Научная статья на тему 'ПРАЗДНИК НАВРУЗ - ШКОЛА ИДЕНТИЧНОСТЬ'

ПРАЗДНИК НАВРУЗ - ШКОЛА ИДЕНТИЧНОСТЬ Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
67
51
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИДЕНТИЧНОСТЬ / НАЦИОНАЛЬНЫЕ ТРАДИЦИИ И ОБЫЧАИ / НАВРУЗ / ГУМАНИЗМ / НАЦИОНАЛЬНЫЙ ИДЕНТИЧНОСТЬ / ГЛОБАЛИЗАЦИЯ / СТОЛКНОВЕНИЕ ЦИВИЛИЗАЦИИ

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Нуров Нозим

Статья посвящена празднику Навруз, как праздник и школа идентичности, автор излагает свои мысли относительно вопросы национальной идентичности, место Навруза среди национальных и международных праздников, связь этого праздника с мифическим шахом Джамшедом и роль Навруза в формировании национальной идентичности. Автор подчеркивает, что Навруз начали праздновать в период царя Джамшеда и данный праздник сыграл важную роль в формировании национальной идентичности нашего народа. Навруз и в нынешних условиях может служит во благо национального интереса и защитить наш национальный дух от угроз враждебных идеологий.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

HOLIDAY NAVRUZ SCHOOL IDENTITY

The article is devoted to Navruz holiday as a holiday and school of identity, the author presents his thoughts on the issues of national identity, the place of Navruz among national and international holidays, the connection of this holiday with the mythical Shah Jamshed and the role of Navruz in the formation of national identity. The author considers that Navruz as a cultural school have played a big role in the formation and development of the national spirit in the history and, in the present conditions, in the period of globalization and poly-cultural collisions, can serve for the benefit of national interest and protect our national spirit from the threats of hostile ideologies.

Текст научной работы на тему «ПРАЗДНИК НАВРУЗ - ШКОЛА ИДЕНТИЧНОСТЬ»

НАВРУЗИ ЧДМШЕДИ -МАКТАБИ ХУВИЯТСОЗЙ

Нозим НУРОВ,

директори Маркази омузиши равандхои

муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон

Навруз дар таърихи чашну маросимхои мардуми эронитабор, минчумла точикон макоми калиди дорад. Мардуми мо дар пахно ва дарозои таърихи мавчудияти хеш вобаста ба замон ва шароит чашнхои зиёдеро бофта, мавриди тачлил карор додааст, ки рамзу розхои гуногун доштанд, вале хамаи онхо дар як маъни тамаркуз пайдо мекарданд ва он, бешубха, инсонсолорй ва хувиятсозй будааст. Дар ин робита Навруз беш аз пеш мунъакискунандаи фарханги форси-точики буда, рухи зинда ва суннати зиндаро дар худ тачасум намудааст ва дар пахнои таърихи фарханги буми ба сифати чашни бостонитарин ва инсонсолортарин мавкеъ ва макоми аввалиндарача дорад.41 Фаротар аз ин, Навруз пойдевори фахмиши илмии замони ва таквими дар густураи фарханги милли махсуб ёфта42, бузургтарин чашни фархангии чахонист, ки чугрофиёи васеъро фаро гирифта, на танхо ба як кавм, як миллат, як нажод мунхасир мешавад, балки бо колабу шевахои гуногун дар зиндагии маросимии аквоми мухталифи башари ва дар мачмуъ, инсоният чойгохи устувор пайдо кардааст.43

Мусаллам аст, ки дар доираи фарханги бумй, бо назардошти махсусиятхои табиат ва ичтимоъ дар гузаштаи дури мо чашнхои мардумии Навруз, Тиргон, Мехргон ва Сада барои танзими барномахои зиндагии инсонй бофта ва пардохта шудаанд.44 Умри чашнхои бостонии миллй, ба назари донишманди шахири эронй Х,ошим Разй, ба умри миллату халк баробар аст.45 Аз ин силсилачашнхо Навруз бузургтарин чашни фархангии чахонист, ки на танхо ба як кавм, як миллат, як нажод мунхасир мешавад, балки бо колабу шевахои гуногун дар зиндагии маросимии аквоми мухталифи башарй махбубият пайдо намудааст.46 Вакте ки дар бораи Навруз сухан дармеояд, бешубха, номи шахриёри устуравй ва махбуби эронитаборон Ч,амшед пеши назар чилвагар мешавад. Чдмшед, вокеан, шох ва шахриёри фарзона ва донишмандест, ки мардуми форсу точик дар домани хаёлоту тафаккураш бофта ва офаридааст. Аз ин боис Навруз бо номи ин шахриёри устуравй ва махбуби аквоми иронй амик бастагй дорад. Ба сухани дигар, Наврузро бе Ч,амшед ва мутаносибан, Чдмшедро бидуни Навруз тасаввур кардан имконнопазир буда, у симои марказй дар ташкили аввалин чашни Навруз махсуб меёбад.47

Акнун бо такозои мавзуъ ва матлаб, нахуст ба кушудани мафхуми хувият, ки дар сарлавхаи навиштаи мо ифода ёфтааст, мепардозем. "Хувият" калимаи арабй буда, дар лугату фархангномахо ба маънохои гуногун омадааст. Масалан, вожаи "хувият" маънохои шахсият ва хакикати чиз48, хакикати шайъ ё шахс, ки муштамил бар сифоти

41 Турсон Акбар. Навруз - оинаи тамаддуни Ачам. //Суханшиносй 2012, №2. -С.9

42 Шахобиддинов Н. Нитше ва Зардушти таърихй(Тархрезии бунёдхои фарханги навин).-Душанбе: Дониш, 2015. -С.17-18

43 Шаъбонй Ризо. Одоб ва русуми Навруз. -Душанбе: Пайванд, 2008. -С.5

44 Рухуламинй Махмуд. Ойинхо ва чашнхои кухан дар Ирони имруз. Техрон, чопи аввал, 1376. -С.15

45 Разй Х,ошим. Гохшуморй ва чашнхои Ирони бостон. Техрон: Бехчат, 1380. -С.17

46 Шаъбонй Ризо. Одоб ва русуми Навруз. -Душанбе: Пайванд, 2008. -С.11)

47 Х,азраткулов М. Наврузи оламафруз ва дигар идхои суннатии сол. -Душанбе: «Эр-граф», 2012. -С.28

48 Малуф Луиз. Фарханги донишгохии арабй ба форсй. Тарчумаи Ахмад Сайёх. Техрон, 1379. -С. 908

чавхарии у бошад, хамчунин маънои шахсият, зот, хастй ва вучудро далолат мекунад.49 Вале хамаи маънохои овардашударо метавон дар як маънои умумикунанда чамъбаст кард ва он маънои умумикунанда шахсият аст. "Шахсият" дар лугат ба маънои зоти хар шахс, хулку хуйи махсуси хар кас, ки уро аз дигарон мутамоиз созад, далолат карда, дар мачмуъ, маънои шарофат ва бузургвориро дорад50. Шахсият ботин ва сиришти инсон аст, ки чахони андешаи уро таъин карда, бинишашро дар робита ба инсон ва олами вучуд ифода мекунад. Ба ин тартиб, хувият ва шахсият, аз лихози маъной ба хам тавъам буда, чахони бинишу дониши инсонро мунъакис месозанд.

Чамшед аз зумраи нахустин ва умдатарин шахриёри фархангу сиёсати эронитаборон аст, ки бо шахсияти вижаи худ ба майдони сиёсату фарханги чахонй гом мебардорад ва дар тарозуи аклу хирад сохтани чахони навро барои насли инсонй шуруъ мекунад. Чамшед, ба кавли мухаккикон, нахустин инсон ва аввалин шахриёри донишманди ориёист, ки мушкилоти рузафзуни зиндагиро дар тарозуи хирад баркашида, дар халли масоили мухиму мубрам аз аклу хирад мадад чустааст.51 Ин шахриёри устуравй танхо бо хираду фарханг дигаргун кардани чомеаи инсониро имконпазир медонист. Чамшед ба хотири хушбахт намудани мардум ва аз чахлу залолат начот додани инсоният саъю талош мекард. Ин инсони ормонии ориёй бо аклу хирад тасмими сохтани бихиштро дар замин гирифта, рузи ба итмом расонидани ин нияти некаш - сохтмони хулди барин (бихишти руйи замин) - ро Навруз меномад.52

Дар фарханги чамшедй, ки орй аз чахолату залолат аст, мехр, хирад ва фарханг аз меъёрхои асосй дар шинохти инсону чахон махсуб мешаванд ва махз мехрварзй ва хирадпарварй дар чахонбинии чамшедй аслхои хувиятсозанд. Бо такя бар аслхои мазкур инсон чахонро фархангй месозад ва бар чахлу чахолат пируз мегардад.53 Дар асотири бостонии форс-точик умри чахон 12 хазор сол мукаррар шуда54, ки 8 хазори он

49 Амид Х,асан. Фарханги Амид. Чилди севум. Техрон: Амири Кабир, 1381. -С. 2513

50 Амид Х,асан. Фарханги Амид. Чилди дувум. Техрон: Амири Кабир, 1381. -С. 1542

51 Чамолй М. Сиёхмашкхои рузонаи як файласуф. Бахши дуввум. - Ландан: Курмалй, 1995. -С. 15-16

52 Чамолй М. Шохнома ва мо. Дафтари нахуст. - Ландан, бидуни соли нашр. -С. 24

53 Чамолй М. Густохй дар гусастан. - Ландан: Курмалй, 1996. -С. 49-50

54 Ниберг С. Динхои Ирони бостон. - Техрон, 1359. -С. 386

ба таърихи инсонй марбут аст ва бо хазораи Чамшед огоз меёбад.55 Дазораи Чамшед хазораи мехр, хирад, фарханг ва билохира хувиятсозй аст. Махз хамин хазора дар каламрави фарханги аквоми эронитабор (мардуми форсу точик) хазораи Навруз, яъне хазораи тачдиди фикрй, навандешй, навсозй, навофаринй ва рушангарй будааст.

Чамшед бо Хуршед, дакиктараш бо нуру рушной иртиботи ногусастанй доштааст, то он чо ки уро «Писари Хуршед» донистаанд.56 Чамшед (Писари Хуршед) бо нуру рушной, ки аз мехру хирад сотеъ мешавад, чахон - заминро мунаввар месозад ва тухми торикию зулматро аз замин барканда мекунад. Муаррихи асримиёнагии форс-точик Ибни Балхй Чамшедро марди кавипайкар, некуруй ва бузургманиш тасвир намуда, пайвастагии доимиашро бо Мехру Офтоб таъкид сохтааст.57 Мехр ба сифати мафхуми калидй дар таърихи фарханги ориёй мавкеъ ва макоми арчманд дорад. Устурашинос ва донишманди варзидаи эронй Мехрдоди Бахор дар робита бо ин калидвожа (Мехр) таъкид мекунад, ки "мехр" дар давраи кухани тамаддуни Динду Ирон маънои нигахдори паймону дустиро далолат карда, мардуми ориёй уро мазхари пайванду равобити мутакобили афроди кабила, тоифа, хонадон ва хонавода донистаанд.58

Дар фарханги чамшедй хар кушише, ки бо хирадварзй робита дошт ва алорагми чахлу залолат равона шуда буд, ба пирузй расида, он пирузиро Навруз мегуфтанд ва хамагон бо шодию сурур тачлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки чахолат бар хирад ва разолат бар адолат чангол задан мехост, Чамшед падид меомад ва торикй (чахолат)-ро бо рушной (хирад) рафъ мекард. Даким Фирдавсй дар «Шохнома», ки бехтарин бозгукунандаи фарханги кадимаи эронитабарон аст, ба устураи Чамшед таваччух намуда, аз тахти бо неруи хирад сохтаи он шахриёри овозадор чунин ёдоварй мекунад:

Ба фарри каёни яке тахт сохт, Чи моя бад-у гавуар андар нишохт. Ки чун хости дев бардошти, Зи уомун ба гардун барафрошти. Чу хуршеди тобон миёни уаво, Нишаста бад-у шоуи фармонраво. Цауон анцуман шуд бар тахти у, Шигифти фуру монда аз бахтиу...59

Мардум Чамшедро, ки бо нури мехру хирад партовафшонй менамуд, тахсин карданд ва бо шодмонй он рузро Навруз эълом дошта, чашн гирифтанд. Фирдавсй ин лахзаи мухимро, ки дар таърихи фарханги форсу точик бо хатхои заррин навишта шудааст, бо иштиёки тамом ба тасвир мекашад:

Ба Цамшед бар гавуар афшонданд, Мар он рузро рузи нав хонданд. Сари соли нав %урмузи фарвардин, Баросуда аз ранц руйи замин. Бузургон ба шоди биёростанд, Маю цому ромишгарон хостанд. Чунин цашни фаррух аз он рузгор, Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.60

55 Чомй Мухаммад Махдй. Адаби пахлавонй. - Техрон, 1379. -С. 18

56 Кристенсен А. Нахустин инсон ва нахустин шахриёр. Тарчума ва тахкики Ахмади Тафаззулй ва Жолаи Омузгор. -Техрон, 1368. -С. 342

57 Ибни Балхй. Форснома. - Техрон, 1363. -С. 127

58 Бахор Мехрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулкосим Исмоилпур. Техрон, 1384. -С. 30

59 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди аввал. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.55

60 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди аввал. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.55-56

Дар хазораи Чдмшед, ки Навруз бо он даврон тавъам аст, дарду газанд, хорию забунй, чахлу чалолат, сардию хунукй, беморию марг ва бадбахтию беадолатй аз авроки зиндагии инсонй барканд]а шуданд ва ин нуктаро дар китоби динии «Минуи хирад» таври зайл мехонем: «Аз Ч,амшеди хубрамма писари Вивангахон ин судхо буд, ки шашсад сол барои хамаи офарандагони Урмузд бемаргй фарохам овард ва ононро орй аз дарду пирй ва офат кард».61 Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ч,ам ихтисос ёфтааст, Чдмшед дар посух ба пурсиши Ахуромаздо муфтахирона гуфтааст: «Ман чахони туро фарохй бахшам. Ман чахони туро биболонам ва ба нигахдории (чахониён) солору нигахбони он бошам. Ба шахриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг» .62

Хдзораи Ч,амшед хазораи хирадварзй ва мехрофарии мардуми иронинажод махсуб мешавад. Зимистон ва сардй дар фарханги ориёй рамзи торикй, чахолат ва бадбахтй буда, тибки ривоёти бостонй, Ч,амшед барои рахоии мардум аз сардии дахшатнок диже месозад ва бад-ин тарифа, инсониятро аз бадбахтй ва балои ахриманй начот медихад.63 Тибки иттилои устурашиносон, яхбандй ва сардй то 33 дарача расида, зиндагии мардум холи табохию вайрониро мегирад64 ва Чдмшед бо истифода аз аклу хирад ва хувият мардумро аз ин холати ногувор начот мебахшад. Чдшни Навруз, назар ба кавли мухаккикон, реша дар поён гирифтани яхбандон ё «зимистони девофарида» (дар фаргарди нахусти «Вандидод» аз мушаххасоти он ёд шудааст) дар даврони Чдмшед дорад. Бо поён ёфтани яхбандон ва дар хакикат, даврони «варнишинй»-и ичборй, ориёихо фарчоми зимистонро чашн гирифтанд. Сипас, бар асари дастёбй ба дониши ахтаршиносй ва натичатан, илми гохшуморй, Наврузи чамшедй дар рузи поёни зимистон ва ё огози бахор карор гирифт.65

Ин шахриёри устуравй тавонист, ки бо мехр, хирад ва дод мардумро ба хувиятсозй мутамоил намояд. Ба кавли донишмандон, дар даврони Ч,амшед ва айёми наврузй мардум ба шукуфоии иктисодй ва рифохи молй мерасанд, хонахои бошукух барпо мекунанд, гармобахо месозанд, чавохирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранчом дар нозу неъмат гарк мешаванд.66 Ч,омеаи давраи Чдмшед зарфи сесад сол чунон дар рифоху осоиш гарк мешавад, ки ранчу дард, зулму бадй, заъфу нотавонй ва пирию беморй ва маргу нестиро аз ёд мебарорад ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебарад. Фирдавсй он давраи пуршукухро таври зайл ба риштаи тасвир кашидааст:

Чунин сол сесад %амерафт кор, Надиданд марг андар он рузгор. Зи ранцу зи бадшон набуд ога%и, Миён баста девон ба сони ра%и. Ба фармон-ш мардум ни%ода ду гуш, Зи ромиш ца%он буд пуровозу нуш.67

Нахустин бунёдгузори фарханг ва хукумат Чдмшед Наврузро бо зиндагии сиёсй, ичтимой, иктисодй ва фархангии мардум пайванд дода, хикмати табакотй (синфй)-ро тахия месозад, ки тибки он хар кас, мувофики донишу биниш ва хунару фаросаташ ба коре чалб карда мешавад. Ба ин тарз, дар хукумати хувиятсози чамшедй хар кас муносиби аклу заковат ва хунару касбияташ сазовори кору амале муфид мешавад.

Ки то %ар кас андозаи хешро Бубинад, бидонад каму бешро.68

61 Минуи хирад. Тарчумаи Ахмади Тафаззулй. - Техрон, 1364. -С. 43

62 Вандидод, чилди аввал, фаргардхои 1-8. Тарчума ва пажухиши Хошим Разй. Техрон, 1385. -С. 425

63 Бахор Мехрдод. Пажухише дар асотири Ирон. - Техрон, 1362. -С. 165-169

64 Толеъ Хушанг. Таърихи тамаддун ва фарханги Ирони кухан. Техрон, 1386. -С.156

65 Толеъ Хушанг. Таърихи тамаддун ва фарханги Ирони кухан. Техрон, 1386. -С.161

66 Толеъ Хушанг. Таърихи тамаддун ва фарханги Ирони кухан. Техрон, 1386. -С.156

67 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди аввал. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.56

68 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди аввал. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.55

Шахриёри хирадманд, мехрварз ва додвар чашни Наврузро бо шукуху шахомати хос тачлил мекард, зеро ки ин чашн, чашни тантанаи мехр, хирад, адолат, озодй, накуй ва билохира хувиятсозй буд. Тибки маълумоти маъхазхо, Чамшед рузхои мохро бахш карда, 5 рузи нахустро барои бузургон, 5 рузи дувумро Наврузи подшох карор дод, ки дар он хадяхо медод ва инъомхо мегирифт, 5 рузи севумро барои коргузорони шох ниход, 5 рузи чорумро барои вижагони шох гузошт, 5 рузи панчумро барои сипохиён ниход ва 5 рузи шашумро барои раъоё гузошт, ки мачмуан, 30 рузро ташкил медод ва муддати мох Навруз тачлил мешуд.69 Ба таъбири дигар, Чамшед тули як мох бо тамоми акшори чомеа Наврузро тачлил мекард. Дама табакоти сиёсй ва ичтимой Наврузи фархундаро мутобики дастури чамшедй муддати 5 руз чашн мегирифтанд.

Чамшед рузи барбастани рахи дузах, пирй, беморй, марг ва ранчу зиёнро Навруз номид ва ба шарафи ин икдоми чуръатмандона чашни басо дилафруз барпо кард, ки тасвираш чунин аст:

Мар он рузро ном Навруз кард, Яке цашн бас беу дилафруз кард. Рауи дузах он руз Цамшед баст, Ба шоди бар он тахти заррин нишаст. Набуд маргу пирию ранцу зиён, Набуд кинаю кибрашон дар миён.70

Чамшед аз чониби Заххок кушта мешавад ва тули хазор сол чахолату бехувиятй дар сарзамини ориёй тасаллут пайдо мекунад ва мардумро ба коми дахшатбори хеш дармекашад. Фаридун, ки аз тухмаи Чамшед буд, дар хазораи сеюм ба майдон омада, Заххокро нобуд мекунад ва то андозае чараёни хувиятсозии чамшедиро идома медихад.

Вокеан, чаро Наврузро ба Чамшед нисбат додаанд? Ба ин пурсиш устурашиноси забардасти эронй Мехрдоди Бахор посухи хеле чолиб додааст, ки овардани он аз ахамият холй нахохад буд: «Чамшед махбубтарин чехраи пеш аз ислом аст. Аммо Фаридун ва на хеч кас дигар аз подшохон махбубияти Чамшедро надоштанд. Хеле чизхоро ба Чамшед нисбат додаанд. Масалан, дар «Вандидод» омада, ки бузург шудани чахон ба хотири Чамшед буд. Чамшед хатто иддаои худойй мекунад... Дар давраи у на марг буд, на пирию на дард. Давраи бисёр зебое буд ва хотираи хуше бар азхони мардум аз он замон бозмонда буд. Датто чинихо хам Чамшедро ба нахве ситоиш мекунанд. Чинихо ба у Ям мегуянд ва мучассамахое барояш сохтаанд. Мучассамахои азиме аз Чамшед ё Ям дар маъобиди чинй ва будой хаст. Бинобар ин, Чамшед як шахсияти худойй, асил ва шигифтовар аст. Шахсияти хеле трожик аст. Хеле моилам достоне дар борааш бинависам».71 Дадаф аз овардани ин иктибоси то андозае тулонй аз он иборат аст, ки чехраи худойгуна, шахсияти асил ва хувиятсози Чамшед-ин шахриёри махбуби ориёиро аз диди як донишманди устурашиноси шинохтаю варзида, ки умри гаронмояашро сарфи пажухишхои амики илмй дар робита бо асотири иронитаборон кардааст, бубинед ва худ казоват намоед.

Асотири асримиёнаи пахлавй гувохй медиханд, ки Чамшед на фарраи паёмбарй, балки фарраи шахриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ донистааст. 72 Ин амал ва карорест, ки дар таърихи сиёсату фарханги чахонй камназир буда, шахриёре, бад-он чуръатмандй, хатто дар колаби устуравй дар баробари Чамшед пайдо намудан мушкил аст.

Навруз дар мурури асрхою солхои мутамодй ба сифати як чашни худогохию хувиятсозй дар мехвари зиндагии мардуми форс-точик карор гирифт. Ба гувохии

69 Чохиз Абуусмон. Наврузи бостонй. - Техрон, 1384. -С. 14

70 Кристенсен А. Нахустин инсон ва нахустин шахриёр. Тарчума ва тахкики Ахмади Тафаззулй ва Жолаи Омузгор. -Техрон, 1368. -С. 375

71 Бахор Мехрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулкосим Исмоилпур. Техрон, 1384. -С. 359-360

72 Бахор Мехрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулкосим Исмоилпур. Техрон, 1384. -С. 360

«Шохнома» бузургони иронй Наврузро ба хадде мукаддас ва мавриди эхтиром медонистанд, ки хатто ба номи он савганд мехурданд:

Ба Яздону номи ту, эй шауриёр, Ба Наврузу Меуру ба хуррам бауор.13

Душманони мардуми эронитабор доимо ба таври мустаким ва гайримустаким ба ойинхои пешинаи миллию мардумй, хоссатан Наврузу Мехргон ва Сада мубориза мебурданд. Аз назари бузургон, ба хатар афтодани Навруз маънои ба хатар мувочех гардидани Эронзаминро дошт. Масалан, вакте ки Бахроми Чубин аз хатари вуруди лашкари Совашохи турк сухан дар миён меорад, ба мардум бонги изтироб мезанад:

Кунад бо замин рост оташкада, На Навруз монад, на цашни Сада.74

Ё ин ки:

Гар эдун, ки гуйи, ки пируз нест, Аз он пас варо низ Навруз нест.75

Дар чойи дигар Фирдавсй аз забони сипахсолори ботадбир пирузии адувони эрониро пешгуйй карда, хушдор медихад, ки лашкари душман хувияту аслият ва чавхари моро, ки дар батни Наврузу Сада нухуфтаанд, аз байн мебарад:

Аз ин зогсорони беобу ранг, На уушу на дониш, на ному на нанг. %ам оташ бимирад ба оташкада, Шавад тира Наврузу цашни Сада.76

Бесабаб нест, ки Фирдавсй эхтирому арчгузорй ва нигахдорию хифзи ойини наврузиро нишони мардуми нек дониста, кахрамонони ватаниро бо дуои пирузй хидоят намуда, ба эшон наврузрузй таманно кардааст:

Або фарру бо бурзу пируз бод, %ама рузгорон-ш Навруз бод.77

Илова бар ин, Фирдавсй эхтирому арчгузорй ва нигахдорию хифзи ойину чашнхои миллии Наврузу Садаро аз мушаххасоти умдаи шахсияти инсонй талаккй кардааст:

Нигау дорад ойини цашни Сада, %амон фарри Наврузу оташкада.78

73 Фасой Мансур Растагор. Бахти ту пируз бод. //Паёми андеша, соли аввал, шумораи чахорум, марти 1998. -С.6

74 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди нухум. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.34

75 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди нухум. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.76

76 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди нухум. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.274

77 «Шохнома»-и Фирдавсй, чилди нухум. Техрон: Интишороти Корвон, 1387. -С.172

78 Фасой Мансур Растагор. Бахти ту пируз бод. //Паёми андеша, соли аввал, шумораи чахорум, марти 1998. -С.5

Вокеан, хувият худшавй ва худбошй аст ва худбошй озоду мустакил, фориг аз банду басти хурофоту таассуби фархангй ва динию идеологй буданро ифода мекунад. Ба ин маъно, агар аз домани асотиру бовархо бадар оем ва ба хакикату вокеияти зиндагй бипайвандем, нек дармеёбем, ки офарандагони асотири наврузи чамшедй бад-он кушидаанд, то мактаби

хувиятсозиеро ба чахониён пешкаш созанд, ки бар пояи мехру садокат ва хираду заковат бунёд шуда бошад ва хамагонро, новобаста аз нажоду миллият, мазхабу диният ва табакоту

халкият ба огуши гарми худ бикашад ва дар гахвораи маросимоташ, бидуни хеч касду гараз, самимона тарбияту парвариш дихад. Дар шароити кунунй махз чанбаи хувиятсозии мактаби Наврузи чамшедиро, ки асрхост чомеаи форс-точик камбуди онро дар тамоми бурду бохтхои таърихиаш, ба таври худогох ва нохудогох эхсос мекунад, бояд хамасола дар раванди тачлили саросарии ин иди фархундаи миллй тахкиму таквият бахшем.

Ба андешаи мо, сохтани тадричии шахсияти вораста аз банду кайдхои гуногуни ичтимой, сиёсй ва фархангй бар пояи мактаби хувиятсозии Наврузи чамшедй метавонад чавшану сипари мустахками фархангию идеологие бошад, ки чомеаи моро аз тирборони хатарзои раванди чахонишавй ва бархурди тамаддунхо дифоъ намояд.

Маколаи мазкур ба масъалаи Навруз хамчун чашн ва мактаби хувиятсозй бахшида шуда, муаллиф бо такя ба манобеи дастрас доир ба масоили хувият, макоми Навруз дар силсилаи иду чашнхои миллию фаромиллй, муносибати ин чашн бо шахриёри устурай Чдмшед, мавкеи Навруз дар шаклгирии хувияти миллй ва Навруз хамчун мактаби хувиятсозй изхори назар менамояд. Таъкиди муаллиф бар он аст, ки чашни Наврузи чамшедй дар таърихи миллй ба сифати мактаби хувиятсозй хидмат намуда, дар шароити имрузии бархурдхои сиёсй ва тамаддунй низ метавонад ба манфиати миллат бошад ва рухияи миллиро дар баробари хатари бегонашавй хифз кунад.

Калидвожах;о: уувият, бовару ойинуои миллй, Навруз, уувиятсозй, инсонсолорй, уувияти миллй, цауонишавй, бархурдуои тамаддунй.

ПРАЗДНИК НАВРУЗ - ШКОЛА ИДЕНТИЧНОСТЬ

Нозим НУРОВ,

директор Центр по изучению современных процессов и научного прогнозирования Академия наук Республики Таджикистан

Статья посвящена празднику Навруз, как праздник и школа идентичности, автор излагает свои мысли относительно вопросы национальной идентичности, место Навруза среди национальных и международных праздников, связь этого праздника с мифическим шахом Джамшедом и роль Навруза в формировании национальной идентичности. Автор подчеркивает, что Навруз начали праздновать в период царя Джамшеда и данный праздник сыграл важную роль в формировании национальной идентичности нашего народа. Навруз и в нынешних условиях может служит во благо национального интереса и защитить наш национальный дух от угроз враждебных идеологий.

Ключевые слова: идентичность, национальные традиции и обычаи, Навруз, гуманизм, национальный идентичность, глобализация, столкновение цивилизации.

HOLIDAY NAVRUZ SCHOOL IDENTITY Nozim NUROV,

director of research Center for contemporary processes and future planning the Academy of

science Republic of Tajikistan

The article is devoted to Navruz holiday as a holiday and school of identity, the author presents his thoughts on the issues of national identity, the place of Navruz among national and international holidays, the connection of this holiday with the mythical Shah Jamshed and the role of Navruz in the formation of national identity. The author considers that Navruz as a cultural school have played a big role in the formation and development of the national spirit in the history and, in the present conditions, in the period of globalization and poly-cultural collisions, can serve for the benefit of national interest and protect our national spirit from the threats of hostile ideologies.

Key words: identity, national traditions and customs, Navruz, humanism, national identity, globalization, collision of civilizations.

AflABHET

1. TypcoH AK6ap. HaBpy3 - Oman TaMaggyHu A^aM. //CyxaHmuHocH 2012, №2. -C.9

2. ffla^06HggHH0B H. HuTme Ba 3apgym™ TatpuxH (Tapx,pe3HH 6yHegxou ^apxaHra HaBuH).-AymaH6e: floHHm, 2015. -C.17-18

3. fflat6oHH Ph30. Ogo6 Ba pycyMH HaBpy3. -,0,ymaH6e: naHBaHg, 2008. -C.5

4. Pyxy^aMHHH MaxMyg. Ohhhx,o Ba ^amHx,ou KyxaH gap HpoHH HMpy3. TexpoH, nonu aBBa-, 1376. -C.15

5. Pa3H X,omHM. roxmyMopH Ba ^amHxpH HpoHH 6octoh. TexpoH: Bex^aT, 1380. -C.17

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

6. fflat6oHH Ph30. Ogo6 Ba pycyMH HaBpy3. -,0ymaH6e: naHBaHg, 2008. -C.11)

7. Xa3paTKy^OB M. HaBpy3u o-aMa$py3 Ba gurap ugxou cyHHaTuu co-. -^ymaH6e: <Op-rpa$», 2012. -C.28

8. Ma-y$ HyH3. OapxaHru goHumro^HH apa6H 6a $opcH. Tap^yMau AxMag Canex. TexpoH, 1379. -C. 908

9. Amha XacaH. OapxaHru AMug. ^rag« ceByM. TexpoH: AMupu Ka6up, 1381. -C. 2513

10. AMug XacaH. OapxaHru AMug. gyByM. TexpoH: AMupu Ka6up, 1381. -C. 1542

11. H,aMO-H M. CKexMam^xoM py3OHau hk $aH-acy$. Baxmu gyBByM. - HaHgaH: KypMa-H, 1995. -C. 15-16

12. H,aMO-H M. ffloxHOMa Ba mo. ^a^Tapu HaxycT. - HaHgaH, 6KgyHM co.ra Hamp. -C. 24

13. H,aMO-H M. TycTOXH gap rycacTaH. - HaHgaH: KypMa-H, 1996. -C. 49-50

14. Hu6epr C. ^khxok HpoHu 6octoh. - TexpoH, 1359. -C. 386

15. ^omh MyxaMMag MaxgH. Aga6u nax-aBOHH. - TexpoH, 1379. -C. 18

16. KpucTeHceH A. HaxycTuH khcoh Ba HaxycTuH maxpuep. Tap^yMa Ba TaxKuKu AxMagu Ta$a33y-H Ba ^o-au OMy3rop. - TexpoH, 1368. -C. 342

17. H6hm Ba-xH. OopcHOMa. - TexpoH, 1363. -C. 127

18. Baxop Mexpgog. A3 ycTypa to Tatpux. rupgoBapaHga Ba Bupocrop A6y^KocuM HcMoumyp. TexpoH, 1384. -C. 30

19. «ffloxHOMa»-K OupgaBcH, ^rag« aBBa-. TexpoH: HHTumopo™ KOPBOH, 1387. -C.55

20. «ffloxHOMa»-u OupgaBcH, ^rag« aBBa-. TexpoH: HHTumopo™ KOPBOH, 1387. -C.55-56

21. MuHyu xupag. Tap^yMau AxMagu Ta$a33y-H. - TexpoH, 1364. -C. 43

22. BaHgugog, ^rag« aBBa-, ^aprapgxou 1-8. Tap^yMa Ba naxyxumu XomuM Pa3H. TexpoH, 1385. -C. 425

23. Baxop Mexpgog. naxyxume gap acoTupu HpoH. - TexpoH, 1362. -C. 165-169

24. To-et XymaHr. Tatpuxu TaMaggyH Ba ^apxaHra HpoHu KyxaH. TexpoH, 1386. -C. 156

25. To-et XymaHr. Tatpuxu TaMaggyH Ba ^apxaHra HpoHu KyxaH. TexpoH, 1386. -C.161

26. To-et XymaHr. Tatpuxu TaMaggyH Ba ^apxaHra HpoHu KyxaH. TexpoH, 1386. -C.156

27. «ffloxHOMa»-tt OupgaBcH, ^rag« aBBa-. TexpoH: HHTumopo™ KOPBOH, 1387. -C.56

28. «ffloxHOMa»-tt OupgaBcH, ^rag« aBBa-. TexpoH: HHTumopo™ KOPBOH, 1387. -C.55

29. H,oxtt3 A6yycMOH. HaBpy3u 6octohh. - TexpoH, 1384. -C. 14

30. KpucTeHceH A. HaxycTuH uhcoh Ba HaxycTuH maxpuep. Tap^yMa Ba TaxKuKu AxMagu Ta^a33y-H Ba ^o-au OMy3rop. - TexpoH, 1368. -C. 375

31. Baxop Mexpgog. A3 ycTypa to Tatpux. rupgoBapaHga Ba BupocTop A6y-KocuM HcMoumyp. TexpoH, 1384. -C. 359-360

32. Baxop Mexpgog. A3 ycTypa to Tatpux. TnpgoBapaHga Ba BupocTop A6y-KocuM HcMoumyp. TexpoH, 1384. -C. 360

33. OacoH MaHcyp PacTarop. BaxTu Ty nupy3 6og. //naeMu aHgema, co-u aBBa-, myMopau naxopyM, MapTu 1998. -C.6

34. «ffloxHOMa»-tt OupgaBcH, HyxyM. TexpoH: Hнтнmоpотн Kopboh, 1387. -C.34

35. «ffloxHOMa»-u OupgaBcH, HyxyM. TexpoH: Hнтнmоpотн Kopboh, 1387. -C.76

36. «ffloxHOMa»-u OupgaBcH, HyxyM. TexpoH: Hнтнmоpотн Kopboh, 1387. -C.274

37. «ffloxHOMa»-u OupgaBcH, HyxyM. TexpoH: Hнтнmоpотн Kopboh, 1387. -C.172

38. OacoH MaHcyp PacTarop. Bax™ Ty nupy3 6og. //naeMu aHgema, co-u aBBa-, myMopau naxopyM, Map™ 1998. -C.5

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.