ИНЪИКОСИ БАЪЗЕ МАСОИЛИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТИ СОМО-НИЁН ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК АБДУЛГАНИ МИРЗОЕВ
Ф. Ахмадов,
аспиранти Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С.Айнй, ш. Душанбе, хиёбони Рудакй, 125
Дар солхои панчохуми садаи ХХ муаррихон ва шаркшиносон таърихи давлати Сомониёнро мавриди омузиш ва баррасии чиддй карор доданд. Вазоифи мухиме, ки он замон донишмандон дар баробари хеш гузошта будау, ин муайян кардани насаби Сомониён, мушаххас намуда-ни сабабхои иртико ва сукути давлати Сомониён дар Хуросону Мовароуннахр дар садахои 1Х-Х, омузиши низоми идории давлати Сомониён, баррасии заминахои ташаккули миллати точик дар ин ахд, тан-вири масоили фарханг ва хунар буд, ки дар зимн онон ба дастовардхои арзишманди илмй ноил гаштанд.
Соли 1958 дар шахри Сталинобод (холо Душанбе) Симпозиуми байналмилалй бахшида ба 1100 -солагии зодрузи сардафтари адабиёти классикии форсу точик устод Абуабдуллох Рудакй доир гашт. Дар Симпозиуми мазкур донишмандони маъруф А.А.Семёнов, А.Бертелс, А.Н. Болдирев, Ж.Лазар, А.Мирзоев, Х. Мирзозода, Б.А.Литвинский, Р.Х,ошимов, Ш.Х,усейнзода, А.Хромов, М.И. Занд, Н. Османов, А.Чдлилов, Б.Сирус, Р.Х,одизода ва дигарон ширкат намуда, бо суханронихои илмй, ки ба масоили таърих ва фарханги давлати Сомониён бахшида шуда буданд, баромад карданд. Дар ин хамоиши илмй муаррихон ва шаркшиносон азамати давлати Сомониён ва дарачаи баланди рушди фарханг, хунар ва илмро дар даврони давлатдории Сомониён ба исбот расониданд, ки ба ин васила симпозиум сахифаи наверо дар омузиши таърихи давлати Сомониён боз кард.
Шаркшиноси маъруфи точик академик А.Мирзоев низ дар симпозиум тахти унвони «Рудакй ва чараёни зиндагии у» баромад кард, ки баъдан ин суханронй дар мачмуаи маколахои бахшида ба Симпозиум «Рудакй ва замони у» шомил гардида, ба нашр расид [1, 20-62].
Академик А.Мирзоев баъд аз баррасии масъалахои зиндагй ва осори Рудакй, мисли замон ва макони таваллуд, насаби шоир, мархилаи аввали зиндагии Рудакй [1, 20-25], ба давраи дуюми хаёти шоир, ки дар дарбори Сомониён мегузарад, таваччух мекунад.
Мавкуф мархилаи зиндагии Рудакиро тасвир карда, хамчунин ба хаёти дарбори Сомониён, муносибати амирони Сомонй ба илму адаб, шукуфоии илму фархднг дар ин давр, даъвати донишмандон, адибон ва хунармандон ба дарбор ва аз хама мухим ба солхои охири зиндагии Рудакй таваччух намуда, мухаккик ба таври густурда хаводиси дарбори дудмони Сомонй, илали фитна ва тафрика дар давлатро тавзех дода, ба-рои таквияти суханхои худ ва равшан намудани вокеахои таърихй мохирона аз маводи сарчашмахои таърихй, чун «Таърихи Масъудй»-и Абулфазли Байхакй, «Таърихи Яминй»-и Утбй, «Сияру-л-мулук»-и Ни-
зомулмулк, «Таърихи Систон», «Лубобу-л-албоб»-и Мухаммад Авфй, «Дафт иклим»-и Амин Ахмади Розй, «Чахор макола»-и Низомии Арузии Самаркандй, «Ал-муъчам фи маоири ашъор-ил-Ачам»-и Шамсиддин Мухаммад Кдйси Розй ва гайра истифода кардааст.
Дар маколаи худ А.Мирзоев ба сурати барчаста ба яке аз мушкил-тарин масоили давраи Сомониён, ки мучиби ба ду даста таксим шудани дастгохи хоким гашт, чойгохи вижа дода, сабаби асосии бухрон ва сукути давлати Сомониёнро ба таблиги афкори карматй, ки билохира авокиби вахиме барои дудмони Сомонй дар кибол дошт, робита медихад [1, 43-54].
Он замон омузиши таърихи динхо бо доктринаи идеологии низо-ми Шуравй мугоират дошт, аммо А.Мирзоев бо дарки мухим будани ин масъала ба хонандагон барои касби бештари маълумот рочеъ ба асоси ичтимой ва идеологии нахзати карматия дар садаи Х дар Мовароуннахру Хуросон пешниход мекунад, ки дар замина ба осори олимони шуравй В.В. Бартолд, Б.Н. Заходер, Б.Е. Еафуров ва М. Занд мурочиат кунанд ва баъдан ба тавзеху тавсифи ин нахзат мегузарад. Чу-нин «ишора» лозим буд, то олим нишон бидихад, ки тахкикоти у мутобик ба доираи идеологияи хоким бар шуравй мебошад.
Дамин тавр, А.Мирзоев бори нахуст хонандаи точикро бо нахзати карматия (исмоилия) ошно месозад, ки пажухиш ва хулосахои у бо итти-ко бар сарчашмахои таърихй анчом меёбанд. Дар ин макола муаллиф ба ихтилофоти акидатие, ки миёни Фотимиёни Миср ва хилофати Аббосй мавчуд буд, инчунин ба вуруди мубаллигони исмоилй ба каламрави Сомониён таваччух мабзул медорад. «Аббосиён, -менависад А.Мирзоев, дар шахсияти Фотимихо ашадитарин душмани худро тасаввур мекар-данд. Убайдулло (пешвои Фотимиён) ва атрофиёни наздики у таълимоти исмоилиро, ки яке аз шохахои шиа хисоб мешуд, хамчун аслихаи идеологии худ карор дода, ба пахн намудани даъвати исмоилй дар дигар мамлакатхо ва вусъат додани хоки давлати худ шуруъ намуданд» [1, 44].
Муаллиф дар ин макола дар бораи вуруди яке аз доиён (мубаллигон)-и исмоилиён бо номи Еиёс ба каламрави давлати Сомониён, ки ба дастури хокимони Фотимиёни Миср соли 919 сурат мегирад, менависад, ки дар асари таблиготи у волии Марв Дусайн ибни Алии Марвазй даъвати Еиёсро мепазирад. Ин чо олим сабаби гароиши яке аз сарлашкарони машхури Сомонй ва волии Марв Дусайн ибни Алии Мар-вазиро дар он мебинад, ки у дар замони хукумати Ахмад ибни Исмоил (907-914) аз эътибори баланде дар дарбор бархурдор буд ва дар замони Наср ибни Ахмад (914-943) «зохиран барои ривоч пайдо накардани ко-раш аз хукумати мавчуда розй набуд. Аз ин сабаб дар вактхои мувофик аз саркашй намудан нисбат ба хукумати марказй руй намегардонид» [1, 44]. Ба кумаки Дусайн ибни Алии Марвазй ва дар асари таблиги доиёни исмоилй афкори ин мазхаб дар Хуросон, ба хусус дар вилоятхои Толикон, Маймана, Дирот ва сарзамини Еурихо густариш меёбад. Соли 930 Дусайн ибни Алии Марвазй, ки ба дастури Наср ибни Ахмад ба хабс
гиpифтa мешaвaд, вaфот мекyнaд. Бaъд a3 y мaсъyлияти тaблиFOти кapмaтияpо Myxaммaд ибни Axмaди Нaхшaбй бa зиммa мегиpaд. Myxaммaд ибни Axмaди Нaхшaбй a3 фaйлaсyфон-мyтaкaллимони мaъpyфи Хypосон 6уд. Доиpaи тaблиFOти y a3 Хypосон гyзaштa, бa Mовapоyннaxp меpaсaд. Дap тати^и тaблиFOти y иддaе a3 мaкомдоpони дapбоpи Сомониён бa мaзxaби исмоилия мегapaвaнд. Дap зимн Низо-мулмулк менaвисaд: «Рaиси Бyхоpо Ba со^иби хиpоч Ba вучухи бозоppо дap ин мaзxaб овapд Ba X,aсaн Maликpо, ки aз хоси подшох, буд Ba волии Илок буд Ba Алии Зappодpо, ки вaкили хос буд дap ин мaзxaб овapд Ba бештap aз ин^о, ки ёд кapдем таздикон Ba мyътaмaдони подшох (Нaсp ибни Axмaд) бyдaнд» [2, 283].
A.Mиpзоев дap aсapи омузиши дaкики сapчaшмaxои тaъpихии ин дaвp бa хyлосaи дypyст меояд, ки бaъд aз гapaвидaни теъдоди зиёде aз шaхсиятxои мaъpyфи дapбоpи Сомонй бa кapмaтия aмиpи Сомонй Нaсp ибни Ах^д ногyзиp зеpи тaъсиpи дapбоpиёни худ бa мaзxaби исмоилй TaBa^^yx зохиp мекyнaд Ba коp то чое меpaсaд, ки мyбaллиFи исмоилия Myxaммaди Нaхшaбй Нaсp ибни Axмaдpо водоp мекyнaд, ки хyнбaxои X,yсaйн ибни Алии Mapвaзиpо, ки дap xaбсхонaи Сомониён соли 930 Ba-фот кapдa буд, бa соxиби MaFp^ Kдйимyлaмp (934-946) бипapдозaд. Aмиpи Сомонй ин пешнщоди Нaхшaбиpо кaбyл кapдa, дaстyp медиxaд, ки хyнбaxои X,yсaйн ибни Алии Mapвaзиpо бa мaблaFи 119 xaзоp диноp бa хaлифaи Фотимиён пapдозaнд. A.Mиpзоев бо иттико бa aхбоpи X,aсaн Ибpоxим X,aсaн дap aсapaш «Тaъpих aл-исломy-с.сиёсй вaл ичтимой» ме-нaвисaд, ки «гуё (Нaсp ибни Axмaд) бa хaлифaи фотимй менaвисaд, ки мaн бо 50 xaзоp тобеони худ бapои итоaти aмpи имом тaйёpaм» [1, 45].
A.Mиpзоев нa тaнxо чонибдоpии aфкоpи кapмaтиpо aз тapaфи ид-дaе aз apбобони дaвлaтй Ba фapxaнгй кaйд мекyнaд, xaмчyнин зи^е aз исёни кapмaтиxои Бaйнaннaxpaйн метамояд Ba бa хyлосaе меpaсaд, ки aъмоли номaшpyи онxо, бa хусус дap пойтaхти дунёи ислом, бa вижa то-pyмоpи донишмaндон дap Maккaю Maдинa дap соли 930 aз тapaфи кapмaтиён эътимоди мapдyми Mовapоyннaxpо нисбaт бa онxо зaиф ме-гapдонaд. Ин боиси шиддaт ёфтaни мyносибaт миёни кишpxои чомеa, бa хусус дapбоp Ba сaбaби нигapонии чиддии pyxониён мегapдaд. «Хaбapи ин вокеa, -менaвисaд A.Mиpзоев, дap нaвбaти худ пaйpaвони мaзxaби сyнниpо дap Mовapоyннaxp низ бa вaxшaт меaндохт. Рyxониёни зи^шу-дa Ba сapони гвapдияи тypк aз ин xолaт xaм истифодa менaмyдaнд» [1, 46]. Дap нaвбaти худ ин шaxодaти aввaлин нишонaxои сукути дaвлaти Сомониёнpо дошт, ки зиддиятxои мyдовими мaзxaбй ин paвaндpо тезо-нидaнд.
Сaбaби озодонa тaблиF гapдидaни мaзxaби исмоилия Ba билохиpa бa он гapоиш пaйдо нaмyдaни дapбоpиён Ba aмиpи Сомониpо aкaдемик A.Mиpзоев хеле дaкик мyaйян кapдaaст, ки он дap озодии aфкоp, тaxaммyлпaзиpй Ba тaъкиб нaшyдaни дигapaндешон дap кaлaмpaви дaв-лaти Сомониён хyлосa мешaвaд [1, 45].
Arap пажyxишxои даp заминаи таъpих ва фаpxанги давлати Сомо-ниён анчомдодаи донишмандонpо даp солxои 50-уми садаи гузашта натичагиpй кунем, наметавон даp зимн аз саxми донишманди точик A.Миpзоев, ки соли 1958 асаpxои бунёдие чун «Осоpи Рудакй», «Aшъоpи xамасpони Рудакй» ва «Абух Абдулло Рудакш^о ба нашp pасонид, зи^ нанамуд [3]. Aгаp даp китоби аввал тамоми осоpи то замони мо pа-сидаи Рyдакй гиpди xам оваpда шуда бошанд, даp китоби дуюм бошад, маълумот даp боpаи шоиpони xамасpи Рyдакй, аз чумла ахбоpи кyтоxи шаpxиxолй ва намунае аз осоpи 60 нафаp аз шоиpони аxди Сомонй ва 11 нафаp, ки кабл аз Рyдакй зиндагй каpдаанд, дода шудааст. Ин китоб даp асл асаpи бисёp мyxим ва мyнxасиp ба фаpд буд, ки аpзиши он xатто фа-pотаp аз асаpи маъpyфи С.Айнй «Намунаи адабиёти точик» шинохта шуд, зеpо ба тавpи комил тамоми намояндагони адабиёти аxди Сомони-ёнpо фаpо мегиpифт.
Aсаpи бунёдии A.Миpзоев «Абу Абдулло Рyдакй» хулосаи тамоми пажyxишxои даp солxои 50-уми асpи гузашта анчомдода мyаppихон ва шаpкшиносон пиpомyни таъpихи фаpxанги замони Сомониён маxсyб меёбад. Даp офаpидани ин асаp A.Миpзоев хyдpо ба унвони мyxаккики ботачpиба нишон дод, ки даp доиpаи назаpи y на танxо масоили таъpихи фаpxанги маpдyми точик, xамчyнин пажyxиши масъалаxое чун вазъи ичтимой-иктисодй ва сиёсии ин давp низ шомил гаpдиданд. Танxо пас аз омузиш ва таxлили комили давpаи таъpихии адабиёт A.Миpзоев икдом ба тадкики шаpxи xол ва меpоси адабии ин ва ё он адиб мепаpдохт. Ин суннати хуби пажyxиши таъpихию адабй, ки аз чониби A.Миpзоев даp адабиёти шypавии точик поягyзоpй гаpдид, даp солxои баъдй аз чониби дигаp олимон чун меъёpи таxкикоти илмй пазиpyфта шуд ва идома пайдо каpд. Шояд чунин муносибат ба омузиши масъалаи мавpиди пажyxиш буд, ки теъдоди зиёде аз донишмандони адабиётшинос даp таxкики мавзyъxои таъpихй комёб гаpдиданд. Ин ибтикоp аз чониби A.Миpзоев даp асаpаш «Абу Абдулло Рудакй» OFOЗ гаpдид.
A.Миpзоев даp асаpи худ «Абу Абдулло Рудакй» xаёти ичтимой, сиёсй ва иктисодй, вазъи куллй даp Моваpоyннаxpy Хypосонpо то OFOЗи забткоpиxои аpаб таxкик намуда, pочеъ ба масоиле чун аввалин фyтyxоти аъpоб, фатxи Моваpоyннаxp, муковимати маpдyмони маxаллй, Чyнбишxои озодибахши миллй, самти нави сиёсати хилофат даp идоpаи кишваp, баpомади нажодии точикон, зyxypи аввалин намyнаxои давлати миллй, xаёти ичтимоии чомеа, pyшди иктисод, тавсеаи шаxpxо, xаёти фаpxангй ва ташаккули забон муфассал ахбоp дода, ба тавpи мyхтасаp пиpомyни шаpxи xол ва осоpи олимон, адибон ва файласуфони маъpyф чун Розй, Фоpобй ва Ибни Сино маълумот медщад [4, 9-63]. Исботи эътибоpи илмии таxлили pавандxои таъpихии ин давp ин истифода аз доиpаи гyстypдаи адабиёти илмй ва манобеи таъpихй аз чониби A.Миpзоев ба xангоми навиштани асаpи бунёдй pочеъ ба зиндагй ва осоpи Рудакй мебошад.
Истифодa aз теъдоди зиёди aдaбиёти илмй бa A.Mиpзоев имкони онpо фapоxaм овapд, ки дap бappaсии бaъзе aз мaсоили тaъpихи сиёсии Сомониён бо шapкшиносони мaъpyф бaxс тамояд. Maсaлaн, донишмaн-ди мaъpyф A.Ю.Якyбовский дap чилди aввaли китоби «№topm нapодов Узбекистан», ки xодисaxои тaъpихии он зaмонpо нaвиштaaст, тaъкид мекутад, ки ихтилоф миёни Исмоил Ba Нaсpи Сомонй, ки соли 275 x.K./888 сaбaби бapхypди мyсaллaxонa бaйни онон гapдид, сиёсй буд [5, 222]. Атадемик Б. Faфypов дap pисолaи худ «Точикон» бa ин нaзap aст, ки Исмоил «фaкaт бapои истиклолияти иктисодй Ba сиёсии Бyхоpо Ba бa мулки хосaи худ тaбдил додaни он мyбоpизa мекapд Ba дap соли 888 ко-милaн бa нияти худ paсид» [6, 451]. Яъне бa вaчxе Б. Faфypов xaмнaзapи A.Ю.Якyбовский aст. Аммо A.Mиpзоев мyвaффaк шуд, ки бap aсоси тaxлили мaнобеи зиёди тaъpихй, бa вижa «Рaвзaтy-с-сaфо»-и Mиpхонд Ba нaтичaи тaxкики сиккaxои ин дaвp aз тapaфи Е.A.Дaвидович собит ку-нaд, ки 4a^ миёни Исмоил Ba бapодapaш Нaсp нa моxияти сиёсй, бaлки иктисодй дошт [4, 20]. Сиккaшиноси мaъpyф Е.A.Дaвидович xaнyз соли 1954 нaвиштa буд, ки ду нaбapди бapодapон aмиp Нaсp ибни Axмaд Ba волии Бyхоpо Исмоил ибни Axмaд бештap хусусияти иктисодй Ba молиявй доштa, дap худ зyxypоти aмики сиёсй нaдошт [7, 79-83].
Он чи бa тaнвиpи xaёти ичтимоии чомеaи он зaмон иpтибот меги-paд, A.Mиpзоев дap ин мaвзyъ бa мaнбaъxои тaъpихие, ки дap он xy^^ ислом - фивди axди Сомониён мaтpax мешaвaд тaкя мекyнaд [4, 22].
Maсъaлaи xaёти фapxaнгии ин axд дap пaжyxиши A.Mиpзоев пе-pомyни xaёт Ba aшъоpи Рyдaкй мaвкеи кaлидй доpaд. Бa тaвpи куллй бо тaвaччyx бa сaтxи бaлaнди дapaчaи pyшди илм, мaоpиф, aдaбиёт Ba xy^p дap ин axд, донишмaнд зи^ мекyнaд, ки бa шapофaти тaлошxо Ba сaъю кyшишxои aмиpони Сомонй шaxpxои Бyхоpо Ba Сaмapкaнд бa мapкaзxои мyxими илму фapxaнги сaдaxои IX-X мyбaддaл гaштaнд, ки бa ин шaxpxо aз тaмоми нукоти кишвapxои исломй донишмaндон меомa-дaнд.
Яке aз мaвзyъxои aнъaнaвие, ки пиpомyни он дap илми тaъpихни-гоpии точик бaxсxои шaдиде идомa дошт, мaсъaлaи зaбон буд, ки он низ дap тaxкикотxои A.Mиpзоев мaтpax шyдaaст. Дap aсоси истифодaи нaтоичи пaжyxишxои илмй Ba мyкоисaи онxо бо иттилооти сapчaшмaxои тaъpихй олим бa чунин хyлосa омaд, ки зaбони точикй-фоpсии дapй бa Хypосонy Mовapоyннaxp aз Fapби Эpон воpид нaшyдa, бaлки, бapъaкс зaбони точикй-фоpсии дapй дap шapки Эpон тaшaккyл ёфт, ки пaс aз бa xaйси зaбони дaвлaтй дap axди Сомониён пaзиpyфтa шyдaн, дap дигap минтaкaxо, aз чyмлa дap Fapби Эpон гyстapиш ёфт [4, 33].
Myддaти тулонй ин нyктaи нaзapи A.Mиpзоев миёни олимон Ba доиpaxои илмии Точикистон чонибдоpони хешpо пaйдо нaкapд. Аммо бaъдaн дap пaжyxишxои олимони чaxон, aз чyмлa Эpон Ba Fapб дypyстии хyлосaxои A.Mиpзоев тaсдики хyдpо ёфт. Дap ин осоp мapоxили тайму-дaи зaбони фоpсии дapй, ки бa зaбони умумимиллй Ba yмyмидaвлaтй дap axди Сомониён иpтико кapд мyнъaкис ёфтaaнд.
А.Мирзоев бори нахуст дар таърихнигории точик авзои мазхабй ва ба таври куллй муносибати дарборро ба дин ва чараёнхои мазхабй ва рухониёнро ба таври хос тахкик намуд.
Дар мачмуъ метавон хулоса кард, ки осори бахшида ба 1100-солагии Абуабдуллох Рудакй дар солхои 50-уми асри гузашта ба калами А.Мирзоев тааллук дошта ва зери назари у чопшуда дар амри омузиши таърихи сиёсй, ичтимой ва фархангии давлати Сомониён накши кобили таваччух доранд.
АДАБИЁТ
1. Мирзоев А. Рудакй ва чараёни зиндагии у //Рудакй ва замони у. Сталинобод, 1958.
2. Хоча Низомулмулк. Сиёсатнома. Накду тахлил ва вероиши матн, тавзехот ва фехристхо М. Истеъломй. Техрон, 1390.
3. Осори Рудакй. -Сталинобод, 1958. -544 с.; Ашъори хамасрони Рудакй. -Сталинобод, 1958. -408 с.; Мирзоев А. Абу Абдулло Рудакй. Сталинобод, 1958. - 276 с.
4. Мирзоев А. Абу Абдулло Рудакй. Сталинобод, 1958.
5. Тревер К.В., Якубовский А.Ю. и Воронец М.Э. История народов Узбекистана. Т.1. Ташкент, 1950.
6. Еафуров Б. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асрхои миёна. Китоби якум. Душанбе: Ирфон, 1983.
7. Давидович Е.А. Нумизматические материалы для истории развития феодальных отношений в Средней Азии при Саманидовю // Труды ИИАЭ АН Тадж. ССР. Т.ХХУН. Сталинабад, 1954.