиятдории Сомониён ба рушди бесобика сохиб гардида, до-ираи муносибатхои тичоратй дар тамоми каламрави мамолики Шарк пахн шудаву то худуди Русияю Аврупо расидааст.
АДАБИЁТ
1.Абубакр Мухаммад ибни Ч,аъфари Наршахй. Таърихи Бухоро. Мураттибон F. Еолибов, К. Олимов, Н. Амиршохй. - Душанбе: Пайванд, - 2012. - 736 с.
2.Абулкосим ибни Ахмади Ч,айхонй. Ашкол-ул-олам//Сомониён дар оинаи таърих. Чилди дуввум. -Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Чалил, - 1998. - С. 39-78.
3.Ал-Мукаддасй. Ахсану-т-такосим фй маърифати-л-аколим. - Бейрут: Дор ихёа-т-туроса-л-арабй, -1987. - 518 с.
4.Ас- Самъонй. Китобу-л-ансоб. ^адама лахо Мухаммад Ахмад ^аллок. - Ч..П. - Бейрут: Дор ихёа-т-туроса-л-арабй, - 1999. - 350 с.
5.Бартольд В.В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия//Сочинения. - Т.1. - М.: Изд-во Восточной литературы (ИВЛ), - 1963. - С. 43-597.
6.Ёкути Х,амавй. Муъчам-ул-булдон//Сомониён дар оинаи таърих. Чилди дуввум. - Хучанд, - 1998 -С. 279-301.
7.Ёкут Шихобуддин ибн Абдуллох ар-Румй ал-Хамавй. Муъчаму-л-булдон. - Бейрут: Дор экёа-т- ту-роса-л- арабй, - 1988. - 420.
8.Ибни Хавкал. Сурату-л-арз. - Бейрут: «Мактабату-л-хаёт», 1992. - 714 с.
9.Ибни Хавкал. Сурату-л-арз//Сомониён дар оинаи таърих. Чилди дуввум. - Хучанд, - 1998. - С.135-
147.
10. История таджикского народа. Том II. Эпоха формирования таджикского народа. - Душанбе: «Алхудо» Исламская Республика Иран, - 1999. - 790 с.
11. Неъматов Н. Давлати Сомониён. Точикон дар асрхои 1Х-Х. - Душанбе: «Ирфон», - 1989. - 304 с.
12. Ночй М. Фарханг ва тамаддуни исломй дар каламрави Сомониён. - Душанбе: Ройзании фархангии Сафорати Чумхурии Исломии Эрон дар Точикистон, 2010. - 1295 с.
13. Fафуров БР. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асрхои Миёна. Китоби якум. - Душанбе: «Ирфон», 1998. - 704 с.
15. Худуд-ул-олам мина-л-Машрик ила-л-Магриб. Тахияи матн ва муаллифи пешгуфтор А. Х,асанов. Зери тахрири Н. Салимов. Аз силсилаи «Точикон дар масири таърих». - Душанбе: «Бухоро», - 2014. - 415 с.
^УНАРМАНДИ ва ТИЧОРАТ дар ахди сомониЕн
Макола ба тахлили мухтасари вазъи хунармандй ва савдои дохилию хоричии давлати Сомониён бахшида шудааст. Дар он бо такя ба маълумоти аз худ бокигузоштаи чанде аз муаррихону чугрофиёшиносони замони Сомониён мисли Наршахй, Ч,айхонй, ибни Хавкал, асари чугрофии «Худуд-ул-олам» ва назари шаркшиносони маъруф В.В. Бартолд, Б. Гафуров, Н. Неъматов ва дигарон, рушди ду самти мухимми нишондихандаи вазъи иктисодй ва дарачаи муайянкунандаи мавкеи пешсафии давлати Сомониён дар Мовароуннахру Хуросон ва тамоми машрикзамину бе-рун аз он мавриди баррасй карор ёфтааст.
Калидвожахо: Давлати Сомониён, Мовароуннахр, Хуросон, Самарцанд, Бухоро, Хуцанд, корвонсаройуо, хунармандй, тицорат, занданацй, гитрифй, дируамуои мууаммадию мусаябй, тилло, нуцра, заргарй, бофандагй, кулолгарй.
РЕМЕСЛА И ТОРГОВЛЯ В ЭПОХЕ САМАНИДОВ
Статья посвящена анализу состояния ремесленного производства, внутренней и внешней торговли в эпоху Саманидов. Основываясь на содержащихся сведениях в сочинениях историков и географов того периода - Наршахи, Джайхони, ибн Хавкала, а также на материалах из книги неизвестного географа «Худуд-ул-олам» («Границы мира»), и на работах известных востоковедов, таких как В.В. Бартольда, Б. Гафурова, Н. Негматова и др., автор достаточно убедительно описывает развитие ремесленного производства в государстве Саманидов. Сам факт занятия ведущего места в международных торговых центрах того времени свидетельствует о высоком качестве разнообразных ремесленных изделий, производимых мастерами Хорасана и Маверан-нахра, которые стали широко известны как на Востоке, так и на Западе.
Ключевые слова: Государства Саманидов, Мавераннахр, Хорасан, Самарканд, Бухара, Ходжент, карвансараи, ремесло, торговля, занданачи, дирхемы, золото, серебро, ювелирные и гончарные изделия, ткачество.
CRAFT AND TRADE IN THE SAMANID ERA
The article is devoted to the analysis of the state of handicraft production, internal and external trade in the Samanid era. Based on the information contained in the works of historians and geographers of that period, Narshakhi, Jaikhoni, ibn Khavkal, the book of the unknown geographer «Hudud-ul-olam» («Borders of the World»), as well as the works of famous orientalists, V.V. Bartold, B. Gafurov, N. Negmatov and others, the author as a whole quite convincingly outlined the picture of the development of handicraft production in the Samanid state. The very fact of occupying a leading place in international trade centers of that period testifies to the high quality of the varieties of handicraft products produced by the masters of Khorasan and Transoxiana, which became widely known within the countries of the East and West.
Key words: Samanid states, Maverounnahr, Khuroson, Samarqand, Bukhara, Khujand, caravanserais, craft, trade, zandanachi, dirhams, gold, silver, jewelry and pottery, weaving.
Сведения об авторе: Хайдаршо Пирумшо - член-корреспондент НАНТ, доктор исторических наук, профессор, главный научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Ак. Раджабовых, 7. E-mail: pirumshoev/44@mail/ru. Тел.: (+992) 919-14-87-36.
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
Information about the author: Khaidarsho Pirumsho - Doctor of Historical Sciences, a professor, and the chief research fellow at the Department of Ancient, Medieval, and Modern History of the Institute of History, Archaeology, and Ethnography named after A. Donish of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: Republic of Tajikistan, Dushanbe, Ak. Radjabov Street, 7. E-mail: pirumshoev/[email protected].
Phone: (+992) 919-14-87-36. » ♦
УДК: 94(55)"653/654"
ИЗ ИСТОРИИ ИНДОЛОГИИ В ТАДЖИКИСТАНЕ
ОЛИМОВ М.А., Таджикский национальный университет
История взаимоотношений таджиков и индийцев очень долгая и уходит корнями в общность индоарийских народов эпохи Вед и Авесты. Кушанская империя объединила предков современных таджиков и многих индийских народов в рамках одного государственного образования и обеспечила широкое распространение буддизма и индуизма на территории современного Таджикистана в первые века нашей эры. Приход ислама прервал эти связи, но ненадолго. С начала XI века, с походов Махмуда Газневида начались века взаимодействия в рамках средневековых мусульманских государств Индии - Делийского султаната и империи Великих Моголов. Гурриды, которые сменили Газневидов, были таджикской династией [20,145]. В период их правления фарси-дари становится государственным языком мусульманских стран на территории Индостана. Он был также языком литературы, науки, образования, лингва франка вплоть до XIX века. Как пишет английский востоковед К.Э. Босворт, хотя на троне индийского государства сидели иногда тюрк, иногда афганец или индус, но их государственное устройство всегда было персидским [26,131; 1,103]. Причем в Индии говорили на фарси Маверраннахр (вилояти), т.е. на версии фарси, которая бытовала в Маверан-нахре.
Сотни источников на фарси-дари оставили нам обширные знания о географии, природе полуострова Индостан, истории, религиях, культуре, языках, литературах, обычаях и традициях народов, населявших Индостан. Этот обширный корпус знаний стал основой для индийских исследований в XX веке в рамках советской индологии. Советский Таджикистан играл особую роль во взаимоотношениях с Индией именно из-за многовековых культурных связей. Поэтому индология стала одним из ведущих направлений таджикского востоковедения в советский период. Ее фундаментальной базой был пласт фарсиязычной истории, литературы, науки, культуры, который является общим историческим наследием народов Индии и Средней Азии.
Это же обстоятельство стало источником постсоветских споров о том, что должна изучать таджикская индология. Этот вопрос подспудно обсуждался еще в советское время, но после обретения независимости приобрел невиданную остроту. Оставим в стороне специфику советского востоковедения в среднеази-