Научная статья на тему 'RUDAKI AND HIS ERA IN A.A. SEMYONOV’S RESEARCHES'

RUDAKI AND HIS ERA IN A.A. SEMYONOV’S RESEARCHES Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
46
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РУДАКИ / САМАНИДЫ / БУХАРА / СЛЕПОЙ ГЕНИЙ / КУЛЬТУРА ЭПОХИ САМАНИДОВ / ПОЭЗИЯ / ЭЛЕГИЯ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Файзуллоева Бибисаломат

В статье «Рудаки и его эпоха в исследовании А.А. Семенова» автор анализирует на ряду с историческими материалами, литературное наследие эпохи Саманидов. Рудаки являлся основаломпинком персидено Таджикской летературы и создателем такого стихотвори жанра, как рубаи, касида, газель.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

РУДАКИ И ЕГО ЭПОХА В ИССЛЕДОВАНИИ А.А. СЕМЕНОВА

In this article "Rudaki and his era in the study of AA. Semenov" the author analyzed, along with historical materials, the literary course of the Samanid era, which Abuabdulloch Rudaki is the literary medium of the literary environment. Abuabdulloch Rudaki, according to A.A. Semenov, being the founding father of Persian-Tajik literature, founded rubies, kasid, gasul and other poetic genres in his poetry. A.A. Semenov in his article adheres to the opinion of medieval oriental researchers and European scholars that Rudaki since childhood was blind and uses the word "ragged blind" that the author of the article Faizulloev B. Based on the opinion of some researchers, including S. Nafisi, A. Mirzaev, A.Afsakhzod and others believe that Rudaki has never been blind and gives numerous examples from the poetry of Rudaki, who will change to a routine. The author of the article considers the opinion of AA Semenov from the point of view of the critical approach, what to say about the correct direction of research.

Текст научной работы на тему «RUDAKI AND HIS ERA IN A.A. SEMYONOV’S RESEARCHES»

РУДАКЙ ВА ЗАМОНИ У ДАР ПАЖУ^ИШИ А.А СЕМЕНОВ

Файзуллоева Б.

Донишгощ давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Донишманди барчаста ва муаррихи шинохтаи рус А.А Семенов оид ба даврони зиндагии Абуабдуллохи Рудакй пажухиши судманде анчом додааст, ки андешахояш ба асноди илмй ва сарчашмахои муътабари тахкикотй такя дорад. Ин пажухишхои судманди А.А. Семенов дар гузориши чиддии илмияш бо унвонхои "Два великих поэта Х века. (Рудаки и Дакики)", "К вопросу о происхождении Саманидов" ва "Эпоха Рудаки (очерк) [13, 5-6] баён гардидаанд, ки аксари андешахои ин мухаккик то кунун аз арзиши баланди илмй ва сарчашмашиносй бархурдоранд.

Рочеъ ба замони Рудакй, хусусан салтанати Сомониён, пайдоиш, тараккй ва сукути он донишмандони риштаи таърих, аз чумла В.В. Бардтолд, Луи Дюбу, А.А.Семенов, Л.Босворт, Б.Еафуров, Н.Неъматов, А.Мухторов, Э.А. Давидович, А.Ю.Якубовский ва донишманди эронй Чаводи Х,иравй ва дигарон тадкикоти арзишманде кардаанд.

Сардафтари адабиёти классикии форсй-точикй Абуабдуллох Чаъфар бинни Мухаммад Рудакй, ки бархак унвонхои ифтихории Одамушшуаро, Султонушшуаро, Сохибкирони шоирй ва гайраро сазовор гардидааст, дар замоне зиндагиву эчод кардааст, ки дар таърихи миллати точик аз даврахои густариши давлатдории миллй ва инкишофи илму адабиёт махсуб мешавад. Дар ин давраи таърихй халки точик дорои давлати миллии муктадир гашт, ки бо номи Сомониён ёд мешавад ва дар ин мархила илму забону адабиёти миллй хеле рушд кард, ки рочеъ ба ин масъала садхо тадкикоти илмй анчом пазируфтааст.

Пайдоиш ва вусъат пайдо кардани ин вокеоти таърихй дар навбати худ аз якчанд омилхои хоси ичтимой, сиёсй ва иктисодй сахт алокаманд мебошад, ки рочеъ ба ин масъалахо дар ахбори сарчашмахои гузаштаи дур маводи зиёд баён гардидааст. Аз чумла ин ахбор дар китобхои муътабари "Таърихи Бухоро" -и Мухаммад Наршахй, "Муъчам-ул-булдон"-и Ёкути Х,амавй, ва гайра, инчунин осори тадкикотии В.В Бардтолд "Туркистан в эпоху монголского нашествия" ва "Точикон"-и Б. Гафуров баёни илмии худро ёфтаанд.

Аз миёни ин тадкикотхо андешахои муаррихи пухтакор А.А. Семенов низ макоми хос дорад, ки хамагй бар нишондодхои таърихй ва тахлили манбаъхо асос ёфтаанд.

Барои он ки масъалаи Рудакй ва замони у барои тадкикоти мо равшан гардад, зарур аст, ки омилхои асосии рушду тавсеаи давлатдории Сомониён ва нехзати фархангиву илмии онро каме бошад хам баррасй намоем, ки ин нуктахо дар пажухиши А.А. Семенов то кучо баррасй гардидаанд.

Ба андешаи А.А.Семенов сахифахои рузгор самтхои зиндагии Абуабдуллохи Рудакй он кадар равшан нест ва у зарур мешуморад, ки бештар ба маводи сарчашмахои илмй ва тазкирахо ручуъ намуда, маводи дурусту арзишмандро баён намоем. А.А. Семенов дар асоси омузиши хаматарафаи манбаъхо таъкид мекунад, ки замони зиндагии Рудакй ва давраи шукуфой ва густариши илму фарханги халки точик, ки ду аср IX ва X-ро фаро гирифтааст, рост меояд [13, 5].

Ба таъкиди у Рудакй дар нимаи дуюми асри IX ба дунё омада, дар замони салтанати Сомониён зиндагиву эчод карда, дар ибтидои карни X аз олам гузаштааст. А.А.Семенов кайд мекунад, ки замони солорй ва кухансолии Рудакй ба давраи нобасомонихои сиёсй ва сукути давлати Сомониён рост омадааст. Дар мавриди шукуху сукути давлати Сомониён А.А. Семенов дар баробари маводи манбаъхои зиёди илмй бештар ба тадкикоти В.В.Бардтолд эътимод дорад ва таъкид мекунад, ки: "Дар ин маврид хизмати арзанда ба таърихшиноси барчастаи рус, академик В.В. Бардтолд мансуб аст" [13, 5].

Дар давоми тадкикоти худ А.А. Семенов дар баробари вокеахои зиёд, аз чумла, асосгузори сулолаи Сомониён Исмоил бинни Ахмад, ки у аслан аз Фаргона буда, муносибати уро бо бародараш Насри I ва талошу муборизахои уро барои расидан ба хокимияти сиёсии мустакил ва чанги у бо бародараш Наср, маглуб шудани Наср ва бахшидани гунохи у аз чониби Исмоил ва гайраро дар асоси хронологияи таърихй як-як баён медорад, ки хамагй дар асоси маводи таърихй ифода ёфтаанд.

Баъд, А.А. Семенов кайд мекунад, ки давлати ташкилнамудаи Исмоили Сомонй аз нигохи сохтор давлати мусулмоние буд, ки ба арзишхои давлати Сосониён такя мекард ва дар аввалхо вазифахои давлатй ва харбй бештар ба мардуми бумй дода мешуд, ки аз хисоби дехконон ва бошандагони Мовароуннахр буданд ва баъдхо бештар дар кушунхо гуломону зархаридони турк калб шудаанд, ки дар нихояти кор ба шикасти давлати Сомониён овард [3].

Бa тaъкиди A.A. Семенов дap кaлaмpaви Сомониён вa гyшax,ои дypи он, aз чyмдa, Хоpaзм, Исфизоб, Xyiran, Рaшт, Гузгон, Систон вa Faйpa докимони хypде x,yкyмaт доштaнд, ки pacмaн бa Сомониён тобеъ бyдaнд, вaле хyдpо озодтap эдсос мекapдaнд.

Дap дaвоми тaдкикоти худ A.A.Семенов дap боpaи вaзъи иктисодй, модиёт, aндозбaндй, мyноcибaти Сомониён бо apиcтокpaтияи мax,aлдй, феодaдx,о, зaминдоpон, хaзинaдоpй, aз додaни х^оч бе хaлифax,ои apaб озод шyдaни Сомониён вa дигap мacъaлax,о мaводи фapовон меоpaд. Инчунин, дap боpaи инкишофи x,yнapмaндй, aз чyмдaи коFaзиcтеx,cодкyнй, зapфx,ои чинивоpй, шодибофй, имоpaтcозй, pyшди хочaгидоpй вa Faйpa мaъдyмот медихдд. Дap хдмин чо дap боpaи ёдгоpии бенaзиpи зaмони Сомониён мaкбapaи Исмоиди Сомонй дap Бyхоpо вa aз мaводи кимaт cохтa шyдaни бино, кошикоpии он вa x,aзоp сод инчониб ycтyвоp бyдaни cyхaн гyфтa, кaйд мекутад, ки aз pyи шaкд вa тapx,и одияш ин бино яке aз шоx,коpx,ои apхитектypaи одaм бa х,исоб меpaвaд [13, 5].

Вокеaн, зaмони Рyдaкй вa Сомониён дap тaъpихи идму фapx,aнги миддaти точик бенaзиp acт, ки aз он pyзгоp оcоpи зиёди идмй вa фapx,aнгй бокй мондaacт. Aз чyмдa, мacчиди Шеpи Кaбиp дap шax,pи Мaшx,aди Миcpиён ёдгоpии acpx,ои IX- X вокеъ дap Чумк^ии Тypкмaниcтони кунунй, мacчиде дap дехди x,aзоpaи aтpофи Бyхоpо, ёдгоpии acpи IX мебошaд, ки то доло бapчоянд [13, 7].

A.A.Семенов дap мжудиши худ aз зaмони Сомониён то кунун дap киcмaти бодооби Зapaфшон, дap дудуди таводии Aйнй вa Пaнчaкент бокй мондaни чyбкоpивy кaндaкоpй вa ёдгоpии дaвpони СyFдй, ки дap Пaнчaкент бокй мондaacт вa нaзиpи он дap дигap миш^^ои Осиёи Мapкaзй бa нaзap нaмеpacaд, мaъдyмоти муфиди тaъpихй медихдд. A.A. Семенов бaъд aз бaёни ин нукгахд ки дap зaмони Рудикй pивоч доштaaнд, тaдpичaн бa мaвчyд бyдaни pacмкaшй вa миниaтюpax,о (тобдудо) дap ин дaвpa мепapдозaд вa тaъкид мекyнaд, ки x,apчaнд aз ин дaвpa оcоpи миниaтюpй бокй нaмондaacт, aммо идму aдaбиёт pивочи хубе дошт, aз ин py метaвон чунин хддс зaд, ки rapx^ идмй вa нaзмy нacp бa зaбонx,ои apaбй вa фоpcии точикй нaвиштa мешуд, x,aтмaн дacтнaвиcx,о вa миниaтюpax,ои ин дaвpa нигоштa шyдaaнд [13, 12].

Бaъд, A.A.Семенов aз чaндин мaнбaъx,о мaвчyд бyдaни дacтхaт^о, нaвиштaчот^ои тахдавй, pacми шодон вa Faйpapо меоpaд, ки бa нaвиштax,ои чyFpофидонон Иcтaхpй, Ибни X,aвкaл вa Мacъyдй (геогpaфи apaб) тaкя кapдaacт [13, 14].

Му^ккик A.A.Семенов бaъд aз бaёни нукгах,ои фaвк, ки aз омиддои мудими pyшди фapx,aнг мебошaд, дap тaдкикоти худ дap боpaи дap дaвдaти Сомониён чой доштaн вa инкишоф ёфтaни чapaёнx,ои мaзx,aбй, aз кaбиди муш^^й вa кapмaтй, ки бa pyшди дaвдaт вa инкишофи идм хaлaли зиёд воpид мекapдaнд, aндешapонй мекутад. Дap яке aз ин чapaёнx,о, ки pешa бap хypофоти динй доштaнд, paвaнди гycтapиши идму фapx,aнгpо монеъ мешyдaнд вa хдтто нaмояндaгони идму фapx,aнг, ки aкидax,ои пешкaдaм доштaнд вa бa оини Зapдyштй э^т^ом доштaнд, киcмaн нест мекapдaнд.

Дap дaвоми aндешax,ои худ A.A.Семенов зикp мекyнaд, ки: '^ap Сaмapкaнд вa aтpофи он кapмaтиx,о 17 мaдpaca доштaнд вa мукобиди кapмaтиx,ои хypофотпapacт донишмaндони исдомшиноси зaмони Рyдaкй, aз чyмдa, Aбyдx,acими Сaмapкaндй ^фот 953) вa Aбyмaнcypи Мотypидй ^фот 940) мyбоpизa мебypдaнд" [13, 14].

Ин гута aкидax,ои хypофотй дap идму aдaбиёт низ чой мег^ифт, ки дap ин боpa дap фacдx,ои бax,cи pиcодa мyфaccaл aндешapонй ходем кapд.

Зaмони Рyдaкй, ки бa x,yкyмaтдоpии Сомониён бapобap aar, даp ^ки^т aз дaвpax,ои инкишофи дaвлaтдоpй вa гycтapиши идму фapx,aнг буд вa хонaдони Сомониён aß нaчибзодaгони Мовapоyннax,p бyдaaнд, ки дap ин бобaт A.A. Семенов чунин ме^яд: "Сомониён aз нaчибзодaгони acлии Мовapоyннax,p бyдa, гyзaштaгони ондо aз вaкrx,ои гyзaштaи хеде кaдим дap ин capзaмин yмp бa cap мебypдaaнд" [15, 16].

Хдмин тaвp, дap дaвдaти Сомониён вa ду шax,pи мapкaзии он Бyхоpовy Сaмapкaнд, ки Aбyaбдyддоx,и Рyдaкй дap ин шax,px,о зиндaгивy эчод кapдaacт, дap acpx,ои IX- X pивочи идму фapx,aнгy x,yrap вa дaвдaтдоpии миддии точикон бa вaчди ax,caн пешpaфrдо дошт. Aкaдемик AбдyдFaнй Миpзоев дap ин мaвpид тaъкиди чодибе доpaд: "Дaвдaти Сомониён aввaлин шaкли дaвлaтдоpии точикон acт, ки дap дaвpaи мaвчyдияти он хaлки точик вa дигap мapдyми Мовapоyннax,p, Хypоcон, Эpон вa AфFOниcтон бa мyвaффaкияrдои кaлони сиёсй, иктисодй, идмй, мaдaнй вa aдaбй содиб гapдидaaнд" [1, 18].

Бa тaъкиди A.A. Семенов дap ин зaмон дap шax,px,ои Бyхоpовy Сaмapкaнд оcоpи зиёди идмй вa aдaбй бa зaбони дaвдaтии хотадони Сомонй фоpcии дapй ё точикй вa apaбй aз чониби донишмaндони мaшx,ypи дaвp: Мусо aл-Хоpaзмй, Сибaвaйx,й, Aбдyдвaфо Мyx,aммaд aд-Нишопypй, Aбyчaъфap an-Хозинй, Хозини Хypоcонй, Aбдypax,мон ибни Умap ac-Сyфии Розй, Aбyмaдмyд хдмид ибни Хyзоpи Хyчaндй, Aбypaйx,они Беpyнй, Зaкapиёи Розй, Aбyдфaзди Бaлъaмй, Aбyбaкpи Нapшaхй, Aбyнacpи Фоpобй, Aбyaдй ибни Сино, Aбyaбдyллоx,и Рyдaкй,

Шахидии Бал™, Муродй ва дигарон навиштавy эчод шyдааст. Бехтарини донишмандонy адибони даврони Рудакй парвардаи мактабхои илмиву адабии Бyxоровy Самарканд бyдаанд ва бехуда нест, ки: "Дар нохияи Мовароуннахр шахрхои Самаркандy Бyxоро ба сони ду гавхар дyраxшидавy дорои кидмати бас деринаву кухане дар таърик низ будаанд. Aз тарафе, ба далели кароргирифтан дар канори руди СyFд аз xyррамивy сарсабзии xосе низ барxyрдор будаанд. Дар ибтидои кудратёбии Сомониён шахри Самарканд ба унвони макарри хукумат ба хисоб мерафт, вале бо марги Наср (279 хичрй) пойтаxт ба Букоро интикол дода шуда, Aмир Исмоили Сомонй шахри Бу^ороро равнаку вусъати фаровоне баxшид. Ба тадрич Бyxоро ба унвони яке аз мухимтарин шахрхои Эрон шиноxта шуда, бо БаFдод маркази Хилофати Aббосй куси бародари зад, маркази донишмандону улламову адибон гардид". [18, 169]

A.A. Семенов хамчун мyарриxи варзида ба шеъри замони Рудакй ва xоса xyди Рудакй таваччух зохир карда, таъкид мекунеад, ки дар катори пешрафтхо шеъри шоироне ба мисли Рудакй ва Дакикй бештар майл ба чараёнхои мазхабй дорад ва ба хукми мисол рубоии Рудакй:

Аз Каъба калисиёнишинам карди,

Охир дар куфр бецаринам карди.

Баъд аз ду щзор сацда бар даргщи дуст,

Аз ишц, чи бегона зи динам кардиI? [10, 89].

A.A.Семенов дунболаи тадкикоти xyдро ба масъалаи забони замони Рудакй ва дафтардории Сомониён баяшида, мегуяд, ки: "Забони давлатии девони Сомониён забони точикй ё тавре ки он замон ёд мекарданд, форсй (порсй) буд, инчунин дар адабиёт ва илм забони арабй истифода мешуд. Инчунин, дар замони Сомониён, ба андешаи A.A. Семенов дар кисмати Эрон забони пахлавй ё форсии миёна низ дар истифода карор дошт.

Дар ин замон, таъкид мекунад A.A.Семенов "мардум ба ин забон осор меxонданд ва осори зиёдро ба забони форсй тарчума мекарданд" [13, 16].

Бинобар андешахои A.A. Семенов, забони форсии ин давра ду xyсyсияти услубй дошт:

- якум, аз нигохи соxтори баён xеле сода ва дур аз такаллуфоти арабй буда, ба номи дарй ёд мешуд;

- дуюм, форсии бо ифодахои арабй омеxта ва бо баёни нисбатан печидаву мушкил ифодашаванда, ки xоси гуиши хокимон, давлатдорон буд ва ин шева дар замонхои баъд (садахои аз XI ва XII) бештар густариш ёфта, шеваи баёни зебову содаи дарй чойи xyдро ба ин забон вогузошт.

A.A. Семенов ба ин андешаи xyд чунин далелро меоварад: '^мири Сомонй Нух бинни Наср дар соли 951 аз Хоча Aмид Aбyлфаворис xохиш мекунад, ки аз забони пахлавй ба забони форсй "Китоби Синдбоди дарёгард"-ро, ки сарчашмаи хиндй дорад, тарчума кунад. Хоча Aмид Aбдyлфаворис ин китобро ба шеваи дарй (ба лyFати дарй) тарчума мекунад ва баъд аз гузашти 200 сол бо супориши хокими ^ароxонй ^илич ТабFOч-xокон, писари ^илич ^ароxон Мухаммад бинни Ллй бинни Мухаммад бинни Х,асан ал-Котиби Самаркандй ба забони форсии роичи замони xyд тарчума мекунад, ки аз вожаву иборахои арабии зиёд ва хадису оятхои ^уръонй истифода кардааст" [13, 17].

Бо ин гуфтахо A.A.Семенов кайд мекунад, ки бо истилохи дарй дар замони Сомониён на забони алохида, балки як шеваи баён, ки услубан соддаву гуворо буд, фахмида мешавад, ки ба ин шева "аз шох то гадо" су^ан мегуфтанд ва ба ин шева шоирони машхур Рудакй, Шахид ва дигарон шеър эчод кардаанд. Aммо ба ин адешаи A.A. Семенов ва забоншиносон акидаи дигар доранд, ки мо бо сабаби мавзуи бахсамон набудани ин андеша, аз баррасии он, ки фурсати зиёдро мегирад, xyддорй мекунем.

Ба хар сурат, замони зиндагиву кору пайкори y аз даврахои xеле дура^шони адабу фарханги форсии точикй аст, ки дар ин бобат, ки дар таъриx бо номи давраи растащи фархангй ёд мешавад, донишмандони зиёди ватаниву xоричй мунтакиданд ва мо низ чонибдори ин андеша хастем.

Назми даврони Aбyабдyллох Рудакй ин давраи ривочу равнаки забони точикикй, адабиёти точик ва давлатдории точикон мебошад, ки дар ин бора даххо тадкикоти сарчашмашиносй, таъриxй, адабй ва фархангй гувоху далеланд. Дар бораи назми даврони Рудакй донишмандони зерин: Е.Э. Бертелс, A.A. Семенов, С.Нафисй, З.Сафо. Э.Браун, М. Бахор, A.Mирзоев, A.Aфсахзод, РДодизода, Х.Мирзозода, ШДусейнзода, A.Насриддин, Х.Шарифов, A.Сатторов, A.Aбдyллоев ва даххо дигарон асару макола ва гузоришхои чолиб кардаанд.

Aсосy бунёди адабиёти xаттии форсии точикй дар асрхои IX- X гузошта шудааст, ки ба давраи густариши давлати Сомониён мувофику баробар аст. Дар оxирхои асри VIII ва OFOЗи асри IX дар майдони адабиёт шоирони дузабонае ба камол расиданд, ки дар баробари шеъри арабй инчунин ба форсии точикй шеърхо месуруданд. Дар он замон xyдшиносии мардуми форсу точик ба авчи баланд расида, кушишхои аз нав зинда гардонидани забони пахлавй ба назар

мерасад. Аммо да огози асри IX, ки оини исломй дар каламрави Хуросону Мовароуннахр хеле ривоч ёфт, майл ва пешрафту тавсиаи бокимондахои оини зардуштиву пахлавй дар ин кишвархо ру ба инкироз оварданд.

Дар охири асри VIII ва огози асри IX аллакай шоирони дузабонае ба камол расидаанд, ки дар баробари шеъри арабй ба форсии дарии точикй китъахои муназзам мегуфтанд. Ин шоирон Язид ибни Муфарриг (вафот 688), Абулянбагй, Абухафси Сугдй, Мухаммади Восиф, Бассоли Курд, Мухаммад ибни Баъис, Мухаммад ибни Мухаллад, Махмуди Варрок, Абусолихи Гургонй, Х,анзалаи Бодгисй ва дигарон мебошанд.

Х,арчанд дар нукоти гуногуни кишвархои форсизабонони асрхои IX- X нашрхои гуногуни шеъри форсии точикй падид оянд хам, маркази муктадиру хакикии шеъру адаби замони Сомониён хамон Бухоро ба шумор мерафт. Шахри Бухоро, ки аз соли 892 бо кушиши бевоситаи Исмоили Сомонй пойтахти Сомониён карор гирифта буд, дар охири асри IX ва огози асри X ба маркази бузурги илмиву адабии мамлакат табдил ёфт. Берун аз дарбори Сомониён хам махфилу анчуманхои адабиву илмй вучуд доштанд.

Оид ба ривочи илму адаби хамин давра донишманди точик А.Афсахзод чунин гуфтааст: " Бо вучуди ин, дар он замон дар каламрави Сомониён гармтар аз хама конуни адабиёт гардон буда, дар пойтахту шахру вилоятхо адибони зиёд асар менавиштанд. Дар ибтидои давр устоди тарбиятгари шоирону пешвои тамоми адибони замон Абуабдуллохи Рудакй ва дар охири он суханвари чахонй Абулкосим Фирдавсй зиндагиву эчод мекарданд. Абуалй ибни Сино низ аз нобигахои парвардаи хдмин аср буд" [6, 85].

А.А. Семенов рушду инкишофи адабиёти давраи Рудакиро дар се омили мухим дидааст:

1. Шароити мусоиди ичтимоиву фархангй, яъне мусоидати Давлати Сомониён ба ин сохахо.

2. Инкишофи забони форсии точикй.

3. Кадрдонии хонадони Сомониён аз ахли илму адаб [13, 16].

Хулоса, жанрхои асосии адабиёти асри X назму наср бошад хам, назм дар адабиёти ин давра мавкеи пешдастиро дошт. Навъхои асосии шеъри точикй маснавй, касида, газал, рубой, дубайтй, китъа ва гайра. Дар хамин замон шакли комилгирифтаву инкишофёфта буданд. Ин навъхои шеър аз руи хусуситхои шаклй, яъне аз чихати хачм, тарзи кофиябандй ва колаби вазн аз хамдигар фарк мекарданд. Масалан, маснавй бо байтхое, ки хар мисрааш хамкофия аст, эчод мешуд. Рубой аз чахор мисраъ иборат буда, баъзан хар чахор мисраъ хамкофия ва гохе мисраи сеюм аз кофия озод мебошад. Касидаву газали ин давра як хел кофия доранд. Касида нисбатан дарозу муфассал, вале газал кутох аст. Ба таъкиди А.А.Семенов устоди хамаи ин навъхои шеърй ва пешвои адибони замон, бе шак Абуабдуллохи Рудакй буда, Дакикй, Шахирии Балхй ва Кисой низ дар эчоди якчанд навъи шеърй махорати хуб доштаанд [13, 16-17].

АДАБИЁТ

1. Абдулганй Мирзоев. Абу Абдулло Рудакй.- Сталинобод: Нашр. давл. Точикистон, 1958.- 277 с.

2. Абдулхусайни Зарринкуб. Бо корвони хулла. Тахия ва тавзехи Шодй Шокирзодаи Нуъмонпур, Райхон Мамадаминзодаи Сохибназар.- Душанбе: "Пайванд", 2004.- 335 с.

3. Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. Дар хафт мучаллад. Ч,илди якум.- Хучанд: "Хуросон", 2013.- 608 с.

4. Абдурахмон Тохирчонов. Рудакй. Рузгор ва осор.Таърихи тахкик (аз забони русй тарчумаи М. Муллоахмад). - Душанбе: "Деваштич", 2008.- 228 с.

5. Атахон Сайфуллоев. Паямбари ишк. - Душанбе: "Адиб", 2008. - 543 с.

6. Аълохон Афсахзод. Одамушшуаро Рудакй. Рисолаи тадкикотй. Нашри дуюм. - Душанбе: "Адиб", 2008. - 312 с.

7. Бертелс Е.Э. Таърихи адабиёти форсй - точикй (аз рузгори бостон то поёни ахди Салчукиён) (аз забони русй тарчумаи Сируси Эзадй, тахия, вироиш ва баргардон аз хати форсй: Мухаммадалии Ачамй. - Душанбе, 2015. - 650 с.)

8. Мирзо Муллоахмад. Суннатхои пойдори даврони пурбори адабиёт.- Душанбе: "Дониш", 2008.- 320 с.

9. Мухаммад Авфии Бухорй . Лубоб-ул-албоб, нашри Браун, чилди 2.

10. Рудакй А. Насими мулиён. Мачмуаи ашъор. Дебоча ва танзиму тавзехи Асрори Рахмонфар.-Душанбе: "Адиб", 1999.- 192 с.

11. Рудакй А. Девон. Тахия ва тасхехи К. Рустам.- Олиотй, 2007.-256 с.

12. Рудакй: дируз ва имруз (мачмуи маколот). Мураттибон: А.Рачабов, Р.Мукимов, М.Каримов (ба забонхои точикй, русй ва хулосахои англисй). - Душанбе, 2007. - 628 с.

13. Рудакй ва замони у. (мачмуаи маколахо) . ^ашнномаи Рудакй. Дар тахти тахрири Абдулганй Мирзоев. - Сталинобод: Нашр. давл. Точикистон, 1958.- 239 с.

РУДАКИ И ЕГО ЭПОХА В ИССЛЕДОВАНИИ А.А. СЕМЕНОВА

В статье «Рудаки и его эпоха в исследовании А. А. Семенова» автор анализирует на ряду с историческими материалами, литературное наследие эпохи Саманидов. Рудаки являлся основаломпинком персидено Таджикской летературы и создателем такого стихотвори жанра, какрубаи, касида, газель.

Ключевые слова: Рудаки, Саманиды, А.А. Семенов, Бухара, слепой гений, культура эпохи Саманидов, язык персидских даров, поэзия, элегия.

RUDAKI AND HIS ERA IN A.A. SEMYONOV'S RESEARCHES

In this article "Rudaki and his era in the study of AA. Semenov" the author analyzed, along with historical materials, the literary course of the Samanid era, which Abuabdulloch Rudaki is the literary medium of the literary environment. Abuabdulloch Rudaki, according to A.A. Semenov, being the founding father of Persian-Tajik literature, founded rubies, kasid, gasul and other poetic genres in his poetry.

A.A. Semenov in his article adheres to the opinion of medieval oriental researchers and European scholars that Rudaki since childhood was blind and uses the word "ragged blind" that the author of the article Faizulloev B. Based on the opinion of some researchers, including S. Nafisi, A. Mirzaev, A.Afsakhzod and others believe that Rudaki has never been blind and gives numerous examples from the poetry of Rudaki, who will change to a routine.

The author of the article considers the opinion of AA Semenov from the point of view of the critical approach, what to say about the correct direction of research.

Keywords: Rudaki, Samanids, A.A. Semyonov, Bukhara, blind genius, culture of Samanids ' epoch, Persian-Dari language, poetry, elegy.

Сведения об авторе:

Файзуллоева Бибисаломат -докторант кафедры теории и истории литературы, Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни Tel: +992 93 827 89 89

About the author:

Fayzulloeva Biblalomat, Ph.D Student in the Department of Theory and History of Literature, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddina Aini. Tel.: +992 93 827 89 89

АНДЕША^О ОИД БА РУЗГОР ВА ОСОРИ ВОСИФИ БОХТАРЙ

Фатона Бадахши

Донишгохц давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

^аламрави забон ва адабиёти форсии дарй-точикй фарох ва пахновар буда, бар хилофи таъгйиротхо дар шеъри имруз хамеша цовид мондааст. Фарзонагони номвар дар ин каламрав кам нестанд.

Восифй Бохтарй яке аз чехрахои барчастаи адабиёти муосири Афгонистон махсуб ёфта, дар шаклгирии шеъри нави Афгонистон накши муассир дорад. Шеъри Восифи Бохтарй дар каламрави забони форсй пешоханг буда, худи у аз чехрахои матрах дар ин хавза ба шумор меравад.

Восифи Бохтарй шахсияте аст, ки андешааш хамвора буи бахор дорад, чаро ки дар канори дониши замон гомхои сабзашро гузошта, уфукхои тоза ва навини огохй ва бинишро тасхир кардааст.

Шоир дар осори манзуму мансур, бахусус дар хама колабхои шеъри классикиву нав кувваозмой кардааст. Бо хузури шоир шеъри нимой дар ин сарзамин авч гирифтааст. Бинобар ин, у шоирест бо зарфияти бузурги тахайюл ва дониш тавонист пешгом бошад.

Балхи кухан дар даврахои бостон то ба имруз тачаллигохи завк ва махди шеър ва мухити шуаро ва донишмандонест, ки чун ситорахои фурузон аз варои шиканхои таърихй бар пешонии асрхо ва курун медурахшанд.

Мухаммадшох Восифи Бохтарй писари корй Мухаммадуллох машхур ба кори Масталй ба соли 1321 хуршедй (мутобик соли 1942 мелодй) дар Балх (шахри бостонии Мазори шариф) дида

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.