Научная статья на тему 'POETICAL RELATION OF SHAHNIMATOLLAH WALI AND HAFEZ SHIRAZI'

POETICAL RELATION OF SHAHNIMATOLLAH WALI AND HAFEZ SHIRAZI Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
26
32
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ШАХ НИМАТУЛЛАХА ВАЛИ / ХАФИЗ ШИРАЗИ / КЛАССИЧЕСКАЯ ЛИТЕРАТУРА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Мадимарова Гулхаё Мадимаровна

Данная статья посвящена поэтические отношения двух современники, Шах Ниматулла Вали и Хафиз Ширази. Автор статьи, основном, говорить об аналогичный взгляды и противоположные взгляды этих поэты. Шах Ниматулла Вали известный как софийский поэт и Хафиз Ширази тоже, как поющей газели имеют значительное место в персидско-таджикской литература.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПОЭТИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ ШАХ НИМАТУЛЛА ВАЛИ И ХАФИЗА ШИРАЗИ

This article is devoted to the poetical relation of Shahnimatollah Wali and Hafez Sherazi. Author of this article, in principal conceded about the opposite viewpoint and resemble viewpoint of this contemporary poems. Shahnimatollah Wali is well-known as a Sufi poet. Hafez Shiraz, also famous as a lyric poet and has important place in tajik-persian literature.

Текст научной работы на тему «POETICAL RELATION OF SHAHNIMATOLLAH WALI AND HAFEZ SHIRAZI»

РОБИТАИ АДАБИИ ШО^ НЕЪМАТУЛЛОДИ ВАЛИ ВА ДОФИЗИ ШЕРОЗИ

Мадимарова Г. М.

Донишкадаи давлатии забонуои Тоцикистон ба номи С. Улугзода

Неъматyллоxи Валии Моxонии Киpмонй шоиp, оpиф ва нависандаи асpxои XIV-XV мебошад. Ин шоиp ва оpифи машxyp соли 1331 даp Далаб ба дунё омада, соли 1431 даp Киpмони Эpон вафот каpдааст.Шоxнеъматyллоxи Валй муассиси фиpкаи шоxнеъматyллоxия буда, фиpкаи мазкyp то xол xам даp баъзе аз кишваpxои Осиёи Миёна шyxpаташpо аз даст надодааст.

Шоиp аз нигоxи таъpих хамасpи шоиpи Fазалсаpо, Хоча Дофизи Шеpозй мебошад. Шyxpати Дофизи Шеpозй низ чун як шоиpи оpифмаслак, ки даp асpи XIV yмp ба саp бypдааст, баp касе пушида нест.Максад аз навиштани маколаи мазкyp то андозае муайян намудани муносибати ин ду шоиpи мyваxxидy оpиф мебошад.

Шоxнеъматyллоx пас аз сафаpxои зиёде ба кишваpxои Фоpсy Исфаxон даp Шеpоз xам муддате зиндагй каpда будааст ва ryë даp он xангом бо Дофизи Шеpозй низ мулокоте доштааст. Даp мавpиди вохypии Шоxнеъматyллоx бо Дофизи Шеpозй байни мyxаккикон акидаxои мухталиф мавчуд аст. Даp боpаи сафаpи Шоxнеъматyллоx ба Ш^оз даp китоби «Савоних-ул-айём» иттилоъ дода шудаст. Мyxаккикон Косими Fанй ва Дусайни Пазмон даp мукаддимаи девони Дофизи Шеpозй аз вохypии Шоxнеъматyллоx ва Дофиз даp Ш^оз тахмине каpдаанд. Ризокулхони Дидоят низ даp "Риёз-yл-оpифин" ба ин матлаб ишоpае каpдааст. Аз он чумла менависад: «...чаноби Саид (Шоxнеъматyллоx) вакте ба Шеpоз омаданд, Сайид Абдулвафо ва Сайид Маxмyд машxyp ба Дой ва Дофизи Шеpозй... ва аллома Ш^ифи Ч^чонй шаpафи хидмати ypо даpёфтанд» [4, с. 242].

Вале мyxаккикони мyосиp, ба монанди Дамид Фаpзом, Абдyлxамид Оятй ва дигаpон акидаxои ин се мyxаккикpо, ки аз вохypии Шоxнеъматyллоxи Валй ва Дофиз даpак додаанд, инкоp менамоянд. Зеpо Дамид Фаpзом яке аз мyxаккиконе аст, ки даp боpаи Шоxнеъматyллоx ва эчодиёти y маълумоти зиёдеpо чамъоваpй каpдааст. Ба гyфтаxои ин мyxаккики pyзгоp ва осоpи Шоxнеъматyллоxи Валй ва баъзе саpчашмаxои дигаp сафаpи Шоxнеъматyллоx ба Ш^оз даp соли 1411, ки OFOЗи xyкyмати Миpзо Искандаp даp Фоpс ва Исфаxон буд, ба вук^ъ пайвастааст. Чун мо аз соли таваллуд ва вафоти Дофизи Ш^озй ба хубй огоx xастем, пас, мувофики гyфтаxои ин мyxаккик хулоса баpоваpдан мумкин аст, кидаp мавpиди бо xам мулокот каpдани ин ду шоиp шояд саpчашмаxо ба иштибоx pоx додаанд. Зеpо агаp Шоxнеъматyллоx соли 1411 ба Шеpоз сафаp каpда бошад, даp ин xангом 20 ё 23 сол алаккай аз вафоти Дофиз мегyзаpад.

Вале шояд донишмандон Косим Fанй, Дусайни Пазмон ва Ризокулихони Дидоят Дофизи Розиpо бо Дофизи Шеpозй омехта каpдаанд. Ва ин аз эxтимол дyp нест, зеpо даp таpчyмаи xоли Шоxнеъматyллоxи Валй, ки Абдyppаззоки Киpмонй даp тазкиpаи худ навиштааст, аз шахсе бо номи хоча Дофизи Розй ёдоваpй шудааст. Чунонки Абдyppазоки Киpмонй мегyяд:«Даp замони амиpзода Доpо писаpи Миpзо Искандаp, pyзи чумъа мyкаppаp шуд, ки xазpати Миpзо ва xазpати мукаддаса (ишоpа ба Шоxнеъматyллоx) даp казияи масчиди Отики Шеpоз ба намоз мучтамеъ шаванд. Султон ташpиф доштанд ва хоча Дофизи Розй, садpи султон, ки аз таломизаи Саид буд, сачоддаи ypо баp дасти pости султон гyстypд. Халоику акобиp омодаи xазpати мукаддаса (Шоxнеъматyллоxи Валй) буданд» [8, с. 82-84].

Соxиби "Таpоик-yл-xакоик" низ даp ин боpа гуфтаст:«Махфй намонад, ки баъзе Дофизи Розиpо бо Дофизи Ш^озй иштибоx намуда ва таpтиби саччода гyстypданpо ба Дофизи Шеpозй нисбат додаанд. Ва ин албатта саxеx набошад...».

Вале новобаста аз он, ки ин ду шоиp бо xам мулокот доштаанд ё не, даp ашъоpашон акидаxои ба xам зид ва инчунин андешаxои xамсон ва аз чиxати шаклу мазмун ба xам наздикpо дyчоp шудан мумкин аст.

Ногуфта намонад, ки Дофиз бо он, ки ба тасаввуф майле дошт, аз суфиёни p^rap ва дypyFини замон сахт безоp буда, даъвои камол ва авомфиpебии онxоpо ба pиштаи танкид кашидааст. Вай баp хилофи акидаи баъзе тазкиpанависон, ки Дофизpо xатто мypид ва этикодманди Шоxнеъматyллоxи Валй меxисобиданд [3, с. 6] даp либоси кинояи хеле нозук ва ашъоpи таънаомез Шоxнеъматyллxpо мавpиди таъна каpоp дода, бо y pиндона мухолифат нишон додааст. Акидаxои Дофиз баp хилофи акидаxои

Шохнеъматуллох алокаи бисёpе ба тахкиpи зохидон доpад. Таънахо ва тахкиpхое, ки Дофиз нисбат ба зохидон pаво мебинад, даp макоми ташбех, пояи аслии касpи азим ва бошукухи pинди Дофиз ба хисоб меpавад. Чунон ки гyфтааст: Айби pиндон макун, эй зохиди покизасиpишт, Ки гунохи дигаpон баp ту нахоханд навишт [7, с. З5).

Ё ки:

Факехи мадpаса дй маст буду фатво дод, Ки май хаpом, вале бех зи моли авкоф аст [7, с. 18]. Дамон гуна, ки даp абёти боло аз Дофиз дида мешавад, сабки Дофиз даp мyбоpиза бо зохидон, таънаомез ва хамвоpа бо киноя аст. У менависад, ки "май"-pо хазоp боp бехтаp аз хypдани "моли вакф" медонад, яъне атхоме, ки мутаваччехи зохидон ва pиёкоpон аст. Дамчунин бо суханони кинояомез мафхумхои хаpом ва халолpо комилан pиндона ба калам додааст.

Аз суханони боло ба боваpй гуфта наметавонем, ки Дофиз бо ин андешахо ва суханхои мухолиф ба куллй зидди даъвии вилояти Шохнеъматуллохи Валй аст. Вале даp баъзе ашъоpаш y ин назаpи хyдpо pавшан баён каpдааст: Онон, ки хо^о ба назаp кимиё кунанд, Оё бувад, ки гушаи чашме ба мо кунанд [7, с. 1ЗЗ]. Даp ин мазмун FазалиШохнеъматyллох аст бо матлаи зайл: Мо хоки pохpо ба назаp кимиё кунем, Сад даpдpо ба гушаи чашме даво кунем [ 9, с. 4З2]. Даp ин чо бо назаpи хосе ба y нигаpиста, бо таъна ва киноя сухан мегуяд ва мефаpмояд:

Даpдам нухуфта бод зи табибони муддай, Бошад, ки аз хазонаи Fайбам даво кунанд [7, с. 1ЗЗ]. Маълум аст, ки мypоди Дофиз аз муддай ё бо ибоpоти худаш «табибони муддай» даp ин байт Шохнеъматуллохи Валй мебошад. Даp чои дигаp низ Шохнеъматуллох ин матлабpо гуфтааст:

Гаp табибе талаб кунад бемоp, Мо табиби хабибу доноем. Неъматуллох агаp касе чуяд, Гу биё суи мо, ки он моем [9, с. 4З2]. Даp боби гуфта шудани Fазали мазкyp баp чавоби Fазали Шохнеъматуллохи Валй даp саpчашмахо ва тазкиpахо низ ишоpа шудааст. Абдyppаззок;и Киpмонй, ки яке аз шогиpдон ва пайpавони Шохнеъматуллохи Валй буд, тазкиpае даp ахволи Шохнеъматуллохи Валй навиштаст. Даp ин тазкиpа ба чавоби ДофизиШеpозй ба Fазали Шохнеъматуллох ишоpа каpда мегуяд: « ... ва аз фаpмyдахои хазpати мукдддаса (Шохнеъматуллох) аст:

Мо хоки pохpо ба назаp кимиё кунем, Сад даpдpо ба гушаи чашме даво кунем ва хоча Дофиз даp чавобаш гуфта:

Онон, ки хо^о ба назаp кимиё кунанд, Оё бувад, ки гушаи чашме ба мокунанд...?» [S, с. 104]. Ва инчунин сохиби «Таpоик;-yл-хак;оик;» муносибати Шохнеъматуллох ва Дофизpо даp китобаш чунин шаpх додаст:«...лиссонуетайб даp чавоби ашъоpи Саид, ки фаpмyда:

Мо хоки pохpо ба назаp кимиё кунем, Сад даpдpо ба гушаи чашме даво кунем хусни талаб намуда, чунин фаpмyдааст:

Онон, ки хо^о ба назаp кимиё кунанд, Оё бувад, ки гушаи чашме ба мо кунанд [S, с. б]. Даp Fазалхое, ки матлаашон даp боло низ зи^ гаpдид, таъна ва кинояи Дофиз нисбат ба Шохнеъматуллох баpъало намоён аст. Баpои собити ин ак;ида абётхои ба хам му^обили Fазали хаp дуиин шоиpонpо ба пyppагй меоpем: Шохнеъматуллох :

Мо хоки pохpо ба назаp кимё кунем, Сад даpдpо ба гушаи чашме даво кунем [9, с. 4З2] Дофиз:

Онон, ки хо^о ба назаp кимиё кунанд,

Оё бувад, ки гушаи чашме ба мо кунанд [Т, с. 133]. Шохнеъматуллох:

Даp хабси сypатемy чунон шоду хyppамем, Бингаp ки даp саpочаи маънй чихо кунем [9, с. 432].

Дофиз:

Доло даpyни паpда басе фитна меpавад, То он замон, ки паpда баpафтад, чихо кунанд [Т, с. 133]. Шохнеъматуллох:

Риндони лобалоиву мастони саpхyшем, Дyшёppо ба мачлиси худ кай pахо кунем [9, с. 432].

Дофиз:

Чун хусни окибат на ба pиндивy зохидист, Он бех, ки коpи худ ба иноят pахо кунанд [Т, с. 133]. Шохнеъматуллох:

Даp дида pyи сочиву даp даст чоми май, Боpе бигу, ки гуш ба окил чаpо кунем [9, с. 432].

Дофиз:

Маъшук чун никоби pyх даp намекашад, Даp кас хикояте ба тасаввyp чаpо кунанд [Т, с. 133]. Шохнеъматуллох:

Моpо нафас чаpо зи дами ишк аст, лочаpам, Бегонаpо ба як нафасе ошно кунем [9, с. 432].

Дофиз:

Бе маъpифат мабош, ки даp ман язиди ишк;, Ахли назаp муомила бо ошно кунанд [Т, с. 133]. Шохнеъматуллох:

Аз худ баp у дод сафи асхоби мо хyppам, То саидона pyи дилат бо худо кунем [9, с. 432].

Дофиз:

Пинхон зи хосидон ба худам хон, ки мунъимон, Хайpи нихон баpои pизои худо кунанд [Т, с. 133].

Ва даp охиp Дофиз бо саpохати тамом баpобаpи байте аз хамин Fазал аз pиёвy солус дypй чуста чунин гуфта аст:

Май хyp, ки сад гунох зи аFёpи даp хичоб, Бехтаp зи тоате, ки бе pyю pиё кунанд [Т, с. 133].

Хосса акидаи дигаpе маpбyт ба ихтилофи афкоpи Шохнеъматуллох ва Дофиз даp дастхати кадимй ба назаpи баъзе мухаккикон низ pасида, аз он чумла Fазали "онон, ки хокpо ба назаp кимиё кунанд") посух ба Шохнеъматуллохи Валй буда ва мухаккик Крсим Fанй даp хошияи яке аз нусхахои хаттии девони Дофиз дида ва даp ин боpа чунин навиштааст: "Яке аз каpоин он, ки Fазали хоча Дофиз назаpе ба Шохнеъматуллохи Валй аст ва зохиpан даp каpни нухум пайpавони Шохнеъматуллох аз ин амp вокиф будаанд, ин аст, ки даp хошияи нусхаи хаттии Дофиз мутааллик ба Абдyppахими Халхолй даp мукобили Fазали "Мо хоки pохpо ба назаp кимиё кунем" " Онон, ки хо^о ба назаp кимиё кунанд" оваpда шудааст" [7, с. 4].

Инчунин даp девони Шохнеъматуллохи Валй (чопи Техpон ва инчунин чопи Киpмон ) низ pyбоии зеpин ки даp таънаи Дофиз сypyда шудааст, дида мешавад: Гаp маънии танзил бидонад Дофиз, Танзили машки дил бихонад Дофиз. У каpд нузулу мо таpаккй каpдем, Тахкик чунин кучо тавонад Дофиз [ 9, с. 59].

Доктоp Дусейни Пазмон даp мукаддимае, ки баp девони Дофиз навиштаанд, ба мазмуни ин pyбой низ ишоpа фаpмyдаанд: " .... гумон мекунам, ки ин pyбой (Крсим Fанй онpо китъа гyфтааст)-pо низ Шохнеъматуллохи Валй даp таънаи Дофиз сохта бошад ва зохиpан даp тафсиpи поpае аз ояи кypъонй хам ихтилофи назаp доштаанд: гаp маънии танзил бидонад Дофиз..." [б, с. 8].

Fайp аз далелхое, ки даp боло зикp шуданд, нуктаи чолиби таваччух ва кобили зикp ин аст, ки хангоми мутолеаи девонхои Дофиз ва Шохнеъматуллох Fазалхо ва шеъpхое дида мешавад, ки аз чихати вазну кофияву pадиф, маъниву мазмун, таpкиботy истиоpот, хулоса, сабку шеваи сухан ба хам монанданд. Комилан пайдост, ки ин ду

шоиpи мyосиp чуноне, ки пештаp xам зикp гаpдид, ба ашъоpи xамдигаp назаpе дошта, гоx-гоx бо иктибоси маънй ва мазмуни байт ва мисpаи шеъpи якдигаp низ паpдохтаанд. Датто Fазалxоеpо низ ба истикболи xам сypyдаанд. Албатта ин таъсиpот ба тавpи мутлак яктаpафа набудааст. Ва инак баъзе Fазалxои xаммонанди ин ду шоиppо меоpем, ки далели ин гyфтаxост.

Дофиз:

Даp дини мyFOн омад, ёpам кадаxе даp даст, Маст аз маю майхоpон, аз наpгиси масташ маст. Даp наъли саманди y шакли маxи нав пайдост, В-аз кади баланди y болои санавбаp паст. Охиp чи гуям xаст, аз худ хабаpам чун нест, В-аз баxpи чй гуям нест, бо вай назаpам чун xаст. Шамъи дили дамсозам, биншаст чу y баpхост, В-афFOн зи назаpбозон, баpхост чу y биншаст.... [ 6, с. 20]. Шоxнеъматyллоx:

Аз дайpи бypyн омад, таpсобачаи саpмаст, Даp душ чалипоне, хуш чоми майе даp даст Кyфpи саpи зулфи y Fоpатгаpи имон аст, Касди дилу динам каpд, имони маpо бypдаст. Кyфpе ва чи хуш кyфpй, кyфpе, ки бувад имон, Ин кyфp касе доpад, к-аймон ба худояш xаст. Нокусзанон мегуфт, он дилбаpаки таpсо, Пайваста бувад бо мо ёpе, ки ба мо пайваст... [ 9, с. 99].

Ва ё Fазалxои дигаpе, ки бо pадифи "мапypс" сypyда шудаанд.

Дофиз:

Даpди ишке кашидаам, ки мапypс, Заxpи xичpе чашидаам, ки мапypс. Гаштаам даp чаxонy охиpи коp Дилбаpе баpгyзидаам, ки мапypс.... [ 6, с. 84]. Шоxнеъматyллоx:

Ранчи ишке кашидаам, ки мапypс,

Даpди даpде чашидаам, ки мапypс,

Даp таpике, ки нест поёнаш,

Баpy баxpе бypидаам, ки мапypс.... [9, с. 338].

Ё ин ки Fазали дигаp, ки даp xаp дуи онxо мисpаи "ба шаxpи худ pавамy шаxpиёpи худ бошам" якхела оваpда шудааст, дида мешавад ва аник маълум нест, ки кадоме яке онpо аз дигаpе иктибос ва тазмин каpда аст. Вале метавон xадс зад, ки ин мисpаъ аз Шоxнеъматyллоxи Валист, зеpо ки ин шоиpи оpиф мyддатxои мазиде yмpи хyдpо саpфи сафаpxои дypy даpоз ва бисёpе ба мамлакатxои гуногун намудааст. Ва албатта даpди Fypбат ва мyсофиpатpо нисбат ба Дофиз бештаp чашида аст. Ва шояд ин xама боиси тавлиди ин Fазал гаpдида бошад. Инак Fазалpо ба шакли мyхтассаp меоpем: Шоxнеъматyллоx:

Манам, ки ошики дидоpи ёpи худ бошам, Манам, ки волаи зулфи нигоpи худ бошам. Манам, ки саидаму бандаи худовандам, Манам, ки донаву дому шикоpи худ бошам... Чаpо чафо кашам аз xаp касе даp ин Fypбат, Ба шаури худраваму шауриёри худ бошам...[9, с. 390].

Дофиз:

Чаpо на даp пайи азми диёpи худ бошам,

Чаpо на хоки саpи куи ёpи худ бошам.

Fами Fаpибивy Fypбат чу баp наметобам,

Ба шаури худ раваму шауриёри худ бошам ...[б, с. 232].

Дамин тавp ин Fазалxо ва чандин Fазалxои дигаpе даp девони ин ду шоиp ёфтан мумкин аст, ки xам аз ч^ати намуд ва xам аз ч^ати маънй ба xамдигаp хело наздикй доpанд. Ва байни ашъоpаш чуноне ки даp болотаp низ зи^ гаpдид, шеъpxое ба назаp меpасанд, ки ифодагаpи таззодфикpии ин ду шоиpи xамасp мебошанд.

Хулоса, Шоxнеъматyллоxи Валй ва Дофизи Ш^озй аз кабили шоиpоне буданд, ки даp асpy замони худ машxyp ва соxиби эxтиpоми хоссае буданд. Гаpчанде ин ду шоиpи

шинохта, ба акидаи баъзе мухаккикон, бо хам хамсухбат нашудаву мулокоте надоштаанд, вале аз ашъори онхо бар меояд, ки онхо бо якдигар муносибатхои фикрй доштанд. Новобаста аз он, ки акидахояшон бо хам зид ё хамсон будаанд, робитаи шеъргуиашон бо хам хеле наздик будааст ва ба ашъори хамдигар назар доштанашон тасдики ин суханхои мо шуда метавонад.

Адабиёт:

1. Ашур Дарвеш. Ирфон ва ринд дар шеъри Дофиз. - Техрон, 1389.

2. Даргохй Махмуд. Дофиз ва илохиёти риндй, нашри саввум.- Техрон, 1384.

3. Маъсумалишохи Неъмутуллохй. Тароикулхакоик. -Техрон, 1319.

4. Ризокулихони Дидоят. Риёзулорифин, чопи дуввум.-Техрон, 1312.

5. Саччодй. Муцаддимае бар мабонии орифон ва тасаввуф.- Техрон, 1391.

6. Дамид Фарзом. Тахкик дар ахвол ва накди осори Шохнеъматуллохи Валй.- Техрон, 1385.

7. Дофизи Шерозй. Девон , бо тасхех ва мукаддимаи ^осим Ганй ва Мухаммад ^азвинй.-

Техрон, 1387.

8. Ч,он Авбин. Мачмуъае дар тарчумаи ахволи Шохнеъматуллохи Валй.- Техрон, 1391.

9. Шохнеъматуллохи Валй. Девон, бо кушиши Ании Козимй.- Техрон, 1379.

10. Masters of the Path: A History of the Masters of the Nimatullahi Sufi Order by Javad Nurbakhsh, Khaniqahi Nimatullahi Publications, New York and London, 2nd Edition, 1991.

ПОЭТИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ ШАХ НИМАТУЛЛА ВАЛИ И ХАФИЗА ШИРАЗИ

Данная статья посвящена поэтические отношения двух современники, Шах Ниматулла Вали и Хафиз Ширази. Автор статьи, основном, говорить об аналогичный взгляды и противоположные взгляды этих поэты. Шах Ниматулла Вали известный как софийский поэт и Хафиз Ширази тоже, как поющей газели имеют значительное место в персидско-таджикской литература.

Ключевые слова: Шах Ниматуллаха Вали, Хафиз Ширази, поэтическая отношения, классическая литература.

POETICAL RELATION OF SHAHNIMATOLLAH WALI AND HAFEZ SHIRAZI

This article is devoted to the poetical relation of Shahnimatollah Wali and Hafez Sherazi. Author of this article, in principal conceded about the opposite viewpoint and resemble viewpoint of this contemporary poems. Shahnimatollah Wali is well-known as a Sufi poet. Hafez Shiraz, also famous as a lyric poet and has important place in tajik-persian literature.

Keywords: Shah Nimatolla Wali, Hafez Shirazi, poetical relation, classical literature.

Сведения об авторе: Мадимарова Гулхаё Мадимаровна, аспирант Таджикского государственного института языков имени С. Улугзода, e-mail: [email protected]

About author: Madimarova Gulhayo Madimarovna, post-graduate student of Tajik State Institute of Language named by S. Ulughzoda

Ч,ОЙГОДИ ЗАН ДАР АШЪОРИ ХАЛИЛУЛЛОД ХАЛИЛИ

Цаннатмир С.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Инъикоси чойгохи зан дар осори бадей масъалаест, ки аз як зовия наметавон назар кард, зеро «зан аз дидгохи як адиб мавчуди заифу хакиру нотавон аст, дар сахнаи дигар чун маъшукаи зебову хамсари чоннисор чилва мекунад...» [4, c. 5-9]. Хусусан, дар адабиёти форсй, агар дар адабиёт зан ба унвони олихаи хусну зебой, маъшукаи хушгилу назарбаланде аст, ки ушшок хама хастии хешро фидои як каломаш, як саломаш, хатто, як дашному ними нигохаш мекунанд, тасаввур мешавад, дар достонхои хамосй у кахрамонест, ки дар дифоъ аз ватану хонаводаву номусаш панча бар шер мезанад. Гохе аз фаросату заковаташ месароянду гохе аз у чун мавчуде сарупо сиришта аз макру шайтанат бо мазаммат ёдовар мешаванд.

Аммо макоми зан вокеан дар чомеа тамоман ба гунаи дигар аст. Зан дар Афгонистон ва умуман аксари мамолики Шарк дар зери масъулияти сангин карор

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.