ТАШАККУЛ ВА РУШДИ АЛОЦАИ ПОЧТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОНИ Ч,УМХ,УРИИ ТО^ИКИСТОН (сол^ои 1930-1980)
БУРБОНОВ М. М., АЛИМОВ Д. Х., Донишгох,и давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Калимаи «почта» аз «ройа»-и полякй гирифта шуда, ба забонхои мардуми кишвархои собик Шуравй ворид гардидааст, ки маънои хизматрасонй ба ахолй, яъне конеъгардонии талаботи онхо ба хабару гузоришхо, дастраскунии муросилоти вориду содиршавандаро дорад.
Дар Рими кадим солхои 200 то мелод воситаи огохкунии алокаи почта оташ буд, ки он ба дигаргунсозии алока мусоидат намуд ва барои фаврй расонидани хабархо ахаммияти хос дошт [12, 9].
Мувофики маълумоти ба даст омада ва сарчашмахои давраи хукмронии Сомонй, набераи у Насри II (солхои 914-943) дар инкишофи соха накши бузург бозидааст. Замони салтанати Насри II дар атрофи Регистони Бухоро дах бинои бузург сохта шуд, ки дар хар кадоми онхо девонхо - идорахои марказй чой гирифтанд ва яке аз он Девони сохиб-ул-барид идораи алока буд [13,112]. Маълумоти парокандаи сарчашмахо ва тахлили онхо имконият медиханд, бигуем, ки почта дар инкишофи чомеа ва пойдор гаштани марказхои сиёсй баробар ахамият доштааст.
Солхои 1837-1869 дар кишвархои собик Иттиходи Шуравй, аз чумла, Осиёи Миёна, шахрхои сорили Балтика, Закавказия ба хизматрасонии алокаи почта таваччухи хоса дода мешуд [12,10]. Соли 1866 пахншавй ва инкишофи почта дар хама мавзеъхои ахолинишини шахру нохияхои номбаршуда, ки кад-кади роххои муросилотй чойгир буданд, суръат гирифт. Инкишофи сохаи алока, дар мачмуъ, дар худуди Осиёи Миёна аз хамин даврахо огоз ёфтааст, ки он соли 1922 пурра мегардад [13,199].
Аввалин воситаву таблиги сохди алока бо хар гуна роххои ибтидой, яъне дилежансхо ба рох монда мешуд. Дилежансхо бори аввал дар Англия солхои 1600 пайдо мешаванд, ки онхо ба мисли фойтунхои хозира буданд.
Яке аз омилхои мусбии хамрохшавии Осиёи Миёна ба Русия ин ташкил ва огох намудани хидмати почтавй мебошад. Дар каламрави генерал-губернатории Туркистон округи телеграфй-почтавии кишвари Туркистон таъсис дода шуд. Аммо дар даврахои аввал алокаи почта ба кушунхо, намояндагони буржуазияи рус ва одамони бойи махаллй хизмат мерасонид. Баъдтар ба ахолии шахрхо имконияти истифодаи алокаи почта дода шуд. Соли 1865 дар Хучанд нахустин шуъбаи почта кушода шуд.
Барои кашонидани мактубхои почтавй нукархо ва мухофизон дар хар
бекигарй бо шумораи аз 200 то 300 нафар бо унвони каровулбегй мавчуд буд. Дар байни онхо хизматчиёни хурд, яъне саисон низ буданд. Дар назди хар як амлокдор 10-20 нафар нукар барои кашонидани почта мавчуд буд, ки онхо мактубхои почтавиро аз номи бек ба амир мерасониданд.
Аввалин шохрохи почтавй дар каламрави Точикистони имруза соли 1866 байни Хучанд ва Тошканд кушода шуд. Мохи марти соли 1867 аввалин хабаррасонии почтавй байни Хучанд ва Нов, Уротеппа ва Ч,иззах, охири соли 1868 ин амал то шахри Самарканд расонида шуд [10,123].
Ба кормандони почта ичозат дода шуда буд,ки дар вакти зарурй ба воситаи оксаколон аз кишлоки наздиктарин шумораи муайяни аспхо, уштурхо ва аробахоро барои кашонидани бори почта гиранд. Баъзе истгоххо ва шохроххои почта аз хисоби бойхои махаллй ва оксаколон нигохубин карда мешуданд ва онхо бо губернатори харбй шартнома мебастанд.
Мухлати дастрас намудани муросилоти почта аз Точикистон то Москва 42 шабонаруз, то Узбекистон 12 шабонаруз, то ^азокистон -Алмаато 16 шабонаруз буд, лекин почтаи сайёр он давра тамоман вучуд надошт, ки онро дар ташкилоту муассисахои хдрбй то солхои 1986 -1890 хамчун почтаи сахрой медонистанд [12, 9].
То хамрохшавии Осиёи Миёна ба Русия дар каламрави васеи вай кариб, ки воситахои алока мавчуд набуданд. Бо роххои аз назди чойхои зичи ахолй саворагон бо фармонхои хонхо ва хукуматдорон харакат менамуданд.
Гарчанде куттихои почтавй аз хисоби ахолии тахчой маблаггузорй мешуд, аммо халк аз ин намуди алока истифода бурда наметавонист. Х,амаи шабакаи почтавй ба хукмронони марказй итоат менамуданд.
Солхои 1900 муносибатхои нави чамъиятиву сиёсй, тараккиёти воситахои истехсолй дар худуди Осиёи Миёна тагйир меёбанд.
Яке аз мавзеъхои акибмондаи аморат ин Бухорои Шаркй буд ва ахолии он дар бораи почта ягон маълумот надоштанд. Танхо соли 1913 дар кишлоки Саройкамар (нохияи Панч) нахустин шуъбаи почта кушода шуд. Х,амин тарик, як шуъбаи почта дар каламрави 130 хазор километр мураббаъ ва ахолии беш аз 600 хазор ахолй рост меомад [1,13].
Пештар муросилоти почта тавассути велосипед амалй мегардид. Баъдан велосипед яке аз воситахои асосии интиколи почта шуд. Дар багочдони велосипед куттии почтаро чойгир мекарданд, ки хангоми дар мавзеъхои ахолинишин пайдо гаштани он мардум мефахмид, ки ба касе навиштае омадааст ва дар навбати худ онхо метавонанд мактубхои худро бо ёрии велосипед дастраси сурога намоянд. Х,амин тавр, фаъолияти сохаи алока аз почта огоз шуд.
Х,амин тарик, агар то инкилоби Октябр (соли 1917) дар мавзеъхои
марказии Аморати Бухоро ва нохияхои шимоли Точикистони имруза алокаи телеграфй инкишоф ёфта бошад хам, дар Бухорои Шаркй ягон километр хатхои телеграфй ва телефонй вучуд надоштанд.
Пеш аз инкилоб дар каламрави Точикистон алокаи почта умуман вучуд надошт. Танхо баъди галабаи Инкилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ва дар Точикистон барпо гардидани Хокимияти Шуравй мехнаткашони точик дар бораи чй будани алокаи почта тасаввурот пайдо карданд [2].
Инак, аввалин бор дар таърихи халки точик мохи июни соли 1922 экспедитсияи почтаи харбй ташкил карда шуд, ки вай хам ба кисмхои харбй ва хам ба ахолй хизмат мекард.
Дар аморати Бухоро то инкилоби Октябр барои 3 миллион нафар ахолй хамагй 10 муассисаи алока ва 10 куттии почтавй вучуд дошт. Техни-каи алокаи почта сода буда, наклиёти бурдани почта асосан аз хисоби хайвоноти боркаш буд.
Дар солхои чанги шахрвандии 1920-1926 вазифаи асосии алокачиёни Чумхурии Халкии Шуравии Бухоро (Ч,ХШБ) аз он иборат буд, ки воситахои алокаи мавчудбударо аз босмачиён мухофизат намоянд. Чунки босмачиён тез-тез хучум намуда, барои сохтмони хаёти маданй ва хочагидории нав халал мерасониданд.
Баъди таъсисёбии ЧДШБ дар назди Назорати халкии (комиссариат) корхои дохилии чумхурй, Комиссариати алокаи халкй таъсис дода шуд. Дар назди шуъбаи алокаи халкй Раёсати наклиёти почта таъсис дода шуд, ки вазифаи вай ташкил ва кашонидани почта дар Бухорои Шаркй буд.
Аз хамин вакт таърихи воситахои алокаи почта дар Бухорои Шаркй (Точикистони имруза) огоз мегардад.
Бо баркарор гардидани Хокимияти Шуравй дар каламрави Бухорои Шаркй талабот дар бораи хизмати воситахои алока барои муассисахои давлатй ва коргару дехкон афзуд.
Мохи апрели соли 1922 дар Бухорои нав чаласа дар бораи ташкил ва мухайё кардани воситахои алока дар каламрави Бухорои Шаркй шуда гузашт [1,16]. Ч,аласаро сардори поезди 1-уми алока И.А. Слегфокт ва ко-миссари поезд П.С. Аллилуев гузарониданд. Дар чаласа аъзоёни Реввоенсовет иштирок намуданд.Иштирокчии ин чаласа яке аз ташкилкунандагони алокаи почта дар Точикистон Павличев В.А. буд. Бо карори Реввоенсовети фронт ва Хукумати ЧДШБ Раёсати алокаи харбй-халкй таъсис дода шуд, ки ба Нозирот (Комиссариат) итоат менамуд.
Соли 1922 маркаи почтавии Чумхурии Халкии Шуравии Хоразм (ЧДШХ) бо арзиши 5 хазор рубл барои мактубхои одй ва 10 хазор рубл барои мактубхои супоришй бароварда шуда буданд.Ин маркахои почтавй танхо дар дохили Ч,ХШ Хоразм истифода бурда мешуданд.
Барои кашондани почта ва рузномаву мачаллахо поезду мошин ва самолёт хамачониба истифода бурда мешавад. Почтаро дар хамаи роххои дохиливилоятй ва байнинохиявй, гайр аз махалхои рохашон душворгузар, бо наклиёти автомобилй мекашонанд. Мошинхои почтакашон холо дар як сол беш аз 15 миллион километр рохро тай мекунанд. Х,ачми бо самолёт кашондани почта аз 0,5 тоннаи соли 1924 холо ба 5,5 хазор тонна расида-аст [4, 5].
Ибтидои интишори матбуот дар чумхурй ба соли 1924, яъне соли ташкилёбии Ч,МШС Точикистон рост меояд.
Х,оло алокаи почтавй воситаи алокаи дастрастарин гардида, накши он дар кори иктисодй ва маданию маърифатй афзудааст.
Бо фармони Комиссариати хал кии Бухорои Шаркй 10 сентябри соли 1923 хатти харакати почтаи ^аршй - Еузор - Душанбе ба масофаи 340 км ташкил карда шуда ва барои кашонидани бори почта 201 cap маркаб, 250 cap асп ва 54 cap уштур вобаста гардида буданд.
Дар аввали соли 1923 аз ^аршй то Душанбе дар масофаи 340 километр рохи почтагарди аспй ташкил ёфт. Дар хамон вакт сардори ин рохи алока Н.М. Тихомиров буд. 10 сентябри соли 1923 харакати мунтазами почта cap шуд. Дар Душанбе, Кулоб ва ^ургонтеппа се муассисаи харбии почта ба кор cap кард, ки онхо постхои сайёри ракамхои 10, 11 ва 12 номида мешу-данд [14,10-12]. Дар ин шохрох хамагй 13 истгохи аспй-почтавй буд, ки дар мавзеъхои Киршох, Танги Хурам, Дарбанд, Бойсун, ^аротог ва Душанбе чойгир буданд. Сардори шохрохи почта Тихомиров Н.М. буд.
Дар Душанбе дар хайати чор кас Раёсати китъаи наклиётии ^аршй -Душанбе ва дар хайати 23 нафар истгохи почта - наклиёт ташкил карда шуда буданд. Дар хамон вакт ба ихтиёри ин муассисахои алока 20 cap асп, 25 cap шутур ва 100 cap маркаб дода шуда буд. Дар як вакт дар байни Душанбе ва марказхои вилоятй алокаи почта баркарор карда, ду маротиба дар як мох ба воситаи хаткашонхои махсус мактубхои мехнаткашон ва хуччатхои идоравй ба шахри Душанбе оварда мешуданд.
Соли 1924 дар ш. Душанбе аввалин шуъбаи почта ташкил карда шуд, ки вай 7 нафар коркунони штатй дошт. Баъд хамин гуна шуъба дар шахри Кулоб ташкил ёфт. Почтаи шахри Душанбе дар хонаи похсагин чой гирифта, ягон асбобу анчом ва тачхизот надоштДатъи назар аз душворихои зиёде, шуъбаи почтаи шахри Душанбе минбаъд ба маркази тамоми кори алокаи Точикистон мубаддал гашт. Дар хамон вакт як муассисаи алока ба 60 хазор километри мураббаъ ва ба 350 хазор нафар ахолй рост меомад ва бо сабаби зиёд шудани хачми кор дар мохи майи соли 1925 дар пояи почтаи Душанбе идораи почтаю телеграф барпо карда шуд. Баъдтар дар Саройкамар, Гарм ва Х,исор шуъбахои алокаи почтаю телеграф ва дар Ч,иликул, ^ургонтеппа, Файзобод ва ^аратог агентихои гайриштатии почтаю телеграф ташкил карда шуданд.
Соли 1924 дар Ч,ХШБ аввалин маркахои почтавй бо расмхои гуногун бо арзиши 1,3,5,10,15,25,50 и 75 рубл бароварда шуда буд.
То охири соли 1924 дар шахри Куло6 боз як шуъбаи алокаи почта кушода шуд [1, 20]. Х,амин тарик, дар соли 1924 дар каламрави Ч,МШС Точикистон хамагй ду муассисаи алокаи почта вучуд дошт. Х,ар яки он ба зиёда аз 300 хазор нафар ахолй хизмат мерасонид.
Мохи майи соли 1925 шуъбахои алокаи почтавй-телеграфй дар нохияхои Саройкамар, Панч, Fаpм ва Х,исор кушода шуданд. Дар нохияхои Ч,иликул, ^ypFOнтеппа, Файзобод, ^аpатоF, Помир (МypFоб) ва дигар мавзеъхо агентихои Fайpиштатии почтавй-телеграфй таъсис дода шуд [8,73].
Дар охири соли 1925 хатти авиатсионии Душанбе - Кировобод - Кулоб кушода шуд. 18 апрели соли 1925 карори Ревкоми Ч,МШС Точикистон «Дар бораи бехтар намудани пахнкунии матбуот» баромад ва бо максади ба тамоми каламрави чумхурй пахн намудани матбуоти даврй, бурда расонидани он ба зиммаи кормандони милиса,комитетхои ичроияи махаллй ва пахнкунандахои инфиродии матбуот гузошта шуда буд [12,10].
Соли 1925 барои кашондани бори почта ба самтхои Душанбе-Кулоб, Душанбе-Сарой Камар, Душанбе-Ленинобод аз тайёра ва чархболхо истифода бурда мешуд. Худи хамон сол барои тараккиёти почта дар Чумхурии Точикистон корхои зиёде ба анчом расонида шуд. Aввалин хаткашон ба фаъолият шуруъ намуд [15,24]. Aз охири соли 1925 самолёту алока, ки «Добнаклиёт» дар рохи хавоии Душанбе - Саройкамар - Кулоб истифода бурда мешуд [2].
Почтаи аввалин дар Чумхурии Точикистон пас аз як мохи ташкилёбии Ч,МШС Точикистон ба фаъолият OFOЗ кардааст. Дар асоси карори Ревкоми Ч,МШС Точикистон аз 22 марти соли 1926 «Дар бораи ташкил намудани алокаи почта» шохроххои нави почтавии Душанбе -Колхозобод - Кировобод - Кулоб (масофааш 408 км) кушода шуд [1,22].
Мохи майи соли 1928 дар Хонаи дехкони шахри Душанбе Aнчyмани умумиточикистонии коркунони алока барпо гардидАнчуман муваффа^иятхои инкишофи алокаро чамъбаст карда ва вазифахои минбаъдаро муайян намуд. Дар ин вакт дар чумхурй 39 муассисаи алока кор мекард [2].
Бо максади ичроиши карори Ревком оид ба рушди минбаъдаи воситахои алока ва ташкил намудани роххои аники алокаи мунтазам 1 январи соли 1926 дар пойтахти Точикистони Шуравй дар пояи идораи почтавй-телеграфй, идораи почтавй-телеграфии Душанбе кушода шуд. Ба ин муассиса тамоми корхонахои алокаи чумхурй итоат мекард.Худи хамон сол вазифаи вакили округи алокаи Комиссариати халкии Шуравии Ч,МШС Точикистон таъсис дода шуд.
Округи алокаи Осиёи Миёна барои баркарор намудани воситахои
алока дар Точикистон 210 хаз. рубл чудо намуд, ки аз ин 70 хаз. рубл барои рушди алокаи почта чудо карда шуда буд. Гайр аз ин, аз тарафи идораи харбй 100 хаз. рубл барои баркароршавии алока чудо карда шуд [1,23].
Барои бехтар намудани кашонидани почта ва баркарор намудани алокаи байни нохияву чамоатхо ва алокаи онхо бо мавзеъхои серодам барои хафтае 2-3 маротиба алока баркарор кардан шохроххои почтавии зерин: Душанбе - Файзобод - Гарм, Файзобод - Кангурт, Ч,иликул -Бандар, Саройкамар-Кулоб, Саройкамар - Бандар рох,андозй карда шуданд.
Байни Тирмиз ва Саройкамар почта ба воситаи каик (бо роххои обии Амударё) кашонида мешуд. Почта мунтазам хафтае 2 маротиба равон карда мешуд. Дар бинохои шуъбахои почтавй-телеграфии нохияхои Саройкамар, Ч,иликул ва дигар нохияхо таъмири асосй гузаронида шуд.
Муассисахои алока дар чунин нохияву вилоятхои Ч,МШС Точикистон вучуд доштанд: шуъбахои почтавй-телеграфй дар маркази вилояту нохияхои Кулоб, ^ургонтеппа, Ч,иликул, Саройкамар, намояндагихои почтавй-телеграфй дар нохияхои Файзобод, Кангурт ва ^аратог, штатхои намояндагихои почтавй дар нохияхои Ховалинг, Балчувон, Муъминобод, ^изилмазор, Чубек, Фархор, Уялй, ^убодиён ва якто дар назди КИМ-и шахри Душанбе [16,15].
Хаткашонхои дехотй хамаи мактуб ва муросилотро кабул намуда, ба фуруши маркаву лифофахо машгул буда, почтаро мекашониданд. Дар округи Душанбе 9 нафар хаткашони дехотии аспсавор мавчуд буданд, ки онхо хафтае як маротиба ба минтакахои зерин хизмат мерасониданд: Душанбе - Ёвон, Кулоб - Ховалинг, Ховалинг - Кангурт, Кангурт -^изилмазор - Кулоб, Кулоб - Фархор, Чиликул - ^убодиён, Саройкамар -Фархор.
Солхои 1927-1928 харакати почта аз руйи чадвали муайян ба рох монда шуда буд, шохроххои нави алокаи Хоруг - Мургоб ва Душанбе -Кулоб кушода шуданд [16, 28].
Мохи июни соли 1928 дар пойтахти Точикистони Шуравй дар Хонаи дехкон Анчумани умумиточикии алокачиёни округи Душанбе шуда гузашт. Соли 1928 почта бо шохрохи Душанбе - ^ургонтеппа хафтае 2 маротиба ба воситаи уштур равон карда мешуд.
Мохи октябри соли 1929 сохтмони бинохои идории шуъбахои алокаи почта дар нохияхои Гарм, Кулоб, Саройкамар ва дигар мавзеъхо огоз гардид. Мувофики накша дар солхои 1928-1929 барои сохтмони бинохои идоравии шуъбахои алока 550 хазор рубл чудо карда шуда буд [6,27].
Соли 1929 хаткашони идораи алокаи округи Душанбе Очилов Истам зимистон хангоми кашонидани почта дар шохрохи Душанбе-^ургонтеппа дар агба гарчанде харду пояшро сармо зада бошад хам,
аммо почтаро напартофта ба чойи муайян расонид.
Сохтмони рохи охани Термиз - Душанбе, ки соли 1929 ба анчом расид, дар рохи таракдиёти воситахои алока накши хело хам калон бозид.
Яке аз нахустин поягузорони алокаи почта дар водии Вахш Павел Семенович Середин буд, ки соли 1929 сардори идораи алокаи ^ургонтеппа шуда кор мекард. Барои мехнати бенуксон бо ордени Ленин сарфароз гардида буд [18,5].
Соли 1929, яъне дар соли ташкил ёфтани Ч,ШС Точикистон, дар чумхурй 46 муассисаи алокаи почтавй вучуд дошт ва адади онхо баъдтар ба 800-то расидааст ва минбаъд боз хам меафзояд.
Мохи октябри соли 1930 дар хайати 10 нафар Раёсати алокаи чумхурй таъсис ёфт, ки ба он 27 шуъбаи алокаи нохиявй дохил гардид. Ноябри хамон сол Анчумани 1-уми коркунони алокаи чумхурй барпо шуд, ки он вазифахои асосии сохаи алокаро муайян карда дар тараккиёти ин соха накши муайян бозид [12,11].
Соли 1930 мунтазам пояи моддию техникии алокаи почта дар чумхурй ва вилояти Хатлон бехтар мегардид. Дар солхои панчсолаи якум (солхои 1928-1932) 10 бинои муассисаи идоравии почта сохта шуда буд, ки 7-тои он дар дехот чойгир буданд. Дар вилояти Хатлон барои кашонидани почта хатхои хавоии Душанбе - ^ургонтеппа - Кулоб васеъ истифода бурда мешуд. Солхои панчсолаи якум нахустин бор дар вилояти Хатлон почта ба воситаи автомашина бо шохрохи Душанбе - ^ургонтеппа -Саройкамар кашонида шуд.
Алокачиёни вилояти Хатлон солхои 30-юм ба сохтмони зарбдори шабакаи обёрии Вахш хизмати бенуксон расониданд.
Соли 1938 дар Хатлони имруза як шуъбаи алокаи почта буд, инчунин дар нохияи Вахш хам шуъбаи алокаи почта буд, ки онхо филиалхои марказй хисоб меёфтанд. Дар нохияи Шахритус ва маркази маъмурии Кулоб шуъбаи алокаи почта мавчуд буд.
Соли 1940 Раёсати алокаи Точикистон ба Раёсати ваколатдори Комиссариати халкии алокаи ИЧ,ШС дар назди Шурои Вазирони Ч,ШС Точикистон табдил дода шуд [1, 35].
Ч,анги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 ба алокачиёни чумхурй мушкилот ва талаботи зиёдро пеш овард. Бо даъвати Хукумати кишвар алокачиён хамаи корхои почтавиро ба рохи харбй мутобик гардониданд, то ин ки галаба бар душман тезтар ба даст ояд.
Дар бисёр шахру нохияхои кишвар мактубхову муросилот аз куттихои почтавй рузе 3-4 маротиба гирифта шуда, очилан ба сурогахо ирсол карда мешуданд. Диккати махсус ба кисмхо ва госпиталхои харбй дода мешуд. Танхо дар соли 1943 зиёда 10 хазор равонахои (посилкахо) солинавии тухфадор ба чанговарони чабхахо равон карда
шуда буданд.
Дар рафти Ч,анги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 алокачиёни чумхурй ватандустии олй нишон дода, тахти шиори "Хама барои чабха, хама барои галаба!" гайрат намуда, аз субх то шом дар чойхои кории худ мехнати босамар менамуданд.Масалан, хаткашонхои идораи алокаи шахри ^ургонтеппа Курносова М.С., Обуденова А.Л., Вихватен П.И. ва дигарон ба се - чор кучахо хизмат мерасониданд.
Аз огози Чанги Бузурги Ватанй то 1-уми январи соли 1944 аз идораи алокачиёни чумхурй ба чабха барои химояи Ватан 1150 нафар сафарбар карда шуда буданд, ки аз идораи алокаи шахри ^ургонтеппа хаткашонхо Азимов С., Сабуров Ш., ба навъ чудокунандахо Хусейнов П., Муродов Ч,. ва дигарон ба таври ихтиёрй ба чабха рафта буданд. Дар замони чанг 16 муассисаи алока ба таври иловагй кушода шуд. То охири соли 1945 шумораи онхо ба 279 адад расид [12,11].
Соли 1964 дар чумхурй 3147 куттии почта вучуд дошт, ки ин соли 1953 хамагй 940 куттй буд, аз инхо дар дехот шумораи кутти почта аз 563 то ба 2130 адад расид. Нисбат ба солхои 1925-1926 шумораи куттихои почта 253 маротиба афзуд [5, 25].
Минбаъд сохаи алокаи почта хеле тараккй кард. Микдори муроси-лоти он соли 1965 ба 26 миллион адад расид. Солхои 1965-1970 бошад 169 шуъбаи нави алокаи почта кушода шуд [5,26].
Дар солхои баъдичангй сохтмони 15 адад бинои идораи алока ва 18 адад шуъбахои алока дар нохияву мавзеъхои зерин: Куйбишев, Дангара, Регар, Москва, Ленин, дар дехоти Носири Хусрав, Гумбулок, Навобод ва дигар мавзеъхо сохта ба истифода дода шуданд. Соли 1965 хар руз аз почтамти шахри Душанбе бо автомашинахои махсуси почта ба воситаи шохроххои Душанбе - ^ургонтеппа, Душанбе- Орчоникидзеобод - Норак ба масофаи 6500 км почта равон карда мешуд, масофаи умумй бошад 3776,0 хаз. км - ро ташкил медод.
Мошинахои нимавтоматии штемпелй дар шуъбахои алокаи шахрхои ^ургонтеппа, Кулоб ва дигар шахру нохияхо насб карда шуданд. Дар кори фаъолонаи хизмати почта дар чумхурй тачрибаи пешкадами бригадири хаткашонхои Шуъбаи алокаи шахри Кулоб Лоиков С. ва дигарон добили к;айд аст.
То соли 1970 иловатан 240 шуъбаи алока дар назди раёсати колхозхо ва дар махаллахои калону хурд кушода шуда буданд. Шумораи муассисахои алокаи почта ба сари 10 хазор ахолй бо нишондоди 1,8 дар соли 1964 то ба 2,2 то соли 1970 афзуд. То соли 1970 дар хама чойхо хаткашонхои колхозй бо хаткашонхои штатии Вазорати алока иваз карда шуданд. Дар хар як махаллаи ахолинишини 15-20 хавлидошта куттии почтавй барои мактубхо гузошта шуданд [1,138].
Дар асоси накшаи рушди панчсолаи хафтум (солхои 1966-1970) сохтмони хозиразамони намунавии алока дар шахрхои Кулоб, ^ургонтеппа, Панч, инчунин дар маркази нохияхои Восеъ, Колхозобод, Шахритус ва дигар нохияхо ба анчом расонида шуданд. Маблаггузории умумй барои рушди алокаи почта дар панчсола 4226,0 хаз. рублро ташкил медод [3,2-3].
Дар ин солхо дар бисёр шуъбахои алокаи мошинахои нимавтоматии мактубчудокунандаи тамгаи МСП-66, ки дар як соат 3000 мактубро дар 184 самт чудо мекунад, насб карда шуданд.
Дар муассисахои алокаи вилояти Хатлон 50 мошинаи электромеханикии «Онега-3» барои автоматикунонии хамаи амалиёти молиявй дар шуъбахои почтавй-телеграфии алока гузошта шуданд. Шумораи шабакахои алокаи почта аз 583 адади соли 1970 ба 883 адад дар соли 1980 расонида шуд, ки ин 1,5 маротиба афзудани онро нишон медихад.
Махсулоти алокаи почта дар солхои 1971-1980 дар хачми 50% боло рафта, мубодилаи мукотиботи хаттй ба 52 млн. дона афзуд.
Дар давоми солхои 1953 - 1963 дар чумхурй 110 муассисаи нави алока кушода шуд. Дар соли 1963 394 муассисаи алока, аз чумла дар кишлокчойхо 266 почта ва 2850 куттии почтагй мавчуд буд [2].
То 1 январи соли 1984 дар муассисахои алокаи кишвар 5900 нафар коргар мавчуд буд.1863 нафар коргарони алокаи кишвар барои гирифтани номи зарбдори мехнати коммунистй сазовор гардиданд.
Солхои 80-ум 30 бинои бисёрошёнаи идора, шуъбахои алокаи шахру нохияхо, аз он чумла дар Хучанд, Восеъ ва гайра бунёд гардиданд. Аз хисоби маблагхои вазорату идорахои дигар дар Ёвон, Норак ва гайра бинохои нав сохта шуданд [18, 5].
Хамин тавр, яке аз омилхои мусбии хизмати почтавй ин хамрохшавии Осиёи Миёна ба Русия буда, округи телеграфй-почтавии кишвари Туркистон низ хамон давра таъсис дода шуд. Хамин тарик, бояд кайд намуд, ки почта дар минтакаи тахкикшаванда бо мушкилотхои зиёде рушд намуд. Аз чумла, набудани роххои аспгузару маркабгузар, инчунин тамоман вучуд надоштани роххои автомобилгард ба пешравии почта монеахо пайдо намуданд.
Хулоса рушди хизмати почтавй ба пешрафти хамаи сохахои минтакаи тахкикшаванда таъсири мусбй расонида, барои рушду нумуи вилоят шароити мусоид фарохам овард.
АДАБИЁТ
1. Кабиров Х. Развитие средств связи в Таджикистане. - Душанбе: Ирфон, 1965. - 152 с.
2. Кабиров Д. Дар хизмати ахолй // Точикистони Советй. - 1964. - 3 дек.
3. Мукотиба бо КМ ДК Точикистон, Шурои Вазирон ва Вазорати алока оиди фаъолияти асосй дар солхои 1966-1970 // БМД Ч,Т. - Ф.369. - Р.11. - П.1. - В.1-25.
4. Попов Д. Бубин тафовути рох // Агитатори Точикистон. - 1987. - №12. - С.5-7.
5. Фармонхо ва карорхои Вазорати алока дар солхои 1964-1965 // БМД Ч,Т. - Ф.369. -Р.2. - П.8. - В.25.
6. Фармонхо ва карорхои Вазорати алока дар соли 1929 // БМД Ч,Т. - Ф.369. - Р.2. -П.10. - В.27.
7. Фармонхо ва карорхои Вазорати алока дар соли 1929 // БМД Ч,Т. - Ф.369. - Р.2. -П.10. - В.31.
8. Фармонхо ва карорхои Вазорати алока // БМД Ч,Т. - Ф.369. - Р.2. - П.10. - В.73.
9. Фармонхо ва карорхои Вазорати алока // БМД Ч,Т. - Ф.369. - Р.2. - П.10. - В.121.
10. Фармонхо ва карорхои Вазорати алока // БМД Ч,Т. - Ф.369. - Р.2. - П.10. - В.123.
11. Фармонхо ва карорхои Вазорати алока дар соли 1945 // БМД Ч,Т. - Ф.369. - Р.3. -П.13. - В.38.
12. Шарипов Ч,.Х. Танзимгари алокаи почта. - Душанбе, 2011. - 183 с.
13. Дотамов Н., Довудй Д., Муллочонов С., Исоматов М. Таърихи халки точик. -Душанбе, 2011. - 644 с.
14. Дисоботи солонаи истехсолии нохияхои вилоятхои Кулоб ва Кургонтеппа дар соли 1930 // БМД ЧТ. - Ф.369. - Р.4. - П.1. - В.10-16.
15. Дисоботи нохияхои вилоятхои Кулоб ва Кургонтеппа дар соли 1925 // БМД Ч,Т. -Ф.369. - Р.2. - П.15. - В.24.
16. Дисоботи нохияхои вилоятхои Кулоб ва Кургонтеппа дар соли 1931 // БМД Ч,Т. -Ф.369. - Р.2. - П.16. - В.15-21.
17. Дисоботи раёсати алокаи вилояти Хатлон дар соли 1990 // Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шахри Бохтар (БДВХ дар ш. Бохтар). - Ф.369. - Р.1. - П.2. - В.4.
18. Дисоботи раёсати алокаи шахри Кургонтеппа // БДВХ дар шахри Бохтар. - Ф.369. -Р.1. - П.2. - В.5.
ТАШАККУЛ ВА РУШДИ АЛОЦАИ ПОЧТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОНИ Ч,УМХ,УРИИ ТОЧ,ИКИСТОН (солхои 1930-1980)
Дар ин макола муаллифон кушиш намудаанд, ки масъалаи таърихи ташаккул ва инкишофи алокаи почтаи вилояти Хатлонро дар солхои 1930-1980-и асри ХХ тахкик намоянд. Инчунин муаллифон кайд мекунанд, ки дар давоми ин солхо алокаи почта бо чй мушкилихо баркарор ва рушд намуд. Дамзамон, набудани роххои мошингард ва шароити муайян садди рохи рушди алокаи почта шуда натавонист. Дар солхои баъдичангй сохтмони якчанд бинои идораи алока ва шуъбахои алока дар нохияву мавзеъхои вилояти Хатлон ва дигар мавзеъхо сохта ба истифода дода шуд.
Муаллифон кайд менамоянд, ки рушди хизмати почтавй ба пешрафти хамаи сохахои вилояти Хатлон таъсири мусбй расонида, барои рушду нумуи вазъи иктисодиву ичтимоии ин минтака шароити мусоид фарохам овард. Калидвожа^о: почта, мактуб, алоцаи почтави-телеграфи, марка, лифофа, хаткашон, цуттии почта, рузномаю мацаллацо.
ИСТОРИЯ СТАНОВЛЕНИЕ И РАЗВИТИЕ ПОЧТОВОЙ СВЯЗИ В ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН (1930-1980 гг.)
В данной статье авторы пытаются исследовать историю становлению и развития почтовой связи в Хатлонской области в 1930-1980-е годы ХХ в. Также авторы отмечают, что в течение этого времени почтовая связь столкнулся с трудностями. Нехватка автомобильных дорог и определенные условия не стали барьером для развитии почтовой связи. В послевоенные годы строительство нескольких зданий конторы связи и узел связи в некоторых районах и местах Хатлонской области были завершены.
Авторы пришли к такому выводу, что развитие обслуживание почты в Хатлонской области влияет положительно и способствует дальнейшему развитию экономической и социальной положение региона.
Ключевые слова: почта, письмо, почтово-телеграфная связь, марка, конверт, почтальон, почтовый ящик, газеты и журналы.
The HISTORY of FORMATION AND DEVELOPMENT of POSTAL services IN the KHATLON REGION of TAJIKISTAN (1930-1980's.)
In this article, the authors try to explore the history of the formation and development of postal communication in the Khatlon region in the 1930s-1980s of the twentieth century. The authors also note that during this time, the postal service faced difficulties in its development. At the same time, the lack of roads and a certain condition did not become a barrier to the development of postal communication. In the post-war years, the construction of several buildings of the communication office and the communication center in some districts and places of the Khatlon region was completed.
The authors came to the conclusion that the development of postal services in the Khatlon region has a positive impact and contributes to the further development of the economic and social situation of the region.
Key words: mail, letter, postal and telegraph communication, stamp, envelope, postman, mailbox, newspapers and magazines.
Сведение об авторах: Курбонов Мехрубон Мирзоевич - преподаватель кафедры история таджикского народа Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава. Телефон: 918-39-28-47.
Алимов Давлатали Халилович - кандидат исторических наук, доцент, зав. кафедрой всеобщей истории Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава. Телефон: 919-36-35-44. E-mail: [email protected]
Information about the authors: Kurbonov Mehrubon Mirzoevich-lecturer of the Department of History of the Tajik people of Bokhtar State University named after Nosir Khusrav. Phone: 918-39-28-47.
Alimov Davlatali Khalilovich-Candidate of Historical Sciences, Associate Professor, Head of the Department of General History of Bokhtar State University named after Nosir Khusrav. Phone: 919-36-35-44. E-mail: [email protected]