Научная статья на тему 'Paradoxical descriptions in Bedyl’s gazels'

Paradoxical descriptions in Bedyl’s gazels Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
266
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БЕДИЛЬ / ПАРАДОКСАЛЬНЫЕ ОПИСАНИЯ / ВИФОК / ИНДИЙСКИЙ СТИЛЬ / МИСТИЧЕСКИЕ ГАЗЕЛИ / ИНДИЙСКАЯ РИТОРИКА / ПОЭТИЧЕСКИЕ ОБОРОТЫ / BEDYL / PARADOXICAL DESCRIPTIONS / VIFOK / INDIAN STYLE / MYSTICAL GAZELS / INDIAN RHETORIC / POETICAL PHRASES / БЕДИЛ / ТАСВИРҳОИ ПАРАДОКСӣ / ВИФОЦ / САБКИ ҳИНДӣ / ГАЗАЛИ ИРФОНӣ / БАЛОГАТИ ҳИНДӣ / ТАРКИБҳОИ ШОИРОНА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Нуров Нуралӣ

Предпринята попытка подвергнуть анализу место парадоксальных описаний в газелях Бедиля и установить роль этого выдающегося представителя индийского стиля в эволюции данной поэтической фигуры. Прослежено наличие парадоксальных описаний (оксюморона) в других литературах, в частности в японской. Утверждается, что в таджикско-персидской литературе первооткрывателем фигуры оксюморона в поэзии является Озод Балгироми, который назвал ее вифок. Отмечается, что отдельные образцы фигуры вифок можно встретить еще в произведениях основоположника таджикского-персидской литературы Рудаки и в мистической поэзии. Особое распространение фигура вифок получила в творчестве представителей индийского стиля. Подчеркивается, что подлинный расцвет фигуры вифок наблюдается в поэзии Бедиля.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПАРАДОКСАЛЬНЫЕ ОПИСАНИЯ В ГАЗЕЛЯХ БЕДИЛЯ

The author of the article makes an endeavour to analyze the place of paradoxical descriptions in Bedyl's gazels and fix the role of this outstanding representative of Indian style in the evolution of this given poetical figure. He traces a presence of paradoxical descriptions (oxymoron) in other literatures (particularly, in Japanese one). It is asserted that in Persian-Tajik literature a pioneer who discovered the figure of oxymoron in poetry is Ozod Balghimori who nominated it as vifok. It is underscored that separate patterns of vifok can be occurred yet in the works of the founder of the Tajik-Persian literature Rudaki and in mystical poetry as well. Vifok enjoyed a special diffusion in the creation of Indian style representatives. Am emphasis is laid upon the fact that authentic efflorescence of vifok is observed in Bedyl's poetry.

Текст научной работы на тему «Paradoxical descriptions in Bedyl’s gazels»

10 01 00 АДАБИЁТШИНОСЙ 10 01 00 ЛИТЕРАТУРОВЕДЕНИЕ 10 01 00 LITERARY CRITICISM

УДК 82 ББК 83.3 Тоц

ТАСВИРХ,ОИ Нурали Нуров, номзади илмуои филология, дотсенти ПАРАДОКСЙ ДАР кафедраи адабиёти классикии тоцики МДТ "ДДХ ба номи ГАЗАЛИЕТИ БЕДИЛ акад. Б. Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

ПАРАДОКСАЛЬНЫЕ ОПИСАНИЯ В ГАЗЕЛЯХ БЕДИЛЯ

PARADOXICAL DESCRIPTIONS IN BEDYL'S GAZELS

Нуров Нурали, к. филол.н., доцент кафедры таджикской классической литературы ГОУ "ХГУ им. акад. Б. Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Nurov Nurali, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of Tajik classical literature under the SEI "KhSU named after academician B. Gafurov (Tajikista, Khujand) E-MAIL: nurali74@mail.ru

вифоц, сабки уинди, газали ирфони,

Калидвожа^о: Бедил, тасвируои парадоксы,

балогати уиндЫ, таркибуои шоирона.

Дар мацола цойгоуи тасвируои мутаноцизнамо ё парадоксы дар газалиёти Бедил ва нацши ин суханвар дар тауаввули ин навъ тасовир дар сурати таркиб ва таъбируои шоирона мавриди баррасЫ царор гирифтааст. Дар цараёни баррасии матолиби меуварЫ муаллиф нахуст муруре ба сайри таърихии зууури ин навъ тасовир дар адабиёти цауон ва мацоми Озоди БалгиромЫ дар кашфи санъати вифоц уамчун ифодакунандаи тасовири парадоксы намуда, баъдан нацши Бедилро дар тауаввули ин навъ тасвируо бар асоси шаруу тавзеуи намунауои муайяне аз газалиёти шоир муцаррар намудааст. Нависандаи мацола ба натицае расидааст, ки уарчанд зууури нахустин намунауои чунин тасовир дар шеъри устод РудакЫ ба чашм расида, баъдан дар цаламрави адабиёти ирфонЫ то цое нуфуз ёфтааст, Мирзо Бедил муваффац бар он гардида, ки бо тауаввули он дар каломаш ин навъ тасовирро ба як хусусияти барцастаи уунарии шеъри худ мубаддал созад.

Ключевые слова: Бедиль, парадоксальные описания, вифок, индийский стиль, мистические газели, индийская риторика, поэтические обороты

Предпринята попытка подвергнуть анализу место парадоксальных описаний в газелях Бедиля и установить роль этого выдающегося представителя индийского стиля в эволюции данной поэтической фигуры. Прослежено наличие парадоксальных описаний (оксюморона) в других литературах, в частности в японской. Утверждается, что в таджикско-персидской литературе первооткрывателем фигуры оксюморона в поэзии

является Озод Балгироми, который назвал ее вифок. Отмечается, что отдельные образцы фигуры вифок можно встретить еще в произведениях основоположника тад-жикского-персидской литературы Рудаки и в мистической поэзии. Особое распространение фигура вифок получила в творчестве представителей индийского стиля. Подчеркивается, что подлинний расцвет фигуры вифок наблюдается в поэзии Бедиля.

Key words: Bedyl, paradoxical descriptions, vifok, Indian style, mystical gazels, Indian rhetoric, poetical phrases

The author of the article makes an endeavour to analyze the place of paradoxical descriptions in Bedyl's gazels and fix the role of this outstanding representative of Indian style in the evolution of this given poetical figure.

He traces a presence of paradoxical descriptions (oxymoron) in other literatures (particularly, in Japanese one). It is asserted that in Persian-Tajik literature a pioneer who discovered the figure of oxymoron in poetry is Ozod Balghimori who nominated it as vifok. It is underscored that separate patterns of vifok can be occurred yet in the works of the founder of the Tajik-Persian literature Rudaki and in mystical poetry as well. Vifok enjoyed a special diffusion in the creation of Indian style representatives. Am emphasis is laid upon the fact that authentic efflorescence of vifok is observed in Bedyl's poetry.

Дар зери мафхуми тасвирхои парадоксй дар адабиётшиносй тасовире фахмида мешаванд, ки бар асоси ду мафхуми ба хам зид бунёд ёфта, зохиран ба таъбири худи шуаро, "бемаънй"-ро ифода мекунанд. Ба ин хотир аст, ки онхоро тасвирхои мутанокизнамо хам гуфтаанд. Шафеии Кадканй бар ин назар аст, ки ин таъбирро у сохтааст. Дар робита ба он чунин менависад: "«Истилохе (манзур тасвирхои пародоксй- Н.Н.)аст, ки ман сохтаам, на дар адабиёти кадими худамон вучуд доштааст (яъне, кутуби балогй) ва на дар адабиёти фарангй (то он чо ки ман чустучу кардаам). Манзур аз тасвирхои парадоксй тасовире аст, ки ду руи таркиби он ба лихози мафхум якдигарро накз мекунанд, мисли «салтанати факр»(6,54).

Аммо доктор Футухй дар китоби "Балогати тасвир" пешинаи вучуди ин навъ тасовирро ба бисту панч карн пеш, ба гуфтахои орифи кадимаи чинй Лоутса мепайвандад, ки фармуда:

«Зоти вокеП гуй тихи аст,

Сапеди бузург ииндорП сиёх аст.

Мураббаи бузург бегуша аст, Мусикии бузург беовост.

Сурати бузург бесурат аст». Тасаввури «сафеди сиёх», «мураббаи бегуша», «оханги бесадо» ва «сурати бесурат» барои зехнхои маъмулй амри содае нест. Ин сухани пуртанокуз баёнгари чй хакикатест? Мусалламан, ба олами хиссу мантики маъмули зиндагй тааллук надорад, дар натича акл аз идроки он косир аст. Мукошифоти ирфонй ва тачрибахои жарфи шоирона, каламрави равишй, мухолоти аклй ва танокузхои рухй аст (8,326)

Футухй ба шархи назарии мафхуми мазкур аз дидгохи мунтакидони аврупой хам ручуъ намуда, аз чумла назари донишманди англис Клинт Брукс (1906-1994 м.)-ро чунин меоварад. "У породуксро забони рух ва асоси шеър шумурда, дар боби породуксхои шоирони англисй, монанди Вилям Вардзурас, Ч,он Дон ва дигарон ба

тафсил сyхан гyфтааст. «Породукс забони сафсата, маголата ва танз аст. Забонест дУшвору шадид ва сахт такондиданда ва дар айни дол шухгин. Пешдоварии мо дар бораи забони одй ва одоти забонй вомедорад, то породуксро бештар амре аклонй ва душёрона бидонем, то отифй ва онро таъбире бурдонй бидонем на гайри истидлолй... породукс забони руд ва забони шеър аст» (8,327).

Бар асоси ин дидгоддо Футудй назари хешро рочеъ ба парадокс ва тасвирдое аз ин кабил чунин чамъбаст мекунад: "Ба таваччуд ба он чи гуфта омад, породукси шоирона иборат аст аз баёни зодир мутанокиз ё мудаммил, аммо домили дакикате, ки аз роди таъвил метавон ба он даст ёфт. Ба дигар сухан, породукс дар адабиёт баёнест, ки дакикат дорад, аммо дакикй ба назар намерасад» (8,327).

Аммо бар ин назари Футудй наметавон мувофик шуд, ки кадимтарин намунаи пародокс дар адабиёти форсй ин намунае аз шеъри Саной аст, ки у оварда: Ишк гуянда нихони сухан аст, Ишк пушида барахнаи тан аст" (8,330).

Зеро тааммул ба сурудадои устод Рудакй ин амрро собит месозад, ки нахустин намунаи таъбир ва дам тасвири парадоксй дар каломи устод шоирон дар таркиби таъбири "даловати захм" ба чашм мерасад:

Бахокхуфтаи теги ту аз даловати захм, Забон баровараду захмро дадон лесад (7,32).

Х,амин тавр, дар шеъри гузаштаи мо дарчанд дар каломи дигар шоирон низ аз ин намунадо ба нудрат ба чашм мерасад, аммо бардак дар каломи Бедил чунин навъи тасвирозй ба як вижагии дунарй бадал мешавад. Ба кавли Футудй "дар шеъри Бедили Дедлавй забони пародоксй дар авчи зебой ва кудрат намоён мешавад. Тасвири породуксй, домили тачрибадои шахсй ва шудудй аст ва монанди намоду устура, дикоят аз кашфи дакикати ношинохта дорад" (8,331).

Ч,олиб он аст, ки муаллифи китоби 'Тизолу-л-Х,инд" Озоди Балгиромй низ бар асоси балогати диндй сарчашмаи падороксро ба санъате маъруф бо "вифок" мукар-рар намуда, дар шарди он овардааст: "Иборат аз ин, ки ду зид бо дам мувофикат кунанд ва яке бар дигаре содик ояд". Муаллиф ин санъатро дар баробари тибок бароварда таъкид медорад, ки "тибок назди машоихи бадеъ он аст, ки зикр карда шавад ду зид дар калом ва сидки ададуззидайн бар дигаре дар он малдуз нест (1, 73).

Озоди Балгиромй бар пояи мутолиаи балогати диндй издор доштааст, ки ин санъатро бори аввал у пай бурдааст. Дар робита ба ин маънй навиштааст: "Ва бар содиби фадми салим равшан аст, ки вифок нисбат ба тибок пояи баланд ва рутбаи арчманд дорад ва бо он ки удабои араб табака баъди табака бар дари истихрочи саноеъ саъйи балег намудаанд, деч касе пай ба вифок набурда. Факир ба таъйиди эзадй ду зидро бо дам сулд дод ва ду мухолифро бо дам ширу шакар сохт. Ва бояд донист, ки вифок бар ду кисм аст: лафзй ва маънавй (1,74). Балгиромй нахуст барои вифоки лафзй ин рубоии Хон Адмади Гелониро оварда, таъкид медорад, ки ин чо ^адкада номи калъа аст, на хандаи муфрад. Ба ин хотир вифоки лафзй шудааст: Аз гардиши чархи вожгун мегирям В-аз чаври замона бин, ки чун мегирям. Бо кадди хамида чун суродй шабу руз, Дар Кддкадаам, валек хун мегирям (1,74).

Дар идома барои вифоки маънавй намунадое аз шоирони бузурги сабки диндй, чун Зудурй, Соибу Fанй, Вадшат, Шафеи Аврангободй овардааст, ки зикри чанд байт аз онро ин чо зарур мешуморем:

Соиб:

Дap кимоpи ишк бошaд бохтaн нaкши мypод, То кaсеpо дил нapaфт a3 дaст, содибдил нaшyд.

Соиб:

Arap инсоф додpaс бошaд, Ошики зиндa хyнбaдо доpaд.

Вaдшaт:

Дap чaвонй чун шapоби кyднa дap чушем мо, Гуфтугу бо олaме доpемy хомушем мо.

Шaфеи Aвpaнгободй:

Бa сaйди дил нигоди y хaбapдоp acT, медонaм, Бa коpи хештaн ин MacT дyшёp acT, медонaм (1,75).

Бо Ta^ бap ин диду нaзapдои Озоди Бaлгиpомй метaвон бap ин нaзap коим шуд, ки дap ин apcaи тacовиp низ коpномaдои дyнapии Бедил пaйвaнд бa поэтикaи диндй доpaнд, ки онpо мyaллифи acapи мaзкyp тaвpе худ фapмyдa, мyкappap нaмyдaacт. nac, ин чо дaкик мешaвaд, ки мyхтapеи ин caнъaт бо номи вифок Озоди Бaлгиpомй бyдa, acлy модияти о^о бap acоcи cypyдaдои шоиpони caбки диндй мyшaххac гapдонидaacт.

Хдмин тaвp, пapaдокc ё тacвиpдои мyтaнокиз дap кaломи Бедил бa як вижaгии мудимми дyнapй Ba зaбонй бaдaл шyдaacт, ки доктоp Футудй Ba дигapон низ бap ин aмp коилaнд. Аз чyмлa, Футудй нaвиштa:"Печидaтapин тaобиpи поpодyкcии шеъpи фоpcиpо дap девони Aбyлкодиp Бедили Дедлaвй меёбем, ки бa бapчacтaтapин мyшaхaccaи caбки вaй тaбдил шyдaacт" (8,331).

Тaвaччyд бa cypyдaдои Aбyлмaонии Бедил cобитгapи ин aмp acт, ки бapдaк нуфузи чунин тacвиpдо дap зaбони шеъpи y бa тaбдили тacвиpдои мyтaнокиз ё бa вдвли Бaлгиpомй "вифок" омил омaдaacт. Ручуъ бa нaмyнaдои aшъоpи шоиp Ba зи^и тaъбиpy тapкибдои боpвap aз тacвиpдои пapодокcй шоpеди ин мaтлaб acт, ки дap идомa бa шapди бapхе aз ондо пapдохтa ходaд шуд:

Бaлaндии ошёни a^3.

Бaлaнд acт он кaдapдо ошёни aчзи мо Бедил,

Ки бе caъйи шикacти болу nap татвон pacид он чо (2,81).

Мycaллaм acт, ки aчз дap aoi доле дap мaкоми поин aCT Ba бa зодиp дap доли мугазод бо бaлaндй кapоp доpaд. Аммо мaнзypи Бедил дaмон aчзеcт, ки у дap шapди он дap бaйти нaхycтини девонaш овapдa:

Бa aвчи кибpиё к- aз тадлуи aчз acт pод он чо,

Сapи муе rap ин чо хaм шaвй, бишкaн кулод он чо (2,43).

Хдмин ки Бедил pоде бa aвчи кибpиёpо aз пaдлyи aчз мебинaд, он дaм нaвъе тacвиpе мyтaнокиз aCT.

Аз бeзaбони рaвшaн шyдaни поси номуси cyxaH. Дap acл cyхaн дap доли бa зaбон овapдaни дapфy дичову кaлимот эчод мешaвaд. Ин чо шоиp тaвaccyти ин тaъбиp мaтлaби хешpо бaён кapдa, ки cyхaни мо дap безaбонй paвшaн acт вa aлбaттa, ин чо мaнзyp дaмон шеъp aCT, ки aгapчи безaбон acт, aммо caд зaбон доpaд. Поси номуси cyхaн дap безaбонй paвшaн acr, Х,еч мaзмyне дap ин cypaт нaфacфapcyдa нест(2,316).

Дap зеp тамутадои дигapи тapкибдои боpвap aз тacвиpдои пapaдокcии Бедил зикp вa шapдy тaвзед меёбaнд, ки бa нуфузи он дap зaбони шеъpи шоиp тaъкид мевapзaнд:

Аз xe4 пур шyдaн. Мaълyм acт, ки деч худ ифодaгapи нобудиву нестй вa хaлоcт, aммо шоиp бо пaйвaнди он бa тaъбиpи nyp шyдaн, як тaъбиpе мyтaнокизнaмо меcозaд, ки мaъние шоиpонaвy оpифонapо содиб acт. Мaнзypи шоиp дaмон дaъводои беacоcеcт, ки aфpод мaнзyp мекyнaнд вa оно^о шоиp бa шевaи худ '^з дечпypшyдaгон" унвон мекyнaд:

Хaлке зи мyддaо тидй aз деч nyp шyдacт, Нуд чapх як aломaти сод интихоб дошт (2,289).

Бa оби ру тaяммyм кaрдaн: Arap бо шевaи фapмyдaи Бaлгиpомй бa ин тaъбиp pyчyъ шaвaд, он год мaълyм мешaвaд, ки ин чо вифок ё тacвиpи пapaдокcии лaфзй чой доpaд, чун ин чо бо обpy тaяммyм кapдaн, мaнзyp тaвaccyти эътибоp вa мaком caфо ёфтaн бошaд:

Мaъбaди диpc остони caчдaи беиззaтиcт, Олaме ин чо бa оби py тaяммyм кapдaacт (2,306).

Хушк шyдaн Tap гирифтaн:

Чоpa бa хypшеди киёмaт кaшид, Домaни мо, хушк шyдaн тap гиpифт (2,343)

Кулохи ноз nink-ad ami нотaвонй: Бедил aз пaйкapи хaмидaи мо Нотaвонй кулоди ноз шигаст (2, 347).

Дap бaхоpи нодaмидaн \npMaH коштaни донa: Чун ибоpaи "хиpмaн коштaн" бa нидояти caмap вa досил pacидaн бошaд, шоиp ин чо онpо дap мукобили нодaмидaн кaноp мегyзоpaд, ки дap нaтичa "хиpмaн" вa "нодaмидaн" дaмон вожaгони мyтaнокиз мешaвaнд:

Бо дили чaмъ ошно шaв, aз пapешонй бapо,

Дap бaдоpи нодaмидaн донa хиpмaн коштacт (2, 376).

^учумободи чaндин шур бyдaни xaMynñ - дap вучуди хaмyшй нyдyфтa бyдaни чaндин шypy гaлaён:

Хомушидояш дучумободи чaндин шyp буд, Pam ногapдондa тyфонкоpии нaйpaнг дошт. (4,296).

Дap м^ни aMHVMaM тaнхо Munacrah:

Kac нaмефaдмaд зaбони cyхтaнтaкpиpи шaмъ, Дap миёни aнчyмaн мебоядaм тaндо нишacт (4,345).

Дap бaйти зеp бошaд, ду тapкиби боpвap aз бaёни пapaдокcй бa чaшм меpacaд, ки aввaл "гум кapдaне хосгани ёфтaн" вa дувумй "гум шyдaн гум кapдaн" бошaд, ки дap ду нaвъе долaти оpифонaеpо шapдy тaфcиp нaмyдaacт. Бapои pacидaн бa мaкоми мaънaвии кaмолот оpиф бояд дap худ гум шaвaд, то мaкcyд биёбaд вa aммо ин pоди гум шyдaнpо у нaметaвонaд пaйдо нaмояд:

Ёфтaн гум кapдaне меходaд aммо чоpa нест,

Кош гум гapдaм, чй cозaм? Гум шyдaн гум кapдaaм (3,409).

Дap бaйти зеp низ ду тapкиби доpои тacвиpи пapодокcй бa чaшм меpacaд, ки aввaл "^нд бyдaни тялхии ходиca " вa дувуми "номи aфюни гyвоpошyдapо тapëк кapдaн" бa шyмоp меpaвaд:

Тaлхии додиca кaнд acт бa хypcaндии тaбъ, Номи aфюни гyвоpошyдa, тapёк кунед (2,700).

Хилвaти дидор бyдaни ManiMii 6apxaM6acTa: Ин тaъбиpи мyтaнокиз низ дap вycъaти хеш мaтлaби иpфониpо нyдyфтaacт, зеpо доли оpифи бa тaaммyлpaфтapо

шард медидад, ки дар бастани чашми зодир хилвати дидор ва мукошафаи дак насиби y мегардад:

Шухии наззора бар оинаи мо шуд нафас,

Чашми бардамбаста, Бедил, хилвати дидор буд (2,44).

Дар байти зерин Бедил дар умум ин матлабро меходад тавзед дидад, ки гурури дунёиро, ки тавассути таркиби "гуpуpи pустамй" ифода намудааст, кй метавонад ба замин биафканад. Дар посух аз по афтодагон, ононе, ки роди дамон ачзи бедилиро интихоб карданд, садо намуданд, ки ин бузургиву азаматро тандо зури нотавонй метавонад аз по дарбиёварад. Ибораи "зуpи нотавонй" низ худ таркибе мутанокиз бошад:

Fyрyри рустамй гуфтам, ба хокаш кист андозад? Зи по афтодагон гуфтанд: «Зури нотавонидо» (2,138).

Икболи ачз:

Бедил аз икболи ачз дар дама чо чидааст, Обилаву накши по, афсару авранги мо (2, 140).

Замин даp iepn по нишонидани осмон:

Маход, эй муфлисй, зиллаткаши таслими дунонам, Замин то чанд зери по нишонад осмонамро (2, 140).

Дар шикастани киштй дидани содил, ки дар вусъати ин матлаб дамон дар фано дарёфтани аслу мурод, ки бакои ориф дар Дак унвон мешавад: Ба чуз киштй шикастан содили амне намебинам, Зи бас вусъат фуру бурдаст ин дарё каронамро (2,142).

Печидани садои гиpя даp хандидани мино: Доли ногувор ва андуде, ки аз рехтани шароб аз мино досил шавад. Манзури шоир дам он бошад, ки дар ин олам даргиз суроги айшу ишрат ва шодй мачу, ки аз нуфуз ва касрати дилтангй дар хандаи мино, яъне рехтани шароб садои гиря печидааст:

Суроги айш аз ин мадфил мачу, к-аз чуши дилтангй, Садои гиря печидаст бар хандидани мино (2, 142).

Таpчумони ачз будани хамушй-нишон аз ачз будани хомушй: Синачокему хамушй тарчумони ачзи мост, Рад зи лаб берун намебошад фигони захмро (2,143).

Дар мисраи дувум таъбири «рад зи лаб берун набудани фигони захм" низ баёне парадоксй аст, чун маъмулан фигон ба берун рад мебарад ва аммо бар асари тарчумони ачз будани хамушй ин фигон ба бурун намеравад.

Бе ту зинда будан ва маpги беачал доштан. Ин ибора дар фарданги мардумй низ бо шаклдои мухталиф ба чашм мерасад, ки "мурда мурда зистан", "зиндагй бе ту баpобаpи маpг аст" аз чумлаи ондо ба шумор мераванд: Санг дам ба доли ман, гиря гар кунад барчост, Бе ту зиндаам, яъне марги беачал дорам (3,448)

То наpасидан |)афтан. Ин манзури шоир дар асл ба чое нарасидан бошад, ки тавассути бунёди як таъбири борвар аз баёни парадоксй матлабро тавзед додааст. Гар ба парвозу гар аз саъй тапидан рафтам, Рафтам, аммо дама чо то нарасидан рафтам(3, 434).

А!занда га!дидани чинси камбахо да! бозо!: Дар асл ин маънй ва мазмун дар баёноти шоирони дигар чой дорад ва зодиран маънии маъмулй ба чашм мерасад. Аммо тааммул дар чавдари маъноии он, ки шарду тафсири он ба нуфузи чинси

камбадо дар бозор пайванд мегирад, шореди он аст, ки ин шеваи баён пародоксй аст, чун маъмулан бояд чинси пурбадо дар бозор арзишманд бошад: Гаронй бар табоеъ аз гурури кадр напсандй, Дар ин бозор чинси камбадо арзанда мегардад (4,473).

Ин чо тарафи дигари бадси мазкур равшан мешавад, ки дар гуфтор ва фарданги мардумй низ годо чунин баёноти пародоксй чой доранд ва яке аз сарчашмадои вуруди онро ба шеър метавон аз ин самт бозчуй дам намуд.

Ёд додани фаpомушй: Дар ин чо низ навъе пародокси лафзй ба чашм мерасад, зеро таъбири ёд додан бо такя бар сарчашмаи маъноии он дар фарданги мардум метавонад, ба маънии кумак кардан, ёрй намудан мавриди истифода карор бигарад. Ба назар мерасад, ки матлаби Бедил ба ин чанбаи маъноии таъбири "ёд додан" каробат дорад:

Он парй гуянд шаб хандид бар фарёди мо, Эй фаромушй, ту шояд дода бошй ёди мо (4,5).

Шypи нашнидани садои байзаи фулод. Аслан худи ибораи "шypи нашнидан" таъбире довии баёни пародоксй даст ва дар ирфони Бедил чун хомуш нишастан худ макоме маънавй шуморида мешавад, дар баробари ин нашнидан дам шуреву лаззате барои ориф дорад, чун назари орифони адли Бедил ба садо дам годе дамчун тааллук духта мешавад. Ин садоест, ки соликро ба дунё пайванд мебахшад. Шоир ишорат бар он дорад, ки дануз аз адам ба дастй кадам нагзошта, дамин "шypи нашнидани садои байзаи фулоди мо" гуши оламро кар кардааст. Аз суи дигар, шоир карии гуши фалакро, ки таъбири маъруф аст дар адабиёти гузаштаи мо, аз шури нашнидани садо медонад:

Аз адам ночаста кар кардаст гуши оламе Шури нашнидансадои байзаи фулоди мо (4,5).

Мухкам будани бинои ноумедй: Ба маънии таквияти яъс ва нуфузи ин дол ба кор рафтааст. Вайрон кардани таъмир дам навъе баёни мутанокиз аст, чун шоир бар ин назар аст, ки барои радой аз доли яъс, ки бинои он дар вучуди ман мудкам аст, фикри таъмире надорад, зеро ин таъмир баръакс бинои ноумедии моро вайрон ходад кард: Дар шикасти ман бинои ноумедй мудкам аст, Фикри таъмире надорам, то кунад вайрони мо (4, 28).

Ба хомушй адо сохтани сухандои забонй ба маънии хомуш истодан ва ба забон наовардани сухан, чун ин чо таъбири адо сохтан метавонад ба ду маънй бошад, аввал анчом додан, ичро намудан ва баён кардан, дувум ба поён бурдан, ба нидоят расонидан, тамом кардан:

Kасepо мepасад чамъияти маънй, ки чун килкам, Ба хомушй адо созад суханхои забошфо 4,45).

Дар байти зер таъбирдои "гулшан будани тахайюp" ва "булбул будани хомушй" ва "нафахмидани забони он" дар шумори ин навъ таъбир ва таркибдои мутанокиз карор доранд. Шоир тадайюрро, ки дар асл доли берангй ва бедаракатй аст, ба гулшане монанд мекунад, ки сайри асрори онро касе намефадмад ва хамуширо ба булбуле шабед мешуморад, ки забони онро деч кас маърифат намесозад: Тадайюр гулшан аст, аммо кй дорад сайри асрораш? Хамушй булбул аст, аммо кй мефадмад забонашро? Ба ранги гирдбод он тоири вадшатпаруболам, Ки дам дар олами парвоз бастанд ошёнашро (4, 46).

Ибоpaи ""дар бeоpомй ором доштaн" дap бaйти дигapи Бедил тacвиpе пapaдокcй бa шyмоp меpaвaд. Шоиp aз мyшодидaи дapaкaти оби дapё, ки дap зимн caмбyли худи инсон низ дacт, беpyн овapдaacт. Бa фapмyдaи Aбyлмaъонй, дapaкaт ё тaпдaни мaвчи дapё худ paкcи aйши зиндaгониcт, яъне мaвч дap дapaкaт вa тaпидaн зиндa acт. Бaъдaн шоиp бapои субути ин нaзapaш дap беоpомии хеш, яъне дap дaмин дapaкaт оpом пaйдо нaмyдaни мaвчpо дap пapтaви як тacвиpи пapaдокcй тaвзед медидaд. Мaвчи дapё дaтто дap доле, ки бa aдaм нaздик aCT, яъне бисмил ё нимкyштa мешaвaд вa мaъмyлaн бисмил дap доли дapaкaти беш aз имкон кapоp мегиpaд, беоpомтap мегapдaд вa дaмин тaдpик бapояш оpомиш ё pодaт бошaд. Ин чо вожaи "ором" дaм бapои ифодaи бедapaкaт шyдaн вa дaм оpомиш пaйдо нaмyдaн омaдa, ки шоиp дap дap ду мaвpид бap пояи он тacвиpе пapaдокcиpо бунёд нидодaacт: Maвчи дapëpо тaпидaн paкcи aйши зиндaгиcт, Бисмили уро 6a бeоpомй acT оромхо (2,92) Сaд 6yca лaззaт бypдaн aз дaшномхо: Maнзyp aз дaшноми мaъшyк лaззaт бypдaни ошик acт, ки онpо Бедил тaвaccyти бa коp гиpифтaни тapкибе тaвaccyти вобacтaи aдaдии "caд 6yca лaззaт" бунёд нидодa, бaён кapдaacт: Аз мaзоки ноз aгap гофил нaбошaд коми шaвк, Метaвон caд бyca лaззaт бypдaн aз дaшномдо (2,92). Ин бaёни пapaдокcии Бедил тавъе пaйвaнд бa фapмyдaи мaъpyфи Х,офиз доpaд, ки он дaм aз чунин нaвъ тacовиp бapхypдоp aCT:

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Aгap дaшном фapмой, aгap нaфpин дуо гуям, Чдвоби тaлх мезебaд лaби лaъли шaкapхоpо. (9,43) Дap ин cypyдaи Хочaи Шеpоз дap acл тaъбиpдои "нaфpин дуо гyфтaн", '^воби тaл\и лaби labin шaкapхо", ки дap вучуди хеш aноcиpи мyтaнокиз доpaнд, тacовиpе пapодокcй эчод кapдaaнд.

Аз шикacтaн куфл кapдaни \онaи дилгир: Дap acл вaкте шикacтaн вучуд доpaд, он мучиби боз шyдaн мегapдaд, aммо дap aкоиди иpфони мacлaки бедилй ин ши^отан бacтaнy мyдкaм шyдaндое доpaд, ки pоди дap гyнa acap вa вypyди неpyи ггaйppо ходaд гиpифт. Шоиp бa ин хотиp ишоpaт мекyнaд, ки чисми кyлфaтхеш тypо дap зиндони тaъмиp, яъне пapвapиш гудохт, aз ин py, онpо тaвaccyти шикacтaн куфл тамо:

Ч,исми кyлфaтхез дap зиндони тaъмиpaт гудохт, Аз шикacтaн куфл кун ин хотаи дилгиppо (2,93). Бaлaндии кacpи нecтй: Дap acл дap тacaввypи мо нестй мaкоме бa caмти зaмин, яъне поин доpaд, вaле вaкте бa acлy модияти он меaндешем, инсон дap бидишти бapин aз aдaм офapидa шуд. Ин чо Бедил тaвaccyти эчоди ин тacвиp вa тaъбиpи пapодокcй ишоpaт бap дaмин мaтлaб доpaд, ки бaлaндидои кacpи неcтиpо поёне нест, aз ин py мaн дap кaдap aз худ меходaм бypyн оям вa тидй шaвaм, ё бa тaъбиpи aдли иpфон дap хештaн фaно шaвaм, aммо дaмоно нapдбоне пешоpyи худ мебитам, то боз дaм мapо болотapy болотap мебapaд вa aмммо он pодpо поён нест. Бaлaндидои кacpи неcтиpо нест поёне, Ки мaн чaндон, ки бapмеоям aз худ, нapдбон доpaм (3, 357). Аз гиpяи шодй cyхтaн вa отaш бyдaни amR дap бaйти дигapи Бедил дap шyмоpи тapкибдои боpвap aз тacвиpдои мyтaнокиз мебошaд, ки дap он тaзоди гиpявy шодй вa отaшy aшк омили эчоди чунин тacовиp гapдидa. Бa тaъбиpи шоиp вучуди инсони оpиф мисли шaмъ aз гиpяи шодй меcyзaд. Аз ин хотиp, aшки солик мисли arnm шaмъ отaш aCT, нa об:

Пайкари мо дамчун шамъ аз гиряи шодй гудохт, Ашк, дар чо бингарй об аст ин чо оташ аст (2,328). Мусаллам аст, ки ашки шамъ досили сухтан, яъне оташи дили уст ва орифи дар маслаки Бедил карордошта низ аз гиряи шодй мисоли шамъ месузаду гудохта мешавад, чун нишоту шодии вай дамин ранч кашидану риёзат бошад, ки ин матлаб дар сурудадои шоир ба касрат мучассам аст.

Дар байти дигари шоир таъбири '^p китоби хомушон мавчуд будани маъние, ки аз хеч кас натвон шунид", омадааст. Бедил таъкид дорад, ки дар китоби хомушон, яъне адли ирфон дар маслаки у, ки дар макоми хомушй карор доранд, мазмундое чой дорад, ки хеч кас наметавонад ондоро тафсир кунад ва барои дарку маърифати он гуше пайдо бояд намуд ва албатти ин дамон гуши дил аст на гуши зодир: Гуш пайдо кун, ки Бедил аз китоби хомушон Маъние, к-аз деч кас натвон шунуд, овардаст (2,275).

Дар таркиби таъбири "^p паpвоз будани нолаи паpбаста" дар асл ба хотири мавчуд будани ду долати мутанокиз, яъне парвоз ва парбаста тасвири парадоксй ба зудур расида, чун парвоз дамеша дар доли кушодагии болдо иттифок афтад. Аммо ин чо дар асл Бедил агарчи як навъ пародокси лафзй эчод намудааст, ба назар мерасад, ки дар чавдари сурудаи вай нуктаи дигаре нудуфтааст. Шоир талкин мекунад, ки аз гардун шиква намудани мо худ далели тангдастидоямон аст, ончунонки парандаи парбаста, агарчи худ парвоз карда натавонад, аммо нолааш дар парвоз бошад. Ин чо дамакнун нола парвоз мекунад, на худи паранда, вале дароина корбурди ин ду унсури мутанокиз ба эчоди парадокси лафзй омил шудааст: Шиква аз гаpдун далели тангдастихои мост, Нола даp паpвоз бошад тоиpи иац"^'!^^ (2,147) Дар байти баъдй дар таркиби иборадои "^p бистаpи захми чигаp осуда будан" ва "дилхои улфатхаста" чилваи навъи мазкури тасвир ба мушодида мерасад. Аслан чое, ки захм аст ё датто захми чигар даст, осудагй вучуд надорад, аммо Бедил ин осудагиро дар вучуди гунчадо мебинад, ки дар бистари захми чигар осуда аст. Зодиран, ин дам бистари захми чигар аст, на худи он, аз ин ру дар ин дол дам Бедил навъе парадокси лафзй ба вучуд меоварад, аммо дар асл, вакте гунча тавассути даридани хеш ба гул табдил мешавад,чигари вай чок мегардад, ки шоир ин чо шарди дамин долро барои мо баён мекунад. Аз ин чост, ки мурочиат ба насим мекунад,ки дилдои аз улфат хастаро оташ мазан, яъне ин гунчаро боз макун. Дар заводири матлаб агарчй ин дарчанд бо гузашти замон гуё аз унсу дамнишинй хастаанд, аммо ин хастагй навъе барояшон оромишу родате дам бошад. Fунчахо даp бистаpи захми чигаp осудаанд, Эй насим, оташ мазан дилхои улфатхастаpо (2,149). Тааммул ба мантик ва матлаби байти зерин аз вучуди як баёноти пародоксй дар таркиб ва мазмуни он паём мерасонад. Шоир таъкид бар ин матлаб дорад, ки агарчи инсон ба саросари олам ё даврони осмон метавонад бигардад, аммо годо кодир нест, ки ба гирди ходиши як дил бигардад, яъне хостадои дили як нафарро бароварда гардонад:

Тавон агаp хама давpони осмон гаpдид,

Ба гиpди хохиши як дил наметавон гаpдид (2,560).

Мутолиаи девони Бедил ва тааммул дар он чи гуфта омад, ин нуктаро равшан месозад, ки Абулмаонй бештар дар шарди матолиб ва акоиди ирфонй аз ин кабил тасвир ва таркибдо ба кор мегирад. Тавре таъкид гардид, дар баробари мурур ба

фapдaнги мapдyмй дap aмpи тaкмили тacовиpи пapодокcй, ки нукоте бap он ишоpaт шуд, aз мaфодими иpфони диндй низ дap ин pоcто иcтифодa мекyнaд. Мacaлaн, чaмъе aз оpифони диндй мyътaкид бyдaнд, ки чун инсон ypён бa дунё омaдaacт, пac бapои у либос дaм тaaллyк диcобидa мешaвaд. Аз ин py, aкcapaн бa cypaти нимaypён caйpyгaшт дaм мекapдaнд. Бедил дap acл зод^и ин нaзapияpо интикод мекyнaд вa дaтто чое мегуяд:

Умрхо шуд дaмидaacт офок, Бeлибоcй ^нуз, ypëн нecт (2,274). Дap дaмин тaъбиpи "белибосй дaнyз ypён нест" низ шоиp нaвъе тacвиpе дap тapкиби он меофapaд, ки тaндо бидуни либос бyдaн ypёнй нaметaвонaд бошaд. Аз ин py, бо коpбypд вa тaкмили ин нaзapия Бедил дap девони хеш чaнд тapкибе пapaдокcй бa cypaти "чомaи ypëнй", "чомea aз ypëнй 6a бap кapдaн", "^TaxA кapдaни чомaи ypëнй", "бapaхнaгй дap тaн \илъaти худодод бyдaн" вa aмcоли ин офapидaacт, ки дap зимни ондо мaтолиби иpфонии покизa вa caфои кaлб, дилpо aз гapдy гyбоp тозa нaмyндaн вa aмcоли ин дap нaзap acт: KyTaxñ кapдaни чомaи ypëнй:

Kyтaдй кapд зи бac чомaaм aз ypёнй, Остин дaм бa кaфaм домaни бедacтpac aCT (2,231). Ч,омaи ypëнй:

Cap бa зонуи дил aз бедacтгодй хyфтaем, Ч,омaи ypёнии мо ин гиpебон кapд тapд (2, 456).

Дap чунун сомони чaйбy домaне дapкоp нест, Ч,омaи ypёнй aз paнгaм кaбо ходaд шyдaн (3, 556). Ч,омaи ypëнии гapдyн:

Дидaи ибpaтнигодон aз кaвокиб нест кaм, Бaхядо бap чомaи ypёнии гapдyн зaнед (2,625) Хилъaти худодод бyдaни бapaхнaгй:

Тaнaм зи бaнди либоси тaкaллyф озод acт, Бapaднaгй бa бapaм хилъaти худодод acт (2, 182). Бa зодиp ин чо бa нaзap меpacaд, ки гуё Бедил aз он чapaён пaйpaвй мекутад, aммо тaвaччyд бa умки мaтлaб paвшaн меcозaд, ки шоиp acлaн ин чо зеpи мaдфyми бapaднaгй дap чй тaбиaтaн aз Хyдовaнд бa у pacидa, дaмонpо дap нaзap доpaд, чун дap миcpaи aввaл ишоpaт бa он мекутад,ки тaни мaн зи бaнди либоси тaкaллyф озод acт. Хдмин ибоpaи "либоси тaкaллyф", ки дaмон учбу гypypи дунёй низ дap нaзap acт, моpо бa мaтлaби aarä кapиб мегapдонaд.

Дap мaчмyъ, тaaммyл дap девони Миpзо Aбyлкодиpи Бедил гувод бap он acт, ки дap кaломи ин cyхaнвapи тозaкоp вa тaчaддyдгapо вучуди тacвиpдои пapодокcй дap тapкиби тaъбиpдои чолиби шо^ота бapои тaнaввyъи шевaи бaён, эчоди мaзмyндои тозa вa тacвиpy ибоpaдои ноби шоиpонa, ки хоси caбки cyхaни шоиp вa зaбони бaёни у дacтaнд, нaкши мyaccиp гyзоштaaнд. X,apчaнд ин нaвъ тacовиp дap кaломи шоиpони пешин бa нyдpaт бa чaшм pacидa, бaъдaн дap шеъpи cyхaнвapони caбки диндй тaдpичaн нуфуз кacб кapдa, aммо, дap дaкикaт, дap aшъоpи Бедил, хоca гaзaлиёти у чилвaи нaкши ин гута тacвиpдои шоиpонa бa як вижaгии мудимми дyнapй бaдaл гapдидaa ки ин мaтлaбpо пaжyдишгapони оcоpи шоиp низ эътиpоф нaмyдaaнд. Бap acоcи вучуди он дaмчyн caнъaти бaдей дap оcоpи нaзapии aдaбиётшиноcии диндй вa кaшфи он aз суи Озоди Бaлгиpомй дap ин зaминa дaм

метавон бар ин хулоса расид, ки авлавияти чунин тасовир ва чойгоди он чун шигарди дунарй дар шеъри Бедил боз дам бар нуфузи таъсири поэтикаи кадима ва асримиёнагии диндй рабт мегирад. Худи Балгиромй низ тандо тавассути мутолиаи татбикии балогати диндиву арабиву форсй ва мурур дар каломи шоирони сабки диндй аз ин зовия муваффак гардид, ки онро дамчун саънати бадеии "вифок" кашф намояд.

Пайнавишт:

1. Балгиромй, Миргуломалии Озод. Гизолу-л-уинд. Мутолеаи татбиции балогати уиндй ва форсй. Тасуеуи Сируси Шамисо.- Теурон: Садои муосир, 1382.- 176 с.

2. Бедил, Мирзо Абдулцодир. Нусхаи илмй-интицодии газалиёт. Ба эутимоми Абдулваууоби Фоиз.-Рутердом(Нидерланд): ISKAMPprinting, 2018.-740 с.- Ц.1.

3. Бедил, Мирзо Абдулцодир. Нусхаи илмй-интицодии газалиёт. Ба эутимоми Абдулваууоби Фоиз.-Рутердом(Нидерланд): ISKAMP printing, 2018.-740 с.- Ц.2.

4. Деулавй, Бедил. Куллиёт. Тасуеуи Холмууаммади Хаста ва Халилуллоуи Халилй. Ба кушиши Бауман Халифаи Баноравонй. Иборат аз чауор цилд.- Теурон: Талоя, 1389.798 е.- Ц.1.-Бахши 1.

5. Деулавй, Бедил. Куллиёт. Тасуеуи Холмууаммади Хаста ва Халилуллоуи Халилй. Ба кушиши Бауман Халифаи Баноравонй. Иборат аз чауор цилд.- Теурон: Талоя, 1389.802 е.- Ц.1.-Бахши 2.

6. Кадканй, Мууаммадризо Шафей. Шоири оинауо (баррасии сабки уиндй ва шеъри Бедил)/Мууаммадризо Шафеии Кадканй.-Теурон: Огоу, 1366.-338 с.

7. Рудакй. Девон. Тауия, тасуеу ва сарсухану уавошии Кодири Рустам. - Олмотй, 2007. - 256 с.

8. Футууй, Маумуд. Балогати тасвир.-Теурон: Сухан, 1375.-461 с.

9. Шерозй, %офиз. Девон. Тауияи матн аз Шарифмурод Исрофилниё.-Душанбе: Адиб, 2015.- 480 с.

Reference Literature:

1. Balghiromi, Mirgulomalin Ozod. Indian Gazels. Comparative Study of Indian and Persian Rhetorics. Recension by Sirusi Shamiso. - Tehran: Voice of the Epoch, 1382 hijra. - 176 pp.

2. Bedyl, Mirzo Abdulkodir. Scientifico-Critical Text in Regard to Gazels. Under the editorship of Abduvahhob Four. - Rotterdam ( the Netherlands ) : ISKAMP printing, 2018. V.1. - 740pp.

3. Bedyl, Mirzo Abdulkodir. Scientifico-Critical Text in Regard to Gazels. Under the editorship of Abduvahhob Four. - Rotterdam ( the Netherlands ) : ISKAMP printing, 2018. V2. - 740pp.

4. Dehlavi, Bedyl. Collection of Compositions. Recension by Kholmukhammad Khast an Kha-lilullokh Khalili. In four volumes. Tehran: Vanguard, 1389 hijra. V1. Book 1. -798 pp.

5. Dehlavi, Bedyl. Collection of Compositions. Recension by Kholmukhammad Khast an Kha-lilullokh Khalili. In four volumes. Tehran: Vanguard, 1389 hijra. V1. Book 2. - 802 pp.

6. Kadkani, Mukhammadrizo Shafei. The Poet of Mirrors (Research of Indian Style in Bedyle's Poetry //Mukhammadrizo Shafei Kadkani. - Tehran: Connoiseur. 1366 hijra. - 338pp.

7. Rudaki. Divan. Preparation of the Text, Preface and Supplement by Kodir Rustam. Almaty (Kazakstan). 2007. - 256pp.

8. Futuhi, Makhmud. Rhetoric of Description. - Tehran: Word, 1375 hijra. - 461 pp.

9. Sherozi, Khofiz. Divan. Preparation of the text by Sharifmurod Isrofilniyo. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2015. - 480 pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.