Научная статья на тему 'ИСТОРИЯ ПРИХОДА ТАМЕРЛАНА К ВЛАСТИ ПО НИЗАМИДДИНУ ШАМИ И ИБН АРАБШАХУ'

ИСТОРИЯ ПРИХОДА ТАМЕРЛАНА К ВЛАСТИ ПО НИЗАМИДДИНУ ШАМИ И ИБН АРАБШАХУ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
47
21
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАМЕРЛАН / ИСТОРИЯ / «ЗАФАРНОМА» / НИЗАМИДДИН ШАМИ / «ЗИНДАГИИ ШИГИФТОВАРИ ТЕМУР» / ИБН АРАБШАХ / ВОЙНА / МИЛЛИТАРИЗМ / ОТРАЖЕНИЕ / ВЛАСТЬ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирзоев Шухрат Джумамуродович

В статье прослеживается история прихода Тамерлана к власти по «Зафарноме» Низамиддина Шами и «Зиндагии шигифтовари Темур» Ибн Арабшаха. Низамиддин аш-Шами и Ибн Арабшах соавторы исторических событий, один из которых описывает историю Тамерлана с точки зрения правящего класса, а другой - с точки зрения масс. Автор отмечает, что история прихода Тамерлана к власти подробно описана в трактате Низамиддина Шами, однако автор воздерживается от описания истории Темура до тех пор, пока он не займется политикой. В то же время серьезным недостатком является неверная оценка хода событий, их причин и сокрытие гнусных действий Темура. Изучив эти вопросы, автор приходит к выводу, что история прихода Темура к власти в трактате Ибн Арабшаха «Зиндагии шигифтовари Темур» ближе к истине, чем известие о «Зафарноме» у Шами. Низамиддин Шами воздержался от комментариев и трагических поступков Темура в этой части повествования, так как он в момент написания находился на службе у Темура и, несомненно, интересовался ею больше. Другие историки, в том числе Шарафуддин Али Язди, Мирханд и Хондамир, согласны с трактатом Низамиддина Шами о приходе Тамерлана к власти.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

HISTORY OF TAMERLANE'S COMING TO POWER ACCORDING TO NIZAMIDDIN SHAMI AND IBN ARABSHAH

The article traces the history of Temurlang's rise to power, according to Nizomiddin Shami's Zafarnoma and Ibn Arabshah's «Zindagii shigiftovari Temur». Nizamiddin Shami and Ibn Arabshah co-authored historical events, one describing the history of Tamerlane from the point of view of the ruling class and the other from the point of view of the masses. The author notes that the history of Temurlang's rise to power is described in detail in Nizomiddin Shami's treatise, but the author refrains from describing Temur's history until he enters politics. At the same time, a serious shortcoming is the incorrect assessment of the course of events, their causes and the cover-up of Temur's abominable actions. After studying these issues, the author concludes that the history of Temur's coming to power in Ibn Arabshah's treatise ««Zindagii shigiftovari Temur» is closer to the truth than the news of «Zafarnoma» in Shami. Nizomiddin Shami refrained from commenting on Temur's shortcomings and tragic actions in this part of the story, as he was in the service of Timur at the time of writing and was no doubt more interested in it. Other historians, including Sharafuddin Ali Yazdi, Mirkhand, and Khondamir, agree with Nizamiddin Shami's treatise on Temurlang's rise to power.

Текст научной работы на тему «ИСТОРИЯ ПРИХОДА ТАМЕРЛАНА К ВЛАСТИ ПО НИЗАМИДДИНУ ШАМИ И ИБН АРАБШАХУ»

Сведения об автора: Мусоев Мухаммад Салохидинович-докторант PhD 3 курса Института истории, археологии и этнографии НАНТ. 734025. Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр., Рудаки, 33, тел. (+992) 933709998. E-mail: musoevmuammad@gmail.com

Information about the author: Musoev Muhammad Salohidinovich-3 year doctor PhD of Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan. 734025. Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33 Rudaki Ave, Tel. (+992) 933709998. E-mail: musoevmuammad@gmail.com

УДК 9 (575.3)

ТАЪРИХИ БА САРИ ^ОКИМИЯТ ОМАДАНИ ТЕМУРЛАНГ ТИБЦИ АХБОРИ НИЗОМИДДИНИ ШОМИ

ВА ИБНИ АРАБШО^

МИРЗОЕВ Ш. Ч., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Таърихи ба майдони сиёсат ва ба сари хокимияти Мовароуннахр омадани Темурланг дар рисолахои «Зафарнома"-и Низомиддини Шомй ва «Ачоибу-л-макдур фи ахбори Темур"-и Ибни Арабшох инъикос ёфтааст. Низомиддини Шомй ва Ибни Арабшох шохиди к;исме аз вок;еахои таърихии нимаи дуюми асри XIV-ибтидои асри XV буда, асархои онхо аз манобеи дасти аввал дар масоили таърихи ба сари хокимият омадани Темурланг ва лашкаркашихои у ба кишвархои бегона ба хисоб мераванд.

Таърихи ба хидмат расидани Темурланг ва даст ёфтани у ба мамолики Мовароуннахр аз масъалахоест, ки дар ду сарчашмаи дасти аввал-«Зафарнома»-и Низомиддини Шомй ва «Зиндагии шигифтовари Темур»-и Ибни Арабшох ба таври гуногун тасвир ёфтаааст. Низомиддини Шомй, ки аз аввалин таърихнависони дарбори Темур буд, дар рисолаи худ «Зафарнома» 18 гуфтор ва зиёда аз 70 сахифаи асарашро махз дар масъалаи вок;еахои таърихии Мовароуннахр то ба сари хокимият омадани Темурланг бахшидааст. Ибни Арабшох бошад, дар асари худ «Зиндагии шигифтовари Темур» («Ачоибу-л-макдур фи ахбори Темур») ин масъаларо хамагй дар чор гуфтор: «Гузаштани Темур аз Чдйхун», «Гирифтории Темур дар шахри ^аршй ва рахой ёфтани у», «Шохон ва озодагоне, ки бандагии вай пазируфтанд» ва «Азимати Темур ба суйи Бадахшон» овардааст, ки хамагй 6 сахифаро дар бар мегирад.

Мувофик;и навиштаи Ибни Арабшох Темур, ки дар банди амир Хусайн буд ва аз чониби у аввалин бор ба чанг бар зидди волии Систон фиристода шуд, баъд аз музаффарият аз амир Хусайн фирор намуда, бо лашкар аз

Чдйхун гузашта, дар Кдршй карор гирифт. У ме^яд: «Р7зе, дар он хол ки аз гардиши даврон зиёни фаровоне дида ва аз cадамати рузгор ба чон рашда 6уд, ба ёрони худ чунин гуФт, ки дар ин наздикй ба ном Нахшаб, шахри Абутуроби Нахшабй, ки Худо биёмурзад!-дар амон аз фитнаи замон ва нихон аз чашми хаводиш даврон, хар гох бад он даcт ёбем, панохгохи мо тавонад буд ва фармонравои он шахр Муш агар ба чанги мо ояд ва ба чанги мо афтад, амволи вай биштонем ва бад-он комраво гардем...»[6,12-13]. Бино ба ахбори ин манбаъ Темур бо хамрохонаш пинхонй ба ин шахр ворид шуда, ганиматхои зиёде ба даcт оварданд, аммо хангоми бозгашт бо лашкари хокими шахр py ба py шуданд ва ба Темур ва лашкариёнаш муягсар шуд, ки аз ин шахр ба зудй ба кароргохи худ баргарданд:«Онон бо ганиматхои бжёр ба чойгохи худ бозгаштанд ва чамъе аз ахли фа^д бад эшон пайваcтанд ва шумораи онхо ба 300 тан рашд» [5, 41]. Сайёхи иcпанй Р.Г. де Клавихо, харчанд ки ин вокеаро кайд намекунад, аммо ба таври умумй ахбореро меорад, ки ба ахбори Ибни Арабшох монанд ает: «Баъди чанде y аллакай cecад cаpбoзи cавopа дошт. Вакте ки y бо cаpбoзoни худ барои таллаву тороч кардани дигар мавзеъхо мерафт,_хама чизеро, ки имкони горат кардан ва дуздидан буд, бо худ гирифта меовард. У дар роххои корвонгузар пайдо шуда, корвони точиронро горат мекард» [10,132]. Аммо ин вокеахо дар рдоолахои Низомиддини Шомй, Шарафуддин Алии Яздй, Мирхонд ва дигарон инъикoc наёфтаанд. Бо эхтимоли зиёд Низомиддини Шомй аз ин вокеахо бохабар буду ба хотири хифзи эътибори Темурланг онхоро таcвиp накаpдааcт.

Таърихи ба cаpи хокимият омадани Темурланг дар «Зафарнома"-и Низомиддини Шомй дигар хел таcвиp ёфтааcт. Мувофики ахбори ин маъхаз дар холи парокандагии шёш карор доштани Мовароуннахр ва зухур кардани фитнаву ошу6 дар байни хокимони махаллй хони мугул Туглуктемур ба ин cаpзамин хучум кард: «.Дар ин аото, Туглуктемур, ки подшохи вилояти Мугул буд, хавает мубоширати умури cалтанат кард. Лашкару хашами худро чамъ кард ва руй ба тарафи Мовароуннахр ниход ва чун ба мавзеи Ч,онок Булок, ки думанзилии Самарканд ает, рашд. Баъд аз чонкй ва машварат бо умарову аркони давлат Тук Темур аз кабилаи кароят ва амир Дочй Эркинутй ва амир Бекичакро ба тарафи Мовароуннахр номзад кард, то мутобиати Боязиди Чдлоирй кунанд» [14,35].

Дар ин хангом амири Хучанд Боязиди Чдлоири ба онхо тобеъ шуда, бо лашкари худ ба чониби лашкари Туглуктемур пайваета, ба тарафи Шахpиcабз равон шуданд. Амири Шахpиcабз Дочй Баpлoc аз лашкари душман таршда, py ба чониби Хypocoн ниход. Аммо Темур аз Дочй Баpлoc ичозат пypcида, ба хидмати Туглуктемур рафта, аз чониби y ба мажаби хокими шахри Кеш таъйин гашт [13,16]. Соли ин лашкаркашии Туглуктемур дар рдоолаи Низомиддини Шомй зикр нашудаает.Аз руйи

маълумоти дигар таърихнависон, аз чумла Хондамир ин вокеа дар соли 761х.к. [17,301] мутобик ба соли 136G-H милодй сурат гирифтааст.

Шарафуддин Ллии Яздй, Мирзо Дайдари Дуглоб ва Мирхонд дар асархои худ ин санаи лашкаркашии TуFлуктемурро аниктар нишон дода, онро ба мохи рабеу-с-сонии соли 761 х.к., мутобик ба мохи феврал -марти соли 1361 нисбат додаанд [29,2G; 12,в12а; 11,Ш14].Бино ба ахбори Мирхонд дар ин вакт синни Tемур аз 25 сол бештар буд [11,1G14].

Ибни Лрабшох бошад, оид ба хучуми лашкари мугул ба Мовароуннахр ба таври умумй ишора карда, подшохи онро Камариддинхон номидааст, ки гуё у ба даъвати Tемурланг ба Мовароуннахр хучум кард: <^емур номае ба фармондехи сипохи мугул, Камариддинхон нигошт ва уро ба дастёрии худ хонд. Вай дарзамон пазируфт ва чониби у кавй дошт, то бар султон чира шавад ва шахру диёраш бозситонад ва Tемурро ба домодии худ навид дода, инони корхо дар дасташ ниход ва суйи диёри худ бозгашт» [5,42]. Ибни Лрабшох соли ин хучумро зикр накарда, инчунин аз дигар хучуми лашкари мугул ёдрас нашудааст.

Соли 1361 подшохи мугул TуFлуктемур аз вазъи ноороми сиёсии Мовароуннахр ва мунокишахои байнихудии хокимони махаллй огох туда, ба Мовароуннахр латкар катид. Лмир Дусайн (набераи амир Казган) аз Кобул ба Мовароуннахр ба мукобили TуFлуктемур бархост. Докими Хатлон Кайхусрав, ки иттифокчии Дусайн буд, бо сабаби аз чониби Дусайн ба катл расидани бародарат,1 ба чониби TуFлуктемур гузатт, ки дар натича амир Дусайн тикаст хурд [18,26]. Tемурланг низ бо истифода аз ин фурсат ба хидмати TуFлуктемур рафта, дар гирифтани Мовароуннахр ба у кумак кард ва аз чониби TуFлуктемур ба мансаби хокими Кет таъйин гардид. Пас аз ин Tемурланг то худуди Ому латкар чамъ намуд.

TуFлуктемур пас аз гирифтани Мовароуннахр ба шахру навохии он хокимони дилхохи худро таъйин кард. Лммо даре нагузатта миёни хокимон мухолифат сар зад. Лмир Дусайн, ки чихати ба даст овардани хокимият хамета талот дотт, аз ин вазъият истифода намуда, ба мукобили амир Баён, ки дар Дисори Шодмон хоким буд, латкар катид ва дар ин мубориза аз амир Боязид-хокими Хучанд, амир Хизр ва амир Tемур мадад хост. Дар натичаи чанг Баён тикаст хурда, ба чониби Бадахтон акиб нитаст. Лз хучуми дастахои зикртуда тохи Бадахтон Бахоуддин ба вохима афтода, ру ба гурез ниход ва Бадахтон дар тасарруфи амир Дусайн карор гирифт [14,37].

Дар хамин муддат Дочй Барлос аз амири Хучанд Боязид мадад талабида, ба мукобили амир Хизр равон туд. Миёни Дочй Барлос, амир

1 Дусайн хангоми хучум ба Бадахтон соли 136G бародари Кайхусрави Хатлони-Кайкубоди Хатлониро ба катл расонида буд.

Хизр ва Темурланг чанги шадид ба вукуъ пайвает: «Ва амири шхибкирон ва амир Хизр бо лашкари Шахржабз мутаваччехи Самарканд шуданд. Дар рох лашкар бозгашта ба пеши Х,очй Баpлoc рафтанд. Амир Хизр таcаввyp кард, ки амир Темур лашкарро ба чониби бародар фириетонд» [14,37]. Паc аз ба дает овардани музаффарият амир Боязид каоди чони Темур кард, ки y аз ин вокеа огох шуда, фирор намуд.

Дар «Зафарнома»-и Низомиддини Шомй хучуми Туглуктемур ба Мовароуннахр бори дуюм ва дубора ба мажаби хокими Кеш таъйин гардидани амир Темур, лашкар кашидани Темур ба чониби амир Х^айн, хамчунин ба cалтанати Мовароуннахр таъйин шудани й^хоча ва дигар х0диcах0 ба маврид оварда шудаанд. Аммо cабаби дигарбора ба чониби амир Хycайн ру овардани Темурро, зулму иетибдоди Бекичак, ки аз чониби Туглуктемур ба мулозимати й^хоча таъйин шуда буд, донистаает: «Бекичак дар акиби подшох ба мучиби ваcияти y кор накард. Ва зулм ва удвон ва багйу тугён огоз ниход. Чун амири ^хибкирон холи y бар он минвол дид, мастихат дар он дид, ки худро аз cyхбати y дур дорад, то pyзe ба cабаби y аз тарафи подшох шарм^рй набарад. Бинобар ин аз эшон муфорикат карда, мутаваччехи чониби амир Хycайн шуд» [14,40].

Ба назари мо дар ин маетала Низомиддини Шомй хакикати таърихро пинхон доштаает, зеро аз чунин шахcи хунхору золим ба мисти Темур хеч гох адолатпарвариву хакчyй наметавон интизор шуд. Эхтимол меравад, ки Темурланг бо дарназардошти манфиатхо^шахши худ ба ^^хоча хиёнат карда, ба чониби амир Хycайн гузашт. У бо Хycайн ба мукобили хони мугул мубориза бурда, толи 1364 Мовароуннахрро аз таcаppyфи хони мугул озод намуданд [3,640]. Fайp аз ин, раванди ходжахо coбит мecoзанд, ки Темурланг ба хотири манфиатхои шахши худ то ба cаpи хокимият омаданаш ба хама иттифокчиёни худ хиёнат кардаает. Mаcалан, баъди озод кардани Мовароуннахр миёни Темур ва Хycайн мухолифат cаp зад, ки окибат ба марги амир Хycайн ва ба Мовароуннахр coхиб шудани амир Темур анчом ёфт. Тибки маълумоте, ки дар «Зафарнома» оварда шудааст, мухолифати Темур бо Хycайн аcocан баъд аз шикаcт хypдани онхо аз чониби лашкари мугул дар шли 766 х.к. (1363-65) ва дар хамин coл пахш кардани шуриши Сарбадорон дар Самарканд огоз шудаает. Аммо пеш аз он ки cабабхoи мухолифати онхоро баъди ба катл pаcoнидани шуришгарони Самарканд баён намоем, маcъалаи инъикош шуриш дар таълифоти Шомй зарур аст.

Низомиддини Шомй дар фасти «Зикри мycаххаp кардани амир Хycайн мамлакати Самаркандаро» мефармояд, ки «Мавлонозодаи Самаркандй, Мавлоно Хурдаки Бухорой ва Абубакри Наддоф хар ce cаpбадop шуда, мардуми шаррир бар эшон чамъ шуда буданд ва нагузоштанд, ки лашкари чата дар Самарканд дарояд. Ва эшон чун очиз шуданд, таваккуф накарданд ва он œ мард ба cаpдopй магрур шуда, зулму чавр пеша шхтанд. Ва халк дар даcти чавру бедодии эшон гирифтор буданд. Амир

Дусайн чун ба Самарканд расид, фармуд, то сари Сарбадарон ба дор карда, мардумро аз шарри эшон халос дихад. Амири сохибкирон Мавлонозодаро шафоат фармуда, халос дод ва бокиро халок кард» [14,5060].

Ибни Арабшох бошад, аз ин ходиса ёдовар нашудааст, аммо менависад, ки «Дар Самарканд чамоате аз шуришиён ва фурумоягон буданд, ки бо куштигирй, муштзанй, дуруйй ва найрангсозй рузгор мегузоштанд ва хар тоифа бо дигаре чун кабоили кайсу яман кинаи дерин дар кор ва хилофу душманй пойдор доштанд» [5, 47]. Бино ба санади ин манбаъ хангоми дар сафархо будани Темурланг ин кабоил нух маротиба шуриш бардошта, окибат аз чониби Темурланг ба катл расонида мешаванд [5, 48].

Шарафуддин Алии Яздй ва Хондамир ба монанди Низомиддини Шомй кайд менамоянд, ки шуришгарон баъд аз муваффакият ба халк чабру зулм карда, мардумро ба катл расониданд [20,100] ва Алии Яздй ба онхо тарики назмгуна бахо додааст, ки мазмунаш ин аст: «Эй Худо магзор, ки гадо шахси муътабар гардад» [20,100].

Аз тасвири ин вокеа дар сарчашмахо бармеояд, ки аслан таърихнависони зикршуда амали озодихохии шуришгаронро бар зидди лашкари мугул, ки душмани Темур ва Дусайн буданд, манфй арзёбй карда натавонистанд. Аммо дар хусуси он ки Низомиддини Шомй даст ёфтани Темурро ба Самарканд ба вокеае асоснок намояд, бахонаи зулми сардорони шуришро ба мардум пеш гузошта, хостааст ба ин восита Темурро шахси раъиятпарвар ва пуштибони халк нишон дихад. Шарафуддин Алии Яздй ва Хондамир, ки дар нигориши ин вокеа, ба Шомй ва дигар таърихнависони дарбори Темур таклид намудаанд, ин вокеаро бо сабки дигар навиштанд. Бинобар ин, асли ходиса дар сарчашмахои зикршуда холисона тасвир наёфтааст.

Кдйд кардан ба маврид аст, ки соли 1365 хони мугул Илёсхоча ба Мовароуннахр лашкар кашид. Дусайн ва Темур ба мукобили у бархостанд ва дар назди дарёи Чирчик муборизаи шадид сурат гирифт [1,37;3,640]. Дусайн ва Темур шикаст хурда, Дусайн ба тарафи Соли Сарой ва Темур ба чониби Самарканд фирор намуданд. Темур лашкари парокандашудаашро дар муддати кутох дар шумори 12000 нафар чамъ намуд, аммо натавонист дубора ба мукобили Илёсхоча мубориза барад. Аз ин ру мачбур шуд бо лашкари худ аз руди Ому гузашта, дар Балх муким шавад [2, 42].

Пас аз ин вокеа лашкари мугул ба чониби Самарканд харакат кард. 500 нафар чавонони Самарканд зери рохбарии Мавлонозодаи Самаркандй, Мавлоно Хурдаки Бухорой ва Абубакри Наддоф ба мудофиаи шахр бархоста, [8, 350-351] лашкари мугулро шикаст доданд. Аммо ин пирузии онхо амир Дусайн ва амир Темурро ба вахшат андохт, зеро ахолии шахр бо нируи худ коре карда буданд, ки Дусайн ва Темур бо лашкариёни худ натавониста буданд [15, 227]. Еайр аз ин Темур ва Дусайн

гарчанде дар мубориза ба мукобили мугулхои чата бо Сарбадорони Самарканд як вазифа-маглуб намудани лашкари мугулро доштанд, аммо дар навбати худ ма^адхои онхо фарк мекард. Хадафи а^ши Хycайн ва Темур ба дает овардани хокимият дар Мовароуннахр ва ма^ади cаpбадopoн хифзи озодй ва иетикдолияти худ буд. Аз ин ру, амали Сарбадорони Самарканд барои ояндаи онхо хатар дошт.

Амир Хycайн ва Темур тирамохи толи 1366 ба Самарканд омада, ахдшиканона шуришгарон, хycycан cаpдopoни он Абубакр Калавии Надоф ва Мавлоно Хурдаки Бухороиро ба катл ра^нида, хокимиятро дар Самарканд ба дает гирифтанд [9, 437]. Темур бо ма^ади накшахои рази-лонаи худ ва ба дает овардани эътимоди мардум аз Хycайн хохиш кард, ки аз хуни Мавлонозодаи Самаркандй гузашт намoяд.Myтааccифoна, дар бо-раи хаёти минбаъдаи Мавлонозода то кунун маълумот даcтpаc нecт [7, 436].

Низомиддини Шомй дар фаcли «Зикри мycаххаp кардани амир Хycайн мамлакати Самаркандаро» ишора менамояд, ки паc аз ишголи Самарканд хиpc дар ниходи Хycайн голиб шуда, ба чамъи амвол рагбат баcт, дар гирифтани амволи амир Чоку, амир Сайфуддин, Ок буго, Элчй Баходур ва Давлатшох, ки аз наздикони Темур будаанд, худдорй накард. Темур бар ивази халоши онхо ба Хycайн гушвора ва даcтёpаи Улчой Турконого, ки хохари амир Хycайн буд ва дар хиболаи амир Темур карор дошт, пешкаш кард. Fайp аз ин Хycайн бар ивази озод намудани онхо аз Темур œ хазор динор талаб намуд [14, 61]. ^c аз ин ходжа амир Myco, Урду Хотун, Алй Дарвеш ва Фарход ба амир Хycайн мактубе навиштанд, ки гуё Темур чихати мухолифат бо у чора андешида иcтoдааcт. Мувофики ахбори «Зафарнома» аз ин ходжахо мухолифати Темур бо Хycайн огоз шуд, ки дар чанд фасти он инъикoc гардида, дар он амир Хycайн гунахгор дoниcта шудаает.

Ибни Арабшох cабаби мухолифати Темурро бо Хycайн, ки дар «Зафарнома»-и Низомиддини Шомй ва дигар cаpчашмахoи таърихй oмадааcт, зикр накарда, якбора хучуми амир Хycайнpo ба чониби Темур oваpдааcт, ки аз руйи ахбори ин манбаъ дар натичаи ин чанг Хycайн шикаcт хурда, ба чониби Балх фирор намуд ва Темур ба горату ягмогарй огоз нихода, cипoхи худро афзун гардонид ва ба мамолики Мовароуннахр дает ёфт: «Темур бад-ин гуна бар мамолики Мовароуннахр муетакар гашта, ба мардуми он диёр ба галабаву кахр фармонраво гашт. Он гох ба афзоиши лашкар ва ороиши шпох пардохт ва таcаppyфи калъахои матин ва карияхои шпохнишин вачхаи химмат coхт» [5,16].

Па^ ба хyлocаe омадан мумкин ает, ки Низомиддини Шомй ба Темур бештар таваччух намуда, дар хycycи cабабхoи мухолифати Темур бо Хycайн аcли вокеаро баён накаpдааcт. Ба андешаи мо Хycайн ва Темур, ки харду ма^ади хукмронии Мовароуннахрро доштанд, паc аз таcаppyфи он барои шхиби тахт шудан пинхонй мухолифат намуданд. Соли 1370

Tемурланг мухолифати худро ба амир Дусайн ба таври откоро эълон карда, ба чониби Балх латкар катид [18, 28].

Hизомиддини Шомй бо хусни таваччух ба Tемурланг мефармояд: «Лмири сохибкирон чун тагйири ахволу табдили афъолу аквоми у (Дусайн) мутохида фармуд, ба дидаи фаросат дар чоми чахоннамои замири худ чехраи мулку давлати уро харотида дид ва футур ба ховотии ахволи у рох ёфта. Ба амир Мусо матварат фармуда, гуфтанд, ки бар кавлу феъли у эътимод намондааст ва муфсидон дар мизочи у мачоли тасарруф ёфтаанд» [14, 94].

Бино ба ахбори хамин манбаъ Tемур бо як катор хокимони дигар, аз чумла хокимони Хатлону Бадахтон ба Балх хучум карданд. Ибни Лрабтох ботад, гарчанде сабаби латкаркатии Tемурро ба Балх зикр накардааст, аммо хучуми уро дар якчоягй бо хокимони Бадахтон тасвир кардааст, ки ба ахбори Шомй монанд меботад: «Tемур номае ба волиёни Бадахтон фиристод ва дар он замон ду бародар пас аз марги падари худ аморати он тахр доттанд ва султон як бор бар этон голиб омада, боз хукумат ба онхо мукаррар дотта буд, бад- ин тарт ки аз фармони вай сар напечанд ва писарони худ ба гарав назди вай фиристанд. Ва чун фарзандони этон ба асорат назди султон ба сар мебурданд, худ низ асири иродаи у буданд. Чун номаи Tемур бирасид, ба чон пазируфтанд ва дар чамъи ёрони вай даромаданд» [5, 41-42].

Мувофики ахбори харду манбаъ Tемур бо волиёни Бадахтон ба Балх хучум кард ва султон Дусайн писарони хокимони Бадахтонро, ки дар асо-ратат буданд, ба катл расонид, аммо дар ин мухориба тикаст хурда, ба манор баромад ва окибат, хангоми гурехтанат дастгир гардид. Шомй менигорад, ки Tемур мехост аз хуни у даргузарад, аммо «амир Улчойту ба гутаи чатм ба амир Муайиду Кайхусрав иторат кард, гулуф карданду матварат нокарда, уро ба касосгох бурданд ва ба ёсок расониданд» [14,99]. Ибни Лрабтох низ ин вокеаро тасвир намуда, мефармояд: «Пас тан ба фармони казо дод ва гардан ба хукми кадар нихода, аз калъа ба зер омад.-Темур вайро бо худ дотт ва кори он сомонро ба кабзаи кудрат гирифт» [6,17]. Мувофики хамин сарчатма ин ходиса дар мохи таъбони соли 771 хичрй (феврал -марти соли 137G) руй додааст [5, 44]. Лммо Ибни Лрабтох дар сархати дигар дар хусуси марги Дусайн менигорад, ки Tемур хангоми ба Самарканд рафтанат уро бо худ дотта, баъдан согари марг нутонд: «Чун ба Самарканд расид, он чоро макарри фармонравоии худ сохт ва бунёди кудрат ва аркони аморати хеш устувору пойдор намуд ва кори мулку низоми китвар ба сомон дотт. Он гох султон Дусайнро согари марг бинутонд ва касеро бо номи Суюрготмит аз хонадони Чингиз бардотта, ба аморат нишонд» [5,44] Дарчанд дар чузъиёти инъикоси ин ходисахо дар «Зафарнома» ва «Зиндагии тигифтовари Tемур» тафовут дида метавад, аммо дар дар мачмуъ ахбори онхо ба хам табохат доранд.

^c аз ин Балх дар тахти таcаppyфи Темурланг карор гирифт. Темур калъаву хиcopи ин шахрро хароб карда, ганиматхои зиёд ба дает овард. Бино ба иттилои Низомиддини Шомй Темур баъди ба Самарканд баргаштанаш дар хycycи тохтмони иморату калъа ва хиcopy cаpoйхo амр фармуд: «Ва чун мамлакат тахти таcаppyфи амири ^хибкирон омад, бо иттифоки умарову нуйинон cаpиpи мамлакат ва подшохй ба вучуди подшохи чахон Суюрготмишхон ба тачдид музайян фармуданд» [14,102].

Инъикocи таърихи ба cаpи хокимият омадани Темурланг дар рдоолаи Низомиддини Шомй пайдархам ва ба тафшл баён шyдааcт. Аммо дар он хуоти таваччухи муаллиф ба Темур бештар мушохида мешавад ва Низомиддини Шомй ба раванди вокеахо бахои хoлиcoна надода, cабабхoи cаp задани онхоро ба таври худ таcвиp каpдааcт. Шомй Темурро хамчун шахcи поквичдон, pocткавл ва дуруеткор нишон дода, дар ходжахои ба амал омада уро пуштибони халк ва кушишхояшро ба нафъи мардум маънидод кардаает, ки аз хакикат дур аcт. Зеро Темур аз огоз бо ма^ади ба даст овардани хокимият мубориза бурда, дар ин рох аз хеч амали нангин ва манфур, ки ба нафъи у буд, дает накашидаает.

Дар pиcoлаи Ибни Арабшох биcёp вокеахое, ки дар «Зафарнома"-и Шомй ва дигар манбаъхои хаттй зикр шудаанд, инъикoc наёфта, аммо ба раванди вокеахои таcвиpкаpдааш бахои дурует дода, Темурро то ба cаpи кудрат омаданаш хамчун як лашкаркаши хунхору чохил ва «бегона аз аклу имон» дoниcтааcт. Fайp аз ин, киcмe аз вокеахое таърихие, ки дар ржолаи Ибни Арабшох инъикoc ёфтаанд, дар дигар cаpчашмахo зикр нашудаанд.

Хyлocа, rnc аз омузишу тахлил ва мукожаву тахкики pиcoлахoи «Зафарнома»-и Низомиддини Шомй ва «Зиндагии шигифтовари Темур» метавон гуфт, ки таърихи ба cаpи хокимият омадани Темур дар рдоолаи «Зиндагии шигифтовари Темур"-и Ибни Арабшох ндобат ба ахбори «Зафарнома"-и Шомй ба хакикат наздик ает. Низомиддини Шомй бо cабаби он ки зимни таълифи аcаp дар хидмати Темур карор ва бешак ба он хуоти таваччух дошт, аз инъикош амалхои фочиаангези Темур дар ин ^томати вокеахо худдорй кардаает. Дигар таърихнавжон, аз чумла Шарафуддин Алии Яздй, Мирхонд ва Хондамир дар инъикош хавoдиcи ба cаpи хокимият омадани Темурланг аз рдоолаи Низомиддини Шомй иcтифoда намуда, бо у хамфикр мебошанд.

Аз натичаи омузишу тахлил ва баpаcии cаpчашмахoи хаттй ва ocopи илмй метавон натичагирй кард, ки Темурланг дар миёнаи толхои 1366-1370 гох ба чониби амир Хycайн, гох ба чониби душманони у гузашта, гахе бо хар ду мухолифат мекард. Охири фасти бахори coли 1366 Темурланг ва Хycайн Сарбадорони Самаркандро ба катл pаcoнида, шахрро ба таcаppyфи худ дароварданд [7,437]. Темур дар вакти хукмронии амир Хycайн хокими Шахpиcабз ва Каршй буда, аз толи 1366 ба мукобили муттафики coбики худ ба таври махфй кор мебурд.Аз coли 1370 мухолифати Темур бо амир Хycайн ба таври ошкоро cypат гирифт, ки дар

натича Темур бо душманони Дусайн иттифок баста, ба Балх хучум карда, калъаи Диндувони Балхро тасхир намуд ва Хусайниро асир гирифт. Аммо амир Дусайн аз чониби Кайхусрави Хатлонй, ки дар ин чанг аз чониби Темур мубориза мебурд, бе ичозати Темурланг ба катл расонида шуд [18, 26]. Баъд аз гирифтани Балх ва катли амир Дусайн дар Мовароуннахр ва як кисми Хуросон, ки дар он вакт бо Мовароуннахр якчоя буд, яъне Балх ва Бадахшон дигар сардореву махалле намонда буд, ки мустакил бошад [4, 284]. Аз ин ру, хамаи амирону нуйинон ва инчунин намояндаи обруманди рухониёни Мовароуннахр Сайид Барака-хама чамъ омада [21, 26] ба Темур хамчун ба «подшохи ягонаи мусулмонпарвари Мовароуннахр» байъат намуданд.

АДАБИЁТ

1. Бартольд В. В. Сочинения. Том II. Част 2. Издательство «Наука». Москва, 1964. -С. 38.

2. Бойматов Л. Сарбадорони Самарканд /Л. Бойматов- Интишороти «GlobeEdit»-2019.-132 с.

3. Еафуров Б.Е. Точикон. Душанбе: Ирфон- 1983, Ч,.1.-704 с.

4. Fоибов F. Таърихи Хатлон аз огоз то имруз / F. Еоибов. - Душанбе, 2006. - 906 с.

5. Ибни Арабшох, Ахмад ибни Мухаммад. Зиндагии шигифтовари Темур. (Ачоибу-л-макдур фи ахбори Темур). Мутарчим Мухаммад Алй Начотй. Баргардонанда Ахмадхон Муродзода. Душанбе, «Эр-граф»-2018.- 400 с.

6. Ибни Арабшох. Зиндагонии шигифтовари Темур. Тарчумаи Мухаммад Алии Начотй. - Техрон, 1356 х.к. - 358 с.

7. Истории таджикского народа. Том III. (Период развития феодалного общества)-Душанбе: Дониш-2013. -380 стр.

8. Камолиддин Абдураззоки Самаркандй. Матлаъ-ас-саъдайн. 1372 х. к. -1368 с.

9. Камол Х. Таджикский народ во второй половини XIV-XV вв/ Истории таджикского народа. (Период развития феодального общества)- Душанбе: Дониш, 2013. Том III. -С. 422-469.

10. Клавихо, Руи Гонсалес де. Рузномаи сафар ба Самарканд. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016. -288 с.

11. Мирхонд. Равзату-с-сафо. Техрон. Чопхонаи «Махорат», Чопи аввал, Ч,.6.

12. Мирзо Дайдар. Таърихи рашидй, в.12а-дастхати Институти шаркшиносй ва мероси хаттии АИ Ч,Т, № 475.

13. Низомуддини Шомй. Зафарнома. Бо мукаддима ва кушиши Панохй Сахнонй. Интишороти Бомдод. 1363 .- 320 с.

14. Низомуддини Шомй Зафарнома. Баргардонанда Ахмадхон Муродзода. -Душанбе: «ЭР-Граф», 2019.-488 с.

15. Ожанд Яъкуб. Киёми шиаии Сарбадорон. - Техрон, 1363.

16. Хондамир. «Дабибу-с-сияр». Ч,.3. Техрон, 1380 х.к.

17. Хондамир. «Дабибу-с-сияр». Техрон, чопи литографй, Ч,илди 3, ч. 1, 1271 х.-640 с.

18. Шарифзода А. Кулоб- шахри кадимаи точикон. // Кулоби бостонй. Душанбе; Эчод. 2006.-С. 4-45.

19. Шараф ад-Дин Али Йаздй. Зафар-наме.Предисловие.Перевод со староузбекского, комментарии, указатели и карта доктора исторических наук, профессора Ашрафа Ахмедова. Ташкент. Издателского журнала «SAN'AT», 2008. - 486 с.

20. Шарафуддин Алии Яздй. Зафарнома. 1887.-824 с.

21. Якубовский А. Тамерлан. Эпоха личность дяния. Москва. Груш, 1992. -252 с.

ТАЪРИХИ БА САРИ ^ОКИМИЯТ ОМАДАНИ ТЕМУРЛАНГ ТИБЦИ АХБОРИ НИЗОМИДДИНИ ШОМИ ВА ИБНИ АРАБШОХ^

Дар макола таърихи ба сари хокимият омадани Темурланг тибки ахбори «Зафарнома"-и Низомиддини Шомй ва «Зиндагии шигифтовари Темур"-и Ибни Арабшох инъикос ёфтааст. Низомиддини Шомй ва Ибни Арабшох хдмзамони вокеахои таърихй буда, яке таърихи Темурро аз нигохи синфи хукмрон ва дигаре аз нуктаи назари омма дар рисолахои худ тасвир намудаанд. Муаллифи макола кайд менамояд, ки таърихи ба сари хокимият омадани Темурланг дар рисолаи Низомиддини Шомй пайдархам ва ба тафсил баён шудааст, аммо муаллиф аз тасвири таърихи Темур то ба майдони сиёсй ворид шуданаш худдорй кардааст. Х,амзамон, камбудии чиддие, ки дар он мушохида мешавад, бахои нодуруст додан ба раванди вокеахо, сабабхои онхо ва руйпуш намудани амалхои манфури Темур мебошад.

Муаллиф пас аз омузишу баррасии масоили мазкур ба хулосае меояд, ки таърихи ба сари хокимият омадани Темур дар рисолаи «Зиндагии шигифтовари Темур"-и Ибни Арабшох нисбат ба ахбори «Зафарнома"-и Шомй ба хакикат наздик тасвир ёфтааст. Низомиддини Шомй бо сабаби он ки зимни таълифи асар дар хидмати Темур карор дошт ва бешак ба он бештар таваччух мекард, аз инъикоси амалхои фочиаангези Темур дар ин кисмати вокеахо худдорй кардааст. Дигар таърихнависон, аз чумла Шарафуддин Алии Яздй, Мирхонд ва Хондамир дар инъикоси хаводиси ба сари хокимият омадани Темурланг аз рисолаи Низомиддини Шомй истифода намуда, бо у хамфикр мебошанд.

Калидвожах,о: Темурланг, таърих, «Зафарнома», Низомиддини Шомй, «Зиндагии шигифтовари Темур», Ибни Арабшох;, цанг, лашкаркашй, инъикос, ;окимият.

ИСТОРИЯ ПРИХОДА ТАМЕРЛАНА К ВЛАСТИ ПО НИЗАМИДДИНУ ШАМИ И ИБН АРАБШАХУ

В статье прослеживается история прихода Тамерлана к власти по «Зафарноме» Низамиддина Шами и «Зиндагии шигифтовари Темур» Ибн Арабшаха. Низамиддин аш-Шами и Ибн Арабшах соавторы исторических событий, один из которых описывает историю Тамерлана с точки зрения правящего класса, а другой - с точки зрения масс. Автор отмечает, что история прихода Тамерлана к власти подробно описана в трактате Низамиддина Шами, однако автор воздерживается от описания истории Темура до тех пор, пока он не займется политикой. В то же время серьезным недостатком является неверная оценка хода событий, их причин и сокрытие гнусных действий Темура.

Изучив эти вопросы, автор приходит к выводу, что история прихода Темура к власти в трактате Ибн Арабшаха «Зиндагии шигифтовари Темур» ближе к истине, чем известие о «Зафарноме» у Шами. Низамиддин Шами воздержался от комментариев и трагических поступков Темура в этой части повествования, так как он в момент написания находился на службе у Темура и, несомненно,

интересовался ею больше. Другие историки, в том числе Шарафуддин Али Язди, Мирханд и Хондамир, согласны с трактатом Низамиддина Шами о приходе Тамерлана к власти.

Ключевые слова: Тамерлан, история, «Зафарнома», Низамиддин Шами, «Зиндагии шигифтовари Темур», Ибн Арабшах, война, миллитаризм, отражение, власть.

HISTORY OF TAMERLANE'S COMING TO POWER ACCORDING TO NIZAMIDDIN SHAMI AND IBN ARABSHAH

The article traces the history of Temurlang's rise to power, according to Nizomiddin Shami's Zafarnoma and Ibn Arabshah's «Zindagii shigiftovari Temur». Nizamiddin Shami and Ibn Arabshah co-authored historical events, one describing the history of Tamerlane from the point of view of the ruling class and the other from the point of view of the masses. The author notes that the history of Temurlang's rise to power is described in detail in Nizomiddin Shami's treatise, but the author refrains from describing Temur's history until he enters politics. At the same time, a serious shortcoming is the incorrect assessment of the course of events, their causes and the cover-up of Temur's abominable actions.

After studying these issues, the author concludes that the history of Temur's coming to power in Ibn Arabshah's treatise ««Zindagii shigiftovari Temur» is closer to the truth than the news of «Zafarnoma» in Shami. Nizomiddin Shami refrained from commenting on Temur's shortcomings and tragic actions in this part of the story, as he was in the service of Timur at the time of writing and was no doubt more interested in it. Other historians, including Sharafuddin Ali Yazdi, Mirkhand, and Khondamir, agree with Nizamiddin Shami's treatise on Temurlang's rise to power.

Key words: Temurlang, history, «Zafarnoma», Nizomiddin Shami, «Zindagii shigiftovari Temur», Ibn Arabshah, war, militarism, reflection, power.

Сведения об авторе: Мирзоев Шухрат Джумамуродович- PhD докторант Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Телефон: (+992) 918-19-45-12, E-mail: 985538822@mail.ru.

Informanion about the autor: Mirzoev Shuhrat Jumamurodovich- doctor PhD of the Ahmad Donisha Institute of history, archeology and ethnography of National academy of science of Tajikistan. Telefon: (+992) 918-19-45-12, E-mail: 985538822@mail.ru.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.