Научная статья на тему 'ПОВЫШЕНИЕ ДОМА НА БОХТЕРЕ'

ПОВЫШЕНИЕ ДОМА НА БОХТЕРЕ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
44
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДРЕВНЯЯ БАКТРИЯ / АРХЕОЛОГИЧЕСКИЕ КУЛЬТУРЫ / III-I ТЫС. ДО Н. Э / ЮЖНЫЙ ТАДЖИКИСТАН / МОГИЛЬНИКИ / СЛУЧАЙНЫЕ НАХОДКИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Бостонгухар Саидмурод

Южный Таджикистан - северная часть Древней Бактрии. На протяжении I-III тыс. До н. Э. здесь происходило изменение и слияние разных культур. Данная статья посвящена археологическим открытиям и их значению в истории Бактрии.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE HED RAISE ON BOKHTAR

South Tajikistan is northern part of theAncient Bactria. Throughout I-III thousand B.C. changing and merging of different cultures took place here. Current article devotedto archaeological discoveries and their significance in the history of Bactria.

Текст научной работы на тему «ПОВЫШЕНИЕ ДОМА НА БОХТЕРЕ»

ДАР БОХТАРИ БАРАФРОШТА ДИРАФШ

Ч,аркул. Гушвора. Тилло, марворид. Охири хазораи II то милод.

Саидмурод БОСТОНГУХДР,

доктори илмдои таърих

Бохтар, яке аз кишвардои Адуро офаридааст, ки даммарз дар шимол бо Сугд, дар чанубу гарбй бо Арахосия, дар гарб бо Ориён ва дар чанубу гарбй бо силсилакуддои Хиндукуш буд. Оиди Бохтар ва бохтариён нахустин ахбор дар сангнавиштадои шодони дахоминишй ва сосонй мавчуданд.

Инчунин дар сарчашмадои чинй, диндй, юнонй, арманй ва падлавй санаддо мавчуданд, ки ба даврадои таърихии ин сарзамин бахшида шудаанд. Оиди таърихи то дахоманишинии Бохтар маълумоте мавчуд нест. Аз ин ру, барои муайян кардани даврадои то таърихии он, аз соли

1946 инчониб дар ин минтака дафриётдои бостоншиносй сурат гирифтанд, ки бо натичадои назаррас анчомиданд.

Бостоншиносон Бохтарро ба ду кисм марзбандй кардаанд. ^исмати рости дарёи Омуро Бохтари шимолй, ^исмати чапи онро Бохтари чанубй ном бурдаанд. Х,удуди чанубии Точикистони имруза, ки кисми таркибии Бохтари кадим аст, барои пешрафти фарданги моддиву маънавии он дар адди санг, биринчй ва ибтидои одан чойгоди хоси хешро дорад.Мадз дар дамин давра ташаккулёбии фарданги моддй ва маънавии кабоили бохтарй огоз мегардад, ки дар ибтидои асри одан ба таъсиси давлати Бохтари ^адим оварда расонд. Баъдан бохтаридо-тохаридо яке аз унсурдои асосии ташаккулёбии халки точик гаштанд.[1]

Мо ин чо кушиш кардем, то бозёфтдои бостоншиносон, ки мутааллики асри биринчй ва ибтидои асри оданнанду аз ин марз дар замондои гуногун, годе тасодуфй, годе дар натичаи

дафриёти бостоншиносй ба даст омадаанд, шарду тавзед дидем. То андозае натичагирй намоем, ки ин осор далел аз кадом фарданг дастанд, офаран-дагони ондо кистанд?

Аввалин бозёфтдои хоси ин замон соли 1949 дар гардиши фурудгоди шадри Душанбе, кучаи Адмади Дониш дангоми сохтмони пул пайдо шуданд, ки аз чониби бостоншинос А.П. Смойличев омухта шудаанд. [2] Ин чо як гури замони охири дазорсолаи 2-и то милод ёфт шуд, ки дамроди часад зарфдои сафолии дастсохт дафн карда шуда буданд. Бозёфтдо дар Осорхонаи миллии Точикистон мадфузанд.

Ин солдо аз тарафи сокинони дедадои Шаршар ва Аракчини дараи Варзоб дангоми кордои садрой табардои биринчй ёфт шуда буданд, ки бостоншинос А.И. Тереножкин ондоро омухта вориди илм кард. [3]

Фархор.Гури 19. Охири дазораи III то милод.

Фархор мачмуи бозёфтхо аз гури 32. Охири х,а-зораи III то милод.

Таъсис ёфтани Экспедитсияи археологии Сугду Точик (соли 1946) имконият фарохам овард, ки соли 1950 хангоми хафриёти гуристони замони кушониён М.М. Дяконов 3 кабри мансуби давраи охири асри биринчиро кашф намояд. [4]

Солхои 50-уми асри ХХ аз Ромит ва Комсомолобод ашёхои биринчй ба даст омаданд. [5]

Баъд аз таъсис ёфтани шуъбаи бостоншиносии Институ-ти таърих, бостоншиносй ва мар-думшиносии ба номи Ахмади До-ниши Академияи илмхои Чумху-рии Точикистон соли 1951 бо рохбарии Б. А. Литвинский корхои тахкикотии мунтазам огоз ёфтанд. Солхои 1955-1959 бо рохба-

рии А. М. Манделштам хафриёт дар водии Бешкент ва поёноби Кофарнихон огоз гардид. Б.А.Литвинский ду гуристони замони охири хазорсолаи 2-и то милодро пайдо кард, ки холо бо номи "Фарханги бостоншиносии Бешкент" дар илм машхур аст. [6]

Бо рохбарии Б.А.Литвинский дар поёноби дарёхои Вахш ва Сурхоб тадкикоти ёдгорихои ин давра шуруъ шуд. Дар натича гуристонхои Вахш 1, Бешаи палангон, Ойкул, Чдркул пайдо ва тахкик шуданд.

Ин ёдгорихо, ки асосан дар водии Вахш чойгир буданд, аз нигохи сохти ашёхо хамгуна буда, онхоро Б.А.Литвинский дар мачмуъ бо номи "Фарханги бостоншиносии Вахш"вориди илм сохт. [7]

Дар охири асри биринчй дар худуди Бохтари шимолй аквоми бо ном андроновй ворид мешаванд, ки бо ахолии махаллй омехта шуда, аз худ осори хосеро бокй мегузоранд. Нишонаи осори ин аквом бори нахуст дар совхози Кирови нохияи Вахш аз тарафи Б.А.Литвинский ва В. С.Соловёв (соли 1972) кашф гардид. [8]

Дар атрофи ёдгории антикии Саксанохур бостоншинос Х.Мухиддинов зарфи сафолии ин аквомро пайдо намуд. [9] В.А. Ранов бошад дар атрофи ёдгории асри санг - ^аробура, дар сохили чапи дарёи Вахш низ чунин осорро дарёфт намуд.

Соли 1973 бо таъсисёбии "Экспедитсияи бостоншиносии Чднуби Точикистон" корхои бостоншиносй дар ин самт фаъолтар гардид. Дар хамкорй бо Институти шарк-шиносии Академияи илмхои Россия ва Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург як катор ёдгорихои нави ахди биринчй ва ибтидои асри охан хаффорй шуданд.

Аз тарафи Л.Т. Пянкова дар худуди Неругохи баркии обии Норак ду гуристон дар дехахои Дахана ва Тегузак пайдо ва тахкик шуданд. Мухаккик Н.М.Виноградов асосгузори кишоварзони ахди биринчиро дар водии Х,исор (гуристонхои Тандирйул ва Заркамар), дар водии Тохирсу гуристон ва дехаи Кангуртут, дехаи Барраки ^урум дар водии Сурхоб, гуристонхои ХочаГоиб ва Фархорро омухт. [10]

Гелот.Мучассамаи сангин.Ибтидои хазораи II то милод.

Бокимондаи осори чорводорони адди биринчй дар гурис-тондои Бешкент 1,2,3 назди Чилучорчашма ва Бешаи палангон тадкик шуданд. Гуристондои хоси фарданги бостоншиносии Вахш дар водии Сурхоб- дар Гелот, Гулистон, Обкуд ва дар нодияи Дангара дар дедаи Тошгузар омухта шуданд. [11]

Бокимондаи осори маданияти археологии андроновидо дар ^умсой, (нодияи Турсунзода) ва Туйун (нодияи Ховалинг) даффорй шуданд. [12]

Яке аз муаммодои печидаи таърихи точикон ин гузариш аз адди биринчй ба асри одан мебошад. Ёдгоридои ин давра дар дедадои Каримбердй (нодияи Восеъ) ва дедаи Кангуртут (нодияи Дангара) омухта шудаанд. [13]

Соли 2013 бостоншинос Саидмурод Бобомуллоев дар мадаллаи Чилтанбобои шадраки Фархор гуристони асри биринчии миёнаро кашф ва даффорй намуд. Ин кашфиёт нишон дод, ки ёдгорй ба "Мачмуи ёдгоридои Бохтару Маргиён" шомил буда, бори нахуст дар кисмати мовароуннадрии Осиёи Марказй пайдо шудааст. Ин кашфиёт бадри кушодани муаммои ташаккулёбии фарданги бостоншиносии Вахшу Бешкент мусоидат мекунад. Зуруфи ба даст омада гуводи шаклгирии ин фардангдост.

Тадкикоти ин ёдгоридо дар мачмуъ нишон медидад, ки огоз аз асри биринчии миёна, охири дазорсолаи 111-и то милод, дар ин сарзамин мардум ногусаста сукунат намудаанд.Дигар ин, ки мо дар ин давра омезишёбии фарданги чандин кавму кабиладоро мебинем: кишоварзони "Мачмуи фарданги Бохтару Маргиён", чорводорони фарданги Вахшу Бешкент, андроновидо ва ёдгоридои хоси давраи Язд I. Ин омезишёбй дар умум боиси ташаккулёбии давлати Бохтари ^адим гардид.

Дар нимаи 2-и дазораи II то милод аквоми зиёди чорводорон ба манотики кишоварзии Осиёи Миёна ворид шуданд. Дар натичаи омехташавии аквоми гуногун дар Чднуби Точикистон фардангдои наве падид омад, ки дар илм бо номи фарданги археологии Вахш ва Бешкент маълуманд.

То имруз дедадои охири асри биринчй дар Кангуртут, Бараки ^урум, дар назди дедаи Кангуртут, Тегузак назди дедаи Себистон, Дадана дар дудуди шадри Норак ва дедаи Каримбердии нодияи Восеъ, Саричар дар нодияи Ховалинг омухта шудаанд. Адолии ин дедадо асосан ба чорводорй ва кишоварзии лалмй машгул буданд. Тадкурсии хонадои истикоматии аз санг сохта шуда, деворашон похсагй буда, дар маркази хона сандалй ва оташдон вокеъ буд. Зарфдои сафолин асосан дар чархи кулолй сохта шуда, комилан хоси зарфсозии кишоварзони Бохтари ^адим мебошад. Дар Кангуртут ва Дадана курадои сафолпазии дукабата пайдо карда шудаанд. Ашёдои биринчии ёфташуда, низ хоси минтакаи Бохтар мебошад.

Урфу одати гуркунй дар фарданги археологии Вахш монанди "Мачмуи фарданги Бохтару Маргиён" мебошад.

Омузиши гуристони Кангуртут аз тарафи Н.М. Виноградова (1975-2006) ва С.Бобомуллоев (2015) нишон дод, ки дар ин чо намуди дигари дафнкунй роич будааст.

Дар Кангуртут мисли замондои гузашта ашёдоро дар гур мегузоштанд, аммо часади мурдадо дар гур гузошта намешуд. Чунин гуристондо дар Бустон 6 (Н.Аванесова) дар водии Сурхандарё, дар дедаи Чдландар назди заводи сементбарории шадри Душанбе (С.Бобомуллоев) омухта шудаанд. Ин гурдои бечасад

Тандирйул. Мучассамаи гили, охири дазораи II то милод.

(кинотаф) шояд далел аз ташаккулёбии фарханги наве, ки баъдан бо номи Зардуштия маълум аст, бошад. Чи хеле ки дар илм маълум аст, зардуштиён мурдахои хешро барои пок доштани чор унсур "Обу хок, оташу бод" ба замин намегурониданд, дар оташ намесузонданд ва дар об намепартофтанд. Аз ин хотир бозёфти чунин гурхонахо шаходат аз ташаккулёбии оини зардуштия дар ин минтака - Бохтар мебошад.

Дар дехаи ^умсойи нохияи Турсунзода (Н.М.Виноградова) гуристоне омухта шудааст, ки хоси фархднги андроновй буда, далели омадани ин аквом аз шимоли ^азокистон ва чануби Урал ба ин минтака мебошад. Чунин гуристон аз тарафи А.Исхоков, Т.М.Паттёмкина ва С. Бобомуллоев дар назди дехаи Дашти козии нохияи Панчакент ва дехаи Туюни нохияи Ховалинг (Н.М.Виноградова) омухта шудааст.

Гурхонахои мутааллики фарханги археологии водии Вахш дар поёноби дарёи Вахш; Вахш 1, Бешаи палангон, Ойкул, Чдркул, дар водии Сурхоб ва Макони мори нохияи Фархор, дехахои Иттифок, Дарнайчй, Гелот, Луликутал, Каримбердй, Саричар, Тудакафш омухта шудаанд.

Зарфхои сафолини фарханги археологии водии Вахш асосан дастсоз мебошанд, истифодаи чархи кулолй тамоман кам дида мешаванд. Баъзе зарфхо накшхои хайвонот, растанй ва хандасй доранд.

Дар водии Кофарнихон гуристонхои Тулхор, Ариктог, Бешкент 1, 2, 3 аз тарафи бостоншинос А.М.Манделштам омухта шудаанд. Дар ин гуристонхо ашё гузошта шуда, часади майит бошад сузонида шудааст. Ба акидаи А.М.Манделштамин гуристонхо далел аз ташаккулёбии одати часадсузонй буда, баъдан байни мардуми оини Ведой пахн шудааст.

Омузиши ёдгорихои охири асри биринчии чануби Точикистон нишон медиханд, ки раванди ташаккулёбии фарханги бохтарй хело мураккаб будааст.

Кашфи гуристони Фархор ва бозёфтхои тасодуфй аз худуди чануби Точикистон баёнгари онанд, ки дар охири хазорсолаи III то милод сар карда дар ин сарзамин мардуми "Мачмуи фарханги археологии Бохтару Маргиён" (В. А. Сарианиди) ё ба истилохи дигар"Фарханги археологии ОКС" (Л.Карловский) зиндагй доштанд. Акидаи маъмуле, ки аз тарафи В.А.Ранов пешниход шуда буд, ки гуё то омадани аквоми охири ахди биринчй дар ин мавзеъ одамони ибтидоии давраи неолит охири асри санг зиндагй мекарданд ботил аст. Дар баробари ин кашфи ин гуристон имконият медихад, ки огози ташаккулёбии фарханги археологии Вахшу Бешкент муайян карда шавад, ки решахои махаллй дорад.

Дар охири асри биринчй ва ибтидои асри охан дар натичаи омезишёбй, махлутшавии аквоми кишоварзии Бохтари кадим ва чорводорон аз даштхои ^азокистон ва чануби Урал тавассути водии Зарафшон ба ин кишвар омаданд. Тарзи нави хочагидорй, чорводории айлокй ва кишоварзии лалмй шакл мегирад, ки баъдан байни точикони кухистон маъмул гаштааст.

Калидвожах;о: Бохтари Цадим, фарханги археологи, Цануби Тоцикистон, гуристон, бозёфтхои тасодуфи.

Ключевые слова: древняя Бактрия, археологические культуры, III-I тыс. до н. э., Южный Таджикистан, могильники, случайные находки.

THE HED RAISE ON BOKHTAR

Saidmurod BOSTONGUKHAR,

doctor of historic al sciences A.Donish Institute of history archaeology and ethnography of A. Donish, Academy of sciences of the Republik of Tajikistan

South Tajikistan is northern part of theAncient Bactria. Throughout I-III thousand B.C. changing and merging of different cultures took place here. Current article devotedto archaeological discoveries and their significance in the history of Bactria.

АДАБИЁТ

1. Мандельштам А. М. Сложение таджикской народности в Среднеазиатском Междуречье: Автореф. Дисс.кан. наук.-Москва-Ленинград. 1951.

2. Смоличев П. И. Погребение со скорченными костяками в районе г. Сталинбада // Известия Таджикского филиала АН СССР. Сталинабад, 1949,№ 15. -С. 75-82.

3. Треножкин А.И. Археологические находки в Таджикистане //КСИИМК. -М., 1948. -Вып.20;

4. Дьяконов М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирниган (Кобадиан) (1950-1951 гг.). // Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции. 1948-1950 гг. - М; Л., 1953. Т.2. -С. 253.

5. Зеймаль Е.В. Медный топор из кишлака Аракчин // Сообщения Республиканского историко-краеведческого музея. - Вып.3. - Сталинабад, 1958;

6. Мандельштам А. Археологические работы в Бешкентской долине в 1957 г. // АРТ. Вып. V. - Сталинабад. 1959. - С. 132-151.

7. Литвинский Б.А., Соловьев В.С. Стоянка степной бронзы в Южном Таджикистане. Успехи Среднеазиатской археологии, Вып. 1. Ленинград, 1972. С. 76.

8. Литвинский Б.А., Мухитдинов Х. Античное городище Саксанохур (Южный Таджикистан). - СА, № 2, 1969.

9. Виноградова Н.М. и Пьянкова Л.Т. Работы в Гисаркой долине в 1977 г. //АРТ. Вып. XVII. - Душанбе, 1983. - C. 56- 68.

10. Виноградова Н.М. Новые памятники эпохи бронзы на территории Южного Таджикистана. - Центральная Азия. Новые памятники письменности и искусства М., 1987. Виноградова 2004 - Виноградова Н.М. Юго-западный Таджикистан в эпоху поздней бронзы. М.: ИВ РАН, 2004.

11. Виноградова, Пьянкова, 1990. - Виноградова Н.М., Пьянкова Л.Т. Могильник Кумсай в Южном Таджикистане. - Информ. Бюллетень МАИКЦА, вып. 17, М., 1990.

12. Виноградова Н.М. Юго-западный Таджикистан в эпоху поздней бронзы. М.: ИВ РАН, 2004.

13. Бобомуллоев С., Виноградова Н.М., Бобомуллоев Б. Некрополь Фархор - новый памятник эпохи средней бронзы Таджикистана // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение общественных наук. 2014. №3 (235). С. 39-47.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.