Научная статья на тему 'THE PROCESS OF MODERNIZATION AND ITS FEATURES'

THE PROCESS OF MODERNIZATION AND ITS FEATURES Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
81
258
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПОЛИТИЧЕСКАЯ МОДЕРНИЗАЦИЯ / ВОЛНЫ ДЕМОКРАТИИ / ПЕРЕЛОМНЫЕ МОМЕНТЫ / КРИЗИСЫ МОДЕРНИЗАЦИИ / ПЕРЕХОДНЫЙ ПЕРИОД

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Муродова Нигина Сулаймоновна

В статье рассматриваются особенности модернизационного периода на примере переходного транзита. Анализируются этапы формирования переходного общества и раскрывается многоаспектность ее функционирования. Должное внимание уделяется проблемам и кризисным ситуациям в процессе модернизации общества. Исследуются проблемы становления нового политического порядка в переходный период.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПРОЦЕСС МОДЕРНИЗАЦИИ И ЕГО ОСОБЕННОСТИ

The article deals with features of modernization on the example of the transition period of transit. Analyzes the stages of formation of a transitional society and reveals multiple aspects of its functioning. Due attention is paid to the problems and crisis situations in the process of modernization of society. The problems of formation of a new political order in the transition period.

Текст научной работы на тему «THE PROCESS OF MODERNIZATION AND ITS FEATURES»

THE PROBLEM OF FREEDOM OF CHOICE IN THE "SHAHNAMEH"

ABULQASIM FIRDAVSI

In this article considers the problem of freedom of choice heroes "Shahnameh". The author notes that Firdavsi raises to unprecedented heights the importance of issues such as the problem of justice and loyalty, responsibility of the person in front of family and society, freedom, love, honor, courage and duty. Firdavsi as well as most of the medieval thinkers East responsible for the existence of evil in the world imposes on man, since he could not get away from radical fundamental principles of theological orthodoxy. However, in his works we see that the strength and dignity of the individual is determined by the fact that good and evil are made by man because of his free choice.

Keywords: freedom, choice, fairness, character, tradition, dignity, loyalty.

Сведения об авторе: Атоев Атоулло Мухторович, кандидат философских наук, доцент, заведующий кафедрой философии Худжандского государственного университета имени ак. Б. Гафурова, е-mail: otella64@mail.ru

About of author: Atoyev Atovulloev Muhtorovich, PhD, associate professor, head of the Department of Philosophy of Khujand State University named after academician B. Ghafurov

РАВАНДИ МОДЕРНИЗАТСИОНИ ВА ХУСУСИЯТ^ОИ ОН

Муродова Н. С.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Масъали мухими инкишофи низоми сиёсй дар замони хозира бо масъалаи модернизатсия ё худ муосиркунонй (навсозй) алокаманд аст. Мафхуми мазкур дар адабиёти сиёсии Еарб, хамчун омили инъикоскунандаи рушди хаёти сиёсй, равандхои сиёсй ва муайянкунандаи дарачаи инкишофи чомеа истифода карда мешавад.

Мафхуми «модернизатсияи сиёсй» дар солхои 50- уми асри ХХ хдмчун илм оид ба инкишофи сиёсй ба вучуд омад ва дар ин асос таълимоти сиёсй бо чунин ном пайдо гашт. Назарияи модернизатсияи сиёсй аввалан дар илми чомеашиносй хамчун «сотсиологияи инкишоф» ё «инкишофи ичтимой» кабул гаштааст. Асоси методологии он аз чониби олимони шинохта Ф. Теннис, М. Вебер ва Т. Парсонс маълум гашта, тадкик шуд. Дар ташаккули консепсияи модернизатсияи сиёсй асарх,ои Г. Алмонд ва Д. Пауэлл «Сиёсатшиносии мукоисавй. Муносибат аз мавкеи «консепсияи инкишоф» (1966), Д. Эптер «Сиёсати модернизатсия» (1965), Л.Пай «Ч,их,атх,ои инкишофи сиёсй. Тадкикоти тахлилй» (1966), С. Хантингтон «Низоми сиёсй дар чахони тагйирёбанда» (1968) ва г. таъсири амик гузоштаанд [1, c. 427].

Дар байни сиёсатшиносон оид ба масъала ва мафхуми «модернизатсияи сиёсй» фикрхои гуногун вучуд дорад. Кисме аз онхо мафхумхои «навсозии сиёсй» ё худ «модернизатсияи сиёсй» ва «инкишофи сиёсй»-ро хаммаъно медонанд, баъзе аз онхо ишора мекунанд, ки хар ду мафхум маънои гуногунро доранд. Яъне, ба кавли баъзе мухаккикон, модернизатсияи сиёсй - ин як давраи муайяни инкишофи сиёсии чомеа аст. Ин акида бештар дурустар буда модернизатсияро хамчун давраи муайяни инкишофи чомеа, вакте ки чомеаи анъанавй, яъне чомеаи мавчуда ба чомеаи замонавии пешкадам мубаддал мешавад, маълум месозад. Ва дар назари мо низ раванди модернизатсионй як мухлати муайяни инкишофи чомеаро дарбар гирифта дорои чунин хусусиятхо мебошад:

1.Ч,ой доштани чомеа дар «давраи гузариш», яъне гузаштан аз як низоми сиёсй ба низоми сиёсии дигар.

2. Чой доштани тагйиротхои куллй дар сохахои иктисодй, сиёсй, ичтимой ва фархангии чомеа.

3. Ворид намудан ва кабул кардани арзишхои нави сиёсй дар идоракунии давлат ва чонибдории онхо аз тарафи ахолй.

4. Бартараф намудани зиддиятх,ои раванди модернизатсионй ва баркарории муътадилии чомеа.

Хусусияти якуми раванди модернизатсионй бо мафхуми «давраи гузариш» алокаманд аст, зеро дар натичаи гузаштан ба системаи нави сиёсй заминахои ичтимой, иктисодй, сиёсию фархангй заруранд. Хосияти заминахои мазкур бо мавчуд будани чунин нишонахо маълум мешавад: ногузир будани идоракунии пешин,

ноyстyвоpгаpдии механизмхои давлатй, инкиpози инкишофи сохахои хаёти чамъият, аз байн pафтани мавкеъ ва таъсиpи аpзишхои мавчуда ва Fайpа.

Аз ин py чомеа даp чустучуи pохи нави инкишоф мебошад. Даp навбати худ таъсиpи чунин шаpоити ногyвоp ба сохахои хаёти чомеа низ назаppас аст, зеpо даp полати ба нокомихо дyчоp гаpдидани низоми идоpакyнй хам маpдyм ва хам давлат аз он осеб дидаанд.

Паст гаpдидани даpачаи зиндагй, фаpханги сиёсй ва хукукй такозо мекунад, ки шахсони алохида гypyx,хои ичтимой, муассисаву ташкилотхо ва хизбхо pохи халли ин масъалаи саpбастаpо чуянд. Даp сypати мавчуд будани чунин камбудихо даp хаёти чомеа аpзишхое, ки солхои сол аз таpафи ахолй хамчун идеали давлатдоpй паpастиш мешуданд, аз байн меpаванд. Яъне, ибоpахои «пypиктидоpии низоми сиёсй», «давлати бyзypг» ва «хаёти аpзанда» маънои аслии хyдpо даp чунин шаpоит гум мекунанд. Даp мавpиди нокомихо, ахолй кушиш мекунад, ки даp маънавиёти шахpвандии худ ягон афкоpи умумй -тачассумкунандаи аpзишхои хаёти оянда ва мyттахидкyнандаpо ба миён оpад, то ки баъди паси cаp каpдани нокомихои сиёсй он далели бypдбоpихо гашта, зиндагии онх,о маънои хyдpо пайдо кунад. Даp чунин мавpид чомеа аз сохти мавчудаи сиёсии худ даст кашида, ба дигаpгyнсозиx,ои муфид py меоpад.

Даp илми сиёсатшиносй чунин мавpидхоpо хамчун гyзаpиш аз низоми аънанавии мавчуда ба низоми замонавй ё худ аз pечаи автоpитаpй ба pечаи демокpатй медонанд. Ё бо забони илмй агаp хаpф занем, онpо pаванди модеpнизатсионй гуфтан мумкин аст. Раванди модеpнизатсионй на танхо сиёсат, балки тамоми сохахои хаёти чомеаpо даp баp мегиpад. Аммо кайд намудан заpyp аст, ки даp давpаи гyзаpиш даp бештаpи мавpидхо накши сиёсат назаppас аст.

Дигаpгyнихои сиёсй даp давpахои таъpихан гуногун ба худ хусусиятхои хос доштанд. Гyзаpиш метавонад «аз боло» ба тавpи мачбypй ё ислохот ва «аз поён» даp шакли инкилоб ё табаддулот ба миён ояд. Раванди модеpниатсионй на даp хамаи кишаваpхои олам даp як муддати муайян мегyзаpад, зеpо хаp яки онхо ба худ хусусияти хоси инкишофи сиёсиpо доpост. Гyзаpиш ба системаи дигаpи сиёсй замони муайяни инкишофи чомеаpо такозо мекунад. Чй тавpе, ки кайд каpдем даp замони хозиpа pаванди модеpнизатсия бо pаванди демокpатикyнонй алокаманд аст. Пас даp айни хол pаванди модеpнизатсионй танхо ба давлатхое дахл доpад, ки даp шаpоити имpyза аз низоми вучуд доштаи худ, яъне автоpитаpизм даст кашида ба суи демокpатия чун аpзиши олии давлатдоpй кадам мегyзоpанд.

Ба хамин таpик, агаp мафхумхои pаванди демокpатикyнонй, pаванди модеpнизатсионй ва давpаи гyзаpиш даp алохидагй маънои аслии хyдpо дошта бошанд, даp якчоягй онхо бештаp ба мафхуми ташкили низоми нави сиёсй (демопата) pост меоянд. Даp илми имpyзаи сиёсй мафхуми pаванди модеpнизатсионй бештаpи мавpид мафхуми pаванди демокpатиякyнонии чомеаpо ифода мекунад. Зеpо эхтиёчоти хозиpаи давлатхо баpои бунёди демокpатия нисбати солхои пешин хеле зиёд аст. Ин бесабаб нест. Зеpо демо^атия чун pежими сиёсй мавкеи хyдpо даp мухдё намудани манфиатх,ои умумй ва таъмини талаботх,ои ах,олй сох,иб гаpдида, чун заминаи pyшди босуботи давлатдоpй эътиpоф гаpдидааст. Ташаккули демокpатия, ки аз ибтидои асpи XlX даp ИМА ва баъзе кишваpхои Евpопа OFOЗ гаpдида бо тавлидёбии фашизм таназзул ёфтааст, чун мавчи ибтидоии фоpогиpии он шинохта мешавад. Мавчи дуюми демокpиатикyнонии кишваpхои олам аз Fалаба баp фашизм OFOЗ ёфта то солхои 60 -уми асpи ХХ тул кашидааст. Аммо тахдиди pечаи автоpитаpй даp баъзе кишваpхо pафти инкишофи демокpатияpо даp солхои 70 - ум асpи ХХ боздошт.

Ва мавчи сеюми демокpатикyнонй (яъне, замони мyосиp) аз пош хypдани низоми чахонии сотсиализм OFOз ёфта то айни хол давом ёфта истодааст. Давлатхои собик низоми сотсиалистй кушиш мекаpданд, ки низоми нави сиёсиpо, ки бехтаp ва пешкадамтаp аст, кабул кунанд. Ин давpаи демокpатикyнонй кишваpхои зиёди Евpопа ва Осиёpо фаpо гиpифт. Масалан, соли 1974, 39 давлати чахон саpваpони сиёсии хyдpо озодона ва мустакиман интихоб каpда бошанд, имpyз шyмоpаи онхо ба 117 pасидааст [4, c. 189-196]. Ба ин таpз инкишоф ёфтани демокpатияpо мухаккики шинохта С. Хантингтон «инкилоби демокpатия» номидааст [3, c. 310-314].

Фаpогиpии демокpатия даp ин маpхала аз давpахои пешин бо он фаpк мекаpд, ки демокpатия хамчун аpзиши олии идоpакyнй ба тавpи умумй аз чониби хама кишваpхои «пешкадам» кабул каpда шудааст. ^айд каpдан заpyp аст, ки фаpогиpии мавчи сеюми демокpатикyнонии кишваpхои олам ин pаванди чахонишавии демокpатй мебошад.

Хусусияти ба таври дастачамъй кабул намудани арзишхои демократа аз чониби кишвархои олам шаходати он аст, ки инсоният дар тули таърихи инкишофи худ аз воситахои гуногуни идоракунй истифода намуда, дар охир ба демократия - хамчун чомеаи осоишта, баробар ва арзиши бехтарини сиёсй py овард.

Кишвархои мавчуда агарчи дар чодаи гуногуни инкишофи сиёсию иктисодй, ичтимой, фархангй, этникй ва таърихй чой дошта бошанд хам, максади аввалиндарачаи онхо «интихоби усули демократа» буд. Бо баробари мавчуд будани фаркиятхои таърихиву этникй, иктисодй ва фархангй хар як кишвар хусусияти ба худ хоси гузаришро ба низоми демократй интихоб карда, бах,ри амалишавии он кушиш намуд.

Хусусияти дуюми раванди модернизатсионй ин чой доштани таFЙиpотхои куллй дар хамаи сохахои хаёти чомеа (иктисодй, сиёсй, ичтимой ва фархангй) мебошад. Ин таFЙиpот ё аз чониби «боло» бо рохи кабули конуну гузаронидани ислохот чорй мешаванд ё аз чониби «поён» аз руи суръати кабули музаффариятхои нав, яъне то чй андоза мардум дигаргунихои сиёсиро тарафдорй мекунанд, ба миён меояд. Mасалан, кабули сарконуни нав, ташкили идораи давлат, муайян намудани самтхои фаъолияти давлатй ва Fайpа. Аз чониби ахолй бошад, хусусияти раванди модернизатсионй дар иштироки оммавии он дар равандхои сиёсй, ташкили иттиходияхои сиёсй ва чамъиятй ва кабули «фаврии» арзишхои демократй тачассум меёбад.

Хусусияти сеюми раванди модернизатсионй ворид намудан ва кабул кардани арзишхои нави сиёсй дар идоракунии давлат ва чонибдории онхо аз тарафи ахолй мебошад. Ин раванд бештар хусусияти мачбуриро дорад, зеро дар чомеае, ки демократия дар заминаи муносибатхои авторитарй сохта мешавад, баркароршавии муносибатхои демократй ба таври расмй рух дода, маънои аслии худро дар байни мардум касб намекунад. Бинобар ин, омма ба муносибатхои нави ба миёномада хунукназарона таваччух мекунад, баъзехо бошанд аз шароити мавчуда истифода намуда музаффариятхои онро барои бадастории хадафхои худ истифода мекунанд. Дар чунин маврид дар низоми идораи давлат низ дигаргунихое ба миён меоянд, ки бештар ба элитаи сиёсй таъсири худро мерасонанд. Табакаи кухнаи идоракунанда метавонад муваффакиятхои системаи навро кабул накарда, аз вазифа даст кашад. Дар чодаи сиёсй шахсоне пайдо мешаванд, ки бештар манфиатхои шахсии худро боло мегузоранд. Дар баъзе лахзахо шароите низ ба миён меояд, ки на хамаи элитаи пешин метавонад дар шароити ба амаломада рохбарй кунад. Бинобар ин, дар чунин мавридхо ба низоми идоракунии давлат шахсони лаёкатманд ва дорои акидахои либералй интихоб гардида, навоварихои бамиёномадаро чонибдорй менамоянд. Аз тарафи дигар, бунёди низоми нави сиёсй дар солхои аввали ташаккули худ метавонад ба нокомихо дучор шавад. Mахсyсан ин нокомихо дар раванди кабули конунхо, сохтори институтхои сиёсии чомеа назаррас аст. Дар ин сурат конунхо тез-тез иваз мешаванд ё таFЙиpотхои зиёд ба онхо ворид мегарданд, зеро шароити мавчуда дорои зиддиятхо ва таFЙиpпазиpй буда, хосиятхои аслии худро пайваста иваз мекунад.

Хусусияти чоруми раванди модернизатсионй аз рафти тулкашии масъалах,ои хдлталаб вобаста аст, ки бештар бо бартараф намудани зиддиятх,ои модернизатсия амалй мешавад. Зиддиятхои модернизатсия хамчун конуниятхои таFЙиpёбанда, сиёсй ва муътадили созиши чомеаи демократй мебошад. Ин зиддиятхо механизми инкишофи ичтимой мебошад ва дар ду асос маълум мешавад:

> Ч,оннокшавии (бехтар) муносибатхои чамъиятй, гузариш ба принсипхои фоиданоки идоракунй, инкишофи инфиродияти шахси максаднок, ташаккули институтхои демократй, ки ба принсипхои пешина, ба мисли коллективизм, анъана ва расму одатхо таъсир мерасонад, мохияти чомеаи гузарандаро ошкор месозад.

> Ин муносибати бозоргонй мебошад, ки фаъолияти он дар тамоми сохахо намоён гардида, накшхои ичтимоии нав ташаккул меёбад. Mанфиатхо ва талаботхои одамон ба он дарачае инкишоф меёбанд ва гуногун мегарданд, ки сохтори пешинаи давлатй ба он мутобик шуда наметавонад.

Дар вакти гузариши чомеаи анъанавй ба муосир х,олатх,ои мавчуда хамчун зиддиятхои модернизатисия кдбул мешаванд:

• Зиддияти хокимияти сиёсй ва к;онунй будани он. Крнунй будани хокимият маънои бо рох,и демократй таъсис ёфтани хокимият мебошад, пеш аз хама ба манфиати халк амал кунад. Зиддияти хокимиятдорй дар натичаи халли ду масъала аз байн меравад: 1) боварй ба хокимияти сиёсй; 2) сохтани механизмхои бартарафкунии бух,ронхои ичтимой.

• Зиддиятх,ои институтсионалй. Сохтори институтхои сиёсй ва мутобик;гардии онхо даp шаpоити нав, ки асоси ташкили идоpаи чамъият мебошад, ба амал меояд. Даp доиpаи номуташаккилй ва камтачpиба будани институтхои нави сиёсй мушкилихои зиёд эчод мешавад. Баpтаpафсозии камбудихои чойдошта аз фаъолияти окилона ва пypсамаpи институтхои сиёсй вобаста мебошад. Чунин холат танхо даp мавpиде ба миён меояд, ки институтхои навташкили сиёсй навоваpихоpо кабул намуда, ба^и таъминсозии манфиатхои гуногуни ахолй мутобик гаpданд. Масалан: кабули Конститутсия ва воpид намудани таFЙиpот ва иловато ба он, ташкили паpламент ва ташаккули низоми интихоботии таъсисёбии хокимияти сиёсй, низоми бисёpхизбй ва мухаё сохтани накши он даp pаванди сиёсй, ташаккули иттиходияхои чамъиятй ва таъмини манфиатхои табакдхои ахолй.

• Зиддият дар рафтор ва иштироки сиёсии одамон. Инкишофи сиёсии чомеа аз pафтоp ва фаъолияти сиёсии инфиpод, хизбхо ва гypyххои ичтимой вобаста аст. Манфиатхои ша^вандон, ки даp давpаи гyзаpиш аз назаp дyp гаштаанд, O^OpO водоp месозад, ки баpои амалигаpдии он мyбоpиза баpанд ва даp pаванди сиёсй фаъол бошанд. Баpои баpтаpаф намудани зиддиятхои мазкyp заpyp аст аз як таpаф, маданияти сиёсии одамон такмил ёбад, донишхои сиёсй мукаммал гаpдад ва чахонбинии сиёсй васеъ шавад. Аз таpафи дигаp манфиатхои гуногуни табакахои чомеа даp pафти кабуби каpоpхои сиёсй ба назаp гиpифта шавад. Х,ам чомеа ва хам давлат даp чоpчyбаи муайяни конунии таъмини муносибатхои хеш фаъолият намоянд. Зиддият даp pафтоp ва иштиpоки сиёсии одамон бо зиддияти мафкypавй ё идеологие, ки даp pаванди модеpнизатсионй баpхypдоp аст, алокаманд мебошад. Даp давpаи гyзаpиш айён гаштани манфиатхои гypyххои ичтимой ба мисли сохибкоpон, иктисодчиён, ташкилотхои чамъиятию этникй хело мухим аст. Зеpо ин манфиатхо метавонанд даp умумият ба сиёсат таъсиp pасонанд ва онpо дигаpгyн созад ё даp шакли гypyхи мухолифин баpомад кунад. Айён гаштани манфиатхои табакахои нав чомеаpо водоp месозад, ки даp он дигаpгyнихо дохил шаванд ва сиёсат ин дигаpгyнихоpо ба худ кабул кунад.

Бинобаp агаp аз як таpаф даp чомеаи гyзаpишй хусусиятхои pаванди модеpнизатсионй чой дошта бошанд, аз чониби дигаp масъалаи баpтаpафкyнии онхо ба миён меояд.

Чой доштани хусусиятхои мазкypи pаванди модеpнизатсиониpо даp инкишофи сиёсии Чyмхypии Точикистон низ мушохида каpда метавонем. Чyмхypии Точикистон даp pаванди чахонишавй даp мyбоpизаи кишваpхои олам бахpи демо^атия хамpох аст ва хусусиятхои хоси хyдpо доpад. Хусусиятхои мазкyp даp pаванди бунёди низоми нави сиёсй чунинанд:

1. Ба миён омадани низоъхои сиёсй, паст будани сатхи фаpханги сиёсии чомеа.

2. Чой доштани ходисахои номатлуб даp сохахои гуногуни хаёти чомеа.

3. Чой доштани мушкилот даp инкишофи хаёти иктисодии чомеа.

4. Ноyстyвоpии механизмхои давлатии навташкил ва мукаммал гаpдонидани онхо.

5. Паст pафтани сатхи ичтимой ва иктисодии кишваp.

Х,амин таpик, имpyз Чyмхypии Точикистон ба суи сохтоpи демокpатй кадамхои аввалин гузошта, меъёpхои идоpакyнии демокpатиpо даp санадхои меъёpивy хукукй тачассум менамояд. Лекин баpои бунёди демокpатияи пyppа (агаp бунёди чунин чомеа амалан мумкин бошад) заминахои муайяне заpyp аст. Чунин заминахо даp Чyмхypии Точикистон «аз боло», яъне аз чониби Дукумат чоpй каpда шуданд. Ин бесабаб набуд. Зеpо чyмхypй пас аз пош хypдани Иттиходи Шypавй pохи ташкили давлати демо^ативу хyкyкбyнёдpо вазифаи асосии худ дониста, баpои амалигаpдии он заминахоpо мухайё сохт. Бинобаp он, pавандхои демо^атй ба мисли хукуки интихоботй, хукук ба муттахидшавй ва кабули конунхои нав даp сохаи ташкили хаёти сиёсию ичтимоии кишваp аз чониби маpдyм ба тезй пазиpyфта шуданд. Аввалин интихоботи Пpезиденти кишваpи сохибистиклол, кабули конститутсия ва таъсиси паpлyмони касбй мисоли чунин дигаpгyнихои сиёсй мебошанд, ки хамачониба аз таpафи маpдyм дастгиpй ёфтанд.

Адабиёт:

1. Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносй / Г.Н.Зокиров. Модернизатсияи сиёсй. - Душанбе, 2010. 602 с.

2. Муродова Н.С. Политические процессы переходногопериода в Республике Таджикистан /

Н.С. Муродова. Душанбе, 2008. 166 с.

3. Хантингтон С. Третья волна. Демократизация в конце ХХ века. М., 2003.

4. Херд К. Дееспособное государство // Досье на цензуру. - 1997. - № 2. - С. 189-196.

ПРОЦЕСС МОДЕРНИЗАЦИИ И ЕГО ОСОБЕННОСТИ

В статье рассматриваются особенности модернизационного периода на примере переходного транзита. Анализируются этапы формирования переходного общества и раскрывается многоаспектность ее функционирования. Должное внимание уделяется проблемам и кризисным ситуациям в процессе модернизации общества. Исследуются проблемы становления нового политического порядка в переходный период.

Ключевые слова: политическая модернизация, волны демократии, переломные моменты, кризисы модернизации, переходный период.

THE PROCESS OF MODERNIZATION AND ITS FEATURES

The article deals with features of modernization on the example of the transition period of transit. Analyzes the stages of formation of a transitional society and reveals multiple aspects of its functioning. Due attention is paid to the problems and crisis situations in the process of modernization of society. The problems of formation of a new political order in the transition period.

Keywords: political modernization, waves of democracy, turning points, crises of modernization, the transitional period.

Сведения об авторе: Муродова Нигина Сулаймоновна, дотсент кафедры политологии Таджикского национального университета, e-mail: nigina.ns@yandex.ru

About the author: Murodova Nigina Sulaymonovna, docent at Department of Political Science, Tajik National University

ПРОБЛЕМЫ ФОРМИРОВАНИЯ ПОЛИТИЧЕСКОЙ КУЛЬТУРЫ В ПРОЦЕСС ПРЕПОДАВАНИЯ ПОЛИТОЛОГИИ В ВУЗАХ РЕСПУБЛИКИ

Муродов Т. Н.

Кулябский государственный университет имени А. Рудаки

Как известно, предмет «Политология» имеет непосредственную практическую значимость для разработки государственной политики. На основе политологических исследований вырабатываются критерии выделения политически значимых общественных проблем, обеспечивается необходимая информация, формируется социальная, национальная и оборонная политика правительства, предотвращаются и разрешаются социальные конфликты.

Существует точка зрения, согласно которой политика имеет не только объективное, но и субъективное, причем исторически обусловленное содержание и она появилась давно. Эта мысль прослеживается в учениях Конфуция, Платона и Аристотеля.

Политическая культура как социальное явление возникла раньше, чем оформилось само понятие, - с появлением государства, в ГУ-Ш тыс. до н. э. Она была предметом исследования Платона, Аристотеля, позже Н. Макиавелли, Ш. Л. Монтескье, А де Токвиля, К. Маркса, К Мангейма, Г Плеханова, О Богданова, Л Мартова и других мыслителей.

Первым толчком к изучению политической культуры в середине прошлого века стали дискуссии относительно причин гибели Веймарской республики и победы национал-социализма. В рамках существовавших тогда научных методов объяснить "неожиданный" ход истории - победу Гитлера было невозможно. Почему в стране, которая внесла весомый вклад в европейскую культуру, имеет один из самых высоких уровней образования, победили ценности ненависти и абсолютного повиновения?

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.