Научная статья на тему 'ОТРАЖЕНИЕ ИСТОРИИ ПРИХОДА К ВЛАСТИ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ ДИНАСТИИ САСАНИДОВ И РАСПАДА ИХ ГОСУДАРСТВА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ IX-XI ВВ.'

ОТРАЖЕНИЕ ИСТОРИИ ПРИХОДА К ВЛАСТИ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ ДИНАСТИИ САСАНИДОВ И РАСПАДА ИХ ГОСУДАРСТВА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ IX-XI ВВ. Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
79
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АШКАНИДЫ / САСАН / АРДАШЕР БАБАКОН / САСАНИДЫ / ТАБАРИ / БЕРУНИ / ГАРДЕЗИ / САОЛИБИ / ШАПУР / НИШАПУР / МЕРВ / ИРАН / ТУРАН / ХОРАСАН / МАСЪУДИ / БАЛХ / ТАХАРИСТАН / ГИРАТ / ГУНДИ ШАПУР / МАНИ / ИСТАХР / БАХРАМИ ГУР / ЭФТАЛИТЫ / ХУШНАВАЗ / ХУСРАВ АНУШЕРВАН / ХУСРАВ ПАРВИЗ / ЙЕЗДИГУРД III

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хамза Камол

В данной статье автор на основе персидско-арабских исторических источников IX-XI вв. анализирует вопросы прихода Сасанидов к власти в Иране в начале III в., а также правления представителей этой династии на огромной территории в течение 436 лет (226-651). Основатель сасанидского шаханшахства Ардашер Бабакан в 224 г. в битве в Хурмузгане разбил ашканидскую армию, в результате чего был убит последний правитель Ашканидов Артабан V. В 226 г. Ардашер Бабакан захватил столицу Ашканидов - Ктесифон. При сыне и приемнике Ардашера Шапуре I (239-272) Сасаниды разгромили римские войска, в результате чего к их государству были присоединены обширные территории. Победа Сасанидов над Римом привела к усилению центральной власти шаханшахства. Сасанидское шаханшахство значительно окрепло при Шапуре II (309-379). Наибольшего могущества Сасанидское шаханшахство достигает при Хусраве Анушерване (531-579). Длительная война с Византией в 602-628 годах привела к истощению материальных ресурсов Сасанидского шаханшахства. Многократное увеличение налогов подорвали политическое могущество Сасанидов. В течение четырех лет после гибели Хусрава Парвиза в 628 г., т.е. до прихода в 632 г. к власти Йездигурда III (632-651-52), сменилось 12 сасанидских падишахов. При Йездигурде III Сасанидское шаханшахство было завоёвано арабами.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REFLECTION OF THE HISTORY OF THE ARRIVAL TO POWER OF THE REPRESENTATIVES OF THE SASANID DYNASIA AND THE DECAY OF THEIR STATE IN HISTORICAL SOURCES IX-XI CENTURIES

In this article, the author based on Persian-Arab historical sources of the IX-XI centuries analyzes the issues of the coming of the Sassanids coming to power in Iran at the beginning of the 3rd century, as well as the rule of representatives of this dynasty over a vast territory for 436 years (226-651). Ardasher Babakan, the founder of the Sassanid Kingdom defeated the Ashkanid is army in 224 in the battle at Khurmuzgan, as a result of which the last ruler of the Ashkanids, Artaban V, was killed. In 226, Ardasher Babakan captured the Ashkanid capital, Ctesiphon. Under the son and successor of Ardasher Shapur I (239-272), the Sassanids defeated the Roman troops, as a result of which vast territories were annexed to their state. The Sassanid victory over Rome led to the strengthening of the central power of the kingdom. The Sassanid kingdom became significantly stronger under Shapur II (309-379). The Sassanid kingdom reached its greatest power under Khusraw Anushervan (531-579). A long war with Byzantium in 602-628 led to the depletion of the material resources of the Sassanid Kingdom. Multiple tax increases undermined the political power of the Sassanids. Within four years after the death of Khusraw Parviz in 628, i.e. before Yazdigurd III (632-651-52) came to power in 632, 12 Sassanid kings were replaced. Under Yazdigurd III, the Sassanid Kingdom was conquered by the Arabs.

Текст научной работы на тему «ОТРАЖЕНИЕ ИСТОРИИ ПРИХОДА К ВЛАСТИ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ ДИНАСТИИ САСАНИДОВ И РАСПАДА ИХ ГОСУДАРСТВА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ IX-XI ВВ.»

ТАЪРИХНИГОРИВА МАЪХАЗШИНОСИ-ИСТОРИОГРАФИЯИ ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ-HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY

УДК-9 (55)

БОЗТОБИ ТАЪРИХИ БА ^УКУМАТ РАСИДАНИ НАМОЯНДАГОНИ ДУДМОНИ СОСОНИ ТО СУЦУТИ ДАВЛАТИ ОЩО ДАР МАНОБЕИ

ТАЪРИХИИ САДА^ОИ IX-XI

^АМЗА КАМОЛ, Институти таърих, бостоншиносП ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Сосониён дар тули хукуматашон шукухи даврони Дахоманишиёнро эхё карда, худро вориси подшохони Дахоманишй медонистанд.Сосон мар-де аз хонадони начибзодагон бо зане ба номи Динаг аз хонадоне, ки онхоро Бозарангиён мегуфтанд ва дар сарчашмахои исломй бо номи Ром-бихишт ёд мешавад, издивоч кард. Сосон сарпарастии маъбади Анохити шахри Истахр (Шероз)-ро ба ухда дошт [6,535]. Писари у Бобак пас аз дар-гузашти падар ба чои у нишаст ва бо духтари амири он махал издивоч карда, баъди чанд муддат хукуматро аз дасти у гирифт.

Бобакро муаррихин поягузори ин силсила медонанд. Бобак барои писараш Ардашер мак;оми раиси кдлъаи Доробгардро гирифт. Бино ба ит-тилои Табарй насаби Ардашери Бобакон бо дувоздах восита ба Каймануш - намояндаи хонадони Кайёнй аз ин кдрор мерасад: Ардашер писари Бобак писари Маликхайр писари Сосони Кучак писари Бобак писари Сосон писари Бобак писари Мехрмас писари Сосон писари Бахманшох писари Исфандиёр писари Буштосп писари Кайвачй писари Каймануш [6,534-535]. Аммо Гардезй бо ихтисор насаби Ардашери Бобаконро то ба Исфандиёр -пахлавони Кайёнй мепайвандад:Ардашер ал-чомеъ ибни Бобак ибни Шохсосон ибни Бехофарид ибни Зарора ибни Сосон ибни Бахман ибни Исфандиёр [4,б.48]. Масъудй дар баёни насаби Ардашери Бобакон силсилаи зикрнамудаи Табариро то Буштосб бидуни тагйир баён карда, аммо ба чойи писари Кайвачй писари Бехросб менависад ва мегуяд, ки: «хилоф надорад, ки Ардашер аз аъ^оби Манучехр буд» [5, 238].

Берунй бошад дар баёни насаби Ардашери Бобакон ибни Зарораро ибни Мехрмиш гуфтааст: «У писари Бобакшох ибни Сосон, ибни Бобак ибни Сосон ибни Бехофарид ибни Мехрмиш ибни Сосони Бузург писари Бахман ибни Исфандиёр аст» [3,141] ва уро мулакдаб ба Гирдоваранда зикр кардааст «зеро кишвари Эронро ба як чо гирд овард» [3,141]. Аммо тавзехи Гардезй аз вожаи «ал-чомеъ» ин аст, ки Ардашер «хама доноёни Порсро чамъ кард ва фармуд, то китобхои мугон, ки зоеъ шуда буд, чамъ кунанд» [4,б.48]. Саолибй ин суханонро так;вият дода менависад: «Ардашер фармон дод нусхахои китобхои динй, пизишкй ва ситорашиносиро, ки

Иска^^ баpхе аз онхоpо сухта ва бештаpи онpо ба рум бypда 6уд, ба даст оpанд ва онх^о насузанд ва нишонагyзоpивy хоно кунанд» [2, 248].

Аpдашеp даp худуди соли 212 мелодй чанд тан аз шохони Поpсpо маFлyбy халок каpда, даp саp савдои шоханшохй мепаpваpид. Бобак аз ин андешаи писаpаш огох буд ва бо номае ба Аpдавони панчум, охиpин подшохи Ашконй мypочиат каpд, ки мансаби шохии Гyчихаppо ба фаpзанди калониаш Шопyp вогyзоpад. Аpдавон чавоб дод, ки Бобакpо чун саpкашy ëFï мехисобад ва хокимиятpо ба y намедихад. Пас аз муддате Бобак вафот каpд ва Шопyp ба чои y нишаст. Миёни баpодаpон Шопyp ва Аpдашеp ихтилоф афтод, аммо ба таpики ногахонй Шопyp вафот каpд ва Аpдашеp бо маpги Шопyp хyкyматpо ба даст гиpифта, бо шохи Ашконй ба мухолифат паpдохт. Тайи мyбоpизахо охиста-охиста шахpхои Эpон ба итоаташ медаpомаданд ва даp соли 224 Аpдавони панчум даp набаpде даp сахpои Дypмyзгон кушта шуд [6, 537] ва даp соли 226 Тайсафун1 (даp назди даpёи Дачла) пойтахти Ашкониён ба дасти Аpдашеpи Бобакон афтод. Даp яке аз тасвиpхои болои санги Накши Рустам вокеъ даp Шеpоз Аpдашеpи Бобаконpо даp холе мебинем, ки баp асп савоp аст, точ ва ё фаppи эзидиpо, ки нишонаи подшохист, аз Ахypамаздо даpёфт мекунад. Даp хамин тасвиpсанг Балош ва Аpдавони Ашконй даp нихояти хоpй ба зеpи пои ас-пи Аpдашеp афтодаанд.

Tабаpй хабаp медихад, ки Аpдашеpи Бобакон пас аз тасхиpи Чдбалу Озаpбойчон, Аpманиявy Мавсил ва Сypистон «оханги Абаpшахpy (Нишо-пyp) Маpв каpд ва аз он чо суйи Балху Хоpазм pафт... Он гох аз Маpв суйи Фоpс pафт ва даp шахpи ryp макаp гиpифт ва фиpистодагони шохи Ку-шон ва шохи Typон ва шохи Му^он ба итоат пеши вай омаданд» [6, 538].

Аз pyзгоpи кадим саpзамини Эpон ба чахоp испахбуд кисмат мешуд, ки нахустини он испахбуди Хypосон буд. Даp зимн Масъудй менависад, ки Аpдашеp «чахоp испахбуде ниход: яке ба Хypосон, дувум ба маFpиб, савум ба вилоёти чануб ва чахоpyм ба вилоёти шимол ва ин чахоp испахбуд му-диpони yмypи мулк буданд, ки хаp кадом тадбиpи як кисмати мамлакатpо ба ухда доштанд ва фаpмонpавои як чахоpyми он буданд ва хаp як аз инон маpзбоне дошт, ки чонишини испахбуд буд» [5, 240]. Даp «Tаъpихи ^p-дезй» ва «Шохнома»-и Саолибй омадааст, ки Аpдашеpи Бобакон Хypосо-нpо чахоp бахш каpд ва хаp якеpо маpзбоне гумошт. Гаpдезй онpо аз каpоpи зайл меоpад: Яке маpзбони Маpви Шохчон, дувумй Балху Tахо-pистон, сеюм Диpот, Пушанг ва БодFиз ва чахоpyм маpзбони Моваpоyн-нахp [4, б.48]. Аммо Саолибй онpо бо андаке тафовут зи^ мекунад: яке маpзбони ду Маpв (Маpви Шохичахон ва Маpвpyд), ^ликон ва Ч,узчон, дувумй маpзбони Хдоот ва Бушанч, Бусту Систон, сеюмй маpзбони Балху Tабаpистон ва чахоpyмй маpзбони ФаpоpУд (Моваpоyннахp) [2, 249].

1 Tабаpи Tахсабyн гуфтааст: Tаъpихy-p-pyсyли ва-л-мулук. Китоби 1. С.538.

Аpдашеp андак замоне пеш аз маpг Шопyppо, ки ба кавли Масъудй Аpдашеp «^о аз хама фаpзандони худ бypдбоpтаp ва донотаpy далеpтаp ва коpомадтаp медонист» [5, 242], ба тахти подшохй шинонд ва бо дасти худ точи шохиpо ба саpи y нихода, «бештаp даp оташкадахо ба холи зухду хилват бо Худо ба саp бypд» [5, 242] ва даp соли 240 вафот каpд. Tабаpй даp сифоти y менависад, ки «писандидаpавиш ва пиpyз буд ва хаpгиз си-похи вай нашикаст ва паpчами y вонамонд. Вилоятхо падид оваpд ва шахpхо бунёд каpд ва ободии бисёp каpд. Ва муддати подшохии вай аз вакте ки Аpдавонpо бикушт, то вакте ки бимypд, чахоpдах сол буд» [6, 538539].

Модаpи Шопypи аввал аз хонадони Ашконй буд [6, 540]. Шопypи ав-вал ободихои бисёpе каpда, аз чумла шахpи Шопyp даp наздикии Козиpy-ни Фоpс ва Ч,унди Шопyp ё Гунди Шопyp байни Шyштаp ва Дазфули Ху-зистон ва Нишопyp даp Хypосонpо ба ин подшох мансуб донистаанд. Бино ба гуфтаи таъpихнигоpони аpманй Шопyp писаpи худ Мехpонpо ба хуку-мати Гypчистон баpгyмошт ва вай даp он чо силсилаи подшохони Хyсpа-виpо бунёд гузошт.

Гаpдезй зи^ мекунад, ки Шопyp «касди ^астантиния каpд ва ахли он нохият бо вай сулх каpданд. Ва китобхо, ки Искандаp ба Рум бypд ва таpчyма каpд, он хама китобхоpо Кдстантини малик чамъ каpд ва ба наздики Шопyp фиpистод баp вачхи хадия» [4, б.48-49].

Даp замони подшохии y Монй даъвои паЙFамбаpй намуд [6, 545] ва мазхаби навpо поя гузошт. «Шопyp касди Монй каpд ва Монй аз Эpон би^ехт ва суи Чину Мочин биpафт ва он чо табаъа ёфт ва даъвати ошкоpо каpд» [4, б.49].

«Tозиён,-менависад Саолибй,-Шопyppо баpои диловаpии бемонанд ва лашкаpхои фаpовон, ки дошт, «Собypy-л-чyнyд» ном доданд» [2, 250].

Шопyp соли 272 вафот каpд ва писаpаш Хypмyзи аввал ба тахт ни-шаст. Tабаpй менависад, ки Хypмyзpо 4^yp лакаб доданд [б, 545].

Даp сифоти Хypмyз Саолибй менигоpад, ки pойи yстyвоpy андешаи дypyст даp баpобаpи сахтихои pyзгоp надошт ва «pyзгоp низ ба y мухлат надода буд, ки ба маpзи пухтагиву бypдбоpй биpасад» [2, 255].

Х^муз Мониpо ба даpбоp даъват каpда, мавpиди химояти худ каpоp дод. Подшохии y деp напоид ва бино ба хабаpи Масъудй «муддати под-шохияш як сол ва ба кавле бисту ду мох буд» [5, 244] ва даp соли 273 вафот каpд. Хypмyз баpодаpе бо номи Бахpом дошт, ки пас аз даpгyзашти y ба тахт нишаст. Даp хисоли Бахpом Tабаpй зикp мекунад, ки «сиpати неку дошт ва даp коpи подшохию тадбиpи yмypи касон баp pавиши падаpон буд» [6, 547].

Ривоят аст, ки Монй Бахpомpо ба дини хеш мехонад ва «Бахpом ко-pи вайpо биёмузид ва ypо даъватгаpи Шайтон ёфт» [6, 547], бинобаp ин фаpмон дод, то Мониpо ба катл pасонанд ва ба пусташ кох андохта, баp

даpвозае аз даpвозаxои Гунди Шопyp овезон каpданд, ки аз он xангом ба баъд он маxал ба даpвозаи Монй маъpyф аст [6, 547; 2, 257; 4, б.49].

Баxpом соли 276 вафот каpд. Муддати подшоxии ypо Табаpй се солу се моxy се pyз гуфтааст [6, 548].

Пас аз Баxpоми аввал писаpаш Баxpоми дуюм ба тахт нишаст. Даp мавзее бо номи Накши Рустам, ки даp шимоли шаxpи Шеpоз аст, даp паxлyи сypати точгyзоpии Аpдашеpи аввал санги хypдтаpе аз он дида ме-шавад, ки ба фаpмони Баxpоми дуюм канда шудааст ва шоxpо пиёда даp миёни хонаводааш нишон медиxад. Баxpоми дуюм даp кyxи Шопyp накшеpо доpад, ки xикоятгаpи Fалабаи y баp душман аст. Вай соли 276 ба тахт нишаст ва даp соли 293 вафот каpд. «Даp боpаи муддати подшоxии y,-менависад Табаpй,-ихтилоф каpдаанд: баъзеxо гуфтаанд муддати под-шоxии вай xаждаx сол буд ва баъзеxо онpо xафдаx сол гуфтаанд» [6, 548].

Бино ба ахбоpи Масъудй Баxpоми дувум аз OFOЗи подшоxияш ба шикоpy тафpеx паpдохт ва ба коpи кишваp наандешид «ва даp yмypи pаъият нангаpист ва хоссону хидматгоpон ва атpофиёни хешpо тюлxо дод, даp натича амлок py ба хаpобй ниxод ва аз ободкунандагон тиxй шуд, ки даp амлоки аxли нуфуз икомат гиpифтанд ва чуз даp амлоки тюл ободй намонд ва вазиpон ба pиояти хоссони подшоx молиёт аз эшон мутолиба накаpданд, ки yмypи мамлакат ба вайpонй pафт» [5, 246]. Ба кавли xамин муаллиф баъд аз он ки мубадон Баxpомpо аз ин вазъи нигаpонкyнанда, ки душманони кишваp бо чашми тамаъ ба он нигоx мекаpданд, огоx наму-данд, y вазиpонy дабиpонy девондоpонpо даъват каpд ва дастyp дод, то «амлокpо аз хоссону атpофиён бигиpифтанд ва ба соxибонашон пас до-данд, ки ...обод^о OFOЗ каpданд... ва шоx пайваста мypокибати yмyppо ба yxда гиpифт» [5, 247-248].

Баъд аз Баxpоми дуюм Баxpоми сеюм, ки фаpмонpавои Систон буд, ба тахт нишаст. Насабномаи ypо Табаpй чунин меоpад: y писаpи Баxpом писаpи Баxpом писаpи Дypмyз писаpи Шопyp писаpи Аpдашеp буд [6, 548]. Аммо мyxаккики эpонй Абдулазими Ризой бидуни зикpи маpчае ypо писа-pи Дypмyзди аввал меxисобад, ки xамагй чаxоp моx подшоxй каpда, даp xамон соли 293 фавтида аст [1, 31]. Саолибй менависад, ки «^а^з чаxоp моx аз подшоxияш нагузашта буд, ки хиpмани чавониаш даpав шуд» [2, 260], аммо Табаpй муддати подшоxии ypо чаxоp сол гуфтааст [6, 548].

Пас аз Баxpоми сеюм Наpсй ба салтанат pасид. Табаpй ва Саолибй Уpо писаpи Баxpоми дуюм ва баpодаpи Баxpоми севум зикp каpдааст [6, 548; 2, 261]. Аммо Абдулазими Ризой ypо писаpи Шопypи аввал дониста аст, ки то соли 303 подшоxй каpд [1, 31].

^peï тобистонpо даp Истахp мегyзаpонд ва даp зимистон даp Ма-доин мемонд. «Ба оташгоx намеpафт ва чун даp ин боpа аз y пypсиданд, гуфт: бандагии Худованд маpо аз бандагии оташ боздоштааст» [2, 261].

Баъд аз ^prä писаpаш Х^музди дуюм ба чои падаp нишаст. Даp ин замон Эpон ба сабаби шикаст аз pyмиён нотавон шуда буд. У подшоxи

додгyстаp ва ободгаp буд. Даp тавсифи y Tабаpй менависад: «Tадбиpи yмyp бо мулоимат каpд ва бо pаъият мунсиф буд ва даp бехбуди мустаман-дон ва ободонии вилоят ва адолат бо pаъият бикушид» [б, 549].

Хypмyзди дуюм даp соли 310 хангоми чанг бо аъpоби Бахpайн, ки ба маpзхои Эpон тачовуз каpда буданд, кушта шуд. Даp миёни шохони Со-сонй Хypмyзди дуюм ягона подшох буд, ки баp сиккахояш сypати шох, ки даp зебой шyхpат дошт, накш шудааст. Муддати салтанати y 7 сол аст. Пас аз кушта шудани Хypмyзди дуюм Озаpнаpсй ё Озаpнаpса, ки маpди хyнхоp ва ситамгаp буд, даp соли 310 ба тахт нишаст._Ба хамин сабаби хислати ба-даш даp соле, ки ба тахт нишаст, кушта шуд. У фаpзанд надошт ва баpода-pаш Хypмyзд низ пас аз 13 соли хабс фиpоp каpда, ба Рум панох бypд. Ба хангоми кушта шудани Хypмyзди дуюм занаш обистан буд ва мубади мубадон эълон каpд, ки фаpзанди y писаp аст. Ва бyзypгони даpбоp дастyp доданд то точи шохиpо даp хонаи хоби малика нигах доpанд ва хануз кудаке, ки таваллуд нашуда буд, подшох шинохта шуд. Ин хамон Шопypи дуюм подшохи бyзypги силсилаи Сосонист, ки ба тайиди Саолибй «нахустин ва вопасин подшохест, ки даp шиками модаp шох шуд ва хамаи pyзгоpаш аз зодан то мypдан ба подшохй гузашт» [2, 2б3].

Даp манобеи таъpихй ба y лакаби Кабиp додаанд ва ypо Шопypи Зу-лактоф низ гуфтаанд [6, 549; 2, 263; 4, б.50]. Даp тавзехи вожаи «зулактоф» Гаpдезй менигоpад: «Чун Шопyp шонздахсола шуд, сипох чамъ каpд ва pyй ба диёpи аpаб ниход ва бисёp маpдyмpо аз аpаб бикушт, то дасти този-ёнpо аз маpдyм холй каpд ва охиp pасм оваpд, ки хаp чой, ки аз аpабон ка-сеpо биёваpдандй, бифаpмyдй то шонаи y сypох каpдандй ва халка андаp вай афкандандй ва бад-ин сабаб ypо Зулактоф лакаб каpдандй» [4, б.50].

Ба хангоми кудакии Шопyp модаpаш хамpохи бyзypгони кишваp подшохй мекаpд ва Шопyp баъд аз 16-солагй pасман ба коpи салтанат паpдохта, аъpоби Бахpайнpо, ки падаpашpо кушта буданд, саpкyб каpда, аз хоки Эpон ба дyp андохт. Даp замони y эpониён ба пиpyзихои зиёде но-ил шуданд, аз чумла саpзаминхои аз дастpафтаашонpо аз pyмиён дyбоpа гиpифтанд. Шопyp хафтод сол подшохй каpд ва даp соли 379 аз чахон чашм пушид.

Пас аз даpгyзашти Шопypи дуюм Аpдашеp, ки ба кавли Tабаpй ва Саолибй баpодаpи y буд, ба тахт нишаст, ки хоpич аз мантик аст [б, 555]. Зеpо ин мyаppихин даp асаpхои худ гуфтаанд, ки ба хангоми маpг Хypмyз писаpе надошт ва Шопyp хануз даp батни модаp буд [2, 2б2]. Донишманди эpонй Абдулазими Ризой Аpдашеppо баpодаpзани Шопypи дуюм, ки пиpи хафтодсола буд, ном бypда аст [1, 40].

Аpдашеp подшохи беиpода ва заиф буд, ки пас аз чахоp соли подшохй ypо аз тахти подшохй баpканоp каpданд [б, 55б].

Пас аз Аpдашеp Шопypи сеюм писаpи Шопypи дуюм даp соли 382 ба тахт нишаст. «Чун Шопyp баp тахти салтанат нишаст, коpи Эpон мунхат ба халал буд. Вай ба хаp чой лашкаp кашид ва хаpбхо каpдy бисёp касpо аз

душманони Эpоншаxp бикушт ва маpдyм аз омадани лашкаpy pанчи душ-манон биёpомиданд...ва маpдyмони Эpоншаxp андаp xама pyзгоpи y андаp эманй буд» [4, б.51]. Даp мавpиди чигунагии маpги Шопypи сеюм навиштаанд, ки вай даp зеpи хаймае нишаста, машFyли истиpоxат буд, ки ногаxон туфони шадиде баp пой шуда, хаймаpо фypy афканд ва даp асаpи заpбае, ки аз сутуни хайма ба саpаш воpид шуд, соли 388 ба xалокат pасид [2, 272].

Пас аз маpги Шопypи сеюм баpодаpаш Баxpоми чаxоpyм баp тахти шоxй нишаст. Табаpй, Саолибй ва Гаpдезй менависанд, ки пеш аз ба под-шоxй pасидан, y маpзбони Киpмон буд. «Чун ба подшоxй pасид, мyстакаpи хеш ба Киpмон сохт... Ва xамеша даст ба самоъу шаpоб машFyл будй...ва дуст доштй сyxбат каpдан бо занон» [4, б.51]. У даp шypише, ки соли 399 аз суи сипоxиёнаш баp зидди y саp зад, кушта шуд ва муддати подшоxияш ёз-даx сол буд [6, 556; 2, 273].

Соли 399 Яздигypди аввал писаpи Шопypи сеюм ба тахт нишаст. Даp саpчашмаxои паxлавй ном ва лакаби ypо Яздикypди Базаxкоp кайд каpда-анд. Ин лакабpо ба y мубадони заpтyштй баpои таваччyx доштани y ба ма-сеxиён додаанд. Даp саpчашмаxои масеxй ба хотиpи ин аз y бо некй ёд ме-шавад ва ypо шоxи месеxиён мехонданд, вале даp саpчашмаxои эpонй ва аpабй аз Яздигypд чун маpди носипос, бадгумон ва фиpебанда ёд меку-нанд. Табаpй ypо Яздигypди Бадкоp зикp каpда, менависад: «Яздигypд маpди хашину сангдил буд ва уюби фаpовон дошт ва бyзypгтаp айби вай он буд, ки xyшёpию адаб ва аксоми донишpо, ки омухта буд ва даp он маxоpат ёфта буд, он чо ки набояд, ба rap мебypд» [6,556]. Саолибй ме-афзояд: «Дасти ситам ва бедод гушуд, бегyноxонpо таpсонд ва неpyмандо-нpо хоp, нотавононpо аз беху бун баpканд ва хyнxо pехт ва нишонаxои додгаpиpо аз миён бypд ва поpсиёнpо саpафканда каpд» [2, 274]. Даp зимн Гаpдезй мегуяд: «Чун Яздчиpд ба подшоxй бинишаст, он pyсyми падаpон ва аслофи хеш баpандохт... ва ситамxо каpд баp аxли подшоxии хеш.ва баp pаъият бедод каpд ва молxое, ки доштанд, xама биситуд ва xама аxли мамлакати хешpо даpвеш гаpдонид» [4, б.51].

Тибки pивоёти эpонй Яздигypд xангоми гузаштан аз даpёчаи Су даp назди Нишобyp баp асаpи осеби воpида аз лагади асп кушта шуд. «Чун Яздчиpд xалок шуд, маpдyмон чунин гуфтанд, ки он асп фаpишта буд, ки эзад таъоло ypо бифиpистод, то Яздчиpдpо бикушт ва хал^о аз вай би-pаxонид» [4, б.52]. Вале баъзе мyxаккикон маpги вайpо баp асаpи як суикасд даp соли 420 медонанд [1, 44].

Чун Яздигypд бимypд, гypyxе аз бyзypгонy саpони давлат ба сабаби pафтоpи бади Яздигypд ба мувофика pасиданд, ки касе аз хонадони ypо ба подшоxй баpнадоpанд [6, 563; 2, 279]. Аммо Писаpи Яздигypд - Шопyp, ки волии Аpманистон буд, баpои ба даст оваpдани тахту точ кушиш каpд, вале кyшишxои y ба чое наpасид ва y кушта мегаpдад. Писаpи дигаpи Яздигypд Баxpом ба сабаби он ки падаp аpабонpо ба паpастоpии y баpгy-

зида буд, ба кавли Tабаpй <фусуми ачам наёмухта ва pавиши аpабон доpад ва хуйи вай чун хуйи онхост, ки миёни аpабон бyзypг шудааст» [б, 5б3-5б4] низ аз тахт махpyм гаpдид. Бинобаp ин шахсе бо номи Хyсpавpо, ки аз хо-надони Аpдашеpи Бобакон буд, ба тахт нишонданд. Вале деpе нагузашта Бахpоми панчум ё Бахpоми Гyp-писаpи Яздигypд, ки бистсола буд, баp y Fалаба каpда, тахти шохиpо ба даст оваpд. Бахpоми панчум, ки ободгаp буд, аз подшохони махбуби Сосонист. Коххои бисёp бино каpд, оташка-дахо сохт ва аз пайpави содики дини заpтyштй буд, ки масехиён даp давpо-ни y вазъи мусоид надоштанд. Гаpдезй менигоpад, ки «чун ба подшохй биншаст, бо маpдyмон муомилатхо неку каpд... ва pасмхои бад, ки пада-pаш нихода буд, баpдошт ва аввал коpе он каpд, ки хафтсола хиpоч бах-шид» [4, б.52] ва даp васфи ин подшох мегуяд, ки «Бахpоми Typ ба хаp за-бон сухан гуфтй. Ба вакти чавгонзадан пахлавй гуфтй ва андаp хаpбгох тypкй гуфтй ва андаp мачлис бо омма даpй гуфтй ва бо мубадону ахли илм поpсй гуфтй. ва чун хашм гиpифтй, тозй гуфтй» [4, б.53].

Tабаpй pивоят мекунад, ки Бахpом пас аз ба тахт нишастан, саpгаp-ми шикоpy тафpех мегаpдад ва тадбиpи yмypи подшохиpо ба баpодаpи худ вомегyзоpад. Бо истифода аз ин вазъият хокони тypк бо лашкаpи гаpоне ба саpзамини Эpон хучум мекунад. Баpои чилавгиpй аз кyштоpи маpдyм ва хаpобии кишваp ашpофи даpбоp гypyхеpо ба назди хокони тypк мефиpистанд, то эълон доpад, ки хиpочгyзоpи вай мешаванд. Аммо Бахpом «ногахон ба хокон тохт ва вайpо ба дасти хеш бикyшт...Tочy саpпyши хокон ба дасти Бахpом афтод.Ва y хадде муайян каpд (миёни каламpави Эpон ва хокони тypк) ва маноpе бисохт (ки тypкон аз он тачовуз накунанд ва ба Хypосон наёянд)...ва ба сипосдоpии фиpyзй, ки ба даст оваpда буд, се сол хиpоч аз маpдyм баpдошт» [б, 5б8, 5б9, 577].

Хypосонy Моваpоyннахppо Бахpом ба каламpави зеpи фаpмони худ хамpох каpда, баpодаpи хеш Наpсиpо «вилояти Хypосон дод ва бигуфт, то он чо pавад ва даp Балх макаp гиpад ва ypо хаp чй боиста буд, дод» [б, 5б8].

^бки ахбоpи Саолибй Бахpоми Typ бисту се сол подшохй каpд [2, 28б]. Бино ба навиштаи «Шохнома» Бахpом даp соли 438 ё 439 ба маpги табий вафот каpд, аммо аксаpи таъpихнигоpони ахди ислом, аз чумла Tа-баpй ва Саолибй ба ин назаpанд, ки Бахpом хангоми шикоpи гypхаp даp махалле даp байни Исфахону Шеpоз бо асп даp чохи дypтаг афтод ва ба-pои хамеша нопадид гашт.

Пас аз маpги Бахpоми Typ писаpаш Яздигypди дуюм баp тахти сал-танат нишаст ва даp солхои подшохии худ бо Хайтолиён даp шаpк, бо аp-манихо даp Fаpб чангхои зиёде каpдааст. Баp хилофи таъpихнигоpони ма-сехй таъpихнигоpони эpонй ва аpаб ypо подшохи мехpyбон ва некyкоp до-нистаанд. Даp pyи сиккахои Яздигypд ибоpаи «Яздигypди бyзypги худопа-pаст» заpб шудааст. У хаждах сол салтанат каpд [2, 289; 4, б.53] ва соли 459 чахонpо падpyд гуфт.

Бино ба ахбоpи Саолибй Яздигypдpо ду писаpе бо номxои Хypмyз ва Фиpyз буд ва «xаp ду аз некнажодй ва хyшpафтоpй ва xамагyна забаp-дастиxо баxpаи фаpовон доштанд ва баpои ин ки яке аз он ду андyxгин нашавад, xеч якpо ба чонишинии худ баpнагyзид ва гyзинишpо ба бyзyp-гони давлат, саpон ва маpзбонон вогузошт» [2, 289].

Тибки ахбоpи Tабаpй писаpи хypдии Яздигypд - Хypмyзд (сеюм) ба xангоми маpги падаp, ки xокими Систон буд, фypсатpо Fанимат шyмоpида, точу тахти подшоxиpо соxиб шуд. Фиpyз писаpи калонии Яздигypди дуюм аз вай фиpоp каpда, ба диёpи Хайтолиён pафт. Фиpyз, ки хyдpо воpиси тахту точ медонист, аз шоxи Хайтолиён имдод хост ва шоxи Хайтолй си-поxе ба кумаки Фиpyз фиpистод ва y ба Хypмyзд, ки даp шаxpи Рай буд, xамлаваp гаpдид [6, 572-573]. Даp ин набаpдxо Х^музд шикаст хypд ва бино баp pивояте даp соли 459 кушта гаpдид. Пас аз шикасти баpодаp Фиpyзи аввал ба тахт нишаст. Даp давpони подшоxии вай Эpон гиpифтоpи хушксолии бyзypге гаpдид, ки xафт сол идома ёфт [6, 573; 4, б.53-54]. «Хypок камёб ва гаpон шуд ва зиёну нестй xама чоpо гиpифт ва pанчи ги-pифтоpй тавонфаpсо гаpдид, паppандагон ва дадон ^айвони ваxшй) мyp-данд ва гову гусфанд ва чоpпоён нобуд шуданд. Балои азим ва pастохези бyзypг pyй дод» [2, 291].

Фиpyз бо коpдонй ва маxоpат подшоxй каpда, баpои маpдyм аз хо-pичи Эpон Fалла ва хypока оваpд. Ин подшоx саpватмандонpо мачбyp сохтааст, ки баpои маpдyм кума^ои лозимаpо даpеF надоpанд. Даp давpони подшоxии y ба ёди боpонxое, ки пас аз хушксолй боpид, чашне ба номи Обpезон ё Обpезгон ба xyкми анъана даpомад. «Ва чyйxои Маpв y бypид ва оби онpо кисмат нщод ва шаxpи Фоpёб, касабаи Typro^ шаxpи Озаpбойчон y бино каpд» [4, б.54].

Фиpyз даp чанге бо шоxи Хайтолиён Хушнавоз, ки даp соли 483 ё 484 иттифок афтода буд, даp биёбони бе обу гиёx pоxгyм мезанад, ба мyxосиpа афтода, даp аснои чанг худаш ва чаxоp писаpy чаxоp баpодаpи вай кушта мешаванд ва Хайтолиён баp xама Хypосон тасаллут меёбанд [6, 573].

Пас аз маpги Фиpyз бyзypгон ва саpони Эpон писаpаш Балошpо2 ба шоxй баpгyзиданд, аммо байни Балош ва баpодаpаш Кубод баp саpи чонишинй чанг даpгиpифт, ки даp ин набаpд Балош пиpyз шуд ва Кубод ба суи хокони тypк паноx бypд.

Балош бо Хайтолиён сyлx баст ва тибки ин сyлx y ба Хайтолиён муд-дати ду сол боч медод. Саолибй менависад, ки «Ба маpдyми xаp паxнае фаpмyд, ки божи солонаpо аз фаpоваpдаxо ва чомаxо ва xаp чи аз шаxpxо-яшон ба даст меояд, бипаpдозанд ва баxои онpо ба чойи божу хиpоч ба шyмоp оваpанд» [2, 294]. Коp то чое pасида буд, ки Хайтолиён ба коpxои подшоxй ва дохилии Эpон мудохила мекаpданд.

2 Балошpо А. Ризои баpодаpи Фиpyз гуфтааст: Tаъpихи даxxазоpсолаи Эpон. Ч,.2. С.51.

^бки ахбоpи Саолибй Балош бо маpги табий вафот мекунад: «Хокон Кyбодpо бо се хазоp савоp pавона каpд, вале чун ба Нишопyp pасид, аз маpги Балош огох шуд» [2, 29б].Аммо донишманди эpонй А.Ризой ба ин назаp аст, ки Балош пас аз 4 сол аз макоми салтанат дyp шуда, нобино гаpдид [1, 54]. Муддати подшохии y солхои 484-488 мебошад.

Кубод писаpи Фиpyз соли 488 баp маснади шохй нишаст. Кубод даp замони подшохии Балош аз Эpон фиpоp каpда, ба назди подшохи Хайто-лиён Хушнавоз панох бypд. Пас аз се сол сипохе даp ихтиёpи вай каpоp дода шуд, то ба Эpон хамлаваp шуда, тахту точpо аз Балош бигиpад. Ин вокеа баъд аз он сypат гиpифт, ки Балош аз паpдохтани боч саpкашй каpда буд.

Даp нахустин солхои подшохии Кубод маpди андешаманде бо номи Маздак писаpи Бомдод ба талкини дини монй, Заpтyшт ва акидахои Афлотун дини тозае аpза дошт, ки асоси он баp ислохоти ичтимой буд ва метавон онpо камунизм ё маслаки иштиpокй донист. Шиоpашон ин буд: «Аз тавонгаpон бибояд ситуд ва ба даpвешон бибояд дод, то хама pост гаpданд» [4, б.54].

Бино ба иттилои Tабаpй Кубод ба ойини Маздак таваччух зохиp мекунад: «Ва чун дах сол аз подшохии Кубод гузашт, мyбадони мyбад ва бу-зypгони кавм хамсухан шуданд ва вайpо аз подшохй баpдоштанд ва ба зиндон каpданд, ки пайpави маpде бо номи Маздак ва ёpони вай шуда буд.Ва баpодаpи вай, ки Ч,омосб ном дошт, ба чояш нишонданд» [б, 582]. Ба pивояти Tабаpй хохаpи Кубод ypо ба тадбиp аз зиндон халос мекунад ва y ба чониби саpзамини Хайтолиён панох мебаpад ва бо ^маки онхо ду-боpа ба тахт менишинад [б, 583].

Соли 519 Кубод баp он шуд, ки баpои худ чойнишинpо муайян созад. У се писаp дошт: Каюс, Жам ва Хyсpав. Аз миёни ин се тан Каюс аз хама бyзypгтаp буд ва аз ойини Маздак пайpавй дошт. Жам писаpи дуюм ва ди-ловаpy пахлавони Кубод, вале аз як чашм нобино буд ва ин накс сабаб шуд, ки аз pасидан ба салтанат махpyм гаpдад. Ба назаpи Кубод писаpи сеюмаш Хyсpав, ки модаpаш дyхтаpи яке аз бyзypгзодагони Нишобyp ва аз хамаи хислатхои хуби подшохй баpхypдоp буд, лоиктаpин ба хисоб ме-pафт. Соли 531 Кубод бемоp шуда, Хyсpавpо валиахди худ эълон намуд ва пас аз муддате вафот каpд [1,59-б0]. Tабаpй менависад, ки муддати подшохии Кубод бо подшохии баpодаpаш Ч,омосб чихилу се сол буд [б, 583].

Чун Каюс низ хyдpо воpиси тахт мехисобид, бинобаp ин ба мухоли-фат OFOЗ каpд, вале мyбади мyбадон аз Хyсpав чонибдоpй намуд. Баъди ба тахт нишастани Хyсpав Каюс ба дастypи вай ба халокат меpасад.

Tабаpй Хyсpавpо бо номи Кисpо ёд каpдааст [б,583]. Ин подшохи Сосонй бо номи Хyсpави Анyшеpвон (Анyшеpвон-доpандаи pавони човид) маъpyф аст ва то соли 579 подшохй каpдааст.

Замони подшохии y саp0F0Зи дypахшонтаpин давpаи фаpмонpавоии хонадони Сосонй ба шyмоp меpавад. Ободихои зиёде даp ахди y каpдаанд.

Анyшеpвон маздакиёнpо аз миён баpдошт, амволашонpо миёни му-стамандон таксим каpд ва ойини заpдyштиpо, ки дини поpсиён буд, усту-воp намуд [6, 588, 589].

Даp давpони подшоxии Хyсpави Анyшеpвон писаpаш Анушакзод ба мазxаби Mасеx гаpавид ва зоxиpан ба ёpии масеxиён саp ба шypиш баp-дошт. Хyсpав даp он xангом бемоp буд, вале даp xамон xол шypишpо пахш каpда, Анyшакзодpо дастгиp ва ^p каpд ва бад-ин васила ypо аз салтанат маxpyм сохт.

Хyсpави Анyшеpвон ба эътибоpи кишваpкyшой, сиёсат, тадбиp ва ислоxоте, ки даp коpxои ичтимой, лашкаp, ахлокй ва фаpxангии шоxан-шоxии Сосониён ба анчом pасонидааст, бyзypгтаpин шоxаншоxи ин дуд-мон ба шyмоp меpавад. Бо адолат ва додгyстаpияш даp таъpих y бо номи Анyшеpвони одил машxyp аст. Анyшеpвон вазиpи донишманде бо номи Бyзypгмеxp дошт, ки аз доной ва хиpадмандиаш достонxои зиёде мавчуд аст. Даp хисоли Анyшеpвон Tабаpй чунин гуфтааст: «Анyшеpвон пайваста мyзаффаpy фиpyз буд ва xама аквом маxобати вайpо ба дил доштанд. Ва фиpистодагонашон аз Typкy Чин ва Хазаpy амсоли он ба даp вайpо xозиp буданд. Ва олимонpо гиpомй медошт» [6, 591].

Вале бояд донист, ки ин подшоx ба xангоми заpypат бо вучуди он xама адлу инсоф аз хyнpезй ва кyштоp pyйгаpдон набудааст. Масалан, xазоp-xазоp маздакиpо даp як pyз ба катл pасонид. Бино ба иттилои Сао-либй ва Гаpдезй баъд аз катли Маздак Хyсpави Анyшеpвон фаpмон дод xаштод xазоp маздакиpо даp миёни Ч,озаp (деxе даp наздикии Мадоин) ва Наxpавон (шаxpе даp чаxоpфаpсахии БаFдод) даp як pyз бикушанд [2, 304; 4, б.55].

Каламpави зеpи фаpмони y хеле гyстypда буд. Анyшеpвон ба хун-хоxии чадди худ Фиpyз ба чониби давлати Хайтолиён лашкаp кашид ва «подшоxашонpо бикушт ва хонадони вайpо нобуд каpд ва аз Балху мова-pои он бигузашт ва сипоxи хешpо ба ФаpFOна фypyд оваpд» [6, 591].

Муддати подшоxии Анyшеpвон чиxилy xашт сол буд. ПаЙFамбаpи ислом Myxаммад (p) андаp pyзгоpи y (соли 570) ба дунё омад, ки мегуфт: «Ман ба pyзгоpи подшоxи додгаp зода шудаам.3 Хостаи паёмбаpи ислом аз подшоxи додгаp xамон Анyшеpвон буд» [2, 304].

Анyшеpвон соли 579 вафот каpд ва писаpаш Хypмyзди чаxоpyм баp тахт нишаст. Хypмyзд даp ибтидо ваъда дод, ки аз pавиши падаp пайpавй мекунад ва бо адлу додгyстаpй подшоxй менамояд. Аммо даp коpxои под-шоxй Хypмyзд шеваи падаppо ба коp набypд ва маpдyм аз y бадбин шу-данд. Даp зимн Tабаpй хабаp медиxад, ки Хypмyзд маpди маккоpy бадният буд ва «аз холгони (баpодаpи модаp) тypки хеш4 хуй гиpифта буд ва бyзyp-гонpо хафиф дошт ва аз донишваpонy бyзypгон ва хонадонxо сездаx xазоp

3 Ин xадиси паЙFамбаp аст, ки аслаш чунин аст: Вулидту фи замани-л-малики-л-одили.

4 Mодаpи Хypмyзд дyхтаpи хокони бyзypг буд.

касу шашсад кас бикушт. Ва пайваста даp андешаи хамдилй бо сифлагон ва салохи коpи эшон буд ва бисёp кас аз бyзypгонpо ба зиндон каpд ва аз rap бияндохт...» [б, б55].

Бо истифода аз ин вазъият хокони тypк ба чониби шоханшохии Со-сониён лашкаp кашид: «Шоба - подшохи бyзypги тypкон ба соли ёздахуми подшохии вай бо сесад хазоp сипох то БодFисy Хиpот пеш омад. Ва шохи Рум бо хашсад хазоp сипох аз маpзхо даpомад ва оханги y дошт... ва тохтутозашон чунон шуд, ки диёpи поpсиёнpо «Fиpболи пypсypох» номи-данд» [б, б55-б5б].

Хyсpав баp зидди хокони тypк Бахpоми Ч,ушнас маъpyф ба Чyбинpо бо дувоздах хазоp сипох фиpистод. Бахpоми Чубин хокони тypкpо ба халокат pасонида, писаpаш Паpмyдаpо на ба унвони асиp, балки чун мехмон гиpифта, бо Fаниматхои бисёpе ба Tайсафyн-пойтахт фиpистод. Саолибй pивоят мекунад, ки хангоме ки Бахpом ба дижи хокон даpомад, «баp ганчинахои пyp аз хоста ва колохои гаpонбахо ва чангафзоpхои Аф-pосиёб ва Аpчосп ва афсаpи Сиёвуш ва камаpбандy гyшвоpахои y даст ёфт ва фаpмон дод, ки аз онхо сиёхабаpдоpй (pyйхат) кунанд. Он гох ононpо ..^p хазоpон шyтyp боp каpд ва ба пешгохи Хypмyз фиpистод» [2, 325]. Баъдан Бахpомpо ба даFалкоpй ва дастбypд муттахам мекунанд, ки «гyшвоpахо ва музахои гyхаpнишини Сиёвуш, ки сиёха (pyйхат) будани онхоpо гувохй мекаpд, даp миёни аpмyF0нхо набyд...Хypмyз аз ин ^p хаpосон шуд ва фаpмон дод ба Бахpом нома нависанд ва аз y бихоханд, ки гyшвоpахо ва мyзахоpо бифиpистад. Баpои y пунба ва чаpхy дуки нахpесй ва чомаи занона фиpистод» [2, 325-32б].

Аммо мухаккики эpонй А.Ризой менависад, ки ихтилоф миёни Бахpом ва Хypмyз аз он 0F0з мешавад, ки баъд аз Fалабаи Бахpом баp хокони тypк Хypмyзд паpешон шуд ва yp0 ба чанги pyмиён фиpистод. Даp ин чанг pyмиён Fалаба каpданд. Хypмyзд, ки нисбат ба Бахpоми Чубин ки-на ва хасад дошт, ба чои иpсоли ниpyи иловагй, ба y дук ва чомаи занона мефиpистад ва yp0 мавpиди саpзаниш каpоp медихад [1, 7б].

Сипохиён аз ин тахкиpи шох нисбат ба саpлашкаpи худ хашмгин ме-шаванд ва зидди y шypиш мебаpдоpанд. Даp ин pобита Tабаpй менависад: «...бyзypгонy саpони кавм даp Мадоин киём каpданд .ва ХУPмyзpо аз подшохй баpдоштанд ва мил ба чашмонаш кашиданд ва pахо каpданд аз он py, ки куштани вайpо хуш надоштанд» [б,б57]. Аммо донишманди эpонй А.Ризой менависад, ки чун Хypмyзд хyдpо бо мухолифати аpтиш ва маp-дум py ба py дид, фиpоp ихтиёp мекунад, вале тавассути яке аз хешовандо-наш даp соли 590 ба катл меpасад [1, 7б].

Пас аз Хypмyзд писаpаш Хyсpави Паpвиз ба тахт менишинад ва ба Бахpоми Чубин нома навишта, yp0 ба даpбоp даъват каpда, вазифаи баланд ваъда дод, вале Бахpоми Чубин кабул накаpд ва даpхост намуд, ки худи Хyсpави Паpвиз ба назди y биёяд ва аз y yзpхохй кунад. Вале Хyсpави Паpвиз инpо кабул накаpда, ба таpафи Бахpом лашкаp кашид. Даp ин чанг

Хyсpав шикаст хypда, ба таpафи Рум фиpоp намуд. Подшоxи Рум Mавpик ypO хуш кабул каpд, дyхтаpи хеш Mаpямpо ба зании вай дода, ваъдаи кумак намуд. Паpвиз даp ивази кумак ваъда дод, ки бочеpо, ки падаpонаш аз Рум мегиpифтанд, нахоxад гиpифт [6, 661].

Баxpоми Чубин пас аз Fалаба воpиди Tайсафyн гаpдида, ба тахти подшоxй нишаст. Вале деpе нагузашта Хyсpав бо кумаки лашкаpи pyмиён воpиди Эpон гашт ва Баxpоми Чyбинpо шикаст дод. У ба таpафи хокони тypк фиpоp каpд. Бо кумаки Хyсpави Паpвиз Баxpоми Чубин ба катл pасид. Яке аз сабабxои нокомии Баxpоми Чубин он буд, ки бештаpи бу-зypгон ва фаpмондеxони rarox бо вай xамдил набуданд ва ин аз он сабаб буд, ки ощо акида доштанд, ки тащо Сосониён лоик xастанд тахти под-шоxиpо баъди Хахоманишиён дошта бошанд.

Пас аз Хyсpави Анyшеpвон Хyсpави Паpвиз номитаpин подшоxи Со-сонй ба xисоб меpавад. «Вай аз xама мулуки поpсиён ба далеpию тадбиp ва дypандешй саp буд. Ва чунонки гуянд: Хеч подшоxе ба кyдpатy фиpyзй ва фаpоxам оваpдани молу ганч ва ёpии бахт чун y набуд, ба xамин чиxат ypO Паpвиз гуфтанд, ки ба маънии фиpyз аст» [6, 658]. Шyкyxy чалоли кохxо ва хазинаxо, ки xеч як аз шоxони Сосонй доpои чунин хазинаxо набуданд, ишки шоx ба xамсаpи масеxй ва таваччyxи бе xадди y ба аспаш Шабдиз асоси достонxоест, ки даp ин боб гуфта шудааст.

ПаЙFамбаpи ислом ба pyзгоpи Хyсpави Паpвиз «беpyн омад ва даъвати ошкоpо каpд ва аз Макка xичpат каpд ва ба Мадина омад.ва ба Паpвиз нома каpд ва ypO ба Худои аззу чал бихонд» [4, б.57].

Tибки навиштаи таъpихнигоpон давpони салтанати Хyсpави Паpвиз xама даp чанг гузашт. Чднщои y на танxо баpои кишваpаш аxамият надошт, бали онpо заиф каpда буд. У ба як шахси маFpyp, худписанд, си-тамгоp ва xакношинос табдил ёфта, xайсиятy эътибоpаш даp назди маpдyм ва даpбоp коxида буд, ки ин xама шаpоитеpо баpои шypиш баp зидди y фаpоxам оваpд. Хyсpав ба валиаxдии худ яке аз фаpзандони Шиpин бо но-ми Mаpдоншоx ё Mаpдосшоxpо баpгyзид, вале Шиpyя писаpе, ки Хyсpав аз дyхтаpи кайсаpи Рум дошт, хyдpо шоx эълон каpд ва дастyp дод Ху-сpавpо ба зиндон афкананд ва соли 628 ба катл pасонид.

Ш^уя даp таъpих бо номи Кубод ё Куводи дуюм маъpyф аст. Яке аз коpxои мyxиме, ки Кубод анчом дод, ин сyлx бо Рум мебошад. Андозxои бисёpеpо, ки даp замони падаpаш аз маpдyм ситонида мешуд, бекоp наму-да, зиндониёнpо озод каpд. Аммо ба зудй маълум мешавад, ки Шиpyя ин коpxои мавpиди писандpо на аз pyи нексиpатй, балки ба манзypи кавй гаштани пояxои кyдpати худ каpда будааст, зеpо пас аз чанде xамаи баpо-даpони хyдpо, ки xабдаx нафаp буданд [6, 701], ба xалокат меpасонад ва деpе нагузашта худ низ даp асаpи бемоpии тоун (чума), ки даp Эpон авч гиpифта буд, вафот мекунад. Муддати салтанати y тибки иттилои Tабаpй xашт моx буд [6, 702], аммо А. Ризой ба ин назаp аст, ки муддати салтанати Кубод ду солу чанд моx ба тул анчомид [1, 84].

Даp чаxоp соли фосилаи байни маpги Хyсpави Паpвиз ва ба тахт ни-шастани Яздигypди сеюм, ки охиpин подшоxи Сосонй аст, наздик ба 12 подшоx, аз он чумла Аpдашеp (писаpи Кубод), Шаxpбаpоз ё Фаppyхонмоx Исфандиёp (аз хонадони шоxй набуд), Пypон (дyхтаpи Хyсpави Паpвиз), Ч,ушнасда (аз амакони дypи Хyсpави Паpвиз), Озаpмидyхт (дyхтаpи Ху-сpави Паpвиз), Хyсpав писаpи Mеxpчyшнас (аз бозмондагони Аpдашеp), Фиpyз (писаpи Mеxpчyшнас), Зозай (аз ашpофзодагони фоpс) ва Fайpа [6, 702-706] баp тахти салтанат нишастаанд. Даp ин муддат шоxон танxо бозичаи дасти саpдоpон буданд. Tоч баp саp мениxоданд ва баъди чанде кушта мегаpдиданд. Хангоме ки маpде даp миён набуд, занонpо ба тахт менишонданд.

Охиpин подшоxи Сосонй Яздигypди сеюм аст. У набеpаи Хyсpави Паpвиз буда, аз модаpи зангй зода шуда, ба тавpи гумном даp xyдyди Ис-тахpи Поpс зиндагй мекаpд. Бyзypгони Истахp ypO ба подшоxй баpдо-штанд ва даp оташкадае точ баp саpаш нщоданд ва он гоx ба чониби Tай-сафун бо саpваpии Рустами Фаppyхзод лашкаp кашида, Хyсpави панчум-pO, ки даp тахт менишаст ба xалокат pасонида, Яздигypдpо подшоx эълон каpданд. Хангоме ки Яздигypди сеюм соли 632 ба тахт нишаст, нишонаxои инкиpози давлати Сосониён ба назаp xyвайдо гашта буданд. «Яздигypди чавон xангоме ба подшоxй pасид, ки аз давлати Сосониён чуз нимачоне намонда буд. Дилxо паpоканда, гypyxxо пошида ва rapxO носомон шуда буд» [2, 359].

Яздигypд шахси чавон ва бетачpиба буд. Ба сабаби кyштоpxое, ки ба дасти Кубод анчом пазиpyфт, аз хонадони салтанатй касе ёфт намешуд, то битавонад ypO даp ин давpон, ки аpабxо ба фи^и гyстаpиши ислом афто-да буданд ва Эpон низ мадди назаpи онон буд, ёpй кунад. Яздигypд пас аз воpид шудани лашкаpи аpаб ба хоки Эpон мyддатxои тулонй фиpоpй буд. Балозypй менависад, ки Яздигypд пас аз шикаст ба Исфаxон гypехт ва баъд аз фатxи аpаб даp Наxованд ба Истахp омад. Пас аз гиpифтани Истахp аз чониби аpабxо ба Доpоб омад, аз он чо ба Киpмон ва аз Киpмон ба Систон ва аз он чо ба Mаpв pафт. Tибки pивояте ба xангоми фиpоp шабе баpои хуфтан ба осиёбе даpомад. Осиёбон ypO намешинохт. Ба хотиpи дасpас намудани чомаxои заpин ва чавоxиpоти xамpоxдошта, осиёбон ypO мекушад. Бино ба pивояти дигаp савоpони Mоxyй (маpзбони Mаpв), ки даp чустучуи Яздигypд буданд, ypO даp он чо хуфта ёфта, мекушанд. Сао-либй мегуяд, ки часади ин шаxpиёpи бахтбаpгаштаpо ба pyди MypFоб ан-дохтанд. Об ypO xамебypд то ба чое, ки Заppег ном дошт. Ба шохаи даpах-те rap каpд. Ускуфи масеxиёни ин шаxp часади ypO аз об гиpифт ва даp боFе даp Mаpв ба хок сyпоpид. «Кушта шудани Яздигypд панде баpои ди-гаpон ва саp0F0зе баpои таъpих гаpдид ва бо маpги y подшоxии поpсиён ба поён омад» [2, 363].

Ин вокеа даp соли xаштyми хилофати Усмон, даp соли 31 x^pï, ки баpобаp ба 651-652 мелодй аст, иттифок афтод. Бо гузашти Яздигypд, ки

то охиpин нафас баpои начоти давлати хеш кушид, силсилаи Сосонй сукут каpд. Хануз заpтyштиёни Хиндустон хаp сол 12 сентябp ба муносибати ба тахт нишастани y соли нави хyдpо ба номи вай 0F0З мекунанд. Яздигypд ба хангоми ба тахт нишастан 15-сола буд ва даp чанги Нахованд бо аpабон бистyчахоp сол дошт ва соли 652, ки даp Маpв кушта шуд, беш аз 34 сол yмp надошт. Мyаppих Масъудй фаpзандони Яздигypдpо ду писаp бо номхои Хиpом ва Пиpyз ва се дyхтаp бо номхои Аpдак, Шахpбонy ва Маpдованд менависад. Вале аз осоpи дигаpи таъpихй маълум мешавад, ки Яздигypд аз се зан хафт писаp ва панч дyхтаp доштааст. Се тан аз дyхтаpо-ни вайpо асиp ба Мадина мебаpанд, ки номи яке аз онхо Шахpбонy буд, ки гуиё ба хамсаpии Хасан ибни Алй даpомада аст.

Бино ба саpчашмахои чинй пас аз маpги Яздигypд писаpи y П^уз хyдpо подшохи Эpон хонд ва ФаFфypи Чин yp0 ба pасмият шинохт. У даp куххои Tахоpистон, даp шаpки Балх даp каноpи даpёи Чдйхун маскан ги-pифт,_ то лашкаpе гиpд оваpад ва мамлакати аз дастpафтаpо дyбоpа пас ги-pад. У аз ФаFфypи Чин мадад хост, вале ФаFфyp ба y ёpмандй накаpд. Ам-мо подшохи Tахоpистон ба y кумак намуд ва Пиpyзpо чун шохи Эpон шинохт. Ба соли 661 милодй давлати Чин пас аз шикаст додани тypкхо ки-шваpе бо номи Эpон ташкил дод ва подшохии онpо ба Пиpyз сyпоpид. Ин кишваp даp саpчашмахои чинй бо номи Tези Кик сабт шудааст ва чои он дакик маълум нест. Баъзе таъpихнигоpон онpо даp интихои Систон ва гypyхе даp наздикии pyди Чдйхун пиндоштаанд. Пас аз хамлаи аъpоб ба ин мантака Пиpyз ба Чин фиpоp каpд. ФаFфypи Чин ба y ичозат дод то даp соли 684 оташкадае даp Ч,онг Гон бунёд намояд. Писаpи y, ки Hаpсй ном дошт, ба Tахоpистон pафта, муддате даp он чо монд ва баpои бозпас ги-pифтани кишваpи Эpон талошхо каpд, аммо саpанчом навмед шуда, ба даpбоpи Чин боз гашт. Бо хамин умеди дyбоpа ба даст оваpдани салтанат аз чониби охиpин намояндаи хонадони Сосонй бе натича анчомид.

АДАБИЁТ

1. Абдулазими Ризой. Tаъpихи даххазоpсолаи Эpон. Ч,.2. Чопи дуюм, Tехpон,-1368.

2. Абyмансyp Абдулмалик ибни Мухаммади Саолибии Hишопypй. Tаъpихи Fypypy-с-œHp маъpyф ба «Шохнома»-и Саолибй. Tаpчyма аз аpабй ба фоpсй С. Рухонй. Баpгаpдон ба pасмyлхати точикй H.Зохидов. Душанбе: Бyхоpо, 2014,-444 с.

3. АбУpайхон Беpyнй. Oœpy-л-бок.ия. Tахияи А. Девонакулов, М.Исо ва диг. Душанбе: ^фон, 1990,-432 с.

4. Абусаъид Абулхай ибни Заххок ибни Махмуди Гаpдезй. Зайнy-л-ахбоp. Tахия ва нашpи электpоник Алиpизо Каёнй. Мyнташиpшyда даp тоpнамои www.TARIKHFA.COM.

5. Масъудй Абулхасан Алй ибни Хусейн. Мypyчy-з-захаб. Ч,.1. Tехpон: Илмй ва фаpхангй, 1357 х.ш, -785 с.

6. Мухаммад ибни Ч,аpиpи Tабаpй. Tаъpихy-p-pyсyли ва-л-мулук. Китоби 1. Мyтаpчим Абулкосими Поянда. Бо тахpиp ва тасхе^и H. Амиpшохй. Душанбе, 2014, -756 с.

БОЗТОБИ ТАЪРИХИ БА ^УКУМАТ РАСИДАНИ НАМОЯНДАГОНИ ДУДМОНИ СОСОНИ ТО СУКУТИ ДАВЛАТИ ОЩО ДАР МАНОБЕИ ТАЪРИХИИ САДА^ОИ 1Х-Х1

Дар ин макола муаллиф дар асоси манобеи таърихии форсию арабии садахои IX-XI масоили дар ибтидои садаи III ба сари кудрат омадани Сосониён дар Эрон ва инчунин хукумати намояндагони ин дудмон дар каламрави густурдае дар тули 436 сол (226-651)-ро баррасй менамояд. Поягузори шоханшохии Сосонй Ардашери Бобокон соли 224 дар набарди Хурмуздгон сипохи Ашкониёнро шикаст медихад, ки дар ин чо охирин хокими Ашконй Ардавони панчум кушта мешавад. Соли 226 Ардашери Бобокон пойтахти Ашкониён Тайсафунро ишгол мекунад. Хднгоми хукумати писар ва вориси Ардашер, Шопури I (239-272) Сосонихо сипохи румихоро шикаст медиханд, ки дар натича сарзаминхои густурдае ба каламрави давлати онхо хамрох мешавад. Пирузии Сосонихо бар Рум мунчар ба таквияти хокимияти марказии шоханшохй мегардад. Шоханшохии Сосонй дар ахди хукумати Шопури II (309-379) бештар таквият ёфт. Дар замони хукумати Хусрави Анушервон (531-579) шоханшохии Сосонй ба авчи кудрати худ мерасад. Чднгхои тулонй бо Византия дар солхои 602-628 сабаби тахлияи манобеи молии шоханшохии Сосонй мегардад. Баъди катли Хусрави Парвиз дар соли 628 дар тули чахор сол, то ба сари хокимият омадани Яздигурди III (632-651-52) 12 нафар аз намояндагони ин сулола иваз шуданд. Дар замони хукумати Яздигурди III шоханшохии Сосонй тавассути аъроб фатх гардид.

Калидвожах,о: Ашкониён, Сосон, Ардашери Бобакон, Сосониён, Табари, Беруни, Гардези, Саолиби, Шопур, Нишопур, Марв, Эрон, Турон, Хуросон, Масъуди, Балх, Тахористон, Х,ирот, Гунди Шопур, Мони, Истахр, Ба^роми Гур, Хайтолиён, Хушнавоз, Хусрави Анушервон, Хусрави Парвиз, Яздигурди сеюм.

ОТРАЖЕНИЕ ИСТОРИИ ПРИХОДА К ВЛАСТИ ПРЕДСТАВИТЕЛЕЙ ДИНАСТИИ САСАНИДОВ И РАСПАДА ИХ ГОСУДАРСТВА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ 1Х-Х1 вв.

В данной статье автор на основе персидско-арабских исторических источников К^! вв. анализирует вопросы прихода Сасанидов к власти в Иране в начале III в., а также правления представителей этой династии на огромной территории в течение 436 лет (226-651). Основатель сасанидского шаханшахства Ар-дашер Бабакан в 224 г. в битве в Хурмузгане разбил ашканидскую армию, в результате чего был убит последний правитель Ашканидов Артабан V. В 226 г. Ардашер Бабакан захватил столицу Ашканидов - Ктесифон. При сыне и приемнике Ардашера Шапуре I (239-272) Сасаниды разгромили римские войска, в результате чего к их государству были присоединены обширные территории. Победа Саса-нидов над Римом привела к усилению центральной власти шаханшахства. Саса-нидское шаханшахство значительно окрепло при Шапуре II (309-379). Наибольшего могущества Сасанидское шаханшахство достигает при Хусраве Анушерване (531-579). Длительная война с Византией в 602-628 годах привела к истощению

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

материальных ресурсов Сасанидского шаханшахства. Многократное увеличение налогов подорвали политическое могущество Сасанидов. В течение четырех лет после гибели Хусрава Парвиза в 628 г., т.е. до прихода в 632 г. к власти Йездигур-да III (632-651-52), сменилось 12 сасанидских падишахов. При Йездигурде III Са-санидское шаханшахство было завоёвано арабами.

Ключевые слова: Ашканиды, Сасан, Ардашер Бабакон, Сасаниды, Табари, Беруни, Гардези, Саолиби, Шапур, Нишапур, Мерв, Иран, Туран, Хорасан, Масъуди, Балх, Тахаристан, Гират, Гунди Шапур, Мани, Истахр, Бахрами Гур, Эфталиты, Хушнаваз, Хусрав Анушерван, Хусрав Парвиз, Йездигурд III.

REFLECTION OF THE HISTORY OF THE ARRIVAL TO POWER OF THE REPRESENTATIVES OF THE SASANID DYNASIA AND THE DECAY OF THEIR STATE IN HISTORICAL SOURCES IX-XI CENTURIES

In this article, the author based on Persian-Arab historical sources of the IX-XI centuries analyzes the issues of the coming of the Sassanids coming to power in Iran at the beginning of the 3rd century, as well as the rule of representatives of this dynasty over a vast territory for 436 years (226-651). Ardasher Babakan, the founder of the Sas-sanid Kingdom defeated the Ashkanid is army in 224 in the battle at Khurmuzgan, as a result of which the last ruler of the Ashkanids, Artaban V, was killed. In 226, Ardasher Babakan captured the Ashkanid capital, Ctesiphon. Under the son and successor of Ardasher Shapur I (239-272), the Sassanids defeated the Roman troops, as a result of which vast territories were annexed to their state. The Sassanid victory over Rome led to the strengthening of the central power of the kingdom. The Sassanid kingdom became significantly stronger under Shapur II (309-379). The Sassanid kingdom reached its greatest power under Khusraw Anushervan (531-579).

A long war with Byzantium in 602-628 led to the depletion of the material resources of the Sassanid Kingdom. Multiple tax increases undermined the political power of the Sassanids. Within four years after the death of Khusraw Parviz in 628, i.e. before Yazdigurd III (632-651-52) came to power in 632, 12 Sassanid kings were replaced. Under Yazdigurd III, the Sassanid Kingdom was conquered by the Arabs.

Key words: Ashkanids, Soson, Ardasher Bobokon, Sassanids, Tabari, Beruni, Gardezi, Saolibi, Shapur, Nishopur, Marv, Iron, Turon, Khuroson, Mas'udi, Balkh, Takhoris-ton, Hirot, Gundi Shopur, Moni, Istakhr, Bahromi Gur, Eftalids, Khushnavoz, Khusrav Anushervon, Khusrav Parviz, Yazdigurd III.

Сведения об авторе: Хамза Камол (Камолов Хамзахон Шарифович) - Институт истории, археологии и этнографии имени А. Дониша НАНТ, доктор исторических наук, профессор, заведующий отделом древней, средневековой и новой истории. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г.Душанбе, пр. Рудаки, 33. E-mail: hamza Kamol@mail.ru

About the author: Hamza Kamol (Kamolov Hamzakhon Sharifovich) - A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Historical Sciences, Professor, Head of Department of Ancient, Medieval and New History. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33 Rudaki Ave. E-mail: hamza Kamol@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.