Научная статья на тему 'МОНЕТНОЕ ДЕЛО И ФЕОДАЛЬНОЕ ПОЖАЛОВАНИЕ ЭПОХИ САМАНИДОВ В ТРУДАХ Е.А. ДАВИДОВИЧ'

МОНЕТНОЕ ДЕЛО И ФЕОДАЛЬНОЕ ПОЖАЛОВАНИЕ ЭПОХИ САМАНИДОВ В ТРУДАХ Е.А. ДАВИДОВИЧ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
4
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Саманиды / Е.А. Давыдович / монетное дело / динар / дирхам / фальс / мусайяби / мухаммадан / гитрифи / письменный источник / классификация фальсов / институт феодальных пожалования / независимые владения / расположение имен / новые монетные дворы / Моваруннахр. / Samanids / E.A. Davydovich / coinage / dinar / dirham / fals / musayabi / muhamma-dan / ghitrif / written source / classification of fals / institution of feudal grants / independent possession / location of names / new mints / Movarunnahr.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифзода Абдували

Автор данной статьи, опираясь на достоверные научные данные и учитывая фундаментальный вклад Елены Абармовны Давидович (1922-2013) в становление и развитие нумизматики республики, считает ее основоположницей нумизматики Таджикистана. По убеждению автора в Советском Союзе Елена Абрамовна на основе исследования саманидских фельсов и письменных источников лучше всех решила некоторые вопросы политической, экономической, социальной и генеалогической истории эпохи Саманидов. Е.А. Давидович доказывает, что саманидские фельсы являются важным, а в ряде случаев и единственным источником для исследования института феодальных пожалований Саманидской эпохи. По мнению Елены Абрамовны классификация саманидских фельсов является важнейшим источником исследования вопросов института феодальных пожалований и условного землевладения и разделяет медные монеты на 12 формуляров. Она определяет закономерность размещения различных имен на двух сторонах фельсов, где размещается каждое имя и вводный текст, предшествующий именам. Через классификацию фельса она раскрывает основную сущность феодальных пожалований за службу (Бухара, Фергана, Насрабад, Ахсикат, Кубо, Исфиджаб и др.) и ее последующее следствие ослабление мощности саманидского государства. А также Е.А. Давидович в процессе исследование фелсов открывает две новые саманидские монетные дворы – Бараб и Куба. Не косаясь Хурасана Давидович в основном исследует монетное дело, денежное обращение саманидов в Мавераннахра.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

COINING AND FEUDAL GRANT THE ERA OF THE SAMANIDS IN THE WORKS OF E.A. DAVIDOVICH

The author of this article, based on reliable scientific data and taking into account the fundamental contribution of Elena Abarmovna Davidovich (1922-2013) to the formation and development of numismatics of the republic, considers her the founder of numismatics in Tajikistan. According to the conviction of the author in the Soviet Union, Elena Abramovna, based on the study of Samanid fels and written sources, he best resolved some issues of the political, economic, social and genealogical history of the Samanid era. Davidovich E.A. proves that the Samanid fels are an important, and in some cases the only source for studying the institution of feudal grants of the Samanid era. According to Elena Abramovna, the classification of Samanid felsahs is the most important source of research into the issues of the institution of feudal grants and conditional land tenure and divides copper coins into 12 forms. It defines the pattern of placement of the various names on the two sides of the fels, the essence of where each name is placed, and the introductory text preceding the names. Through the classification of felsi, it reveals the basic essence of feudal awards for service (Bukhara, Fergana, Nasrabad, Akhsikat, Kubo, Isfijab, etc.) and its subsequent consequence the weakening of the power of the Samanid state. And also Davidovich, in the process of researching the Fels, opens two new Samanid mints Barab and Kuba. Without looking at Khurasan Davidovich, he mainly studies coinage and the circulation of Samanids in Transoxiana.

Текст научной работы на тему «МОНЕТНОЕ ДЕЛО И ФЕОДАЛЬНОЕ ПОЖАЛОВАНИЕ ЭПОХИ САМАНИДОВ В ТРУДАХ Е.А. ДАВИДОВИЧ»

ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА - ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ -HISTORY OF SCIENCE AND TECHNOLOGY

4-♦

УДК: 94(55)"961/964"

СИККАЗАНЙ ВА ИНЪОМОТИ ФЕОДАЛИИ СОМОНИЁН ДАР ОСОРИ А.Е. ДАВИДОВИЧ1

Абдувалй ШАРИФЗОДА, Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Елена Абрамовна Давидович олимест, ки шухрати чахонй дошта дар сикка-шиносии Иттиходи Шуравй касе бехтар аз у сиккахои сомониро хамчун сарчаш-маи мухимми таърихи сиёсй, иктисодй ва ичтимой тахкик накардааст. У 24-уми декабри1922 дар шахри Красноярск ба дунё омада, соли 1945 факултети таърихи Донишгохи давлатии осиёимиёнагии шахри Тошкандро хатм карда, то соли 1952 дар ин донишгох дарс гуфтааст [20, 6]. Е.А. Давидович яке аз шогирдони асосгу-зори сиккашиносии Осиёи Миёна академик М.Е. Массон буда, соли 1950 рисолаи номзадй ва баъди 15 сол (1965) рисолаи докториашро химоя мекунад [4, 333]. Мавсуф хамрохи хамсараш Б.А. Литвинский бо даъвати директори Институти навтаъсиси таърихи ба номи Ахмади Дониш - А. А. Семёнов ба шахри Душанбе хозир мешаванд. Аммо тибки навиштаи Д. Довудй ин ду олими чавонро ба Душанбе котиби якуми Х,изби Коммунистии Точикистон Бобочон Гафуров даъват кардааст [17, 104].

Елена Абрамовна солхои 1951-1972 дар Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониш кору фаъолият кардааст. Х,амчунин у солхои 1966 - 1972 дар факултети таърихи Донишгохи давлатии ба номи В. И. Ленин ба донишчуён дарс гуфтааст [19, 213]. Соли 1972 Е.А. Давидович хамрохи хамсараш Б.А. Литвинский, ки аллакай олимони машхур шуда буданд, бо даъвати директори Институти шаркшиносии ИШИС академик Б. Гафуров ба шахри Москва рафта, то охири умр (соли 2013) хамон чо фаъолият намудааст [1, 12].

Елена Абрамовна дар институти зикршуда бахши сиккашиносиро ташкил ва рохбарй намуда, доир ба таърихи сикказанй ва муомилоти пулй дар Осиёи Миёна, аз чумла, Точикистон бехтарин асархои илмии ахамияти минтакай ва чахонидоштаро таълиф менамояд.

Албатта, то ба Точикистон омадани у ва баъд аз вай низ сиккахои Точикисто-нро олимони гуногун тахкик карда буданд. Аммо у аввалин шуда аз чихати ме-тодологй вазифахои сиккашиносии Точикистонро дуруст муайян намуда, бо

1 Макола дар асоси лощаи «Таърихи илм ва техникаи халки тоцик аз давраи кадим то замони хозира», раками кайди давлатй 0121TJ1273 навишта шудааст.

тжухишхои мушикофотаи хеш Точ^^то^о бa яке aз мapкaзхои мухимми сик-кaшиносии зaмони худ тaбдил медихaд. Аз ин py, бо бовapии комил метaвон Еленa Aбpaмовнapо aсосгyзоpи сиккaшиносии Точикистон номид.

Сик^шиносии Сомониён бaхши зapypии сиккaшиносии ^^онист Ba як бaхши бисёp мухимми осоpи илмии Е.А. Дaвидович бa сиккaзaнй Ba муомилоти пулии Сомониён бaхшидa шyдaaст Ba мaколaи мaзкyp ин мaвзyъpо бa тaвpи мух-тaсap фapо мегиpaд.

То солхои 50-уми aсpи ХХ сикгахои сомон^о дap кишвapхои Ш^к Ba Fapб aз чyмлa, олимон О.Г. Тихсен (1734-1815), К.И. Тоpнбеpг (1807-1877), ^лвес^ де Сaсси, Д.Х. Фpен (1872-1851), П.С. Сaвелев (1814-1859), В.В. Гpигоpев (18161881), В.Г. Тизенхayзен (1825-1902), А.К. MaproB (1858 -1920), P.P. Фaсмеp (1888-1938), М.Е. Maссон (1897-1986), A.A. Би^ (1896 -1977), В.Л. Янин (19292020) Ba дигapон тaхкик нaмyдa бyдaнд Ba ин олимон бештap бa чaнбaхои поли-гpaфй, топогpaфй, тичоpaтй, хpонологй, метpологй Ba сиёсии сикгахои сомонй aхaммияти бештap додaaнд. Аз миёни олимони мaъpyф Е.А. Дaвидович aввaлин шyдa pyшди мyносибaтхои феодaлии Осиёи Миётаи зaмони Сомониёнpо дap aсоси сикгахои сомонй тaхкик Ba тaхлил нaмyдaaст. Осоpи илмии мapбyти мaвзyи мaзкypи ин олимpо дap доиpaи як мaколaи мyхтaсap бappaсй кapдaн хеле мушкил aст. Бо вyчyди ин мyaллиф кyшидaaст, то нaкши Е.А. Дaвидовичpо дap мaвpиди омузиши сикгахои сомонй мyaйян нaмояд.

Aввaлин мaколaи мyфaссaли Е.А. Дaвидович доиp бa ин мaвзyъ соли 1954 бa чоп paсидa буд [6, 69-117]. Myaллиф бо тaкя бa гyфтaхои В.В. Бapтолд кaйд ме-тамояд, ки доиp бa зaмони Сомониён сapчaшмaхои зиёди хaттй мaвчyд aer, aммо дap ин сapчaшмaхо мaсъaлaхои ичтимой-иктисодй Ba хaтrо сиёсии aсpхои IX-X nyppa инъикос нaшyдaaнд Ba сикгашиносии сомонй бapои хaлли ин мaсъaлaхо хеле мухим мебошaд [6, 69]. Вaй aз aнъaнaхои хуби сиккaшиносии сомонии то-инкилобй Ba бaъдaзинкилобии pyс ёдовap шyдa, адйд менaмояд, ки кaтибaхои сикгахои мисии сомонй - фaлсхо pочеъ бa ин дaвp иттилои мухим доpaнд Ba онхо нисбaт бa диpx,aмx,о кaм тaхкик шyдaaнд. Дap умум мaколaи мaзкyp aз 5 бaхши зеpин ибоpaт aст: Бyхоpо дap дaвpaи Нaсp ибни Aхмaд; хокимони Шош дap зa-мони Тох^иён; Сомонихои ФapFOнa дap aсpи IX Ba aввaли aсpи X; Исфичоб -мулки феодaлй; хокимони Нaсpобод.

Дap бaхши aввaли мaколa Елета Aбpaмовнa дap нaтичaи мyкоисaи иттилои сapчaшмaхои хarтй, бa хусус бо истифодa aз aхбоpи Нapшaхй бa чунин хyлосa меояд, ки вилояти Бyхоpо дap зaмони Нaсpи I ибни Aхмaд бa девон як миллиёну як сaдy шaстy хaшт хaзоpy пaнчсaдy шaстy хaфт (1 168 567) диpхaми Fиrpифй х^оч мепapдохт. Бaъди хокими Бyхоpо тaъйин шyдaни Исмоили Сомонй aмиp Нaсp бapодapaш Исмоилpо вaзифaдоp менaмояд, ки aß ин микдоp y бa хокимияти мapкaзй пaнчсaд хaзоp диpхaм aндоз сyпоpaд. Дap ин сypaт ae нисф зиёди aндози солотаи Бyхоpо дap ихтиёpи волии Бyхоpо-Исмоил мемонд. Бо нaзapдошти мaн-бaи aсосии дapомaди Сомониён бyдaни aндоз Дaвидович хyлосa мекyнaд, ки но-вобaстa aз тобеияти мaъмypй-сиёсй хокими Бyхоpо нисбaт бa хокимияти мapкaзй

даромади зиёдтарро сохиб мешуд. Х,амин гузашти Насри I, яъне аз микдори уму-мии андози мукарраршуда ба хокимияти марказй кам супоридани андози соло-наи Бухороро Елена Абрамовна шакли маъмулии инъоми феодалй дар замони Сомониён мехисобад. Аз нигохи ичтимой-иктисодй Бухоро моликияти феода-лист, ки онро Наср ба бародаронаш Исмоил ва Исхок ба таври муваккатй инъом намуда буд. Насупоридани андози мукарраршудаи Бухоро аз чониби Исмоил аз чихати сиёсй далели истиклолхохй ё марказгурезии у ва бо ин сабаб аз Бухоро уро махрум намудани Наср ва ба чояш шахси дигарро таъйин намудан далели он аст, ки хокими вилоят мустакил набуд ва дар тобеияти хокимияти марказй карор дошт. Далели дигар хамин нукта аст, ки Исмоили Сомонй хамчун ноиби Наср дар Бухоро хукуки аз номи худ зарб кардани сиккаро надошт.

Вазифаи бахши дуюми макола муайян намудани ин масъала буд, ки кадом намояндаи Сомониён баъди марги Яхё ибни Асад (соли 855) Шошро аз номи Тохириён идора менамуд. Тибки навиштаи Наршахй соли 272 хк.// 885-886 дар низои байни Насру Исмоил Наср ба Шош нома навишта, аз Яъкуб ибни Ахмад ёрй мепурсад. Аммо Наршахй хокими Бухоро будани Яъкуб ибни Ахмадро ошкоро зикр намекунад. Ю. Якубовский як фалси Шоши зарби соли 265 хк/878-79-ро тахкик намуда, аник менамояд, ки он аз номи Яъкуб ибни Ахмад зарб шуда-аст ва чунин хулоса мекунад, ки баъди Яхё ибни Асад Шошро Яъкуб ибни Ахмад сохиб мешавад. Аммо Е.А. Давидович дар асоси маводи нумизматй ба чунин ху-лоса мерасад, ки баъди марги Яхё ибни Асад на Яъкуб ибни Ахмад, балки Мухаммад ибни Нух хокими Шош мешавад [6,83].

Дар бахши сеюми макола Елена Абрамовна таърихи сиёсии Фаргонаи асри IX ва аввали асри X-ро бо такя ба маводи нумизматй ва мукоиса бо сарчашмахои хаттй баррасй менамояд. Дар ибтидо у суханони А.Н. Бернштамро доир ба но-равшан будани таърихи сиёсии хаминвактаи Фаргона иктибос оварда, зикр мекунад, ки маводи нумизматй ин бахши нисбатан торики таърихи Фаргонаро ба таври комил равшан карда натавонад хам, доир ба таърихи сиёсии аввали асри Х иттилои нав ва мухим медихад. Дар тахкики ин мавзуъ фалсхои сомонй ахамми-яти аввалиндарача доранд. Аз ин чост, ки у аз тахкики фалсхои сомонии зарби Ахсикат, ки пойтахти Фаргона буд, бо хондани номхои намояндахои сомонии Фаргона, ки дар сарчашмахои хаттй зикр нашудаанд, чунин бардошт менамояд, ки баъди марги Ахмад ибни Асад Фаргона аввал мулки ду писари у Асад ибни Ахмад (чонибдори Насри I) ва Исхок ибни Асад (тарафдори Исмоили I) ва набе-рахои вай Мухаммад ибни Асад ва Мухаммад ибни Исхок бокй мемонад. Е.А. Давидович муайян намуд, ки Исхок ибни Ахмад ва писараш Мухаммад дар фалсхо-яшон амири Сомонй, рохбари хокимияти марказиро зикр намекунанд. Ин худ ни-шони исёни сиёсй ва истиклолхохии онхост [6,93]. Инчунин маълум аст, ки соли 914 баъди кушта шудани Ахмади ибни Исмоил Искох ибни Ахмад, ки хокими Самарканд буд, исён бардошт ва шикаст хурд. Намояндаи дигари Сомониёни Фаргона Мухаммад ибни Асад номи амири Сомониро дар пушти фалсхояш зикр намуда, номи хешро дар руи сикка зарб намуда, худро амир меномид ва сиккаро аз номи худ мебаровард [6,93]. Дар фалсхои зарби солхои 304 хк / 916-917 ва 320

х.к./ танхо номи амири Сомонй Насри II ибни Ахмад зикр шудааст. Ин далели он аст, ки дар ин солхо хокимони Сомонии Фаргона аз имтиёзи зикри номашон дар сиккахо махрум мешаванд ва мустакилияти пештараи худро аз даст медиханд.

Бахши чоруми ин макола ба Исфичоб (дар сиккахо: Исбичоб) бахшида шудааст. Е.А. Давидович ёдовар мешавад, ки Исфичобро соли 840 Нух ибни Асади Сомонй ба каламрави Тохириён хамрох намуда буд [6,94]. У вобаста ба мавкеи стратегии Исфичоб хадс мезанад, ки дар ин чо бояд мехкадаи мустакил вучуд дошта бошад. Аммо дар осори илмии Х.Д. Френ, В.Г. Тизенхаузен, А.К. Марков ва О. Кодрингтон мехкадаи Исфичоби замони Сомониён зикр нашуда буд. Е.А. Давидович аз таркиби коллексияи нумизматии тахкикнашудаи Осорхонаи давлатии санъати ЧШС Узбекистон фалсеро ошкор менамояд, ки он соли 307 х.к/919-920 дар мехкадаи Исбичоб зарб шуда буд. Дар руи фалс номи Ахмад ибни Мут ва дар пушти он як бор Наср ибни Ахмад ва як бор Наср зикр шудааст. Давидович ин харду Насрро як шахс - амири Сомонй мехисобад. Вай вижагихои ин фалсро ба инобат гирифта, онро сиккаи умумдавлатй ва аз номи Насри дувум зарбшуда эътироф мекунад. Дар руи фалс баъд аз матни динй зикр шудани номи Ахмад ибни Мутро у далели аз хонадони Сомониён набуданаш медонад. Ба ху-лосаи у Ахмад ибни Мут ва Мухаммад ибни Хусейн ибни Мут, ки дар исёни соли 922 на Насри дувум, балки Илёс ибни Исхокро чонибдорй карда буд, ду намо-яндаи сулолаи махаллии Исфичоб мебошанд. Ба тарики хулоса Давидович Исфичобро мулки меросии сулолаи махаллй дар хайати давлати феодалй медо-над, ки расман дар тобеияти Сомониён ва амалан дар сиёсати дохилй мустакил буда, ба хокимияти марказй ба истиснои хадя андоз намесупорид [6, 98].

Бахши панчуми маколаи соли 1954 ба хокимони Насрободи Фаргона бахшида шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки барои таърихи Фаргонаи замони Сомониён ва инчунин барои тавсифи шакл ва тараккии институти инъомоти фе-одалй чор фалси зарби Насробод, ки то соли 1954 чоп нашуда буданд, ахамият доранд. Аз ин чор фалс сетоаш соли 340 хк/952-53 ва яктоаш соли 341 хк/952-53 зарб шудаанд. В.Г. Тизенхаузен соли 1855 Насрободро дар Нишопур чой дода буд [21, 196-197]. Соли 1904 О. Кодрингтон низ чунин назарро иброз намуд [25, 193]. Аммо соли 1943 Е. Массон Насрободро яке аз шахрхои Фаргона донист. Е.А. Давидович Е. Массонро тарафдорй карда, чунин хулоса менамояд, ки На-срободи Фаргонаро Ахмад ибни Асади Сомонй бунёд ва ба номи писараш Наср ибни Ахмад номгузорй кардааст [6,103].

У дар катибахои фалси соли 340 хк / 951-52 номи чор шахс: Бакр ибни Малик, Хусайн ибни Юма (Нумар?), Нух ибни Наср ва Малик ибни С.к.р. (?) тегинро (у вожаи tySjjZä - ро хамин хел навиштааст) ошкор карда, бо такя ба чойгирша-вии номхо ва вожахои ишоравии катиба аник менамояд, ки дар катибаи ин фалс Насробод шахри Бакр ибни Молик (^lo ¿j j&j^oV 1 ¿Uj^uj ^JiJI IIa vj^) номида

шуда, масъули зарби ин сикка Хусайн ибни Юман (Юмар?) буда, он бо фармони Молик ибни С.к.р.тегин (?) зарб шуда, дар он амири Сомонй Нух ибни Наср ба таври ифтихорй зикр гардидааст. Муаллиф дигар фалсхои зарби Насрободро низ

ба таври мукоиса тахкику баррасй намуда, ба чунин хулоса мерасад, ки Насробод бар ивази хизматхои давлатй ба Бакр ибни Молики турк инъом шуда буд. Яъне, ба фикри вай Насробод мулки инъомии Бакр ибни Молик мебошад, ки у дар назди Нухи II ибни Наср макоми баланд дошт ва баъди волии Хуросон таъин шуданаш падараш - Моликро дар Насробод бо хукуки зарби фалс хоким таъйин менамояд. Дар чунин фалсхо амири Сомонй «амири сайид, молики мамолик» ва Бакру падараш «амир» ва «мавлои амира-л-муъминин» номида шудаанд. Тибки хулосаи Давидович дар фалсхои зарби солхои 343-344 хк. (954-55 - 955-56)-и Насробод номи амири фавтидаи сомонй Нухи II ибни Наср зикр мешавад, аммо номи амири ба тахтнишастаи Сомонй - Абдумалик ибни Нух зикр намеёбад, ки ин далели эътироз ба Абдумалик ё кушиши ин хонадон барои истиклол мебошад. Инчунин у чунин хулоса мекунад, ки дар фалсхои зарби соли 344 хк-и Насробод номи Абдулмалик ва Бакр ибни Молик зикр нашудаанд. Аммо дар асл чунин набуд ва ин хулосаи Давидович сахех нест. Зеро фалсхои зарби соли 344 хк-и Насробод кашф шудаанд, ки дар онхо хам Абдулмалик ибни Нух ва хам Бакр ибни Молик зикр шудаанд [2, 331]. Дар чунин фалсхо Абдулмалики Сомонй би-дуни ягон унвону лакаб зикр шуда, Бакр амир номида мешавад ва ин далели он аст, ки соли 344 хк / 955-56 Насробод мулки инъомии Бакр ибни Молик бокй монда будааст. Шояд ба Е.А. Давидович маълум набудани чунин фалс боиси чунин иштибох дар хулосабарории у гардида бошад.

Иловатан зикр мекунем, ки фалсхои дигаре хам кашф шудаанд, ки онхо солхои 336-337 хк. дар Фаргона ба амри Нух ибни Наср бароварда шуда, дар катибаи хошияи руи ин фалсхо Фаргона хамчун мулки Молик (падари Бадр-во-лии Хуросон) зикр гаштааст [2, 334]. Яъне, дар солхои 336-337 х к. (947/48948/49) на танхо Насробод, балки вилояти Фаргона низ мулки аз Сомониён инъомгирифтаи ин сулолаи хурди туркй будааст. Албатта, чунин инъомот дар оянда нерухои марказгурезро тавон бахшида, заминахои таназзули давлати Со-мониёнро фарохам меорад.

Е.А. Давидович ба иттилои аз фалсхои тавсифшуда ба даст оварда такя намуда, дар хулосаи ин маколааш зикр мекунад, ки дар замони Сомониён ба намояндахои алохидаи хокимияти марказй (дар мисоли Насри I дар Самарканд ва Исмоил дар Бухоро), намояндахои хонадонхои махаллй (дар мисоли Мутиёни (Матиёни) Исфичоб) ва шахсони алохидаи ба Сомониён хизмати шоёнкарда (дар мисоли Бакр ибни Молик) шахру вилоятхои алохида бо имтиёзхои гуногуни хукукй ва мулкй инъом карда мешуд. Дарачаи тобеияти мулкхои инъомшуда ба хокимияти марказй яксон набуд ва ин мулкхои инъомшуда доимй набуда, аз вазъи сиёсй вобастагии зиёд доштанд. Яъне, хокимияти марказй хар гох, ки ме-хост (албатта, агар тавоноиаш басанда мебуд) ин инъомро бекор менамуд. Дар умум Елена Абрамовна дар асоси таснифи фалсхои сомонй ва фалсхои хокимони мулкхои мустакили замони Сомониён (конунияти чойгиршавии номхо ва мохи-яти чойгиршавии онхо) шакли мухимми моликияти феодалии замони Сомониён - инъомоти феодалиро ошкор менамояд. У исбот менамояд, ки барои халли масъалахои иктисодй на танхо шакли филизи сиккахо, балки дар кучои катибаи

фалсхо зикр шудани номи шахсони марбут ва чигунагии унвону лакаби онхо ахаммияти якумдарача дорад. Ин маколаи у бо сабаби мухим буданаш дар асархои академии баъдина, аз чумла, дар китоби «Точикон» - и Б. Гафуров ба таври фарох истифода мешавад [5, 365].

Е.А. Давидович баъди соли 1954 борхо ба мавзуи Сомониёни Фаргона ва масъалахои шаклхои моликияти феодалй, мулкхои меросй ва инъомии замони Сомониён бармегардад. Аз чумла, у дар давоми солхои 1956-2000 маколахои «Сомониёни Фаргона тибки маълумоти сиккашиносй» [7, 14-26], «Хокимони На-сробод. (Тибки маълумоти сиккашиносй) [8, 107-113], «Сиккахои сомонии ^убо» [9, 254-257], «Маълумоти сиккашиносй оид ба таърихи ичтимоию иктисодй ва сиёсии Осиёи Миёна дар асрхои X-XVIII» (рисолаи докторй) [10], «Дар бораи таъсиси инъомоти феодалй дар Осиёи Миёна дар асрхои IX-X» [11, 205-215], «Фалсхои сомонии Фаргона: таснифи намуд ва фалсхои нодири Узганду Ахси-кат» - ро [12, 37-72] ба чоп мерасонад ва инхо идомаи мантикии маколаи соли 1954 (Нумизматические материалы для истории развития феодальных отношений в Средней Азии при Саманидах) мебошанд. У нахустин шуда дар Иттиходи Шуравй мехкадаи сомонии ^уборо кашф мекунад.

Соли 1954 Елена Абрамовна аз байни сиккахои тахкикнашудаи Осорхонаи таърихи Узбекистон фалси зарби Бинкети Нух ибни Асадро муайян менамояд. Сиккаи мазкур соли 1947 аз шахри Тошканд ёфт шуда, суда шудани катиба аник кардани санаи зарби онро гайриимкон намуда буд. У тахмин мекунад, ки ин фалси сомонй байни солхои 211- 224 х.к./ (826/27-838/39) зарб шудааст.

Е.А. Давидович дар фаъолияти нумизматиаш албатта, танхо ба тахкики сик-кахои аз Точикистон ёфтшуда махдуд намешуд. У гоххо барои тахкики хатто як-ду сиккаи сомонй ба Эрмитажи давлатй сафар менамуд. Сиккахои аз дигар чумхурихои хамсоя ёфтшударо низ тахкик менамуд. Чунончи соли 1955 маколаи у «Неопубликованные монетные находки на территории Узбекистана» ба чоп ме-расад. Муаллиф дар аввали маколааш кайд менамояд, ки дар Осиёи Миёна ва Кавказ то давраи инкилоби Октябр (1917) кашфи сиккахо ба кайд гирифта намешуд ва бакайдгирии сиккахо, ки мухим будани ин корро хануз академик Х.Д. Френ таъкид намуда буд, дар ин чо дар замони шуравй огоз мешавад [13, 153]*. Муаллиф дар ин маколааш дар баробари сиккахои дигар як фалси сомонии аз Мунчактеппаи Фаргона ёфт шударо тахкик карда, муайян менамояд, ки он соли 284 х.к. /897-98 дар Ахсикат бо фармони Исхок ибни Ахмад зарб шудааст [13, 161]. Бояд ёдовар шуд, ки чунин фалси сомонй соли 1935 аз Исфара низ ёфт шуда буд [3, 87-113].

Соли 1966 маколаи «Муомилотии пулии Мовароуннахр дар замони Сомониён» дар мачаллаи бонуфузи «Нумизматика и эпиграфика» ба чоп мерасад. Ин аввалин маколаи муфассал ва хеле мухимми илмй дар мавзуи мазкур дар Иттиходи Шуравй буд [14, 103133]. Маколаи мазкур аз сарсухан ва чор бахш:

1. Ч,ойгохи сиккахои тилло дар муомилоти пулии Осиёи Миёна дар асри Х;

*Шоистаи ёдоварист, ки Е.А. Давидович дар Тоцикистон бакаидгирии илмии сиккахоро ба рох монда буд.

122

2.Ч,ойгох ва вижагихои гардиши дирхамхои нукрагии сомонии исмоилй; 3.Дар бораи дирхамхои пурасрори мусайябй, мухаммадй ва гитрифй; 4. Бархе аз вижагихои гардиши фалсхои мисй ва бахши хулоса иборат аст. Муаллиф дар мукаддима менависад, ки замони Сомониён яке аз даврахои камшумори асри-миёнагии Осиёи Миёна мебошад, ки барои тавсифи сикказанй сарчашмахои сер-шумор ва гуногун вучуд дорад [14, 103]. Инчунин у кашфи зиёди ганчинахои дирхамхо аз худуди Аврупои Шимолй-Шаркй ва чамъоварии зиёди сиккахои тилло, нукра, фалс ва сиккахои мусайябй, мухаммадй ва гитрифиро кайд намуда, иброз медорад, ки хусусиятхои сарчашмашиносии сиккахо танхо дар сершумо-рии онхо нест. Ба таъкиди муаллиф давраи Сомониён дар таърихи асримиёнагии Осиёи Миёна ягона давраест, ки сикказанй диккати махсуси муаллифони он за-монро чалб намудааст.

Муаллиф бахши якуми ин маколаашро бо иктибоси суханони В.В. Бартолд дар бораи он, ки дар замони Сомониён танхо сиккахои нукрагй пул хисобида мешуданд ва тилло монанди мол, яъне вазнбайъ кабул мешуд, огоз карда, ин нук-таро хулосаи ба таври умум кабулшуда медонад. Е.А. Давидович сарчашмаи чунин бардоштро аз навиштахои Истахрй, Ибни Х,авкал ва Ёкути Х,амавй медонад. Дар хикикат, муаллифони зикршудаи асрхои миёна на динорхои тамоми кала-мрави Сомониён, балки динорхои Бухороро мол гуфта буданд [20, 69-88]. Аммо баъзе олимони шинохта ба мисли Р. Фрай бисёрии динорхои сомонии осорхона ва коллексияхои Амрикоро барои инкори гуфтахои чугрофидонхои асри миёна кофй медонад. Аммо, Давидович бо як махорати баланд ва дакиккории илмй таъкид мекунад, ки гуфтахои Истахрй, Ибни Х,авкал чихати мол будани динорхо танхо ба Бухоро дахл дорад на ба хамаи шахрхои Сомониён [14, 105]. У бори дигар навиштахои ин чугрофидонхоро иктибос оварда, онхоро баррасй намуда, дурустии онхоро доир ба вазнбайъ муомила шудани динорхои сомонии Бухоро таъкид менамояд. Ба фикри у аксари динорхои сомонй дар Нишопур ва Мухам-мадия, яъне, берун аз Мовароуннахр зарб шудаанд. Муаллиф барои халли гар-диши донагй ё вазнии динорхои сомонй вазни 47 динори сомонии Эрмитажи давлатй ва 58 динори сомонии аз Самарканд ёфтшударо аник ва ба шакли чадвалй пешниход намуда, муайян мекунад, ки вазни миёнаи ин динорхо 4,2 грамм буда, фаркияти вазн то ба 0,5 грамм мерасад. Ин фаркият барои сиккаи аз филизи асъорй, ба вижа аз тилло зарбшуда зиёд аст ва муомилоти донагии онро гайриимкон мегардонад. Давидович матни сарчашмахои хаттиро доир ба ди-норхои сомонии Бухоро, Самарканд ва Илок баррасй карда, дар муомилоти до-хилй истифода шудани динорхои сомониро инкор накарда, гардиши вазнии онхоро дуруст мехисобад.

Муаллиф дар аввали бахши дуюми макола, ки «Ч,ойгох ва вижагихои гар-диши дирхамхои нукрагии сомонии исмоилй» ном дорад, бо такя ба тахкикоти В.Л. Янин ёдрас мешавад, ки дар шаш дахаи аввали асри Х ба Аврупо аз хама бештар дирхамхои сомонй содир шуда, онхо чойгузини дирхамхои аббосй меша-ванд. Дертар содироти дирхамхои сомонй ба Аврупо кам шудан мегирад [14,

110]. Зиёд шудани талабот ба дирхамхои сомонй дар Аврупо ба сикказании Сомониён таъсири чиддй мерасонад. Маълум аст, ки яке аз сабабхои асосии аз кала-мрави Сомониён нисбат ба Аврупо хеле кам кашф шудани дирхамхои сомонй хамин аст. Муаллиф дар асоси баррасии суханони Ибни Хавкал хулоса мекунад, ки ба сикказании дирхамхои сомонй Исмоили Сомонй асос гузоштааст. Ибни Хавкал Абуиброхим меномад, яъне на номи вай, балки кунияашро зикр кардааст. Аз тарафи дигар, Давидович таъкид менамояд, ки дар Шош ва Илок дирхамхои исмоилй нисбат ба Бухоро ва Самарканд гардиши бисёртар доштанд. У ба натичаи тахкики метрологии дирхамхои исмоилй такя намуда, хулоса мекунад, ки дар сеяки аввали асри Х дирхамхои исмоилй дона-дона ва дар сеяки дуюми асри Х аз руи вазн истифода мешуданд [14,110]. Давидович давраи хронологии зарби дирхамхои исмоилиро зикр накардааст. Тибки тахкики X. Богбедй дирхамхои исмоилии замони Исмоил ибни Ахмад аз соли 281 хк./ 994-95 то соли 294 хк/905-06 зарб шудаанд [2, 285-287]. Баъди марги Исмоил хам ин дирхамхо зарб мешуданд, аммо аз номи амирони дигар. Олими форс-точики асри XII Хубайши Тифлисй аз дирхами исмоилй ёд кардааст [24, 142]. Сазовори ёдова-рист, ки калонтарин ганчинаи тахкик ва нашршудаи дирхамхои исмоилии Осиёи Миёна соли 2015 аз Кулоб кашф шуда буд [23].

Дар бахши сеюми ин макола Е.А. Давидович се навъ сиккаи хеле роичи замони Сомониён - мусайябй, мухаммадй ва гитрифиро баррасй намуда, онхоро воситаи асосии муомилоти пулй дар дохили Мовароуннахр медонад [14, 119125]. Ин се навъ сикка ба таври умумй сиккахои бухорхудотй номида шуда, дар пайравй ба сиккахои сомонй зарб мешуданд [23]. Дар чунин сиккахо катибаи сугдй, куфии арабй ва тасвири нимрухи шох ва оташдон вучуд дошт, ки ин аз як тараф, далели идомаи сабки сикказании тоисломй бо илова намудани чузъиёти нав дар як кисми Мовароуннахри замони Сомониён ва аз тарафи дигар далели тахаммулгаро будани Сомониён нисбат ба анаъанахои тоисломй ва хамчунин гу-вохи омезиши фархангхои даврахои гуногуни таърихй мебошад. Е.А. Давидович иттилооти сарчашмахои таърихй ва адабиёти илмиро тахлил намуда, дар умум чойгохи таърихии ин се навъ сиккаи роичи замони Сомониёнро дар Мовароун-нахр натичагирй менамояд, аммо Е.А. Давидович сикказанй ва муомилоти пулии Хуросони замони Сомониёнро тахкик накардааст.

Сиккахои мисй-фалсхои сомониро Е.А. Давидович дар бахши чоруми маколааш баррасй намуда, хулоса менамояд, ки ин навъи сиккахои сомонй нис-батан ба таври меъёрй зарб шуда, бисёр вакт аз номи амири Сомонй ва дар мулкхои мустакилшуда аз номи хокимони ин мулкхо ба онхо инъомшуда зарб мешуданд [14, 125-130]. У фалсхои сомониро ба ду навъи асосй: Адлй-фалси ка-лон (22-25 мм) ва Пашиз - фалси хурди камарзиш (15-19 мм) чудо менамояд. Дар охири макола муаллиф бардошти худро доир ба муомилоти пулии Мовароуннахр дар замони Сомониён банд ба банд хулоса менамояд.

Соли 1967 дар шахри Самарканд ганчинаи фалсхо ёфт шуд, ки ин ганчинаро Е.А. Давидович тахкик карда, аз таркиби он 122 сиккаи мисии сомониро муайян намуда, бори аввал дар сиккашиносй мехкадаи нави Сомониён - Боробро кашф

кард [15, 124]. Дар ин ганчина хамагй ду фалси мехкадаи Бороб (Пороб, Фороб дар ^азокистони кунунй) мавчуд буда, онхо соли 310 х.к./ 922-23 бо амри Насри I ибни Ахмад зарб шудаанд. Бороб мисли Исфичоб яке аз шахрхои мухимми Мо-вароуннахр мебошад.

Е.А. Давидович соли 1977 доир ба ин ганчинаи Самарканд маколаи дигаре нашр карда, шумораи фалсхои сомонии ин ганчинаро, ки ба Осорхонаи таърих ва фарханги халки узбек ворид шуда буданд (КП-3199), 125 адад мегуяд [16, 112]. Маколаи мазкур натичаи тахкики муфассали ганчинаи Самарканд мебошад. У давраи хронологии ганчинаро солхои 253 хк - 320 х.к. (867-932) муайян карда, аник менамояд, ки ин фалсхо дар мехкадахои Ахсикат (30 адад), Бороб (2 адад), Бинкат (16 адад), Бухоро (27 адад), Самарканд (37 адад), Тункат (2 адад), Усру-шана (2 адад) ва Фарох (2 адад) зарб шудаанд. Ин олими шинохта ва заккй саволе матрах менамояд, ки фалсхои ганчинаи Самарканд ба мо чй иттилои нав медиханд. Вай дар посух менависад, ки мо аз тавсифи сиккахои ин ганчина доир ба хокимони мустакили Ахсикат ва сикказании Фаргона иттилои бештар бар-дошт мекунем ва насабномаи хокимони мустакили Фаргона комил мегардад. Е.А. Давидович аз ин ганчина фалсхои Исхок ибни Ахмад (зарби соли 284 х.к/897), Мухаммад ибни Асад (зарби соли 303 хк/915-16)-ро ошкор менамояд. Аз фалсхои Ахсикати зарби соли 269 хк/882-83-и Асад ибни Ахмад ва зарби соли 194 хк/906-07-и Мухаммад ибни Исхок ошкор мешавад, ки ин ду намо-яндаи хонадони Сомониён дар солхои зарби ин сиккахо хокими мустакили Ахсикат будаанд. Инчунин ин олими пухтакору пуркор бори аввал фалси зарби соли 277 хк/890-91-и Ахсикатро бо зикри намояндаи то соли 1977 номаълуми хонадони Сомониён - Ахмади II ибни Асад (набераи Ахмади I ибни Асад- амири Фаргона) ошкор сохта, исбот менамояд, ки у дар соли 277 хк. /890-91 хокими мустакили Ахсикат буд [16, 121-122]. Иттилои нави Е.А. Давидович дар сарчаш-махои хаттии то хол маълум зикр нашудаанд, ки ин аз ахаммияти фалсхои ганчи-наи Самарканд хамчун сарчашмаи таърихй доир ба таърихи сиёсй ва иктисодии замони Сомониён гувохй медихад.

Елена Абрамовна Давидович доир ба сикказанй ва муомилоти пулии Сомо-ниён асари алохида нанавишта бошад хам, маколахои чудогона ва муфассалли у аз китобхои таълифнамудаи дигарон камарзиш нест.

ЛИТЕРАТУРА

1.Алаев А.Б. Институт востоковедения в 1950-е - 1970-е гг.: Гафуровский призыв и воздух молодо-сти//Вестник Института востоковедения РАН, - Москва, - №5, - 2018. - С. 10-12-19.

2.Богбедй Х,. Сиккахои Эрон дар давраи исломй. Аз огоз то баромадани Салчукиён. - Техрон, - 1393 х.ш.

- 745 с.

3.Быков А.А. Новый клад медных куфических монет из Таджикистана. - Ленинград, ТОНГЭ, I., - 1945.

- С. 87-113.

4.Василев Д.Д., Настич В.Н. Елена Абрамовна Давидович (1922- 2013)//Эпиграфика Востока. - Москва, ХХХ1, - 2015. - С. 332-337.

5.Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. - Москва, - 1972. - 425 с.

6. Давидович Е.А. Бараб - новый среднеазиатский монетный двор Саманидов и Ануштегинидов// ППВ. -

1972. - М., - 1977. - С. 124-129.

7.Давидович Е.А. Владетели Насрабада (по нумизматическим данным)//Краткие сообщения ИИМК. Вып. 61. - М., - 1956. - С. 107-113.

8. Давидович Е.А. Денежное обращение в Мавераннахре при Саманидах//НЭ. Т. VI. - М., - 1966. - С. 103134.

9. Давидович Е.А. Неопубликованные монетные находки на территории Узбекистана//Труды Института истории и археологии. Метариалы по археологии Узбекистана. - Ташкент, вып. 7, - 1955. - С.156 -173.

10.Давидович Е.А. Новые данные по истории Саманидов (клад медных монет IX-X вв. из Самар-канда)//Средняя Азия в древности и средневековье (история и культура). - М., - 1977. - С. 112-125.

11. Давидович Е.А. Нумизматические данные по социально-экономической и политической исто- рии Средней Азии X-XVIII вв/Автореф. докт. дисс. - Душанбе-Москва, - 1964. - 42 с.

12. Давидович Е.А. Нумизматические материалы для истории развития феодальных отношений в Средней Азии при Саманидах//Труды АН ТаджССР - Сталинабад, т. 27, - 1954. - С.69-117.

13. Давидович Е.А. Об институте феодальных пожалований в Средней Азии IX-X вв//Проблемы возникновения феодализма у народов СССР. - М., - 1969. - С. 205-215.

14. Давидович Е.А. Саманидские монеты Кубы//СА, - 1960, - №2. - С. 254-257.

15. Давидович Е.А. Саманидские фельсы Ферганы: классификация формуляров и уникальные фельсы Узгенда и Ахсикета//«У времени в плену». Памяти Сергея Сергеевича Цельникера. - М., - 2000. - С. 37-72.

16.Давидович Е.А. Ферганские Саманиды по нумизматическим данным//ЭВ. Вып. XI. - М.- Л., -1956. -С. 14-26.

17.Довуди Д. Развитие нумизматики в Таджикистане//Ахбори Осорхонаи миллии Точикистон. - Душанбе, - №1, - 2014. - С. 104-126

18.Лерх П.И. Монеты Бухар-худатов//Труды Восточного отделения императорского Русского археологического общества. - Санкт-Петербург, - 1909. - 161 с.

19.Настич В.Н. Елена Абрамовна Давидович (1922-2013)//Восток (ORIENS) - Москва, - №3, - 2014. -С.213-218.

20.Петров П.Н. Елена Абрамовна Давидович//Нумизматика Золотой Орды. - Саратов, - №??, - 2013. - С.

6.

21.Тизенгаузен О. Саманидскихъ монетахъ//Труды Восточнаго отдъеления императорскаго археологического общества. - Санктпетербургъ. Часть первая, - 1855. - 237 с.

22.Шарифзода А. Инъикоси сикказанй ва муомилоти пулии давлати Сомониён дар сарчашмахои арабй ва форсй-точикй//Муаррих. - Душанбе, - №1(29), - 2022. - С. 69-88.

23.Шарифзода АД. Ганчинаи Кулоб (Дирхамхои сомонй). - Душанбе, -2019. - 648 с.

24.Шарифзода АД. Инъикоси химияи амалй ва технологияи хунармандй дар «Баёну-с-синоот» -и Хубайши Тифлисй//Душанбе, «Муаррих», №2(26), 2021. С.135-146.

25.Codrinqton O. A manuel of musalman numismatics. - London. 1904. -239 p.

СИККАЗАНЙ ВА ИНЪОМОТИ ФЕОДАЛИИ СОМОНИЁН ДАР ОСОРИ А.Е. ДАВИДОВИЧ

Муаллифи макола бо такя ба далелхои муътабари илмй ва бо назардошти сахми бунёдии Елена Абрамовна Давидович (1922-2013), дар ташаккул ва рушди сиккашиносии чумхурй уро асосгузори сиккашиносии Точикистон мехисобад.

Аз тахкики осори илмии Елена Абрамовна муаллиф ба чунин натича мерасад, ки дар Ит-тиходи Шуравй ин олими машхур дар асоси омузиши сиккахои сомонй ва сарчашмахои хаттй масъалахои таърихи сиёсй, иктисодй, ичтимой ва таборшиносии Сомониёнро бехтар аз хама тахкик кардааст.

Е.А. Давидович исбот менамояд, ки фалсхои сомонй барои тахкики созмони инъомоти фео-далии замони Сомониён сарчашмаи мухим ва дар баъзе холатхо сарчашмаи ягона мебошанд.

Елена Абрамовна таснифи фалсхои сомониро сарчашмаи асосии тахкики масъалахои соз-

мони инъомоти феодалй ва заминдории шартй мехисобад ва сиккахои мисиро ба 12 шакл (формуляр) чудо менамояд. У конунияти чойгиршавии номхои гуногун дар доираи ду тарафи сикка, мохияти дар кучо чойгир будани хар як ном ва матни мукаддимавии пеш аз номхоро муайян менамояд. Вай тавассути таснифи фалсхо мохияти асосии инъомоти феодалиро барои хизмат (Бу-хоро, Фаргона, Насробод, Ахсикат, Кубо, Исфичоб ва f.) ва окибати минбаъдаи он - заиф наму-дани иктидори давлати Сомониёнро ошкор месозад. Инчунин у дар рафти тахкики сиккахо ду зарробхонаи нави Сомониён - Бороб ва Куборо кашф менамояд.

Калидвожахо: Сомониён, Е.А. Давидович, сикказани, динор, дирхам, фалс, мусайяби, мууам-мади, гитрифй, сарчашмаи хатти, созмони инъомоти феодалй, мулкуои мустацил, цойгиршавии номуо, таснифи фалсхо, мехкадаи нав, Мовароуннаур.

МОНЕТНОЕ ДЕЛО И ФЕОДАЛЬНОЕ ПОЖАЛОВАНИЕ ЭПОХИ САМАНИДОВ В ТРУДАХ Е.А. ДАВИДОВИЧ

Автор данной статьи, опираясь на достоверные научные данные и учитывая фундаментальный вклад Елены Абармовны Давидович (1922-2013) в становление и развитие нумизматики республики, считает ее основоположницей нумизматики Таджикистана.

По убеждению автора в Советском Союзе Елена Абрамовна на основе исследования сама-нидских фельсов и письменных источников лучше всех решила некоторые вопросы политической, экономической, социальной и генеалогической истории эпохи Саманидов.

Е.А. Давидович доказывает, что саманидские фельсы являются важным, а в ряде случаев и единственным источником для исследования института феодальных пожалований Саманидской эпохи.

По мнению Елены Абрамовны классификация саманидских фельсов является важнейшим источником исследования вопросов института феодальных пожалований и условного землевладения и разделяет медные монеты на 12 формуляров. Она определяет закономерность размещения различных имен на двух сторонах фельсов, где размещается каждое имя и вводный текст, предшествующий именам.

Через классификацию фельса она раскрывает основную сущность феодальных пожалований за службу (Бухара, Фергана, Насрабад, Ахсикат, Кубо, Исфиджаб и др.) и ее последующее следствие - ослабление мощности саманидского государства. А также Е.А. Давидович в процессе исследование фелсов открывает две новые саманидские монетные дворы - Бараб и Куба. Не косаясь Хурасана Давидович в основном исследует монетное дело, денежное обращение саманидов в Мавераннахра.

Ключевые слова: Саманиды, Е.А. Давидович, монетное дело, динар, дирхам, фальс, мусайяби, мухаммадан, гитрифи, письменный источник, классификация фальсов, институт феодальных пожалования, независимые владения, расположение имен, новые монетные дворы, Мо-варуннахр.

COINING AND FEUDAL GRANT THE ERA OF THE SAMANIDS IN THE WORKS OF E.A. DAVIDOVICH

The author of this article, based on reliable scientific data and taking into account the fundamental contribution of Elena Abarmovna Davidovich (1922-2013) to the formation and development of numismatics of the republic, considers her the founder of numismatics in Tajikistan.

According to the conviction of the author in the Soviet Union, Elena Abramovna, based on the study of Samanid fels and written sources, he best resolved some issues of the political, economic, social and genealogical history of the Samanid era.

Davidovich E.A. proves that the Samanid fels are an important, and in some cases the only source for studying the institution of feudal grants of the Samanid era.

According to Elena Abramovna, the classification of Samanid felsahs is the most important source of research into the issues of the institution of feudal grants and conditional land tenure and divides

copper coins into 12 forms. It defines the pattern of placement of the various names on the two sides of the fels, the essence of where each name is placed, and the introductory text preceding the names.

Through the classification of felsi, it reveals the basic essence of feudal awards for service (Bukhara, Fergana, Nasrabad, Akhsikat, Kubo, Isfijab, etc.) and its subsequent consequence - the weakening of the power of the Samanid state. And also Davidovich, in the process of researching the Fels, opens two new Samanid mints - Barab and Kuba. Without looking at Khurasan Davidovich, he mainly studies coinage and the circulation of Samanids in Transoxiana.

Key words: Samanids, E.A. Davydovich, coinage, dinar, dirham, fals, musayabi, muhamma-dan, ghitrif, written source, classification of fals, institution of feudal grants, independent possession, location of names, new mints, Movarunnahr.

Сведения об авторе: Шарифзода Абдували- кандидат исторических наук, заведующий отделом истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии им А. Дониша НАН. Тел.: (+992) 900-55-75-75. E-mail: abduvali05@mail.ru

Information about the author: Sharifzoda Abduvali - Candidate of Historical Sciences, Head of the Department of History of Science and Technology of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Tel: (+992) 900-55-75-75. E-mail: abduvali05@mail.ru

♦-♦

УДК: 93. 930

ТАСНИФОТИ ИЛМ ДАР ОСОРИ МУТАФАККИРОНИ АСРИ

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

МИЕНАИ ТОЧИК1

МАЦСАДОВ Х-И., Институты таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Дар таърихи илм назаре роич аст, ки илмхо наклию аклй мешаванд, ки ин аз радабандии классикии гузаштаи мо бармеояд. Ба илмхои аклй факат олимони эронй сарукор доштаанд ва илмхои наклиро илми арабй гуянд, бо вучуди он, ки абармардони эронй дар хар ду бахши ин илмхо дастболо будаанд.

Сухане чанд оид ба мафхумхои илмхои «арабй» ва «мусулмонй». Такрибан то солхои 1960 кисми зиёди мухаккикони таърихи илм хамаи илмхои асримиё-нагии Шарки мусулмониро илми «арабй» меномиданд. Бояд кайд кард, ки ин нуктаи назари галат мутаассифона то имруз низ дида мешавад, хол он ки аз соли 1970 инчониб мухаккикони таърихи илм истилохи «илми мусулмонй»-ро ба чойи «арабй» пазируфтаанд.

Бегумон байни ин истилохот фаркияти куллй мавчуд аст. Бо истилохи «илми арабй» илмхое, ки арабхо ё ин ки мардуми араб эчод намудаанд, фахмида меша-вад. Истилохи «илми мусулмонй» бошад ба хамаи мусулмонхо тааллук дорад, яъне илмхое, ки хамаи мардумони билоди мусулмонй эчод намудаанд. Аз ин хо-тир, ба пиндори камина мафхуми «илми мусулмонй» (хамаи чугрофиёи билоди мусулмониро дар бар мегирад) кобили кабул аст. Дар хакикат, аз асрхои миёна

1 Макола дар асоси лощаи «Таърихи илм ва техникаи халки тоцик аз давраи кадим то замони хозира», разами кайди давлатй 0121TJ1273 навишта шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.