Научная статья на тему 'РАЗВИТИЕ ЗДРАВООХРАНЕНИЯ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 50-60 ГОДЫ XX ВЕКА'

РАЗВИТИЕ ЗДРАВООХРАНЕНИЯ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 50-60 ГОДЫ XX ВЕКА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
71
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕДИЦИНА / БОЛЕЗНЬ / ЛЕЧЕНИЕ / ВЛАСТЬ / СОВЕТСКАЯ / УЧРЕЖДЕНИЯ / ВРАЧ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдурахмонов Зевар Вафоназарович, Махмадов Ибрагим Мирзошарифович

В данной статье авторы рассматривают историю развития медицинских учреждений на территории Кулябского региона в 50-60 годы XX века. Авторы отмечают, что в эти годы получили развитие новые формы современного здравоохранения. При этом продолжалась работа по ликвидации очагов эпидемических заболеваний, которые не поддавались традиционным методам лечения. За очень короткий срок силами приезжих врачей удалось победить многие эпидемические заболевания и создать современную ме-дицину.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DEVELOPMENT OF MEDICINE SYSTEM IN KULIYAB REGIONIN 50-60 YEARS OF XX CENTURY

In this article authors give attention to the history of development medicine system in Kuliyab region during 50-60 years of XX century. The Authors note that in this period there was develop of contemporary medicine in Kuliyab region. Also in this period in region was succeed the widespread many epidemical deseases that could not cured by traditional form of treatment. During the short terms by the affort of outcom- ing doctors they sacsessed epidemical disises.

Текст научной работы на тему «РАЗВИТИЕ ЗДРАВООХРАНЕНИЯ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 50-60 ГОДЫ XX ВЕКА»

fights were from August 29 to the seconds of the year. As a result, the Red Armor seized the city of Old Bukhara.

Key words: Bukhara Emirate, Soviet government, Emir Alimhan, M.V. Frunze, airplanes, long-range guns, Bukhara operation, D.N Ratnikov, Red Army, Emir Sarbaza, Ark. Bukhara, Emir's Treasury, People, New Bukhara (Kagan), Karshi, Guzar, Kitab.

Маълумот дар бораи муаллиф: Х,отамов Намоз Басарович - доктори илмдои таърих, профессор, сарходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмдои Ч,умдурии Точикистон.Телефон:(+992) 918215536. E.mail: [email protected]

Information about the author: Hotamov Namoz Basarovich - Doctor of Historical Sciences, Professor, Chief Researcher of the Division of the newest history of the Institute of History, Archeology and Ethnography. A. Donish Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. Phone: (+992) 918215536. E.mail: [email protected]

УДК: 614.2 (575.34) (09)

РУШДИ СОХДИ ТАНДУРУСТИИ МИНТАЦАИ КУЛОБ ДАР СОЛ^ОИ 50-60-УМИ АСРИ ХХ

АБДУРА^МОНОВ З. В., Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалй ибни Сино

МА^МАДОВ И. М., Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии

Точикистон

Таърихи тиб дар солхои аввали баъди Ч,анги Бузурги Ватанй дар шакли тахдидоти алохида нисбатан кам омухта шудааст ва аз хамин лихоз мо тасмим гирифтем ин мавзуъро дар мадолаи мазкур мавриди омузиш дарор дихем. Дар рафти навиштани мадола маълумоти зиёд аз бойгонихои давлатии минтадаи Кулоб истифода гардиданд, ки онхо аз руи дарачаи истифодаи худ аслан ба се гурух тадсим мешаванд:

-ба гурухи аввал маводи бойгонии собид вилояти Кулоб дохил мешаванд.Аз ин бойгонй захирахои шуъбаи тандурустии вилояти Кулоб чои асосиро ишгол мекунад:

-ба гурухи дувум маводи бойгонии чумхуриявй дохил мешаванд ва аз ин захирахо хуччатхои Вазорати тандурустй ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон бештар мавриди истифода дарор гирифтанд. -гурухи савуми маводро хуччатхои шахсии шахрвандони алохида ва собидадорони мехнат ташкил медиханд, ки онхо дар сохаи тибби вилояти Кулоб бо мехнати худ дар пешрафти сохаи мазкур сахми босазо гузоштаанд.

Даp он солхо бо сабаби ноpасогии мyтахассисон коpи сохаи тиб суст гаpдида, даp к;аламpави шахp ва нохияи Кулоб бемоpихои кудакона, бахусус бемоpихои сиpоятй бенихоят афзуда буданд.Сохтани бинои нави бемоpхона баpои кудакон яке аз масъалахои мухимму pyзмаppаи замон буд. Зеpо фавтидани кудакони навзод хеле зиëд гаpдид. Бояд гуфт, ки хypyчи бемоpихои сиpоятй танхо хоси Точикистон набуд. Даp ин давpа даp вилоятхои чанубии Узбекистон низ вазъияти ахолии махаллй хеле вазнин буд. Мувофики тахкикоти олимони узбек солхои 1946-48 бемоpии сил 20% ахолии вилояти ^ашкадаpëpо фаpо гиpифта буд. Даp давоми 10 мох факат даp як дехаи Палангдаpа аз бемоpии сил 208 нафаp бемоpон вафот каpданд.

Эмкунии зидди сил махсусан авчи баланд соли 1948 гиpифт, зеpо даp ин давpа аз таpафи олимони Ш^авй Лешинская Е., Вакенгут A.M. вакси-наи БСЖ шакли нави ваксинаи хушк ихтиpоъ гаpдида буд. Ин ваксина бо номи БСЖ маълум буда, он баpои кудакони навзод хатмй гаpдид ва таъсиpнокии он мухлати зиëд дошт [S].

Ибтидои соли 1950 бо дастгиpии Вазоpати нигохдоpии тандypyстии Точикистон ва ташаббуси шуъбахои тандypyстии вилоятию шахpй, ки pохбаpаш Ю.Ф. Лисак буд, сохтмони бемоpхонаи кудакона OFOЗ ëфт [2]. Даp охиpи сол мyдиpи шуъбаи тандypyстии шахp В.П. Матвиетс таъйин каpда шуд, ки маълумоти миëнаи тиббй дошт.

Вазъияти нохияхо низ py ба бехбудй оваpд. Чунончи солхои 50-ум даp худуди нохияи Муъминобод як бемоpхонаи доpои 15 кат, нуктаи бемоpихои тpопикй ва 4 бунгохи тиббй амал мекаpд, ки даp онхо табибони аз Русия ва дигаp чyмхypихои Иттиходи Ш^авй омада, даp ин чо пypсамаp коpy фаъолият доштанд. Табибони доpои ихтисосхои заpypй аз кишваpи дусту баpодаpи Русия ва дигаp чyмхypихои Иттиходи Ш^авй ба ин минтака фиpистода шуданд. Х,амаи муассисахои аз фаъолият бозмонда аз саpи нав ба rap шypyъ каpданд. Бемоpхонаи маpказии нохия таъмиp, васеъ ва ба шуъбахо таксим каpда шуд. Даp каламpави нохияи ДанFаpа як амбyлатоpия ва 4 бунгохи тиббй ба фаъолият шypyъ намуданд.Аз хисоби маpдyми бумй шyмоpаи дyхтypон ва коpмандони мданаи тиб афзудан гиpифт.Ба муассисахои пpофилактикию муоличавии нохия хатмкунандагони Омузишгохи тиббии шахpи Душанбе ва Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалй ибни Сино ба коp фиpистода шyданд.Mикдоpи табибони маълумоти олй дошта ба 12 нафаp ва коpмандони миëнаи тиб ба 70 нафаp pасид. Даp ин давpа вазифаи саpдyхтypи Бемоpхонаи маpказии нохияpо дyхтypон Mачеpанов ва Мнушкин (ному насабашон номаълум) ба зимма доштанд [7].

Соли 1951 Бемоpхонаи маpказии нохияи Х,амадонй таъсис ëфт. Он вакт шуъбахо вучуд надоштанд ва хизматpасонй ба тавpи умумй ба бемо-pон pасонида мешуд. Ёpии таъчилй ва даъватхо баpои pасонидани ëpии

тиббй ба воситаи аспхо ва ё пиёда ичро мешуданд. Ба хамаи ин душворихо нигох накарда, бо кумаки табибони он давра бисёр касалихои сироятку-нанда ба монанди оспа (гул), малярия (табларза), холера (обпартояк) аз байн бурда шуданд.

Дар худи хамин давра дар нохияи Х,амадонй аввалин сардухтури беморхона аз хисоби мутахассисони точик ^осимов Максуд Сафарович таъин шуд ва то соли 1965 адои вазифа кард. Аз соли 1965 то мохи декабри соли 1973 Хдкназаров Абдулмачид Хдкназарович хамчун сардухтури беморхона кору фаъолият кардааст [8].

Дар ин давра вазъияти сохаи тиб нисбатан бехтар гардида бошад хам, аммо норасогии мутахассисон эхсос мегардид.Аз сабаби нарасидани мутахассисони ботачриба дар дехотчойхо табибон берун аз ваколат ва ихтисоси худ кор мекарданд. Дар чунин маврид онхо чи дар гузоштани ташхис ва чи дар муайян кардани намуди беморй ба хатогихо рох медоданд. Чунончи аз 18 намуди бемории сил ва 10 намуди бемории дарунравй ва шикам, табибон танхо як намуди ин дардро медонистанд ва яксон аз руи хамин намуд табобатро пеш мебурданд.Чунин муносибат на хама вакт ба шифо ёфтани беморон анчом меёфт [10].

Аммо табибон кушиш ба харч медоданд, то ки донишхои худро зиёд намоянд. Чунончи дар нохияи Фархор дар беморхонаи ягонаи нохиявй, ки дорои 17 кат буд, тамоми табибон сохиби маълумоти миёна буданд. Яке аз чунин табибон Ямонт Флиста Алоизовна буд. Вай соли 1945 бо як гурух мачрухони чанг ба госпитали шахри Душанбе омад. Баъди шифоёбии онхо бо хохиши у ва бо роххати Вазорати тандурустй ба нохияи Фархор ба кол-хози «Точикистон» фиристода шуд. Флиста Алоизовна бо мардуми дехахои гирду атроф мехр пайдо кард. Мардум ба у таваччухи зиёде до-штанд. Бо эхтироми хоса уро «духтур Ямин» мегуфтанд. Ямонт Ф.А. мах-сусан дусти кудакон буд. Солхои аввал азбаски хучраи корй надошт, бе-моронро дар хонаи шахсии бобои Эмомалй кабул мекард. Бо икдоми неки у дар колхоз бунгохи тиббй, баъдтар беморхона бунёд карда шуд. Якчанд нафар табибонро ба кор чалб кард. Беморхона сохиби автомобил шуд.

Духтур Орлова Александра Николаевна дар чанг аз пояш мачрух гашта буд.Вай баъди чанг ба диёри мо омада, ба табобати беморон огоз кард. То охири солхои 60-ум дар беморхонаи марказй мудири шуъбаи ка-салихои сироятй шуда кор кард. Хдмин тавр, духтурон Захаров Станислав Петрович-чаррох-сардухтури нохия, Заходякин Александр Филипович-чаррох, Талаков Виктор Кузмич-духтур, хамширахои тиббй- Просковя Петровна Фёдорова, Екатерина Дмитриевна Мироненко, Сплюхина Тамара, Нина Зубова, Нина Зоркова, Наталя Викторова ва дигарон дар кори рушди сохаи тандурустй, табобати беморон ва пешгирй кардани хар гуна беморихои сироятй дар солхои 60-ум сахмгузор буданд.Бо дастгирии ин мутахассисон дар назди беморхона хучрахои нав сохта ба истифода дода

шуданд. Аз он чумла: шуъбахои касалихои сироятй, дарунй, таваллудхона, касалихои сил, пизишкдандон ба бинохои нав кучонида шуданд. Шабакаи санитарй-эпидемиологй низ ба бинои нав гузашт, ки то хануз ходимони он фаъолият доранд. Шуъбаи ёрии таъчилй самаранок кор мекард.

Соли 1963 аввалин мутахассиси тахчой Еаюров Хайриддин ба нохияи Фархор омада кор мекунад.Солхои 1964 бо икдоми вай курси кутохмуддати хамширахои тиббй ташкил карда шуда буд, ки хатмкунандагони он дар шуъбахои алохида ва пунктхои фелдшерию акушерй бомуваффакият кор мекарданд. Худи хамон сол Шамсиддин Сайфуддинов бо хамрохии хамсараш Вавилова Тамара Андреевна низ ба кор омаданд. Шамсиддин Сайфиддинов то аввали солхои 70-ум сардухту-ри нохия ва Тамара Вавилова бошад, то соли 2004 дар диспансери каса-лихои сил хамчун духтур фаъолият намуданд. Соли 1965 бошад аввалин хатмкунандаи Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон аз хисоби чаво-нони махаллй Юсуф Ватанов бо дипломи духтурй ба нохияи хеш баргашт. Вай бо масъулияти калон ва дили гарм ба кор огоз намуд. Ватанов духту-ри ташхисгох, баъдтар чонишини сардухтур, то соли 2004 мудири шуъбаи касалихои сироятй шуда кор кард. Инчунин соли 1965 Назрй Асоев хам-чун духтури касалихои дарунй дар беморхона ба кор шуруъ намуд.

То охири солхои 60-ум беморхонаи нохиявй аз хисоби духтурони миллатхои тахчой мукаммал шудан гирифт. Як катор хамширахои тиббй, ки омузишгоххои тиббии шахри Душанбе ва Кулобро хатм намуда буданд, дар шуъбахои гуногуни беморхонаи марказй, беморхонаи «Дехкон-Арик» ва дигар бунгоххои фелдшерию акушерй ба кор даромаданд.Дамаи ин тадбирхо самараи хеле хуб дод. Дар байни онхо бурбон Рахимов, Хдфиз Рашидов, Рахмон Казаков, Когазмох Муминова, Файзулло Азизов, Сафар Давлатов, Мумин Идрисов, Шомурод Мухшулов, Зариф Шарифов, Рахим Идиев, Занчир Эгамов, Рахмон Зарифов, Амирхон Олимов, Солех Рауфов, Наташа Манишева ва дигарон барои саломатии мардум фидокорона захмат мекашиданд. Дар натича бисёр беморихое, ки пахншуда хисоб мерафтанд ба монанди касалихои нагзак, кизилча, вабо, хурусак, кабутсулфа, фалач ва варача ба воситаи гузаронидани эм пурра аз байн рафтанд [3].

Солхои 50-уми асри гузашта бо сабаби дар каламрави вилояти Кулоб зиёд будани беморихои сил, бинои кухнаи беморхонаи марказии нохия ба санаторияи вилоятии беморихои сил табдил дода шуд. То ин замон бинои нави беморхонаи мазкур аз хисоби маблагхои махаллй ва бо таври хашар ба истифода дода шуд. Дар ин давра дар хамаи чамоатхои дехот бунгоххои тиббй сохта ва ба истифода дода шуданд ва табибони зодаи ин диёр, пас аз хатми омузишгоххои тиббй ва Донишкадаи тиббй ба кор пардохтанд.

Соли 1952 табиби зодаи ин диёр Чумъа Х,асанов баъди хатми

Омузишгохи тиббии шахри Душанбе ба зодгохаш ба кор омад, ки яке аз аввалин мутахассисони сохаи тандурустии махаллй ба шумор мерафт. Вай фаъолияти кориашро аз фелдшери кабулгохи беморихои пуст ва котиби шуъбаи нигохдории тандурустии нохия огоз намуд. Вай боз азми донишомузй намуда, соли 1953 ба ДДТТ ба номи Абуалй ибни Сино дохил шуд. Соли 1959 факултаи муоличавии ин даргохи илмро бо тахассуси дух-тури амрози дохила хатм кард. Бо роххати Вазорати нигохдории танду-рустй боз ба нохияи Муъминобод фиристода шуд. Вай яке аз аввалин та-биби маълумоти олидор аз байни мардуми махаллй ба хисоб мерафт.

Яке аз хусусиятхои хоси минтакаи Кулоб дар он буд, ки дар ин минтака бо таъсири иклими минтака ва обхои он беморихои мавсимй сар мезаданд.Чунончй дар фасли бахори солхои 50-ум ахолй гирифтори бемории занбуруг гардид.Диспансеризатсия хамчун тарзи табобат махсусан барои беморихои ичтимой зарурат дошт, ки ба онхо гурухи беморихои сирояткунанда, сил, варача ва дигар беморихо дохил мешуданд [11].

Аз ин ру зарур шуморида шуд, ки ахолй сари вакт аз диспансеризатсия гузаронида, пеши рохи пахншавии ин беморихо гирифта шавад.

Мохи январи соли 1952 бо фармони Раёсати тиббии вилоятй сардухтури диспансери беморихои пуст Шегас Ханон Моисеевич таъин гардид. Аз соли 1953 Диспансери вилоятии беморихои пуст ва чинсй дар кучаи Томин (хозира Х. Назаров) бо масохати 58,9 метри мураббаъ чойгир шуда буд. Дар бино хамагй 1 палата ва 5 кат барои беморон чой карда шуда буд. Ба ин шароити вазнин нигох накарда, мунтазам ташхисхои микроскопй ва серологй гузаронида мешуданд [2].

Соли 1955 сохтмони бинои Омузишгохи тиббй дар шахри Кулоб огоз ёфт. Пас аз чанд мох дар худуди сохтмони Омузишгохи тиббй, сохтмони иншооти беморхонаи вилоятиву шахрй сар шуд. Шуъбахои тандурустии нохияхо тобеи Вазорати тандурустии РСС Точикистон шуданд. Чунки дар хамон сол макомоти вилояти Кулоб бархам дода шуд. Мувофики маълумоти баъзе хуччатхо то соли 1956 И. К. Ступак бо тахсилоти миёнаи тиббй мудири шуъбаи тандурустии шахри Кулоб таъин карда шуд[9].

Ба муассисахои тандурустии шахри Кулоб духтурон бо тахсилоти олй, аз хисоби одамони тахчой солхои панчохум ба кор омаданд. Онхо асосан дастпарварони Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон буданд. Яке аз табибони аввалин аз мардуми тахчоии минтакаи Кулоб, ки соли 1957 донишкадаи мазкурро тамом карда ба шахри Кулоб омад Менгиёр Боймуродов буд. Худи хамон сол духтур Бегмурод Олимов бо тахсилоти олй, бо тахассуси чаррох бо роххат ба беморхонаи марказии шахри Кулоб ба кор фиристода шуд [2].

Солхои 1955-1960 дар минтакаи Кулоб микдори зиёди беморони занбуругй ба кайд гирифта шуда буданд. Бо дарназардошти ин хамасола катхо барои чунин беморон гузошта мешуданд.

Соли 1955 дар нохияи Вогеъ шyъбaи бeмоpони зaнбypyFй (микроспория) (бeмоpиe, ки мaвсимивy сироятй бyдa, хангоми фарорасии фасли бахор дар бадан ва ë сари инсон бeштap дар кудакон ба шакли хонаи зaнбyp дар таги пуст ва руи пуст пайдо мeшaвaд) кyшодa шуд, ки дар он духтур Шаталина T. С. ба бeмоpон хизмат мeкapд [2].

Соли 1956 дар нохияи Фархор дар назди бeмоpхонaи марказй шуъбаи бeмоpони зaнбypyFй дорои 25 кат ба истифода дода шуд [3]. 23 aпpeли соли 1959 микдори катхо дар диспaнсepи бeмоpихои пусту чинсии шахри Кулоб 25 кат илова карда шуд [2].

Хизматхои шоистаи духтури хози; ва ташкилотчии мохир Нина Ни-колaeвнa Сидорова боиси тахсин буда, дар табобат ва бакайдгирии бeмо-рони пуст ва зухравй чахду талошхои у хeлe зиëд аст. Махз кордонй ва кобилияти ташкилотчигии уро ба инобат гирифта, шуъбаи тандурустии вилоят соли 1955 мавсуфро ба вазифаи сардухтури диспaнсepи бeмоpихои пусту зухравии шахри Кулоб таъин намуданд [1].

Соли 1960 ^арори Хукумати Шуравй «Дар бораи бeхтap кардани хизматрасонии тиббй ба ахолй» кабул гардид, ки он дар назди шуъбахои тандурустй масъалаи бутед намудани дармонгоххо ва бeмоpхонaхои типи навро гузошт. Инчунин ба хукуматхои махаллй супориш дода шуд, ки тартиби нави сохтмони хонахоро дар дeхотчойхо ба рох монанд. Сабаби кабули чунин карор дар он буд, ки набудани лоихаи муайяни хонасозй дар дeхот боиси сар задани бeмоpихо мeгapдид. Зepо хуручи бeмоpихои сирояткунанда, инчунин ба тарзи сохтмони дeхa ва сохти худи хонаи истикоматй вобастагй дорад, ки он аз кисмхои зepин иборат аст:

Дар бaъзe дeхaхо хонахо ба хам наздик сохта шудаанд ва дар сурати гирифтор шудани як шахс ба бeмоpии сироятй, ин бeмоpй зуд пахн мeгapдaд;

1. Tоpик будани даруни хонахо;

2. Кам будани дарахтон дар дeхaхо ва гулзорхо;

3. Набудани системаи хавотозакунии хонахо [1].

Ям аз сарчашмаи пахншавии бeмоpихои сирояткунанда,наздик будани OFилхонaхо, фepмaхои чорвопарварй ва парандапарварй боис мeгapдид. Дар чунин мавридхо обхои зepизaминй бо партовхои органикй якчоя шуда, шароити мусоидро барои афзоиши бaктepияхо ташкил мeдодaнд. Ба хисоби олимон дар 1 мл чунин об микроби руда (кишeчнaя палочка аз 0.004 то 0.0004 , микроби сил Гeйдeлбepг ва салмотеллаи Bpeonay хeлe зуд пайдо мeшaвaнд [1].

Солхои 60-уми асри гузашта хизматрасонии тиббй ба мардуми шахру навохии он хeло хам ривоч ëфтa, табибони зиëдe баъд аз хатми Донишкадаи тиббй ба шахри Кулоб фиристода шуданд, ки дар ин муддат бинои нави бeмоpхонaи шахрй дорои 150 кат ба истифода дода шуд. Дар натичаи здад шудани табибон аз хисоби чавонони махаллй сифати

муолича ва расонидани ёрии тиббй ба беморон хеле бехтар шуд. Дар мукоиса бо нохияхои чанубии Узбекистан вазъияти нохияхои чанубии Точикистон каме бехтар гардид.Чунончи соли 1960 дар Чумхурии Узбекистон бемории сил ба хар як 10000 нафар 71.5 нафарро ташкил дод ва ин нишондод дар нохияи Китоб 349.3 нафар беморро ташкил дод. Соли 1960 дар вилоятхои чанубии Узбекистон фавти кудакон бештар афзоиш ёфта, он ба хар як хазор нафар ахолй 24.6 ходисаи фавти кудакон рост меомад. Соли 1961 дар минтакахои чанубии Узбекистон ин ракам ба 26.3 расид [2].

Солхои 1965-67 сарварии шуъбаи тандурустии шахри Кулобро Расулов Нурулло Расулович ба зимма дошт.Вай дар тули фаъолияташ ба нарасидани мутахассисон ва асбобу лавозимоти тиббй дар муассисахои шахрй диккати чиддй медод. Дар ин муддат якчанд нафар анестезиологхо барои шуъбаи эхёгарй (реаниматсия) ва муоинагархо барои шуъбаи ташхисй тайёр карда шуданд [9].

Аз соли 1967 сарварии шуъбаи тандурустии шахрро духтур ШДДурбонов ба ухда гирифт.Ин табиби хозик дар рушду нумуи сохаи тандурустии шахри Кулоб сахми босазо гузошт.Дар замони рохбарии вай Кулоб хамчун вилоят хисоб намешуд. Муассисахои тандурустие, ки пеш ба шуъбаи тандурустии вилоят тааллук доштанд тахти назорати шуъбаи тандурустии шахрй буданд ва масъулияти кории шуъбаи тандурустии шахрро дучанд мекарданд. Бо вучуди он ин сарвари фаъолу хирадманд дар тараккиёти сохаи тандурустии шахр чахду талошхои зиёд ба чо оварда, бо ташаббусу дастгирии вай сохтмони беморхонаи беморихои чашм соли 1967 ба охир расида диспансери беморихои чашм ба он чо кучонда шуд. Шуъбаи беморихои гушу гулую бинй васеъ карда, теъдоди катхояш ба 20 адад расонда шуд. Дар поликлиникаи марказй хучраи беморихои чогар ба кор шуруъ кард [2].

Дар хулосаи макола бояд кайд намоем, ки дар солхои 50-60-уми асри XX дар мукоиса бо давраи солхои 30-40-ум сатхи некуахволии мардум афзуда, хизматрасонии тиббй боз хам бехтар гардид. Аввалин мутахассисони дорои маълумоти олии тиббй, ки дар ин давра ба сохаи тандурустй ба кор омаданд, ба омузиши беморихои махаллй диккати бештар доданд ва роххои нави табобати ин гуна беморихоро пайдо мекарданд. Ахолии минтакаи Кулоб кариб ду баробар афзуд. Аз чумла, дар нохияи Восеъ шумораи ахолй аз аз 34.1 хазор нафар дар соли 1960 ба 61.5 хазор нафар дар соли 1970 расид. Дар нохияи Фархор шумораи ахолй ба 30.1 хазор нафар ва ахолии нохияи Совет (холоТемурмалик) аз 14.7 хазор нафар ба 20.2 хазор нафар расид.

Дар давоми солхои 60-уми асри XX дар натичаи чахду талошхо ва мехнати пурзахмати кормандони тиб хуручи касалихои сироятй дар минтака нисбатан кам гардид. Бемории варача бошад, тамоман ба кайд

гирифта намешуд.Стансияхои тропикй кори худро анчом доданд ва бо карори хукумат ваколатхои онхо ба Стансияи эпидемиологй-санитарй дода шуд.Стансияи тропикиро дар ибтидои солхои 60-ум бархам доданд. Дар минтакаи Кулоб дар ин солхо аввалин беморхонахои кудакона сохта ба истифода дода шуданд. Бо ёрии амалии табибони рус мардуми минтакаи Кулоб аз беморихои карантинй халосй пайдо кард. Бо дастгирии Ва-зорати тандурустии Точикистон сохаи кардиология соли 1960 ба кор огоз кард. Дар ин давра аз тарафи олимони Шуравй Бабский Е.Б. ва Карилян

B.А. асбоби ченкунии тапиши дил "Механокардиография" ихтироъ карда шуд [4]. Инчунин, олими маъруфи Шуравй Парин А. В. асбоби нави ченкунии тапиши дилро ихтироъ намуд, ки он бо номи "Реокардиография" дар беморхонахои мамлакат мавриди истифода карор гирифт. Дар он солхо аввалин донишчуён аз хисоби чавонони махаллй ба Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалй ибни Сино дохил гардиданд ва барои таъмини сохаи тандурустии вилоят бо мутахассисон асос гузо-штанд.

АДАБИЁТ

1. Берюшев К. Г. Предупреждающий санитарный надзор. /К. Г. Берюшев.-М.., 1962.166 с.

2. Бойгонии давлатии шадри Кулоб., ф.3., оп.7., д.т.12., л.19.

3. Бурдониддин Усмон «Фархориён»./Усмон Бурхониддин.- Душанбе, соли 2010.-

C.90.

4. Барт Б. Я. -Достижения современная кардиология.//Б. Я. Барт, Б. А. Сидоренко-М.,1970.- 303 с.

5. Калюжный Д. Н. Гигиена сельского населения./Д. Н. Калюжный.-М.., 1967.- 295 с.

6. Муминова Г. Э. Медицина и здравоохранение Узбекистана: проблемы и последствия 1946-1990 (На примере южных областей Узбекистана). /Г. Э.Муминова-2000 год.-Ташкент, диссер. 07.00.02.

7. Нодияи Москва: 50 сол Душанбе «Афсона» 1999.-240с.

8. Носов Д. С. Влияние прививок на организм ребенка./ Д. С.Носов-М..,1968.-213с.

9. Радматзода И. Таърихи тиб ва табибони маъруфи минтакаи Кулоб.//И. Рахматзода, А. Рахматов.-Душанбе, соли 2010.

10. Статистическая классификация болезней, травм и причин смерти.Под ред. Овчарова В. Н. М..,1964.-234 с.

11. Фрейдлин С. Я. Диспансеризация городского населения. /С. Я.Фрейдлин.-Л.., 1964.-350 с.

РУШДИ СОХДИ ТАНДУРУСТИИ МИНТАЦАИ КУЛОБ ДАР СОЛХОИ 50-60-УМИ АСРИ ХХ

Дар ин макола муаллифон таърихи рушди муассисахои тиббии минтакаи Кулобро дар солхои 50-60-уми асри ХХ тахкик намудаанд. Муаллифон кайд мекунанд, ки дар давоми ин солхо шаклхои нави сохаи тандурустй рушд

карданд. Хдмзамон, корхо оид ба бартараф кардани беморихои эпидемиявй, ки ба усулхои анъанавии табобат чавобгуй набуданд, идома дода шуд. Дар муддати хеле кутох бо кумаки табибони мушфщ алайхи аксар номгуйи беморихои гузаранда мубориза огоз гардида, дорухои муосир истифода бурда шуданд.

Калидвожахо: дору, бемори, табобат, цудрат, Шурави, муассисщо, духтур.

РАЗВИТИЕ ЗДРАВООХРАНЕНИЯ КУЛЯБСКОГО РЕГИОНА В 50-60 ГОДЫ XX ВЕКА

В данной статье авторы рассматривают историю развития медицинских учреждений на территории Кулябского региона в 50-60 годы XX века. Авторы отмечают, что в эти годы получили развитие новые формы современного здравоохранения. При этом продолжалась работа по ликвидации очагов эпидемических заболеваний, которые не поддавались традиционным методам лечения. За очень короткий срок силами приезжих врачей удалось победить многие эпидемические заболевания и создать современную ме-дицину.

Ключевые слова: медицина, болезнь, лечение, власть, Советская, учреждения, врач.

DEVELOPMENT OF MEDICINE SYSTEM IN KULIYAB REGIONIN 50-60 YEARS OF XX CENTURY

In this article authors give attention to the history of development medicine system in Kuliyab region during 50-60 years of XX century. The Authors note that in this period there was develop of contemporary medicine in Kuliyab region. Also in this period in region was succeed the widespread many epidemical deseases that could not cured by traditional form of treatment. During the short terms by the affort of outcoming doctors they sacsessed epidemical disises.

Kew words: medicine, disease, treatment, power, Soviet, organisation, doctor.

Сведения об авторах: Абдурахмонов Зевар Вафоназарович-кандидат исторических наук, доцент кафедры общественных дисциплин Таджикского государственного медицинского университета имени Абуали ибни Сино.Телефон: (+992) 935-98-44-97E-mail: zevar-1986@ mail.ru

Махмадов Ибрагим Мирзошарифович - преподаватель Академии государственного управления при Президенте Республики Таджикистан. Телефон: (+992) 935-929878.E-mail: [email protected]

Information about authors: Abdurahmonov Zevar Vafonazarovich-candidate of Historical Sciences Assistant professor of department of social sciences Avicenna Tajik State Medical Uni-versity.Telefon: (+992) 935-98-44-97 E-mail: zevar-1986@ mail.ru

Mahmadov Ibragim Mirzosharifovich-teacher of the Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan.Telefon: (+992) 935-929878. E.mail:[email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.