Научная статья на тему 'ОРГАНИЗАЦИЯ ПЕРВЫХ МЕДИЦИНСКИХ УЧРЕЖДЕНИЙ НА ТЕРРИТОРИИ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 20-30 ГОДЫ XX ВЕКА'

ОРГАНИЗАЦИЯ ПЕРВЫХ МЕДИЦИНСКИХ УЧРЕЖДЕНИЙ НА ТЕРРИТОРИИ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 20-30 ГОДЫ XX ВЕКА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
38
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕДИЦИНА / БОЛЕЗНЬ / ЛЕЧЕНИЕ / ВЛАСТЬ / СОВЕТСКАЯ / УЧРЕЖДЕНИЕ / ВРАЧ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Махмадов Ибрагим Мирзошарипович

В данной статье автор рассматривает историю создания первых медицинских учреждений на территории Кулябского региона и связывает данный вопрос с образованием Советской власти в регионе. Автор отмечает, что до рассматриваемого времени на этих территориях отсутствовала любая форма современного здравоохранения. При этом регион был охвачен эпидемиями, которые не подавались традиционным методам лечения. За очень короткий срок силами приезжих врачей удалось победить многие эпидемические заболевания и создать современную медицину.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ORGANISATION OF FIRST MEDICINE SYSTEM ORGANIZATIONS KULYAB REGION IN THE 20-30 YEARS OF XX CENTURY

In this article author give attention to the history of creation medicine system in Kuliyab region and adapt it as a result of Soviet power factor. Author note that till mentioned period there was absent any form of contemporary medicine. Also in this period in region was widespread many epidemical deseases that could not cured by traditional form of treatment. During the short terms by the affort of outcoming doctors they sacsessed epidemical disises.

Текст научной работы на тему «ОРГАНИЗАЦИЯ ПЕРВЫХ МЕДИЦИНСКИХ УЧРЕЖДЕНИЙ НА ТЕРРИТОРИИ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 20-30 ГОДЫ XX ВЕКА»

THE HISTORY OF MINISTRY OF EDUCATION IN KUBADIYAN REGION IN 30th -40th OF ХХ CENTURY

The author in this article describes the history and improvement of ministry of education in Kubadiyan region during 30th-40th years of 4,4, century. Until October Revolution of 1917 Tajiks almost studying in Medrese. In 1928-1932 years in many regions and cities of Republic of Tajikistan were done a lot of differences in education sphere.

The author on a base of reliable resources and archive materials notes that in the first years of foundation Kubadiyan region were done a lot of powerful steps. There were built some schools and was built a building of ministry of education in Kubadiyan region.

Key words: School, education, improvement, perspective, the Republic of Tajikistan, Kubadiyan, medrese, plan, building, build, perspective, people, region, village, government, importance.

Сведения об авторе: Зубайдуллоев Саидджон Хайруллоевич-докторант исторического факультета Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни. Адрес: 734003. Республика Таджикистан, г. Душанбе, проспект Рудаки, 121. Телефон: (+992) 988-129078.

About the author: Zubaidulloev Saidgon Hairulloevich-Tajik State pedagogical University named after Sadriddin Aini-doctoral student of the historical faculty. Adress: 734003 Repudlic of Tajikistan, Dushanbe city, Rudaki Street 121 phonr: (+992) 988-129078.

УДК:61(09) (575. 34)

ТАЪСИСИ НАХУСТМУАССИСАХ,ОИ ТИББИИ МИНТАЦАИ КУЛОБ ДАР СОЛ^ОИ 20-30-ЮМИ АСРИ XX

МАХ, МАДОВ И.М.

Академияи идоракунии назди Президенти Ч умх, урии То ч икистон

Таърихи тибби минтакди Кулобро мавриди омузиш кдрор дода, онро аз вок;еах,ои сиёсии он давра чудо кардан гайриимкон аст.Зеро барпокунии Х,окимияти Шуравй ва сохтмони чомеаи сотсиалистй тамоми сох,ах,ои х,аёт аз чумла, сохди тибро низ дар бар мегирифт. Аз ин лих,оз, зарур шумори-дем, ки дар мак;олаи мазкур таърихи таъсиси муассисах,ои тиббиро аз давраи солх,ои 20-ум, яъне аз замони барпошавии Хркимияти Шуравй дар минтакаи Кулоб ба таври мухтасар баррасй намоем.

Барпо шудани Х,окимияти Шуравй дар Кулоб аз рузи 15-уми марти соли 1921 огоз мешавад. Дар ин руз полкх,ои 6-ум ва 52 -юми Армияи Сурх ба шах,ри Кулоб дохил шуда, онро зери тасарруфи худ даровард ва сохторх,ои х,окимияти махдллиро дар шах,ру нох,иях,ои атрофи он созмон

дод.

Соли 1923 аввалин интихоботи Шурои депутаткой халк;ии махаллии вилояти Кулоб гузаронда шуда, дар интихобот Кумитаи ичроияи хукума-ти вилоят интихоб гардид. Дар хайати Кумита шуъбаи тандурустии вило-ятй низ таъсис дода шуд. Дар ин давра дар минтакди Кулоб духтурони касбй ва муассисахои тиббй мавчуд набуданд.

Табибони касбй ба шахру нохияхои вилояти Кулоб асосан солхои би-стуми асри гузашта,бо таъсиси низоми шуравй омадаанд. Артиши Шуравй дар минтак;ах,ои сархадии Афгонистон гарнизонхои сархадй ташкил карданд, ки онхо дар хдйати худ бунгоххои тиббй доштанд ва дар онхо табибони касбии маълумотдор кор мекарданд ва ба мардуми махаллй низ кумаки тиббй мерасониданд [1,125-396].Баъд аз ташкил шудани Ч,умхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон соли 1924 ба хайати он минта^аи Кулоб хамчун вилоят дохил гардид.

Соли 1922 як к;исми Армияи Сурх дехаи Саричашмаро ба зери итоати худ дароварда, дар мавзеи Бахорак дидбонгохи худро ташкил кард. Бо мурури замон бинохои похсагини аз артиши Империяи Русия мондаро аз нав сохта, дар он чо мук;имй шуданд. Соли 1924 дар назди гарнизони хар-бии сархадй барои пешгирй, бак;айдгирй ва муоличаи беморони варача аввалин пойгохи тропикй сохта ба истифода дода шуд.

Соли 1924 барои Артиши Сурх соли нихоят вазнин омад. Дар вилояти Кулоб афсарону сарбозон ба беморихои сироятй, бахусус ба касалии варача гирифтор шуданд. Бо ^арори Комиссариати харбии Туркистон хамон сол ба вилояти Кулоб гурухи табибони касбй барои табобати бемо-рон ва пешгирии беморихои сирояткунанда фиристода шуданд. Онхо дар баробари табобату эмгузаронии афсарону сарбозони Артиши Сурх, мар-думи тахчоиро низ муолича карда, зидди беморихои сироятй эм мегузаро-ниданд.Пас аз поин омадани авчи эпидемияи беморихои сироятй табибони ба вилояти Кулоб омадаро ба бунгоххои тиббии амалкунанда ва аз нав ташкилшуда так;сим карданд.

Бо ма^сади ба рох мондани сиёсати ягонаи давлатй дар сохаи тиб, соли 1924 Комиссариати халк;й оид ба хифзи саломатй таъсис ёфт. Солхои 1925-1926 бори аввал дар байни ахолии Кулоб маъракаи эмкунй бар зидди беморихои сирояткунанда гузаронида шуд. Тамоми ин чорахо имкон до-данд, ки сатхи беморихои сирояткунанда 50% поён фароварда шаванд.

Соли 1926 дар шахри Кулоб аввалин беморхона бо 10 кат ва амбулатория сохта шуд ва мубориза бар зидди бемории варача огоз гардид, ки аввалин муборизон духтурони Артиши Сурх буданд. Худи хамон сол дар Кулоб пойгохи варача ташкил ёфт ва барои ташкили кори он ба ин минта^а экспедитсияи Институти тропикии Комиссариати халк;ии нигохдории тандурустии СССР бо сафари корй ташриф овард.

Бо ма^сади ба рох мондани сиёсати ягонаи давлатй дар сохаи тиб со-

ли 1924 Комиссариати халкй оид ба хифзи саломатй таъсис ёфт. Дар пой-тахти Точикистон-шахри Сталинобод Институти тропикй ва дар шахру нохияхои Кургонтеппа, Вахш, Фархор, Еарм ва дигар чойхо пойгоххо ташкил дода шуданд. Соли 1932 шумораи пойгоххо ба 20 адад расида, фаъолияти онхо тамоми нохияхои чумхуриро фаро гирифт [2].

То соли 1925 афсарону сарбозони беморро барои муолича ба бемори-стони харбии шахри Душанбе мефиристоданд. Шурои инкилобй ва Ко-миссарони полки 78-ум карор карданд, ки дар нохияи Шурообод биное барои беморхонаи харбй сохта, ба истифода дода шаванд, ки дорои 15 кат бошад. Дар ин беморхона табибони аз Русия омада ба муоличаи беморон машгул буданд. Дар мавридхои зарурй дар нуктаи тиббй ва беморхонаи хдрбй мардуми бемори ин минтака низ муолича карда мешуд.

Бо Кдрори Совети Комиссариати Халкии Точикистон (АССР) дар шахри Душанбе диспансери беморихои пусту зухравй ташкил карда шуд, ки аз мохи октябри соли 1928 ба фаъолият огоз кард ва он баъдтар ба Маркази чумхуриявии таълимию методй табдил дода шуд. Бо ёрии ин марказ солхои 30-юм дар шахрхои Кулоб, ^ургонтеппа, Панчакент ва Х,исор муассисахои дерматовенерологй ташкил карда шуданд [3].

Соли 1927 бо ташаббуси Кумитаи ичроияи Шурои депутатхои халкии нохияи Шурообод ва бо дастгирии Шурои депутатхои халкии вилояти Кулоб сохтмони бинои беморхонаи нохиявй сар шуд. Ин беморхонаро аз масолехи махаллй сохта, соли 1929 ба истифода доданд. Дар беморхонаи навбунёд табибони гарнизони Артиши Сурх ва табибони аз Русия омада кору фаъолият мекарданд.

Соли 1929 Точикистон аз чумхурии автономй дар хайати Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон ба Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон табдил дода шуд.Сарварони нави Ч,умхурии Точикистон мавчудияти макомоти вилояти Кулобро лозим надониста, онро бархам доданд. Шуъбаи вилоятии нигохдории тандурустй низ ихтисор шуд ва му-ассисахои тандурустии шахру нохияхои минтакаи Кулоб ба зери итоати Вазорати нигохдории тандурустии Точикистон гузаронида шуд.

Дар солхои сиюми асри гузашта бо карори Вазорати нигохдории тан-дурустии Точикистон дар тамоми нохияхо нуктахои тандурустии нохиявй таъсис гардиданд. Бо ташаббуси шуъбахои тандурустии нохияхо ва Вазо-рати нигохдории тандурустй дар нохияхои Колхозобод, Москва, Фархор ва Муъминобод беморхонахои нохиявй васеъ карда, катхои замонавй гу-зошта шуданд. Дар ин муддат дар минтакаи Кулоб 9 беморхонаи китъавй, 11 нуктахои клиникй, чор амбулатория ва 16 бунгохи тиббй сохта ба ис-тифода дода шуданд. Табибони зиёде бо тахсилоти миёна ба роххат аз Ру-сия ва дигар чумхурихои бародарй ба муассисахои тиббии минтакаи Кулоб фиристода шуданд.

Дар баробари дигар беморихо дар минтакаи Кулоб беморихои пуст

ба саломатии мардум зарари калон мерасониданд ва характери эпидемио-логй дошта, зуд пахн мешуданд. Ин беморихоро хануз пеш аз инкилоб олими рус Варигин мавриди тахкику омузиш карор дода буд. Соли 1916 М. А. Варигин дар мачаллаи даврии «Известия императорского географического общества» дар бораи иклими токатфарсо ва зисту зиндагонии мардуми ин диёр чунин навиштааст: «Табиат умуман носолим аст. Бухор ва буи гализи водихо ба баландихо мебарояд. Долати зидди санитарии халки махаллй, сохтмонхои бо хам пайваст ва хавливу аспхонахоро агар илова намоем, заминаи нихоят хуби инкишофи микробхо ва беморихои гуногун мебошад. Дар байни мардуми махаллй беморихои пуст-варачаи сар нихоят пахншуда, ки баъзан чарохати фасоди тамоми сарро ба хотир меорад»[4.780].

Аз ин ру, баъди омухтани вазъият дар минтака Комиссариати халкии тиббии Точикистон аз солхои 1929-1930 сар карда, хамасола ба минтакаи Кулоб экспедитсияи венерологиро равон мекард, ки дар шароити вазнин хизматрасонии табобатию профилактикй, санитарию эпидемиологиро мегузарониданд [5].

Соли 1930 дар шахри Кулоб хучраи дерматовенорологй кушода шуд, ки дар наздикии амбулаторияи шахрй карор дошт. Ин якумин хучраи дерматовенерологй дар минтакаи Кулоб ба хисоб рафта, бо хишти хом сохта шуда буд. Доло дар чояш Диспансери вилоятии беморихои рухии шахри Кулоб чойгир аст. Дар кушода шудани нуктаи зикршуда духтурони ин соха Г. Н. Пишугин ва И.П. Шугал сахмгузор буда, аз аввалин духтурони дерматовенеролог махсуб меёфтанд.Бо карори Комиссариати халкии тандурустии РСС Точикистон ва бо дастгирии Диспансери чумхуриявии беморихои пуст солхои 1929-1930 ба минтакаи Кулоб барои табобат ва пешгирии беморихои пуст ва зухравй гурухи духтурон ва хамширахои тиб фиристода шуданд [6. 90].

Азбаски дар минтакаи Кулоб беморихои пуст ва зухравй ру ба афзоиш доштанд, Дукумати Шуравй ва Вазорати нигохдории тандурустии РСС Точикистон лозим донистанд, ки дар ин чо Диспансери беморихои пуст ва зухравиро таъсис намоянд. Соли 1934 ин диспансер бо фармони Вазорати нигохдории тандурустии Точикистон кушода шуд ва сарварии ин муассиса ба зиммаи духтури ботачриба Эмиляр Загидович Бердияров вогузор гардид.Бо Фармони Комиссариати халкии нигохдории тандурустии РСС Точикистон аз 22-юми октябри соли 1929 ба нохияи Фархор ба Ч,амоати дехоти Дехкон-Арик аввалин духтури беморихои пусту зухравй барои хизматрасонии махсуси тиббй равона шуда буд [7].

Солхои 30-юми асри гузашта дар хамаи нохияхои минтакаи Кулоб нуктахои муоличавй ва пешгирии беморихои пуст ва зухравй кушода шуда бошанд хам, лекин ин намуди беморихо кам нашуданд. Барои назорати

бештар муоличаи беморон аз Маркази диспансери чумхуриявии беморихои пуст духтурони дерматовенеролог Лаврентев И. ва Гаший (солхои 1936-1941) сафарбар гардиданд.12-уми марти соли 1941 бо ^арори Вазорати нигохдории тандурустии Ч,умхурии Точикистон Беморхонаи вилоятии беморихои пуст ва зухравй ба кор шуруъ намуд, ки сарварии ин муассиса ба Эмиляр Загидович Бердияров вогузор карда шуд [8.92].

Соли 1929 дар шахри бостонии Кулоб аллакай 12 муассисаи табобатй ва дар дохили онхо шуъбахои чаррохй барои кудакон, шуъбахои табобати чашм, гуш, гулу, бинй, табобатхонахои беморихои пуст, сирояткунанда ва дилу гурда амал мекарданд. Ин имкон дод, ки бисёр беморихо дар шахри Кулоб ва нохияхои атрофи он пешгирй гардида, барои бехдошти сатхи саломатии мардум хизмат расонанд. Аммо ин танхо огози кор буд ва барои идома додани он барои чумхурй кадрхои баландихтисоси сохаи тиб лозим буданд, зеро дар ин давра табибон танхо аз Россия оварда мешуданд [9].

Солхои 1929-1930 дар шахру нохияхои Кулоб 2 беморхонаи дорои 50 кат амал мекард.Солхои 1930-1940 бошад марказхои тандурустй, муборизаи зидди варачаву чашмдард ва ёрии таъчилй, табобатгохи кудакон, маслихатгох барои занон, дар шурохои дехоти Дахана, Зиракй ва Зарбдор бунгоххои тандурустй кушода шуданд. Мохи январи соли 1929 дар шахри Кулоб нахустин дармонгохи дандон ва соли 1932 беморхонаи касалихои сил, пуст ва чашм ба кор огоз карданд (хар кадом 10-15 адад кат доштанд). Соли 1940 шумораи духтурон дар Кулоб ба 37 нафар, микдори катхои табобатхонахо ба 325 адад, катхои таваллудхона ба 50 адад, маслихатгох барои занон, бунгоххои кудакон ва амбулаторияхо ба 7 адад расид.Кормандони тиббии касбие, ки бо ^арори Шурои Туркистон фиристода шуда буданд, ба ин бунгоххо ба кор таъин шуданд. Дар тамоми нохияхои минтакаи Кулоб нуктаву шуъбахои зидди варача ташкил карда шуданд.Дар ин нуктаву шуъбахо табибон беморонро муолича мекарданд ба одамони солим эм мегузарониданд. Соли 1930 дар ин минтака дар асоси карори Шуъбаи тандурустии вилоят Пойгохи беморихои тропикй таъсис дода шуд. Мувофики маълумоти баъзе сарчашмахо сарварии ин истгохи тропикиро Миралй Набиев ба ухда дошт.

Масъалаи мухимме, ки хамаи сарварони Хукумати вилоят ва сохаи тандурустиро ба ташвиш оварда буд, ин шумораи зиёди фавти кудакон ва занони хомила хангоми таваллуд буд.Аксари занони хомила ба кабули табибхо намерафтанд. Корхои фахмондадихй ва таргиботй суст ба рох монда шуда буд. Аз ин лихоз, беморихои мубталошудаи занони хомила дар сари вакт муайян ва муолича карда намешуданд, ки ин ба вазнин гузаштани давраи хомиладорй сабаб мешуд.Аксари занони хомила ба чунин холати вазнин тоб наоварда, дар шароити хона, дар вакти таваллуд дучори марг мегаштанд. Бо максади ба халк наздик кардани

хизматрасонии тиббии занон, дар каламрави вилояти Кулоб микдори нуктахои тиббй-момодоягй ба 32 адад расонида шуд. Дар ин радиф дар се нохияи вилоят боз 3 нуктаи беморихои пуст ва зухравй ба истифода дода шуданд.

Фавти кудакон бахусус дар нохияхои Кулоб, Даштичум, Фархор, Ховалинг ва ^изил Мазор дар сатхи ташвишовар карор дошт. Соли 1940 дар Точикистон ба 1000 нафар 14 фавт рост меомад ва аз хар 1000 нафар кудаки навзод 106 нафар мефавтид [10.110]. Аксарияти ин ба нохияхои чанубии Точикистон аз он чумла, ба минтакаи Кулоб рост меомад. Далли ин вазифа дар мадди аввал меистод ва барои хамин тарбияи кадрхои махаллиро ба рох мондан зарур буд.

Солхои 30-юм ва 40-уми асри ХХ даврае буд, ки тибби муосир фаъолияти худро дар шах,ри Кулоб огоз карда буд.То ин давра дар худуди вилоят одатан табибони мардумй ба табобати ахолй машгул мешуданд. Ахаммияти бузургро дар рохи пешрафти илми тиб дар Точикистон таъсис додани Донишгохи тиббй дар шахри Сталинобод дошт. Аз ин хотир, соли 1939 дар пойтахти чумхурй шахри Душанбе, Донишгохи давлатии тиббй кушода шуд.Дар ин давра,инчунин техникумхои тиббии шах,рх,ои Душанбе, Хучанд, Конибодом ва Панчакент ба омода кардани мутахассисони сатхи миёнаи сохаи тиб шуруъ карданд [11].

Дар бунёдгузории сохаи тиб дар минтакахои чанубии Точикистон, сохтмони стансияхо ва тахкики беморихои сироятй сахми доктор Л.Ф. Парадоксов ва академик Е.Н.Павловский хеле калон буд. Академик Павловский Е.Н., ки сардори якчанд экспедитсияхои паразитологй буд, барномаи махсусеро тартиб дода, роххои асосии мубориза бар зидди бемории варача ва дигар беморихои сироятиро муайян намуд. Бо максади нест намудани ин беморй бо тавсияи Павловский Е.Н. ва Парадоксов Л.Ф. кулхо ва ботлокхо, ки дар онхо пашша ва магасхои пахнкунандаи бемории варача мезистанд, хушк карда шуданд ва дар атрофи онхо заминхои киштзор барои шинондани пахта ташкил шуданд. Дар бокимондаи кулхо мохичахои «гамбузия» парвариш гардиданд, ки онхо паша ва магасхоро мехурданд ва шумораи онхоро паст намуданд. Илова бар ин тавассути хдвопаймохо ба ин заминхо захрхои химиявй пошида мешуданд.

Масъалаи таъсиси аввалин муассисахои тиббии замонавй дар минтакаи Кулоб солхои 20-30-юми асри XX-ро чамъбаст намуда, боиси кайд аст, ки махз барпошавии Докимияти Шуравй ба таъсиси тиббии замонавй дар минтакаи Кулоб ва дар тамоми Точикистон гардид.

Яке аз аввалин шаклхои идоракунии сохаи тиб ин Сарраёсати тибби харбй буд, ки он 14-уми декабри соли 1917 таъсис ёфт ва баъдтар 11-уми июли соли 1918 дар дохили ин Сарраёсат Комиссариати халкии тандурустй ташкил шуд.Олими шинохтаи сохаи тиб Соловёв дар солхои 20-ум ба вазифаи комиссари Сарраёсати давлатии харбй-санитарй (ГВСУ)

таъйин гардид [12.348].Соли 1929 Комиссариати халкии тандурустй хамчун сохаи мустакили идоракунии тиббй ба кори худ огоз кард [13.404].

Бунёд ва рушди сохаи тиб дар шароити хеле душвор огоз гардид. Таъсис додани низоми тибби замонавй ба давраи чанги гражданй рост омад ва ин кори табибонро боз хам душвор мегардонд. Дар ин давра ба мукобили эпидемияхои беморихои танхо табибони алохидаи кисмхои харбй ба танхой мубориза мебурданд.Ибтидои солхои 30-юм системаи мукаммали сохаи тиб дар ин минтака ба кор шуруъ намуд. Таъсисёбии низоми тиб дар ин минтака бо ёрии мутахассисони рус ва дигар халкхои Шуравй амалй гардид, ин далели таърихиро набояд мавриди шубха карор дод.

АДАБИЁТ

1. Варигын М.А. Опыт описания Кулябского бекства, Петроград., Типография, М.М. Стаснолевича., 1916.-С.780.

2. Махмадов И. Аз таърихи пайдоиши аввалин муассисахои тиббии минтакаи Кулоб дар солхои 20-30-юми асри XX.

3. Исхокй Ю.Б., Таджиев Я.Т. Таърихи мухтасари тибби точик .-Душанбе 1993.-С.110 (127с.)

4. Рахматзода И., Рахматов А. Таърихи тиб ва табибони маъруфи минтакаи Кулоб, Душанбе, 2010, - С.125.- 396с.

5. Чикин С.Я. Врачи философы.- М., 1990.- С.348 (384 с.)

6. Чазов Е.И. 70-лет советской медицине.-М., 1987.- С.404 (512 с.)

7. Муассисаи Бойгонии давлатии шахри Кулоб ф-3, опис-7, д.т. 12. Л.16.

8. Фонд 86. оп1.дел.8 Л..2-16.

9. Фонд 86. оп1.дел.8 Л..18.

10. Аз сухбат бо сардухтури беморхонаи вилоятии шахри Кулоб оид ба беморихои пусту зухравй Муродов А.Р., мудири шуъба Нуриддинов А.С., (аз бойгонии шахсй) 8.04.2017.

11. Фонд 86. оп1.дел.8 Л..18.

12. Чикин С.Я. Врачи философы.- М., 1990.- С.348 (384 с.).

13. Чазов Е.И. 70-лет Советской медицине.-М., 1987.- С.404 (512 с.).

ТАЪСИСИ НАХУСТМУАССИСАХОИ ТИББИИ МИНТАКАИ КУЛОБ ДАР СОЛХ,ОИ 20-30-ЮМИ АСРИ XX

Дар ин макола муаллиф таърихи таъсиси нахустин муассисахои тиббй дар минтакаи Кулобро баррасй мекунад ва ин масъаларо бо ташкили Хркимияти Шуравй дар минтака мепайвандад.

Муаллиф кайд мекунад, ки он солхо беморхонахо ягон шакли хизматрасонии муосири тиббиро надоштанд. Х,амзамон, минтакаро эпидемия фаро гирифта буд, ки ба усулхои анъанавии табобат дода намешуданд.Дар як муддати кутох, духтурон тавонистанд, ки бисёр беморихои музминро табобат кунанд ва ба ин васила муассисахои тиббии муосирро таъсис диханд.

Калидвожахо: тиб, беморй, табобат, уокимият, Шуравй, муассиса, духтур.

ОРГАНИЗАЦИЯ ПЕРВЫХ МЕДИЦИНСКИХ УЧРЕЖДЕНИЙ НА ТЕРРИТОРИИ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 20-30 ГОДЫ XX ВЕКА

В данной статье автор рассматривает историю создания первых медицинских учреждений на территории Кулябского региона и связывает данный вопрос с образованием Советской власти в регионе.

Автор отмечает, что до рассматриваемого времени на этих территориях отсутствовала любая форма современного здравоохранения. При этом регион был охвачен эпидемиями, которые не подавались традиционным методам лечения. За очень короткий срок силами приезжих врачей удалось победить многие эпидемические заболевания и создать современную медицину.

Ключевые слова: медицина, болезнь, лечение, власть, Советская, учреждение, врач.

ORGANISATION OF FIRST MEDICINE SYSTEM ORGANIZATIONS KULYAB REGION IN THE 20-30 YEARS OF XX CENTURY

In this article author give attention to the history of creation medicine system in Kuliyab region and adapt it as a result of Soviet power factor.

Author note that till mentioned period there was absent any form of contemporary medicine. Also in this period in region was widespread many epidemical deseases that could not cured by traditional form of treatment. During the short terms by the affort of outcoming doctors they sacsessed epidemical disises.

Kew words: medicine, disease, treatment, power, Soviet, organisation, doctor.

Сведения об авторе: Махмадов Ибрагим Мирзошарипович-старший преповадатель кафедры социально-гуманитарных наук Академии управления при Президенте Республики Таджикистан. Телефоны:(+992) 93-5929878, (+992) 987-929878 E-mail:mim-1212@mail.ru

Information about the author: Makhmadov Ibrahim Mirzosharipovich-senior teacher of the Department of Social Sciences and Humanities of the Presidential Administration Academy Republic of Tajikistan.Phone:(+992)93-5929878, (+992) 987-929878 E-mail:mim-1212@mail.ru

УДК: 63 (575.32) (09)

ИЗ ИСТОРИИ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА ГБАО В КОНЦЕ 40-Х-50-ГГ.

БАДАВЛАТОВА Р. Б.

Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни

В суровые годы Великой Отечественной войны колхозы Горного Бадахшана внесли свой вклад в общенародное дело борьбы с немецко-фашистскими захватчиками. Несмотря на трудности, связанные с уходом многих колхозников на фронт и сокращением завоза сельскохозяйственной техники, они успешно выполняли государственные планы развития сельского хозяйства и неоднократно становились победителями социалистического соревнования.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.