Научная статья на тему 'РАЗВИТИЕ ГРУППЫ "ИХВАН-УС-САФА" И ИХ НАЧАЛО В ФИЛОСОФИИ (НА ТАДЖ.)'

РАЗВИТИЕ ГРУППЫ "ИХВАН-УС-САФА" И ИХ НАЧАЛО В ФИЛОСОФИИ (НА ТАДЖ.) Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
140
36
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ERA / PHILOSOPHY / HISTORY / PERIOD / SOCIETY / AGE / LITERATURE

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Файзуллоев Г.Ф., Норбоев Ю.

Общество «Ихвон-ус-Сафо» появилось в 950 и 975 годах до нашей эры с развитием научного и философского пространства. Члены данного общества писали научные и философские трактаты и знакомили народ с наукой философия. Они были последователями Платона и Аристотеля, Пифагора и считали Пифагора своим великим учителем и были приверженцами 9 философских основ.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «РАЗВИТИЕ ГРУППЫ "ИХВАН-УС-САФА" И ИХ НАЧАЛО В ФИЛОСОФИИ (НА ТАДЖ.)»

ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСИ (ФИЛОСОФИЯ, ПОЛИТОЛОГИЯ)

ТАШАККУЛИ РАВИЯИ «ИХВОН-УС-САФО» ВА ОГОЗИ ФАЛСАФАИ ОЩО

Файзуллоев Р. Ф., Норбоев Ю.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддини Айни

Дар карни X хонадони Бувайхиён хукумати ирониро дар Багдод ташкил дода, зимоми идораи давлатдории аббосиёнро ба даст гирифт. Бо баробари заиф шудани сиёсати Аббосиён ва озодии фикрие, ки ба вучуд омад ба пайдоиши анвои нахзатхои фикрй ба вижа нахзати Исмоилия ва нахзати Шуубия таъсири муассир гузошт.

А) Хостгохи фикрии карни X.

Дар солхои заифй ва инхитоти Багдод аз миёни гуруххо ва аквоме, ки тамоюл ба тачдид ва эхёи суннатхои Сосониён доштаанд, Оли Бувайхиён тавонист, то андозае ба хадафи худ наздик шавад ва аз тафаккури арабй фосила бигирад ва ба тафаккури иронй наздик бишавад. Ва хамин тавр, Х,укумати Сомониён бо тархи сиёсати итоат аз Хулафои Аббосй забони форсй ва хувияти миллии Ирониро тачдиди хаёт кунанд. Ин ду Дукумат, бо таваччух ба махдуд будани муддати Дукумат тавонистанд, то андозае вахдати аз даст рафтаи Ирониёнро бозёбанд. Яъне, дар ин арсаи таърихй харчанд мазхабхои мухталифи исломй ва гайриисломй дар навохии мухталифи Ирон арзи вучуд мекарданд, аммо хукуматхои Олй Бувайхиён ва Сомониён хеч гох мухолифати ин мазхабхоро бар намеангехтанд ва бо онхо созгорй эчод мекарданд, дар холе ки худ мазхабй буданд. Ба тавре ки суфиён озодона фаъолият мекарданд, вазирону амирон ва теъдоди дабирони масехй ва Зардуштй низ машгули фаъолият буданд. Инчнин дар даврони Оли Бувайхиён ва Сомониён гурухе аз файласуфон шухратёр гардида, дар Басра чамьияти Ихвонуссафоро ба таври махфиёна, бо таълифоти рисолахои фалсафй ва тарбиявй (дар байни солхои 950 - 975-и мелодй) ташкил доданд.

Б) Равиши Ихвонуссафо. Дар карни X бар асари мушкилоти динй ва ичтимой, ки сабаби ихтилофоти бузурге миёни сохибони улуми ибтидой ва ахли тафаккур ва тахкик пеш омад, баъзе аз мутаассибони динй ба кофир хондани файласуфон пардохтанд. Дар хамин хангом гурухе аз ахли тахкик ба фикр афтоданд, ки бо рушди илмхои аклй ва наздик кардани дин ва хукумат ба якдигар ва огох кардани оммаи мардум аз бунёди фалсафй, назариявй ва амалй ва интишори рисолахои дакик ва мушаххас пардохта, номи чамъияти махфии худро «Ихвонуссафо» ва «Хуллонулвафо - яъне бародарони босафо ва дустони бовафо» ном ниходанд. Барои фахмонидани эътикодоти динии мусалмонон навиштахои худро бо суханони файласуфон мувофик мекарданд ва дар шархи баъзе аз масоили мазхабй бо методи файласуфон амал мекарданд. Огози фаъолияташон аз Басра шуруъ гардидааст. Онхо шабехи Исмоилиён амал мекарданд. Бо таваччухи мутолиахое, ки дар мавриди хуввият ва эътикодхо ва хадафхои онхо сурат гирифтааст, хадафи кори онхо комилан мушаххас нест, аммо як нукта мушаххас аст, ки чамъияти «Ихвонуссафо» барои таскини нафс, махсусан ба фалсафа ва ба домони дин хам ворид шуд. Онхо дар пинхон нигах доштани номи худ кушиши бисёре мекарданд ва дар рисолахои худ иллатро аз авзои ноороми чомеа медонистанд ва намехостанд, ки навиштахои онхо ба дасти нохалафон биафтад ва нобуд гардад. Вале номи чанд тан аз онхо дар китобхои гуногун омадааст, ба монанди: 1) Ахмад ибни Абдулло, ки бо рохбарии у рисолахо навишта мешуданд. 2) Абусулаймон Мухаммад ибни Маъшари Бустй маъруф бо Макдисй. 3) Абулхасан Алй ибни Х,оруни Зинчонй. 4) Абуахмади Мехргонй. 5) Зайд ибни Рафоат. 6) Абулхасани Алй ибни Роминоси Уфй, ки хамаи онхо дар илм ва маърифат маъруф ва овозадор будаанд. Ихвонуссафо акида доранд, ки давлат ва мулк хамвора аз гурухе ба гурухе ва аз кавме ба кавме интикол мешавад, дар натича, давлати ахли шар низ ба ахли хайр бояд интикол шавад. Шояд ишораи ин гурух ба ахли шар хамон Аббосиён бошад, ки хукматашон дар пояи зулм бино шудааст ва онхо мехостанд давлати ормонии худро барпо созанд. Чунон ки дар чое аз рисолаи худ

оваpдаанд: «Эй баpодаpи ra^^p ва мех^бон, Худо тypо ва моpо бо pyx,e аз чониби худ ëpï кyнад, мебинем, ки давлати бадкоpон сахт неpy гиpифта ва кyдpаташон хувайдо шуда...».[1] Онхо фикp мекаpданд, ки чун дин ба нодонон ва гyмpохон олуда шудааст, байни худ мазхабе ба вучуд оваpданд ва гуфтанд, ки баpои пок сохтани он pохе чуз фалсафа нест. Arap фалсафаи юнонй ва шаpиати динй ба якдигаp биёмезанд ба камол меpасанд. Ихвонуссафо ба адад ва хисоб таваччухи хосе дошта, хаp чизpо бо он тавсиp мекаpданд ва аз pавиши шиахо бахpа мегиpифтанд, чун шиахо ба ададхои 7 ва 12 эхтиpоми хоса доштанд. Метавон натича гиpифт, ки онхо эхтимолан исмоилй буданд.

В) Та^симбандии илмх,о тавассути Ихвонуссафо:

Ихвонуссафо илмpо сypати мушаххас даp нафси олам медонист ва мегуфт, ки илм бо pохи таълим ва омузиш ба даст меояд. Онхо pисолахои хyдpо ба 3 даста таксим каpданд: 1) улуми pиёзй (ё улуми аввалй); 2) улуми шаpъй; 3) улуми фалсафй (хакикй). Хдо яке аз ин улум ба шохахои фаpъй таксим мешавад, ки метавон онхоpо ба тавpи зайл баён каpд: Якум, улуми pиёзй даp 14 pисола навишта шудааст. Даp он pавиши Чустучуи маблаF ва сомон додан ба зиндагй даpч шудааст, ки хондан ва навиштан, лyFат, хисоб ва муодилот, шеъp, сехpy чоду, кимиё, механика, саной ва пеша, тичоpат ва кишоваpзй шомили он мебошад. Дуюм, улуми динй ё шаpъй, ки даp 17 pисола навишта шудааст, шомили илми нузули Fайб, таъвил ва тафсиp, pивоятхо, фикх, ахком, тасаввуф мебошад. Сеюм, улуми фалсафй даp 10 pисола навишта шудааст, ки шомили pиёзиёт, мантик, ва илми табиатшиносй мебошад. Чахоpyм, илмхои илохй, ки даp 11 pисола навишта щудаанд, шомили зоти Худо, илмхои pyхонй, илми сиёсат ва илми нафсхо бахс мекунад. Даp поёнии pисолахо як pисолаи умумй, ки хулосаи хамаи pисолахо аст, навишта шуд ва хамин тавp, як pисолаи мукаддима даp шаpхи мутолиби хаp pисола ва хадафи навиштани онхо оваpда шудааст, ки чамъан 54 pисола мешавад. Он чй таваччухи хамагонpо чалб мекунад он аст, ки муаллифон ^шидаанд, ки хамохангии миёни фалсафа ва шаpиат ва масоили гуногуни диниpо даp як низоми чахонбинии муназзам тахкик кунанд. Даp навиштахои онхо омезише аз манобеи иpонй, хинду, 165 пифагоpй ва фалсафии юнонй ва шаpиати исломй дида мешавад ва метавон фахмид.

Г) Сарчашмаи мавриди истифодаи Ихвонуссафо.

Онхо даp навиштани pисолахои худ ба аксаpи улум ва манобеи гуногун таваччухи кофй доштанд ва кавл доданд, ки ба хеч илме душманй накунанд ва бо хеч китобе беэътиной надошта бошанд. Ихвонуссафо даp баёни илмхои мухталиф ба тавзехоти илмй ва мантикй ба забони содда паpдохта ва алохида хам ба тамсил pyй оваpдаанд. Ва даp баёни тамсил аз достон ва pивоятхои пахлавй бахpа бypдаанд. Таълимоти онхо аз 4 манобеъ Fизо гиpифтааст: 1) китобхои хакимон ва файласуфон, ки даp боpаи pиёзиёт ва табиатшиносй навиштаанд; 2) китобхои осмонй мисли Тавpот, Инчил, К^ъон ва китобхои дигаp, ки тавассути паёмбаpон навишта шудаанд; 3) китоби табиат, яъне хамин сypат ва шаклхои мавчyдотpо, ки мебинем, мисли чиpмхои осмонй ва хаpакатхои онхо ва андозаи чиpми онхо, таFЙиpоти вакт, анвои конхои маъданй ва хайвонот ва гиёххо ва дастоваpдхои ахли башаp, ки маpдyм зохиpи онхоpо мебинанд, вале ахли илм маънои ботинии онхоpо пай мебаpад; 4) китоби «Калила ва Димна» ва мyхтавои достонхои хикматомези он.

Д) Фалсафаи Ихвонуссафо.

Фалсафаи онхо аз Афлотун ва Apастy ва пайpавони онхо маншаъ гиpифтааст ва кабл аз хаp чиз асоси коpи онхо Пифагоp будааст. Ихвонуссафо Пифагоppо муаллими бyзypг ва махзани фалсафа медонистанд ва возех сохтаанд, ки хангоми назаp сохтан ба илмхо ва мавчудоти олам ва кайфияти ба вучуд омадани онхо аз як pеша Fизо гиpифтаанд. Баpои мисол, ба адад ва далели хандасай ва усули пифагоpй вобаста хастанд. Аз ин py, ба бахсхои ададй алокаи бисёp доштанд. Таpафдоpони Пифагоp мегуфтанд, ки ин чахон ба чахони ададхо шабохати бештаp доpад, то ба об, хок ва оташ. Онхо ме^янд, ки асли мавчудот адад аст ва олам адад ва оханги он аст. Аз ин назаp, метавонад натича гиpифт, ки таъсиpи афкоpи Афлотун, Apастy, ба вижа, Плутинус (Эфутин) даp фалсафаи Ихвонуссафо мyаасиp аст. Онон ме^янд, ки шоиста

ва сyдмaнд аст, x,ap касе pиёзиёт ва aдaдpо бештap аз дигap шохахои дониш ва мaъpифaт мисли физика, мантик, илохиёт ... мутолиа кyнaд. Онхо бахси aдaдpо идома медиханд, ки асли xap чиз адад аст ва бо он чамъ мешавад ва бо он чудо мешавад ва танхо адад аст, ки мемонад ва чудо намешавад. Онхо дap фалсафа ба 4ax^p асли pУхонй, ки болои хамаи ададхо кapоp доpaд эътикод доpaнд, ки ибоpaтaнд: 1) Холик; 2) Акли кулл; 3) Нафси кулл; 4) Нахустмодда. Ихвонуссафо силсилaмapотиби вyчyдpо дap як сохтоpи нухтоии зеp пешpaфтa ва гyстapиш дода: Холик; Акл; Нафс; Нахустмодда; Табиат; Ч,исми мутлак; Фалак; Чaхоp y^yp (об, оташ, хок,хаво); Мавчудоти олам (маъданхо, гиёххо, хайвонхо).

Е) Ботиннигари дар таълимоти Ихвонуссафо.

Онхо аз ин асл пaйpaвй мекунанд, ки x,ap зох,иpеpо ботине хаст ва иш^о ба-дин ва фaлсaфapо ба шapиaт омехта кapдaaнд, то чое, ки тapкибе аз фалсафаи юнонй ва хиндй, иpонй, масехй, исломй ва дигap миллатхо бaхpa чустаанд ва эътикод ба вахдати фалсафй доштанд. Гуфтанд, ки хакикат вохид аст ва ихтилофи акидахои мазхабй ва динй дap динхои мухталиф танхо намуди зох,иpй доpaд ва дap ботин як хастанд. Аз ин py, танхо файласуфон ва мyтaфaккиpон ва aфpоди ахли хиpaд метавонанд онpо дapк кунанд.

И) Физика ва харакат аз нигохи Ихвонуссафо:

Ихвонуссафо бахше аз yлyмpо ба табиатшиносй ихтисос доданд ва дap pисолaи 24, дap мaвpиди неpyи чозиба бахс кapдaнд: «... аммо маншаи вазнинй ва сабукй дap чисмхо он аст, ки x,ap як аз он навъи чинс доpои макони хосе аст, ки дap он кapоp мегиpaд ва ба чуз як восита ва як неpyи беpyнй аз он чудо намешавад. Агap чудо шавад, чисм кушиш мекунад то ба хамон макони табий боз гapдaд. Агap ба монеае дyчоp шавад, ба он муковимат нишон медихад. Агap муваффак шавад, ба суи мapкaзи олам майл кунад, онpо вазнин мегуянд. Агap дap чихати мухолифи мapкaзи олам пеш paвaд, яъне ба суи фалак paвaд, онpо сабук мегуянд. Онхо хapaкaтpо ин гуна шapх медиханд: Хдоакат хоpич шудан аст, аз маконе аст ба макони дигap. Ва хамин тaвp, хapaкaтpо ба шаш навъ таксим кapдaaнд. Аввал, хapaкaти маконй, ки худ ду кисм аст: хapaкaти дaвpй ва хapaкaти pост.... Хдмчунин онхо эътикод доpaнд, ки хангоми неpyе бap як чисм тaъсиp накунад, сукуни он бap хapaкaтaш бapтapй доpaд».

Ф) Ч,омеашиносии Ихвонуссафо:

Дap миёни файласуфон ва мyappихони Иpонй намунахои мушаххасе аз «кyллгapоёнa» ба чомеа ва тaъpих кобили мушохида аст. Аз чумлаи ин гypyх метавон ба Ихвонуссафо ишоpa кapд, ки дap pисолaхои худ ба масъалаи чомеа ва давлатхо таваччух додаанд. Кyллгapой аз нaзapи Ихвонуссафо ба сypaти як пaйкapaи инсонй аст, яъне кавмхо ва давлатхо пaйкapи як мавчуди зиндapо мемонанд, ки мисли хap оpгaнизми зиндаи дигap доpои мapхилaи пайдоиш, pyшд, пиpй ва мapг мебошад. Макомоти давлатй дap назди Ихвонуссафо доpои хаёти дaвpй аст ва хap кавм пас аз дaвpaе бо кавм ва давлати дигapе, ки бо он дap таззод аст, чои онpо мегиpaд. Бapои ин ЧOЙгиpй ниёз ба замон мебошад. Дap натича, метавон гуфт Ихвонуссафо аз нaзapи чомеашиносй ва 166 тaъpихнигоpй кyллгapо аст ва конунмандии чомеа ва давлат мaвpиди таъкиди фapовон кapоpгиpифтaaст.

Aдaбиёт:

1. Забиуллохи Сафо. Тоpихи улуми аклй. Ч. 1. Донишгохи Техpон. с 297.

2. Али АсFapи Хдлабй, Рисолахои Ихвонуссафо. Интишоpоти китобфypyшии Зaввоp. 1969.

3. Али Абдулло Дифо ваЧдлоли Шу-й, тapчyмaи Мухаммадзода. Интишоpоти мутолиоти фахангй. Чопи аввал.1983. с. 5; 44; 50.

4. Абдулло Зappинкyб, Тaъpихи мapдyми Иpон. Интишоpоти Амиp кaбиp. Чопи аввал 1969.с. 417.

5. Абдулхусейни Зappинкyб, Рyзгоpон. Интишоpоти «Сухан». Техpон, чопи аввал. 1977. с. 151- 161.

6. Забиуллохи Сафо, Таъризи адабиёти Ирон. Ч..1. Чопи 13. Техрон,интишороти «Фирдавс». 1974.с. 219.

7. Мехдии Фаршод, Таърихи илм дар Ирон. Ч,. 1, чопи аввал. Интишороти Амири Кабир. 1967.С.22.

8. Х,ино Фохурй ва Халили Чар, Таърихи фалсафа дар чахони ислом. Тарчумаи Оятй, чопи 7. Интишороти илмй - фаргангй. 1985,с. 193-202; 385.

РАЗВИТИЕ ГРУППЫ «ИХВАН-УС-САФА» И ИХ НАЧАЛО В ФИЛОСОФИИ

Файзуллоев Г. Ф., Норбоев Ю.

Общество «Ихвон-ус-Сафо» появилось в 950 и 975 годах до нашей эры с развитием научного и философского пространства. Члены данного общества писали научные и философские трактаты и знакомили народ с наукой философия. Они были последователями Платона и Аристотеля, Пифагора и считали Пифагора своим великим учителем и были приверженцами 9 философских основ.

Ключевые слова: эра, философия, история, период, общество,век, литература.

DEVELOPMENT OF GROUPS OF "IKHVAN-US-SAFA" AND THEIR BEGINNING IN

PHILOSOPHY

Fayzulloev G.F., Norboev U.

Group "Ikhvan-us-Safo" has appeared in 950 and 975 years B.C. with development of scientific and philosophical space. The members of this society wrote scientific and philosophical treatises and acquainted people with a philosophy science. They were followers of Plato and Aristotle, Pithagoras and considered Pithagoras as the great teacher. Followers of this group were adherents of 9 philosophical bases.

Key words: era, philosophy, history, period, society, age, literature.

Сведения об авторах: Файзуллоев Гайратулло Фатхуллоевич - аспирант кафедры философии Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддин Айни, тел: (+992) 904 566667, e-mail: fath-83@bk.ru

Норбоев Юсуф - аспирант кафедры философии Таджикского государственного педагогического университета им.Садриддин Айни, тел.: (+992) 918 931943

Information about authors: Fayzulloev Gayratullo Fathulloevich, postgraduate student of philosophy chair in Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, tel. (+992) 904 566667, e-mail: fath-83@bk.ru

Norboev Usuf - postgraduate student of Philosophy chair in Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, tel. (+992) 918 931943.

СТРАТЕГИЧЕСКИЕ НАПРАВЛЕНИЯ В РАЗВИТИИ ПРОМЫШЛЕННОСТИ ТАДЖИКИСТАНА

Назаров Азиз Акбарович, Исломова Зебинисо

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

Практический опыт показывает, что экономический рост Республики Таджикистан в XXI является важнейшей основой обеспечения высокого уровня жизни населения социального безопасности, экономического независимости страны. При этом в экономической политики государства значительное место должно занимать развития инновационной деятельности, которого определяеть стратегическое и политическое развитие Республики Таджикистан.

Вместе с тем, следует отметить, что сегодня наравне с развитием экономической и социально-политической области успешно развивается промышленность.

6

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.