Научная статья на тему 'ПОМИР В ПОЛИТИЧЕСКИХ ИНТЕРЕСАХ СВЕРХДЕРЖАВНЫХ ГОСУДАРСТВ'

ПОМИР В ПОЛИТИЧЕСКИХ ИНТЕРЕСАХ СВЕРХДЕРЖАВНЫХ ГОСУДАРСТВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
25
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
"КРЫША МИРА" РОССИЯ / АНГИЛЬЯ / ГЕРМАНИЯ / ПАМИР / КИТАЙ / ПЯНДЖ / УЧЕНЫЕ МУЖИ / АФГАНЦЫ / ХОРОГСКИЙ ПОГРАНИЧНЫЙ ОТРЯД / ДУГЛАС ФОРСАЙД / ГРАНИЦА 1895 Г. М. ИОНОВ / КИВЕКЕС / ГУЛЬБЕГИМ / Н.М. МУХОНОВ / И.Д. ЯГЕЛЛО / И.И. ЗАРУБИН / ФЕНИН СОВЕТСКАЯ ВЛАСТЬ / ПРЕСТУПНЫЕ ГРУППИРОВКИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Розикзода Абдулхаким Шерали

В статье говорится о конфликте и столкновении интересов сверхдержав - России, Англии, Германии, Советской России, Афганистана на Памире. Учитывая, что это особый стратегический регион, Памир уже более 200 лет находится в центре внимания сверхдержав. В 1895 году подписание договора между Россией и Англией и демаркация границы по реке Пяндж положили конец многолетнему конфликту между этими двумя странами на Памире. В то же время в статье подчеркивается, что в период восстановления Советской власти, в годы Великой Отечественной войны Памир был очагом конфликта интересов сверхдержав. Во время аналитической гражданской войны в Таджикистане на Памире действовали крупные и мелкие преступные группировки, занимавшиеся контрабандой наркотиков, оружия и драгоценных камней. Не раз эти группы скрывались за спинами простых людей и нарушали общественное положение региона для достижения своих гнусных целей. В дестабилизации ситуации в этом регионе отчетливо чувствовалась рука иностранных интересов. Однако государство и правительство республики отстояли безопасность, целостность страны и интересы простых людей и нейтрализовали эти группировки, что является реальным заказом для любой страны.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PAMIR IN THE POLITICAL INTERESTS OF SUPERPOWER STATES

The article examines the conflict and clash of interests of the superpowers countries - Russia, England, Germany, Soviet Russia and Afghanistan in Pamir. Considering that it is a special strategic region, Pamir has been in the center of attention of superpowers countries for more than 200 years. In 1895, the signing of the treaty between Russia and England and the demarcation along the Panj River ended the long-term conflict between these two countries in the Pamirs. At the same time, the article emphasizes that during the restoration of the Soviet Power, during the Great Patriotic War, Pamir was a hotbed of conflict between the interests of the superpowers countries. During the analytical civil war in Tajikistan, large and small criminal groups were active in the Pamir’s, smuggling drugs, weapons, and precious stones. More than once, these groups hid behind the backs of ordinary people and disturbed the public situation of the region in order to achieve their nefarious goals. In destabilizing the situation in this region, the hand of foreign interests was clearly felt. However, the state and the government of the republic defended the security, integrity of the country and the interests of ordinary people and neutralized these groups, which is a real order for any country.

Текст научной работы на тему «ПОМИР В ПОЛИТИЧЕСКИХ ИНТЕРЕСАХ СВЕРХДЕРЖАВНЫХ ГОСУДАРСТВ»

ПОМИР ДАР МАНФИАТ^ОИ СИЁСИИ ДАВЛАТ^ОИ АБАРЦУДРАТ

Розикзода А.Ш.

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Цум^урии Тоцикистон

Бадахшон аз кадим боз дар маркази манфиатхои геопалитикии якчанд давлатхои абаркудрат карор доштааст. Ин минтакаи курсору дорои иклим ва табиати хос, бо вижагихои сокинонаш, куллахои барфпуши сарбафалаккашида, хайвоноту наботот, сарватхои зеризаминй ва оби чашмахои мусаффою шифобахш, бахусус сангхои киматбахояш диккати императору шохон, амирону амалдорон, олимону сайёхонро садсолахо боз ба худ кашидааст. Ва андешахои мухтарам Алим Шерзамонов, ки мегуяд: «мо соли 1929 ба Точикистон пайвастем. То ин замон ин минтака дар таърихи худ ба хеч кадом давлат ба шакли вохид тааллук надошт ва хамеша худмухтории хокимияташро нигох медошт.» - мегуяд ба хакикати вокей ва далелхои таърихй рост намеояд.

Помирро пайвандгари байни Осиёю Аврупо мехисобанд, ки он албатта, бесабаб нест. Зеро манфиатхои геополитикии бисёр давлатхо дар хамин мавзеи камодамуахолй ва куллахои сар ба афлок ба анчом мерасад. «Боми чахон» як навъ маркази тахаввулотй дар китъаи Авруосиё махсуб меёбад.То пайдо шудани силоххои хозиразамони чангй, ин минтакаи курсору душворгузар дар таъмини бехатарии давлатхои атроф накши халкунанда бозидааст.

Чунончи, Х,индустон хамчун сарчашмаи ашёи хом ва ба хайси объекти сиёсати горатгаронаю истисморгаронаи империяи Британияи Кабир, дар сиёсати геополитикии Англия накши калидй мебозид. Х,ануз соли 1848 К.Маркс таъкид карда буд, ки Англияро танхо бо як шартаст, маглуб кардан мумкин аст, агар аз мустамликахои он Х,индустонро чудо кардан имконпазир шавад. [1] Аз ин чост, ки Англия Х,индустонро чун алмоси киматбахо дар точи шохигариаш хамачониба хифз менамуд.

Омили Х,индустон дар сиёсати хоричии Россия, хусусан баъди чанги Россияю Туркия (1878 -1879) мавкеи мухим пайдо намуд. Бехуда нест, ки то солхои 70-уми асри XIX дар омузиши илмии Помир на русхо, балки англисхо мукаддамтару муваффактар буданд. Англисхо омузиши хамачонибаи Помирро ба рох монда, чосусонро ба хар роху восита - дар либоси точирон, сайёхон, дарвешон зуд-зуд аз ^индустон ба Помир мефиристоданд. Бо ин максад англисхо аз хизмати «пундитхо» (омузгорон) бештар истифода мекарданд [1].

Ч,осусон-пундитх,ои Англия дар омузиши Помир сахми калон гузоштаанд. Чунончи, Ч,он Вуд (1838) Зоркулро кашф кардааст, ки яке аз сарчашмахои дарёи Панчро ташкил медихад. Пундитхо Абдул Мачид (1860), Мирзо Шучоъ (1861) дар омузиши Помир сахифахои нав кушоданд. Мирзо Шучоъ Вахонро омухта кариб буд, ки дар он чо фош карда шавад. У хар гуна асбобхои ченкунй, кутбнамо, харита ва боз асбобхои дигар дар даст дошт ва нафаре аз мардуми тахчой ин асбобхоро дида таваччух намудааст, вале Мирзо Шучоъ худро ба даст гирифта, чавоб гардонидааст, ки онхо барои муайян кардани «вакти намоз» истифода мешаванд ва ба хамин аз шубха ва вазъи ногувор халос шудааст [1]

Дар хдмин давра дигар чосуси ботачрибаи англис Ч,орч Хейурд дар либоси точир ба воситаи Помир ба ^ошгар сафар карда харитаи Помири Шаркиро тартиб дод. У соли 1870 ба катл расонида шудааст ва дар ин кор англисхо чосусони Россияро гунахгор донистаанд. [1] Барои омузиши кисмати шаркии Туркистону Помир баъди маргаш бо медали асосгузори чамъияти географии Британия сарфароз шудааст. Танхо ба пундити дигар - Мухтор Шох муяссар гашт, ки соли 1879 ба Шугнону Рушон ворид шуда, маълумоти нодир гирд оварад ва барои ин захматхояш чамъияти географии Британия уро ба медали тилло сарфароз гардонид.

Баъдан чосуси дигари англис Дуглас Форсаид бо чанд афсари дигар аз Помиру ^ошгар дидан намуда, харитаи мукаммали ин минтакаро тартиб медихад. Ногуфта намонад, ки муаллифи муайян кардани сархадхои шимоли Афгонистон дар кад - кади дарёи Панч махз хамин Дуглас мебошад. У соли 1869 ба Москав ва бо хамин ташаббус баромад карда буд[1].

Бояд кайд кард, ки таваччухи Россия ба Помир махз аз миёни солхои 70-уми асри XIX таваччухи Россия ба Помир бештар мегардад. Зеро огоз аз хамин давра дар назди Россия вазифа меистод, ки сархадхои чанубу шаркияшро бо Афгонистону Хитой муайян намояд. Ин чо мебояд ба як нуктаи хеле мухим ва нозук таваччух кард, ки мардуми махаллии Помир аз англисхо дида, ба русхо бештар хусни таваччух доштанд. Мардуми тахчой дар симои русхо на госибон, балки пуштибону хомиёни хешро медиданд. Бинобар ин, барои тахкикотчиёни руси Помир тагйири либос ё пинхонй кор кардан хеч зарурият надошт. Аз он чумла мухаккик Б.Л. Громбчевский дар бораи муносибати неки мардуми махаллй бахусус сокинони Шугнон маълумоти муфассал додааст. Олимону тахкикотчиёни рус А.П. Федченко

(1869-1873), И.В.Мушкетов (1874-1880), В.Ф.Ошанин (1880), Д.Л.Иванов (1883), Н.Н.Покотило (1886), Г.Е. Грум- Гржимаило Б.Л.Громбчевский (1888) ва дахдо нафари дигарро номбар кардан мумкин аст, ки дар омузиши илмии Помир накши босазое гузоштаанд» [2.137].

Солх,ои 70-80-уми асри XIX муносибатх,ои байни Россия ва Англия дар Осиёи Миёна ва Помир хеле тезу тунд гардида буд. Соли 1889 афгонх,ои суннимазхдб ба Помир х,учум карданд. Онх,о пайравони исмоилияро ах,ли «бидъат» мех,исобиданд. Дар бораи берах,мии сарбозони афгон, ки дар пеши чашми модарон фарзандонашонро ба оташ меандохтанд, дар пеши чашми шавхдрон, падару фарзандон ба занону хохдронашон тачовуз мекарданд, марди зиндамондаро х,ар ду чашм ва занонро бошад, як чашмашонро мекофтанд. Доир ба ин манзарах,ои х,узнангезу дах,шатовар мухдккики рус Б.Л.Громбчевский дар х,исоботаш пурра маълумот додааст. У аз ин манзарах,о бо риккат омада, кайд мекунад, ки «сокинони Шугнон, баъди фах,миданд он, ки мо рус хдстем, назди мо омаданд, ба зону зада, либосх,оямонро бусида зориву тавалло мекарданд, ки онх,оро аз тахдиду таъкибот ва чанголи сарбозони афгон начот дих,ем»

Мах,з дар заминаи х,исоботу маълумоти Б.Л.Громбчевский ба Штаби округи хдрбии Туркистон муяссар гашт, ки х,укумати подшох,иро барои х,имояи сокинони Помир аз вах,шигарих,ои афгонх,о розй кунонад. Ногуфта намонад, ки баъди х,учуми афгонх,о шумораи сокинони Помир хеле кам шуда буд. Аз 36 х,азор нафар сокинони охири солх,ои 70-уми асри

XIX ин ракам хеле кох,иш ёфта, танх,о солх,ои х,окимияти шуравй миёнаи солх,ои 30-уми асри

XX ин теъдод баркарор шудааст. Чунончи, дар дехди Пасор то х,учуми афгонх,о такрибан 100 хдвлй бокй буд, вале соли 1893 дар он хдмагй 3 хдвлй мавчуд монда буду халос [1].

Помир дар сиёсати геополитикии давлатх,ои пешрафта Англия, Россия, Германия, ва давлатх,ое ба мисли Хитой, Аморати Бухоро ва Афгонистон хдмчун минтакаи стратегй мавкеи хосса дошт. Хусусан, манфиатх,ои сиёсй - стратегии Англия ва Россия дар ин минтака хдмеша ба х,ам бархурд доштанд. Ахиран Россия дар сиёсати геополитикии хеш нисбат ба Англия бартарй пайдо карда, ду маротиба х,удудх,ои Помирро ба худ хдмрох, намуд - бори аввал соли 1873 (шартномаи Горчаков ва Гранвилл) ва бори дуюм солх,ои 1891 -1892, ки ин дафъа (яъне бори дуюм) он комилан ба таври осоишта сурат гирифта буд.

Баъди бори дуюм ба Россия хдмрох, карда шудани кисмати бузурги Помир, хдрчанд Бадахшони Кух,й расман ба итоати Аморати Бухоро дода шуда бошад х,ам, амалан онро Россия дар чанголи охднини худ нигох, медошт. Назорати ин кисмати дурдасттаринро Россия ба воситаи сардори Отряди сархддии Помир ва нуктах,ои алох,идаи (дидбонгохдои) сархддй, ки дар мавзеъх,ои стратегй ташкил шуда буданд, амалан назорат мекард. Барои ташкили идораи дурусти он Помир ба 4 нох,ия ё дидбонгох, (пост) - дидбонгох,и Шаркй, Хоруг, Ишкошим ва Лангар таксим карда шуд. Нох,иях,о дар навбати худ ба волостх,о ва волостх,о бошад, ба аминх,о таксим мешуданд. ^амаи ин имконият дод, ки натанх,о мавкеи Россия мустах,кам гардад, балки барои омузиши илмии Помир шароити мусоид фарохдм оварад.

Бех,уда набуд, ки солх,ои 1880 - 1889 аз зиёд гаштани шумораи экспедитсиях,ои илмии Россия дар Помир англисх,о ба ташвиши чиддй афтоданд ва кушиш намуданд, ки сархдди шимоли Афгонистон дар х,удуди Помир аз нав бознигарй шавад. Ташаббускори ин икдом сардори департаменти чосусии артиши Англия дар Х,индустон генерал Чарлз Макгрегор, ки Россияро чашми дидан надошт, ба х,исоб мерафт. [1]. Дар ин икдом уро полковник Уилям Локхард ва лейтенант Френсис Янгхазбенд кумак мекарданд. Соли 1885 агенти сиёсии англисх,о Ний Илеяс масъалаи ба кадом давлат тааллук доштани сарзамини Помирро ба манфиати Англия аз нав ба миён гузошт. У хост аз чихдти илмй «исбот» кунад, ки шохоби асосии Амударёро на дарёи Панч, балки Мургоб ташкил медихдд.

Чунин андешароних,ои ботил танх,о бо он максад буд, ки шартномаи соли 1873 бознигарй шуда, хатти сархдди шимоли Афгонистон васеъ карда шавад ва кариб тамоми х,удуди Помирро ба Афгонистон дохил карда шуд, ба доираи таъсири Англия гузарад. Дар ин бозих,ою игвогарих,ои чосуси англис, чугрофидон Френсис Янгхазбэнд (баъд^о асосгузору таъсисдихдндаи маз^аби нави динй гаштааст) хеле фаъол будаву ба манфиати Англия кор кардааст. Френсис аз муносибати дустонаи Б.Л.Громбчевский суиистифода намуда, экспедитсияи уро бо як рох,и душвору хавфнок х,идоят кардааст,ки кариб буд экспедитсия ба фалокат дучор шавад.

Ба назардошти фаъол гаштани шабакаи чосусони англис майи соли 1891 х,укумати подшох,и рус бо иштироки Б.Л.Громбчевский экспедитсияи навро бо рох,барии полковник М.Ионов ба Помир сафарбар намуд, ки аз 8 афсар, 80 аскари пиёданизом, 33 казаки савора иборат буд. Полковник М.Ионов чосуси англис Янгхазбэндро аз Помир берун карда, ёрдамчии у лейтеинант Дэвисонро ба х,абс гирифта, ба Тошкант фиристод.

Мохи апрели соли 1892 дар Петербург як чаласаи махсус вобаста ба масоили Помир доир гардида, карор карда мешавад, ки бо максади берун кардани хитойихо, афгонхо ва чосусони англис ба Помир отряди махсус фиристода шавад. Сардори отряд хамоно полковник М.Ионов таъйин шуда, ба ихтиёри у 53 нафар афсар ва 902 нафар сарбоз дода мешавад.

М.Ионов аз ухдаи вазифахои дар наздашбуда бо хубй ва сарбаландона баромад ва хангоми бозгашт дар Шодчон 250 нафар аз сарбозонро гузашта, раёсати идораи ахолии махаллиро ташкил карда, рохбари он подполковник Б.Л.Громбчевскийро таъйин кард. Минбаъд дастаи сархадии Помир борхо иваз гардидаю мустахкам карда шудааст. Вале англисхо аз ниятхою манфиатхои худ дар Помир ба осонй даст накашида, гох афгонхо ва гох хитойхоро бар зидди русхо ба игво мекашиданд. Бинобар ин бо максади пешгирй намудани игвогарихои минбаъда 2 августи соли 1894 генерал М.Ионов бо дастаи хурди низомиён ба самти Шугнон харакат кард, ки онхоро ахолй бо хурсандй хамчун озодкунандагони хеш истикбол намуданд. Дигар дастахои низомиён аз Шохдара ва Гунд омада дар Хоруг ба дасти М.Ионов пайваст шуданд ва афгонхо чандон мукобилият накарда мавкеъхояшонро тарк карданд ва амалан эътироф карданд, ки Помир бо Россия хамрох шуд. Чунин сурат гирифтани вокеахоро англисхо интизор набуданд, бинобар ин, онхо низ мачбур шуданд, ки аз они Россия будани Помирро эътироф намоянд ва аз игвогарихои баъдина даст кашида, рохи гуфтушунидхои дипломатй бо Россияро пеш гирифтанд[4.]. Дар хамин давра сардори штаби дастахои Помир полковник Юденич буд, ки баъдхо хамчун генерал яке аз рохбарони харакати сафедгвардиячиён гардид.

Огоз аз 1893 байни Россия ва Англия муносибатхои дипломатй то хадде муътадил гашта, гуфтушунидхо вобаста муайян кардани сархади шимоли Афгонистон шуруъ гардид, ки он кариб ду сол идома ёфт. Мавкеи Россия котеона буд ва заррае ба англисхо гузашт накарда, соли 1895 шартномаи байни ин ду давлат ба имзо расид ва сархад мисли пештара (тибки шартномаи соли 1873) дар имтидоди дарёи Панч мукаррар карда шуд. Раиси Комиссия аз чониби Россия губернатори харбии вилояти Фаргонаи генерал-губернатории Туркистон генерал-летейнант Павел Швейковский буд, ки уро боз 11 афсар, 33 сарбози каторй хамрохй мекард. Комиссияи англисхоро бошад, генерал-майор М.Ч.Герард рохбарй мекард ва якчанд афсар, 200 сипохй ва 800 воситаи боркаш хамрохашон буд. Махз ана хамин комиссияи дучониба масъаларо пурра омухта сархадро аломатгузорй карданд. Фаъолияти комиссияхо дустона сурат гирифта байнашон мусобикахои варзишй - тирпаронй, вазнбардорй, бандкашй, муштзанй доир мегашт, ки аксаран чониби русхо галаба мекарданд.

Бояд зикр намуд, ки ба ин марзбандй ва шартномаи соли 1895 хануз дар хамон давра дар баъзе доирахои худи Россия назари нек надоштанд ва олимону коршиносон онро хуш напазируфта сахт танкид мекарданд. Х,арчанд ин шартномаро дар доираи чамъиятии Россия хуш напазируфтанд, вале он агар аз як чониб ба мунокишаи байни ду давлат хотима бахшада бошад, аз чониби дигар, ба андешаи академик В.В.Бартолд «Бо марзбандии Помир дар соли 1895 ва таксимоти он дар байни Россия, Афгонистон ва Бухоро ба раванди бархамхурии мустакилиятии сиёсии точикон хотима гузошта шуд».

Баъдхо дар баъзе сахифахои китобхои таърихй сабт гардид, ки дар охири асри XIX таксимоти чахон байни давлатхои капиталистй анчом ёфт. Аз хамин давра сар карда, ба чойи афсарони тасодуфию баъзан мочарочуйхо дар Помир аз ду тарафи сохил кушунхои доимии сархадй пайдо шуданд. Бояд таъкид кард, ки Помир нуктаи мухимтарин ва хассостарин худуди сархади чанубии Россия махсуб меёфт. Бинобар мавкеи мухимми стратегй буданаш хифзи сархади ин чо на ба дастаи алохидаи сархадбонон, балки ба ухдаи кушунхои харбии доимй, ки бевосита ба Штаби генералии Вазорати мудофиа тобеъ буд, дода шуд. Соли 1897 сардори отряди сархадии Помир генерал-майор М.Ионовро, ки дар мустахкам кардани мавкеи Россия дар Помир накши бузург дошт, штабс - капитан Эдуард Карлович Кивекэс иваз намуд. Дар давраи Кивекэс штаб-квартираи дастаи сархадй аз Мургоб ба Хоруг кучонида мешавад ва аз хамин давра сар карда Хоруг, маркази маъмурии Помир мегардад. Э.К.Кивекэс панч сол сарварии отрядро ба ухда дошт ва корхои зиёду начиберо барои сокинони Хоруг ва умуман Помир ба анчом расонид ва мардум имруз хам аз у ба некй ёд мекунанд ва бо мухаббат харф мезананд.

Чунин муносибатро Кивекэс бо харакату кушишхои одилона, чихати химояи вокеии шаъну шарафу хукукхои инсонии мардуми махаллй ба даст овард. Сарфи назар аз он, ки у афсари олирутбаю баландмартаба_ буд, канал кофта, пул сохт, дарахтхо шинонд, ки онхо холо боги Хоругро зеб медиханд. У барои фарзандони сокинони Хоруг лоихаи мактаби русй - махаллиро кашид, ки баъди аз Хоруг рафтанаш сохта шуд. Кивекэс 18 октябри соли 1908 дар рутбаи полковник аз вазифа озод карда шуда, бо Помир ва умуман Осиё ба якборагй

хайрбод гуфт. Хангоми аз Помир рафтан Эдуард Кивекэс ба номи Гулбегим як ятимдухтари шашсоларо бо розигии хешонаш ба духтархондй гирифта, бо худ мебарад, зеро хавфи ба Афгонистон бурдани ин духтарча вучуд дошт. Баъди марги падар модараш аз тарси он, ки ин духтари хурдсолро ба Кобул набаранд, аз Кивекэс имдод талабидааст. Гулбегим (минбаъд Олга) хамрохи падархондаш аввал ба Россия баъдан ба Хелсинки рафта, он чо тарбия ва маълумоти олй гирифта ба дипломати Фин Кустаа Лоиканнен ба шавхар баромада фарзанддор шудааст. Гулбегим соли 1985 ва шавхараш соли 1990 оламро падруд гуфтанд [5]. То рутбаи генералй расидан апрели соли 1918 ба ватанаш Финландия баргашта баъди чанде дар кушунхои Финландия 10 сол хизмат карда то рутбаи генерал -лейтинантй расид. У 17 феврали соли 1940 дар Хелсинки вафот кардааст. Дар давоми 28 соли хизмати низоми дар Россия содиконаю софдилона фаъолият карда, боре хам шарафи афсариро догдор нанамудааст.

Баъди Э.К.Кивекэс сардори дастаи сархадчиёни Помир А.И.Снесарев, ки дар оянда яке аз назариясозони барчастаи сохаи харбй, сардори Академияи штаби генералии Армияи сурхи коргару дехкон ва соли 1927 ^ахрамони мехнат шудааст, таъйин мегардад, А.И.Снесарев дар давоми икомати дусолааш дар ин сарзамин 4 китоби илмии худро дар бораи таърих, олами набототу хайвоноти ин кишвари кухсор таълиф намуд. Хамчунин дар хамин давра ду китоби бунёдии худ «Военная география Россия» ва «Огневая подготовка»-ро ба чоп тайёр намуд.

Аз соли 1904 то соли 1912 сардори дастаи сархадбонони Помир подполковник Н.М. Мухонов фаъолият кардааст. Махз дар давраи у хукуку ухдадорихо ва буду боши дастахои сархадбонон, сардорони он такмил ёфта, таксимоти нави маъмурии Помир гузаронида шуд. Аз хамин давра ба баъд ба сардори отряди сархадй хукуку ваколатхои сардори уезд дода шуд ва акнун у дар як вакт сардори маъмурии Помир хам махсуб меёфт. Аз ин ба баъд афсарону сарбозони дастаи сархадбонон натанхо чанубтарин сархади Россияро хифз карда, ба экспедитсияхои илмию- тахкикотй ёрии амалй мерасониданд, балки ба рушду равнаки иктисодй, ичтимой ва фархангии ин минтакаи дурдасти Россия мусоидат мекарданд. Дар хамин замина соли 1907 дар Хоруг нуктаи кабули беморон бо 4 кат, соли 1909 аз болои дарёи Гунд як пули замонавй шуд. Аз хисоби кумакхои хайрияи афсарон ва мусоидати онхо мактаби русй -махаллй сохта шуд, ду соли аввали фаъолияти мактаб хорочоти молиявии он хам аз хисоби маблаги афсарону сарбозони дастаи сархадбонон буд. Соли 1910 байни ду дидбонгох Хоруг ва Помир рохи аробагард сохта шуд [1].

Дар давраи сардори отряди сархадбонон фаъолият кардани Г.А.Шпилко соли 1912 аввалин истгохи хурди барки обй сохта шуд, ки амсолаш он замон дар Осиёи Марказй набуд. Баъдтар дар давраи сардори отряд будани И.Д.Ягелло, соли 1914 дар Хоруг заводи хурди коркарди чарм, устохонахои челонгарию охангарй, дуредгарй, сохта шуда, барои таъминоти худй мебел, собун, гугирд истехсол мекарданд, ки аз тавлиди аввалин корхонахои хурди саноатй мужда медоданд [1].

Баъди тахавуллоти инкилобии соли 1917 Помир харчанд зери таъсири Россия монда буд, вале аз нав ба гирдоби бозихои сиёсй кашида шуд. На хама афсарону сарбозони дастаи сархадбонон дархол хукумати шуравиро кабул кардаву пазируфтанд.

Дар даврае, ки дар Петербург мутлакияти подшохй сарнагун гардид, сардори отряди сархадбонхо подполковник И.Д.Ягелло (1865-1942) буд ва у мохи апрели хамон сол, расман ахолии Помирро аз ин тахавуллот огох сохт. Комитети туркистонии хокимияти мувакаттй 6 июни соли 1917 «Низомномаи муваккатии идораи нохияи Помир»-ро кабул намуд, ки тибки он ба дастаи харбии сархадбонхо танхо рохбарии низомй бокй монда, идораи маъмурю маъмурии он ба ухдаи Комиссариати нохияи Помир вогузор гардид. Аввалин раиси Комиссариати нохияи Помир И.И.Зарубин (1887-1964) таъйин шуда буд.

Тобистони соли 1918 бо сабаби тамом шудани мухлати хизмат ва чавоб шудани сарбозон теъдоди дастаи сархадбонон якбора кохиш ёфт. Бинобар ин, бо фармони Комиссариати Туркистон аз 23 майи соли 1918 дастаи сархадбонон бо 20 нафар ихтиёриёни махаллй пурра карда шуд, ки онхоро минбаъд милитсионер меномиданд. [6.174]. Каме дертар 30 августи соли 1918 итоати дастаи сархадбонони Помир ба ихтиёри Комиссариати харбии Тошкент дода мешавад.

Дар хамин давра аз Тошкант бо сардории Афанасев (собик поручики армияи подшохй) дастаи сархадбонон, ки аз 200 нафар сарбози ярокнок иборат буда дар байнашон австриягихо низ кам набудаанд, ба Помир фиристода шудааст. Баъдтар маълум мегардад, ки хайати ин отряд, асосан аз аксулинкилобчиёни сафед, голибан аз австриягихо ташкил шуда будааст ва ба онхо полковники сафедгвардиячй Зайтсев ва чосуси англис полковник Ф.Бейли рохбарй мекардаанд ва максади ба Помир рафтани ин отряд бо карори худи Афаносов «... бо дор кашидани рафикон» [7]. яъне аз нест кардани сархадбонони ончо буда иборат будааст.

Дастаи Афанасев бахори соли 1918 ба Помир мерасад ва бо хамрохи якчанд нафари (аз отряди пештара) рухияи зиддишуравй дошта бо сарварии полковник Фенин хукумати шуравиро эътироф накарда, хостанд, ки тартиботи пешинаро чорй намоянд. Вале ахолии махаллй онхоро дастгирй накарданд ва Фенин бо тарафдоронаш маблагх,ои пулй ва аслихаи отрядро гирифта, бо 32 нафар афсару сарбоз ба воситаи Вахон сархадро гузашта, ба Х,индустон фирор намуданд [8.59].

Баъди фирори полковник Фенину думравонаш рохбарии сарбозону афсарони чонибдори сохти нав ва миллитсияи халкиро капитан Юнга, Земкин ва духтур Вичич ба ухда гирифтанд. Дастаи сархадбонон бо 300 нафар милитсионерхои халкй, ки бо ризояти Туркистон шуравй аз мардуми махаллй таъсис ёфта буд, пурра карда шуд.

Вале куввахои иртичой ва зиддишуравй, ки аз тарафи чосусони Англия ва амири Бухоро дастгирй меёфт, миёнаи соли 1919 вазъиятро ноором карданд. Ба хусус вазъият дар кисмати Помири гарбй душвору муташаннич гашт. Зеро 23 июли соли 1919 шабона чор нафар мадёрхои афгон сархадро пинхонй гузашта, сардори комитети сархадбонон А.А.Холмагоров, сардори дидбонгохи Мургоб Гудинович, фелдшери дастаи сархадии Помир - Носовро ба катл расонида, завчаи Холмагоровро захмй намуданд [9].

Рузи дигар, муваккатан рохбарии сиёсии Помирро П.Воловик ва духтур Вичич ба ухда гирифта тамоми тадбирхоро андешиданд, ки муборизаро ба мукобили унсурхои зиддишуравй дуруст ташкил намоянд. Охири мохи декабри хамон сол, дастаи нав бо рохбарии полковник В.Н.Тимофев (1885-1937), ки ба хайати он чеххо, туркхо, немисхо, австриягихо ва сафедгвардиячиёни рус хам шомил буданд, ба Хоруг омаданд. Дар натича дар Помир хокимияти шуравй, кумитахои инкилобй бархам дода шуда, коммунистон, фаъолону чавонон - хаводорони сохти шуравй ба таъкиб гирифтор шуданд. Вале Тимофеев хуб медонист, ки зиёд истодагарй карда наметавонад ва апрели соли 1920 ба Х,индустон фирор намуд. Тибки хуччатхои бойгонй миёнаи солхои 20-ум у бо ахли оилааш ба Тошкент баргаштааст. Баъдтар ба хабс гирифта шуда, дар хабсхонаи Бутирскии Москва нигох дошта шудааст. Дар хамин давра хамсараш Раиса Андреевна барои озод карданаш ба шахри Москва омада, барои ёрй ба нависанда Максим Горкий мурочиат намудааст, вале он натичае надод ва соли 1927 бо карори колегияи суди ОГПУ уро ба муддати 10 сол аз озодй махрум карданд. Аз хабс пеш аз мухлат озод шудааст, вале 21 августи соли 1937 аз нав хабс гардида, 1 ноябри соли 1937 ба катл ва мусодираи мулу мулк махкум гардидааст. [6.179].

Аз вазъияти ба амал омада истифода карда, амири Бухоро беки Дарвозро дастгирй ва кумак карда, хост он кисмати Помири гарбиро, ки кобилан дар ихтиёраш буд, аз нав ба аморат баргардонад ва бо ин максад 16 нафар амалдорони худро ба он чо фиристод. Намояндагони амир ба Хоруг омада,талаб карданд, ки дастаи сархадбонон (аксаран милитсияи ихтиёрй) калъаро тарк намоянд. Бо таъсири диндорон ва унсурхои зиддишуравй дастаи милитсияи ихтиёрй бемукобилият калъаро тарк карданд, вале яроку аслихаро бо худ гирифтанд.

Баъдан бо кордонию шучоати кисме аз аъзои милитсияи халкй бо ташвику сарпарастии Воловик, духтур Вичич ва Руднев 20 нафар милитсионерон карор доданд, ки калъаи Хоругро аз нав озод намоянд. Х,амин буд, ки 26-27 июни соли 1920 тахти рохбарии яке аз аввалин милитсионерхои Помир Азизбек Наврузбек калъаи Хоруг аз дасти амалдорони амир озод карда карда шуд. [10].

Баъди чанд руз кормандони сиёсии шуравй П.Воловик, духтур Вичич, Руднев аз Вахон Ишкошим ва дигар кисматхои Помир ва кисме аз чавонони инкилобчй бо сарварии Иброхим Исмоилов (аввалин сардори милитсияи вилояти Бадахшони Кухй) Хуррам Бокиев ба Хоруг омаданд ва аз дигар дастахо низ мардон ба онхо хамрох шуданд. Х,амн тарик, бо ибтикори худи мардум ва ёрии дастаи 200 нафара тахти сарварии Т.М.Дяков, ки ТуркИИК сафарбар намуда буд, хокимияти шуравй дар дигар кисматхои Помир баркарор гардид. Солхои 19211923 муборизахои аёну ноаёни куввахои зиддишуравй, чинояткорон гох-гох аз худ дарак медоданд, вале акнун хокимияти нав бар зидди онхо муборизаи оштинопазир мебурд.

Ин чо ба маврид аст, таъкид намоем, ки баъди омадани русхо (хукумати подшохй ва баъдан Россияи шуравй) адолати ичтимои, зулму истибдоди амалдорони махаллй нихоят кам гардид. Мардуми оддй ба «чиноят» умуман даст намезаданд ва хатто дар гуиши онхо мафхуми чиноят корбаст намешуд. Вале хама вакт баъзе унсуроне буданд, ки пулу мол ва сарват чамъ кардан мехостанд ва дар ин иртибот даст ба амалхои носавобу ношоям мезаданд. Яке аз ин амалхо хариду фуруши маводи нашъадор буд.

Тибки маълумоти сарчашмахо ва хуччатхои бойгонй аз Афгонистон шахсони алохида сархадро гайриконунй убур карда, дар ин минтака маводи нашъаоварро пахн мекарданд. Нашъмандй ба таври оммавй пахн гашта, то ба он хадде буд, ки кудакон ба воситаи шири

модарон ба ин мавод одат карда бyданд. Макомоти xифзи xyKyK ва сарxадбонон бар зиди ин «беморй»-и оммавй мyбориза мебyрданд, вале ин мyборизаxо чандон самараи дилxоx намедод.

Солxои босмачигарй низ баъзе xyдyди Помир майдони xарбy зарб ва чавлонгаxи дастаxои босмачигарй гардид, ки xамоно илxомбаxши он xочаxои xоричй бyданд, ки ба максадxои xеш ноил гашта натавонистанд.

Таxозyрот ва даргириxои сиёсй миёнаи солxои 20-ум xам дар Помир идома кард. Соли 1925 точикони Бадаxшони AфFOнистон (рушон ва ШyFнон) бо сабаби зиёд бyдани андозy yxдадориxо, сиёсати зиддиточикии Хукумати марказй шуриш бардоштанд. Тобистони xамон сол Шуриш паxш карда шуд ва аз номи 8 xазор нафар шуришгарон яке аз роxбарони он Маxрамбек аз xyкyматдорони Дарвоз дарxост намуд, ки онxоро ба xyдyди Ч,yмxyрии Мyxтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон нав таъсис ичозат диxанд, ки паноx баранд. Вале xyкyматдорони Точикистон бо Москав машварат карда чавоби рад доданд. Хукуматдорони Шурави чунин xисобиданд, ки дар пушти шуришгарон xокимони Читрал ва ОFOxони Ill истодаанд [11. 341-341].

Солxои Ч,анги Бузурги Ватанй пурзур намудани зиракию xyшёрии сиёсй ва мyстаxкам кардану xифз намудани сарxад яке аз вазифаxои стратегй ба шумор мерафт. Хусусан, сарxади байни AфFOнистонy, Точикистон аxмияти маxсyс пайдо намуда буд. Аз солxои душворй чанг, вазъи мушкили доxилии чyмxyрй истифода бурда, бисёр душманони xоричй xадафмандона фаъол гашта буданд. Чунончи, шаби 8 сентябри соли 1941 дар xонаи сокини Булункули ноxияи МyрFоб ёрдамчии сардори шуъбаи 26-уми кyшyнxои сарxадии Комиссарияти xалкии корxои доxилй Урунов ва аскари каторй Дубовитский ба катл расонида шуданд. Кушторро гyрyxи 14 нафараи кирFизxои чинояткор ташкил карданд ва яроку аслиxа, сару либос xyччатxои кушташудагонро гирифта, ба AфFOнистон гyрxтанд. Дертар, 14 сентябр ин гyрyx Fайриконyнй сарxадро убур карда меxостанд молу амвол ва xешy таборонашонро ба AфFOнистон баранд, вале онxо аз чониби сарxадбонон ошкор карда шуда xадафи тирборон карор гирифтанд, ки дар натича се нафарашон xалок гардиданд. Ба як кисмаш муяссар гардид, ки 68 сар чорвои колxозро гирифта, ба AфFOнистон паноx баранд. Бо дидани чораxои фаврии кофтуковй аз тарафи кормандони (амниятии) Комиссарияти xалкии корxои доxили Точикистон 18 декабри соли 1941 бокимонда чинояткорон пурра нест карда шуда аз онxо 12 милтик, дастгоxи мyxобараи радиой, 33 сар асп ва 4 xазор сар моли дузидашуда Fанимат гирифта шуд[1].. Дар натичаи тафтиши xамачониба маълум гардид, ки илxомбаxш, ташкилкунанда ва роxбари асосии ин гyрyx собик босмачй Зайнуддин Axмадов будааст, ки соли 1932 ба вилояти ^ошFари Хитой ва соли 1934 тавассути AфFOнистон ба Помири шуравй гузашта будааст[1].

Умуман солxои чанг бо туфайли кордонй ва фаъолияти пурсамари кормандони (амниятии) Комиссарияти xалкии корxои доxилй беш аз 40 нафар чосусон, ки ба манфиати Германияи фашистй бар зидди Иттиxоди Шуравй фаъолият мекарданд, ошкор ва безарар гардонида шуданд [1].

Бояд як нуктаи мyxим ва бебаxсро таъкид намуд, ки замони шуравй Помир аз чиxати иктисодию ичтимой xеле рушд кард. Хусусан, мактабу маориф, фарxанг ба мyваффакиятxои xеле назаррас ноил гашт. Х,ар як шаxсе, ки бо шоxроxи Душанбе - ХорyF ба ин макон боре сафар карда бошад, инро баръоло эxсос мекунад. Бо чашми сар мебинад, ки соxили чапи дарёи Панч, тарафи AфFOнистон дар чи сатxи тараккиёти иктисодй карор дораду соxили рост, яъне тарафи Точикистон дар кадом сатx. Дар он тарафи соxил xоло xам одамон бо чароFи бобой дар xонаxои пасту поxсагй умр ба сар мебаранд. Дар замони шуравй ва дар давраи Истиклолият аxолии вилоят аз руйи сатxи таxсилот дар чойи аввал меистад ва xоло xам чавонони ин минтакаи кyxсор босаводу забондонанд, баxyсyс забони англисиро xеле xyб медонанд.

Солxои чанги таxмилии шаxрвандй аз вазъи мураккаби сиёсию ичтимой ва криминогении чyмxyрй истифода намуда, чинояткорон Помирро ба минтакаи даргир ва мавриди таввачyxи гyрyxxои муташаккили чиноятй табдил дода буданд. Аз ин чост, ки таъсири вазнини кумандонсолории солxои чанги шаxрвандй, риштаxои пайванд ва робитаxои байни yнсyрxои чиноятпеша, ки сyлxy субот, оромию амниятй мамлакат мукобили xостаxояшон xаст, бокй монда буд, ва rox- гоx дар ин минтакаи xассоси мамлакат аз xyд дарак медоданд. Таваччyxи вижаи расонаxои xоричй, ташкилотxои xоричй низ ба ин гушаи мамлакат бештар ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки беш аз якуним xазор км масофаи сарxади байни AфFOнистонy Точикистон на xамеша ба таври бояду шояд xифз мешуд ва аз ин истифода намуда, нашъачаллобон микдори зиёди маводи нашъоварро ба таври кочок аз сарxад ба Помир гузаронида, минбаъд ба xyдyди Россия ва он чо ба мамлакатxои Аврупо

интикол медоданд. Дар солхои чанги шахрвандй дар худуди вилоят хазорхо килграмм маводи мухаддир мусодира шуда буданд. Ба воситаи чойхои сустхифозатшавандаи сархад ба худуди вилоят яроку аслиха ва мухиммоти чангй низ ворид мегардид, ки аз он чинояткорон истифода мебурданд.

Хушбахтона, бо кабул шудани фармони Президенти Чумхурии Точикистон «Дар бораи чорахои пурзур намудани мубориза бар зидди чинояткорй, мустахкам намудани конуният ва тартиботи хукукй» аз 23 сентябри соли 1995 ва дигар тадбирхои андешидаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти хифзи хукук, тадричан садхо гуруххои хурду калони чинояткор безарар гардонида шуда, сулху субот ва тартиботи хукукй дар сар то сари кишвар таъмин карда шуд. Вале бо вучуди ин, таваччухи давлатхои хоричй, хар гуна хизбу харакатхо, гуруххои чинояткор ва гайра нисбат ба минтакаи Помир зиёд буду гох-гох дар ин чо дар заминаи бархурди манфиатхои гуруххои гайрирасмй мунокишахо сар мезаданд ва дархол расонахои ичтимой, гуруххои манфиатдор ба он обуранг ва тобиши сиёсй медоданд.

Далелу арком нишон медихад, ки баъзе афрод ва гуруххои чиноятпеша, харгиз ором нагашта, манфиатхои шахсй ва гурухии хешро аз конунхои амалкунанда ва арзишхои чомеа авлотар дониста, аёну ноаён ба чиноят даст мезаданд. Бахусус гуруххои муташаккили чиноятпеша сулху субот ва амнияти чомеаро курбони манфиату гаразхои сиёсй ва манфиатхои молиявии хеш намуданд. Худуди вилоят мисли 100 сол мукаддам ба чавлонгохи нашъачалобон, кочокбарони яроку аслиха, сангхои киматбахо ва дигар мавод табдил дода шуд. Албатта,кадом давлате набошад бо истифода аз ниходхои амниятй ва макомоти хифзи хукук аз конуният ва тартиботи хукукй дифоъ мекунад ва чинояткору поймолкунандаи конун бояд назди конун чавоб гуяд. Хамин тавр буд, хамин хел мешавад ва хамин гуна хохад монд. Рохи дигар вучуд надорад.

АДАБИЁТ

1. Азия плюс. 2017.06.07

2. Абдуллоев К. От Синацзяна до Хорасана. Душанбе , «Ирфон», 2009.-с. 340-341

3. Бадахшони советй.(рузнома),1964. 4-6 сент.

4. Собянин А. Большая игра на Памире. 160-летию образования Императорского Русского географического обшества. Как русские офицеры отбирали «крышу мира» у Британии.интерн.

5. Громбчевский. Б.Л. Современное политическое положение Памирский хонств и пограничной линии с Кашмиром. (Военно- политический очерк) Новый Маргелан, 1891-с. 56-5.

6. ГА ГБАО РТ.Ф.25, ОП.3,Д.12,лл.407-408

7. Назаршоев М.Н Победа Великой Октябрской социалистической революций и устанавление Советской власти на Памире// Очерки по истории Советского БАДАХШАНА. Душанбе. «Дониш», 1985-с. 59

8. Розикзода А.Ш. Станавление милиции Таджикистана. Душанбе: «Ирфон», 2011 -с 174

9. Розикзода А.Ш. Ихтиёриён // Садои мардум, 1997, 9 май.

10. ЦГА Р.Уз. Ф 25.ОП.1, Д.80,Л.3

11. Терентьев М.А История завоевания С История завоевания Средней Азия - спб 1906-4906 с

ПОМИР ДАР МАНФИАТХОИ СИЁСИИ ДАВЛАТХОИ АБАРЦУДРАТ

Дар мацола дар бораи зиддияту бархурди манфиатхои давлатхои абарцудрат-Россия, Ангиля, Германия, Россияи шуравй, Афгонистон дар Помир сухан меравад. Бо назардошти минтацаи махсуси стратеги буданаш Помир тули беш аз 200 сол дар маркази таваццухи давлатхои абарцудрат царор гирифтааст. Соли 1895 ба имзои шартномаи байни Россия ва Англия ва марзбанди дар цад-цади дарёи Пану ба зиддияти чандсолаибайни ин ду давлат дар Помир хотима дода шуд. Хамзамон дар мацола таъкид мегардад, ки солхои барцароршавии Хокимияти Шурави, дар солхои Цанги Бузурги Ватани хам Помир цавлонгахи бархурди манфиатхои давлатхои абарцудрат буд. Дар давраи цанги тахлилии шахрванди дар Тоцикистон дар Помир гуруххои калону хурди циноятпеша доман пахн карда, ба цочоци маводи мухаддир, яроц, сангхои циматбахо даст мезаданд. Ин гуруххо на як бору ду бор дар пушти мардуми одди пинхон шуда, барои ноил шудани мацсадхои нопоки худ вазъияти цамъиятии вилоятро ноором месохтанд. Дар ноором сохтани вазъият дар ин минтаца хамоно дасти доирахои манфиатдори хорици баръало эхсос мегардид. Вале давлат ва хукумати цумхури аз амният, якпорчагии кишвар ва манфиатхои мардуми одди дифоъ намуда, ин гуруххро безарар гардонид, ки барои дилхох кишвар ин амри воцеист.

Калидвожщо: «Боми цахон» Россия, Ангиля, Германия, Помир, Хитой, Панц, пундитхо, авгонхо, дастаи сархадии Хоруг, Дуглас Форсайд, Марзбандии соли 1895 М. Ионов, Кивекэс, Гулбегим, Н.М. Мухонов, И.Д. Ягелло, И.И. Зарубин, Фенин хокимияти шурави, гуруххои циноятпеша.

ПОМИР В ПОЛИТИЧЕСКИХ ИНТЕРЕСАХ СВЕРХДЕРЖАВНЫХ

ГОСУДАРСТВ

В статье говорится о конфликте и столкновении интересов сверхдержав - России, Англии, Германии, Советской России, Афганистана на Памире. Учитывая, что это особый стратегический регион, Памир уже более 200 лет находится в центре внимания сверхдержав. В 1895 году подписание договора между Россией и Англией и демаркация границы по реке Пяндж положили конец многолетнему конфликту между этими двумя странами на Памире. В то же время в статье подчеркивается, что в период восстановления Советской власти, в годы Великой Отечественной войны Памир был очагом конфликта интересов сверхдержав. Во время аналитической гражданской войны в Таджикистане на Памире действовали крупные и мелкие преступные группировки, занимавшиеся контрабандой наркотиков, оружия и драгоценных камней. Не раз эти группы скрывались за спинами простых людей и нарушали общественное положение региона для достижения своих гнусных целей. В дестабилизации ситуации в этом регионе отчетливо чувствовалась рука иностранных интересов. Однако государство и правительство республики отстояли безопасность, целостность страны и интересы простых людей и нейтрализовали эти группировки, что является реальным заказом для любой страны.

Ключевые слова: «Крыша мира» Россия, Ангилья, Германия, Памир, Китай, Пяндж, Ученые мужи, афганцы, Хорогский пограничный отряд, Дуглас Форсайд, Граница 1895 г. М. Ионов, Кивекес, Гульбегим, Н.М. Мухонов, И.Д. Ягелло, И.И. Зарубин, Фенин советская власть, преступные группировки

PAMIR IN THE POLITICAL INTERESTS OF SUPERPOWER STATES

The article examines the conflict and clash of interests of the superpowers countries - Russia, England, Germany, Soviet Russia and Afghanistan in Pamir. Considering that it is a special strategic region, Pamir has been in the center of attention of superpowers countries for more than 200 years. In 1895, the signing of the treaty between Russia and England and the demarcation along the Panj River ended the long-term conflict between these two countries in the Pamirs. At the same time, the article emphasizes that during the restoration of the Soviet Power, during the Great Patriotic War, Pamir was a hotbed of conflict between the interests of the superpowers countries. During the analytical civil war in Tajikistan, large and small criminal groups were active in the Pamir's, smuggling drugs, weapons, and precious stones. More than once, these groups hid behind the backs of ordinary people and disturbed the public situation of the region in order to achieve their nefarious goals. In destabilizing the situation in this region, the hand of foreign interests was clearly felt. However, the state and the government of the republic defended the security, integrity of the country and the interests of ordinary people and neutralized these groups, which is a real order for any country.

Keywords: «Roof of the world» Russia, Anguilla, Germany, Pamir, China, Panj, Pundits, Afghans, Khorog border detachment, Douglas Forside, Border 1895 G. M. Ionov, Kivekes, Gulbegim, N.M. Mukhonov, I.D. Jagiello, I.I. Zarubin, Fenin Soviet power, criminal groups

Маълумот дар бораи муаллиф:

Розицзода Абдулх;аким Шералй — доктори илм^ои таърих, профессор раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Цум^урии Тоцикистон».

Сведение об авторе:

Розикзода Абдулхаким Шерали — доктор истарисечких наук, профессор Государственное учреждение " Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан».

About the author:

Rozikzoda Abdulhakim Sherali — Doctor of Historical Sciences, Professor State Institution «Higher Attestation Commission under the President of the Republic of Tajikistan».

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.