ГУМАНИСТИЧЕСКАЯ НАПРАВЛЕННОСТЬ ФИЛОСОФСКОЙ АНТРОПОЛОГИИ НАСИРА ХУСРАВА
Назарамонов Ш.П.
В статье рассматриваются гуманистические идеи как содержание философской антропологии Насира Хусрава, которые исследуются автором с позиции общечеловеческих норм и ценностей, выработанных человечеством на протяжении всей исторической эпохи.
Ключевые слова: Насир Хусрав, гуманизм, исмаилизм, философия, антропология, человеческая природа, светский гуманизм, религиозный гуманизм.
HUMANISTIC DIRECTION OF PHILOSOPHIC ANTHROPOLOGY OF NASIR
KHUSRAW
Nazaramonov Sh.
Humanistic idea as a content of philosophic anthropology of Nasir Khusraw is reviewed in this article. This point is researched by the author from the point of view of general human standards and values made by humanity during whole historical epoch.
Key words: Nasir Khusraw, humanism, ismailism, philosophy, anthropology, human nature, secular humanism, religious humanism.
Сведения об авторе: Назарамонов Шахбоз - старший преподаватель кафедры философии Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни, тел.: (+992) 908 775777, е-mail: nshahboz@mail.ru, shahboz vd@gmail.com;
Information about the author: Nazaramonov Shahboz - senior teacher of Philosophy Chair, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, tel.: (+992) 908 775777, е-mail: nshahboz@mail.ru, shahboz vd@gmail.com;
ОМИЛ^ОИ СИЁСЙ ВА АМНИЯТИИ МУ^О^ИРАТ
Амонулло; Шуцой
Донишгоуи миллии Тоцикистон
Яке аз омили мухдме, ки метавонад сабаби мухочирпазирй ё мухочирфиристи шавад - ин омили сиёсй ва амниятист. Агар рохбарони чомеа ба тарифе амал намоянд, ки мардум эхсоси оромиш ва осоиш кунанд ва ба ояндаи худ ва фарзадонашон умедвор шаванд, на танхо худ ба сурати гурухй мухочират наменамоянд, балки он чомеа дар ин хусус дорои чозибае мешавад, ки метавонад дигар мардумеро, ки аз чихати сиёсй дар тангно карор доранд, ба он суй харакат диханд. Вале чунончи рафтор ва кирдори рохбарон ба гунае бошад, ки мардум на танхо эхсоси оромиш ва осоиш накунанд, балки тахти фишорхои зиёд карор гиранд, сайъ мекунанд аз он чомеа дурй гузинанд. Дуруст аст, ки дар холи хозир худуди 3% аз мардуми чахон мухочиранд ва дар кишвари худ зиндагй намекунанд, вале ин ба он маъно нест, ки хамаи онхое, ки бо вазъияти номатлуб дар кишваршон мондаанд аз вазъияти худ розиянд. Барои хдмаи мардум на имкони мухочират аст ва на имкони низоъ ва даргирй бо давлат. Зеро хостахо ва орзухои афрод хатто дар як хонавода мумкин аст бисёр бо хам тафовут дошта бошад ва ин тафовути назархо ва дилбастагй ба ватан, хешовандон, нотавонихои молй, мушкилоти максад ва мавридхои дигар аз ин кабил ва низ умед ба оянда, сабаби мондагории аксари ин афрод аст.
Дар кишвархои ру ба инкишоф ба хусус кишвархое, ки ба далелхои гуногун нигарони амнияти худ хастанд, барои назорати бештар бар рафтори мардум, ба
pавишхои гуногун аз кyдpат гиpифтани бахши хусусй, ки маъмyлан бо намуди истиклоли молй аз давлат идомаи ^p медиханд пешгиpй мекунанд то pафтоp ва амалакаpди онхоpо даp аpcахои дохилй ва хоpичй битавонанд аз чихати амниятй ва сиёсй ба хубй назоpат намоянд. Ин назоpатхо ва хассосиятхо даp кишваpхои py ба инкишоф, ки иктисоди як махсуле (масалан нафт) доpанд бо шиддати бештаpе идома доpад. Бинобаp ин гуна pафтоpхо ва эчоди мушкилот даp мукобили хости маpдyме, ки доpои дониш, x,yrnp ва ё cаpмояе хастанд, сабаби pанчиши хотиpи онхо шуда ва намуди ошуфтагии ичтимой ба вучуд меоваpад, ки гypyхе омодаи мyхочиpат, гypyхе ходиcаофаpин ва гypyхи дигаp ба нофаpмонии маданй хамpох бо сукути фаъол pyй меоваpанд.
Дypycт аст, ки хокимони кишваpхои py ба инкишоф худ хуб медонанд, ки таквияти бахши хусусй ба коpомадтаp шудани иктисод, тавлиди бештаp ва кайфияти болотаp меанчомад, вале инpо хам медонанд, ки натичаи он пешpафт, эчод намуди pyхияи озодй ва истиклол аз бахши давлатй аст. Рухияи озодагй баpои хокимон ва кyдpатхои вобаста эчоди даpдиcаpхои сиёсй менамояд ва чомеаpо баpои онхо, ки машpyияти маpдyмй надоpанд, бесубот ва ноамн мекунад.
Амнияти ичтимой ва суботи сиёсй метавонад мояи мондагоpй шуда ва аз pаванди мyхочиpат бикохад.
Ноамнй ва бесуботй бо хаp унвоне ва ба хусус агаp ба cypати чанг ва кyштоp ва ба шакли cахтафзоpй бошад, сабаб мешавад таодули чомеахо ба хам баpхypад ва хаp кас даp фикpи хифзи чон ва моли худ буда ва аз махалли чанг бигypезад. Даpгиpихо ва низоъхо агаp бо баpномаи динй, мазхдбй ва ё ба тавpи куллй, чангхои идеологй бошад, мушкилоти биcёp зиёди он пас аз поёни чанг низ идома мегиpад.
Х,амон тавpе, ки пеш аз ин гуфта шуд, мyхочиpат аз замонхои дyp то кунун вучуд дошта ва имpyз низ бо шиддати бештаpе ва бо далелхои хоси замони худ даp холи анчом аст. Вале мумкин аст даp баъзе вактхо, он хам даp вазъияти истисной монанди шypyъ ва идомаи чангхои чахонй ва эчоди намуди вахшати умумй, ки хеч нуктаи амне даp чахон вучуд надошта бошад, pаванди мyхочиpат ба cypати муваккат, мутаваккиф шавад.
Даp полати чанг, касоне ки тасмими бyзypги чангpо мегиpанд, хамон касоне нестанд, ки даp майдони набаpд мечанганд. Х,амчунон ки даp чангхои чахонй гох чудо каpдани майдони набаpд ва чабхаи дохилй аз якдигаp мyяccаp нест1.
Ва хамин матлаб сабаб мешавад, ки хамаи маpдyм даp интизоpи ояндаи pавшантаp ва баpои тасмими бехтаp каме мутаваккиф шаванд.
Рафтоpи инсофона ва pиояти адолати ичтимой аз таpафи хокимон ва низ идоpаи мамлакат баp асоси хост ва талаботи маpдyм метавонад аз биcёpи мyx,очиpатx,о пешгиpй кунад.
Давлатмаpдон мебояд ба унвони намуна аз худ савол кунанд, ки масъалахое, ки даp хавзаи омузиш ва паpваpиш, сиёсати хоpичй ё амpхои ичтисодй ё мушкилоти чавонон матpах аст, дакикан чи хастанд?
Равшан аст, ки даp ин маpхила ва хатто пеш аз он ки талош баpои ёфтани pохи хал баpои масъалахои огозшуда бошад, мумкин аст миёни давлатмаpдон баp cаpи инки масъалахои асосии гypyххо чи чиз хастанд ва cypати дакики ^p кадом чист, ихтилофи назаp вучуд дошта бошад. Ба ин эътибоp, давлатмаpдон ва асхоби сиёсат мебояд пеш аз ^p намуди икдом даp чихати пешниходи pохи халхои муносиб, нихоят сайи хyдpо чихати pавшан сохтани масъалахо ба хаpч диханд.
Мyшоpикати маpдyм даp cаpнавишти худ, ки шаpти асосй даp тавсия ва пешpафт мебошад, танхо даp чомеахои озод имконпазиp аст. Зеpо даp cypати вучуди озодй аст, ки ^p кас метавонад кабл ва баъд аз баён озод бошад ва хдмин набудани нигаpонй ва набудани таpc аст, ки афpодpо чаcyp ва тавонманд боp меоваpад ва бидуни вахшат аз мушкилоти сиёсй метавонанд 6игуянд ва 6ишундвднд ва даp cаpнавишти худ мyшоpикати фаъол дошта бошанд, хаp кадаp давлатхо машpyияти сиёсии бештаpе дошта
1 Ч,имз Дyyти-Робеpт Фолтcгpоф, сах.421.
бошанд, доманаи ин озодй бештар ва нигаронии хокимон камтар аст ва ба хамин сабаб асоси икдомоташон раъй ва назари мардум аст.
Дар кишвархое, ки аз неъмати озодй бархурдоранд ва мардум ичозаи гуфтан ва хостанд доранд ва чомеа бар асоси раъй ва назари онхо идора мешавад, давлатмардон ба хубй метавонанд бидонанд, ки мардум чи мехоханд. Дар натича агар бар асоси раъй ва назари мардум барномарезй ва икдом намоянд, на танхо ризояти умумй чалб хохад шуд, балки аз харакати тахаввулот низ акаб нахоханд монд ва дар хадди имконоти моддй ва маънавии кишвар, метавонанд рохи рушд ва тавсияро бипаймоянд ва аз мушоракати хамаи мардуми кишвар мутмаин шаванд.
Чдвхари андешаи ризоят ин аст, ки хеч кас мачбур нест, ки аз кудрати сиёсй химоят ё итоат кунад, магар он ки у шахсан ба амрияти он ризоят дода бошад (1979:57, Simmons) бинобар ин хар гуна итоат ва кавле нисбат ба кудрати сиёсй бар асоси хост ва иродаи озод аст2.
Дар бештари кишвархои ру ба инкишоф тафсире, ки дар амал аз амният мешавад бо таъбир ва тафсире, ки дар чахони пешрафта аз он мешавад, тафовути аслй дорад. Зеро дар чахони пешрафта ва мухочирпазир, амниятро дар пулис намебинанд, балки онро дар эхсоси оромиш ва ризоияти мардум чустучу мекунанд. Ин таъбир аз амният ва суботи сиёсй, ки мардуми чомеа истехсолкунандаи онанд, то он таъбир ва тафсире, ки пулис истехсолкунандаи он аст, заминасози намуди робитаи мардум ва давлат дар ин ду чахони пешрафта ва ру ба инкишоф аст. Дар кишвархои пешрафта хузури пулис факат дар замони ошуб ва ноамнй аст, вале дар вазъияти субот ва амният, он кадар хузури пулис камранг аст, ки гуё дар он мамлакатхо пулисе нест, аммо дар кишвархои ру ба инкишоф бо таваччух ба фарханги истибдодй ва намуди нигохе, ки аксарияти мардумро харобкор, ноахл ва ошубгар медонанд ва бояд нигахбони он мардум буд, то ошуб накунанд, хузури пулис бисёр равшан аст. Пас ба баёни дигар метавон гуфт, ки хузури пулис дар чахони аввал барои кумак ва рохнамоии мардум ва дар кишвархои ру ба инкишоф барои назорати мардум аст. Изофа бар он дар иртибот бо сиёсат низ дидгоххо ва бардоштхо бисёр мутафовут аст. Зеро хадди акал дар зохир рафтори кишвархои пешрафта, ба гунае аст, ки метавон истинбот кард суботи сиёсиро дар макбулият ва машруияти худ медонад ва дар кишвархои ру ба инкишоф ба тавони кудрати марказй. Яъне яке онро дар пазириши мардум ва дигаре дар кабзаи шамшер мебинад. Ин ду намуди нигох, ду намуди бардошти куллиро дар афкори умумии ду миллат ба вучуд меоварад, ки дар яке давлат ва миллат ба сурати мадоро бо хам зиндагй мекунанд ва дар дигаре байни миллат ва давлат душманй хоким аст ва хамдигарро кабул надоранд. Ба хамин далел аст, ки мушкилоти умумй ва хусусй дар кишвархои ру ба инкишоф хар руз бадтар мешавад, вале дар чахони пешрафта кобили хал аст. Дар чомеае, ки мардум дар сарнавишти худ мушоракат дошта бошанд, мушкилот бисёр камтар аст ва агар хам мушкиле рух дихад, аксарияти мардум барои халли он бо давлат хамкорй менамоянд, вале агар дар сарнавишти худ мушоракат надошта бошанд хангоми эчоди мушкил танхо тамошобинанд, магар ин ки зарари шахсй мутаваччехи онхо бошад.
Он даста аз кишвархое, ки бо эчоди махдудиятхое барои мардум, онхоро водор ба мухочират менамоянд, гофил аз онанд, ки танхо касоне мухочират менамоянд, ки дорои огохихои илмй ва фаннй ва ё дорои сармояхое хастанд, ки хамон кишвар мухточи он аст ва бо хорич шудани онон аз кишвар дар хакикат ба монанди берун кашидани магз аз устухон аст, ки ба пукй меанчомад ва шикасти он катъй аст.
Рохбароне, ки пойгохи мардумй надоранд ва барои ислохи рафтори худ низ икдоме намекунанд, саранчомашон сукуту бадномист, хамчунон ки барои шохи Эрон ин масъала ба вучуд омад. Шохи Эрон муътакид ба назари мардум набуд ва баъзан онхоро гусфанд меномид, вале хамон афрод уро сарнагун карданд.
2 Винсент, Ондру, Назарияхои давлат, тарчумаи доктор Хусайни Баширия, нашри Ней, чопи аввал, Техрон, 1371 (1992), сах. 168.
Изофа баp хамаи ин масъалахо таблиготи беш аз хадди кишваpxои Fаpбй ва низ агентихои мyxочиpатй баpои чалби мутахассисони кишваpxои py ба инкишоф сабаби афзоиши мyxочиpатxо аз кишваpxои py ба инкишоф шудааст. Ин таблиFOт ва имтиёзоте, ки даp паи он ба ин афpод дода мешавад, метавонад ба гунае мукаддимаи як чанги наpм ба хисоб pавад. Ин чанги наpм собикаи тулонй дошта ва даp биcёp мавpидxо ба сукут низ pаcидааcт. Зеpо сукут аз таpики чанги наpм ба маpотиб камхаpчтаp ва камхатаpтаp аз чангхои маъмул ва сахт аст. Давлати Амpико даp солхои 70-уми аcpи 20 баpои мукобила бо хатаpи Шypавй "кумитаи хатаpи чоpи"-pо таъсис каpд. Кумитаи хатаpи чоpй баpои мукобила бо Шypавии собик таpxи сукути наpм ва фypyпоши аз дохи^о пешниход доданд.
Чдхони оpмонй чахоне нест, ки даp он xаp касе муваффак шавад баpои худаш эчоди амният кунад, балки чахони оpмоне чахоне аст, ки даp он даp pобита бо амният хеч бахсу гyфтyгyе нашавад3.
Амният метавонад яке аз масъалахои биcёp мухим даp амpи мyxочиpат бошад. Амнияти сиёсй, амнияти иктисодй, амнияти cаpмоягyзоpй ва ... яке аз нигаpониxои мухими ин аcp аст. Маъмулан cаpмояxои моддй ва маънавй ба самте xаpакат мекунад, ки аз амнияти бештаpе баpхypдоp бошад. Ин ки pавшанфикpон ва cоxибназаpон, cаpмоядоpон, ки ба кишваpxои пешpафта меpаванд, сабабаш хамин эхсос аст, ки он чо чомеаи амн баpои онхост, яъне тавонистаанд бо таблотот ва cаpмоягyзоpиxои зиёд ва истифода аз мyшовиpини кавй эътимодсозй кунанд. Даp натича вазъияти сиёсй ва ичтимой xаp гох кобили эътимод бошад ва мутобики pизои маpдyм бошад сабаби мондагоpии маpдyм даp кишваpи худашон ва хамчунин мyxочиpпазиpй мешавад, вале агаp ин тавp набошад сабаб мешавад маpдyм ноpизо шаванд ва мyxочиpат намоянд.
Яке аз pоxxои эчоди амният ичpои дypycти конунхо ва мyкаppаpот, махсусан cаpконyн аст. Агаp саконуни кишваpxо ба дypycти ва ба таpви чомеъ ва комил ичpо шавад ва бо эчоди мухити амн ва камхатаpй маpдyмpо даp ин pобита ва аз чигунагии ичpо шудани cаpконyн огох намоянд, даp хакикат эътимоди маpдyм нисбат ба хокимон бештаp мешавад ва камтаp мушкил пеш меояд. Даp кишваpxое, ки cаpконyн ба дypycти ичpо мешавад мyxочиpати доимй биcёp кам пеш меояд ва чои нигаpонй нест ва агаp pавшанфикpон, мутахассисон ва донишчуён мyxочиpат кунанд пас аз муддате ба кишваp боз мегаpданд ва ба пешpафти кишваp кумдк мекунанд. Агаp саконун ва дигаp конунхо ва мyкаppаpот ба дypycти ичpо нашаванд, мумкин аст инкилобхое pyх дихад ва амнияти мамлакат бо хатаp py ба py шавад ва ё ба фypyпошии хукуматхо бианчомад. Х,амчунин аст, агаp cаpконyн хилофи хости маpдyм ва назаpи маpдyм бошад, боз эчоди ноамнй мекунад, яъне бояд cаpконyн баp асоси назаpи маpдyм навишта шавад.
Аpаcтy даp китоби "Сиёсат" мегyяд: "Беxтаpин намуди хукумат хукуматест, ки тахти он xаp фаpд битавонад ба беxтаpин pавиш фаъолият намояд ва ба хушй зиндагй кунад". Аз назаpи Аpаcтy танхо ин афpод ба даpачоти олй меpаcанд, яъне вакте маpдyм битавананд ба олитаpин даpача аз аpзишxояшон дифоъ намоянд ва зиндагии матлубе дошта бошанд.
Даp бештаpи кишваpxои py ба инкишоф, ки хукуматхо такякунанда ба назаpоти маpдyм нестанд ва ё доpои машpyияти сиёсй намебошанд пойгохи сиёсй ва ичтимоии онхо биcёp лаpзон аст. Даp ин гуна мавpидxо, олигаpхии кyдpат ва ошики мансаб, ба чои таваччух ба маpдyм ва мушкилоти онхо, танхо мутаваччехи хифзи кyдpат мебошанд. Даp акcаpи ин кишваpxо даpомади маpдyм биcёp поин аст ва аз чихати мyшоpакати сиёсй даp хадди акал каpоp доpанд ва ба маpдyми огох ба монанди душмани хукумат нигох мекунанд. Ба тавpи хулоса метавон гуфт, мух,итх,ои ноамн боиси мyx,очиpат, ба вижа мyx,очиpати pавшанфикpон мешавад ва натичааш акибмондагии бештаpи кишваpи мабдаъ мешавад, баpъакcи он низ содик аст, яъне инки эх,соси амнияту оpомиш ба суботи
3 Тиндеp, Гулден, Тафаккypи сиёси, таpчyмаи Махмуди Садpи, шиpкати интишоpоти илми ва фаpxанги, чопи аввал, Теxpон, 1374 (1995), сах. 17B.
сиёсй ва амниятй ва низ ба мондагории мардум ва равшанфикрон кумаки фаровоне мекунад.
Адабиёт:
1. Винсент, Ондру, Назарияхои давлат, тарчумаи доктор Хусайни Баширия, нашри Най, чопи аввал, Техрон, 1371 (1992).
2. Ли, Орт, Як назарияи мухочират, тарчумаи Бежани Зореъ ва Абдулалии Лахасоизода, Шероз, интишороти Навид, 1368, сах.70.
3. Муаззинй, Хамид, Таърихи аккосииБушехр, Техрон, Достонсаро, 1390 (2011).
4. Мургинто, Хонсчй. Сиёсати байни миллатхо, тарчумаи Хумайро Муширзода, Техрон, Дафтари мутолиоти сиёсй ва байналмилалии вазорати умури хорича, 1374 (!995).
5. МухаммадииАла-Мавтй, Масъуд, Чдхонишудан ва мухочирати нухбагон, баррасии тачрибаи Эрон, фаслномаи илмй пажухишии рафохи ичтимой, соли чахорум, шумораи 15.
6. Мухаммадов, Абдурахмон, Сиёсатшиносй, Душанбе, 2005.
7. Наврузи Хиёбон, Махдй, Фарханги лугот ва истилохоти сиёсии англисй форсй. Чопи панчум, 1388.
8. Обозарй, Юсуфалй ва Фарходпур, Мурод. Нишонашиносии ёздахуми сентябр, Техрон, Тархи нав, 1383 (2004).
9. Паломнотаз, Ч,он, Фалсафаи ичтимой ва сиёсии Хегел, тарчумаи Хусайн Баширия, Техрон, нашри Най, 1367 (1989).
ПОЛИТИЧЕСКИЕ ФАКТОРЫ, ВЛИЯЮЩИЕ НА БЕЗОПАСНОСТЬ МИГРАЦИИ
Амонуллох Шуджои
Данная статья посвящена проблеме политических факторов, влияющих на безопасность миграции. Автор постарался выявить основные причины их проявления, с точки зрения политики и безопасности. Также проанализированы и раскрыты причины возникновения угроз, пути их предотвращения и политическая обстановка в те периоды времени, которые рассматривает автор. Особое внимание уделено проблеме роста населения в развивающихся странах и их миграционным вопросам.
Ключевые слова: миграция, мигрант, политические факторы, факторы безопасности, миграционный поток, угроза, политика, безопасность.
POLITICAL FACTORS INFLUENCINNG ON MIGRATION'S SAFETY
Amanollah Shojaei
This article is dedicated to the political factors influencing on migration's safety problems. The author has tried to reveal principal causes of their occurrence from the point of view of policy and safety. The reasons of occurrence of threats, ways of their prevention and political conditions during those periods of time were analysed and revealed in the article as well. The author paid special attention to the problems regarding the of growth of population and their migration in developed countries too.
Key words: migration, migrant, political factors, safety factors, migration flow, threat, policy, safety.
Сведения об авторе: Амонуллох Шуджои - аспирант кафедры политических процессов Таджикского национального университета; тел.:
Information about the author: Postgraduate of the Chair of Political Processes, Tajik National University, tel: (+992) 93 350729