Научная статья на тему 'ҶОЙГОҲИ КОНФУТСИЙ ДАР АДАБИЁТИ ЧИН'

ҶОЙГОҲИ КОНФУТСИЙ ДАР АДАБИЁТИ ЧИН Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
84
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КОНФУЦИЙ / ЛЕГЕНДА / СТАРЫЙ ФИЛОСОФ / ЛАО-ЦЗЫ / ЦАРСТВО ЛУ / ДЕНЬ РОЖДЕНИЯ

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Ахмедова М.Ш., Қосимова М.Ҷ.

Согласно легенде, именно в городе Чжоу Конфуций познакомился с древним мыслителем Лао-цзы. Старый философ критиковал Конфуция за его «пустые» мечты и надежды. Но Конфуция это не смутило. Он сказал, что его цель - поставить полученные им знания на службу людям.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ҶОЙГОҲИ КОНФУТСИЙ ДАР АДАБИЁТИ ЧИН»

Ф И Л О Л О Г И Ч Е С К И Е

НАУКИ

М.Ш. Ахмедова, М. Ц. Косимова

ЧОЙГОХИ КОНФУТСИЙ ДАР АДАБИЁТИ ЧИН

Согласно легенде, именно в городе Чжоу Конфуций познакомился с древним мыслителем Лао-цзы. Старый философ критиковал Конфуция за его «пустые» мечты и надежды. Но Конфуция это не смутило. Он сказал, что его цель - поставить полученные им знания на службу людям.

Ключевые слова: Конфуций, легенда, старый философ, Лао-цзы, царство Лу, день рождения.

Конфутсий дар шохигарии Лу (холо Сюйфуи Шандун), дар оилаи муфлисгаштаи хизматчиёни давлативу харбии баруманд ба дунё омадааст. Дар чадвали солшумории чинй рузи таваллуди Конфутсий ба 21 рузу 10 моху 20 соли хукмронии бугдихони Линг-Ванга (шохи окил) баробар аст, яъне ба соли 551 то милодй. Номи Конфутсий шакли лотинишудаи Кун Фу-сзи, яъне «устод Кун» аст. Дар се солагиаш аз падар махрум гашт. Модарашро бехад эхтиром менамуд, ба хар суханаш гуш меандохт. Новобаста аз хурд-солй табиатан ором, ботамкин ва бомулохиза буд. Бозии дустдоштааш ичрои хар гуна маросим, аз чумла курбонй ба шумор мерафт. Дар 17-солагй уро ёвари муаллимаш Пинг-Чунг, олими шинохта таъйин кар-данд. Пинг-Чунг айни замон хокими шахре буд, ки он чо Конфутсий бо модараш мезист. Дар омузишгохи Чунг-ни бо саъю кушиши беандоза осори муаллифони кадимро, ки ба аклу дилаш таъсири амик мегузоштанд, мутолиа намуд. Донише андухт, ки минбаъд шунавандагонашро ба хайрат меовард. Пас аз хатми омузишгох бо хохиши модар хизмати давлатиро ба ухда гирифт. Сардори нозири бозор таъйин гашт. Аз субхи содик, маводи бозору дуконхоро хабар мегирифт, намегузошт, ки сабзавот, гушту нон, мевахои гайри кобили истеъмол ба фуруш раванд. Савдогарони боинсофу бовичдонро дастгирй менамуду каллобонро чазо медод. Бо ин амал дар байни халк эътибори зиёдеро сохиб гашт. Дар вактхои фориг аз хизмати давлатй пайваста илм меомухт. Дар нуздахсолагй Конфутсий бо духтараке аз оилаи баруманди Ки-коан-ши акди никох баст. Пас аз як сол писардор шуд, баъдтар духтарчае ба дунё омад. Дар хаёти оилавй у хушбахт набуд. Ривояте хаст, ки вай аз завчааш чудо шудааст. Акидааш нисбати зан чунин буд: «Бо зан сарукор гирифтан бисёр душвор аст, наздикй чуйй якрав мешаванд, дур созй гавго мебардоранд» [2, 45].

© М.Ш. Ахмедова, М.Ч,. Крсимова, 2023.

Дар ин муддат бо хохиши сокинон хокими Лу Конфутсийро нозири заминхои кишт, чангалу чорво таъйин намуд. Уро вазифахои боз хам баландтари давлатй интизор буданд. Вале вафоти модар дар соли 528 то милод уро мачбур сохт, ки тарки вазифа намояд. Конфутсий ба анъанахои кадимаи чинй содик буд: «Писар танхо баъди сесола шудан аз дасти волидайн ба замин мефурояд, аз ин ру азодории сесола барои хама хатмист». Аз хизмат, ки фориг буд, Конфутсий ба омухтани таърихи кадими кишвараш пардохт. У бо хуччатхои кадимаи таърихй, анъанахои маросимй, суруду мусикй ва ривоятхои кадим шинос шуд ва хамчун донандаи анъанахо шухрат ёфт. Соли 522 то милод орзуи деринааш чомаи амал пушид. Хамрохи шогирдонаш зиёрати пойтахти кадимаи Чжоу муяссар гашт. Ибодатгоххои кухансол уро ба вачд оварданд. У худро дар саргахи хикмат мепиндошт, ба суратхои руидеворй бо диккат менигарист, матнхои бо мурури замон хирашударо бо шавку завк мехонд. Ба зудй дар шахр овозаи олими чавони хамадон пахн гардид. Шумораи шогирдони у хар руз меафзуд. Фазл ва донистани адабиёти кадима хамаро мафтунаш сохт. Хамзамон у ба тахрири китоби «Ши сзин» («Китоби сурудхо»), ёдгории адабиёти асрхои XI-VI то милоди Чин, даст зад. Вай бехтарин сурудхоро, ки азёд медонист ва то охири умр замзама мекард, дар китоб бокй гузошт. Конфутсий ба мусикй бахои баланд медод. Мегуфт, ки мусикй бояд гизои маънавии халк бошад. Вай хокимеро мечуст, ки аз руи тавсияхои Конфутсий кишвару халкро идора созад. Боварии халкро сазо-вор гаштани сарвари давлат барои мутафаккири чавон чизи асосй буд. Бе ин давлатро нигох доштан амри мухол аст, мегуфт. Барои чунин хоким пайдо кардан Конфутсий худуди кишвархои Си, Вей, Чэн, Сзай ва гайрахоро тай намуд. Вале хайхот, шохи донишманду дилхохашро наёфт. Билохир дар чилу чорсолагиаш бахт ба руяш хандид. Дар шохигарии Лу ошубхо хомуш шуданд ва хоким Конфутсийро шахрдори Чжун-ду таъйин намуд. Акнун у дар амал метавонист гояхояшро татбик созад. Конфутсий коидахои судиро дар амал хуб риоя менамуд. Дар рузхои аввали раиси шахр буданаш, вай мачбур шуд, ки аз акидааш гашта мухолифи сиёсиашро ба дор кашад. У зидди хукми катл буд, аммо давлатдорй варо аз акидаи шахсиаш баргардонд.

Конфутсий ба шогирдонаш ин амалашро чунин шарх дод: «Шал Чжен-мао гуруххои хамакида ташкил намуда, зидди мо сухан мегуфт, хакикатро дидан намехост, худраъй буд, пас чи тавр уро ба дор намекашидем? Вале хукми катл ёрй нарасонд. Дарбориён фитнахо бардоштанд. Ахиран Конфутсий аз сарзамини Лу рафт. Бо шогирдон аз шахр ба шахре, аз як мамлакат ба дигаре сафар мекарду акидахояшро таргиб менамуд. Одамон уро бо хушнудй пешвоз мегирифтанд, ба суханхояш гуш меандохтанд, ба вачд меомаданд. Вале дигар чизе руй намедод. Хоким Вей низ уро дуст медошт, харфаш мешунид, барояш касру маош (хазор чен биринч) мухайё сохт, аммо мувофики таълимоти Конфутсий мамлакаташро идора кардан нахост. Ва Конфутсий ин чоро низ тарк намуд. Кумандони шохигарии Сунг аз чамъомадхои шогирдони Конфутсий ба харос афтода, мачбур месозад, ки мутафаккир боз овораи манзилхо шавад. Баъди сарсонихои зиёд ба ватан бармегардад, аз вафоти занаш хабар меёбад. Дар Лу тамоми вакташро ба омузиш ва тарбияи шогирдон мебахшад. Дар як баландй бештар ваъз мегуфт ва он «теппаи зардолу» ном гирифт. Дар ин чо тамоми осорашро ба тартиб овард, бисёр китобхои кадимаро мураттаб намуд. Вай тахрири асархои фалсафии «Шутсзин», «Шитсзин», «Итсзин» ва нахустин асари таърихии Чин «Чунсю»-ро ба охир расонд. Таълимоти Конфутсий дар замони хукмронии Хон (202 то милод) дар саросари Чин пахн гашт ва хамчун дини давлатй пазируфта шуд. Баъди сарнагун шудани охирин императори Чин дар соли 1912 дини давлатй низ мавкеашро аз даст дод.

Хамин тавр, Конфутсий файласуф ва мутафаккири Чини кадим, асосгузори конфутсионизм буда, таълимоти у, ки пояи як низоми комили фалсафй гардида буд, ба хаёти Чин ва тамоми кишвархои Осиёи Шаркй таъсири бузург расонд. Новобаста аз он, ки аксарият таълимоти Конфутсийро хамчун як дин мехисобанд, дар он сохтори ибодатй вучуд надошта, масоили илохиёт ягон накше намебозанд. Чавхари асосии он бунёди чомеае мебошад, ки дар он хар як фард накши худро дорад. Чунин чомеа дар асоси гояхои вафодорй ва муносиботи боэхтиромона миёни рахбару тобеъ, ки чихати дастгирии мавчудияти худи чомеа («гармония»-и он) нигаронида шудааст, бунёд ёфтааст.

Библиографический список:

1. Мирзозода Х. Таърихи адабиёти точик (Аз давраи кадим то асри XIII) К.1. - Душанбе: Маориф, 1987. 500 с.

2. Степанян М.Т. Человек в традиционном обществе Востока (Опыт компаративистского подхода) // Вопросы философии. № 3.1991. 145 с.

3. Фарханги забони точикй. (аз асри X то ибтидои асри XX) Иборат аз 2 чилд. Ч. 1. М.: "Советская энсиклопе-дия", 1969. 665 с.

4. Энсиклопедияи советии точик. Кисми 1, А - Душанбе, 1972. 926 с.

5. Мухаммад Рашшод. Фалсафа аз огози таърих. Душанбе: Ирфон, 1990. 200 с.

АХМЕДОВА МУСЛИМА ШЩРАТЧ,ОНОБНА - магистрант, МДТ «ДДХ ба номи акад. БГафуров», Точикистон.

РОХБАРИ ИЛМЙ: КРСИМОВА МАРХАБО ^УРАБОЕВНА - номзади илмхои филологй, дотсент, МДТ «ДДХ ба номи акад. Б^афуров», Точикистон.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.