Научная статья на тему 'ПРОБЛЕМА ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ТРАНСГРАНИЧНЫХ ВОДНЫХ РЕСУРСОВ КАК ФАКТОР ЗАТЯЖНОГО КРИЗИСА В АФГАНО-ИРАНСКИХ ОТНОШЕНИЯХ'

ПРОБЛЕМА ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ТРАНСГРАНИЧНЫХ ВОДНЫХ РЕСУРСОВ КАК ФАКТОР ЗАТЯЖНОГО КРИЗИСА В АФГАНО-ИРАНСКИХ ОТНОШЕНИЯХ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
102
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АФГАНИСТАН / ИРАН / РЕКА ГИЛЬМЕНД / РЕКА ХАРИРУД / БАССЕЙН ХОМУН / ГЭС САЛЬМА / ГЭСКАДЖАКИ / США / НАТО

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Давлатов Рахмадкарим Мирзокаримович

Проблема использования трансграничных рек между Афганистаном и Ираном берёт начало с конца XIX в. и продолжается до сегодняшнего дня. Первое соглашение между двумя сторонами по этому вопросу было подписано в 1896 году, а последнее - в 1973 г. Но обе стороны не довольны ходом исполнения соглашения и в целом считают, что это соглашение не отражает их интересы. Иран стремится к подготовке нового соглашения, а Афганистан выступает против любых переговоров по этому вопросу. Афганистан в одностороннем порядке строит плотины на трансграничных реках, в то время как Иран в категоричной форме выступает против этого. Водные проблемы негативно влияют на другие стороны отношений между странами.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE PROBLEM OF THE USE OF TRANSBOUNDARY WATER RESOURCES AS A FACTOR OF A TIGHTENING CRISIS IN AFGHANA- IRANIAN RELATIONS

The issue of using border crossing rivers between Afghanistan and Iran rose towards the end of 19 century and continues till today. The first agreement between the two sides on this issue was signed in 1896 and the last one in 1973. But both sides are not happy with the accord and do not see it in their favor. Iran pushes for new agreement whereas Afghanistan is against any negotiations on the issue. Afghanistan unilaterally constructs dams on its rivers whereas Iran strictly opposes it. Water issues are affecting relations of two countries in other areas.

Текст научной работы на тему «ПРОБЛЕМА ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ТРАНСГРАНИЧНЫХ ВОДНЫХ РЕСУРСОВ КАК ФАКТОР ЗАТЯЖНОГО КРИЗИСА В АФГАНО-ИРАНСКИХ ОТНОШЕНИЯХ»

ИСTИФOДА АЗ ЗАХОТАИ OБ^OИ ФАPOМАPЗИ OМИЛИ БУ^POHИ ДАBOМДOP ДАP МУHOСИБАT^OИ

АФFOHИСTOH BА ЭPOH

Pаx,мадкарим ДАBЛАTOB

Маpкази меpоси хаттии Академияи илмх,ои Ч^мх^ии Точикистон

Масъалаи истифода аз хавзаи обхои мyштаpак ë pyдхонахои фаpомаpзии АфFOнистон ва Эpон аз охиpи саддаи XIX ба ин таpаф хамеша яке аз сабабхои ихтилофи чиддй миëни ду кишваp мебошад. Масъалаи мазкyp баpои он мyшкилтаp шyдааст, ки чанд хукумати солхои охиpи АфFOнистон ба манбаъхои обии хавзахои мазкyp хамчун ба манбаи гидpокаpбонй таваччух намyдаанд. Аз назаpи чанд насли давлатдоpони АфFOнистон об ба хукми манобеи дигаpи yглеводоpодй мисли нафтy газ мебошад ва мехоханд аз омили мазкyp суди иктисодй ва сиëсй ба даст оваpанд. Эpон даp навбати худ хозиp намешавад, ки даъвои хакки болооб будани АфFOнистон ва додани имтдаз ба ин кишваppо бипазиpад. Мушкили асосй даp заминаи халли масъалаи об миëни ду кишваp аз хамин дидгоххо манша мегиpад.

Баъди тахти химояи Бpитания каpоp гиpифтани АфFOнистон, афсаpони низомии англис амалан даp pаëсати сиëсати хоpичии ин кишваp каpоp гиpифтанд. Аввалин талоши ин афсаpон халли мушкили маpзй ва обии миëни АфFOнистон бо Эpон буд. Полковникхои бpитониëй Голд Смит ва Мак Мойин доваpии бахси pyдхонахои маpзиpо даp соли 1895-96 ба ухда доштанд. Соли 1896 миëни Эpон ва АфFOнистон тафохумнома ба имзо pасид, ки бо миëнчигаpй ва хукми ин ду афсаpи инглис аз се як хиссаи оби Х,илманд ва хавзи Х,омун хакобаи Эpон ва ду хиссаи он хакобаи АфFOнистон дониста шуданд. Аммо ин муохида ба масъалаи мушкили истифодаи об мдани ду кишваp поëн надод ва бахси таpафхо идома пайдо ^д.

Соли 1917 Эpон ва АфFOнистон тафохумномаи навеpо даp заминаи истифода аз обхои минтака имзо намуданд, ки баp асоси он бояд мyзокиpа баp саpи таксими об байни ду кишваp OFOз шуда, хакоба баpои таpафхо дyбоpа тайин мешуд. Аммо ин мyзокиpот солхои зиëде тул кашид ва ба натича наpасид. Ч,онибх,о ба хотиpи чилавгиpй аз гyстаpиши ихтилофот даp соли 1937 як ^отоколи мyваккатиpо даp мавpиди истифода аз хдвзаи оби Х,илманд имзо каpданд. Баp асоси ин санад оби Х,илманд даp обанбоpи мавсум ба Камолхон ба сypати баpобаp (50% сахми АфFOнистон ва 50% сахми Эpон) таксим шуд [9].

Хукумати Эрон дар замони Пахлавй барои халли масъалаи мазкур бисëp талош ба харч дод. Эрон ба ин назар 6уд, ки карордоди бо мданчигарии Британия хосилшуда, на барои хдлли мушкил, балки боиси эчоди мушкилоти бештар шудааст ва зимни сафари хайати афгонй ба Техрон дар соли 1937 хостори тахия ва имзои муохидаи нав шуданд.

Соли 1939 сафири Эрон дар Кобул Бокир ^осимй аз номи хукумати кишвараш бо Хукумати Афгонистон муохидаи наверо дар заминаи истифода аз оби Хилманд имзо намуд. Афгонистон бори дигар бар асоси банди дувуми ин санад кабул кард, ки нахри дигаре аз обанбори Камолхон барои обëpии заминхои минтакахои атроф нахохад кашид [13, 3-26]. Ин тафохумнома бар асоси меъëpхои пазируфташудаи хукуки байналмилалй дар заминаи танзими истифода аз оби хавзаи муштаракро танзим мекард. Амалй шудани он амалан ба "хусни нияти" Дукумати Афгонистон, ки кишвари болооб махсуб мешавад вобастагй дошт.Аммо давлати Афгонистон ин мувофикатномаро тасвиб (ратификатсия) накард ва хостори замонати Эрон барои пазируфтани хакки Кобул дар мудохила ба обанбори Камолхон шуд.Макомоти Кобул мехостанд, ки Эрон хакки моликияти Хукумати Кобул ба сарбанди Камолхонро эътироф ва дар як ëддошти чудогона эълон намояд. Бар асоси он ба Афгонистон хакки сохту соз, истифодаи озодона ва хатто хорич шудан аз муохида дода шавад. Сарфи назар кардани Эрон аз додани чунин хак ба Афгонистон ва имзои ëддошти иловагй боис шуд, ки ичрои тафохумнома солхо ба таъхир биафтад.

Дар пайи хушксолии соли 1954 ва кам шудани оби Хилманд ба сохаи кишоварзй дар минтакахои шаркии Эрон зарари здад ворид шуд ва ин кор хатто боиси мухочирати сокинони бархе манотики Сиистон гардид. Эрон масъалаи танзими об дар мдани ду кишварро бори аввал барои баррасии Шурои амнияти СММ пешниход намуд.Аммо намояндаи Иëлоти Муттахидаи Амрико макомоти Эронро конеъ кард, ки пешниходи худро аз рузномаи Шурои амнияти СММ бозпас бигирад. Бо мданчигарии ИМА Комиссияи бетараф барои халли масъала ташкил дода шуд. Комиссия аз се коршиноси амрикой, канадагй ва чилигй ва инчунин хайатхои ду кишвар иборат буд. Ин хайат баъдан бо номи "Комиссияи делтаи Хилманд" маъруф гашт. Дар тархи омоданамудаи ин Комиссия хакки оби ошомиданй барои Эрон мавриди пазириш карор гирифт, вале барои кишоварзй аз суи комиссия 22 метри мукааб об дар сония пешниход шуд, хайати давлати Эрон ба он мухолифат намуд [2, 123-127].

Дар натичаи идомаи музокирот, ки то соли 1957 идома дошт, барои Эрон 26 метри мукааб об дар сония пешниход шуд, аммо хайати Афгонистон ба он мухолифат кард, харчанд ин аз меъëpи таъйиннамудаи тафохумномаи соли 1896 (аз се як хиссаи об) камтар буд.

Эрон бо ташвики ИМА дар соли 1957 Комиссияи махсусе барои расонидани кумакхои иктисодй ба Афгонистон таъсис намуд. Ба дунболи он подшохи Афгонистон Мухаммад Зохиршох барои афзудани чанд метри мукааб об ба хакки Эрон ризоият дод ва музокираи хайатхо идома пайдо намуд. Солхои 1960, 1967 ва 1971 Комиссияи бетараф чаласахои худро бо хайатхои ду кишвар борхо баргузор намуд. Дар натичаи музокироти тулонй ва кори Комиссияи бетараф, ки 19 сол идома дошт, рузи 13-уми марти соли 1973 байни Афгонистон ва Эрон "Муохидаи таксими оби Хилманд", ки иборат аз як карордод, як ахднома ва ду протоколи иловагй мебошад, ба имзо расид. Ин карордодро аз чониби Афгонистон Мухаммад Мусо Шафик, садри аъзам ва аз чониби Эрон Амир Аббоси Хувайдо, нахуствазир имзо гузоштанд [7].

Баъди имзои муохида 13-уми марти соли 1973 Эрон 2 миллиард доллар тавассути Комиссияи махсуси расонидани кумаки молй ба Афгонистон, ки хануз дар соли 1954 таъсис карда буд, барои лоихахои тараккиёт дар Афгонистон чудо намуд. Аммо ин маблаг амалан бар ивази 4 метри мукааб обе буд, ки дар хар сония ба хакки Эрон изофа шуд. Эрон ба асоси ин созиш хакки дарёфти 26 метри мукааб обро аз руди Хилманд дар хар сония пайдо кард. Аммо бо вучуди пардохти як кисми ин маблаг тавофукнома то поёни хукмронии Мухаммад Зохиршох ба хукми конун ва ичро надаромад.

Пас аз сарнагунии М. Зохиршох ва чанд сол баъди бар сари кудрат омадани Мухаммад Довудхон соли 1976 Хукумати Афгонистон ин муохидаро тасвиб намуда, "лозимуличро" эълон намуд [2, 123-127].

Бо огози чанги дохилй дар Афгонистон аз соли 1979 гарчанде масъалаи истифода аз оби хавзахои муштарак хамчунон мушкил эчод мекард, аммо мавриди музокира ва бозбинии чонибхо карор нагирифт. Вазъияти сиёсй ва низомии дохилй дар Афгонистон ин имконро аз хукуматхои Афгонистон гирифта буд.

Истифода аз оби хавзаи Хилманд агарчи дахсолахо мавриди бахс ва мунокишаи ду кишвар будааст, аммо дар солхои 1999-2000 бахонае барои боз шудани дари гуфтугухо миёни Эрон ва чунбиши "Толибон" шуд, ки аз соли 1996 Аморати исломии худро эълон намуда буданд, вале Эрон онро ба расмият намешинохт. "Толибон" аввалин бор чараёни оби дарёи Хилмандро тавассути бастани сарбандхои "Качакй", "Аргандоб" ва тагйир додани мачрои дарё ба руи Эрон махдуд кард. Хушксолй чор соли пай дар пай хеле шадид шуд ва дар поёни соли 2000 чараёни оби Хилманд ба Сиистони Эрон комилан катъ шуд. Дар матбуоти Эрон ва байналмилалй хабархо рочеъ ба ин ки гуё "Толибон" мачрои Хилмандро барои обёрии киштзорхои кукнор тагйир додаанд, зиёд шуд. Вилоятхои шаркии Сиистону Балучистон ва Хуросони Эрон дар он сол дучори

мушкили беобй ва экологй шуданд, бархе макомоти Эрон тахдид намуданд, ки тавассути нерухои хавой сарбандхои даpëи Xилманд, хусусан сарбандхои "Качакй" ва "АpFандоб"-pо бомбаборон хоханд кард [6]. Ва хавопаймохои низомии Ч,ИЭ дар масири даpëи Xилманд чанд навбат ба парвоз даромаданд.

Вазъияти пешомада Эронро барои музокира бо макомоти "Толибон" дар мавриди таксими об ва фиристодани як хайат барои боздид аз сарбанди "Качакй" водор намуд. Толибон дар аввал хар гуна пешниходи музокираро рад намуданд. Ба маълумоти Вахиди Мужда, вакте ин масъала дар чаласаи Шурои вазирони хукумати "Толибон" матрах шуд, хеч яке аз аъзои хукумат аз мавчудияти карордодхои таксими об мдани Эрон ва АфFOнистон хабардор набуд. Xатто вазири хач ва авкофи "Толибон" дар чаласа таъкид мекунад, ки ба далели он ки эрондан масчиди Шайх Файëз дар Машхадро вайрон кардаанд, ба онхо аслан ичозаи истифода аз оби Xилманд дода нашавад. Бо талоши масъули корхои хоричии "Толибон" Ахмад Вакил Мутавакил, хайати Эрон бо рохбарии Fyломpизо Бахронй, сардори ситоди масъалахои АфFOнистон дар Вазорати корхои хоричии Эрон ба АфFOнистон омад. Ин аввалин хайати хукуматии Эрон буд, ки аз замони забти Кобул тавассути гурухи "Толибон" ба АфFOнистон омада буд. Xайати мазкур аз хавзаи оби Xилманд, аз чумла, аз обанборхои "Качакй", "Дахла" ва "Дарованд" боздид ва бо макомоти расмии "Толибон" мулокот намуд. Тарафи "Толибон" бо рохбаладй намудани ин хайати ба манотики аз хушксолй осебдида, талош намуданд исбот кунанд, ки нарафтани оби даpëи Xилманд то вилоятхои Эрон натичаи хушксолй, беборишй ва таFЙиpи иклим аст, на пайомади бастани пеши мачрои об ва ë ба тарафи киштзорхои кукнор сарозер намудани мачрои чаpаëни он тавассути афFOнхо.

Xайати Эрон дар хулосаи сафари кории худ ба АфFOнистон тайид намуд, ки чаpаëни об дар рудхонаи Xилманд 42,8 метри мукааб дар сония мебошад ва сарбанди "Качакй" дорои 1 млрд метри мукааб захираи об мебошад. Ба ин далелхо 14-уми сентябри соли 2001 намояндаи доимии Эрон дар СММ дар номае ба унвони Дабири кулли ин созмон аз амалкарди хукумати гурухи "Толибон" шикоят намуда, гуфтааст, ки ин гурух бо бастани даpFOти сади "Качакй" монеи чаpаëни оби Xилманд ба Эрон шудааст [15].

Макомоти Эрон даъво пеш меоранд, ки сдасатхои обии АфFOнистон дар охири асри XX ва аввали асри XXI натичаи фочиабореро барои кишоварзй дар шарки ин кишвар, хусусан дар вилояти Сиистон ва Балучистон ба бор овардааст. Бино ба маълумоти манобеаи эронй бар асари хушксолй ва беобй кисме аз мардуми Сиистон ва Балучистон

маxалли будубош ва деxаxои хyдpо гузошта, ба минтакаxои Гулистон, Хypосон ва Машxад мyxочиpат намудаанд [14].

Холй шудани деxаxо ва маxаллаxои маскунии маpзй аз сокинон мушкили амниятиpо низ даp пай доpад. Ин ^p мyxофизати маpзxоpо мушкил мекунад. Холй шудани xаp деxаи саpxадй масpафи таъмин намудани бехатаpии маpзxо ва нигаxдоpии неpУxои мусаллах, сокинони минтакаxои дyчоpи камобй ва бжбоншуда ба вилоятxои атpоф, масъалаи афзоиши чамъият, мушкили чои коp ва мушкили таъмини аxолй ба манзили истикоматиpо пеш оваpдааст.

Бо саpнагyнии Толибон ва таъсиси Идоpаи муваккат даp соли 2001 боpи шаpоит ва имкони мyзокиpот баpои xалли бyxpони обй даp заминаи паймощои байналмилалй миëни ду кишваp фаpоxам шуд. Моxи маpти соли 2002 даp чаpаëни сафаpи Хомид Каpзай, pаиси Идоpаи муваккати АфFOнистон ба Теxpон ва мулокоташ бо С.М. Хотамй, пpезиденти Ч,ИЭ ду чониб "Санади xамкоpй" имзо намуданд, ки даp банди 13-уми он ба ичpои Мyоxидаи соли 1973 даp мавpиди таксими оби Хилманд мдани ду кишваp таъкид шудааст [13, 3-26].

Аз ин назаp, Ч,ИЭ ба шиддат баpои сохтани саpбандxои нав даp xавзаи даpëxои Хилманд, Хаpиpyд ва Хомун мухолифат мекунад. Далели мухолифати Эpон ба сохтани обанбоpи "Салмо" даp xавзаxои оби Хаpиpyд даp xyдyди вилояти Х^оти АфFOнистон эxтимоли биëбон шудани замищои бештаpе даp вилояти Хypосони Эpон аст. Ч,ИЭ боваp доpад, ки ин икдом боиси хатаpоти здади иктисодй, ичтимой ва амниятй хоxад шуд.

АфFOнистон баъди он ба идомаи дyбоpаи сохтани саpбанди "Салмо" икдом намуд, ки Эpон саpбанди "Дустй''-pO даp шимоли вилояти Хypосон xамpоx бо Ч,yмxypии Тypкманистон ба анчом pасонад. Эpон даp соли 1993 ба сохтани ин саpбанд OFOЗ намуд. Ин икдоми Ч,ИЭ боиси вокуниши чониби Давлати исломии АфFOнистон шуда буд. Мавpиди нигаpонии ДИА даp номаи эътиpозии Хомид Каpзай, муовини вазиpи коpxои хоpичии ДИА ба унвони вазоpатxои коpxои хоpичии Эpон ва Тypкманистон баëн шудааст. Даp ин нома аз чумла таъкид шудааст, ки '^доси ин садд метавонад даp оянда ба далели камбуди об мучиби суи тафоxyмот шавад. Зеpо АфFOнистон мусаммам аст эxдоси банди обгаpдони "Салмо''-pO, ки ба далели чанщо мутаваккиф шуда буд, аз саp бигиpад" [10, 746].

АфFOнистон даp соли 2005 бо саpмоягyзоpии Ч,yмxypии Хиндустон сохтмони Неpyгоxи баpки обии "Салмо" даp даpëи ХаpиpУдpо, ки 40 сол хобида буд, аз саp гиpифт ва соли 2017 он ба истифода дода шуд.

Даp мавpиди истифода ва танзими оби xавзаи Хаpиpyд миëни АфFOнистон ва Эpон ба фаpк аз масъалаи xавзаи Хилманд xеч

тафохумномае мавчуд нест. Талошхои Эрон барои музокира дар ин маврид ва расидан ба як тавофук то кунун ба натича нарасидаанд. Ч,ониби АфFOнистон ба хар бахонае OFOЗи музокира дар мавриди танзими истифодаи муштарак аз оби ин хавзаро ба таъхир андохтааст.

Коршиносон ва мухаккикони эронй дар давоми мавчудияти ин мушкил дар робитахои байнидавлатии ду кишвар барои халли он пешниходхои мухталиферо ба давлати Ч,ИЭ ироа намудаанд. Аз чумла, фишори сдасй ба давлати АфFOнистон, ба кор бурдани ^увваи Мусаллах ва истифода аз омили мухочирони афFOн дар Эрон аз чумлаи ин пешниходхо мебошад, ки хамеша матрах мешавад [14].

Рангин Додфар Спанто-вазири корхои хоричии АфFOнистон (20042009) менависад, ки "дар нахустин сафари ман ба Эрон ба хайси вазири корхои хоричии Ч,ИА М. Муттакй-вазири корхои хоричии Ч,ИЭ дар ибтидои сухбат аз ман хост, ки бо эчоди як комиссияи муштарак барои бахс руи хакобаи Эрон дар АфFOнистон мувофикат кунам" [10, 746]. Р.Д. Спанто бо пеш овардани ин далел, ки АфFOнистон дар мавриди масоили хукукии рудхонаи Xаpиpyд ва микдори обе, ки аз он ба кишвархои Эрон ва Туркманистон меравад, хеч тахкики илмие анчом надодааст, ба ташкили комиссияи муштараки байнидавлатй мувофикат намекунад. Вазири корхои хоричии АфFOнистон хостори берун кардани ин масъала аз рузномаи мулокотхои дучониба мешавад, ки боиси норохатй ва хатто хашми хайати Эрон карор мегирад ва ба гуфтаи Р.Д. Спанто ба ин далел мулокот бо президенти Эрон Мах,муди Ахмадинажод дар фазои сарде баргузор гашт.

М.Буручердй-раиси Комиссияи корхои байналмилалии порлумони Ч,ИЭ дар мулокоти аъзои Шурои амнияти миллии Эрон бо як хайати расмии АфFOнистон дар соли 2011 дар Техрон бо ишора ба даpëи Xаpиpyд тахдид мекунад, ки "Раиси Ч,умхури Миср дар бораи барномаи Судон барои сохтани банди обгардон ба руи даpëи Нил гуфта буд, ки мо ин бандро бомбаборон мекунем"[11].Ин суханон тахдиди ошкор ба АфFOнистон барои сарфи назар кардан аз сохтани банди "Салмо" дар соли 2008 буд. Аз чониби дигар, ин гуна шиддати Fазаб ва асабонияти макомоти Эрон чиддияти амики масъалаи об дар муносибатхои байнидавлатиро ба намоиш мегузорад. Эхтимоли бештар осебпазир шудани муносибатхои дучониба ба далели авч гирифтани бахси об аз имкон дур нест.

Эрон ба истифода аз роху воситахои гуногун талош намуд, ки АфFOнистонpо водор намояд, то аз сохтани Неругохи барки обии "Салмо" дар рудхонаи Xаpиpyд сарфи назар кунад. Ч,ИЭ интиколи маводи мавриди ниëз барои сохтмони неругохи "Салмо" аз тарики каламрави ин кишварро бо хар бахона махдуд ва ë Fайpи мумкин намуда буд. Ба маълумоти сарчашмахо ширкатхои хиндй ин маводро аз тарики Точикистон ва

Узбекистон ба шимоли АфFOнистон ва аз он чо ба маxалли сохтмони "Салмо" даp Fаpби АфFOнистон интикол медоданд. Хамчунин даp маxалли сохтмони неpyгоxи "Салмо" чанд дафъа инфичоp pyх дод ва мyxофизони сохтмони обанбоp кушта шуданд. Агаpчанд гypyxxои толибон ин масъyлиятpо баp душ мегиpифтанд, аммо матбуоти маxаллй аз эxтимоли вобаста ба Эpон будани ин TypyxxO маълумот нашp каpдааст [11]. Мутахассисони xиндй xам даp тули ичpои ин лоиxа 6opxo коpи онpо мутаваккиф намуда, дyбоpа аз саp гиpифтанд. Бо вучуди ин масъалаxо коpи сохтмони обанбоpи мазкyp ба анчом pасонида шуд. Ин саpбанд 107 метp баландй, 550 метp паxной дошта, имкони захиpа намудани 514 млн метpи мукааб об ва иктидоpи тавлиди 42 мегават неpyи баpкpо доpо мебошад.

Сохтмони ин обанбоp ба АфFOнистон имкон додааст, ки оби xавзаи даpëи Хаpиpyдpо ба назоpат даpоваpда ва истифодаи онpо танзим намояд. Ин имконpо соxиб шудани АфFOнистон ба шиддат баpномаxои обëpй ва pаванди коpи неpyгоxи "Дyстй"-pо даp маpзи Эpон ва Тypкманистон, ки даp мачpои поëноби xамин даpë сохта шудааст, таxти таъсиp ^pop медиxад. АфFOнистон даp маpxилаxои заpypй имкон пайдо мекунад, аз оби ин xавза xамчyн заpбаи сдасй ва василаи фишоp ба xамсояи худ истифода кунад. Эpон бо АфFOнистон даp мавpиди истифодаи оби xавзаи Хаpиpyд xеч гуна каpоpдоде надоpад, ки аз он ба унвони асбоби фишоpи конунй даp мукобили АфFOнистон истифода намояд.

Даp адабиëти сиëсй ва матбуоти Эpон ва АфFOнистон як истилоxе бо номи "Чднги хомуш" pоич шудааст, зимни тафсиp ва баëни масъалаи об мдани ду кишваp ба rap бypда мешавад [14]. Даp заминаи истифода аз захиpаxои обй байни ду кишваp мунокиша ба шакле идома доpад, ки ба далели баландтаp будани садои чанги мyсаллаxона, садои чанчоли обй баланд шунида намешавад. Аммо имкони шиддат гиpифтани ин баxс, саp задани мyнокишаxои чиддй ва баpхypдxои хушунатомез даp ин заминаpо мyxаккикон низ саpфи назаp намекунанд.

Мyxаммад Чдводи Заpиф-вазиpи коpxои хоpичии Эpон (аз 2013) даp баëнияи матбуотии худ эълон намуд: "Ч,ИЭ аз аxpомxои мухталиф баpои xалли ихтилофот баp саpи xаккобаи pyдхонаи Хиpманд бо АфFOнистон истифода хоxад каpд.Шояд xафтае набошад, ки даp мавpиди масъалаи оби Хилманд сyxбат накунем. Вале баpои pасидан ба тавофуки чомеъ ба вакти бештаp ниëз аст" [3]. М.Ч,. Заpиф ошкоpо эълон намудааст, ки Эpон метавонад аз омили савдои маpзй, мyxочиpони афFOн ва мавзуи маводи мyхаддиp баpои фишоp ба АфFOнистон чиxати xалли масъалаи об истифода кунад.

Раиси Ч,yмxypии исломии Эpон-Хасан Рyxонй даp Конфаpонси байналмилалии "Мукобила бо гаpдy Fyбоp" эълон дошт, ки "наметавонем

дар баробари ончи мухити зисти моро тахриб мекунад, бетафовут бошем, эхдоси саддхои мутааддид дар Афгонистон, бандхои "Качакй", "Камолхон", "Салмо" ва дигар саддхо ва бандхо дар шимол ва чануби Афгонистон дар Хуросон, Сиистон ва Балучистони мо таъсиргузор аст"

[4].

Алй Ахмад Усмонй-вазири энергетика ва оби Ч,ИА (2015-2018) дар вокуниш ба ин суханони Президенти Ч,ИЭ Д. Рухонй таъкид мекунад, ки Афгонистон хеч навъ музокира дар масъалаи об бо Эрон надорад ва нахохад дошт. Зеро Эрон бо саддсозихои бенизом ва беш аз хадди мумкин ба экосистемаи минтака осеб ворид намуда ва ин масъала омили биёбоншавии заминхо дар вилоятхои Сиистон ва Балучистони он кишвар мебошад [12]. Афгонистон даъво дорад, ки Эрон дар чор хавзаи муштараки обй (Дилманд, Дарируд, Патрагон ва Хоф) худуди 400 садди миёна ва кучаки обй сохтааст, ки сабаби асосии камобй дар минтакахои дигар мебошанд. Афгонистон дар ин чор хавза танхо чор лоихаи сохтмони сарбанди обиро дар холи ичро намудан мебошад [1].

21-уми апрели соли 2015 сафари расмии М.А.Еанй ба Эрон ва мулокоти у бо Сайид Алии Хоманай-рохбари рухонии Эрон доир шуд, ки яке аз масъалахои асосии мулокоти онхо танзими хавзахои обии муштарак буд. С.А. Хоманай дар мулокот таъкид мекунад, ки "масоили об байни Афгонистону Эрон бояд бо гуфтугу хал шавад ва боиси ташаннучи равобит нагардад" [8].

Дар мачмуъ шаш хавзаи муштараки хурду бузурги умумй миёни ин ду кишвар мавчуд мебошад, ки карордод оид ба истифодаи онхо вучуд надорад. Ин шаш дарё ва рудхонае, ки аз Афгонистон сарчашма мегиранд ва ба каламрави Эрон сарозер мешаванд, иборатанд аз:

1. Дилманд (Дирманд)

2. Аргандоб

3. Дарируд

4. Хошруд

5. Фароруд

6. Шиндан (Исфазор)

Афгонистон бинобар кишвари болооб будан, назар ба хамсояи гарбии худ Эрон аз мавкеияти нисбатан бартаре бархурдор аст. Сохтани сарбандхои обии нав, тармиму бозсозии бандхои обии мавчуд, хусусан ба истифода додани Неругохи барки обии "Салмо" бо сарбанди 107 метрй ба Афгонистон имкон медихад, ки оби хавзахои муштаракро танзим намуда, бештар назорат кунад ва мутобики майлу хости худ микдори обро ба Эрон бидихад.

Аз натичаи тахкикот ва баррасихо метавон ба ин хулоса расид, ки Афгонистон карордоди нави танзими оби хавзаи муштаракро ба манфиати

худ намедонад, аз ин хотиp OFOЗи мyзокиpа даp мавpиди санади нав даp ин заминаpо бо xаp баxонавy васила pад намуда, ба ичpои каpоpдодxои мавчуд таъкид мекунад. Танзими оби xавзаxои мyштаpак тавассути сохтани обанбоpxо, аз чониби дигаp xимояти xамачонибаи молй ва низомии кишваpxои Fаpбй аз Ч,ИА, xyзypи воxидxои низомии НАТО даp АфFOнистон ба ин кишваp ичоза имкон мед^ад, ки масъалаи имзои мyоxидаи нав бо Эpонpо ба таъхиp биандозад.

Метавон хулоса намуд, ки истифода аз фишоp, таxдиди низомй ва васоили дигаpи таъсиpгyзоpй, мисли омили иктисодй, маводи мyхаддиp ва мyxочиpон, даp шаpоите, ки Ч,ИА таxти xимояти кишваpxои Fаpбй ва ИМА ^pop доpад, мyносибатxои ду кишваppо бештаp дyчоpи ташаннуч намуда, ба xалли масъалаи танзими об кумаки амалй нахоxад каpд. Халли масъалаи баxси обй миëни ду кишваp ба ëфтани pоxкоpxои мyштаpак ниëзманд мебошад. Аз чумла, бояд кайд намуд, ки мавpиди мутолиа ^pop додани тачpибаи кишваpxои Осдаи Миëна даp амpи мyдиpият ва талош баpои танзими масъалаи истифодаи аз захиpаxои обй метавонад баpои АфFOнистон ва Эpон коpсоз бошад. Даp кадами нахуст заpyp аст, ки як бутеди мyштаpаки байнидавлатй баpои начоти Хомун байни АфFOнистон ва Эpон ташкил каpда шавад. Кишваpxои Осиëи Миëна ба манзypи чилавгиpй аз хушкидани баxpи Аpал даp ибтидои даxаи 1990 Бутеди байнидавлатии начоти Аpалpо таъсис намуда буданд.

Инчунин тачpибаи xалли ихтилофот даp масъалаи истифода аз захиpаxои обй даp миëни Точикистон ва Узбекистон, ки солxо идома дошт ва билохиpа бо эчоди эътимод мдани таpафxо ва мyзокиpавy тафоxyм xалли хyдpо пайдо намуд, баpои АфFOнистон ва Эpон низ метавонад омузанда бошад. Тачpибаи Точикистон ва Узбекистон нишон дод, ки бе подаpмиëнии чониби сеюм ду кишваp кодиp ба xалли масъалаи истифода аз манобеи обии минтака мебошанд. Истифодаи ин тачpиба баpои АфFOнистон ва Эpон низ беманфиат нест. Даp xаp сypат масъалаи истифода аз обxои мyштаpак xамчyн омили таъсиpгyзоp даp ояндаи мyносибатxои ду кишваp бокй хоxад монд.

АДАБИЁТ

1. АфFOнистон: Эpон бо истифодаи беpавия обxои мyштаpакpо хyшконидааст//http://www.bbc.com/persian/afghanistan-40629533 (дастpасй: 03.02.2019)

2. Давлатов Р.М. Назаpе ба pавобити Эpон ва АфFOнистон даp замони XOкимияти М. Довуд / Р.М. Давлатов //Ахбоpи ИФСХ ба номи А^оваддинови АИ ^Т.№2, 2018с. С-123-127.

3. Зариф: халли ха;оба бо Афгонистон аз ахромхои мухталиф истифода мекунем// http://www.bbc.com/persian/iran-45322752// (дастрасй 02.04.2019)

4. Изхороти Рухонй дар мавриди бандхои Афгонистон чадидтарин намунаи мудохилаи Эрон мебошад//http://afghanistan.asia-news.com/prs/articles/ cnmi_st /features/2017/07/21/feature-04 (дастрасй: 02.04.2019)

5. Матни Муохидаи та;сими оби Дилманд байни давлати Афгонистон ва Эрон//http://www.payam-aftab.com/fa/doc/news/ 14352/ (дастрасй: 02.04.2019)

6. Мужда В. Равобити сиёсии Эрон ва Афгонистон дар ;арни бистум / В.Мужда. -Кобул.,- 2010. - 350 с.

7. Муохддаи та;сими оби Дилманд байни давлати Афгонистон ва Эрон// http://www.payam-aftab.com/fa/doc/news/14352/ (дастрасй: 02.04.2019)

8. На;ши Дилманд дар равобити сиёсии Эрон ва Афгонистон// http://ensani.ir/fa/article /126351/ (дастрасй: 02.02.2019)

9. Орзу А. Бухрони об ва диплумосии хомуш (гидрогеополитика) /Сафорати Ч,ИА дар Душанбе/ А. Орзу. -Душанбе, 2017. -249 c

10. Спанто Р.Д. Сиёсати Афгонистон: ривояте аз дарун / Р.Д. Спанто. -Кобул,. 2017.- 953 с.

11.Тахдиди раиси Комисиюни Мачлиси Эрон // Иттилооти руз. -1390. 15 мизон. (2011, 7 окт.)

12.Деч гуфтугуе дар мавриди об бо Эрон надорем// http://www.afghanpaper.com/ nbody.php?id=135629 (дастрасй: 03.02.2019)

13.Дофизниё М. Дидрополитики Дирманд ва таъсири он ба равобити сиёсии Эрон ва Афгонистон/ М.Дофизниё //Мударриси улуми инсонй, барномарезй ва озмоиши фазо. №2 (45), 1385. С.3-26

14.Ч,анги хомуши об байни Эрон ва АфFOнистон//www.trt.net.tr/ persian/mhyt-zyst/2017/07/09/jng-khmwsh-ab-byn-yrn-w-fgnstn-767356 (дастрасй: 29.01.2019)

15.Latter dated 12 December 2002 from the permanent Representative of the Islamic Republic of Iran on the United Nations, address to the secretary general, UN, security council, 13 December 2002// https://www.un.org /Depts/los/general_assembly/other _general_assembly_documents.htm (дастрасй: 02.04.2019)

ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАИ ОБДОИ ФАРОМАРЗЙ ОМИЛИ БУДРОНИ ДАВОМДОР ДАР МУНОСИБАТДОИ АФГОНИСТОН ВА ЭРОН

Масоили истифодаи дарёхои фаромарзй миёни Афгонистон ва Эрон аз охири садаи XIX огоз шуда то ба имруз идома дорад. Нахустин муохида рочеъ ба ин масъала миёни ин ду кишвар соли 1896 ва охирони он соли 1973 баста шуд. Аммо х,ар ду чониб аз рафти ичрои ин муох,идах,о каноатманд нестанд ва дар мачмуъ мехисобанд, ки ин муохидахо манофеи онхоро мунъакис намесозанд.Эрон талош ба тахияи муохида нав аст, аммо Афгонистон мукобили хама гуна музокирот пиромуни ин масъала мебошад. Афгонистон ба таври якчониба садде дар мачрои дарёхои

фаромарзй месозад, дар холе ки Эрон ба таври мутлак мухолифи он аст.Масоили об ба бахшхои дигари муносиботи байни ин ду кишвар таъсири манфй мерасонад.

Калидвожахо: Афгонистон, Эрон, дарёи %илманд, дарёи %арируд, уавзаи %омун, неруго^и Салма, неруго^и Кацакй, ИМА, НАТО.

ПРОБЛЕМА ИСПОЛЬЗОВАНИЯ ТРАНСГРАНИЧНЫХ ВОДНЫХ РЕСУРСОВ КАК ФАКТОР ЗАТЯЖНОГО КРИЗИСА В АФГАНО-ИРАНСКИХ ОТНОШЕНИЯХ

Проблема использования трансграничных рек между Афганистаном и Ираном берёт начало с конца XIX в. и продолжается до сегодняшнего дня. Первое соглашение между двумя сторонами по этому вопросу было подписано в 1896 году, а последнее - в 1973 г. Но обе стороны не довольны ходом исполнения соглашения и в целом считают, что это соглашение не отражает их интересы. Иран стремится к подготовке нового соглашения, а Афганистан выступает против любых переговоров по этому вопросу. Афганистан в одностороннем порядке строит плотины на трансграничных реках, в то время как Иран в категоричной форме выступает против этого. Водные проблемы негативно влияют на другие стороны отношений между странами.

Ключевые слова: Афганистан, Иран, река Гильменд, река Харируд, бассейн Хомун, ГЭС Сальма, ГЭСКаджаки, США, НАТО.

THE PROBLEM OF THE USE OF TRANSBOUNDARY WATER RESOURCES AS A FACTOR OF A TIGHTENING CRISIS IN AFGHANA-

IRANIAN RELATIONS

The issue of using border crossing rivers between Afghanistan and Iran rose towards the end of 19 century and continues till today. The first agreement between the two sides on this issue was signed in 1896 and the last one in 1973. But both sides are not happy with the accord and do not see it in their favor. Iran pushes for new agreement whereas Afghanistan is against any negotiations on the issue. Afghanistan unilaterally constructs dams on its rivers whereas Iran strictly opposes it. Water issues are affecting relations of two countries in other areas.

Key words: Afghanistan, Iran, Hilmand water, Harirud, Homun basin, Water Issue, Salma HPP, Kajaki HPP, USA, NATO.

Маълумот дар бораи муаллиф: Давлатов Рах,мадкарим Мирзокаримович-сарходими илмии Маркази мероси хаттии Академияи илмх,ои Ч,умх,урии Точикистон. Сурога: ш. Душанбе, кучаи Дусейнзода, 35, Телефон: (+992) 989 12 00 99, E-mail: rakhmatkarim@inbox.ru

Сведения об авторе: Давлатов Рахмадкарим Мирзокаримович-старший научный сотрудник Центра письменного наследия Академии наук Республики Таджикистан, Адрес: г. Душанбе, улица Хусейн-заде, 35. Телефон: (+992) 989 12 00 99, E-mail: rakhmatkarim@inbox.ru

Information about the author: Davlatov Rahmatkarim Mirzokarimovich-senior scientific employee of the Written Heritage Center under the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. Address: Dushanbe, Str. Huseynzoda, 35. Telephone: (+992) 989 12 00 99, E-mail: rakhmatkarim@inbox.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.