Научная статья на тему 'ИЗ ИСТОРИИ КОЛХОЗНОГО СТРОИТЕЛЬСТВА В КУЛЯБСКОЙ ОБЛАСТИ (1930-1940 ГГ.)'

ИЗ ИСТОРИИ КОЛХОЗНОГО СТРОИТЕЛЬСТВА В КУЛЯБСКОЙ ОБЛАСТИ (1930-1940 ГГ.) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
53
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КОЛЛЕКТИВИЗАЦИЯ / МТС / КОЛХОЗ / СОВХОЗ / ТОЗ / ОБЛАСТЬ / КУЛЯБ / СЕЛО / ВОЙНА / ХЛОПОК / СКОТ / ТРУД

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Исуфов Шердил Ватанович

Автор в данной статье анализирует особенности создания и достижений колхозов, создания машинно-тракторных станций (МТС), историю колхозного строительства в Кулябском регионе. История колхозов и колхозного строительства в Кулябском регионе началась в основном в конце 1920-х- начале 30-х годов прошлого века. До создания Кулябского района, т.е . 22 июля 1939 года, было 647 колхозов, 478 артелей и 109 колективных содружеств по землеустройству (ТОЗ). Колхозы области были небольшими и имели очень низкие доходы. Первый колхоз был создан в 1929 году в селе Автоблук (Офтоблико) Кулябского района, а строительство первого совхоза в Дангаре было завершено до окончания Великой Отечественной Войны. Автор дает необходимую информацию по вышеперечисленным вопросам о сложной ситуации до Великой Отечественной Войны (1941-1945) в бывшей Кулябской области.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM HISTORY A BUILDING COLLECTIVE IN KULYAB REGION (1930-1940)

The author analyzes the features of creating and summarizing the work of collective farms, the creation of machine and tractor stations (MTS), the history of collective farm construction in the Kulyab region. The history of collective and collective farm construction in the Kulyab region began mainly in the late 1920s - early 30s of the last century. Before the creation of the Kulyab region, that is, July 22, 1939, there were 647 collective farms, 478 artels and 109 Commonwealth Land Management (TOZ). The collective farms that were present in this province were very small and had very low incomes. In 1929, the first collective farm was created in the village of Aftovluk (Oftobliko) of the Kulyab district, and the first stata farm in Dangara was completed before the end of World War II. The author gives the necessary information abovemen- tionec questions about the difficult situation before the Great Patriotic War (1941-1945) in the former Kulyab region.

Текст научной работы на тему «ИЗ ИСТОРИИ КОЛХОЗНОГО СТРОИТЕЛЬСТВА В КУЛЯБСКОЙ ОБЛАСТИ (1930-1940 ГГ.)»

УДК: 9 (575.34)

АЗ ТАЪРИХИ СОХТМОНИ КОЛХОЗЙ ДАР ВИЛОЯТИ КУЛОБ (СОЛХОИ 1930-1940)

ИСУФОВ Ш.В.

Донишгохи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллохи Рудакй

Дар таърихи Точикистон, аз чумла минтакаи Кулоби вилояти Хатлон масъалахои тахдиднашуда хануз хело зиёданд.Гарчанде, ки доир ба таърихи минтада муаррихону таддидотчиён рисолахои илмии зиёд таълиф намуда бошанд хам, вале хануз на хамаи пахлухои хаёти хочагии захматкашони минтакаи Кулоб хамачониба тахдид нашудааст. Махсусан, ташкил ёфтани хочагихои коллективй, таъсиси Пойгохи мошиниву тракторй (МТС)-хо ва чамъбасти коллективонй, ки дар хаёти мардуми Кулоб надши амиди худро гузоштааст, то хол пурра омухта нашудааст. Аз ин ру, васею хаматарафа омухтани таърихи сохтмони колхозй дар вилояти Кулоб аз ахаммияти илмиву таърихй холй нест.

Коллективонии сохаи кишоварзй дар вилояти Кулоб асосан охири солхои 20-ум ибтидои солхои 30-юми асри гузашта сар шуда, махсусан дар нохияхои барои кишти пахта мувофид ин раванд бомуваффакият пеш мерафт. Соли 1929 аввалин колхоз дар дехаи Автоблук (Офтоблидо)-и нохияи Кулоб ва нахустин совхоз дар нохияи Дангара ташкил ёфт. Соли 1929 аз маркази чумхурй аввалин бор 30 адад трактор ба вилояти Кулоб фиристода шуданд, ки онхо дар совхози галлакории «Дангара» ба кор огоз карданд. То мохи августи соли 1930 91 % хочагихои яккадасти нохияхои пахтакори Кулобу Фархор дар колхозно муттахид шуданд. Дар нохияхои галлакор бошад, хамагй 88 колхоз ташкил ёфта буд [7, с.208].

Соли 1930 мехнаткашони вилояти Кулоб дар сохаи кишоварзй муваффакиятхои калон ба даст оварда, 44 473 киллограм пахта ба давлат фурухтанд. Ташкилотхои хизбй ба тараккиёти чорводорй низ диккати зиёд медоданд, лекин ташкил кардани хочагихои чорводории чамъиятй ба монеахои калон дучор мегардид. Соли 1930 дар вилоят хамагй 76 200 сар чорвои калон, 419 500 сар гусфанд ба хисоб гирифта шуда буд.

То миёнахои соли 1930 аз марказ ба округ (вилоят) хдмагй 1343 плуг, 1142 хаскашак, 417 култиватор фиристода шуда буд. Соли 1930 дар совхози «Дангара» ва дар минтакаи Кулоб аввалин Пойгохи мошинию тракторй (МТС) ташкил карда шуд, ки дар ихтиёри худ кариб панчох адад тракторхои тамгаи «Интернатсионал» ва «Катер пилет» доштанд [5].

Сиёсати коллективонии саросар ва бархам додани унсурх,ои фео-далй хамчун синф бо карори таърихии Кумитаи Марказии ПК (б), аз 5-уми январи соли 1930 «Доир ба суръати коллективонй ва тадбирхои ёрии давлат ба сохтмони колхозй» тасдик карда шуда буд, ки доир ба бомуваффакият вусъат ёфтани харакати колхозй дар округи Кулоб ахаммияти багоят бузург дошт [7, с.214].

Давлати Шуравй дар арафаи ин чорабинй ба дехконони вилояти Кулоб ёрии калони идтисодй ва техникй мерасонд.Барои кумаки дехконони кулобй мохи сентябри соли 1926 дар шахри Кулоб «Анбори молхои кишоварзй» ташкил карда шуд. Асбобу афзор ва тачхизоти кишоварзиро аз дигар чумхурихои бародарй ба воситаи Амударё то ба Саройкамар (нохияи Панч) кашонда, аз он чо ба воситаи корвонхо ба «Анбори молхои кишоварзй»-и шахри Кулоб мебурданд.Аз хисоби давлат дехкононро бо афзору тачхизоти хуби корй таъмин менамуданд. Барои дуруст истифода бурдани техникаи кишоварзй, ки аз Русия меомад, барои дехконон курсхои кутохмудат ташкил карда мешуд. Масалан, солхои 1929-1930 бештар аз 50 экскурсияи дехконони нохияхои Дангара, Фархор, Кулоб, Восеъ, ^изилмазор ва Балчувонро ба «Анбо-ри молхои кишоварзй»-и дар шахри Кулоб ташкил намуда буданд. Дар ин чо тарзхои истифодабарии техникаи сохди кишоварзй ба дехконон таълим дода мешуд.

Агар дар чумхурй то тобистони солхои 30-юм 634 колхозхо ташкил ёфта ва онхо 27 983 ё ин ки 13,3 % шумораи умумии хочагии дехконони Точикистонро муттахид карда бошанд, пас дар округи Кулоб то якуми сентябри соли 1930 3058 хочагии дехконон ба кол-хозхо муттахид карда шуда буданд, ки онхо хамагй 6,5% ахолии вило-ятро ташкил медоданд [4, с.181].

Соли 1934 колхозхои чумхурй 106 хазор хочагй ё ин ки 60,8% хочагихои дехкононро муттахид менамуданд. Дар округи Кулоб бошад, 61,7%, хамаи дехконони пахтакор дар хочагихои коллективй муттахид гардида буданд [5]. Аммо дар нохияхои галлакори вилояти Кулоб кол-лективонидани хочагихо он кадар муваффакият пайдо накард.Танхо 27% дехконон дар хочагихои коллективй муттахид шуда буданд. Соли 1930 дар вилояти Кулоб аввалин совхози сохавии галлакории «Дангара» ташкил карда шуд, ки майдонаш 32,5 хазор гектар заминро ташкил медод [6, с.180].

Хдмин тавр, сохаи кишоварзии вилояти Кулоб бо роххои зерин (ба таври сотсиалистй) аз нав сохта шуд:

1. Бо рохи ташкил намудани хочагихои калони коллективй, кол-хозхое, ки дар асоси моликияти коллективй ва ёрии хамдигарии рафикона амал мекарданд.

2. Бо рохи ташкил намудани корхонахои давлатии кишоварзй -совхозхо.

3. Бо рохи ташкил кардани корхонахои давлатии умумихалкй -стансияхои мошиниву тракторй.

Мохи марти соли 1931 Анчумани VI Шурохои СССР «Дар бораи сохтмони совхозй» карор кабул кард. Дар он нишон дода шуда буд, ки факат дар асоси индустрияи рузафзуни сотсиалистй баробар тараккй кардани совхозу колхозхо асосан ба охир расондани коллективонии кишоварзиро таъмин менамояд.

Колхозхои нахустине, ки дар худуди Кулоб ташкил ёфта буданд, нихоят хурд буданд.Масалан, аксари онх,о дорои 35-40 гектар замин ва 14-15 хочагии дехкониро якчоя мекарданд. Камиктидории колхозхои хурд ба масъалаи кор фармудани техникаи кишоварзй, махсусан тракторхо ва зиёд намудани хосили зироатхои кишоварзй халал мерасонд.Мохи декабри соли 1929 Кумитаи Марказии Хизби Коммунистии Точикистон зарурати ташкили колхозхои калонтар ва муттахид кардани колхозхои хурдро ба миён гузошт.Дар хаёт чорй намудани чунин чорабинии мухим маблагхои зиёдеро талаб мекард. Аз ин чост, ки Хукумати Ит-тиходи Шуравй соли 1929-1930 ба сохтмони колхозии чумхурй ба воситаи системаи байникишоварзй 6,4 миллион сум ёрй расонд. Солхои 19281929 бошад, чунин ёрии Хукумати Иттифок танхо 612 хазор сумро ташкил дода буд. Ин гамхорихои Хукумати Шуравй аз он шаходат медод, ки дар Точикистон хокимияти халкй ба вучуд омада буд ва ин хокимият ба дехконон ёрии амалии иктисодй расонда метавонист.

Хануз Анчумани XVI Хизби Коммунисти Иттиходи Шуравй дар моххои июн-июли соли 1930 карори худро кабул карда, кайд намуда буд, ки:«Шакли колхоз бояд ба хусусиятхои хочагии нохия ва сохахои хочагй мувофик бошад. Дар баъзе нохияхои гайри галлакор, дар баробари артел мумкин аст, ки дар вактхои аввал ширкатхои якчоя кишту кор кардани замин, хамчун шакли гузариш ба артел ба таври оммавй пахн мегардад». Маълум аст, ки ширкатхои киштукори якчояи замин шакли асосии ибтидоии муттахид кардани ахли дехоти хамаи нохияхои Точикистон набуд. Дар як нохия, дар хар як чамоати дехот шароитхои махалро ба инобат гирифта, чунин шаклхои коркарди заминро ба амал мебароварданд.

Тараккиёти ояндаи хочагии к;ишлок;и вилояти Кулобро ба назар гирифта, Хукумати Ч,ШС Точикистон дар асоси ^арори Кумитаи Марказии Хизби Коммунистии Иттиходи Шуравй доир ба ташкили нохияхои нав, яъне соли 1936 нохияи Колхозобод (Арал, Восеъ) ва соли 1937 нохияи Сарихосорро таъсис дод [5].

Мохи марти соли 1938 Бюрои ташкилии Кумитаи Марказии Х,из-би Коммунистии Точикистон оид ба округи Кулоб таъсис дода шуд. Бюро дар хайати 7 нафар: Сайко, Мачидов, Садовников, Гусков, Чумъаев, Гайбуллин, Обносов ташкил ёфт. Баъдтар котиби якуми Кумитаи хиз-бии округи Кулоб Сайко ва раиси Комичроияи округи мазкур Мачидов интихоб шуданд [5].

Аз таърихи 10 то 20-уми майи соли 1938 мачлисхои хисоботию интихоботии 10 нохияи округ: Кулоб, Шурообод, Балчувон,Сарихосор, Даштичум, Муъминобод, Ховалинг, Кангурт, ^изилмазор ва Колхозобод баргузор гардиданд, ки ба Конфроси якуми ташкилоти хизбии округи Кулоб вакилонро интихоб намуданд. Он вакт нохияхои Фархор ва Дангара ба округи ^ургонтеппа дохил мешуданд.

То 1-уми марти соли 1940 коллективонии сохаи кишоварзй аз вило-ят ба 98 % расонда шуд. Дар вилоят 713 колхоз ташкил карда шуд, ки дар онхо 32 908 хочагии дехконон муттахид шуда буданд. Х,амагй 427 хочагии яккадаста монда буду халос, ки онхо хам то мохи августи хамон сол ба колхозхо аъзо шуданд. Дар натича коллективонй ба 100 % расида, дар вилоят 756 колхоз ташкил карда шуд.Замини корами колхозхо 186 890 гектарро ташкил мекард, ки аз он 10 255 гектараш замини пахта буд. Ба колхозхо 7 ПМТ, 412 трактор, 28 комбайн ва 25 мотосикл ёрй ме-расонданд [7, с.214].

Х,осилнокии заминхои корам сол то сол меафзуд, дар баробари ин махсулнокии чорво баланд мешуд.Соли 1939 вилояти Кулоб нишон-додхои кишоварзиро барзиёд ичро кард. Х,осилнокии заминхои пахта аз хар гектар ба 16,2 сентнер расид, аз галла бошад 9 сентнерро ташкил кард. Накшаи фуруши пахта бошад 117,6% ичро шуда вилоят ба давлат 16 500 тонна пахта фурухта шуд. Накшаи фуруши галла бошад 100% ичро шуд. Барои тараккиёти сохаи чорводории вилоят давлат соли 1940 4 миллион сум чудо кард [5].

Бояд кайд намуд, ки агар дар микёси Иттифоки Шуравй дар кори коллективонии кишоварзй нохияхои галлакор пешкадам бошанд, дар Точикистони мо дар сохаи коллективонй нохияхои пахтакор пешсаф буданд. Колхозу совхозхои Точикистон аввалин шуда, дуруст истифода намудани техника, ташкили нави коллективии хочагиро нишон доданд. Дар махалхои чорводории вилоят, ки харакати колхозй солхои 19301931 сар шуда буд, коллективонй хамагй 12,9 % хочагихоро фаро меги-рифт. Соли 1933 дар нохияхои пахтакорй 65 хочагихои коллективй дар шакли артел фаъолият мекарданд.

То ташкил ёфтани вилояти Кулоб, яъне 22 июли соли 1939 дар округи Кулоб 647 колхоз, 478 артел ва 109 ТОЗ (коркарди рафиконаи замин) вучуд дошт. Колхозхое, ки дар ин округ мавчуд буданд, хеле хурд буда,

даромади нихоят ночиз доштанд. Масалан, аз 478 артел танхо 297-то дорои фермахои чорводорй буданд, ки танхо 62 % артелхои округро таш-кил медоданд. Дар ин давра дар округи Кулоб нуктадои пахтакабулку-нии Дахана, Тоскалъа, Кулоб, Колхозобод (нохияи Восеъ) амал мекар-данд, ки онхо дар як сол танхо 9,7 дазор тонна пахта кабул мекарданду ха-лос [1].

Содаи дигари фаъолияти колхоздои вилоят чорводорй буд. Дар таърихи 1-2 июни соли 1940 ичлосияи дуюми Кумитаи ичроияи Шурои депутатхои халкии мехнаткашони вилояти Кулоб масъалаи «Дар бораи тайёр намудани махсулоти кишоварзй дар вилоят»-ро мухокима кард. Дар ичлосия кайд карда шуд, ки накшаи гуштсупории вилоят соли 1940 хамагй 16389 сентнериро ташкил медихад. Дар кори бомуваф-факият ичро намудани накшаи гуштсупорй нохияхои ^изилмазор (175%) ва Колхозобод (110%), дар ичрои накшаи солонаи вилоят оид ба пашмсупорй нохияхои Даштичум (151 %), ^изилмазор (103%) ва нохияи Дангара (100%) пешкадам буданд.Соли 1940 дар хочагидои вилояти Кулоб 2880 асп, 22 000 сар чорвои калон, аз чумла 7 000 сар гов, 84300 сар гусфанд, 820 сар хук вучуд доштанд [2].

Захматкашони вилоят соли 1940 дар кори рушду тараккиёти чорводорй ба муваффакиятхои калон ноил гардиданд. Масалан, соли 1940 афзоиши саршумори чорвои калон нисбат ба соли 1935-ум 198,2%, хукхо 143,8%, аспхо 1012,2 % зиёд шуда буд. Якуми июли соли 1940 дар вилоят 685 колхоз мавчуд буд, ки 439-238 тои онхо дар ихтиёри худ 2 ферма, 98 тояшон се фермаи чорвопарварй доштанд. Баъзе чорвопарваро-ни вилоят бо мехнати шучоатмандонаи худ дар тамоми гушаю ка-норхои чумхурй ном бароварда буданд. Ба ин чупонон Ш. Давлатов, О. Хочибердиев аз колхози ба номи Орчиникидзеи нохияи Дангара, Гул Шакаров аз колхози «Интернатсионали сеюм»-и нохияи Кангурт, Гулом Орифов аз колхози ба номи Андреев мисол шуда метавонанд [3].

Хулоса, то огози Чднги Бузурги Ватанй дар вилояти Кулоб сохтмони колхозй пурра ба анчом расид. Ба амал баровардани хочагии калони сот-сиалистй дар содаи зироат дар шакли колхозу савхоздо имконият дод, ки тамоми захирадои мавчуда: замин, об, мошиндо, куввадои корй ва маблаг озодона ба накша гирифта шуда, аз ондо самаранок истифода кардаанд.

АДАБИЁТ

1. Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар минтакаи Кулоб. Ф 7, р-1, п-7, варакадои 57-72.

2. Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар минтакаи Кулоб. Ф 7, р-1, п-7, варакаи 7.

3. Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар минтакаи Кулоб. Ф 7, р-1, п-7, варакадои 8-9.

4. Очерк истории народного хозяйства Таджикистан. Душанбе, -1967. С-181.

5. Нашрияи вилоятии "Роди ленинй", 20 майи соли 1987.

6. Саймуродов X,. Назарияи ленинии роди тараккиёти гайрикапиталистй ва татбики он дар Точикистон.Душанбе,-1960, С-180.

7. Шарифов Д.Мачмуи рисоладои таърихй ва адабй. Душанбе,-2013, С-463с.

АЗ ТАЪРИХИ СОХТМОНИ КОЛХОЗЙ ДАР ВИЛОЯТИ КУЛОБ (СОЛ^ОИ 1930-1940)

Муаллиф дар ин макола хусусиятх,ои ташкил ва дастовардх,ои хочагих,ои коллективй, таъсиси истговдои мошину тракторх,о (МТС), таърихи сохтмони колхозиро дар минтакаи Кулоб тахлил кардааст. Таърихи колхозно ва сохтмони колхозу совхозхо дар минтакаи Кулоб асосан дар охири солх,ои 1920 ва аввали солх,ои 30-юми асри гузашта огоз ёфтааст. Пеш аз таъсиси минтакаи Кулоб, яъне 22 июли соли 1939 дар 647 хочагих,ои коллективй, 478 артелхо ва 109 чамоах,ои коллективй барои идораи замин вучуд дошт. Хочагих,ои коллективии минтака хурд буданд ва даромади хеле паст доштанд. Аввалин хочагии коллективй (колхоз) соли 1929 дар дехди Автоблук (Офтоблико)-и нох,ияи Кулоб таъсис дода шуд ва сохтмони аввалин хочагии советй (совхоз) дар нохияи Дангара баъд аз анчоми Ч,анги Бузурги Ватанй ба анчом расид. Муаллиф оид ба саволх,ои дар боло зикргардида дар бораи вазъияти мураккаби пеш аз Ч,анги Бузурги Ватанй (1941-1945) дар минтакаи собики Кулоб маълумоти зарурй медихдд.

Калидвожа^о: коллективизатсия, МТС, колхоз, совхоз, ТОЗ, минтаца, Кулоб, дещ, цанг, пахта, чорводори, мещат.

ИЗ ИСТОРИИ КОЛХОЗНОГО СТРОИТЕЛЬСТВА В КУЛЯБСКОЙ ОБЛАСТИ (1930-1940 гг.)

Автор в данной статье анализирует особенности создания и достижений колхозов, создания машинно-тракторных станций (МТС), историю колхозного строительства в Кулябском регионе. История колхозов и колхозного строительства в Кулябском регионе началась в основном в конце 1920-х- начале 30-х годов прошлого века. До создания Кулябского района, т.е . 22 июля 1939 года, было 647 колхозов, 478 артелей и 109 колективных содружеств по землеустройству (ТОЗ). Колхозы области были небольшими и имели очень низкие доходы. Первый колхоз был создан в 1929 году в селе Автоблук (Офтоблико) Кулябского района, а строительство первого совхоза в Дангаре было завершено до окончания Великой Отечественной Войны. Автор дает необходимую информацию по вышеперечисленным вопросам о сложной ситуации до Великой Отечественной Войны (1941-1945) в бывшей Кулябской области.

Ключевые слова: коллективизация, МТС, колхоз, совхоз, ТОЗ, область, Куляб, село, война, хлопок, скот, труд.

FROM HISTORY A BUILDING COLLECTIVE IN KULYAB REGION (1930-1940)

The author analyzes the features of creating and summarizing the work of collective farms, the creation of machine and tractor stations (MTS), the history of collective

farm construction in the Kulyab region. The history of collective and collective farm construction in the Kulyab region began mainly in the late 1920s - early 30s of the last century. Before the creation of the Kulyab region, that is, July 22, 1939, there were 647 collective farms, 478 artels and 109 Commonwealth Land Management (TOZ). The collective farms that were present in this province were very small and had very low incomes. In 1929, the first collective farm was created in the village of Aftovluk (Oftobliko) of the Kulyab district, and the first stata farm in Dangara was completed before the end of World War II. The author gives the necessary information abovemen-tionec questions about the difficult situation before the Great Patriotic War (1941-1945) in the former Kulyab region.

Key words: collectivization, MTS, collective farm, state farm, TOZ, region, Kulyab, village, war, cotton, cattle, labor.

Сведения об авторе: Исуфов Шердил Ватанович-докторант PhD кафедры история таджикского народа Кулябского государственного университета имени Абуабдулло Рудаки. Адрес: Кулябский государственный университет имени Абуабдулло Рудаки. 734065, г. Куляб, улица С. Сафарова,16. Тел:(+992) 931793610.

Information about the author: Isufov Sherdil Vatanovitch-PhD doctorant of the Department of History of the Tajik Kulyb State University named after Abuabdulloh Rudaki. Address: Kulob State University named after Abuabdulloh Rudaki. 734065, Kulob town , street S. Safarov 16. phone: (+992) 931793610.

УДК:62(575.32) (09)

ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА^ОИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУ^ИСТОНИ БАДАХШОН ДАР СОЛ^ОИ ЧДНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ

САФАРМАМАДОВА Н.

Донишгохи давлатии XopyF ба номи Моёншо Назаршоев

НАЧ,МУДДИНОВ Т.

Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айнй

Вазъи душвори чугрофй ва маддудияти минтакавии Вилояти Мухтори Кух,истони Бадахшон боиси нисбат ба дигар вилоятдои Точикистон суст тараккй кардани саноат гардид. То соли 1935 дар вилоят ягон корхонаи саноатй вучуд надошт. Воситаи асосии дамлу накл, ин аспу уштурдои боркаш буданд, ки аз 200 кг зиёд бор бурда наметавонистанд [12,53].

То кушодани роди мошингард дар вилоят асосан истедсолоти косиби рушд мекард. Сокинон ба коркарди пашм, пойафзоли чармй, коркарди чуб

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.