Научная статья на тему 'РАЗВИТИЕ СИСТЕМЫ ОБРАЗОВАНИЯ КУБАДИЯНСКОМ РАЙОНЕ В 30-40-Е ГОДЫ ХХ-СТОЛЕТИЯ'

РАЗВИТИЕ СИСТЕМЫ ОБРАЗОВАНИЯ КУБАДИЯНСКОМ РАЙОНЕ В 30-40-Е ГОДЫ ХХ-СТОЛЕТИЯ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
27
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ШКОЛА / ОБРАЗОВАНИЕ / РАЗВИТИЕ / РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН / КУБАДИЯН / ПЛАН / ЗДАНИЕ / ПОСТРОЕНИЕ / ПЕРСПЕКТИВА / НАРОД / РАЙОН / ПРАВИТЕЛЬСТВО / ВАЖНОСТЬ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Зубайдуллоев Саидджон Хайруллоевич

В статье речь идёт о развитие образования Кубадиянского района в 30-40е годы двадцатого столетия. До Октябрьской Революции 1917-го года, таджики в основном учились в медресе и получали религиозное образование. В 1928-1932 гг. в городах и районах Таджикистана начались кардинальные преобразования в системе образования. Автор на основе достоверных материалов и архивных данных выявляет, что в первые годы образования Кубадиянского района были сделаны первые шаги в развитие образования, были построены школы, а также здание министерства образования.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE HISTORY OF MINISTRY OF EDUCATION IN KUBADIYAN REGION IN 30TH -40TH OF ХХ CENTURY

The author in this article describes the history and improvement of ministry of education in Kubadiyan region during 30th-40th years of ҶҶ century. Until October Revolution of 1917 Tajiks almost studying in Medrese. In 1928-1932 years in many regions and cities of Republic of Tajikistan were done a lot of differences in education sphere. The author on a base of reliable resources and archive materials notes that in the first years of foundation Kubadiyan region were done a lot of powerful steps. There were built some schools and was built a building of ministry of education in Kubadiyan region.

Текст научной работы на тему «РАЗВИТИЕ СИСТЕМЫ ОБРАЗОВАНИЯ КУБАДИЯНСКОМ РАЙОНЕ В 30-40-Е ГОДЫ ХХ-СТОЛЕТИЯ»

лифицированных специалистов в сфере промышленности. Авторы отмечают, что, несмотря на это, труженики и промышленные предприятия ГБАО внесли свой вклад в победу над фашистами.

Ключевые слова: Таджикистан, Бадахшан, Великая Отечественная война, промышленность, предприятие, производство.

ACTIVITY OF THE INDUSTRIAL ENTERPRISES OF THE MOUNTAIN-BADAKHSHAN AUTONOMOUS AREA DURING THE GREAT PATRIOTIC WAR

The article talks about the state of industrial enterprises in GBAO during the Great Patriotic War. In the region, in spite of the absence of large enterprises, in the industry in the period under review, noticeable success was achieved. From year to year increased production. But success together and had flaws. For example, there were not enough highly qualified specialists in the field of industrial field. The authors note that, in spite of this, the workers and industrial enterprises of Badakhshan contributed to the victories over the fascists.

Key words: Tajikistan, Badakhshan, the Great Patriotic War, industry, enterprise, production.

Сведения об авторах: Сафармамадова Нукра-аспирантка кафедры истории таджикского народа Хорогского государственного университета им. Моёншо Назаршоева. Наджмуддинов Толибшо-старший преподаватель кафедры всеобщей истории Таджикского государственного педагогического университета им. С. Айни. Телефон: (+992) 985624423 E.mail tolib.t@mail.ru

Safarmamadova Nukra-graduate student departments of the history of the Tajik people of Khorog State University of name Moensho Nazarshoev.

Najmuddinov Tolibsho-Senior Lecturer, Department of General History, Tajik State Pedagogical University. S. Aini. Телефон: (+992) 98-5624423 E.mail tolib.t@mail.ru

УДК:37(575.3) (09)

РУШДИ МАОРИФИ НОСИЛИ ЦУБОДИЁН ДАР СОЛ^ОИ 30-40-УМИ АСРИ ХХ

ЗУБАЙДУЛЛОЕВ С. Х.

Донишгох,и давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй

Инкилоби маданй яке аз масъалах,ои асосии сохтмони сотсиализм ба х,исоб мерафт ва амалисозии он, махсусан барои хал;х,ои аз феодализм ба сотсиализм кадам мегузошта, аз чумла барои мардуми Точикистон вазифаи аввалиндарача мах,суб меёфт. Бинобар ин, х,укумат ва ташкилотх,ои х,избии Точикистон инкилоби маданиро аз бархдм додани

бесаводии ахолии калонсол ва ташкили мактабхои таълими ибтидой барои бачагони синни мактабй огоз карданд.

Вазифахои асосии инкилоби маданй аз бархам додани бесаводй, инкишофи маорифи халк, тайёр намудани мутахассисон ва тагйир додани симои маънавии чомеа иборат буд.Бесаводй монеаи асосии татбики барномахои дигаргунсозии сотсиалистй буд.

Солхои 1928-1932 раванди рушди индустриализатсияи Иттиходи Шуравй, аз чумла шахру нохияхои Точикистон шуруъ гардид ва саноатикунонии хочагии дехот то мохи июни соли 1941 идома ёфт. Ба муносибати саноатикунонии мамлакат ва гузаштан ба коллективонии оммавии хочагии дехот, махви бесаводии миёни ахолии калонсол хеле босуръат чараён дошт. 17-уми майи соли 1929 КМ Х,изби Коммунистии Умумииттифокии (болшевикон) «Дар бораи кори махви бесаводй» карор кабул кард, ки дар он гуфта мешуд:«Вазифахои дигаргунсозии сотсиалистии хочагии халк ва майли бузурги оммаи мехнаткашон ва баланд бардоштани савияи мадании худ исроркорона талаб намуданд, ки дар кори минбаъдаи махви бесаводй дигаргунии катъй ба даст овардан лозим аст» [12,258].

Дигаргунихои дар ин самт ба амал омадаро афзоиши микдори мактабхои махви бесаводй бо шумораи хонандагони онхо ташкил менамуд.Соли тахсили 1931-1932 дар чумхурй 3713 нуктахои таълимии махви бесаводй амал мекарданд, ки дар онхо 135976 нафар ахолй, аз он чумла 22317 нафар занонро фаро гирифта буданд. Дар охири панчсолаи якум кариб 30% ахолии махаллй саводнок шуда буд [12,259].

Кумитаи Марказии Х,изби коммунист ва Хукумати Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон ахаммияти мухимми тадбирхои пешбинишударо доир ба ин масъала ба назар гирифта, онро дар Анчумани дуюми Х,изби коммунистии Точикистон мавриди баррасй карор дод. Бо ин максад Комиссияи махсуси чумхуриявй ташкил ва сафарбар гардид, ки он мебоист маблагхои аз ташкилот, муассисахо ва худи мехнаткашон ба даст омадаро барои махви бесаводй масраф менамуд [11,110].

Соли 1934 сафарбаркунии оммавй барои саводнокй дар аксарияти шахру нохияхои чумхурй, аз чумла Сталинобод (холо Душанбе), Уротеппа (Истаравшан), Ленинобод (Хучанд), Исфара, Шахритуз ва инчунин дар ^убодиён ба рох монда шуд. Дар натича аз хисоби сокинони махдллй шумораи зиёди одамон ба мактабхои махви бесаводй чалб карда шуданд [11,112].

Соли 1936 дар нохияи ^убодиён ба курсхои махви бесаводй 4487 нафар ашхоси тамоман бесавод ва 2635 нафар хонандагони чаласавод чалб карда шуданд, ки дар байни онхо комсомолон ва аъзои колхозхои

навташкил низ буданд.Ба онхо 111 нафар омузгорони сохибтачриба дарс мегуфтанд [1,3].

Рохбарияти нохияи ^убодиён дар ин давра фаъолияти китобхона, чойхонахои сурх, мактаб ва курсхои махви бесаводиро суръат бахшида кисми зиёди ахолиро ба саводомузй чалб намуд ва дар ин раванд муваффакиятхои назаррас ба даст овард.

Шумораи мактабхо барои хонандагони бесавод дар нохияи ^убодиён мохи марти соли 1937 26 ададро дар бар мегирифт, ки дар мачмуъ теъдоди хонандагон дар аввали мохи март 1029 нафарро ташкил медод. Бояд кайд кард, ки аз нишондиханда 50 нафар курсро тамом накарда, хонданро тарк намуданд.Мохи марти хамон сол 136 нафар накшаи таълимиро ичро намуданд [1,8].

Микдори мактабхои хонандагонашон чаласавод бошад дар нохия соли 1937 ба 4 адад мерасид ва шумораи хонандагон 65 нафарро дар бар мегирифт, ки аз онхо 44 нафар як мох, саводи ибтидой гирифта тавонистанд [1,8]

Яке аз муваффакиятхои даврони Шуравй ба таври васеъ ба илму маърифат чалб кардани занон буд. Ташкилотхои хизбию Шуравй барои саводнокшавии ин табакаи чомеа диккати нихоят чиддй медоданд. Бо-нувон ба воситаи мактабу курсхои махви бесаводй ба хаёти сиёсй, икти-содй ва ичтимой чалб карда мешуданд. Агар солхои 1928-1929 теъдоди занон 1%-и тамоми хайати шунавандагони курсхои махви бесаводиро ташкил накарда бошанд, пас дар соли тахсили 1929-1930 шумораи занони таълимгиранда 7,6% ва дар охири панчсолаи якум 18%-и шунавандагон курсхои махви бесаводиро ташкил мекарданд [11,104].

Кумитаи хизбии нохияи ^убодиён барои ба хондан чалб кардани духтарони махаллй суботкорию истодагарии зиёде зохир менамуд, ки хамаи ин бенатича намонд. Масалан, соли 1936 дар баробари 1834 нафар мардхо 2308 нафар занони бесавод ва 35 нафар занони чаласаводи нохия ба курсхои махви бесаводй чалб гардида, ба натичахои дилхох сохиб шу-данд [1,3].

Соли 1937 дар нохия 343 нафар занхо ба курсхои хонандагонашон пурра бесавод ва 24 нафар дар курси таълими чаласаводон фаро гирифта шуданд [1,8].

Соли хониши 1937-1938 дар Ч,амоати дехоти Янгиюли колхози Карл Маркси нохияи ^убодиён се адад синфхонаи тайёрй ва асосй буд, ки дар хар кадоми онхо аз аввал то охири сол то 14 нафар хонандагон тахсил ме-намуданд [2,14].

Соли тахсили 1938-1939 дар мактаби миёнаи №5-и нохияи ^убодиён дар басти якум 2 синфхона бо микдори 25 нафар хонанда, дар басти дуюм 1 синфхона бо микдори 14 нафар хонанда ва дар мачмуъ 3 синфхона бо

микдори 39 нафар хонандагони синфхои 1, 2, 3, тахсил мекарданд. Бояд кайд кард, ки меъёри хатми синну соли хонандагон риоя намешуд. Дар синфи якум хонандагони аз 8 то 11-сола, дар синфи дуюм аз 8 то 14-сола, дар синфи сеюм аз 10 то 14-сола ва аз ин хам баландтарро фаро гирифта буданд. Х,амчунин дар ин мактаб барои омухтани забони русй як синфи дуюм бо микдори 13 нафар хонанда, як синфи сеюм бо микдори 14 нафар хонанда, дар мачмуъ 2 синф бо микдори 27 нафар хонанда, ба тахсил фаро гирифта шуда буданд [3,1]. Дар ин солхо барои ба тахсил чалб намудани хонандагон ба мактабхо шуъбаи маорифи халк чорабинихои зиёд мегуза-ронд.

22-юми июни соли 1941 Олмони фашистй ба хоки ИЧ,ШС хучум кард. Аз рузхои аввали чанг тамоми неруи иктисодй барои химояи Ватан равона гардид. Ахолии мамлакат махсусан чавонмардони синни даъватй, аз чумла омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф аксаран ихтиёрй ба чанг рафтанд, ки ин ба раванди минбаъдаи сохаи маориф бетаъсир намонд.

Шумораи умумии хамаи намуди мактабхо дар нохияи ^убодиён соли хониши 1940-1941 хамагй 16 ададро ташкил медод, ки 2 адади ин мактабхо аз таъмири пурра ва 14 адади дигар аз таъмири чорй бароварда шуда бу-данд. Дар ин мактабхо шумораи мизу курсихо 1097 адад, тахтахои дарсй 98 адад, чевон барои чихозондани китобу лавозимоти дарсй 92 ададро ташкил мекард [4,21].

Мактабхои нохия аз норасоии омузгорон танкисй мекашиданд. Ду нафар омузгори фанни забони русй барои гуруххои точикй ва узбекй, аз математика ду нафар барои гуруххои точикй ва узбекй, аз фанни физика ду нафар барои гуруххои точикй ва узбекй, аз фанни химия як нафар барои гуруххои точикй, табиатшиносй ду нафар барои гуруххои точикй ва узбекй омузгорон намерасиданд. Барои хонандагони синфхои 1-4 бошад 36 нафар омузгор намерасид, ки аз ин шумора 5 нафар барои гуруххои точикй, 20 нафар барои гуруххои узбекй, 11 нафар барои гуруххои русй рост меомад [4,52].

Пленуми XIX КМ Х,К (б) Точикистон дар назди ходимони маорифи халк вазифахои хеле мухим гузошт.Кормандони шуъбахои вилоятй ва нохиявии маориф вазифадор шуданд, ки мувофики нишондодхои пленум речаи кори худро аз нав тахия намоянд. Аммо, фаъолияти Шуъбаи маорифи халки вилояти ^ургонтеппа (феълан вилояти Хатлон) ба талаботи за-мон катъиян чавобгуй набуд.

Далелхои чойдошта нишон доданд, ки кори мактабхо пастсифат бу-да, кормандони шуъбахои маориф барои комилан ичро намудани чараёни таълими умумии хатмй кам фаъолият мекарданд [7].

Ч,анг барои фаъолияти сохаи маорифи чумхурй бетаъсир намонд. Соли хониши 1945-1946 кариб 7000 нафар бачагони синни мактабй аз мак-

табхо берун монданд, шумораи зиёди хонандагон аз синф ба синф гузашта натавонистанд. Факат дар як худи нохияи ^убодиён 551 нафар хонандагон барои аз худ накардани барномаи таълимй такроран дар синфи худ монданд [7].

Дар натичаи гузарондани корхои зиёди фахмондадихй дар кори таълиму тарбия дар баъзе мактабхо соли 1946 дигаргунихо ба назар мера-сиданд. Дар мактаби миёнаи нопурраи ба номи Молотов корхои тарбиявй ва оммавй нисбатан хуб ба рох монда шуда буданд.Пеш аз огози соли нави тахсил коллективи мактаб бо сарварии директори мактаб Головко мачли-си падару модаронро гузаронд. Головко барои бомуваффакият гузаронда-ни корхои таълиму тарбия ёрии падару модаронро пурсид. Омузгорони мактаб бо колхозчиёни колхози Ворошилов, ^изил Точикистон сухбатхо гузаронданд. Дар натича рузи 1-уми сентябр хамаи аъзои Кумитаи падару модарон бо фарзандони худ ба мактаб омаданд. Мувофики накша 243 нафар хонандагон бе дарсшиканй хозир шуданд [6].

Ичлосияи 2-юми Шурои Олии Ч,ШС Точикистон дар баробари зикр намудани баъзе муваффакиятхои дар солхои аз нав баркароркунии баъди-чангии хочагии халк ба дастовардаи маорифи халки чумхурй, камбудихои чиддии сохаро низ ошкор намуд. Тибки карори ичлосия «Дар бораи вазъи-яти кори маорифи халк дар чумхурй» тамоми хокимияти вилоят, нохияхо ва инчунин Вазорати маориф ва шуъбахои маорифи шахру нохияхо вази-фадор карда шуданд, ки ба кори таълиму тарбия дар мактабхо хаматарафа кумак ва дастгирй зохир намоянд [10,1].

Дар чавоби ин мехнаткашони шахру нохияхои ^ургонтеппа (холо шахри Бохтар), Орчоникидзеобод (холо шахри Вахдат), Кулоб, Шахринав, Сталинобод (холо шахри Душанбе) ва дигар нохияхо ба мактабхо ёрии ка-лон расонда, тайёрй ба соли нави тахсил бомуваффакият гузаронда шуд [10,2].

Аммо дар кисми зиёди нохияхои чумхурй аз чумла, дар ^убодиён, Шурообод (холо Шамсиддини Шохин) ва гайра кори тайёрй ба соли нави тахсил пурра анчом дода нашуда буд. Дар ин нохияхо ба таъмири бинохои мактаб дер огоз намуданд [10,2-3].

Сабаби ин гуна ахволи токатнопазир аз он иборат буд, ки мудирони шуъбахои маориф ва рохбарони мактабхои ин нохияхо ба ин кори нихоят мухимми давлатй бемасъулиятона нигох мекарданд. Инчунин дар нохияи ^убодиён шуъбаи маориф бо омузгорони тачрибанок пурра таъмин набу-данд [9,19].

Соли тахсили 1949-1950 дар баъзе нохияхо фаъолияти рохбарияти хизбй ва Шуравй доир ба сохаи маориф суст ба рох монда шуда буд. Ин холат баробари дигар нохияхо дар ^убодиён низ эхсос мешуд. Ин сабаби

баъзе камбудихо мегардид [9,20]. Кумитаи хизбии нохия ба кори маориф диккати зарурй ва назорати чиддй намебурд.

Масалан, соли тахсили 1948-1949 дар нохия аз руи накша шумораи хонандагони синфи якум 2599 нафар муайян шуда бошад, хам ичроиши он 2590 нафарро ташкил медод, дар синфи дуюм ба чои 412 нафар 408 нафар ба тахсил фаро гирифта шудааст. Дар мачмуъ аз 3011 нафар хонандаи дар накша нишон дода шуда, 2998 нафар ба тахсил чалб шудааст [5,128].

Аз ин делелхо муайян кардан мумкин аст, ки ичрои накшаи кабул ва чобачогузории хонандагон дар мактабхо нисбат ба накша камтар ичро шудааст.Сабаб дар он буд, ки шуъбаи маорифи нохия ва рохбарияти мактабхо дар байни ахолй корхои фахмондадихиро самаранок нагузаронданд.

Соли тахсили 1949-1950 бошад шумораи хонандагони синфи якум 978 нафар,синфи дуюм-751, синфи сеюм-541, синфи чорум-357, синфи панчум-192, синфи шашум-105, синфи хафтум-83, синфи хаштум-8 нафарро ташкил мекард. Дар мачмуъ дар мактабхои нохия 3013 нафар хонандагон ба тахсил фаро гирифта шуда буданд [5,116].

Маълум аст, ки дар дехот пахншавии адабиёти сиёсй ва бадей, махсусан рузномаю мачаллахо дар тарбияи сиёсй ва маънавии чомеа накши калон мебозад. Аз ин ру, Хукумати Шуравй барои зиёдтар нашр шудани китоб ва матбуоти даврй ахаммияти хеле калон медод.

Мохи майи соли 1932 нохияи ^убодиён сохиби рузномаи худ гардид, ки он бо номхои «Коммунизм учун», «Шарк ё Риглигин» ва дар солхои минбаъда «Октябр» ва «Шараф» хафтае се маротиба бо теъдоди аз 3500 нусха 15 шумора бо забонхои точикй ва узбекй нашр мешуд, ки он дар самти баланд бардоштани сатхи фархангии ахолии нохия накши калон бозидааст [8,66].

Хамин тавр, дар солхои аввали ташкил ёфтани нохияи ^убодиён дар рушди маориф як катор пешравихо, аз кабили сохтмони аввалин бинои шуъбаи маориф, сохтмони нахустин мактабхо, махви бесаводй, тадричан саводнокшудани ахолй ба назар мерасиданд. Хамаи ин дигаргунихо дар ташкили хочагихои коллективии дехконон ва рушди иктисодиёт такони чиддй бахшиданд.

АДАБИЁТ

1. Бойгонии марказии давлатии Ч,умхурии Точикистон (БМДЧ.Т). ф.360,р,02, д. 609, в.8.

2. БМДЧТ. ф.360, р,03, д. 138, в.14.

3. БМДЧТ. ф.360, р,03, д. 590, в.1.

4. БМДЧ.Т. ф.360, р,11, д.81, в.52.

5. БМД^Т. ф.360, р,011, д. 288, в.116.

6. Бобохонов. Ибрат гиред. /Бобохонов// Газетаи муаллимон.-1946.-20 сентябр.-№3

(718).

7. Дар мактабхои вилояти Кургонтеппа. / Газетаи муаллимон. //.-1946.-1 сентябр.-

№1 (716).

8. Матбуоти РСС Точикистон солхои 1928-1958. Сталинобод, 1959.-73.с.

9. Проняев Н. Баъзе чамъбастхои омузиши партиявй дар вилояти Сталинобод. /Н.

Проняев // Болшевики Точикистон.-№7 (52).-Сталинобод. 1949.-С.19.

10. Дар як мактабро ба соли нави тахсил хаматарафа тайёр кунед. / Мактаби Советй

//.-№6 (26).-Сталинобод.-1948.-С.2-3.

11. Шукуров М.Р. Револютсияи маданй дар Точикистон / М.Р. Шукуров.-

Сталинобод,1957.-340.с.

12. Эркаев М., Николаев Ю., Шаропов Я. Очерки таърихи Точикистони Советй / М.

Эркаев, Ю.Николаев, Я. Шаропов. - Сталинобод, 1960.-648.с.

РУШДИ МАОРИФИ НОХИЯИ ЦУБОДИЁН ДАР СОЛХ,ОИ 30-40-УМИ АСРИ ХХ

Дар ма;олаи мазкур оид ба масъалаи рушди маорифи нохияи Кубодиён дар давраи солхои 30 ва 40-уми асри ХХ сухан меравад. То Ин;илоби Октябри соли 1917 точикон асосан дар мактабу мадрасахо саводи динй меомухтанд. Баъдан дар солхои 1928-1932 дар як ;атор шахру нохияхои Чумхурии Точикистон дигаргунихои куллй ба ву;уъ пайвастанд.

Муаллиф дар асоси маълумоти муътамад ;айд мекунад, ки дар солхои аввали таъсисёбии нохияи Кубодиён барои пешрафти сохаи илм, маориф корхои мухим анчом дода шуданд, ки аз чумлаи онхо сохтмони мактабхои миёна ва бинои шуъбаи маорифи нохия ба хисоб мераванд.

Калидвожахо: мактаб, маориф, рушд, Цумцурии ТоцикистонКубодиён, нацша, бино, сохтмон, пешрави, халц, ноция, цукумат, муцим.

РАЗВИТИЕ СИСТЕМЫ ОБРАЗОВАНИЯ КУБАДИЯНСКОМ РАЙОНЕ В 30-40-Е ГОДЫ ХХ-СТОЛЕТИЯ

В статье речь идёт о развитие образования Кубадиянского района в 30-40-е годы двадцатого столетия. До Октябрьской Революции 1917-го года, таджики в основном учились в медресе и получали религиозное образование. В 1928-1932 гг. в городах и районах Таджикистана начались кардинальные преобразования в системе образования.

Автор на основе достоверных материалов и архивных данных выявляет, что в первые годы образования Кубадиянского района были сделаны первые шаги в развитие образования, были построены школы, а также здание министерства образования.

Ключевые слова: школа, образование, развитие, Республика Таджикистан, Кубадиян, план, здание, построение, перспектива, народ, район, правительство, важность.

THE HISTORY OF MINISTRY OF EDUCATION IN KUBADIYAN REGION IN 30th -40th OF ХХ CENTURY

The author in this article describes the history and improvement of ministry of education in Kubadiyan region during 30th-40th years of 4,4, century. Until October Revolution of 1917 Tajiks almost studying in Medrese. In 1928-1932 years in many regions and cities of Republic of Tajikistan were done a lot of differences in education sphere.

The author on a base of reliable resources and archive materials notes that in the first years of foundation Kubadiyan region were done a lot of powerful steps. There were built some schools and was built a building of ministry of education in Kubadiyan region.

Key words: School, education, improvement, perspective, the Republic of Tajikistan, Kubadiyan, medrese, plan, building, build, perspective, people, region, village, government, importance.

Сведения об авторе: Зубайдуллоев Саидджон Хайруллоевич-докторант исторического факультета Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни. Адрес: 734003. Республика Таджикистан, г. Душанбе, проспект Рудаки, 121. Телефон: (+992) 988-129078.

About the author: Zubaidulloev Saidgon Hairulloevich-Tajik State pedagogical University named after Sadriddin Aini-doctoral student of the historical faculty. Adress: 734003 Repudlic of Tajikistan, Dushanbe city, Rudaki Street 121 phonr: (+992) 988-129078.

УДК:61(09) (575. 34)

ТАЪСИСИ НАХУСТМУАССИСА^ОИ ТИББИИ МИНТАЦАИ КУЛОБ ДАР СОЛХРИ 20-30-ЮМИ АСРИ XX

МАХ, МАДОВ И.М.

Академияи идоракунии назди Президенти Ч умх, урии То ч икистон

Таърихи тибби минтакди Кулобро мавриди омузиш кдрор дода, онро аз вок;еах,ои сиёсии он давра чудо кардан гайриимкон аст.Зеро барпокунии Х,окимияти Шуравй ва сохтмони чомеаи сотсиалистй тамоми сох,ах,ои х,аёт аз чумла, сох,аи тибро низ дар бар мегирифт. Аз ин лих,оз, зарур шумори-дем, ки дар мак;олаи мазкур таърихи таъсиси муассисах,ои тиббиро аз давраи солх,ои 20-ум, яъне аз замони барпошавии Хркимияти Шуравй дар минтакаи Кулоб ба таври мухтасар баррасй намоем.

Барпо шудани Х,окимияти Шуравй дар Кулоб аз рузи 15-уми марти соли 1921 огоз мешавад. Дар ин руз полкх,ои 6-ум ва 52 -юми Армияи Сурх ба шах,ри Кулоб дохил шуда, онро зери тасарруфи худ даровард ва сохторх,ои х,окимияти махдллиро дар шах,ру нох,иях,ои атрофи он созмон

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.