Научная статья на тему 'РЕГУЛИРОВАНИЕ ПРОЦЕССА ТРУДОВОЙ МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ'

РЕГУЛИРОВАНИЕ ПРОЦЕССА ТРУДОВОЙ МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
56
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РЕГУЛИРОВАНИЕ / ТРУДОВАЯ МИГРАЦИЯ / ВЫНУЖДЕННАЯ МИГРАЦИЯ / КУЛЬТУРНЫЙ / КОНЦЕПЦИЯ / ОТВЕТСТВЕННЫЙ / ПРОЦЕСС / СОЮЗЫ / ПЛАТЁЖ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абулхаев Ракиб

В статье освещается необходимость процесса трудовой миграции таджиков в бывшие республики Союза ССР и прежде всего в различные регионы Российской Федерации, обоснование и их трудоустройства. Кроме того, в статье освещается одна из важных проблем регулирования процесса трудовой миграции.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REGULATION OF THE PROCESS OF TAJIK LABOR MIGRATION

The article highlights the need for the process of labor migration of Tajiks in the former Soviet republics, and first of all in different regions of the Russian Federation, the explanation and their employment. In addition, the article highlights one of the important problems in regulating the process of labor migration.

Текст научной работы на тему «РЕГУЛИРОВАНИЕ ПРОЦЕССА ТРУДОВОЙ МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ»

БА ТАНЗИМ АБУЛ^АЕВ Ракцб,

ДАРОВАРДАНИ д.и.т., сарходими илмии шуъбаи таърихи навтарини

РАВАНДИМУХОЦИРАТИ Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии

МЕХНАТИИ ТОЧИКОН ба номи А.Дониши АИ ЦТ (Тоцикистон, Душанбе).

РЕГУЛИРОВАНИЕ АБУЛХАЕВ Ракиб, ПРОЦЕССА ТРУДОВОЙ д.и.н., главный научный сотрудник отдела новейшей МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ истории Института истории, археологии и этнографии

им. А.Дониша АН РТ (Таджикистан, Душанбе).

REGULATION OF THE ABULHAEVRakib,

PROCESS OF TAJIK Dr. of History, the senior scientific employee newest history LABOR MIGRATION department of the Institute of history, archeology and

ethnography named after A.Donish under the Academy of Sciences of Tajikistan Republic (Tajikistan, Dushanbe).

Калидвожа^о: танзим, мууоцирати меунатй, мууоцирати мацбурй, фаруангй, консепсия, мутасаддй, цараён, итиуодия, пардохт.

Дар мацола зарурият ва цараёни мууоцирати меунатии тоцикон ба собиц Ч,умх,урщои Иттифоци Шуравй ва цабл аз уама ба мавзеъуои мухталифи Федератсияи Русия, цойгиршавии ощо ва ба кор таъмин гаштанашон таулил карда шудааст. Инчунин, яке аз масоили мууим, яъне ба танзим даровардани ин падида ба риштаи сухан кашида шудааст.

Ключевые слова: регулирование, трудовая миграция, вынужденная миграция, культурный, концепция, ответственный, процесс, союзы, платёж.

В статье освещается необходимость процесса трудовой миграции таджиков в бывшие республики Союза ССР и прежде всего в различные регионы Российской Федерации, обоснование и их трудоустройства. Кроме того, в статье освещается одна из важных проблем регулирования процесса трудовой миграции.

Key words: regulation, labor migration, forced, cultural, conception, responcible, process, unions, payment.

The article highlights the need for the process of labor migration of Tajiks in the former Soviet republics, and first of all in different regions of the Russian Federation, the explanation and their employment.

In addition, the article highlights one of the important problems in regulating the process of labor migration.

Маълум аст, ки дар шароити имрузаи сох,ибисти;лолй мух,оцирати мех,натй дар Ч,ум^урии Тоцикистон яке аз масоили мухдми ичтимой-иктисодй ва сиёсй низ махсуб мешавад. Ин чараён инчунин ба стратегияи сиёсати давлату далатдорй дохил мешавад. Дар даврони Иттих,оди Шуравй Ч,умх,урии Тоцикистон бархак ба як давлате табдил ёфта буд, ки дар он намояндагони зиёда аз сад миллату хал;иятх,ои дусту бародар кору зиндагй мекарданд. Пас аз пош хурдани ин иттифок ва баъди ба даст даровардани исти;лолият дар Ч,умх,урии Тоцикистон бо дахолати куввахои иртичоии дохиливу берунй цанги бемаънии шахрвандй ва ё «бародаркуш» сар зад, ки он ба мо хам аз лихози ичтимой-иктисодй ва хдм аз лихози илмиву фархднгй хисороти гушношунида расонд. Мардуми чй бумй ва чй омада, ба тахлука афтода буднанд, илочи аз ин бухрони иктисодиву сиёсй баромаданро мечустанд, зеро корхонахои саноатй, колхозу совхозхо фалач гардида буданд.

Дар чунин шароити нихоят муташаннич мардуми русзабону рустабор рохи мухочирати мачбуриро пеша карда, аслан ба чумхурихои собик иттифок ва кабл аз хама ба мавзеъхои гуногуни Федератсияи Русия куч бастанд, зеро ба он акидае буданд, ки дар солхои наздик дар Точикистон хаёти осоишта баркарор нахохад шуд. Бо хамин максаду маром аз солхои 90-уми асри XX сар карда, чараёни мухочирати мачбурии беруна огоз ёфт. Ба гайр аз ин куввахои кории изофаи дохилй, баъд аз вокеахои харбй-сиёии дар чумхурй рухдода, ноилоч рохи мухочирати мачбурии мехнатиро дур аз кишвар пеша карданд. Аз ин ру аз хамин вакт сар карда, чараёни нисбатан дурударози мухочирати мехнатй ба мамолики дигар аз Точикистон огоз мегардад, ки он сабабхои кабл аз хама ичтимой-иктисодй, сиёсй ва илмиву фархангй дошт.

Дар зиндагонии имруза мунтазам бехтару хубтар гардондани хаёти ицтимой-и;тисодй ва илмиву фархангии мардум бо ба хисоб кардану ба низом даровардани чараёни мух,оцирати

мехнатй ба даст оварда хохад шуд. Ин чараён, имруз омиле мебошад, ки бахри бехтар ва аз хар чихат мустахкаму дилпур намудани хдёти ичтимой-иктисодй ва илмиву фархангии мардуми захматкаши Чумхурии Точикистон хамачониба кумак расонид ва расонида истодааст. Тамоми чунин омилхои мусбиро ба эътибор гирифта, аз нимаи дуюми солхои 90-и карни ХХ то кунун дар сохаи мухочирати мехнатй ва ба танзим даровардани ин чараён аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон якчанд хуччатхои хукукй кабул шудаанд.

Пас аз ба эътидол омадани хдёти хдрбй-сиёсй Хукумати Чумхурии Точикистон хануз соли 1998 Консепсияи сиёсати мухочирати мехнатиро коркарда баромада, дар ин хуччати боэътимод мохият ва мавкеи чараёни ин падидаро илман муайян намуд. Соли 2001, баъди мухокимаи хамачониба ва маъкул донистани матни он, Консепсия кабул карда шуд. Баъди як сол ба конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мухочират» инчунин тагйироту иловахо оид ба танзим даровардани мухочирати мехнатй дар хоричи кишвар ворид гардиданд. Бояд зикр кард, ки ин конун бе тагйиру иловахо як чизи мавхум набуд. Зеро мувофики дигар шудани вазъу шароитхои кору зиндагии мухочирони мехнатии точикони берун аз кишвар, ба ин конун солхои минбаъда низ тагирот ва иловахо ворид карда шуданд.

Бо максади ба танзим даровардани чараёни мухочират ва таъмини хифзи хукуки мехнаткашони мухочир чй дар хоричи мамлакат ва чй дар дохили он Хукумати Чумхурии Точикистон дар таърихи 31 январи соли 2006 тахти № 61 «Барномаи мухочирони мехнатии хоричи Чумхурии Точикистон дар солхои 2006-2010»-ро кабул кард [3, 7]. Ин хуччати боэътимод ташкилотхои муттасадии чумхурй ва берун аз онро чиддан вазифадор мекард, ки кору кирдор ва тарзи хаёту зиндагии мухочирони мехнатй ва тарбияи оилаву фарзандони онхо доимо дар мадди назарашон бошад, барои халли ин ва ё он масъалахои ба миён омада, дасти ёрй дароз кунанд.

Ба акидаи муовини якуми сардори Хадамоти мухочирати назди Хукумати Чумхурии Точикистон А. Бобоев барои ба танзим овардани масъалахои мухочирати мехнатй ва аъзои оилаи онхо, таъсис додани Шурои машваратй тахти рохбарии Сарвазир дар хайати вазирон ва раисони вазорату идорахои калидй лозим аст. Инчунин, ба андешаи мо у мантикан ва хаётй акидаронй мекунад, ки дар Парлумони мамлакат ташкил кардани Кумитаи алохида оид ба баррасии масъалахои мухочирати мехнатй шарт ва зарур мебошад. Чихати мусоидат ва ёрии моддй ба мухочирони мехнатй ва аъзои оилаи онхо, мисли тачрибаи пешкадами давлати Филиппин, ташкил кардани Хазинаи чамъиятию давлатии ичтимой, Марказхои иттиолотию хукукй, репатриатсия, реабилитатсия ва реинтегратсия лозим мебошад [2, 93]. Ба фикри мо, чунин таклифхои мутахассис барои ба танзим даровардани чараёни кору кирдор ва зиндагии муътадили мухочирони мехнатй мусоидат мекунад ва аз ин лихоз аз ахамияти амалй холй нест.

Андеша меравад, ки яке аз омилхои ба танзим даровардани чараёни мухочирати мехнатии точикони берун аз каламрави кишвар, алокаи корфармоёни Федератсияи Русия бо кормандони масъули Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон махсуб меёбад. Ба чунин фикру андеша мисолу далелхои зиёд шаходат медиханд. Масалан, мохи августи соли 2016 намояндагони Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон бо хамрохии ашхоси салохиятдори Кумитаи мехнат ва шугли ахолии шахри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия филиали "Маркази машваратй оид ба кортаъминкунй дар Санкт-Петербург"-ро дар шахри Кургонтеппа кушода, бо ин Марказ хамкории зич барпо карданд. Инчунин, дар дафтари САХА (ОБСЕ) дар шахри Кургонтеппа барномаи омузишии якруза дар мавзуи "Волидайн алайхи терроризм" ва Мизи муддавар дар мавзуи "Хифзи хукуки мухочирон ва омилхои рондашавй (депортатсия)» баргузор гардид, ки дар ин чорабинй шахсони масъули дастгохи марказии Раёсат ва бахши Хадамоти мухочират дар шахри Кургонтеппа, намояндаи филиали МД "Агентии бакортаъминкунй дар хорича"-и Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон дар вилоят иштирок ва фикру андешахояшонро иброз намуданд. Чунин чорабинй, бечунучаро масъалаи интихоби дурусти мухочирони мехнатии точикро на танхо ба шахри Санкт-Петербург, балки ба дигар минтакахои Федератсияи Русия халлу фасл намуд.

Оиди масъалаи ба танзим даровардани чараёни мухочирати мехатии берун аз марзи Точикистон мавкеи диаспорахо ва ташкилотхои чамъиятии дар худуди Федератсияи Русия таъсис ёфта кам нест. Зеро сол аз сол фаъолияти чамъиятии диаспорахо ва ташкиллотхои оммавиии точикон афзуда, алокаи онхо натанхо бо корпусхои Федератсияи Русия, инчунин бо мамолики Аврупо ва ШМА мустахкам шуда, масоили мухдмтарини мухочирати мехнатй дар микёси чахонй мавриди тахлил карор мегирад [1,382].

Дигар масъалаи ба танзим даровардани мухочирати мехнатй аз аввал ва то ба охир, ин ба эътибор ва гиромй доштани тамоми он хуччату конунхое, ки мамлакати кабулкунандаи капитали мехнатй пеш гузоштааст, махсуб аст. Аз байни онхо корти мухочирй - хуччати зарурй ба хисоб

меравад, аз ин ру онро бо шиноснома якчоя нигох дошта мешавад. Мухочирони мехнатие, ки нав ба мамлакати хоричй, яъне ба Федератсияи Pyсия ва ë дигар чумхурияхои собик Иттифок азми сафар кардан доранд, бояд донанд, ки дар холати пешниходи корти калбакй аз онхо 7000 рубли русй чарима ситонида мешаваду воридшавй ба каламрави ин мамлакат ба мухлати 5 сол ва ë ин ки мувофики кисми 3 моддаи 327 ^декси Чиноятии Федератсияи Pyсия ба мухлати то 6 мох аз озодй махрум карда мешаванд [ 6].

Дигар роху воситаи ба танзим даровардани кору зиндагии мухочирони мехнатй, ба фикри мо, баркарор кардани алокаи устувору доимии байни намояндагони мамлакати содироткунандаи кувваи корй ва мамлакати воридкунандаи ин кувва аст. Тавре ки дар боло ишора рафт, чй дар Точикистон ва чй дар мамолики мухочиркабулкунанда дар даврахои муайян алокахои ба манфиати тарафайн фоидабахш доир мегардид.

Солхои тулонист, ки мардуми Чумхурии Точикистон пас аз чанги бародаркуш чун мухочирони мехнатй барои дарëфти кору зиндагй ба шахру вилоятхои мамлакатхои ИДМ ва кабл аз хама ба Федератсияи Pyсия рахсипор мешаванд. Масалан, соли 2002 хамагй 262000 нафар мухочирони мехнатии Точикистон ба хорича сафар карда бошанд, пас соли 2011 ин ракам то 750391 нафар здад гардид ва чунин холат боиси нигаронист, зеро масъалаи дар амал идоракунии равандхои мухочират имруз афзалияти хоса дорад [2, 92].

Точикистон хамчун мамлакати инкишофëбанда ва дар айни хол дар солхои чанги шахрвандй ва баъд аз он дар хама чабхахои хаëт масъалахои халталаб дошта, дарачаи пасти истехсолот ва дар дохили мамлакат дорои дарачаи баланди бекорй буда, садхо хазор мухочирони мехнатй дар хоричи чумхурй кору зиндагй мекунанд. Ин ва дигар омилхо ба он сабаб мегарданд, ки имруз Точикистон бетараф наистода, ба ин чараëн низ чалб хохад шуд. Дар тули 21 соли охир теъдоди ахолии Точикистон здада аз 1/3 маротиба (31, 1%) ва захирахои мехнатй бештар аз 66,7% афзудааст, дар вакте ки сатхи шугл танхо 9,1% боло рафтааст, яъне афзоиши шугли ахолй аз афзоиши захирахои мехнатй 57,6% акиб мемонад [2, 48].

Албатта дар Федератсияи Pyсия куввахо, ташкилотхои гайридавлатй ва гуруххое буданду то имруз вучуд доранд, ба акидаеанд, ки ^ë мухочирони мехнатии Осдаи Марказй, аз чумла Чумхурии Точикистон барои ин мамлакат фоидаовар набуда, онхо баръакс зарари иктисодй ва маънавй меоранд. Баробари он дар ин чо боз ашхоси сохибаклу ботамиз хастанд, ки дар бораи ба иктисодтети Федератсияи Pyсия баракс фоидаи зиëд овардани мухочирони мехнатй ва зарурияти дар ин мамлакат кору зиндагй кардани онхо объективона фикру акидаронй мекунанд.

Доир ба танзим даровардани кору зиндагии точикон дар Федератсияи Pyсия ва мехнати софу диловаронаи онхо Pаиси шурои Ассамблеяи Pyсия, собик сафири Федератсияи Pyсия дар Точикистон Pамазон Абдулатипов дар сухбат бо хабарнигори «Утро. Py». аз чумла чунин акидаронй кард, ки «бояд дарк кард, ки дар ояндаи наздик бе мухочирон кор бароямон душвор мегардад... Аммо, дар баъзе минтакахои Pyсия нисбати мухочирони точик муносибати бадро раво мебинанд. Аз руи ракамхои баландтарин, хар сол аз Чумхурии Точикистон тахмин то якуним миллион нафар шахс ба чустучуи кор ба хорича мераванд, харчанд точиконро ба дигар кишвархо даъват намоянд хам ба Pyсия меоянд. Муносибати аз хама бехтаринро бо мухочирони точик хукуматдорони ш. Маскав ба рох мондаанд. Ман дар сохтмонхои ин шахр, дар он чойхое, ки точикон кор мекунанд, будам. Дар баъзе иншоотхо вобаста ба ихтисос мохонаи онхо кариб ба хазор доллари америкой мерасид [4, 26, 27].

Дар тамоми гушаву канори Федератсияи Pyсия ба чуз мардон инчунин занхои сохиби касбу кори гунонгун дар тамоми сохахои хочагии халк бомувафаккият кору зиндагй мекунанд ва бо мехнати фидокоронаашон ба ин мамлакат манфиати иктисодй ва маънавй меоварданд. Масалан, аз соли 2005 занон низ ба мухочират рафтанро огоз карданд. Аз руйи мушохидахо 57 фоизи занон хамрохи шавхаронашон ба мухочират рафтанд. «^океан, вактхои охир рафтуомади мустакилонаи занони бешавхар ва чудошуда афзуда истодааст» [4, 43, 44]. Бонувони сохаи тибби точик на танхо дар дохили Чумхурии Точикистон, инчунин берун аз кишвар ба табобату муоличаи беморон сахми арзанда мегузоранд. Ба ин иттиходия занон-модарон аз тамоми минтакахои Чумхурии Точикистон шомил буда, фаъолияти онро дастгирй мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар байни онхо занони касбу кор ва маълумоту ихтисосхои гуногун, ба монанди: табибон, муаллимон, хукукшиносон, иктисодчтен, бонкирон, точирон, мухандисон, геологхо, сохтмончдан, дузандагон, ошпазхо, хатто ронандаи симгард (троллейбус) ва гайра мебошанд. Дар иттиходия чанде аз занхои фаъол хастанд, ки номашон кайхо боз дар байни хамддарон ва мардуми вилояти Иркутск маълуму машхур гардидааст. Аз байни онхо метавон бо хушнудй номхои Бобоева Фотима, Нозимова Садбарг, Юсупова Хикматой, Курбонмамадова Парвина, Азимова Зулайхо ва бисëр дигаронро ба забон

гирифт [6].Чунин занхои кордону хунарманди точик боз дар дигар вилояту мавзеъхои Федератсияи Русия кам нестанд.

Маълум, ки Федератсияи Русия макони асосии мухочирони мехнатй, диаспорахову иттиходияхои чамъиятии мардуми Точикистон махсуб аст. Мамлакати дигаре, ки дар он чо мухочирони мехнатии точик кору маскан гирифтаанд, хамсояи дусту ба мо аз лихози чугрофй наздик Ч,умх,урии Казокистон мебошад. Мувофики маълумоти оморй шумораи мухочирони мехнатй аз Точикистон дар Казокистон дар солхои 2013-2015 беш аз 20 хазор нафарро ташкил медихад. Аз чумла, тибки маълумоти рафтуомади шахрвандон тавассути гузаргоххои сархади давлатии Ч,умхурии Точикистон дар соли 2015 наздики 11 хазор шахрвандони кишварамон ба Казокистон ба мухочирати мехнатй сафар намудаанд.

Дар Казокистон хамзамон точикони бурунмарзй хамчун сокинони мукимии ин кишвар кору зиндагй менамоянд. Алхол дар Казокистон 8 чамъияти точикон расман фаъолият доранд, Вазорати мехнат ва мухочират ва шугли ахолии Точикистон бо онхо робитаи зич дорад [6].

Тавре, ки дар боло ишора шуд, дар бисёр вилояту шахрхои Федератсияи Русия ва Ч,умхурии Казокистон мухочирони точик кору зиндагй карда, диаспорахову иттиходияхои чамъиятии онхо низ фаъолона амал мекунанд. Аммо факту ракам ва мисолхои боварибахш шаходат медиханд, ки на дар хама чо мехнати сангини мухочирони мехнаии точик кадр карда мешавад. Баъзе корфармоён на ин ки музди мехнати онхоро саривакт ва конунй медиханд, хатто ба онхо бо зурй тахдид карда, аз чои кор меронанд. Як иддаи дигар бо ташкилотхои хифзи хукукии Федератсияи Русия хамкорй карда, бо роххои фиребу найранг аз мухочири мухточ пайсаи охиринашро меситонанд. Масалан, нархи чаримаи мухочири точик дар шуъбахои №51 - 65 Маскав то 15000 рубл боло рафта буд, дар сурате, ки расман маблаги чарима 2000 рубл аст. Хдфтахо онхоро боздошт менамуданд, то касе пайдо мешуду бо карзу кавола онхоро рахо мекард. Бо чурми маводи мухаддир низ ячанд чавоноро «подставить» (бо рохи дар чайбашон андохтани микдоре маводи мухаддир) мекарданд. Дар ин вазъият шахси пулдор коре карда худро халос мекард, вале мухточон беягон гунох зиндонй мешуданд [7]. Албатта, ташкилотхои салохиятдори Точикистон дар Федератсияи Русия низ буда, барои хифзи хукуки мухочирони мехнатии точик саривакт чорахои зарурй меандешанд. Баъзан ба чунин муносибатхо худи мухочирони мехнатй ба хатогихо рох медиханд, хусусан он кисме, ки бе хуччатхои лозимй ба Федератсияи Русия рафта, ба таври гайриошкорй дар зери дасти корфармоёни берахму бешавкат кор карда, дар баъзе мавридхо бе музди мехнат мемонанду ба таъкиб низ дучор мешаванд.

Аз чониби давлат дар солхои охир тавассути ба низом даровардани мухочирони мехнатй карору пешниходхои зиёде оид ба ин масъалаи мухими руз кабул шудааст, ки кисми муайяни онхо дар хаёт татбик шуда истодаанд. Байни Федератсияи Русия ва Ч,умхурии Точикистон карору нишондодхои зиёде кабул шудаанд ва кабул мешаванд, ки онхо барои ичроиши саривактии вазифахои дар пешистодаи мухочирон ва баланд бардоштани тарзи зиндагониашон кумак мерасонанд. Аммо дар раванди мухочирати мехнатй камбудй ва норасоихое хастанд, ки ба ислохи саривактии онхо давлат ва ташкилотхои дахлдор бояд диктат дода, онро бархам диханд. Масалан, тадкикотхо нишон медиханд, ки ба мухочирати мехнатй бештар чавонони мамлакат таваччух доранд. Ба ин раванд чунин далел шаходат медихад, ки хатто баъзе наврасон мактаби тахсилоти миёнаро хатм накарда, рохи мухочиратро пеш мегиранд. Маълумоте, ки аз чониби Маркази тахкикоти стратегии назди Президенти Ч,умхурии Точикистон пешниход гардидааст, нишон медихад, ки бештар аз 70%-и мухочиронро чавонони синну солашон 17-29 сола ташкил менамоянд. Тибки маълумотхо танхо дар соли 2012-ум 50 хазор ноболигон ба мухочирати мехнатй рафтанд [5, 5].

Натичахои тадкикоти ходимони Маркази тахкикоти стратегии назди Президенти Ч,умхурии Точикистон нишон медихад, ки солхои охир омилхои мусоидаткунанда ба афзоиши мухочирони мехнатй тагйир ёфтаанд. Масалан, агар то огози солхои 2007-2009 омили мухими мухочирони мехнатй таъмини амнияти озукаворй дар сатхи хочагихои манзилй бошад, пас солхои охир омили асосии мухочирони мехнатй бехтар намудани шароити зист ва таъмини фарзандон бо таълими арзишманд махсуб аст.

Новобаста аз тарафи Хукумати кишвар ва ташкилотхои дахлдор андешидани чорахои зарурй оид ба танзим даровардани чорабинихои анъанавй (туй ва маросимхои азодорй) зиёда аз 23% мусохибон гузаронидани туйро ба омили асосии мухочирати мехнатй вобаста намудаанд. Пардохти карзхо низ барои 12% мусохибон омили мусоидаткунанда ба мухочирати мехнатй мебошад. Барои кишрхои камбизоати ахолй (24,2%) таъмини оилахо бо маводи хурока омили асосии мухочирати мехнатй аст [5, 47].

Яке аз масъалахои ба танзим даровардани мухочирати мехнатй сари вакт бастани шартномаи мехнатй бо корфaрмоëн мебошад. Тачрибаи фаъолияти намояндагй, аз чумла баррасии аризахо оид ба хисоб нагирифтани маоши мухочирони мехнатии Точикистон дар Pyсия, нишон медихад, ки дар бисëр маврид пешакй набастани шартномахои мехнатй бо корфармо боиси мушкилоти зиëд дар чaрaëни пардохти музди мехнат мегардад. Инчунин набастани шартномахои мехнатй хангоми пайдо шудани бахсхои гуногун дар муносибатхои байни корфармо ва коргар, аксаран ба зарари коргар аст. Зеро корфармо метавонад бо сад бахона, аз сифати корхои ичрошуда сар карда, то мушкилоти молявии корхона ва мухлати ичрои корхо пардохти музди мехнатро ба таъхир андозад ва ë пурра пардохт накунад.

Тачрибаи зиндагй баралло исбот кард, ки яке аз омилхои бехтар ва бе хавфу хатар кардани кору зиндагии мухочирони мехнатй муносибати доимй ва кавии онхо бо диаспорахо ва иттиходияхои чамъиятии точикон дар мамолики ИДМ ва пеш аз хама Федератсияи Pyсия махсуб мешавад.

Аз 1 то 5 марти соли 2015 вохурихои гуруххои корй ва чаласаи 13-уми Комиссияи байнихукуматии Ч,умхурии Точикистон ва Федератсияи Pyсия оид ба хамкории иктисодй дар шахри Маскав барпо гардид, ки дар он якчанд масъалахо оид ба мухочирони мехнатй мавриди мухокима карор гирифт. Яке аз ин масъалахо ин ба танзим даровадани чaрaëни мухочирати мехнатй ба хисоб мерафт. Аз сабаби он, ки 1 январи соли 2015 хуччати «ичозати кор» аз эътибор сокит карда шуд ва дар худуди Pyсия танхо «патент» ягона хуччати расмй барои амалй намудани фаъолияти корй мебошад, пас он бояд хамчун хуччати ивазкунандаи «ичозати кор» барои шахрвандони Ч,умхурии Точикистон кабул карда щавад. Дар ин вохурихои гуруххои корй ва чаласаи 13-уми Комиссияи байнихукуматии Ч,умхурии Точикистон ва Федератсияи Pyсия, инчунин бахсу мубохиса оид ба расмигардонии (легализацияи) мухочирони мехнатй-шахрвандони Ч,умхурии Точикистон, ки дар каламрави Федератсияи Pyсия ба хукуквайронкунии ночиз рох додаанд, сухан рафт. Федератсияи Pyсия дар асоси конунгузории нави худ аз 1 январи соли 2015 дар худуди давлат танхо хучатхои тиббии Pyсия ро кабул менамояд ва шахрвандони хоричиро мачбур месозад, ки дар муассисахои тибии он аз муоина ва ташхис гузаранд [7].

Маълум, ки мухочирати мехнатй яке аз самтхои мухими даромади иктисодии кариб тамоми кишвархои чахон мебошад, ки Ч,умхурии Точикистон низ яке аз онхо ба хисоб меравад. Давлат дар масъалаи химояи хукук ва шаъну шарафи шахрвандони Точикистон худро масъул мешуморад. Масалан, дар соли 2016 бо мусоидати намояндагии Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Ч,умхурии Точикистон дар Федератсияи Pyсия бештар аз 40 миллион карздорй ба мухочирон баргардонида шуд. Ин карздорй аз ашхоси хукукй ва вокей рyëндa шуда, нишон медихад, ки химояи манфиати мухочирони мехнатй дар маркази сдасати давлати Точикистон карор дорад. Хдмчунин бо мусоидати намояндагй ба здада аз 270 нафар, ки гайриконунй боздошт ва ë депортатсия шудаанд, кумаки хукукй расонида шуда, хукукхояшон баркарор гардид [8]. Бояд зикр кард, ки дар ин муддат шахрванди Чумхурии Точикистон барои вайрон кардани коидахои будубош ва фаъолияти мехнатии каблй ба чавобгарии маъмурй кашида намешавад.

Инчунин шахсоне, ки дар худуди Федератсияи Pyсия мухлати будубошашон гузаштааст, метавонанд, ба шуъбахои макомоти мухочирати Федератсияи Pyсия мурочиат намоянд ва ба онхо барои конунй гардонидани будубош корти мухочиратии нав бо нишон додани максади вуруд ва кайди мухочиратй ба мухлати 90 руз дода мешавад ва онхо имкон доранд дар ин муддат будубоши худро расмй гардонанд. Дар холати гум кардан ва ë надоштани корти мухочиратй ба шахрвандон корти мухочиратии нав бо хукуки икомат ба мухлати 90 руз дода мешавад ва онхо имкон доранд дар ин мухлат будубоши худро расмй гардонанд [9].

Кормандони Маркази тахкикоти стратегии назди Президенти Ч,умхурии Точикистон хар вакт дар байни ахолй тадкикотхои сотсиологй бурда, баъзе масъалахои иктисодй-ичтимоиро баъд аз бозгашти мухочирон ба Ватан муайян мекунанд. Масалан, соли 2013 мувофики маълумоти онхо аз шумораи умумии пурсидашудагон 57,5% шахрвандон изхор кардаанд, ки муносибати мухочирон бо тарзи зиндагии махалли истикомати доимии онхо пас аз бозгашт аз хорича тагйир ëфтaaст. Аз чумлаи онхо 70% изхор карданд, ки ин тагйирот мусбй аст ва 30% онро манфй aрзëбй кардаанд [5, 57].

Натичаи тадкикоти сотсиологй анику равшан кард, ки хонаводахои мухочирони мехнатй дар сатхи макомоти махаллии хокимият (кумитахо ва чамоатхо) ва чомеа (кумитахои дехот ва махаллахо) хеч гуна ëрдaмy ^мак дaрëфт намекунанд. Аз теъдоди умумии пурсидашудагон 98% изхор намуданд, ки онхо аз макомоти махаллии хокимият хеч гуна ëрй нагирифтаанд [5,63]. Тавре, ки аз чунин маълумотхои сотсиологй бармеояд, гарчанде дар карорхои дахлдори Х,укумати

чумхурй ва ташкилотхои муттасадй оид ба халли мушкилоти оилахои мухочирони мехнатй ба таври чиддй таъкид карда шуда бошад хам, дар махалхо ба ин масъалаи мухими ичтимой дикккати лозима дода намешавад.

Маълум, ки ягон сохаи хочагии халки Точикистон аз лихози молиявй давлату чамъиятро бе ëрии мухочирони мехнатй пурра таъмин карда наметавонад. Танхо дар дахсолаи охир хачми маблагхои ба таври расмй аз хоричи мамлакат ба чумхурй фиристодаи мухочирони мехнатй здада аз 27 млрд доллари ШМА-ро ташкил мекарданд, ки ин сахми бехамтои онхо дар инкишофи иктисодтети мамлакат ва устувории хаëти чамъиятй-сиëсии Точикистон мебошад. Аз ин лихоз, оиди ин масъалаи руз байни хукуматдорони Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Pyсия бо хамешагй гуфтушуниди судманд доир мегардад. Масалан, мохи феврали соли 2017 Асосгузори сулху вахдат, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Pахмон дар рафти вохурй бо Президенти Федератсияи Pyсия Bладимир Путин масъалаи ба Pyсия рафтани мухочирони мехнатиро мавриди мухокима карор доданд. Мувофики карори Bазорати корхои дохилии Федератсияи Pyсия дар зарфи як мох, яъне аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми каламрави ин мамлакат ба шахрвандони Точикистон имконият дода шуд, ки бо рохи дар ташкилотхои мухочиратй барои ба кори руирост баромадан ва мухлати дар ин чо монданро дароз кардан, масъалаи бакайдгирии онхо ба рох монда шуд.

Pафти мазмуни объективй гирифтаистодаи мухочирати мехнатиро дар микëси чахонй, аз чумла дар Чумхурии Точикистон хаматарафа тахлил карда, ба хулосаи мантикие омадан мумкин аст, ки хеч гох аз тарафи ягон рохбари ин ва ë он мамлакат ва хизбу ташкилотхои гунонгун чараëни босуръати чахонишавии ин вокеаи ичтимой-иктисодй ва сиëсй-чамъиятиро инкор кардан мумкин нест. Тавре, ки маълум аст Точикистон дар зарфи здада аз ду дахсола ба масъалахои мубрами мухочирати мехнатй ва ба танзим даровардани чараëни он машгул аст. Аз сабаби он ки хар сол дар ин чумхурй шумораи бекорон ва хусусан аз хисоби чавононписарону чавондухтарон босуръат меафзояд, ба чунин хулоса омадан аз эхтимол дур нест, ки масъалаи мухочирати мехнатй дар мамлакати мо камаш дахсолахо давом карда, барои фаъолияти хамешагии чамъияти точикони бурунмарзй масъалаи мухими руз хохад монд.

Факту ракамхо ва маълумоти оморй ба он шаходат медиханд, ки хар сол аз Чумхурии Точикистон ба мамолики хорича бо максади дарëб кардани чои кор садхо хазор мухочирони мехнатй сафар мекунанд ва хамаи онхо ба он акидаанд, ки ташкилотхои муттасадии давлатй бахрашон гамхории доимй зохир мекунанд. Дар мамолики берун аз кишвар, ки баъзан аз чониби рохбарони корхонахо ва корфармоëни шахсй хукукхои ичтимой ва шахрвандии мухочирони мехнатй поймол карда мешавад, ин вокеаро пай бурда, сари вакт аз чониби коркунони вазорату ташкилотхои дахлдор ба онхо мадад расонида шавад.

Оиди ба танзим даровардани кору кирдор ва зиндагии мухочирони мехнатй аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон хамеша диккати чиддй дода мешавад, чунки ин падида дар хаëти чамъиятй мавкеи калон ва нихоят халкунандаро ишгол мекунад. Стратегияи миллии мухочирати мехнатии шахрвандони Точикистон дар хоричи мамлакат барои солхои 2011-2015 соли 2011 кабул карда шуд. Дар ин хуччат таъсири мусбии мухочирати мехнатиро ба иктисоддат дарч карда, зарурияти кабул кардани муносибати нав ва чиддии ба танзим даровардани ин вокеаи имрузаи чамъиятиро ба пеш гузошт. Стратегияи мазкур кабл аз хама бахри барпо кардани тартиби хукукии идоракунии мухочират ва ба мухочирону ахли оилаи онхо хизмат расонидан аст.

Хар як шахрванди чумхурй, ки сохиби патент мегардад ва ба фаъолияти мехнатй огоз менамояд, бояд аз кордихандаи хеш шартномаи мехнатиро талаб намояд. Ин ба он хотир, ки дар муддати ду мохе, ки шахрванд сохиби патент гардидааст, вазифадор аст, ки нусхаи шартномаро ба шуъбаи Bазорати корхои дохилии Федератсияи Pyсия оид ба мухочират дар чои икомат пешниход намояд. Сокини чумхурй, яъне мухочири мехнатй бояд дар хотир дорад, ки хангоми фаъолияти мехнатй дар кишвархои Федератсияи Pyсия кордиханда хукук надорад, ки шиносномаашро аз дасташ кашида гирад. Мухочири мехнатй тамоми хуччатхояшро яъне шиноснома, корти мухочирй. кайди мухочирй, сертификат ва патентро нусхабардорй карда, дар идораи нотариалй тасдик намояд ва дар чои бехатар нигох дорад. Мухочири мехнатии точик бояд бо хохиши худ, хукук дорад муносибати мехнатиашро дар вазъияти ногувори ташкилкардаи адои кор, бо кордиханда катъ намояд. Дар холати муомилаи дурушти кордиханда, мухочир хукук дорад, ки ба макомоти дахлдори хифзи хукуки Федератсияи Pyсия хабар дихад. Инчунин барои сохиб гардидани кумак ба шуъбаи Bазорати корхои дохилй оид ба мухочират, макомоти судй мурочиат намояд [10].

Хамин тавр, мухочирати мехнатй яке аз вокеахои мухими хаëти чамъиятй буда, имруз аз дораи мамлакатхои алохида берун бармада, харктери умумичахонй гирифт. Дар хакикат, ин вокеа дар ибтидои карни ХХ1, махсусан барои он мамолике, ки кувваи кории изофа дошта, аз сабаби

нокифоя будани объектхои истехсолй онро ба таври ратсионалй истифода бурда наметавонад, ба худ характери объективй гирифт. Аз ин лихоз аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва ташкилотхои дахлдори дохили кишвар ва берун аз он бояд ба масъалаи ба танзим даровардани чараёни мухочирати мехнатй доимо диккат дода, ба таъмини ичтимоии оилахо ва тарбияи насли онхо омода бошанд.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Абулхаев Р.А Из истории трудовой миграции Таджикистана в конце ХХ- начале ХХ1 в. -Душанбе, 2017. - 382 с.

2. Архиви цории маркази тадцицоти стратегии назди Президенти Чумхурии Тоцикистон.

3. Возвращение тарудящихся мигрантов - граждан республики Таджикистан: проблемы и новые вызовы.(Краткое аналитическое описание ситуации). - Душанбе, 2016. -56 с.

4. Мууоцирати мехнатй ва мушкилоти он. - Душанбе:Ирфон, 2010. -212 с.

5. Мууоцироти мехнатй дар Чумхурии Тоцикистон:мушкилот, таъсири он ба цомеа ва роууои тазими равандуо. - Душанбе, 2013. -190 с.

6. ««Шугл ва мууоцират», 5 апрели соли 2015.

7. ««Шугл ва мууоцират», 15 апрели соли 2015.

8. ««Шугл ва мууоцират», 17 феврали соли 2017.

9. ««Шугл ва мууоцират», 17 апрели соли 2017.

10. ««Шугл ва мууоцират», 17 апрели соли 2018.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.