Научная статья на тему 'ОТРАЖЕНИЕ ВОССТАНИЯ СИНБОДА МУГА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ IX-XIII ВВ.'

ОТРАЖЕНИЕ ВОССТАНИЯ СИНБОДА МУГА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ IX-XIII ВВ. Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
102
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СИНБОД МУГ / ХОРАСАН / ВАРОРУД / АБУМУСЛИМ ХУРОСОНИ / МАНСУР АББАСИ / НИШАПУР / КУМИС / РЕЙ / ХАМАДАН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Камолов Хамзахон Шарифович

В данной статье автор на основе персидских и арабских исторических источников IX-XIII вв. освещает восстание Синбода Муга в Хорасане, которое вспыхнуло в середине апреля 755 г. в отместку за убийство Абумуслима Хуросони халифом Мансуром. 13 февраля 755 г. коварный халиф Мансур Аббаси приказал своим слугам убить безоружного наместника Хорасана Абумуслима Хуросони, благодаря которому в 750 г. династия Аббасидов была возведена на престол халифата. Весть об убийстве Абумуслима быстро достигла Хорасана и в середине апреля 755 г., т.е. через два месяца после убийства Абумуслима, в Хорасане вспыхнуло восстание во главе с Синбодом Мугом в городах Нишапуре, Кумисе и Рейе. Толчком к нему послужило убийство Абумуслима. Исторические источники IX-XIII вв. дают возможность представить идеологию восставших и их контингент. Восстание продолжалось 70 дней. Халиф Мансур направил против Синбода и его сторонников 10 000 воинов во главе Абуджа’фара ибн Маррора Иджли. В районе между Хамаданом и Реем произошло сражение, в результате которого отряды восставших были разбиты, а их предводитель Синбод вскоре был убит. Восстание Синбода подготовило почву для новых народных волнений в Хорасане и Вараруде, где народные массы находились в состоянии брожения.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE REFLECTION OF THE UPRISING OF SINBAD MUG IN HISTORICAL SOURCES OF THE 9TH -13TH CENTURIES

In this article the author on the basis of Persian and Arabic historical sources from the 9th to the 13th centuries deals with questions of the uprising of Sinbad Mug in Khorasan, which broke out in mid-April, 755 in revenge for the murder of Abu Muslim Khurosani by Caliph Mansur. In February 13, 755, the Caliph Mansur Abbas ordered his servants to kill the unarmed governor of Khorasan Abu Muslim Khurosoni, thanks to whom the Abbasid dynasty was enthroned in 750. The news about the murder of Abu Muslim reached Khoroson and in mid-April, 755, that is two months later, after the murder of Abu Muslim the uprising broke out in the cities of Khorasan like Nishopur, Qumis and Rai. It was led by Sinbad Mug. The uprising was prompted by the murder of Abu Muslim. Historical sources from the 9th to the 13 th centuries give the opportunity to know the ideology of the rebels and their contingent. The uprising lasted 70 days. Caliph Mansur sent 10 000 soldiers at the head of Abuja’far Ibn Murror Ijli against Sinbad and his supporters. The battle was held in the area between Hamadan and Rei. The rebels were defeated and Sinbad, their leader was soon killed. The uprising led by Sinbad Mug paved the way for new popular uprising in Khoroson and Varorud where the masses were in a state of fermentation.

Текст научной работы на тему «ОТРАЖЕНИЕ ВОССТАНИЯ СИНБОДА МУГА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ IX-XIII ВВ.»

ТАЪРИХНИГОРИВА МАЪХАЗШИНОСИ-ИСТОРИОГРАФИЯ И ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ -HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY

4-»

ИНЪИКОСИ ХУРУЧИ СИНБОДИ МУР ДАР МАНОБЕИ ТАЪРИХИИ АСРХОИ IX-XIII

Хамза КАМОЛ

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ч,Т

Абумуслими Хуросонй бо барандохтани хилофати бани Умия дар Хуросон, бо вучуди ин ки хуручи у оханги озодибахш надошт, аммо ба пайкари худкомагии аъроб зарбаи сангин ворид сохт ва бартарихохии ононро дар хукумат кардан зери суол бурд. Марги фочиабори у сарогози муборизахои баъдй дар Хуросону Вароруд алайхи аъроб гардид. Хунбахои Абумуслим бахонаи аксари шуришхои ин замон дар Хуросон ва Вароруд ба хисоб мерафт ва зимнан хамаи ин саркашихо дорои гароише ба афкори хатарнок нисбат ба ислом буд.

Бояд зикр кард, ки фиркахои нохушнуд аз араб дар Хуросон муддатхо пештар аз катли Абумуслим дар ин сарзамин фаъолият мекарданд. Абумуслим бо онхо робитаи дугона дошт: он чо ки барояш судманд буд ба онхо аз дари муфохима ва мусолиха ворид мешуд ва он чо ки бими тачовуз аз худуди андешахои мазхабй ва густохии онхо мерафт, онхоро зери фишор карор медод ва дар хабар аст, ки хатто бисере аз ононро мекушт. Онон низ аксуламал нишон медоданд ва бино ба иттилои «Мучмалу-т-таворих» «Абумуслимро захр дода буданд, чунон-к муй ва пуст боз гузошт» [1, 329].

Нахустин намоди яъс ва безории хамагонй аз катли Абумуслим, ки боризтарин эхсоси нохушнудй аз сиесатхои хукумати Аббосиен буд, дар шуриши Синбоди Муг (сокини дехи Охани Нишопур) падидор гардид, ки ду мох пас аз марги Абумуслим рух дод [2, 1454] ва он якинан чанбаи динй дошт.

Тибки ахбори Табарй Абумуслим 25 шаъбони соли 137 х.к. мусодиф ба 13 феврали соли 755 ба дастури Мансури Аббосй ба катл мерасад [3,4154]. Дар «Мучмалу-т-таворих ва-л-кисас» ин вокеа 26 шаъбони соли 137 х.к. баробар ба 14 феврали соли 755 зикр шудаст [1, 326-327].

Огози хуручи Синбодро, ки Балъамй ду мох баъд аз катли Абумуслим гуфтааст, метавон нимаи аввали мохи апрели соли 755 донист.

Соли 133 х.к. /750-751 Шарик ибни Шайхи Махрй дар Бухоро алайхи Аббосиен хуруч кард. Дар «Таърихи Бухоро» рочеъ ба ин шуриш нисбат

ба дигаp манобеи таъpиxй тавзехи бeштаpe дода шyда аст [4, 120-124]. Аммо ин манбаи таъpиxй пиpомyни xypyчи Синбод даp Хypосон, ки чаxоp сол баъди он pyx додааст, чизе намeгyяд, зepо ин pисолаи таъpиxй ба баëни ходисоти ВаpоpУд иктифо мeкyнад.

яъку6й баp он аст, ки Cинбодpо rypyxe аз пайpавони а6умуслим, ки пас аз катли y ба Хypосон гypexта буданд, баpангexтанд: «rypyxe аз xамpаxони Абумуслим ба Хypосон pафтанд ва ба Синбод, ки даp Нишопyp буд, пайвастанд ва чун Синбод аз кушта шудани Абумуслим xабаp ëфт, саp ба нофаpмонй баланд каpд ва ба хунхохии вай xypyч намуд» [5, 356-357].

Бино ба аxбоpи Табаpй Синбод1 аз паpваpдагони Абумуслим [3, 4159], ба гуфтаи Балъамй муге аз Нишопyp, ки «Абумуслим ypо не^ доштй» [2, 1454] ва ба кавли Хоча Низомулмулк pаиси заpдyштиëни Нишопyp буд, ки «бо Абумуслим хакки сухбати кадим дошт ва ypо ба сипаxсолоpй pасонид» [6, 274].

Ривоятхои осоpи таъpиxй ба ин каpоpанд, ки Синбод ба хизонае, ки Абумуслим даp Рай баp чой гузошта буд, даст ëфт. Аз гуфтахои муаллифи «Таъpиxи Табаpистон», ки «Синбод ном ноибе буд ypо бо хизона ва амволи баpй фypy дошт» [7, 186], метавон чунин баpдошт каpд, ки бо он ки Синбод аз фаpмондexони сипохи Абумуслим буд, дyp аз хакикат нест, ки Абумуслим ypо даp хифозати хизонаи хеш баpгyмоpида бошад.

Балъамй менависад, ки Синбод баъд аз даpëфти xабаpи катли Абумуслим гуфт: «Дакки Бумуслим баp ман вочиб аст, ки ман ин xостаpо хама ба талаби хуни Бумуслим xаpч кунам. Ва чун хоста намонад, чон бидихам» [2, 1454]. Пас y ба интикомчуйии Абумуслим баpxоста, шаст xазоp маpди чангй пиpомyни хеш гиpд оваpда [2, 1454], ба худ номи Фиpyзи Испахбуд гиpифта, шаxpxои Нишопyp, ^умис ва Райpо ба даст оваpда, беш аз хафтод pyз [8, 3351] бо аъpоб мyбоpиза каpд. Хоча Низомулмулк менависад, ки Мансyp хафт сол баъд Ч,аxваpи Ичлиpо ба набаpди Синбод фиpистод, ки дyp аз хакикат аст [6, 275].

Ба сypъати шигифтангез гyстаpиш ëфтани шypиши Синбод Мансypи Аббосиpо Fофилгиp каpд ва xаp чи чонибдоpони Мансyp талош баp фypy нишонидани шypиши Cинбодpо каpданд, аммо шикаст ëфтанд. Мансyp худ ба тадбиpчyй паpдоxт ва Абyчаъфаp Ч,аxваp ибни Маppоpи Ичлиpо бо сипохи даxxазоpа ба набаpди Синбод фиpистод, ки мдани Дамадон ва Рай бо хам ба чанг шуданд. Даp ин пайкоp, ки чаxоp pyз давом каpд [6, 275], Синбод ва мyбоpизонаш шикаст xypданд ва пешвои шypишиëн даp мобайни Табаpистонy К^умис кушта шуд [3, 4159].

Бино ба xабаpи Балъамй он хама хазинахо ва хостахои Абумуслим ба дасти Ч,аxваp афтоданд ва аз таpси он ки ин хама ганчpо Мансyp биситонад, y ба назди халифа наpафта, даp Дамадон таваккуф каpд.

1 Табаpи Синбоди мачус зикp мекунад.

Mансyp Мухаммад ибни Ашъас ал-Хyзоиpо ба набаpди y фиpистод ва Ч,аxваp ба Озаpбойчон фиpоp каpд ва Хузой хазинахои Абyмyслимpо ба Mансyp фиpистод, ки ин вокеа ба соли 140 х.к./757-758 буд [2, 1454-1455].

Ибни Асиp сабаби шикасти Cинбодpо даp он тадбиpи номуваффаки низомие мебинад, ки фикp мeкаpд тавассути он пиpyз мешавад. У занону кyдакони асиpгаштаи мyсалмононpо баp шyтypон даp пешопеши лашкаpи худ мисли ramp гузошт2 ва чун шyтypон фаpëдxои бисëp баланди чангжни мyсалмонpо шуниданд, таpсида, ба шиддат акаб гаштанд ва теъдоди здаде аз сипоxиëни Cинбодpо зepи пойи худ куштанд. Аз мyбоpизони Синбод (Ибни Асиp онxоpо габp ном мeбаpад) шаст xазоp кас даp набаpд бо аъpоб кушта шуда, занону кyдакони онхо ба асоpат афтоданд. Чун Синбод шикасти xyдpо эхсос каpд, ба чониби Tабаpистон акаб нишаст ва ба испахбуди он панох бypд. Испахбуди Tабаpистон шаxсepо аз коpгyзоpони худ бо номи Tyс ба пешвози y фиpистод. Синбод «баp y гаpданфаpозй каpд. Tyс ypо кушт ва баpои Mансyp навишт, ки Cинбодpо кушта ва доpоиxои ypо гиpифта аст.Mансyp баpои испахбуди Tабаpистон нома навишт ва хохони доpоиxо гашт. У гуфт чизе ба даст надоpад. Mансyp сипохон баp саpи y фиpистод ва испахбуд ба Дайлам ^ехт» [8, 3351-3352].

Вокеаи шypиши Cинбодpо Tабаpй (839-943), ки 84 сол пас аз он таваллуд шудааст ва xанyз афсонаву киссахо ва чаълу таассуб зeваpи он нагашта буданд, мyxтасаp ва бидуни эхсосот навишта. Аммо баëни нависандагони баъдй, ба хусус пас аз Сомонжн pочeъ ба ин шypиш аз чаълу таассуб холй нест.Ин замон дини ислом мдани маpдyми Эpон, Хypосон ва ВаpоpУд аз бегонагии худ коста, даp андешаву афкоpи маpдyм чойгузини динхои каблиашон гаpдида буд. Ба ин далел тамоми ин xypyчxо аз зepи айнаки таассуби дини навпазиpyфташyда тафсиp мегашт. Баpои мисол Хоча Низомулмулк, ки даp мyбоpизоти мазхабй аз душманони саpсаxти шиа, бавижа исмоилжн буд, даp баëни исëни Синбод афсонаву pивоятxои даp замонаш шаклгиpифтаpо ба он пайвандида, менависад, ки Синбод «нахуст Убайдаи Данафиpо, ки аз кабли Mансyp хокими Рай буда, бикушт ва хизонахо, ки Абумуслим ба Рай нихода буд баpдошт.3 Чун кавихол гашт, талаби хуни Абумуслим каpд ва даъвй каpд, ки y pасyли Абумуслим аст ва маpдyмони Иpокy Хypосонpо гуфт, ки «Абyмyслимpо

2 Ба хангоми хучуми мyFyл ба Mоваpоyннаxp лашкаpи мyFyл маpдyми асиpафтодаи як шаxppо даp чилави сипохи худ каpоp дода, ба ишFOли шаxpи дигаp мepафтанд, ки он маpдyми чун сипаp ба мyFyлон xидматкаpдаpо «xашаpй» мегуфтанд.

3 Ибни Асиp пиpомyни ганчхои Абумуслим менависад: «Абумуслим онxоpо ба хангоми pавона шудан ба назди Абулаббос баp чой хишта (гузошта) буд»: Иззуддин ибни Асиp. Tаъpиxи комил. Ч,.7. С.3351.

накуштаанд, валекин касд каpд Мансyp ба катли y ва y номи мexини худои таоло бихонд, кабyтаpe гашт сафед ва аз мдани xаp ду дасти y бипаpид ва акнун даp xисоpe аст аз мис каpда ва бо Маxдй ва Маздак нишаста аст ва инак xаp се бepyн меоянд ва мукаддам Абумуслим xоxад буд ва Маздак вазиpаш ва номаи Абумуслим ба ман омадааст» [6, 275] ва даp идома чунин зикp мекунад, ки Синбод <^p гоx бо габpон хилват каpдй, гуфтй, ки «давлат аpаб шуд, ки даp китобе ëфтаам аз кутуби бани Сосон ва ман боз нагаpдам то Каъбаpо вайpон накунам4, ки ypо бадали офтоб баp пой каpдаанд ва мо xамчyнон киблаи хеш офтоб кунем, чунон ки даp кадим будааст» [6, 275].

Аз хилоли суханони Хоча Низомулмулк ва Ибни Асиp метавон хулоса каpд, ки Синбод ба баxонаи xyнбаxои Абумуслим даp мyбоpизааш масъалаи эxëи дини ачдодиашpо матpаx мекунад. Аз дидгоxи таъpиxнависони зикpшyда ин шypиш xам зидди аpабй ва xам зиди исломй буд. Синбод, ки аз заpдyштиëни Рай ва Tабаpистон даpxости ëpï каpд, баpои баланд баpдоштани pyxияи мyбоpизаи онxо поëни давлати Аббосиëнpо даp Хypосон пeшгyй мeкаpд.

Аxамияти шypиши Синбод на тащо даp он хулоса мешавад, ки нахустин аксуламали xypосониëн алайxи Аббосдан баpои катли Абумуслим буд, инчунин даp он зоxиp мешавад, ки ин шypиш ба созмонëбии мавчи мухолифат бо Аббосиëн ва падидоp шудани андешаи зидди хилофати аббосй ва гyстypдагии мавчи эътиpоз даp xоpич аз Хypосон мусоидат каpд.

Бо вучуди ин ки симои Синбоди мyFpо муаллифони манобеи таъpиxй шахси фypсатталаб чилвагаp каpдаанд, ки ба ин васила мехост макоме ва ЧOЙгоxe даp чомеаи замонаш ба даст оваpад ва низ ypо ба Fоpат каpдани тавонгаpон ва чамъ намудани саpват айбдоp менамоянд, аммо вокеият ин аст, ки агаp бо Fоpати саpватмандон чизе xам ба даст оваpда бошад, xамаи онpо саpфи созмон додан ва фаpмондоpии шypиш намуд ва даp ин pоx чони xeшpо аз даст дод.

Хypyчи Синбод саpчашма аз мухолифат бо давлати навтаъсиси худкомаи Аббосиëн ва бо баxpагиpй аз андeшаxои пypтаxайюли фиpкаxои мазxабии зидди аpабй ва зидди исломй ва натоичи ба дастомада аз чунбиш ва саpнавишти фочиабоpи Абумуслим мeгиpифт, ки даp оянда pоxepо баpои ин гуна наxзатxо фаpоxтаp боз каpд.

Бо баxpагиpй аз xypyчи Синбоди мyF, ки навоxй ва шаxpxои Fаpбии Хypосонpо фаpо гиpифта буд, гypyxxои дигаp ин шypишxоpо ба бахши аъзами Хypосон то ВаpоpУд гyстаpиш доданд, ки ин саpзамин ба

4 Даp зимн Ибни Асиp ме^яд: «Чунин фаpо намуд, ки оxанги Каъба доpад, то онpо вайpон кунад»: Иззуддин ибни Асиp. Tаъpиxи комил. Ч,.7. С.3351.

пинхонгохи мухолифони сдасй, ичтимой ва динии Умавдан ва баъдан Аббосиëн мубаддал гаpдида буд.

Бисëpe аз xаводоpони мутаассиби Абумуслим ва фиpкаxои фypсатталаби зидди аpабй ин замон фаъолияти xeшpо даp Хypосон доман заданд. Хатаpи гyстаpиши бeштаpи ин фаъолиятхо Mансypи Аббосиpо баp он дошт, ки то куштани вобастагони ин фиpкаxоpо pаво эълон кунад ва xаp гуна бypyзи ноxyшнyдиxоpо баp саpи катли Абумуслим бepаxмона фypy нишонад [1, 329].

Фиpкаxои вобаста ба Абyмyслимpо pовандия5 мехонданд. Онхо касоне буданд, ки мепиндоштанд имомат аз Ибpоxим ба Абумуслим pасидааст. Ровандиëн ба се даста кисмат мешуданд. Яке аз онхо pизомия хонда мешуд, ки ба номи пешвои он Ризом ибни Собик, ки аз табоpи эpонй буд ва ба кушта нашудани Абумуслим ва pyxyлваxй - хулули pyxи худованд даp y акида доштанд. Даводоpони он эътикод ба таносух доштанд ва мепиндоштанд, ки pyxи мукаддаси Абумуслим пас аз маpги y ба пайкаpи чойнишинони баpxакки y даpомада аст.

Гypyxи дигаpe даp Диpотy Mаpв, ки фиpкаи тyндpав буда, бо номи абумуслимия ë баpкyкия иштиxоp ëфтанд, чунин мепиндоштанд, ки Mансypи Аббосй тавони Абyмyслимpо катл каpдан надошт, бинобаp ин y Абyмyслимpо накушта, балки шайтонepо шабехи Абумуслим кушта ва Абумуслим ха^з зинда аст. Фиpкаи абумуслимия, ки муътакид ба имомати Абумуслими Хypосонй ва xаëти човиди y буданд, шуъбае аз pовандия махсуб мешаванд.

Фиpкаи сеюм бо номи xаpиpия иштиxоp дошт, ки аз асхоби Абyxаpиpаи Ровандй буданд ва ба имоматии Аббос-амаки паëмбаp ва Абумуслим эътикод доштанд.

Ин фиpкаxо намояндаи як гypyxи хоси чомеа набуданд, балки аз Kишpxоe буданд, ки аз сиëсати Аббосжн нохушнуд гаpдида, мепиндоштанд, ки мушкили онхо он замон pафъ хохад гаpдид, ки дастгохи хилофат иваз шавад.

АДАБИЁТ

1. Myчмалy-т-тавоpиx ва-л-кисас. Рисола. Ба тасхехи Mаликyшшyаpо Баxоp. Texpон. 1318.-537 с.

5 Ин фиpка аз асхоби Абдуллохи Ровандй мебошад, ки аббосия низ ном доpад, имоматpо хакки фаpзандони Аббос, амаки паЙFамбаpи ислом медонист, ки саpанчом фаpзандони Myxаммад ибни Алй ибни Абдуллох ибни Аббос ибни Абдyлмyталлибpо ба хилофат pасониданд. Ин чамоат, ки аксаpашон аз дехконон ва начибзодагони xypосонй буданд, бо саpваpии Абумуслими Хypосонй Умавиëнpо даp Хypосон баpандоxтанд.

2. Абуалй Мухаммад ибни Мухдммади Балъамй. Таърихи Табарй. Ч,.2. Бо мукаддима ва тавзехоти М.Умаров ва Ф.Бобоев. Рисола / Балъамй. Таърихи Табарй. Ч,.2. Техрон, 1380/2001. Раками тартибии сахифахои чилди 2 аз 818 то 1632.

3. Мухаммад Ч,арири Табарй. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Китоби 6. Рисола / Табарй. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Китоби 6. Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии точик, 2014. -712 с. Раками тартибии сахифахои китоби 6 аз 3749 то 4451.

4. Абубакр Мухаммад ибни Ч,аъфари Наршахй. Таърихи Бухоро. Рисола / Наршахй. Таърихи Бухоро. Душанбе, 2012. -546 с.

5. Ахмад ибни Исхоки Яъкубй (Ибни Возехи Яъкубй). Таърихи Яъкубй. Ч,.2. Мутарчим М.Оятй. Рисола / Яъкубй. Таърихи Яъкубй. Ч,.2. Техрон. 1382. -644 с.

6. Хоча Низомулмулк. Сиёсатнома. Бозшиносй, накду тахлил ва вероиши матн, тавзехот ва фехрастхо М.Истеъломй. Рисола / Хоча Низомулмулк. Сиёсатнома. Техрон, 1390. -335 с.

7. Бахоуддин Мухаммад ибни Хдсан ибни Исфандиёри Котиб. Таърихи Табаристон. Ч,.1. Тасхехи Аббос Икболи Оштиёнй. Рисола / Исфандиёри Котиб. Таърихи Табаристон. Ч,.1. Табаристон, 1386/2007. -327 с.

8. Иззуддин ибни Асир. Таърихи комил. Ч,.7. Чопи сеюм. Тарчумаи С.Рухонй. Рисола / Ибни Асир. Таърихи комил. Ч,.7.Техрон: Асотир, 1383. Раками тартибии сахифахои чилди 7 аз 2841 то 3353.

ИНЪИКОСИ ХУРУЧИ СИНБОДИ МУР ДАР МАНОБЕИ ТАЪРИХИИ АСРХОИ IX-XIII

Дар ин макола муаллиф дар асоси манобеи таърихии форсию арабии асрхои IX-XIII хуручи Синбоди Мугро дар Хуросон нишон медихад, ки дар авосити мохи апрели соли 755 ба сабаби хунбахои Абумуслим ба вукуъ пайваст, ки аз чониби халифа Мансур ба катл расид.

13 феврали соли 755 халифаи маккор Мансури Аббосй ба хидматгорони худ дастур дод, то волии бесилохи Хуросон Абумуслими Хуросониро ба катл расонанд, ки ба шарофати у соли 750 силсилаи Аббосиён ба тахти хилофат нишаста буд.Хабари кушта шудани Абумуслим бо суръат ба Хуросон расид ва дар авосити апрели соли 755, яъне ду мох пас аз катли Абумуслим, дар Хуросон бо сарварии Синбоди Муг дар шахрхои Нишопур, Кумис ва Рай хуруч сар зад. Ангезаи он катли Абумуслим буд.Манобеи таърихии садахои IX-XIII имконе барои ироаи идеологияи шуришиён ва гуруххои марбути онхо фарохам мекунад. Хуруч хафтод руз идома дошт. Халифа Мансур алайхи Синбод ва чонибдоронаш сипохи даххазора бо фармондехии Абучаъфар ибни Маррори Ичлй ирсол дошт. Набарде дар минтакаи байни Хамадон ва Рай рух дод, ки дар натича дастахои шуришиён шикаст хурданд ва пешвояшон Синбод ба зудй кушта шуд. Хуручи Синбод заминаеро барои норомихои навбатии мардумй дар

Хуросону Вароруд мухдйё сохт, дар чойе, ки тудах,ои мардум дар х,олати норизой карор доштанд.

Калидвожахо: Синбоди Муг, Хуросон, Вароруд, Абумуслими Хуросони, Мансури Аббоси, Нишопур, Кумис, Рай, ^амадон.

ОТРАЖЕНИЕ ВОССТАНИЯ СИНБОДА МУГА В ИСТОРИЧЕСКИХ ИСТОЧНИКАХ IX-XIII вв.

В данной статье автор на основе персидских и арабских исторических источников IX-XIII вв. освещает восстание Синбода Муга в Хорасане, которое вспыхнуло в середине апреля 755 г. в отместку за убийство Абумуслима Хуросони халифом Мансуром.

13 февраля 755 г. коварный халиф Мансур Аббаси приказал своим слугам убить безоружного наместника Хорасана Абумуслима Хуросони, благодаря которому в 750 г. династия Аббасидов была возведена на престол халифата. Весть об убийстве Абумуслима быстро достигла Хорасана и в середине апреля 755 г., т.е. через два месяца после убийства Абумуслима, в Хорасане вспыхнуло восстание во главе с Синбодом Мугом в городах Нишапуре, Кумисе и Рейе. Толчком к нему послужило убийство Абумуслима. Исторические источники IX-XIII вв. дают возможность представить идеологию восставших и их контингент. Восстание продолжалось 70 дней. Халиф Мансур направил против Синбода и его сторонников 10 000 воинов во главе Абуджа'фара ибн Маррора Иджли. В районе между Хамаданом и Реем произошло сражение, в результате которого отряды восставших были разбиты, а их предводитель Синбод вскоре был убит. Восстание Синбода подготовило почву для новых народных волнений в Хорасане и Вараруде, где народные массы находились в состоянии брожения.

Ключевые слова: Синбод Муг, Хорасан, Вароруд, Абумуслим Хуросони, Мансур Аббаси, Нишапур, Кумис, Рей, Хамадан.

THE REFLECTION OF THE UPRISING OF SINBAD MUG IN HISTORICAL SOURCES OF THE 9th -13th CENTURIES

In this article the author on the basis of Persian and Arabic historical sources from the 9th to the 13th centuries deals with questions of the uprising of Sinbad Mug in Khorasan, which broke out in mid-April, 755 in revenge for the murder of Abu Muslim Khurosani by Caliph Mansur.

In February 13, 755, the Caliph Mansur Abbas ordered his servants to kill the unarmed governor of Khorasan Abu Muslim Khurosoni, thanks to whom the Abbasid dynasty was enthroned in 750. The news about the murder of Abu

Muslim reached Khoroson and in mid-April, 755, that is two months later, after the murder of Abu Muslim the uprising broke out in the cities of Khorasan like Nishopur, Qumis and Rai. It was led by Sinbad Mug. The uprising was prompted by the murder of Abu Muslim. Historical sources from the 9th to the 13th centuries give the opportunity to know the ideology of the rebels and their contingent. The uprising lasted 70 days. Caliph Mansur sent 10 000 soldiers at the head of Abuja'far Ibn Murror Ijli against Sinbad and his supporters. The battle was held in the area between Hamadan and Rei. The rebels were defeated and Sinbad, their leader was soon killed. The uprising led by Sinbad Mug paved the way for new popular uprising in Khoroson and Varorud where the masses were in a state of fermentation.

Key words: Sinbad Mug, Khoroson, Varorud, Abu Muslim Khurosoni, Mansur Abbasi, Nishopur, Qumis, Rai. Hamadon.

Маълумот дар бораи муаллиф: Хдмза Камол (Камолов Хамзахон Шарифович)-доктори илмхои таърих, профессор, мудири Шуъбаи таърихи кадим, асрхои миёна ва нави халки точики Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии АИ Ч,Т. ш. Душанбе, хиёбони Рудакй, 33. Телефон: (+992) 934212844 E-mail: hamza_kamol@mail.ru

Сведения об авторе: Хамза Камол (Камолов Хамзахон Шарифович-доктор исторических наук, профессор, заведующий Отделом древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии АН РТ. Адрес: 734025. Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33.(+992) 934212844 E-mail: hamza kamol@mail.ru

Information а bout the author: Hamza Kamol (Kamolov Hamzakhon Sharifovich) - Doctor of Historical Sciences, Professor, Head of Department of Ancient, Medieval and New History of the Institute of History, Archaeology and Ethnography of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan,. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, 33. Tel: (+992) 934212844. Rudaki Ave. E-mail: hamza kamol@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.