ТАЪРИХИИЛМВА ТЕХНИКА-ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ- THE HISTORY OF SCIENCE AHD TECHOLOGY
4-»
УДК: 54
ИНЪИКОСИ ХИМИЯИ АМАЛЙ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ДУНАРМАНДИ ДАР "БАЁНУ-С-СИНООТ"-И ДУБАЙШИ ТИФЛИСИ
Абдували ШАРИФЗОДА, Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Накши Сомониён дар рушди илму адаб ва фархангу хунари Шарк ва умуман дар тамаддуни чахонй бузург аст. Махсусан, хамин илму фарханг ва сунатхои давлатдории Сомониён барои Кдрохониён, Еазнавиён ва Салчукиён заминаи бунёдии давлатдории онхоро ташкил медод. Дар асрхои XI-XII анъанахои илмии даврони Сомониён идома ёфта, баъзе илмхои ин давра ба авчи аълои инкишофашон мерасанд.
Зиндагй ва фаъолияти ду олими бузурги форсу точик Абуалй ибни Сино (980-1037) ва Абурайхони Берунй (973-1051) далели ташаккули илму камолоти олимони гуногун дар замони Сомониён ва ривочи илму адаби замони салтанати турктаборон ба шарофати фаъолияти олимони форсу точик мебошад. Таъсири тамаддуни форсу точик то чое буд, ки забони коргузории давлатии ин турктаборон форсй-точикй буд [1,174-175]. Аз чумла хдшамати салтанати Салчукиёни асри XI-ро бе фаъолияти Абуалй ал-Дасан ибн Алй ибн Исхок ат-Тусй тасаввур кардан гайриимкон аст. Зеро "вазири забардаст ва абаркудрат Абуалй ал-Дасан (1018-1092) аз Тус, муддати се дахсола, то соли 1092 тамоми хукуматро (хукумати Салчукиёнро-А. Ш.) дар тасарруф ва назорати худ нигох дошт. Амалан у хоким буд: номи фахрй, ки бо он у машхур гардида буд-Низомулмулк маънои низоми давлатро дошт"[2,432].
Ба кавли дигар тахту точи Салчукиён дар нуги калами Низомулмулк карор дошт. Маълум аст, ки ин нуфузи бузурги тамаддуни форсу точик ва фарзандони фарзонаи он танхо марбути асри XI ва махдудаи чугрофиёии Мовароуннахру Хуросон набуд. Бо тавсеаи чугрофияи сиёсии Салчукихо фаъолияти илмии точикон дар дарбори онхо ривочу равнак меёбад. Датто олимони форсу точик бо фармоиши султонхои Салчукй барои онхо асархои заруриро ба забони форсй-точикй ва арабй менавиштанд.
Яке аз олимони дар доираи илми Точикистон нисбатан камшинохташудаи форсу точики асри XII шайх хаким Камолуддин Абулфазл Дубайш ибни Иброхим ибни Мухаммади Тифлисй мебошад. Дубайш, ки номашро ба хато гоххо Абулфайз ^убайши Тафлисй, Дабаш,
Ч,убайш, Дасан ва Дусайн навиштаанд, даp пойтахти Гypчистон-:шахpи Тифлис тахминан соли 1121 ба дунё омадааст. Аз ин чо Тифлисй нисбаи Дубайш мебошад.Падаpаш яке аз олимони машхypи Тифлис буда, баъдтаp хонаводаи онхо вобаста ба вазъи сиёсии замон ба Осиёи СаFиp куч баста, мукими шахpи Куния мегаpданд. Бинобаp ин у даp баъзе асаpхояш нисбаи хyдpо ал-Кунавй jjjâîl низ зи^ каpдааст ва баъзе аз нассохони осоpаш хамин нисбаташpо ба хато ал^азнавй - навиштаанд. Давpаи асосии
хаёту фаъолияти илмии Дубайш даp маpкази Салчукиёни Рум даp даpбоpи султон Клич Аpслони дуюм ибни Масъуд (1155-1192) даp шахpи Кунияи Рум сипаpй шудааст. Замони фавти Дyбайшpо соли 1200 ё 1204 тахмин каpдаанд [3,180]. Беш аз ин аз зиндагии у иттилои дигаpе дастpас нест. Ба кавли Э. Афшоp, ки яке аз бехтаpин мухаккикони хаёт ва осоpи Дубайш мебошад, '^p боби хаёти у хамин кадаp медонем, ки бо Клич Аpслон ибни Масъуд аз Салочукаи Рум хамасp будааст ва баъзе аз таълифоти хyдpо ба номи ин подшох масдаp гаpдонида ва ё бо амpи у тасниф каpдааст" [4,279].
Осоpи Дубайши Тифлисй бо ду забон-аpабй ва фоpсй-точикй таълиф гашта, аз 29 асаpи маълумгаштааш, на хамаи онхо дастpаси олимон шудаанд. Осоpи Дубайши Тифлисиpо Эpач Афшоp ба тавpи зайл зи^ менамояд:
1. Ихтисоpи фусули Бу^от
2. Усулу-л-малохим : Малхамаи Дониёл
3. Авдияту-л-адвия
4. Баёнy-т-тасpиф
5. Баёну-с-синоот
6. Баёну-т-тиб
7. Баёну-н-нучум
S. Тахсилу-с-сиха бил асбоби-с-сита
9. Такдимату-л-ъилочи ва бадpакатy-л-минхочи
10. Таквиму-л-адвия
11. Талхису-л-ъилали Кypъон
12. Ч,авомеъу-л-баён даp таpчyмони Кypъон
13. Рисола фй мо ятаъаллику билаFЗиятилмyтлака вал адвия
14. Аp-pисолатy-л-мyтаъоpифа би асмои-л-мyтаpодифа
15. Рамузу-л-минхоч ва кунузу-л-ъилоч
16. Ш^ху баъзул масоили лиасбоб вал аъломот мунтахиба миналконун
17. Сихату-л-абдон
1S. Конуну-л-адаб
19. Конуну-л-лубоб
20. Кдвофй
21. Комилy-т-тадбиp
22. Комилy-т-таъбиp
23. Кифояту-т-тиб
24. Лубобу-л-асбоб
25. Мачмуъату^^асоили тиббия
26. Мадхалу ила ъилми-н-нучуми
27. Малxамаи Дониёл
2S. Назму-с-сулук
29. Вyчyxy-л-Кypъон.
Аз осоpи зи^шуда даxтои он: "Вyчyxy-л-Кypъон", "Малxамаи Дониёл", "Мадхаул ила ъилми-н-нучуми", "Комилy-т-таъбиp", "Кавофй", "Конуну-л-адаб", "Баёну-н-нучум", "Баёну-т-тиб", "Ч,авомеъу-л-баён даp таpчyмони Кypъон" ва "Баёну-с-синоот" ба забони фоpсй-точикй таълиф шудаанд. Ин осоpи у даp баpобаpи аxаммияти назаppас доштанашон доиp ба омузиши илмxои гуногун, баpои таxкики таъpих, таxаввyл ва макоми забони фоpсй-точикии асpи XII даp Осиёи СаFиp саpчашмаи беназиp мебошанд. Яке аз асаpx,ои мавриди тахдики мо "Баёну-с-синоот" аз чумлаи чунин асаpxост ва ба гуфти Маликyшшyаpо Баxоp "ба шеваи давpаи Сомониён навишта шудааст" [5,369] ва он ягона асаpи энсиклопедии Дубайш мебошад.
Э. Афшоp соли 1957 аз pуи як нусхаи даp осоpхонаи Айя Софияи Тypкия (китобати соли SS4 x^pï даp Кустантиния) ва як нусхаи даp Донишгоxи Теxpон буда, нахустин шуда китоби "Баёнy-с-синоот"-pо бо мукаддима ва тавзеxот пyppа ба нашp меpасонад [4,283]. Соли 1959 аз олимони шуpавй эpоншинос Вилчевский О.Л. даp мачаллаи бонуфузи "Советская этногpафия" баp ин асаp такpиз чоп каpда, номашpо "Описании технологий" таpчyма мекунад [6,212]. Олими мазкyp баъдтаp матни ба заpфxои тезбун бахшидашудаи ин асаppо таpчyма каpда, соли 1961 даp мачаллаи "Советская аpхеология" маколаи чудогона чоп намуда, ба гуфтаи худаш ба баxси баpои чи истифода шудани заpфxои тезбун нукта мегyзоpад [7,212]. Олими дигаpи шуpавй Г.П. Михайлевич асаpи мазкyppо ба pyсй таpчyма каpда, онpо соли 197б бо номи "Описание pемесел" ба истиснои як бобаш ба нашp меpасонад [S, 197б]. Чи тавpе мyшоxида шуд, ин ду олими шуpавй номи ин асаppо ба гунаи аз якдигаp фаpккyнанда таpчyма каpдаанд.
Дубайши Тифлисй даp боpаи чигунагии таълифи "Баёну-с-синоот" чунин менависад: "... чун аз таснифи "Баёну-н-нучум" бипаpдохтам, ин китоби мyхтассаp ба порей андаp синоъот аз китобxои тозй тасниф каpдам ва асpоpе, ки устодон андаp китобxои хеш пушида буданд, андаp ин китоб пайдо каpдам ва номаш "Баёну-с-синоот" аз баxpи он ки илми xаp саноатеpо, ки андаp ин китоб аст, даp xаp бобе мyхтасаpy муфид баён каpдам, чунон ки хонанда зуд фаxм кунад" [9,298-299]. Яъне яке аз xадафxои асосии Дубайш оммавй ва дас^ам xамагон гаpдонидани дастоваpдxои илмии замони худ буд. Аз таpафи дигаp ба забони фоpсй-
точикй таълиф шyдани асари мазкур дар бораи макому манзалати забони форсй ва форсизабонон дар Осиёи Сагир гyвоxй медиxад.
Дубайши Тифлисй "Баёнy-с-синоот"-pо ба 20 боб таксим намyда, боби аввали онро "Андар саноати илми кимиё " унвон карда, илми мазкyppо чунин тавсиф менамояд: "Бидон, ки илми кимиё пушида ва дУшвор аст, ки сири ин илмро xyкамо дуруст пайдо накардаанд ва гуянд, ки аз рузгори Кррун асрори ин илмро кас дуруст натавонист ва илмашро тамом донистан. Ва андар ин рузгор касоне, ки даъвй кунанд ва гуянд, ки андар ин илм восилем, яъне, ки бад у расидем, кавлашон дуруст набувад, магар, ки maлвиц ё maprn6 битавонанд кардан"[9,301].
Дарчанд Дубайш ба истифода ва тарчумаи осори илмии арабй ишора карда бошад xам, аз навиштаxои боло маълум мешавад, ки вай на танxо як тарчумон ё як нассохи одист, балки у аз чигунагии инкишофи илми химия ва вазъияти xамонpyзаи ин илм хабардор будааст. Илова бар ин Дубайш истилоxxои илмиро ба таври чудогона шаpx медщад. Чунончи; "Ва maлвиц он бувад, ки масалан мисро ба доpyxо чунон кунанд, ки монанди зар шавад ва бештарини мардум чун бубинанд, пиндоранд, ки он зар аст ва xамчyнин арзизро ба доpyxо монанди нукра кунанд. Ва maprn6 он бувад, ки масалан зару мису нукра ва он чи бад ин монанд аз xаp яке лахте биситонанд ва чумларо ба xам бигудозанд ва ба саноат чунонаш кунанд, ки монанди зар ва сим " [9,302]. У дар идома илми кимиёро ба ду кисм: ачсод ва аpвоx чудо намуда, xаp яки онро шаpx медиxад. Дубайш ба осори олимони пешини форс ва юнону араб ишора карда, ощоро "уукамои ин caHoam" ва "у^одони ин caHoam" меномад.
Муаллиф аз як тараф хосияти маъдану минеpалxоpо тавсиф намояд, аз тарафи дигар коркарди (технологияи) ин маводро тасвир месозад. Масалан вай амали аз симобу гугирди зард xосил намудани маxлyли сурхро, ки дар нигоргарй истифода мешавад, чунин баён мекунад "Шангарф кардан. Биситонад шишаи обгинаи cиmaбри myрyнцй, яъне ки буни он борик бошад ва сари вай танг чун кузаи фуцоу. Ва жева дар вай кунад ва чаxоpяки гугирди зард бо вай биёмезад ва агар шаш якй бувад беxтаp бувад ва пораи мис тунук карда, бар сари вай бинщад ва аз он пас чумлаи шишаро ба гили y^mMam нек бияндояд ва ба офтоб бинщад то хушк шавад. Пас агар гили вай бишкофад, дигарбора бияндояд то маxкам гардад ва аз он пас дар тануре ба пишкили гусфанд нек бияфрузад ва ин шишаро дар миёни оташ бинщад ва сари танурро ба гил бияндояд ва як шабонарузй дар оташ pаxо кунад. Баъд аз он чун (шангарфро) бадар орад, (он) сурху неку гашта бошад. Пас агар хоxад, ки сурхтар гардад, ба оби анор вайро бишуяд..." [9,303].
Бояд кайд кард, ки xамин як иктибоси боло xам барои дарки хусусияти хоси забони форсии асри XII дар Осиёи Сагир, xам барои муайян намудани ном ва моxияти баъзе бозёфтxои бостоншиносй ва xам барои донистани чигунагии як амали химиявй-технологияи истеxсолй
беxтаpин саpчашмаи илмй мебошад. Ин гyфтаxои Дубайш пеш аз xама баpои аник намудани техологияи истеxсолй ва моxияти аслии истифодабаpии тypyнчй-заpфи тезбун, ки бештаp даp асpxои X-XIII даp Хypосонy Моваpоyннаxp ва Кавказ низ истеxсол мешуданд, аxаммияти вижа доpад. Зеpо доиp ба моxияти заpфxои тезбун байни олимон акидаxои мухталиф мавчуд аст. Масалан xануз соли 1S02 олими фаpонсавй В. Денон баъди таxкики чунин заpфxо ба хулосае омад, ки истифодаи ощо бо сабаби хypд буданашон ва гаpданаи хеле танг доштанашон Fайpиимкон аст. Аммо Де Солси шангаpфxои соли 1S74 аз Тpипол ёфтшyдаpо таxкик намуда, ба хулосае омад, ки аpабxо ба ин заpфxои тезбун нафт pехта, онxоpо xамчyн ноpинчак баp зидди салибдоpон истифода намуданд. Ин хулосаи Де Солсиpо олимони зиёде таpафдоpй намуданд. Баpои амалиёти чангй истифода шудани заpфxои тезбуни асpи XV-pо А. П. Смиpнов ва Н. Я. Менпеpт низ чонибдоpй намудаанд [10,45].
Аммо накшу нигоp ва девоpаи Fафси мyстаxкам доштани ин заpфxо хулосаи болоиpо шyбxанок менамояд [11,б5]. Р. М. Чднполадян даp асоси таxкики микдоpи зиёди заpфxои тезбун ба хулосае меояд, ки ощо асосан баpои нигоx доштани атpиёт, доpyвоpй, pавFан ва моеъxои киматбаxо истифода мешуданд [12,212].Шаpкшиноси шинохтаи шуpавй О. Л. Вилчевский чунин менигоpад, ки иттилои даp боло зикpшyдаи Дубайши Тифлисй ба баxси олимон доиp ба моxияти асосии заpфxои тезбуни сафолй нукта мегyзоpад ва ощо на баpои нигоx доштану интиколи симоб ва на xамчyн ноpинчак даp амалиёти xаpбй, балки ощо баpои гyзаpонидани таомyлxои химиявй ч^ати истеxсол намудани шангаpф сохта мешуданд. Бояд кайд каpд, ки симоб даp давpони бостон xам аxаммиятy аpзиши калон дошт ва яке аз молxои киматбаxои тичоpати байналмилалй мах,суб меёфт. Беxyда нест, ки даp катибаxои ба Дахоманишиxо мансуббудаи шаxpи Шуш доиp ба симоби болооби водии Заpафшон иттилоъ дода шудааст. Заpфxои тезбyнpо аз шиша ва сафол месохтанд.
Дубайш даp "Баёну-с-синоот" доиp ба технологияи xyнаpxои гуногун низ иттилоъ додааст. У pочеъ ба омода намудани гилмояи кулолй, ки бо номи гили ^икмат машxyp аст, чунин менависад: "Биситонад гили тануpгаpон ва лахте хатмй ва намаки нон даp вай кунад ва некаш бимолад. Пас аз он муйpо ба нохунгира сахт хypд кунад ва бо вай биёмезад. Дигаpбоpа некаш бимолад то кавй шавад ва ба rap баpад [9, 305]. Ин навиштаи Дубайш pивоятxои маpдyмиpо доиp ба истифодаи муй даp омодасозии гилмояи хишт ва девоpxои кадима ва асpимиёнагй тасдик менамояд.Инчунин аз ин маълум мешавад, он муж,ое, ки даp хишту девоpпоpаxои кадима ба назаp меpасанд, тасодуфй набуда ба таpзи омодасозии гилмояашон вобаста будааст.
Як бахши боби аввали "Баёну-с-синоот" ба технологияи xосил намудани маxлyлxо бахшида шудааст, ки ощо даp тиб ва xyнаpxои гуногун истифода мешуданд ва то xол xам аxаммияти хyдpо гум
накардаанд. Чунончи у дар бахши "Далли зар ва нукра ва мису оxан ва калъй ва чавxаpxо" чунин менависад:"Биситонад садафи дарё ва дар кураи оташ вайро бисузад, то сапед гардад xамчyн барф. Пас баxpе аз вай биситонад ва нaвшoдyрy aнзyрym xаp яке xам чунон, ки аз у ситуда бошад. Пас чумларо хурд кунад ва дар косаи рангин кунад ва xаp соате лахте сиркаи масъад бар у xаме резад ва аз бомдод то шаб равшани софй шавад. Пас биситонад зар ё нукра ё мис ё оxан ё калъй ба сyxонаш бисояд ва агар он чавxаpxо хоxад, хурдаш би^бад ва ба сирка, ки гуфтем бисояд ва дар офтоб бинщад чандон ки чун xабо шавад ва xал гардад xамчyн об [9, 307]. Aнзyрym (astragalus sarcocolla), ки дар иктибоси боло зикр шудааст, растании на чандон баландест, ки xанyз аз замони то Исои Масеx дар Юнони кадим аз он дору омода менамуданд.
Аз табибони Шарк Абуюсуфи Киндй яке аз аввалинxо шуда анзурутро дар тиб истифода намуд. Аммо дар тибби Шарк аз xама бештар Зиёуддин Абyмyxаммад Абдyллоx ибни Мyxаммад Моликии Андалусй машxyp ба Ибни Байтор (1197-1248) анзурутро барои муоличаи беморон истифода намудааст. Маxлyли аз анзурут омодашуда ба илтщоби чашм шифо мебахшад, аммо муйро мерезонад. Беxтаpин маxлyли анзурутй аз донаxои майдакардаи он ва равгани чормагз тайёр карда мешавад.
Катибанигорй ва ё накшxои эпиграфй як бахши мyxимми xyнаpи мисгарй мебошад ва Дубайш доир ба чигунагии анчом додани ин амал дар бахши "Китобат кардан бар мис" чунин пешнщод менамояд: "Агар зибакро (муарраби жива-симоб) бо зангор бисояд, аз у киmoбam бар мис бинависад ва з-он пас вайро бар оташ замоне гарм кунад. Чун берун орад киmoбamaш xамчyнон бувад, ки пиндоранд, ки ба сим (нукра) кардааст ва покизаву неку" [9,317-318]. Имруз xам дар осоpхонаxои чаxон заpфxо ва дигар ашёи зиёди кадима ва асримиёнагй ба назар мерасанд, ки худи ощо зарду сурх буда, катибаxояшон сафедчатоб мебошанд. Акнун аз гyфтаxои болоии Дубайш чи тавр сафеднамо кардани катибаxои ашёи мисй маълум мешавад. Дар давоми xамин бахши у боз pоxxои дигари сафед намудани мисро тавсиф кардааст.Боби дуюми "Баёнуссиноат" барои таxкики технологияи заргарии пешин низ аxаммияти хоса дорад.
Боби сеюми "Баёну-с-синоот" "Андар ранг кардани чавоxиp" (сангxо) номида шуда, он аз бахшxои "Ранг кардани ёкути сапед", "Зард кардани ёкути сапед", "Сурх кардани ёкути зард", "Сабз кардани зумради сафед" (чанд навъаш), "Сафед кардани марвориди сиёx", "Гуна додани марворид", "Сапед кардани акик", "Равшан кардани бечода", "Сурх кардани акики зард", "Набиштан ва накш кардан бар акик" иборат аст. Албатта чавxаpшиносии точикон таърихи пурифтихоре дорад ва яке аз намунаи беxтаpини он асари"Китобу-л-чамох,ир фи маърифат-ил-чавох,ир"-и Абypайxони Берунй мебошад ва ин асари Дубайшро, ки бобxои сеюм то xафтyм ба ин мавзуъ бахшида шудаанд, метавон давоми xамон анъанаи илмй донист.
Имpуз xам набиштани матщо даp санщои гуногун идома доpад ва восш^ои техникии мyосиp ин амалpо хеле осон намудааст. Аммо даp гузашта ин коp чандон осон набуд. Дубайши Тифлисй даp ин мавзуъ чунин менигоpад: "Биситонад лахте цалияи сапед ва лахте балги арар. Пас xаpдypо чун сypма бисояд. Пас аз он xаpдypо нек ба сиpкаи тез бимолад ва ончи хоxад бад-ин доpy ба акик бинависад ва бингоpад ва бигзоpад то хушк шавад. Пас кypаи оташpо гаpм кунад ва он аки^о баp оташ нщад то нек гаpм шавад. Чун замоне баpояд аз оташ беpyн оваpад. Чун саpд шавад он доpy аз вай пок кунад. Он чи набишта бошад ё накш каpда ба гунаи сими сапед бошад ва акики xамчyнон сypх" [9,327].
Боби чоpyм ва панчум бештаp ба pангпаpдозии бyлуpy мино ва обгина бахшида шуда, иттилои технологй камтаp доpад. Даp бахши охиpи боби панчум, ки "Андаp амали кypаи ин саноат"номида шудааст, доиp ба чи гуна сохтани кypаи оташ иттилои мyxим додааст, ки ин xам баpои таxкик ва баpкаpоp намудани оташдощое, ки даp pафти xафpиёти бостоншиносй кашф мешаванд, мyxим аст.
Боби шашум фаpогиpи чилобахшии сангxои киматбаxо ба мисли ёкут, акик, зyмpад, лаъл, к;аxpабо ва бечода мебошад. Даp боби xафтyм Дубайш ба тавpи мyхтасаp pоxxои чилодиxй, таxкимбахшй ва пешгиpии зангзании силоx (шамшеp,табаp, ночах, теF, коpд)-pо пешниxод намудааст. Боби xаштyми асаp "Андаp саноатxои гyногyн"-чиxати таxкики xyнаpи чаpмгаpй ва pангпаpдозии чаpми даббоFишyда хеле мyxим мебошад. Зеpо аз саpчашмаxои таъpихии фоpсизабони то асpи XII таълифшуда доиp ба чузъиёти ин xy^p иттилои каме дастpас шудааст. Аз 10 бахши ин боб 8-тои он маpбyти чаpмгаpй мебошад ва Дубайш даp тавсифи коpкаpди пуст се навъи он-заpпусти баFдодй, заpпусти хypосонй ва адимpо номбаp менамояд, ки ин xам аз аxамият холй нест. У даp бахши "Амали зарпусти хуросонй" коpкаpди онpо чунин ба калам мекашад: "Биситонад анзypyди неку ва хypдаш бикубад ва ба заxpаи гов уpо бисypyшад ва некаш бичунбонад. Пас поpаи заъфаpон, ки ёд каpдем, баp вай афканад ва оби самги араби. Он вакт биситонад пуст чандон, ки хоxад ва аз ин доpyxо, ки гуфтем баp вай бияндояд ду-се боp. Пас ваpаки калъй баp вай биниxад то маxкам бигиpад ва гуна диxад маp ваpо ба равгани мадуун ва лахте заъфаpон чунонки гуфтем ва ба офтоб нщад то неку ояд" [9,344].
Вай даp бахшxои дигаp технологияи pангпаpдозии чаpми дабоFишyдаpо зи^ намуда, даp бахши охиpи ин боб доиp ба бypдани pанги чаpм бо истифода аз заpдолyи тypyш ва об иттилоъ медщад. Таxкик ва муайян намудани технологияи истеxсолy коpкаpди коFаз ва pанг яке аз вазифаxои мyxимми мyxаккикони таъpихи илму техника мебошад ва ин мавзуъpо бештаp пажуxандагони xyнаpи хушнависй пайгиpй намудаанд. Дубайши ду боби "Баёну-с-синоот"-боби нyxyм "Андаp омехтани pангxои гуногун" ва боби даxyм "Андаp омехтани xибp ва мидод'^о ба ин мавзуъ бахшидааст, ки даp ин боб асаpи мазкyp кадимтаpин ва нодиpтаpин
сарчашма ба забони форсй мебошад. Бобxои мазкур дастури беxтаpин барои нигорагарон, суратгарон ва хушнависону саxxофон ба xисоб меравад. Дар боби ёздаxyм технологияи махфинависй шаpx дода шудааст. Инчунин иттилои дар ин бобxо доир ба технологияи омодасозии ранщо додаи Дубайш акидаи баъзе олимонро доир ба истифода нашудани шангарф дар ис^^ли ранщо ботил месозад.
Дубайш яке аз табибони замони хеш буд ва беxyда нест, ки уро Мутатабиб гуфтаанд ва аз 29 асари то имруз бокимондаи вай 9-тоаш pисолаxои тиббй мебошанд. Бобxои дyвоздаxyм, сездаxyм ва чоpдаxyми "Баёну-с-синоот" фарогири мавзyъxои омехтаи марбут ба боваpxои мардумй дар бораи хусусияти табобатй доштани гиёxxо, xайвонxо ва чавxаpxо мебошанд.Бахши "Манофеи xyдxyд"-и боби дyвоздаxyм барои сиккашиносй низ иттилои мyxимме дорад, ки дар он алокамандй ва боварии мардум ба машxypтаpин навъи сиккаи Моваpоyннаxpy Хуросон дар асри X-диpxами исмоилй, ки он ба хотири Исмоил ибни Аxмади Сомонй "исмоилй" номида мешавад, тачассум ёфтааст.Метавон гуфт, ки Дубайш матни ин бахшро аз ягон асари асри X иктибос кардааст. Зеро дар асри XII роич будани диpxамxои исмоилии сомонй дар Осиёи Сагир шyбxанок менамояд.
Ё шояд дар идомаи анъанаи Сомонщо, сиккаи салчукии аз нукраи холис зарбшуда "дирами исмоилй" номида шудааст. Гузашта аз ин бахшxои дигари бобxои мазкур аxаммияти мyxимми мардумшиносй доранд.Масалан дар боби XIV боварй ба хусусияти санщо чунин каламдод шудааст:"...ва агар судаи вайро (ёкlympо) дар чашм кашанд, даpдxои вайро суд дорад ва биноиро кувват диxад... Агар касе лаъл дар гардан овехта дорад, аз дарди дил ва иллатxои сина эмин бувад. Ва агар касе бецода дар гардан овехта дорад, ба шаб натарсад ва аз заъфи дил эмин бувад. Агар аз судаи вай (пируза) як донаку ним бо чуллоб бихурад, куббаи дил ва иллати сил ва решаи масонаро суд дорад ва хун баровардан аз гулуро манфиат бахшад... ва агар ду дона санги вай (зyмyрyд) ба оби борон бисояд ва бихурад заxpxои кушандаро, ки хурда бошад, аз тан дафъ кунад... Агар марцони сурх бар гардани кудаки хурд банданд, ки бисёр гиряд, баъд аз он кам гиряд" [9,386-388].Чунин боварщо рочеъ ба санщо то ба xол байни мардум мавчуданд.
"Баёну-с-синоот" барои таxкики таърихи кишоварзй низ як асари мyxим мебошад.Тифлисй дар фасли охири боби XIV барои богпарварй чунин амалxоpо тавсия менамояд:"Агар хоxад, ки анори туршро ширин гардонад, хокро аз бехи дарахти анор боз кунад ва аз он пас вайро ба саргини гов биянборад, ки анори он дарахт ширин шавад. .. ва агар хоxад, ки ангури сапедро сиёx гардонад, ним газ хок аз зери дарахташ бардорад ва нафти сиёx бо катрон дар он чо резад, то дарахт он сиёxиpо ба хештан кашад ва ба хушаи ангур фиристад ва сиёx гардад, лекин бояд, ки ин амал ба вакти расидани ангур кунад, то шугли вай бар мурод ояд [9,398].
Аз навиштаxои Дубайш ва таxкики мукоисавии матни "Баёну-с-синоот" маълум мегаpдад, ки у даp ин бахши асаpаш аз осоpи олимон ва табибони бyзypг, ба мисли Бу^от, Аpхиген, Гален, Диоскоpид, А6у^лй ибни Сино, Абypайxони Беpyнй ва дигаpон истифода намудааст: "Ин боб аз китоби "Дайвонот"-и Аpистотолиси xаким мyхтасаp ихтиёp каpдам андаp манофеъ ва хосияти xайвонот аз xаp гуна, то китоб даpоз нашавад ва хонандаpо малолат наяфзояд" [9,358].
Боби понздаxyм "Андаp истеъмоли обxо аз xаp гуна" нисбатан мyхтасаp буда, ба оби тоза табдил додани обxои талху шуp ва гyлобxо бахшида шудааст. Бобxои XVI-XVIII "Андаp истеъмоли оташ ва илмxои чаpоF", "Андаp илмxои шаpоб ва лаъбxои он" ва "Андаp илмxои мухталиф аз xаp гуна" фаpогиpи тавсияxои Дубайш ба xилагаpонy бозингаpон мебошанд, ки аxаммияти амалй доpад. Даp ин бобxо xам омезиши мавзуъxо ба назаp меpасад ва Дубайш вобаста ба мавзуи боб на xамеша таpтибpо pиоя каpдааст. Яке аз мавзуи хеле баxсбаpангези "Баёну-с-синоот" мавзхи "Илмxои шаpоб" мебошад.
Дубайши Тифлисй боби XIX "Баёнy-с-синоот"-pо ба xyнаpи козypй бахшида, он^э "Андаp шустани касаб ва баpдоштани нишон аз ЧOмаxо" номидааст. У даp ин фасл либосxои гуногун, аз чумла цасаб, дебо, xy3, адим ва цомаро зи^ намуда, таpзxои гуногуни шустани онxоpо ба тавpи алоxида бахш ба бахш зи^ менамояд.
Бояд кайд намуд, ки ин либосxо аз матоъxои гуногун духта мешуданд. Касаб машxypтаpин матои шоxонаи асpxои XI -XII буд ва беxтаpин саpчашмаи илмй доиp ба чои истеxсоли он ва аpзишy мавчудияти маxдyдият даp хаpидy фypуш ва истифодаи он "Сафаpнома"-и Hосиpи Хисpави Кубодиёнй мебошад. Hосиpи Хисpав даp тавсифи шаxpи Тиннис чунин гуяд: "Ва он чо цасабирангин бофанд аз имомауо ва вицоя^о... Аз ин цасаба^ои рангин xеч чо мисли он набофанд, ки даp Тиннис. Ва он чи даp коpхонаxои султонй бофанд, ба касе нафpушанд ва надиxанд. Шунидам, ки малики Фоpс бист xазоp диноp ба Тиннис фиpистода буд, то ба ч^ати як даст цомаи хос бихаpанд ва чанд сол он чо буданд ва натавонистан хаpидан" [14,83].
Дастypи Дубайш ба чомашуй xам аз касаб OFOЗ мешавад: "Шустани касаб. Биситонад гили нишопурй ва ушнони сапед ва собуни нордониро ва чyмлаpо таp кунад. Ва аз пас биполояд ва он обашpо бо шиpи зан биёмезад ва цасабpо даp у нщад ва саpашpо бибандад ва xаме занад то сапед ва покиза шавад ва аз он беpyн кунад ва оби симг баp вай дщад ва даp танг биниxад" [9, 321]. Дебо xам як навъи дигаpи матои гаpонаpзиши абpешимй буд ва Тифлисй баpои шустани он чунин тавсия медщад: "Шустани дебо. Биситонад гили арманй ва даx сатир ва ушнони сапед панч сатир ва xаpдypо ба об таpконад. Ва з-он пас вайpо биполояд ва закраи гов ва закраи гусфанд бо вай биёмезад ва дебоpо бадон 6ишуяд то xама нишощо аз вай бибаpад" [9,321].
Баъзе усулхои шустушуй, ки дар ин боб тавсиф шудаанд, то имруз хам идома ёфтаанд. Мисол имруз хам вакти таомхурй агар бар либос равгани хурок чакад, зуд аз намак истифода менамоянд, зеро намак равганро чабида мегирад. Дубайш дар бахши "Чарбихо бурдан аз чомахо, ки вайро шустан нашояд хеч" чунин менависад: "Агар хохад, ки бе шустан чарбиро аз чома бибарад, намаки куфта бар вай пароканад ва чизе гарон бар вай нихад. Ва агар гили нисопури ва намакро хурд кунад ва ба хам биёмезад ва бар чарбии чома бипароканад ва чизи гарон бар нихад хама чарбиро аз чома бадар кашад" [9,429]. Дубайш ин амалро барои аз чарб тоза намудани когаз низ тавсия медихад [9,426]. Инчунин вай дар ин боб барои аз равганихо тоза намудани когаз омода намудани хокахои алохидаро тавсия додааст.
Боби охирони "Баёну-с-синоот" "Андар пайдо кардани асрори чимоъ ва обистанй" ном дорад, ки матни ин боб хам барои тахкики таърихи забони форсй- точикй, бовархо ва мавзуъхои тиббй мухим аст.
Хулоса, "Баёну-с-синоот"-и Дубайши Тифлисй фарогири мавзуъхои илмхои гуногун буда, метавон онро як асари энсиклопедии асри XII номид. Аз хама мухим "Баёну-с-синоот" барои тахкики таърихи забони форсй-точикй, химияи амалй ва технологияи хунармандии аср аз мухимтарин сарчашмахо ба забони форсй-точикй мебошад, ки дар он дастовардхои олимони Шарку Рарб ба таври мухтасар ва осонфахм гуфта шудаанд. Месазад, ки осори Дубайши Тифлисй мисли "Комилу-т-таъбир"-и машхур ба "Хобнома"-и у, ки соли 1992 [15,1992], дар Точикистон чоп шуда буд, мавриди тахкик ва таблиги сазовор карор дода шавад.
АДАБИЁТ
1. Камол Х. Материальная и духовная культура таджикского народа в XI-XII вв./ История таджикского народа.- Душанбе, Т. III. 2013.580с.
2. Старр Фредерик. Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказй аз аз истилои араб то Темуриён/ Аз англисй тарчумаи Мамадназаров А..-Душанбе: ЭР-граф, 2018.
3. Михалевич Г.П. Персидский энциклопедический трактат XII века/ Страны и народы Востока.- Ленинград, XVIII, 1976. 298с.
4. Афшор Э. Саргузашти Дубайш. Дар мукаддимаи "Баёнуссаноъот"/Фарханги Эронзамин.- Техрон, Ч,.5. №4, 1957 (бо алифбои ниёгон).476 с.
5. Бахор М. Кутуби илмй дар карни шашум/ Сабкшиносй.-Душанбе, 2012.570 с.
6. Вильчевский О.Л. Абуль-Фазль Хобейш ибн Ибрагим Тифлиси.Биян ас-санаат (Описание технологий)/ Советская этнография.- Москва, №2,1959.182 с.
7. Вильчевский О. Л. Сфероконические сосуды в преднеазиатском трактате по прикладной технологии 12 в./Советская археология.-Москва, 1961, №2- С. 210-212. 326 с.
8. Тифлисй Хубайш. Описание ремесла (Байан ас-саноат) / Перевод с персидского, введение и комментарий Г. П. Михалевич.- Москва, Наука, 1976. - 256 стр.
9. Тифлисй Дубайш. Баёнуссиноъот/ Бо тасхех ва мукаддимаи Эрач Афшор/ Фарханги Эронзамин- Техрон. Ч,. 5. № 4, 1336/1957. С. 279- 457. 476 с.
10. Смирнов А. П., Мерперт Н .Я. Из далекого прошлого народов Среднего Поволь-жя. По следам древних культур. От Волга до Тихого океана.-Москва, 1954. 495 с.
11. Лихачев А. Ф. О загадочных сосудах сфероконической формы из
12. Волжской Болгарии. Тр. IV, т. I, Казань, 1884. С.34-65. 220с.
13. Вильческий О. Л. Сфероконические сосуды в переднеазиатском трактате по прикладной технологии 12 в./ Советская археология.- Москва,1961.№2. С.210-212. 326 с.
14. Джанполадян Р.М. Сфероконические сосуды из Дивана и Ани/ Советская археология-Москва. №1.1958.С.201-213. 299 с.
15. Носири Хусрав. Сафарнома/Баргардон ва тавзехоти Саъдулло Ч,онбобоев-Душанбе: Бухоро, 2014. 285 с.
16. Абулфазл Дубайши Тафлисй. Комилу-т-таъбир /Бо саъю кушиши Ч,умъахон Дотамй, Саъдулло Наимбоев ва Салими Хатлонй.- Душанбе, 1993. 463 с.
ИНЪИКОСИ ХИМИЯИ АМАЛЙ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ^УНАРМАНДЙ ДАР "БАЁНУ-С-СИНООТ"-И ДУБАЙШИ ТИФЛИСИ
Ин макола ба муаррифии яке аз асархои нодири шайх хаким Камолуддин Абулфазл Дубайш ибни Иброхим ибни Мухдммади Тифлисй "Баёну-с-синоот" бахшида шудааст. Дубайши Тифлисй (1121-1200/1204) адиб, табиб, хаким ва олими машхури форсу точик буда, дар пойтахти Салчукиёни Рум-шахри ^уния зиндагй ва эчод намудааст. У асархояшро ба забонхои форсй-точикй ва арабй менавишт ва аз осораш то ба имруз кариб 30 асар боки мондааст. Баъзе асархояшро Дубайш бо амри султон ^илич Арслони дуюм ибни Масъуд (11551192) ба забони форсй-точикй таълиф намудааст."Баёну-с-синоот" аз мухимтарин асархои илмии Дубайш буда, аз 20 боб иборат аст.
Муаллифи макола "Баёну-с-синоот"-ро тахкик карда, ба хулосае омадааст, ки ин асар дар тах;ик;и таърихи забони форсй-точикй, инъикоси масоили химияи амалй, техника, технологияи хунармандии точикон ва баъзе масъалахои мардумшиносии асри XII дар шумори мухимтарин сарчашмахои таърихист. Дар макола доир ба хар як боби асари мазкур ба таври мухтасар иттилоъ дода шуда, ахаммияти илмй ва амалии онхо зикр гардидааст.
Калидвожах,о: Дубайши Тифлисй, Клич Арслони дуюм ибни Масъуд, Куния, ".Баёну-с-синоот", асри XII, Осиёи Сагир, Эраци Афшор, О. Л. Вилчевский, Г. П. Михайлевич, шангарф кардан, шишаи обгинаи ситабри турунцй, кузаи фуцоу, гили уикмат, китобат, %унармандй, техникаи козурй, химияи амалй ва технологияи уунармандй, забони форсй-тоцикй.
ОСВЕЩЕНИЕ ПРИКЛАДНОЙ ХИМИИ И ТЕХНОЛОГИИ РЕМЕСЕЛ В "БАЁНУ-С-СИНООТ" ХУБАЙШ ТИФЛИСИ
Данная статья посвящена иследование одного из редких произведений Шейха Хакима Камалуддина Абульфазла Хубайша ибн Ибрагима ибн Мухаммада Тифлиси «Баяну-с-синоот». Хубайш Тифлиси (1121-1200 / 1204) был известным персидско-таджикским писателем, врачом, мудрецом и ученым, который жил и писал в столице малоазийские сельджуков Кунии. Он писал на персидско-таджикском и арабском языках, и на сегодняшний день известно около 30 его работ. Некоторые из его произведений были написаны на персидско-
таджикском языке по приказу султана Клича Арслана II ибн Мас'уда (1155-1192). "Баяну-с-синоот" является одним из важнейших научных трудов Хубайша и состоит из 20 глав.
Изучая "Баяну-с-синоот", автор приходит к выводу, что это один из важнейших исторических источников по истории персидско-таджикский язык, и по истории прикладной химии, таджикских ремесленных технологий и некоторых этнографических проблем XII века. В статье дается краткий обзор каждой главы работы и ее научного и практического значения.
Ключевые слова: Хубайш Тифлиси, Клыч Арслан II ибн Мас'уд, Куня, «Баяну-с-синоот», XII век, Малая Азия, Эрадж Афшар, О.Л. Вилчевский, Г.П. Михайлевич, получение киновари, трунджообразная глазурованная склянка, пивной кувшин, глина мудрости, надписи, прачечная техника, практическая химия и технология ремесел, персидско-таджикский язык.
COVERAGE OF APPLIED CHEMISTRY AND CRAFTS TECHNOLOGY IN "BAYONU-S-SINOOT" HUBAYISH TIFLISI
This article is devoted to the study of one of the rare works of Sheikh Hakim Kamaluddin Abulfazl Khubaysh ibn Ibrahim ibn Muhammad Tiflisi "Bayanu-s-sinoot". Khubayshi Tiflisi (1121-1200/1204) was a famous Persian-Tajik writer, doctor, sage and scientist who lived and wrote in the capital of Asia Minor Seljuk Kunii. He wrote in Persian-Tajik and Arabic, and today about 30 of his works are known. Some of his works were written in the Persian-Tajik language by order of Sultan Klich Arslan II ibn Mas'ud (1155-1192). "Bayanu-s-sinoot" is one of the most important scientific works of Khubaysh and consists of 20 chapters.
Studying "Bayana-s-sinoot", the author comes to the conclusion that it is one of the most important historical sources in the field of applied chemistry, Tajik handicraft technologies and some ethnographic problems of the 12th century. The article provides a brief overview of each chapter of the work and its scientific and practical implications.
Key words: Khubayshi Tiflisi, Qlych Arslan II ibn Mas'ud, Kunya, "Bayanu-s-sinoot", XII century, Asia Minor, Eradj Afshar, O. L. Vilchevsky, G.P. Mikhailevich, obtaining cinnabar, trunj-shaped glazed bottle, beer jug, clay of wisdom, inscriptions, laundry techniques, practical chemistry and technology of crafts, Persian-Tajik.
Сведения об авторе: Шарифзода Абдували К^урбоналй-кандидат исторических наук, заведующий отделом истории науки и техники Института истории, археологии и этнографии им А. Дониша НАН. Tel.: 900-55-75-75. E-mail: [email protected]
Information about the author: Sharifzoda Abduvali Qurbonali-сandidate of Historical Sciences, Head of the Department of History of Science and Technology of the A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography of the National Academy of Sciences. Tel.: 900-55-75-75. E-mail: [email protected]