Научная статья на тему 'ПРИНСИП ВА МЕТОДҲОИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ -САРМОЯГУЗОРӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ'

ПРИНСИП ВА МЕТОДҲОИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ -САРМОЯГУЗОРӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
243
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИННОВАТСИЯ / ИДОРАКУНӢ / КОРХОНА / МИНТАқА / НЕРӯИ БАРқ / ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ / ИННОВАТСИОНИИ -САРМОЯГУЗОРӢ / ПРИНСИП / КОРХОНАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Аттоев Фируз Эмомалиевич

Муаллифон дар маҷолаи худ масъалаи принсип ва методҳои идоракунии рушди инноватсионии -сармоягузорӣ дар корхонаҳои энергетикиро мавриди таҳлил қарор додаанд. Қайд намудаанд, ки вазъияти энергетикаи имрӯза, ҳамчун соҳаи асосии таъминкунандаи неру ба иқтидори рушди инноватсионии саноат ва соҳаи хизматрасонӣ таъсири назаррас дорад. Неруи барқ ба он хотир нақши бузург дорад, ки ҳамаи равандҳо дар саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва сабаби афзоиши онҳо ба соҳаи энергетика алоқаманд мебошад, аз ин рӯ, саҳми энергия дар ҳар кадом аз навъҳои маҳсулот ва хизматрасонӣ мавҷуд мебошад. Мақсади мақола: ташаккули инфрасохтори нави корхонаҳои энергетикӣ барои ҳар минтақа бо таваҷҷӯҳ ба хусусиятҳои он бояд дар алоқа бо ҷустуҷӯйи консепсияи рушд, маҷмӯи тарзҳо ва унсурҳои татбиқи вазифаҳои стратегӣ ва тактикии рушди минтақавӣ бошад. Дар айни ҳол, ҳамаи ин дар ҷойи холӣ ба вуҷуд намеояд, балки ба донишҳои илмии андӯхташуда дар раванди рушди инноватсионии системаи барқрасонӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ бояд такя кунад. Натиҷаи таҳқиқот хулоса намудаанд, ки модели консептуалии идоракунии рушди инноватсионии корхонаҳои энергетикӣ ба принсипҳои стратегӣ, барномавию мақсаднок ва лоиҳа асос ёфтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE PRINCIPLE AND METHODS OF MANAGEMENT OF INNOVATIVE DEVELOPMENT - INVESTMENT IN ENERGY ENTERPRISES

In their article, the authors have analyzed the principle and methods of managing innovative development - investment in energy enterprises. They noted that the current state of energy, as the main sector of energy supply, has a significant impact on the capacity of innovative development of industry and the service sector. Electricity plays an important role because all processes in industry, transport, agriculture, all types of services to the population and the reason for their growth are related to the energy sector, therefore, the share of energy is present in each type of product and service. Purpose of the article: the formation of a new infrastructure of energy enterprises for each region with attention to its characteristics should be connected with the search for the concept of development, a set of methods and elements of the implementation of strategic and tactical tasks of regional development. At the same time, all this does not happen in a vacuum, but should rely on the scientific knowledge gathered in the process of innovative development of the power supply system, taking into account the regional characteristics. According to the results of the study, the researchers concluded that the conceptual model of management of innovative development of energy enterprises is based on strategic, programmatic, purposeful and project principles.

Текст научной работы на тему «ПРИНСИП ВА МЕТОДҲОИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ -САРМОЯГУЗОРӢ ДАР КОРХОНАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ»

ПРИНСИП ВА МЕТОД^ОИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ -САРМОЯГУЗОРЙ ДАР КОРХОНА^ОИ ЭНЕРГЕТИКИ

АТТОЕВ ФИРУЗ ЭМОМАЛИЕВИЧ,

унвонцуи Институти щтжодиёт ва тауцици системавии рушди кишоварзй, Тел: + (992) 908681986;

Муаллифон дар мацолаи худ масъалаи принсип ва методуои идоракунии рушди инноватсионии -сармоягузори дар корхонауои энергетикиро мавриди таулил царор додаанд. Кайд намудаанд, ки вазъияти энергетикаи имруза, уамчун соуаи асосии таъминкунандаи неру ба ицтидори рушди инноватсионии саноат ва соуаи хизматрасонй таъсири назаррас дорад. Неруи барц ба он хотир нацши бузург дорад, ки уамаи равандуо дар саноат, нацлиёт, кишоварзй, уамаи намудуои хизматрасонй ба ауолй ва сабаби афзоиши онуо ба соуаи энергетика алоцаманд мебошад, аз ин ру, сауми энергия дар уар кадом аз навъуои маусулот ва хизматрасонй мавцуд мебошад.

Мацсади макрла: ташаккули инфрасохтори нави корхонауои энергетикй барои уар минтаца бо таваццуу ба хусусиятуои он бояд дар алоца бо цустуцуйи консепсияи рушд, мацмуи тарзуо ва унсуруои татбици вазифауои стратегй ва тактикии рушди минтацавй бошад. Дар айни уол, уамаи ин дар цойи холй ба вуцуд намеояд, балки ба донишуои илмии андухташуда дар раванди рушди инноватсионии системаи барцрасонй бо дарназардошти хусусиятуои минтацавй бояд такя кунад.

Натицаи та^цицот хулоса намудаанд, ки модели консептуалии идоракунии рушди инноватсионии корхонауои энергетики ба принсипуои стратегй, барномавию мацсаднок ва лоща асос ёфтааст.

Калидвожа^о: инноватсия, энергетика, идоракуни, корхона, минтаца, неруи барц, фаъолияти инноватсиони, инноватсионии -сармоягузори, принсип, корхонауои энергетики.

ПРИНЦИП И МЕТОДЫ УПРАВЛЕНИЯ ИННОВАЦИОННЫМ РАЗВИТИЕМ - ИНВЕСТИЦИИ В ЭНЕРГЕТИЧЕСКИЕ ПРЕДПРИЯТИЯ

АТТОЕВ ФИРУЗ ЭМОМАЛИЕВИЧ,

соискотель Института экономики и системного анализа сельского хозяйства, Тел: +(992) 908681986;

Авторы в своей статье проанализировали принцип и методы управления инновационным развитием - инвестиции в энергетические предприятия. Они отметили, что современное состояние энергетики, как основного сектора энергоснабжения, оказывает существенное влияние на потенциал инновационного развития промышленности и сферы услуг. Электроэнергия играет важную роль, так как все процессы в промышленности, на транспорте, в сельском хозяйстве, все виды обслуживания населения и причина их роста связаны с энергетикой, следовательно, доля энергии присутствует в каждом виде продукции и услуги.

Цель статьи: формирование новой инфраструктуры энергетических предприятий для каждого региона с учетом его особенностей должно быть связано с поиском концепции развития, комплекса методов и элементов реализации стратегических и тактических задач региональных разработка. При этом все это происходит не на пустом месте, а должно опираться на научные знания, накопленные в процессе инновационного развития системы электроснабжения с учетом региональных особенностей.

В результате исследования исследователи пришли к выводу, что концептуальная модель управления инновационным развитием энергетических предприятий строится на стратегическом, программном, целевом и проектном принципах.

Ключевые слова: инновации, энергетика, управление, предприятие, регион, электроэнергетика, инновационная деятельность, инновационные инвестиции, принцип, энергетические предприятия.

THE PRINCIPLE AND METHODS OF MANAGEMENT OF INNOVATIVE DEVELOPMENT - INVESTMENT IN ENERGY ENTERPRISES

ATTOEV FIRUZ EMOMALIE VICH,

gradúate of the Institute of Economies and Systematic Research of Agricultural Phone: +(992) 908681986;

In their article, the authors have analyzed the principle and methods of managing innovative development - investment in energy enterprises. They noted that the current state of energy, as the main sector of energy supply, has a significant impact on the capacity of innovative development of industry and the service sector. Electricity plays an important role because all processes in industry, transport, agriculture, all types of services to the population and the reason for their growth are related to the energy sector, therefore, the share of energy is present in each type of product and service.

Purpose of the article: the formation of a new infrastructure of energy enterprises for each region with attention to its characteristics should be connected with the search for the concept of development, a set of methods and elements of the implementation of strategic and tactical tasks of regional development. At the same time, all this does not happen in a vacuum, but should rely on the scientific knowledge gathered in the process of innovative development of the power supply system, taking into account the regional characteristics.

According to the results of the study, the researchers concluded that the conceptual model of management of innovative development of energy enterprises is based on strategic, programmatic, purposeful and project principles.

Keywords: innovation, energy, management, enterprise, region, electricity, innovative activity, innovative investment, principle, energy enterprises.

Му^аддима, парадигмаи инкишофи сохахои энергетика ва сохаи хизматрасонй дар мамлакатх,ои дунё ба баланд бардоштани сифати хизматрасонихо ба истеъмолкуннадагон ва махсулоти истехсолшуда асос ёфтааст. Талаботхои баланд на танхо ба натичаи нихоии фаъолият (махсулот ё хизматрасонй), балки ба худи раванди истехсоли онхо ё хизматрасонй аз мавкеи иктисодй, экологй ва самаранокии ичтимой ироа мегардад. Факат риояи хамаи талаботхо дар мачмуъ, имкон медиханд мавкеи ракобатпазирро дар бозори ватанй ва хоричй ишгол намоянд. Дар робита ба ин Дукумати Ч,умхурии Точикистон рохи рушди инноватсионии хамаи сохахои комплекси хочагии халкро пеш гирифтааст. Вазъияти энергетикаи имруза, хамчун сохаи асосии таъминкунандаи неру ба иктидори рушди инноватсионии саноат ва сохаи хизматрасонй таъсири назаррас дорад. Неруи барк ба он хотир накши бузург дорад, ки хамаи равандхо дар саноат, наклиёт, кишоварзй, хамаи намудхои хизматрасонй ба ахолй ва сабаби афзоиши онхо ба сохаи энергетика алокаманд мебошад, аз ин ру, сахми энергия дар хар кадом аз навъхои махсулот ва хизматрасонй мавчуд мебошад.

Асоси ташаккули методологияи идоракунии рушди инноватсионии корхонах,ои энергетикиро тахлили амики вазъияти муосири он ва назари танкидии таъсири он ба дигар сохахои истехсолот ва хизматрасонй ташкил медихад. Ба акидаи мо барои тахияи методхои самараноки идоракунии рушди инноватсионии корхонах,ои энергетикй дакикан муайян кардани принсипхои татбики инноватсия, инчунин истифодаи механизмхои муносибати стратегй, барномавию максаднок барои татбики лоих,ах,ои инноватсионии энергетикй зарур мебошад. Чунин хамохангии муносибатхо имкон медихад, системаи танзими фаъолнокии инноватсионии корхонахои энергетикй дар сатхи чумхуриявию минтакавй, инчунин механизми татбики лоих,ах,ои инноватсионй дар сатхи корхонах,о муташаккил гарданд. Дар вазъияти иктисодии баамаломада вазифаи калидии давлат бояд тадбирхо бобати баркаррор намудани чазобии корхонахои энергетикй барои сармоягузорй, инчунин ташаккули мухити институтсионалй мусоидаткунанда ба фаъолнокии равандхои сармоягузорию инноватсионй дар сохахои иктисоди миллй бошад. Ба андешаи Ш. М. Саидмуродов, Г. Х. Зубайдуллоева «...вазъияти хавфу хатархо - ин холатхоест, ки натича ё халли номуайян надоранд, вале хатман интихоби як ё якчанд халли онхо талаб кардамешавад» [7, с.226].

^исми асосй, Мутобик ба нишондихандахои мухимтарине, ки самаранокии технологиро характернок мегардонад, дар байни максадхои идоракунии лоихдх,ои рушди инноватсионии энергетика, чудо кардани тахияи тасмимхои ба таври принсипиалй нави техникй ва технологии таъминкунандаи мавридхои зеринро кайд кардан зарур аст:

тагйир додани сохтори пойгохи маводи хом;

хазинаи камтарини сузишворй хангоми ба даст овардани вохиди неруи барк дар иктидорхои тавлидкунанда;

сифат ва тозагии экологии раванди технологй дар хамаи мархилахо аз тавлид то истеъмоли неруи барк ;

баланд бардоштани сатхи хосилнокии мехнат дар объектной хочагихои энергетикй аз хисоби сарбории вокеии ик;тидор; афзоиши интенсивии истехсолот; пас кардани харочотхо барои истехсолот;

кохиш додани арзиши аслии вохиди неруи барки пешниходшаванда ба истеъмолкунандагон;

истифодаи технологияи сузишвории бепартов; кохиш додани талафот хангоми интиколи неруи барк; баланд бардоштани самаранокии истеъмоли неруи барк.

Дамаи инхо имкон медиханд, эътибор ба таъмини неруи барки корхонаи саноатй ва сохаи хизматрасонй баланд бардошта шуда, таркиби тарофахои энергетика дар арзиши аслии махсулот ва хизматрасонихо кохиш дода шуда, тозагии равандхои истехсолй ва хизматрасонихо таъмин карда шавад.

Дачми калон ва тулонй будани халли масъалахои сармоягузорй дар энергетика муносбати навро нисбат ба идоракунии рушди соха дар сатхи давлатй ва корхонавй, ки самаранокй ва устувории раванди сармоягузориро дар давраи гузариш ва пас аз давраи гузариш аз хисоби фаъолияти муштараки ду таркибдиханда таъмин менамояд, талаб мекунад:

методхои идоракунии стратегй, ки хадафхои дакикро дар рушди энергетика дар уфукхои гуногуни замонй медихад, ташаккули системаи афзалиятхои сармоягузорй ва табдили он ба лоихахои мушаххаси инноватсионй дар сохаи генератсияи неру, интикол, таксим ва истифодаи неруи баркро таъмин менамояд;

методхои хавасмандгардонй ва танзими фаъолияти инноватсионй, ки татбики механизми молиявию иктисодии афзалиятхои сармоягузорй дар мухити бозоргониро дар назар дорад, чазобияти сармоягузории онхоро дар шакли бизнес-халхо ва сафарбаркунии захирахои даркории молиявй таъмин менамояд»[2].

Ташаккули инфрасохтори нави корхонахои энергетикй барои хар минтака бо таваччух ба хусусиятхои он бояд дар алока бо чустучуйи консепсияи рушд, мачмуи тарзхо ва унсурхои татбики вазифахои стратегй ва тактикии рушди минтакавй бошад. Дар айни хол, хамаи ин дар чойи холй ба вучуд намеояд, балки ба донишхои илмии андухташуда дар раванди рушди инноватсионии системаи баркрасонй бо дарназардошти хусусиятхои минтакавй бояд такя кунад. Шаклхои ташкилии татбики консепсия ва принсипхои рушди инноватсияи корхонахои энергетикй барномаи мукаммали максаднок ва лоихахое мебошанд, ки имкон медиханд, силсилаи максадхои рушди инноватсионй бо дарназардошти захирахои мавчуда буда муайян карда шуда, аз байни онхо афзалиятнокхо мушаххас ва татбики онхо барои расидан ба максади асосй равона карда шавад[3]. Дар айни хол лоиха хамчун унсури сохтории барномаи калонхачми хислати миллй дошта баромад мекунад. Вай барномаро мушаххас карда, руйхати нисбатан муфассал ва хислати корхои лозима барои расидан ба максадхоро дорад. Барномахо аз руйи хислат, максад, хачм, вакт ва дигар нишонахои худ хеле гуногун мебошанд. Дар як барнома дорои зербарномае мебошад, ки бо нишонахои муайяни худ вобаста ба максад, хачм, амикии дигаргунихо, сатхе, ки дар он барнома тахия карда мешавад, фарк мекунанд.

Дангоми татбики идоракунии барномавию максад барномахои илмй-техникй чойи махсусро ишгол менамоянд, ки дар замони рушди иктисоди планй самаранок буда ва аз онхо дар замони гузариш даст кашиданд ва акнун мутахассисон зарурати истифодаи объективонаи онхоро дар сохаи энергетика фахмиданд[9, с.19]. Ба мисли хамаи дигар барномахои мачмуй онхо дорои мачмуи чорабинихое мебошанд, ки дастрасй ба максадхои муайянеро дар назар доранд (кашфиётхои илмй, сохтани намунахои нави техника, тахнологияи нав ва монанди инхо). Вазифаи амалии идоракунии барномавию максадноки рушди инноватсионии энергетикиаи вилояти Хатлон дорои руйхати тадбирхое мебошад, ки онхоро барои амалй намудани максадхои гузошта шуда кабул мекунанд. Бояд гуфт, ки хамоханг кардани ин чорабинихо бисёр мухим аст. Як гурухи чорабинихо ба таври параллел доир карда мешаванд, гурухи дигари чорабинихо бошад, пайдарпай, яъне ичро ва итмоми як идда чорабинй заминаи огози чорабинихои дигар мебошад. Гурухи сеюм бошад, ба пуррагй ва ё кисман хорич аз барнома ичро карда мешаванд. Дар як холат ба барнома натичахои ин чорабинихо ва дар холати дигар бошад, худи чорабинихо ва мархилаи нихоии онхо дохил карда мешаванд.

«Ба шарофтаи рохи муосири татбики лоихахои афзалиятноки миллй дар Точикистон мавчи хавасмандй ба кори лоихд ба мушохида мерасад». Дангоми амалй

намудани муносибати лоиха нисбат ба идоракунии энергетика таркиби амалй ва илмии онро чудо кардан мумкин аст. Таркиби амалй дар ба амал баровардани фаъолиятхои мушаххаси идоракунй нисбат ба корхонахои энергетика зохир мегардад. Аммо дар асоси ин фаъолиятхо методологияи муайян, дастгохи мафхумхо, усулхое карор доранд, ки тахияи онхо метавонад ба таркиби илмии идоракунии инноватсионии рушди энергетика тааллук дошта бошад[12, с.121].

Идоракунии рушди инноватсионии энергетика бо кумаки методхои муайяне ба амал бароварда мешавад. Дар айни хол дар зери мафхуми методхои идоракунй мачмуи тарзхо, усулхои таъсирасонии системаи идоракунанда (ё субъект) ба системаи идорашаванда (ё объекти идоракунй) ба максад мувофик мебошад. Дар идоракунии рушди инноватсионии энергетика истифодаи методхои идоракунии ташкилй, иктисодй ва ичтимоию психологй зарур мебошад. Мазмуни асосии методхои ташкилии идоракунии рушди инноватсионии энергетика хамоханг намудани кушишхои танзими субъектхои гуногуни идоракунии ба ичрои вазифахои гузошта шудаи рушди инноватсионй равона карда шуда мебошанд. Методхои иктисодии идоракунии рушди инноватсионии энергетика аз тарзхои таъсиррасонй тавассути сохтани шароитхои иктисодии водоркунандаи корхона, ки он дар сохтори энергетика дар самти интихобшуда амал намуда ва ба халли вазифахои гузошта шуда муваффак гардад, иборат мебошад. Мутобик ба тадкикотхои муосир ба онхо методхои банакшагирй, сармоягузорй, ташаккули меъёрхои иктисодй ва хавасмандкуниро нисбат додан мумкин аст. Методхои ташкилй, иктисодй ва ичтимоию психологии идоракунии рушди инноватсионии энергетика дар алокамандии хеле зич карор доранд.

Ин чиз бо он асоснок карда мешавад, ки самаранокии як гурухи методхо бо истифода ва тахкими методхои дигар муайян карда мешавад. Кдйд кардан ба маврид аст, ки дар адабиёти иктисодй ва методй ба таври кофй ва хеле хуб масъалахои истифодаи комплексии гурухи методхои идоракунии рушди инноватсионии энергетика инъикос ёфтаанд. Хдмоханг кардани нишондихандахои истехсолии рушди энергетика бо пешгуйи истеъмоли сузишворй ва энергия дар мачмуъ дар малакат, нохияхои иктисодй ва субъектхои Ч,умх,урии Точикистон дар чахорчубаи шаклбандии методхои идоракунии рушди инноватсионй тавассути тавозунхои энергетикии мамлакат ва минтака бароварда мешавад. Дар айни хол барои хар як минтака тавозунхои хусусии навъхои асосии сузишвории органикй, энергияи баркй, ташаккул меёбад. Хдмин тарик, тавозунхои энержи вазифахои хамгироиро дар низоми пешгуйи энергетика анчом дода, зиддият надоштани системаи пешгуйи энергетикаро дар буришхои технологй ва минтакавй таъмин мекунад.

Дар чахорчуби рушди инноватсионии энергетика халлу фасл намудани вазифахои зерин ба таври пайдарпай зарур аст:

Истифодаи комплексии методхои гуногуни идоракунии рушди инноватсионии энергетика.

Ташаккули пойгохи захиравй бо истифодаи самараноки захирахои пойгохии корхонахои энергетикй хангоми омодагии пешакии инфрасохтори гаронарзиш.

Тахияи технологияхои чадиди генератсия, табдил ва интиколи захирахои энергетикй барои тачиди чихози техникй ва сохтани объектхои нави энергетикй.

Сохтани мухити иктисодии чаззоб барои сармоягузорон тавассути тагйир додани механизмхои амалкарди бозорхои фаъол ва ташаккули бозорхои нави сузишворй ва энергетикй.

Дар кисмати зерин бештар ба кисмати методологии ташкилдихандаи аломатхои таховвулоти идораи фаъолияти сармоягузорй дар комплекси энергетикй диккат дода мешавад.

Тахлили муносибатхои методй барои бахогузории даромаднокии лоихахои сармоягузорй нишон медиханд, ки ба сифати асоси базавии фаъолсозии захирахои сармоягузории сохахо мумкин аст омилхои табии- иклимй, чугрофй, демографиро ба хисоб гирифт, ки имкон медихднд сиёсати энергетикии давлатро дар мутобикат бо параметрхои рушди ичтимой- иктисодии минтакахои мамлакат тавсиф намоем[11,с.179]. Самти аз хама мухими онро ба акидаи Баринов В. А. «... гузаштан ба асосхои нави технологй, ки ба истифодаи технология ва тачхизоти замонавии энергетикй алокаманд аст»[1, с.8] муайян мекунад. Фаъолияти сармоягузорй дар ин шароит аз ташкили хачми кофии захирахои молиявй огоз гардида, бо ташкили нерухои истехсолии нав, технология, объектхои маишй ва инфрасохторхои бозорй ба анчом мерасад. Барои баланд бардоштани фаъолияти сармоягузории комплекси энергетикии мамлакат,

рушди ин соха мачмуи тамоми шароит ва омилхоро талаб мекунад: аз чумла танзими даромаднокй ва фаъолкунии равандхои сармоягузорй, муайянкунии мавкеи техникию технологии модернизатсияи сохахо, истифодаи технологияхои нави инноватсионй, истифодаи максадноки захирахои молиявии бучетй ва назорати чиддй аз болои коидахои дастрас намудани ин воситахо ва кадрхои баландихтисос. Барои расидан ба сатхи дар боло зикршуда, дар шароити иктисоди бозорй чалби окилонаи сармоягузории хоричй, ки талаботи сохахоро на танхо бо захирахои кутохмуддат, балки бо сармоягузории дарозмуддати захирахои сармоягузорй конеъ гардонад, нихоят мухим аст. Инчунин тахкими накши давлат хамчун кафили хавасмандкунии равандхои сармоягузорй ба сохаи энергетики мухим аст. Дангоми тахияи модели нави чалби сармоягузорй ба комплекси энергетикии мамлакат, мо механизми чалби захирахои сармоягузорй ва маълумотхои оморй оид ба маблаггузории комплекси энергетикй ва тачдиди сарчашмахои энергияро мукоиса намудем. Дар такя ба маълумотхои тахлилии тахкикот харочоти хисобкарданашуда доир ба хифзи мухити зист ошкор карда шуданд ва чорабинихои хифзи табиат дар алока ба баланд бардоштани сифат ва сатхи хаёти ичтимоии ахолй гузаронида шуд, инчунин зарари аз хисоби истехсоли энергияи тозаи экологй расида муайян гардид. Барои ин ба хисоб гирифтани ахамияти кисмати мураккабшаванда дар низоми сармоягузорй зарур аст. Бояд кайд кард, ки дар огози солхои 90-ум, дар раванди дигаргунихои иктисодй, шиддатнокии энергетикии ММД дар кишвархои дар иктисодиёти гузариш карор дошта хеле зиёд буд - аксар мавридхо аз сатхи кишвархои иктисоди бозаргонй баландтар буд, ки айни замон низ чандон тагйир наёфтааст. Дар дахсолахои охир, дар кишвархои собики шуравй, аз он чумла Чумхурии Точикистон тагйири сатхи гунчоиши энергетикии истехсолот ба миён омад, ки ба паст гардидани сатхи истехсоли неруи барк оварда расонд. Аз ин ру паст гардидани гунчоиши энергетикии истехсолот дар ин давра ба афзоиши нархи захирахои энергетикй хеле кам алокаманд аст. Дар ин вазъият ба назари мо, шароити иклимй омили ягона набуда, фаркият дар сатххои гунчоиши энергетикй миёни кишвархои рушдкарда ва кишвархои иктисодашон дар холи гузариш буда, ба хисоб меравад. Омили на он кадар мухим мавчудият ё набудани хавасмандихо ба сарфаи энергия барои истифодабарандагони неруи барк аст. Зеро кишвархое, ки дар баланд бардоштани даромаднокии истехсолот ва истифодаи неруи барк дастовардхои зиёд доранд, дар онхо механизмхои бозорй, махсусан чалби сармоягузорй, хавасмандкунй фоиданоктар аст. Бинбар ин хавасмандкунй барои сарфаи неруи барк ва гирифтани фоида аз хисоби кам кардан дар сарфакунй, натичаи таъсири механизмхои иктисодй, хам дар сатхи давлатй ва хам дар механизмхои бозорй мебошанд. Аз ин ру сабаби асосии харочоти зиёди неруи барк кам будани хавасмандй ба сарфаи неруи барк аст, на таъсири омилхои беруна, яъне барои кам кардани истифодаи неруи барк меъёрхое талаб карда мешаванд, ки барои тахкими хавасмандкунихои зикршуда равона карда шудаанд. Интихоби самтхои окилонаи хавасмандкунии фаъолнокии субъектхои фаъолияти иинноватсионй дар энергетика, ки мадорои муносибро дар сарфачуй ва бехатарии энергетикии мамлакат ва минтакахо таъмин мекунад, максади асосии ташаккули сиёсати нави энергетикй мебошад[4, с.118]. Чун дар шароити иктисодии нав таъмини барки мамлакат дар бисёр чихат ба тадбирхои амаликунандаи давлат доир ба фаъолиятхои иктисодии корхонахои энергетикй ва сиёсати пешгирифтаи нарх ва андоз вобаста мебошад, аз ин ру диккати калон бояд ба тахия ва тадвини муносибатхои иктисодй дар сохаи энергетика дар алокамандй бо механизмхои нархгузорй ва методхои танзими шароитхои андоз ва таксим хакки моликон дода шавад.

Принсипхои идоракунии рушди инноватсионии корхонахои энергетикй ба назари мо ба се гуруххои функсионалй таксим кардан мумкин аст: принсипи стратегияи идоракунй, принсипи барномавию максадноки идоракунй ва принсипи идоракунии лоихавй.

Принсипи идоракунии стратегй. Зарурати истифодаи ин гурухи принсипхо ба сустии аз хад зиёди сохаи энергетика, яъне даврахои тулонии тархрезй ва сохтани объектхои энергетикй, инчунин арзёбии самаранокии татбики тасмимхои кабул шуда вобаста мебошад.

Принсипи ояндабинП, ин принсипи на танхо машгул шудан ба фаъолиятихои чорй дар корхонахои электроэнергетикй буда, балки банакшагирии фаъолиятро дар миёнамухлат ва дарозмуддат дар назар дорад.

Принсипи х,амох,ангП ташаккули системаи гайримутаззод ва мутакобилан хамоханги системаи пешгуйи рушди иктисодии мамлакат ва минтакахои чудогона, хачми истеъмоли барк (бо дарназардошти сарфачуйй неруи барк) ва дар асоси онхо муайн кардани самтхои стратегии рушди сохаи энергетика бо дарназардошти татбики технологияхои хислати пешраванда дошта.

Принсипи якпорчагй. Ин принсип расонидани таъсирхои идоракунандаро, ки стратегияи рушди сохаи энергетика барои хамаи сохторхое, ки ин сохаро ташкил додаанд, инкишофи хамкории иттилоотй дар байни онхо, расидан ба хадафхои сохтани занчирхои мантикй пешбинй кардааст. Арзёбии системаи электроэнергетикии мамлакат хамчун вохиди якпорча ва яклухт, ки аз унсурхои хамкор ва аксаран гуногунсифату гуногуннавъ, вале бо хам мувофик аз руйи самти равонашуда ба натичахои стратегии система пешбинй карда шудааст..

Принсипи барномавию максадноки идоракунй. Ин гурухи принсипхо барои он мубраманд, ки амалй намудани дилхох чорабинихо дар сохаи энергетика, хачми назарраси хазинахо, хамохангии теъдоди зиёди иштирокчиёнро талаб мекунад, чунки сохаи энергетика хамон тавре ки каблан кайд карда будем, ба низоми калони навъи кушода тааллук дорад. Карорхое, ки дар ин соха кабул карда мешаванд ба хамаи комплексй хочаги халк таъсир мерасонанд, пас, чорабинихо бояд ба таври дакик ба накша гирифта шуда ва бо тамоми намудхои захирахо таъмин карда шуда ба халлу фасли масъалахои хочагии халк, баланд бардоштани самаранокии равандхои инноватсионй дар сохаи энергетика равона карда шудаанд[10, с.342].

2.1. Принсипи ба максад нигаронида шуда, тамоюли максадноки чорабинихои барномавй ва супоришхои сурогавй бобати ба даст овардани натичахое, ки дакикан ичро кардани максади нихоии барномаро пешбинй кардааст.

Принсипи ба хам алокаманд будан, хамоханг намудани чорабинихои ба накша гирифта шуда, доир ба ичрокунандагон, замон ва хачми корхо, инчунин алокаманд намудани онхо ба захирахои чудо карда шуда мебошад.

Принсипи зудии тахияи барномахо, зарурати гузаронидани ислоххои даврии барномахо дар робита ба таъсиррасонй ба чараёни таррохию накшавии тахияи омилхои номуайяни мухити берунаро дар назар дорад.

2.5. Принсипи ягонаии дастури ташкилй, ташкили корхо доир ба тахияи барномахо аз як марказро дар назар дорад.

3. Принсипи идоракунии лощавй. Ин гурухи принсипхо гарчанде дар хулоса мавриди баррасй карор гирифтаанд, аммо ба назари мо аз хама мухимтар мебошанд. Дар чунин системаи мураккаб ба монанди сохаи энергетика ба амал баровардани тачдиди пурраи инноватсионй дар як давра ба иллати ду сабаб номумкин аст, якум, талаботи аз хад зиёд ба захирахои гуногун, ки таъмин кардани онхо аз имкон берун аст ва дуюм сатхи баланди хавфу хатар, ки ба он рох додан ба хеч вачх мумкин нест. Дар робита ба ин, шакли нисбатан ратсионалии тачдиди инноватсионй, бахусус, ин татбики тарххои инноватсионии энергетикй мебошанд, ки дар хар сурат бояд дар чахорчуби принсипхои дар боло зикршуда ва методхои стратегй ва идоракунии барномавию максаднок бо хам алокаманд карда шаванд[8, с.323].

Принсипи идоракунии селекторй, ин интихоб ва халлу фасли вазифахо дар чахорчуби тарххои амалишавандаи афзалиятнок барои минтака, соха, корхона ва монанди инхо мебошад.

Принсипи махдудияти захирави, барои татбик чудо кардани тархи муушаххаси инноватсионии энергетикии хамаи намуди захирахо (молиявй, иттилоотй, моддй, ва мехнатй), аммо факат ба хамон микдоре, ки барои субъекти мушаххас, ки ин тархро дар айни хол амалй карда истодааст дастрас мебошад, дар назар дорад.

Принсипи хунсо кардани хавфу хатархо. Ин принсип аз назари сатхи хатархои молиявй барои сармоягузор кобили кабул буда пас аз итмоми он бад нагаштани баркрасонй барои истеъмолкунандагон, ки манфиатхои онхоро ин тарх матрах мекунад, дар назар дорад.

Ин принсипхо аз кабили: мачмаагй, системавй, муътабарй, нармй, илмият, мушаххасй, конструктивй, алтернативй (вариантй), инсонгарой, тахассусй, мувофикат ва устуворй барои хамаи гуруххои дар боло зикршуда мубрам мебошад (расми 1). Бо дарназардошти вижагии сохаи энергетика , принсипи системавй будан чунин маъно дорад: корхонахое, ки ба генератсия, интикол, таксим ва фуруши неруи барк машгуланд, бояд хамчун механизми ягонаи мураттаб барои расидан ба максади умумй, яъне инноватсияи интеллектуалии системаи энергетика, ки муътабарй ва сифатнокии расонидани баркро ба истеъмолкунандагон таъмин мекунанд, фаъолият кунанд[5, с.40]. Мачмуй будан, ташаккули хамаи намудхои (меъёрию хукукй, молиявию иктисодй, иттилоотй, техникиву технологй, кадрй)таъминотро барои рушди корхонахои сохаи энергетика дар назар дорад.

Самараноки, бахисобгирии хамаи хазинахои идоракунии чараёнхои моддй, молиявй ва иттилоотй дар тули хамаи занчири технологии баркрасониро дар назар дорад. Яке аз самтхои татбики ин принсип ин ба хадди акал расонидани мачмуи хазинахои баркрасонй хангоми риояи сатхи муайяншудаи сифат ва эътиборнокй мебошад.

Эътимодият, ин таъмини биломонеъ ва бехатарии баркрасонй, захиракунии иртиботот ва воситахои техникй барои тагйир додани масири баркрасонй дар сурати зарурат. Масалан,

мавчуд будани иктидорхои энергетикии захиравй, суръатхои баланд ва сифати ворид шудани иттилоот дар бораи вазьиятхои фа I! кул од а ба система ва технологиям коркарди он.

ПР ИНС ИЩОИ ИД ОРАКУНИИ РУШД и ИННОВАТСИОНИИ КОРХОНАХОИ ЭНЕРГЕТИКИ

Г

При пси и и ндорикуннн

01ртс1 н

! Прннсшт бярн&яЮЛию \ \ ушк,ст)нокн иЛг/рОн уыи

Принсипи ш)аракуннн

Прннсшт (гяндибинй

Прннсшт Оа

лшк^сш)

Пргшсшш и даракушш

Прннсшт х^алчал-апги

( \ Принсипи М1 Л'АИ ! \ ( У 1а.1огмлшгн> бгдан! ) I

Прннсшт .ча.\()уч)няггт

VI

Прннсшт ;_якттчагИ...

( !

Прннсшт луднн

I

Принсипи Л

\кар*)яни х авфу^ )

Принсипи ягишши \ \ [ Настурн пшткнлй \ \

V

и:

У........

щ

5=5

Л

ГТ15 1.........

л э

1 Ш

Рас. 2. Принсипх,ои идоракунии рушди инноватсионии корхонахои энергетикй.

Печонй, дар дохили системаи энергетика сохта шудани механизмхое, ки имкони пешгуйи равияхои тагйирёбандаи вазъияти мухити беруна ва имконоти худи система ва инчунин таъсиррасонихои мувофик ба онро дар назар дорад. Масалан, механизмхое,ки имкон медиханд лахзахои аз хама зиёди ба вучд омадани сарборй, аз кор баромадани тачхизот барои таъмини саривактии иваз намудани он ва амсоли инхоро пешгуйи намояд. Илмият, огози мухосибаи пуркувват дар хамаи мархилахои идоракунии энергетика - аз банакшагирй то тахлил, ичроиши мухосибахои муфассали хамаи параметрхои баркрасонй. Мушаххас будан, дакикан муайян кардани натичаи мушаххас хамчун максади баркрасонй мутобик ба талаботхои техникй, иктисодй ва дигар талаботхоро дар назар дорад. Добили кабул будан, танзими баркрасонй, назорати доимии хар як объекти системаи энергетикй ва ислохи саривактии онро дар назар дорад. Алтернативй (дорои вариант будан) тахияи якчанд варианти чараён гирифтани баркрасонй ё фаъолият доир ба истехсоли неруи барк ва интихоби варианти нисбатн бехтар ва ратсионалй дар байни вараинтхои мавчуда.

Гуманизатсияи равандхои технологй дар сохаи энергетика сохтани шароитхои муосири корй, таъмини пойгоххо барои чалби кадрхо ба соха, кадрхое, ки дорои собика ва тачрибаи калони корй мебошанд, дар назар дорад. Такмили технологияхо дар сохаи энергетика имкон медихад, на танхо шароити мехнат бевосита дар корхонахои энергетика бехтар карда шавад, балки ба таври назаррас ба сифати зиндагии ахолй ва муассисахо, ки бо барк таъмин карда мешаванд таъсир мерасонад, дар ин робита, гуманизатсия метавонад ба маънои васеи он мавриди баррасй карор бигирад.

Тахассусй, истифодаи тачхизотхои генератсиякунандаеро, ки ба шароитхои мушаххас мувофикат мекунанд, дар назар дорад. Агар дар бораи сохаи энергетика

бигуем, ин истифодаи энергогенераторхои бодй ё стансияхои баркии приливй (приливных), дар манотике, ки ин чиз имконпазир аст, дар назар дорад. Мутобикшавй ва устувории системаи баркрасонй дар шароитхои номуайяни мухити атроф шарти мухимми фаъолияти он ба хисоб меравад. Номуайянии аз хад зиёде, ки дар вазъиятхои оянда система метавонад бо онхо ру ба ру шавад, инчунин норавшании самарахои нихоии тасмимхои идоракунии кабулшуда, ноустувории якуякбораи сифатй ва микдории чараёнхои моддиеро, ки система истеъмол ва генератсия мекунад, асоснок мегардонад.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Хулоса, модели консептуалии идоракунии рушди инноватсионии корхонахои энергетики ба принсипхои стратегй, барномавию максаднок ва лои ха асос ёфтааст, ки татбики амалии онхо имкон медихад:

- пешравихои интенсивии сохторй дар энергетика дар асоси татбики навгонихо ба амал бароварда шуда, сатхи техникй ва ракобатпазирй баланд бардошта шавад;

- пойгох барои баланд бардоштани сатхи техний ва ракобатпазирии сохахои дигари истехсолоти саноатй ва сохаи хизматраоснй аз хсиоби таъмини баркрасонии устувори сифатнок сохта шавад;

- сохтани системаи идоракунии тарххои инноватсионии рушди корхонахои сохаи энергетика ва дастгирии иттилоотии иштирокчиёни сохаи инноватисонй таъмин карда шавад;

- системаи ба таври самаранок амалкунандаи ба бозор нигаронидашудаи инноватсионии иктисоди миллй ва инфрасохтори зарурии инноватсионй сохта шуда, вохидхои инноватсионии технологй тахким ва инкишоф дода шаванд;

- ба таври максималй афзалият ва тачрибаи пешкадами банакшагирии стратегй ва идоракунии барномавию максаднок аз хисоби корхонахои байнисохавй ва хамкорихои баналмилалй дар сохаи рушди инноватсионй истифода бурда шавад;

АДАБИЁТ

1. Баринов В.А. Перспективы развития электроэнергетики России на период до 2030 г./В.А.Баринов-М.: Изд-во ИНП РАН, 2013. - 8с.

2. Веселов Ф.В. Механизмы реализации инвестиционной программы в российской электроэнергетике /Ф.В. Веселов//[Электронный ресурс]. URL: http ://www.combiener gy.ru/stat969 .html (дата обращения 16.09.11).

3. Комилов С. Дж, Файзуллоев М.К. Оценка инновационного потенциала социально-экономического развития региона/С.Комилов, М.К. Файзуллоев//ПСЭ. 2013. №3 (47). URL: https://cyberlenmka.ru/artide/n/otsenka-mnovatsionnogo-potentsiala-sotsialnoekonomicheskogo-razvitiya-regiona (дата обращения: 18.11.2019);

4. Комилов С.Дж., Файзуллоев М.К. Основы развития инновационной деятельности предприятий/ С.Дж. Комилов, М.К. Файзуллоев. - Душанбе: Ирфон, 2004.-118 с.

5. Мирсаидов А.Б. Таджикистан: Новые горизонты социально-экономического развития//Вестник Таджикский государственный университет права, бизнеса и политики(Научно-теоретический журнал) - Худжанд 2012, № 1(45). С.40

6. Рахимов Р.К. Теоретические вопросы стратегии развития экономики Республики Таджикистан в переходный период / Р.К.Рахимов //Экономика Таджикистана: стратегия развития. - 2000.-№ 2.-17с.

7. Саидмуродов, Ш.М. Асосхои назариявии хавфу хатархо дар шароити имруза / Ш. М. Саидмуродов, Г. Х. Зубайдуллоева // Ахбори Академияи илмхои Чумхурии Точикистон. Шуъбаи илмхои чамъиятшиносй. -2019. - No 2(256). - P. 225-228. - EDN MMQQGS.

8. Саидмуродов, Ш. М. Анализ эффективности реализации инвестиционных проектов в Хатлонской области / Ш. М. Саидмуродов // Вестник Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава. Серия гуманитарных и экономических наук. - 2017. - № 1-4(49). - С. 320-324. - EDN YVOIKJ.

9. Файзуллоев М.К. Формирование и развитие национальной инновационной системы Республики Таджикистан (методологические подходы и механизм управления). // Автореферат дис. на соис. уч. степ. докт. экон. наук. -М., 2012. - С.19.

10. Файзуллоев, М.К. Совершенствование механизмов управления инновационными процессами на промышленных предприятиях Республики Таджикистан (статья) [Текст] / М.К. Файзуллоев // Современные материалы, техника и технология: Материалы 3-й Междунар. науч.-практ. конф. (27 декабря 2013 г., Юго-Западный гос.ун-т: в 3 т. Т.1. - Курск, 2013.-С. 342.

11. Хушвахтзода, К.Х. Принсип ва методхои хавфу хатархои сармоягузорй дар корхонахои саноатй [Матн] / К.Х. Хушвахтзода, Г.Х. Зувайдуллоева // Паёми Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Силсилаи илмхои гуманитарй ва и;тисодй: - Бохтар, 2021, №1/1 (83) - С.177-181.

12. Хушвахтзода, К.Х. Таснифоти хавфу хатархои сармоягузорй дар корхонахои саноатй [Матн]/К.Х. Хушвахтзода, Г.Х. Зувайдуллоева // Мачаллаи назариявй ва илмй истехсолии "Кишоварз":-Душанбе, 2021 №1(90) - С.119-123.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.